Научная статья на тему 'Назаре ба марсияњои иљтимоии хоќонї ва анварї'

Назаре ба марсияњои иљтимоии хоќонї ва анварї Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
203
23
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
қасида / қасидаҳои иҷтимоӣ / фитнаи ғузон / ҳунар / тасвир / образ / элегия / социальная элегия / заговор огузов / мастерство / изображение / образ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Шарифзода Боймурод

Дар мақола сухан дар бораи касидаҳои иҷтимоии Хоқонӣ ва Анварӣ меравад. Тазаккур рафтааст, ки яке аз ҳодисаҳои иҷтимоии муҳими асри XII фитнаи ғузон, харобкунии Хуросон ва асорати Султон Санҷар буд. Фитнаи ғузон яке аз саҳифаҳои пурфоҷиаи халқи тоҷик дар давраи салтанати Салҷуқиѐн аст. Тазаккур меравад, ки Хоқонӣ дар марсияи Имом Муҳаммади Яҳѐ ва Анварӣ дар қасидаи “Номаи аҳли Хуросон” ба Ҳоқони Самарқанд Рукниддин Қилиҷ Тамғоҷхон(писархонди Султон Санҷар)” фитнаи ғузонро ба тасвир овардаанд. Дар асоси асноди адабии мушаххас вижагиҳои хоси қасоиди Ҳоқонӣ ва Анварӣ дар тасвири ин воқеаи маргбор ба таҳқиқ расидаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ВЗГЛЯД НА СОЦИАЛЬНЫЕ ЭЛЕГИИ ХАКАНИ И АНВАРИ

В настоящей статье речь идѐт о социальных элегиях Хакани и Анвари. Подчѐркивается, что одним из социальных событий XII века считается заговор огузов, разрушение Хорасана, пленение Султана Санджара. Заговор огузов является самым страшным и трагическим событием в жизни таджикского народа в период правления Сельджукидов. Отмечено, что Хакани в элегии, посвященной Имаму Мухаммаду Яхья, а Анвари в касыде «Письмо жителей Хорасана кагану Самарканда Рукниддину Кылычу Тамгачхану, приѐмному сыну Султана Санджара» изобразили события, связанные с заговором огузов. На основании конкретных фактов излагаются отличительные особенности элигии Хакани и Анвари при описании этого трагического события.

Текст научной работы на тему «Назаре ба марсияњои иљтимоии хоќонї ва анварї»

УДК 8Т1 ББК 83.3(0) 4

НАЗАРЕ БА МАРСИЯХОИ ИЦТИМОИИ ХОРОНИ ВА АНВАРИ

ВЗГЛЯД НА СОЦИАЛЬНЫЕ ЭЛЕГИИ ХАКАНИ И АНВАРИ

LOOK AT SOCIAL ELEGIES OF KhOQONI AND ANWARl

Шарифзода Боймурод, номзади илмуои филологи, декани факултаи филологияи ДДОТба номи С.Айни (Тоцикистон, Душанбе)

Шарифзода Боймурод, кандидат филологических наук, декан факультета филологии ТГПУ имени С. Айни(Таджикистан, г.Душанбе)

Sharifzoda Boimurod, candidate of philological scienses, Associate Professor, dean of Philology faculty under the TS PU named after Sadriddin Aini E-MAIL:boymurod@inbox. ru

Вожщои калиди: цасида, цасидауои ицтимои, фитнаи гузон, уунар, тасвир, образ

Дар мацола сухан дар бораи касидауои ицтимоии Хоцони ва Январи меравад. Тазаккур рафтааст, ки яке аз уодисауои ицтимоии мууими асри XII фитнаи гузон, харобкунии Хуросон ва асорати Султон Санцар буд. Фитнаи гузон яке аз сауифауои пурфоциаи халци тоцик дар давраи салтанати Салцуциён аст. Тазаккур меравад, ки Хоцони дар марсияи Имом Мууаммади Яуё ва Январи дар цасидаи "Номаи аули Хуросон" ба Хоцони Самарцанд Рукниддин Цилиц Тамгоцхон (писархонди Султон Санцар) " фитнаи гузонро ба тасвир овардаанд. Дар асоси асноди адабии мушаххас вижагиуои хоси цасоиди Хоцони ва Январи дар тасвири ин воцеаи маргбор ба тауциц расидаанд.

Ключевые слова: элегия, социальная элегия, заговор огузов, мастерство, изображение, образ

В настоящей статье речь идёт о социальных элегиях Хакани и Январи. Подчёркивается, что одним из социальных событий XII века считается заговор огузов, разрушение Хорасана, пленение Султана Санджара. Заговор огузов является самым страшным и трагическим событием в жизни таджикского народа в период правления Сельджукидов. Отмечено, что Хакани в элегии, посвященной Имаму Мухаммаду Яхья, а Январи в касыде «Письмо жителей Хорасана кагану Самарканда Рукниддину Кылычу Тамгачхану, приёмному сыну Султана Санджара» изобразили события, связанные с заговором огузов. На основании конкретных фактов излагаются отличительные особенности элигии Хакани и Январи при описании этого трагического события.

Key words: elegy, social elegy, conspiracy oguz, horror, fear, skill, image.

The article under consideration dwells on social elegies of Khoqoni and Anwari. It is emphasized that one of the social events of referring to the XII-th century consideres the conspiracy of oguz, the destruction of Khuroson, the capture of Sultan Sanjar. The oguz conspiracy is the most terrible and tragic event in the life of the Tajik people during the reign of Seljukids. Khoqoni in elegy dedicated to Imam Muhammad Yahya and Anwari in the ode "Language of the inhabitants of Khurasan to kagan of Samarkand, Rokniddin Kilichu Tamghojkhan, adopted son of the Sultan Sanjar" described the events of the conspiracy of the oguzes. The poetic skill of Khoqoni and Anwari in describing of this tragic event is reviewed in the article well as.

Яке аз анвои шеърии маъмул дар адабиёти асримиёнагии форсу точик марсия мебошад. Тадкикоти нисбатан комил оид ба марсия ба калами Насруллохи Имомй тааллук дорад (6). Дар ин тадкикот муаллиф пас аз маълумот дар бораи марсия ва анвоъи он марсияро дар адабиёти форсй-точикй аз ибтидо то поёни асри чордах дар мисоли ашъори шоирон тахлил карда, намунаи марсияхои Рудакй, Фирдавсй, Фаррухии Систонй, ^атрони Табрезй, Масъуди Саъди Салмон, Усмони Мухторй, Муиззй, Амъаки Бухорой, Саноии Газнавй, Абдулвосеи Ч,абалй, ^ивомии Розй, Сузании Самаркандй, Рашиди Ватвот, Асириддини Ахсикатй, Анварй, Низомии Ганчавй, Ч,амолиддини Исфахонй, Хоконии Шарвонй, Камолиддини Исмоил, Сайид Хдсани Газнавй, Фахриддини Ирокй, Саъдии Шерозй, Сайфи Фаргонй, Х,умомиддини Табрезй, Амир Хусрави Дехлавй, Имод Факехи Кирмонй, Салмони Совачй ва Х,офизро тахлил намудааст.

Насруллохи Имомй марсияхоро аз лихози мухтаво ба шаш навъ таксимбандй кардааст: марсияхои дарборй, марсияхои шахсй, марсияхои мазхабй, марсияхои фалсафй, марсияхои ичтимой ва марсияхои достонй (7, 50). Пештар аз ин Зайнулобиддини Муътаман марсияхоро ба се навъ: рисои ташрифотй ва расмй, рисои шахсй ва хонаводагй ва рисои мазхабй (4,50) таксим карда буд.

Дар таснифоти мазкур зери унвони марсияхои мазхабй марсияхое шомил мешаванд, ки «дар вокеаи Карбало ва шаходати имомону рехлати маъсумин алайхиссалом ба василаи шуарои шиа суруда шудааст»(7, 57).

Дар ин замина адабиётшиноси точик К. Пирхонова низ рисолаи номзадй (8) таълиф намуда, чанд ма;ола(9) ба нашр расидааст. Аз руи таснифоти З.Муътаман ва Насруллохи Имомй мо наметавонем марсияхоеро, ки шоирон дар бораи шахсиятхои маъруфи илму адаб ва пешвоёни дин сурудаанд ба яке аз ин анво шомил созем. Аз дигар чониб, чаро зери истилохи марсияхои мазхабй танхо намояндагон мазхаби шиа дар назар бояд гирифта шаванд? Ба андешаи инчониб дар марсияхои мазхабй намояндагони дигар мазхабхо хам метавонанд мавриди таъзияи шоир карор бигиранд. Дар девони Хоконй, инчунин пурсузу гудозтарин марсияхое мавчуданд, ки шоир онхоро дар хакки олимону факехон сурудааст.

Марсияи ичтимой гуфта, сугномахоеро мегуянд, ки шоир бар асари рух додани ходисахои табий аз кабили зилзила, катли мардум дар натичаи нобасомонихои рузгор, мисли чангу чидол ва лашкаркашихо, ба хасрат ёд кардани гузаштаи як давлати абаркудрат, ки бар асари ходисахои ичтимоию сиёсй аз байн рафтааст ва амсоли ин сурудааст. Баъзе аз мухаккикон, аз кабили Шиблии Нуъмонй, кадимтарин ин навъи марсияро ба Саъдй нисбат додаанд, ки у бар заволи мулки Мустаъсим ва инкирози халифахои Аббосй сурудааст (7,69). Вале агар некутар назар андозем аввалин намунаи ин гуна марсия хамоно шеъри кутохи Абулянбагй дар бораи вайронахои Самарканд аст. Баъд аз ин то садаи дувоздахуми мелодй дар адабиёти асримиёнагй намунаи чунин марсия дида намешавад. Х,арчанд куштору катл ва хунрезии лашкаркашон дар ин мархила хеле зиёд буд, шоирон онро дар ашъорашон инъикос накардаанд. Агар карда бошанд хам аз мавкеи ситоиши мамдух ва тахсину такрим кардаанд, мисли касидахои Фаррухию Унсурй дар мавриди лашкаркашихо Султон Махмуди Газнавй. Насруллохи Имомй дар ин замина ходисаеро аз китоби «Мучмали Фасехй» овардааст, ки ба кахтии соли 410 х.к. дар Хуросон накл шудааст: «Дар ин сол дар Хуросон кахт ва галое вокеъ шуда ва аз Нишопур бунёди кахт шуд ва ба тамоми Хуросон сироят кард ва ба мартабае расид, ки дар Нишопур зиёдат аз сад хазор одамй халок шуданд, ки кас ба гусл ва дафни бештаре аз эшон напардохтанд ва дар хеч замоне мисли он тангй даст надодааст» (7,70).

Дар садаи ёздахум дахшатноктарин мусибат зилзилаест, ки соли 434 х.к (1043 м.) дар Табрез рух дода буд ва тибки маълумоти таърихй дар ин зилзила беш аз панчох хазор нафар чони худро аз даст додаанд ва ба дунболи ин заминларза кахтиву гуруснагии вахшатноке бар шахр галаба кард (7,74-75). ^асидаи ^атрони Табрезиро дар бораи ин зилзила, яке аз бехтарин марсияхои ичтимой хондаанд.

Яке аз сахифахои пурфочиаи таърих дар асрхои миёна фитнаи гузон мебошад, ки дар садаи дувоздахум рух додааст.Дар бораи ин ходисаи таърихй сарчашмахои таърихй маълумоти зиёде додаанд. Тафсили мочаро ин аст, ки Султон Санчари Салчукй соли 536 х.к (1142м.) хангоми чанг бо Карахониён дар махаллаи ^атавони Самарканд ба маглубият дучор гардида, иддаи бисёре аз чангиёнаш кушта шуда, шикаст хурданд. Пас аз ин ходиса Этсиз Хоразмшох ба Хуросон хучум карда, шахрхои зиёдеро вайрон ва горат кард. Султон Санчар ба мукобили у бархост ва ин мунокишаву кашмакаш заминае фарохам овард, то дар соли 548 х.к.(1153 м.) тоифае аз гузон, ки аз зулму нобасомонихо ба чон омада буданд, сар ба тугён бардоштанд ва Санчар хам дар мукобили онхо ба чанг бархост. Султон Санчар дар ин чанг шикаст хурда, асир гашт ва гузон ба Хуросону Кирмон даст ёфтанд. Гузон, чун мардуми биёбонии аз фархангу тамаддун дур буданд, аз ин ру барои вайрон кардану катли омм ягон зарра рахм накарданд. Ибни Фазлон - сайёхи маъруфи араб дар асри дахуми мелодй дар сафарномаи худ оид ба гузон чунин нигоштааст: «Ин мардум зиндагии сахрой доранд ва дар ранчу машаккат ба сар мебаранд. Дар айни хол монанди улог гумроханд ва ба Худо имон надоранд ва фокиди аклу шууранд ва хеч чизро намепарастнд» (7,276).

Дахшати фитнаи гузро таърихнигорони зиёде зикр кардаанд. Дар китоби «Мучмал-ут-таворих ва-л-кисас» омадааст, ки мардуми вахшатзада ва бепанох аз зану мард ва кудак ба масчиди Маней гурехтанд ва гузон бошанд он кадар куштанд, ки дар миёни хун нопадид шуданд. Масчиди Маней, ки бо химмати Абулало Х,ассон Маней сохта шуда буд, дар ин вокеа хароб гашт ва китобхонааш ба горат рафт (7,277). Аз руйи мулохизоти таърихнигорон Нишопур аз дер замон шахри ноором буд. Мавчудияти фиркахои мухталифи ханафиён, ашъариён, рофизиву муътазилиён ва бархурдхои доимии онхо хамвора шахрро ба ошуб бармехезонд. Аз ин холат мардум ба чон омада буданд ва хатто баъди фитнаи гузон хам ин ихтилофот ба поён нарасид (7, 277).

Чунончи ишора рафт, дар ин фитна Султон Санчар ба асирй афтод ва ин амр боиси таънаву нафрати бисёре аз суханварон нисбат ба султон гардид (5,169-202). Бештар аз хама катли фочиабори як зумра донишманд боиси сар задани оху фигони ахли дил шуд. Яке аз чунин донишмандон Имом Мухаммади Яхёи Нишопурист (1084-1153), ки у шогирди Мухаммад Газзолй ва саромади уламои замон буд. У раёсати шофеиёни Хуросонро ба ухда дошт ва дар мадрасаи Низомия ба тадрис машгул буд. Аз руи сарчашмахо Имом Мухаммади Яхё хангоми фитнаи гуз фатвои мухорибаро содир карда будааст ва аз ин ру хангоми мухосираи Нишопур дахони уро ба хок оганда будаанд (6,610). Шоирони зиёде дар марги ин имом хам ба форсй ва хам арабй марсия сурудаанд.

Аз руйи марсияхое, ки Хоконй дар рисои Мухаммади Яхё сурудааст, пайдост, ки у нисбат ба ин донишманд мехру мухаббати беандоза доштааст. Ин мехру мухаббат аз як чониб ба иллати шофеимазхаб будани Имом Мухаммад, ки ашъори Хоконй хам пайрави мазхаби шофеия буд ва аз дигар тараф иштиёку майле, ки шоир нисбат ба Хуросон рафтан дошт. Аз мутолиаи девони Хоконй аён аст, ки у бисёр мехостааст Хуросонро кабл аз хароб шуданаш бубинад ва бо фозилони ин кишвар пеш аз он ки хуни покашон зери пои аспони гуз шавад, мулокот кунад. Орзуи ба Хуросон рафтани шоир пеш аз хама ба шеърдустию шоирнавозии Султон Санчар алока дошт ва ин орзу то ба охир чомаи амал напушид. Тавре Фурузонфар ишора кардааст дар хамин айём Хоконй дар Рай бемор шуда буд ва хабари хамлаи гузон уро аз рафтан ба Хуросон ноумед карда буд (2, 628).

Дар рисои Имом Мухаммади Яхё Хоконй ду марсияи калон ва ду китъаи хурд навиштааст. Аввалин марсияи Хоконй касидаест, ки аз 45 байт иборат буда, бо мисраъхои зер огоз мешавад:

Он Мисри мамлакат, ки ту дидй хароб шуд, В-он Нили макрамат, ки шунидй сароб шуд.(10, 155)

Дар ин касида шоир перомуни се мавзуъ изхори назар кардааст:

1. Фитнаи гуз, вайрон шудану ба хок яксон шудани Хуросон;

2. Шаходати Имом Мухаммади Яхё;

3. Асир афтидани Султон Санчар.

Мисли тамоми ашъори дигараш Хоконй дар ин марсия бо махорати беандоза холати фочиабори Хуросонро ба риштаи тасвир мекашад. Дар иборахои «Мисри мамлакат» ва «Нили макрамат» ихоми таносуб чой дорад. Саодату хушбахтиро шоир ба сарве монанд кардааст, ки бар асари оташи чанг сухта ба зугол мубаддал гаштааст ва дар ин зугол чигархо кабоб шудаанд. Аз бисёрии гиряхо ашки хунин ба микдори чил газ (вохиди тул, баробари метр) дар руи кураи хокй боло омад. На, балки чихил гом аз кураи мох болотар рафт.

Сарви саодат аз тафи хизлон зугол гашт, Акнун бар он зугол чигархо кабоб шуд. Аз сели ашк бар сари туфони вокеа, Хуноб кубба-кубба ба шакли хубоб шуд. Чил газ сиришки хун зи бари хок даргузашт, Лобал чихил кадам зи бари мохтоб шуд (10,156).

Рубъи маскун монанди пире, ки дучори таби рибъй аст (таби рибъ- табе, ки як руз мегирад ва ду руз намегирад ва чун тани одамизод аз се шабонаруз хаждах соат дар таб месузад ва ин хиддат як чахорум се шабонаруз аст, онро таби рибъ гуянд) аз ошубу фитна мушавваш ва музтариб гашт.

Х,ам пайкари саломату хам накши офият, Аз дидаи наззорагиён дар никоб шуд. Окил кучо равад, ки чахон дори зулм гашт, Нахл аз кучо чарад, ки гиё захри ноб шуд. Рубъи замин ба сони таби рибъ бурда пир, Аз ларзаву хазохиз дар изтироб шуд (10, 156).

Фарчоми ногувори чахон натичаи аъмоли худ аст. Зеро ки офати чони укоб пари укоб аст, ки ба ин тир насб мешавад. Барои ин ки харакати тир рост ва сареъ бошад ба интихои он пари паррандагон ва махсусан пари укоб насб мекарданд.

Кори чахон вуболи чахон дон, ки бар хаданг, Парри укоб офати чони укоб шуд (10,156).

Мусибат хаммонади палосе дар осмонхо густурда шуд ва зулмат чун пардае ачроми осмониро пушонид. Осмони чорум хонаи азо ва мотам гардид ва Ч,абраил барои тасаллй додани Офтоб ба фалаки чорум рафт.

Афлокро палоси мусибат бисот гашт, Ачромро викояи зулмат хичоб шуд. Мотамсарой гашт сипехри чахорумин, Рухуламин ба таъзияти Офтоб шуд (10,156).

Субху шом натичаи дамидан ё фуру шудани офтоб аст. Мурод ин аст, ки субху шом ба дунболи хам монанди ду пайки зудхаракату тундрав номаи тасаллиятро назди офтоб мебаранд.

В-аз бахри он ки нома бари таъзият шавад, Шому сахар ду пайки кабутаршитоб шуд (10, 156).

Дар тасвири Хоконй холати дахшатафзои фазои Хуросон ба шабе монанд шудааст, ки дигар руз намешавад. Шона кардани чарх турраи шабро- киноя аз падид омадани торикии шаб бар асари гардиши чарх. Абирин- мансуб ба абир аст, абир- навъе моддаи хушбуи мураккаб аз мушк ва гулобу сандал ва заъфарони дигар чизхост. Хизоб - он чи муйи сару дигар муйхоро ба он ранг мекунанд. Абирин хизоб шудани муйи сапеди дахр-киноя аз фаро расидани торикй ва аз миён рафтани рушноии руз.

Душ он замон, ки турраи шаб шона кард чарх, Муйи сапеди дахр абиринхизоб шуд (10,156).

Х,унари суханварии Хоконй дар тасвири ходисаву вокеахо хамеша бо табиат хамнаво мегардад. Яъне барои муассир гаштани марсия у олами хастиро бо худ хамнафас мегардонад. Мисли он ки дар касидаи «Айвони Мадоин» у Дачларо ба сухан медарорад. Дар ин касида у олами малоикро навхагар мебинад, то чое, ки хатиби сахар (хурус) чег мезанад ва субх медамад ва шоир нихояти фочеаро аз забони субх баён мекунад:

Дидам сафи малоика бар чарх навхагар, Чандон ки он хатиби сахар дар хитоб шуд. Гуфтам ба гуши субх, ки ин чашмзахм чист, К-ашколу холи чарх чунин носавоб шуд. Субх охи оташин зи чигар баркашиду гуфт, Дардо, ки корхои Хуросон зи об шуд (10, 156).

Сипас тафсили вокеа баён мегардад, ки аз марги Мухаммади Яхё ва ба азобу шиканча гирифтор шудани Султон Санчар хикоя огоз мешавад. Дар ин тасвир хам шоир аз унсурхои гуногуни илмй сахнахои хаёлй меофарад. Аз асир шудани Санчар халифаи сиву якуми Аббосй Муктафй Амруллох афсус мехурад ва аз марги олими дин (Имом Мухаммади Яхё) паёмбари ислом (с) мусибатзада мешавад. Ба офтоб мегуяд, ки шамшери заррини худро накашад, яъне тулуъ накунад, зеро бо фармони казо шамшери султон Санчар дар ниём шуда, салтанаташ аз даст рафтааст.Муштарй- Урмузд, номи ситорае, ки дар фалаки шашум аст ва муначчимони кадим онро монанди козие тасаввур мекарданд, ки абову ридое бар душ дорад. Ридо- болопуш, чомае, ки аз ру мепушанд. Тайласон- навъе ридо, ки козиён ва хатибон бар душ меафканданд. Дар ин замина шоир мегуяд, ки эй муштарй, ридоро бигузор, зеро чомаи Мухаммади Яхё таноби гардани у шудааст. Аз хазрати Одам- Абулбашар, ки халифаи Худо бар руйи замин аст панох мечуяд (алгиёс), зеро бо рафтани фарзанди солехаш (халаф) дорулхилофа (дунё ва руйи замин) вайрон гаштааст. Зулфикор- номи шамшери яке аз мушрикон аст, ки дар чанги Бадр кушта шуд ва расули Худо (с) он шамшерро барои худ баргузид ва дар чанги Ухуд онро ба Алй (а) ато кард ва онро барои он зулфикор мегуфтанд, ки шиёрхои пасту хамвор бар пушт доштааст ва тасаввури он ба сурати теге дузабона зохиран нодуруст аст. Зулфикори дасти худо-шамшери буррандаи дини хак. Занг гирифтан- зангор гирифтан. Бутуроб- кунияи хазрати Алй (а) Туроб- хок. Бутуроби илм- мурод Мухаммад ибни Яхё аст, ки ба назари шоир дониши Алигуна доштааст.Яъне, эй шамшери дини хак, зангор бигир, зеро ки Мухаммади Яхё ба зери хок рафт ва ту мавриди истифода вокеъ нахохй шуд:

Гардун сари Мухаммади Яхё ба бод дод, Мехнат ракиби Санчари моликрикоб шуд. Аз хабси ин хидев халифа дарег хурд, В-аз катли он имом паямбар мусоб шуд. Эй офтоб, харбаи зарин макаш, ки боз Шамшери санчарй зи казо дар кироб шуд. В-эй Муштарй, ридо бинех аз сар, ки тайласон Дар гардани Мухаммади Яхё таноб шуд. Эй Одам, алгиёс, ки аз баъди ин халаф Дорулхилофаи ту харобу ниёб шуд. Эй зулфикори дасти худо занг гир, занг,

К-он Бутуроби илм ба зери туроб шуд. Хокониё, вафо маталаб з-ахли аср аз он-к Дар тангнои дахр вафо тангёб шуд. Он Каъбаи вафо, ки Хуросон-ш ном буд, Акнун ба пойи пили хаводис хароб шуд (10,156-157). Х,адаф аз «пили хаводис» дар иктибоси боло талмех аст ва ишора дорад ба Абраха, ки бо пилон ба Каъба хамла карда буд. Дар кисмати поёни касида Хоконй азми ба Хуросон рафтанашро дигар бемаънй медонад ва дар ватанаш Шарвон, ки онро ба махбас монанд мекунад, бо дарди дил муросо карданро авлотар медонад:

Азмат, ки зи чаноби Хуросон дуруст буд, Бархам шикан, ки буйи имон з-он чаноб шуд. Бар ток нех хадиси сафар з-он ки рузгор Чун толеи ту номзади инкилоб шуд. Дар хабсгохи Шарвон бо дарди дил бисоз, К-он дард рохтушаи явмулхисоб шуд. Гул дар миёни кура басе дарди сар кашид, То бахри дафъи дарди сар охир гулоб шуд. Муъчиз инонкаши сухани туст агарчи дахр Бо хар фусурдае ба вафо хамрикоб шуд (10,157) ^асидаи дигари Хоконй, ки дар марги Имом Мухаммади Яхё суруда шудааст аз 42 байт иборат буда, бо байти зер огоз мешавад:

Новарди мехнат аст дар ин тангнои хок, Мехнат барои одаму одам барои хок (10, 238). Ин касидаро аз нигохи унсурхои мухтавой метавон фалсафй, ичтимой ва мазхабй номид. Ч,анбаи фалсафии марсия назар ба дигар чанбахо кавитар аст, зеро Хоконй сари масъалаи бевафоии дунё, бекадрии инсон, чахолати инсон, нокомй, ачзи инсон, афсус хурдан аз нобасомонихои рузгор зиёдтар таваккуф кардааст. Истифодаи радифи «хок» дар марсия чанбаи хузнро бештар кардааст. Шояд интихоби ин радиф ба он хотир будааст, ки гузон дахони Мухаммади Яхёро ба хок оганда буданд. Дар масъалаи нобасомонихои рузгор ва фитнаи гузу харобии Хуросон дар пайвастагй бо марги Имом Мухаммади Яхё дар чанд байти марсия ишора рафтааст:

Хоса, ки бар дареги Хуросон сиёх гашт, Хуршед зери сояи зулматфазои хок. Гуфтй пайи Мухаммади Яхё ба мотаманд, Аз куббаи савобити номунтахои хок. ..Дид осмон, ки дар даханаш хок мекунанд, В-огох буд, ки нест дахонаш сазои хок (10,238-239). Дигар марсияи Хоконй, ки дар он шоир ба фитнаи гузу марги Мухаммади Яхё ва шикасти Султон Санчар ишора рафтааст, китъаест, ки аз се байт иборат буда, онро Ровандй дар «Рохат-ус-судур» низ дарч кардааст:

Хокониё, ба суги Хуросон сиёх пуш, К-асхоби фитна гарди савораш сипох бурд. Исо ба хукми рангразй дар мусибаташ Наздики офтоб либоси сиёх бурд. Дахр аз сари Мухаммади Яхё ридо фиканд, Гардун зи фарки давлати Санчар кулох бурд (10, 871). Ва дар китъаи дигар, ки аз ду байт иборат аст, Хоконй ба фочиаи Мухаммади Яхё ишора карда, навиштааст:

Х,ой, Хоконй, туро коми шакаррез асту шукр, Гар дахонатро ба оби захрнок огандаанд. Мухйиуддин, к-у дахони дин ба дурр оганда буд, Кофарони гуз дахонашро ба хок огандаанд (10, 871). Вокеаи фитнаи гузро Анварй хам дар номае, ки бинобар кавле бо хохиши мардуми Хуросон барои Хокони Самарканд фиристода шудааст, бо дарду алам ва хасрату илтичо инъикос кардааст(3, 664). ^асидаи Анвариро мухаккикон яке аз маросии хуби ичтимой дар шеъри форсй муаррифй кардаанд (7, 71). ^асидаи Анварй аз 84 байт иборат буда, дар бахри рамали мусаммани махбуни махзуф (фоилотун, фоилотун, фоилотун фаълун) иншо гашта, матлааш чунин аст:

Бар Самарканд агар бигзарй, эй боди сахар, Номаи ахли Хуросон ба бари хокон бар. Номае матлаи он ранчи тану офати чон, Номае мактаи он дарди дилу сузи чигар. Номае бар ракамаш охи азизон пайдо, Номае дар шиканаш хуни шахидон музмар (1,201).

Дар ин касида Анварй авзои бади сиёсию иктисодии Хуросонро бозгу карда, аз номи мардум ба хокони Самарканд Рукниддин ^илич Тамгочхон (писархондаи Султон Санчар) бо зориву илтичо мурочиат карда, дасти ёрй талаб менамояд. Анварй аз ибтидо то интихои касида хокони Самаркандро васфу ситоиш карда, уро ба Каюмарсу Кисро ва Манучехру Фаридун монанд месозад:

Эй Каюмарси бако, подшахи Кисроадл, В-эй Манучехрлико, хусрави Афридунфар.

Дар тавсифи Тамгочхон мегуяд, ки у шохест, ки аз адлаш Турон обод аст ва набояд Эронро дар ин холи вайрон бокй гузорад. Ичунин, боз фахраш дар он аст, ки уро Султон Санчар писархонд гуфта буд ва боз хондани кинаи падар аз гузон вочиб аст. Аз Тамгочхон хохиш мекунад, ки ба Эрон лашкар бикашад ва зулми гузро поён бахшад:

Корхо баста бувад, бешак дар вакту кунун Вакти он аст, ки ронад суйи Эрон лашкар.

Анварй дарду ранчи ахли Хуросонро бо баёни сода ва бидуни такаллуф инъикос мекунад: ^иссаи ахли Хуросон бишунав аз сари лутф, Чун шунидй зи сари рахм ба эшон бинигар. Ин дилафгори чигарсухтагон мегуянд, К-эй дилу давлату динро ба шодиву зафар. Хабарат хаст, ки аз хар чи дар у чизе буд, Дар хама Эрон имруз намондаст асар. Хабарат хаст, к-аз ин зеру забар шумгузон Нест як пай зи Хуросон, ки нашуд зеру забар. Бар бузургони замона шуда хурдон солор, Бар каримони чахон гашта лаимон мехтар (1,202).

Дар абёти зер Анварй дахшати фитнаи гузро бо як лахни муассир баён кардааст. Фочеаи фитна то чоест, ки духтари бикрро танхо дар шиками модар метавонй пайдо кунй, масчидхои чомеи Хуросон хама харобу валангор гаштаанд, аз хатибу минбар нишоне намондааст ва он чойхоро гузон барои сутуронашон тавила кардаанд, дахшату вахшат то хаддест, ки фарзанди куштаи худро модар дида, аз тарс наметавонад гиряву фигон кунад:

Шод, илло ба дари марг набинй мардум, Бикр чуз дар шиками мом наёбй духтар. Масчиди чомеи хар шахр сутуроншонро Пойгохе шуда на сакфаш пайдову на дар. Хутба накнанд ба хар хита ба ном гуз аз он-к Дар Хуросон на хатиб аст кунун, на минбар. Кушта фарзанди гиромиро гар ногохон Бинад аз бим хурушид наёрад модар (1,202).

Он чи дар ин чо мусулмон нисбат ба мусулмон мекунад, бо кофар намекунад ва дар Руму Хито мусулмонон дар амну амният бар сар мебаранд, дар холе, ки дар Хуросон аз мусулмонй нишоне намондааст:

Бар мусулмонон з-он навъ кунанд истихфоф, Ки мусулмон накунад сад як аз он бо кофар. Х,аст дар Руму Хито амн мусулмононро, Нест як зарра саломат ба мусулмонй дар (1,202).

Анварй рахмату шафкати начотдихандаеро талаб менамояд, ки холи табохи мардумро хуб кунад ва менависад, ки агар Тамгочхон мардуми Хуросонро аз ин хашари шум рахо намояд, Худованд уро дар махшар аз хатархо начот медихад:

Рахм кун, рахм бар он кавм, ки набвад шабу руз Дар мусибатшон чуз навхагарй кори дигар. Рахм кун, рахм бар он кавм, ки чуянд чавин Аз паси он ки бихурдандй бо ноз шакар.

Рахм кун, рахм бар онхо, ки наёбанд намад, Аз паси он ки зи атласшон будй бистар. Рахм кун, рахм бар он кавм, ки расво гаштанд, Аз паси он ки ба мастурй буданд самар. Халкро з-ин хашари шум агар бирхонй, Кирдгорат бирахонад зи хатар дар махшар (1,203). ^асидаи Анварй бо шеваи ба худи у хос баён шудааст. Мисли касидаи Хоконй бо таркиботи бадеии тоза ороста нест ва барои дарку маърифати он хонанда ба фархангу лугот мурочиат наменамояд. Ба андешаи Шафеии Кадканй: «Девони Анварй бар хилофи осори Хоконй ва Низомй, ки саршор аз таркиботи зебо ва шоирона аст, чандон муштамил бар таркиботи тоза нест. Вале ба лихози муфрадот ва сохторхои нахвй ва таваччух ба амсолу киноёти ройич дар куча ва бозор дорои камоли ахамият аст» (11, 224).

Анварй шохиди вокеа будааст, дар холе, ки Хоконй фочиаро аз руи шунидахояш тасвир кардааст. ^исмати аъзами касидаи Анвариро мадхи хокони Самарканд ташкил додааст ва дар заминаи мадхи шох у аз ахволи бади Хуросон сухан ба миён оварда, талаби рахму шафкат ва мадад кардааст. Хоконй бошад вазъи дахшатбори Хуросонро бо таркиботи бадеи тоза тасвир менамояд, ба олами ботинии худ бозмегардад, бо дили худ сухан мегуяд, мегуяд, ки бояд бо хама норохатихо дар Шарвон одат кунад ва орзуи сафар ба Хуросонро фаромуш кунад. Ин касида харчанд дар нихояти зебой суруд шудааст, аммо дар он чанбаи илмию тахлилй нисбат ба эхсос болотар аст. Дар вокеъ, шеър тасвири зиндагй аст. Наккоше, ки хама тасвирхорро мекашад, аз хама рангхо бахра мечуяд, шоир низ барои накш задани тасвирхои бепоёни зиндагй аз хар чи ба даст оварад истифода мекунад, вале аз он чо ки бисёр тасвиро такрорпазиранд, шоир кушиш мекунад, ки такрорпазирихоро чилва надихад. «Шоир гурезон аст аз он ки тасвиргари маъмулй бошад ё шеъраш буйи кухнагй ва дурй аз тозагй ва ибтикор дихад. Отифа барои шоир хам замина аст ва хам ангеза, авотиф умуре собитанд ва чуз таъбире андак дар онхо рох надорад ва агар таъбире пайдо шавад, дар шакл ва зохири онхост, на дар асл ва асоси онхо» (12, 28).

Дар бораи мувозанаи Хоконй ва Анварй аз кадим боз мухаккикон бахсхо кардаанд. Дар мавриди ин бахс хоконишиноси маъруф Мирчалолиддини Каззозй бо бадеият ва вожахои сирф точикй хам бошад, мулохизаи чолиберо баён намудааст: «Порае аз сухансанчон гох дар гумон афтодаанд ва дудил мондаанд, ки аз миёнаи ду сутург ва солори сухан-Анварй ва Хоконй, кадом якро баргузинанд ва бар дигаре бартар ниханд. Аммо сурудахои Анварй бо хамаи устуворй ва сахтагй, шевой ва пухтагй аз шукухе сард ва афсуранда бархурдоранд ва ба гунае пажмонй ва пажмурдагй дучор омадаанд ва аз он шуру шарор, аз он тобу об, аз он пуяву шитоб, аз он майманаи гарму рангин, аз он тантанаву танини охангин, ки чомахои Хокониро хамвора чону чунб мебахшад ва шукуфтаву шодоб медорад, бебахраанд. Чомаи Анварй ба руде гармхез мемонад, ки рахшону диловез дар бистаре хамвор ва ба дур аз шеб ва фароз, бегона бо рамзу роз равон аст. Х,ар замон ба он руд бингаранд чашмро менавозад, аммо хамвора хамон аст, ки будааст...Аммо чомаи Хоконй ворунаи чомаи Анварй «сард»-ест башукух, гарме гудозон аст ва дар хамон хангом дар шигарфй ва шукух чун кух хайманааш шигифту кубанда аст. Аммо хангомахез низ хаст. Руде, ки чомаи Хоконй аст, рудест ноором ва пурхуруш, чахоне, ки пайваста нав мешавад ва рангу зангу оханге дигарсон меёбад. Руди сухани Анварй дар хомушии шукухманд ва сарди хеш меафсурад. Аммо руди сухани Хоконй ангехта ва гудохта аз хангома ва хумоюни худ ба шевае кимиёгарона ва човидона, хамворасон ва симое дигаргун ба хеш дармепазирад...» (5,1).

Ч,анбаи ичтимоии ашъори Хоконй дар киёс ба хамаи суханварони асримиёнагии форсу точик аз он чихат кобили мулохиза аст, ки у агар дар китъахояш шеваи перостаро дунболгирй кунад, дар касидахояш масоили ичтимоиро хам дар либоси хунар чилвагар менамояд. Ва олитарин марсияи ичтимоии адабиёти асримиёнагии мо хам касидаи «Айвони Мадоин» аст, ки дар ин мухтасар тахлили он аз имкон берун аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Анварй, Мухаммад ибни Мухаммад. Девони Анварй. Ба эхтимоми Мухаммадтацй Мударриси Разавй Чилди аввал/Анвари.- Техрон: Ширкати интишороти илмй ва фархангй, 1376.-514сах,.

2. Бадеъуззамон, Фурузонфар. Сухан ва суханварон/Фурузонфар Б.- Техрон: Хоразмй, 1350.-713 с.

3. Забехуллох, Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Аз миёнаи царни панцум то огози царни хафтуми хицрй. Чилди дуюм/З.Сафо.-Техрон: Интишороти Фирдавсй, 1373.-1128 с.

4. Зайнулобиддин Муътаман. Шеър ва адаби форсй/З.Муътаман.- Техрон: Афшорй, 1346.- 375 с.

5. Мирцалолиддин, Каззозй. Сарочаи ововуранг. Хоцонишиносй/М.Каззозй,-Теурон: Самт, 1376.-279 с.

6. Мууаммад, Авфй. Лубоб-ул-албоб. Бо тасуеуи цадид ва уавошиву таълицоти комил ба кушиши Саид Нафисй/Авфй М. - Теурон: Ибни Сино, 1335.- 872 с.

7. Насруллоу, Имомй. Марсиясарой дар адабиёти форсй (То поёни царни уаштум)/Н.Имомй. - Аувоз: Дафтари марказии циуоди Донишгоуй, 1369.- 488 с.

8. Пирхонова, К Марсия ва анвои он дар адабиёти форсу тоцик (асруои X-XV) :автореферати дисс... барои дарёфти дарацаи илмии номз. илмуои филология/КПирхонова.-Душанбе, 2019.-56с

9. Пирхонова, К. Аз таърихи пайдоиши марсияи форсии тоцики /К. Пирхонова//Ахбори Академияи илмуои Цущурии Тоцикистон. Шуьбаи илмуои цамъиятшиносй.-2014.-№3.-С.156-160.

10. Хоцонй, Бадил ибни Алй. Девони Афзалиддин Бадил ибни Алй Нацор Хоцонии Шарвонй./Бо муцобалаи цадимтарин насах ва тасуеуу муцаддима ва таълицот ба кушиши Зиёуддини Саццодй.- Теурон: Заввор, 1357.-1085 с.

11. ШафеъииКадканй, Мууаммадризо. Заминаи ицтимоии шеъри форсй- Теурон:Ахтарон, 1386.- 480 с.

12. Шафеъии Кадканй, Мууаммадризо. Сувари хаёл дар шеъри форсй (Тауцици интицодй дар татавури иможуои шеъри порсй ва сайри назарияи балогат дар ислом ва Эрон).- Теурон:Интишороти Огоу, 1366.732 с.

REFERENCES:

1. Anwari, Muhammad ibni Mahmud. Anwaris Divan. Under the editorship of Muhammadtaqi Mudarrisi Razavi. -V.1. - Tehran: Scientific-Cultural publishing-house, 1376. - 514p.

2. Bade^uzzamoni, Furuzonfar. Word and Men-of-Letters/Furuzonfar Bade^uzzamon - Tehran: Khorazmi, 1350. -713 p.

3. Zabehulloh, Safo. The History of Literature in Iran. From the Middle of the V-th up to the Beginning of the VII-th Hijri Centuries. - V.2/Safo Zabehulloh. - Tehran: Firdawsi publishing-house, 1373. -1128p.

4. Zaunulobiddini Mutaman. Verse and Persian Literature/Mutaman Zaynulobiddin. - Tehran: Afshori 1346. -375p.

5. Mirjaloliddini, Kazzozi. Sarochai Ovovu Rang. Khoqoni Studies/Kazzozi Mirjaloliddini. - Tehran: Samt, 1376. -279p.

6. Muhammadi, Avfi. Lubob-ul-albob. Under the editorship of Said Nafisi/Avfi, Muhammadi. - Tehran: Ibni Sino, 1335. - 872p.

7. Nasrullohi, Imomi. Marsiya Writing in Persian Literture (Up to the End of the VIII-th Century )/Imomi, Nasrullohi. - Ahvoz: State publishing-house under the University, 1369. - 488p.

8. Pirkhonova Q. Marsiya and its Types in Persian-Tajik Literature (referring to the X-th - the XV-th Centuries). Synopsis of candidate dissertation in philology. - Dushanbe, 2019. - 56p.

9. Pirkhonova Q. From the History ofRising Marsiya in Persian- Tajik Literature / Q. Pirkhonova// Bulletin of the Academy of Sciences of Tajikistan Republic. The department of humanitarian sciences. - 2014. - #3. - P. 156-160.

10. Khoqoni, Bedil ibni Ali. Divan ofAfzaliddin Bedil ibni Ali Najor Khoqonii Sharvoni/ with the comparison of the ancientest copies and under the editorship of Ziyouddini Sajjodi. - Tehran: Zavvor, 1357. -1085p.

11. Shofeli Kadkani, Muhammadrizo. Social Ground of Persian Poem. - Tehran: Stars, 1386. - 480p.

12. Shofeli Kadkani, Muhammadrizo. The Wall of Thought in Persian Poem (critical research in the development of Persian poetry and essay on the theory of canvassing in Islam and Iran). - Tehran: Ogoh, 1366. - 732p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.