Научная статья на тему 'Literary and historical value «Ain-i Akbari»'

Literary and historical value «Ain-i Akbari» Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
88
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПЕРСОЯЗЫЧНАЯ ЛИТЕРАТУРА ИНДИИ / ИСТОРИОГРАФИЯ / "УСТАНОВЛЕНИЯ АКБАРА" / ЛИТЕРАТУРНЫЙ ИСТОЧНИК / ПОЭТ / ПИСАТЕЛЬ / INDIAN-PERSIAN LITERATURE / HISTORY / "ARABICPIECE" / LITERARY SOURCE / POET / WRITER / АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ ҳИНД / ТАЪРИХНИГОРӣ / "ОЙИНИ АКБАРӣ" / САРЧАШМАИ АДАБӣ / ШОИР / НАВИСАНДА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Пулатов Назирджон Набиджонович

Статья посвящена обзору второй книги “Аин-и Акбари”(«Установления Акбара») известного индийского писателя и историка XVI века Абульфазли Аллами. Отмечается, что автором этой исторической книги, написанной за пять лет до его смерти, в 1597-1598 годах, собраны комментарии к ритуалам периода Акбаршаха (1556-1605). Указывается, что работа состоит из предисловия, 3 томов и 5 книг. Подчеркивается, что автор в своих трудах, с целью упорядочения собственных мыслей, разделяет каждую книгу на установления, в которых приведены наблюдения самого Алломи и текущие доклады в руководящем органе Джалолуддина Акбаршаха. Автор статьи, изучив материалы по данной теме, приходит к выводу, что произведение является важным литературным источником и предоставляет информацию о жизни и наследии 59 поэтов, писателей и историков периода Акбара, о которых нет информации ни в одном источнике.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Литературная ценность второй тетради «Аин-и Акбари»

The article provides a review for the valuable work belonging to the pen of the author and the famous Indian historian who lived in the XVI-th century Abulfazli Allami, in particular, the second office entitled “Akbari Akim”. It is underscored that a commentary on the institutions and rituals of the Akbarshahan period (1556-1605) and his specialization was written five years before his death, in 15971598. It is noted that the work consists of a foreword, 3 authors and 5 books. It is noteworthy that the author distributed every book of his work in the game in order to regulate his thoughts, and the main work in this work is the observations of Allah himself and current reports in the governing body of Jaloluddin Akbarshoh. The author of the article comes to the conclusion that the work is an important literary source and provides information about the life and legacy of 59 poets, writers and historians Akbar who ignored the sources.

Текст научной работы на тему «Literary and historical value «Ain-i Akbari»»

УДК 8Т1 ББК 83.3(0)3

АРЗИШИ АДАБИИ Пулотов Назирцон Набицонович, номзади илмуои филология, ДА ФТАРИДУЮМИ дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ "ДДХ «ОЙИНИ АКБАРИ» ба номи академик Б. Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

ЛИТЕРА ТУРНАЯ Пулатов Назирджон Набиджонович, кандидат

ЦЕННОСТЬ ВТОРОЙ филологических наук, доцент кафедры таджикской

КНИГИ «АИН-И классической литературы ГОУ "ХГУ имени акдемика Б.

АКБАРИ» Гафурова"(Таджикистан, Худжанд)

LITERARY AND Pulatov Nazirdjoh Nabidjonovich, candidate of philological HISTORICAL VALUE sciences, Associate Professor of the department of Tajik classic «AIN-I AKBARI» literature under the SEI «KSU after B.Gafurov» (Tajikistan, Khujand), E-mail: pulotovnn 1973@ mail. ru

Вожа^ои калиди: адабиёти форсизабони Хинд, таърихнигорй, «Ойини Акбарй», сарчашмаи адаби, шоир, нависанда

Мацола ба баррасии дафтари дуюми «Ойини Акбарй»-и адиб ва муаррихи варзидаи царни XVI Хиндустон - Абулфазли Алломй бахшида шудааст. Цайд мешавад, ки Алломи ин китобашро ба шаруи нщод ва ойинуои даврони Акбаршоуи Курагонй (1556-1605) ва дарбори у ихтисос дода, онро панц сол пеш аз марги худ, яъне дар солуои 1597-1598 навиштааст. Таъкид мешавад, ки асар аз муцаддима, 3 муцалладу 5 дафтар иборат мебошад. Тазаккур меравад, ки муаллиф бо мацсади танзими андешауои худ уар як дафтари асарашро ба ойинуо тацсим кардааст ва маъхази асосй дар ин асар мушоуидоти худи Алломй ва гузоришуои мавцуда дар ташкилоти идории Цалолиддин Акбаршоу маусуб меёбад. Муаллифи мацола ба ин натица мерасад, ки асар сарчашмаи мууими адабиётшиноси буда, дар бобати уаёт ва осори 59 шоир, нависанда ва таърихнигори номдор ва азназарафтодаи ауди Акбар маълумот медщад, ки дар сарчашмацо доир ба ощо маълумоте ба назар намерасанд.

Ключевые слова: персоязычная литература Индии, историография, «Установления Акбара», литературный источник, поэт, писатель.

Статья посвящена обзору второй книги "Аин-и Акбари"(«Установления Акбара») известного индийского писателя и историка XVI века - Абульфазли Аллами. Отмечается, что автором этой исторической книги, написанной за пять лет до его смерти, в 1597-1598 годах, собраны комментарии к ритуалам периода Акбаршаха (1556-1605). Указывается, что работа состоит из предисловия, 3 томов и 5 книг. Подчеркивается, что автор в своих трудах, с целью упорядочения собственных мыслей, разделяет каждую книгу на установления, в которых приведены наблюдения самого Алломи и текущие доклады в руководящем органе Джалолуддина Акбаршаха. Автор статьи, изучив материалы по данной теме, приходит к выводу, что произведение является важным литературным источником и предоставляет информацию о жизни и наследии 59 поэтов, писателей и историков периода Акбара, о которых нет информации ни в одном источнике.

Key words: Indian-Persian literature, history, "Arabicpiece", literary source, poet, writer.

The article provides a review for the valuable work belonging to the pen of the author and the famous Indian historian who lived in the XVI-th century - Abulfazli Allami, in particular, the second office entitled "Akbari Akim". It is underscored that a commentary on the institutions and rituals of the Akbarshahan period (1556-1605) and his specialization was written five years before his death, in 15971598. It is noted that the work consists of a foreword, 3 authors and 5 books. It is noteworthy that the author distributed every book of his work in the game in order to regulate his thoughts, and the main work in this work is the observations of Allah himself and current reports in the governing body of Jaloluddin Akbarshoh. The author of the article comes to the conclusion that the work is an important literary source and provides information about the life and legacy of 59 poets, writers and historians Akbar who ignored the sources.

Нимаи дувуми карни XVI ва ибтидои асри XVII яке аз даврахои пурбори адабиёти форсу точик дар шибхи кораи Х,инд махсуб меёбад. Дар ин адвор, дар хаёти сиёсй, ичтимой, мадании ин сарзамин табаддулот ва тагйироти мухиме тавассути саъю кушиши Ч,алолиддин Акбаршохи Курагонй (1556-1605) бо максади ба вучуд овардани империяи пуркувват ба вукуъ омада буд. Вале дар татбики ин накша ва хидояти он ва аз лихози сиёсй асоснок кардан, хидмати гурухе аз олимону фозилони ахди Акбар басо бузург аст.

Дар миёни ин донишмандон муаррихи мумтоз ва адиби забардаст, ки барои тахкиму таквияти хонадони Темуриёни Х,инд хиссаи арзанда гузоштааст, Абулфазл ибни Мубораки Ногурй (1551-1602), мулаккаб ба Алломй макоми барчаста дорад.

Абулфазл фарзанди дувуми донишманди маъруф ва файласуфи суфй Шайх Мубораки Ногурй (1505-1593) буда, дар илмхои гуногун таълифоти зиёд дошта, барои рушди насри форсй-точикй таъсири шомихе гузоштааст. Бобати хаёту эчодиёти ин саррофи сухан ва арбоби маонй осори зиёди интикодй, маколаву нигоришоти чолиб чй дар кишвар ва чй берун аз он ба чоп расидаанд. Вале бо вучуди ин хануз арзиши адабии осори таърихии у хамачониба баррасй карда нашудааст.

Осори насрии Алломй аз муътабартарин ва маъруфтарин намунаи на танхо эчодиёти пурмухтавои вай, балки адабиёти форсии Х,инд ба хисоб меравад. Эчодиёти мансури Абулфазли Алломй аз руи мухтавои хеш дорои ду манбаъ - таърихнигорй ва тарчумонй аст.

Калонтарин бахши осори Алломиро таърихнигорй ташкил намуда, ба ин кисмат гурухи бузурги кутуби муаллиф, амсоли «Акбарнома» ва «Ойини Акбарй» шомиланд, ки маъхази дасти аввал дар омузиши таърихи Темуриёни Х,инд махсуб меёбад.

«Ойини Акбарй» дар радифи дигар асархои таърихии он ахд осори пурарзиши таърихии Абулфазли Алломй махсуб ёфта, ба забони форсй таълиф гардидааст.

Ин асар аз назари фарогирии мавзуъ ва шеваи нигоришаш аз сарчашмаи бисёр судманди форсй махсуб ёфта, мухимтарин манбаи таърихии Х,индустон ва бархе кишвархои хамсоя дар садаи XVI ба хисоб меравад.

Маъхази асосии муаллиф дар ин асар мушохидоти худи Алломй ва гузоришхои мавчуда дар ташкилоти идории Ч,алолиддин Акбарподшох ба шумор омадааст. Ин китоб донишхои гуногуни адабй, иктисодй, ичтимой, чугрофй ва таърихи хукумати Акбаршохро фаро гирифтааст.

Мусанниф дар он рочеъ ба расму мулкдории салтанати Темуриёни Х,инд дар намунаи Акбар, урфу одати ахолии Х,индустон, чигунагии ойину мазхабхои роичи замон дар худуди Х,инд, аз чумла мусулмонон ва хиндувон, ахволи сиёсатмадорони салтанати Акбар, шархи холи мухтасари шуарои дарбор, вазъи хунару санъат маълумот оварда, ин асарро «ганчномаи шоханшохй, корнамои огохй, фехристи дафтари доной.., лавхи таълими дабистони одоб, .. .дастуруламали боргохи хилофот,...» ба хисоб оварда, сабаби эчоди онро ба фармоишоти Акбаршох дар фатхи худудхои нав мансуб дониста, онро дар муддати 7 сол (1591-1597) дар панч дафтар тадвин карда, аз ранчхояш чунин гуфтааст: «... Х,афт сол мехнат бурдам ба чихати офаринчовид...» (3,192).

«Ойини Акбарй» аз дебоча, се чилду панч дафтар иборат аст. Дар мукаддима шарху тавсифи макоми подшохй ва таксими мардумон ба чор гурух муборизон, пешаварону бозаргонон, ахли калам ва кишоварзон сурат гирифта, хар яке аз панч дафтари асар шарху баёни ойинеро дар бар гирифтааст.

Ч,илди якуми асар, аз ду дафтар иборат аст. Дафтари аввал шомили 84 ойин буда, ойини аввал «Ойини манзилободй» унвон дорад. Муаллифи асар дар он перомуни русуми дарборй, баъзе одобу ойинхои мардум, равобити афрод, чигунагии маишат сухан ба миён оварда, оид ба ойинхои хазинаи чавохир, сикка, дираму динор, бунёди манзил, фуруд омадани урду, чарогафрузй, нигини шоханшохй, фаррошхона, обдорхона, гизои аксом, нон, тасвирхонаю филхонаи ахди Акбаршох, мевахона, пайдоиши таъом, хушбухона, шол, пайдоиши ранг, хидматгузорон, иморат, нарх ва гайра акида ронда (2, 15-342), баъзе оинхоро тарики накша нишон дода, тавзехоти онхоро бо матлаби хеш дар чадвал баён намудааст (2 ,192).

Дафтари дуюм шомили 31 оин буда, «Дар сипохобадй» унвон дошта, рочеъ ба ташкилоти низомй дар ахди Акбар ва дарачоти он аст (2 , 343).

Ч,илди дувум, шомили дафтари севум буда, Алломй дар ин дафтар ба зикри тартиботи давлатй ва низомй, номи бархе аз саркардагон, донишмандону сарояндагони мумтози рузгори Акбаршох, бузургони давлат машгул гардидааст. Алломй донишмандон, олимон ва фозилони ахди Акбарро бо чадвал зикр карда, пиромуни уламои зохиру ботин ва пизишкони ахди Акбар акидаронй намудааст (2 , 488-491).

Мусаниф дар оинхои ин дафтар ба зикри хайрот, инъом, чашнорой, омузиш, шикор нишотбозй, маълумоти дакик ва сахех овардааст, ки ин аснод барои омузиши хаёти ичтимой, маишй ва фархангии даврони Акбаршох ва асри XVI Х,индустон басо муфид аст.

Х,амзамон, муаллиф дар оини ин дафтар, ки унвони «Кофиясанчон»-ро дорост, рочеъ ба фаъолияти як зумра шуарои куруни XVI-XVII шибхи кораи Х,инд маълумоти судманд медихад. Нигорандаи асар дар хусуси хаёту фаъолияти 59 нафар шоири шинохташуда ва аз назарафтодаи доираи адабии дарбори Акбар, сурудахои эшон, анвои шеърй, сохибдевон будан, ё набудани эшонро маълумот додааст, ки аксари он аснод дар сарчашмахои дигари таърихию адабй кайд нагардидаанд. Кисме аз ин шоирон ба вазифахои гуногун ва хатто баъзе аз онхо ба макомхои олии дарборй дар оянда чалб карда шуда буданд.

Мусанниф дар асари хеш маълумоти пуркиматеро доир ба ахволу рузгор ва ашъори шоирони зерин овардааст: Шайх Абулфайз Файзй, Хоча Х,асани Саноии Машхадй, разини Исфахонй, Косими Кохй, Газзолии Машхадй, Урфии Шерозй, Хуроии Х,иротй, Чдъфарбеги Казвинй (Осафхон), Хоча Хусейни Марвй, Х,аёти Гелонй, Шикебии Исфахонй, Аниси Шомлу, Назирии Нишопурй, Дарвеш Бахром, Сарфии Кашмирй, Забехи Чагатой, Мушфикии Бухорой, Мухаммад Мираки Соней, Мазхари Кашмирй, Махвии Хдмадонй, Карори Гелонй, Атобаки Начафй, Мулло Мухаммад Суфии Мозандаронй, Мир Ч,удой, Вукуъии Нишопурй, Хусрави Коонй, Шайх Зухулй, Вафоии Исфахонй, Шайх Сокй, Рафии Кошй, Гайрати Шерозй, Ёдгори Х,олатй, Х,аким Зуннун Санчари Кошй, Миралй Ташбехи Кошй, Ашки Кумй, Асирии Розй, Фахмии Ровй, Кайди Шерозй, Гомии Сабзаворй, Паёмии Кирмонй, Саид Мухаммади Фикрй, Кудсии Карбалой, Х,айдари Табрезй, Фусунии Шерозй, Нодири Туршезй, Навъии Машхадй, Бобо Толиби Исфахонй, Сармади Исфахонй, Косим Арслони Машхадй, Мулло Такиюддини Гаюрии Х,исорй, Косим Исфахони Мозандаронй, Зехии Нишопурй, Пайрави Совачй, Фиреби Розй ва г (2, 492-536).

Бахусус, муаллиф хунари шоирй ва шеваи баёни маликушшуарои дарбори Акбар, Файзии Файёзиро мавриди ситоиш карор додааст. У сиёсатмадор, нависанда ва шоири маъруфи форсигуи дарбори Акбар буда, пас аз вафоти Газзолии Машхадй (980/1572) ба унвони «Маликушшуаро»-и салтанати Акбар сарфароз гаштааст. Файзй бо забони форсй ашъори зиёд сурудааст ва дорои ахлоки баланду шоиста будааст. Аз ашъори Файзй 2 касида, 9 газал ва 13 рубой барои намуна оварда шудааст (2 , 493-503).

Аввалин маликушшуарои дарбори Акбар Газзолии Машхадй махсуб ёфта, муаллифи асар дар «Ойини Акбарй», ки хамасри Газзолй махсуб меёфт, уро ба баландфахмй ва шевозабонй ёдовар шудааст (2,507).

Алломй дар ин ойин дар мавриди шоириву суханварй мухтасар сухан ронда, аз хаёту эчодиёти баъзеи онхо маълумот овардааст. Масалан, рочеъ ба шоири мумтози ахд Назири Нишопурй чунин менависад « шахси аснофи сухан, ба хубй мохир ва кодирулкалом... некниход, бехтарин наккош...» (2, 515-516). Рочеъ ба шоир Мулло Мухаммад Суфии Мозандаронй менависад, ки «шахси сохибчох ва манзалатй, лекин баландназар» (2, 522-523), ё доир ба Гомии Сабзаворй кутох мегуяд, ки «шахси шуридамизоч» аст (2, 529).

Нигорандаи асар дар баробари зикри шуаро хислатхои фардии баъзеи онхо, муносибати эшонро бо атрофиён низ инъикос кардааст. Масалан, у дар бораи Косими Кохй тава;;уф намуда, машхуру муътабар будани ашъори уро кайд менамояд, ки «фитратан хушмизоч ва каноатписанд» будааст (2, 506). Аз у ин абётро овардааст;

Чун соя %амрах;ем, ба х,ар цо равон шави,

Шояд, ки рафта-рафта ба мо ме^рубон шави (2,506).

Газанфар Алиев дар «Адабиёти форсизабони Х,инд» (1968) фасли чудогонае ба ахволу осори Начмиддин Абулкосим Косими Кохй ихтисос додааст, ки аз шеъри хуб эчод кардани у огохй медихад (1, 102-105).

Ё, дар бораи «шахси зиндадил ва хушкирдор» будани Аниси Шомлу ишора карда, аз эчодиёти у 11 байту 1 рубоиро намуна овардааст (2,514). Пиромуни шоир Карори Гелонй бошад мегуяд, ки «ин шахс номаш Нуриддин, тезфахм ва баландфитрат, бародари бузурги Х,аким Абулфатх, бародари хурдии Х,аким Х,умом...» аст(2, 520-521).

Х,амзамон, Алломй дар бораи макони тавлиди шуаро ва зиндагии баъзеи онхо маълумоти судманд овардааст. Масалан, дар бораи Шайх Со^й маълумот оварда, ба «арабиуласл ва аз чазираи Яман» будани у ишора карда, 3 байт барои намуна аз ашъори у овардааст (2, 524).

Дар нимаи аввали асри XVI бо сабабхои гуногун, аз чумла авзои сиёсй ва душвории шароити зиндагй, эхтироми хукуматдорони темурй нисбат ба ахли сухан боис гардид, ки аз Мовароуннахру Хуросон ба Х,инд садхо нафар шоиру адиб ва хунармандон хичрат намуда,

аксарият ин сарзаминро ватани хеш ихтиёр кардаанд, ки доир ба чанде аз онхо мусаннифи асар иттилооти судманд овардааст. Мувофики маълумоти Гулчини Маонй, теъдоди шоироне, ки дар даврони салтанати Акбар аз Эрон ба Хиндустон мухочират намудаанд, 259 нафарро ташкил медод (6, 316).

Шохону амирони темурй хамеша олимону фозилон, шуаро ва ахли хунарро кадрдонию пуштибонй карда, бо адабпарварй ва шоирнавозии хеш тавонистаанд дар тараккй ва инкишофи адабиёти форсй сахми намоён гузоранд.

Масалан, Хоча Хусайн Саноии Машхадй аз шуарои номдори Эрон буда, баъди катли хукмрони Хуросон ва хомии худ-Султон Иброхим Мирзо Сафавй рахсипори Хинд гардида, дар силки шоирони дарбори Акбар карор гирифта, подшох ва баъзе аз аркони давлат, амсоли Абдуррахими Хонихонон, Абулфатх Масехуддин Гелониро мадх кардааст. Вай аз тавонотарин шуарои ахди худ буда, бархе уро «Анварии замон» хондаанд. Алломй барои намуна 22 байтро аз ашъори Саной оварда, уро «...фитратан нек ва содамизоч...» зикр кардааст(2 , 503-505).

Ё дар мавриди Мир Алиакбар Ташбехи Кошй менависад, ки у аз шоирони салтанати Акбар махсуб ёфта, аз содоти Кошон буд ва падараш дар он шахр пешаи гозурй дошт. Ташбехй сохиби девон низ буда, ашъори у 8000 абётро бо як маснавй бо номи «Зарра ва Хуршед» (2, 526-527), ки дар бахри «Маснавй»-и Мавлавй суруда шудааст, дар бар мегирад. Дар «Ойини Акбарй» 5 байту 1 рубой аз ашъори у оварда шудааст. Абёте аз у аст:

Гуянд суцуд пеши х,ац бояд кард,

Ман чун %ама х,ац шудам, суцуди ки барам.

Ч,удоии Табрезй мулаккаб ба Нодирулмулуки Ч,умоюншохй, шоир ва наккоши эронй махсуб меёфт. Ниёгонаш аз мардуми Тирмиз буданд, бархе аз хешони падараш дар Бадахшон зиндагй мекарданд, аммо дар баъзе манобеъ вайро аз мардуми Табрез зикр кардаанд. Дар маъхазхо уро набераи Амир Рухуллох, маъруф ба Мираки Наккоши Х,иротй, китобдори Султон Хусайни Бойкаро ёд мекунанд. Вай дар Эрон дар канори падараш дар китобхонаи Бахром Мирзо ва Тахмоспи I-и Сафавй ба тасвирпардозй мепардохтааст. У дар шоирй устодй дошта, анвои шеър аз касида, китъа, рубой ва газалро неку сурудааст. Дар сафари хач даргузаштааст.

Амирбек Пайрави Совачй шоир ва наккоши эронитабор буда, дар сарчашмахои адабй аз вай Пайрави наккош, Пайрави Эронй, Пайрави Мусаввир, аммо дар «Ойини Акбарй»-и Алломй бо номи «Амирбек» ёд шудааст(2 ,529)

У дар рузгори Ч,алолиддин Акбар ба Хинд рафта, муддатхо дар он диёр умр ба сар бурдааст. Ба навишти Абдулкодири Бадоунй, Пайравй шоири сохибдевон буда, дар газалсарой махорати беандоза дошта, бештар ба Осафи Хиравй пайравй мекардааст (4,614615).

Аз Пайравй шеърхои пароканда то даврони мо омада расидааст, ки намунаи онро Абулфазл дар «Ойини Акбарй» овардааст.

Шайх Абдусалом Паёмии Кирмонй низ аз шуарои эронй буда, аз мардуми Бахрайн махсуб меёфт ва бо сабабхои сиёсй ба Хинд рафта, аз Акбаршох навозишхо ёфтааст. Алломй уро «арабиюасл» (2, 529-530) зикр кардааст. Сарвате чамъ карда, оханги хач намуда, пас аз гузаронидани маросими хач рохи Шом ва Халабро пеш гирифта, дар рохи Басра горатгарон амволи уро ба ягмо мебаранд. Аз дасти умарои даканй ва хабашй ба катл расидааст. Вай шоири тавоно буда, дар анвои шеър аз касида, газал, рубой даст дошт. Девони вай хангоми катлаш аз миён рафтааст, аммо сурудахои у дар даст мавчуд аст. 580 байт аз сурудахои Паёмй дар «Хулосатул-шуаро»-и Такии Кошй омада, 120 байт касида дар мадхи Аломулки Лорй сурудааст. Абулфазли Алломй 3 байту 3 рубоии Паёмиро барои намуна овардааст.

Ашки Кумй низ шоири эронитабор буда (2,527), бештари умри хешро дар зодгохаш гузаронида, бо шунидани овозаи комёбихои Газзолии Машхадй дар Хинд дар авохири зиндагиаш ба Хиндустон куч баста, дар Агра ё Дехлй даргузаштааст.

Дар вопасин лахазоти зиндагии худ дафтари шеърашро ба шоир Ч,удой Мусаввари Тирмизй месупорад, то вай онро манзум кунад, аммо Мир Ч,удой «он чй ба кор меомад, ба номи худ карда, бокиро дар об андохт» (4,213).

Алломй шоир Ашкии Кумиро «шахси таботабой ва суханкудрат» (2, 527)зикр карда, намунае аз ашъори уро овардааст.

Дар катори насаби «кофиясанчон»-и дарбори Акбар макоми Мирзо Кавомиддин Ч,аъфари Казвинй (2,510-511), маъруф ба Мирзо Ч,аъфари Осафхон басо бузург аст. Осафхон аз ричоли

мухими сиёсию фархангии салтанати Темуриён дар дарбори Акбар ва Чдхонгир махсуб буда, солхо нозир-савбадори Кашмир будааст.

Вай дар Казвин тавлид шуда, дар хамон чо тахсили адаб ва донишхои ахди худро аз бар карда, пас аз марги Шох Тахмосп бо сабаби ошуфтагихои сиёсй ба Х,инд рахсипор гашта, ба дарбори Ч,алолиддин Акбаршох рох меёбад. Девони ашъори у шомили 3000 байт, ки аз он чумла 2000 байти маснавй дар баробари «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчавй бо номи «Нурнома» аст, ки онро ба номи вориси авранги шохй - Нуриддин Чдхонгир гуфтааст. Шоир бар девони худ мукаддимае ба наср навиштааст ва дар он аз саргузашти худ ва бархурдорихои у бо Чдхонгиршох сухан ронда аст. Вай яке аз зумраи муаллифони осори таърихй - «Таърихи алфй» ба шумор рафта, бо супориши Акбаршох анчомдихандаи кори Ахмади Таттавй буда, вокеахои то соли 997 х.//1588-1589-ро навиштааст.

Арзиши маълумоти овардаи Чдъфарбеги Осафхон дар он аст, вай шохиди рухдодхои на танхо Х,индустон, балки муддате шохиди вокеахои гуногуни сиёсию ичтимоии Эрони дар даврони Шох Тахмосп ва Исмоили II буд. Абулфазли Алломй уро «шоири бехад олифахм» (2, 510) зикр карда, чанд намунаи ашъори уро овардааст.

Хазини Исфахониро бо каломаш Абулфазли Алломй дар асар чунин тавсиф карда, «шахсе аклиёт кошида, шоири мохир, фитратан озодандеш ва некзот..» (2 ,505-506) овардааст.

Кисмати муайяни шуароро Акбар ба вазифахои мухимми сиёсй ва низомиву харбй, монанди сафирй, надимй, нозимй, хокимй, савбадорй, козигй, амирй ва г. мансуб мекард. Масалан, шоир Бобо Толиби Исфахонй аз чониби Акбар ба сафорати кишвари Тибет маъмур гашта буд, Хоча Хусейни Марвй- амир буд, ки дар катори дигарон пиромуни он Алломй дар «Ойини Акбарй» маълумот овардааст.

Алломй Бобо Толиби Исфахониро дар «Ойини Акбарй» «кодирулкалом, суханвар, муомилафахм» (2, 533) зикр карда, аз ашъори у намуна овардааст: Шодам аз а^ли ца^он, к-аз асари су^баташон,

Ба ца^оне надирам гушаи тан^оиро.

* * *

Дар дили тангам, агар фа^ми ту гунцад, чи ацаб, Тангнойи дили ман вусъати са^ро дорад (2, 533).

Гайр аз инхо, шуарои зиёд дар ахди Акбар ба Х,инд мусофират намуда, кушиши наздикй ба дарбори уро мекарданд ва пас аз як ё ду сафар ба Х,индустон ба ватани худ бозгаштаанд. Аз чумлаи инхо Мушфикии Бухорой мебошад, ки дар ахди Акбар ду бор ба Х,индустон сафар карда, бо сабабе аз нав ба ватани хеш бармегардад. Абулфазли Алломй дар асари худ намунаи ашъори Мушфикиро овардааст. Ин шоири номдори асри XVI соли 1577 барои аз кашшокй рахой ёфтан, ба сафари Х,индустон камар баста, ба дарбори Акбаршох рох меёбад, вале пас аз як сол, яъне соли 1578 боз ба ватан бар мегардад. Абулфазли Алломй намунаи каломи уро дар асар овардааст.

Дар кисмати авохири дафтари дуюм Абулфазли Алломй гайр аз зикри шуарои фавкуззикр боз насаби 13 нафар суханварони мумтози ахди Акбарро, ки дар мадхсарой машгул буданд, амсоли Косими Гунободй, Замири Исфахонй, Мухташами Кошй, Зухурии Шерозй, Валй Дашти Баёзй, Козй Нури Исфахонй, Рашкии Х,амадонй, Некии Сабрй, Х,узурй, Малики Кумй ва гайраро зикр кардааст (2, 536).

Х,амзамон, Алломй дар оини сеюми дафтари дуюми «Ойини Акбарй», ки «Хунёгарон» (арбоби нагма) унвон дорад, тарики чадвал руйхати 36 нафар намояндагони хунари мусикй ва навозандагии салтанати Акбарро, ки дар риштахои гуногуни хунарй, амсоли: гуяндагй, танбурнавозй, хонандагй, найнавозй, гичакй ва г. машгул буданд, оварда, эшонро як-як бо ному насаб, лакабашон вобаста ба нисбати махаллй ва чигунагии риштаи хунарашон дар чадвали муайян нишон дода, сухан кардааст (2 , 537-560).

Дар мачмуъ, «Ойини Акбарй» асари муътамади таърихй буда, миёни таълифоти ин донишманди фарзона макоми шоистаеро дарёфтааст. Китоби фавкуззикр аз назари фарогирии мавзуъ ва шеваи нигориш аз кутуби бисёр арзишманди форсй махсуб ёфта, бехтарин манобеи таърихии садаи XVI-и Х,индустон ба шумор меравад ва хамчун асари таърихиву ёддоштй барои омузиши замони кишвардории Акбаршохи Курагонй ва давлатдории у сарчашмаи беназир мебошад. Аммо баробари дар ин хама маълумоти дафтари дуюми «Ойини Акбарй» хамчун сарчашмаи мухими таърихи адабиёт махсуб ёфта, дар омузиши масоили мухими адабиёти ин давр хидмат менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алиев, Г.Ю. Персоязычная литература Индии / Г.Ю. Алиев. -Москва, 1968, -248с.

2. Алломй, Абулфазл. Ойини Акбарй. Ч,илди аввал. Тарчумаи Мавлавй Мухаммад Фидоалии Сохиб Толиб / Абулфазл Алломй. -Хайдаробод, 1357х., -576 с.

3. Алломй, Абулфазл. Хар се дафтари Абулфазл/ Абулфазли Алломй. -Калкатта, 1277 х. -260 с.

4. Ануша, Хасани. Донишномаи адаби форсй. Адаби форсй дар шибхи кора. / Хиндустон, Покистон, Банглодеш/. Ч,. 4., бахши I / Хасани Ануша. - Техрон, 1380 х. -921 с.

5. Бадоунй, Абдулкодир Мулукшох. Мунтахаб-ут-таворих. Ба тасхехи Мавлавй Ахмад Алии Сохиб. Ч,.3. - Техрон: Анчумани осор ва мафохири фархангй,1379. - 303 с.

6. Саидчаъфаров, О. Вазъи сиёсй ва адабии Хиндустон дар асрхои XVI -XVII. -Душанбе, 2014, - 479 с.

7. Таърихнависии форсй дар Хинду Покистон. Темуриёни бузург. Аз Бобур то Аврангзеб. 932-1118 х.к. Нигориши дуктур Офтоб Асгар.-Лохур: Хонаи Фарханги Ч,умхурии Исломии Эрон, 1364, х.ш., -559 с.

REFERENCES:

1. AIiev, G. Yu. Persian Literature of India/ G. Yu. AIiev., - Moscow, 1968.-247p.

2. Abu-I Fazl, AIIami. The Ain-I Akbari. V.1. The translation of Mavlavi Muhammad Fidoali Sohib Tolib. -Haydarobod. 1357 h. -576 p.

3. Abu-I Fazl, AIIami. Three volumes of Abu-I Fazl. Calcutta, 1277 h. -260 p.

4. Badaoni, Abdu-lqodir Mulukshoh. Muntakhad at-tawarikh. Edited Mavlavi Ahmad Ali Sohib. V.3. - Tehron, Анчумани осор ва мафохири фарханги, 1379. -303 p.

5. Anusna, Hasan. The Avenues of Persian Literature in Peninsula Continent. (India, Pokiston, Banglodesh) / Hasan Anusna. V.4. Part 1.- Tehron, 1380 h. - -921 p.

6. Saidja'farov O. The literary and political situation in India in the XVI-XVII-th centuries. Dushanbe. 2014. - 479 p.

7. Persian historiography in India and Paistan. Great Temuriyons. From Bobur to Avrangzeb. 9321118 h. q. Writer Dr. Oftob Asgar.- Lahor: House jf culture of the Islamic Republic of Iran, 1364 h.sh.-559 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.