Научная статья на тему 'ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА РУШДИ ПАДИДАИ ФАРЗАНДХОНДӢ'

ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА РУШДИ ПАДИДАИ ФАРЗАНДХОНДӢ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
40
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
фарзандхондӣ / ғайриқобили амал / парасторӣ / васоят / кудак / шаҳрванд / ҳифзи иҷтимоӣ.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ҳалимов Умедҷон Балаҷонович

Мақола ба таърихи ташаккулёбӣ ва рушди падидаи фарзандхондӣ бахшида шуда, ҷанбаҳои назариявии онро фаро мегирад. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда мебошанд. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад: шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд; шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд; шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст; шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст; зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст; шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кардааст; шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд; шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст; шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии ин шахсон дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА РУШДИ ПАДИДАИ ФАРЗАНДХОНДӢ»

ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБЙ ВА РУШДИ ПАДИДАИ ФАРЗАНДХОНДЙ

ХАЛИМОВ УМЕДЧ.ОН БАЛАЧ.ОНОВИЧ

Ассистенти кафедраи ху;ук;и инсон ва хук;ук;шиносии му;оисавии Донишгохд давлатии

бохтар ба номи Носири Хусрав

Анататсия. Мацола ба таърихи ташаккулёби ва рушди падидаи фарзандхондц бахшида шуда, цанбаххои назариявии онро фаро мегирад. Фарзандхондц шакли афзалиятноки цобацокунии кудакони бе парастории падару модармонда мебошанд. Ба фарзандхондц цабул кардан тащо аз тарафи шахрвандони ба балогатрасидаи Цущурии Тоцикистон, б а истиснои шахсони зерин сурат мегирад:

- шахсоне, кицоимуайяниистицоматнадоранд;

- шахсоне, ки хангоми фарзандхондц барои содир кардани цинояти цасдона доги судц доранд;

- шахсоне, ки суд барои содир намудани циноят нисбати ощо чораи мацбурии дороихусусияти тиббй таъинкардааст;

- шахсоне, ки суд ощоро гайрицобили амал ёцобилияти амалашонмахдудэътироф намудааст;

- зану шавхаре, ки суд яке аз ощоро гайрицобили амал ё цобилияти амалаш махдуд эътироф намудааст;

- шахсоне, ки суд ощоро аз хуцуци падару модар махрум сохтааст ёхуцуци падару модарро махдуд кардааст;

- шахсоне, ки ба сабаби ицрои гайрицаноатбахши ухдадорщои бо цонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи вас ё парасторц дур карда шудаанд;

- шахсоне, кицаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондц бо гунохи ощо аз ц ониби суд бекор карда шудааст;

- шахсоне, ки аз сабаби беморц наметавонанд хуцуци падару модарро амалй намоянд. Номгуи беморщое, ки дар сурати мубтало будан ба ощо шахс наметавонад кудакро ба фарзандхондц цабул кунад, та%ти васоят (парасторц) гирад, аз цониби Хукумати Цущурии Тоцикистонмуцаррар карда мешавад.

Барои фарзандхондии кудаконе, ки тахти васоят (парасторц) царор доранд, розигии хаттии васии (парасторц) ощо зарур аст. Барои фарзандхондии кудаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисахои дахлдори тарбиявию тиббй, муассисахоихифзи ицтимоии ахом ва муассисахои дигари ба ин монанд царор доранд, розигии хаттии рохбари ин муассиса зарур аст. Судхуцуц дорад ба манфиати кудак бе розигии ин шахсон дар хусуси фарзандхондц халнома цабул намояд.

Калидвожацо: фарзандхондц, гайрицобили амал, парасторц, васоят, кудак, шахрванд, хифзи иц тимоц.

Анататсия. Статья посвящена истории становления и развития феномена усыновления и освещает его теоретические аспекты. Усыновление является предпочтительной формой устройства детей, оставшихся без попечения родителей. Усыновление осуществляется только совершеннолетними гражданами Республики Таджикистан, за исключением следующих лиц:

- лица, не имеющие определенного места жительства;

- лица, имеющие на момент усыновления судимость за совершение умышленного преступления;

- лица, к которым судом применены принудительные меры медицинского характера за совершение преступления;

- лица, признанные судом недееспособными или ограниченными в дееспособности;

- муж и жена, один из которых признан судом недееспособным или ограниченно дееспособным;

- лица, лишенные судом родительских прав или ограниченные в родительских правах;

- лица, отстраненные от должности опекуна или попечителя в связи с неудовлетворительным исполнением возложенных на них законом обязанностей;

- лица, ранее усыновившие детей, но усыновление отменено судом по их вине;

- лица, которые не могут осуществлять родительские права по болезни. Перечень заболеваний, при наличии которых лицо не может принять ребенка на усыновление, взять его под опеку (попечительство), устанавливается Правительством Республики Таджикистан.

Для усыновления детей, находящихся под опекой (попечительством), необходимо письменное согласие их опекуна (попечительства). Письменное согласие руководителя этого учреждения требуется для усыновления детей, оставшихся без попечения родителей и находящихся в соответствующих образовательных и медицинских учреждениях, учреждениях социальной защиты населения и других подобных учреждениях. Суд вправе принять решение в интересах ребенка без согласия этих лиц.

Ключевые слова: усыновление, недееспособность, опека, попечительство, ребенок, гражданин, социальная защита.

Ниходи фарзандхондй яке аз ниходхои ;адимаи ху;у;й буда, дар тамоми низоми х,ук;ук;ии муосир чой дорад. Аммо ма;сади истифодаи он дар даврахои гуногуни таърихй ва дар чомеахои гуногун хархела аст.[1, с. 216]

Дар Рими Кадим ду намуди фарзандхондй дар шаклхои гуногун ба расмият дароварда мешуд:

А) arrogatio,, агар фарзандхондкунанда пурра ;олилияти ху;у;дорй дошта бошад; Б) adoptio, агар фарзандхондкунанда шахси дорои ;обилияти ху;у;дорй надошта бошад.

Arrogatio дар замони ;адим дар мачлиси хал;й бо иштироки pontifex maximus ва дар хузури фарзандхондкунандаю фарзандхондшаванда сурат мегирифт. Пас аз тафтиши холати парванда pontifex maximus ба мачлиси хал;й rogatio оид ба фарзандхондиро пешниход мекард. Хдмин тари;, хар як rogatio iususpopuli, яъне ;онун буд. Дар ин холат фарзандхондшаванда ва фарзандхондкунанда метавонистанд шахсоне бошанд, ки ху;у;и дар мачлиси хал;й иштирок карданро дошта бошанд. Ба шумораи ин шахсон занхо ва ноболигон дохил намешуданд. Бо бархам хурдани ахамияти мачлиси хал;й хислати ;онунгузории arrogatio низ бархам мехурад, вай ба барасмиятдарории оммавии шартномаи фарзандхондшавандаю фарзандхондкунанда табдил меёбад.

Adoptio бошад, ба монанди emancipatio бо рохи истифодаи ;оидаи ;онуни XII чадвал оид ба mancipatio-и теократй ба расмият дароварда мешуд. Мансипатсияи теократии зерхокимияти (кудак) хокимияти падариро ;атъ мегардонд.

Яке аз шаклхои маъмули ахд аз руи Конуни шох Хамураппи (с. 1792-1750 то мелод) фарзандхондй буд, ки дар ду шакли ху;у;й ба амал бароварда мешуд: бо таъини мероси фарзандхондкунанда ва бе чунин холат. Дар асоси ин фар;ият ма;садхои якхела надоштани онхо меистад. Дар холати якум - давом додани насл дар оилаи бефарзанд, дар холати дуюм - ба даст овардани дастхои корй.

Аз руи ;онунгузории оилавии Ч,опони асримиёнагй оилаи бекудак бо ма;сади давом додани насл ху;у;и фарзандхондии кудакро аз хешу табори наздики худ доштанд. Дар ин холат кудак тамоми ху;у;хои ;онунй таваллудшударо дошт.

Фарзандхондй хамчун «фарзандии сунъй», хамчун ;абули «бегона» ба оила дар Руси Кадим низ ба амал бароварда мешуд. Ва;те, ки хокимияти насронй омад, фарзандхондй аз тарафи серков ба воситаи санади махсус, ки аз хокимияти серкор бармеомад, ба расмият дароварда мешуд. Вай бо расму оини махсуси «фарзандофарй»

сурат мегирифт. Барои он ки фарзандхондй ч,ой дошта бошад, вай аз тарафи архиерси епархиалй бо риояи расму оини серков тасди; мегардид. Чунин буд талаботи меъёрхои х,ук;ук;и византиягй, ки Руси Кадим зери итоати он карор дошт.

Агар сухан дар бораи хук;ук;и одатии русй равад, пас вай расмиёти гуногуни фарзандхондиро муддати дароз нигох медошт.

Аз чумла:

- расму оини таваллуди во;ей (фиктивное рождение). Дар баъзе минта;ах,о ба кудаки фарзандхондшаванда либоси хунолудро мепушонданд. Бо ин рох гуё фарзанд аз онх,о таваллуд шудааст.

- дузанагй;

- ;абули во;еии фарзандхондшаванда ба хона;

- шартномаи махсус байни фарзандхондшаванда ва фарзандхондкунанда.

Фарзандхондй хануз дар оилахои ;адим бо падарии партиархалй маъмул буд.

Аммо агар ма;сади асосии фарзандхондй дар аввал нигох доштани устувории обшина бошад, минбаъд ма;сади дигари фарзандхондй ба миён омад, ки он доштани ворис мебошад, ки руху чони хамсарони бекудакро мефахмад.[2, с. 256]

Дар миёнахои асри XIX ;оидахои нав оид ба фарзандхондй ба миён омаданд, ки фарзандхондии на танхо кудаки ятимро ;абул медонистанд. Аммо агар падару модари кудак зинда бошанд, розигии онхо талаб карда мешуд.

Дар ин ва;т фарзандхондй ба маънои васеъ - на танхо хамчун воситаи халли масъалахои амволй, балки хамчун санади ахамияти маънавй дошта фахмида мешавад. Дар дилхох холат вай бо ангезаи рафтори фарзандхондкунанда вобаста аст, ва баъдан фарзандхондй ба категорияхои гуногун та;сим мешуд. Ба холати аввал фарзандхондй аз руи ваъда дохил мешавад, ки аз хама арзишнок хисобида мешавад, зеро шахси фарзандхондиро ваъдакарда кушиш мекард, ки холати кудаки фарзандхондшаванда хуб бошад. Ба категорияи дуюм фарзандхондй фарзандхондии кудак бо ма;сади ба ширдиханда вобаста намудан дохил мешавад. Ба категорияи сеюм - фарзандхондй бо подош дохил мешавад.

Дар ;ишло;чойхо фарзандхондй имкон медод, ки фарзандхондкунанда дар корхои хочагии ;ишло; дасти иловагй пайдо кунад. Бо ёрии фарзандхондй писари хочагй ху;у; дошт, ки ба хизмати харбй наравад, ва фарзандхондшуда уро иваз намояд.

Дар натичаи Ин;илоби Бузурги Октябр ху;у;и оилавии нав ба миён омада, ;онунгузории подшохиро бекор намуд. 16 сентябри соли соли 1918 ичлосияи Кумитаи Ичроияи Марказии Чумхурии Шуравии Федеративии Сотсиалистии Русия Кодекси ;онунхо оид ба сабти холати шахрвандй, никох, оила ва ху;у;и васоят ;абул намуд. Кодекс аз чор ;исмат иборат буд: сабти холати шахрвандй, ху;у;и никох, ху;у;и васоят. Бо ма;сади бартараф намудани нобаробарии во;еии зан дар оила та;симоти амвол му;аррар гардид, ки дар ва;ти никох аз воситаи он ба даст омада буд. Дар он ва;т кодекс фарзандхондиро эътироф намекард. Муносибати манфй доштан ба ниходи фарзандхондй аз он бармеояд, ки хокимияти шуравй дар аввал бо тасарруфи мехнати кудакони бепарастор дар оилахои бой мубориза мебурд. Сабаби дуюмаш ин буд ки тавассути ниходи фарзандхондй мумкин буд, ки Декрети соли 1919 «оид ба бекор кардани мерос»-ро, ки меросро бо лимити муайяншуда махдуд мекард, гузашт кунад. Масалан, агар меросгузор ворис надошта бошад, барои онки молаш ба давлат нагузарад, мехост фарзандхонд ;абул кунад. Кодекси мазкур то 1 январи соли 1927 амал намуд, то он даме, ки Кодекси ;онунхо оид ба никох, оила ва васоят аз соли 1927 ба ;увваи амал надарояд. Дар ;онунгузории мазкур муносибат ба фарзандхондй тагйир ёфт. Зарурияти фарзандхондй авч гирифт ва тартиби барасмиятдарории он му;аррар гардид.

Рушди минбаъдаи худро фарзандхондй дар Фармони Призидиуми Шурои Олии ИЧ,ШС «Оид ба фарзандходдй» аз 8 сентябри соли 1943 ёфт. Фармон ба САХШ имкон дод, то фарзандхондиро ба монанди фарзанди аслй ба расмият дарорад.

Пас аз пош хурдани Иттиходи Шуравй хар як мамлакат конунгузории оилавии худро ;абул намуд.

Конуни асосие, ки дар Чумхурии Точикистон масъалаи фарзандхондиро танзим мекунад, Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон аз 13 ноябри соли 1998 мебошад. Боби 19 Кодекс «Фарзандхондй» ном дошта, моддахои 125-146-ро дар бар мегирад.[3]

Акнун, мукаррароти ;онуни мазкурро дида мебароем.

Фарзандхондй нисбати кудакони ноболиг танхо манфиатхои онхо, хамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи чисмонй, рухй, маънавй ва ахло;ии кудак ичозат дода мешавад.

Фарзандхондии бародарону хохарон аз чониби шахсони гуногун, ба истиснои холатхое, ки фарзандхондй ба манфиати кудак мебошад, ичозат дода намешавад.

Фарзандхондй дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кудакро ба фарзандй кабул кардан мехоханд, аз тарафи суд расмй карда мешавад. Парвандахои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасй менамояд.

Парвандахои фарзандхондй дар суд бо иштироки ма;омоти васояту парасторй ва прокуратура баррасй мегардад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон бо интихоби худ ба суди махали исти;омати кудаки ба фарзандхондй кабулшаванда ё ба суди махали исти;омати худ барои ба фарзандхондй гирифтани кудак ариза медиханд.

То аризаи фарзандхондиро баррасй намудани суд ма;омоти васояту парасторй вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хохиши ба фарзандхондй ;абул кардани кудакро дорад, санчида, муайян кунанд, ки фарзандхондй ба манфиати кудак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае хаст, инчунин муносибати кудак ба фарзандхондй ва фикри уро барои ба фарзандхондй ;абул шуданаш йян намуда, хулосахояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондй ба суд пешниход намоянд.

Ма;омоти васоят ва парасторй вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кудакро ба фарзандхондй кабул мекунанд, дар бораи саломатии кудак маълумот диханд.

Хуку; ва ухдадорихои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лахзаи эътибори конунй пайдо кардани халномаи суд дар бораи фарзандхондй огоз меёбад.

Фарзандхонд шудани кудак бояд мувофи;и тартибе, ки барои сабти асноди холати шахрвандй мукаррар гардидааст, дар макомоти сабти асноди холати шахрвандй ба ;айди давлатй гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рузи баъди эътибори ;онунй пайдо кардани халнома дар бораи фарзандхондй ба ма;оми сабти асноди холати шахрвандии махалли кабули халнома и;тибоси ин халномаро фиристад.

Фаъолияти миёнаравй оид ба фарзандхондии кудак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо максади интихоб кардан ва додани кудак барои фарзандхондй аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хохиши ба фарзандхондй гирифтани кудакро доранд, манъ мебошад.

Фаъолияти макомоти васояту парасторй оид ба ичрои ухдадорихои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунй ва чобачокунии кудакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравй ба хисоб намеравад ва максади ба даст даровардани фоидаро надорад.

Шахсоне, ки байни худ никох надоранд, наметавонанд хамон як кудакро муштаракан ба фарзандхондй ;абул кунанд.

Фаркияти синну соли шахси ба фарзандхондй кабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз шонздах сол кам набошад. Дар сурати ба фарзандхондй

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

цабул кардани кудак аз чониби падарандар (модарандар) фарцияти синну солй зарур нест.

Барои фарзандхондии кудак розигии падару модари кудак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кудаки падару модари ноболиги ба синни шонздахсолагй нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онхо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии мацоми васояту парасторй зарур аст.

Розигии падару модар барои фарзандхондии кудаконашон бояд дар аризаи тасдицнамудаи идораи наториалии давлатй ё маъмурияти муассисае, ки кудаки бе парастории падару модар монда дар он царор дорад, мацоми васояту парастории махалли фарзандхондй сурат мегирад ё махалли истицомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд хангоми фарзандхондй баён карда шавад.

Падару модар хуцуц доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондй додани кудакашон то баровардани халномаи суд оид ба фарзандхонй бозпас талаб кунанд[4.С.404-406].

Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кудак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигй диханд. Мацомоти васояту парасторй дар мавриди мутобицати фарзандхондй ба манфиати кудак хулосаи худро ба суд пешниход менамоянд. Дар сурати аз чониби падарандари (модарандари) кудак ба фарзандхондй цабул кардани у чунин хулоса талаб карда намешавад.

^ангоми кудакро ба фарзандхондй цабул кардани зан (мард), ки дар ацди никох нест, бо хохиши у фамилия ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.

Тагйир додани фамилия, ном ва номи падари кудаки фарзандхондшудаи ба синни дахсолагй расида, танхо бо розигии у мумкин аст.[5]

Дар бораи тагйир додани фамилия, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар халномаи суд оид ба фарзандхондй зикр карда мешавад.

Ба мацсади таъмин намудани махрамияти фарзандхондй бо хохиши фарзандхондагон рузи таваллуди кудаки фарзандхондшуда метавонад тагйир дода шавад, вале ба муддати на зиёдтар аз се мох. Тагйир додани рузи таваллуди кудак танхо дар сурати ба фарзандхондй цабул кардани кудаки навзод (то яксола) мумкин аст.

Оид ба дигар кардани рузи таваллуди кудаки фарзандхоншуда дар халномаи суд дар бораи фарзандхондии кудак зикр карда мешавад.

Бо хохиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд хамчун падару модари кудаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онхо халнома цабул намояд.

Барои чунин сабт нисбати кудаки фарзандхондшудаи ба синни дахсолагй расида, розигии кудак зарур аст.

Дар хусуси зарурати чунин сабт дар халномаи суд дар бораи фарзандхондй нишон дода мешавад.

Кудакони фарзандхондшуда ва авлоди онхо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онхо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онхо дар хуцуцу ухдадорихои амволй ва гайриамволии шахсй аз руи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд.

Кудакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онхо хуцуци гайриамволй ва амволии шахсиро аз даст дода, аз ухдадорихо нисбати онхо озод мешаванд.

^ангоми ба фарзандхондй цабул кардани кудак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, хуцуцхои гариамволй ва амволии шахсй ва

ухдадорихо бо хохиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хохиши падар нигох дошта шуда метавонад.

Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гох бо хохиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кудак) хукуку ухдадорй нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигох дошта шаванд, агар инро манфиати кудак талаб кунад. Хукуки падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кудаки фарзандхондшуда амалй мегардад.

Дар хусуси нигох доштани муносибатхои кудаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар халномаи суд оид ба фарзандхондй зикр карда мешавад.

Кудаке, ки дар вакти ба фарзандхондй гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафакаю ёрдампулй хукук дорад, ин хукукро дар сурати ба фарзандхондй кабул шуданаш низ нигох медорад.

Махрамияти фарзандхондии кудакро конун мухофизат мекунад. Судяхое, ки дар бораи фарзандхондй халнома кабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анчом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба хар тарики дигар аз фарзандхондй огоханд, бояд махрамияти фарзандхондиро нигох доранд.

Шахсоне, ки махрамияти фарзандхондии кудакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгарй кашида мешаванд.

Фарзандхондии кудак ба тартиби судй бекор карда мешавад.

Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кудак бо иштироки макоми васояту парасторй, инчунин прокурор баррасй мешавад.

Фарзандхондй аз рузи эътибори конунй пайдо кардани халномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кудак катъ мегардад.

Суд вазифадор аст дар давоми се рузи пас аз эътибори конунй пайдо кардани халномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кудак иктибоси ин халномаи судро ба макоми сабти асноди холати шахрвандии махалли бакайдгирии давлатии фарзандхондй фиристад.

Фарзандхондии кудак дар мавридхое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарй саркашй кунанд, аз хукуки падару модарии худ суиистифода намоянд, бо кудакони фарзандхондкардаашон муносибати берахмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддй бошанд.

Бекор кардани фарзандхондии кудак мумкин нест, агар кудаки фарзандхондшуда то лахзаи пешниходи талаби бекор кардани фарзандхондй ба балогат расида бошад, ба истиснои холатхое, ки ба ин гуна бекоркунй розигии байни шахси фарзандхондкарда ва кудаки фарзандхондшуда, инчунин падару модари у, агар онхо дар кайди хаёт буда, аз хукуки падару модарй махрум нашуда бошанд ва суд онхоро гайри кобили амал эътироф накарда бошад.

Фарзандхондии кудак дар холатхое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

- халномаи фарзандхондй ба хуччатхои калбакй асос ёфта бошад;

- фарзандхондй калбакй бошад;

- шахси ба балогатрасида ба фарзандхондй кабул шуда бошад;

- фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд уро гайрикобили амал ё кобили амалаш махдуд эътироф карда бошад;

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

- шахси фарзандхондкарда бо халномаи суд аз хукуки падару модарй махрумшуда бошад;

- шахсоне, ки барои номатлуб ичро кардани ухдадорихои конунан ба зиммаашон гузошташуда аз ухдадорихои васй ё парасторй бартараф карда шуда бошанд;

- фарзандхондй бинобар гунохи содиркардаи собиц фарзандхондагон аз чониби суд бекор карда шуда бошад;

- шахсоне, ки бинобар вазъи саломатй наметавонанд хуцуци падару модариро амалй намоянд. Номгуи беморихое, ки хангоми ба онхо мубтало будани шахс наметавонад кудакро ба фарзандхондй цабул кунад, тахти васоят (парасторй) царор дихад, аз чониби Хукумати Ч,умхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Фарзандхондии кудак аз лахзаи цабули халнома дар бораи фарзандхондй беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми хуцуцу ухдадорихои фарзандхондаю хешовандони у ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондй бармеоянд, аз байн мераванд.

Суд вазифадор аст, ки дар муддати се руз дар хусуси эътибори цонунй пайдо кардани халнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондй ба мацоми сабти асноди холати шахрвандй, ки фарзандхондй дар он ба цайд гирифта шудааст, хабар дихад.[6, с. 177]

АДАБИЁТ:

1. Рясенцев В.Л. Семейное право. М.: Юрид. лит. 1971. С. 216.

2. Нечаева А.М. Семейное право: Курс лекций. -М.: Юристъ, 2002. С. 256.

3. Кодекси оилаи Ч,умхурии Точикистон аз 13.11.98с, №682//Ахбори Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, соли 1998, №22, мод.303, 304.

4. Махкам Махмудзода, Бахтиёр Худоёрзода. Китоби дарсй. Хуцуци оилавии Ч,умхурии Точикистон Душанбе ЭР-граф 2015 492с.

5. Конуни Ч,Т «Дар бораи бацайдгирии давлатии асноди холати шахрвандй (аз 29.04.06с, №188)»//Ахбори Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, соли 2006, №4, мод. 201).

6. Махкам Махмудзода, Бахтиёр Худоёрзода. Тафсири Кодекси оилавии Ч,умхурии Точикистон Душанбе ЭР -граф с.177

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.