Научная статья на тему 'МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ НОБОЛИҒОН БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН'

МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ НОБОЛИҒОН БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
226
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
ноболиғ / музди кор / стипендия / шартнома / эмансипатсия / шаҳрванд / њуќуќ / ӯҳдадорӣ / соҳибкорӣ.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ибрагимов Садриддин Нуриддинович

Дар ҷоемае, ки соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бошад, ки он ҷомеа дар пеш ва инкишоф қарор дорад. Ба ҳамин хотир тамоми ҳуқуқҳои молумулки аз ҷумла самти соҳибкори шаҳрвандонро давлат дастгири менамояд. Дар ин ҳолат ноболиғон бо розигии падару модар метавонад якчанд аҳдҳои гражданиро анҷом диҳанд

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ НОБОЛИҒОН БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

МАСЪАЛАХОИ Х.УЦУЦИ НОБОЛЖОН БА ФАЪОЛИЯТИ СОХИБКОРЙ ТИБЦИ ЦОНУНГУЗОРИИ ГРАЖДАНИИ Ч.УМХУРИИ ТОЧ.ИКИСТОН

ИБРАГИМОВ САДРИДДИН НУРИДДИНОВИЧ

Анататсия: Дар цоемае, ки со^ибихтиёр, демократ, ^уцуцбунёд, дунявй ва ягона бошад, ки он цомеа дар пешва инкишоф царор дорад. Ба х,аминхотир тамоми%уцуц%ои молумулки аз цумла самти ссцибкоришщрвандонро давлат дастгирименамояд. Дар ин х,олатноболигон борозигиипадару модар метавонадякчанд ах,щоигражданиро анцом дщанд.

Калидвожацо: ноболиг, музди кор, стипендия, шартнома, эмансипатсия, шщрванд, хукук, уцдадорй, социбкорй.

Дар ч,оемае, ки сохдбихтиёр, демократи, ху;ук;бунёд, дунявй ва ягона бошад, ки он чомеа дар пеш ва инкишоф ;арор дорад. Ба х,амин хотир тамоми ху;ук;х,ои молумулки аз чумла самти сохдбкори шахрвандонро давлат дастгири менамояд. Дар ин х,олат ноболигон бо розигии падару модар метавонад якчанд ахдх,ои гражданиро анчом дих,анд.

Кудак метавонад бо тартиби му;аррарнамудаи ;онунгузории Чумхурии Точикистон муста;илона ё ба воситаи намояндаи ;онунии худ шартномах,о бандад, дар бонкх,о суратхдсоб дошта бошад, музди кор, стипендия ё дигар даромад ва объектх,ои ху;ук;и моликияти зех,ниашро ихтиёрдорй намояд ва ху;ук;х,ои дигари молумулкиашро амалй гардонад38. А.М.Рабетс ;айд мекунад, ки х,арчанде, ки зимни амалигардонии фаъолияти сохдбкорй аз тарафи шахси ноболиг вазъиятх,ои мушкил ба вучуд омада метавонанд, масалан ихтилофоти чиддй байнй ноболиг ва намояндаи ;онунии у доир ба масъалах,ои амалигардонии фаъолияти сохдбкорй. Ба х,ар х,ол, ин х,олатро намояд тезутунд тасвир намуд, зеро ки : якум, ноболиг на х,ама ва;т бо фаъолияти сохдбкорй машгуланд; дуюм, онх,о бо арзи хох,иши худ дар касби фаъолияти пурраи шахрвандй бо рох,и эмансипатсия пурра муста;ил шуда метавонанд39.

Дорои кобилияти пурраи амал (эмансипатсия) эълон кардани ноболит хангоми мавчуд будани ду шарт имконпазир аст:

1) ба синни 16 расидани ноболит;

2) кор мутобики шартномаи мехнатй ё маштул шудан ба фаъолияти сохибкорй бо розигии падару модар ё парастор.

Дар конун ин ё он мухлати хатмии хадди акали кор мутобики шартномаи мехнатй ё барои шутл ба фаъолияти сохибкорй мукаррар карда нашудааст. Аз ин ру тавзехи айнани он имконият медихад ин шартхоро вобаста ба далели мавчудияти шартномаи мехнатии басташуда ё бакайдгирии ноболит ба сифати сохибкори инфиродй арзёбй намуд40.

Шахсоне, ки ба синни 18-солагй нарасидаанд, метавонанд мустакилона ё тавассути намоянда дар истехсолоти ичро хукукхои худро ба амал бароранд ва ухдадорихоро ичро намоянд.

Ноболите, ки ба синни 16-солагй расидааст, дар холати уро пурра кобили амал (эмансипатсия) эълон намудан, дар истехсолоти ичро метавонад мустакилона хукукхои худро ба амал барорад ва ухдадорихоро ичро намояд.

Конуни Ч,Т "Дар бораи хифзи хукукхои кудак " 18 марти соли 2015, № 1196 к.3 м.15

39 Сычева О. А., Регламентация и реализация гражданских и семейных имущественных прав несовершеннолетних в РФ. дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.03 -М: 2011-с 145

40 Махмудов М.А., Татойназаров Ш.Т., Бобочонов И.Х,., Бадалов Ш.К. Тафсир ба Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми якум). - Душанбе, 2010. -сах.68 м.28

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Хукукхои ноболигон дар истехсолоти ичро аз чониби намояндагони конунии онхо - падару модар, фарзандхондагон, васй ё парастор ба амал бароварда мешавад.

Ноболигон дар мавриди пешбининамудаи конун, хангоми ичрои хуччатхои ичрои дар асоси санадхои судй ва санадхои дигар макомот оид ба парвандахои аз муносибатхои хукуки гражданй, оилавй, мехнатй, маъмурй ва аз ахдхои вобаста ба ихтиёрдорй кардани музди мехнат (даромад) бавучудомада, метавонанд дар истехсолоти ичро хукукхои худро амалй намоянд ва ухдадорихои худро ичро кунанд41.

Аз кисми 1 моддаи 28 чунин бармеояд, ки яке аз шартхои эмансипатсия бо розигии падару модар машгул шудан ба фаъолияти сохибкорй бо расидан ба синни 16 мебошад. Бо вучуди ин моддаи 27 КГ хамзамон бо дигар хукукхои ноболигони синни аз 14 то 18 хукуки ноболигонро ба фаъолияти сохибкорй на мустакилона ва на бо ичозати падару модар пешбинй наменамояд. Бо дарназардошти тафсири низомнок метавон ба хулосае омад, ки падару модар (парасторон) хукук доранд чихати анчом додани фаъолияти сохибкорй аз чониби ноболигони синни аз 16 то 18 розигй диханд42.

Ноболигони аз 14 то 18-сола кисман дорои кобилияти амали гражданй мебошанд. Кобилият дар он зохир мегардад, ки як кисми ахдхоро онхо бо розигии падару модар ва парасторони худ анчом дода, дар холатхои муайяни аз чониби ноболигон расонидани зарар масъулият ба зиммаи падару модар ва парасторон гузошта мешавад.

Мутобики коидахои умумй ноболигон ин категорияи ахдхоро бо ризоияти хаттии падару модар, фарзандхондагон ё парасторон анчом медиханд. Мухтавои чунин розигй озод буда, вале бояд иродаи падару модар чихати дастгирии иштироки кудак дар ахд ба сифати тараф дакик муайян карда шавад. Агар ахд ба таври нотариалй ба расмият дароварда шуда бошад, пас нотариус дар шартнома сабти тасдиккунанда мегузорад ва дар он зикр мегардад, ки шартнома аз чониби ноболиг (бо зикри сана ва соли таваллуди у) бо розигии намояндаи конунй ё парастор (бо зикри ном, насаб, номи падар), ки шахсияташ мукаррар ва салохияташ санчида шудааст, ба имзо расидааст.

Розигй барои бастани ахд метавонад хам пешакй ва хам барои минбаъда дода шуда бошад. Аз тавзехи сахехи модда чунин бармеояд, ки хар ду падару модар бояд розигй диханд.

Дар кисми 2 моддаи тафсиршаванда амалхои хукукие номбар гардиданд, ки ноболигони ин категория мустакилона анчом медиханд.

Ноболигони чунин категория метавонанд бидуни розигии падару модар ва парасторон даромади худро ихтиёрдорй намоянд. Кобилияти хукукдории ихтиёрдорй аз пардохти мол, кор, хизматрасонй, фарохам овардани маблаг ба ташкилотхои хайрия, тахвил додани даромади худ ба сифати подош ба дигар шахсон ва гайра иборат мебошад. Ба даромади ноболиг музди мехнат, ротиба (стипендия), алимент, ки яке аз падару модар мепардозад, маблагхо чихати чуброни зарар, ки ба саломатй расонида шудааст, фоизхо, ки аз хисоби сахмхои бонкхо ба даст омадаанд ва гайра дохил мешаванд.

Азбаски Кодекси мехнат имконияти огози фаъолияти мехнатиро аз синни 14 ичозат медихад ва дар ташкилотхои кинематографй, театрхо, ташкилотхои театрй ва консертй, сиркхо барои иштирок дар ичро ё офаридани асархо аз синни барвакттар хам имконпазир аст, пас ба ноболиг додани хукуки ихтиёрдории музди мехнати худ конунй мебошад.

Тахсил дар муассисахои таълимии миёнаи махсуси давлатй ва мактабхои олии таълимй бо пардохти ротиба (стипендия) сурат мегирад. Таълимгирандаи ноболиг метавонад ротибаи (стипендияи) худро мустакилона ихтиёрдорй намояд.

Ноболигони чунин категория хукук доранд хукукхои муаллифиро барои натичахои фаъолияти зехнй мустакилона амалй намоянд. Онхо шартномахои муаллифй ва

41 Конуни Ч,Т "Дар бораи истехсолоти ичро" 20 марти соли 2008, № 373 м.34

42 Махмудов М.А., Тагойназаров Ш.Т., Бобочонов И.Х,., Бадалов Ш.К. Тафсир ба Кодекси граждании Ч,умхурии Точикистон (кисми якум). - Душанбе, 2010. -сах.59 м.24

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

литсензионй мебанданд, бо хаммуаллифон шартнома ба имзо мерасонанд, дар хусуси интишори асар аз хисоби худ шартнома мебанданд ва хакки калам (гонорар) мегиранд.

Ноболигон хукук доранд ба муассисахои кредитй амонат гузоранд ва мутобики конун онро ихтиёрдорй кунанд.

Ноболиг бидуни розигии падару модар ё парасторон метавонад ахдхои хурди маиширо анчом дихад. Ахдхои хурди маишй ахдхое мебошанд, ки барои конеъгардонии эхтиёчоти одии маишии шахрванд нигаронида шудаанд (пардохти арзиши хуроки чошт дар ошхонаи мактаб, харакат дар наклиёти шахрй, хариди ашёи дафтардорй ва китобхое, ки барои тахсил заруранд ва гайра), ки арзиши онхо он кадар баланд намебошад. Маълум аст, ки чунин маблаг наметавонад аз даромади мохона бештар бошад), ки дар он лахзаи бастани ахд ва ичро чун коида ба хам мувофиканд.

Ноболигони синни аз 14 то 18 хамаи ахдхоеро, ки кудакони то 14-сола мустакилона анчом медиханд, мустакилона анчом медиханд (кисми 2 моддаи 27 КГ).

Аз синни 16 ноболиг метавонад аъзои кооперативхои истехсолй ва истеъмолй, аз синни 8 - аъзо ё иштирокчии иттиходияхои чамъиятии кудакон ва аз синни 14 - аъзо ва иштирокчии иттиходияхои чамъиятии чавонон бошад.

Ноболигон оид ба ахдхои бастаашон мутобики коидахои мукарраргардида масъулияти мустакилона доранд, вале агар ахд бидуни розигии падару модар ё парасторон баста шуда бошад (хангоме, ки розигй такозо мегардад), дар ин сурат он метавонад мутобики даъвои падару модар ё парасторон беэътибор эътироф карда шавад (моддаи 200 КГ).

Зараре, ки аз чониби ноболиг расонида шудааст, тибки асосхои умумй мустакилона чуброн карда мешавад. Ба зиммаи падар модар (парасторон) метавонад масъулият гузошта шавад, агар онхо исбот карда натавонанд, ки гунох надоранд ва хангоми мавчуд набудани молу мулки дахлдори ноболиг (моддаи 1089 КГ). Дар холати охирин ноболиг, ки зиён ворид кардааст ва намояндаи конунии у хамчун чавобгари муштарак баромад мекунанд.

Ноболииони аз синни чордах,сола то х,аждах,сола барои зарари расонидаашон мустагилона, дар асосх,ои умумЬ хавобгар мебошанд.

Дар сурате, ки агар ноболиии аз чордах,сола то х,аждах,сола барои хуброни зарар амвол ё манбаи дигари даромад надошта бошад, зарар бояд пурра ё дар гисмати нокифояи он аз х,исоби волидайн (фарзандхондагон)-и е ё парасторон, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гунох,и онх,о расонида нашудааст, хуброн карда мешавад.

Агар ноболиии аз синни чордах,сола то х,аждах,сола, ки мех,тохи сарпарастЬ мебошад, дар муассисаи дахлдори тарбиявЬ, муассисаи муолихавЬ ё муассисаи х,ифзи ихтимоЬ ё дигар муассисаи шабех,е гарор дошта бошад, ки бо хукми гонун парастори е ба шумор мераванд, ин муассисах,о, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гунох,и онх,о расонида нашудааст, ехдадоранд пурра ё дар гисмати нокифояи он зарарро хуброн намоянд.

Ехдадории волидайн (фарзандхондагон), парасторон ва муассисах,ои дахлдор вобаста ба хуброни зарар баъди ба синни балоиат расидани зараррасон ё баъди он ки то ба синни балоиат расидан дорои амвол ё дигар манбаи даромаде мегардад, ки барои хуброни зарар кифоя мебошад ё то расидан ба синни балоиат гобили амал гардидааст, гатъ мегардад43.

Дар кисми 4 моддаи тафсиршаванд шарт ва тартиби кисман махдуд сохтани кобилияти амали ноболиг (ба истиснои онхое, ки тибки асосхои мукаррарнамудаи конун кобилияти амалро дар хачми пурра ба даст овардаанд) мукаррар гардидааст.

Шартхои махдуд сохтани кобилияти амали ноболиг аз «мавчуд будани асосхои кофй» иборат мебошад. Ба чунин асосхо чун коида майпарастй, истифодаи воситахои

43 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (Кисми дуюм) 11 декабри соли 1999,№ 884, м.1089

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

нашъадор, масрафи гайриокилона бидуни дарназардошти эхтиёчот ба гизо, сару либос дохил мешавад.

^арор дар хусуси махдуд сохтани кобилияти амалро суд тибки илтимосномаи падару модар, фарзандхондагон ё парасторон кабул мекунад.

Дар карори суд дар хусуси мавдуд сохтан ё махрум сохтани хукуки ноболиг чихати мустакилона ихтиёрдорй намудани даромади худ зикр мегардад. Вариантхои зайл имконпазир аст: ичозат дода шавад, ки танхо як кисми даромадро ихтиёрдорй намуда, кисми дигарашро падару модар ихтиёрдорй кунанд; хамаи даромадро танхо бо розигии падару модар ихтиёрдорй намудан мумкин аст, танхо падару модар хамаи даромади ноболигро ихтиёрдорй менамоянд ва гайра.

^исман кобили амал будани ноболиг баркарор карда мешавад: а) бо гузаштани мухлати махдудсозй (агар чунин мухлат бо карори суд муайян карда шуда бошад; б) ба синни 18 расидани ноболиг ё эълон намудани эмансипатсия ё издивоч то синни 18 дар холатхое, ки конун ичозат додааст; в) бо карори суд дар бораи бекор кардани махдудияти кобилияти амал, агар хамаи асосхои чорй намудани махдудият аз байн рафта бошад44.

АДАБИЁТ:

1. Конуни Ч,Т "Дар бораи х,ифзи х,у;ук;х,ои кудак " 18 марти соли 2015, № 1196

2. Махмудов М.А., Тагойназаров Ш.Т., Бобочонов ИД., Бадалов Ш.К. Тафсир ба Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми якум). -Душанбе, 2010

3. Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми дуюм). -Душанбе, 11 декабри соли 1999, № 884

4. Конуни Ч,Т "Дар бораи истехсолоти ичро" 20 марти соли 2008, № 373

5. Сычева О. А., Регламентация и реализация гражданских и семейных имущественных прав несовершеннолетних в РФ. дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.03 -М: 2011

44 Махмудов М.А., Тагойназаров Ш.Т., Бобочонов И.Х,., Бадалов Ш.К. Тафсир ба Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (кисми якум). - Душанбе, 2010. -са^.59 м.66

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.