Научная статья на тему '“ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ САФФОРИЁН”'

“ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ САФФОРИЁН” Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
138
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
История / Систан / Якуб / Али / Тахир / Амр / Саффар / Халдун / восстания / правительство.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Рахимов Исфандиер Махмадшохович, Соатмуминов Рахмонджон Шералиевич, Гиясов Далер Сафарович, Назаров Мустафа Абдухаликович

В данной статье рассказывается о первом независимом государстве саффариев великого Хорасана, столицей которого был город Систан. Подробности создания этого государства таковы. В 851 году человек по имени Салех восстал против Тахирина и захватил Систан. Якуб ибн Лаис служил в его армии во время этого восстания. По этой причине Салех дал братьям Лаис высокие посты в своей армии. Вместе с Салехом они приняли участие в нескольких сражениях и по пути приобрели большой опыт. Прошло несколько лет. По какой-то причине Якуб и Амр восстали против Салеха, лишили его власти, а затем изгнали из Систана. Якуб получил власть в Систане, повел армию на Бюста против Салеха, казнил его и присоединил этот регион к Систану. Воодушевленный своим успехом, Якуб двинулся к Хорасану и захватил Фушан и Герат. Теперь в Хорасане никто не мог встать у него на пути. В 873 году Якуб захватил город Нишапур, захватил семью Тахириан и таким образом разрушил государство Тахириан. Эта же дата является годом основания Саффарианского государства.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «“ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ САФФОРИЁН”»

УДК 930. 221 (575.3)

"ТАЪРИХИ СИЁСИИ ДАВЛАТИ САФФОРИЁН" РАХИМОВ ИСФАНДИЕР МАХМАДШОХОВИЧ СОАТМУМИНОВ РАХМОНДЖОН ШЕРАЛИЕВИЧ ГИЯСОВ ДАЛЕР САФАРОВИЧ

НАЗАРОВ МУСТАФА АБДУХАЛИКОВИЧ

преподаватель кафедры истории таджикского народа БГУ имени Насири Хусрава

Аннотация В данной статье рассказывается о первом независимом государстве саффариев великого Хорасана, столицей которого был город Систан. Подробности создания этого государства таковы. В 851 году человек по имени Салех восстал против Тахирина и захватил Систан. Якуб ибн Лаис служил в его армии во время этого восстания. По этой причине Салех дал братьям Лаис высокие посты в своей армии. Вместе с Салехом они приняли участие в нескольких сражениях и по пути приобрели большой опыт. Прошло несколько лет. По какой-то причине Якуб и Амр восстали против Салеха, лишили его власти, а затем изгнали из Систана. Якуб получил власть в Систане, повел армию на Бюста против Салеха, казнил его и присоединил этот регион к Систану. Воодушевленный своим успехом, Якуб двинулся к Хорасану и захватил Фушан и Герат. Теперь в Хорасане никто не мог встать у него на пути. В 873 году Якуб захватил город Нишапур, захватил семью Тахириан и таким образом разрушил государство Тахириан. Эта же дата является годом основания Саффарианского государства.

Ключевые слова: История, Систан, Якуб, Али, Тахир, Амр, Саффар, Халдун, восстания, правительство.

Дуруд бар миллати шикастнопазирй таърих. Дар хаёти фархангию сиёсии хилофат на;ши хонадони Саффориён ;адаме бй пеш буд. Сар задани шурихои хал;й бо рохбарии феодалон баробари пастравии и;тисодиёт ва пнкишофи кишоварзй ба некуахолии омма таъсири бад мерасонд. Талоши чизу чора ва мулки бегона намудани шурншгарон. чангхои пай дар пайи хонумонсуз, таъ;иб ба мардуми озодфикр на;ши манфй мерасонд. Дар ин асрхо дар Осиёи Миёна аз хисоби дех;опону хунармандони хонавайроншуда дастахои махсуси муборнзони рохи дин «гозиён» ба вучуд омаданд. Онхо дар зери рохбарии пешвои худ ба хизмати феодалон дохил мешуданд. Ин мардуме буд. ки чангро касб карда буданд ва ба хамон чохое фиристода мешуданд, ки бо «кофирон» задухурд ба амал меомад. Ба ин дастахо аз авлоди Саффориён Яъ;уб ибни Лайс бо бародаронаш Амр, Тохир ва Алй рохбарй мекарданд. Таърих гувох аст, ки хонадону сулолахои мухталиф дар дигаргунсозии тамаддуни дунявй сахми муносиб гузоштаанд. Яке аз он хонадонхои овозадори чахонй давлатй - Саффориён мебошад, ки дар карнхои VIII - X нашъу нумуъ карда дар болоравии хаёти илмию фархангии чахон хизмати хоссае кардааст. [3, с.376]

Шурихои пай дар пайи хал;хои Мовароуннахр, ки аз замони мавриди истилои хилофат ;арор гирифтани Осиёи Миёна сар карда, ба му;обили Хукмронии арабхо давом менамуд, пас аз хобонидани шуриши Му;аннаъ хам ;атъ нагардид.

Дар соли 806 шуриши бузурге бо сардории Рофеъ ибни Лайс ба амал омад. Шуришиён ;оимма;оми халифаро дар Самарканд ба ;атл расонида, муддати чанд ва;т шахрро ба дасти худ гирифтанд. Дар ин шуриш хусусан ахолии Фаргона, Хучанд, Бухоро, Уструшан, Хоразм, Чагониён ва Хатлон фаъолона ширкат намуданд. Туркхои

бодиянишин ^ам ба кумаки шуришиён омаданд. Ин шуриши калони хал; дар соли 810 фуру пишонда шуд ва ин хам фа;ат хамон ва;т ба арабхо муяссар гардид, ки сардори шуришиён Рофеъ ибни Лайс дар нозуктарин лахзаи мубориза хиёнат карда, ба тарафи душман гузашт.

Дар солхои минбаъда гох дар Сугд, гох дар Уструшан ва Фаргона шурихои нав ба ву;уъ меомаданд. [3, с.377]

Ин хама шуришхо гувохй медоданд, ки ;оимма;омх,ои халифа Мовароуннахр ва Хуросонро фа;ат бо ;увваи аслиха дар сари итоат нигох дошта наметавонанд. Идора кардани ин мамлакат танхо хамон ва;т ба онхо мумкин мешуд, ки аъён ва ашрофи махаллиро Харчи бештар ба корхои давлатй чалб намоянд.

Аббосиён бо рох,и беш аз пеш ба умури идораи давлат кашидани намояндагони ашрофи махаллй ният доштанд, ки чидду чахди онхоро барои исти;лолият суст намуда, дар мубориза ба му;обили шурих,ои хал; ба онхо такя кунанд. Бинобар он аз ва;ти хукмронии халифа Абучаъфар ал- Мансур (754-775) сар карда, дар замони ворисони у халифа Махдй (775-785) ва Хорунаррашид (786-809) вилоятхои гуногуни Мовароуннахрро асосан намояндагони ашрофи феодалии махаллй, дар навбати аввал, вазирони насли Бармакихо ва Сомониён идора мекарданд. Вале ин тадбир боиси дар Осиёи Миёна мустахдам шудани хокимияти хилофат нагардида, баръакс, шароит ва имкониятхои мусоиди аз тахти хукмронии арабхо озод шудани ин сарзаминро хеле инкишоф дод. [2, с.127]

Дар хамин ва;т дар Эрон ва Осиёи Миёна нехзати (зиддиарабй, эронпарастии) ба истилох шуубиён бисёр вусъат пайдо намуд.

Аз миёнахои асри IX шуубия асоси идеологии нехзати хал;ии зидди хилофат мегардад (вай бештар дар мухити дехот пахн гардида буд). Шуубия дар байни доирахои маърифатноки ахолии махаллй, ки бо хар васила бартарии мадании худро нисбат ба арабхо таъкид мекарданд, низ шухрати муайяне дошт. Дар айни замон фаъолияти он гуруххои ашрофи махаллй, ки ба и;тидори худ боварй дошта, барои комилан ба даст даровардани хокимият ва муста;ил шудан аз хилофати араб саъй мекарданд, руз аз руз ;увват мегирифт.

Хорунаррашид дар шахсияти Бармакихо беш аз пеш пур;увват шудани таъсири и;тисодй ва сиёсии ашрофи гайриарабро дида ва аз он хавф бурда, амр кард, ки тамоми намояндагони хонаводаи Бармакихоро ба ;атл расонанд?

Вай бо ма;сади ба такягохи худ табдил додани рухониёни ислом мав;еи онхоро хеле баланд бардошт. У заминхои зиёдеро ба рухониён та;сим кард. Дар баробари ин вай сиёсати ба тарафи хилофат кашидани аъён ва ашрофи махаллиро низ давом дод. Аммо махв карда шудани насли Бармакихо, ки муддати 50 сол чи дар хилофат ва чи дар байни ахолии махаллй нуфуз ва эътибори бузурге доштанд, нисбат ба идора кардани вилоятхои шар;й сиёсати хилофатро тагйир надод. Вилоятхои шар;й хамоно монанди аввала бо ёрии намояндагони аъён ва ашрофи заминдори махаллй идора мешуданд. Мав;еи ин аъёну ашроф махсусан аз соли 821, яъне ва;те ки дар Хуросон ва Мовароуннахр сулолахои махаллй - аввалан, Тохирихо ва сониян, Сомониён ба сари хукумат иишастанд, хеле пур;увват гардид.

Я;уб писари Лайси Саффор мусулмонзода ва аз як хонаводаи точиктабори Систони аз мардуми шахри Буст буд. Мусаллам аст, ки падар ва гузаштагони Яъ;уб дар ии миигаа сукуиат кардаан ва аз мардони мехнатй будаанд. Буст чунонки гуфтем акнуи аз шахрхои гарби кишвари Афгонистон аст.Навиштаанд, ки падараш руйгар буд ва худаш низ аз кудакй руйгарй мекард, сипас дар чавонй ба чамоати айёрон пайваст. Руйгарие,ки тобеи аз санъати мпсгарй (зарфсозй) буд дар он замон аз санъатхои нисбатан пурдаромади шахрй буд ва руйгарон дар шахрхо чузви табакаи сарватманди чомеа ба шумор мерафтанд.

Бо назардошти ташкил шудаии давлаги Тохириён дар Эрон, волии Систонро Тохириён аз Хуросон таъин ва гусел мекарданд. Тохириён, ки аз мардумп сарзамиии Бодгис (акнун дар маркази Афгонистон) буданд дар тацвияти иизоми заминсолорй (феодализм) талош карданд, марди ицтидоргаро волии бетадбир буданд, ба эрониён чандон эътимод надоштанд ва аз баромадани шахсиятхои барчастаи эронй дар дастгохн давлати худашон ва давлати Аббосй чилавгарй мекарданд. Зеро хама гуна цудрати махалие, ки ба чухъи онхо ташаккул меёфтанд моя хагар мегаш ганд. Талошхое, ки онхо барои эхё ва тацвнят заминсолорй мекарданд сабабн нохушнуди рустоиёни эрон аз сиёсатхои онхо шуда буд, чун аксари мардум дар холати фацру инзиво царор доштанд. Чуни муносибатн сирф либералй цишрхои поёнии чомсаро аз хукумат комилан норозй месохт ва сабаби ошубхо мегардид. Аз чумлаи хамин гуна саркашихо мардуми Систон будаид, ки бо оих,о низ хамон рафторро доштанд, ки пеш аз ои бо хукума ггароии араби габор доштан.

Издихоми оммавии ахолии Систон, ки барои хукуматгарони тохирй дар Систон мекарданд байни солхои 822 то 846 дувоздах воли ба думболи якдигар ба Систон гусел шуданд ва харкадом, дар асари нофармони мардуми Систои ва шуришхои аёрон ва хаворич, дар баркарор кардаии субот ва амнияз ва I ирифтани молиёт барои дастгохи хокимияти Тохирй ноком монд. [6, с.186-188]

Тамоми ин харакатхо аз чониби дасгахои мусалахй айёрон сурат мегирифг. Дар асрхои IX- X, ба мисли даврахои гузашта, яке аз вазифахон хокимияти давлатй дар вохахои зироатии Осиёи Миёна ташкил кардани мухофизати ин вохахо аз хучуми горатгаронаи бодиянишинон буд. Бо хамии максад дар ин давра дастахои махсуси фидоиёни мусаллах ташкил дода шуда буданд, ки онхоро гозй муборизони рохи дии меномиданд. Ба сафн гозиён аксаран барзгарои ва пешаварони муфлис дохил мегардиданд. Ин одамоне, ки чангро касб карда гирифта буданд, ба хамон чохое фиристода мешуданд, ки бо «кофирон» задухурд ба амал меомад.

Дар охири асри IX фавчхои мусаллахи гозиён асоси он чунбиши бузурги халциро, ки дар худуди Оснёи Миёна ва Эрон руй дода буд, ташкил намуданд. Дар солхои 846 яке аз айёрон ба номн Гассон нбни Назр бо гурухе аз мардуми Снстон бар знди хокими тохирии Буст шурид. Ин хокими тохирй номаш Ахмад ибнн Иброхим ва бародарзодаи Тохири Пушангй (Заволямннайн) буд. Ахмад ибни Иброхим лашкареро барои саркубии Г ассон гусел кард. Г ассон дар ин чанг кушта гардид ва сипохаш пароканда карда шуданд. Вале (мардумон бишуриданд, ки у марди бузург буд ва асил.У аз Систон буд.Он сар бар гирифтанд ва гур аидар карданд). [6, с.191]

Гарчанде нн шуриш саркуб шуда бошад хам боз айёрон перомунн марде ба номи Ахмад Кувалй гирд омаданд ва дар шахрн Заранг маркази хокимияти Систон ба Ахмад ибни Иброхим шурида уро фирор доданд. Хдмзамон, шахрн Буст ба дасти марде аз хаворичии арабитабор ба номи Башшор ибни Сулаймон афтод. Вале мардуми Буст намехостанд, кн сарварияшон дар дасти як хокими арабитабор бошад харчанд, кн аз хаворич бошад. Аз ин руй Солех ибни Назр бародари Гассони мацтул барои аз мнён бардоштани у ицдом карда ба найкори у бархост.

Мардуми бисёр аз Сиистон ва Буст бо Солех Назр хамдаст шуданд. Ва Яцубн Лайс ва айёроии Сиистон бо у хамрох карда бар зидди Башшор шурида, Башшорро куштанд ва Бусту атрофаш ба тасарруфи Солех ибнн Назр, ки ташкилкунандаи ин воцеа буд гузашт. Воцеаи мазкур дар соли 853 ба амал омада буд, ки дар назири суицсдхои дохилии дастахои айёрои барои тасарруфи хокимият буд. Муаллифи «Таърихи Сиистон» навиштаст, ки хамаи цувати Солех ибни Назр аз Яцуби Лайс ва аёрони Систон буд.

Дар ин замон равобити миёни хаворичи араб ва хаворичи Систони (айёрои) ба хам хурда буд: зсро Сиистонихо тасмим гирифта буданд, ки цудрати сиёсиро дар цабзаи худашои нигох дораид ва ба арабхо имкони цудратёби дигарбора надиханд.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсИвББ Ь^М ш 8с1епсе"

Хаворичи араб, ки аз авзои чадид розй набуданд ободие, ки номашро (Кеш) навиштаанд гирд омада барои пайкор бо айёрои ;иём карданд. Солех Назр лашкаре ба саркардаги Якуби Лайс ва бародари худаш Дирхам ибни Назр ва марди дигар аз айёрон бо номи Касир ибни Ру;од ба пайкори хаворич фиристод ва мутавори шуданд. Иброхими Мусъаб (воли тохирии Сиистон) писараш Мухаммадро бо сипох ба Буст гусел кард то шахрро аз Солех Назр бигирад. Солех Назр дар баробари у шикаст ёфт ва шахр ба дасти сипохи тохирй афтод. Пас аз он айёрои барои муддате мутавори шуданд ва боз неру фарохам оварданд ва дар садади тасхири Буст баромаданд. Воли тохирй факехои ва бузургон (умуман аз арабтаборхо)-ро бо худ бардошта бо Солех вориди музокира шуд ва сипохашро дар канорй шахр омодаи корзор кард. Солех Назр ва Якуби Лайс чун диданд, тасхири шахр барояшои мумкии нест гуфтанд: (на барои чанг бо Иброхим балки барои найкор бо хаворич омадаем ва мехохем хуни бародари Солехро аз хаворич биситонем ва дар хилоли яке ду руз аз минта;а берун хохем рафт), вале чанд рузи дигар дар хамлае, ки ба шахр бурданд Иброхимро шикаст дода шахрро мутассариф шуданд.

Иброхим пас аз ин шикаст бо чамъе аз хаворичи арабн норозй шуда аз айёрон муттахид шуд ва бо Солех набард кард. Фарчом ии набард шикасти ;атъи Иброхим ва муттахидонаш буд. Талошхои баъдии Иброхим ва хаворич барон шикаст доданн айёрон ба натичае нарасид ва дар чангхои мутададе яке пас аз дигаре шикаст ёфтанд.

Муаллифи «Таърихи Сиистон» навиштааст, ки Я;уб Лайс ва Сарновак ва айёрон гуфтанд: Чднге мо мекунем ва шахр ончо аст ва мо ин мардро таквият мекунем. У ки (чи касе) бошад, ки то акнун дубора хазор-хазор дирам аз горати бузургони Сиистон ба у расида аст ва акнун боз дар садади горат кардан аст? Бехимати бошад агар ин молхо аз инчо бибарад.

Ба хархол ихтилофи Якуб Лайс бо Солех бо руёруйи онхо анчомид ва Солех шабона ба Буст гурехт. Аммо пеш аз он ки у 12 вориди Буст шавад, Я;уб Лайс бо 500 савори худро ба Буст расоид ва чонишини Солех дар Буст (марде ба номи Молик писари Мардвоя)-ро гирифта кушту хазина ва амбори мухимотро тасарруф кард.

Набардхои баъдии айёрон бо нерухои мутахиди арабхо ва хаворич беш аз ду сол дар ободихои минта;аи Буст ва Заранг чараён дошт ва хамвора пирузи азони айёрои мешуд; зеро пешина мардуми минта;а аз инхо химоят мекарданд. Вале боз миёни Яъ;уб Лайс ва Дирхам Назр ихтилоф афтод. Ба назар мерасад, ки Дирхам чандон алокае ба идомаи набард дар маноти;и дурдасти надошт ва кори айёронро бо тасарруфи Бусту Заранг ва атроф поён ёфта мепиндошт. Бинобар гузорише, ки Ибни Асир хонда буд оварда аст, у фиреби Тохириёро хурд ва ба итоати давлати тохирй даромад. [4, с.185]

Муаллифи «Таърихи Систон» навиштааст, ки у дигар намехост дар чанге ширкат кунад ва бемориро бахона оварда дар хонааш бистарй шуд. Яъ;уб ба у фишор овард, ки берун шавад, вале у напазируфт. Яъ;уб бар у хашм гирифта ва гуфт: «Ту подшох нимрузаи ва инро нашояд». Дирхам ба мардонаш гуфт то Яъ;убро бикушанд. Яъ;уб аз худ дифоъ карда чанд касро кушт ва Дирхамро гирифта банди кард.

^амон руз айёрон бо Яъ;уб Лайс ба унвони амир (фармондехи ;атъи) байъат карданд ва Хомиди Сарновак низ бо хамаи мардонаш ба байъат ва итоати у омаданд Яъ;уб якчанде буд ва бо Хаворич (мухолифони худаш) мечангид, то Дирхам ибни Назр аз хабси Яъ;уб гурехт ва наздики Сарновак шуд ба Калошер; Ва сарои Сарновак ончо буд. Пас Дирхам ва Сарновак мутахид шудаанд ва хостанд, ки шахрро аз Яъ;уб бигиранд. Яъ;уб бар нишаст ва оичо шуд Мухаммад ибни Ромиш бо у буд. Ва нахустин касе, ки иеши у омад Сарновак буд. Шамшер кашида пеш омад. Мухамад ибни Ромиш бо у берун шуд ва Сарновакро бикушт ва сииохи у шикаст хурд. Яъ;уб хамаро бигирифт ва асир кард ва силоху сутур ва моли Сарновак бар гирифт ва пирузмандона ба дорулимора бозгашт ва кори Сиистои бар у рост шуд.

Дар бораи фарчоми Дирхам Назр, Ибни Асир дар гузориши мубхаме навишта, ки

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсИвББ Ь^М ш 8с1епсе"

Дирхам нбии Назр фиреби амири Тохири Хуросонро хурд ва ба Хуросон рафт ва ба фармони у дастгир шуда ба Багдод фиристода шуд ва ончо махбус гардид, вале ба зуди халифа вайро озод кард ва ба хидмати худ даровард. Солех Назр, ки мудатте мутавори буд боз зохир шуд ва неру гирд овард то Яъцубро аз майдон бадар кунад. Чднщои Солех ва Яъцуб беш аз як сол идома ёфт. [4, с.186]

Яъцуб амузодае дошт бо номи Ахзар ибни Яхё, ки аз дер боз бо сарони хаворич дустихос дошт. У ба рахнамуди Яъцуб ба сарони хаворич нома навишта аз онхо хос бо Яъцуб бипайванданд. Аз хар номахо кард суйи бузургони хаворич ва эшонро ба навохтан ва накуи гуфтаи таргиб кард, то хазор мард бо як рох биёмаданд, ва Яъцуб мехтарони ишонро хилъат дод ва некуи гуфт, ки аз шумо хар ки сарханг аст амир кунам ва харчи пиёда аст шуморо савор кунам ва харчи пас аз он хунар бинам чой ва кадр афзоям. Ин ицдоми аз хар коргар афтод ва гурухи бузурге аз хаворич ба Яъцуб пайвастанд.

Бовучуде, ки бахше аз хаворич дар канори Яъцуби Лайс мечангиданд, Аммор хануз худро амиралмуъминин медонист ва намехост ба итоати Яъцуб дарояд. Яъцуб, ки мехост Сиистонро якдаст кунад барои аз миён бардоштани ин мард ииз даст ба кор шуд ва уро дар пайкори сахте шикаст дода кушт ва лошаашро бар дари шахр овехт. Муаллифи «Таърихи Сиистои» иавишта, ки пас аз он хаворич хама шикастадил шуданд ва ба куххои Асизор рафтанд (Асфзор дар гарби Афгонистон аст)

Чи хеле ки цайд шуд, касби асосии гозиёи чанг буда. онхо мебоист сархаду шахр ва вохахои ободро аз бодиянишиион мухофизат менамуданд, вале аксар вацт дар фуру нишодани шуришхои халцй, ки бар зидди ашрофу феодалон равона шуда буданд, иштирок мекарданд. Кувваю тавоноии бародарон дар охири асри IX Хуросонро фаро гирифт. Онхо дастахои сершумори рохзанонро ташкил иамуданд. Шумораи чанговарон ва хохишмандони ин дастахо меафзуд. Аз ин Яъцуб ибни Лайс истифода бурда, соли 861 хокими Сиистоиро сарнагун карда, пойтахти он-шахри Заранчро ба зери тассаруфи худ карор дод.

Яъцуб ибни Лайс ба Багдод ба муцобили халифахои арабй ду маротиба хучум кард. Бори аввал у шикасти сахт хурд ва бори дуввум дар наздикии Багдод соли 879 касал шуда, дар бозгашт вафот кард. Захмати кашидаи Яъцуб ибни Лайсро бародараш Амр ибии Лайс иеш бурд. Сарбозони содиц Амрро сохиби тахт карданд. У рохи дустию хамкориро бо Халифа Муътамид (870-892) сармашци кори хеш карда бори дигар хонадони Саффориёнро ба расмият даровард. Фармони халифа уро муяссар гардонид, ки ба як цатор вилояту шахрхо хокимй кунад. Маъхазхои таърихи хабар медиханд, ки Амр ба хазинаи халифа хар соле ба мицдори 20 миллион дирам ва дар баъзе мавридхои зарурй лашкар хам мефиристод. Аз хама кори асосие, ки саффориён ба рох монда будаанд, ин вацти аз кор рафтани сарбозон ба онхо хацци маоши калон дода, дар баробари ин онхо сару либоси харбию яроци худро ба цушун месупориданд. Оиди масъалахои цушун девони махсус амал мекард. Г айри маош ба сарбозоне, ки ба комёбихо ноил мегаштанд ва супоришхои махсусро ичро мекарданд, маоши зиёдатй медоданд. Аз руи сарчашмахои таърихй намоиши цушунхо ба Саффориён аз даврони шоханшох Хусрави 1 Анушервони Сосонй (531-579) мерос мондааст. Халифа дар баъзе корхои давлатдорй, масалан интихоб намудани комендантхои шахрхои Маккаю Мадииа аз Амр маслихатхо мепурсид. Ин аз ои шаходат медихад, ки Саффорихо дар хаёти сиёсии халифахои аббоси мавцеияте найдо карда буданд.

Байраци Саффорихо дар Багдод ва шахри Макка бардошта шуд. ки маънои эътирофии хокимиятро нишон медихад. Хатто соли 894 халифаи нави Хилофат Муваффац байраци Саффорихоро дар шахри Макка баланд бардошта аз нав такрори титули дар хусуси ба зери хокимияти Амр додани тамоми заминхои цисмати шарции Багдод фармон дод. Бартарии хонадони Саффорихо аз хонадони Тохирихо дар он аст, ки Саффорихо мустацилияти мавцеи сиёсиро зиёдтар ба даст овардаанд. Саффорихо

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсПеББ Ь^М ш 8с1епсе"

хилофати аббосихоро датгирй мекарданд вале дар асл масъалахои сиёсати дохили ва берунии кишварро муста;илона халу фасл мекардаанд. Дар давоми сй соли вучудияташон дар хаёти сиёсии Хуросон ва нохияхои Шаркии Эрон на;ши нотакрор гузоштаанд. Аз чихати дигар, муста;илияти ин хонадони точикон дар он зохир мегардад, ки дар таърихи дунёи мусулмонй аввалин маротиба номи точикй - Яъкуб дар ва;ти хутба хондан дар катори халифахонда шуд. [6, с.200-202]

Яке аз ;исмхои асосии кушуни уро сарбозони «фидой» ташкил мекарданд, ки гохо онхоро бо оханги карохатомез «айёр» хам (ба маънии «каллоб» ва «рохзан») мегуфтанд. Ин таба;аи махсуси «мучохидони рохи дин» буд, ки сафи худро аз хисоби барзгарони безамин ва фирорй пурра мекард. Айёрхо дар хаёти сиёсй роли мухим мебозиданд, аз чумла, онхо дар Систон ба мукобили истилогарон бо матонати тамом мубориза бурданд. Зохиран хамон айёр-хоеро, ки дар чанг беш аз хама диловарй нишон медоданд, ба мартабаи баландтар бардошта, ба гурухи сархангхо дохил мекарданд. Дар катори айёрхо фарзандони дехконон ва заминдорон хам буданд, ки онхоро «озодагон» меномиданд. Г айр аз ин дар кушун дастахои махсуси гуломон хам мавчуд буданд. Аввалхо дар ихтиёри Саффориён хамагй 2-3 хазор сарбоз буд, аммо дар солхои 874-75 Яъкуб дар як мухориба 15 хазор аскари савораро ба корзор даровард. Кушуни саффорй мошинхои харбй ва филхои чангй дошт. Дар ва;ти Хучум ба гузоштани дастаи пешоханги мухофиз ва тачассус ахамияти калон дода мешуд. Сарбозхо дар хар се мох маош мегирифтанд. хар ва;т дар айёми Навруз тафтиши кушун ба амал меомад. Аз сарбоз го сардори ;ушун ба амалдори махсус аспу силохи худро памоиш медод ва, сипас, пул мегирифт. [2, с.272-282]

Яъкуб Лайс беш аз як сол саргарми сару сомон додан ба авзои Систон ва тавсияи мухолифон ва тахкими ;удрати хеш буд, сипас лашкар ба Хирот кашид то онро аз коргузорн тохирй бигирад (соли 868): ва ин нахустин номи у барои тасарруфи Хуросон буд. Агар у метавонист, ки иморати тохириро бараидозад саросари Ирок ба тасаруфаш дармеояд.

Амири Тохириён дар ин замон чавоне бетадбир ва худхох аз наберагони Тохири Пушангй (Тохири Зуляминайн) ба номи Мухаммад писари Тохири II буд, ки халифа уро аз Иро; ба хокимияти Эрон фиристода буд ва аз фармонбарони халифа буд.

Аморати Тохирй мардуми пок мусулмон буданд ва гарчи ба забони эронй сухан мегуфтанд ва ба Эрон ва фарханги эронй ало;а доштанд вале химаташон масруфи рох густариш ва та;вияти ислом ва афзудан бар и;тидори дастгохи хилофати Аббосй буд. Онхо хидмати бисёр арчманде ба ислом ва муслимин карданд. Мухимтарин корхои таълифи дини дар Эрон дар сояи химояти онхо анчом гирифт, ки аз чумла ду китоби бисёр мухими «Сахех Бухорй» ва «Сахех Муслим» аст ва ин ду китоб иас аз Куръони карим манбаъи дувум дар дини ислом шумурда мешавад. Артиши тохириёни Эрои низ аз артиши халифа чудо буд ва коре ба умури дохили Иро; надошт; Вале чунончи зарурати саркуби харакате дар Эрон ба пеш меомад Тохириёни Иро; сипох ба ёрии Тохириёни Ирон мефиристоданд.

Ба хар хол, дар ин замон Яъкуби Лайс касди Хирот кард амири Тохири дар Нишопур Мухамад писари Тохири II буд ва Хирот низ дар дасти пирамарде аз хонадони тохирй ба поми Хусайн писари Абдуллох Тохири Пушангй. Яъкуб Хиротро дар лашкаркаши мутасариф шуд ва Хусейн ба Нишопур гурехт.

Чун кори Яъкуби Лайс дар Эрон боло гирифт ин Али ибни Хусайи мутавачехи заъфи Тохириён шуда буд ба халифа Ал-Муътоз нома навишта та;озои хокимиятп Кирмонро барои Яъ;уби Лайс низ фиристод. Халифа бо ин кораш умед дошт, ки яке аз он ду дигареро аз миён бардорад ва кори Порс ошуфта гардад ва у коргузори худашро аз Ирок барои фармондорн Порс бифирнстад ва Порсро замимаи Ирок кунад то аз он пас даромадхои молиёти Порс низ хамчунин Хузистон ва Озорбойчон барои хазинаи халифа ба Багдод фиристода шавад.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсПеББ Ь^М ш 8с1епсе"

Сипохиёни Тав;й, ки овози адолати Яъ;убро шунида буданд ва бахше аз охо низ аз мардуми Кирмон буданд хохони Яъ;уби Лайс буданд ва ба Тав;и хиёнат карда тан ба шикаст додан. Тав;й ба сахти шикаст ёфта бо гурухе аз мардонаш ба асорати Яъ;уб афтоданд. [4, с.191-192]

Али ибни Хусайн ночор бо Яъ;уби Лайс даргир шуд; вале бештар мардонаш хохони Яъ;уб буданд ва тан ба шикаст доданд ва у шикаст ёфта ба асорат афтод ва шуморае аз мардонаш ба куштан рафтанд

Яъ;уб соате пас аз торик шудани хаво пирузмандона вориди Шероз шуд. Мардуми Шероз хавохохи у буданд. У дар Шероз монд ва барои он ки бими халифа аз худашро бартараф кунад то битавонад барномаашро бо осудагй ба пеш бибарад, гузориши футухоташро бо хадоё барои халифа Ал-Муътамадбиллох ба Багдод фиристод ва фармони хокимияти Порсу Кирмон ва Балхро аз халифа та;озо кард. Чунончй халифа бо такозои у мувофи;ат мекард у метавонист итминон дошта бошад, кн халифа аз у дар бнм нест ва сипох барои набард бо у ба Эрон гусел нахохад кард ва у хохад тавонист, ки барномааш барои тасарруфи саросари Эронро думбол кунад. 1 [1, с.427-429]

Дар ин замон як шуриши фарогири бахши бузурге аз чануби Иро; бар зидди хилофати Аббосй барно буд, ки хастиашро бардагони зангй (сиёхпуст) дар заминхои Монадобе ва шуразор чануби Иро; дар хамсояги Басра нихода буданд ва рустоиёни минта;а ба он пайваста буданд ва рохбарияшро марде дошт, ки худашро имоми алавй меномид. Ин шуриш ки дар соли 248 хичрй ба рох афтод дар таърих бо номи «Чунбнши зангй» шухрат дорад ва аз рохбараш дар асноди хилофати Аббосй бо номи Сохиб Ал-занч ёд шуда аст (яъне пешвои зангиён).

Халифа Ал-Муътамад, кп дар тирамохи 249 хичрй ба думболи як кудтои низомй бо хилофат нишонда шуда буд ва дар чануби Иро; бо хотири бузурги шуриши зангй мувочех буд худро мачбур медид, ки бо Яъ;уби Лайс мадоро кунад. У бародар ва валиахдаш Абуахмад Мувофи;ро бо хилат ва хадоё ва фармони хокимияти Кирмон ва Сиистон ва Кобулисто ва Балх ва Тахористон ба назди Яъ;уб фиристод; Ва ба гаври замини хокимияти Яъ;уб дар Порсро соли 250 хичрй низ ба расмият шинохт. Кобулшох дар гайби Яъ;уб ба марзхои Сиистон дастандозй карда буд. Яъ;уб дар бозгаш ба Сиистон ;асди Кобулистон кард; Кобулшохро дар чанги сахте шикаст дода ба асорат гирифт ва Кобулистонро гирифта замимаи ;аламрави хеш карда Кобулшохро ба унвони коргузори хеш ба Кобул фиристод.

Чунки коргузорони Тохири Хуросон низ даст ба тахрикоте барои тазъифи Яъ;уб зада буданд, Яъ;уб пас аз он рохи Балх ва Пушанг шуд ва Али ибни Хусайн Тохиро дар Пушанг шикаст дода гирифта дар банд кард. Мухамад ибни Тохир (амири аморати Тохириён) аз Нишопур ба у нома навишт, ки амуяшро рахо кунад, вале у ба дархости вай таваччухе нанамуд. [4, с.247]

Яъ;уб Балхро низ тасарруф кард ва пас аз нишондани коргузорони худаш дар Балх ва Хирот ва Пушанг ба Сиистон баргашт. Акнун хамаи Хуросон дар ;аламрави у буд ба чуз Нишопур ва Марв, ки дар дасти Тохириён буд. Мухаммад ибни Тохир медонист, ки бо ниру ва набард аз пеши Я;уб барнатавонад омад бо чосусе, ки ба Сиистон фиристод як афсари сиистонии Яъ;уб ба номи Абдуллох Сагазиро равон кард ва бо ваъдаи инки агар Яъ;уб аз миён бардошта шавад хокимияти Сиистонро халифа ба у хохад дод, уро мачоб кард, ки Яъ;убро бикушад. Абдуллох Сагазй барон шуд то Яъ;убро терор кунад, вале Яъ;уб бикушад хабар шуд ва у ба Нишопур назди Мухаммад ибни Тохир гурехт.

Яъ;уб ба Мухаммад ибни Тохир нома иавишт, ки Абдуллох Сагазиро гирифта ба назди вай бифиристад. Мухаммад ибни Тохир натанхо ба дархости Яъ;уб надод балки

1 Таърихи Табари 5/427 - 429.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Абдуллох Сигазиро ба хокимияти Гургон гумошт. [1, с.495]

Яъкуб сипохашро бардошта касди Нншопур кард ва дар рох ба Мухаммад ибни Тохнр навишт, ки ба фармони халифа барои аз миён бардоштани Хасан Зайд ба Табаристон меравад ва ба у навишт, ки дар ин масир у дар Нишопур шуд. (ба саломи ту хохам омад). Мухамад ибни Тохир, ки марди сиёсат набуд комилан дар гафлат шуд ва чун Яъкуб ба наздики Нишопур расид дар канори рустои Довудобод лашкаргох зад. Мухамад Тохирй бузургони хонаводаашро ба пешвози Яъкуб фиристод ва худаш ба думболи онхо бар нишаста барон дндор бо Яъкуб берун шуд.

Яъкуб чун вориди Нишопур шуд фармуд то дар шахр бонг дардиханд, ки бузургон ва фукахои шахр ба хузураш бирасанд ва бо у байъат кунанд. Фукахо ва бузургон ба у посух фиристоданд, ки чун икдомаш бидуни фармон ва ичозаи халифа будааст шурише ба шумор меравад ва макомаш машруъият надорад.

Яъкуб фармуд то рузи дигар бузургон ва аъёни Нишопур дар кох фармондори хозир ояид то бо онхо сухан бигуяд ва фармони хокимияте, ки аз халифа гирифтаастро ба хамагон иишои дихад. Бомдод, хамаи бузургони Нишопур чамъ шуданд ва ба даргох омаданд. Яъкуб фармои дод то ду хазор гулом хама силох пушиданд ва бистоданд, хар як сипаре ва шамшере ва амуде (гурзе) симин ё зарин ба даст; хама аз он силох, ки аз хазинаи Мухаммад ибни Тохир баргирифта буданд ба Нишопур ва худ ба расми шохон биншаст ва он гуломон ду саф пеши у биистоданд.

Яъкуб хамин, ки хабари ин тасмими халифаро шунид ба тирамохи соли 875 ба Форс баргашт то худро барои лашкаркашй ба Ирок омода кунад. Ахмад аз мардуми Сомон дар шарки Точикистони кунуни ва аз афсарони сипохи Тохириён буд ва дар ин замон хокимияти Сугд (Самарканд ва Бухоро) дар дасти, марди некмусулмон ва сахт пайрави фармонхои халифа буд ва аз Яъкуби Лайс низ дар харос буд. Нанавиштаанд, ки халифа чи маблаг мол барои Насри Сомонй фиристод то хазинаи хариди мард ва тахияи сипох барои мукобала бо Тохириёни Ирок низ ба бархе аз афсарони сипохи Яъйкуб мукотиботи нихони анчом дода ба онхо ваъдахои фиристодан ва онхоро ташвик карданд, ки аз Яъкуб бибаранд ва ба итоати халифа дароянд.

Халифа, ки ин тачрибаро дар пеши чашм дошт якин ёфт, ки Яъкуб накшаи хатарноке дар сар дорад. Лизо худро барои руёруе бо Яъкуб омода кард вале фиребкорона ба у иттилоъ боз дод, ки барои дидорп у омода аст.

Яъкуб аз Хузистон вориди чапуби Ирок шуд ва дар як фарсанги шахри Восит лашкаргох зад. Халифа низ бо сипохи гароне аз пойтахт харакат карда, дар канори руди Сайб лашкаргох зад. Яъкуб аз Восит ба махале бо номи Дай ал-аковал мунтакал шуд ва дар канори рустои Астарбанд руй дар руйи лашкаргохи халифа лашкаргох зад. Харду бораи чангидан омода шуда будан (тирамохи 875). Ин нахустин лашкаркашн як неруи ачамй ва ба доъияи эхёи подшохии Эрон ба даруни Ирок дар тарихи ислом буд ва хамин чанг агар ба хадафи мавридп Яъкуби Лайс мерасид метавонист, ки чараёни таърихи Ховари Миёнаро тагир дихад. [5, с.335-336]

Артиши халифа дар нн замон умуман аз туркон буданд. Инхо турконе буданд, ки халифахо аз замонн Маъмун ва Муътасим ба баъд харида вориди артиш карда буданд ва бархе онхоро ба мансаби баланди артиш расонда буданд. Пешинаи ин турконро Тохириён аз кабоили Осиёи Миёна харида барои халифахо фиристода буданд. Бархеро низ хокимони Озорбойчон аз туркони Хазар харида барои халифахо фиристода буданд.

Яъкуб хисоби ииро накарда буд. ки туркон артиши Аббосй бо хамаи тавонашон на ба хотири халифа балки ба хотири худашон дар баробари у хохад истод.

Хисоби дигуре, ки у накарда буд он, ки неруи азими артиши халифа ба хотири мукобала ба хотири шуришиёни Занч дар канори Восит лашкаргох зада буд ва рохе, ки у барои расидан ба Багдод баргузида буд хамон буд, ки аз наздики ин лашкаргох мегузашт. Яъне у бо интихоби ин масир, худашро дар миёни ду неруи бузург карор дод,

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпШевв Ь^Ы ш 8с1епсе"

ки яке аз пойтахт ба хамрохи шахсе халифа берун омада буд ва дигаре сипохи Абуахмад Муваффак валиахди халифа буд, ки дар Восит муста;ар буд.

Бисёр буданд дар миёни сипохиёни Яъ;уби Лайс касоне, ки чанг бо халифаро гунохи нобахшиданй ва мустачиби о;ибати охиравй мепиндоштанд ва бисёр буданд касоне, ки дар дилашон майл набуд, ки халифа аз миён бардошта шавад. Танхо Яъ;уб ва шуморе аз мардони Тироз ва мардоне аз хаворич ва айёрон буданд ба ха;и;ати мавзуи имоматии Аббосиён ва сохтагй будани ва;ф доштанд ва дидем, ки Яъ;уб дар Нишопур ба муслимин гуфт, ки халифаро нируи шамшер ба маснади хилофат нишонда аст ва харкаси дигар ;удратро ба неруи шамшер устувор кунад мисли халифа аст. Ин суханони Яъ;уб бар он маъно буд, ки хар та;идасе, ки дар чахон будааст ва хохад буд барон харкасе, ки будааст ва барои хар касе, ки бошад шамшеру найза ва зури бозу ё макру найрангу тал;ин ва таблиг ба вучуд овардааст на чизи дигаре набуд.

АДАБИЁТ:

1. Абуалии Балъамй. Таърихи Табари, - Душанбе 1992. с.427- 428.

2. Бартольд В.В. Сочинения. Т.2, ч.2. Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии. - М., 1964.

3. Гафуров Б.Г. Точикон., - Душанбе, 2020. с.376-378

4. Ибни Асир, Азолиддин Али (1351), Таърихи комил бузурги Ислом ва Ирон. Тарчумаи Али Хошимй. Техрон.

5. Ибни Халдун Абдурахмон (1363). Торихи ибни Халдун. Тарчумаи Таърихи Сиистон.(1381 ).Техрон. Мероси китоби бостон.

6. Раванди Муртазо. Таърихи ичтимоии Эрон. - Техрон с.1340

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.