Сведения об авторе: Мирзоев Дж. А.- научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ. Телефон: 2217210. E-mail: [email protected]
Information about the author: Mirzoev J. A.-Researcher, Department of Contemporary History, A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography Tajik National Academy of Sciences. Phone: 2217210. E-mail: [email protected]
УДК: 9(5)
«СИЁСАТНОМА»-ДАСТУРИ ИДОРИИ ДАВЛАТДОРИ, САРЧАШМАИ МУ^ИММИ ТАЪРИХИ ВА АДАБИ
Садриддини АЙНИДДИН, Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Абуалй Дасан ибни Алй ибни Исхоки Тусй, маъруф ба Хоча Низомулмулки Тусй (1017-14.10.1092) ба хайси яке аз донишмандон ва сиёсатмадорони бузурги замони худ эътироф шудааст. Низомулмулк бо истеъдоди фавкулодае, ки дошт, аз вазифаи дабирй то макоми вазорат дар давлати Салчукиён расид ва бо фазилату хирад тавонист низоми давлатдории ниёгонаш-Сосониён ва Сомониёнро дар замони вазорати худ дар давлати туркони Салчукй татбик намояд ва дастуруламале чун «Сиёсатнома» барои идораи давлат нависад.
Низомулмулк «Сиёсатнома»-ро дар 39 фасл бо забони модариаш, яъне забони точикй-форсй таълиф намудааст. Пас аз 13 соли катли Низомулмулк «Сиёсатнома» бо афзудани 11 фасли нав бо дасти котибе пурра гардида, ки ин нусхаи комил то ба рузгори мо расидааст. Бино ба назари Б.Н.Заходер-мутарчими «Сиёсатнома» ба забони русй бобхои 2-39, 42-43, 48-50 мансуб ба калами Низомулмулк буда, аммо мукаддима, бобхои 1, 40, 41, 44, 45, 46 ва 47 ба калами дигар муаллифон марбут аст [1,311].
Б.Н. Заходер «Сиёсатнома»-ро чун санади тезу тунди сиёсй мепиндорад, ки матолиби он алайхи рушди низоми иктадорй ва тамаркуззудой аз кудрати давлат равона шудааст. Дар «Сиёсатнома» Низомулмулк ба тамаркузи дастгохи идории давлат, лашкар ва хадамоти гуногуни давлатй даъват мекунад [1,242]. Ин мухаккик аз арзиши «Сиёсатнома» чун сарчашмаи бисёр мухимми ахди салтанати Салчукиёни нимаи дувуми асри XI ва аввалхои асри XII таъкид карда, менависад, ки «дар пояи ин асар як санади сиёсии вокей, ки аз чониби вазир навишта шудааст,карор дорад» [1, 311].
Тахдики мо дар ин макола дар асоси «Сиёсатнома»-и тахия намудаи Мухаммади ^азвинй ва А. Дочиев анчом ёфтааст [2;3]. Бо вучуди ин ки бори нахуст «Сиёсатнома» дар Точикистон бо ташаббуси Аликул
Девонакулов соли 1989 ба чоп pасидааст, аммо А. Девонакулов хангоми тахияи матни «Сдасатнома» 17 фаслpo rnraœp каpда, фаслхои 27 («Aндаp захмат накаpдани бандагон чуз вакти хидмат ва таpтиби кopи эшон») ва 28 («Aндаp таpтиби гуломони саpoй»)-po зеpи унвони «Aндаp захмат накаpдани бандагон чуз вакти хидмат ва таpтиби кopи инон даp паpваpиш» [4,83] дохили хам oваpдааст. Иловатан, тахиякунанда ба иштибоххое хангоми баpгаpдoнии матн аз хати фopсй ба киpиллии точикй pox додааст. Масалан, даp боби севум «Aндаp мазолим нишастани подшох ва адлу сиpати неку ваpзидан» Низомулмулк аз муносиботи Яъкуби Лайси Саффopй бо халифаи a66oot ва номахои онхо ба xамдигаp ëд каpда, аз кавли Яъкуб ба халифа менависад, ки <^з пой нанишинам, то саpи ту ба Махдия нафиpистам ва хонадони тypo вайpoн накунам» [5,49-50; 1,20; 3,27]Аммо ^икул Девонакулов вожаи «Маxдия»-po «хадя» хондааст, ки иштибох аст. Махдия шаxpест даp шимоли Aфpикo, даp саpзамини имpyзи Тунис, ки пойтахти Фотимжн буд ва pакиби хулафои Багдод ба шyмop меpафт. A.Девoнакyлoв боби чихилуми «Сиëсатнoма»-po «Aндаp амиpи чаpас ва чyбдopoни даpгox» [4. 105] баpгаpдoн каpдааст, даp сypате ки он «Даp амиpи xаpас ва чyбдopoн ва асбоби сдасат» [1,143; 3,125] унвон дopад.
Мухаккикони «Сиëсатнoма» чунин мешyмopанд, ки ин асаp дастypамали сдасии хонадони Салчукжн мебошад. Даp вокеъ, Низомулмулки зиpакy бoтадбиp мефахмид, ки хyдсаpй, беадолатй ва зулму ситами хокимони азхyдpафтаи Салчукжн пояи xyкмpoнии oнxopo суст менамуд. Бинoбаp хамин вай чунин дастypамалеpo пешниход мекунад, ки гояи асосии он ибopат аз баpкаpop намудани адолат, 4opï каpдани таpзи окилонаи давлатдopй, поквичдону пopсo будани аpбoбoни давлатй, аз пайи ободонии кишваpy осоиштагии pаият шудани шахсони масъул мебошад.
Низомулмулк даp «Сиëсатнoма» дoиp ба низоми давлатдopй, таpзи pафтopи кopмандoни давлат, муомилаю муносибат ва сиëсатy pаëсати кopмандoни давлатй: подшохон, вазиpoн, дабиpoн, ходимони сатхи гуногуни давлат, аз кабили шаxpдopoн, коздан, посбонон, намояндагони хукумати маpказй даp вилoëти кишваp, лашкаpдopию хазинадopй ва Fайpа андешахои хешpo баëн намyдааст.«Сиëсатнoма» як навъ баpдoшти муаллифи он аз тачpибаи беш аз сисолаи хидмат даp yмypи давлатй ва вазиpиаш мебошад.
Яке аз масъалахое, ки даp «Сжсатнома» Низомулмулк ба он таваччух каpдааст, ин масъалаи иктоъ мебошад. Даp натичаи забткopиxoи гyстypда даp асpи XI ашpoфи хокими кабилаии Салчукй сохиби шаxpy вилоятхо ба сифати иктоъ ë милк шуданд. Бояд зи^ каpд, ки таксим каpдани замин чун иктоъ ба низомжн баpoи хидмат даp лашкаpи Салчукжн даp миëнаxoи асpи XI, баъд аз ишголи кишваpxoи Шаpки Наздик ва Мдана огоз шуд. Баъдан ба иктоъ чун институти мухимми асpимиëнагй даp нимаи дуюми асpи XI аз чониби Низомулмулк даp замони Aлпаpслoн ва
Маликшох ислохот вopид гаpдид. Зеpo ашpoфи низомии кучии тypк, ки бештаpи саpзаминxoи ишголии Салчyкиëнpo чун иктоъ зеpи даст oваpда буданд, ба давлати мyтамаpказ ниëз надоштанд ва даp зимн талошхои тачзияталабй ва маpказгypезй менамуданд. Низомулмулк ба манзypи гиpифтани пеши poxи чунин pавандxoи хатаpнoк ба низoмиëн заминxoеpo аз каpoнаxoи кишваpxoи дypи ишголии Салчукжн чун иктоъ медод. Яъне иктоъхои низoмиëн паpoканда даp вилоятхои мухталифи ишголии Салчукден чoйгиp буданд ва низомжн наметавонистанд даp кишваpxoе, ки ба онхо иктоъ дода шуда буд, ба тавpи доимй зиндагй кунанд.
«Сиëсатнoма» даp баpoбаpи асаpи дастypй даp кopxoи идopаи давлат будан, инчунин яке аз саpчашмаxoи аpзишманди таъpихй низ ба хисоб меpавад. Низомулмулк даp ин асаpи човидонаи худ кушиш каpдааст, pyйдoдxoи мухимми таъpихии pyхдoда даp каламpави Хypoсoн, Эpoн ва Мoваpoyннаxppo,инчyнин нахзатхои фикpй ва акидатии он pyзгopoн, мисли нахзати хyppамдиниëн, мoнавиëн, маздакжн, каpматиëн, бoтиниëн ва Fайpаxopo баъд аз пиpyзии аъpoб ба pиштаи таxpиp кашад.Даp бopаи нахзати Синбоди Муг, ки нимаи аввали мохи апpели соли 755 ба бахонаи хунбахои Aбyмyслими Хypoсoнй огоз шуд ва шаxpxoи Нишoпyp, ^умис ва Райpo ба даст oваpда, беш аз хафтод pyз бо аpабxo мyбopиза каpд [6,76-83],Низомулмулк ахбopи мухимме медихад. Aз чумла, даp бopаи Синбоди Муг менависад «нахуст Убайдаи Данафиpo, ки аз кабилаи Мансyp хокими Рай буда, бикушт ва хизонахо, ки Бумуслим ба Рай нихода буд, баpдoшт. Чун кавихол гашт, талаби хуни Aбyмyслим каpд ва даъвй каpд, ки y pасyли Бумуслим аст ва маpдyмoни Иpoкy Хypoсoнpo гуфт,ки «Бyмyслимpo накуштаанд, валекин касд каpд Мансyp ба куштани y ва y номи мехини худои таоло бихонд, кабyтаpе гашт сафед ва аз мдани xаp ду дасти y бипаpид ва акнун даp xисopе аст аз мис каpда ва бо Махдй ва Маздак нишаста аст ва инак xаp се беpyн меоянд ва мукаддам Бумуслим хохад буд ва Маздак вазиpаш ва номаи Бумуслим ба ман омадааст» [3,190] ва даp идома чунин зи^ мекунад, ки Синбод «^p гох бо габpoн хилват каpдй, гуфтй, ки «давлат аpаб шуд, ки даp китобе хондаам аз кутуби Сoсoниëн ба ман pасида буд ва ман боз нагаpдам то Каъбаpo вайpoн накунам, ки ypo бадали офтоб баp пой каpдаанд ва мо хамчунон киблаи хеш офтоб кунем, чунон ки даp кадим будааст» [3.190].
Бо вучуди ин ки Низомулмулк чун як пешвои мазхаби шофеии замони хеш ба ин нахзатхои мазхабй бо дидаи хусумат менигаpад, аммо баëни ходисахои иpтибoтдoшта ба ин нахзатхо даp амpи омузиши сабабхои вукуи онхо ба мухаккикон кумак менамояд.
Даp ин китоб бисëpе аз ахбopи мухимми таъpихй даp бopаи масъалахои сиëсй, ичтимой ва фаpxангии замони Саффopиëн, Сoмoниëн, Fазнавиëн ва Салчyкиëн гиpд oваpда шудааст. Aз чумла, Низомулмулк даp pисoлаи хеш ахбopи бисëp аpзишманди таъpихиpo poчеъ ба мyбopизаxoи Яъкуби Лайси Саффopй баp зидди хилофати Багдод баëн мекунад. Соли
873 Яъкуби Лайси Саффорй сулолаи Тохирданро дар №шопур сукут дода, ба кудрат расид ва давлати Саффорданро дар Хуросон таъсис кард. Яъкуби Лайс бахори соли 876 ба чониби Багдод лашкар кашид, аммо ба шикаст дучор шуд. Яъкуби Лайс аз ин ноумед нашуда, бори дигар лашкар гирд оварда, хост ба Багдод бори дуюм хучум кунад. Халифаи Аббосй аз ин хабар ëфта, ба назди Яъкуби Лайс, ки дар Хузистон буд, сафире мефиристад. Дар ин бора Hизомyлмyлк менависад: «Чун Яъкуб номаи халифа бархонд, хеч гуна дилаш нарм нашуд ва бар он карда пушаймон нахурд ва бифармуд то тара ва мохй ва пдазе чанд бар табаке чу6ин нихода, пеши вай оварданд. Он гах бифармуд то расули халифаро дароваранд ва биншонанд. Пас руй суи расул карду гуфт: «Бираву халифаро бигуй, ман марди руйгарзодаам ва аз падар руйгарй омухтаам ва хурдани ман нони чавин ва мохй ва тараву пдаз будааст ва ин подшохиву ганчу хоста аз сари айëрй ва шермардй ба даст овардаам, на аз падар мерос ëфтаам ва на аз ту дорам. Аз пой наншинам, то сари ту ба Mахдия нафиристам ва хонадони туро вайрон накунам. Ё он чи гуфтаам ба чой оварам ë хам ба сари нони чавину мохиву пдаз ва тара шавам. Инак, ганчхоро дар боз кардам ва лашкархоро боз хондам» [3,27].Hизомyлмyлк дар идома менависад,ки баъд аз ин Яъкуби Лайс дигар фиристодагони халифаро кабул накард ва «руй суи Багдод ниход. Чун се манзил бирафт ва уро иллати куланч буд, куланчаш бигирифт ва холаш ба чое расид, ки донист аз он дард нарахад, бародари хеш Амри Лайсро валиахд кард ва ганчномахо ба вай дод ва бимурд» [3,28]. Ин ходиса дар мохи июни соли 879 рух дода буд.
Бо таваччух ва некназарие, ки Hизомyлмyлк ба Сомониëн дошт, дар асараш аз ходисоти таърихии ахди давлатдории ин хонадон матолиби здад овардааст. Hизомyлмyлк дар фасли «Дар хуручи ботиниëн дар замини Шом ва Mагриб» аз хуручи карматиëн ва ботинжн дар Дироту Fyр дар соли 295 х.к./907 хабар медихад ва менависад, ки «волии Дирот Myхаммади Дарсама хабар кард амири Одили Сомониро, ки марде дар кухпояи Fyр ва Fарчистон хуруч кардааст ва уро Бубилол мегуянд...Ва мардуми бехад аз рустои Дирот ва навохй руй ба вай ниходаанд ва байъат мекунанд» [3, 201].Дар идома Hизомyлмyлк зикр мекунад, ки Исмоили Сомонй ба кумаки волии Дирот лашкаре фиристод ва дар натича «Бубилол ва дах тани дигарро аз раисони эшон бигирифтанд ва сари хафтод руз аз он чо бозомаданд» [3,201].
Дигар аз ходисахои таърихии зикрнамудаи Hизомyлмyлк рочеъ ба Сомониëн ба солхои охири хукумати Hасри II Сомонй иртибот дорад, ки назирашро то кунун дар хеч сарчашмаи таърихй мухаккикон пайдо нанамудаанд. Тибки ахбори Hизомyлмyлк дар ахди хукумати ^сри II доиëни исмоилй, аз чумла Myхаммади Hахшабй бо таблиги мазхаби хеш дар каламрави давлати Сомонжн на танхо мардумони одй, инчунин макомдорону дарбориëн, аз чумла ^сри II-ро низ ба суи хеш кашиданд
[3,194-195]. У менависад: «Чун табаи y бисëp шуданд, оханги подшох каpд ва хавосси пoдшoxpo баp он дошт, то сухани ypo бо мастиву xyшëpй пеши Насp ибни Ax,мад ëд мекаpданд. Чандон гуфтанд даp мастиву xyшëpй, ки Насp ибни Ax,мад ба дини y pаFбат каpд... Ва кopи Нахшабй бад-ин чой pасид, ки даъват oшкopo каpд ва xаp ки аз наздикони подшох буданд, нyсpати y каpданд.Ва мазхаб oшкopo шуд ва подшох хампуштии шиаëн мекаpд. Тypкoн ва саpoни лашкаppo нохуш омад, ки подшох каpматй шуд. Ва он pyзгop xаp ки даp ин мазхаб шудй, ypo каpматй хондандй» [3,195-196].
Ин буд, ки тypкoн ва саpoни лашкаp, ки бо онхо xамфикp буданд, даp андешаи табаддулоти давлатй афтоданд, то Насpи II-po ба катл pасoнанд ва xoкимиятpo ба даст гиpанд. Aммo ин табаддулоти давлатй нoфаpчoм мoнд.Зеpo писаpи Насpи II - Нух ибни Насp аз ин хабаp ëфт ва падаpашpo даp чаpаëни ходиса гузошт. Пеш аз он ки тypкoн даст ба табаддулоти давлатй зананд,Насpи II омилини он, аз чумла Тyлyнyкopo, ки даp меxваpи табаддулот ^pop дошт, ба катл pасoнида, писаpашpo ба тахт шинонд. Низомулмулк аз кавли Насpи II менависад: «Бидонед, ки он чи шумо даp хакки ман андешидаед, маpo хабаp шуд, ки касди ман хостед каpдан. Дили шумо баp ман бад шуд ва дили ман баp шyмo.Даp миëни мо pyи эминй дигаp намондааст. Aгаp ман аз poxи суннат биафтодам ва мазхаби бад гиpифтам, дилхои шумо аз ин сабаб бад шуд.. ^yxpo, ки писаpи ман аст, даp y хеч айбе хаст?» Гуфтанд: «На». ^фт^^^о валиахди хеш каpдам, подшохи шумо акнун уст. Arap хато каpдам ва агаp савоб, баъд аз ин ба yзpy тавба машгул шавам ва маFфиpат аз Худои таоло мехохам, ки магаp Худои таоло тавбаи маpo кабул кунад. Ва он кас, ки шyмopo баp ин дошт, чазои хеш ëфт». Фаpмyд то он саp (-и Тулунуко) аз тypба баpoваpданд ва пеши эшон андохтанд. Ва худ аз тахт фypyд омаду баp мусаллии намоз биншаст ва Нух баp тахт шуду ба чои падаp бинишаст... Пас банд хост, то баp пои падаp ниходанд ва даpxoл ба кухандиз бypданд ва махбус каpданд» [3,198-199].
Aз ин ахбopи Низомулмулк ду хулоса метавон хосил каpд. Нахуст ин ки даp ахди Сoмoниëн, ба хусус Насpи II таблиги дигаp мазхабхо мамнуъ набудааст ва бо истифода аз ин дожни исмоилй бо таблиги мазхаби хеш то ба даpбopи Сомонжн pасиданд. Дувум ин ки Насpи II ба хангоми даp кайди xаëт будан, аз макоми амиpи Сoмoниëн канop pафта ва тибки ахбopи Низомулмулк махбус шуда, баъди чанде вафот каpдааст. Бо вучуди ин ки то кунун аз манобеи дигаpи таъpихй ин хабаp тасдики хyдpo наëфтааст, ин маълумоти Низoмyлмyлкpo наметавон нодида гиpифт.
«Сиëсатнoма» аз меpoси бyзypги фаpxангии асpимиëнагии халки точик ба хисоб меpавад. Мутмаинан метавон гуфт, ки чун Низомулмулк «Сиëсатнoма»-po ба забони тoчикй-фopсй навишта, ба Маликшохи Салчукй пешниход каpд, бинoбаp ин метавон хулоса каpд, ки: нахуст Маликшохи Салчукй бо забони тoчикй-фopсй ошноии комил доштааст ва дувум забони мyoшиpати даpбopи Салчyкиëн тoчикй-фopсй будааст. Бояд
гуфт, ки макоми давлатй гирифтани забони точикй-форсй аз ахди Тохириён огоз шуд, Саффориён онро бештар таквият доданд ва Сомониён ин забонро то макоми давлатй баланд бардоштанд. Дар зимн дабири маъруфи дарбори султон Санчари Салчукй, муаллифи рисолаи «Атабат ал-катаба» Мунтачабуддин Бадеъ Атобак ал-Ч,увайнй менависад: «...мукотибот ва муросилот ба лугати тозй соир ва содир буд то бад-ин айёми мамлакати Сомониён ва Дайламиён ва Саффориён, ки ба тадрич порсй навиштан гирифтанд ва бар даргохи мулук бозори забони дарй нафок ёфт ва муношир ва ухуд ва рисолот бад-ин иборат равон гашт» [7,2].
Насри китоб равону сода ва дилкаш ва холй аз печидагй буда, бо забони фасех ва насри шево нигошта шудааст.«Сиёсатнома» ба кавли ховаршиноси машхури фаронсавй Ш.Шеффер «иншоаш мушобихати тамом дорад бо тарзи баёне, ки феълан дар мамолики Эрон мутадовил аст» [8,11]. Дар зимн мухаккики эронй Забеуллох, Сафо менависад, ки «каломи нависанда ба дарачае аз равонй аст, ки хануз баъд аз гузашти садхо сол тароват ва тозагии худро аз даст надода» [9, 906].
Калимахо ва таркибхои зебо, ки дар забони имрузаи точикй аз он фаровон истифода мешаванд, аз кабили «кордор», «миёнахол», «нонпора», «арзонй доштан», «устувор доштан», «барнишастан», «баркашидан», «фармон ёфтан», «кисса пардохтан» ва гайра дар насри равони «Сиёсатнома» борхо ба мушохида мерасанд.
Услуби нигориши «Сиёсатнома» чунон аст, ки агар хонанда ба сабки насри гузашта одат накарда бошад хам, ба осонй мафхуми матолибро дар ин китоб дарк мекунад.
«Сиёсатнома» шомили хикоёт ва ривоёти маргуб ва дилнишин аст ва ин шоистагихо буд, ки нависандагон ва донишмандони баъдй матолиби онро мавриди истифодаи фаровон карор додаанд.
Хулоса, Хоча Низомулмулк чун сиёсатмадори барчаста ва олими нуктасанч бо таълифи рисолаи «Сиёсатнома» тавонист барои насли баъдй як ёдгории човидонаро ба мерос гузорад. «Сиёсатнома» китобест, ки хадафи аслии онро таргиби давлати ягонаи мутамарказ бо сарварии шохи одил ва вазири ботадбир ташкил медихад. Вай бо овардани хикоёти пандомуз аз хаёти подшохону вазирони бузурги Сосониёну Сомониён хокимони асри хешро хидоят менамуд, ки дар хукумат кардан ва давлатдорй аз тачрибаи гузаштагони мардумони мукимии ин сарзаминхо, аз хирад ва тадбири окилона кор гиранд. Тадбирхо ва талошхои Низомулмулк намунаи ибрате буд дар амалй шудани ин кори басо мушкил
АДАБИЁТ
1. Низам ал-мульк. Сиасет-намэ - книга о правлении вазира XI столетия Низам ал-мулька. Перевод, введение и примечания профессора Б.Н. Заходера. М.-Л. 1949. -379 с.
2. Низомулмулк. Сиёсатнома. Бо хавошй ва ёддоштхо ва ишорот ва тасхехи Мухаммади Казвинй. Чопи дувум. Техрон, 1344. -295 с.
3. Низомулмулк. Сиёсатнома. Тадияи матн, пешгуфтор, тавзедот ва лугат аз А. Х,очиев. Душанбе, 1998.-246 с.
4. Низомулмулк.Сиёсатнома. Ба чоп тайёркунанда А. Девонакулов. Душанбе: Адиб, 1989. -200 с.
5. Хоча Низомулмулк. Сиёсатнома.Бозшиносй, накду тадлил ва вероиши матн, тавзедот ва федрастдо М.Истеъломй. Тедрон, 1390.
6. Камол X,. Инъикоси хуручи Синбоди Муг дар манобеи таърихии асрдои IX-XIII // Муаррих №1 (17) 2019.
7. Мунтачабуддин Бадеъ Атобак ал-Чувайнй.Атабату-л-катаба.Ба тасдед ва эдтимоми аллома Мудаммади Казвинй ва Аббоси Икбол. Тедрон: Ширкати садомии чоп, 1329. -170 с.
8. Мукаддимаи Шеффер // Низомулмулк.Сиёсатнома.Бо давошй ва ёддоштдо ва ишорот ва тасдеди Мудаммади Казвинй. Чопи дувум. Тедрон, 1344.
9. Сафо Забеуллод. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ч,. 2. Тедрон, 2000.
«СИЁСАТНОМА»-ДАСТУРИ ИДОРИИ ДАВЛАТДОРИ, САРЧАШМАИ МУ^ИММИ ТАЪРИХИ ВА АДАБИ
Барои фадмиши модияти давраи марбут ба докимони Салчукй дар Эрон, Хуросон ва Мовароуннадри нимаи дуюми асри XI «Сиёсатнома» дамчун рисолаи сиёсй, ки аз чониби Низомулмулк, ходими барчастаи давлатй, вазири султондои Салчукй-Алпраслон ва Маликшоди I навишта шудааст, аз арзиши мудим бархурдор аст. «Сиёсатнома»- яке аз манобеи нидоят муфиди таърихии Шарки асримиёнагист, ки иттилооти зиёдеро дар мавриди зиндагии сиёсй, ичтимой-иктисодй ва фардангии Эрон, Хуросон ва Мовароуннадри нимаи дувуми асри ёздадум дар худ гунчонидааст.
Рисолаи «Сиёсатнома», ки кабл аз марги вазир навишта шуд, ба надве васиятномаи у буд ва барои чандин насли Салчукиён ва дигар докимони ин минтака чун роднамо хидмат кард.
«Сиёсатнома» дар колаби омузишию тарбиятй ва бо мисолдо аз достондои мухталиф ганоманд навишта шуда, ба унвони як санади сиёсй то дадди зиёде бар зидди рушди низоми иктоъдорй ва гайримарказй кардани кудрати давлатй равона гардидааст. Низомулмулк дар рисолаи худ хостори эчоди дастгоди давлатии мутамарказ, лашкар ва хадамоти иттилоотии густурда аст.
«Сиёсатнома» аз мероси бузурги адабии асримиёнагии халки точик ба дисоб меравад. Дар дикоёти худ «Сиёсатнома» анъанадои адабиёти точикй-форсиро нишон дода, аз ин нуктаи назар яке аз намунадои насри маргуби адабиёти точикй-форсии асрдои миёна мадсуб мешавад.
Калпдвожах,о:Низомулмулк,«Сиёсатнома»,Хуросон,Эрон,Мовароунт%р,Исмоши Сомонй, Насри II, Нуу ибни Наср, Яъцуби Лайс, Багдод, Маудия, Нахшабй.
«СИЯСАТ-НАМЕ» - ПРЕДПИСАНИЕ УПРАВЛЕНИЮ ГОСУДАРСТВОМ, ВАЖНЫЙ ИСТОРИЧЕСКИЙ И ЛИТЕРАТУРНЫЙ ИСТОЧНИК
Для понимания сущности периода, связанного с сельджукскими правителями в Иране, Хорасане и Мавераннахре во второй половине XI в., весьма важно «Сиясат-наме» («Книга о правлении»), представляющее собой политический
трактат, составленный выдаюшимся государственным деятелем Низам ал-Мульком, везиром сельджукидских султанов Алпарслана и Маликшаха I. «Сиясат-наме»-один из важных исторических источников восточного средневековья, содержащим большое количество сведений о политической, социально-экономической и культурной жизни Ирана, Хорасана и Мавераннахра во второй половине XI в.
Трактат «Сиясат-наме» написанный везиром до своей гибели, стал как бы его завещанием и явился путеводителем для нескольких поколений сельджукских и других правителей этого региона.
Написанный в форме поучения, богато иллюстрированный различными примерами-рассказами, «Сиясат-наме» является политическим документом, в значительной мере направленным против развития системы икта' и децентрализации государственной власти. Низам ал-Мульк в своём трактате призывает к созданию централизованного государственного аппарата, армии и широкой осведомительной службы.
«Сиясат-наме» является ценным середневековым литературным наследием таджикского народа.Представляя в своих рассказах таджикско-персидскую литературную традицию, «Сиясет-наме» с этой точки зрения является одним из образцов прозаических произведений средневековой таджикско-персидской литературы.
Ключевые слова: Низам ал-Мульк, «Сиясат-наме», Хурасан, Иран, Мавераннахр, Исмаил Самани, Наср II, Нух ибн Наср, Яъкуб Лайс, Багдад, Махдия, Нахшаби.
THE SIYASATNAMEH - A RULE BOOK OF GOVERNANCE, AN IMPORTANT
HISTORICAL SOURCE AND A TREASURED LITERARY HERITAGE
The Siyasatnameh (The Book of Government) by Nizam al-Mulk, a notable scholar and vazier of the Seljuq sultans Alp Arslan and Malik Shah, illustrates the essence of Seljuk rule in Iran, Khorasan and Mawarannahr during the second half of the 11th century. This political treatise is one of the most important sources for the history of the middle ages in the east and a treasure trove of political, socio-economic and cultural life of Iran, Khorasan and Mawarannahr in the second half of the 11th century.
Written by Nizam al-Mulk shortly before his death almost like a will, the Siyasatnameh was a rulebook for generations of Seljuk and other rulers of the region. It contains a multitude of illustrative anecdotes and was as a political document primarily directed against the further development of the iqta (fiedom) system and the decentralisation of the state. In this vein, Nizam al-Mulk calls for the creation of a centralised government administration, army and intelligence service.
The Siyasatnameh is also a part of the mediaeval literary heritage of the Tajik people. Given its narrative and artistic character, the work represents a prominent example of the Tajik literary tradition and is one of the specimen mediaeval Tajik-Persian literary prose.
Key words: Nizam al-Mulk, «Siyasatnameh», Khorasan, Iran,Mawarannahr, Ismail Samani, Nasr II, Nuh ibn Nasr, Y'kub Lays, Bagdad, Mahdiy, Nakhshabi.
Сведения об авторе: Садриддини Айниддин-Бохтарский государственный университет им.Носира Хусрава, преподаватель кафедры истории таджикского народа. Адрес: 735140, Республика Таджикистан, г. Бохтар, ул. Айни 67. Тел:(+992) 988-64-76-76. E-mail: [email protected]
Information about the author: Bokhtar State University Nosir Khusrav. Lecturer of the Department of the Tajik peopk. Address: 735140. Republic of Tajikistan, Bokhtar, Aini 67 street.Tel:(+992) 988-64-76-76. E-mail: [email protected]