Научная статья на тему '"ТАЪРИХИ ХУМУЛИ" ("ИСТОРИЯ ХУМУЛИ") И ЕЕ ИСТОЧНИКОВЕДЧЕСКОЕ ЗНАЧЕНИЕ'

"ТАЪРИХИ ХУМУЛИ" ("ИСТОРИЯ ХУМУЛИ") И ЕЕ ИСТОЧНИКОВЕДЧЕСКОЕ ЗНАЧЕНИЕ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
61
18
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / ДЖУМАКУЛИ ХУМУЛИ / УРГУТ / ДИНАСТИЯ / БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ / МАНГИТЫ / ШАХ МУРАД / АМИР ХАЙДАР / ДАХБЕД / НАКШБАНДИЯ / ХРОНОГРАММА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Ахмад Ходжизода

Эта статья посвящена жизни и наследию Джумакули Хумули (род.. 1190/1776 гг.) - одного из историков династии мангитов - последней династии, правившей в Бухарском эмирате, и первая попытка представить более полную информацию об этом историке научному сообществу страны. «История Хумули»- важная работа, в которой прослеживается история династии от ее основателя - Мухаммада Рахим-хана (1747-1759) до правления эмира Хайдара (1800-1826), однако большая часть работы Хумули посвящена историческим событиям периода правления эмира Шахмурада (1785-1800) с подробностями его стремления к секте Накшбандия и походы эмира на другие земли. События правления эмира Насруллы (1827-1860) были переданы Хумули в поэтическом жанре маснави под названием «Шоху Гадо» (Царь и нищий), с описанием противостояния с Кокандским ханом Мухаммадом Алиханом. Хумули оставил в наследство стихотворные хронограммы, а также сборник стихов - диван со стихами, написанными на таджикском и узбекском языках.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

"TA`RIKHI KHUMULI" (THE HISTORY OF КHUMULI) AND ITS SOURCE VALUE

This article is dedicated to the life and legacy of Jumakuli Khumuli (b. 1190/1776 CE), one of the prominent historians of the Manghit dynasty, the last dynasty ruled Bukhara emirate, and the first attempt to provide comprehensive information about it to the scientific community. His most important work is “The History of Khumuli,” which traces the history of the dynasty from its founder, Mohammed Rahim Khan (1747-1759), to the reign of Amir Haidar (1800-1826) but most of Khumuli’s work is based on historical events of ruling of Shah-Murad (1785-1800) with details of his penchant to the Naqshbandiya sect and campaigns of this “Innocent" (nickname of Shah-Murad) emir`s army. The events of the reign of Amir Nasrullah (1827-1860) were described by Khumuli in poetic genre of mathnavi under the name “Shah va Gado” (King and Beggar), where he narrated aggression of emir`s army to Muhammad Ali Khan, the Khan of Kokand. The legacy of Khumuli also includes poetic chronograms on events as well as divan (a collection of poems) written in Tajik and Uzbek.

Текст научной работы на тему «"ТАЪРИХИ ХУМУЛИ" ("ИСТОРИЯ ХУМУЛИ") И ЕЕ ИСТОЧНИКОВЕДЧЕСКОЕ ЗНАЧЕНИЕ»

Сведения об авторе: Мирзоев Шухрат Джумамуродович-PhD докторант Института истории археологии и этнографии имени А.Дониша.Телефон:(+992)918-19-45-12,E-mail: 985538822@mail.ru.

Informanion about the autor: Mirzoev Shuhrat Jumamurodovich-doctoral student of the Ahmad Donish Institute of History, Archeology and Ethnography.Telefon: (+992) 918-19-45-12, Email: 985538822@mail.ru.

УДК- 9(575) (092)

«ТАЪРИХИ ХУМУЛЙ» ВА А^АММИЯТИ САРЧАШМАШИНОСИИ ОН

Ахмад Х,ОЧ,ИЗОДА, Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Мухдккикони машхури сатх,и чах,онй таъкид кардаанд, ки «бе тасав-вури равшан оид ба чузъиёт ва хдчми захираи мухдашами осори форсй-точикй, бунёд намудани таърихи фархднги вокеан илмии мардумоне, ки ин ганчинаро фарохдм сохтаанд, амри мах,ол аст» [17,7].

Дар бораи Хумулй дар доирах,ои илмии Точикистон ба чуз маълу-моти кутох,и тарчумаих,олй, ки дар Энсиклопедияи советии точик ба табъ расидааст, чизеро пайдо кардан душвор аст. Дар китоби дарсй барои мак-табх,ои олй танх,о ба зикри номи Хумулй хдмчун шоири зуллисонайн дар катори шоирони нимаи аввали асри XIX к;аноат кардаанд [9, 38].

Аз донишмандони точик нахустин шахсе, ки аз Хумулй ёд мекунад, устод Садриддин Айнй мебошад. Дар «Таърихи амирони мангитияи Бухо-ро» устод Айнй дар хотимаи китоб, зимни зикри 9 маъхази истифодакар-дааш «Таърихи мулло Хумулии Самаркандй»-ро бо таъкид кайд кардааст [15,14].

Академик Ах,рор Мухторов дар асарх,ои худ хднгоми баррасии вокеах,ои таърихии марбут ба Уротеппа ва Дисор, аз «Таърихи Хумулй» накли кавл мекунад [14, 1999, 69-79,14, 1995, 104-106].

Инчунин дар маълумоти мухтасаре, ки одатан тахдягарони фех,ристх,ои нусхах,ои хаттй доир ба муаллифони нусхах,о дарч мекунанд, аз чумла, дар фех,ристх,ои собик Институти шаркшиносии Академияи илмх,ои Чумхурии Точикистон, зикри номи Хумулй ва асарх,ои у низ рафтааст [16].

Дар доирах,ои илмии Узбекистан таваччух, ба Хумулй ва эчодиёти у аз солх,ои 70-уми асри XX шуруъ мешавад. Маълумоти тарчумаих,олй доир ба у дар китобх,ои таърихи адабиёт ворид мегардад [1,18] ва хдёту фаъолияти Хумулй мавзуи рисолаи тахдикотй карор гирифта, ба ин васила доирах,ои илмй оид ба шахсияти у огох,ии бештар пайдо карда, ба намунах,ои эчодиёти у шинос мешаванд [2].

Шахсият ва осоpи Хумулй даp доиpахои шаpкшиносии Авpyпо низ мyаppифй каpда мешавад. Мухаккикони Узбекистон ба мавзуи фаъолияти ахли суфия, аз чумла таpикати накшбандия, ки даp доиpахои шаpкшиносии олам низ таваччухи олимонpо ба худ чалб каpдааст, мypочиат намуда, pисолаи Хумулй «Манокиби шайх Мусохони Дахбедй»-pо мавpиди тахкикоти илмии гyстаpда каpоp додаанд [20].

Ва нихоят, коpи илмии мукаммал доиp ба Хумулй анчом дода мешавад, ки шомили матни интикодии асаpи у «Таъpихи Хумулй» ва мукаддимаи муфассал ба забонхои англисй ва узбекй мебошад [12].

Аммо зиндагиномаи Хyмyлиpо аз худи у бехтаp касе ба калам наоваpдааст. Зеpо муаллифони асpи XIX танхо ном ва ба ду забон эчод каpдани ypо даp шакли хеле фишypда зикp мекунанд.

^pï Рахматуллохи Возех даp «Тухфату-л-ахбоб фи тазкиpати-л-асхоб» Хyмyлиpо «уъчубаи замон ва нодиpаи давpон» ном бypда, солхои зиёд козии вилояти Уpгyт будани ypо таъкид намудааст [7,85].

Бинобаp маълумоти даp мукаддимаи ношиpони нашpи интикодии «Таъpихи Хумулй» оваpдашyда, Миpсиддик Дашмат даp «Тазкиpатy-ш-шyаpо» зикpи номи Хyмyлиpо бо намунае аз поpчахои шеъpй ба фоpсй ва тypкй оваpдааст. Дашмат ягона муаллифест, ки Хyмyлиpо хамчун «тавоpихшинос» ёдоваpй мекунад [12,1].

Мyхаммадшаpиф Садpи Зиё низ даp «Рисолаи хаттотон» аз ашъоpи Хумулй намунахо оваpдааст [12].

Аз муаллифони авpyпой даp китоби био-библиогpафии Дофман аз Хумулй ёдоваpй шуда, маълумоте, ки асосан тахиякунандагони фехpистхои нусхахои хаттии ганчинаи дастхатхои Тошканд ва Душанбе даp фехpистхои чопшуда даpч намудаанд, ба мутолиаи мухаккикони авpyпой пешниход гаpдидаанд [21,247-249].

Мухаккики таъpихи минтакаи Осиёи Миёна аз Донишгохи шахpи Беpн (Швейсаpия) пpофессоp Анке фон Кюгелген, ки ба таъpихи сулолаи мангития тахкикоти мухимме анчом додааст, даp боpаи Хумулй ва асаpи у «Таъpихи Хумулй» бо мушикофии хоси донишмандони авpyпой, зиндагинома ва асаpи ypо мавpиди баppасй ва тахлил каpоp додааст [8]. У аз «Таъpихи Хумулй», ки бехтаpин баёнгаpи зиндагиномааш аст, тамоми лахзахои ба таpчyмаи холи муаллиф алокамандpо бо диккати фавкулода беpyн оваpда, зиндагиномаи Хyмyлиpо баpои хонандагонаш хеле pавшан баён месозад.

Асаpи тахкикотии пpофессоp Анке фон Кюгелген коpи аз кабили худ беназиpест, ки масъалаи конyнмандй-шаpъияти хyкмpонии хонадони манFитияpо аз дидгохи нух мyаppихи асpи XIX, аз чумла Хумулй ба pиштаи тахкик кашидааст.

Даp тахкикоти дигаpи пpофессоp Анке фон Кюгелген оид ба pавнаки таpикаи накшбандияи мучаддидия, аз асаpи Хумулй он кисмате,

ки ба манокиби пайpавони ин таpикат бахшида шудааст, иктибосхо накл гаpдидааст [19, 275-330].

Даp тахкикоти Б. Бобочонов оид ба таъpихи таpикаи накшбандияи мучаддидия даp Моваpоyннахpи асpхои XVIII-ибтидои асpи XX асаpи Хумулй истифода гаpдида ва мyхтасаpи таpчyмаи холи у оваpда шудааст [17].

Ч,умъакулии Хумулй аз мyаppихони камназиpест, ки зиндагиномааш даp осоpаш хеле pавшан баён ёфтааст. Сахифахои хаёти у бо таpзи нигоpиши фавкулода самимонаи саpшоpи мехpи фаpзандй даp асаpи «Tаъpихи Хумулй» инъикос дода шудааст. Даp боpаи ному тахаллус ва нисбату маpтабаи худ Хумулй чунин маълyмотpо баpои хонанда манзyp менамояд: «Ч,умъакулии мулаккаб би-л-Хумулй ибн ас-суфй Мухаммад Тагой ат-тypкй ас-Самаpкандй аш-Шавдоpй ал-Уpгyтй мелодан ва маншаъан, ал-козй».

Доиp ба санаи таваллудаш Хумулй аз забони падаp мегуяд: «Бегохи чумъа даp мавзеи Кандpyд, ки аз тавобеи Мугиюн аст, даp санаи 1190 /1776 соли гусфанд, даp ахиpи фасли зимистон мутаваллид шудй».1

Лавхахои айёми кудакии хyдpо Хумулй ба хотиp оваpда, менависад: «Аз панчсолагй то овони булуг волидайн ин мyхаккаppо ба хаp коp таклиф ва ба хаp касб таъниф менамуданд, ба хеч кадом аз саноеи pyзгоp pyшде даp худ намеёфтам. Зехни даp гояти даppокй доштам, муштоки хондан ва ошики илм будам. Аз он вачх, ки волиди маpхyмpо шаш писаp буд, се нафаp аз факиp калон буданду савод доштанд. Максуди волидайн ин буд, ки маpо ба шубонй фаpмоянд, бинобаp ин, то ба синни сенздахсолагй ба мактабе нафиpистодаанд. Даpчанд даp хиpфаи шубонй пештаp хам вукуф надоштам, ба такаллуф хyдpо даp тачохул андохта, алами нокобилй ме-афpоштам. Ва ба хидмат, ки волидайнам, pахамахyмо Аллох, мефаpмy-данд, камоянбагй намепаpдохтам. Девонавоp ба хаp су хаpзатозихо мекаp-дам ва бевачх аpозхои бемавpид менамудам, то дили эшонpо танг каpдам, аз ман ба чон омаданд. Алхол аз он беадабихо пушаймонам. Кошкй та-моми yмpам ба pизочУии падаpy модаp саpф мешуд. Афсус, хазоp афсус, аз таpки он хизмат, даpеFy сад даpеF, аз фавти он давлат, кадpи падаppо нашинохтам, то сохиби писаp нашудам. Ва кимати модаppо надонистам, то падаpи дyхтаp нагаштам. Акнун чй суд аз ин хаpзахонй?

То он, ки даp санаи 1202/1788, ки шавки хондан бекаpоpам каpд, та-заppyи бисëp ба хидмати волидайн намудам. Бинобаp заpypат, ичозатам доданд, аммо худ ба мактабдоp набypданд. Даp он наздикй мактабе буд, худ даp он чо pафтам, аз устоди мактаб талаби таълим намудам. Даp pyз, ки ба мактаб меpафтам, мyнтазиpи фypсат будам, ки кадом атфол ба ичозати охунд ба сахpо меpафт, то аз китоби у сабаке хонам. То сохиби

i

Даp ин чо ва минбаъд поpча^ои таpчyмаи^олии Хyмyлиpо мо аз pyйи нусхаи pак;ами 294, ки даp Маpкази меpоси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илм^ои Точикистон ма^фуз аст, меоpем.

китоб аз хочат баргардад, чанд cабак хонда мeшyд. Ба ин даетур мyддатe барнаомад, ки аз бжёрии хамcабакон cабкат кардам».

Хумулй тавки зиёд ба омузиш доmтани худро бо таcвирхои рангин ифода мeкyнад: «Сухатеро, ки як бор шyнидам, кам фаромym кардам. Дар чо, ки зикри илми уламо мeрафт, ба тинати худ махви он калом будам. Дар ин муддат хар гох дар китоби форш ба калимаи арабй дучор мeшyдам, ор-зуи фахмидани маънии он дар дилам хорхо мemикаcт. Дар ин фyрcат хар вакт ба кироати каломи Худой азза ва чалла, ё хаджи Раcyл, cаллалохy алайхи ва cаллам, кор мeафтод, mавки дониcтани мафхум нафаc дар гулуям мeбаcт, оё чй гуна калом, оё ин чй забони ширин ает, ки аз хондани он кони чон намакин ает. Ва кадом баён рeхтан ает, аз шyнидани он аклу хут рангин».

Баъди чанд муддати дар мактаб омузиш дидан, Хумулй аз волидайн бо жрори зиёд ва хатто бо «адар ба cахро задан», ки тафcилотаmро дар «^аърихи Хумулй» мeхонeм, такозо мeкyнад, ки уро ба мадраcа баранд. «Билохира, ахбобро видоъ намуда, хазрати волидам радифи худ ба балдаи Китоб, ки зубдаи хавошии шахри Kem буд, дар мадраcаи Холбой ишик-6ошии кeнагec ба гуломии мавлавии вахид ва алломаи фарид, вокифи мавокифи улуми раббонй, аънй чаноби охунди мулло Эрназари Наман-гонй, каддаcа Aллохy рухаху cyпyрданд».

Хумулй дар назди охунди мулло Эрназари Намангонй «^фия^и Ибни Дочибро тарзe аз худ мeкyнад, ки: «башрати комил дар он фан рузй гашта, мучиби тааччуби акрон гардид».

Баъди аз дунё даргузаштани мулло Эрназари Намангонй дар толи 1212 /1797 бо ризояти волидон Хумулй тахти тарбияи уетоди дигар аз хо-наводаи бонуфузи мазхабии минтака^ухаммад Лутфуллоххоча, ки дар шахри ^тоб мyдарриc бyдааcт, карор мeгирад. Mаълyмотe, ки дар «Tаърихи Хумулй» аз чараёни минбаъдаи зиндагии муаллифи мо дарч ёф-тааcт, аз он дарак мeдихад, ки бо ин уетоди худ китобхои илмии мутадови-ли замон, аз чумла «Дошияи Кутбия»-ро мавриди омузиш карор додаает. Инчунин дар мадраcаи Tиллокории Самарканд тахотли илм кардани Хумулй ва дар шнни биcтcолагй ба чараёни накшбандия таваччух пайдо кардани y аз накли вокeахоe маълум мeгардад, ки ба манокиби халифахои пemвои тарикати накшбандияи замон-Mycохони Дахбeдй иртибот доранд.

Aз вокeахои таърихж, ки Хумулй худро шохиди бeвоcитаи онхо ба калам мeдихад, дар ду маврид мо уро бо амир Шохмурод (1785-1800) ва як маврид бо амир Дайдар (1800-1826) мeбинeм.

Дар мавриди аввал бо амир Шохмурод, Хумулй хиолатхои пжан-дидаи у-тахаммулу хужардии уро дар баробари тахкирe, ки аз чониби ахли раият ба y раво дониета мemавад, cитоиm мeкyнад. Ки^а ба ин тарх аcт: ...Ду нафар аз уламои фукарои нав овардагй, ки номи якe мавлавй Ху-дойназар ва он дигарe охунди домулло Курбони Хавоcй буданд, хозир гардиданд. Чун баробари он подтохи гуфрончойгох иcтоданд, бe cабакати

салом мулло К^бони мазкyp ба дypyштии тамом ба амиpи мазкyp хитоб намуду гуфт, ки: «Эй золими мазлyмозоpи хyдонотаpс, гунохи мо чй буд, ки аз ватани мо ба кахp баpоваpда, ба мухосилони гилоз ва сипохиёни ши-дод сyпоpидй, ки бисëpе аз авлоди мо аз машаккати pох ва даp зеpи пои аспон халок шуданд. Аёлони мо бо саpy пои баpахна афтону нолон ва ам-воли мо ба дасти залама тоpоч ва толон. Худхои мо саpосема ва хайpон ба хазоp укубат ба ин вилоят ба балои мyсофиpат гиpифтоp шудем. Фаpдои киёмат дасти мо даp домани ту, эй золим! Хyдpо ба дypyF суфй ва муттакй ном гузоштй. Ва мо бечоpагон ба эътикоди такво ва хyдотаpсии ту эъти-мод намуда, ба чое фиpоp нанамудем».

Даp мавpиди дуюм, Хумулй «даpси» аз амиp Шохмypод ги-pифтаашpо даp овони чавонй, ки бе тааммул ба бахси уламо шаpик шуда, густохй аз худ нишон додааст, нишон медихад: «Чун ин банда ин густохй намуд, (амиp) ба маломат савол намуд, ки ин сухани мавлавй (Ч,омй) даp кадом китоб аст? Аpз намудам, ки даp «Нафахоту-л-унс». Фаpмyд, ки ту он китоб доpй? Аpз каpдам, оpе! Ба таваччухи тамом суи ман нигаpиста, ин ибоpатpо адо намуд, ки амpи мо ба ту вочиб аст. Бояд, ки ба гуши хуш шунида, ба мазмуни он амал намой! Чун ба мадpаса pавй, он китобpо шуста, дигаp ба он нусха назаp насозй, ки хайpияти ту даp ин аст. Доло ис-теъдоди мутолиаи амсоли ин китоб даp хакки ту мафкуд аст. Максуди он чамоаpо фахмиданат махол, зинхоp ба сад зинхоp, ба ин китобхо назаp ма-соз, ки ба хyсpони абадй даpмемонй! Ва инчунин ба зиëpати кyбypи бyзyp-гон наpав, ки тypо истеъдоди файз гиpифтан аз асхоби кyбyp нест!»

Вокеаи маpбyт ба замони амиp Дайдаp, ки Хумулй шохиди он буда-аст, даp калъаи Каpотеппа саpкyб гаpдидани «кавми ануд»-и кенагес бо мадади «савоpони гайбй» мебошад.

Даp зиндагиномаи Хумулй мавкеи калон ишгол намудани устоди дувуми у-Мухаммад Лутфуллоххоча ба хубй мушохида мешавад. Чунонки чаpаëни минбаъдаи вокеахо нишон медиханд, муносибати самимонаи устоду шогиpд на танхо даp замони зиндагии онон, балки солиёни даpоз баъди даpгyзашташон аз дунё низ идома меёбад. Хумулй айёми дони-шандузии хyдpо даp назди Мухаммад Лутфуллоххоча бо камоли ихлос чу-нин баён мекунад: «Ин хама аз баpакати фуюзи он Хизpи pохи дин накди авкоти ин хушачини мазpаи якин буд. Агаp аз хаp саpи муе забоне атоям кунанд, аз ухдаи шу^и эхсонашон баpнаметавонам омадан. Аммо ин камина низ аз вyфypи иpодат, ки доштам, хаpчанд фаpзандвоpам менаво-хтанд, гуломосо хидмати онpо ба чону дил ба чо меоваpдам. Тамомии хидмат даp хонаpо ба шавки тамом омода медоштам. Остонpyбй ва соисй ва фаppошй хама аз ман буд. Гохо хитоб баp ман намуда, ин байтpо ба за-бони Fайбтаpчyмон меоваpданд, ки байт:

Хидмат тypо ба кyнгypаи кибpиë кашад,

Ин сакфгохpо бех аз ин наpдбон махох.

Дазрати устод ба он ду мажаби хатир (тадриш мадраcаи ^лло-корй ва ифтои Самарканд) манcyб буда, халли итколи талабаи дин ва иоьофи хочоти оммаи мycлимин мeнамyдаанд. Дар камоли вараъ ва нихо-яти такво зиндагонй мeфармyданд. Бо камоли хузуь ва хутуь буда, аз ху-томадии хукком ва аз мудоханати cоири аном эхтирози тамом доттанд. Дар хаcбати авомир ва навохй cyлб буданд ва дар изхори хак адил надо-ттанд. Kалимаи «ал-хакку наcихат»-ро бар хукком ва кузот ва умарову вулот бe хавфу хароc ба чо мeоварданд. Дар мунозара бо уламо ва мучода-ла бо фузало бар ам^лу акрон дар хуччату бурхон акcар голиб буданд. Ва дар дафьи мункар харчанд муртакиби он хокими зохир ё козии кохир будй, бeмyхобо мeкymиданд».

Хумулй ба алокамандиe, ки бо уетоди худ ва хонаводаат доттааст, дар бораи тачараи авлодии онхо маьлумоти мyфаccалe манзури хонанда-гонат мeкyнад. Aз чумла, бо ин хонавода хemовандй карда, ду духтари худро дар никохи бародарзодаи уетодат даровардани Хумулй гувохи ин cyханхо мeбоmад.

Бояд тазаккур дод, ки дар хаёти Хумулй фочeахои зиёдe рух дода-анд, ки ба фавти бeмахали фарзандонат овардаанд, аз нух фарзандe, ки ба дунё овардааст, тат нафар, ду духтари ёдоваригардида ва чахор пиcар, хангоми зиндагонии y аз дунё гузаттаанд.

Хумулиро тарзe ки маьлум ает, баьзe манбаьхо «козй Ч,умьакулии Хумулй» ёдоварй намудаанд. Валe худи y танхо дар як маврид итора до-рад, ки: «ин бандаи мукагсир дар он вакт ба хукми кадар казои он вилоят (Ургут)-ро мутакаллид будам».

Tаьрихи вафоти Хумулй дакик маьлум нecт, аммо он такрибан баьди cоли 1263/ 1845 иттифок афтодааcт, зeро дар хотимаи «Tаърихи Хумулй» иmораe хаcт, ки: «Дар cанаи якхазору дycадy mаcтy ce, вактe ки œ-ли умри ин бeбизоат Ч,умьакулии Хумулй ба хафтоду ce рашда, ба мeхрy-бонии Эзидй ба бeмории иcтиcкои лахмй мубтало гардида, ахир ин бeморй ба нотавонию дарчомондагй оид туданй, он чумла баьди як толу хатт мох ба тахфифe хоcил гардида, хануз cиххати комил наёфта буд».

Дар «чаридаи олам» cабт ёфтани номи Хумулй ба аcари таьрихии y, ки ycтод Aйнй аз он «^аьрихи Ч,умьакулии Хумулй» ёдоварй кардааст, марбут мeбоmад.

Дар «Tаърихи Хумулй» вокeахоe иньикоc ёфтаанд, ки дар Mоваро-уннахр ва Хуро^н такрибан аз миёнахои аcри XVIII (дакиктар агар гyeм, ба Mовароyннахр латкар катидани Нодиртох дар толи 1740) то ибтидои ба cари хокимият омадани чахорумин амири мангитй - амир Дайдар чара-ён доттанд. Бemтарин cахифахои ин таьрихнома ба давраи хукмронии амир Шохмурод бахтида туда, латкаркатй ва «китваркутоихои» y ва натичахои фочeабори хучумхои латкари «зафараcар»-ро бо таcвирхои зиндаe пemи назари хонанда чилвагар мecозад.

Ин асаpи Хумулй даp доиpахои илмй то кунун даp се нусха маълум аст, ки хаp кадоме аз ин се нусха доpои хусусиятхои худ мебошад.

Аввал бояд аз нусхае ëдоваp шавем, ки даp Душанбе махфуз буда, сабаби мавзуи тахкик каpоp гиpифтани Хумулй ва меpоси у даp ин макола гаштааст. Ин нусхаи асаpи Хумулй тахти pаками 94 даp Маpкази меpоси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмх,ои Точикистон нигохдоpй мешавад ва даp фехpисти нусхахо хамчун «Tаpчyмаи холи козй Ч,умъакулии Хумулй» сабт гаpдидааст [6,188].

Нусхаи дигаp-дастнависи асаpи Хумулй аст, ки бинобаp маълумоти ношиpони матни интикодии «Tаъpихи Хумулй», даp китобхонаи шахсии сокини кишлоки Меpганчаи вилояти Самаpканди Ч,yмхypии Узбекистон махфуз буда, ба калами яке аз баpодаpзодагони Мухаммад Лутфуллоххоча -устоди Хумулй, китобат шудааст [12,10]. Ин нусха шомили тамоми кисмати нусхаи Душанбе, инчунин таъpихи амиpони мангития то ба саpи хокимият омадани амиp Дайдаp мебошад.

Нусхаи Институти шаpкшиносии Академияи миллии илмхои Узбекистон [4,405]. Нусхаи мазкyp мyкаммалтаpин дастнависи «Tаъpихи Хумулй» аст, ки ба Fайp аз он чи даp нусхахои Душанбе ва Самаpканд сабт ёфтааст, pисолаеpо бо зи^и манокиби халифахои таpикати накшбандияи Мусохонхочаи Дахбедй даp баp гиpифтааст. Бояд тазаккyp дод, ки pисолаи мазкyp, ки ба «Tаъpихи амиpони мангития»-и нусхаи Тошканд мулхак гаpдидааст, даp мачмуаи дигаpе аз нусхахои хаттии ба манокиби пайpавони таpикаи накшбандия бахшидашуда низ дохил гаpдида, зимни саpчашмахои истифодашуда даp тахкики таъpихи таpикаи накшбандияи мучаддидия зи^ ёфтааст [20, 385-413].

Аз Хумулй «Девони ашъоp» низ ба меpос мондааст, ки шеъpхои ба фоpсй-точикй ва тypкии моваpоyннахpй иншонамудаи ypо даp баp мегиpад. То ба хол се нусха аз ин девон ба доиpахои илмй маълум гаштааст, ки як нусхаи он даp Маpкази меpоси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмх,ои Точикистон махфуз мебошад [5,130-131].

Хумулй даp эчоди таъpихномахои манзум кобилияти хуб дошта, ба калами у таъpихи вокеахои гуногун ба pиштаи назм кашида шуда, даp шакли мачмуае бо номи «Манзумоти таъpихия» фаpохам оваpда шудаанд. Шояд ба хамин манзyp бошад Дашмат даp тазкиpаи худ Хyмyлиpо «тавоpихшинос» мyаppифй менамояд.

Ба Fайp аз ин аз Хумулй маснавии «Шоху гадо» ба меpос мондааст, ки вокеахои таъpихии замони амиp Насpyллох, дакиктаp гуем, лашкаpкашии у ба хонигаpии Хуканд даp мухолифат бо Мyхаммадалихонpо ба тасвиp кашидааст. Ин маснавй даp огози «Девони ашъоp»-и Хумулй, ки даp Душанбе махфуз аст, оваpда шудааст.

Бояд кайд каpд, ки аксаpи асаpхои манзуми Хумулй ба забони фоpсии точикй ва даp пайpавй аз шоиpони номдоpи фоpсизабон иншо шудаанд. Шеъpхои Хумулй бо pавонй ва сабки бадеии худ аз он гувохй

медиданд, ки у аз саликаву завки шоирона бархурдор будааст. Порчадои шеърй дар «Таърихи Хумулй» низ ба муносибатдои гуногун фаровон истифода гардида, ин асари таърихиро дамчун як намунаи мероси фардангии гузаштагони дар мудити шеъру шоирй парваришёфтаи мо чилвагар месозад. Вале бояд кайд кард, ки арзёбии мадорати шоирии Хумулй ва бадо додан ба ашъори офаридааш, ба вижа «Девони ашъор»-и у, мавзуест, ки мудаккикони худро интизор мебошад.

АДАБИЁТ

1. Абдуллаев И., Х,икматуллаев X,. Самаркандлик олимлар. Тошкент, 1969, 104 с, садифадои 92-93; Абдурадмонов А. Хумулий Ургутий ва унин ижоди мероси. Диссертация.-Самарканд, 1972; Асрлар нидоси. Октябрь революциягача булган давр узбек адабиётидан намуналар. Тошкент, 1982. Хумулий. Оши далол кайда? Танла-ган газаллар.- Самарканд, 1993.

2. Бабаджанов Б. Политическая деятельность суфийских шайхов Накшбандиййа в Мавераннахре.// Диссертация на соискание ученой степени к.и.н.- Ташкент 1996;

3. Дар матни макола порчадои тарчумаидолии Хумулиро мо аз руи нусхаи № 294, ки дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмдои Точикистон мадфуз аст, меорем.

4. Инв. № 37/VI ( Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Том III. Ташкент, 1955, -С.405).

5. Инв.№ 1055. (Каталог восточных рукописей. Том IV. Душанбе, 1970, - С.130-131.)

6. Каталог восточных рукописей. Том I. Сталинабад, 1960.-С. 188.

7. Корй Радматуллоди Возед. Тудфату-л-адбоб фй тазкирати-л-асдоб. Бо мукаддима, тадия ва тавзедоти Ч,урабек Назрй. Душанбе, «Дониш», 2020, 286с.-С. 85.

8. Кюгельген А. ф. Легитимация среднеазиатской династии Мангитов в произведениях их историков (XVIII -XKm.). Алматы, 2004,516с.

9. Маколаи Усмон Назиров дар Энсиклопедияи советии точик, чилди 8, С. 38; Х,оди-зода Р., Каримов У., Саъдиев С. Адабиёти точик асрдои XVI-XIX ва ибтидои асри XX. Душанбе, 1988, С. 242.

10. Мулло Ч,умъакули Хумулй ибни Суфимудаммад ас-Самаркандй аш-Шавдорй ал-Ургутй. Таърихи Хумулй (матни илмй-интикодй). Тасдеди Гулом Каримй ва Ирода Кайюмова, зери назари Хдйдархон Юлдошхоча. Самарканд-Тошканд, 2013. 236с.

11. Мулло Ч,умъакули Хумулй ибни Суфимудаммад ас-Самаркандй аш-Шавдорй ал-Ургутй. Таърихи Хумулй (матни илмй-интикодй), мукаддима.-С.1

12. Мулло Ч,умъакули Хумулй ибни Суфимудаммад ас-Самаркандй аш-Шавдорй ал-Ургутй. Таърихи Хумулй (матни илмй-интикодй). Тасдеди Гулом Каримй ва Ирода Кайюмова, зери назари Хдйдархон Юлдошхоча.Самарканд-Тошканд, 2013. Мукад-дима.-С.10.

13. Мудаккикон Б. Бобочонов ва профессор Анке фон Кюгелген «Тагой»-ро «Нугой» хондаанд. Ниг.: On the history... p. 387; Кюгельген А. ф. Легитимация...,-С.158.

14. Мухторов А. История Ура-тюбе (конец XV начало XXвв). (Второе дополненное издание), Душанбе, 1999, 286 с, садифадои 69, 71, 72, 79 ; Мухторов А. Х,исор: очерки таърихй (охири асри XV аввали асри XX). Душанбе, 1995, 304с, садифадои 104-106.

15. Садриддин Айнй. Таърихи амирони мангитияи Бухоро. Куллиёт, ч. 10. Душанбе, 1966, -С. 14, 22, 190.

16. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Том II. Ташкент, 1954; том III. -Ташкент, 1955; Собрание восточных рукописей Академии наук Республики Узбекистан. История /Составители: Д. Юсупова, Р. Джалилова. Ташкент,

1998; Каталог восточных рукописей. Том I. Сталинабад, 1960; Каталог восточных рукописей. Том IV. -Душанбе, 1970.

17. Стори Ч.А. Персидская литература. Био-библиографический обзор. В трех частях. Перевел с английского, переработал и дополнил Ю.Э. Брегель. Часть 1, С. 7.

18. Узбек адабиёт тарихи XVIII асрнинг охири -XIX асрнинг биринчи ярми, т. IV.-Тошкент 1978.

19. Фон Кюгельген Анке. Расцвет Накшбандийа-Муджаддидийа в Средней Трансокса-нии с XVIII до начала XIX вв.: опыт детективного расследования.// Суфизм в Центральной Азии по материалам зарубежных исследований/Глав. ред. А. Хисматул-лин. СПб., 2001.-С.275-330.

20. Bobodzanov Bakhtiyor. "On the history of the Naqshbandiya mugaddidiya in central Mawara'annahr in the late 18th and early 19th centuries"// Muslim culture in Russia and Central Asia from the 18th to the early 20th centuries|t.1| C. 385-413;

21. Юлдашходжаев Х. Мусохон Дадбедийнинг Накшбандия-мужаддадия тарикати ри-вожида тутганурни (XVIII аср). Диссертация на соискание ученой степени к.и.н., Тошкент, 2008.

22. Hofman, Turkish literature, Section III. Utrecht 1969. Part I, p. 247-249.

23. On the history of the Naqshbandiya mugaddidiya in central Mawara'annahr in the late 18th and early 19th centuries"// Muslim culture in Russia and Central Asia from the 18 th to the early 20th centuries. T.1. pp. 387-388.

«ТАЪРИХИ ХУМУЛЙ» ВА А^АММИЯТИ САРЧАШМАШИНОСИИ ОН

Ин макола ба даёт ва осори Чумъакулии Хумулй (тав.1190/1776) - яке аз таърихнигорони хонадони мангития-охирин сулолае, ки дар аморати Бухоро дукумат рондааст, бахшида шуда, кушиши аввалини ба доирадои илмии чумдурй расонидани маълумоти нисбатан мукаммал рочеъ ба ин муаллиф мебошад. Мудимтарин асари у «Таърихи Хумулй» аст, ки таърихи сулолаи мазкурро аз асосгузори сулола - Мудаммад Радимхон (1747-1759) то огози дукмронии амир Х,айдар (1800-1826) дарбар мегирад. Аммо кисмати бештари асари Хумулиро вокеадои таърихии давраи дукмронии амир Шодмурод (1785-1800) бо тафсилоти гароиши у ба тарикати накшбандия ва лашкаркашидои ин амир ташкил медиданд.

Вокеадои давраи дукмронии амир Насруллод (1827-1860)-ро Хумулй дар маснавие бо номи «Шоду гадо» ба назм дароварда, лашкаркашии у ба хонигарии Хуканд, дар мухолифат бо Мудаммадалихонро тасвир намудааст. Аз Хумулй манзумоти таърихй ва низ девони шеъре ба мерос мондааст, ки дар он ашъори ба форсии точикй ва узбекй иншошуда, гирдоварй шудаанд.

Калидвожадо: таърих, Цумъацулии Хумулй, Ургут, динпарасти, аморати Бухоро, мангитуо, Шодмурод, амир Хайдар, Дацбед,нацшбандия, цолнома.

«ТАЪРИХИ ХУМУЛИ» («ИСТОРИЯ ХУМУЛИ») И ЕЕ ИСТОЧНИКОВЕДЧЕСКОЕ ЗНАЧЕНИЕ

Эта статья посвящена жизни и наследию Джумакули Хумули (род.. 1190/1776 гг.) - одного из историков династии мангитов - последней династии, правившей в Бухарском эмирате, и первая попытка представить более полную информацию об этом историке научному сообществу страны. «История Хумули»-важная работа, в которой прослеживается история династии от ее основателя -

Мухаммада Рахим-хана (1747-1759) до правления эмира Хайдара (1800-1826), однако большая часть работы Хумули посвящена историческим событиям периода правления эмира Шахмурада (1785-1800) с подробностями его стремления к секте Накшбандия и походы эмира на другие земли.

События правления эмира Насруллы (1827-1860) были переданы Хумули в поэтическом жанре маснави под названием «Шоху Гадо» (Царь и нищий), с описанием противостояния с Кокандским ханом Мухаммадом Алиханом. Хумули оставил в наследство стихотворные хронограммы, а также сборник стихов - диван со стихами, написанными на таджикском и узбекском языках.

Ключевые слова: история, Джумакули Хумули, Ургут, династия, Бухарский эмират, мангиты, Шах Мурад, Амир Хайдар, Дахбед, накшбандия, хронограмма.

«TARIKHI KHUMULI» (THE HISTORY OF KHUMULI) AND ITS SOURCE VALUE

This article is dedicated to the life and legacy of Jumakuli Khumuli (b. 1190/1776 CE), one of the prominent historians of the Manghit dynasty, the last dynasty ruled Bukhara emirate, and the first attempt to provide comprehensive information about it to the scientific community. His most important work is "The History of Khumuli," which traces the history of the dynasty from its founder, Mohammed Rahim Khan (1747-1759), to the reign of Amir Haidar (1800-1826) but most of Khumuli's work is based on historical events of ruling of Shah-Murad (1785-1800) with details of his penchant to the Naqshbandiya sect and campaigns of this "Innocent" (nickname of Shah-Murad) emir's army.

The events of the reign of Amir Nasrullah (1827-1860) were described by Khumuli in poetic genre of mathnavi under the name "Shah va Gado" (King and Beggar), where he narrated aggression of emir's army to Muhammad Ali Khan, the Khan of Kokand. The legacy of Khumuli also includes poetic chronograms on events as well as divan (a collection of poems) written in Tajik and Uzbek.

Key words: rnstory, Jumakuli Khumuli, Urgut, dynasty, Bukhara Emirate, Manghits, Shah-Murad, Amir Haidar, Dahbid, naqshbandiya, chronogram.

Сведения об авторе: Ахмад Ходжизода-кандидат филологических наук, научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша.734025, г. Душанбе, проспект Рудаки,33.Телефон: (+992) 935435305.E-mail: ahojiev 44@mail.ru.

Information about author: Ahmad Hojizoda-PhD in Philological Sciences, researcher of the Ahmad Donish Institute of History, Archaeology and Ethnography.734025, Dushanbe, 33, Rudaki Ave., Telephone: (+992) 935435305. E- mail: ahojiev 44@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.