Научная статья на тему 'ОБЪЕКТИВНОСТЬ И ВОПЛОЩЕНИЕ ЯВЛЕНИЙ В ДРЕВНИХ ПОВЕСТВОВАНИЯХ (НА ТАДЖ.)'

ОБЪЕКТИВНОСТЬ И ВОПЛОЩЕНИЕ ЯВЛЕНИЙ В ДРЕВНИХ ПОВЕСТВОВАНИЯХ (НА ТАДЖ.) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
39
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДРЕВНИЕ ПИСЬМА / ПЕХЛЕВИЙСКАЯ ПРОЗА / РУКОПИСИ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Каримова Саодатхон

В статье рассматривается отражение реальности и реальные случаи в древнейших писем, которые остались в некоторых древнейших языках персидской литературы. Автор, ссылаясь на содержание древнейших писем и других видов пехлевийской прозы подчеркивает, что отражения реальности во первых встречается в содержании древних писем. Поэтому можно исследовать данные литературные наследия древнего Ирана как источника появления современной публицистики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ОБЪЕКТИВНОСТЬ И ВОПЛОЩЕНИЕ ЯВЛЕНИЙ В ДРЕВНИХ ПОВЕСТВОВАНИЯХ (НА ТАДЖ.)»

ВОЦЕЪБАЁНИ ва ТАЧАССУМИ ^аводис дар нома^ои бостон

Каримова Саодатхон

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров

Манбаи фаpханги Ховаp, ки заминахои таъpихй ва вокеии он даp саpзамини маpдyмони эpонитабоp ё ба истилох даp каламpави оpиёно аpзи хастй намyдааст, минбаъд баpои pавнаки фаpханги китобии маpдyмони аквоми дигаp, аз чумла аpабхо накши мyассиp гyзоштааст, зеpо маpдyмони сохибтамаддуни Ачам даp pyшдy нумуи фаpханги хаттии халкхои хамчавоp макоми бунёдй доpанд. Аз саpчашмахои кyхани таъpихй пайдост, ки хануз аз давpони бостон даp каламpави машpикзамин yнсypхои хат даp сypати тасвиpy pамзхои мухталиф ба вучуд омадааст ва хастии таъpихии навъхои мухталифи пиктогpафхо ба заминахои таъpихии пайдоиши хат даp ин минтакахо башоpат медихад. Аммо пайдо шудани дастнавиштахои кухи муг бо забон ва хати сугдй даp дехаи Хайpободи нохияи Айнй, девоpнигоpахои тахти Чдмшед бо хати мехй ва амсоли ин боз хам шукухи таъpихии хатpо даp фаpханги миллии маpдyмони эpонитабоp ба субут меpасонад. Дамин гуна, точикон низ хамчун бахше аз меpосбаpони тамаддуни оpиёй хануз зиёда аз 3000 сол кабл суннатхои нигоpиши хатpо ба вучуд оваpданд, ки хастии таъpихии китоби мукаддаси «Авасто» яке аз намунахои волои ин суннат махсуб мешавад. Ёдоваp бояд шуд, ки даp китоби мазкyp метавон ба кулли масъалахои зиндагй аз дину фалсафа то ба шинохти набототу хайвонот мутаваччех шуд. Бехуда нест, ки китоби кадимаи ниёкони моpо Пpезиденти Ч,yмхypии Точикистон Эмомалй Рахмон «нахусткомуми миллат» унвон гузошаанд. Аллома Б.Fафypов даp китоби «Точикон» аз мавчудияти матни хаттии «Авасто» хабаp дода менависад ки «..^p кисмати шаpки давлати Поpт даp асpи 1 пеш аз милод матни хаттии «Авасто» мавчуд буд. Матнхои паpокандаи он даp ахди Аpдашеpи 1 ва Шопypи 1 даp як чо чамъ каpда шудаанд» (8,242-272).

Аз ин чо пайдост, ки мавчудияти намунахои хати авастой даp сypати матнхои ин китоби мукаддаси ниёгони мо мояи бахpабаpдоpй каpоp гиpифта, тавонист даp пайванди наслхо ва интиколи меpоси бyзypги бостонии маpдyмони оpиёнажод накши мyассиpе гyзоpад. Аз суи дигаp, матни хаттии авастой тачассyмгаpи он буд, ки акнун имконияти pyи когаз оваpдани pозy ниёз ва даpхостy акоид, тафаккyp ва андешаи маpдyм ба зyхyp pасидааст. Баpои хамин аст, ки ихтиpои хат аз зyмpаи кашфиётхои бyзypги инсоният буда, онpо зодаи хиpад ва махсули аклхои инсонй унвон каpдаанд.

Чунон ки тазаккyp ёфт, нахуст хати аксй ё ба истилох иэpоглифхо ба вучуд омаданд, ки даp ин навъи хат матлаби гуянда даp тасвиpхо тачассум меёфт. Одамон бо кашидани тасвиpхои мухталиф метавонистанд, ки гуфтугу ё сухбатхое миёни худ анчом диханд. Аз суи дигаp, пайдоиши ин навъи хат ба зyхypи таъpихии санъати тасвиpй pабти мухкам доpад ва бо ташаккули таъpихии инсоният ва ба миён омадани анвоъи дигаpи хат yнсypхои хати пикто^афИ ба унвони намунахои бехтаpини санъати тасвиpй бокй мондаанд. Аз ин чихат низ хат тавонистааст, ки даp pyшди фаpханги миллии халкиятхо, бахусус точикон таъсиpи pавшане бокй гyзоpад.

Маpхилаи дигаpи ташаккули хат ба зyхypи иэpоглифхо маpбyт аст, ки даp ин давpа низ аллакай ба вучуд омадани yнсypхои асосии хат даp сypати pамзхои муайян ба мушохида меpасад. Катибаи машхypи кухи Бесутун, ки бо хатти мехй бо забони кадимаи оpиёй (поpсии кадим) навишта шудааст, аз зyхypи маpхилаи асосии пайдоиши анвоъи хат даpак медихад. Хати мехй даp асpхои Х11-1Х пеш аз милод даp замони Xyкмpонии Хахоманишиён аpзи хастй намуда, хислати хичой дошта, доpои 36 аломат будааст. Хати мехии фоpсй даp асоси хати мехии оpомй ба вучуд омада, даp замони хахоманишихо забони оpомй хамчун забони pасмй кабул гаpдида буд. Ин хат аз чап ба pост навишта мешуд,ки аз pyи он заминахои асосии ба вучуд омадани хати фоpси кадимpо метавон мyкаppаp намуд. Дамин гуна, тахаввулоти таъpихии хат даp ахди кадим баpои ба вучуд омадани навъхои мухталифи хат боис шудааст, ки хамагй даp

ташаккули забони форси нав хидмат кардаанд. Аз чумла, Хати авестой дорои 49 аломат, хати форсии оромй дар асри У1 пеш аз милод то асри Х11 милодй дорои 14 харф бyдааст. Хати сугдй тахминан дар асрхои 1-Х111 аз 23 аломат иборат бyда то истилои арабхо дар Осиёи Марказй мавриди истифода карор дошт. Хати хоразмй дар асрхои 111-Х111 ва хати монавй дар асрхои 111-Х111 чорй буданд. Аз замони вуруди тамаддуни исломй ба сарзамини мардумони форсй, яъне дакикан аз асри Х111 то соли 1930 хати арабй ё ба истилохи дигар алифбои арабиасоси форсй, ки аз 32 харф иборат буда, 64 шакли навишт дошт, марвиди истифода карор дошт. Аз ин матолиб равшан мегардад, ки дар хама давру замонхо хат хамчун унсури тамаддундар пайванди наслхо ва идомаи мероси фарханги халкиятхо таъсири бузурге гузоштааст.

Хат ва забон аз замонхои кадим воситаи иртиботи байнидавлатй буд. Дар яке аз маъхазхои мyътамад «Таърихи Табарй» чунин зикр шудааст: «Чун Яздигурд ба мулк биншаст (соли 399-430), молики араб Нуъмон ибни Имрулкайс буд. Яздичирд.кас фиристод ва молики арабро бихонд аз хира. Ва ин Нуъмон Имрулкайс биёмад. Ва Яздичирд уро киромй кард. ва гуфт, ин фарзанди маро бипарвар бад-он хавои бодия ва хира, то магар бизияд. Нумон Бахромро ба чои хеш бурд».(7,25-37) Аз ин таърихнома бармеояд, ки Бахром писари Яздигурди 1, ки дар таърих бо номхои Бахроми Гур ва Бахроми Чубина машхур аст, дар дарбори Нуъмон ба камол расида будааст. Санади дигаре хам дар ин маъхаз сабт шудааст, ки аз равобити мадуми Ачам ва Араб шаходат медихад. «.Бар дари Хусрави Парвиз аз вакти Нушервон боз ва пеш аз Парвиз бар дари маликони Ачам хамеша тарчумоне будй...ва дар Араб марде буд, ки хам забони тозй донист ва хам оне порсй...ва чун аз малики араб расуле омадй бо номаи y, сухани он расул бишнидй ва ба порсй магар малики Ачамро тарчума кардй ва номаро ба порсй бихондй ва чавоб кардй».(7,32-37)

Аз ин мулохизоти таърихй пайдост, ки боз хам хату забон, ки дарпайванди мухкам ва маншаи ягонаи таърихй доштан рушд кардаанд, барои ривочи тамаддуни халкиятхо накши мухим доранд. Ховаршиносони чахонй низ дар нисбати хати форсй ва забони он ин рисолати таърихиро бо далоил собит намудааанд. Аз чумла, олими англис Х.Гибб акидаи худро дар хусуси нуфузи фарханг ва тамаддуни Ачам чунин баён мекунад: «Таъсири фарханги хиндй тавассути Бохтару Сугд вориди чахони исломй гашт». Аз ин матлаб он нукта рушан мешавад, ки танхо тамаддуни хиндй бар асоси тарчумаи падидахои адабиву бадеии он ба забони пахлавй ва аз он ба арабй ба маданияти исломй пайданд ёфт. Далели рушани он тарчумаи китоби «Калила ва Димна» аст, ки нахуст ба забони пахлавй дар ахди Сосониён тарчума гардид ва пасон дар асрхои нахустини исломй ба забони арабй тарчума шуда, аносири фарханги кадимаи хиндиро ба каламрави ислом ворид сохт. Сарнавишти дигар аз осори хиндиасле чун «Тутинома», «Синдбоднома» ва монанди ин низ хамингуна чараён гирифтааст.

Академик Нуъмон Неъматов оид ба ташаккули хат ва забон дар давраи Сосониён харф зада зикр месозад, ки дар давраи сосониён асоси ташаккули забони адабии имрузаи точик гузошта шуд». Ин нукта боз хам аз он башорат медихад, ки хамон шаклгирии хати пахлавй ё форсии миёна заминахои мухимеро дар ташаккули хат ва забон дар давраи нави таърихй шуруъ аз замони Сомониён гузошт. Хдмин далел кофист, ки устод Рудакй хамон маснавии маъруфи «Калила ва димна»-ро аз забони пахлавй мустакиман ба забони форсй даровардааст. Ба ибораи дигар, хат ва забони пахлавй барои шаклгирии забони форсии нав дар ахди Сомониён, ки хануз унсурхои он побарчо будаанд, хидмати шоистае ба сомон расонидааст.

Накши хат ва забони форсй барои ривочи на танхо фарханги мардуми Араб, балки хинду Чин, Мисру Рим ва Юнони кадим низ ба саросари чахон муассир аст. Далели таърихй барои ин матолиб нигоштаи солноманависи Византия Менандр мебошад, ки мухаккики рус Нина Викторовна Пигулевская онро аз сарчашмахои юнонй дарёфт кардааст. Матни он чунин аст: «хануз соли 561 байни Эрон ва Византия Шартномаи сулх ба имзо расид ки ба он Шоханшох хусайн Парвиз ва Кдйсар Юстиниан имзо гузоштаанд. Менандр навиштааст,ки Шартномаи Сулх, ки соли 561 ба

имзо расид, бо ду забон - юнонй ва форсй китобат шудааст. Матни харду забон калима, ба калима муродифи хамдигар мебошанд»(6,9).

Хидмати таърихии хат дар хифозати аносири фарханги миллй, аз чумла тачассуми фарханги хонаводагии мардуми точик аз кадим то кунун хамчун мероси пургановати таърихй муассир мебошад. Ба ибораи дигар, махз хамин унсурхои хат ва забон хастанд, ки фарханги бостоншиносии моро сурат бахшида, мачмуан таърихи абадан зинда медоранд. Далели бориз барои ин андеша кашфибозёфтхои пуркиммате, ки аз харобахои мустахкамаи Абаргарй- калъаи кухи Муг, нохияи Фалгар мебошад, ки он хати никохи духтари сугдй Дугдонча ва Уттегин ном чавон мебошад. Тарчумаи он чунин аст: «...Подшохии Тархунро 10 сол шуд. Мохи Масович рузи Осмонроч Уттегин, ки ба худ номи Ниданро гирифтааст, аз васояти хокими Навкат духтареро ба хамсарй мегирад. Дугдонча духтари Вюс мебошад. Ч,ор медихад, ки ба парастории худ Дугдончаро ба занй дар асоси конуни мавчуд буда бигирад бо чунин шарт: Бигузор Уттегин дустдоштаи худ Дугдончаро ба занй гирад, хурмату эхтиром кунад, хуронад, пушонад, бо зебу зиннат таъмин намояд ва хонаю зиндагй вайро кадрдонй кунад, ба монанди як чавонмарди некахлок зани некахлокро. Агар Уттегин дар оянда каси дигарро дуст дорад ва бо Дугдонча зиндагони кардан нахохад, бигузор вайро бо сару либос, хурок ва зебу зиннаташ бо хубй оварда, дар хонаи хешонаш монад. Баъд аз ин вай метавонад ба зани дустдоштааш хонадор шавад. Ва агар баръакс, Дугдонча марди дигареро дуст дорад ва бо шавхарии худ зиндагонй кардан нахохад, бигузор аз хонаи y баромада равад. Сару либос ва зебу зиннате, ки Уттегин додаст, баргардонда дихад, он чизхое, ки аз Дугдонча аст ва ё бо мехнати y харида шудаанд, хамрохи худ гирад. Баъд аз он Дугдонча метавонад ба шахси дустдоштааш ба шавхар барояд. Дар давоми зиндагони агар Уттегин ягон чиноят содир намояд, барои кори кардааш танхо худаш чавоб медихад. Дугдонча ва кудаконаш ба гунохи вай шарик нестанд. Агар гунох аз тарафи Дугдонча содир шавад, Уттегин чавобгар нахохад шуд.

Ин маросим дар никоххона дар назди сардори никохкунандагон Вахтокан писари Вархуман гузаронида шуд. Дар вакти никох иштирок доштанд: писари Шашча- Чахран, писари Рамч- Шав, писари Махак Андро хуччатро навишт».(4,3.)

Шаходатномаи никох ду нусха навишта шуда якеро мард ва дигарро зан бо худ нигох медошт. Аз руи ин нома хеле аз суннатхои фарханги хонаводагй ва маросимхои кадимаи арусии точикон чилвагар шудаанд. Аз руи нома пайдост, ки Домод хангоми никох дар назди духтар ва хешонаш касами тантанавй ёд мекард ва онро навишта бо мухру имзо ба дасти арус медод. Дар байни хуччатхои дарёфтшуда ваъдаи шавхари Дугдонча низ бокй мондааст, ки тарчумааш ба точикй чунин аст: - «Ман, Дугдонча духтари Вюсро ба хамсарй гирифта дар пеши Худои Мехрих ва парастории он чор касам мехурам ва бо тантана ваъда медихам, ки аз имруз иборатан то абад y хамсари ман хохад буд, ман уро хеч намеранчонам ва хамеша хурмат мекунам.

Агар Дугдонча дар оянда тарки мухаббат кунад ва бо ман зиндагонй кардан нахохад, вайро сихату саломат ба хонаи хешонаш бармегардонам»(1,3).

Аз ин хуччати нодир бармеояд, ки сугдихо оид ба никох конуни махсуси давлатй доштаанд, ки дар вакти бастани ахди никох мутобики он амал карда, онро хамчун аслу мохияти зиндагонии минбаъда эътироф менамудаанд.

Нуктаи дигаре, ки ба рисолати таърихии хат ва забон дар фарханги башарй ишорат мекунад, ин аст, ки онхо барои танзими коргузориву давлатдорй ва таргиби сиёсати давлат фаровон истифода шудаанд.

Солхои 20-30 садаи панчуми милодй авзои ичтимой ва иктисодии давлати Сосониен дучори бухрони шадид гардида, ихтилофоту ракобат миёни асилзодагону рухониёни низоми давлатро py ба завол овард. Вазъият дар эътикодоти мардум низ пурихтилоф гардида, боиси заминахои аз миён рафтани давлати Сосониёнро фарохам овард. Мухаккики Рус Василев бо таваччух ба авзои мазкур бар ин назар аст, ки «Садаи V бухрони шадиди ичтимоиву иктисодии диниву халкй дар империяи Сосониен ривочи бештар ёфта, чангхо на танхо ба заволи ин сулола, инчунин ба исломро пазируфтани

маpдyми Эpон оваpда pасонд».(8,142)

Даp соли шашуми хичpати Дазpати паёбаpи ислом аввалин маpотиба ба подшохон ва фаpмонpавоёни мамолики нимчазиpаи аpаб хашт pасyл фиpистод ва эшонpо ба даъвати яккахудой худои хонд, бино ба гуфтаи Табаpи «хаштумин нафаpи онхо Абдуллох ибни Кузофа ас- Сахми буд, ки ба назди малики Ачам -П^вш фиpистода шуда буд. Нома чунин мазмун дошт; «Ба номи худои бахшандаи мехpyбон! Аз номи Мухаммад паЙFамбаpи худо ба Хyсpав- бyзypги поpсиён. Дypyд баp он ки пайpави хидоят шавад ва ба худо ва паЙFамбаpи вай имон оваpад ва шаходат дихад, ки худое чуз Худои ягона нест. Ман паЙFамбаpи худо ба суйи хама касонам то хама зиндагонpо бим дихам. Ислом биёp то солим бимонй ва агаp даpеF куни гунохи мачусиен баp гаpдани туст». Хyсpав номаи паЙFамбаp бидаpид.(10,171-172).

Даp айёми вypyди тамаддуни исломй ба каламpави манотики Хypосон, Моваpоyннахp ва Систон осоpи хаттии кадим - алифбои пахлавй, сyFдй, хоpазмй, бохтаpй махв ва чойгохи онхоpо алифбои аpаби сохиб гаpдид. «Асаpхое, ки бо алифбои Fайpи аpабй навишта мешуданд бо як худи шакли зохиpашон даp шyypи мусулмонон ба акидахои динии хилофи ислом алока пайдо намуда, ... нобуд каpда мешуданд».(12,.502.) Танхо даp асpхои Х111-1Х фypсате фаpо pасид, ки даp самти танзими конуниятхои забони фоpсии даpй аз чониби амиpони сомонй эхтимом ба зyхyp pасад. хyнаpи сyхангyстаpй бо ибтикоpи нахустин сyханваpони фоpсигyйи хамасаpи Рудакй мустаъмал гаpдида, сабки нави забони фоpсй ба зyхyp pасид. Ташкил ёфтани давлати азими Сомониён, таpFиби озодандешиву мустакилият даp ин давлати фаpхангпаpваp пас аз дусад соли футухи аpабхо даp саpнавишти маpдyми точик вокеаи мухим ва такдиpсозе ба шyмоp меомад, зеpо тахкими ин давлат pавнаки иктисодй ва фаpханги ниёкони миллати мо ба шyмоp меpафт. Давлатмандони сомони хидматгyзоpони фаpханги воло гаpдида, баpои афзудани эътибоpи давлати худ Сомониён пайваста мекушиданд, Маpдyмpо даp pyхияи худогохии миллй таpбия каpда, садокат ба ватан, ифтихоp аз аpзишхои фаpхангй, бахусус забони модаpй ва даp ин замина паpваpидани Fypypи миллй аз вазифахои мукаддас ба шyмоp меоваpданд. Баpои таpFиб ва ташвики ахдофи хеш Оли Сомон ба даpбоp фозилон, шоиpон, адибон ва нокилону pовиёни забаpдастpо фаpохам оваpданд, то ки мухити фаpхангй ва адабии замони Сомониён py ба тахаввул нихода, заминахои аслии ташаккули забони фоpсй пайpезй гаpдад. Махз даp давpаи хyкмpонии Сомониён шахpхои Бyхоpовy Самаpканд, Хучанду Маpв ва Xиpот ба даpачаи баланди ташаккули иктисодиву фаpхангй pасида, бо талошу кушишхои ахли илму адаб даp асpи Х иктидоpи забони фоpсй- даpй yстyвоp гаpдид. Ин забон аз таъсиpи забони аpабй pахои пайдо намуда, пояхои назму насp то даpачае тахким ёфтанд. Далели pyшани ин даp тамомии хамосаи миллии Эpониён «Шохнома»-и Фиpдавсй ба теъдоди камтаp аз хазоp калимаи аpабй истифода шудан махсуб меёбад. Сомониёни маъpифатпаpваp бо даpки хамачонибаи ахамияти забони модаpи даp pyшди давлатдоpй, баpои гyстаpишy вусъати хаматаpафаи он кушиданд ва макоми забони фоpсй- даpиpо тахким бахшиданд. Абуабдуллох Рудакй бо фаъолияти адабии худ миёни хамасpони хеш нуфузи шоистаиеpо сохиб гаpдида, иктидоpи калами хешpо баpои татбики тояхои олй ва хиpадмандонаи Сомониён ба ^p мебypд. Kpфиласолоpи назми фоpсy точик бо кохи баланду бегазанди ашъоpаш ба pyшди минбаъдаи забони точикй сахми муносиб гузошта, хамчун поягyзоpи аслии шеъp даp забони фоpси точикй мyаppифй намуд. Ба назм оваpдани китобе мисли «Калила ва Димна»- менависад, С. Айнй даp ибтидои пайдоиш ва нашъунамои шеъpи точикй ба камоли кyдpати Рудакй далолат мекунад. Чунонки гуфта омад, махоpати шоён ва макоми баланди устод Рудакй даp он тазохyp меёбад, ки y китоби мазкyppо аз нусхаи пахлавии он ба фоpсии нав таpчyма каpд.

Махз даp замони Сомониён pохи минбаъдаи pyшди забони точикй муайян гаpдида, даp матни осоpи манзум ва манcyp коpбypди калимахои аpабй кохиш ёфт, забони pавонy ноб ва софи фоpсй нуфузи бештаpе касб намуд. Таваччухи устоди бyзypги ин асp Рyдакй,Фиpдавсй, Ибни Сино, Носиpи Хyсpав ба ин вижагии забонй

пеш аз хама кушиш дар хифзи асолати забон ва нишон додани авлавияти забони форсии дарй дар тачассуми мухимтарин вижагихои мероси илмиву адабй ба шумор меравад. Аз суи дигар, яке аз далоили собити фарханги бузурги миллй дар ахди Сомониён ва зухури Эхёи Ачам дар ин айём хамин забони ноби форсй ва муъчизахои нодири он ба шумор меравад. Устод Айнй гуфтаи шаркшиноси мачор Герман Вамбериро, ки дар асри Х1Х Осийи Марказй ва Эронро саёхат намуда дар ёддоштхояш нигох дошта шудани унсурхои зиёди забони адабиёти классикиро дар забони точикй кайд кардааст, дуруст мешуморад. Осори хаттй - китобхои асрхои мухталиф, ки аксаран ба сурати дастнавис бокй мондаанд, мухимтарин унсури тамаддуни миллии мо ба шумор мераванд. Китобро ачдоди мо хамчун мукаддасот эътироф намуда, онхо бусида ва ба чашм молида, баъд кироат мекарданд. Ин яке аз суннатхои ахолии Машрикзамин буд, ки ба арчу эътикоди онхо нисбат ба китобу китобдорй ишорат мекунад. Хдмин такаддуси китоб дар фарханги миллии мо буд, ки бузургтарин китобхонахо дар Мовароуннахру Хуросон таъсис ёфта, дар Марв дар давраи Яздигурди 111, 12 хазор чилд китоб дар 12 китобхона вучуд доштааст. Накл кардаанд, ки як Факехи Исфахонй (соли ваф.885). ба 300 хазор дирхам китоб чамъ карда будааст.

Дар шахри Рай вазир Абулфазл китобхонае доштааст, ки арабхо хангоми забт молу мулкашро рабурдаанду китобхояшро бокй мондаанд. Ба гуфтаи муаррих Мискавайх он китобхоро ба сад уштур бор кардан мумкин будааст. Ас- Сохиб ном донишманд,(соли ваф.994) китобхонаи бузурге доштааст, ки онро 400 уштур кашидааст. Фехрести китобхонаи Ас- Сохиб 10 чилдро дар бар мегирифтааст, мутааассифона Махмуди Еазнавй китобхонаро бо як ишорат ба доми оташ додааст.

Дастхати беназири «худуд-ул-олам», ки дар сохили чапи дарёи Чдйхун дар вилояти Ч,узчон дарёфт шудааст, бо забони форсй- точикй навишта шудааст.Муаллифи китоб маълум нест.Вай асари чугрофист. Мувофики маълумоти Б.Ахмадов Абдулфазли Гулпойгонй ном муллои зуфунуни бухорой аз растаи китобфурушон боре мачмуаеро харид, ки вай миёни худ чахор китоб дошт. Кутубмиёни солхои 1258-1265 нусхабардорй шуда, яке аз онхо «худуд -ул-олам мин ал-машрик ило ал-магриб» ном дошт. Абдулфазли Гулпойгонй ба хотири интишори он 5-уми октябри соли 1892 ба ховаршиносони Санкт- Петербург нома навишт ва аз дарёфти дастхат иттилоъ дод. Тавассути хамин нома бахори соли 1893 ховаршинос А.Г.Туманский ба Бухоро омад.Абдулфайзи Гулпойгонй дастхатро ба у тухфа намуд. Дастхат ба ховаршиносони рус хуш омад, пеш аз инкилоби Октябр академик В. Бартольд ва А. Туманский доир ба ин дастхат якчанд макола дарч намуданд. Соли 1920 Туманский фавтид ва такдири дастхат нихон монд. хамсари Туманский тавассути рузномахо ба ховаршинос Владимир Минорский хабар дод, ки «худуд-ул-олам» дар сандуки уст. Азбаски Минорский дар Париж буд, дастхат ба Фаронса интикол дода шуд. Сипас онро Минорский онро ба Санкт-Петербург оварда, тасхеху тахкик намуд Соли 1935 дар Техрон, соли 1937 бо забони англисй дар Лондон ва соли 1962 аз руи нусхаи соли 1258 бо ташаббуси Манучехри Ситуда дар Техрон бори дуввум мунташир гардид. Ин далоил ва матолиб гувох бар онанд, ки тавассути махфуз мондан ва сайри таърихии як нусхаи хатии китоби маъруф донишхои чугрофии як асри таърихии мо хамингуна то замони мо расиданд, ки ин амр хам ба нуфузи хат ва забони форсй дар густариши улуми мухталиф ишорат мекунад.

Сахифахои таърих шаходат бар он медиханд, ки дар замони хукмронии шохони туркаслу мугулнажод низ хат ва забони форси- точикй дар маснади давлатию коргузорй карор доштааст. Омилхои мухиме чун таровату шевой ин каломро хамчун эъчози хунарй дар макоми давлатй нигох медошт. Дар канори ин, дастнависи зиёде дар чахон вучуд доранд, ки онхо самараи хиради ахли Ачам дар даврони мухталифи таърихй ба шумор мераванд. «Хиради худро ба хизмати ахли инсон хадя кардан мояи зиндагии алломахои абадзиндаи Ховарзамин аст».(6,9)

Мачмуан, аз баррасии чойгохи хат ва мероси хаттй пайдост, ки вокеан сарнавишти хат ва забони точикй бо тамоми рамзу розхои хеш дар масири таърих

ташаккул ва тахаввулоти зиёдеро аз сар гузаронидааст. Дастовардхои куллии илмиву маърифатии точикон аз огоз то кунун новобаста ба тагироти мухталифи он дар анвоъи хатхои он чилваргар шудаанд, ки дар ин миён хати арабиасоси форсй имтиёзи бештаре касб мекунад. Зеро бузургтарин ва бонуфзтарин мероси маънавй, адабиву илмй ва фархангии мо дар хамин хат тачассум пайдо кардаву миллати моро дар аксои олам шухрати беназир ато намудааст.

Манбаъх,ои илмй:

1. Афсахов А. Каххоров Х. Хат ва пайдоиши он.-Душанбе.: Маориф.1994.-47сах.

2. Айнй С. Намунаи адабиёти точик. М.: Адабиёти халкхои шарк, 1926.- 626 сах.

3. Ахмадов Б. Таърихи дастхати беназир -Илм ва хаёт.- 1992.№ 9-10.

4. Бардй Т. Фархангй хатии Ховар - Илм ва хаёт.- 1990, №9.

5. Бердиева Т. Вожагони порсй дар шеъри порсии пеш аз ислом.-Корнома.-1996.№2-3,С.25-37

6. ВасилевЛ.С.ИсторияВостока.Т.1.Москва,»История»1998,с.142

7. Рахмонов Э.Ш.»То^икон дар оинаи таърих.Китоби сеюм.Аз Ориён то Сомониён.Душанбе,Ирфон. 2006,с.171-172.

8. Тилабов Б.Сайри такомули хат. «Садои Шарк».- 1981,№11.С.128-135.

9. Еафуров Б. Точикон. Душанбе, 1984. ч.1.

10. Яъкубов.Н Бозёфте аз таърихи никох.-Маориф ва маданият.8.03.1973.

ОБЪЕКТИВНОСТЬ И ВОПЛОЩЕНИЕ ЯВЛЕНИЙ В ДРЕВНИХ ПОВЕСТВОВАНИЯХ

Каримова С.

В статье рассматривается отражение реальности и реальные случаи в древнейших писем, которые остались в некоторых древнейших языках персидской литературы. Автор, ссылаясь на содержание древнейших писем и других видов пехлевийской прозы подчеркивает, что отражения реальности во первых встречается в содержании древних писем. Поэтому можно исследовать данные литературные наследия древнего Ирана как источника появления современной публицистики.

Ключевые слова: древние письма, каллиграфия, пехлевийская проза, «Авеста», рукописи.

OBJECTIVITY AND EMBODIMENT PHENOMENON IN ANCIENT NARRAION

Karimov S

The article is considered byy author the reflection of reality and real-life case in ancient letters, which were left in some ancient languages of Persian literature. The author referring to the ancient letters and others Vidi Pahlavi literature emphasizes that reflect reality at first said the ancient letters. So you can explore the heritage of ancient Iran liteturnye data as the source of modern journalism.

Key words: ancient letters, kolligrafia, Pahlavi literature, «Avesto», manuscript.

Сведения об авторе: Каримова С. кандидат филологических наук, доцент кафедры журналистики и теория перевода Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова, тел.: (+992) 92-740-54-00;

Information about the author: Karimov S. candidate of philological sciences, associate professor of journalism and translation theory under Khujand State University named after academician В. Ghafurov. tel.:(+992) 92-740-54-00.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.