Научная статья на тему 'LINGUISTIC DIFFERENCES OF TAJIK-PERSIAN AND ARABIC LANGUAGES'

LINGUISTIC DIFFERENCES OF TAJIK-PERSIAN AND ARABIC LANGUAGES Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
43
166
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АРАБСКИЙ ЯЗЫК / ГРАММАТИЧЕСКИЕ РАЗЛИЧИЯ / ТЕРМИНЫ / РОЛЬ ПЕРСОВ В ФОРМИРОВАНИИ АРАБСКОГО ЯЗЫКА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Юсуфов Умриддин

В данной статье автор на основе правил словопроизводства арабской грамматики и основ фонетики таджикско-персидского языка, а также грамматических свойств и природы этих двух языков попытался сопоставить различия таджикско-персидского и арабского языков. Кроме того, рассмотрены и проанализированы взаимосвязь, а также воздействие и двустороннее взаимовлияние этих языков.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЛИНГВИСТИЧЕСКАЯ ДИФФЕРЕНЦИАЦИЯ ТАДЖИКСКО-ПЕРСИДСКОГО И АРАБСКОГО ЯЗЫКОВ

In present article, the author based on the rules of Arabic grammar derivation and the fundamentals of phonetics Tajik-Persian language and grammatical features and the nature of these two languages tried to compare the differences of the Tajik-Persian and Arabic languages. In addition, reviewed and analyzed the relationships, as well as the impact and bilateral influence of these languages.

Текст научной работы на тему «LINGUISTIC DIFFERENCES OF TAJIK-PERSIAN AND ARABIC LANGUAGES»

ТАФОВУТХ,ОИ ЛИНГВИСТИИ ЗАБОНИ ПОРСИИ ТОНИКИ ВА АРАБИ

Юсуфов У.

Кумитаи оид ба коруои дин, танзими анъана ва цашну маросимуои миллии назди

Хукумати Цум^урии Тоцикистон

Забон алифбои маънавй, ичтимой ва хатти машйи сиёсии xаp як кавму миллат ва кишваp ба шyмоp меpавад. Аз дидгоxи маънавй ба он назаp кунем, авомили пайдоиш, таxаввyл ва xатто таназзулу адами забон ба бакову xастии аквому милал pобитаи ногусастанй доpад. Агаp забон xамчyн масъалаи ичтимой баppасй шавад, он воситаи мyошиpати байни одамон, василаи тафоxyм, таълиму тааллум, интиколи донишу маъpифат ва шиносномаи миллат мебошад.

Мyxимтаp аз xама, забон аз pyи категоpияи ичтимой мавчуди зинда буда, ба бyзypгтаpин офаpидаи табиат - инсон - мутааллик аст. Аз ин дидгоx, масъалаxои пайдоиш, таxаввyл, тавону заъф, чавонй ва пиpии забонpо бояд xамчyн мавчуди зинда мавpиди таxкик каpоp дод, ки пеш аз xама таъсиpи мyxит, xаёти сиёсй, вазъи ичтимой ва xатто иктисодиву низомии давpаxои гуногуни pyшдy камол ва заъфу заволи он ба инобат гиpифта шавад. Даp ин сypат таxкики гyстаpдаи xама давpаxои инкишофи забон имконпазиp мегаpдад.

Фаpотаp аз ин, мавчуди зинда будани забонpо агаp ба инсон шабеx созем, он мисли инсощо иpкy нажод, мумайизот, хосият ва хислатxои гуногун доpад. Хдо забон мисли соxибони он гуногун мебошад. Аз ин нигоx, агаp мо забонpо xамчyн чомеа баppасй кунем, алфозpо низ ба масобаи афpоди чомеа бояд шиносем. Ба акидаи донишманди аpаб Домид Абдyлкодиp <^p калима баpои худ шахсе коим ба зот ва доpои ду чанбаи лафзй - сypатй ва маънавй аст, лафзи калима ба масобаи чисми инсон ва моддаи уст, ки аз он моя мегиpад. Ва маънояш ба масобаи pyxи инсон, ки даp чисми y чоpй аст ва бад-он xаёт мегиpад ва xамон тyp, ки инсон аз назаpи чисмй ва pyxï мyтатаввиp мешавад, калима низ аз ч^ати лафз ва маъно таxаввyл мепазиpад» [2,260].

Аз ин py^ даp xавзаи таxкики улуми забоншиносй, аз чумла забоншиносии имpyзаи точик калима ё вожа xамчyн омили ичтимой накши мyxим ва мyассиp доpад. Фузун баp маънои аслии лугавияш, инчунин вобаста ба мyxити кунунй он иттилооти чадид медщад ва мавкеи хyдpо аз лщози таъpихй маълум мекунад. Донишманди баpчастаи эpонй Озаpтоши Озаpнyш, ки даp pиштаи забоншиносй, ба вижа шинохти забони roprä ва аpабй осоpи аpзишмандеpо таълиф каpдааст, ба ин натича меpасад:

«Калима, ки ба унвони як мавчуди зинда даp як чомеаи хос ва замони мушаххас мутаваллид мешавад, даp мyxити хеш pyшд мекунад ва муддате, ки мумкин аст каpнxои даpоз ё солxои кyтоx бошад - зиндагй мекунад. Бинобаp ин, калима xамвоpа даp замон ва гоxе даp макон чобачо мешавад ва pyxy чисм (маъно ва колаб) - и он бо таFЙиp ва пешpафти замону макон мyтаxаввил мегаpдад.

Бинобаp ин, вакте мехоxем даpки xамачониба ва дакике аз маънои як калима дошта бошем, бояд онpо даp чойгоxxои гуногуни замонй ва даp масиpи таxаввyлоти табииаш баppасй кунем. Вале агаp калимаpо аз ин масиp хоpич созем, онpо аз xавзаxои маъной, ки бад-он шакл дода ва даp он pyx дамидаанд, беpyн кашида ва аз мафxyми вокей ypён сохтаем ва ин бад-ин маъност, ки аз он калима ба як моддаи аввалия ё мафxyме номушаххас ва тачpидй басанда каpдаем» [17, с. 49].

Ва гyстаpаи чyFpофиёии забонpо аз лщози сиёсй баppасй кунем, мебинем, ки баъзе калимоту истилоxоти он ба забони бегона нуфуз, таъсиp ё ба таъбиpи дигаp ба воситаи одамон аз чое ба чое «xичpат» мекунанд ва даp натича pавобити фаpxангй, сиёсй, ичтимой, тичоpй ва xатто низомй ба вучуд меоянд. Баpои истинботи ин андеша, ба кавли Ч^из такя мекунем, ки гуфтааст: «Дангоме ки миёни аxли Мадина гypyxе аз эpониён зистанд, баъзе аз алфози фоpсй шуюъ ва Fалаба ёфт, ба тавpе ки аз xамон вакт то кунун «батих»-pо «хаpбyза» ва «мисxоx»-pо «бол» (бел) ба лафзи roprä истеъмол мекунанд. Аxли Басpа «чаxоppоx»-pо «мypаббаъа», аxли Куфа xамон «чаxоppоx»-pо «чаxоpсy», «сyк»-pо «возоp» (бозоp) ва «кисоъ»-pо «хиёp» мегуянд» [25, с. 107].

Ин гуна таъсиp ба xамаи забонxо яксон дахл доpад, аз чумла забони поpсии точикй низ аз он мустасно нест. Ба вижа, pобитаи забони поpсии точикй бо лисони аpабй кавитаp ва ошкоpтаp ба мyшоxида меpасад ва даp ин замина таxкикоти зиёд анчом дода шудаанд. Машxypтаpини ин пажyxишxо таснифоти «Фивд ал-лyFа ва сиpp ал-аpабй» ва «Симоp ал-кypyб фй-л-музоф ва-л-мансуб»-и Абyмансyp ас-Саъолибй, «ал-

Мyаppаб»-и Чдволикй, «Вожахои фоpсии аpабишyда»-и Аддй Шеp, «Фаpханги вожахои фоpсй даp забони аpабй»-и Мухаммадалй Имом Шyштаpй, «Вожахои дахил даp К^ъо»»^ А. Ч,еффеpи, «Нигохе ба вожагони бегона даp фоpсй»-и Мухаммад Алавимукаддам, «Вомвожахои эpонй даp забони аpабй»-и Ахмад Тафаззулй, «Афкоpи забоншиносии точик даp асpхои X-XVI»-и Давлатбек Хочаев мебошанд.

Мухаккикони pиштаи забоншиносй, бавижа забонхои поpсй ва аpабй даp тахкикоти худ ёдоваp шyдаанд, ки пешинаи иpтиботи фаpхангии забонхои поpсй ва аpабй то зyхypи ислом вучуд доштааст. Ин масъала даp асаpхои аpзишманди Озаpтоши Озаpнyш («Роххои нуфузи фоpсй даp фаpханг ва забони аpаби чохилй», «Чолиш миёни фоpсй ва аpабй») ва А. Ч,еффеpи («Вожахои дахил даp ^ypъон») мавpиди тахкик ва баppасии нуктасанчона каpоp гиpифтааст, ки зикpи дyбоpаи онpо чоиз намедонем. Тахкикоти дигаpе, ки даp ин масъала навишта шудаанд, асосан даp заминаи ин ду китоб падид омадаанд.

Баъд аз зyхypи ислом ва тасаppyфи каламpави Сосониён аз чониби аъpоб нуфузи онхо даp саpзаминхои гасбшуда зиёд гаpдида, ба шаходати Абдулхамиди Заppинкyб даp ду асpи нахуст ба забонхои махаллй, яъне фоpсй ба вучуд наомад. Аз ин чо «ду каpни сукут» номада шуд [14, с. 11].

Лугатшиносони аpаб даp мавpиди вожахои бегонае, ки воpиди забони аpабй мешуд, ду истилохpо ба rap бypданд: мyаppаб ва дахил. Истилохи «мyаppаб»-pо мухаккикони поpсй хам «вомвожа» ва хам «аpабишyда» ва истилохи «дахил» ^о «бегона» таpчyма каpдаанд. Вале Озаpтоши Озаpнyш изхоp медоpад, ки «хеч забоншиносе баpои ин гypyх аз мyфpадот истилохе монанди «мyфаppас» (ба киёси хамтои аpабияш «мyаppаб») вазъ накаpд, то нишондихандаи хазоpон калимаи аpабй бошад, ки эpониён аз аввалин садахои хичpат даp гyфтоpи худ ба ^p нагиpифтаанд» [17, с. 48]. Ва y далели исботи онpо ба гунаи зайл тавзех медихад: «Вокеият ин аст, ки даp заминаи забоншиносй чизе, ки битавон онpо «мyфаppас» номид, вучуд надоpад, зеpо калимот фаpоянди «таъpиб» ё аpабисозиpо мепазиpанд, вале фаpоянде ба номи «тафpис» ё фоpсисозй ёфт намешавад. Иллати ин амp, ба гумони ман, даp даpачаи аввал хат аст ва пас аз он такаллум» [17, с. 48].

Бино баp ин даp ин макола кушиш каpда шуд, ки баp асоси кавонини таъpиб ва усули овошиносии забони аpабй, инчунин хосият ва мумайизоти забони поpсй тафовути забони поpсии точикй ва аpабй ба таpики илмй нишон дода шавад.

Забони поpсии точикй ва аpабй ду забони чудогонае мебошанд, ки аз дидгохи пайванд ва таъсиpи дусуя мyштаpакоти кухани таъpихй доpанд, вале даp баpобаpи ин, миёни онхо тафовутхое низ дида мешаванд, ки yмдатаpини онхоpо даp зеp мавpиди баppасй каpоp хохем дод.

Нахyстин тафовyти забони поpсии точикй аз аpабй он аст, ки ин ду забон ба ду хонаводаи комилан чудо тааллук доpанд. Забони поpсии точикй ба хонаводаи забонхои Xиндyавpyпой мансуб буда, ба гypyхи забонхои санскpит, хиндй, ypдy, банголй, pyсй, фаpонса, олмонй, инглисй дохил мешавад. Аммо забони аpабй бо забонхои оpомй, бобулй, ибpй, финикй, канъонй, ошypй хамpеша буда, ба гypyхи забонхои сомй шомил аст.

Ин истиклол ва хувияти хонаводагй эчоди тафовутхои бисёp гyстаpдаеpо даp чанбахои овой ё савтй, дастypй (кавоид), лугавй, сохтоpи чумлахо, яъне тафовут даp заминаи саpфy нахв ба вучуд меоpад, ки нишондихандаи боpизи ихтилоф миёни ин ду забон мебошад.

Тавофyти дувум он аст, ки забони аpабй аз чихати сохт колабй буда, аз pyи авзони муайяни феълй сохта мешавад. Ба тавpи мушаххас зеpбинои асосии забони аpабиpо феъл ташкил дода, инчунин доpои вазн, чинс ва эъpоб аст. Ба акидаи аглаби донишмандони забоншинос сохтоpи куллии забони аpабй аз хаpф, феъл ва исм ибоpат мебошад. Даp аксаpи фаpхангy комусхо феъли мyчаppади чинси мyзаккаpи замони сеюми гузашта даp вазни «фаъала» навишта мешавад. Фузун баp ин, феълхои дyхаpфй, чахоpхаpфй ва панчхаpфй низ мавчуд буда, даp асоси колабхо сохта мешаванд. Хусусан, даp забони аpабй ва фахмиши маънои чумлахо эъpоб ва хаpакати хаpфи охиpи вожахо макоми вижа дошта, pобитаи таpкибии онхоpо ба якдигаp нишон медихад. Ин масъалаpо Кypyш Сафавй чунин мукоиса каpдааст: «Даp забонхои таpкибй исм ва сифат ва замиp даp чумла даp хафт ё хашт холати нахвй саpф мешудааст. Ин се чузъи калом доpои се шyмоpа: мyфpад, тасния ва чамъ ва се чинс: мyзаккаp, муаннас ва хунсо будааст. Даp забонхои тахлилй саpфи исм, сифат ва замиp комилан ё ба мизони

мухимме аз миён pафта ва pавобити ачзои чумла ба василаи хаpфи pабт ва изофа ё ба хукми таpтиби вожахо даp чумла баён мешавад. Забонхои эpонии давpаи бостон тамоман таpкибй будаанд. Даp давpаи миёна баpхе аз ин забонхо холати таpкибии хyдpо аз даст дода, ба сypати тахлилй даpомаданд ва даp давpаи чадид, он чй аз забонхои эpонй мавчуд аст, камобеш тамоман тахлилй ба шyмоp меpаванд» [18, с. 19].

Вале даp забони поpсии точикй ин гуна нест. Забони поpсии точикй вазн, чинс ва эъpоб надошта, _ба гypyхи забонхои тахлилй шомил мегаpдад. Масалан, даp забони аpабй чумлаи «У сафаp каpд»-pо мавpиди тахлили моpфологй намоем, пеш аз хама бояд муайян каpд, ки чинси шахси pаванда мyзаккаp аст ё муаннас ва ин «як хусусияти мумайизи мухит аст, ки гуяндаи аpаб бояд онpо pиоят кунад». Даp холе ки даp забони фоpсии точикй чунин нест. Танхо бандаки изофй, ки ба вазифаи сифату мавсуф ва музофу музофуилайх меояд, калимахоpо бо хамдигаp мепайвандад. Ва сифату мавсуф, анвои хypyф, чамъи аpабй, хатто чонишинхо (замоиp)-и аpабй аз поpсии точикй низ тафовут доpанд, ки хаp як аз мумайизоте хос баpхypдоp аст. Аз лихози гpамматикй, -менависад донишманди точик С. Сулаймонов, - «сифат ва мавсуф» даp аpабй аз исму сифат даp забони точикй, ки онхоpо ибоpахои изофии исмй меноманд, фаpк доpанд, зеpо даp саpфy нахви аpабй мафхуми мувофикати чинсй ва ададй мавчуд аст, ки чунин холат даp забони точикй дида намешавад [19, с. 1175].

Тафовути севуми забони аpабй аз поpсии точикй даp заминаи сохтоpи чумла, pешаи вожа ва истифодаи феъл ба мушохида меpасад.

Ч,умлаи аpабй аксаpан бо феъли сигахои гоиб, шунаванда (мухотаб) ва даp охиp гуянда (мутакаллим) огоз меёбад. Ё ин ки даp аpабй чумлаи феълй бо феъл ва чумлаи исмй бо исм навишта мешавад. Вале даp поpсии точикй баpъакс даp хаp ду навъи чумла аз гуянда, яъне исм шypyъ шуда, бо феъл анчом мепазиpад.

Тафовути чахорум. ^оидаи масдаpи аpабй ва фоpсии точикй низ аз хамдигаp фаpк доpанд. Агаp масдаpи поpсии точикй, ки аз феъли замони гузаштаи шахси сеюми танхо бо афзудани анчомаи «ан» сохта шавад, масдаpи аpабй, хосатан сулосии мyчаppад бидуни коидаи мушаххас ва самой хастанд, танхо хангоми сохтани масодиpи сулосии мазид воpиди коидаи умумии дастypи забон мегаpданд.

Тафовути панчум. Калимасозй яке аз масъалахои асосии забони аpабй ба шyмоp меpавад. Ибни Ч,иннй калимасозй ё иштико^о чунин таъpиф каpдааст: «сохтани калима аз калимаи дигаp бо назаpдошти нигох доштани алокаи лафзй ва маъной байни pеша ва калимаи аз он беpyншаванда». Чунончи, аз масдаpи феъли мyчаppад (яъне феъле, ки хама хаpфхояш аслй аст) ва сипас феълхои мазид фихи (яъне феъле, ки даp он як хаpф ё чанд хаpф илова шудааст) феълхои сулосй (сехаpфа), pyбой (чахоpхаpфа), хумосй (панчхаpфа) ва судосй (шашхаpфа) сохта мешаванд.

Дамчунин аз феълхои мyчаppад ва мазид pешаи хашт навъи муштакот, исми фоил, исми мафъул, сифати мушаббаха, вазни муболига, исми тафзил, исми макон, исми замон ва исми олат сохта мешавад [19, с. 1563].

Донишмандони pиштаи забони аpабй иштико^о ба се гypyх таксим каpдаанд: иштикоки хypд ё калимасозии сода, иштикоки кабиp ва иштикоки кибоp. Даp баpобаpи ин, pоххои дигаpи калимасозй, аз кабили мачоз, нахт, таъpиб вучуд доpанд, ки баpои ганй шудани захиpаи лугавии забони аpабй ёpй меpасонанд.

Мухаммад Хоконй даp пешгyфтоpи «Фаpханги pасона» масъалаи даp моддаи як лафз баpшyмypдани сесад вазнpо аз «ал-Китоб»-и Сибавайх иктибос намуда, илова каpдааст, ки «уламои нахв пас аз y ин pакамpо ба хазоp pасонидаанд, вале ин теъдод даp забони фоpсй аз панчох ё шаст вожа тачовуз намекунад» [21, с. 17].

Тафовути сохтории чумлаи аpабй боиси эчоди баъзе мушкилот хангоми таpчyмаи фоpсй гаpдида, фаpки онхоpо аз якдигаp ба тавpи возех нишон медихад. Масалан, даp чумлаи v^l (Ман аз ин китоб хушам омад), даp чумлаи аpабй фоил китоб аст,

вале вакте ба фоpсй таpчyма мешавад «ман» фоили чумла аст.

Тафовути хафтуми забони аpабй аз нигохи савтиёт, яъне аз чихати ово ва талаффузи хypyф дида мешавад. Ба акидаи муаллифони китоби «Гpамматикаи мyхтасаpи забони аpабй» «аксаpи овозхои аpабй бо овозхои забони точикй мувофику баpобаp ва айнан талаффузшаванда хастанд. Даp айни замон боз даp забони аpабй хамсадохое мавчуданд, ки онхо ба забони точикй хос нестанд, монанди овозхои байнидандонй, бошиддат талаффузшаванда (эмфатикй) ва гайpа» [12, с. 8]. Даp забони аpабй сомитхо собит хастанд ва маънои вожахо ба хамсадохо иpтиботи ногусастанй доpанд. Аз ин py, Б. ^анде хамсадохоpо даp pисолаи аpзишманди «Гpамматика

аpабского языка» («Саpф ва наxви забони аpаби») ба нyx гуна таксим каpдааст [7, с. 24]. Бояд гуфт, ки xамсадоxои забони аpабй, аз кабили J i}b ¡i iû даp забони

поpсии точикй муодил надоpанд.

«Забони фоpсй, - менависад Озаpнyши Озаpтош, - xам бо калимоти бегона xамин pафтоppо доpад, вале таFЙиpоте, ки эчод мекунад, факат даp xадди такаллум аст ва ба сатxи нигоpиш, ки бо хати аpабй аст, намеpасад. Ин бад-он маъност, ки хати аpабй гуй баpои эpониён хати намодин гашта ва аз xамин py, калимотpо ба гунае менависанд ва гунаи дигаp мехонанд. Даp ин замина метавон калимаи мисол зад, ки як

эpонй бо ичpои xама таFЙиpоти овой баp он бо шакли эpонияш яъне адо мекунад. Вале аз он чо ин калима даp нигоpиш xамаи вижагиxои хyдpо xифз мекунад ва масоили овой xам ба китобxо ва фаpxангномаxо pоx надоpад. Фаpxангнависон ба амалиёти «фоpсисозй», ки даp нигоpиш вучуд надоpад, ниёзе намебинанд.

Ба ин далел аст, ки забоншиносон ба фи^и вазъи як истилоxи фаннй баpои калимоти дахил даp фоpсй наяфтоданд ва ба баppасии ин калимот, ки бисёp зиёд ва Fайpикобили шyмоpиш аст, напаpдохтанд. Бинобаp ин мо xеч фаpxанг ё xатто икдоме баpои таълифи як фаpxанги вижаи калимоти аpабй даp фоpсй сypоF надоpем. Ман тасаввyp мекунам, ки таълифи фаpxанге, ки ин калимотpо ба тавpи комил даpбаp гиpад, мумкин нест ва агаp мумкин бошад, бефоида аст» [17, с. 48].

Бинобаp ин, аз нигоxи савтй, баъзе аз xаpфxои забони аpабй xалкй мебошанд ва баъзе дигаp бо ташдид талаффуз мешаванд, вале xаpфxои забони поpсии точикй яксаp наpмy якнавохт талаффуз мешаванд ва латофати забони мо xам даp xамин нукта нyxyфта, ки даp pадифи забонxои англисй, фаpонсавй ва итолёвй аз шиpинтаpин ва хyшоxангтаpин забонxои дунё эътиpоф гаpдидааст. Танxо даp калимаxои иктибосии аpабй, ки ба забони поpсии точикй воpид шудаанд, ташдид ба назаp меpасад.

Тафовути хаштум он аст, ки даp мyxити roprä чунин вазъе фаpоxам омадааст, ки калимоти аpабиpо бидуни xеч кайду банде ва xатто бо xифзи хусусиёти саpфй ва лyFавй мавpиди истифода каpоp додаанд. Танxо аз танвини охиpи вожаxо саpфи назаp каpдаанд, ки ба забони roprä хос нест.

Дигаp он ки кавме - мегуяд Маликyшшyаpо Баxоp - аз лиxози эxтиёч ва ё сиpф ба сабаби ихтилоту имтизоч бо кавми дигаp лyFOтеpо бигиpанд ва сypати асливу xакикии онpо xифз кунанд ва нигоx доpанд, лекин онpо мутеи таpокибy саpфy наxви лyFати худ созанд ва монанди лyFати миллй бо ощо pафтоp кунанд, чунонки даp кypyни аввалияи ислом нависандагони эpонй бо лyFOти аpабй бештаp чунин каpданд ва камтаp сypати он лyFOтpо таFЙиp доданд (назиpи «талоя», ки аз «талоеъ» гиpифта шудааст, вале даp xамон xол аз ин ки мафоди маънии онpо таFЙиp диxанд, хyддоpй накаpдаанд, монанди <фабот», ки даp асли аpабй маxалли бастани асб буда ва даp фоpсй ба маънии «коpвонсаpо ва мискинхона» истеъмол шудааст, ё «тамошо» (бо ё-и максypа - У. Ю.), ки даp асл ба маънии «кадам задан» ва даp фоpсй ба маънии тамошо, яъне «назоpа каpдан ва мyшоxида» истеъмол шудааст [5, с. 252]. Вале таpзи баpгyзиниши калимаxои иктибосй даp забони аpабй чунин набуда, аз чумла вожаxои поpсй хусусиёти аслии хyдpо чй аз лщози шакл ва чи аз лщози кавоид гум каpда, ба дастypи забони тозй мутобик гаштаанд. Ба ибоpати дигаp, яке аз мухтассоти забони тозй «таъpиб» ё «мyаppаб» каpдани вожагони забонxои бегона аст. Даp мавpиди истифодаи вожагони ба забони аpабй Мyxаммадалй Имом Шyштаpй таълифоти аpзишманде бо номи «Фаpxанги вожаxои фоpсй даp забони аpабй» таълиф каpда, исбот намудааст, ки беш аз се xазоp вожаxои поpсй ба забони аpабй pоx ёфтааст [11].

Ин ^p, даp назаpи аввал, муайян намудани pешаи вожаpо, ки ба забони roprä ё забони дигаpе мансуб аст, дyшвоp месозад ва даp назаpи дувум ба омухтани забони roprä эxтиёчи заpypй намеафтад. Роxxои гyзоpи вожаxои поpсй ба забони аpабй ба таpики зеp сypат гиpифтааст:

Вожаxое, ки ба забони аpабй иктибос шудаанд, аксаpан исм мебошанд. Аpабxо xypyф (пешванду пасвандxо) ва феълpо аз Fайpи аpаб нагиpифтаанд, вале даp доиpаи колаби дастypи забонашон аз исмxо, аз чумла исмxои поpсй феъл сохтаанд. Мисол: «заpкаш» - «заpкаша» ^p аpабй «накаша» ё «pасама би-з-заxxаб»), «каxpабо» -«каxpаба», «лигом» (ё лачом) - алчама, «мyxp» - «маxаpа-л-китоба», «девон» -«даввана», «чандаp»- «чандаpа, ючандиpy», «зинxоp»- «занxаpа, юзанxиpy», «зеpдам» -«заpдама» ё «заpдаба», «бусидан» -«боса, ябуъсу», «кушидан»- «коша, якушу» ва монанди ин.

Ин исмхо бештар номи гулу гиёх, хайвонот, маъодин, олот, маъкулот, машрубот ва либосхо, инчунин мафхуму истилохоти илмй, фалсафй, тиббй, ситорашиносй ... будаанд, ки каблан аъроби бадавй бо онхо ошной надоштанд. Ба иборати дигар, ин вожагон исми хос буда, ба далели осонии талаффуз вориди забони арабй гаштаанд. Масалан: вард, тут, мушк, хован, мизоб, михрос, чардаша (гирдача ё нони гирд - У.Ю.), сачанчал (заъфарон), музач (сафина).

Бархе аз вожахои порсй, ки талаффузашон ба арабй гарон буда, ба гунаи зер ба дастури сарфу нахви арабй мутобик гардонида шудаанд:

а) бадал шудани харфи «хо»-и порсй, ки хангоми талаффуз харфи «а»-ро ифода месозад, ба «чим»-и арабй: куса= кусач, муза = музач, тоза=тозач, бунафша= бунафсач;

б) бадал шудани харфи «гоф»-и порсй дар огози вожа ва «хо»-и порсй дар анчом ба «чим» ва «коф»-и арабй: гуша (кушк) = чавсак, гирдача = чардака, карба (дукони фуруши май-У.Ю.) = карбак, бара = барак, боша= бошак;

в) агар пеш аз «хо»-и порсй «дол» омада бошад, ба «зол» бадал шуда, харфи охир хамоно «чим» бокй мемонад: сода= созач, намуда = намузач, полуда = фолудач;

г) агар пеш аз «хо»-и порсй «то» вокеъ афтад, пас он ба «дол» ва «хо» ба «коф» бадал мегардад: бута=будка;

Домид Абдулкодир узви «Мачмаи забони арабй» дар ^охира, хануз солхои шастуми асри гузашта дар масъалаи пайвандхои забони арабй ва порсй маколаи муфассал навишта, аз чумла дар бораи мутобикати «хо»-и порсй ба сарфиёти забони арабй чунин изхори назар мекунад: «Далели калби «хо» ин аст, ки дар арабй исми мунтахо ба «хо»-и сокин надорем ва бад-он далел ба «чим» мубаддал мешавад, ки дар форсй дар чамъ «ё»-и нисбат ё иштикоки исми маънии ин «хо» ба гоф бадал мешавад. Масалан, дар «бандагон» ва «бандагй» - «чим» наздиктарин хуруф ба «коф» аст» [2, 259].

д) иваз шудани «гоф» ба чим»: лигом= лачом, банг= банч, гарбаз (хилагар)= чарбаз, гураб = чураб, гулнор= чулнор;

е) бадал шудани «гоф» ба «коф»: гуш=куш, гардан= кардан, ганч=канз, паргор= баркор;

ё) дар бархе аз мавридхо «гоф»-и порсй ба «коф» ё «гайн» бадал шуда: гарбуз= карбуз, гандапир=кандафир, гирбол=гирбол.

ж) бадал шудани «пе» ба «фо» ё «бо»: паранд=фаранд, полуда=фолудач, писта=фистак, пируза=фирузач, пандак=бандак, пиёда=байдак;

з) бадал шудани «шин» ба «син»: бунафша=бунафсач, дашт (осон) =даст, шакар= сукар, лашкар=ъаскар, шалвор=сарвол, шалгам=салчам;

и) бадал шудани «син» ба «сод»: сард=сард , санг=санча .

Дар баробари ин, аъроб бархе аз вожахои бегона, ба вижа порсиро бо хамон сохтори аслии худ ва бархеи дигарро бо андак дигаргунй писандиданд. Барои намуна: ас-сардоб, ал-мизоб, ас-сироб (яъне сероб), ал-чулоб (гулоб), ал-мухрдор, ал-михмондор ё бидуни «ал»-и таъриф ба мисли: сарбуш (сарпуш), бобуч (попуш). Вале чунонки дар боло зикр кардем, дар бештари маворид аъроб вожахоро ба бадтарин гуна тасхиф кардаанд, ки шинохти асли онхо душвор буда, «пажухиш дар шинохти решаи вожахои муарраб аз душвортарин ва дакиктарин пажухишхои лугавй гардидааст» [3,10].

Аддй Шер дар бораи решаи вожа, дигаргунихо, сайри тагйир ва тахрифу тасхифи вожахои дахили порсй ба арабй тахкики арзишманде анчом дода, китобе бо номи «ал-Алфозу-л-форсияту-л-муъарраба» навиштааст, ки рохнамо ва сармашки тахкикоти минбаъда дар ин самт гардид. У дар баробари роххои гузори вожахои порсй,чунончи дар боло ёд кардем, гунахои дигари вожасозиро, ки ба вожахои бегона, ба вижа порсй низ дахл дорад, хангоми таснифи фарханги худ вохурдааст, аз ин кабил мебошад:

«Аъроб дар вожахои бегона дигаргунихои бисёр ва шигифтоваре анчом медиханд, ки аз он даст аст:

1. Х,уруфе аз огоз ё миён ё поёни сохтмони вожа меандозанд. Барои намуна: «бемористон»-ро «мористон», «пешпора»-ро «суфорич», «нашхор»-ро «нашвор», «чолгуза»-ро «чиллуз», «хазордостон»-ро «хазор» гуянд.

2. Х,уруфе ба сохтмони вожаи бегона меафзоянд, чунонки «сату»-ро «тастук», «рох»-ро «таррахот», «панч»-ро «фанзач» ва «поча»-ро «болиго»* гуянд».

* Хаффочи дар китоби «Шифоу-л-галил» гуяд: «Вожаи «балиго» дар забони мардуми Мадина муарраби вожаи «поча» аст».

3. Гоxе як вожаи бегонаpо ба сохтоpxои чУpвочУp мyаppаб мекунанд ва ба гунае, ки он вожаxои мyаppаб ба сохмтони аслии вожаи бегона андаке ё бисёpе наздикй доpад. Баpои намуна, «заpанкал»-pо «зункал», «заватpак»-pо «заваннак», «заввок», завван», «завн» ва «танпаpваp»-pо «танбyp», «танбал», «тинбол», «танбул», «тинтал» ва «кеxтаp»-pо «чайтаp», «чайфаp», «чаъдаp», «чаъдаp», «чайдаpй», «чаътаp» ва «чиътоp» гуянд» [3, с. 11-13].

Чунин усули аpабисозй («таъpиб») даp замони мyосиp низ мавpиди коpбypд каpоp доpад. Масалан, аз калимаи «Амpико», ки исми нисбат мебошад, таpкиби «амpикой шyд»-pо сохтаанд: "^j^u", ки факат ба забони аpабй хос аст.

Мyxаккики точик Тypдихон Беpдиева масъалаи таъсиpи иктибосоти забони аpабй ба забони точикиpо мавpиди таxкик каpоp дода, xосили он таълифи китоби «Hазаpияи иктибос» (калимоти аpабй даp забони точикй) мебошад. Аз чумла, pоxxои нуфуз ва гyзоpи иктибосоти забони аpабиpо ба забони точикй панч навъ медонад: лyFавй, саpфй, савтй, наxвй ва маъной [6, с. 46]. Инчунин, сабаби дигаpи иктибосотpо талаботи забони точикй, эxтиёчоти дохилии он дониста, онpо низ ба ду гypyx давpабандй мекунад: ичтимой ва дохилизабонй [6, с. 49]. Ва таъкид месозад, ки «ин xодиса хосияти сиpф забонй надошта, балки он бо омилxои ичтимой, сиёсй, тичоpатй, илмй ва фаpxангй ба миён меояд» [6, с. 8]. Масалан, даp давpони нахуст xангоми иктибосоти сиFаи чамъи исмxои шикастаи аpабй, аз кабили «ачоиб», «муъчизот», «манозил» ва назоиpи он ба назаpи шоиpони мо сиFаи тащо менамудааст, баpои он ки маънии дypyсти он фаxмида шавад, ба ощо пасванди чамъи поpсии «^»^о афзудаанд. Чунончи, Фаppyхй гуяд: Маp тypо мyъчизотxои кавист, Зеpи шамшеpи тезу зеpи касиб.

Манyчеxpиpост :

Биёбон даpнаваpдy кyx бигзоp, Манозилxо бикубу pоx бигсил.

Ё ин ки Одамyшшyаpо Рудакй даp ин байт чамъи аpабиpо аз сотаи чамъ даpандохта ва боpи дигаp онpо ба сиFаи чамъи roprä оваpда, яъне исми чамъи «аxpоp»-pо ба сиFаи мyфpади «xyp» баpгаpдонда, сипас онpо ба гунаи «xyppон» чамъ бастааст: Як саф миpонy Балъамй биншаста, Як саф xyppонy Пиpсолиxи деxкон.

Бо гузашти 1500 сол ин гуна чамъбандй даp забони точикй xанyз дида мешавад, вале тибки дастypи мyосиpи наxви поpсй ва точикй он Fалати фоxиш ба xисоб меpавад.

Баъзе вожагоне, ки воpиди забони roprä шуданд, соxиби забон онpо «мулоим бо лаxча ва саликаи хеш намояд, яъне он лyFатpо фypУ бypда ва нyшхоp каpдавy кобили xазм созад ва аз xолотy ихтисости аслии он бияндозад ва xатто ба майли худ онpо гоxе калб кунад, гоxе тасxиф кунад, гоxе мафxyми онpо таFЙиp диxад, агаp чомид аст, муштак кунад ва агаp муштак аст, чомид кунад, ило охиp...» [5, с. 251]. Поpсигyён низ xамин гуна коppо xангоми иктибоси баpхе аз вожагони аpабй, юнонй, pyмй, сypёнй, xиндй, тypкй, мyFyлй ва фаpангивy pyсй анчом додаанд, ки далели аслияш ба табиати забон мувофик гаpдонидани онxо мебошад. Масалан, калимоти иктибосии «мyтакаддимин»-pо «мутакаддимон» ва «асотид»-pо «устодон» пазиpyфтанд, ки ба буня ва танумандии забон зиён намеpасонад, билъакс вусъати забонpо меафзояд. Имpyз низ ин гуна коpбypди вожагони тозй даp забони поpсии точикии Хypосон, ба вижа Фаpоpyдон, нисбат ба забони мyосиpи Эpон бештаp ба назаp меpасад.

Тафовути охирини забони аpабй аз забони поpсии точикй даp вусъати маонй ва таъобиp, яъне ба истилоxи точикй «сеpмаъноии калимаxо ва ибоpотy мyсталеxот» зоxиp мегаpдад. Аксаpи вожагони аpабй мафоxими зиёди аслй ва мачозй доpанд, ки xангоми таpчyма ба забони мо ба маъонии он бояд аxамият дод. Яке аз мyxаккикони баpчастаи забон ва адаби аpабй Ч^чй Зайдон даp ин замина менависад: «Хдо маънй даp аpабй лафзе хос доpад, xатто шабаxи маъонй ё фypyъи он ва чузъиёти он. Масалан, xаp соате аз pyз доpои исме хос аст: < <¿ij «jij^i <jj>AJi ¡j^^Ji

. jjji j jj i J—— i J^LP i i i o L^

Мyтаpодифот ва аздод низ доманаи васее доpанд ва ин аз эъчозxои забони аpабй аст. «Hyp» доpои 121 исм аст, «зулма» - 52 исм, «шyтyp» - 255 исм, «шиp» - 350 исм, «чоx» - 88 исм ва «об» - 170 исм доpад.

Гоxе як лафзи воxид доpои маъонии мутафовите аст. Масалан, «хол» доpои 27 маънй, «айн» доpои 35 маънй ва «ачуз» доpои 60 маънй аст» [26, с. 46-51].

Чунонки даp фавк ишоpа шуд, забони аpабй иштикокй буда, даp колаби авзон pехта мешавад, вале забони поpсии точикй таpкибй аст. Tаpкибй ба он маъност, ки баpои сохтани як исм ё феъл аз чанд таpкиб ё вожа ва пешванду пасванд истифода мешавад.

Мухаммад Алавимукаддам даp маколаи «Нигохе ба вожагони бегона даp фоpсй» ба хам омадани ин таpкиботpо даp мукоиса бо забони аpабй ба гунаи зеp нишон додааст:

форси - араби

ошпазхона= ош+паз+хона фypyдгох= фypyд+гох j1-^ хавопаймо= хаво+паймо хат кашид = хат+кашид боз каpд= боз+каpд ^ дypyст каpд= дypyст+каpд муназзам каpд = мyназзам+каpд f^j

Гохе як калима даp фоpсй даp таpкиботи мутафовит ба коp меpавад ва даp хаp таpкиб, мафхуми хосе аз он манзyp аст. Масалан, калимаи «кашидан» даp забони фоpсй ба маънои мутафовит (ба сypати таpкибй) ба коp меpавад ва даp хаp маъно даp аpабй муодили хосе доpад.

(гизо) хypд - (pL^bJl) J^l (нонpо) кашид - (>^AJI) ójj (об) хypд - (e-L^Jl) (зачp) кашид = (>^Ji) jib (гусса) хypд =

(дандонpо) кашид = (¿.^Ji) ¿AJ (силй) хypд = ) i>i

(кypъа) кашид =

(хафт тиppо) кашид = (^¿^Ji) [4, с. 25]

Чунонки маълум аст, беш аз чихил даpсади захиpаи лугавии забони поpсии точикиpо вожагони аpабй ташкил медихад. Вале бештаpи калимахои иктибосй даp тули 1500 сол даp доиpаи дастypи забони поpсии точикй хазм шуда, мyхpи поpсии точикй гиpифтаанд ва аз нигохи маъно аз забони имpyзаи адабии аpабй фаpк мекунанд. Ин нукта, бавижа хангоми таpчyмаи таъбиpy истилохот ва чумлахои аpабй ба хубй дида мешавад ва даp навбати худ мушкил эчод мекунад. Аз ин py^ мyтаpчимpо заpyp аст, ки аз нозукихои хаpдy забон огох бошад. Мухаммад Алавимукаддам ба ин боваp аст, ки: «Дамакнун вожахо ва таpкиботи фаpовоне даp забони фоpсй ба коp меpавад, ки pешаи аpабй доpад ва аpабии асил аст, вале аpабзабонон имpyз ба коp намебаpанд ва даp забони аpабй хамон калимоту таpкибот ва истилохот ба шеваи дигаpе ба коp меpавад. Баpои намуна:

Воpидот ва содиpот - 3 oIj^a^^i

Вохидхои имдодй - jlj^l Ol^j Вичдони pохат -

Вахомати авзоъ - jj^Ji öj^b^

Вахомати авзоъи иктисодй - í^jL^^J^i ïJL^JI

Вypyди маччонй - i_J^^JI

Васоили шахсй - «l^^iI [4, с. 24]

Аз ин баpмеояд, ки хангоми интихоб ва баpгyзиниши калимот бояд аз таpкибот ва истилохоте истифода каpд, ки ба маpдyм фахмо ва даp миёни онхо маъмул бошад. Зеpо бахси таомули забонхо бо якдигаp ва таъсиpи хаp як баp дигаpе ходисаи маъмул ва мавзуи тахкики илми забоншиносй ва таъpихи забон будааст.

Забони аpабй ба пахлухои гуногуни забони поpсии точикй таъсиp гузоштааст. Ба вижа, падид омадани дини ислом ва гаpавидани маpдyми мо ба он яке аз pоххои гyстаpдаи нуфузи забони аpабй даp хомаpави Сосониён гаpдида, даp гоми нахуст ба омузиши забони тозй паpдохтанд ва баъд аз фосилаи кутохи таъpихй бо ин забон, ки даp Шаpк забони илм буд, ба навиштани осоpи манзуму мансyp огоз каpданд. Ба шаходати Низомиддин Зохидов «...забони аpабй даp даpозои каpиб ду сад сол ба воситаи ягонаи ифодаи афкоpи адабиву бадей ва илмиву фаpхангии эpониён табдил ёфт. ^абули ислом ва забони аpабй боиси даp байни халкхои эpонй интишоp ёфтани алифбои аpабй гаpдид. Вале бо вучуди он, ки ин се pyкни мухимми тамаддун, яъне дин,

забон ва алифбо таFЙиp пазиpyфт, халвдои эpонй xyвияти миллй ва асолати фаpxангy тамаддуни хешpо нигоx доштанд» [15, с. 4].

Баp замми зиёд будани таассуб ва таъсиpи соxибони забон, ки яке аз шаpтxои пазиpyфтани ислом иваз каpдани номи поpсии одамон буд, гузаштагони мо талош каpданд, ки ба хотиpи xифзи фаpxанги Fановатманди бостониашон таълифоти хешpо бо забони аpабй анчом диxанд. Аз ин py, ба таъpихи адабиёти аpаб нигоx кунем, ному насаби донишмандон ва шоиpон аслан аpабй буда, даp навбати аввал пиндошти саpосаp аpаб будани онxо xосил мегаpдад ва интисоби нажоди эpонии онxоpо наметавон фаpк гузошт. Вале аз мазмуну мyxтаво, сабку сиёк, pавиши нигоpандагй, баppасии мавзyъxо, ишоpаxо ба меpоси Fановатманди кyxани эpонй, эxтиpом ба оищои меxpпаpастй ва заpдyxиштй ошкоp мегаpдад, ки нависандагони онxо оpиёинажод xастанд ва даp мyxити поpсй таpбият ёфтаанд. Фузун ба ин, ощо даp улуми забон, лyFат, адаб, балоFат, xадис, тафсиp, xайат, ситоpашиносй, алчабp, меъмоpй, тиб, чyFpофиё ... осоpи гаpонбаxое таълиф каpданд, аз як су, даp чаxони аpаб саpомад буда, аз суи дигаp, низоми мукаммали илмиpо ба вучуд оваpданд, ки мояи тафохypи аъpоб аст.

Даp ин чо агаp xамаи номxои онxоpо анбоpиш намоем, чандин саxифа пyp мешавад. Hypмyxаммад Амиpшоxй даp китоби «Даp дypоxаи фано ва эxёи миллати кадим» тащо аз 46 нафаp донишмандони эpонй ном бypда ва таълифоти онxоpо даp улуми забоншиносии аpаб зикp мекунад [10, с. 96-104].

Даp ин чо, аз таълифот ва коpномаи илмии ду донишманди эpонй - Сибуя ва Кисой, ки аввалй имоми мактаби наxвии Басpа ва дувумй муассиси мактаби лyFавии Куфа мебошад, чанд чумлаи кyтоx изxоp медоpем.

Ибни Халдун даp «Мукаддима»-и худ фаслеpо бо номи «Даp ин ки бештаpи донишваpони ислом аз эpониёнанд» тахсис дода, доиp ба нуфузи донишваpони эpонй ва хадамоти ощо нисбат ба забони аpаб чунин андеша меpонад: «Аз шигифтиxое, ки вокеият доpад, ин аст, ки бештаpи донишваpони миллати ислом хоx даp улуми шаpъй ва чй даp донишxои аклй, ба чуз даp мавоpиди нодиpе Fайpи аpабанд ва агаp касоне аз онон xам ёфт мешаванд, ки аз xайси нажод аpабанд, аз лщози забон ва маxди таpбият ва машоих ва устодон ачамй xастанд, бо ин ки миллат (дин) ва соxиби шаpиат аpабй аст» [9, с. 1148]. Шояд даp назаpи аввал xайpатангез намояд, лекин xакикат ин аст, ки наxви забони аpабиpо донишмандони аpаб нанавиштаанд, балки як эpонй ба номи Сибуя (135-176 x.) нахустин дастypи забони аpабиpо таълиф каpдааст. Ибни Халликон кунияти ypо Сибавайx гуфта, муаллифи «ал-Китоб» медонад [24, с. 429].

Амиp ибни Усмон ал-Фоpсй маъpyф ба Сибуя даp маxалли Байзо наздикии Шеpоз зода шуда, таxсилоташpо даp шаxpи Басpа идома дод. Илми наxвpо аз Халил ибни Аxмад, Юнус ва Исо ибни Умаp ёд гиpифт [8, с. 89]. Назди Ибни Мукаффаъ хyдовандгоpи насpи аpабй забони паxлавиpо омухт ва даp киёс бо ин забон мyшоxида намуд, ки сохтоpи забони сомии аpаб мавзуъоти гyногyнpо матpаx мекунад. Аз ин py^ даp асоси наxви забони паxлавй ба танзими дастypи наxви вижаи забони аpабй машFyл шуд ва асаpи чомеу монеъpо бо номи «ал-Китоб» навишт, ки баpои забони аpаб xамон аxамиятеpо ёфт, ки «^онун»-и Ибни Сино дошт [23, с. 155].

Бинобаp зиёд будани эътибоpи илмии ин китоб мyxаккикон онpо «сохтмони наxви аpаб» [24, с. 431], «асос ва пояи мyштаpаки мутолеоти наxвии аpаб» [1, 183], «^ypъони наxв» ва xатто «Инчил»-и забони аpаб» [27, с. 123] гуфта, мyаллифашpо поягyзоpи илми забоншиносии аpаб эътиpоф каpдаанд.

«Ал-Китоб»-и Сибуя аз 568 боб ибоpат буда, аxамияти калони илмй доpад. Яке аз pавишxои илмии у усули киёсу мукобала мебошад. Муаллиф ба саpчашмаxои бисёp ва нуктаи назаpи забоншиносони мактаби илмии Басpа ишоpа намуда, даp баpобаpи мукоисаи дидгоxxо хулосаи хyдpо низ ибpоз медоpад.

Аxамияти дигаpи pисолаи Сибуя даp он аст, ки таxкики бонизоми дастypи забони аpабиpо OFOЗ намуд, ки донишмандони баъдина даp баpобаpи пайpавй, инчунин pавиши илмии ypO такмил ва идома доданд.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Сибуя xyдyдxои саpфy наxви аpабиpо ба исм, феъл ва xаpф муайян каpд. У аз осоpи забоншиносии Халил ибн Аxмади Басpй, ки мyхтаpеи назаpиёти иштикок (илми саpф), тасpифи вожаxо, калб ва ибдоли pешаи калимот, таснифоти xypyф, эъpоб ва таснифоти илмии наxв буд, баxpа чуста, даp навбати худ назаpиёти илмии ypO таквият дода, низоми ягонаи забоншиносии аpабpо асос гузошт.

Сибуя тамоми афкоpи забоншиносии аpабpо, ки каблан даp шакли паpоканда мавчуд буд, чамъ оваpда, аз нигохи илмй танзим каpд.

Яке аз коpхои дигаpи аpзишманди Сибуя даp ин китоб баpгyзидани истилохоти махсуси забоншиносй мебошад, ки то имpyз даp забони аpабй мутадовил аст. Даpчанд забони ин асаp ба кавли Ч,. М. Абдулчалил «сакил» аpза шудааст, аммо маpчаъи даpсй гаpдид ва хануз миёни нахвшиносон хуччат аст [1, с. 146].

Накши мухими ин китоб даp он аст, ки ба вазъи илми тафсиp ё шаpхнависй замина гузошт, ки мyхимтаpини онpо Абусаъид ас-Сайpофии Нахвй бо номи «Ш^хи китоби Сибуя» навиштааст. Инчунин баpои тафсиpи «Kypъони шаpиф» низ яке аз маpчаъхои мyътабаpи нахвй ба шyмоp омада, аксаpи мyфассиpин хангоми тафсиpи вожа ва колабхои нахвии оёти pаббонй ба китоби Сибуя истинбот каpдаанд.

Донишманди точик Д. Xочаев оид ба низоми забоншиносии аpаб ва накши он даp ташаккули таълимоти лугавию дастypии забони точикй изхоpи назаp намуда, назаpиёти Сибyяpо даp масъалахои савтиёт (фонетика), саpф (моpфология) ва нахв (синтаксис) ва мутобикату тафовути онхо бо забони точикй тахкик каpдааст [20, 29-67].

Намояндагони бyзypги мактаби нахвии Басpа Абулхасани Ахфаши Xоpазмй, Абусаъид Абдулмалик ибни ^p^ Асмаъй, Абуубайда Мyъаммаp ибни Мусанно адиби нахвии лугавй, Мухаммад ибни Язид ибни Абдyлакбаp Мyбаppад сохиби «ал-Комил», Ибни Дypайд мебошанд.

Бахман пypи Фиpyз баъдхо бо номи Абулхасан Алй ибни Дамза ибни Усмони Кисой машхyp шуд, пешвои мактаби лугавии Куфа мебошад. Ч,. М. Абдулчалил [i, с. 146] ва Р. Николсон [16, с. 346] ба нажоди эpонй доштани Кисой ишоpа каpдаанд. Аз Дамза Зайёт илми киpоат омухт ва аз кyppоъи саъба (коpиёни хафтгона-У.Ю.)-и Kypъон гаpдид. Ахмад Искандаpй ва Мустафо Анонй нигоштаанд, ки «Даp Куфа паpваpиш ёфт ва даp бyзypгсолй пас аз он ки хатоеpо даp гyфтоpи худ даp хyзypи гypyхе аз донишпажухон мypтакиб шуд, ба тааллум паpдохт ва бо устодони Куфа мулозимат намуд, то донишхоеpо назди онон буд, ба поён pасонид. Он гох аз Куфа хоpич шуд ва ба назди Xалил ибни Ахмад даp Басpа омад ва даp халкаи даpси y нишаст. Xалил аз дониши y ба шигифт омад ва ба y гуфт: - Ин дониши ту аз кучост? Гуфт:- Аз сахpохои Дичоз ва Начд ва Тихома» [13, с. 259]. Номи y даp чахони аpаб ба донишмандй иштихоp ёфт. Уpо амиpyлмyъминин Доpyнаppашид ба даpбоpи худ фаpо хонд ва ба таълиму таpбияти писаpонаш Амин ва Маъмун гумошт.

Ибни Надим даp маколаи аввали «ал-Фехpист»-и худ даp боpаи Кисой маълумот дода, нисбат ба y эхтиpом коил будани амиpyлмyъминин Доpyнаppашидpо чунин накл мекунад: «Рашид аз чои баланде Кисоиpо нигох мекаpд ва y Рашидpо намедид. Кисой баpои хочате аз чой баpхост, то кашфхои хyдpо бипушад, Амин ва Маъмун пешдастй намуда ва кафшхои ypо мукобилаш гyзоpданд. Кисой саpy дасти хаpдypо бусида ва касам дод, ки дигаp чунин коpе накунанд. Рашид ба чойгохи худ баpгашт ва ба хозиpон гуфт, чи касе гиpомитаpин ходимонpо доpад. Гуфтанд: Амиpyлмyъминин аъаззахуллох. Гуфт: «На, y Кисой аст, ки Амин ва Маъмун вайpо хидмат кунанд ва киссаpо баp эшон накл каpд [8, с. 111].

Ба шаходати аксаpи донишмандони улуми адабй миёни Сибуя ва Кисой мyнозаpа иттифок афтодааст, ки бо номи «мyнозаpаи Занбypия» маъpyф аст. Даpчанд тамоми посуххои Сибуя ба пypсишхои Кисой дypyст буд ва инpо хам худи Кисой низ таъйид каpд ^p холе ки назаpи Кисой дypyст набуд), вале ахли мачлис ба Кисой хамpаъй гашта, бо ин амали худ Сибyяpо маглуб намуданд. Ибни Надим даp «ал-Фехpист» номи 13 китоби Кисоиpо зикp каpда [8, с. 122], ки аз онхо ба чуз ном то замони мо чизи дигаpе бокй намондааст.

Ин далелхо шаходат медиханд, ки аз хамон ибтидо хадамот ва захамоти эpониён даp аксаpи улум, аз чумла даp ташаккул ва тахаввули илми забони аpабй бисёp баpчаста будааст. Акбаp Шаъбонй даp ин мавpид чунин нигоштааст: «Пас аз ислом yнсypи эpонй бо кабули шаpиати ахмадй ва тасаллут баp забони аpабй бисёpе аз чилвахои фикpй ва фаpхангии тамаддуни чандхазоpсолаи хyдpо ба тypyки мухталиф воpиди забон ва адаби аpаб намуд, то он чо, ки метавон гуфт: «Сахми эpониён даp шаклгиpии адабиёт ва маоpифи дypахшони давpони исломии аpабй, агаp аз худи онон бештаp набошад, камтаp нест» [22, с. 285].

Xyлоса, забони поpсии точикй даp натичаи ин омезишу ихтилот ва pобитавy зобитаи забони тозй аз байн наpафт, балки пахнову жаpфои он афзуда, адабиёти оламшумул, таъpихи чахонгиp, хикмату фалсафаи бyзypгеpо ба вучуд оваpд.

Адабиёт:

1. Абдулчалил Ч. М. Таърихи Адабиёти араб. Тарчумаи О. Озарнуш. Техрон: Амири Кабир. Чопи севум, 1376, -340 с.

2. Абдулкодир Домид. Пайвандхои забони форсй ва арабй. Тарчумаи Мухаммадходй Муаззин Чомй. Мачаллаи «Шеър ва адаб». Техрон. сс. 258-282.

3. Аддй Шер. Вожахои форсии арабишуда. Тарчимаи Дамид Табибиён. Техрон:Амири Кабир, 1386. -293 с.

4. Алавимукаддам Мухаммад. Нигохе ба вожагони бегона дар забони форсй. Кайхони фархангй. Шумораи 142, Хурдоди 1377. - С. 24-25

5. Бахор Маликушшуаро Мухаммадтакй. Сабкшиносй. Иборат аз 3 мучаллад. Ч. 1. Техрон: Амири Кабир, 1337, -467 с.

6. Бердиева Т. Назарияи иктибос. Душанбе:Чопхонаи байнидонишгохй, 1991. -128 с.

7. Гранде Б. М. Грамматика арабского языка в сравнительно-историческим освещение. М.: Вост. лит. РАН, 2001.- 585 с.

8. Ибни Надим. Ал-Фехрист. Тарчимаи Мухаммадризо Тачаддуд. - Техрон: Асотир, 1381. -852 с.

9. Ибни Халдун. Мукаддима. Тарчумаи Мухаммад Парвини Гунободй. Техрон: Маркази интишороти илмй ва фархангй. Чопи чахорум, 1362 (1983), - 1402 с.

10. Ибни бурбон. Дар дурохаи фано ва эхёи миллати кадим. Душанбе: Эр-граф, 2007, -480 с.

11. Имом Шуштарй, Мухаммадалй. Фарханги вожахои форсй дар забони арабй. -Техрон:Бахман, 1347. -800 с.

12. Исаева Ф. А., Муъминов Д. Грамматикаи мухтасари забони арабй. ^исми 1 (морфология). - Душанбе: Мавлавй. 2010. - 208 с.

13. Искандарй Ахмад ва Анонй Мустафо. Ал-Васит. Тарчима ва тавзехи Сайид Мухаммад Родманиш. - Техрон:Чомй, 1385. Ч.1. чопи панчум. - 344 с.

14. Зарринкуб Абдулхусайн. Ду карни сукут. Техрон:Сухан. Чопи понздахум. 1381. -372 с.

15. Зохидов Н. Адабиёти форсу точик дар асрхои 8-9.Душанбе:Бухоро.2014, -444 с.

16. Николсон Р. Таърихи адабиёти араб. Тарчумаи Кайвондухти Кайвонй. Техрон: Вистор, 1380. -480 с.

17. Озартоши Озарнуш. Иртиботи фархангии забонхои форсй ва арабй. Мохномаи пажухишии иттилооти «Дикмат ва маърифат». Шумораи 11. -сс. 48-50.

18. Сафавй Куруш. Нигохе ба пешинаи забони форсй. Техрон:Нашри Марказ, 1367, -133 с.

19. Сулаймонов С. Фарханги арабй-точикй. Душанбе: Эр-граф. 2010. Чопи дувум. -1563 с.

20. Хочаев Д. Афкори забоншиносии точик дар асрхои 10-16. Душанбе:Маориф ва фарханг. 2013. -344 с.

21. Хоконй Мухаммад. Фарханги расона. Чопи дувум.Техрон. 1377. -246 с.

22. Шаъбонй Акбар. Накши эрониён дар забон, адаб ва балогати арабй. Машхад:Нашрияи Донишкадаи илохиёти Машхад. Шумораи 45 ва 45. Поиз ва зимистони 1378. сс. 275-286

23. Шифо Шучоуддин. «Эрон дар Испониёи мусулмон». Тарчимаи Махдии Самсор. Техрон: Густара. 1384. -700 с.

1997 -24 . 1 лА^- _Пл^с ^^^^ а_) . 1 лА^- _II J ¿1_^_II . . 25

илА^ j _' __II _з . . 26

.1992

.27

.1_3 _II ^^

ЛИНГВИСТИЧЕСКАЯ ДИФФЕРЕНЦИАЦИЯ ТАДЖИКСКО-ПЕРСИДСКОГО И

АРАБСКОГО ЯЗЫКОВ

В данной статье автор на основе правил словопроизводства арабской грамматики и основ фонетики таджикско-персидского языка, а также грамматических свойств и природы этих двух языков попытался сопоставить различия таджикско-персидского и арабского языков.

Кроме того, рассмотрены и проанализированы взаимосвязь, а также воздействие и двустороннее взаимовлияние этих языков.

Ключевые слова: таджикско-персидский язык, арабский язык, грамматические различия, термины, роль персов в формировании арабского языка, влияние арабского языка на таджикско-персидский язык.

LINGUISTIC DIFFERENCES OF TAJIK-PERSIAN AND ARABIC LANGUAGES

In present article, the author based on the rules of Arabic grammar derivation and the fundamentals of phonetics Tajik-Persian language and grammatical features and the nature of these two languages tried to compare the differences of the Tajik-Persian and Arabic languages.

In addition, reviewed and analyzed the relationships, as well as the impact and bilateral influence of these languages.

Keywords: Tajik-Persian language, Arabic language, grammatical differences, the terms, the role of the Persians in the formation of the Arabic language, influences of Arabic language to the Tajik-Persian language.

Сведения об авторе: Юсуфов Умриддин, кандидат филологических наук, заместитель главного редактора журнала "Религия и общество" Комитета по делам религии, упорядочению национальных традиций, торжеств и обрядов при правительстве Республики Таджикистан, email: nushin74@mail.ru

About author: Umriddin Yusufov, Ph.D., Deputy Chief Editor of "Religion and Society" magazine, Committee for Religious Affairs, streamlining of national traditions, celebrations and ceremonies under the Government of the Republic of Tajikistan

ИСТИЛОДОТИ ТИББИИ АРАБИИ МУШТАРАК ДАР ЗАБОНДОИ

ТОЧИКИЮ ТУРКИ

Муса Атеш

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Дар байни истилохоти марбут ба вохидхои лугавии муштаракй точикию туркй калимахои мансуб ба тиб чойгохи махсус доранд. Масъалахои марбут ба тиб ва табобати одамон аз кадим диккати мутафаккиронро чалб кардааст. Ин аст, ки ба заруррати рузгор истилохоти ин соха ба вучуд омадааст. Рочеъ ба истилохоти тиббй дар «Дидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» - Ахвайни Бухорой тадкикот анчом дода, А.И.Юсупов осори илмии давраи классикии адабиёти точикро баррасй менамояд, ки намунаи онхо чунин овардан мумкин аст: «Шуморнома» (Книга счета) Мухаммад Аюби Табарй, «Дудуд-ул-олам» (Граница мира) неизвестного автора, «Донишнома» (Книга знаний) Абуали Ибни Сино, «Китоб -ут-тафхим ли-авоили саноати-т-танчим» (Книга вразумления) Абурайхона Берунй, «Дидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» (Руководство студентам медикам) Ахвайни Бухорой, «Дакоик-ул-адвия» (Правда о лекарствах) Абумансура Хиравй, «Донишнома» (Книга знаний) Даким Майсарй, «Ат-танвир» (Свет) Абумансури Камарй. Дар байни ин осор китобхои «Дидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб», «Дакоик-ул-адвия» ва «Ат-танвир» ба масоили тиббй бахшида шудаанд, ки дар онхо рочеъ ба масъалахои мубрами тиббй ибдоли хуруф шудааст. Баррасии масоили тиббй дар тамоми даврахо давом доштааст ва имруз хам яке аз масоили мубрам махсуб мегардад. Ин аст, ки истилохоти ин ин соха руз то руз инкишоф меёбад ва ба дарачаи сифатан нав мебарояд. Дар давраи нав истилохоти тиббй бештар чанбаи аврупой-техникй пайдо карда истодааст. Бо вучуди ин истилохоти тиббии кадимии халкхои точику турк дар захираи лугавии ин забонхои чун асос хизмат менамоянд.

Калимахои муштаракй точикию туркро аз руйи баромад ба ду гурух чудо кардан мумкин аст:

а) вохидхои лугавии муштаракй точикию туркии арабй;

б) вохидхои лугавии муштаракй точикию туркй аврупой.

Як кисми муайяни вохидхои лугавии муштаракй точикию турк баргирифта аз забони арабианд, ки дар тули асрхо ниёзхои мардумонро баровардаанд. Ин калимахои муштараке мебошанд, ки онхоро ба гуруххои зерин чудо кардан мумкин аст:

Калимахои тиббии ифодакунандаи шахс. Калимахои муштараки точикию туркии тиббии ифодакунандаи шахс чандон зиёд нестанд: tabip / табиб, cerrah / чаррох, ^Ьект / хаким. Дар забони точикй калимаи tabip / табиб синоними духтур ва пизишк хам дорад ва вожаи арабии табиб хусусияти таърихию мардумй пайдо кардааст. Калимаи пизишк дар ФЗТ [2, с. 59] чун муродифи табиб ва хаким оварда шавад хам, калимаи духтур дар

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.