ОМОДА КАРДАНИ КАДРХОИ ИЛМЙ ДАР ТО^ИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БАЪДИЧДНГЙ (1946 - 1960)
Дар макола таърихи ташаккул ва инкишофи системаи омода кардан ва аттестатсияи кадрхои илмй ва илмию педагогй дар Точикистон дар пойгохи Академияи илмхои РСС Точикистон, ин-чунин дар мактабхои олии республика дар солхои 40-50-уми асри ХХ тахдил карда шудааст. Дар он мазмуни асосии дигаргунихое, ки дар системаи омода кардани кадрхои илмй ба амал омада-анд, инчунин принсипхои ташкилии кори институтхои аспирантура ва докторантураи муас-сисахои илмии Точикистонро ошкор мекунад.
Масъалахои кори аспирантура ва докторантура дар давраи Шуравй тахлил карда, самараи онхо бахо дода мешавад. Дар баробари ин тавассути омузиши сиёсати кадрии давлат дар сохаи илмию академй раванди ташаккул ва инкишофи муассисахои омода кардани кадрхои илмй аз хисоби чавонони махаллй дар Донишкадаи давлатии омузгории Душанбе, Донишгохи давлатии Точикистон, чараёни омода намудани кадрхои илмй дар марказхо ва муассисахои илмии Точики-стон тахлил шуда, як катор мархалахои мазмуни микдорию сифатии онхо равшан ва ошкор карда шудаанд.
Калидвожщо: Академияи илщои РСС Тоцикистон, кадрхои илмй, омода кардани кадрхо, муассисахои илмй, низоми таълим, аспирантура, докторантура, сиёсати илмй, тацрибаи тайёр кардани кадрхои илмй.
Маълумот дар бораи муаллиф: Акрамов Муртазо Иномович - номзади илмхои таърих, ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ. Телефон: (+992) 907-14-43-65. E-mail: [email protected]
Information about the author: Akramov Murtazo Inomovich - candidate of Historical Sciences, researcher of the Institute history, archeology and ethnography named after A. Donish of the National
Academy of Sciences of Tajikistan. Phone: (+992) 907-14-43-65. E-mail: akramov. [email protected] ♦-♦
УДК 338. 43 (575.3) (09)
ТАРАВДИЁТИ САНОАТИ ПАХТАИ НОХИЯИ МАСТЧО^ ДАР СОЛХОИ 50-60-УМИ АСРИ XX
ЦОЗИЗОДА Ш.,
Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Дар солхои 50-60-уми асри ХХ саноати пахта дар пешрафти иктисодиёти як зу-мра нохияхои Точикистон, аз чумла Мастчох накши асосиро бозида, сабаби афзоиши босуръати истехсоли пахта ва махсулоти пахтагй гардид. Аз ин ру, дар ин макола ташаккули сохаи пахтакории нохияи Мастчох мавриди баррасй карор гирифта, омилхои асосии рушди он ва окибатхои ин раванд ба пешрафти чомеа ва иктисоди нохия ва чумхурй муайян карда шудааст.
Нохияи Мастчох соли 1956 дар натичаи азхудкунии заминхои бекорхобидаи Дашти Дилварзин хамчун вохиди маъмурй ташкил ёфт. Нохияи нав, пеш аз хама хадафмандона бо максади рушди сохаи пахтакорй дар чумхурй таъсис гардида буд. Вобаста ба ин фаъолияти тамоми ташкилоту сохторхо ва сокинони нохия аз ибтидо ба рушди сохаи пахтакорй равона гардид. Барои расидан ба ин максад дар як муддати кутох ташкили хочагихои нави дастачамъона, колхозхо ва дастгохи идораи онхо ба рох монда шуд. Ба гурухи вазифахои аввалиндарача инчунин азхудкунии 3 хазор гектар замини обй ва ба пахтакорй мувофик сохтани он, ташкили Пойгохи мошинй - тракторй (ПМТ)-и нав, дарёфти техникаи нави хочагии кишоварзй, мухайё сохтани шароити мувофик ба кор ва зиндагии сокинони мухочиршуда низ шомил буд.
Дар як вакт баробари ичрои корхои ташкилй, чойгирнамоии ахолии мухочир-шуда ва хамзамон кишти пахта низ дар заминхои нав огоз гардид. Соли 1957 соки-нони нохияи Мастчох [0] бори нахуст ба кишти пахта, ки барои онхо зироати ноши-нос буд, огоз намуданд. Новобаста аз кишти нахуст дар заминхои нав ва чой доштани мушкилоти зиёд мехнаткашони нохия соли 1957 ба давлат 4830 тонна ва як сол пас аз ин, яъне соли 1958 ду баробар зиёд пахта ба хирмани давлат супориданд [0, 75].
Ба сокинони нохияи Мастчох парвариши зироати комилан бегона, тарзу усули нигохубини он, махсусан азхуд кардани техникаи обёрии пахта хеле душ-вор буд. Аз ин ру, хар сол гурухи калони обёрикунандагон аз курсхои махсус гузашта, ба колхозу совхозхои гирду атроф ва Чумхурии Узбекистон барои тачрибаомузй фиристода мешуданд. Инчунин пахтакорони сохибтачриба аз хочагихои вилояти Ле-нинобод (Сугд) ва Нов (Спитамен) низ ба ин чо даъват карда мешуданд ва усулхои обёрии пахтазорро дар амал нишон медоданд. Бо ин роххо обёрикунандагон тадричан якчанд тарзхои обёрй, аз чумла шакли маъмулии дар як вакт об мондани майдони 10-15 гектар пахтазорро азхуд намуда буданд.
Аз солхои аввали мухочиркунй сокинони нохия ба азхудкардани тарзхои нави пахтакорй - усули чоркунча - лонавй диктат дода, аз соли 1961 сар карда то дар май-донхои асосй пурра бо техника кишт намудани пахтаро ба рох монданд. Усули кишти чоркунча - лонавй ин кишти пунбадона дар масофаи якхела мебошад, ки дар натича катори пахта аз хар чор тараф якхела буда, коркарди замин аз ибтидо яъне, кишт то охир чамъоварии хосил бо техника анчом меёбад. Ин буд, ки худи хамон сол чамъоварии пахта бо мошинхо ба 2 хазор тонна хосил расонида шуд [0, 251]. Махсусан, дар ин самт дастовардхои бехтаринро дар нохия Исмат Рахимов аз сов-хози ба номи Куйбишев, Мирзо Муллочонов аз колхози ба номи Орчоникидзе ва чанд нафари дигар сохиб гардиданд.
Х,осили баланди пахта боиси мустахкам гардидани пойгохи иктисодиву моли-явии колхозхо ва хамзамон даромади колхозчиён гардид. Агар соли 1956 дар Кухистони Мастчох даромади умумии 9 колхоз баробар ба 5 миллиону 921 хазор рубл буд, соли 1957 даромади умумии колхозхо дар нохияи нав кариб 28 миллион рубл, аз чумла, танхо аз пахтакорй - 18, 4 миллион рублро ташкил медод [0, 251].
Агар колхози ба номи Энгелс соли 1956 хамагй 350 хазор рубл аз тамоми сохахои хочагии халк даромад карда бошад, пас соли 1957 ин хочагй танхо аз сохаи пахтакорй 1 миллиону 640 хазор рубл даромад ба даст овардааст. Соли 1957 ба хар як рузи кории колхозчиён ба хисоби миёна 15-20 рубл рост меомад, [1, 293] ки ин боиси хеле бехтар гардидани сатхи зиндагиашон гардид.
Дигаргунихо, дастовардхо ва пеш аз хама бехтаршавии сатхи зиндагии сокинони нохияи нав имкон доданд, ки дар давоми солхои 1956 - 1958 аз дехахои нохияи Кухистони Мастчох боз 2151 оила ба нохияи навташкил мухочир карда шаванд [0, 254].
Дар корхои таргиботию ташвикотй дар байни ахолй, мухочиркунонй, пахн намудани тачрибаи пешкадам, тарбия ва омода намудани кадрхои нав накши ташки-лотхои чамъиятй хизбй, комсомолй, ки шумораи аъзоёни онхо сол ба сол меафзуд, хеле муассир мебошад.
Агар соли 1957 дар нохия, дар мачмуъ 39 ташкилоти комсомолй мавчуд бошад, пас соли 1960 теъдоди онхо ба 48 адад расид ва шумораи умумии комсомолхо аз
1906 нафар ба 2587 нафар афзоиш ёфт [0, 255]. Соли 1960 дар корхонахои саноатй, сохтмонхо, колхозхо ва совхоз-техникум 41 бригадаи комсомолй, звено ва бастахо ташкил карда шуданд, ки 28-тоашон бригадаи пахтакорй ва чуворимаккапарварй бу-данд [0, 255].
Сафи таргиботчиёни хизбию комсомолй низ сол то сол меафзуд. Агар соли 1958 дар вилоят хамагй 400 нафар дар байни омма корхои таргиботй мебурданд, соли 1960 дар 29 коллективхои таргиботй шумораи онхо ба 757 нафар расид [3, 255]. Дар доираи ин таргибот китобхонахо, клубхо, чойхона, кироатхонахо фаъолияти худро боз хам баланд бардошта, дар байни колхозчиён бештар корхои маданию маърифатй мебурданд.
Мехнаткашони нохияи Мастчох мусобикаи сотсиалистиро барои ичрои ухдадо-рихои бар душ дошта ривочу равнак дода, дар хамаи сохахои хочагии кишлок муваф-факиятхои шоён ба даст оварданд. Коллективи совхозхои нохия соли 1960 - соли дуюми накшаи хафтсола ба давлат 13176 тонна пахта [4, 202] супорида, аз заминхои дашти Дилварзин 3645, 8 тонна галла ва дигар махсулоти хочагии кишлок чамъоварй намуданд [0, 194-195].
Соли 1960 совхози навкорами ба номи Ленин дар майдони 1000 гектар бо усули чоркунча пахта кишт кард. Дар сахрохои совхоз 250 нафар коргарон, ки бо техникаи навтарин таъмин буданд, кор мекарданд ва хочагй зиёда аз 50 трактор ва 20 мошини пахтачинй дошт. Х,амин сол совхоз аз хар гектар 28, 6 сентнерй пахта чамъоварй намуд [4,127]. Ин муваффакиятхо ба туфайли мохирона истифода бурдани агротехника, дуруст чобачогузории кадрхо ва захмати харруза ба даст оварда шуд.
Механиконии раванд парвариши пахта аз кишт то чамъоварии хосил омили асо-сии ба даст овардани хосили баланд дар хочагии ба номи Ленин буд. Аз техникаи хочагии кишлок бештар самаранок истифода намоянд. Лозим ба зикр аст, ки корга-рони хамин хочагй нахустин шуда, усули механикони тоза ва ягонакунии чуякхои пахтаро ба рох монда, мехнати дастиро танхо барои аз алафхои бегона тоза кардан ва обёрй истифода мебурданд.
Самараи механиконидании мачмуиро метавон аз натичаи кори бригадаи И. Ис-моилов бахо дод. Ин бригадаи 10 нафара охири солхои 60-ум таъсис ёфта, 115 гектар замин, чор трактор, як мошини боркаш бо ароба ва ду мошини пахтачинй дошт. Дар 68 гектар пахта ва дар майдони бокимонда дигар зироатхо кошта шуданд. «Мо бовар хосил намудем, - мегуяд И. Исмоилов, ки техника дар мубориза барои ба даст овардани пахтаи зиёду арзон ёрдамчии боэътимодтарин будааст» [3,259].
Соли 1961 ин бригада аз омода намудани шудгор ва дигар корхо то чамъоварии хосилро бо мошинхо ба чо овард, ки дар натича аз хар гектар 28 сентнерй пахта ба даст оварда шуд. Ба як сентнер пахта хамагй 15,3 соат-мехнат ё худ 8 рублу 91 тин сарф шуда, ба сари хар як коргар 172 сентнерй пахта истехсол карда шуд [3, 259].
Дар байни тадбирхое, ки бояд боиси афзоиши минбаъдаи истехсолоти хочагии кишлокро таъмин кунанд, омузондан ва тарбия кардани кадрхо накши асосиро сохиб гардида буд. Бо ин максад совхоз - техникум хар сол гурухи му-тахассисони сохиби-хтисосро ба кор равона намуда, бригадахои нави комплексй ташкил менамуд. Дар техникум тачрибаи рохбарии колхозчиёни номдори замон ба монанди ду маротиба ^ахрамони мехнати сотсиалистй, раиси колхози «Москва»-и нохияи Хучанд Саид-хоча Урунхочаев, ^ахрамони мехнати сотсиалистй-раиси колхози ба номи «Ленин»
- и нохияи Нов (холо Сиптамен) Абдугафур Самадов, тачрибаи рохбарии брига-дахои комплексии - Шодй Расулов аз колхози ба номи Калинини нохияи Регар (шахри Турсунзода), Худойкул Назаров аз колхози «Правда»-и нохияи Ашт, ^ахра-мони мехнати Сотсиалистй, вакили Шурои Олии ИЧШС Х,очй Амиров аз колхози ба номи «Куйбишев»-и нохияи Мастчох ва дигар пешкадамони номдори хочагии кишлокро меомузонданд.
Х,очй Амиров соли 1961 бригадаи комплексиро сардорй карда бо мошинхои пах-тачинй 89 тонна пахта чамъоварй намуд ва аз мохи январи соли 1962 дар заминхои навкорами нохияи Мастчох бригадаи намунавй ташкил кард [5].
Натичаи мехнати садокатмандона ва истифодаи окилонаи техника буд, ки бригада соли 1962 ба офатхои табий нигох накарда, аз 70 гектар замин 140 тонна пахта гирифт, ки аз он 72 тоннааш бо техника чамъоварй шуда буд [5].
Бригадаи комплексии 2 нафараи X. Амиров соли 1963 аз 96 гектар пахта 320 тонна хосил гирифт, ки 214 тоннаи он бо мошин чида шуда буд. Ба як сентнери пахта дар як руз 1,5 кас ё худ 8 рублу 60 тин сарф шуд. Ва ба хар як нафар колхозчй ба хисоби миёна 263 сентнерй пахта рост меомад [6]. Дар чумхурй ягон хочагии дигар чунин комёбй ба даст наоварда буд.
Яке аз хочагихои аввалини нохияи Мастчох колхози «Зарафшон» мебошад ки, дар давоми хашт соли мавчудияташ дар заминхои навкорами нохияи Дилварзин аз хочагии камиктидори пурра бо мехнати дастй, ба хочагии калони механиконида-шуда табдил ёфт. Колхозчиён хануз соли 1957 аз хар як гектар аз 346 гектар замини нав 27,1 сентнерй пахта гирифтанд [12,186].
Соли 1964 бригадахои пешкадами Ахмад Х,асанов, Атовулло Фатхуллоев, Умар Азимов аз 672 гектар пахтазор 39-41 сентнерй ва ба хисоби миёна 37,5 сентнерй хосил гирифтанд, ки ин нишондихандаи баландтарин дар байни нохияхои шимолии чумхурй ба хисоб мерафт [7]. Дар баробари ин соли 1964 васеъ чорй намудани усули механиконй имкон дод, ки арзиши аслии як сентнер пахта назар ба соли 1957-ум 12, 4 рубл арзон шавад [7].
Бо сардории раис, ^ахрамони мехнати сотсиалистй Навруз Рачабов доир ба баланд бардоштани дарачаи кордонии пахтакорон гамхории зиёд зохир мегардид.
Дар натичаи рохбарии мохиронаи хочагй, окилона истифода бурдани имкони техникаи коркарди замин, ташкили дурусти мехнат дар давоми солхои 1957 - 1964 даромади колхоз кариб панч маротиба зиёд гардид.
Соли 1964 даромади умумй такрибан 880 хазор рублро ташкил медод ва дар як руз ба хар кас 5 рублу 20 тин рост меомад [7], соли 1965 бо карорхои Прези-диуми Шурои Олии ИЧШС ва ЧШС Точикистон даххо нафар пахтакорони пешкадами кол-хозхоро бо мукофоту медалхо, ифтихорномахои фахрй ва инъомхои кимматбахо сарфароз гардонида шуданд.
Соли 1961 мехнаткашони нохияи Мастчох дар колхозу совхозхо 57 брига-даи механиконидашудаи комплексй ташкил карданд. Дар майдонхои калон кишти пахта бо усули чоркунча гузаронида шуд ва ин имкон дод, ки технологияи нигохубини зироатро васеъ истифода бурда, мухлати коркарди байни каторхо кутох ва сифати он бехтар гардад.
Гузаштан ба кори якчояи механиконидашудан пахта ва чамъоварии мошинии пахта имконият дод, ки арзиши аслии пахта паст ва хосилнокии кори мошинахои пахтачинй баланд ва даромади дехконон зиёд гардад.
Тавре ки таъкид шуд, соли 1961 Омузишгохи хочагии кишлоки Ленинобод ба нохияи Мастчох кучонида шуд ва бо совхози ба номи Ленин муттахид гардид. Ин боиси хеле бехтар шудани пешрафти истехсолот дар совхоз ва раванди таълим дар муассиса гардид. Дар натичаи муттахидшавй хунарчуёни Омузиш-гохи хочагии кишлок на танхо дониши назариявй мегирифтанд, балки ин донишхоро бевосита ба истехсолот пайваст мекарданд.
Хунарчуён дар маъракаи кишт, байни каторхо ва обёрй, инчунин дар вакти бо дорухои кимиёвй коркард намудани растанихо ва умуман тамоми равандхои ис-техсолй бевосита иштирок карда, малакаи зарурй пайдо мекарданд. Гайр аз ин, дар майдонхои омузишгохи совхоз барои гузарондани машкхои таълимй китъахои алохида чудо гардида буданд.
Соли 1963 Омузишгохи давлатии агросаноатй аз майдони 2300 гектар 4450 тонна пахта гирифт. Бори аввал дар совхоз 266 гектар каллаккунй (чеканкаи) меха-никонида шуда ва дар чамъоварии хосил 33 мошини пахтачинй ба кор андохта шуд. Бо мошинхо 1028 тонна хосил гундошта шуд, ки дар натича 55, 8 хазор рубл сарфа гардид [3, 264].
Совхоз соли 1963 ба васеъ истифода бурдани мошинхои пахтачинй, инчунин пахн намудани тачрибаи пешкадами истифода бурдани техника дар хочагии кишлок шуруъ намуд.
Аз 35 бригадаи муттахидаи совхоз - техникум то 28 ноябри соли 1963 29 бригада накшаи пахтасупориро пурра ичро карданд. Дар байни онхо бригадахои Э. Эшбоев, К. Ниёзов, Б. Абдукаримов дар кишти пахта аз механизмхо истифода бурда, хосили зиёдро ба даст оварданд [3, 265].
Соли 1964 дар нохияи Мастчох кариб тамоми кишти пахта бо усули механиконй гузаронида мешуд. Дар 80 фоизи хочагихо каллаккунй (чеканкаи) пахта бо усули механиконй амалй шуда, зиёда аз сеяки хосилро бо мошинахои пахтачинй чамъоварй менамуданд. Ин имкон дод, то дар як муддати кутох 24, 4 хазор тонна пахта чамъоварй карда, ба давлат фурухта шавад [8].
Аз ин ру, мехнаткашони нохияи Мастчох, ки аз нохияи ачдодии худ, яъне Кухистони Мастчох мухочират шуда буданд, дар як муддати кутох на танхо биёбони дашти Дилварзинро азхуд карданд, балки онро обёрй ва кабудизор намуда, пахта-парвариро омухтанд ва хар сол нисбат ба соли дигар хосили зиёд гирифта, техноло-гияи навтарини парвариши пахтаро низ азхуд карданд.
Х,амин тавр, тахкики масъала нишон медихад, ки мехнаткашони аз мано-тики кухй ба нохияи навтаъсис мухочиршуда, дар дахсолаи аввали азхудкунии заминхои бекорхобида тавонистанд, ки тачрибаи пешкадамро сохиб шаванд ва нохияи Мастчохро ба як хавзаи пешкадами пахтакории чумхурй табдил диханд.
Тачрибаи пешкадами кишоварзони ин нохияро пахтакорони дигар мано-тики чумхурй хамчун намуна истифода мекарданд.
АДАБИЁТ
1. Р. А. Абулхаев. Таърихи мухочират дар Точикистон (солхои 1924-2000)/Р. А. Абул-хаев. -Душанбе: Дониш, 2009. - 479 c.
2. Абдулов Х,асан. Пахтаи Дилварзин/Х,асан Абдулов. - Душанбе: Ирфон, 1983. - 40 c.
3. Парпиев С. М. Деятельности партийной организации Таджикистана по орошению и освоению новых земель. диссертация на соискание ученой степени кандидата исторических наук /Парпиев С. М. - Душанбе, 1965. -302 с.
4. Народное хозяйство Таджикской ССР в 1962 г. (Статистический ежегодник), - 940 c.
5. Х,осили фаровони пахта руёнем!, плакат, посвященный опыту Ходжи Амирова, Издательство «Ирфон», Душанбе, 1964 г.
6. «Коммунист Таджикистана», 31 марти соли 1964.
7. «Коммунист Таджикистана», 20 январи соли 1965.
8. «Коммунист Таджикистана», 5 марти соли 1965.
9. Нарвский Рабочий. №142 (1731), Четверг, 29 ноября 1956 г.
10. Козизода Ш. К. Переселение населения горной Матчи в Дилварзинскую зизода//Историк. - 2023. - №3(35). - С. 71-78.
11. Бойгонии давлатии таърихи навтарини Чумхурии Точикистон ф. 5741, р. 6,
12. Бойгонии давлатии таърихи навтарини Чумхурии Точикистон ф. 5741, р. 6,
РАЗВИТИЕ ХЛОПКОВОЙ ПРОМЫШЛЕННОСТИ В МАТЧИНСКОМ РАЙОНЕ В 50-60-Е ГОДЫ XX ВЕКА
Статья представляет собой анализ начальных этапов формирования и расширения сельскохозяйственного сектора Таджикистана с особым акцентом на развитие производства хлопка в Матчинском районе в период с 1950-х по 1960-е годы.
В работе охватываются организационно-технические и социальные аспекты развития сельского хозяйства в Матчинском районе, начиная с обеспечения колхозников в 1956 году до достижения значительных успехов в выращивании хлопка к 1960 году. Основное внимание уделяется организационным мероприятиям, таким как формирование колхозов, создание сельскохозяйственной инфраструктуры и механизация производства.
Работа подчеркивает важность партийной и государственной поддержки в осуществлении планов по развитию сельского хозяйства в районе, а также роль местных кадров и специалистов в достижении поставленных задач. Кроме того, описывается опыт и методы ведения сельского хозяйства, включая использование передовых агротехнических приемов и орошение хлопковых полей.
Анализируя исторические данные и достижения Матчинского района в развитии хлопковой промышленности, статья предоставляет ценную информацию для исследователей, интересующихся историей сельского хозяйства и экономического развития Таджикистана. Также она может быть полезна для формирования стратегии развития агропромышленного комплекса в регионах с аналогичными климатическими и социально-экономическими условиями.
Ключевые слова: хлопковая промышленность, развитие сельского хозяйства, Матчинский район, колхозы, организационные мероприятия, механизация производства, партийная поддержка, агротехнические приемы, орошение полей, социально-экономическое развитие.
ТАРА^ЦИЁТИ САНОАТИ ПАХТАИ НОХИЯИ МАСТЧОХ ДАР СОЛХОИ 50 - 60 - УМИ АСРИ XX
Дар маколаи мазкур тахлили мархалахои ибтидоии рушд ва ташаккули вусъати хочагии кишлоки Точикистони Шуравй ва таваччухи махсус ба тараккиёти пахтакории нохияи Мастчох шуруъ аз солхои 50-ум то солхои 60-ум оварда шудааст.
степь/Ш. К. Код. 74 в. 195. д. 61 в. 186.
Пеш аз хама, масъалахои ташкилй - техникй ва ичтимоии рушди хочагии кишлоки нохияи Мастчох аз ташаббуси колхозчиён дар солхои 1956 - 1960 дар бобати парвариши пахта ба даст овар-дани муваффакиятхои назарраси он давра, инъикос ёфтааст. Ташкили колхозно ва ба вучуд овардани инфраструктураи хочагии кишлок механиконии истехсолот, кори ташкилотчигй дар маркази таваччух мебошад.
Инчунин дар макола ахаммияти ёрии ташкилотхои хизбиву давлатй дар ичрои накшахои рушди хочагии кишлоки вилоят, накши кадрхо ва мутахассисони махаллй оид ба даст овардани муваффаки-ятхо кайд карда мешавад.
Ба гайр аз ин, тачрибаи пешкадами хочагидорй, аз чумла дар бобати истифода бурдани усулхои пешкадами хочагии кишлок ва обёрии пахта мавриди баррасй карор гирифтаанд.
Бо тахлили маълумоти таърихй ва дастовардхои нохияи Мастчох дар рушди сохаи пахтакорй, барои мухаккиконе, ки ба таърихи кишоварзй ва рушди иктисоди Точикистони Шуравй таваччух до-ранд, маълумоти арзишманде дода, инчунин метавонад барои ташаккули стратегияи рушди сохаи пах-такорй, комплекси агросаноатй дар нохияхое, ки шароити иклим ва ичтимоию иктисодиашон якхела аст муфид бошад.
Ка. шдвожауо: пахтакори, таращиёти хоцагии цишлоц, нощяи Мастчоу, колхозно, тадбируои ташкили, механиконии истеусолот, ёрии щзбй, агротехника, обёри, таращиёти ицтимоию ицти-соди.
DEVELOPMENT OF THE COTTON INDUSTRY MASTCHOH DISTRICT DURING THE 1950 S -1960 S
This scientific paper analyzes the initial stages of the formation and expansion of the agricultural sector in Tajikistan, with a particular focus on the development of cotton production in the Matchin district during the 1950s and 1960 s.
The paper covers the organizational, technical, and social aspects of agricultural development in the Matchin district, starting from the provision of resources to collective farmers in 1956 to the significant achievements in cotton cultivation by 1960. Emphasis is placed on organizational measures such as the formation of collective farms, the creation of agricultural infrastructure, and the mechanization of production.
The paper highlights the importance of party and state support in implementing agricultural development plans in the district, as well as the role of local personnel and specialists in achieving the set goals. Additionally, it describes the experience and methods of farming, including the use of advanced agronomic techniques and the irrigation of cotton fields.
By analyzing historical data and the achievements of the Matchin district in the development of the cotton industry, this paper provides valuable information for researchers interested in the history of agriculture and economic development in Tajikistan. It can also be useful for forming development strategies for the agro-industrial complex in regions with similar climatic and socio-economic conditions.
Key words: Cotton industry, agricultural development, Mastchoh district, collective farms, organizational measures, mechanization of production, party support, agrotechnical techniques, field irrigation, socioeconomic development.
Сведения об авторе: Козизода Шухратджон Кози - докторант (PhD) Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33. E-mail: [email protected]
About the author: Shuhratjon Qozizoda Qozi - PhD candidate at the Institute of History, Archaeology, and Ethnography named after Ahmad Donish, National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 33. E-mail: [email protected]