Научная статья на тему 'САҲМИ МЕҲНАТКАШОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941 1945)'

САҲМИ МЕҲНАТКАШОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941 1945) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
19
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
хоҷагии қишлоқ / соҳаи кишоварзӣ / колхозу совхозҳо / маҳсулоти хоҷагии қишлоқ / мусобиқаҳои меҳнатӣ. / agriculture / agricultural sector / collective and state farms / agricultural products / labor competitions.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Баходурова Фарангис Юсуфходжаевна

Дар мақолаи мазкур фаъолияти меҳнаткашони хоҷагии қишлоқи Шимоли Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар таъмини сарбозони ҷабҳа бо маводи зарурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Кишоварзони вилояти Ленинобод новобаста аз душвориҳои замони ҷанг, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо дар тамоми тӯли Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарбаландона иҷро намуданд. Фаъолият намудан дар солҳои ҷанг барои колхозу совхозҳои вилоят, ки дар панҷсолаи пешазҷангӣ таъсис ёфта буданд, санҷиши ҷиддие гардид. Заҳматкашони хоҷагии қишлоқи вилоят бо меҳнати фидокоронаи худ корхонаҳои саноатиро бефосила бо ашёи хоми зарурӣ таъмин намуда, бо ин дар кори наздиксозии ғалаба саҳми арзишманди худро мегузоштанд. Кишоварзони Шимоли Тоҷикистон барои пешрафти соҳа, беш аз пеш рӯёнидан ва омода кардани маҳсулот пайваста меҳнат мекарданд. Натиҷаи фаъолияти шабонарӯзии меҳнаткашон буд, ки суръати ба давлат супоридани ашёи хом хеле афзоиш ёфт. Инчунин зарурат ва аҳаммияти ташкили дурусти меҳнат, натиҷаи меҳнати фидокоронаи заҳматкашони хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ дар мисоли колхозу совхозҳои вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) махсусан қайд гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRIBUTION OF AGRICULTURAL WORKERS NORTH OF TAJIKISTAN DURING THE GREAT PATRIOTIC WAR (1941-1945)

This article examines the activities of agricultural laborers in northern Tajikistan during the Great Patriotic War (1941-1945) to provide front-line soldiers with the necessary materials. The hardworking farmers of the Leninabad region, despite the difficulties of the war, proudly carried out the tasks assigned to them throughout the Great Patriotic War. Work during the war became a serious test for collective and state farms in the region, created in the five pre-war years. Agricultural workers of the region, with their selfless labor, continuously provided industrial enterprises with the necessary raw materials, thereby making a valuable contribution to the approach of Victory. Farmers in northern Tajikistan have worked continuously to develop the industry, growing and harvesting more produce than before. As a result of the daily activities of workers, the rate of delivery of raw materials to the state has increased significantly. The need and importance of proper organization of labor, the result of the selfless labor of agricultural workers of the republic, is also particularly noted, using the example of former collective and state farms in the Leninabad region (now the Sughd region).

Текст научной работы на тему «САҲМИ МЕҲНАТКАШОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941 1945)»

♦-♦

УДК 94 (575.1) (47-11) "1941/1945"

САХМИ МЕХДАТКАШОНИ ХОЧАГИИ ДЕХОТИ ШИМОЛИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЙ

(1941-1945)

БАХОДУРОВА Ф.Ю., Донишго^и давлатии хукук бизнес ва сиёсати Точикистон

Галабаи мардуми Иттиходи Шуравй дар Ч,анги Бузурги Ватанй ба шарофа-ти иродаи кавй, матонат ва фидокорию садокатмандии намояндагони халку миллатхои мухталифи мамлакат ба даст оварда шуд. Мувофики маълумоти сар-чашмахои таърихй кариб 300 хазор нафар фарзандони диловари Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, дар катори намояндагони дигар аз чумхурихои иттифокй ба майдони набардхои хунин сафарбар гардида, дар хиф-зи марзу буми Ватан чонбозихо намуданд [1, 67-96].

Бо огози Ч,анги дуюми чахон (1941-1942) дар низоми фаъолияти хамаи сохторхои давлатии Иттиходи Шуравй дигаргунихои куллй ба амал омаданд. Хануз аз огози амалиёти чангй, яъне 26 июни соли 1941 бо назардошти вазъи сиёсй ва хамзамон бо максади баланд бардоштани иктидори мудофиавии давлат, бо карори Хукумати ИЧШС хамаи сохахои хочагии мамлакат ба рузи кории хаштсоата гузашта, рухсатихои мехнатии коргарону хизматчиён бекор карда шуданд. Тартиби фаъолияти мехнатй дар хдмаи корхонахои саноатй ва сохаи кишоварзй, аз чумла, дар Чумхурии Точикистон мутобики шароити чанг ташкил карда шуд.

Ягонагии хатти пеши набард ва акибгох, дустии байни халку миллатхои Иттиходи Шуравй аз омилхои мухим ва халкунандаи галаба бар фашизми Германия буд. Табиист, ки дар замони чанг масъалаи таъмини мардум ва аскарон, махсусан коргарони корхонахои саноатй бо маводи хурокворй, аз масъалахои мураккаби давлат мегардад. Хукумати Шуравй дар рузхои фавкулоддаи чанг тамоми кувваро зидди душман сафарбар намуда, бо максади боз хам мустахкам кардани акибгох чорахои очилй андешид [2, 47].

Бо саршавии чанг кишоварзони чумхурй бо махсулоти зарурй, аз чумла пахта, пилла ва дигар ашёи стратегй таъмин намудани корхонахои саноатй, зиёд намудани истехсоли махсулоти хуроквориро вазифаи бузургу пурмасъулияти худ дониста, новобаста аз нарасидани кувваи корй ва кам будани техникаи кишоварзй, барои кумак ба чанговарон содикона мехнат мекарданд.

Дар шароите, ки мардон ба чанг даъват шуда буданд, кувваи асосии кориро дар корхонахои саноатй ва сохаи кишоварзй асосан муйсафедон ва занону кудакон ташкил медоданд. Нарасидани кувваи корй ва техникаи зарурй, кор-ношоям гардидани иншооти обтаъминкунй кори кишоварзонро то андозае ду-швор мегардонд, зеро дар чунин вазъ сатхи обхои зеризаминй баланд шуда, за-

минхои барои кишти пахта чудошударо аз кор мебароварданд, ки ин ба паст шудани хосилнокии мехнат оварда мерасонд [3,131-199].

Мехнаткашони Точикистон, аз он чумла, вилояти Ленинобод (холо вилояти Сугд) ба хубй дарк мекарданд, ки хар галабаи онхо дар мехнат, хар косили чамъовардаи онхо мамлакатро ба галаба наздик мекунад. Аз ин лихоз, акибгох хам гуфтан мумкин аст, ба майдони кахрамонихо табдил ёфта буд. Соли 1942 кирмакпарварони вилояти Ленинобод накшаи парвариши бахории кирмакро барзиёд ичро карда, дар чумхурй якумин шуда накшаи парвариши тобистонии кирмакро 136% ичро намуданд. Кирмакпарварони нохияи Чкаловски вилояти Ленинобод берун аз накша 12 хазор киллограмм пилла ба давлат супориданд.

Бо максади рушд бахшидан ба фаъолияти сохаи кишоварзй Шурои Комми-сарони халкй 17-уми ноябри соли 1941 «Дар бораи накшаи корхои хочагии кишлок дарои соли 1942» карор кабул намуда, дар он барои кишоварзони мин-такаи осиёимиёнагии мамлакат вазифахои мухим - зиёд намудани заминхои корам, инчунин баланд бардоштани хосилнокии кишти галла, зироатхои тех-никй, сабзавот ва картошкаро муайян кард.

Кишоварзони шимоли Точикистон барои пешрафти соха, беш аз пеш руё-нидан ва омода кардани махсулот пайваста мехнат мекарданд. Натичаи фаъолияти шабонарузии мехнаткашон буд, ки суръати ба давлат супоридани ашёи хом хеле афзоиш ёфт [4,3].

Колхозчиёни колхози ба номи Максим Горкийи нохияи Чкаловск (раисаш Саидхуча Урунхочаев) накшаи солонаи давлатии супоридани гушт, пашм, шир, тухм, сабзавотро пурра ичро намуда, ба супоридани гушт ба хисоби соли 1942 шуруъ карда буданд. Чунин пешравиро дар самаранокии 19 колхози дигари ви-лояти Ленинобод низ мушохида кардан мумкин буд, ки махсулотро ба хисоби соли 1942 омода карда ба давлат месупориданд [5.2].

Бо таъсири чунин харакатхои зарбдорона, аз чумлаи колхозхои пешкадами вилояти Ленинобод колхози «^изил юлдуз» ба чойи 122,5 сентнери накшаи пешбинигардида ба давлат аз хисоби ухдадории накшавй 169 сентнер галла чамъоварй карда, дар супоридани ин навъи махсулот яке аз аввалинхо гардид. Хочагихои дигар низ дар чамъоварии махсулот масъулияти баланд нишон дода, 20 адад колхоз накшаи чамъоварй ва омода кардани беда ва 30 колхози дигар накшаи супоридани ширро барзиёд ичро намуда, аз хисоби соли 1942 дар мачмуъ 6384 литр шир супориданд. Дар супоридани мевахои хушккардашуда хамаи колхозхои накшахояшонро пурра ичро намуданд.

^айд кардан бамаврид аст, ки Хукумати мамлакат ба парвариш ва руёнида-ни махсулоти стратегии мухим - пахта диккати махсус медод. Дар ин самт низ кишоварзони вилоят мехнати суботкорона нишон дода, дар соли 1941 ба чойи 44 293 тоннаи накшаи солона хануз то санаи 10-уми ноябр ба давлат 44.813 тоннаи пахтаи хушсифат супориданд.

Даромади пулии колхозхои вилояти Ленинобод аз 135 миллиону 38 хазор суми соли 1940 дар соли 1941 ба 185 миллиону 49 хазор сум расид, шумораи колхозхои миллионер аз 27 то 50 адад афзуд [6. ф.9, ф.2, п.1].

Матбуот, ки аз таргибгари асосии химояи Ватан, пахнкунандаи корномахои чангиву мехнатии мардуми мамлакат махсуб меёфт, дар ташкили мехнати садокат-мандона накши мухим дошт. Дар рузномахои «Правда», «Известия», «Коммунист Таджикистана», «Точикистони Сурх», «Стахановетс», «Стахановчй» хар руз оид ба рафти чанг дар фронтхо ва рафти кор дар акибгох хабархо ба чоп мерасиданд [7, 66-76]. Мехнаткашони точик тамоми куввашонро ба он равона карда буданд, ки силсилаи катораю вагонхои пур аз хурока ва либосвориро ба чабха равона кунанд. Ба хатти пеши чанг беш аз 150 вагон галлаю дигар махсулоти озукаворй, 532 хазор либосхои гарму пойафзолхои чармин, 128 хазору 80 адад пусти гусфанд, 993,4 килограмм пашм, зиёда аз 25000 метр матои абрешимй, металхои ранга ва нодир, маъдан, тачхизоти гуногуни таъйиноти харбидошта фиристода мешуданд.

Дар баробари махсулоти дар боло номбаршуда колхозхои вилоят танхо дар соли 1941 ба суратхисоби фонди мудофиа 26 миллиону 789 хазор сум пул гузарони-данд, ки ин дар мукоиса бо соли 1940 7 миллиону 48 хазор сум зиёд мебошад.

Аз сарчашмахои омории солхои аввали чанг бармеояд, ки хочагидорони вило-яти Ленинобод соли 1941 ухдадорихои истехсоли гуштро дар хачми 100%, галларо 100%, ширро 93% ичро намуданд. Ин аз он гувохй медихад, ки робитаи доимии чабхаю акибгох мухим буда, дар таъмини аскарон бо лавозимоти зарурй хочагихои мамлакат дорои имконоти васеи истехсолй буданд.

Ин гуна натичахо ва бо маводи зарурй таъмин кардани хатти пеши чанг дар соли 1942 низ идома ёфтанд. Дар ин давра мехнаткашони хочагии кишлоки вилоя-ти Ленинобод дар ихтиёри худ 1942 адад тачхизоти зерин: 3869 адад сипор, 3671 адад мола, 54 адад тухмипошаки галла, 18 адад техникаи галладарав, 122 адад оло-ти алафдаравй, 3 адад галлакубак ва монанди инхоро доштанд. Аз сабаби он ки солхои чанг маблаггузорй ба сохаи хочагии кишлок, хусусан вобаста ба иншооти обёрй ва обтаъминкунй хеле кам гардид, аксари хочагихо аз нарасидани чунин тачхизоти барои сохаи кишоварзй зарурй танкисй мекашиданд.

Новобаста аз ин, чи хеле ки дар фавк зикр гардид, кишоварзони вилоят аз им-кон ва захирахои мавчуда истифода намуда, барои истехсоли махсулоти барои мардум ва чабха зарурй тадбирхои судмандро амалй менамуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар солхои чанг дар вилоят ба рушди сохаи кирмакпар-варй диккати махсус дода мешуд. Соли 1942 дар хочагихои вилоят наздик 23000 куттй тухми кирмаки пилла таксим карда шуда, хачми пиллаи колхозу совхозхо 34% афзуд, хол он ки ин нишондиханда дар соли 1940 ба 7% баробар буд. Албатта, рушд кардани ин соха имкон медод, ки корхонахои саноатй, махсусан коргоххои истехсоли либосхои харбй, бо ашёи хоми аълосифат таъмин карда шаванд.

11 декабри соли 1942 «Дар бораи чамъ намудани маблаг барои сохтани колон-наи танкии «Колхозчии Точикистон» карор кабул карда шуд ва аз хамаи колхозчи-ёни чумхурй даъват ба амал оварда шуд, ки ин икдомро дастгирй кунанд ва дар чамъ кардани маблаги зарурй сахмгузор бошанд. Раиси колхози «Болшевик» - и нохияи Ленинобод Д. Холматов ин ташаббуси ватандустонаро чонибдорй намуда, барои ташкили ин колонна 140 хазор сум ва колхозчии колхози ба номи Телмани нохияи Нов (холо Спитамен) Р. Эшонкулов 15 хазор сум маблаг супориданд [8, 76].

Мехнати фидокоронаи мардуми точикро факат бо як мисол... тасдик кардан мумкин аст: соли 1943 дар чумхурй 700 хазор тонна галладона истехсол карда шуд. Хатто тасаввур кардани ин микдор галладона хайратовар аст.

Новобаста аз чунин хачми хосилнокй, 25 марти соли 1944 Шурои Комиссарони Халки Точикистон «Дар бораи накшаи корхои хочагии кишлок ва тракторй дар соли 1944 дар ЧЩС Точикистон» карор кабул намуд, ки мутобики он дар назди мехнаткашони чумхурй вазифа гузошта шуд, ки барои хамачониба афзоиш додани хосилнокии галладона, коркарди самараноки заминхои кишти галла чорахои за-рурй андешанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки мехнаткашони сохаи хочагии кишлоки шимоли Точикистон чанговаронро бо тухфахои шахсй ва инчунин дастранчи худ низ дастгирй ва рухбаланд менамуданд. Соли 1943 аз вилояти Гарм 796 тухфа, аз вило-яти Ленинобод 4800 кг меваи хушк, 8518 кг мавиз ва 247 кг чормагз фиристоданд.

Дар вилояти Ленинобод соли охири чанг дар хамаи сохахои хочагии вилоят тамоюли болоравии истехсолот ба мушохида расид. Дар хамин давра пахтакорони вилоят нахустин шуда 27-уми октябри соли 1945 дар хусуси ичрои пеш аз мухлати накшаи солонаи чамъоварй ва ба давлат супоридани пахта хисобот дода, илова ба накша 6 хазор тонна пахтаи аълосифат истехсол карданд. Мувофики маълумоти омории солхои чангй, пахтакорони Точикистон дар тули Чднги Бузурги Ватанй ба хирмани мамлакат беш аз 500 хазор тонна пахта супориданд, ки зиёда аз 20% - и он ба пахтакорони вилояти Ленинобод тааллук дорад.

Сохаи дигаре, ки дар ин давра ру ба инкишоф ниход, сохаи богдорй ва токпар-варй буд, ки богхо асосан дар минтакаи Исфара чойгир буданд. Умуман, богу ток-парварй асосан дар вилояти Ленинобод чойгир гашта буданд, ки якчоя 67% - и богу токзорхои чумхуриро ташкил медоданд. То 1 январи соли 1944 дар худуди вилояти Ленинобод 4466, 2 гектар токзорхои колхозй ва 1777, 7 гектар токзори шахсй мавчуд буданд.

Дар вилоят барои духтани либоси гарм барои чанговарон бригадахои зарбдор ташкил карда мешуданд, ки онхо бо тайёр намудани чуроб, дастпушак ва гардан-банд машгул буданд. Дар солхои чанг барои мухофизони Ватан 11500 пустинча (пустини кутохи кадаш то зону) ва камзулчаи пашмин, 12600 чуфт музаи намадй, 93 000 чуфт дастпушаки бепанча, дасткашаку дастпушаки якангуштаи гарм, 39000 шиму нимтанахои пахтагй, 55000 телпаки гушакдор, 50000 чуфт либоси таг, 192000 чуроби пашмин ва амсоли инхо гундошта шуда буд [9,70].

Кишоварзони вилояти Ленинобод новобаста аз душворихои замони чанг, ва-зифахои дар наздашон гузошташударо дар тамоми тули Чднги Бузурги Ватанй сар-баландона ичро намуданд. Фаъолият намудан дар солхои чанг барои колхозу сов-хозхои вилоят, ки дар панчсолаи пешазчангй таъсис ёфта буданд, санчиши чиддие гардид.

Захматкашони хочагии кишлоки вилоят бо мехнати фидокоронаи худ корхо-нахои саноатиро бефосила бо ашёи хоми зарурй таъмин намуда, бо ин дар кори наздиксозии галаба сахми арзишманди худро мегузоштанд.

Чднги Бузурги Ватанй нишон дод, ки иттиходи халкхо кувваи бузург буда, ко-дир аст хар амали тачовузкоронаро решакан намояд[10,128].

Бояд кайд намуд, ки мехнатдустони xочагии дехот ба душворихо нигох накар-да, дар таъмини амнияти озукавории мамлакат сахми арзанда гузоштанд. Мехнати фидокоронаи онхо дар сохаи xочагии дехот, маxсyсан дар солхои вазнини чанг, нигох доштани устувории иктисодтет гардид.

На танхо шароит ва вокеахои таьржй баркарор карда мешавад, балки хиссаи кахрамононаи мехнатдустони xочагии дехоти Шимоли Точикистон дар Fалаба дар мубориза ба мукобили тачовузи Олмони фашистй кайд карда мешавад. Ин кор-намоии онхо сазовори эътироф ва эхтироми наслхои оянда аст.

АДАБИЁТ

1.Абдуллоев Р. Мехнаткашони Точикистон дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй. -Душанбе: Ирфон, 1994, сах. 67-96.

2.Ахмадов Ш. Cаxми Точикистон дар фронт ва акибгох (1941-1945). - Хучанд: Ношир, 2010. -190 с.

3.Ахмадов Ш. Cаxми кормандони саноати Точикистон дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй (19411945). Хучанд, - 2000, сах 131-199.

4.Коммунист Таджикистана. 24 февраля 1942 года. № 45. 3 с.

5.Ш. Ахмадов. Cаxми кормандони саноати Точикистон дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй 1941-1945. Хучанд, 2000. - 201 с.

6.Бойгонии вилояти CyFд, фонд. 9 оп 2.д.1.

7.Б. Fафyров, Н. Проxоров. Точикон ва талошхои таъриxии онхо барои озодии Ватан. -Душанбе: «Адиб», 2012. 66-76 с.

8.Коммунистическая партия Таджикистана в период Великой Отечественной войны. - Душанбе, 1983, сах. 7б с.

9.Очерки истории колxозного строительства в Таджикистане, 1917-1965. - Душанбе, 1968. сах.70. Ш^ечкина Л.П. Таджикистан в год годы Великой Отечественной войны 1941-1945. - Душанбе, До-ниш. 1989. - C. 120-132.

САХМИ МЕХНАТКАШОНИ ХОЧАГИИ ДЕХОТИ ШИМОЛИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЙ (1941-1945)

Дар ин макола фаъолияти мехнаткашони xочагии кишлоки шимоли Точикистон дар солхои Ч,анги Бузурги Ватанй (1941-1945) дар таъмини сарбозони чабха бо маводи зарурй мавриди баррасй карор дода шудааст.

Кишоварзони вилояти Ленинобод новобаста аз душворихои замони чанг, вазифахои дар наздашон гузошташударо дар тамоми тули Ч,анги Бузурги Ватанй сарбаландона ичро намуданд. Фаъолият намудан дар солхои чанг барои колxозy совxозxои вилоят, ки дар панчсолаи пешазчангй таъсис ëфта буданд, санчиши чиддие гардид.

Захматкашони xочагии кишлоки вилоят бо мехнати фидокоронаи xyд корxонаxои саноатиро бефосила бо ашëи xоми зарурй таъмин намуда, бо ин дар кори наздиксозии Fалаба сахми арзишманди xyдро мегузоштанд.

Кишоварзони Шимоли Точикистон барои пешрафти соха, беш аз пеш рyëнидан ва омода кардани махсулот пайваста мехнат мекарданд. Натичаи фаъолияти шабонарузии мехнаткашон буд, ки суръати ба давлат супоридани ашëи xом xеле афзоиш ëфт. Инчунин зарурат ва ахаммияти ташкили дурусти мехнат, натичаи мехнати фидокоронаи захматкашони xочагии кишлоки чумхурй дар мисоли колxозy совxозxои вилояти Ленинобод (холо вилояти CyFд) маxсyсан кайд гардидааст.

Калидвожахо: хоцагии цишлоц, соуаи Kumoeap3û, колхозу совхозуо, мщсулоти хоцагии цишлоц, мусобицщои Me^Hamû.

ВКЛАД РАБОТНИКОВ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА СЕВЕРА ТАДЖИКИСТАНА В ГОДЫ ВЕЛИКОЙ ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ВОЙНЫ (1941-1945 гг.)

В данной статье рассматривается деятельность трудящихся сельского хозяйства Северного Таджикистана в годы Великой Отечественной войны (1941-1945 гг.) по обеспечению фронтовиков необходимыми материалами.

Трудолюбивые земледельцы Ленинабадской области, несмотря на трудности войны, на протяжении всей Великой Отечественной войны с гордостью выполняли возложенные на них задачи. Работа в годы войны стала серьёзным испытанием для колхозов и совхозов области, созданных за пять довоенных лет.

Сельскохозяйственные труженики области своим самоотверженным трудом непрерывно обеспечивали промышленные предприятия необходимым сырьем, внося тем самым ценный вклад в дело приближения победы.

Земледельцы Севера Таджикистана непрерывно работали для развития отрасли, выращивая и заготавливая продукцию больше, чем раньше. В результате повседневной деятельности рабочих скорость сдачи сырья государству значительно возросла. Также особо отмечается необходимость и важность правильной организации труда, результата самоотверженного труда работников сельского хозяйства республики, на примере колхозов и совхозов Ленинабадской области (ныне Согдийская область).

Ключевые слова: сельское хозяйство, аграрный сектор, колхозы и совхозы, сельскохозяйственная продукция, трудовые соревнования.

CONTRIBUTION OF AGRICULTURAL WORKERS NORTH OF TAJIKISTAN DURING THE GREAT PATRIOTIC WAR (1941-1945)

This article examines the activities of agricultural laborers in northern Tajikistan during the Great Patriotic War (1941-1945) to provide front-line soldiers with the necessary materials.

The hardworking farmers of the Leninabad region, despite the difficulties of the war, proudly carried out the tasks assigned to them throughout the Great Patriotic War. Work during the war became a serious test for collective and state farms in the region, created in the five pre-war years.

Agricultural workers of the region, with their selfless labor, continuously provided industrial enterprises with the necessary raw materials, thereby making a valuable contribution to the approach of Victory.

Farmers in northern Tajikistan have worked continuously to develop the industry, growing and harvesting more produce than before. As a result of the daily activities of workers, the rate of delivery of raw materials to the state has increased significantly. The need and importance of proper organization of labor, the result of the selfless labor of agricultural workers of the republic, is also particularly noted, using the example of former collective and state farms in the Leninabad region (now the Sughd region).

Key words: agriculture, agricultural sector, collective and state farms, agricultural products, labor competitions.

Сведения об авторе: Баходурова Фарангис Юсуфходжаевна - Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики, соискатель кафедры истории и религии. Адрес: 735700, Республика Таджикистан, г. Худжанд, 17 мкр, здание 1. Телефон: 8 (3422) 2-05-63. Электронная почта: vestnik-tsulbp@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.