Научная статья на тему 'МАСЪАЛАҲОИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ КӮЛОБИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945)'

МАСЪАЛАҲОИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ КӮЛОБИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945) Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
44
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КАДРҲОИ СОҲИБИХТИСОС / ТРАКТОРЧӢ / ДАРАВГАР / КОЛХОЗЧӢ / РАИСИ КОЛХОЗ / МАКТАББАЧАГОН / ЗАНОН

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Исуфов Шердил Ватанович, Сайнаков Сайнак Парпишоевич

Дар мақола масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои соҳаи хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон шаклу натиҷаҳои таълими кадрҳо, аз он ҷумла, омӯзиши онҳоро дар курсҳо ва семинарҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва байниминтақавӣ, инчунин омӯзиши механизаторонро дар мактабҳои механизатсия, курсҳои пойгоҳҳои мошину тракторӣ ва натиҷаҳои ташаккули механиконии оммавӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватаниро мухтасар мунъакис кардаанд. Ҳамин тариқ, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Кӯлоб қисми зиёди мутахассисони хоҷагии қишлоқ ба фронт сафарбар карда шуданд. Ин ҳолат иваз намудани мутахассисон, масъалаи тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳои хоҷагии қишлоқро ба вуҷуд овард. Инчунин муаллифон дар мақолаи худ ёдовар мегарданд, ки дар давраи ҷанги мазкур, муассисаҳои таълимӣ дар курсҳои омӯзишӣ тибқи барномаи зудамалкунанда гузаронида мешуданд, ки сифати тайёр кардани кадрҳоро нисбатан коҳиш медод. Пойгоҳи сусти таълимӣ ва моддӣ, набудани озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон нарасидани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ ва донишҷӯйён, камбудиҳои асосии омода кардани кадрҳои соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёфтанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROBLEMS OF TRAINING STAFF FOR AGRICULTURE OF THE KULYAB REGION OF THE TAJIK SSR DURING THE GREAT PATRIOTIC WAR (1941-1945)

The authors in the article considers the issues of training personnel for work in the field of agriculture in the Kulyab region of the Tajik SSR during the Great Patriotic War. The authors highlights the forms and results of personnel training, including their training at district and inter-district, regional and inter-regional courses and seminars, as well as the training of mechanics in mechanization schools, courses at machine and tractor bases and the results of the formation of mass mechanization in wartime. Also in the article, the authors mentions that during the war years, educational institutions conducted courses on an accelerated program, which reduced the quality of training. A weak educational and material base, the absence of laboratories and training workshops in many educational institutions, a shortage of faculty and students were the main shortcomings in the training of agricultural personnel.

Текст научной работы на тему «МАСЪАЛАҲОИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ КӮЛОБИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945)»

УДК 9: 631.116.7 (575.3)

МАСЪАЛАХ,ОИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ СО^АИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ КУЛОБИ чшс ТО^ИКИСТОН ДАР СОЛХОИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ (1941-1945)

ИСУФОВ Ш. В., Донишгохи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллохи РудакП САЙНАКОВ С. П., Института таърих, бостоншиносП ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Аз рузхои аввали саршавии Чднги Бузурги Ватанй сохаи кишоварзй дар вилояти Кулоб бо мушкилоти зиёде дучор гашт. Зеро мардони кобили мехнат ба фронт ва инчунин сафарбаркунии мехнатии дехконони колхозй ба саноат пеш омад. Кори истехсолот асосан аз хисоби мехнати занон, мардони нафакахур ва наврасон ба сомон мерасид. Албатта, мардоне, ки дар колхозхо мемонданд, чун коида, дар корхои идоракунй ё дар пойгоххои мошину трак-торй кор мекарданд.

Хдмин тавр, дар давоми солхои 1941-1942 кисми зиёди директорони Пойгоххои мошину тракторй (минбаъд ПМТ), колхозу совхозхо, раисони ча-моатхои дехоту инчунин аксарияти механизаторону агрономхо, мутахасси-сони сохаи чорводорй ва хочагии кишлоки дехот аз чумхурй ба фронт сафарбар карда мешуданд.

Аз ибтидои чанг накшаи нави омода намудани механизаторон барои солхои 1941-1942 бо шумораи 1340 нафар, ки аз ин хисоб 70% -ро занон ташкил мекарданд, ба рох монда шуд [13,173]. Аз сабаби сафарбаркунй ба артиш, барои сохтани иншооти дифой, дар сохаи харбй ва наклиёт шумораи одамони кобили мехнат дар хочагихои коллективй дар охири соли 1941 назар ба соли 1940 бештар аз нисф кам шуд [10,172]. Бо максади боз хам баланд бардоштани хосилнокии мехнат соли 1941 дар чумхурй 1584 нафар агроному зоотехникхо ва дигар мутахассисон тайёр карда шуданд [18,40]. Еайр аз ин, дар курсхои махсуси семохаи тракторчиён, ки мохи сентябри соли 1941 дар чумхурй ташкил ёфта буд, 2000 нафар занону духтарон таълим гирифта, ба истехсолот фиристода шуданд [14].

Соли 1941 дар натичаи таксимот 355 нафар мутахассисони сохаи хочагии кишлок дар чумхурй ба накша гирифта шуда буд, ки аз ин микдор 64 нафар мутахассисон ба вилояти Кулоб фиристода шуданд [7].

Ч,анг ба муассисахои таълимии кишоварзй хисороти зиёд овард. Зеро, таълим ва такмили ихтисоси кадрхои хочагии кишлок дар Точикистон аз сатхи иктисодй ва моддию техникии чумхурй вобастагии зиёде дошт. Чунки омода намудани кадрхои механизаторй дар Пойгохи мошину трактории чумхурй, асосан дар мактабхои механизатсияи хочагии кишлок ба рох монда мешуд. Вале чалби хонандагон (шунавандагон) ба ин мактабхо дар шароити чанг хеле мураккаб мегузашт. Масалан, ба мактаби механизатсияи хочагии кишлоки нохияи Шахринав аз вилояти Кулоб ба чойи 35 нафар 3 нафар

барои тахсил хозир шуда буданд. Вобаста ба ин кадрхои нисбатан баландих-тисос (механикхо, бригадирхо, комбайнон) ва ронандагони трактор тайёр карда мешуданд, аз ин ру, баъзе аз рохбарони пойгоххои мошину тракторй барои дохил шудани онхо ба ин мактабхо монеа мешуданд [13,173]. Инчунин бисёре аз хонандагон аз сабаби шароити душвори маишй (норасоии синфхо барои хониш ва манзилхои зист, кам будани идрорпулй ва гайра) ба мактабхо намерафтанд ё дар давоми тахсил онро тарк мекарданд.

ШКХ Ч,ШС Точикистон 2 апрели соли 1941 тахти разами 264 масъалаи «Натичаи омода кардани кардхои кишоварзй аз руйи тахассусхои оммавй ва тадбирхо барои соли 1941»-ро мухокима намуд [8]. Дар мавриди баррасии масъалаи мазкур маълум гардид, ки накшаи тайёр кардан ва бозомузии кадрхои сохаи кишоварзй соли 1940 дар сатхи чумхурй 66% ичро шудааст. Сабаби ичро нагардидани накшаи омодасозии мутахассисони сохаи кишоварзй дар курсхои аз хисоби бучаи махаллй маблаг чудошуда, каноатбахш набуд. Масалан, дар ин сол ичрои накшаи омодасозии мутахассисони сохаи кишоварзй дар курсхои аз хисоби бучаи махаллй маблаг чудошуда дар вилояти Кулоб ба 48% мерасид [8]. Соли 1941 мувофики накшаи тайёр кардани мутахассисони ихтисосманди хочагии кишлок аз хисоби бучети вилоятй ва махаллй тахсилкунанда дар вилояти Кулоб 455 нафарро ташкил медод.

Бо ин максад, Коммисариати халкй оид ба замини Ч,ШС Точикистон накшаи омода кардани мутахассисони баландихтисоси сохаи хочагии кишлокро аз хисоби бучети вилоятй ва махаллй тахсилкунандаро дар вилояти Кулоб тасдик карда ба рох монд.

Бар замми ин, Комиссариати халкии замини Ч,ШС Точикистон то бахори соли 1942 накшаи омода намудани гурухи калони механизаторхо-механикхо, комбайнчиён, бригадирхои бригадахои тракториро ба накша гирифт [13,173].

Бо максади зиёд намудани теъдоди мутахассисони хочагии кишлок дар чумхурй, мувофики карори ШКХ ИЧ,ШС ва КМ Х,К(б) аз 18 августи соли 1942 «Дар бораи дар МТС-хо ташкил намудани курсхои инфиродй бо ихти-сосхои тракторчй»-ро кабул намуд [13,173]. Омода намудани механизаторон бевосита дар давраи корхои мавсимй дар сахро ташкил карда шуд. Соли 1942 бо усули омузиши инфиродй дар Точикистон бояд 1314 нафар мутахассис-тракторчиён омода карда мешуданд [17,104].

Вазъияти таъмини хочагии кишлок бо кадрхои механизаторй, махсусан ронандагони трактор ва комбайнронхо хамоно мураккаб бокй мемонд. Накшаи омода намудани кадрхои механизаторй соли 1942, аз чумла, ронандагони трактор 83%, саркорони бригадахои тракторй 45%, комбайнрон 63%, механикхои ПМТ 32% ва коргарони таъмиргар 43% ичро гардид [13, 174].

Дар мачмуъ, соли 1942 вилояти Кулоб ба муваффакиятхои зиёде дар масъалаи омоданамой ва омузонидани кадрхои сохаи кишоварзй ноил гардид. Дар ин сол вилоят дар мачмуъ 1929 нафар мутахассисони касбиро омода намуд [3].

Еайр аз ин, соли 1942 дар вилоят аз хисоби омузиши инфиродй 180 нафар ронандагони трактор, ки аз онхо 40 нафараш занон, 11 нафараш комбайнрон (6 нафарашон занон), 6 нафар ёвари комбайнрон, 6 нафар ронандагон, 7 нафар слесархо, 7 нафар охангарон, 5 нафар челонгарон, ки 2 нафари онхо занон омода карда шуданд [3]. Инчунин, 106 нафар мухосибони колхоз, ки 52 нафари онхо занон ва 4 нафар маъюбони Чднги Бузурги Ватанй буданд тайёр карда шуданд [3].

Еайр аз ин, Кумитаи хизбии вилояти Кулоб чавононро ба вилояти Ле-нинобод ва нохияи Шахринав бо максади омода намудани кадрхои механи-заторй фиристод. Соли 1942 дар мактабхои омоданамоии механизаторони хочагии кишлок: механизаторони ПМТ-15 нафар, механики бригадавй - 45 нафар, комбайнрон-10 нафар ва ронандагон-13 нафар тахсил намуданд [3].

Албатта, ин хама хануз хочагии кишлоки вилоятро бо кадрхо пурра таъмин намекард. Аммо эхтиёчи колхозхои вилоятро ба инобат гирифта, шумораи курсхо ва семинархои омузиширо дар вилоят зиёд карданд. Зеро, колхозхои вилоят ба коргарони сохибихтисос бештар ниёз доштанд. Масъа-лаи тарбияи кадрхо дар нохияхои Колхозобод (холо нохияи Ч,алолуддини Балхй), Кулоб ва Кдзилмазор (холо нохияи Темурмалик) хеле хуб ба рох монда шуда буд.

9 январи соли 1943 ШКХ ИЧ,ШС ва КМ ДК(б) карор «Оид ба тайёр кар-дани ронандагони трактор, комбайнронхо, механикхо ва саркорони брига-дахои тракторй дар МТС ва совхозхо»-ро кабул кард [17, 106]. КМ ДК(б) ва Дукумати Шуравй кори омода кардани кадрхои хочагии кишлокро гайриканоатбахш хисобид. Инчунин кайд гардид, ки гузаронидани корхои хочагии кишлок дар соли 1943 аз таъмини пурра ва саривактии Пойгохи мошину тракторй ва совхозхо аз мутахассисони баландихтисоси механиза-торй вобастагии зиёд дорад. Барои ин ба органхои хизбй ва хукуматй супориши мушаххас дода шуда буд, ки мактабхо ва омузишгоххо (курсхо)-ро бо омузгорони баландихтисос таъмин намоянд.

Барои ичроиши ин карор 3 марти соли 1943 ШКХ Ч,ШС Точикистон ва КМ ДК(б) Точикистон карор «Дар бораи тайёркунии кадрхои механизаторй барои соли 1943 дар совхозхо»-ро кабул кард [9, 108]. Дар карори мазкур накшаи тарбияи кадрхои мошинсоз дар совхоз барои соли 1943 дар курсхо ва дар таълими инфиродй 540 нафар бо таксимот аз руйи ихтисосхо тасдик карда шуд. Кумитахои ичроияи як катор шахру нохияхо, аз чумла Кумитахои ичроияи нохияи Дангараи вилояти Кулоб вазифадор шуда буданд, ки барои муайян кардани шахсоне, ки мактаб ва курсхоро хатм кардаанд, дар совхоз камтар аз 2 сол онхо ба кор таъмин карда шаванд. Дамин тарик, мухлати омузиши ронандагони тракторхо дар курсхо ва совхозхо хамагй 3 мох муайян карда шуда буд [9,108-109].

Дар ин асос ШКХ Ч,ШС Точикистон ва КМ ДК(б) Точикистон накшаи омода намудани механизаторонро дар совхозхои Ч,ШС Точикистон барои соли 1943 тасдик кард. Мувофики ин накша тайёр кардани ронандагони трактор ба микдори 265 нафар, комбайнронхо 9 нафар, ёрдамчиёни комбайн-

рон 13 нафар, механикхо 21 нафар, саркорони бригадахои тракторй 137 нафар, ронандахо 32 нафар ва коргарони таъмиргар 63 нафар дар назар буд [9,109]. Таълими ронандагони трактор ва коргарони таъмиргар дар курсхо ва инчунин дар назди совхозхо гузаронида мешуд. Комбайнронхо, ёрдамчиёни онхо ва механизаторхо дар совхози ба номи Киров, дар Пойгохи мошину трактории нохияи Дангара омода карда мешуданд. Саркорони бригадахои тракторй дар совхози «Вахш» таълим гирифта, сипас хамаи таълимгиранда-гони совхозхо дар мактабхои механизатории Комиссариати халкии кишоварзй ба тахсил фаро гирифта мешуданд. Ронандахо бошанд дар совхози ба номи Киров ва мактабхои механизатории Комиссариати халкии кишоварзй омода карда мешуданд [9,109-110]. Умуман гирем, соли 1943 накшаи омода кардани кадрхои механизаторй барои хочагии кишлок дар колхозу совхозхои чумхурй хамагй 77% ичро гардиду халос.

Соли 1943 ташкилоти хизбй ва Шурои нохияи Сарихосор бо максади тайёр кардани кадрхои хочагии кишлок аз хисоби занхо корхои назаррасро ба анчом расониданд. Дар нохия 91 нафар колхозчиён ва колхозчизанон курсхои кутохмуддати сардорони бригада, говчушй ва пиллачигиро хатм намуда, аз руйи ихтисосхои омухтаашон ба кор таъмин карда шуданд [11].

Дар давоми солхои чанг хангоми халли масъалаи кадрхои оммавии дехот макомоти махаллй ба чалби занони бекор дар истехсолот таваччухи хосаи худро медоданд. Аксари колхозчиён ва коргарони вилоят ба фронт рафта буданд. Дар баъзе колхозхои вилояти Кулоб, хусусан дар дехахои атрофи шахр, занхо хатто пеш аз чанг накши басо хам мухим доштанд.

Кумитаи ичроияи Шурои депутатхои халкии мехнаткашони вилояти Кулоб ба кори тайёр намудани кадрхои мухандисию техникй ба чойи мар-дони ба фронт рафта, дар солхои чанг ба занон диккати чиддй медод.

Ин масъала доимо дар мачлисхои машваратии Комичроияи вилоят мавриди мухокима карор мегирифт. Бояд гуфт, ки дар арафаи Чднги Бузурги Ватанй дар хочагии халки чумхурй 149 хазор нафар коргарон мавчуд буданд. Масалан, сахми занхо аз руйи шумораи умумии коргарон ва хизматчиён дар хочагии халки Чумхурии Точикистон соли 1941-55%, соли 1942-53,4%, соли 1944-57,4% ва соли 1945-55,3%-ро ташкил медод. Дар заводхои пахта-тозаку-нии шахри Кулоб 69% ва дар заводи пахтатозакунии нохияи Фархор 66%-и коргаронро занхо ташкил мекарданд [19, 270-271].

Дар солхои чанг занон мардони ба фронт рафтаистодаро иваз мекарданд. Онхо тавонистанд, ки дар як муддати кутох касбхои ронандаи трактор, комбайн ва ихтисосхои дигарро азхуд кунанд [12, 24]. Ба гайр аз ин, занон дар корхои рохбарикунанда низ дар солхои чанг баробари мардон фаъолият мекарданд. Масалан, яке аз занхои мехнаткаши вилояти Кулоб, ки дар вазифахои сардори бригада, раиси колхоз, Раиси Комичроияи нохияи Кулоб, дорандаи ду ордени Ленин, орденхои «Байраки сурх», «Шараф» ва дигар мукофоти давлатй Гавхар Шарифова мебошад. Вай нисбат ба оилахои Аскарони Сурх, маъюбони Ч,анги Бузурги Ватанй, бо писарони ятиму бекас бо як хисси гамхории беназир муносибат мекард. Хонахои онхоро таъмир

мекард, ба маъюбони чанг дасти ёрй дароз менамуд [15, 210-211]. Дар баробари ин, зани кахрамон номи Оиша Сарварова, Зебо Гадоева, Туйдй Бобиева, Хуморбй Зарифова ва дигар занони диловару захматкарини вило-яти Кулобро бояд гирифт, ки бо мехнати шабонарузии худ дар ин давраи душвор барои таъмини фронт бо маводи хурокаю пушока рузи галабаро наздик мекарданд.

Теъдоди умумии коргарон ва хизматчиён дар хочагии кишлоки Точикис-тон соли 1945 - 55,3 %-ро занхо ташкил медоданд [19, 271]. Чунин афзоиши фаъолнокй ва макоми ичтимоии занон чанбахои манфии худро доштанд. Дар солхои чанг, дар шароити сахт ва гуруснагй, ки аз хад зиёд кори хочагии кишлок мекарданд, занони коргар наметавонистанд ба оилахои худ таваччу-хи зиёд диханд, ки ин ба зиндагии шахсии онхо таъсири манфй мерасонд.

Дар рузхои аввали чанг, Дукумати Шуравй масъалаи таксимоти окило-наи захирахои мехнатиро ба миён овард ва мачбур шуд, ки барои таъмини ахолии кобили мехнат ба истехсолот як катор чорахои фавкулода андешад, аз чумла чалби ахолии шахр ба корхои кишоварзй. ШКХ ИЧ,ШС ва КМ ДК (б) карор «Дар бораи тартиби сафарбаркунии ахолии кобили мехнат шахрхо ва дехот ба корхои кишоварзй дар колхозхо, совхозхо ва МТС-хо»-ро кабул кард [16, 388-389].

Мувофики карор, ба Шурои Комиссарони халкии чумхурихои аъзои ит-тиход, Кумитахои ичроияи вилоятй ва нохиявй соли 1942 ичозат до да шуд, ки дар даврахои шадиди корхои кишоварзй барои чалби ахолии шахрнишини бекор, инчунин шахсоне, ки дар корхонахои саноатй кор намекунанд ба кор фиристода шаванд. Сафарбаркунии ахолии шахр ба корхои кишоварзй дар солхои чанг хеле ёрии калон расонид.

Дукумати Шуравй кушиш мекард, ки норасоии кувваи кориро дар сохаи кишоварзй бо рохи мачбур кардани садхо хазор нафар ба корхои кишоварзй чуброн намояд. Бо вучуди ин, хамасола имкониятхои сафарбаркунй кам мегардиданд. Бинобар ин, яке аз имкониятхои халли масъалаи кадрй дар сол-хои Ч,анги Бузурги Ватанй чалб намудани наврасон ва кудакон ба корхои кишоварзй ба хисоб мерафт. Дукумати ИЧ,ШС ба макомоти чумхуриявй, ви-лоятй ва нохиявй ичозат дод, ки хонандагони синфхои 7-10-и мактабхои миёнаи нопурра ва миёнаро бо тартиби муташаккилона ба корхои кишоварзй чалб намоянд [5]. Вобаста аз синну сол ва хусусияти кор барои онхо аз 6 то 8 соат рузи корй мукаррар карда шуд. Бригадахо аз писарон ва духтарон алохида ташкил карда шуданд, ки ба онхо муаллимони мактаб сарварй мекарданд.

Дар вилояти Кулоб, дар фаслхои тобистон ва тирамохи соли 1941, иштироки наврасон дар корхои кишоварзй васеъ пахн шуд. Ин буд, ки мактабиёни нохияи Ховалинг дар давраи аз 22 июн то охири соли 1941 20758 рузи мехнатй кор карда, фаъолияти баланд нишон доданд [6, 283]. Тибки маълумоти оморй соли хониши 1941-1942 300 мактаби вилоят китъаи замини наздимактабй дошт, ки аз он чумла 611,16 гектар заминро дар бар мегирифт ва хонандагони мактабхои вилояти Кулоб таввасути кор дар заминхои

наздихавлигии мактаб дар истехсолоти кишоварзй ба таври фаъолона иштирок мекарданд.

Дар мактабхо пешакй гуруххои алохида барои писарон ва духтарон ташкил карда мешуданд. Дар як бригада ухдадор мешуд, ки аз 15-20 кас зиёд набошад. Сардори бригада муаллиме таъйин карда мешуд, ки у ба тамоми кори бригада масъул буд ва хамзамон рафти фаъолиятро назорат мекард.

Соли хониши 1943-1944 китъаи замини наздимактабй, ки дар онхо факат галладона кошта мешуд, 547,70 гектарро ташкил медод. Хдмон сол дар 44,32 гектар китъаи замин картошка, пиёз, сабзй ва дигар намудхои сабзавот кошта шуда буд [1,31]. Аз он чумла, мактаббачагони колхози ба номи Максим Горкийи нохияи Ховалинг - Алиев М. 115, Азимов Х. 65, Миралии В. 51 ва Анвар Ч,. 125 рузи корй доштанд. Хонандагон то санаи 4 сентябри соли 1942 аз 30 то 50 рузи мехнат доштанд. Мактаббачагони ин колхоз баъд аз дарсхо ба сахро баромада, нормаи харрузаашонро барзиёд ичро мекарданд [2].

Хдмин тарик, мактабхои миёна дар рафти ичрои корхои кишоварзй фаъолона иштирок карданд. Аз чумла, дар тули чор соли чанг дар майдони колхоз такрибан 300 хазор нафар хонандагон ва 9 хазор нафар муаллимон кору фаъолият мекарданд, ки садхо хазор рузи кориро ташкил мекард [10, 76]. Як-чоя бо калонсолони кобили мехнат хазорхо нафар хонандагон дар истехсолоти коллективии вилояти Кулоб фаъолона ширкат варзиданд ва дар халли мушкилоти норасоии кадрхои хочагии кишлок сахми муносиби худро гузоштанд.

Талабот ба кадрхои хочагии кишлок соли 1944 хам каноатбахш набуд. Карори ШКХ ИЧШС №1616 аз 22 ноябри соли 1944 «Дар бораи тайёр кардани ронандагони трактор, комбайнронхо, бригадирхои тракторй, ронан-дахо ва механизаторон барои МТС ва совхозхоро кабул кард. Мувофики ин карор дар тамоми Иттиходи Шуравй дар мачмуъ дар курсхои назди ПМТ 167650 нафар ронандагони трактор тайёр карда шуданд [4], ки барои ПМТ Точикистон шумораи ихтисоршудаи накшаи тайёр кардани 2200 нафар рост меомад, ки умуман ичро нашуд [13,175].

Омода намудани кадрхои хочагии кишлок солхои 1944-1945 дар Пойгохи мошину трактории вилояти Кулоб хам гайриканоатбахш буд. Масалан, Пойгоххои мошину трактории манотики Кулоб, Муъминобод ва Дахана соли 1944 омода кардан ва такмили ихтисоси кадрхои механизаториро пурра ба анчом нарасонданд. Соли 1945 бошад ташкили курсхо барои тайёр кардан ва такмили ихтисоси ронандагони тракторхо дар Пойгохи мошину трактории Кулоб ва Дахана кофй набуд.

Барои омода кардани кадрхои умумии колхозй дар шахри Кулоб барои накшаи рушди нохияхо машгулияти омузишй гузаронида нашудааст. Аз ин ру, сатхи тайёр кардани кадрхо барои сохаи кишоварзй дар соли 1945 нисбат ба солхои 1943-1944 пасттар буд. Бо ин максад, Кумитаи ичроияи Шурои депутатхои мехнаткашони вилояти Кулоб барои соли 1945 накшаи тарбияи кадрхои колхозии дорои ихтисосхои оммавиро тартиб дод, ки мувофики ин

накша дар тамоми вилоят соли 1945 дар мачмуъ 4997 нафар мутахассисони колхозии дорои ихтисосдои оммавй, аз он чумла, мутахассисони содаи замин-дорй, мудирони фермадои чорводорй, саркорон ва родбарони гуруддои пила-парварй, токпарварй, тутпарварй, гуруддои заминдорй, мутахассисони содаи тухмшиносони галла, гурухдои хошоктайёркунии хуроки чорво, дисобдорони колхозй, саркорон ва родбарони гурухдои сабзавотпарварй, ташкилоти мубо-ризабаранда бар алайди дашароти зараровари мадсулоти хочагии кишлок, занбури асалпарварй, алафмайдакунакдо ва алафдаравдо, гусолабон ва гов-чушдо, обмондо, плугчй, тухмипошдо, подабондои чорвои калони шохдор, чупондои молдои майда, парандапарвардо омода мекарданд.

Хдмин тарик, дар давраи Чднги Бузурги Ватанй аз вилояти Кулоб кисми зиёди мутахассисони хочагии кишлок ба чабда сафарбар карда шуданд. Ин долат иваз намудани мутахассисон, масъалаи тайёр кардан ва бозомузии кадрдои хочагии кишлокро ба вучуд овард. Дар шароити чанг, муассисадои таълимй дар курсдои омузишй тибки барномаи зудамалкунанда гузаронида мешуданд, ки сифати тайёр кардани кадрдоро кодиш медод. Пойгоди сусти таълимй ва моддй, набудани озмоишгоддо ва устохонадои таълимй дар бис-ёре аз муассисадои таълимй, нарасидани кадрдои омузгорй ва донишчуйён, камбудидои асосии тайёр кардани кадрдои содаи кишоварзй буданд. Дар натичаи омузиши накшадои тайёркунии кадрдои хочагии кишлок дар солдои чанг, маълум гардид, ки накшаи омода кардани кадрдои содаи кишоварзй деч год пурра ичро намегардид.

АДАБИЁТ

1.Абдуллоев М. Х. Аз таърихи мухтасари мактабдои Шуравй дар Кулоб. Душанбе. -

2007.

2.Азимов. Бачагони меднатдуст//Болшевики Ховалинг, 5 октябри соли 1942.

3.Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ч,умдурии Точикистон (БДТН Ч,Т). Ф. 3. Р. 126. П.185. В. 141.

4.Постановление СНК СССР № 1616 от 22 ноября 1944 г. «О подготовке трактористов, комбайнеров, бригадиров тракторных бригад, шоферов и механиков для МТС и совхозов Наркомсовхозов»//Документы советской эпохи. Документальные комплексы. -URL: http:// sovdoc.rusarchives.ru/docs/(санаи ворид 22.06. 2021).

5.Постановление СНК СССР № 1802 от 2 июля 1941 г. «О привлечении учащихся 7-10 классов неполных средних и средних школ к сельскохозяйственным работам»//Документы советской эпохи. Документальные комплексы. -URL: http://sovdoc.rusarchives.ru/docs/(санаи ворид 22. 06.2021).

6.Амир С. М. Ёхсу, очеркдои илмй-оммавй. Душанбе, 2014, с.263.

7.Бойгони давлатии вилояти Хатлон дар минтакаи Кулоб (БДВХК). Ф. 7. Р. 1. П. 24. В. 121.

8.БДВХК. Ф. 7. Р. 1. П. 24. В. 73.

9.Из истории совхозного строительства в Таджикской ССР (1929-1970 гг.): (Сб. документов и матлов). Душанбе: Ирфон, 1989.

10.История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история) Под общей редакцией академика Академии наук Республики Таджикистан Р. М. Масова. -Душанбе: «Империал-Групп», 2011.

11.Кадрдои нави хочагии кишлок тайёр мекунем//Х,акикати Кулоб. № 21 (736), 9-уми майи соли 1943.

12.Масов Р. Таджикистан в годы Великой Отечественной войны (Историографической обзор)//Советский Таджикистан в Отечественной войны (1941-1945 гг.), Душанбе. -1975.

13.Очерк истории колхозного страительства в Таджикистане (1917-1965 годы). -Душанбе: Дониш, 1968.

14.Правда. 11 сентябри соли 1941.

15.Рахмонов Ч,., Иброхимов И., Даминзода С. Абадзиндахо. Кулоб, 2015 (нусхаи элек-тронй).

16.Сборник указов, постановлений и распоряжений. 1941-1945.

17.Сечкина Л. П. Таджикистан в годы Великой Отечественной войны 1941-1945. -Душанбе: Дониш, 1989.

18.Холчураев X,., Набиев А. Татбики сиёсати аграрии КПСС дар Точикистон. -Душанбе: Ирфон, 1976.

19.Шарифов Д. Мачмуи рисолахои таърихй ва адабй. -Душанбе, 2013.

МАСЪАЛА^ОИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ СО^АИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ КУЛОБИ ЧШС ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛ^ОИ ЧАНГИ

БУЗУРГИ ВАТАНИ (1941-1945)

Дар мак,ола масъалахои омода намудани мутахассисон барои сохаи хочагии к,ишлок,и вилояти Кулоби ЧШС Точикистон дар солхои Чанги Бузурги Ватанй мавриди баррасй карор гирифтааст.

Муаллифон шаклу натичахои таълими кадрхо, аз он чумла, омузиши онхоро дар курсхо ва семинархои нохиявй, вилоятй ва байниминтакавй, инчунин омузиши механизаторонро дар мактабхои механизатсия, курсхои пойгоххои мошину тракторй ва натичахои ташаккули механиконии оммавй дар замони Чанги Бузурги Ватаниро мухтасар мунъакис кардаанд.

Хамин тарик,, дар давраи Чанги Бузурги Ватанй аз вилояти Кулоб кисми зиёди мутахассисони хочагии кишлок ба фронт сафарбар карда шуданд. Ин холат иваз намудани мутахассисон, масъалаи тайёр кардан ва бозомузии кадрхои хочагии кишлокро ба вучуд овард.

Инчунин муаллифон дар маколаи худ ёдовар мегарданд, ки дар давраи чанги мазкур, муассисахои таълимй дар курсхои омузишй тибки барномаи зудамалкунанда гузаронида мешуданд, ки сифати тайёр кардани кадрхоро нисбатан кохиш медод. Пойгохи сусти таълимй ва моддй, набудани озмоишгоххо ва устохонахои таълимй дар бисёре аз муассисахои таълимй, хамзамон нарасидани кадрхои сохаи омузгорй ва донишчуйён, камбудихои асосии омода кардани кадрхои сохаи кишоварзй махсуб меёфтанд.

Калидвожа^о: кадр^ои соуибихтисос, тракторчй, даравгар, директор, колхоз, совхоз, агроном, колхозчй, раиси колхоз, мактаббачагон, занон.

ПРОБЛЕМЫ ПОДГОТОВКИ КАДРОВ ДЛЯ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА КУЛЯБСКОЙ ОБЛАСТИ ТАДЖИКСКОЙ ССР В ГОДЫ ВЕЛИКОЙ ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ВОЙНЫ (1941-1945 гг.)

В статье рассматриваются вопросы подготовки кадров для работы в области сельского хозяйства Кулябской области Таджикской ССР в годы Великой Отечественной войны. Авторы освещают формы и результаты обучения кадров, включая их обучение на районных и межрайонных, региональных и межрегиональных курсах и семинарах, а также подготовка механиков в школах механизации, курсах на машинно-тракторных базах и результаты формирования массовой механизации в военное время.

Также в статье авторы упоминают, что в годы войны учебные заведения проводили курсы обучения по ускоренной программе, что снижало качество подготовки кадров. Слабая учебно-материальная база, отсутствие во многих учебных заведениях лабораторий и учебных мастерских, нехватка профессорско-преподавательского состава и студентов были основными недостатками подготовки сельскохозяйственных кадров.

Ключевые слова: квалифицированные кадры, тракторист, комбайн, директор, кол-хоз, совхоз, агроном, колхозник, председатель колхоза, школьники, женщины.

PROBLEMS OF TRAINING STAFF FOR AGRICULTURE OF THE KULYAB REGION OF THE TAJIK SSR DURING THE GREAT PATRIOTIC WAR (1941-1945)

The authors in the article considers the issues of training personnel for work in the field of agriculture in the Kulyab region of the Tajik SSR during the Great Patriotic War. The authors highlights the forms and results of personnel training, including their training at district and interdistrict, regional and inter-regional courses and seminars, as well as the training of mechanics in mechanization schools, courses at machine and tractor bases and the results of the formation of mass mechanization in wartime.

Also in the article, the authors mentions that during the war years, educational institutions conducted courses on an accelerated program, which reduced the quality of training. A weak educational and material base, the absence of laboratories and training workshops in many educational institutions, a shortage of faculty and students were the main shortcomings in the training of agricultural personnel.

Key words: qualified personnel, tractor driver, combine, director, collective farm, state farm, agronomist, collective farmer, collective farm chairman, schoolchildren, women.

Сведения об авторах: Исуфов Шердил Натанович - Кулябский государственный университет имени А. Рудаки, старший преподаватель кафедры истории таджикского народа. Адрес: 735360, Республика Таджикистан, город Куляб, улица С. Сафарова 16. Тел: (+992) 988026304, E-mail: [email protected].

Сайнаков Сайнак Парпишоевич - Институт истории, археологии и этнографии имени А. Дониша НАНТ, кандидат исторических наук, доцент, ведущий научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33; тел: (+992) 934162099), E-mail: [email protected]; saynak.rushon. [email protected]

Information about the authors: Isufov Sherdil Vatanovich - Kulyab State University named after A. Rudaki, Senior Lecturer at the Department of History of the Tajik People. Address: 735360, Republic of Tajikistan, Kulyab city, S. Safarov street 16. Phone: (+992) 988026304, E-mail: [email protected].

Saynakov Saynak Parpishoevich - A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Candidate of Historical Sciences, Leading Researcher of the Department of Ancient, Medieval and New History. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33.; тел: (+992) 934162099), Rudaki Ave.E-mail:[email protected]; [email protected]

4-»

УДК 656.8 (575.3) (09)

РУШДИ АЛОКАИ ПОЧТА ДАР СОЛДОИ 60-80-УМИ АСРИ ХХ

АЛИМОВ Д. Х., КУРБОНОВ М. М., Донишгох,и давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Анчумани XXIV Х,КИШ ба мардалаи нави сохтмони коммуниста дар мамлакатамон ибтидо гузошт. Дар директиваи анчуман оид ба накшаи панч-солаи тараккиёти хочагии далки ИЧ,ШС барои солдои 1971-1975 барномаи бузурги сохтмони иктисодй, далли мудимтарин масъаладои ичтимой-иктисо-дии тараккиёти чамъият муайян карда шуда буд [5,32].

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.