Научная статья на тему 'ТАЪМИНИ СИФАТИ САНАДЊОИ ТАТБИЌИ ЊУЌУЌИ МАЌОМОТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ'

ТАЪМИНИ СИФАТИ САНАДЊОИ ТАТБИЌИ ЊУЌУЌИ МАЌОМОТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
санадњои татбиќи њуќуќ / санадњои њуќуќї / санадњои меъёрии њуќуќї / татбиќи њуќуќ / сифат / сифати санадњои татбиќи њуќуќ / нишонањои сифатнокии санадњои татбиќи њуќуќ / мањакњои бањодињии сифати санадњои татбиќи њуќуќ / самаранокии санадњои татбиќи њуќуќ / самаранокии фаъолияти татбиќи њуќуќ. / акты применения права / правовые акты / нормативные правовые акты / применение права / качество / качество актов применения права / свойства качественности актов применения права / критерии оценки качества актов применения права / эффективность актов примене-ния права / эффективность деятельности по применению права.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Шарофзода Р.Ш.

Дар маќола љанбањои гуногуни масъалаи сифати санадњои татбиќи њуќуќ њамчун омили таъмини самаранокии фаъолияти субъектон дар соњаи татбиќи њуќуќ тањќиќ карда меша-вад. Аз љониби муаллиф таърифи илмии мафњумњои калидии зерин пешнињод мешавад: «сифати санадњои татбиќи њуќуќ, аз ќабили «нишонањои сифатнокии санадњои татбиќи њуќуќ», «мањакњои бањодињии сифати санадњои татбиќи њуќуќ», «мањакњои њуќуќии сифати санадњои татбиќи њуќуќ, «мањакњои умумииљтимоии сифати санадњои татбиќи њуќуќ». Масъалаи сифати санадњои татбиќи њуќуќ дар робита бо мафњуми «сифат», истифодаи он дар фалсафа ва илмњои дигар, мафњум ва аломатњои санадњои татбиќи њуќуќ, категорияи «шакл ва мазмун» тањлил карда мешавад. Мафњуми самаранокии фаъолияти татбиќи њуќуќ, мањакњои самаранокии санадњои татбиќи њуќуќ, таносуби мањакњои њуќукї ва воќе-ии самаранокии санадњои татбиќи њуќуќ тањлил карда мешавад. Дар мисоли ќонунгузо-рии Љумњурии Тољикистон таносуби шакл ва мазмуни санадњои татбиќи њуќуќ тањќиќ мешавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ENSURING THE QUALITY OF ACTS OF APPLICATION OF THE LAW OF THE BODIES OF THE INTERNAL AFFAIRS

В статье исследуются различные аспекты проблемы качества актов применения права как условия обеспечения эффективности деятельности субъектов по применению права. Предлагается авторское определение ключевых понятий: «качество актов применения права», «свойства качества актов применения права», «критерии оценки качества актов применения права», «юридические критерии качества актов применения права», «общие социальные критерии качества актов применения права». Проблема качества актов при-менения права анализируется в контексте понятия «качество», его применения в филосо-фии и других науках, понятия и признаков актов применения права, категории «форма и содержание». Анализируются понятие эффективности деятельности по применению пра-ва, критерии эффективности актов применения права, соотношение юридического и ре-ального критерия актов применения права. На примере законодательства Республики Та-джикистан анализируется соотношение формы и содержания актов применения права.

Текст научной работы на тему «ТАЪМИНИ СИФАТИ САНАДЊОИ ТАТБИЌИ ЊУЌУЌИ МАЌОМОТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ»

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (57). 2023 Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (57). 2023

ТДУ 340.111.5

ТАЪМИНИ СИФАТИ САНАДХОИ ТАТБИЦИ ^УЦУЦИ МАЦОМОТИ

КОР^ОИ ДОХИЛИ

ОБЕСПЕЧЕНИЕ КАЧЕСТВА АКТОВ ПРИМЕНЕНИЯ ПРАВА ОРГАНОВ

ВНУТРЕННИХ ДЕЛ

ENSURING THE QUALITY OF ACTS OF APPLICATION OF THE LAW OF THE BODIES OF THE INTERNAL AFFAIRS

Шарофзода Р.Ш.

(Сативалдыев Р.Ш.) Sharofzoda R.Sh. (Sativaldyev R.SH.)

Профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва %уцуци факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон, доктори илмхои ^уцуцшиносй, профессор Профессор кафедры теории и истории государства и права юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук, профессор Professor of the pulpit to theories and histories state and right of the law school of the Tadzhik national university doctor of the legal

sciences, professor

Ихтисоси илми: 12.00.01 - Назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат (5.1.1. Илмхои хукукии назариявй-таърихй).

Научная специальность: 12.00.01 - Теория и история права и государства; история учений о праве и государстве (5.1.1. Теоретико-исторические правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; history of the doctrines of law and the state (5.1.1. Theoretical and historical legal sciences).

Тацриздщанда: Нематов А.Р. - сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва хукуки ба номи А. Баховаддинови Академияи миллии илмхои Точикистон, доктори илмх,ои х,укук;шиносй, дотсент.

Рецезент: Нематов А.Р. - старший научный сотрудник Института философии, политологии и права имени А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, доцент.

Reviwer: Nematov A.R. - Senior Researcher at the Institute of Philosophy, Political Science and Law named after A. Bahovaddinov of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар макола чанбахои гуногуни масъалаи сифати санадхои татбики хукук хамчун омили таъмини самаранокии фаъолияти субъектон дар сохаи татбики хукук тахкик карда мешавад. Аз чониби муаллиф таърифи илмии мафхумхои калидии зерин пешниход мешавад: «сифати санадхои татбики хукук, аз кабили «нишонахои сифатнокии санадхои татбики хукук», «махакхои баходихии сифати санадхои татбики хукук», «махакхои хукукии сифати санадхои татбики хукук, «махакхои умумиичтимоии сифати санадхои татбики хукук». Масъалаи сифати санадхои татбики хукук дар робита бо мафхуми «сифат», истифо-даи он дар фалсафа ва илмхои дигар, мафхум ва аломатхои санадхои татбики хукук, кате-горияи «шакл ва мазмун» тахлил карда мешавад. Мафхуми самаранокии фаъолияти татбики хукук, махакхои самаранокии санадхои татбики хукук, таносуби махакхои хукукй

(Г\

iii

E-mail:

www-rustam-tj@mail.ru

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

ва вокеии самаранокии санадхои татбики хукук тахлил карда мешавад. Дар мисоли конун-гузории Чумхурии Точикистон таносуби шакл ва мазмуни санадхои татбики хукук тахкик мешавад.

Вожауои калиди: санадхои татбики хукук, санадхои хукукй, санадхои меъёрии хукукй, татбики хукук, сифат, сифати санадхои татбики хукук, нишонахои сифатнокии санадхои татбики хукук, махакхои баходихии сифати санадхои татбики хукук, самаранокии санадхои татбики хукук, самаранокии фаъолияти татбики хукук.

Аннотация: В статье исследуются различные аспекты проблемы качества актов применения права как условия обеспечения эффективности деятельности субъектов по применению права. Предлагается авторское определение ключевых понятий: «качество актов применения права», «свойства качества актов применения права», «критерии оценки качества актов применения права», «юридические критерии качества актов применения права», «общие социальные критерии качества актов применения права». Проблема качества актов применения права анализируется в контексте понятия «качество», его применения в философии и других науках, понятия и признаков актов применения права, категории «форма и содержание». Анализируются понятие эффективности деятельности по применению права, критерии эффективности актов применения права, соотношение юридического и реального критерия актов применения права. На примере законодательства Республики Таджикистан анализируется соотношение формы и содержания актов применения права.

Ключевые слова: акты применения права, правовые акты, нормативные правовые акты, применение права, качество, качество актов применения права, свойства качественности актов применения права, критерии оценки качества актов применения права, эффективность актов применения права, эффективность деятельности по применению права.

Annotation: The article examines various aspects of the problem of the quality of acts of application of law as a condition for ensuring the effectiveness of the activities of subjects in the application of law. The author's definition of key concepts is proposed: "the quality of acts of application of law", "properties of the quality of acts of application of law", "criteria for assessing the quality of acts of application of law", "legal criteria for the quality of acts of application of law", "general social criteria for the quality of acts of application of law". The problem of the quality of acts of application of law is analyzed in the context of the concept of "quality", its application in philosophy and other sciences, the concept and features of acts of application of law, the category "form and content". The concept of the effectiveness of activities for the application of law, the criteria for the effectiveness of acts of application of law, the ratio of legal and real criteria for acts of application of law are analyzed. On the example of the legislation of the Republic of Tajikistan, the correlation between the form and content of acts of application of law is analyzed.

Key words: acts of application of law, legal acts, normative legal acts, application of law, quality, quality of acts of application of law, properties of the quality of acts of application of law, criteria for assessing the quality of acts of application of law, effectiveness of acts of application of law, efficiency of activities for the application of law.

Макомоти корхои дохилй дар чара-ёни амалй намудани меъёрхои хукукй (Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бо-раи милитсия», Кодекси чиноятй, Кодекси мурофиаи чиноятй ва диг.) санадхои татбики хукук кабул мекунанд. Санадхои татбики хукук намуди сандхои хукукй буда, бо максади татбики меъёрхои хукукй

дар холатхои мушаххас ва нисбат ба шах-сони муайян кабул мешаванд. Макомоти корхои дохилй дар рафти фаъолияти касбй (оперативй-чустучуй, тафтишотй, маъмурй, ташкилй-кадрй ва дигар) наму-дхои гуногуни санадхои татбики хукук кабул мекунанд.

Санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй дар робита бо самтхои фаъолияти макомоти мазкур намудхои гу-ногун доранд. Чунончи, дар чараёни

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

фаъолияти маъмурии макомоти корхои дохилй санадхои маъмурии расмиётй, назоратию санчишй, ичозатдиханда, бакайдгиранда, манъкунанда, ташкилй-хукукй кабул мешаванд.

Дар асархои илмй ба мафхум, хусуси-ятхо, намудхои санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй таваччухи зиёд зохир мешавад [5; 7; 12; 22].

Санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй бештар дар робита бо фаъолияти маъмурии макомоти корхои дохилй, риояи расмиёти маъмурй тахкик мешаванд [2; 3; 13; 23]. Айни замон са-надхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй дар сохахои дигари фаъолияти онхо низ кабул мешаванд.

Сифати санадхои татбики хукук омили фаъолияти самараноки макомоти корхои дохилй дар самти татбики меъёрхои хукукй махсуб мешавад. Хуло-саи мазкурро холатхои зерин собит мена-моянд:

а) санадхои мазкур кафолати ичрои вазифахои касбии макомоти корхои до-хилй, конеъ гардидани талабот ва ман-фиатхои конунии субъектони гуногуни фаъолияти хукуктатбиксозии макомоти мазкур мебошанд;

б) санадхое, ки бо риояи тартиби (мурофиаи) кабул ва коидахои техникаи хукукй кабул мешаванд, самаранокии фаъолияти татбики хукукро таъмин меку-нанд;

в) санадхои мазкур чамъу санчиши хамаи холатхои вокей ва хукукиро дар назар дошта, сифати онхо барои ноил гар-дидан ба хадафхои фаъолияти касбии макомоти корхои дохилй мусоидат меку-над;

г) санадхои хукуктатбиккунандаи бо-сифати макомоти корхои дохилй дар за-минаи санадхои меъёрии хукукии дахлдор (Конститутсия, Кодекси мурофиавии чиноятй, фармоишхои Вазорати корхои дохилй, дастурамалхо ва дигар) кабул гар-дида, нишонаи конунй будани онхост.

Сифати санадхои татбики хукукро дар робита бо категорияи фалсафии «сифат» мебояд тахкик намуд. Калимаи «сифат» аз лихози этимологй нишонахои фарккунандаи предмет ё падидахоро дар

назар дорад. Дар илми фалсафа катего-рияи «сифат ва микдор» тарафхои мухимми вокеияти объективиро муайян мекунад. Дар заминаи ин нишонахо мансубияти объект ба гурухи объектхои наздик муайян карда мешавад. «Сифат» барои муайян намудани хастии объект ис-тифода мешавад [11, с. 216].

Дар илмхои дакик категорияи «си-фат» бо максади пешниходи стандартхои сифат истифода мешавад. Дар илмхои иктисодй мафхуми «сифат» (сифати махсу-лот, сифати хизматрасонй) бо максади му-айян намудани сатхи конеъ гардидани та-лаботи истеъмолкунандагон истифода ме-шавад. Стандартхои сифатнокй аз тарафи Ташкилоти байналмилалии СММ оид ба стандартизатсия, Ташкилоти байналмила-лии тандурустй (стандартхои сифати хиз-мати тиббй), дар сохахои гуногуни фаъолияти мехнатй (стандартхои сифати мехнат) муайян карда мешаванд [18, с. 2526]. Дар илми хукукшиносй мафхуми «сифат» барои баходихй ба падидахои хаёти хукукй истифода мешавад (сифати фаъолияти хукукэчодкунй, сифати конун, сифати санадхои татбики хукук ва гайра).

Бо дарназардошти асосхои илмй-ме-тодологии фалсафй сифати санади татбики хукуки макомоти корхои дохилй дар робита бо мачмуи нишонахои ин са-надхо бояд муайян карда шавад. Нишо-нахое, ки сифати санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилиро муайян меку-нанд, нишонахои сифатнокии санадхои мазкурро ташкил медиханд. Нишонахои сифатнокии санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй

мачмуи аломатхо ва хусусиятхои санадхои татбики хукуки мазкур мебошанд, ки дар мачмуъ сифати онхоро дар робита бо та-фовуташон аз дигар санадхои хукукй ифода мекунанд.

Ин нишонахо низоми муташаккило-наро ташкил дода, ба намудхои зерин чудо мешаванд:

1) нишонахое, ки аломатхои ин са-надхоро дар тафовут аз санадхои меъёрии хукукй ва дигар санадхои хукукй муайян мекунанд;

2) нишонахое, ки зимни риояи ко-идахои техникй-хукукй зохир мешаванд;

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

3) нишонахое, ки хусусиятхои ин са-надхоро хамчун мушаххаскунанда ва фар-дикунандаи меъёрхои умумии хукукй муа-йян мекунанд;

4) нишонахое, ки хусусияти санадхои мазкурро хамчун воситаи танзими хукукии муносибатхои маъмурй, опера-тивй-чустучуй, тафтишотй ва дигар муа-йян мекунанд;

5) нишонахое, ки хусусияти ин са-надхоро хамчун падидаи ичтимой-хукукй (инъикоскунандаи талаботи хаёти чомеа ва талаботи конунгузорй) муайян меку-нанд;

6) нишонахое, ки хусусияти санадхои зикршударо хамчун падидаи хаёти фархангй, инъикоскунандаи сатхи шуури хукукй ва фарханги хукукии кормандони макомоти корхои дохилй, сатхи омодагии касбии онхо мекунанд.

Сифати санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй дар заминаи риояи махакхои муайяни сифатнокии ин санадхо таъмин мешавад. Махакхои си-фатнокии санадхои татбики хукуки мако-моти корхои дохилй талаботи ичтимой-хукукй мебошанд, ки ба ин санадхо пеш-ниход гардида, нишонахои сифатнокии онхоро инъикос мекунанд. Ин махакхо ба умумиичтимой ва хукукй чудо мешаванд.

Махакхои умумиичтимой, ки муво-фикати мазмуни санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилиро ба талаботи ичтимой ифода мекунанд, низоми зерин доранд:

1) махакхои инъикоси талаботи ха-ёти чомеа;

2) махакхои моддй-молиявй;

3) махаки иктисодй;

3) махакхои ичтимой (инъикоси ман-фиатхои ичтимоии кормандони макомоти корхои дохилй дар сохаи музди мехнат ва гайра);

4) махаки фархангй-хукукй (кабули санадхои татбики хукук бо дарназа-рдошти анъанахои миллй, одатхои касбии макомоти корхои дохилй, риояи конунхои миллй ва гайра);

5) махаки сиёсй (кабули санадхои татбики хукук бо дарназардошти хадафхо ва афзалиятхои сиёсати давлати Точики-стон).

Махакхои хукукии сифати санадхои татбики хукук нишонахое мебошанд, ки мутобикати санадхои татбики хукукро ба талаботи хукукй ифода мекунанд. Махакхои мазкур намудхои зерин доранд:

1) махакхое, ки сатхи татбики меъёрхои конунгузориро дар фаъолияти макомоти корхои дохилй бо дарназа-рдошти холатхои мушаххас муайян меку-нанд;

2) махакхое, ки накши санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохи-лиро дар танзими хукукии муносибатхои тафтишотй, маъмурй ва дигар муаян меку-нанд;

3) махакхое, ки аз мутобикати са-надхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй ба конунгузорй далолат мекунанд;

4) махакхое, ки инъикоси арзишхои ахлокй, аз чумла, меъёрхои Кодекси одобро дар санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй муайян меку-нанд;

5) махакхое, ки накши санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохи-лиро дар химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд муайян мекунанд);

6) махакхои техникй-хукукии са-надхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй.

Ба сифати санадхои татбики хукук омилхои объективй (шароити объективии хаёти чомеа, дигаргунихои чамъиятй, самтхои рушди ичтимой-иктисодй) ва субъективй (сатхи шуури хукукй, сифати тахсилоти касбии хукукшиносй, сатхи омодагии касбии субъектони

хукуктатбиккунанда, риояи коидахои тех-никй-хукукии омода намудани санадхои татбики хукук, риояи талаботи конунгу-зорй) таъсир мерасонанд.

Хднгоми тахкики сифати санадхои татбики хукук ба таносуби санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй бо санадхои меъёрии хукукй, санадхои хукукй, санадхои макомоти дигари хифзи хукук (судй, прокурорй, гумрукй ва ди-гар), хамчунин, шаклхои ифодаи санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй, мутбикати байни шакл ва мазмуни ин са-надхо, субъектони кабулкунандаи са-надхои мазкур мебояд эътибор дод.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

Мебояд зикр намуд, ки холо доираи субъектони кабулкунандаи санадхои татбики хукук дар робита бо фаъолияти хукуктатбиксозии хам макомоти давлатй ва хам ташкилотхои гайридавлатй васеъ гардида, бо ин санадхо муносибатхои гу-ногуни чамъиятй дар сохаи хукукэчод-кунй, фаъолияти мехнатй, хизматй, идора-кунй ва гайра танзим мешаванд [24, с. 17].

Дар натичаи мукоисаи санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй бо санадхои зикршуда хусусиятхои са-надхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй, ки сифати онхоро муайян меку-нанд, бештар зохир мешаванд. Муайян намудани хусусиятхои санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй барои аник намудани тафовути ин санадхо аз ди-гар санадхои татбики хукук (санадхои макомоти хокимияти ичроия, санадхои прокурорй, судй, гумрукй, нотариалй ва дигар) ва нишонахои сифатнокии са-надхои мазкур ахаммияти аввалиндарача дорад.

Санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй хусусиятхои зерин доранд:

1) санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй аз тарафи макомоти корхои дохилй дар доираи салохияти хокимиятии онхо кабул гардида, мазмуни хокимиятй доранд;

2) санадхои мазкур бо максади амалй намудани чорахои хифзи хукукй, аз он чумла чорахои чавобгарии хукукй (маъмурй, интизомй ва дигар), таъмини тартиботи чамъиятй, бехатарии харакати наклиёт ва гайра кабул мешаванд;

3) санадхои зикршуда бо максади гу-заронидани амалиёти тафтишотй, опера-тивй-чустучуй, кадрии ташкилй, моддй-молиявй ва дигар кабул мешаванд;

4) дар холатхои пешбининамудаи конун санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй дар давраи гузаронидаи амалиёти зиддитеррористй, зидди-нашъамандй ва дигар кабул мешаванд;

5) санадхои татбики хукуки мако-моти корхои дохилй дар робита бо самти асосии фаъолияти макомоти мазкур -мубориза бо чинояткорй, аз чумла, дар

иртибот бо истифодаи силохи оташфи-шон, аслихаи чангй, воситахои махсус ва гайра кабул мешаванд;

6) санадхои татбики хукуки мако-моти корхои дохилй бо максади амалй намудани вазифахои хизматии корман-дони макомоти корхои дохилй, ки вазъи хукукии махсуси кормандони мазкурро муайян мекунад, кабул мешаванд.

Хусусиятхои зикршудаи санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй зимни муайян намудани сифати ин са-надхо бояд ба инобат гирифта шаванд.

Санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй дорои аломатхои умумие мебошанд, ки ба хамаи санадхои татбики хукук тааллук доранд. Ба аломатхои са-надхои татбики хукук дар асархои илмй таваччухи зиёд зохир мешавад [1, с.79-81; 10, с. 16; 19, с. 331-332]. Дар заминаи ин аломатхо нишонахои умумй ва махакхои сифатнокии санадхои татбики хукук муа-йян карда мешаванд.

Санадхои татбики хукук аломатхои зерини умумй доранд:

- бо тартиби муайян ва дар шакли хуччати расмии хукукй кабул мешаванд;

- окибати хукукй доранд;

- бо риояи коидахои техникаи хукукй тахия карда мешаванд;

- аз тарафи макомоти давлатй кабул гардида, шакли амалй намудни салохияти хокимиятй мебошанд;

- шаклхои гуногун (фармон, фар-моиш, карор ва гайра) доранд, ки бо конун ва дигар санадхои меъёрии хукукй (низо-мномахо, оинномахо) мукаррар карда ме-шавад;

- хусусияти фардй дошта, нисбат ба шахсони муайян кабул мешаванд;

- санадхои мушаххас буда, меъёрхои умумии конунро дар холатхои мушаххаси хаётй татбик мекунанд;

- факти хукукй буда, асоси пай-доиш, тагйир ва катъи муносибатхои хукукй мебошанд;

- вазъи хукукии умумии субъектони хукукро дар холатхои чудогонаи хаётй ё нисбат ба шахсони муайян мушаххас меку-нанд;

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

- меъёрхои умумии хукукиро мукар-рар намекунанд ва сарчашмаи хукук не-станд.

Хамзамон бо ин, санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй ало-матхои махсуси худро доранд. Ин ало-матхо дар робита бо хусусиятхои санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй, ки болотар зикр шуданд, муайян карда ме-шаванд.

Риояи аломатхои санадхои татбики хукук яке аз роххои аввалиндарачаи таъмини сифати санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй махсуб мешавад. Хулосаи мазкур бо нуктахои зерини илмй собит мегардад:

1) ин санадхо муносибатхои чамъи-ятиро, ки дар фаъолияти макомоти корхои дохилй пайдо мешаванд, бо истифода аз тарзу воситахои махсус, бо дарназар-дошти вазифахои макомоти мазкур, дар робита бо сохахои хукуктатбиксозй (идо-ракунй, фаъолияти тафтишотй, назора-тию санчишй ва гайра) танзим мекунанд;

2) риояи шаклхои дахлдори санадхои мазкур кафолати конунй будани онхост, чунки ин санадхо хусусияти расмй дошта, дар конун пешбинй мешавад (конунгузо-рии сохаи мурофиаи чиноятй, хукуквай-ронкунии маъмурй, оперативй-чустучуй ва дигар);

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

3) санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй (фармоишхои гайри-меъёрии Вазири корхои дохилй, санадхои фаъолияти оперативй-чустучуй, тафтишотй, маъмурй, назоратй ва дигар) эъти-бори хукукй дошта, окибати хукукиро ба миён меоранд;

4) бо тартиби муайян ва риояи конун-гузорй кабул мешаванд.

Таснифи санадхои татбики хукук зимни тахкики сифати ин санадхо бояд ба инобат гирифта шавад. Дар заминаи усули зикршуда сифати санадхои татбики хукук дар робита бо аломатхои ин санадхо, мавкеи онхо дар низоми хамаи санадхои хукукй (меъёрй ва гайримеъёрй), дар меха-низми танзими хукукй (дар мукоиса бо унсурхои дигари механизми танзими хукукй) муайян карда мешавад.

Таъмини сифати санадхои татбики хукук аз интихоби дурусти шакли он воба-стагй дорад. Шаклхои зерини санадхои татбики хукук чудо карда мешаванд:

1) фамон, фармоиш, карор, амр, хукм, халнома, таъйинот ва дигар;

2) санадхои татбики хукуки мако-моти давлатй (Президент, Хукумат, макомоти ичроия, макомоти корхои дохилй, макомоти прокуратура, судхо, макомоти назоративу тафтишотй ва дигар);

3) санадхои татбики хукуки ташки-лотхои гайридавлатй (санадхои макомоти идоракунии ташкилотхои корпоративй, субъектони фаъолияти сохибкорй ва ди-гар);

4) санадхои татбики хукуки локалй (санадхои макомоти идоракунии корхо-нахо, муассисахо, ташкилотхо);

5) санадхои татбики хукуки танзим-кунанда (фармоиш оид ба таъйин ба ва-зифа, ба вазифаи дигар гузаронидан) ва хифзкунанда (карор оид ба огоз намудани парвандаи чиноятй, баркарор намудани зарари расонидашуда, дар кори пештара баркарор намудан);

6) санадхои татбики хукуки сохавй (маданй, оилавй, молиявй ва дигар);

7) санадхои татбики хукуки моддй ва мурофиавй;

8) санадхои татбики хукуки фаврй (дар сохаи татбики чорахои чавобгарй ба-рои вайрон намудани коидахои харакат дар рох ва гайра) ва амалкунанда (дар сохаи кайди никох, таъйини нафака ва гайра).

Шаклхои санадхои татбики хукук дар конун ва дигар санадхои меъёрии хукукй пешбинй мешаванд. Субъектони татбики хукук (кормандони рохбарику-нандаи макомоти корхои дохилй, муфат-тишон, кормандони оперативй-чустучуй ва дигарон) дар холатхои дахлдор ин ё он шакли санадхои татбики хукукро интихоб мекунанд. Дар натича таносуби шакл ва мазмуни санадхои татбики хукук таъмин мешавад. Шакли санадхои татбики хукук мазмуни дохилии онхоро ифода мекунанд.

Шакли санадхои татбики хукук ало-мати расмй, субъекти кабулкунанда, эъти-бори хукукии ин санадхоро муайян меку-

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

над. Барои хамин, ба тахлили шаклхои са-надхои татбики хукук эътибори чиддй медиханд [8, с. 436; 14, с. 76-80].

Айни замон имконияти кабули са-надхои хукукии омехта, ки хусусиятхои са-надхои меъёрй ва татбики хукукро (фар-диро) доранд, вучуд дорад. Ба андешаи ак-сарияти олимон, чудо намудани санадхои хукукии омехта аз дигар санадхои хукукй асоси вокей надорад, санади меъёрии хукукй меъёрхои фардиро дар бар гирифта наметавонад, дар санади татбики хукук пешбинй намудани меъёрхои умумии хукукй мамкин нест [6, с. 10; 9].

Аз лихози илмй низ кабули санадхои хукукии омехта, ки хусусияти хам меъёрй ва хам гайримеъёрй доранд, ба талаботи таснифи илмии санадхои татбики хукук ва санадхои меъёрии хукукй чавоб на-медихад. Санадхои татбики хукук ва са-надхои меъёрии хукукй аз хамдигар фарк доранд, вазифахои худро ичро мекунанд, дар танзими хукукй накши гуногун доранд. Пешбинй намудани меъёрхои умумии хукукй дар санадхои татбики хукук мохият ва таъйиноти аслии санадхои татбики хукукро тагйир медихад. Илова бар ин, макомоти татбики хукук наметаво-нанд, ки аз доираи салохияташон берун бароянд. Фаъолияти татбики хукук берун аз фаъолияти меъёрэчодкунй ба рох монда мешавад.

Тавре маълум аст, макомоти давлатй (вазоратхо, кумитахои давлатй ва дигар) субъекти фаъолияти хам хукукэчодкунй ва хам татбики хукук мебошанд. Чунончи, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон тибки Конуни Чумхурии-Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» субъекти хукукэчодкунй буда, са-лохияти кабули фармоишхои меъёриро дорад. Айни замон Вазорати корхои дохи-лии Чумхурии Точикистон салохияти кабули фармоишхои гайримеъёрй, яъне санадхои татбики хукукро дорад.

Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба мисли макомоти дигари давлатй санадхои меъёрии хукукй ва са-надхои татбики хукук кабул мекунад. Айни замон доираи салохияти Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар сохаи хукукэчодкунй ва татбики хукук

фарк дорад. Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар самти фаъоли-яти хукукэчодкунй санадхои меъёрии хукукй ва дар чараёни хукуктатбиксозй санадхои татбики хукук кабул мекунад. Са-надхои татбики хукуки Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар шакли фармоишхои гайримеъёрй кабул мешаванд.

Дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» шакли санадхои хукукии Дукумат, вазоратхо, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, раисони вилоят ва макомоти дигар дар сохаи хукукэчодкунй ва татбики хукук аник карда мешавад. Айни замон барои хам санадхои меъёрии хукукй ва хам санадхои татбики хукук хамон як шакли санади хукукй мукаррар карда мешавад.

Санадхои хукукии вазоратхо ва дигар макомоти давлатй дар шакли «фар-моиш» кабул мешаванд. Айни замон фар-моиш хамчун шакли расмии хам санади меъёрии хукукй ва хам санади татбики хукук истифода мешавад. Чунончи, тибки банди 2-юми м. 24 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй», вазоратхо, макомоти назди Пре-зиденти Чумхурии Точикистон, макомоти нази Дукумати Чумхурии Точикистон са-нади меъёрии хукукиро дар шакли «фар-моиш» кабул мекунанд. Мутобики банди 3-юми хамин модда, рохбарони вазо-ратхо, макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти нази Дукумати Чумхурии Точикистон барои халли масъалахои таъчилй ва чорй «фармоишхои хусусияти меъёрй надошта кабул мекунанд» [21].

Тавре маълум мешавад, ин ё он ша-кли санади хукукй барои хам санади меъёрии хукукй ва хам санади татбики хукук пешбинй мешавад. Аммо фарки ин са-надхо бо аломатхои онхо муайян карда мешавад. Тибки Конуни зикршуда фармо-ишхои рохбарони вазоратхо ва дигар макомоти давлатй, ки барои халли масъалахои таъчилй ва чорй кабул шуда, хусусияти меъёрй надоранд, санадхои татбики хукук мебошанд.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

Шаклхои дигари санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй дар санадхои меъёрии хукукй (Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милит-сия», ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй», Кодекси мурофиавии чиноятй ва дигар) пешбинй мешаванд.

Сифати санадхои татбики хукук омили авалиндарачаи таъмини самарано-кии фаъолияти татбики хукук мебошад. Самаранокии фаъолияти татбики хукук чузъи таркибии масъалаи илмии самаранокии хукук махсуб мешавад. Ба масъалаи самаранокии хукук, самаранокии меъёрхои хукукй, самаранокии фаъолияти конунгузорй, самаранокии фаъолияти хукукэчодкунй ва гайра дар асархои илмй таваччухи зиёд зохир мешавад [4; 15; 16; 17].

Самаранокии санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй тавас-сути таносуби сифат ва натичахои амали-шавии ин санадхо, мутобикатии шакл ва мазмуни санадхои татбики хукук, муво-фикатии хадафхои кабули санадхои татбики хукук ва натичахои амалишавии онхо муайян карда мешавад. Самранокии санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй сатхи эхтимолй ва вокей дорад. Сатхи эхтимолй ё пешбинишаванда зимни кабули ин санадхо пешбинй карда

мешавад. Макомоти корхои дохилй хан-гоми кабули санадхои татбики хукук кушиш мекунанд, ки талаботи конунгузорй, аломатхои асосии ин санадхоро риоя намоянд. Аммо сифати санадхои татбики хукук дар чараёни амалй шуданашон зохир мешавад. Аз ин нуктаи назар, сама-ранокии хукукй ва вокеии санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй чудо карда мешавад. Самаранокии хукукй зимни кабули санадхои мазкур пешбинй шуда, самаранокии вокей дар натичаи амалй гардидани ин санадхо зохир меша-вад.

Самаранокии хукукй ва вокеии санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй робитаи тарафайн доранд. Самаранокии хукукй самаранокии вокеиро таъмин мекунад. Самаранокии вокей аз он далолат мекунад, ки санади татбикшуда босифат мебошад.

Хдмзамон бо ин, ба амалй гардидани санадхои татбики хукуки макомоти корхои дохилй омилхои гуногуни объек-тивй (тагйири шароити хаёти чомеа, вазъияти фавкулодда, низои ичтимой, му-раккаб гардидани вазъияти сиёсй-харбй ва гайра) ва субъективй (сатхи шуури хукукй ва омодагии касбии кормандони макомоти корхои дохилй) таъсир мерасо-нанд.

Адабиёти истифодашуда

1. Аверин, А.В. Правоприменительная деятельность суда и формирование научно-правового сознания судей / А.В. Аверин. - Саратов, 2003. - 437 с.

2. Административная деятельность органов внутренних дел: учебное пособие для вузов / под ред. проф. В.Я. Кикотя. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, Закон и право, 2003. - 521 с.

3. Административное право Российской Федерации: учебник для бакалавров / Ю.И. Мигачев, Л.Л. Попов, С.В. Тихомиров; под ред. Л.Л. Попова. 3-е изд., перераб. и доп. - М.: Издательство Юрайт, 2013. - 760 с.

4. Андрющенко, М. Н. Понятие эффективности и его философский смысл / М. Н. Андрющенко // Учен. записки кафедры обществ. наук вузов г. Ленинграда. - Л.: Изд-во ЛГУ, 1971. - Вып. 12. - С. 42 - 49.

5. Анюров, Ф.Ф. Организация руководителями регистрационно-учетной работы в органах внутренних дел и пути ее совершенствования. - М., 2008. - 126 с.

6. Бошно, С.В., Пытикова, Т.А. Приказ: нормативный или правоприменительный акт? / С.В. Бошно, Т.А. Пытикова // Юрист. - 2005. - № 10. - С. 10-12.

7. Веремеенко, И.И. Механизм административно-правового регулирования в сфере охраны общественного порядка. Ч. II / И.И. Веремеенко. - М., 1982. - 117 с.

8. Вопленко, Н.Н. Очерки общей теории права / Н.Н. Вопленко. - Волгоград, 2009. - 896 с.

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (57). 2023 Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

9. Гайворонская, Я.В., Балковая, Е.Г. Правовые акты Российской Федерации: общетеоретический аспект исследования: монография / Я.В. Гайворонская, Е.Г. Балковая. -Владивсток, 2009. - 277 с.

10. Гарапшин, К.М. Правоприменительная практика в советском и общенародном государстве: автореф. дис...канд. юрид. наук: 12.00.01 / Камиль Мухаметханович Гарапшин. -Казань, 1986. - 20 с.

11. Гегель, Г.В.Ф. Энциклопедия философских наук. - Т. 1: Наука логики. - М., 1974. - 452 с.

12. Гребенщиков, А.В. Законность в регулировании отношения в сфере общественного труда: автореф. дис. .канд. юрид. наук: 12.00.05 / Анатолий Владимирович Гребенщиков. - Л., 1987.- 24 с.

13. Евтихиев, И.И. Виды и формы административной деятельности органов государственного управления: дис. ... д-ра юрид. наук: 12.00.01 / Иван Иванович Евтихиев. - М., 1948. - 112 с.

14. Ермолаева, А.В. Методология подготовки нормативных актов органов исполнительной власти (докуменоведчекий аспект) / А.В. Ермолаева // Власть. - 2011. - № 11. - С. 76-80.

15. Жинкин, С. А. Психологические проблемы эффективности права / С. А. Жинкин. - М.: Юрид. центр пресс, 2009. - 373 с.

16. Жинкин, С.А. Эффективность права: антропологическое и ценностное измерение: автореф. на науч. степени докт. юр. Наук: 12.00.01 / Сергей Алексеевич Жинкин. - Краснодар, 2009. - 41 с.

17. Законодательная техника: научно-практическое пособие / под ред. Ю. А. Тихомирова. -М.: Городец, 2000. - 272 с.

18. Зинченко, В.П., Мунипов, В.М., Рубахин, В.Ф. Психологические проблемы эффективности качества труда / В.П. Зинченко, В.М. Мунипов, В.Ф. Рубахин // Психологический журнал. - 1984. - Том 5. - № 2. - С. 25 - 26.

19. Карташов, В.Н. Теория правовой системы общества: учебное пособие в двух томах. - Т. 1 / В.Н. Карташов. - Ярославль: ЯрГУ, 2005. - 547 с.

20. Кашанина, Т.В. Юридическая техника: учебник / Т.В. Кашанина. - М., 2011. - 496 с.

21. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» аз 30 майи с. 2017, № 1414 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к.1, мод. 271; с. 2019, № 7, мод. 465.

22. Костенников, М.В., Куракин, А.В. Актуальные проблемы науки административного права / М.В. Костенников, А.В. Куракин / под ред. Н.А. Овчинникова. - М., 2011. - 760 с.

23. Куракин, А.В., Костенников, М.В. Принципы организации и деятельности российской полиции / А.В. Куракин, М.В. Костенников // Российское полицейское право. - 2013. - 2. - C. 22-49.

24. Миннекес, И.А. Индивидуальное правовое регулирование: (теоретико-правовой анализ): автореф. дис.. .докт. юрид. наук: 12.00.01 / Илья Анисимович Миннекес. - Екатеринбург, 2009.- 52 с.

References

1. Averin, A.V. Law enforcement activities of the court and the formation of scientific and legal consciousness of judges / A.V. Averin. - Saratov, 2003. - 437 p.

2. Administrative activity of internal affairs bodies: textbook for universities / ed. prof. V.Ya. Kiko-tya. - M.: UNITI-DANA, Law and Law, 2003. - 521 p.

3. Administrative law of the Russian Federation: textbook for bachelors / Yu.I. Migachev, L.L. Popov, S.V. Tikhomirov; ed. L.L. Popov. 3rd ed., revised. and additional - M.: Yurayt Publishing House, 2013. - 760 p.

4. Andryushchenko, M. N. The concept of efficiency and its philosophical meaning / M. N. An-dryushchenko // Uchen. notes of the department of societies. sciences of higher education institutions of Leningrad. - L: Publishing house of Leningrad State University, 1971. - Issue. 12. - S. 42 - 49.

5. Anyurov, F.F. Organization by the heads of registration and accounting work in the internal affairs bodies and ways to improve it. - M., 2008. - 126 p.

6. Boshno, S.V., Pytikova, T.A. Order: normative or law enforcement act? / S.V. Boshno, T.A. Pytikova // Lawyer. - 2005. - No. 10. - Р. 10-12.

7. Veremeenko, I.I. The mechanism of administrative and legal regulation in the field of public order. Part II / I.I. Veremeenko. - M., 1982. - 117 p.

8. Voplenko, N.N. Essays on the general theory of law / N.N. Voplenko.- Volgograd, 2009.- 896

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (57). 2023 Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

9. Gaivoronskaya, Ya.V., Balkovaya, E.G. Legal acts of the Russian Federation: general theoretical aspect of the study: monograph / Ya.V. Gaivoronskaya, E.G. Balkovaya. - Vladivostok, 2009. - 277 p.

10. Garapshin, K.M. Law enforcement practice in the Soviet and nationwide state: author. dis..cand. legal Sciences: 12.00.01 / Kamil Mukhametkhanovich Garapshin. - Kazan, 1986. - 20 p.

11. Hegel, G.W.F. Encyclopedia of Philosophical Sciences. - Vol. 1: Science of logic. - M., 1974. -

452 p.

12. Grebenshchikov, A.V. Legality in the regulation of relations in the sphere of social labor: author. dis. .. .cand. legal Sciences: 12.00.05 / Anatoly Vladimirovich Grebenshchikov. - L., 1987. - 24 p.

13. Evtikhiev, I.I. Types and forms of administrative activity of public administration: dis. ... Dr. jurid. Sciences: 12.00.01 / Ivan Ivanovich Evtikhiev. - M., 1948. - 112 p.

14. Ermolaeva, A.V. Methodology for the preparation of normative acts of executive authorities (documentary aspect) / A.V. Ermolaeva // Power. - 2011. - No. 11. - Р. 76-80.

15. Zhinkin, S. A. Psychological problems of the effectiveness of law / S. A. Zhinkin. - M.: Yurid. center press, 2009. - 373 p.

16. Zhinkin, S.A. Efficiency of Law: Anthropological and Value Measurement: Abstract of the thesis. on scientific doctorate degrees. legal Sciences: 12.00.01 / Sergei Alekseevich Zhinkin. - Krasnodar, 2009. - 41 p.

17. Legislative technique: scientific and practical guide / ed. Yu. A. Tikhomirova. - M.: Gorodets, 2000. - 272 p.

18. Zinchenko, V.P., Munipov, V.M., Rubakhin, V.F. Psychological problems of labor quality efficiency / V.P. Zinchenko, V.M. Munipov, V.F. Rubakhin // Psychological journal. - 1984. - Volume 5. -No. 2. - Р. 25 - 26.

19. Kartashov, V.N. The theory of the legal system of society: a textbook in two volumes. - T. 1 / V.N. Kartashov. - Yaroslavl: YarSU, 2005. - 547 p.

20. Kashanina, T.V. Legal technique: textbook / T.V. Kashanin. - M., 2011. - 496 p.

21. Law of the Republic Tadzhikistan "About normative legal acts" // The Bordereaus Madzhlisi Oli Republics Tadzhikistan. - 2017. - № 5. - P. 99.

22. Kostennikov, M.V., Kurakin, A.V. Actual problems of the science of administrative law / M.V. Kostennikov, A.V. Kurakin / ed. ON THE. Ovchinnikov. - M., 2011. - 760 p.

23. Kurakin, A.V., Kostennikov, M.V. Principles of organization and activity of the Russian police / A.V. Kurakin, M.V. Kostennikov // Russian police law. - 2013. - 2. - Р. 22 - 49.

24. Minnekes, I.A. Individual legal regulation: (theoretical and legal analysis): author. dis...doc. legal Sciences: 12.00.01 / Ilya Anisimovich Minnekes. - Yekaterinburg, 2009. - 52 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.