Научная статья на тему 'САЛОЊИЯТИ НАМОЯНДАГЇ ВА ХУСУСИЯТЊОИ МУРОФИАВИИ ТАТБИЌИ ОН'

САЛОЊИЯТИ НАМОЯНДАГЇ ВА ХУСУСИЯТЊОИ МУРОФИАВИИ ТАТБИЌИ ОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
салоњият / намояндагї / хусусият / мурофиа / њуќуќ / ќонун / конститутсия / давлат / шакл / шањрвандон / рушд / интихоб / кафолат / њимоя. / власть / представительство / особенности / процесс / право / закон / конституция / государство / форма / граждане / развитие / выборы / гарантия / защита.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Олимзода Д. А.

Дар маќола масъалањои салоњияти маќомоти намояндагї ва хусусиятњои мурофиавии татбиќи он тањлил гардидааст. Мафњуми “намояндагии халќ” пешнињод карда шуда, хулосаи муаллиф оид ба он ки салоњияти маќомоти намояндагї дар Конститутсия ва ё дар ќонунгузорї аз љониби халќ бо роњи бевосита ё ба воситаи намояндагони худ муаяйн карда мешавад, иброз карда шудааст. Инчунин, таклифњои муаллиф љињати мукаммалгардонии ќонунгузорї оид ба салоњияти маќомоти намояндагї пешкаш карда мешаванд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

AUTHORITY OF THE REPRESENTATIVE AUTHORITY AND PROCEDURAL CHARACTERISTICS OF ITS IMPLEMENTATION

В статье анализируются вопросы компетенции представительных органов и процессуальные особенности ее реализации. Представляя определение “народное представительство”, автор сделал вывод о том, что полномочия представительных органов определяются народом в Конституции или законодательстве непосредственно либо через его представителей. Предлагаются предложения по совершенствованию законодательства в области полномочий представительных органов.

Текст научной работы на тему «САЛОЊИЯТИ НАМОЯНДАГЇ ВА ХУСУСИЯТЊОИ МУРОФИАВИИ ТАТБИЌИ ОН»

ТДУ 342.53

САЛОХИЯТИ НАМОЯНДАГЙ ВА ХУСУСИЯТ^ОИ МУРОФИАВИИ ТАТБИЦИ ОН

ПОЛНОМОЧИЯ ПРЕДСТАВИТЕЛЬСТВА И ПРОЦЕДУРНЫЕ ОСОБЕННОСТИ ЕГО ОСУЩЕСТВЛЕНИЯ

AUTHORITY OF THE REPRESENTATIVE AUTHORITY AND PROCEDURAL CHARACTERISTICS OF ITS IMPLEMENTATION

Олимзода Д. А.

Olimzoda D. A.

Дотсенти кафедраи %уцуц ва ^уцуцшиносии муцоисавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, номзади илмхои ^уцуцшиносй Доцент кафедры права и сравнительного правоведения Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук Associate Professor of the Law and Comparative Jurisprudence Department of the Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences

Ихтисоси илми: 12.00.02 - Хукуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй- давлатй)).

Научная специальность: 12.00.02 - Конституционное право; право конституционного судебного процесса; правовое регулирование местной власти (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).

Scientific specialty: 12.00.02 - Constitutional law; constitutional litigation; legal regulation of local authorities (5.1.2. Public law (state legal) sciences).

Тацризди^анда: Расулов Ф. - дотсенти кафедраи идоракунии давлатй ва хукуки иктисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.

Рецензент: Расулов Ф. - доцент кафедры государственного управления и экономического права Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук.

Reviewer: Rasulov F. - Associate professor of the Department of Public Administration and Economic Law Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences.

Аннотатсия: Дар макола масъалахои салохияти макомоти намояндагй ва хусусиятхои мурофиавии татбики он тахлил гардидааст. Мафхуми "намояндагии халк" пешниход карда шуда, хулосаи муаллиф оид ба он ки салохияти макомоти намояндагй дар Конститутсия ва ё дар конунгузорй аз чониби халк бо рохи бевосита ё ба воситаи намояндагони худ муаяйн карда мешавад, иброз карда шудааст. Инчунин, таклифхои муаллиф чихати мукаммалгардонии конунгузорй оид ба салохияти макомоти намояндагй пешкаш карда мешаванд.

Вожауои калиди: салохият, намояндагй, хусусият, мурофиа, хукук, конун, конститутсия, давлат, шакл, шахрвандон, рушд, интихоб, кафолат, химоя.

ûsM

E-mail:

davlat.olimov.1993@bk.ru

Аннотация: В статье анализируются вопросы компетенции представительных органов и процессуальные особенности ее реализации. Представляя определение "народное представительство", автор сделал вывод о том, что полномочия представительных органов определяются народом в Конституции или законодательстве непосредственно либо через его представителей. Предлагаются предложения по совершенствованию законодательства в области полномочий представительных органов.

Ключевые слова: власть, представительство, особенности, процесс, право, закон, конституция, государство, форма, граждане, развитие, выборы, гарантия, защита.

Annotation: The article analyzes the competence of representative bodies and the procedural features of its implementation. Presenting the definition of "popular representation" the author concluded that the powers of representative bodies are determined by the people in the Constitution or legislation, directly or through their representatives. Proposals are offered to improve legislation in the field of powers of representative bodies.

Key words: power, representation, features, process, right, law, constitution, state, form, citizens, development, elections, guarantee, protection.

Принсипи сох,ибихтиёрии халк, ки асоси сохти конститутсионй мебошад, дар амал дар шакли демократияи намояндагй татбик карда мешавад. Дар навбати худ, ин шаклхои демократия дар институтхои мушаххаси конститутсионй-хукукй раъйпурсй,

интихоботи озод, бозхонди вакилон, шахси интихобшуда, намояндагии халк ифодаи мохияти худро пайдо мекунад. Бо назардошти ин меъёр эътироф кардан лозим аст, ки институти намояндагии халк дар айни замон шакли амалй намудани сохибихтиёрии халк ва шакли татбики демократияи намояндагй мебошад.

Чи тавре ки А.И. Имомов кайд менамояд, шакли асосии хукукии амалй гардонидани салохияти Мачлиси Олй -санадхои он аст. Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чун макоми олии намояндагй ва конунгузории Точикистон салохияти ба худ хос дорад, ки мазмуни он ба амалй гардонидани усули тачзияи хокимияти давлатй алокаманд аст. Дар конститутсияхои пешинаи Точикистон мукаррар гардида буд, ки Шурои Олии Ч,ШС Точикистон хукук дорад хамаи масъалахоеро, ки аз руйи Конститутсияи ИЧ,ШС ва Конститутсияи Ч,ШС Точикистон ба ихтиёри Ч,ШС Точикистон дода шудаанд, хал намояд. Ин меъёр ба хусусияти итттифокии давлатдорй ва усули пуррахокимиятии Шурохои вакилони халк ва бо вазъи хукукии Шурои Олии Ч,ШС Точикистон чун макомоти

олии хокимияти давлатии чумхурии иттифокй алокаманд буд. Махз макомоти олии хокимияти давлатй эълон гардидани Шурои Олй ба он чунин имконияти пуррахокимиятиро медод. Эълон гардидани тачзияи хокимияти давлатй чун яке аз асосхои сохтори конститутсионии Точикистон бо усули пуррахокимияти Шурохои вакилони халк хотима гузошт ва барои муайян кардани хадди салохияти Мачлиси Олй асос гардид [7, с. 347].

Чунончи Н. Иванов таъкид менамояд, хокимияти конунгузор бояд манфиатхои хамаи табакахои ахолиро ба назар гирад, ки дар бораи хаёт, фаъолият ва эх,тиёчоти шахрвандон маълумоти сахех ва дуруст дошта бошад. Ин вази-фаро бояд намояндагони интихобшудаи халк дар амал ичро кунад [8, с. 5-8].

Ба андешаи Б.А. Велихов, хукуки намояндагй, ки хукуки иштирок дар тахияи карори макомоти намояндагй, ин-чунин хукуки назорат кардан, дошта бошад [5, с. 5-6].

Вазифаи намояндагии парламент дар баробари макомоти молиявй,

конунгузорй ва назорат яке аз вазифахои асосии он мебошад, ки дар ифодаи манфиатхои табакахо ва гуруххои гуногуни ахолй дар макомоти намояндагии миллй башумор меравад. Г. Махачёв хаминро ба назар гирифта, дуруст кайд мекунад, ки дар мубориза барои хукуки намояндагй

парламентаризм ба вучуд меояд ва

доктринами сиёсй ва аз ин ру, низоми конунгузории давлат комилан ташаккул меёбад [4, с. 107].

Дар ин маврид Н.С. Грудинин чунин мешуморад, ки намояндагии халк боз чанд вазифаи дигарро ичро мекунад, ки онхоро мо хамчун вазифахои сеяки тартиби он муайян карда метавонем. Ин вазифахо ба чунин намудхо чудо мешавад:

1. Функсияи низомсозй (функсияи таъсиси низоми намояндагии хокимият дар давлат).

2. Вазифаи амният (функсияи таъмини сиёсии дохилии мувозинат, сулху вахдат дар давлат).

3. Функсияи танзимкунанда (функсияи дарёфти мувозинат мазмуни конунхои кабулшуда ба манфиати шахрвандон).

4. Функсияи муошират (функсияи бозгашти шахрвандон ва намояндагони онхо) [6, с. 64].

Дар асоси меъёрхои овардашуда муаллиф салохиятхои макомоти намояндагй дар Чумхурии Точикистон, ба се гурух чудо менамояд:

1. Салохияти якчояи Мачлиси миллй, Мачлиси намояндагони, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (м. 55 Конститутсияи ЧТ);

2. Салохияти Мачлиси миллй (м. 56 Конститутсияи ЧТ);

3. Салохияти Мачлиси намояндагон (м. 57 Конститутсияи ЧТ).

Дар хамин замина салохиятхои макомоти олии намояндагй (Мачлиси олии Чумхурии Точикистон) дар Конститутсияи ЧТ (моддахои 55-56-57) пурра дарч шудааст.

Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон дар чаласахои якчояи худ аз руйи масъалахои зикршудаи

салохияташон карор кабул мекунанд. Карори якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз мачлисхо дар алохидагй овоз медиханд, кабул мегардад, агар тартиби дигари кабули карорро Конститутсия мукаррар накарда бошад [1].

Хусусиятхои мурофиавии макомоти намояндагиро ба ду намуд чудо намудан мумкин аст:

1) давраи интихоботи макомоти намояндагй (интихоботи вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии ЧТ, интихоботи Мачлиси вакилони халки ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахр ва нохияхо, интихоботи вакилони Чамоат);

2) давраи чаласахои якуми худ муайян намудани раис, муовинон, сохтор, вазифа, ваколат ва f. (Мачлиси намояндагони Мачлиси вакилони халки ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахр ва нохияхо, Мачлиси вакилони чамоат).

Дар мачмуъ узви Мачлиси миллй дар парламент хам манфиати ба Мачлиси вакилони халки махаллй дахлдореро хифз мекунад, ки у аз он Мачлис интихоб шудааст ва хам вохиди марзиву маъмурии дахлдорро (шахру вилоят ва нохияро). Аз ин хотир, манфиати халки вохидхои марзиву маъмурии дахлдор тавассути аъзои Мачлиси миллй дар парламент хамачониба хифз карда мешавад [9].

Мафхуми «Намояндагии халк»-ро чунин шарх додан мумкин аст: «Намояндагии халк институти демократияи намояндагй, шакли амалй намудани сохибихтиёрии халк, ки барои идора кардани корхои давлат ба намояндагони худ дар мухлати мукаррарнамудаи конун дар макомоти намояндагии хокимияти давлати (парламент) чи дар рафти интихоботи асоси умумии озод, баробар ва бевосита аз чониби шахрвандон интихоб мешаванд».

Намояндагй як шакли амалисозии сохибихтиёрии халк аст, ки мохияти он аз чониби мардум додани ваколати идоракунии корхои давлат ба намояндагони худ бо як мухлате, ки конун дар макомоти намояндагии хокимияти давлатй (парламент) муайян кардааст. Намояндагии халк чунин вазифахои мухимро ба мисли намояндагй, конунгузорй, назоратй, амниятй, танзимкунанда ичро мекунад.

Дар моддаи 18 Конуни конститутсиони Чумхурии Точикистон "Дар бораи вазъи хукукии узви Мачлиси

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (60). 2023

миллй ва вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон" муайян шудааст, ки "Таъмини шароит барои ичрои ваколатхои узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагон Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон вазифадоранд, ки узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагонро барои кор бо бинои мучаххаз, наклиёти алохидаи хизматй, фондхои китобхо ва бойгонй, воситахои алока, техникаи хисоббарорию электронй, нусхабардору чоп таъмин намоянд. Узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагон дар холати зарурй бо мехмонхона таъмин карда мешаванд. Макомоти махаллии хокимияти давлатй, макомоти

худидоракунии шахрак ва дехот барои таъмини фаъолияти вакилй ба ихтиёри онхо хучраи корй, мошинхои хисобй, электронй, нусхабардор ва чопиашонро медиханд, хамчунин онхоро дар худуди хавзаи интихобот барои ичрои ваколатхояшон бо наклиёт таъмин менамоянд" [2].

Инчунин, моддаи 8 ^онуни конститутсионии Чумхурии Точикистон "Дар бораи макомоти махаллии хокимияти давлатй" оварда шудааст, ки Ваколати Мачлиси вакилони халк Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (минбаъд -ВМКБ), вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия чунин ваколат дорад:

- бучети махаллиро кабул мекунад, хангоми зарурат ба он тагйиру иловахо ворид менамояд, ичрои онро назорат намуда, хисоботи онро тасдик мекунад;

- роххои инкишофи иктисодию ичтимоии махалро муайян намуда, барномахои рушди иктисодй-ичтимоии минтакаи дахлдорро тасдик ва ичрои онхоро назорат мекунад;

андоз ва пардохти махаллиро

мувофики конун мукаррар мекунад;

- дар доираи конун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналии худуди маъмурию худудии дахлдорро муайян менамояд ва истифодаи самараноки онро назорат мекунад;

- дар доираи ваколати худ барномахои хифзи мухити зист ва

истифодаи окилонаи сарватхои табиии худуди вохиди маъмурию худудии дахлдорро тасдик ва ичрои онхоро назорат мекунад;

дар доираи ваколати худ

барномахои мусоидат ба шугли ахолй ва паст кардани сатхи камбизоатиро тасдик ва ичрои онхоро назорат мекунад;

дар доираи ваколати худ

муносибатхои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватхои табииро тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим менамояд;

- Раиси ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро, ки Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудааст, тасдик мекунад;

- ба Раиси ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия хангоми мавчуд будани асос бо овоздихии пинхонй ва бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдор нобоварй изхор намуда, ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи аз мансаб озод намудани у масъала мегузорад;

- хисоботи рохбарони сохтори махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия ва ташкилотхои дахлдорро оид ба масъалахое, ки ба ваколати Мачлиси вакилони халк мансубанд, баррасй менамояд ва хангоми зарурат ба макомоти дахлдор дар хусуси ба чавобгарй кашидани шахсони мансабдори онхо пешниход ирсол медорад;

- Дастури Мачлиси вакилони халкро кабул ва ба он тагйиру иловахо ворид менамояд;

- бо пешниходи раиси Мачлиси вакилони халк комиссияхои доимй, муваккатй ва макомоти дигари Мачлиси вакилони халкро таъсис медихад, низомномаи онхоро тасдик мекунад, хайати комиссияхоро интихоб менамояд ва хисоботро оид ба фаъолияти онхо мешунавад;

- ваколати вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдорро дар холатхои мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон пеш аз мухлат катъ менамояд;

- санадхои макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлатии дахлдори поёниро дар сурати ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мувофикат накарданашон бекор мекунад;

- мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон карорхои раиси ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро тасдик ё бекор мекунад;

- тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба таъмин ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд тадбирхои зарурй меандешад;

- дар доираи ваколати худ тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон коидахоеро муайян менамояд, ки барои вайрон намудани онхо чавобгарии маъмурй пешбинй карда мешавад;

- масъалахои тагйир додани сархади ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, таъсис ва бархам додани вохидхои маъмурию худудй, мукаррар намудан ва ба чои дигар кучонидани маркази маъмурии онхо, мансуб донистани махалхои ахолинишин ба категорияи шахрхои тобеи чумхурй ва вилоят, шахрак ва деха, номгузорй ва номивазкунии вохидхои маъмурию худудй ва махалхои ахолинишинро баррасй намуда, карори худро ба макомоти дахлдор пешниход менамояд;

- лоихаи Накшаи генералии шахр, маркази маъмурии нохия ва махалхои ахолинишинро баррасй менамояд, ки он мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ба Дукумати Чумхурии Точикистон пешниход мегардад, Накшаи минтакавии тархрезии шахр, нохия ва Накшаи умумии сохтмони маркази шахр, нохия, инчунин накшахои муфассали банакшагирии махалро тасдик менамояд;

- шартномахо оид ба ваколатхои вогузоршаванда (шартномаи маъмурй) ва муштарак, созишномахо доир ба мукаррар намудани муносибатхо ва ба рох мондани хамкорй бо шахрхои давлатхои хоричиро бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии

Точикистон баррасй ва чонибдорй менамояд;

- бо тартиби пешбининамудаи конунгузорй нашрияи расмй ва дигар воситахои ахбори омма, инчунин сомонаи макомоти махаллии хокимияти давлатиро таъсис дода, тартиб, номгуйи маълумот ва масъалахое, ки мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сомона чойгир карда мешаванд, муайян менамояд;

- карорхои раиси ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро дар бораи ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани муовини якум, муовинон, рохбари дастгохи раиси ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, рохбарони сохторхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии тобеи раиси ВМКБ, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, рохбарони дахлдори сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия тасдик менамояд;

- дигар ваколатхоро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, амалй менамояд [3].

Инчунин, вазифаи низомсози намояндагии халкро бояд тасдики низоми намояндагии хокимияти давлатй дарк кард, ки дар он намояндагони халк ба макомоти конунгузорй хокимияти давлатй ва макомоти намояндагии худидоракунии махаллй интихоб мешаванд.

Намояндагии халк ба шахрвандон имконият фарохам меорад, ки намояндагони худро ба макомоти конунгузории хокимияти давлатй ва худидоракунии махаллй вакил интихоб карда, ба ин васила сиёсати конунгузории давлатро муайян кунанд [10, с. 13-20].

Намояндагони халк ба гайр аз ичрои вазифаи кабули конунхо аз руйи як катор омилхои объективй вазифадоранд, ки манфиатхои табакахо ва гуруххои муайяни ахолй, худудхои алохидаи давлатро химоя кунанд. Ин холат зарурати халли масъалахои таъмини зиндагии мардум, рушди ичтимоию иктисодии сокинони онхоро ба миён меорад.

Хамин тавр, салодияти макомоти намояндагй дар Конститутсия ва ё дар конунгузорй аз чониби халк бо роди бевосита ё ба воситаи намояндагонй худ муайян карда мешавад.

Хуб мешуд, агар дар конунгузорй синни ба вакили мачлиси вакилони ВМКБ, вилоятдо, шадри Душанбе, шадр ва нодиядо муайян карда шавад.

Адабиёти истифодашуда

1. Конститутсияи Чумдурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо тагйиру иловадо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: http://mmk.tj (санаи мурочиат: 13.10.2022).

2. Конуни конститутсионии Чумдурии Точикистон "Дар бораи вазъи дукукии узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон" аз 06-уми августи с. 2001, № 43 // Ахбори Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон, с. 2001, № 7) (КК ЧТ аз 8.12.2003 № 61, аз 9.12.2004 № 71, аз 25.07.2005 № 106, аз 3.03.2006 № 163, аз 30.07.2007 № 304, аз 26.12.2011 №

795, аз 26.12.2011 № 796, аз 01.08.2012 № 897, аз 23.07.2016 № 1324, аз 18.07.2017 № 1454, аз 17.12.2020 № 1749, аз 25.06.2021 № 1799, аз 08.06.2022 № 1871, аз 19.07.2022 № 1889).

3. Конуни конститутсионии Чумдурии Точикистон "Дар бораи макомоти мадаллии докимияти давлатй" аз 17-уми майи с. 2004, № 28 // Ахбори Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон, с. 2004, № 5, (КК ЧТ аз 21.11.2006 № 211, аз 3.12.2009 № 576, аз 29.12.2010 № 653, аз 19.03.2013 № 960, аз 22.07.2013 № 1012, аз 30.05.2017 № 1411, аз 19.07.2019 № 1641, аз 2.01.2020 № 1670, аз 17.12.2020 №

1748, аз 25.01.2021 № 1800, аз 08.06.2022 № 1872).

4. Ализода, З. Становление и развитие института парламента в Республике Таджикистан: конституционно-правовое исследование: дис...д-ра.юрид.наук: 12.00.02 / Зариф Ализода. -Душанбе, 2014. - 334 с.

5. Велихов, Б.А. Сущность и системы пропорциональных выборов / Б. Велихов; с предисл. члена Гос. думы Л.А. Велихова. - Петроград: журнал «Инициатива и изобретательность», 1917. - 48 с.

6. Грудинин, Н.С. Государственная дума федерального собрания Российской Федерации как орган народного представительства: вопросы теории и практики: дис.канд. юрид. наук: 12.00.02 / Никита Сергеевич Грудинин. - М., 2015. - 215 с.

7. Имомов, А.И. Хукуки конститутсионии Чумдурии Точикистон: китоби дарсй / А.И. Имомов. - Душанбе: Оли Сомон, 1997. - 389 с.

8. Иванов, Н. Свобода собраний и народное представительство / Н. Иванов. - М.: Труд и воля, 1906. - 30 с.

9. Тафсири илмию омавии Конститутсияи Чумдурии Точикистон. - Душанбе: Шарки озод, 2009. - 417 с.

10. Лукьянов, А.И. Парламентаризм в России (вопросы истории, теории и практики): курс лекций / А.И. Лукьянов. - М.: Норма: ИНФРА-М, 2010. - 303 с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

References

1. Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 with amendments dated September 26, 1999, June 22, 2003 and May 22, 2016 // [Electronic resource]. - Source of access: http://mmk.tj (date of application: 13.10.2022).

2. Constitutional law of the Republic of Tajikistan "On the legal status of a member of the National Assembly and a representative of the Assembly of Representatives of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan" dated August 6, p. 2001, No. 43 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 2001, No. 7) (Journal of Laws dated 8.12.2003 No. 61, dated 9.12.2004 No. 71, dated 25.07.2005 No. 106, dated 3.03.2006 No. 163, dated 30.07.2007 No. 304, dated 26.12.2011 No. 795, from 12.26.2011 No.

796, from 08.01.2012 No. 897, from 07.23.2016 No. 1324, from 07.18.2017 No. 1454, from 12.17.2020 No.

1749, from 06.25.2021 No. 1799 from 06.08.2022 No. 1871, from 19.07.2022 No. 1889).

3. The constitutional law of the Republic of Tajikistan "On local bodies of state power" dated May 17, p. 2004, No. 28 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 2004, No. 5, (Journal of Laws dated 21.11.2006 No. 211, dated 3.12.2009 No. 576, dated 29.12.2010 No. 653, dated 19.03.2013 No. 960, dated 22.07.2013 No. 1012, dated 30.05.2017 No. 1411 , from 19.07.2019 No. 1641, from 2.01.2020 No. 1670, from 17.12.2020 No. 1748, from 25.01.2021 No. 1800, from 08.06.2022 No. 1872).

4. Alizoda, Z. Formation and development of the institution of parliament in the Republic of Tajikistan: constitutional and legal research: diss... doctor of legal sciences: 12.00.02 / Zarif Alizoda. - Dushanbe, 2014. - 334 p.

5. Velikhov, B.A. The essence and systems of proportional elections / B. Velikhov; with a preface member of the State thoughts of L.A. Velikhov. - Petrograd: magazine "Initiative and Ingenuity", 1917. -48 p.

6. Grudinin, N.S. State Duma of the Federal Assembly of the Russian Federation as a body of people's representation: issues of theory and practice: diss... cand. legal Sciences: 12.00.02 / Nikita Ser-geevich Grudinin. - M., 2015. - 215 p.

7. Imamov, A.I. Constitutional law of the Republic of Tajikistan: textbook / A.I. Imamov. - Dushanbe: Oli Somon, 1997. - 389 p.

8. Ivanov, N. Freedom of assembly and popular representation / N. Ivanov. - M.: Labor and will, 1906. - 30 p.

9. Scientific and popular interpretation of the Constitution of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe: Free East, 2009. - 417 p.

10. Lukyanov, A.I. Parliamentarism in Russia (issues of history, theory and practice): a course of lectures / A.I. Lukyanov. - M.: Norma: INFRA-M, 2010. - 303 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.