ТДУ 342.53
МАФХ,УМ ВА МО^ИЯТИ КОНСТИТУТСИОНЙ-^УКУЦИИ НАМОЯНДАГЙ
ПОНЯТИЕ И СУЩНОСТЬ КОНСТИТУЦИОННО-ПРАВОВОГО
ПРЕДСТАВИТЕЛЬСТВА
CONCEPT AND ESSENCE OF C ONSTITUTIONAL AND LEGAL
Олимзода Д. А.
Olimzoda D. A.
Дотсенти кафедраи идоракунии давлати ва %уцуци ицтисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, номзади илмхои ^уцуцшиносй Доцент кафедры государственного управления и экономического права Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, кандидат
юридических наук
Associate professor of the Department of Public Administration and Economic Law Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan, candidate
of legal sciences
Ихтисоси илми: 12.00.02 - Хукуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй-давлатй)).
Научная специальность: 12.00.02 - Конституционное право; право конституционного судебного процесса; правовое регулирование местной власти (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).
Scientific specialty: 12.00.02 - Constitutional law; constitutional litigation; legal regulation of local authorities (5.1.2. Public law (state law) sciences).
Тацризди^анда: Ахмедов Э.Ю. - дотсенти кафедраи хукуки байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.
Рецензент: Ахмедов Э.Ю. - доцент кафедры международного права Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук.
Reviewer: Akhmedov E.Yu. - Associate Professor of the Department of International Law of the Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences.
Аннотатсия: Дар макола масъалахои мафхум ва мохияти конститутсионй-хукукии намояндагй тахлил гардидааст. Муаллиф мафхуми "намояндагй"-ро пешниход намуда, кайд мекунад, ки низоми макомоти намояндагй дар Чумхурии Точикистон ба куллй тагйир ёфта, раванди такмили ин низом хануз ба анчом нарасидааст ва он дарки амики илмй ва тахлилро талаб мекунад.
Вожауои калиди: рушд, хукук, конститутсия, давлат, низом, шахрванд, инсон, намояндагй, интихоби озод, кафолат, химояи хукуку озодии инсон.
Аннотация: В статье анализируются вопросы понятия и конституционно-правовой сущности представительства. Автором представлено понятие "представительства" и отмечается, что система представительных органов в Республике Таджикистан полностью
О
К
E-mail:
изменилась, процесс совершенствования этой системы еще не завершен и требует глубокого научного понимания и анализа.
Ключевые слова: развитие, право, конституция, государство, система, гражданин, человек, представительство, свободный выбор, гарантия, защита прав и свобод человека.
Annotation: The article analyzes the issues of the concept and constitutional and legal essence of representation. The author presents the concept of "representation", notes that the system of representative bodies in the Republic of Tajikistan has completely changed, the process of improving this system has not yet been completed and requires deep scientific understanding and analysis.
Key words: development, law, constitution, state, system, citizen, personality, representation, free choice, guarantee, protection of human rights and freedoms.
^Мухиммтарин хадафи сиёсати давлатии Точикистон устувор нигах доштани асосхои сохти конститутсионй, барпо намудани давлати демократа, хукукбунёд, дунявй ва ягона мебошад, ки чавхари онро хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд ташкил медихад. Конститутсияи Чумхурии Точикистон хукуку озодихои инсон ва шахрвандро арзишхои олй эътироф намуда, риоя ва хифзи онхоро кафолат додааст ва дар моддаи 6-ум мукаррар намудааст, ки дар Точикистон халк баёнгари сохибихтиёрй ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатй буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалй мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи хокимияти халк раъйпурсии умумихалкй ва интихобот аст. Инчунин конститутсия пешбинй менамояд, ки шахрванд хукук дорад дар хаёти сиёсй ва идораи давлатй бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд [1].
Зери мафхуми "намояндаги" - ахде, ки шахс (намоянда) аз номи шахси дигар (вакилкунанда) дар асоси ваколати ба ваколатнома, нишондоди конун ё санади макоми ваколатдори давлатй ё макоми хокимияти махаллй асосёфта баста шудааст, хукуку ухдадории граждании вакилкунандаро бевосита ба вучуд меорад, тагйир медихад ё катъ мегардонад [8, с. 319].
Намояндагии халк - ин макомоти намояндагии хокимияти давлатй, ки аз макомоти интихобии намояндагй иборат аст. Ба мафхуми "намояндагии халк" низоми намояндагии халк алокаманд аст, яъне муносибатхо оид ба ташкили
макомоти намояндагй, вазъи вакилон, муносибати онхо бо интихобкунандагон, ахолй, хизбу харакатхои сиёсй, ташкили корй макомоти намояндагй, тайёр ва кабул кардани санадхо, мурофиаи конунгузорй, таъсири ахолй ба фаъолияти макомоти намояндагй бо дигар макомот ва г. [8, с. 319].
Раванди амалинамоии хукуки намояндагй мураккабу пурчараён аст ва масъалахои мухталифро пеш мегузорад. Дал намудан ё ба инобат гирифтани онхо талаби замон аст. Махсусан дар замони хозира, ки Чумхурии Точикистон бунёди чомеаи демократа, хукукбунёд ва дунявиро максади хеш карор додааст, ру овардан ба масъалаи намояндагй хамчун воситаи муфиди халли масъалахои мухимми махаллй, умуман инкишофи чомеа амри вокей аст. Долати зайл ахаммияти омузиши намояндагйро дар шароити имруза, навъу шаклхои зохиршавии онро хам аз чихати назариявй ва хам аз чихати амалй рузмарра мегардонад. Аз ин хотир, дарки амику фахми дурусти мохияту хусусияти намояндагй дар амалишавии хокимияти халкй ахаммияти вокей пайдо намудааст.
Чумхурии Точикистон ба мисли дигар давлатхои пешрафтаи чахон рохи инкишофи демократиро пеш гирифтааст ва ба такмили унсурхои демократии намояндагй саъйю кушишхои назаррасро анчом дода истодааст. Ин гуфтахо ба он асос мегардад, ки Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар китоби худ кайд менамояд, ки «Мо тачрибаи чахонии давлатдорй, омилхои сиёсию
иктисодй ва миллию фархангии мамлакатро дар мархилаи гузаштаву имруза омухта, рохи чомеаи хукукбунёд, дунявй ва демократиро интихоб кардем» [5, с. 368].
Дамзамон таъкид намудан ба маврид аст, ки таъйиноти ичтимоии масъалаи намояндагй асосан бо химояи манфиатхои ахолй вобастагй дорад, ки он ба халли бевоситаи масъалахои кобилияти хаётии ахолй дахл менамояд, яъне масъалаи намояндагй ин ташкили хокимият, фаъолияти идории макомоти намояндагй ва инчунин тачрибаи бадастомадаи фаъолияти макомоти намояндагй низ мебошад.
Ба акидаи сиёсатшиноси рус К.С. Гаджиев, демократияи Юнони кадим бо нишонахои асосии худ аз демократияи замони муосир тафовути чиддй дорад. Зеро дар шароити демократияи Юнони кадим низоми идоракунии бевосита афзалияти комил дошта, дар он тамоми ахолии мамлакат, аниктараш
«шахрвандони озод» вазифаи
конунгузорони дастачамъиро ичро менамуданд ва дар ин мархилаи рушду инкишофи чамъиятй хануз падидаи идоракунии намояндагй аз худ дарак намедод. Чунин холат дар бештари мавридхо бо давлатхои хурди Юнони кадим ва шумораи ками ахолии онхо асоснок карда мешуд. Зеро давлатхои кадима аз як шахр ва як катор дехахои хурди гирду атрофи он, ки шумораи ахолии онхо то ба 10 хазор нафар рафта мерасид, иборат буданд [3, с. 105].
Чи тавре ки Н.С. Грудинин кайд намудааст, институти демократияи намояндагй, шакли амалй гардонидани сохибихтиёрии халк мебошад, ки мохияти он аз чониби ахолй додани ваколати идоракунии корхои давлат ба намояндагони онхо ба мухлати мукаррарнамудаи конун дар макомоти намояндагй мебошад. Макомоти намояндагй хамчун асоси бунёдии сохти конститутсионии давлатхои демократии муосир ба шумор мераванд [2, с. 2015].
Дар чунин шакли идоракунй шахрвандон хукуки иштирок дар корхои чамъиятиро шахсан ичро накарда, балки
ба воситаи намояндагонй худ, ки онхоро ба мухлати муайян интихоб намудаанд ва дар назди худ вазифадор гардонидаанд, амалй мегардонанд. Чунин навъи идоракуниро чун коида демократияи плюралисты ва ё намояндагй меноманд.
Ба акидаи файласуфи рус В. П. Пугачев, демократия «шакли махсуси сохтори хар як ташкилоте мебошад, ки дар корхои идоракунй ва кабули карорхои мухимми он аъзоёнаш ба таври баробар иштирок менамоянд [4, с. 198].
Дар шароити хозира низ калимаи «демократия» ба якчанд маъно истифода мешавад. Дар "Фархангй истилохи хукук" кайд мешавад, ки калимаи "демократия" барои ифодаи пурахокимиятии халк ва нисбат ба давлати дорои як зумра нишо-нахои хукукй буда, иродаи аксарият, хамчун сарчашмаи хокимият ва эълон кар-дани озодиву баробархукукии шахрван-дон, хамчун муродифи хукуку озодихои шахрвандон истифода мешавад [8, с. 598].
Вобаста ба механизмхои ифодаи ирода демократия ду хел мешавад -бевосита ва намояндагй.
Дар шароити демократияи бевосита мачмуи фардхо - субъектони хокимият иродаи хешро нисбат ба масоили мухимми хаёти бевосита изхор мекунанд (масалан, бо рохи раъйпурсй, мухокимаи бевоситаи лоихаи конунхо). Накши дастгохи хокимият бошад, аз ташкили дурусти ин чараёнхо иборат аст.
Дар шароити демократияи намо-яндагй карорхои асоси тавассути намо-яндагони ваколатдор (масалан, вакилони мардумй), ки аз чониби субъектони хокимият интихоб шудаанд, кабул меша-ванд. Аз болои чунин макомот интихобку-нандагон назорат мебаранд (масалан, хисоботи вакилон дар назди интихобку-нандагон).
Демократия хамчун хокимияти халк фахмида мешавад, он бештар ба сифати хокимияти халк истифода мешавад. Ин яке аз аз таърифхои классикй мебошад. Г.Х. Шохназаров, масалан, чунин таърифи демократияро додааст, ки "Дар зери мафхуми демократия шакли сохти
давлатиро бояд фахмид, ки он ба прин-сипхои пуррахокимиятй, баробарй ва озодй асос ёфтааст" [9, с. 3].
Институти демократияи намояндагй дорои чунин хусусиятхо мебошанд:
- намояндагй;
- конунгузорй;
- назоратй;
- низомсозй;
- муваккатй;
- танзимкунанда.
Намояндагй - ин макомоти
намояндагии хокимияти давлатй, ки аз макомоти интихобии намояндагй иборат аст. Ба мафхуми "намояндагии халк" низоми намояндагии халк алокаманд аст, яъне муносибатхо оид ба ташкили макомоти намояндагй, вазъи вакилон, муносибати онхо бо интихобкунандагон, ахолй, хизбу харакатхои сиёсй, ташкили корй макомоти намояндагй, тайёр ва кабул кардани санадхо, мурофиаи конунгузорй, таъсири ахолй ба фаъолияти макомоти намояндагй бо дигар макомот.
Конунгузорй мафхуми хукукй, ки хам ба мазмуни васеъ ва хам махдуд истифода мешавад. Ба мазмуни махдуд конунгузорй танхо мачмуи конунхо мебошад. Ба мазмуни бештар истифодашаванда конунгузорй мачмуи натанхо конунхо, балки дигар санадхои меъёрию хукукие, ки парлумон, сардори давлат ва Дукумат, вазоратхо ва идорахое,ки барои кабули онхо ваколатдор шудаанд, кабул менамоянд. Ба мазмуни васеъ конунгузорй дар ЧТ, хама манбаъхои меъёрй-хукукии давлат, аз чумла карорхои Суди конститутсионй, корорхои раёсати Суди Олй ва Суди Олии иктисодии ЧТ-ро дар бар мегирад [8, с. 319].
Назорат яке аз шаклхои фаъолияти макомоти намояндагй оид ба таъмини конуният ба шумор меравад. Кдйд намудан зарур аст, ки чунин навъхои назорат вучуд дорад ба монандй: назорати парлумонй, назорати судй, назорати прокурорй, назорати маъмурй, ки хар яки онхо аз якдигар тафовутхои гуногун доранд.
Низомсози он тарзи муайян кардани натичахои фаъолият аз руйи салохият ва
ваколат дар сатхи намояндагии чамоат, намояндагии шахр, нохия, вилоят, ва Мачлиси Олй фахмида мешавад.
Муваккати будани фаъолияти макомоти намояндагй дар он асос меёбад, ки онхо бевосита аз чониби ахолй интихоб шуда ба мухлати муаян хамчун намояндаи халк дар сатхои гуногуни намояндагй фаъолият менамоянд.
Танзимкунанда будани фаъолияти макомоти намояндагй оид ба кабули конунхо, ризоият оид ба бастани санадхои байналмилалй, таъсиррасонй ба фаъолияти иктисодй, ичтимой ва сиёсию хукукии давлат фахмида мешавад.
Конститутсия кафили хукуку озодихои инсон ва шахрванд ба хисоб рафта, хукуку озодихои ичтимой, иктисодй ва фархангиро риоя ва хифз менамояд. Конститутсияи Чумхурии Точикистон боби 2-юми худро пурра ба хукуку озодй ва вазифахои инсон ва шахрванд бахшидааст, риоя ва ичрои онро хатмй эълон кардааст. Дар хамин асос риоя ва амалишавии хукукхои инсон ва шахрванд дар сатхи махал дар асоси конститутсия ва конунхои сохавй риоя ичро ва хифз карда мешавад [6, с. 162].
Таъмини сулху субот ва ризоияти миллй дар Точикистон ва тахкими кафолат, амнияти шахрвандон имкон фарохам оварданд, ки на танхо ба рушди ташкилотхои гайридавлатй, балки хамчунин ба фаъол гардонидани созмонхои маъмулии демократии чомеаи шахрвандй мусоидат намуданд.
Низоми намояндагии ахолй як ниходи мураккаби давлатй-хукукй буда, мачмуи макомоти намояндагии хокимият, тартиби ташкил ва фаъолияти онхоро дар бар мегирад, муносибатхо бо дигар макомоти давлатй, худидоракунии махаллй, ташкилотхои чамъиятй, инчунин шаклхои таъсиррасонй ба фаъолияти онхоро назорат менамояд.
Тартиби кори низоми намояндагии ахолй пешакй муайян карда шудааст як катор омилхое, ки дар байни инхо ба назар мерасанд:
- заминаи конунгузорие, ки фаъолияти макомоти намояндагии ахолй ба он асос ёфтааст;
Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023
- механизми ташкили макомоти намояндагй хокимияти давлатй;
- дарачаи шуури сиёсию хукукии чамъиятй;
- механизмхое, ки алокаи доимии байни вакилон ва интихобкунандагони онхоро таъмин мекунанд [2, с. 215].
Тавре, ки Н.С. Грудинин кайд намудааст, намояндагии халк, метавонад, ба сифати намояндагй дар макомоти давлатй, ки дар асоси намояндагй амал мекунанд, дар рафти интихоботи даврии умумии бевоситаи озод ташкил карда мешаванд иштирок намояд [2, с. 215].
Дар ин росто А. Имомов кайд менамояд, ки харчанд парлумон чун макомоти олии умумимиллии намояндагй дар хамаи давлатхо вучуд дорад, вале падидаи усули парлумони
(парлумонтаризм) на дар хамаи давлатхо вучуд дорад. Усули парлумони низоми ташкилй ва амали хокимияти конунгузор аст, ки дар тачзияи хокимияти давлатй ба конунгузорй ва ичроия парлумон вазъи имтиёзнок дорад. Махсусияти усули парлумони дар мустакилии он нисбати хокимияти ичроия, назорат ба фаъолияти хукумат, масъулияти сиёсии хукумат дар назди парлумон ва умуман, дар низоми макомоти давлатй мавкеи намоён ишгол кардани он аст. Дар бисёр давлатхо парлумон на факат салохияти назорат аз болои фаъолияти хукумат, балки тавассути эълон кардани нобоварй дар баъзе холатхо хукуки табдилу ивази онро дорад [6, с. 162].
Дар хусуси масъалаи мазкур фикру акидахои якчанд муаллифонро тахлил мекунем. Ю.А. Тихомиров кайд мекунад, ки мафхуми демократия чун хокимияти халк, ахаммияти хосаро дорост. Аз чумла, Чумхурии Точикистон низ хамчун чузъи чомеаи чахонй чй дар гузаштаи начандон дур ва чй дар замони муосир дар тули инкишофи хеш масъалаи намояндагиро, кафолат медихад.
Тахлили меъёрхои Конститутсия ва конунгузори амалкунандаи Ч,умхурии Точикистон нишон медихад, ки шаклхои татбики хукукхои номбурдаи шахрвандон номахдуд буда, ба ягон хел поймолкунии ин хукукхо рох дода намешавад. Чунончи,
тибки моддаи 27 Конститутсияи Чумхурии Точикистон, «Шахрванд хукук дорад дар хаёти сиёсй ва идораи давлатй бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шахрвандон ба хидмати давлатй хукуки баробар доранд. Шахрванд аз синни 18 хукуки дар раъйпурсй иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни мукаррарнамудаи Конститутсия,
конунхои конститутсионй ва конунхо хукуки интихоб шуданро дорад. Шахрвандоне, ки аз тарафи суд гайри кобили амал дониста шудаанд ва ё мувофики хукми суд дар чойхои аз озодй махрумшудагон нигох дошта мешаванд, хукуки дар интихобот ва раъйпурсй иштирок кардан надоранд.
Тартиби гузаронидани интихоботро конунхои конститутсионй ва конунхо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсй тибки конуни конститутсионй сурат мегирад».
Мафхум ва мохияти конститутсионй-хукукии намояндагиро ба ду мазмун фахмидан мумкин аст, яъне, васеъ ва махдуд.
Ба мазмуни васеъ гуфта, ки ин иштироки васеи ахолй дар раванди идоракунй ва намояндагй дар сатххои гуногуни намояндагй фахмидан мумкин аст.
Ба мазмуни махдуд иштирок дар як сатхи намояндагии ахолй фахмида мешавад, ки барои амалй намудани ваколати намояндагй чи дар самти чамоат, нохия, шахр, ваилоят ва ё намояндагй дар сатхи Мачлиси Олй.
Дар солхои охири асри ХХ демократияи намояндагй ба мархилаи навй рушд ворид шуд. Рушди масоили демократияи намояндагй дар Чумхурии Точикистон баъди ба даст овардани Истиклолияти давлатй ба вучуд омадааст. Чун баъд аз сохибихтиёрй ба даст овардан ниходхои давлативу чамъиятй кадамхои аввалини худро ба суйи ташаккул ва рушд ниходааст. Макомоти намояндагй дар равандй идоракунй табакахои васеи ахолиро чалб намуд, ва шахрвандон дар асоси хукукхои конститутсионии худ тавонистанд дар идоракунии давлативу
Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023
чамъиятй бевосита ва ё бавоситаи намояндагони худ иштирок намоянд.
Санахои таърихии пайдоиш ва инкишофи давлат бо вокеахо, холатхои алохида ва хатто бо накши шахсиятхои таърихй дар татбики бозсозии хаёти миллату миллат робитаи мустаким доранд. Давлатдории муосири точикон натичаи пешравии тахаввулоти мардуми точик ба суи худшиносй ва мустахкам шудани тадричан дар атрофи гояи ягонагии фарханг, расму оин, забон, дин, чомеаи худудй ва шароити мусоиди таърихй мебошад. Хдмаи онхо якчоя, илова бар ин хохиш ва майл ба орзуи азизи озодй, миллй истиклолият ва муборизаи намояндагони пешкадами халки точик барои истиклолият заминаи мусоид барои бунёди давлатдории миллии онхо гардид. Точикистон давлати якмиллат ва сермиллат, ки намояндагони бисёр халкхоро муттахид намуда, дар атрофи халки точик муттахид шудаанд. Точикон миллати титулй дар Точикистон мебошанд ва субъекти давлатсоз, ки халкхои дигарро муттахид менамояд, ки аслан дар худуди хозираи чумхурй зиндагй карда, бо такдиру манфиатхои умумй ба хам алокаманданд [7, с. 52-69].
Конститутсия худ конун аст, конуни асосй, конуне, ки бо устувории худ оид ба тартиби кабул ва халли масъалахои муносибатхои чамъиятию сиёсиро аз дигар санадхои меъёрии хукукй ба куллй фарк мекунад. Пеш аз хама, Конститутсия ба сифати конуни олии кишвар дар шакли муайян тахия шуда, аз суботу устувории махсус бархурдор аст. Он метавонад танхо бо тартибе, ки худи Коститутсия мукаррар кардааст, тачдиди назар карда шавад. Яъне, Конститутсия бо рохи раъйпурсии умумихалкй кабул мегардад, тагйиру ило-вахо ба он бо рохи раъйпурсии умумихалкй ворид карда мешаванд. Тартиби во-рид намудани тагйиру иловахо ба Консти-тутсия хусусияти хоси худро дорад, ки он аз эътибори олй доштани ин санад ва ба танзим даровардани муносибатхои мухимми чамъиятй ва давлатй шаходат медихад.
^айд намудан зарур аст, ки танхо солхои охири асри XX - ибтидои асри XXI
шароит барои ташкили комилхукуки макомоти намояндагии хокимияти давлатй ва худидоракунии махаллй, амалй намудани ваколати онхо дар хамкорй бо хокимияти ичроия ва макомоти судй дар асоси Конститутсия ва конунхо сурат гирифт. Махсусан дар замони хозира, ки Чумхурии Точикистон бунёди чомеаи демократа, хукукбунёд ва дунявиро максади хеш карор додааст, ру овардан ба демократияи намояндагй хамчун воситаи муфиди халли масъалахои намояндагии ахолй, умуман инкишофи чомеа амри вокей аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар матни аввалаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон (соли 1994) асоси хукукии ташкилёбй, фаъолият ва низоми намояндагй хеле махдуд инъикос гардида буд. Дар хамин росто макомоти конунгузор номи Мачлиси Олиоо гирифт, ва бо тагйироти конститутсионй солхои 1999, 2003 ва 2016 он ба дупалатаги табдилёфта палатаи болои Мачлиси миллй ва палатаи поёни Мачилиси намояндагон номгузорй шуд. Дар ин даврахо макомоти намояндагии хокимияти давлатй ва худидоракунии махаллй рушд карда, барои танзими хукукии онхо якчанд конунхои сохавй кабул карда шудаанд.
Тачрибаи солхои охир нишон дод, ки низоми макомоти намояндагй дар Чумхурии Точикистон ба куллй тагйир ёфта, раванди такмили ин низом хануз ба анчом нарасидааст, он дарки амики илмй ва тахлилро талаб мекунад. Макомоти намояндагии хокимият дар шароити замони муосир, ки бо инкишофи иктисоди бозаргонй ва бисёрхизбй, принсипхои касбии фаъолияти намояндагй хоссанд, амал мекунанд.
Дар шароити кунунй доир ба ташкил ва фаъолияти демократияи намояндагй, мохияти конститутсионй-хукукй, ваколат, хамкорй ва масъулиятшиносии он умумияту хулосахои принсипан нави илмй талаб карда мешавад. Махз аз сабабхои объективии ба мархалаи хозираи генезиси таърихии давлатдорй хос аст, ки акидахои мукарраршудаи конститутсионй дар бораи демократияи намояндагй талаботи
илм ва амалияро конеъ гардонда наметавонанд.
Дар байни мохияти конститутсионии демократияи намояндагй ва фаъолияти вокеии он ихтилоф вучуд дорад. Ин зиддият хислати илмй дошта, хамчун сарчашмаи инкишофи назария, конунгузорй ва амалияи татбики хукук хизмат мекунад.
Аз ин ру, илми хукуки конститутсионй на танхо ба таври назаррас такмил додани мафхум ва дидгоххои алохидаро оид ба масоили таъмини сохибихтиёрии халк такозо мекунад, балки бояд консепсияи мукаммали демократияи намояндагй хамчун яке аз шаклхои татбики он дар шароити муосир тахия карда шавад. Зарурати назарияи мукаммали таъмини демократияи намояндагй, ки метавонад ба омузиши ин масоил дар илмхои сохавй ва раванди конунгузорй ва татбики хукук пешниход шавад.
Мушкилй ва гуногунчанбаи ниходи намояндагии мардум онро объекти
омузиши илмхои гуногун: фалсафа, чомеашиносй, сиёсатшиносй ва хукукшиносй месозад. Аммо чанбаи конститутсионй-хукукии ин мушкилот то вактхои охир пурра ва хамачониба тахлил карда нашудааст.
Бояд эътироф кард, ки мушкилоти демократияи намояндагй хамеша таваччухи мухаккикони сохахои гуногуни донишхои илмй, аз чумла, илми хукуки конститутсиониро ба худ чалб мекунад.
Хамин тавр, зери мафхуми "намояндагй" ин низоми намояндагии башумор, рафта яъне муносибатхо оид ба ташкили макомоти намояндагй, вазъи хукукии вакилон, муносибати онхо бо интихобкунандагони худ, ташкили корй макомоти намояндагй, тайёр ва кабул кардани санадхо, мурофиаи конунгузорй, таъсири ахолй ба фаъолияти макомоти намояндагй бо дигар макомоти давлатй фахмида мешавад.
Адабиёти истифодашуда
1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тагйиру иловахо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 // [Захираи электронй] - Речаи ворид-шавй: URL: http://mmk.tj (санаи мурочиат: 13.10.2022).
2. Грудинин, Н.С. Государственная дума Федерального собрания Российской Федерации как орган народного представительства: вопросы теории и практики: дис... канд. юрид. наук: 12.00.02 / Грудинин Никита Сергеевич. - М., 2015. - 215 с.
3. Гаджиев, К.С. Политология (основной курс): учебник / К.С. Гаджиев. - М: Высшее образование, 2005. - 460 с.
4. Пугачев, В.П. Введение в политологию: Учебник. 4-е изд., перераб. и доп. / В.П. Пугачев. - М.: Аспект-Пресс, 2002. - 477 с.
5. Рахмонов, Э. Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат. Ч,илди 2. - Душанбе: Ирфон, 2002. - 507 с.
6. Имомов, А.И. Хукуки конститутсионии Чумхурии Точикистон / А.И. Имомов. -Душанбе: Оли Сомон, 1997. - 389 с.
7. Имомов, А.И. Размышления о государственном суверенитете / А.И. Имомов // Давлатшиносй ва хукуки инсон. - 2020. - № 1 (17). - С. 52-69.
8. Фарханги истилохоти хукук / Зери тахрири Махмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2004. -
600 с.
9. Шахназаров, Г.Х. Предисловие к книге В.И. Ленина «О социалистической демократии» / Г.Х. Шахназаров. - М.: Политиздат, 1977. - 197 с.
References
1. Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 with amendments dated September 26, 1999, June 22, 2003 and May 22, 2016 // [Electronic resource] - Access source: URL: http://mmk.tj (access date: 13.10.2022).
2. Grudinin, N.S. State Duma of the Federal Assembly of the Russian Federation as a body of people's representation: issues of theory and practice: diss... cand. legal Sciences: 12.00.02 / Grudinin Nikita Sergeevich. - M., 2015. - 215 p.
3. Gadzhiev, K.S. Political science (main course): textbook / K.S. Gadzhiev. - M: Higher Education, 2005. - 460 p.
4. Pugachev, V.P. Introduction to political science: Textbook. 4th ed., revised. and additional / V.P. Pugachev. - M.: Aspect-Press, 2002. - 477 p.
5. Rahmonov, E. The independence of Tajikistan and the revival of the nation. Volume 2. -Dushanbe: Irfan, 2002. - 507 p.
6. Imamov, A.I. Constitutional law of the Republic of Tajikistan / A.I. Imamov. - Dushanbe: Oli Somon, 1997. - 389 p.
7. Imomov, A.I. Reflections on state sovereignty / A.I. Imomov // Davlatshinos va x,u;u;i inson. -2020. - No. 1 (17). - P. 52-69.
8. The culture of legal terms / Edited by MA Mahmudov. - Dushanbe: Er-graf, 2004. - 600 p.
9. Shakhnazarov, G.Kh. Preface to the book by V.I. Lenin "On Socialist Democracy" / G.Kh. Shakhnazarov. - M.: Politizdat, 1977. - 197 p.