ТДУ 342.41
НАЦШИ ТАГЙИРУ ИЛОВАТО БА КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ КОНУНГУЗОРИИ МАМЛАКАТ
РОЛЬ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ, ВНОСИМЫХ В КОНСТИТУЦИЮ НА РАЗВИТИЕ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА СТРАНЫ
THE ROLE OF AMENDMENTS AND ADDITIONS TO THE CONSTITUTION ON THE DEVELOPMENT OF THE COUNTRY'S LEGISLATION
Ра4абзода Р.М. Rajabzoda R.M.
Раиси Кумитаи Мацлиси намояндагони Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон оид ба цонунгузори ва %уцуци инсон, доктори илмуои
^уцуцшиносй, дотсент
Председатель Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси
Оли Республики Таджикистан по законодательству и правам человека, доктор юридических наук, доцент Chairman of the Committee of the Majlisi Namoyandagon of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan on Legislation and Human
Rights, Doctor of Law, Associate Professor
Ихтисоси илми: 12.00.01 - Назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат (5.1.1. Илмхои хукукии назариявй-таърихй).
Научная специальность: 12.00.01 - Теория и история права и государства; история учений о праве и государстве (5.1.1. Теоретико-исторические правовые науки).
Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; history of the doctrines of law and the state (5.1.1. Theoretical and historical legal sciences).
Тацризди^анда: Мансурзода А.М. - сардори факултети № 2-юми Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, дотсент, подполковники милитсия.
Рецезент: Мансурзода А. М. - начальник факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, подполковник милиции.
Reviwer: Mansurzoda A.M. - Head of the Faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, associate professor, lieutenant colonel of the militia.
Аннотатсия: Дар макола сухан дар бораи сабаб ва омилхои ворид намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон, накш ва ахаммияти онхо дар рушди конунгузории мамлакат меравад. Кдйд мегардад, ки ворид намудани тагйиру иловахо ба конститутсия кисми чудонашандаи амалия ва тачрибаи конститутсионии чомеаи чахон мебошад. Бинобар ин, дар хамаи давлатхои чахон тачрибаи ворид намудани тагйиру иловахо ба конуни асосии кишвар чой дорад.
Вожа^ои калидй: конститутсия, парламент, раъйпурсии умумихалкй, эъломия, давлат, истиклолият, сохибихтиёр, демократия, хукук, шахрванд, инсон, озодй, конунгузорй.
Аннотация: В статье говорится о причинах и факторах внесения изменений и дополнений в Конституцию Республики Таджикистан, их роли и значении на развитие законодательства страны. Отмечается, что внесение изменений и дополнений в конституцию является неотъемлемой частью конституционной практики и опыта мирового сообщества. Поэтому во всех странах мира есть опыт внесения изменений и дополнений в основной закон государства.
E-mail:
Ключевые слова: конституция, парламент, референдум, декларация, государство, независимость, суверенитет, демократия, право, гражданин, человек, свобода, законодательство.
Annotation: The article talks about the reasons and factors for making changes and additions to the Constitution of the Republic of Tajikistan, their role and significance for the development of the country's legislation. It is noted that the introduction of amendments and additions to the constitution is an integral part of the constitutional practice and experience of the world community. Therefore, in all countries of the world there is an experience of making changes and additions to the basic law of the state.
Key words: constitution, parliament, referendum, declaration, state, independence, sovereignty, democracy, law, citizen, person, freedom, legislation.
^обили дайд аст, ки ворид намудани тагйиру иловахо ба конститутсия дисми чудонашандаи амалия ва тачрибаи конститутсионии чомеаи чахон мебошад. Бинобар ин, дар хамаи давлатхои чахон тачрибаи ворид намудани тагйиру иловато ба конститутсия чой дорад.
Дар назария ва амалияи илми конститутсионии чахони имруза ду намуди ворид намудани тагйиру иловато ба конститутсия, яъне:
1) Бо рохи раъйпурсии умумихалкй;
2) Аз чониби парламенти кишвар мавчуд мебошад [1, с. 95; 3, с. 23; 6, с. 11].
Аз ин ру, дайд кардан бамаврид аст, ки яке аз хусусиятхои мухим ва фардку-нандаи Конститутсияи Чумхурии Точики-стон соли 1994 (минбаъд - Конститутсияи Ч,Т), ки бо рохи раъйпурсии умумихалкй кабул шудааст дар он зохир мегардад, ки танхо бо рохи раъйпурсии умумихалкй ба ин санади мухим тагйиру иловато ворид кардан мумкин аст.
Дар тахдидоти мазкур сухан дар бо-раи сабаб ва омилхои ворид намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи Ч,Т, надш ва ахаммияти онхо дар рушди конунгузории мамлакат меравад.
Сохибистидлол гардидани Точики-стон ба кабули конститутсияи навини он асос гардида, хусусиятхои Чумхурии Точикистонро хамчун давлати сохибих-тиёр, демократй, хукудбунёд, дунявй, ягона ва ичтимой эълон намуд. Сарчаш-маи асосии Конститутсияи нави Точики-стон - Эъломияи истидлолияти Точики-стон аз 24 августи соли 1990 [5] мебошад, ки дар он ба таври сиёсй-хукукй сохибих-
тиёрии давлатии Точикистон эълон гар-дидааст. Махз дар ин эъломия бори нахуст эълон карда шудааст, ки дар худуди Точикистон волоияти конститутсия ва конунхо амал мекунад. Мавкеи конститутсия дар муайян кардани мазмуни конунхои сершумор ва санадхои меъёрии хукукии Точикистон бо рохи татбики асос ва заминахои мукарраргардида хеле калон аст. Аз ин ру, конститутсия ва меъёрхои он дар ташаккулёбии низоми хукукй ва рушди конунгузории Точикистон, дар пойдор ва тахкими давлатдорй дар Точикистон ахаммияти муайянкунандае дорад.
Конститутсияи Ч,Т соли 1994 [2] яке аз дастовардхои азими мардуми Точикистон буда, тахкурсии бунёди давлати сохибихтиёр, демократй, хукукбунёд, дунявй, ягона ва ичтимоиро гузошт, ки имруз бахри ифодаи хукукии хусусияти давлатдории миллии точикон дар арсаи байналмилалй накши хосаеро доро мебошад.
Конститутсияи Ч,Т дурнамои пешрафти халки Точикистон буда, вазифаи аввалиндарачаи он - пойдории сулх дар Точикистон ва бунёди чомеаи адолатпарвар ба шумор меравад. Дар чашни 15-солагии Конститутсияи Ч,Т Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид карда буданд, ки «Бо назардошти дастовардхои нав ба нави чомеа зарурати ворид намудани тагйиру иловахои навбатй ба Конститутсияи Точикистон ба миён омад, ки он рузи 22 июни соли 2003 амалй гардид. Дар натичаи ду ислохоти конститутсионй (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003) аввалин маротиба дар
таърихи сиёсии кишвар парламенти думачлисаи доимамалкунанда, такмили макомоти ичроия ва сохтори иктисодии кишвар, баланд бардоштани сатхи мустакилияти макомоти судй, эътирофи инсон, хукук ва озодихои у ба сифати арзиши олй ва дигар ниходу андешахои демократй ба конститутсияи мо ворид гардиданд» [4].
Конститутсия гояхоеро мустахкам менамояд, ки онхо тачассумкунандаи асосхои сохтори конститутсионй ва татбиккунандаи максад, вазифа ва сиёсати давлат аст.
Конститутсия хамчун хуччати сиёсй мазмуни ба худ хосеро доро буда, дар он шакли хукукии масъалахои мубрами марбут ба сохибихтиёрии давлат, шакли он, тарзхои ташкили хокимияти давлатй, сохтори давлат, холати хукукии инсон ва шахрванд ва шаклхои гуногуни моликият муайян ва кафолат дода шудааст. Меъёрхои конститутсионй барои фаъолияти макомоти давлатй,
иттиходияхои чамъиятй, шахсони мансабдор, инсон ва шахрвандон сарчашма ба хисоб рафта, меъёрхои конститутсионй дар бисёр маврид бахри муайяннамоии усул ва самтхои асосии сиёсати давлат, аз чумла сиёсати хоричии давлат равона карда шудаанд.
Дар тачрибаи конститутсионии 29-солаи мамлакати мо ва ислохоти конститутсионии минбаъда яке аз максадхои асосй ин таъмини рушду тахкими минбаъдаи шохахои мустакили хокимияти давлатй ба шумор мерафт. Аз ин ру, дар натичаи ислохоти конститутсионии соли 1999 [7] мухиммтарин рукни давлатдории муосири Точикистон - Парламенти касбй таъсис дода шуд, ки самаранок ва саривактй будани онро таърихи фаъолияти 23-солаи он исбот намудааст. Дамзамон, ислохоти конститутсионии гузашта дар самти тахкими пояхои хокимияти ичроия хамчун шохаи мустакили хокимияти давлатй ба хотири таъмини фаъолияти бомаром ва самараноки идораи давлатй равона гардида буданд.
Бо кабули конститутсияи нави давлати сохибистиклоли мо яке аз гояхои
марказии давлати хукукбунёд, яъне тачзияи хокимияти давлатй ба конунгузор, ичроия ва судй хамчун принсипи конститутсионии идораи давлатй дар Чумхурии Точикистон эътироф гардида, он ба сифати рохнамои рушди минбаъдаи ин се шохаи мустакили хокимияти давлат амалй шуда истодааст.
Махз ба хамин хотир дар Конститутсияи ЧТ бобхои алохида ба танзими тарзи ташкил ва фаъолияти макомоти алохида, ки хокимияти давлатиро ба амал мебароранд, бахшида шуда, принсипи тавозун ва боздориро, ки илми давлатшиносй аз мухиммтарин асоси рушди давлати хукукбунёд шуморидааст, таъмин менамоянд.
Дар ислохоти конститутсионии навбатй ва такмили меъёрхои Конститутсия, ки дар мархилаи муосири рушди давлатдории Точикистон пешниход шудааст, яке аз гояхои марказии он ин рушду тахкими хокимияти конунгузор, ичроия ва судй мебошад.
Хдмзамон дар маколаи мазкур якчанд омил ва равандхои ворид намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи ЧТ манзур мегардад.
1. Рушди устувору босуботи чомеа, бахусус чомеаи муосири Точикистон такозо менамояд, ки меъёрхои конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрхои конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки конунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Тагйиротхои ба конститутсия воридшаванда барои рушди бемайлони сохахои сиёсй, иктисодй, хукукй, ичтимой ва фархангии чомеа мусоидат мекунад.
Ин имкон медихад, ки мунтазам сатху сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Прези-денти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон пайваста талош менамо-янд, ки харчи зудтар сатху сифати зиндагии халк баланд гардида, Точики-стони азиз боз хам ободтару зеботар гар-дад. Аз чумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон
кайд намуданд, ки «мухайё намудани ша-роити хар чи бехтари зиндагй барои соки-нони кишвар хадафи олитарини фаъоли-яти Президент ва Хукумат мебошад».
Тагйиру иловахои ба конститутсия воридшаванда чихати амалй намудани ин максади олй мусоидат мекунад.
2. Тагйиру иловахо ба рушди минбаъдаи равандхои демократикунонии хаёти чомеа, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, кафолати риоя ва хифзи онхо мусоидат менамояд.
Добили зикр аст, ки Конститутсияи ЧТ аз чониби коршиносони байналми-лалй хамчун яке аз конститутсияхои бехта-рин эътироф гардидааст. Ин пеш аз хама ишора ба он меъёрхои конститутсия мебо-шад, ки онхо зербинои мустахками чомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тагйироти солхои 1999 ва 2003 ба консти-тутсия воридгардида ин меъёрхоро боз хам мукаммал намуда, тибки онхо чомеа ба мархилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрхои конститутсия бо назардошти та-раккиёти минбаъдаи чомеа боз хам так-мил дода шаванд, то ки мо ба мархилаи навбатии рушди демократия ва хукуку озодихои инсон ва шахрванд комёб ша-вем. Бо ин максад ба якчанд меъёрхои кон-ститутсия тагйироту иловахо пешниход шудаанд.
3. Тахкиму такмили асосхои конститутсионии хокимияти давлатй, рукнхои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми макомоти давлатй, фаъолияту хамкорихои байнихамдигарии онхо.
Бояд ёдовар шуд, ки конститутсия хамчун муайянкунандаи асосхои ташкил ва фаъолияти хокимияти давлатй, низоми макомоти давлатй, муносибату хам-корихои байнихамдигарии онхо мебошад.
Инкишофу пешрафти чомеа, хусусан давлатхои рушдёбанда, талаб менамояд, ки низоми макомоти хокимияти давлатй, муносибату хамкорихои мутакобилаи онхо тахким ёбанд, идоракунии давлатй боз хам мукаммал, самаранок ва пур-махсул гардад, то ки чомеа босуръат пеш рафта, сатху сифати зиндагии, ахолй баланд гардад, сулху вахдат, конуният ва
тартиботи чамъиятй устувор ва мустахкам шавад.
Аз ин ру, тагйиру иловахои пеш-ниходшуда аз 26-уми майи соли 2016 бештар ба низоми макомоти хокимияти давлатй, фаъолият ва хамкорихои онхо бахшида шудааст.
4. Бо назардошти рушди забони давлатй, баинобатгирии коидахои нави имлои забони точикй, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4-уми октябри соли 2011, № 458 тасдик шудааст*, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи ЧТ, истилоххо ва ибораву калимахои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибки меъёрхои он дакик навишта шаванд.
5. Зарурати дигари ворид намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи ЧТ ин ба хам мутобик намудани меъёрхои конститутсия ба истилоху меъёрхои санадхои хукукии байналмилалй мебошад. Тагйироти пешбинишуда имкон медихад, ки меъёрхои конститутсия бо меъёрхои хукуки байналмилалй дар якчоягй ва хамбастагй амал намуда, хамкорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Омил ва равандхои зикргардида такозо менамоянд, ки тагйиру иловахои зарурй ба Конститутсияи ЧТ ворид карда шаванд, то ки чомеа ва давлати Точики-стон боз хам тахким ва такмил ёбад.
Дар ин раванд яке аз талаботи нави конститутсионй барои шахсоне, ки ба сифати Президенти Чумхурии
Точикистон, аъзои Мачлиси миллй, вакили Мачлиси намояндагон, аъзои Хукумати мамлакат ва судя интихоб ё таъин мешаванд, ин доштани танхо як шахрвандй, яъне шахрвандии Чумхурии Точикистон мебошад. Тагйироти пешниходшуда ба моддахои 49, 65, 73, 85 ва 89 ин мукарраротро пешбинй менамоянд. Чорй намудани талаботи ягона ба шахсоне, ки дар се шохаи мустакили хокимияти давлатй фаъолият менамоянд, бенихоят мухим буда, мувофики ин талабот шахсоне, ки душахрвандй ё шахрвандии дигар давлатро доро мебошанд дар вазифахои пурмасъулият интихоб ё таъин шуда
наметавонанд. Шахсе, ки баъд аз интихоб ё таъин шудан ба ин вазифахо шахрвандии дигар давлатро сохиб шуда бошад, ин холат боиси аз вазифа рафтани у мегардад.
Талаботи дигаре, ки ба хотири таъмин намудани дастрасии баробар барои ишголи мансабхо ва макоми дар боло зикргардида ин талаботи синнусолй нисбати чунин шахсон мебошад. Мувофики мукаррароти Конститутсияи амалкунанда (то 16 майи соли 2016) талаботи синнусолй нисбати онхо гуногун пешбинй (барои Президенти Чумхурии Точикистон 35-солагй, узви Мачлиси миллй 35-солагй, вакили Мачлиси намояндагон 25-солагй, судяи судхои болой 30-солагй). Аз ин ру, махз бо назардошти асосхои дар боло дарчгардида тагйиру иловахои пешниходшуда талаботи синнусолиро барои хар се шохаи хокимияти давлатй якхела, яъне на камтар аз 30-солагй пешбинй менамояд.
Инчунин, нисбат ба хамин категорияхои мансабдорони давлатй мукаррар намудани талабот оид ба савгандёдкунй низ мухим мебошад. Бояд кайд намуд, ки Конститутсияи амалкунанда савгандёдкуниро барои Президенти Чумхурии Точикистон пеш аз шуруи вазифа дар чаласаи якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон пешбинй намудааст (моддаи - 67). Хамзамон, конунгузории мамлакат савгандёдкунии судяхоро низ пешбинй кардааст. Мувофики тагйиру иловахои пешниходшуда ба моддахои 49, 73, 85 ва 89 барои намояндагони хар се шохаи хокимияти давлатй ёд кардани савганди садокат дар сатхи конститутсионй талаботи якхела чорй карда мешавад.
Масъалаи дигар ин танзими хукукии тарзи ташкил ва фаъолияти макомоти давлатй, ки намояндаи ин се шохаи хокимияти давлатй ба шумор мераванд, мебошад. конститутсияи амалкунанда кабули конуни конститутсиониро оид ба тарзи ташкил, фаъолият, ваколатхо, вазъи хукукй ва дигар масъалахои марбут ба Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон, Хукумати мамлакат ва судхо пешбинй намудааст. Аммо оид ба санаде, ки
таъмини фаъолияти Президенти Чумхурии Точикистонро ба танзим меда-рорад, дар конститутсия мукаррарот вучуд надорад. Аз ин ру, иловаи ба моддаи 71 пешниходшуда кабули конуни консти-тутсиониро оид ба танзими таъмини фаъолияти Президент пешбинй кардааст (^онуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъминоти ичти-мой, хизматрасонй ва мухофизати Прези-денти Чумхурии Точикистон»).
Доир ба дигар тагйироти дар номи боби шашум ва мувофикан дар матни он пешниходшуда, ки ба чойи калимахои «Хокимияти махаллй» истифода намудани вожахои «Макомоти махаллии хокимияти давлатй»-ро пешбинй намудааст, ба хотири мушаххас намудани вазъи хукукй-конститутсионии ин макомот равона шудааст.
Хамзамон, мувофики тагйироти ба м. 78 пешниходшуда меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шахр ва нохия аз Конститутсия хорич карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки мансаби раиси вилоят, шахр, нохия мансабхои алохида мебошанд ва тибки конун салохияту ваколатхои мушаххаси худро доранд. Хамчун мансаби алохида ин шахсон аз чониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва макомоти болоии худ, мачлисхои вакилони халки дахлдор масъул ва хисоботдиханда мебошанд. Чу-нин хусусияти ин мансабхо такозо мена-мояд, ки нисбати онхо меъёри намояндаи Президент истифода бурда нашавад. Аз ин ру, ин пешниход низ ба тахкими хокими-яти ичроия, махсусан макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй равона карда шудааст.
Дар Чумхурии Точикистон бахри ка-фолати таъмини адолати судй, мустакили-яти судяхо, волоияти арзишхои инсонй, эхтиром ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, баробарии хама дар назди конун корхои хеле назаррас, аз кабили мархила ба мархила такмил додани конун-гузории амалкунандаи мамлакат, зиёд намудани вохидхои корй, афзоиши ма-благгузории фаъолияти макомоти судй ва
таъмини судхо бо бино ва тахчизоти му-осир анчом дода шуда, истодаанд.
Бо назардошти он ки дар Точикистон хокимияти судии мустакили бегараз дар таъмини хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, конуният ва адолати ичтимой накши мухим дорад, ба ташаккули ин шо-хаи хокимияти давлатй дар катори хоки-мияти конунгузор ва ичроия ахаммияти хоса дода мешавад.
Тадбирандешй дар ин самт барои таъмини мустакилияти суд равона карда шудааст ва бобати баррасии саривактии парвандахо, кабули санадхои конунй, асоснок ва одилонаи макомоти судй мусо-идат менамояд.
Мустакилй ва ягонагии хокимияти судй дар он зохир мегардад, ки судхо дар Точикистон макоми ягона буда, дар татбики салохияту ваколат ба Конститут-сия ва конун итоат намоянд.
Тагйиру иловахои ба конститутсия пешниходшуда дар самти хокимияти судй низ бо максади тахкими минбаъдаи мако-моти судй, густариш додани мустакилияти судяхо ва амалисозии ислохоти сохтории ин макомот равона гардидааст.
Айни замон бо максади рушди мин-баъдаи фаъолияти макомоти судй хамчун шохаи мустакили хокимияти давлатй, му-тобик гардонидани он ба талаботи са-надхои хукукии байналмилалй ва тачри-баи замони муосир зарурати дар як сохтор
мутамарказ намудани макомоти судй ба миён омадааст. Зеро амалй намудани масъалахо вобаста ба баррасии парвандахои судй, санчиши сифати санадхои судй, доир ба онхо кабули карорхои дахлдор, такмил ва ташкили фаъолияти судхоро танхо хокимияти судй бояд ба ухда дошта бошад.
Тачрибаи аксар давлатхои аъзои Ит-тиходи Давлатхои Мустакил низ нишон медихад, ки ваколати сохтори алохида ми-сли Шурои адлия аз чониби Суди Олии ин кишвархо амалй карда мешавад, ки ман-фиати он дар пешрафти фаъолият ва таъмини мустакилияти хокимияти судй ахаммияти мухим дорад.
Хамзамон, ба хокимияти муттамар-каз табдил додани судхо ба босифат ва са-маранок амалй намудани вазифахои мухимме, ки ба ин макомот вогузор шуда-аст, мусоидат менамояд.
Дар охир кайд кардан ба маврид аст, ки ворид намудани тагйиру иловахо ба Конститутсияи ЧТ дар мачмуъ ба мукам-малтар гардидани меъёру мукаррароти он мусоидат намуда, барои ташаккули мин-баъдаи муносибатхои чамъиятй заминаи мусоиди хукукй фарохам оварда, кафо-лати хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрвандро дар чумхурй таквият мебах-шад.
Эзох:
* Мутобики Кдрори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи Кридахои имлои забони точикй ва Аломатхои китобати забони точикй» аз 30-юми июни с. 2021, № 268, Карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Коидахои имлои забони точикй» аз 04-уми октябри с. 2011, № 458 аз эътибор сокит дониста шудааст.
Адабиёти истифодашуда
1. Имомов, А. Хукуки конститутсионии Чумхурии Точикистон: китоби дарсй. Нашри чорум бо тагйироту иловахо / А. Иммомов. - Душанбе: «Офсет Империя», 2017. - 760 с.
2. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо тагйиру иловахо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 (бо забонхои точикй ва русй). - Душанбе: Ганч, 2016. - 136 с.
3. Наимова, С.О. Конституционное право зарубежных стран: учебное пособие / С.О. Наи-мова. - Душанбе, 2012. - 230 с.
4. Суханронии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар чашни 15-солагии Конститутсияи Чумхурии Точикистон 5-уми ноябри соли 2009 // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: http://president.tj (санаи мурочиат: 30.04.2023).
5. Эъломияи истиклолияти Чумхурии Точикистон аз 24-уми августи соли 1990 // Ведомости Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон. - 1990, № 10-22, мод. 236.
6. Якушев, А.В. Конституционное право зарубежных стран: курс лекций / А.В. Якушев. -М.: «ПРИОР», 1999. - 333 с.
7. Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон (6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалкй кабул карда шуд). 26-уми сентябри соли 1999 дар раъйпурсии умумихалкй тагйирот ва иловахо дароварда шуд. - Душанбе: Нашриёти «Шарки озод», 2000. - 84 с.
References
1. Imamov, A. Constitutional law of the Republic of Tajikistan: textbook. The fourth edition with changes and additions / A. Immomov. - Dushanbe: "Offset Empire", - 2017. - 760 p.
2. The Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 with amendments dated September 26, 1999, June 22, 2003 and May 22, 2016 (in Tajik and Russian languages). - Dushanbe: Ganj. - 2016. - 136 p.
3. Naimova, S.O. Constitutional law of foreign countries: textbook / S.O. Naimov. - Dushanbe. -2012. - 230 p.
4. Speech of the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon on the occasion of the 15th anniversary of the Constitution of the Republic of Tajikistan on November 5, 2009 // [Electronic source] - Access mode: http://president.tj (access date: 04/30/2023).
5. Declaration of independence of the Republic of Tajikistan from August 24, 1990 // Bulletin of the Supreme Soviet of the Soviet Socialist Republic of Tajikistan. - 1990, No. 10-22, - art. 236.
6. Yakushev, A.V. Constitutional law of foreign countries: a course of lectures / A.V. Yakushev. -M.: "PRIOR", 1999. - 333 p.
7. The Constitution of the Republic of Tajikistan (adopted in a national referendum on November 6, 1994). On September 26, 1999, changes and additions were made in the national referendum. - Dushanbe: Publishing House "Sharqi ozod", 2000. - 84 p.