Научная статья на тему 'ЧОРАБИНИЊОИ МАХСУС ДАР ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВЇ-ЉУСТУЉЎЇ'

ЧОРАБИНИЊОИ МАХСУС ДАР ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВЇ-ЉУСТУЉЎЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Конститутсия / ќонун / њуќуќ / озодї / уњдадорї / инсон / фаъолиятї оперативї-љустуљўї / чорабинињои махсус. / Конституция / закон / права / свобода / обязанность / человек / оперативно-розыскная дея-тельность / специальные мероприятия.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Зоир Љ.М.

Дар маќола масоили инкишофи ќонунгузорї дар тањкими чорабинињои оперативї-љустуљўї дар Љумњурии Тољикистон мавриди тањќиќ ќарор дода шудааст. Дар натиљаи омўзиш ва муќоисаи ќонунгузорї оид ба фаъолияти оперативї-љустуљўї дар Љумњурии Тољикистон ва хусусан тадбирњои ташаккулу инкишофи ќонунгузорї марбут ба татбиќи чорабинињои оперативї-љустуљўиро муайян намуда, муаллиф таклифу пешнињодњои мушаххас баён намуд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SPECIAL MEASURES IN OPERATIONAL-SEARCH ACTIVITY

В статье подвергаются исследованию правовые вопросы развития оперативно-розыскных мероприятий в Республике Таджикистан. В результате проведенного исследования и тща-тельного анализа законодательства об оперативно-розыскной деятельности в Республике Таджикистан, в частности, мероприятий по формированию и развитию законодатель-ства, связанного с осуществлением оперативно-розыскной деятельности, автором пред-ставляются конкретные предложения.

Текст научной работы на тему «ЧОРАБИНИЊОИ МАХСУС ДАР ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВЇ-ЉУСТУЉЎЇ»

ТДУ 343.985(470)

ЧОРАБИНИХ,ОИ МАХСУС ДАР ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВЙ-ЧУСТУЧУЙ

СПЕЦИАЛЬНЫЕ МЕРОПРИЯТИЯ В ОПЕРАТИВНО-РОЗЫСКНОЙ

ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

SPECIAL MEASURES IN OPERATIONAL-SEARCH ACTIVITY

Зоир ч.м.

Zoir J.M.

Сарходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва %уцуци Институты фалсафа, сиёсатшиносй ва %уцуци ба номи А. Ба^оваддинови Академияи миллии илмуои Тоцикистон, доктори илмуои ^уцуцшиносй, профессор, Корманди шоистаи Цум^урии Тоцикистон, генерал-майори милитсия Главный научный сотрудник отдела истории государства и права Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор, Заслуженный работник Республики Таджикистан,

генерал-майор милиции Chief Researcher of the Department of the History of State and Law of the Institute of Philosophy, Political Science and Law.

A. Bahovaddinova of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor, Honored Worker of the Republic of

Tajikistan, Major General of Police

Ихтисоси илмй: 12.00.12 - Криминалистика; фаъолияти судй-экспертй; фаъолияти оперативй-чустучуй (5.1.4. Илмхои хукукй-чиноятй).

Научная специальность: 12.00.12 - Криминалистика; судебно-экспертная деятельность; оперативно-розыскная деятельность (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.12 - Criminalistics; forensic activities; operational-search activity (5.1.4. Criminal law sciences).

Тацризди^анда: ^осимов Ф.М. - сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти хифзи хукуки факултети № 1 Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, полковники милитсия.

Рецензент: Косимов Ф.М. - начальник кафедры организации управления правоохранительной деятельности факультета № 1 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, полковник милиции.

Reviewer: Kosimov F.M. - Head of the Department of Organization of Management of Law Enforcement Activities of Faculty No. 1 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences, Police Colonel.

Аннотатсия: Дар макола масоили инкишофи конунгузорй дар тахкими чорабинихои оперативй-чустучуй дар Чумхурии Точикистон мавриди тахкик карор дода шудааст. Дар натичаи омузиш ва мукоисаи конунгузорй оид ба фаъолияти оперативй-чустучуй дар Чумхурии Точикистон ва хусусан тадбирхои ташаккулу инкишофи конунгузорй марбут ба татбики чорабинихои оперативй-чустучуиро муайян намуда, муаллиф таклифу пешниходхои мушаххас баён намуд.

Вожауои калидй: Конститутсия, конун, хукук, озодй, ухдадорй, инсон, фаъолиятй оперативй-чустучуй, чорабинихои махсус.

W

E-mail:

mailzoirov2009@mail.ru

Аннотация: В статье подвергаются исследованию правовые вопросы развития оперативно-розыскных мероприятий в Республике Таджикистан. В результате проведенного исследования и тщательного анализа законодательства об оперативно-розыскной деятельности в Республике Таджикистан, в частности, мероприятий по формированию и развитию законодательства, связанного с осуществлением оперативно-розыскной деятельности, автором представляются конкретные предложения.

Ключевые слова: Конституция, закон, права, свобода, обязанность, человек, оперативно-розыскная деятельность, специальные мероприятия.

Annotation: The article examines the legal issues of the development of operational-search activities in the Republic of Tajikistan. As a result of the study and a thorough analysis of the legislation on operational-search activities in the Republic of Tajikistan, in particular, measures for the formation and development of legislation related to the implementation of operational-search activities, the author presents specific proposals.

Key words: Constitution, law, rights, freedom, duty, person, operational-search activity, special events.

Баъди ба даст овардани истиклолият ва кабули Конститутсияи соли 1994, Чумхурии Точикистон афзалияти давлатй-хукукй пайдо намуда, дар он хукуки инсон хамчун хусусияти мухим ва фарккунанда мустахкам карда шуд, ки дар он хукук ва сиёсати хукукй ба мафхуми давлат ба таври катъй вобаста нест, ки дар баъзе назарияхо ва санадхои меъёри хукукй чунин ба назар мерасад.

Бо кушиши хамаруза ва кобилияти ташкилотчигии Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон, ки вазъи ногувор, чанги шахрвандй идома дошт, тахти рохбарии у Комиссияи конститутсионй (1993-1994) дар сатхи баланд санадхои меъёрии байналмилалй-хукукиро кор карда баромад, ки дар асоси он ба таври амик хукуки инсон, ки дар конститутсия мустахкам гардида буд ва хамчун хукуки табий инсон мавриди амал карор гирифт.

Ба асосхои Конститутсия, ки ба хукуки табий дахл дошт, мухаккикони тамоми чахон хамчун ифодакунандаи таъмини хукуку озодихои инсон назар мекарданд, ки пештар дар Конститутсияи баъдишуравй чунин маънидодкунии хукуку озодихои инсон мавчуд набуд. Дар дар моддаи 14 Конститутсияи Чумхурии Точикистон асоси меъёрхои хукукии конститутсионй мустахкам гардид, ки

имконоти махдуд намудани хамаи хукукхои табииро дошт.

Дамин тавр, боби 2 Конститутсия, ки асосхои хукукии шахсиятро дар Чумхурии Точикистон муайян мекунад, «Дукук, озодй ва вазифахои асосии инсон ва шахрванд» ном дорад. Дар он чое, ки дар Конститутсия хукуки инсон дарч гардидааст, конунгузор чунин мафхумро истифода бурдааст: «Дар як кас хукук дорад».. , «хар як кас метавонад».. , «ба хар як кас кафолат» дода мешавад ва м.и. [1].

Истифодаи чунин мафхумхо хукук ва озодихои хар як инсон - сокини Чумхурии Точикистонро дар назар дорад, новобаста аз он ки у шахрванди Чумхурии Точикистон хаст ё не? Дар баробари ин, дар Конститутсия як катор хукуку озодихое инъикос ёфтаанд, ки марбути танхо шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад. Ба ин хукукхо хукуки сиёсй барои гузаронидани чамъомадхо, гирдихамой ва намоишхо ва м.и. дохил мешуданд.

Мавчудияти хукуку озодихо, ухдадорихои инсон ва шахрванд, ки дар Конститутсия мустахкам гардидаанд, ин аз хад гузаштан, мухторияти мутлаки шахрвандро надорад, чунки хар як хукук сархади муайянро дорад, ки гузаштан аз доираи он суистеъмоли дар хукук махсуб меёбад. Инсон дар чомеае мунтазам бо чомеае дар муносибат карор дорад ва наметавонад, ки дар назди чомеае давлат ва шахрвандон бетараф бошад. Дукуку

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

ухдадорй бо хам бевосита пайваст буда, аз якдигар чудо буда наметавонанд, дар хамин асос хусусияти ахлокии муносибати байни одамон мукаррар карда мешавад.

Дар моддаи 1 Эъломияи хукуки башар гуфта шудааст, ки «Дамаи одамон озод таваллуд мешаванду хукукхои баробариро сохибанд. Онхо сохиби акл, вичдон буда, бо якдигар бояд дар асоси рухияи бародарй муносибат намоянд» [2, с. 7]. Аз ин ру, истифодаи хукук ба масъулияти одамон вобаста аст, ки аз руйи сархади озодии у, принсипи инсондустй, хамрайъй, одоб бо хукук мукаррар мегарданд [3, с. 41].

Санадхои меъёри хукукии амалкунанда дар бораи хукуки инсон як катор мукаддамоти худро доранд, ки хукуку озодихои инсонро махдуд месозад. Дар моддаи 29 Эъломияи умумии хукуки башар омадааст, ки «Дангоми амалисозии хукукхои худ хар як инсон бояд ба махдудхое дучор ояд, ки онхоро конун муайян намуда бошад ва ба максади эътироф ва эхтироми хукуку озодихои дигарон дар асоси конеъгардонии талаботи ахлок, тартиботи чамъиятй, некуахволии умумй дар чомеаи демократа» равона гардад [2, с. 8].

Чунин асосхои монанд дар санади байналмилалии хукукхои гражданй, сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангй дарч гардидаанд. Дар банди 3 моддаи 12 санади байналмилалии мазкур омадааст: «...наметавонад, ки ягон махдудкунй бошад, ба гайр аз оне, ки дар конун барои амнияти давлат, тартиботи чамъиятй, саломатй ва одоби ахолй, хукуки озодихои дигарон бо санади мазкур мувофик ва дигар хукукхо эътироф гаштаанд».

Дар санади байналмилалй дар бораи хукукхои гражданй, сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангй, ки махдудкуниро дарбар мегирад, агар он бо максади хифз ва мухофизати объектхои дар боло зикргардида равона шуда бошад. Моддаи 4 ин санад зикр менамояд, ки даъват бо конунгузорй махдудиятхо танхо ба максади некуахволй, дар чомеаи демократй гузаронида мешавад [2, с. 8-9].

Риояи хукуки инсон ва шахрванд аз чониби чомеаи башарй эътироф

гардидааст, ки он дар моддаи 21 -и Эъломияи хукуки башар инъикоси худро ёфтааст, ки тибки он иродаи халк асоси кудрати хукумат буда, тавассути интихоботи умумй овоздихии озод амалй карда мешавад.

Дамчун доктринаи сохибихтиёрии халкй дар хукуки халкхо чун кисми таркибии сохибихтиёрй ба боигарихои табий дар шаклхои гуногун зикр гардидааст [2, с. 13].

Конститутсияи Чумхурии

Точикистон аз руи принсипхои умумиэътирофгашта санадхои хукукии байналмилалй, инчунин махдудкунии хукукхоро нисбати макоми шахсият дар к. 3 м. 14 Конститутсияи Чумхурии Точикистон чунин мустахкам намудааст, ки махдудгардонии хукуку озодихои дигар шахрвандон, тартиботи чамъиятй, хифзи асосхои сохтори конститутсионй, амнияти давлат, мудофиаи кишвар, ахлоки чамъиятй, саломатии ахолй ва тамомияти арзии чумхурй ба рох монда мешавад.

Аз ин ру, мувофики санадхои байналмилалии хукук, моддаи 14-и Конститутсия махдудгардонии хукукхои конститутсиониро аз руйи конунгузории хифзи хукук, озодихои инсон ва шахрванд, хифзи асосхои сохтори конститутсионй, ахлоки чамъиятй, саломатй, хукук ва манфиатхои конуни шахсони дигар ё таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат баррасй менамояд.

Одамон давлатро на мутобики хукук, балки тавассути хокимияти хукукй ва муносибат ба хокимият идора мекунанд. Худи хукук на аз боло, «балки бо рохи табий ба миён меояд, ки раванди зиндагии якчояи одамон ва хукуки онхоро дар бар гирифта, хукуку озодихои одамон тавассути танзими хукуку озодихои дигар шахрвандон амалй мегарданд. Дар чомеаи шахрвандй "аз поён" меъёри умумии озодй аз тарафи макомоти даватй ба шакли хукуки расмй мураттаб мегардад ва мустахкам карда мебошад".

Дукуки инсон, пайдоиши он, решахои ичтимоии он, таъиноти он мушкилоти доимии таърихй ва ичтимой-фархангии инкишофи чомеа буда, дар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

тули хазорсолахо дар маркази таваччухи афкори сиёсй, хукукй, этникй, этникии динй ва фалсафй карор гирифтааст. Дар давлатхои гуногун проблемаи хукуки инсон аз фаъолияти ичтимоии одамон дур набуда, хамчун муносибати чамъиятй тарзи хастии фард ба шумор меравад. Онхо шакли меъёрии таъсири байнихамдигарии одамон, робита ва хамохангсозии онхо, зиддият ва роххои бархам задани низоъхо мебошанд, Аз руйи мохият онхо ба таври меъёрй шароитхои тарзи хаёти одамонро, барои фард, чомеа ва давлат ба вучуд меоваранд.

Масъалаи таъмини хукукй, тавозуни ичрои хукук ва карори субъектхо барои фаъолияти оперативй-чустучуй то хол халношуда мемонад. Дар илми хукук ва фаъолияти амалияи хукукй намудхои гуногуни андешахо чой доранд. Аз чумла, манъ ва ё амалигардонии фаъолияти оперативй-чустучуй (минбаъд - ФОЧ) то дигар нуктахои пинхонй: ичозати хадамоти махсус ва макомотии хифзи хукук, ки барои махфикунонии он аз замони шуравй то ба имруз тадкик нагардидааст.

Дар навиштахои худ Р.Х. Рахимзода кайд менамояд, ки ба ФОЧ на танхо аз доираи конунгузорй, балки амалияи хукукй, аз лихози мазмуни сиёсй, иктисодй, психологй ва фалсафй назар андохтан лозим аст.

Дар нашрияхои илмй ва амалй мо ба ин масъала борхо дучор гардидаем ва дар ин макола кушиш намудем, ки то андозае, баъзе масъалахои мухимми илмй, асосноккунй, конунгузорй ва истифодаи амалии онро мавриди баррасй карор дихем. Ба проблемаи мазкур Р.Х. Рахимзода таваччух карда, кайд менамоянд, ки чунин чорабинии оперативй-чустучуй (минбаъд - ЧОЧ), мисли гуш кардани гуфтугухои телефонй ва сабти онхо, гирифтани иттилоот аз каналхои техникии алока танхо бо роххои техникй ба рох монда мешавад [4, с. 151] ва ин ЧОЧ кисман ва ё пурра ба махдуд гардонидани хукуки инсон ба рох монда мешавад.

Яке аз проблемахои мухим хангоми танзими ЧОЧ, ки ба амнияти иттилоотй

марбутанд, бо риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд равона гаштаанд, масалан, ЧОЧ гирифтани иттилоот аз компютер мебошад. Дар амалия хамаи ЧОЧ (аз чумла, чорабинии гирифтани иттилооти компютерй, назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабархои телеграфй ва хабархои дигар), хукуку озодихои инсонро, аз чумлаи дахлнопазирй ба хаёти шахсй, манзил, махрамияти гуфтугуи телефонй, муросилоти почтаро махдуд менамояд.

Дар амалигардонии чорабинихои мазкур хаёти махрамонаи инсон ошкор мегардад, ки чун пробемаи хукуку озодихои инсон, эътикод, вичдон, шаъну шарафи шахсият маънидод мегардад. С.И. Захартсев ин масъалахоро баррасй карда менависад, ки «Оё адолатнок аст, ки давлат барои мубориза бо чинояткорй чунин рафтор менамояд? Чанде аз созмонхои хифзи хукук гарчанде даъво кунанд хам, аммо давлат барои химояи худ, шахрвандони худ бо чунин махдудгардонии хукук даст мезанад. Лекин ин муносибат саволи дигарро низ ба вучуд меорад: ки «баъзе холатхо» гуфта чиро мефахманд, ки ба махдудгардонии хукуку озодихои инсон равона гаштааст, кадом хукукхо ва ба кадом андоза махдуд мегарданд?

Дар ин робита дида баромадани танзими хукукии гирифтани иттилооти компютерй ва дигар ЧОЧ бе тадкики масъалаи имконият ва доираи махдуднамоии хукуки инсон гайриимкон аст. Барои он ки вай тадкик шавад, мохияти хукуки инсонро кушодан лозим аст, ки табиати хукукии он, мафхум ва таъиноти он дар низоми хукук чи гуна аст» [5, с. 25].

Хукуки инсон он холатеро мефахмонад, ки инсон кадом макомро ишгол менамояд ва чомеа чи гуна ба он муносибат менамояд. Институти хукук ба озодии инсон яке аз унсурхои мухимми низоми муосири хукук ба шумор меравад. Масоили хукуки инсон ба масоили мавчудияти инсон ба бухрони экологй баробар мебошад [6]. Муносибати табий-хукукии кунунй фитрй-табиий буда, мавчудияти он аз вобастагии давлат

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

эътироф намегардад. Х,ук;уки инсон хамчун махсули акл пазируфта шуда, хамчун иродаи илохй табиати ботинии инсонро инъикос менамояд. Тарафдорони ин муносибат инсонро хамчун фарди дар мухосира карордошта, дорои акл ва хукук маънидод менамоянд. Хукуки инсон аз руйи ин назария аз давлат ва чомеа пеш меистад, аз доираи давлат берун карда шуда, пайдоиши тодавлатиро дар бар мегирад. Макомоти олии намояндагй, ки сохибихтиёриро тачассум менамояд, аз руйи акидаи ин назария ба хукуки «болои давлатй» ва ё «то давлатй» шакл гирифтааст. Барои хамин, конун инъикоси моддии бемухлати идеяи (гояи) адолатнокии мутлак мебошад [3, с. 22].

Барои ин як чихатро кайд кардан лозим аст, ки эътирофи табиати хукукии инсон на накши давлатро махдуд месозад, балки давлат дар навбати худ хукук ва озодихои уро хифз менамояд ва инро бо рохи конунгузор рохандозй менамояд. Чунин хукукхо ба хаёт, шаъну шараф, дахлнопазирии шахсият ба инсон аз лахзаи таваллуд мансубанд ва химояи онхо дар намуди хукукй ва конун шакл мегирад. Барои хамин, ин хукукхо ба давлат мукобил нестанд ва онхоро давлат хамчун функсияи худ таъмин намуда, дар конунгузорй мураттаб менамояд.

Аз руи табиати хукукй ва афзалияти хукукй, инсон дорои хукукхои гуногун мебошад. Хукукхои табий хамчун хукуки фитрй, хукук ба хаёт, дахлнопазирии шахсй ва хукук ба зиндагии сазовори хар як одам аст. Барои амалигардонии ин хукукхо эътирофи конунгузорй лозим нест, барои он ки он ба инсон аз лахзаи таваллуд ва табиати он мансуб мебошад.

Чунин хукукхои табий мавчуданд, ки дар хаёти инсон ва шахрванд зухуроти реалии худро дарёфтанд, ки бо ташаббуси фаъолияти конунгузории давлатй маълуманд. Чунин зухурот хар руз дар масъалаи хукуки иштирок дар амаликунии сиёсати фархангй-хукукии давлат, хукуки гирифтани нафака аз руи пиронсолй ва дигар хукукхои рузмарра ба амал меояд. Агар ба ин мавзуъ баргардем, ба чунин хукукхо гуш кардани гуфтугухои телефонй, муросилоти почта, иттилооти

шахсй ва оилавй, хамчун иттилооте, ки дар компютер мафхуз аст, дохил мешаванд. Ин чо гуфта намешавад, ки давлат чй хукукхоро эътироф ё рад мекунад, хар як шахрванд ба таври объективй ба эхтиёчоти ичтимой хукук дорад, танхо бо рохи конунй мураттаб гаштани онхо амалй мегардад, ки аз тарафи давлат ба рох монда мешавад. Бо ин хулоса розй шудан лозим аст, ки дар илми хукук хукук ва озодии инсон ба он аз тарафи давлат дода намешаванд, онхо бо санадхои хукукй ба танзим дароварда шуда, давлат механизми амалигардонии онхоро дар конунгузорй мустахкам менамояд. Аз ин гуфтахо хулоса баровардан лозим аст, ки хукуки инсон аз хохиши давлат вобастагй надорад, балки аз он вобастагй дорад, ки он хамчун хукуки инсон ва шахрванд дар майдони хукукй мустахкам гардидааст ё не?

Хукукхои шахсии табиий хамчун хукуки инсон ва шахрванд инфиродй карда мешаванд, ин чудонамой аз мавкеи фарккунандаи чомеаи гражданй ва давлатй бармеояд, ки муносибати хакикии мавкеи хукукии инсонро дар муносибат бо давлат инъикос менамояд. Давлат ба хар як инсон ва шахрванд ба таври мухтасар фазои хукукии фаъолият медихад, ки кувваи харакаткунандаи он таваччухи инфиродии он ба кор мебошад. Ба хамин чомеаи шахрвандй бо моликият, оила, масчид, урфу одатхои динй, имкониятхои одамон хамчун кисми чудонашавандаи табиии хукук дохил мешавад, ки вазифаи давлат ва канорагирии ин хукукхо аз хучумхо ба зидди хусусияти он мебошад. Мазмун ва амалигардонии ин хукукхо барои хамаи одамон новобаста аз мансубияти онхо ба ин ё он давлат мебошанд.

Дар навбати худ, хар як давлат ин хукукхоро бо конунгузории миллии худ ба танзим медароранд. Масалан, дар Чумхурии Точикистон зиёда аз 20 сол боз Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросими миллй» амал намуда, бисёр хукукхои табий ва анъанавии муносибати шахрванд ва давлатро ба танзим медарорад. Муносибатхои табиий шахрванд ин бо

конеъ гардонидани талаботи хусусии инсон дар доираи муносибатхо ба давлат равона гардидаанд, хамчун доираи хукукхои оилавии у, макоми шахрванд аз робитаи он ба давлат-институти чомеаи шахрвандй бармеояд.

Танхо дар сурати ичрои шароитхои зикргардида (хукук) махдудгардонии хукуку озодихо, аз чихати чамъиятй муфид мебошад, ки агар махдудкунй дар к. 3 м. 14 Конститутсияи Чумхурии Точикистон пешбинй шудаанд, махдудкунии хукук гайриконунй эътироф карда мешавад ва шахсони ба онхо мусоидатнамуда масъулият доранд, дар ин холат сухан дар бораи махдудкунии хукук ва озодй, балки вайрон намудани он мегардад [1].

^айд кардан зарур аст, ки мафхуми «вайрон кардан», «махдуд намудан» аз «руи маъно фарк» менамоянд вайрон кардан ин ичро накардан, аз чумла тартиб, конун ва шартномаро дорад [7, с. 402] махдуд кардан бошад, ин чун конун махдуд кардани ягон амал, хукук шароит [7, с. 456] дорад, фарк байни ин мафхумхо

дар он аст, ки вайрон кардани амалй зиддихукукй конунй ва зарурй мебошад.

Хамин тарик, хукукро вайрон кардани инсон ичозат дода намешавад, лекин махдудкуни имконият дорад ва баъзан зарурияти махдудкунии хукуки инсон ин карори идоравии макомоти давлатй дар асоси конунгузорй мебошад. Лекин махдудкунии хукуки инсон зарур аст, агар ба манфиати химояи он равона гардидааст. Конститутсияи Чумхурии Точикистон самти хифзи хукуки инсонро афзалиятнок шуморида, хамчун меъёрхои хукуки конститутсионй барои сохти конститутсионй, ахлок, саломатй ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, барои мудофиа ва амнияти давлат зарур мешуморад. Ба хамин асос Конститутсияи Чумхурии Точикистон ин самтхоро эълон дошта, таъкид менамояд, ки махдудкунии хукуки инсон танхо бо конун ба танзим дароварда мешавад, хамин тавр, конунхо муайян менамоянд, ки чиноятхоро то содир шудан ё муайян намудани онхо ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» хукуки инсон махдуд карда мешавад.

Адабиёти истифодашуда

1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 (бо тагйиру иловахо аз 26.09.1999 с., 22.07.2003 с. ва 22.05.2016 с.) // [Захираи электронй] - Манбаи дастрасй: www.mmk.tj (санаи мурочиат: 12.09.2022).

2. Эъломияи хукуки башар аз 10-уми декабри 1948 с. // Мачмуаи санадхои асосии байналмилалй ва миллй оид ба хукуки инсон. - Душанбе: Контраст, 2018. - 406 с.

3. Мачидзода Ч.З. Тафсир ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» / Ч.З. Мачидзода. - Душанбе: Андалеб-Р, 2015. - 440 с.

4. Рахимзода Р.Х,. Тахвили назоратшавандаи байналмилалй: монография / Р.Х,. Рахимзода. - Душанбе: «ЭР-граф», 2017. -187 с.

5. Евстратиков Б.М., Захарцев С.И, Медведев В.Н., Сальников В.П. Оперативно-розыскные мероприятия на каналах связи (Правовой анализ) / Под ред. В.П. Сальникова. - СПб.: Фонд Университет, 2005. - 255 с.

6. Винниченко Н.А., Захарцев С.И., Рохлин В.И Правовая регламентация использования оперативно-розыскной деятельности в уголовном судопроизводстве: монография / Под ред. В.П. Сальникова. - СПб.: Университет, 2004. - 176 с.

7. Юсуфзода А.Х., Гафуров М.С., Бобоназарзода Ф.Ш. Хукуки конститутсионии давлатхои аъзои ИДМ: китоби дарсй. Нашри 2-ум. / А.Х. Юсуфзода, М.С. Гафуров, Ф.Ш. Бобоназарзода. -Душанбе: «ЭР-граф», 2017. - 570 с.

References

1. Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 (with amendments dated September 26, 1999, July 22, 2003, and May 22, 2016) // [Electronic resource] - Access source: www.mmk.tj (date application: 12.09.2022).

2. Declaration of human rights from December 10, 1948 p. // Collection of the main international

and national documents on human rights. - Dushanbe: Contrast, 2018. - 406 p.

3. Majidzoda J.Z. Commentary on the Law of the Republic of Tajikistan "On operative-search activity" / J.Z. Majidzoda. - Dushanbe: Andaleb-R, 2015. - 440 p.

4. Rahimzoda R.H. International controlled delivery: monograph / R.H. Rahimzoda. - Dushanbe: "ER-graph", 2017. - 187 p.

5. Evstratikov B.M., Zakhartsev S.I., Medvedev V.N., Salnikov V.P. Operational-search activities on communication channels (Legal analysis) / Ed. V.P. Salnikov. - St. Petersburg: Fund University, 2005. -255 p.

6. Vinnichenko N.A., Zakhartsev S.I., Rokhlin V.I. Legal regulation of the use of operational-search activities in criminal proceedings: monograph / Ed. V.P. Salnikov. - St. Petersburg: University, 2004. - 176 p.

7. Yusufzoda A.H., Gafurov M.S., Bobonazarzoda F.Sh. Constitutional law of CIS member states: Textbook. 2nd edition. / A.H. Yusufzoda, M.S. Gafurov, F.Sh. Bobonazarzoda. - Dushanbe: "ER-graf", 2017. - 570 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.