Научная статья на тему 'БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАЊОИ ИНСТИТУТИ ШАЊРВАНДЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН'

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАЊОИ ИНСТИТУТИ ШАЊРВАНДЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
18
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Конститутсия / ќонуни конститутсионї / шањрвандї / шањрванди хориљї / шахси бешањрванд / њуќуќ / озодї / љавобгарї / масъулият / сиёсат / њокимият. / Конституция / конституционный закон / гражданство / иностранный гражданин / лицо без гражданства / право / свобода / обязанность / ответственность / власть / политика.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Мансурзода А. М.

Дар маќола баъзе аз масъалањои институти шањрвандї баррасї гардидааст. Дар он атрофи мафњум, муњиммият, пайдоиш ва рушди шањрвандї дар Тољикистон сухан меравад. Шањрвандї њамчун асоси њуќуќу озодињо дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки мањз шањрвандї љавобгарии тарафайни шањрванд ва давлатро ба миён меорад. Ба таври мушаххас маљмуи њуќуќу вазифањои тарафњо – давлат ва шањрванд оварда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME ISSUES OF THE INSTITUTION OF CITIZENSHIP IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

В статье рассматриваются некоторые вопросы института гражданства. Речь идет о понятии, значении, возникновении и развитии гражданства в Таджикистане. Гражданство рассматривается как основа прав и свобод. Отмечается, что именно гражданство порождает взаимную ответственность гражданина и государства. Охарактеризован и представлен комплекс прав и обязанностей сторон – государства и граждан.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАЊОИ ИНСТИТУТИ ШАЊРВАНДЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН»

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 3 (59). 2023

ТДУ 342.71

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАХ,ОИ ИНСТИТУТИ ШАХРВАНДЙ ДАР ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ИНСТИТУТА ГРАЖДАНСТВА В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

SOME ISSUES OF THE INSTITUTION OF CITIZENSHIP IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

МАНСУРЗОДА А.М. MANSURZODA A.M.

Сардори факултети № 2 Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон,

номзади илмхои ^уцуцшиносй, дотсент, подполковники милитсия Начальник факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент,

подполковник милиции Head of the faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences, Associate professor,

lieutenant colonel of militia

Ихтисоси илми: 12.00.02 - Хукуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй-давлатй)).

Научная специальность: 12.00.02 - Конституционное право; право конституционного судебного процесса; правовое регулирование местной власти (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).

Scientific specialty: 12.00.02 - Constitutional law; constitutional litigation; legal regulation of local authorities (5.1.2. Public law (state law) sciences).

Такриздщанда: РАЧДБЗОДА Р.М. - Раиси Кумитаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба конунгузорй ва хукуки инсон, доктори илмхои хукукшиносй, дотсент.

Рецензент: РАДЖАБЗОДА Р.М. - Председатель Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по законодательству и правам человека, доктор юридических наук, доцент.

Reviwer: RAJABZODA R.M. - Chairman of the Committee of the Majlisi Namoyandagon of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan on Legislation and Human Rights, Doctor of Law, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар макола баъзе аз масъалахои институти шахрвандй баррасй гардидааст. Дар он атрофи мафхум, мухиммият, пайдоиш ва рушди шахрвандй дар Точикистон сухан меравад. Шахрвандй хамчун асоси хукуку озодихо дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки махз шахрвандй чавобгарии тарафайни шахрванд ва давлатро ба миён меорад. Ба таври мушаххас мачмуи хукуку вазифахои тарафхо - давлат ва шахрванд оварда шудааст.

Вожа^ои калиди: Конститутсия, конуни конститутсионй, шахрвандй, шахрванди хоричй, шахси бешахрванд, хукук, озодй, чавобгарй, масъулият, сиёсат, хокимият.

e-mail:

tam300986@mail.ru

Аннотация: В статье рассматриваются некоторые вопросы института гражданства. Речь идет о понятии, значении, возникновении и развитии гражданства в Таджикистане. Гражданство рассматривается как основа прав и свобод. Отмечается, что именно гражданство порождает взаимную ответственность гражданина и государства. Охарактеризован и представлен комплекс прав и обязанностей сторон - государства и граждан.

Ключевые слова: Конституция, конституционный закон, гражданство, иностранный гражданин, лицо без гражданства, право, свобода, обязанность, ответственность, власть, политика.

Annotation: The article discusses some issues of the institution of citizenship. We are talking about the concept, meaning, formation and development of citizenship in Tajikistan. Citizenship is seen as the basis of rights and freedoms. It is noted that it is citizenship that gives rise to the mutual responsibility of the citizen and the state. The complex of rights and obligations of the parties - the state and citizens - is presented in a certain way.

Key words: Constitution, constitutional law, citizenship, foreign citizen, stateless person, right, freedom, duty, responsibility, tasks, policy, power.

ТТТахрванди яке аз унсурхои асосии вазъи хукукии шахс буда, дар илми хукуки конститутсионй яке аз институтхои мухим ба хисоб меравад. Ин маком ба рушди инсон таъсири мухим дорад. Зеро махз доштани шахрвандй алокаи мустахками хукукии шахсро бо давлат ба вучуд меорад. Дар ин замина муносибати бай-нихамдигарии давлат ва шахс ба вучуд меояд. Шахси дорандаи шахрвандй дар самти хифзи хукуку озодихояш барои худ субъекти устувор - давлатро пайдо мена-мояд. Дар навбати худ давлат низ ба хо-тири таъмини амният, оромй, сатхи шои-стаи зиндагии чомеа ва шахс, хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд соз-мон ёфтааст. Хусусияти мухимми давлат аз он иборат аст, ки он хукуку озодихои шахрвандони худро дар дохил ва берун аз он химоя мекунад. Махз шахрвандй чунин масъулиятро дар назди давлат вогузор ме-намояд.

А.Б. Мезенсова дуруст иброз мена-мояд, ки яке аз ченакхои нишондихандаи муносибати давлат бо шахрвандон ин ин-ститути шахрвандй мебошад, зеро меъёрхои он асосхои вазъи хукукии шах-сро мукаррар намуда, мухимтарин асосхои ибтидой, ки мавкеи инсонро дар чомеа ва давлат, инчунин, муносибати байнихамдигарии онхоро муайян мена-мояд, инъикос месозад [15, с. 3].

А. Имомов ба маврид зикр мена-мояд, ки дар илми хукуки конститутсионй

вобаста ба мафхуми шахрвандй фикру ан-дешаи ягона чой надорад. Дар муайян намудани мазмун ва мохияти он умумият ва фаркиятхо ба назар мерасанд. Шахрвандй алокаи устувори хукукии шахс бо давлат мебошад, ки тибки он хар як шахрванд нисбати давлат, хукук ва ухдадории мушаххас дорад. Шахрвандй алокаи мустахками хукукии шахс бо давлат буда, дар мачмуъ хукук, вазифа ва масъулияти тарафайнро, ки ба эътироф ва эхтироми кадру киммат, хукуку озодии асосии инсон асос ёфтааст, ифода мекунад [10, с. 155]. Шахрвандй яке аз унсурхои мухимтарини вазъи хукукии инсон ва шахрванд мебошад. Шахрвандй ин муно-сибати устувори хукукии шахс бо давлат мебошад, ки дар мачмуи хукук ва ухдадо-рихои тарафайн ифода ёфтааст. Устуворй дар ин холат аз он иборат аст, ки шахрвандй абадй буда, шахс онро тамоми умр сохиб мебошад ба истиснои холатхое, ки конун мукаррар намудааст [9, с. 225].

Таърихан мафхуми шахрвандиро хосси давлати чумхуриявй медонистанд. Дар давлатхои шакли идоракунии мо-нархй зери мафхуми «шахрвандй» - то-беият (подданство) фахмида мешуд. То-беият ин таълукияти шахс ба давлати муа-йяни монархй дониста мешавад. Ба маънои хукукияш мафхумхои шахрвандй ва тобеият баробарарзиш мебошанд.

И.С. Хомина иброз менамояд, ки таърихи пайдоиши шахрвандии Россия бо бархам хурдани империяи Россия ва бар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

ивази мафхуми тобеият ба вучуд омадани мафхуми шахрвандй огоз мегардад. Наза-рияи бавучудоии шахрвандй дар даврахои Кддим, новобаста аз рушди баланди фарханги чомеа, мохияти мафхуми шахрвандиро бо мазмуни имрузааш инъикос наменамояд. Бисёре аз мухаккикон - хукукшиносон зикр менамо-янд, ки шахрвандй дар баробари ба вучуд омадани давлат пайдо гардидааст, холо он ки шахрвандй муддате чанд пас аз давлат пайдо гардидааст. То пайдо гардидани он танхо метавон доир ба гуруххои ноба-робархукуки ахолй сухан намуд. Ч,оиз нест, ки категорияи мазкурро бо мафхуми шахрвандй баробар намуд. Муаллифи мазкур, пайдоиши мафхуми шахрвандии Россияро бо кабули аввалин санади хукукие, ки мафхуми шахрвандиро му-стахкам намуда буд, дакиктар бо кабули Декрет «Дар бораи бархам додани табака ва мансабхои шахрвандй», ки 19 (23) ноябри соли 1917 аз чониби Кумитаи Ичроияи Марказии Умумироссия тасдик гардида буд, алокаманд медонад [18, с. 56].

^онунгузории Точикистон дар ибти-дои пайдоиши худ дехконон, коргарон, пролетариат ва аз хама зиёдтар мехнатка-шонро субъекти муносибатхои хукукй -конститутсионй мехисобид. Аз ин ру, дар даххо эъломияхо ва карорхои Анчумани якум ва минбаъдаи Шурохои Точикистон хануз мафхуми шахрвандй истифода нагардида буд.

Дар Конститутсияи соли 1929 хукуку озодй ба мехнаткашон таъин гардида, факат вазифахо барои шахрвандон мукар-рар гардида буд. Дар Конститутсияи соли 1931 низ аксарияти хукуку озодихо барои мехнаткашон пешбинй гашта буд. Танхо дар Конститутсияи Ч,ШС Точикистон соли 1937 аввалин маротиба дар хусуси хукуку вазифахои асосии шахрвандон су-хан мерафт [10, с. 159].

Таърих собит месозад, ки бо таъсис ёфтани Иттифоки Чумхурихои Шуравии Сотсиалистй (минбаъд: ИЧШС) шахрвандии ягонаи ИЧ,ШС мукаррар карда шудааст. Дар моддаи 7 Конститут-сияи ИЧШС 1924 шахрвандии ягонаи ит-тифокй барои шахрвандони чумхурихои

иттифокй мустахкам гардида буд [13, с. 194]. Бинобар ин, аксарияти масъалахои шахрвандй тавассути конунгузории иттифокй халлу фасл ва танзим карда мешуд. Хусусан, конунхои ИЧШС дар бораи шахрвандй аз 19 августи соли 1938 ва 1 декабри соли 1978 дар халли масъалахои шахрвандй мавкеи хело баланд доштанд [10, с. 159].

Дар замони амали Конститутсияи ИЧШС соли 1924 се санади мухим кабул гардидааст, ки масъалаи шахрвандиро ба танзим медароварданд: Низомнома дар бораи шахрвандии иттифокии соли 1924 ва Низомнома дар бораи шахрвандии ИЧШС солхои 1930 ва 1931 [13, с. 194].

Дар кисми 1 Низомнома дар бораи шахрвандии иттифокии соли 1924 мустахкам гардидааст, ки «Барои шахрвандони чумхурихои советии социалиста шахрвандии ягонаи иттифокй мукаррар карда шудааст (Конституцияи ИЧШС, моддаи 7). Шахрванди яке аз чумхурихои иттифокй, ки ба хайати ИЧШС дохил аст, дар навбати худ шахрванди ИЧШС буда, тамоми хукукхо ва ухдадорихоеро, ки Конституция ва конунгузорихои ИЧШС, инчунин, Конститусия ва конунгузорихои давлатхои иттифокй мукаррар кардааст ва дар худуди он истикомат дорад, доро ме-бошад» [8]. Бо хамин мазмун Низомнома дар бораи шахрвандии ИЧШС солхои 1930 [6] ва 1931 [7] тааллук доштани шахрвандии ягонаи иттифокиро му-стахкам намудааст. Дар асоси он хар як шахрванди чумхурихои иттифокй дар навбати худ шахрванди ИЧШС мебо-шанд.

Аз ин ру, метавон таърихи пайдоиши шахрвандиро дар Точикистон бо кабули аввалин санадхои меъёрии хукукии ИЧШС хамкадам донист. Зеро, пахн гардидани хукуки шуравй дар худуди Осиёи Марказй, аз чумла худуди сарзамини Точикистони имруза аз мохи ноябри соли 1917 огоз гардид. Бо таъсис ёфтани Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиали-стии Точикистон дар хайати Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон аз 27 октябри соли 1924 ва таъсиси Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон аз соли 1929 дар худуди Точикистон низоми

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

хукукии шуравй ба пуррагй пахн гардида-аст.

Бо ба даст овардани Истиклоли давлатй ва кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон соли 1994 ва Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 4 ноябри соли 1995, № 104 шахрвандии Чумхурии Точикистон мустахкам карда шуд. Дар асоси Конститутсия шахрванди Чумхурии Тточикисон шахсе хисоб меёбад, ки дар рузи кабули Конститутсия шахрванди Чумхурии Точикистон бошад [2]. Дар Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 4 ноябри соли 1995, № 104 мафхуми шахрвандй оварда нашуда, дар моддаи 2 мустахкам гардида буд, ки «Дар Чумхурии Точикистон шахрвандии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудааст.

Шахсе шахрванди Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад, ки аз рузи кабули Конститутсия шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад ё худ му-тобики Конуни констиутсионй ба шахрвандии Чумхурии Точикистон му-шарраф шудааст» [4].

Бо кабули Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 8 августи соли 2015, № 1208 дар кисмати ма-фхумхои асосй ба таври мушаххас кй бу-дани шахрванди Чумхурии Точикистон ва мафхуми шахрвандии Чумхурии Точики-стон мустахкам карда шуд. Дар моддаи 1 Конуни конститутсионии мазкур омада-аст, ки шахрваиди Чумхурии Точикистон шахсе мебошад, ки дар рузи кабули Кон-ститутсияи Чумхурии Точикистон шахрванди Чумхурии Точикистон буд ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмила-лии Точикистон шахрвандии Чумхурии Точикистонро сохиб гардидааст. Инчу-нин, бори аввал дар сатхи конуни консти-тутсионй мафхуми шахрвандии Чумхурии Точикистон бо чунин мазмун мустахкам карда шудааст: «шахрвандии Чумхурии Точикистон - робитаи устувори сиёсию хукукии шахс бо Чумхурии Точикистон

буда, мачмуи хукук; ва ухдадорихои му-такобилаи тарафхоро дар бар мегирад»

[3].

Аз мафхуми шахрвандии Чумхурии Точикистон бар меояд, ки дар асоси он робитаи мустахками сиёсию хукукии шахс бо давлат ба вучуд меояд ва тарафхо дорои хукук ва ухдадории мутакобила мегар-данд. Р.Ш. Шарофзода дуруст иброз ме-намояд, ки давлат дар назди инсон вази-фахои зиёди иктисодй, ичтимой, сиёсй ва дигарро адо намуда, хамзамон хакки та-лаби ичрои ин вазифахоро аз одамон до-рад. Аз тарафи дигар, шахрвандон дорои хукуку озодихо ва вазифахои васеъ мебо-шанд, ки хаёти арзанда ва фаъолияти хамарузаи онхоро таъмин мекунанд. Шахрвандон хакки талаби вазифахоро аз давлат дошта, айни замон вазифадоранд вазифахои конунии хешро дар назди давлат ичро намоянд. Амалишавии хукуку вазифахои давлат ва шахс масъулияти та-рафайнро талаб менамояд [16, с. 272].

Хусусияти хукукии масъулияти му-такобилаи давлат ва шахрванд ин чузъи мухимми объективонаи хукуке мебошад, ки дар чомеа мавчуд аст, на махсули иро-даи давлат. Риояи талаботи конунй ин ухдадории хукукии тамоми субъектони хукук ва пеш аз хама давлат, макомоти он ва шахсони мансабдори он мебошад [17, с. 30].

Дар шароити демократияи рушднамуда шахрвандй хамчун чузъи сиёсй на танхо бо конун ифода ва муайян мегардад, балки он дар таъсис ва амали-гардонидании хокимияти давлатй низ таъсиргузор мебошад. Давлат ин ташки-лоти ягонаи хокимияти сиёсй аст, ки бо сиёсат ва идоракунй алокаманд мебошад. Дар рафти амалигардонии он шахрванд накши созгор дорад. Дар Конститутсияи Точикистон сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатй будани халк бевосита мустахкам карда шудааст. Гуфта мешавад, ки халки Точикистонро новобаста аз миллаташон шахрвандони Точикистон ташкил мена-моянд.

Махз шахрвандй хамчун унсури сиёсй, пайвандгари муносибати байнихам-дигарии давлат ва шахс мебошад. Аз ин ру, шахрвандй дар саросари чахон яке аз

хукукхои асосии инсон дониста мешавад, ки тавассути он хар шахрванд узви комил-хукуки чомеа мегардад. Сиёсати чомеаи чахонй дар самти сарфароз гардонидан бо шахрвандй ба мусоидати пешгирии беша-хрвандй равона гардидааст.

А.В. Котов аз нигохи илми сиёсй масъалаи мазкурро баррасй намуда, дар он назар аст, ки муттахидии чомеа, аз ин-ститути шахрвандй вобаста аст, зеро па-дидаи мазкур ахолии ин ё он мамлакатро, новобаста аз вазъи ичтимой, акидахои сиёсй ва дигар муносибатхо сарчамъ мена-мояд. Накши муттахидии чомеа дар даврахои дигаргунии таърихй, ки такдири давлат баррасй мегардад мухим арзёбй ме-гардад [14, с. 3].

Дар вокеъ, аз масъулияти баланди шахрвандй такдири давлату миллат вобаста мебошад. Дар баробари давлат шахрванд дар назди давлат масъулияти мухим дорад. Дар кисми 1 моддаи 43 Кон-ститутсияи Чумхурии Точикистон бево-сита мустахкам гардидааст, ки хифзи Ва-тан, химояи манфиати давлат, тахкими ис-тиклолият, амният ва иктидори мудофиа-вии он вазифаи мукаддаси шахрванд аст [1].

Дар мукаррароти меъёри мазкур ишора танхо ба доштани шахрвандй мера-вад. Чунин масъулияти баланд хамчун ва-зифаи мукаддас ба шахрвандони Точики-стон вогузор карда шудааст. Шахрван-дони хоричй ва шахсони бешахрванд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон истико-мат доранд ухдадории ичрои чунин вази-фаро надоранд. Аз ин ру, химояи амнияти давлат, ки дар мачмуъ амнияти чомеа ва амнияти шахсро дар бар мегирад яке аз ва-зифахои мукаддаси шахрванди Точики-стон мебошад.

Дар навбати худ давлат дар назди шахрвандонаш масъул буда, хукуку озо-дии хар як шахсро муайян менамояд ва таъмини онро кафолат медихад. Бевосита дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон мустахкам карда шудаст, ки давлат ба хар кас, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди динй, мавкеи сиёсй, вазъи ичтимой, тахсил ва молу мулк, хукуку озо-дихоро кафолат медихад. Дукук ва озоди-

хои инсон ва шахрванд бевосита амалй ме-шаванд. Онхо максад, мазмун ва татбики конунхо, фаъолияти хокимияти конунгу-зор, ичроия, макомоти махаллии хокими-яти давлатй ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи хокимияти судй таъмин мегарданд. Шахрванди Точики-стон дар хоричи кишвар тахти химояи давлат мебошад. Х,еч як шахрванди чумху-риро ба давлати хоричй супурдан мумкин нест. Супурдани шахси чиноят содиркарда ба давлати хоричй дар асоси шартномаи тарафайн баррасй мешавад.

Конститутсияи Чумхурии Точики-стон барои хар як инсон ва шахрванд тибки стандартхои байналмилалй дар сохаи хукуки инсон хукуку озодихои шахсй, сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангиро муайян намуда таъмини онхоро кафолат додааст.

Мухиммияти масъала дар он аст, ки имруз дар амалигардонии хукуку озоди-хои болозикр шахрвандони Точикистон нисбат ба шахсони бешахрванд ва шахрвандони хоричй дорои васеи хукуку озодихо мебошанд. Чунин бартарй бештар дар амалигардонии хукукхои сиёсй инъикос мегардад. Масалан танхо шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук дорад дар хаёти сиёсй ва идораи давлатй бевосита ва ё ба воситаи вакило-наш иштирок намояд.

Шахрвандон ба хидмати давлатй хукуки баробар доранд. Шахрвандон хукуки муттахид шудан доранд. Шахрванд хукук дорад дар ташкили хизбхои сиёсй, иттифокхои касаба ва дигар иттиходияхои чамъиятй иштирок намояд, ихтиёран ба онхо дохил ва аз онхо хорич гардад. Шахрванд хукук дорад дар мачлис, гирдихамой, намоиш,

рахпаймоии осоишта, ки конун мукаррар кардааст, ширкат варзад.

Бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон амалигардонии хукукхои болозикрро танхо ба шахрван-дони Точикистон кафолат додааст. Шах-сони бешахрванд ва шахрвандони хоричй аз истифодаи ин хукукхо бархурдор наме-бошанд. Зеро амалигардонии ин хукукхо иштироки фаъолонаи шахсро дар хаёти сиёсии давлат муайян менамояд, ки хоси

шахрвандони давлат мебошад. Такдири хар як давлат ва миллат барои шахрван-дони худи он мухим мебошад. Рушди давлат, таърихи гузашта, хозира ва ояндаи он барои шахрванд мукаддас аст. Чунин масъулияти гарон бар души шахрвандони Точикистон гузошта шудааст на ба души шахсони бешахрванд ва шахрвандони хо-ричй.

Вобаста ба масъалаи мазкур ба маврид Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар паёми худ ба Мачлиси Олй 26 декабри соли 2018 иброз намуданд, ки «Мо хар амали некеро, ки ба шукронаи истиклоли-яту озодй ва сохибватаниву сохибдавлатй анчом медихем, барои худамон, фарзандо-намон, наслхои ояндаамон, Ватани азизу махбубамон - Точикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба чойи мову шумо каси дигар обод наме-кунад» [5].

Новобаста аз ин, дар амалигардонии хукукхои шахсй, иктисодй ва ичтимой низ нисбати шахрвандони хоричй ва шахсони бешахрванд баъзе махдудиятхо чой до-ранд. У.К. Муминов масъалаи вазъи хукукии шахрвандони хоричиро дар Точикистон тадкик намуда, иброз мена-мояд, ки дар асоси конунгузории Точикистон барои шахрвандони хоричй ва шах-сони бешахрванд дар самти мусофират ва интихоби озоди махалли зист, бунёди оила, ба даст овардани замин хамчун мо-ликият, харидорй намудани бино, иншоот ва ё хонаи истикоматй махдудиятхо чой доранд. Муаллиф баъзе чанбахои чунин махдудиятхоро гайримаксаднок дониста, бо максади бартараф намудани камбу-дихои чойдошта таклифу пешниходхои судманд манзур намудааст, ки кобили дастгирй мебошанд [12, с. 7-10].

Гузашта аз ин, шахрванд берун аз худуди давлат низ дар амалигардонии хукукхои худ аз химояи давлат бархурдор мебошад. Шахси бешахрванд бошад аз чу-нин имконият махрум аст ба истиснои химояи баъзе аз ташкилотхои байналми-лай вобаста ба хукуки инсон.

Олими шинохтаи сохаи хукуки кон-ститутсионии Чумхурии Точикистон А.

Имомов ба маврид зикр намуд, ки имруз масъалаи вазъи хукукии шахрвандони хо-ричй яке аз мавзуи кам тадкик гардида буда, олимонро зарур аст, ки ба ин масъала таваччухи алохида намоянд. Ин-чунин, зикр намуд, ки масъалаи ду-шахрвандй ва химояи шахрвандони Точикистон, ки дорои душахрвандй буда, берун аз давлат дар Федератсияи Россия карор дошта, дар амалигардонии хукукхо-яшон ба мушкилй ру ба ру гаштаанд, мавзуи алохидаи тадкикотро талаб мена-мояд [11, с. 144-149].

Хдмин тавр, бояд зикр намуд, ки института шахрвандй яке аз мавзухои мухим ва камтадкикгардидаи илми хукуки кон-ститутсионии Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад. Пайдоиши мафхуми шахрвандй дар илми хукукшиносии киш-вар бо бархам хурдани сохти тоинкилобй ва пахн гардидани санадхои меъёрии хукукии ИЧШС дар худуди Точикистони имруза алокаманд мебошад.

Пош хурдани ИЧШС ва ба даст овардани Истиклоли давлатй ва кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон масъалаи шахрвандии Чумхурии Точики-стонро мушаххас ва холигии конунгузо-риро бо кабули ^онуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 8 августи соли 2015 ва пешниход намудани мафхуми мушаххаси шахрвандии Чумхурии Точикистон дар он пурра намуд.

Имруз шахрвандони Чумхурии Точикистон тибки стандартхои байналми-лалй дар сохаи хукуки инсон дорои хукуку озодихои шахсй, сиёсй, иктисодй ва ичтимой буда, дар дохил ва хоричи кишвар зери химояи давлат карор доранд. Шахрвандони Чумхурии Точикистон дар амалигардонии хукукхои сиёсии худ нис-бат ба шахрвандони хоричй ва шахсони бешахрванд бартарй дошта, дорои хукуку озодихои бештар мебошанд.

Дар Точикистон додани шахрвандй ба шахсони бешахрванд бо максади кохиш додани бешахрвандй амалй карда меша-вад. Вазъи хукукии шахрвандони хоричй дар Чумхурии Точикистон, масъалаи дош-

тани душахрвандй ва химояи хукуку озо- ричи кишвар, аз чумла Федератсияи Рос-дихои шахрвандони Точикистон дар хо- сия яке аз масъалахои мухим боки мемо-

над.

Адабиёти истифодашуда

1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон бо тагйиру иловахо аз 22 майи соли 2016 // Сомонаи расмии Маркази миллии конунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: http://mmk.tj/content/ (санаи мурочиат: 27.05.2023).

2. Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон аз 6 ноябри соли 1994 // Рузномаи «Садои мардум» аз 16 ноябри соли 1994, № 93 (716).

3. ^онуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 8 августи соли 2015, № 1208 // Сомонаи расмии Маркази миллии конунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: http://mmk.tj/content/конуни-конститутсионии-лумхурии-толикистон-дар-бораи-шахрвандии-лумхурии-толикистон (санаи мурочиат: 20.07.2023).

4. ^онуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи шахрвандии Чумхурии Точикистон» аз 4 ноябри соли 1995, № 104 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 1995, №21, мод. 243.

5. Паёми Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олй аз 26 декабри соли 2018 // Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: http://president.tj/node/19088 (санаи мурочиат: 12.06.2023).

6. Низомнома дар бораи шахрвандии ИЧШС солхои 1930 // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://istmat.org/node/49869 (санаи мурочиат: 27.05.2023).

7. Низомнома дар бораи шахрвандии ИЧШС солхои 1931 // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://istmat.org/node/54748. (санаи мурочиат: 27.05.2023).

8. Низомнома дар бораи шахрвандии иттифокй аз 29 октябри соли 1924 // Сомонаи КонсултантПлюс [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://www.consultant.ru/cons/cgi/online.cgi?req=doc&base=ESU&n=3068#n8ZM4mTuZRygCKF11 (санаи мурочиат: 27.05.2023).

9. Диноршоев, А.М., Салоходинова, С.М. Конституционное право Республики Таджикистан: учебное пособие / А.М. Диноршоев, С.М. Салохидинова. - Душанбе, 2017. - 325 с.

10. Имомов, А. Хукуки конститутсионии Чумхурии Точикистон: китоби дарсй. Нашри сеюм, бо тагйиру иловахо / А. Имомов. - Душанбе: «ЭР-граф», 2012. - 155 с.

11. Имомов, А. Современные проблемы развития науки конституционного права Республики Таджикистан // Сборник материалов I Международной научно-практической конференции на тему «Юридическая наука и практика», посвященная Дню таджикской науки (г. Душанбе, 29 апреля 2022 г.) // Под ред. д.ю.н., доцента Ф.Р. Шарифзода. - Душанбе: Типография МВД Республики Таджикистан, 2022. - С. 144-149.

12. Муминов, У.К. Конституционно-правовые основы статуса иностранных граждан в Республике Таджикистан и роль органов внутренних дел в его обеспечении: автореф. дис. ... к.ю.н: 12.00.02 / Улугбек Каримович Муминов. - М., 2020. - 25 с.

13. Козлова, Е.И., Кутафин, О.Е. Конституционное право России: учеб. - 4-е изд., перераб. и доп. / Е.И. Козлова, О.Е. Кутафин. - М.: ТК Велби, Изд-во Проспект, 2006. - 578 с.

14. Котов, А.В. Проблемы гражданства в Эстонии (политические аспекты темы): автореф. дис. ... канд. полит. наук: 23.00.02 / Андрей Валерьевич Котов. - М., 2004. - 157 с.

15. Мезенцева, А.Б. Институт гражданства в Российской Федерации: автореф. дис. ... к.ю.н: 12.00.02 / Алла Борисовна Мезенцева. - М., 2006. - 28 с.

16. Сотиволдиев, Р.Ш. Назарияи давлат ва хукук: китоби дарсй / Р.Ш. Сотиволдиев. -Душанбе: «Империал-Групп» 2014. - 510 с.

17. Тошев, А.М. Эволюция правового статуса личности в Республике Таджикистан: историко-правовое исследование / под ред. Заслуженного деятеля науки Российской Федерации, академика РАЕН, д.ю.н., профессора Р.С. Мулукаева / А.М. Тошев. - Душанбе: ЭР-граф, 2016. - 280 с.

18. Хомина, И.С. Институт гражданства в Российской Федерации: теоретические и практические вопросы: автореф. дис. к.ю.н: 12.00.02 / Ирина Степановна Хомина. - М., 2006. - 19 с.

References

1. The Constitution of the Republic of Tajikistan with amendments from May 22, 2016 // The official website of the National Legislative Center under the President of the Republic of Tajikistan [Electronic resource] - Access mode: http://mmk.tj/content/ (access date: 27.05.2023).

2. Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 // "Voice of the People" newspaper dated November 16, 1994, No. 93 (716).

3. Constitutional Law of the Republic of Tajikistan "On Citizenship of the Republic of Tajikistan" dated August 8, 2015, No. 1208 // Official website of the National Legislative Center under the President of the Republic of Tajikistan [Electronic resource] - Access mode: http://mmk.tj/content/ constitutional law of the Republic of Tajikistan on citizenship of the Republic of Tajikistan (date of application: 20.07.2023).

4. Constitutional Law of the Republic of Tajikistan "On Citizenship of the Republic of Tajikistan" dated November 4, 1995, No. 104 // Bulletin of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan p. 1995, No. 21, art. 243.

5. Message of the Founder of Peace and National Unity, Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan Honorable Emomali Rahman to the Supreme Council of December 26, 2018 // Official website of the President of the Republic of Tajikistan [Electronic resource] - Access mode: http://pres-ident.tj/node/ 19088 (date of application: 12.06.2023).

6. Regulations on the citizenship of the Soviet Union in the 1930s // [Electronic resource] - Access mode: https://istmat.org/node/49869 (access date: 27.05.2023).

7. Regulations on the citizenship of the USSR of 1931 // [Electronic resource] - Access mode: https://istmat.org/node/54748. (date of application: 27.05.2023).

8. Regulations on Union citizenship dated October 29, 1924 // ConsultantPlus website [Electronic resource] - Login mode: https://www.consultant.ru/cons/cgi/online.cgi?req=doc&base=ESU&n=3068# n8ZM4mTuZRygCKF11 (date of application: 27.05.2023).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

9. Dinorshoev, A.M., Salokhodinova, S.M. Constitutional law of the Republic of Tajikistan: textbook / A.M. Dinorshoev, S.M. Salokhidinova. - Dushanbe, 2017. - 325 p.

10. Imamov, A. Constitutional law of the Republic of Tajikistan: textbook. The third edition, with changes and additions / A. Imamov. - Dushanbe: "ER-graph", 2012. - 155 p.

11. Imomov, A. Modern problems of development of the science of constitutional law of the Republic of Tajikistan // Collection of materials of the I International Scientific and Practical Conference on the topic "Legal Science and Practice", dedicated to the Day of Tajik Science (Dushanbe, April 29, 2022) // Ed. Doctor of Law, Associate Professor F.R. Sharifzoda. - Dushanbe: Printing house of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, 2022. - P. 144-149.

12. Muminov, U.K. Constitutional and legal foundations of the status of foreign citizens in the Republic of Tajikistan and the role of internal affairs bodies in ensuring it: abstract of thesis. dis. ... Ph.D.: 12.00.02 / Ulugbek Karimovich Muminov. - M., 2020. - 25 p.

13. Kozlova, E.I., Kutafin, O.E. Constitutional law of Russia: textbook. - 4th ed., revised. and additional / E.I. Kozlova, O.E. Kutafin. - M.: TK Welby, Prospekt Publishing House, 2006. - 578 p.

14. 14. Kotov, A.V. Problems of citizenship in Estonia (political aspects of the topic): abstract. dis. ...cand. watered Sciences: 23.00.02 / Andrey Valerievich Kotov. - M., 2004. - 157 p.

15. Mezentseva, A.B. Institute of Citizenship in the Russian Federation: abstract. dis. ... Ph.D.: 12.00.02 / Alla Borisovna Mezentseva. - M., 2006. - 28 p.

16. Sotivoldiev, R.Sh. Theory of state and law: textbook / R.Sh. Sotivoldiev. - Dushanbe: "Imperial Group" 2014. - 510 p.

17. Toshev, A.M. Evolution of the legal status of the individual in the Republic of Tajikistan: historical and legal research / ed. Honored Scientist of the Russian Federation, Academician of the Russian Academy of Natural Sciences, Doctor of Law, Professor R.S. Mulukaeva / A.M. Toshev. - Dushanbe: ErGraf, 2016. - 280 p.

18. Khomina, I.S. Institute of Citizenship in the Russian Federation: theoretical and practical issues: abstract. dis. ... Ph.D.: 12.00.02 / Irina Stepanovna Khomina. - M., 2006. - 19 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.