Научная статья на тему 'МАСОИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД'

МАСОИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
69
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ / фарҳанг / ҳуқуқу озодиҳои асосӣ / мероси фарҳангӣ / дастовардҳои фарҳангӣ / ҳаёти фарҳангии ҷомеа / озодии фаъолияти эҷодӣ / кафолатҳои конститутсионӣ / рушди маънавии шахс / қувваи олии ҳуқуқӣ / ҳаёти маънавӣ / cultural rights and freedoms / culture / fundamental rights and freedoms / cultural heritage / cultural achievements / cultural life of society / freedom of creative activity / constitutional guarantees / spiritual development of a person / super legal validity / spiritual life

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Латипов Суннатулло Убайдуллоевич

Масъалаҳои мафҳум, хусусият ва заминаҳои ҳуқуқии ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангии инсон ва шаҳрванд мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Андешаи олимон вобаста ба мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангии инсон ва шаҳрванд дар низоми ҳуқуқу озодиҳои асосии шахс мавриди баҳс қарор дода, ҳуқуқҳои фарҳангӣ ҳамчун гурӯҳи махсуси ҳуқуқу озодиҳои асосии шахс эътироф шудаанд, ки бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар ҳуқуқу озодиҳо фарқ менамоянд. Дар заминаи таҳлили андешаҳои олимони соҳа ба мафҳуми ҳуқуқҳои фарҳангӣ равшанӣ андохта, хусусиятҳои хоси ин ҳуқуқуқу озодиҳо муайян гашта, заминаҳои ҳуқуқии онҳо мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE PROBLEM OF CULTURAL RIGHTS AND FREEDOMS OF MAN AND CITIZENS

The article analyzes the concepts, characteristics and legal foundations of cultural rights and freedoms of man and citizen. It discusses the views of scientists on the place of cultural rights and freedoms of man and citizen in the system of fundamental human rights and freedoms, and cultural rights are recognized as a special group of fundamental human rights and freedoms, which differ from other rights and freedoms by specific characteristics. Based on an analysis of the opinions of scientists in this field, the full concept of cultural rights and freedoms is revealed, the features of these rights and freedoms are determined, and the legal basis of these rights and freedoms is analyzed.

Текст научной работы на тему «МАСОИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД»

5.1.2. (12.00. 14) ПУБЛИЧНО-ПРАВОВЫЕ (ГОСУДАРСТВЕННО-ПРАВОВЫЕ)

НАУКИ

5.1.2. ИЛМ^ОИ ОММАВЙ-^УЕУЦЙ (ДАВЛАТЙ-^У^У^Й) 5.1.2. PUBLIC-LEGAL (STATAL-LEGAL) SCIENCES

УДК 342

DOI 10.24412/2411-1945-2023-4-31-39

МАСОИЛИХУЦУЦУ Латипов Суннатулло Убайдуллоевич, муалими ОЗОДИХОИ ФАРХАНГИИ калони кафедраи ууцуци конститутсиони, факултети ИНСОН ВА ШАХРВАНД ууцуцшиносии ДДХБСТ (Хуцанд, Тоцикистон)

ПРОБЛЕМА КУЛЬТУРНЫХ Латипов Суннатулло Убайдуллоевич,

ПРАВ И СВОБОД ЧЕЛОВЕКА И ст. преподаватель каф. конституционного ГРАЖДАНИНА права юридического факультета ТГУПБП (Худжанд, Таджикистан)

THE PROBLEM OF Latipov Sunnatullo Ubaydulloevich, senior lecturer

CULTURAL RIGHTS AND of the department of State Education and Constitution

FREEDOMS OF MAN AND of the law Faculty TSULBP (Khujand, Tajikistan)

CITIZENS e-mail: sunnatullo.latipov@mail.ru

Масъалауои мафуум, хусусият ва заминауои ууцуции ууцуц ва озодщои фаруангии инсон ва шаурванд мавриди тащил царор дода шудаанд. Андешаи олимон вобаста ба мавцеи ууцуц ва озодщои фаруангии инсон ва шаурванд дар низоми ууцуцу озодщои асосии шахс мавриди баус царор дода, ууцуцуои фаруанги уамчун гурууи махсуси ууцуцу озодиуои асосии шахс эътироф шудаанд, ки бо хусусиятуои хоси худ аз дигар ууцуцу озодиуо фарц менамоянд. Дар заминаи таулили андешауои олимони соуа ба мафууми ууцуцуои фаруанги равшани андохта, хусусиятуои хоси ин ууцуцуцу озодиуо муайян гашта, заминауои ууцуции онуо мавриди таулил царор дода шудааст.

Калидвожа^о: ууцуцу озодиуои фаруанги, фаруанг, ууцуцу озодиуои асоси, мероси фаруанги, дастовардуои фаруанги, уаёти фаруангии цомеа, озодии фаъолияти эцоди, кафолатуои конститутсиони, рушди маънавии шахс, цувваи олии ууцуци, уаёти маънави

Проанализированы понятия, характеристики и правовые основы культурных прав и свобод человека и гражданина. Обсуждаются мнения ученых о месте культурных прав и свобод человека и гражданина в системе основных прав и свобод человека, а культурные права признаются особой группой основных прав и свобод человека, которые отличаются от других прав и свобод специфическими характеристиками. На основе анализа мнений ученых в данной области раскрыто полное понятие культурных прав и свобод, определены особенности этих прав и свобод, проанализированы правовые основы этих прав и свобод.

Ключевые слова: культурные права и свободы, культура, основные права и свободы, культурное наследие, достижения культуры, культурная жизнь общества, свобода творческой деятельности, конституционные гарантии, духовное развитие человека, высшая юридическая сила, духовная жизнь

The article analyzes the concepts, characteristics and legal foundations of cultural rights and freedoms of man and citizen. It discusses the views of scientists on the place of cultural rights and freedoms of man and citizen in the system offundamental human rights andfreedoms, and cultural rights are recognized as a special group offundamental human rights and freedoms, which differ from other rights andfreedoms by specific characteristics. Based on an analysis of the opinions of scientists in this field, the full concept of cultural rights and freedoms is revealed, the features of

these rights and freedoms are determined, and the legal basis of these rights and freedoms is analyzed.

Key-words: cultural rights and freedoms, culture, fundamental rights and freedoms, cultural

heritage, cultural achievements, cultural life of society, freedom of creative activity,

constitutional guarantees, spiritual development of a person, super legal validity, spiritual life

Чумхурии Точикистон пас аз ба даст овардани сохибихтиёрй ва кабули Конститутсия ба мархилаи нави конунгузорй асос гузошт, ки дар маркази он инсон ва хукуку озодихои у карор доранд. Дар катори дигар арзишхои аз чониби чомеаи чахонй эътирофгардида, аз забили принсипи тачзияи хокимият, гуногунандешии сиёсй ва мафкуравй, эътирофи моликияти хусусй конунгузории муосири Точикистон дар муносибат бо хукуку озодихои инсон ва шахрванд тагйироти куллиро руи кор овард. Аз чумла, бори аввал дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон инсон ва хукуку озодихои у арзиши олй эътироф шуданд [1, м. 5].

Дар замони муосир хифз ва таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд самти асосй ва мухимтарини фаъолияти давлатро ташкил менамоянд ва тавассути макомоти дахлдори давлатй амалй гардонида мешаванд. Чунончи, тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон "хукуку озодихои инсон ва шахрванд максад, мазмун ва татбики конунхо, фаъолияти хокимияти конунгузор, ичроия, макомоти махаллии хокимияти давлатй ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи хокимияти судй таъмин мегарданд"[1, м. 14].

Хукуку озодихои фархангй аз чумлаи хукуку озодихои асосии инсон ва шахрванд махсуб ёфта, онхо бахри рушди маънавии шахс заруранд. Инкишофи ин хукуку озодихо ба инкишофи фарханги халку миллатхо ва умуман фарханги инсоният алокаи ногусастанй доранд. Фарханг чузъи чудонашавандаи хаёти инсоният, чавхари хастии миллати сохибтамаддун мебошад.

Худи мавчудияти илми фархангшиносй аз накши калидии фарханг дар чомеаи инсонй гувохй медихад. Мачмуи дастовардхои илмии бадастомада тасдик менамоянд, ки фарханг ба хама самтхои хаёти чамъиятй, аз чумла ба хукук низ таъсир мерасонад.

Дар фарханги забони точикй фарханг ба маънои: а) мачмуи дастовардхои инсоният дар сохаи муносибатхои истехсолй чамъиятй ва ахлокй; б) одоб, шуур, тарбияи ичтимой, илм, маърифат, акл, хирад, тадбир чора[2, с. 406], истифода шудааст. Истилохи фарханг муодили истилохи «култура» (cultura) мебошад ки, дар афкори давлатхои Fарб истифода мегардад. Култура калимаи лотинй буда, маънои «кишт кардан», «зироаткорй намудан», «парваришу тарбия» ва «парваридану руёнидан»-ро дорад[3, с. 16].

Дар асоси чамъбасти фикру акидаи олимон фархангро чунин таъриф додан мумкин аст: Фарханг тамоми дастовардхои моддию маънавие мебошад, ки инсон дар тули фаъолияти дурударози таърихии худ ба вучуд овардааст.

Дар конунгузории Чумхурии Точикистон мафхуми фарханг чунин мукаррар гаштааст: фарханг мачмуи арзишхои моддию маънавиест, ки инсоният онхоро офарида, бо максади рушди маънавии шахс истифода мебарад[4, м.1].

Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд бо рушди фарханг алокаи ногусастанй доранд. Ин хукукхо имконияти истифода бурдан аз дастовардхои фархангй, инчунин сахм гузоштани хар фардро дар инкишофи фарханг фарохам меоранд. Ба акидаи Х.А. Воситов: "Хукуку озодихои инсон хамчун унсури чудонашавандаи фарханги чомеа, шарти хатмии тасдиккунандаи кадру киммати инсонй, воситаи конеъ гардонидани талаботи хаётан мухимми маънавию моддии одамон мебошад[5, с. 48].

Кайд намудан зарур аст, ки дар илми хукуки конститутсионй чихати омузиши мазмун, мохият ва намудхои хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд ба таври чиддй

таваччух зохир нагаштааст. Хатто хангоми тадкикоти падидаи хукуку озодихои асосии инсон ва шахрванд дар хукуки конститутсионй ба омузиши хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд ба таври зарурй таваччух нашудааст. Олимони ватанй Р.Ш. Сотиволдиев[6, с. 366], А. Имомов[7, с. 351-360], А.М. Диноршоев, Д.С. Сафаров[8, 182189], Б.А. Сафаров[14, с. 58-65], А.Х. Бобоев [10, с. 180-188] ва дигарон, олимони Федератсияи Русия Е. И. Козлова, О. Е. Кутафина [11, с. 240-241], Д.С. Иванкина[12, с. 1725], А.И. Кривенкий[13, с. 10-16] ва дигарон ба омузиши хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд таваччух зохир намудаанд. Тахлилхои олимони номбурда вобаста ба хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд басанда намебошад ва ин масъала тахлилу омузиши боз хам чукуртару пурратарро талаб менамояд.

Ху^у^у озодихои фархангии инсон ва шахрванд кисми асосй ва мустакили хукуку озодихои асосии шахс мебошанд. Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд ин гурухи махсуси хукуку озодихоянд, ки тибки конститутсия ва конунхо кафолат дода шуда, имконияти иштироки шахсро дар хаёти фархангии чомеа, истифода аз дастовардхои фархангй ва озодии фаъолияти эчодии уро таъмин мекунанд.

Доир ба пахлухои мафхуми хукукхои фархангй дар адабиёти илмй андешахои гуногун пешниход шудаанд. Ба андешаи муаллифон «хукукхои фархангй ба инсон имконияти ташаккули рухиро кафолат дода, ба инсон иштирокчии пешравихои сиёсй, фархангй ва ичтимой буданро таъмин менамоянд»[8, с. 88]. Бинобар таъкиди Б.А. Сафаров хукукхои фархангй натанхо бахри таъмини рушди маънавии инсон, хамчунин бахри мутобик шудани у ба хаёти чамъиятй бо пешниход намудани тарзхои гуногуни рушди худшиносии шахсй заруранд [9, с. 58].

Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд имконияти хам дар хаёти фархангии чомеа иштирок кардан, хам аз дастовардхои фархангй истифода бурдан ва хам ба фаъолияти эчодй машгул шуданро кафолат медиханд. Чи тавре ки профессор Р.Ш. Сотиволдиев менависад: «хукукхои фархангй иштироки шахсро дар хаёти фархангии чомеа, истифодаи озодонаи дастовардхои фархангй, озодии фаъолияти эчодиро таъмин мекунанд» [6, с. 366].

Маълум аст, ки хар як хукуку озодй бахри инкишофи инсон дар ин ё он самти хаёт шароит фарохам меорад. Ба андешаи А.И.Кривенкий бар хилофи хукукхои иктисодй ва ичтимой хукукхои фархангии инсон ба маънои махдуд дарбаргирандаи хаёти маънавии инсонанд [13, с. 10].

Дар фарханги истилохоти хукукй доир ба хукукхои фархангй кайд мегардад, ки хукуку озодихои фархангй - ба хар шахс хукуки озодона дар хаёти фархангии чамъият, эчодиёти бадей, илмй ва техникй ширкат варзидан, аз дастовардхои онхо истифода карданро медиханд[14, с. 521].

Хукук ва озодихои фархангй натанхо имконияти истифода аз дастовардхои фархангиро фарохам меоранд, хамчунин ба инсон имконият медиханд, ки дар эчоди дастовардхои фархангй ва инкишофи фарханг бевосита иштирок намояд. Чи тавре муллифон кайд мекунанд: «хукук ва озодихои фархангй ин имконияти инсон чихати истифода аз дастовардхо ва неъматхои маънавию фархангй, инчунин ширкат варзидан дар эчоди ин дастоварду неъматхо вобаста ба шавк ва кобилият мебошад» [15, с. 34].

Хукуку озодихои фархангй заминаи конститутсионию хукукй доранд. Яъне сарчашмаи ин хукуку озодихо аз санадхои хукукии байналмилалии аз чониби умум эътирофшуда ва конститутсия маншаъ мегиранд. Аз ин ру, ба андешаи П.А. Костюков "Хукукхои фархангии инсон - мачмуи махсуси хукуку озодихои инсон мебошанд, ки имкониятхои аз чониби конститутсия ва конунхо кафолат додашудаи инсонро дар сохаи хаёти фархангй ва илмй ифода мекунанд[16, с. 59].

Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд хамчун гурухи махсуси хукуку озодихо

дорои заминаи боэътимоди хукукй хастанд. Дар афкори халки точик аз кадимулайём ба хукуку озодихои шахс арч гузошта мешуд. Чи тавре А.F. Холиков дар боби «Назаре ба хотираи хукуки точикон дар таърих» кайд менамояд: "Точикон аз халкхои кадимаи мардуми ориёиянд, ки бори беш аз чорхазорсолаи тамаддуни давлату давлатдорй ва хукуку хукукэчодкунии кабоили пешкадами онро дар сарзамини ачдодии хеш бар душ кашидаанд... Эътирофи масъулияти кудрат дар назди халк ва тачрибаи кабули мардум ва донишмандон аз чониби шох Ч,амшед дар хазораи 2 кабл аз милод; нахустин эътироф ва эъломи хукуки инсон ба озодии харакат, ба озодии вичдон, ба интихоби озоди маскан аз Эъломияи Куруши Кабир дар соли 539 кабл аз милод. шаходати гуфтахои болост"[17, с. 309].

Эъломияи Куруши Кабир яке аз аввалин санади хукукй вобаста ба хукуки башар ба шумор меравад. Дар он аввалин шуда оиди хукук ба озодии вичдон, ки як чузъи хаёти маънавй-фархангии шахс мебошад, сухан меравад. Чихеле муаллифон менависанд: «Эъломияи Куруш яке аз манбаъхои мукаддаси давлати Хахоманишиён мебошад, ки дар он хукук ба озодии эътикод, озодии харакат, интихоби манзил, хукук ба моликият ва г. ба таври возех дарч шудаанд»[18, с. 64].

Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд дар Эъломияи умумии хукуки башар, ки аз тарафи чомеаи чахонй пазируфта шудааст ва таърихи беш аз хафтодсола дорад, дарч шудаанд.

Дар моддаи 27 Эъломияи умумии хукуки башар чунин мукаррар гаштааст:

1.Хар як инсон хак дорад, ки дар хаёти фархангии чомеа озодона ширкат варзад, аз хунар бахра барад, дар пешрафти илм сахм гирад ва аз дастовардхои он истифода намояд.

2. Хар як инсон ба хифзи манфиатхои моддию маънавии худ, ки самараи корхои илмй, адабй ё хунарии у мебошанд, хак дорад[19, м. 27].

Аз мазмуни ин меъёрхои Эъломияи умумии хукуки башар бармеояд, ки хукуку озодихои фархангй, аз он чумла хукуки иштирок дар хаёти фархангии чомеа аз кабили мухимтарин хукуку озодихо махсуб ёфта, ба хар шахс кафолат дода мешаванд, инчунин хама гуна дастовардхои моддию маънавии шахс, ки самараи корхои илмию адабист тахти химоя карор доранд.

Боз хам ба таври мушаххастар хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд дар Паймони байналхалкй оид ба хукукхои иктисодй, ичтимой ва фархангй инъикоси худро ёфтаанд. Дар Паймони мазкур натанхо дар бораи хукуку озодихои фархангй, инчунин вобаста ба ухдадории давлат дар таъмини хукуку озодихои фархангй меъёр мукаррар шудааст.

Мувофики банди якуми моддаи 15-уми Паймон давлатхои ширкаткунанда хукуки хар як инсонро ба: а) ширкат дар хаёти фархангй; Ь) истифода аз дастовардхои пешрафти илмй ва татбики амалии онхо; с) истифода аз химояи манфиатхои моддй ва маънавие, ки аз хама гуна осори илмй, адабй ва бадеии офаридаи у бармеоянд, эътироф мекунанд.

Банди дуюми моддаи 15-уми Паймон давлатхои аъзоро вазифадор менамояд, ки тадбирхои заруриро барои химоя кардан, инкишоф додан ва пахн намудани дастовардхои илм ва фарханг андешанд.

Тибки банди сеюми моддаи 15-уми Паймон давлат ухдадор аст озодиеро, ки бекайду шарт барои тахкикоти илмй ва фаъолияти эчодй зарур аст, эхтиром мекунанд.

Дар асоси банди чоруми моддаи 15-уми Паймон давлат фоидаеро, ки аз ташвик ва инкишофи робитахои байналхалкй ва хамкорй дар сохахои илм ва фарханг хосил мешавад, эътироф мекунад[20, 15].

Конститусияи Чумхурии Точикистон хамчун санади меъёрии хукукии дорои эътибори олии хукукидошта дар низоми конунгузории Точикистон мухимтарин хукуку озодихои инсон ва шахарвандро дар худ мустахкам намудааст. Боби дуюми Конститусияи Чумхурии Точикистон ба хукуку озодй ва вазифахои асосии инсон ва шахрванд бахшида шудааст. Дар катори дигар хукуку озодихо Конститусияи Чумхурии Точикистон хукуку озодихои

фархангии инсон ва шахрвандро низ кафолат медихад. Чунончи, тибки моддаи 40-уми Конститусияи Чумхурии Точикистон: "Хар шахс хукук дорад озодона дар хаёти фархангии чомеа, эчоди бадей, илмй ва техникй ширкат варзад, аз дастовардхои онхо истифода кунад. Сарватхои фархангй ва маънавиро давлат химоя мекунад. Моликияти зехнй тахти химояи конун аст" [1, м. 40]. Дар моддаи 41-уми Конститусияи Чумхурии Точикистон хукук ба тахсил[1, м. 41] хамчун хукуки фархангии инсон ва шахрванд кафолат дода шудааст.

Конститутсияи Чумхурии Точикистон танхо бо мукаррар кардани хукуку озодихои фархангй махдуд нашуда, хамчунин ухдадории инсон ва шахрвандро дар сохаи фарханг пешбинй менамояд. Тибки моддаи 44-уми Конститутсия Чумхурии Точикистон «хифзи табиат, ёдгорихои таърихиву фархангй вазифаи хар шахс аст»[1, м. 44].

Дар сатхи Конститутсия мукаррар ва кафолат дода шудани хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд аз мухиммияти ин хукуку озодихо барои шахс, чомеа ва давлат гувохй медиханд.

Дар заминаи Конститусияи Чумхурии Точикистон хамчунин як катор санадхои меъёрии хукукие кабул шудаанд, ки хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрвандро мукаррар мекунанд. Ба сифат чунин санад ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи фарханг", ки 13 декабри соли 1997 кабул шудааст баромад карда метавонад. Крнуни мазкур хукукхои конститутсионии шахрвандонро дар фаъолияти фархангй таъмин ва химоя намуда, муносибатхои хукукии субъектхои фаъолияти фархангиро ба танзим медарорад ва сиёсати давлатро дар сохаи фарханг муайян мекунад.

Тибки моддаи 5-уми Крнуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи фарханг" шахрвандони Чумхурии Точикистон дар каламрави он катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, маълумот, эътикоди динй, вазъи ичтимой, молу мулк, хусусияти касбу кор хукук доранд:

- аз комёбихои фарханги умумимиллй ва умумиинсонй озодона истифода баранд:

- аз руи майлу рагбат ва кобилияти хеш дар хамаи намудхои фаъолияти эчодии касбй ва гайрикасбй шугл варзанд;

- сохибхукуки (муаллифи) моликияти зехнй бошанд, сирри хунари худро махфуз доранд, ба дастовардхои эчодии худ ихтиёрдорй намоянд;

- сарватхои маънавй, зебоиписандй ва гайраро озодона интихоб кунанд ва дар хифзи фарханги миллии хеш дар химояи давлат бошанд;

- сарватхои фархангй, захирахои китобхонахо, осорхонаю бойгонихои давлатиро озодона истифода кунанд. Махдудиятро барои истифодаи сарватхои фархангй конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад;

-маълумоти башардустонаю бадеиро бе махдудият гиранд, шакл ва тарзи тахсилро озодона интихоб намоянд;

- нисбат ба мерос ва дастовардхои муосири фархангй гамхор бошанд;

- молики молу мулки ахаммияти таърихиву фархангй, коллексияхо, бинохо, иншоот, ташкилот, муассисахо, корхона ва объектхои дигари фархангй бошанд. Тартиби сохиб шудан ва истифодаи иншоотхои (объектхои) фархангиро конунгузории Чумхурии Точикистон танзим менамояд;

- мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои инкишофи сарватхои фархангй ташкилот, муассисахо ва корхонахо, ассотсиатсияхо, иттифокхои эчодй ва дигар иттиходияхои чамъиятиро таъсис диханд, дар сохаи фаъолияти фархангй тибки тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд, вазифаи миёнаравиро адо кунанд;

- мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар хорича намоишхоро ба омма пешниход кунанд ва фуруши махсули фаъолияти эчодии хешро ташкил дода, бо риояи конунгузории он кишвархо ба фаъолияти фархангй машгул шаванд, ташкилотхои фархангй таъсис диханд.

Бояд кайд кард, ки шахрвандони хоричй ва шахсони бешахрванд дар сохаи фаъолияти фархангй бо шахрвандони Чумхурии Точикистон ба истиснои холатхое, ки конун пешбинй намудааст, хукуки баробар доранд[4, м. 7].

Дигар санади меъёрии хукукии ба хукуку озодихои фархангй алокаманд ин Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангй" мебошад, ки 3 марти соли 2006 кабул гардидааст. Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро оид ба хифз, истифода, нигахдорй ва таргиби объектхои мероси таърихию фархангй танзим менамояд.

Танзими хукукии таъмини хифз ва истифодаи самараноки объектхои мероси таърихию фархангй, рушди минбаъдаи онхо ба манфиати чомеа, муайян намудани низоми хукукии объектхои мероси таърихию фархангй хамчун намуди хоси молу мулки гайриманкул ва сарвати умумимиллй, мукаррар намудани назорати давлатй оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангй, татбики сиёсати давлатй оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангй, таъмини ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба хифз ва истифодаи самараноки объектхои мероси таърихию фархангй, химояи хукуки шахсони вокей ва хукукй ва муайян намудани ухдадорихои онхо оид ба хифз ва истифодаи самараноки объектхои мероси таърихию фархангй, мух,айё кардани шароити мусоид барои нигахдорй ва баркарорсозии объектхои мероси таърихию фархангй, муайян намудани чавобгарй барои амал ё беамалие, ки дар натичаи он ба объектхои мероси таърихию фархангй зарари мустаким ё гайримустаким расонида мешавад, максади кабули Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангй" ташкил медиханд [21, м. 1].

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватхои таърихию фархангй" [22, м. 1] низ яке аз заминахои хукукии хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд махсуб меёбад. Конуни мазкур асосхои хукукй ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватхои таърихию фархангиро муайян намуда, ба хифзи мероси таърихию фархангй равона гардидааст.

Хамин тавр дар натичаи тахлили мафхум, хусусият, заминахои хукукии хукук ва озодихои фархангй, омузиши фикру андешаи олимони соха атрофи мафхуми хукукхои фархангй мо ба чунин хулоса омадем, ки хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд ин мачмуи хукуку озодихои дар конститутсия ва конунхо кафолатдодашуда мебошанд, ки рушди маънавии шахсро таъмин намуда, бахри иштирок кардан дар хаёти фархангй, истифода намудан аз дастовардхои фархангй, ширкат варзидан дар эчоди бадей, илмй, техникй шароит фарохам меоранд.

Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд дорои чунин хусусиятхо мебошанд:

1. Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд кисми асосй ва чудонашавандаи хукуку озодихоро ташкил медиханд ва дар алокамандй бо дигар хукуку озодихо амалй мегарданд;

2. Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд кафолати конститутсионй доранд. Дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон меъёрхои алохида ба ин хукуку озодихо бахшида шудааст;

3. Хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд бахри рушди маънавии шахс шароит фарохам меоранд. Хаёти маънавии инсон дар заминаи ин хукуку озодихо инкишоф меёбад;

4. Бахри рушди хаёти фархангии чомеа хукуку озодихои фархангии инсон ва шахрванд мусоидат менамоянд. Бо истифода аз ин хукуку озодихо шахс дар баробари истифода намудан аз дастовардхои фархангй, инчуни дар эчоду инкишоф додани неъмату дастовардхои фархангй ширкат меварзад;

5. Хукуку озодиуои фархангии инсон ва шахрванд бахри баланд бардоштани худшиносии шахсй, бо чомеа пайвастан ва хамкадами инкишофи муносибатхои чамъиятй будани шахс шароит фарохам меоранд. Аксар вакт хукуку озодихои фархангиро ба гурухи хукуку озодихои ичтимоию иктисодй дохил менамоянд, ки мо чунин гурухбандиро бахснок мехисобем. Хукуку озодихои фархангй дорои мазмун ва хусусиятхои хосе мебошанд, ки барои фарк кардани онхо аз дигар хукуку озодихо ва ба сифати гурухи мустакили хукуку озодихо баромад намудан, имконият медиханд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Конститутсияи Цумуурии Тоцикистон.-Душанбе: Ганц, 2017.- 126 c.

2. Фаруанги забони тоцики. Цилди 2 / Зери таурири F. Цодиров, С. Холматова, С. Каримов, С. Файзиев. - Душанбе, 2015. - 1095 с.

3. Тоцов Н., Хусейнов К., Назаров Р., Тоцов М. Фаруангшиноси. - Душанбе: Шуцоиён, 2011. - 332.

4. Цонуни Цумуурии Тоцикистон "Дар бораи фаруанг" /Ахбори Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон соли 1997, № 23-24, мод. 352; соли 2001, № 4, мод.143; соли 2003, №12, мод. 691; соли 2008, №10, мод.819; соли 2009, № 8, мод.499; с. 2011,№6, мод. 445;

5. Воситов Х.А. Цивилизационно-культурные основания институциональной защиты прав человека в Республике Таджикистан. Монография /Х.А. Воситов. - Худжанд: Хуросон, 2021. - 232 с.

6. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи давлат ва ууцуц / Р.Ш. Сотиволдиев. - Душанбе: Империал-Групп, 2014. - 720 с.

7. Имомов А. Хуцуци конститусионии Цумуурии Тоцикистон / А.Имомов. - Душанбе: Офсет Империя, 2017. - 760 с.

8. Диноршоев А.М., Сафаров Д.С. Хуцуци инсон / А.М. Диноршоев, Д.С. Сафаров. -Душанбе, 2010. - 296 с.

9. Сафаров Б.А. Вопросы реализации права на участие в культурной жизни в Республике Таджикистан / Б.А. Сафаров // Сборник научных статей, посвященный 10-летию кафедры международного права и прав человека юридического института МГПУ / Под общ. ред. Е.М. Павленко. - Москва: Права человека, 2016. - С. 58-65.

10.Бобоев А.Х. Конституционно-правовое регулирование статуса человека и гражданина в Республике Таджикистан.Монография/А.Х. Бобоев. - Худжанд: Ношир, 2012. - 212 с.

11.Козлова Е. И., Кутафин О. Е. Конституционное право Российской Федерации: учебник. 3-е изд. - Москва, 2017. - 592 с.

12.Ивакина Д.С. Сущность и роль основных культурных прав человека и гражданина в формировании российского правового государства / Д.С. Ивакина // Сборник научных статей, посвященный 10-летию кафедры международного права и прав человека юридического института МГПУ /Под общ. ред. Е.М. Павленко. - Москва: Права человека, 2016. - С. 17-25.

13.Кривенький А.И. Культурные права в системе прав человека: вопросы теории / А.И. Кривенький // Сборник научных статей, посвященный 10-летию кафедры международного права и прав человека юридического института МГПУ /Под общ. ред. Е.М. Павленко. - Москва: Права человека, 2016. - С. 10-16.

14. Фаруанги истилоуоти ууцуц /Зери таурири доктори илмуои ууцуцшиноси, профессор Маумудов М.А. - Душанбе: Эр-граф, 2004. - 600 с.

15. Теория государства и права / Под ред. М.Н. Марченко. - Москва, 2004. - 640 с.

16.Костюкова П.А. Право на доступ к культурным ценностям в системе культурных прав человека и гражданина / П.А. Костюкова // Вестник Новгородского филиала РАНХиГС. - 2016.- Т.5. № 2-2 (6). - С. 57-63.

17.Холицов A.F. Андешаи давлати миллй / A.F. Холицов. - Душанбе: Эр-граф, 2013. - 684 с.

18.Саъдизода Ц., Сафарзода Н.Ф. Хуцуци инсон: аз Зардушт то Куруш. - Душанбе: Баумандруд, 2016. - 164 с.

19.Эъломияи умумии ууцуци башар. Сомонаи расмии Маркази миллии цонунгузории назди Президенти Цумуурии Тоцикистон. mmk.tj (санаи муроциат: 10.09.2023).

20.Паймони байналхалцй оид ба ууцущои ицтисодй, ицтимой ва фаруангй Сомонаи расмии Маркази миллии цонунгузории назди Президенти Цумуурии Тоцикистон. mmk.tj (санаи муроциат: 10.09.2023).

21.Цонуни Цумуурии Тоцикистон "Дар бораи уифзи ва истифодаи объектуои мероси таърихию фаруангй "/Ахбори Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон, соли 2006, №3, мод. 168; с. 2012, №12, ц. 1, мод. 1015 (Цонуни ЦТ аз 30.05.2017 с., №1429).

22.Цонуни Цумуурии Тоцикистон "Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватуои таърихию фаруангй"// Ахбори Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон аз 4 апрели соли 2019 №1593.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

REFERENCES:

1. Constitution of Tajikistan Republic. - Dushanbe: Ganj, 2017-126pp.

2. Culture of Tajik Language. Volume 2. Under the editorship of Gh.Kodirov, S.Kholmatova, S.Karimov, S.Faiziev. - Dushanbe, 2015. - 1095 pp.

3. Tojov N., Huseynov K., Nazarov R., TojovM. Cultural sciences. - Dushanbe:Shujoiyon, 2011. - 332.

4. The Law of the Republic of Tajikistan "On Culture" /Message ofMajlisi Oli of Tajikistan Republic in 1997, № 23-24, art. 352; in 2001, № 4, art.143; in 2003, №12, art. 691; in 2008, №10, art.819; in 2009, № 8, art.499; in 2011,№6, art. 445;

5. Vositov Kh.A. Civilizing-cultural Base of Institutional Human Rights Group in Tajikistan Republic. Monograph. - Khujand: Khuroson, 2021. - 232 pp.

6. Sotivoldiev R.Sh. The Theory of State and Law. - Dushanbe: Imperial-Group, 2014. - 720pp.

7. Imomov A. Constitutional Right of Tajikistan Republic. Dushanbe:Offset Imperia, 2017. - 760 pp.

8. Dinorshoev A.M., Safarov D.S. Human Rights. - Dushanbe, 2010. - 296pp.

9. Safarov B.A. The Matters of the Realization of Rights on Participation in Cultural Life in Tajikistan Republic // Collection of scientific article, dedicated to the 10 - years anniversary of the department of international Rights and Human rights of the Legal College of MSPU /Under the general editorship of E.M.Pavlenko. - М. Human Rights, 2016. - PP. 58 - 65.

10.Boboev A.Kh. Constitutional-legal Regulations of the Human and Citizen Status in Tajikistan Republic. Monograph. - Khujand: Noshir, 2012. - 212 pp.

11. Kozlova E.I., Kutafin O.E. Constitutional Rights of Russian Federation: manual. The third edition. М., 2017. - 592 pp.

12. Ivakina D.S. Content and the Role of the Basic Cultural Human and Citizen Rights in Formation of Russian Legal State // Collection ofscientific articles, dedicated to the 10 - years anniversary of the department of international Rights and Human rights of the Legal College of MSPU /Under the general editorship of E.M.Pavlenko. - М.:Human Rights, 2016. - PP. 17 - 25.

13.Krivenkiy A.I. Cultural Rights in the System of Human Rights: theory matters // Collection of scientific articles dedicated to the 10 - years anniversary of the department of international Rights and Human rights of the Legal College of MSPU /Under the general editorship of E.M.Pavlenko. - М.-.Human Rights, 2016. - PP. 10 - 16.

14. Culture of Legal Terms. Under the editorship of the doctor of Law, professor Mahmudov M.A. Dushanbe: Er-graph, 2004. - 600pp.

15.The Theory of State and Law Under the editorship ofM.N.Marchenko. - M., 2004. - 640 pp.

16. Kostukova P.A. Rights on Access to the Cultural Assessment in the System of Cultural Human and Citizen Rights //Bulletin of the Novgorod Filial of RANEGS 2016. V.5. № 2-2 (6). - PP. 57 - 63.

17.Kholikov A.Gh. The Idea of the Nation State. - Dushanbe: Er-graph, 2013. - 684. 18.Saadizoda J., Safarzoda N.F. Human Rights from Zardusht to Kurush. -Dushanbe:

Bahmandrud, 2016. -164. 19. General Declaration of Human Rights. Official website of the national Legislative Centre of the

President of Tajikistan Republic. mmk.tj (date of appeal: 10.09.2023). 20.International Agreement on Economic, Social and Cultural Rights. Official website of the national Legislative Centre of the President of Tajikistan Republic. mmk.tj (date of appeal: 10.09.2023).

21. The Law of Tajikistan Republic " On the Protect and Use of the Objects of Historical and Cultural Heritage"/Message of Majlisi Oli of Tajikistan Republic, in 2006, №3, art. 168; in 2012, №12, code. 1, article. 1015; (The Law of Tajikistan Republic from 30.05.2017., №1429.

22. The Law of Tajikistan Republic " On Export and Import of Historical and Cultural Resources"/Message of Majlisi Oli of Tajikistan Republic from April 4, 2019 №1593.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.