Научная статья на тему 'ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ МУАММОИ ВОБАСТАГИИ БАХУДБАҲОДИҲӢ БО ҚУВВАИ ИРОДА'

ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ МУАММОИ ВОБАСТАГИИ БАХУДБАҲОДИҲӢ БО ҚУВВАИ ИРОДА Текст научной статьи по специальности «Психологические науки»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Ключевые слова
Бахудбаҳодиҳӣ / ирода / қувваи ирода / сифатҳои иродавӣ / ҷавонон / шахсият / худҳурматкунӣ / худдарккунӣ / бахудбаҳодиҳии баланд / хусусиятҳои шахсият.

Аннотация научной статьи по психологическим наукам, автор научной работы — Бурхонова Мубина Масаидовна

Бахудбаҳодиҳӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шахс ҳамчун қутбнамои худшиносӣ баромад намуда, дар ташаккули равандҳои маърифатӣ, ҳолатҳои эмотсионалӣ-ҳиссиётӣ ва иродавиву индивидуалӣ-шахсӣ ширкати бевосита меварзад. Саҳми бахудбаҳодиҳии баланд, паст ва ё адекватӣ дар равонагии шахс хел афзун буда, дар инкишофи қобилиятҳо, истеъдод, сифатҳои характер ва шахсият таъсири мусбӣ ё манфӣ мерасонад. Ҳаёти бошуурона бевосита бо пайдо гардидани танзими иродавӣ ва дар асоси он ташаккули сифатҳои иродавӣ дар характер алоқаи зич дорад. Танзими иродавӣ ва сифатҳои иродавӣ дар бачагӣ сараввал бо воситаи бозиҳои инкишофдиҳанда ва бо муваффақиятҳо дар таълим шакл мегирад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ МУАММОИ ВОБАСТАГИИ БАХУДБАҲОДИҲӢ БО ҚУВВАИ ИРОДА»

УДК 159.9

ТА^ЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ МУАММОИ ВОБАСТАГИИ БАХУДБА^ОДЩЙ

БО ЦУВВАИ ИРОДА

БУРХОНОВА МУБИНА МАСАИДОВНА

Старший преподаватель общеуниверситетской кафедры общей психологии ГОУ "Худжандский государственный университет им. академика Б.Гафурова"

Худжанд, Таджикистан

Аннотатсия.Бахудба%одщй дар со%а%ои гуногуни %аёти шахс %амчун цутбнамои худшиноси баромад намуда, дар ташаккули раванд%ои маърифати, %олат%ои эмотсионали-%иссиёти ва иродавиву индивидуали-шахси ширкати бевосита меварзад. Са%ми бахудба^одщии баланд, паст ва ё адеквати дарравонагии шахс хел афзун буда, дар инкишофи цобилият%о, истеъдод, сифат%ои характер ва шахсият таъсири мусби ё манфи мерасонад. Хаёти бошуурона бевосита бо пайдо гардидани танзими иродави ва дар асоси он ташаккули сифат%ои иродави дар характер алоцаи зич дорад. Танзими иродави ва сифат%ои иродави дар бачаги сараввал бо воситаи бозщои инкишофдиуанда ва бо муваффациятуо дар таълим шакл мегирад.

Калидвожахр:Бахудба%одщй, ирода, цувваи ирода, сифат%ои иродави, цавонон, шахсият, худ%урматкуни, худдарккуни, бахудба^одщии баланд, хусусият%ои шахсият.

Масъалах,ои ирода, сифатх,ои иродавии шахс ва бахудбах,одих,й дар замони имруза дар раванди ташаккул ва тарбияи шахсият хеле мух,им мебошад. Ч,амъияти муосир аз насли наврас интизорих,ои зиёди маънавй-ахлокй, ичтимой-сиёсй, техникй ва идеологй дорад. Шумораи омилх,ои беруна ва дохилие, ки ба шуури инсон таъсир мерасонанд ва онро тагйир медихднд хеле зиёданд ва тарбияи шахси бомаърифату бомаданият бо шаклгирии шуури солими психологй вобастагй дорад. Ташаккули шуур аз овони бачагй огоз гардида, дар давраи чавонй бо инкишофи худшиносй, чах,онбинй ва мафкура идома меёбад. Аз ин лих,оз инкишофи сифатх,ои шахсияти чавонон ва омилх,ои ба он таъсиркунандаро муайян сохтан хеле мух,им аст.

Дар хдёти хдрруза шахс мачбур аст, ки монеах,ои беруна ва дохилиро бартараф сохта кореро ба анчом расонад, ки баъзан вокеан кардан намехохдд. Занчираи хдррузаи амалх,ои устувор дар мо х,исси муайяни иродавиро инкишоф медихдд ва ичрои чунин амалх,о, ки дар натича хислатх,ои иродавиро инкишоф медихдд, ба инсон барои ноил шудан ба комёбй, расидан ба максадх,ои худ, аз одатх,ои бад халос шудан кумак мекунад.

Сифатх,ои иродавй ба хислатх,ои шахсият тааллук дошта, ба бартарафсозии монеах,ои хдётй равона гардонидани кувваи ирода тавсиф дода шуда, дар чараёни ба даст овардани тачрибаи хдётй ташаккул меёбанд.

Сифатх,ои иродавй ва кувваи ирода аз хурдсолй то ин ё он дарача ташаккул меёбанд ва ирсй-меросй намебошанд. Сифатх,ои иродавй дар сабукй ва мукаммалии ичроиши амалу фаъолият хдмчун омили мусоидаткунанда баромад менамояд. Ба чунин сифатх,ои иродавй дохил мешаванд: максадрасй, катъият, суботкорй, интизом, далерй, худдорй, эътимоднокй, сабр, мустакилият ва гайра.

Падидаи бахудбах,одих,иро дар илми психология ба таври муфассал чунин олимон дар асарх,ои худ дида баромадаанд, ба монанди: Б.Г. Ананьев, М.И. Лисина, Л. Божович, Е. Шорохов, И. Кон, Л.В. Бороздина, В.В. Столин, А.И. Липкина, А. Болотова, А.В. Захарова, В.Ч,еймс, Ч.Кули, Ч,.Мид, Э.Эриксон, К.Рочерс, Р.Бернс ва дигарон.

Ба шарофати асарх,ои В.Ч,еймс, ки дар охири асри XIX ба табъ расидаанд, масъалаи бахудбах,одих,й ба мавзуи таваччухи тадкикотии психологон табдил ёфтааст. У онро хдмчун «эмотсиях,ои ибтидой» тасниф дода, бо хашм ва дард дар як катор гузоштаст. Ба андешаи

В.Ч,еймс, бахудбаходихй ин ноканоатмандй ё каноатмандии субъект аз худ аст, яъне муносибат ба худ [2].

Предмети бахудбаходихй ва худдарккунии шахс метавонад намуди зохириаш, кобилиятхояш, муносибатхои ичтимой ва дигар зухуроти шахсии у бошад.

Иродаро вобаста ба вазифаи асосии он — танзими бошууронаи рафтор ва фаъолият дар шароити душвор бо истифодаи кушиши иродавй дида баромадан анъана шудааст. Ирода ба сохтори шуури инсон таалук дошта, хамчун яке аз шаклхои инъикоси хакикат буда, вазифаи он худтанзимкунии фаъолии инсон дар шароити душвори зиндагй мебошад. Ин як падидаи мураккаби психикй аст. Ба ин падидаи психикй равандхои иродавй, холатхои кушиши иродавй, инчунин хислатхои иродавии шахс дохил мешаванд. Хислатхои иродавии шахс нисбатан доимй, аз вазъияти муайян вобаста набудаи воситаи шахс мебошад, ки кобилият ва махорати уро дар бартараф намудани душворихо (матонат, катъият, худдорй, далерй, ташаббус ва гайра) ифода мекунанд. Хусусиятхои иродавй чузъи чудонашавандаи хислати шахс мебошанд [7, с. 8-10].

Дар психология аксарияти олимон ба монанди: Л.И. Божович, Л. Выготский, С.Л. Рубинштейн, B.M. Теплов, Д.Н. Узнадзе, А. Ковалева, П.П. Блонский, К.Д. Левитов, Т.И. Агафонов, А.В. Веденов, В.И. Селиванов, А.И. Высоцкий, В. Иванников ва дигарон одатан иродаро хамчун шакли махсуси фаъолии инсон, ки дар кобилияти бошуурона ба танзим даровардани рафтор ва фаъолият хангоми ичрои максадноки амалхо ва рафторхо мехисобанд.

Хусусиятх,ои шахсият ва бахудбаходихй хдмчун унсури худшиносй яке аз шаклхои мухимтарини шахсият мебошанд. Тибки модели сохторй-динамикии бахудбаходихии А.В. Захарова бахудбаходихй бо дигар сохторхои психикй ба бисёр робитахо ва муносибатхо хамрох меёбад, ки таъсири мутакобила бо онхо табиати диалектикй дорад: бахудбаходихй бо баробари ба онхо вобаста буданаш худ хамчун омили мухимтарини инкишофи минбаъдаи онхо мегардад. [3] Ба гуфтаи B.G. Ананьева, И. Кона, В.В. Столина, Е.В. Шорохова ва дигарон, бахудбаходихиро хусусияти сифатии шахсият ва хислати муоширатй бо одамони дигар инъикос мекунад [1; 4; 8; 10].

Дар асари С.Куперсмит «Шарти бахудбаходихй» ба муаммои робитаи сатхи бахудбаходихй ва хислатхои шахсияти наврасон таваччухи зиёд дода шудааст. Тибки маълумоти у, кудакони дорои бахудбаходихии баланд мустакил, хушмуомила, масъулиятшинос ва ба муваффакияти фаъолияти худ боварй доранд. Х,амин тарик, мухаккикон ба омузиши таъсири сатхи бахудбаходихй ба рафтор ва фаъолияти инсон диккати бештар медиханд.

Дар замони имруза равиши психосемантикии омузиши шахсият хеле маъмул гаштааст, ки имкон медихад сохторхои иерархй ташкилшудаи бахудбаходихй, ки сохтори системаи шаклхои семантикии шахсро инъикос менамояд, ба арзишхо, мотивхо ва хислатхои у вобастаанд, кашф карда шаванд [5; 6; 9].

Вобастагии хусусиятхои бахудбаходихй ва танзими иродавии бачагони синни томактабй аз фаъолии субъективии бача дар фаъолияти гуногуни бозй (бозии ашёвй-манипулятивй ва бозии накшй-сюжетй) нишон дода шудааст.

Бахудбаходихии синни хурди мактабй (7-10 сола) бо дарачаи инкишофи танзими иродавй вобастагй дошта, дар ташаккули кобилияти маърифатй ва "Ман-образ" ахамият дорад, ки ин бо фаъолии сараввал субъективй ва сипас объективии бача дар фаъолияти бозй ва таълим ташаккул дода мешавад.

Дар синни чавонии барвакт (16-18 солагй) дарачаи худхурматкунии баланддоштагон инсони баркамолтар, оромтар ва вобаста ба вазъият эмотсия ва рафтори худро идора карда, тагйир дода метавонанд. Онхо бештар максаднокй ва ба худ боварй доранд, аз монеахои дучоршуда намехаросанд ва гайра.

Вобастагии бахудбаходихии синни чавонии баркамол ба таври кофй омухта нашудааст, аммо вобастагии он бо кувваи ирода дар зери таъсири муваффакиятхои варзишй ва таълимй дониста шудааст.

Хулосахо

1. Бахудбаходихй хамчун чузъи марказии "МАН-консепсия" ба хисоб рафта, хамчун инъикоси дарачахои гуногуни дарк, фаркият ва умумияти маълумот оид ба худ, ки бо хусусиятхои инфиродии у алокаманданд, фахмида мешавад. "МАН-консепсия" нисбатан устувор, бо дарачаи муайян бошуурона, системаи ягонаи акидахои фард дар бораи худ, ки дар асоси муносибатхои худ бо одамони дигар ва бо худ шакл мегирад.

2. Дар илми психологияи муосир ду равиши асосй дар тахлили муаммои ирода мавчуд аст: вачхиётй ва танзимкунанда. Х,ар кадоми онхо яке аз тарафхои иродаро мутлак нишон медихад: вачхиётй дар бедорсозии фаъолй ва танзимкунанда ин худи ирода, ки дар кушиши иродавие, ки ба бартарафсозии душворихо нигаронида шудааст, фахмонида мешавад. Самти анъанавии омузиши ирода пеш аз хама тамоюли худтанзимкунии иродавиро хамчун чузъи чудонашавандаи идоракунии ихтиёрй баррасй мекунад.

3. Бахудбаходихй дар муносибати байнихамй бо дигар ходисахои инкишофёбандаи психикй карор дорад, аз чумла бо хислатхои шахсият, ки муносибат бо онхо характери диалектикй дорад: аз ходисахои инкишофёбандаи психикй вобастагй дошта, хамчун мухимтарин омили инкишофи минбаъда онхо аст. Муаллифони муосир масъалахои марбут ба робитаи усулхои субъективии сохтори вокеиятро бо хислатхои шахсй меомузанд.

4. Дар хар давраи синну солй инкишофи бахудбаходихй бо кувваи ирода вобастагии муайян дошта бошад хам вобастагии бахудбаходихй ва кувваи ирода дар давраи чавонии баркамол тадкики хаматарафаи худро наефтааст ва то ба охир омухта нашудааст.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Ананьев Б.Г. Избранные психологические труды: В 2 т. / Под ред. А.А. Бодалева, Б.Ф. Ломова - Т. 1. - М.: Педагогика, 1980. - 230 с.

2. Джеймс У. Психология / Под ред. Л.А. Петровской. - М.: Педагогика, 1991. - 368 с.

3. Захарова А.В. Структурно-динамическая модель самооценки. // Вопросы психологии. -1989. - №1. - С. 5-18

4. Кон И.С. В поисках себя: Личность и ее самосознание. - М: Политиздат, 1984. - 335 с.

5. Леонтьев А.Н. Деятельность Сознание. Личность. - М.: Смысл, 2005. - 352 с.

6. Лузаков А.А. Личность как субъект категоризации в межличностном познании: взаимодействие когнитивных и ценностно-мотивационных структур. Автореф. дис. ... д-ра. псих. наук. 19.00.01. - Краснодар, 2007. - 46 с.

7. Селиванов В.И. Избранные психологические произведения. - Рязань, 1992.

8. Столин В В. Самосознание личности. - М.: МГУ, 1983. - 284 с.

9. Шмелев А.Г. Психодиагностика личностных черт. - СПб.: Речь, 2002. - 480 с.

10. Шорохова Е.В. Проблема «Я» и самосознание // Проблемы самосознания. - М., 1966. - 215 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.