Бобохонов Фаридун Аламшоевич, Бобохонов Фаридун Аламшоевич, Bobokhonov Faridun Alamshoevich,
мудири кафедраи психологияи факултети педагогика ва варзиши Донишкадаи омузгории Точикистон дар нохдяи Рашт, номзади илмх,ои хукукшиносй, дотсент, заведующая кафедрой психологии факультета педагогики и спорта Таджикского педагогического института в Раштском районе, кандидат юридических наук, доцент, head of the department of psychology, faculty of pedagogy and sports, Tajik pedagogical
institute in Rasht district, candidate of legal sciences, associate professor, Тел.:+992 7777-13-75-20. Email: farodil [email protected]
ТАХ,ЛИЛИ ИЛМЙ-АМАЛИИ РАШК ДАР МУНОСИБАТХОИ
БАЙНИШАХСЙ
НАУЧНО-ПРАКТИЧЕСКИЙ АНАЛИЗ РЕВНОСТИ В МЕЖЛИЧНОСТНЫХ
ОТНОШЕНИЯХ
SCIENTIFIC AND PRACTICAL ANALYSIS OF JEALOUSY IN INTERPERSONAL RELATIONSHIPS
Калидвожахо: тахлил, рашк, илмй-амалй, муносибатхои байнишахсй, мухаббат, боварй, фикрхои манфй, худбаходихй.
Аннонтатсия
Дар маколаи мазкур масъалаи тахлили илмй-амалии рашк дар муносибатхои байнишахсй мавриди баррасй карор гирифтааст. Муаллиф, дар натичаи тахлили андешахои олимон ва андешахои муаллифонаи худ рашкро дар муносибатхои байнишахсй аз нигохи илмй-амалй тахлил намуда, якчанд тавсияхои судмандро оид ба бартараф намудани рашк манзур намудааст. Ба андешаи муаллиф, рашк як хиссиёте мебошад, ки чанбаи мусбй ва манфиро доро буда, дар холати мусбй боиси устувор гардидан ва дар холати манфй боиси вайрон гардидани муносибатхои байнишахсй мегардад.
Ключевые слова: анализ, ревность, научно-практические, межличностные отношения, любовь, доверие, негативные мысли, самооценка.
Аннотация
В данной статье обсуждается вопрос научно-практического анализа ревности в межличностных отношениях. Автор в результате анализа мнений ученых и своего авторского мнения проанализировал ревность в межличностных отношениях с научно-практической точки зрения и дал несколько полезных рекомендаций по преодолению ревности. По мнению автора, ревность - чувство, имеющее положительный и отрицательный аспект и в положительном случае приводящее к стабильности, а в отрицательном - вызывающее разрушение межличностных отношений.
Keywords: analysis, jealousy, scientific and practical, interpersonal relationships, love, trust, negative thoughts, self-esteem.
Annotation
This article discusses the issue of scientific and practical analysis of jealousy in interpersonal relationships. The author, as a result of analyzing the opinions of scientists and his own opinion, analyzed jealousy in interpersonal relationships from a scientific and
Л ill
practical point of view and gave several useful recommendations for overcoming jealousy. According to the author, jealousy is a feeling that has a positive and negative aspect and in the positive case leads to stability, and in the negative case it causes the destruction of interpersonal relationships.
Масъалаи рашк аз чумлаи масъалахои мухими психологй ба хисоб рафта, дар хама давру замон мубраммияти худро гум накардааст. Дар холе, ки оила ячейкам мухими давлату чомеа ба хисоб меравад ва асоси фаъолияти ташкилоту муассисахо ва оиларо муносибатхои байнишахсй ташкил медихад, масъалаи рашк наметавонад, ки ахаммияти худро гум намояд. Зеро дар чое, ки муносибат аст, он чо хатман рашк хохад буд. Аммо, масъала дар он аст, ки рашк чи гуна падидаи психологй мебошад: мусбй ва ё манфй?
Дар тафсиру лугатхо ва адабиёт оид ба мафхуми рашк андешахои ва шарххои гуногун чой дорад. Дар психология ва лугатхои тафсирй як катор таърифхои мафхуми «рашк» мавчуданд. Аз чумла, дар онхо гуфта мешавад, ки рашк бо тачрибаи хатари аз даст додани муносибати арзишманд бо шахси дигар ва шубха ба вафодории у алокаманд аст [6, с. 319]. Дар фарханги тафсири забони точикй истиллохи "рашк" чунин маънидод гардидааст: ба касе хасад бурдан, хасадбарй; рашк бурдан хасад кардан; ба рашк овардан боиси рашки касе шудан, дар касе хисси хасад барангехтан [5, с. 158]. Тавре аз фарханг бармеояд, дар забони точикй истиллохй "рашк" бо "хасад" дар омехтагй истифода мешавад. Аммо, рашк ва хасад аз руйи хиссиёт буданашон ба хамдигар алокаманд бошанд хам, вале аз руйи окибату амал ва дигар пахлухояшон аз хамдигар тафовут доранд.
Бисёр одамон рашкро аломати мухаббати хакикй медонанд. Агар шахе рашк дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки шарикаш нисбат ба у бетафовут нест. Акидае, ки рашк нишонаи мухаббат аст, аерхои зиёд бокй мондааст. Х,ануз дар асри 14 Августин навишта буд: «Касе, ки рашк надорад, ошик нест» [4, с. 33]. Дар хамин равиш X,. Гордон кайд мекунад, ки рашк барои одамон эхеоси мукаррарй аст. Рашк дар шарикй, хох мухаббат, хох дустй ва хох оилавй ба вучуд меояд. Аксар вакт сабабхои рашкро шубха ба худ ё худбаходихии паст мешуморанд, аммо барои рашк сабабхои зиёд вучуд доранд. Аз сабаби он, ки рашк як падидаи маъмулй ва эхеоси зуд-зуд рухдиханда аст, мо метавонем на танхо дар бораи мохияти харобиовари он, балки дар бораи накши беназири он дар нигох доштани муносибатхо изхори назар намоем. Дарвокеъ, сарфи назар аз тобиши манфии дарки он аз чониби бисёрихо чунин фахмиш чой дорад, ки агар шахе ба хеч вачх рашкро эхеос накунад ва онро ба хеч вачх зохир накунад, мо метавонем тахмии кунем, ки у ба ин муносибат он кадар манфиатдор нест, ки шарикаш мехохад [3]. Аз андешахои мазкур бармеояд, ки рашк чанбахои мусбй низ дорад. Аслан, мо чунин андешаро чонибдорй менамоем. Зеро дар меъёри назоратй рашк метавонад баъзе окибатхои мусбиро ба вучуд оварад. Масалан, худ тасаввур намоед, ки агар мард ва ё зан чи коре дилаш мехохад хамон тавр амал кунад, аз кору бораш ба шарики худ чизе нагуяд, хаёти худро аз меъёр зиёд махфй нигох дорад, дар ин сурат тарафи дигар хатамн фикр мекунад, ки шарикаш нисбат ба у бетафовут мебошад ва барои у ягон ахаммият надорад. Чунин холат метавонад муносибатхоро вайрон намояд. Бинобар ин, баъзан дар меъёри зарурй рашкро ба таври сохта низ ба вучуд овардан лозим аст, то тарафи дигар хамсафари чунин муносибат буданашро фаромуш насозад. Х,амеша дар зехнаш бокй монад, ки онхо "ду" нею балки як мебошанд.
Новобаста аз ин, дар амалия бештар на атрофи чихатхои мусбии рашк, балки атрофи чихатхои манфии он сухан меравад. Зеро дар холати аз меъёр гузаштани рашк он ба эхеосоти манфй табдил ёфта, окибатхои харобиоварро ба вучуд меоварад. Дар ин хусус дар адабиёт кайд мегардад, ки рашк вакте харобиовар мешавад, ки аз хад зиёд бошад ё тафаккури инсонро вайрон карда, дар шуури у боварии беасосеро, ки шарикаш манфиату афзалиятхои дигар дорад, ба ибораи дигар, каси дигаре пайдо шудааст, ба вучуд меоварад. Дар ин холат рашк химоятгариро катъ намуда, харобкунанда мегардад. Олимон айнан вакте бахс мекунанд, ки рашк аз меъёр зиёд мешавад. Равоншиносон ин шакли рашкро
патологй меноманд ва дар баъзе мавридхо боиси хушунат ва марг мегардад [3]. Ба андешаи М. Мид, рашк барометр нест, ки то чй андоза баланд будани дарачаи мухдббатро нишон дихдд, он танхо дарачаи нобоварии махбубро нишон медихдд. Чунин нуктаи назарро О. Фенихел низ чонибдорй намуда, кайд мекунад, ки одамони рашкин шахсоне мебошанд, ки кобилияти дуст доштанро надоранд, вале ба дустдошта ниёз доранд [4, с. 33].
Рашк як хиссиёти гайримаитикй, бенихоят дардовар, ташвишовар ва баръало носолим аст, ки ба дарачахои гуногун ба хама одамон хос мебошад. Эхтимол аксарият акаллан як таърихи гамангезеро медонанд, ки шавхар ба хамсараш рашк мебарад (ё баръакс). Рашки зану шавхар аксар вакт боиси вайрон шудани оила мегардад. А. Маслоу дар бораи таносуби манфии дарачаи рашк ва мавчудияти мухаббат сухан ронда, кайд мекунад, ки хар кадар дар одам рашк бештар бошад, эхтимолияти мухаббат хамон кадар кам мешавад. Онхо ду навъи мухаббатро муайян карданд: мухаббат бар вобастагй ва мухаббат бар нищ. Ба акидаи у, ин ду навъи мухаббат метавонад дар як шахе бо хам вучуд дошта бошад. Маврид ба зикр аст, ки 3. Фрейд, К. Юнг, А. Адлер, Э. Фромм, К. Хорни чунин мешуморанд, ки дар бисёр мавридхо одамон рашкро на танхо аз дигарон, балки аз худ низ пинхон мекунанд [4, с. 33]. Бояд гуфт, ки баъзан ин хиссиёт ба шаклхои комилан беаклонагй мерасад, вакте ки шахе тасаввур мекунад, ки шахеи мухимаш дар кучо, бо кй ва чй гуна уро фиреб карда истодааст. Аксар вак;т шарики чунин шахсе, ки ба чунин «бозихои аклй» машгул аст, бояд худро сафед карда, дар бораи рафтори у муфассал маълумот дихад. Агар ба шумо гуям, ки решай рашк дар гурур аст, шояд хеле хайрон хохед шуд. Рашк хислати одами магрур аст ва хар кадар магрур бошад, хамон кадар ба ин хиссиёт гирифтор мешавад. Аммо, рашк на танхо аз гурур сарчашма мегирад. Шахсоне хастанд, ки хамеша худро нолоик, махрум хис мекунанд ва ба шахеи дустдоштаи худ сахт ниёз доранд, яъне ба шахеи мушаххас вобастаанд. Онхо аз вайрон шудани ин муносибатхои вобаста метарсанд, ки дар нихоят ба рашк оварда мерасонад.
Эхтимол шумо на як бор мушохида кардаед, ки кудакон хеле рашк мекунанд. Дар мукоиса бо калонсолони мукаррарй, онхо хеле рашк доранд. Барои фахмидани сабабхои рашк дар кудакй, мушохида кардан кифоя аст, ки кудак чй гуна инкишоф меёбад. Кудак аз рузи таваллуд cap карда, хамеша бо модараш наздик аст, ки рузгузаронии у аз модар вобаста мебошад. Вай инчунин ба дигар аъзоёни оила вобаста аст, ки ба у хурок медиханд, об медиханд ва умуман бо тамоми чизхои зарурй таъмин мекунанд. Кудак дар чомеаи муайян, бидуни эхеоси чудой аз мухити атроф комилан пароканда мешавад. Масалан, агар модараш бо хамсоя муддати тулонй сухбат кунад ва ба у ахаммият надихад, у комилан токат карда наметавонад. Ба ибораи дигар, кудак аз чизи барои худ нихоят мухим махрум аст, зеро дар ин вакт у мустакил нест ва ба модараш гуфта наметавонад, ки худаш бо рафиконаш назди хонаи хамсоя ба бозй меравад. Кудаки хурдсол хамсояашро хамчун тахдид дарк мекунад, ки гуё модарашро аз у дур мекунад. Вакте ки шахе калон мешавад, у мустакилтар мешавад ва муаррифй кардани худро бо аъзоёни оилааш хотима медихад. У метавонад карорхои худро кабул кунад. Ягон шахеи калонсол ба модараш муошират бо хамсояро манъ намекунад, зеро вай ба у ахаммияти кофй намедихад, вай дар ин вакт бо худ чизе барои машгул шудан пайдо мекунад.
Аз гуфтахои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки рашк аз он гуна холати пурраи вобаста шудани як шахе ба шахеи дигар ба вучуд меояд, ки ба объект ё предмета дигар равона кардани таваччухи ин шахе аввал боиси осебпазирй ва баъдан эътироз мегардад, ки онро метавон «рашк» номид.
Дар натичаи тахлилхо ду гурухи омилхоро вобаста ба рашк чудо намуданд:
1) рашк зухуроти хисси сохибй нисбат ба дигарон аст; рашк набояд бе сабабхои объективй ба вучуд ояд; рашк эхеоси комилан манфй аст; рашк муносибатхоро вайрон мекунад; рашк зухури худхохй аст; рашк хохиши назорати пурра мебошад; сабаби рашк ноамнии худи шахе аст; рашк эхеосест, ки аз камбинии хаёлй ба вучуд меояд; рашк окибати нокомихои барвакт дар муносибатхост; рашк одамро аз озодй махрум месозад; рашк - хохиши сохиб шудан ба касе ё чизе мебошад; рашк вакте рух медихад, ки номуайянй дар бораи росткавлии шарик вучуд дорад;
2) рашк зухуроти гамхорй аст; сабаби рашк гамхорй нисбати шахси наздик аст; рашк муносибатхоро мустахкам мекунад; рашк нисбат ба шахе эхеосоти мусбатро ба вучуд меорад; шахе касдан рафтор мекунад, ки уро рашк баранд (рафтори касдан, ки боиси рашк мегардад); рашк тарси аз даст додани шахе мебошад; ишк хамеша бо рашк печида аст; шахе метавонад дар як вакт рашк ва эътимод дошта бошад [6, с. 322]. Аз ин андеша бармеояд, ки рашк дорой "ду рох" мебошад: мусбй ва манфй. Дилхох шахе интихоб дорад, ки "рохи" мусбиро интихоб карда рашкро ба як имконияти мусоидаткунанда дар муносибатхои байнишахей табдил дихад ва ё баръакс.
Мутассифона, дар амалия "рохи" манфии рашк чй аз чониби мардон ва чй аз чониби занон бештар интихоб карда мешавад. Бинобар ин, окибатхои харобиовари рашкро дар амал бисёр мушохида кардан мумкин аст. Мурочиатхо ба психологон чихати бартараф намудани рашк низ бештар ба назар мерасад. Аз ин чост, ки бисёрихо рашкро хамчун падидаи манфй кабул мекунанд ва бахо медиханд.
Яке аз падидахои харобиоваре, ки ба сохаи муносибатхои оилавй алокаманд аст, рашк мебошад, ки дар тули таърихи чандинасраи инсоният хамрох буд. Рашк бо хдеад, тамаъ, гайрат, табъи гарм, худхохй ва хатто мухдббат алокаманд буд. Рашк хамчун мачмуи холатх,ои манфии эмотсионалй тавсиф карда мешавад, ки хангоми аз даст додани имконияти сохибй ба чизе ё касе эхеос мешавад [4, с. 32]. Аксар вакт рашк ин танхо чанчолхо, нобоварй ба хамдигар, алам ва бахри беканори ашкхо ва баъзан як бори бузурги издивочи нокомии гузашта мебошад. Онро бояд "бо реша" аз байн бурд, ба чои он ки бо он тахаммул карда, имкон дода шавад, ки ин эх,сос робитахои байнихамдигариро вайрон кунад.
Х,амчун падидаи таърихй рашк яке аз усулхои интихоби табий ба хисоб мерафт. Дар замонхои хеле кадиме, ки бисёрзанй чой дошт, одамон онро дар лах,заи тагирёбии муносибати худ ба хаёти чиней эхеос мекарданд. Рашк кадами аввалин ба суп якахамсарй буд. Махз дар хамин лахза чуфтхо ва оилахо ба вучуд омаданд. Дар баробари иттиходияхои устувор ташвишу таре пайдо шуд: «Оё шарики ман ба ман содик аст, оё ман уро ва хама чизеро, ки холо дорем, аз даст медихам». Ачиб аст, ки мардон бештар ба рашк майл доранд. Ва яке аз сабабхои асосй ин нигаронй дар он аст, ки оё онхо фарзанди худро тарбия мекунанд. Ва барои ин ташвиш асос чой дошт. Зан аник медонад, ки модари фарзанд аст, аммо мард хамеша шубха дорад. Барои мард хиёнати чисмонй аз хама осебовар аст, зеро он чанбаи чиней дорад.
Рашк як навъ хиссиётест, ки моро метарсонад ва водор менамояд, ки аз даст додани шахси мухими хаётии худро эхеос намоем. Ин эхеос моро водор мекунад, ки дар бораи шахси афсонавй фикр кунем, ки чои уро каси дигар гирифта наметавонад. Чунин фикрхо хатарноканд, хусусан вакте ки рашк беасос бошад. Ташвиш ва таре, ки рашкро ба вучуд меорад, танхо як хаёлест, ки ба худбаходихии паст асос ёфтааст. Одамони рашкин боварй хосил мекунанд, ки шарикон ё дустдорони онхо имкони рушди худшиноей ё муваффакияти бештар аз онхо надоранд ва хангоми кушиши тахеил, баланд шудан ё коре кардан, ки дарачаи бештари мустакилиятро таъмин мекунанд, бо норозигй вокуниш нишон медиханд. Барои одамони рашкин хос аст, ки хангоми гирифтани фонда аз дастовардхои худ ба онхо нобоварй мекунанд, шартхо ва айбномахо пешниход мекунанд, ки метавонанд бо пурсиш, тахдид ва хатто суиистифода аз кувва хамрох шаванд [4, с. 35]. Рашки беасос як усули дасткорй мебошад, ки бевосита бо назорат алокаманд аст. Вакте ки шахе итминон дорад, ки у он кадар хуб, зебо, окил нест ва бо ин сабаб уро дуст намедоранд, дар ин сурат у хаёти шарики худро назорат мекунад.
Шахси худбаходихии паст бовар карда наметавонад, ки уро дуст доштан мумкин аст. Вай бешуурона кушиш мекунад, ки тахдидро ёбад, садокати шарики худро санчад. Одатан, чунин ашхос бе ягон пушаймонй ба телефон ё компютери шарики худ ворид шуда, паёмхо ва шабакахои ичтимоиро тафтиш мекунанд ва онхоеро, ки тахдид мехисобанд, аз дустон дур мекунанд. Онхо пайваста дар чустучуи тасдики таре ва шубхахои худ хастанд, зеро онхо ботинй боварй доранд, ки шарики онхо дустдориашро танхо вонамуд карда, фиреб медихад. Дар хусуси окибатхои манфии рашк дар адабиёт низ кайд мегардад, ки рашк боиси бад шудани сифати
зиндагии оила ё шарикони тичоратй, катъ шудани муносибатхо ё рафтан ба дигар оилахо ё ташкилотхо мегардад. Оилахо бар асари хамлахои рашк аз чониби як хамсар, волидайн ё дигар аъзои оила аз хам чудо мешаванд. Рашк боиси хашм, хасад, радкуий ва катъ шудани муносибатхо байни дустони наздиктарин ва одамони мехрубон мегардад [4, с. 35]. Бояд тазаккур дод, ки асоси рашк аз фикрхо сарчашма мегирад. Шахси рашкин дар фикронии худ хаёлхо ва тасаввуротхои манфиро нисбат ба шахси наздикаш офарида, дар нихоят дар у хиссиётхои манфии таре ва рашкро ба вучуд меоваранд. Чунин фикрхои манфй уро ташвик мекунанд, ки то пайдо шудани он суботкорона дар муносибат чустучу кунад. Ва ин мухим нест, ки он бештар як тасаввуроти хаёлот хохад буд. Чунин чустучухо тачрибаи окибатхои харобиоварро ба вучуд меорад. Одам ба драматизатсия ва аз хад зиёд фикр кардан огоз мекунад, ки у метавонад ба депрессияи амик ё ба холати аффективй дучор мешавад, ки бехатарии шахси рашккунанда ва шарики уро кафолат намедихад. Худбаходихии паст заминаи рашк аст. Махз дар ин 40 деворхои баланди нобоварй ва назорати патологй сохта мешаванд.
Дар натичаи тахлилхо чунин сабабхои рашкро зикр кардан ба марвид мебошад:
Аввалан, рашк аз таре пайдо мешавад. Таре аз гум кардани чизе, ки шахе онро дуст медорад.
Дуввум, рашк аз шубхаи худ, дар муносибат бо шарики худ (дуст, фарзанд, касе) ба вучуд меояд. Нобоварй дар интихоби шахе аз чониби шарикаш.
Сеюм, рашк окибати муносибати сохибмулкй ба шарики рашккунанда мебошад. Хохиши монополия кардан ба хаёти шахсии у ва дахолат кардан ба тамоми корхои у.
Дар миёни сабабхои рашк мо мухаббатро кайд накардем, зеро мухаббат ба андешаи мо сабаби рашк буда наметавонад. Рашк ин танхо таре мебошад. Тарси аз даст додани шахси наздик.
Фарзия вучуд дорад, ки камолоти шахей, эхеосй ва зехнии шахе рашкро кохиш медихад. Тачрибаи андухташудаи муносибатхои шахей барои баходихии объективй нисбат ба худ ва дигарон мавод медихад, ки одамонро нисбат ба фаркиятхои рафтори инфиродй тахаммулпазир мегардонад. Пажухишхо собит кардаанд, ки рашк дар заминаи пасти баходихии худ, нобоварй ба наздикон, норозй будан аз ниёз ба эътироф, ишку мухаббат, обру, макоми ичтимой ва гайра ба вучуд меояд. Шахсоне, ки аз эхеоси номуносибй ё мавкеи тобей азият мекашанд, низ ба рашк дучор мешаванд. Одамони боваринок, ки худбаходихии хуб ва амнияти эмотсионалй доранд, хеле кам ба рашк гирифтор мешаванд [4, с. 36]. Аз ин ва дигар андешахо бармеояд, ки рашк сабабхои зиёд ва окибатхои харобиовар дорад. Пас чй бояд кард, то рашк ба муносибатхои байнишахей таъсир нарасонад ва онро хамчун як имконияти мусбй дар муносибатхо истифода бурд?
Барои чавоб ба саволи мазкур мо як катор тавсияхо ва андешахоро бо тахлилхояшон ба шумо манзур менамоем.
1. Аз хама чизе, ки ба мухаббати шумо хидмат намекунад, даст кашед! Хангоми хамлахои рашк, бисёр одамон бозихои чосусй бозй мекунанд. Онхо пайваста зангхои содиротиро ба телефони хамсарашон тафтиш мекунанд, кушиш мекунанд, ки аз либосхо буи атр пайдо кунанд, хар соат ба у занг зада, боварй хосил кунанд, ки у бо дустонаш вохурдааст, муошират бо аъзоёни оиларо манъ мекунад ва гайра. Хулоса, онхо шарики худро дар як "риштаи" кутох нигох медоранд. Дар баробари ин, онхо хатто фикр намекунанд, ки ин эхеос онхоро ба кучо мебарад. Бинобар ин, ба ин корхо хотима додан лозим аст. Баръакс муносибатро тавре барпо кардан даркор, ки шарики муносибат хаёти махфиёна надошта бошад. Аслан, чунин холат дар муносибатхои оилавй бояд бештар чорй карда шаванд. Зеро онхо "савораи як киштй" буда, аз ин ру бояд нисбати хамдигар дар хама масъала ошкоро бошанд.
2. Тарсхои худро аз байн баред! Дар холати рашк шахе танхо дар бораи холатхои рашковаранда фикр мекунад, вале ба окибатхои он эътибор намедихад. Дар ин холат ба бадтарин окибатхои пешмеомада худро мувофик кардан лозим аст. Яъне, окибатхои рашки худро дарк намуда, аз он бояд худдорй кунад. Масалан, метавонад фикр кунад, ки: «Пас аз як соли чудошавии мо чй мешавад? Пас аз панч сол чй
мешавад? Моххои аввал барои ман бояд душвор бошад. Аммо, баъд ман каме ба худ меоям. Пас аз чанд вакт муносибатхои нав пайдо мекунам, шояд аз ин хам бехтар бошад». Дар ин сурат, ба шахе муаясар мегардад, ки окибатхои рашки худро фахмида, тарси худро бартараф намояд. Х,амзамон, чойи кайд аст, ки таре аз фикрхои манфй пайдо мешаванд. Агар шахе нисбати шарики зиндагии худ дар фикрхо ва рафторхо хушгумон бошад, он гох уро чунин хохад ёфт. Баъзан, рашкхои беасос, шарики муносибатро баръакс ба рохи нодуруст водор менамояд. Масалан, зан нисбати шавхари худ рашк намуда, мегуяд, ки "ту вактхои охир сари вакт ба хона намеой, дар рафтору муносибатхоят тагйиротхо ба назар мерасанд. Ту аник назди ягон шахеи дигар меравй ва ё ба чй кори дигар машгул хастй. Ту ягон маъшука ёфтай...". Мард эхтимол аз серкорй сари вакт ба хона омада наметавонист ва рафтору муносибаташ низ эхтимол аз машгулиятхои зиёди корй буд. Аммо, дар натичаи пайваста шунидани сухани манфию рашкомези хамсараш дар нихоят дилгир шуда, ба суйи хамон суханхои гуфтаи хамсараш равона мешавад. Аниктараш, бо суханхо ва фикрхои маифии зиёд зан "харитаи" рафтору муносибати минбаъдаи шавхарро муайян месозад. Бо ин назардошт, бе асоси кофй чй мард бошад ва ё чй зан набояд нисбати хамдигар фикронию суханхои рашкомез дошта бошанд.
3. Мукоиса карданро хотима дихед! Мукоиса кардан аз хама омили манфй дар муносибатхои байнишахей ба хисоб меравад, агар он аз нигохи манфй амалй карда шавад. Масалан, "Чй мешавад, агар аз ман зани арзандатар, донотару зеботар пайдо кунад!". "Дар гирду атрофи у мардони зиёде хастанд, ки аз ман зеботар ва муваффактаранд, имкони поянда мондани муносибатхои мо вучуд надорад". Ин фикрхои ташвишовар ба бисёрихо шиносанд. Шахе худро бо дигар нафарон мукоиса мекунад ва аз ракобат метарсад. Аммо, марду зан як навъ моли бозори мухаббат нестанд! Шахе бояд аввалан аз мукоиса кардани худ бо дигарон ва баъдан аз мукоиса кардани шарикаш аз дигарон худдорй намояд.
4. Муносибатхои худро бехтар кунед! Вакте "самти харакати" муносибатхои байни шахей ба тарафи манфй харкат менамояд, барои мард ва ё зан он хатман муайян мегардад. Пас, онхо метавонанд инро пешгирй намуда, "самти харакати" онро тагйир диханд. Бо шарики худ вакти бештар гузаронед. Хохиши уро фахмед. Ба у гамхорй ва эътимод нишон дихед. Кушиш кунед, ки мушкилоти оилавиро якдоя хал кунед. Дар бораи душворихои худ сухбат кунед. Барои хамдигар бештар чолибтар шавед. Дар хаёт гуногунрангй илова кунед. Ва муносибатхои худро бидуни таваккуф инкишоф дихед!.
5. Тахайюлоти худро мавдуд кунед! Шавхари шумо ба кор дер меояд. Ва холо тасвирхо ба хотираи шумо меоянд, ки дар он у бо занони дигар аст. Аммо, шитоб накунед, ки тасаввуроти шумо вахшиёна шаванд. Агар шумо ин тасаввурро давом дихед, барои шумо душвор хохад буд, ки худро аз ин фикрхо чудо кунед ва хангоми ба акл омадан ба далелхои окилона гуш дихед! Ин хаёлхо шахсро аз кобилияти баходихии окилонаи вазъият махрум мекунанд.
6. Ба шарики худ бовар кунед! Боварй шарти мухими муносибатхои солим ва мустахкам аст. Андеша кунед, оё шумо сабабе доред, ки ба шарики худ бовар накунед? Ман намегуям, ки касе чунин сабаб надорад. Аммо, аксар вакт чунин мешавад, ки мо аз шарики худ гумонбар шуданро огоз мекунем, на аз он сабаб, ки у эътимоди моро сафед накардааст, балки танхо аз он сабаб, ки мо худамон таре ва худбоварй дорем. Рашк, дар ин маврид, ба чизе дар вокеият асос надорад, балки танхо аз эхеосоти шахсии мо сарчашма мегирад.
7. Барои бахшидан омода бошед! Баъзе хатохои хурдро, ки касдан содир нашудаанд ва аз хислату одатхои мард ё зан вобастагй доранд, бахшидан мумкин аст. Зеро хангоми кабул кардан ва ё огоз кардани муносибат шахе бо тамоми хислату одатхояш кабул карда мешавад. Пас, аввалан, бахри ислохи онхо кушиш кардан лозим ва баъдан то ислохи онхо бо назардошти окибатхои рашк ва чудошавии оила ба баъзеи онхо чашм пушидан ба фикрам бехтар мебошад.
8. Бо шарики худ сухбати ошкоро дошта бошед! Аз сухбат дар ин мавзуъ натарсед. Фахмонед, ки чй шуморо ташвиш медихад. Нигаронихои худро мубодила кунед, ба у бигуед, ки ин эхеос дар кадом лахзахо дар шумо бедор мешавад. Агар
шумо барои шарики худ азиз бошед, пас у ба шумо дар мубориза бо рашкхои беасос кумак мекунад. Агар сабабхо вучуд дошта бошанд, пас бояд дар бораи мушкилоте, ки дар муносибат вучуд дорад, чиддй фикр кардан зарур аст.
9. Фикрхои худро назорат кунед! [1, 2] Диккати худро аз шарики худ ба чизи дигар гузаронед. Як мухите (тамошои филм, китобхонй, машгулияти корй ва гайра) иайдо кунед, ки диккати шуморо ба худ чалб кунад ва барои фикрхои манфй чой нагузорад. Мухим он аст, ки сари вакт бо рашк кор карданро огоз кунед, то тачрибахои манфнн хаётро, ки метавонанд хаётро бадбахт кунанд, ташаккул надихед. Шахе хама вакт интихоб дорад, ки дар бораи шарки худ фикри мусбй намояд ва ё баръакс. Бинобар ин, мавчудияти рашк ва окибатхои манфии он натичаи фикронй ва интихоби яке аз шарикони муносибатхои байнишахей мебошад.
10. Агар шумо хохед, пас метавонед! Танхо мард ва ё зане, ки вокеан инро мехохад, метавонад аз рашки патологй халос шавад. Дарк кардани проблема аллакай як кадами калон ба пеш аст. Огози кор дар он нимаи дуюми муваффакият аст! Хамеша дар хотир доред, ки сохибмулкй, зарурати сохиб шудан ба шахеи дигар ва хохиши пайваста тахти назорати у будан ба ишк рабте надорад. Мухаббат хукуки озодии дигаронро поймол намекунад.
Шарики худро ба эхеосоти ногувор водор накунед, эхеосоти уро эхтиром кунед. Умуман, ин хикматро дар хотир доред: саволхое надихед, ки шумо намехохед чавоби дурустро бидонед. Эхеосоти худро нигох доред, назорату эродхои шумо метавонад хамеша шарики шуморо аз хохиши бо шумо будан боздорад. Аз сухбат дар бораи эхеосоти худ натарсед, аз шарики худ хохиш кунед, ки шуморо таъкиб ва назорат накунад. Кушиш кунед, ки ба худ боварии бештар иайдо кунед: як машгулияти гуворо ва чолиб иайдо кунед, ки ба чои рашкд фикрхои шуморо банд кунад. Худро, чехраи худро, чисми худро дуст доред. Зани боваринок дарк мекунад, ки вай дар хакки худ сазовори ишк аст. Барои дуст доштан ба у лозим нест, ки бехтар ё бадтар бошад. Он гох зарурати нигох доштани шарики худ худ аз худ аз байн меравад ва рашк хам баробари он меравад.
Хамин тавр, рашк як хиссиёте мебошад, ки чанбаи мусбй ва манфиро доро буда, дар холати мусбй боиси устувор гардидан ва дар холати манфй боиси вайрон гардидани муносибатхои байнишахей мегардад. Дар натичаи тахлили андешахо формулаи пайдоиш ва бартараф кардани рашкро дар шакли зерин пешниход
ФМ X
намудан мумкин аст: Р = -—— + — —— Дар формулаи мазкур аломатхо чунин
маънохоро ифода мекунанд: Р - рашк; ФМ - фикри манфй; Ti - тасаввурот; X - хаёл; X - хиссиёт; Ш - шубха; Т2 - таре; Э - эмотсия; А - амал.
Мутобики формулаи мазкур фикрхои манфй дар шахе тасаввурот ва хаёли манфиро нисбати шарики муносибат ба вучуд оварда, дар натича, дар шахеи рашккунанда хиссиётхои манфии шубха ва тарсро ба вучуд меоварад. Хиссистхои мазкур уро водор менамоянд, ки эмотсияхо (шакли зохирии чехраи у) тагйир ёфта, нихоят у амал карда, ба санчишу таъкибхо огоз мекунад ва хамин тавр, рашки манфй ба вучуд меояд. Тарзи бартараф намудани рашк тавассути формулаи мазкур чунин аст, ки агар шахе фикрхои манфиашро нисбати тарафи дигар мусбй намояд, он гох, тасаввурот, хаёл, хиссиётхо, эмотсия ва амали шахе мусбй мегардад ва хамин тавр рашк аз байн меравад.
Мукарриз: номзади илмхои психологи, дотсеит Рахимов С.Б.
Руйхати адабиёт:
1. Бобохонов, Ф.А., Махмадуллоев, A.C. Баъзе чихатхои мафхум ва мохияти кувваи фикр ва сухан [Матн] / Ф.А. Бобохонов, А. Махмадуллоев // Флагман науки: научный журнал. - 2023. - №8 (8). - С. 196-204.
2. Бобохонов, Ф.А. Таъсири кувваи фикр ва сухани мусбй ба хаёти равонии инсон [Матн] / Ф.А. Бобохонов II Ташаккули илми равоншиноей дар Чумхурии Точикистон: маводи конференсияи чумхуриявии илмию амалй бахшида ба тачлили рузи умумичахонии равоншиносон (22-юми ноябри соли 2023) / Зери тахрири
номзади илмх,ои хукукшииоси, дотсент Бобохонов Ф.А. - Душанбе, 2023. - С. 144-158.
3. Гордон, X. Рашк чист? [Матн] / X. Гордон // Живая психология. - 2014. - Т. 1. -№3.- С. 24-26.
4. Мошкина, Ю.Н. Психологияи рашк: пешгуихо ва намунахои феноменологй [Матн] / Ю.Н. Мошкина // Научно-практический журнал "Гуманизация образования". - 2010. - № 8. - С. 32-38.
5. Фарханги тафсирии забони точикй. Ч,ивди 2. (О-Я) [Матн] / Зери тахрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М.Х,- Султон. - Душанбе, 2008. - 945 с.
6. Федусенко, А.В. Детерминантхои ичтимой-психологии тасаввуротхо дар бораи рашк [Текст] / А.В. Федусенко // Изв. Сарат. ун-та. Нов. сер. Сер. Философия. Психология. Педагогика. - 2018. - Т. 18, вып. 3. - С. 319-325.
Список литературы:
1. Бобохонов, Ф.А., Махмадуллоев, А.С. Некоторые аспекты понятия и сущность силы мысли и речи [Текст] / Ф.А. Бобохонов, А. Махмадуллоев // Флагман науки: научный журнал. - 2023. - №8 (8). - С. 196-204.
2. Бобохонов, Ф.А. Влияние силы положительной мысли и речи на психическую жизнь человека [Текст] / Ф.А. Бобохонов // Развитие психологии в Республике Таджикистан: материалы республиканской научно-практической конференции, посвященной празднованию Всемирного дня психологов (22 ноября 2023 г.) / Под ред. кандидата юридических наук, доцента Ф.А. Бобохонова. - Душанбе, 2023. - С. 144-158.
3. Гордон, X. Что такое ревность? [Текст] / X. Гордон // Живая психология. -2014.-Т. 1.-№3.-С. 24-26.
4. Мошкина, Ю.Н. Психология ревности: предикторы и феноменологические паттерны [Текст] / Ю.Н. Мошкина // Научно-практический журнал "Гуманизация образования". - 2010.-№ 8. - С. 32-38.
5. Культура перевода таджикского языка. Том 2. (О-Я) [Текст] / Под редакцией С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М.Х. Султан. - Душанбе, 2008. - 945 с.
6. Федусенко, А.В. Социально-психологические детерминанты представлений о ревности [Текст] / А.В. Федусенко // Изв. Сарат. ун-та. Нов. сер. Сер. Философия. Психология. Педагогика. -2018. - Т. 18, вып. 3. - С. 319-325.
List of literature:
1. Bobokhonov, F.A., Makhmadulloev, A.S. Some aspects of the concept and essence of the power of thought and speech [Text] / F.A. Bobokhonov, A. Makhmadulloev // Flagman of science: scientific journal. - 2023. - №. 8 (8). - pp. 196-204.
2. Bobokhonov, F.A. The influence of the power of positive thought and speech on a person's mental life [Text] / F.A. Bobokhonov // Development of psychology in the Republic of Tajikistan: materials of the republican scientific and practical conference dedicated to the celebration of World Psychologists Day (November 22, 2023) / Ed. candidate of legal sciences, associate professor F.A. Bobokhonova. - Dushanbe, 2023. -pp. 144-158.
3. Gordon, H. What is jealousy? [Text] / H. Gordon // Living psychology. - 2014. - T. l.-№. 3.-P. 24-26.
4. Moshkina, Yu.N. Psychology of jealousy: predictors and phenomenological patterns [Text] / Yu.N. Moshkina // Scientific and practical journal "Humanization of Education". - 2010. - №. 8. - P. 32-38.
5. Culture of translation of the Tajik language. Volume 2. (O-Z) [Text] / Edited by S. Nazarzoda, A. Sanginov, S. Karimov, M.Kh. Sultan. - Dushanbe, 2008. - 945 p.
6. Fedusenko, A.Y. Social and psychological determinants of ideas about jealousy [Text] / A.V. Fedusenko // Izv. Sarat. un-ta. New ser. Ser. Philosophy. Psychology. Pedagogy. - 2018. -T. 18, no. 3. - pp. 319-325.