Научная статья на тему 'ШАХСИЯТИ МАЊКУМШУДАИ АДОКУНАНДАИ МАЊРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДЇ'

ШАХСИЯТИ МАЊКУМШУДАИ АДОКУНАНДАИ МАЊРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
шахсияти мањкумшуда / љазо / фардикунонии љазо / мањрум сохтан аз озодї / фардикунонии иљрои љазо / тағйир додани намуди муассисаи ислоњї. / личность осужденного / наказание / индивидуализация наказания / лишение свободы / инди-видуализация исполнения наказания / изменение вида исправительного учреждения.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Абдурашидзода А.А.

Дар маќола масъалаи шахсияти мањкумшудае, ки дар љойњои мањрумї аз озодї љазоро адо мекунад, баррасї мешавад. Ба андешаи муаллиф, яке аз самтњои афзалиятноки ис-лоњоти низоми иљрои љазои љиноятї тањкими усулњои психологию педагогии кор бо мањкумшудагон мебошад. Дар роњи расидан ба ин максад кори тарбиявї бо мањкумшуда-гон хамчун яке аз воситањои асосии ислоњи онњо наќши калон мебозад, бинбар ин, дар маќола масъалањои моњият ва мазмуни кори тарбиявї бо мањкумшудагон тањлил карда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE IDENTITY OF THE CONVICT SERVING A SENTENCE IN PLACES OF DEPRIVATION OF LIBERTY

В статье рассматриваются вопросы, связанные с личностью осужденного, отбывающего наказание в местах лишения свободы. По мнению автора, одним из приоритетных направлений реформирования системы исполнения уголовных наказаний является усиле-ние психолого-педагогических методов работы с осужденными. Важную роль в достиже-нии данной цели играет воспитательная работа с осужденными как одно из основных средств их исправления, поэтому в статье проанализированы вопросы сущности и содер-жания воспитательной работы с осужденными.

Текст научной работы на тему «ШАХСИЯТИ МАЊКУМШУДАИ АДОКУНАНДАИ МАЊРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДЇ»

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (53)- 2022 Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

ТДУ 343.824

ШАХСИЯТИ МА^КУМШУДАИ АДОКУНАНДАИ МА^РУМ СОХТАН АЗ ОЗОДЙ

ЛИЧНОСТЬ ОСУЖДЕННОГО, ОТБЫВАЮЩЕГО НАКАЗАНИЕ В МЕСТАХ

ЛИШЕНИЯ СВОБОДЫ

THE IDENTITY OF THE CONVICT SERVING A SENTENCE IN PLACES

OF DEPRIVATION OF LIBERTY

Абдурашидзода А. А. Abdurashidzoda A.A. Дотсенти кафедраи %уцуци циноятй, криминология ва психологияи факултети № 2 Академия ВКД Цум^урии Тоцикистон, номзади

илмуои %уцуцшиносй, полковники милитсия

Доцент кафедры уголовного права, криминологии и психологии факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, полковник милиции Associate Professor of the Criminal Law Department of Criminology and Psychology of the Faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tajikistan, Candidate of legal Sciences,

Colonel of the Militia

Ихтисоси илмй: 12.00.08 - хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй.

Научная специальность: 12.00.08 - уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право.

Scientific specialty: 12.00.08 - criminal law and criminology; penal law.

Такриздщанда: Бухоризода Б.Р. - ёрдамчии сардори РМЗЧ,М ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, майори милитсия.

Рецензент: Бухоризода Б.Р. - помощник начальника УБОП МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, майор милиции.

Reviewer: Buhorizoda B.R. - Assistant to the head of the Organized Crime Control Department of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, major of the Militia.

Аннотатсия: Дар макола масъалаи шахсияти махкумшудае, ки дар чойхои махрумй аз озодй чазоро адо мекунад, баррасй мешавад. Ба андешаи муаллиф, яке аз самтхои афза-лиятноки ислохоти низоми ичрои чазои чиноятй тахкими усулхои психологию педагогии кор бо махкумшудагон мебошад. Дар рохи расидан ба ин максад кори тарбиявй бо махкумшудагон хамчун яке аз воситахои асосии ислохи онхо накши калон мебозад, бин-бар ин, дар макола масъалахои мохият ва мазмуни кори тарбиявй бо махкумшудагон тахлил карда шудааст.

Вожауои калади: шахсияти махкумшуда, чазо, фардикунонии чазо, махрум сохтан аз озодй, фардикунонии ичрои чазо, тагйир додани намуди муассисаи ислохй.

Аннотация: В статье рассматриваются вопросы, связанные с личностью осужденного, отбывающего наказание в местах лишения свободы. По мнению автора, одним из приоритетных направлений реформирования системы исполнения уголовных наказаний является усиление психолого-педагогических методов работы с осужденными. Важную роль в достижении данной цели играет воспитательная работа с осужденными как одно из основных средств их исправления, поэтому в статье проанализированы вопросы сущности и содержания воспитательной работы с осужденными.

E-mail:

abdurahsidow@mail. ru

Осори Академияи ВКД Цумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

Ключевые слова: личность осужденного, наказание, индивидуализация наказания, лишение свободы, индивидуализация исполнения наказания, изменение вида исправительного учреждения.

Annotation: The article deals with issues related to the personality of a convict serving a sentence in places of deprivation of liberty. According to the author, one of the priority areas for reforming the system of execution of criminal penalties is the strengthening of psychological and pedagogical methods of working with convicts. An important role in achieving this goal is played by educational work with convicts as one of the main means of their correction, therefore, the article analyzes the essence and content of educational work with convicts.

Keywords: identity of the convict, punishment, individualization of punishment, deprivation of liberty, individualization of the execution of punishment, change in the type of correctional institution.

Адои чазо дар намуди махрум сохтан аз озодй бо равандхои муто-бикшавии ичтимоию равонии махкум-шуда бо коидахо ва меъёрхои нав, инчу-нин шароити зист дар муассисаи ислохй алокаманд мебошад. Бешубха, чудоша-вии ичтимоии шахс тавассути махрум кардан аз озодй боиси тагйироти чиддии шахсият ва рафтор мегардад. Махкум-шуда дар муассисаи ислохй давраи ду-швори мутобикшавй ба мухити нав, ша-роити гайриоддии мехнату зиндагй, мухити ичтимой, талаботи хусусии ни-зоми адои чазо, мачмуи ходисахои ичти-моию иктисодиро аз сар мегузаронад.

Х.У. Арзамиева дуруст кайд мена-мояд, ки махкумшудагон аз руи сифатхои ахлокй, ичтимой ва равонии худ фарк ме-кунанд. Дар онхо дарачахои гуногуни дуршавии манфй аз меъёрхои дар чомеа кабулшуда, аз чумла дар акида, чахон-бинй, эътикод, махорат, баходихии шах-сият ва муносибати онхо ба дигар шахрвандон, дар фахмидани он чизе, ки ичозату мамнуъ ва дигар арзишхои ичти-мой доранд, ошкор мешавад [2, с. 10].

Мафхуми «шахсияти махкумшуда» дорои мазмуни мушаххас мебошад. Дар як махкумшуда - натичаи холатхои муа-йяни зиндагй буда, ки уро ба содир кар-дани чиноят водор кардааст. Шахсияти чинояткор гуфта, шахсиятеро меноманд, ки бинобар хислатхои хосси равонй, аки-дахои зиддичамъиятй, муносибати манфй ба арзишхои ахлокй ва интихоби рохи ба чамъият хавфнок барои конеъ гардони-дани эхтиёчоти худ ё дар бобати пешгирй накардани окибатхои манфй фаъолияти

зарурй нишон надода, чиноят содир кардааст.

Максади ин тадкикот - омухтани хи-слатхои махкумшудагоне, ки боиси содир намудани чиноятхо гардидаанд, ба намуд, категорияи муайян мансуб дони-стани онхо ва мувофики он эхтимолияти содир намудани чиноятро дар оянда пешгуй кардан, интихоби чорахои чавобй барои содир намудани чиноят мебошад.

Психологияи педагогии шахсият ба-рои тахияи тадбирхои самарабахше, ки ба пешгирй ва рафъи чиноятхо нигаронида шудаанд, мусоидат мекунад. Донишхо дар сохаи психологияи педагогй ба мо имкон медихад, ки тактика ва усулхои таъсиррасонии конунй ба махкумшудагон барои чиноятхои гуногун оптималй инти-хоб карда шавад.

Чузъхоеро, ки сохтори шахсияти махкумшударо ташкил медиханд, кайд мекунем: синну солй, чинсй, нейродина-микй (суръати равандхои асаб) ва г. Ин-чунин, таснифоти хислатхои махкум-шударо аз руйи вазъи оилавй, кобилияти мехнатй, вазъи саломатй, маълумот, шугли пеш аз махкум шудан чудо кардан мумкин мебошад.

Бояд гуфт, ки чинояткор баъди дар чойхои махрум сохтан аз озодй махкум шудан ба ичрои накшхои дигари ичтимой нисбат ба озодй шуруъ мекунад. Онхо аз талаботи низом, фаъолияти мехнатй, таълим ва гайрахо ба миён меоянд. Шахс дар мархилахои гуногуни мурофиаи чиноятй ба муносибатхои нави чамъиятй дучор мешавад, ки дар натичаи ин у хукуку ухдадорихои нав пайдо мекунад. Хдрчанд ангезахо, муносибатхои шахси-

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

яти махбус дар хар мархила метавонад гуногун бошад. Дар баробари ин, даврахои душвортарин метавонад боиси тагйири маънои хаёт ва рафтор гардад.

Дар байни хислатхои шахсияти махкумшудагон, муносибати хосси онхо ба конун, меъёрхои ичтимой ва арзишхои ахлокй накши мухим дорад. Психологияи махкумшуда аз бисёр чихат бо чунин омилхо, аз кабили муносибати у ба худи чазои чиноятй, хислатхои шахсият, синну сол, шумораи доги судихо ва гайра муа-йян карда мешавад. Дар бораи шахсияти махкумшуда сухан ронда, мо мавкеъи ичтимоии инсонро ва вазифахои ичти-моии ичрокунандаи уро дар назар дорем. Бояд гуфт, ки вайрон шудани робитахои чамъиятй; холати бекории мачбурй; кобилияти махдуд барои конеъ кардани ниёзхо; дар баъзе чойхо расму оинхои вохурй бо навкорон, тафтиши огахии онхо аз урфу одатхои чиноятй, истилохот ва гайра ба психика таъсири манфй мерасо-над.

Кобили зикр аст, ки дар Стратегияи ислохоти низоми ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, аз чумлаи сохахое, ки ба тагйироти куллй ниёз доранд, таъмини хифзи ичтимой, хукукй ва ичтимоию ра-вонии шахсияти махкумшудагоне, ки чазоро адо мекунанд, зикр шудааст [4].

Фаъолияти муассисахои ичроку-нандаи чазо бояд ба тахлили муназзами шахсияти махкумшуда аз чониби шахсо-ни манфиатдор нигаронида шуда, бо назардошти тавсияхои онхо оид ба тагйир додани сифатхои шахсй, аз чумла: омузиши хусусиятхои фардй, ичтимоию равонии шахсияти махкумшуда; интихоб ва истифодаи усулхои таъсири равонию педагогй нисбати махкумшуда; тахияи накшаи кори инфиродй бо махкумшуда бо назардошти пешниходи муассисаи дахлдори ичрои чазо; аттестатсияи махкумшуда; гузаронидани сухбатхо, му-сохибахо, кабул оид ба масъалахои шахсй, рохнамоии кормандони муассиса нис-бати махкумшудагоне, ки дар кайди про-филактикй карор доранд; ба махкумшудагон гузоштани вазифахои инфиродй

бо назардошти манфиату майли онхо ва ба максадхои педагогй.

Мутобики к. 2 м. 77 Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон, хамаи махкумшудагоне, ки ба муассисаи ислохй ворид мешаванд, ба мухлати то 15 шабонаруз дар шуъбаи карантин чойгир карда мешаванд [1]. Дар хамон вакт онхо дар утоки махсус мучаххазшуда карор доранд, ки дар баробари андешидани тадбирхои зарурии санитарию гигиенй аз чониби кормандони муассисаи ислохй аз муоинаи тиббй, омодагии ибтидой ба шароити адои чазо гузаронида мешавад.

Махкумшуда бо Коидахои дохилии муассисаи ислохй, дигар талаботи низом шинос карда шуда, дар бораи чавобгарй барои вайрон кардани интизом огох карда мешавад. Дангоми дар карантин будан махкумшуда бояд хукук ва ухдадорихои худро барои тамоми давраи адои чазо дакик азхуд намояд. Дар давраи карантин муоинаи хуби айнияткунонии равонии хар як махкумшудаи навомада ахаммияти калон дорад. Муваффакият ва самараи тамоми кори минбаъдаи тарбияи ифи-родй бештар ба хамин вобаста мебошад.

Аз ин ру, мухим аст, ки равоншино-сони муассисаи ислохй сари вакт ташхиси равонии хислатхои шахсй ва холати рухии махкумшудаи ба муассисаи ислохй омадаро гузаронад. Барои ин сухбатхои ташхисй ва тестхои фаврй истифода мешаванд. Агар хангоми ташхиси ибтидой камбудихои чиддй дар психика ошкор карда шавад, дар якчоягй бо психотерапевт масъалаи муоинаи иловагии чунин махкумшуда, татбики усулхои таъсири ислохй, табобат ё дигар кумаки равонй хал карда мешавад. Натичаи ташхиси ра-вонии махкумшуда дар карантин, чигу-нае, ки Х.У. Арзамиева дар тадкикоташ кайд менамояд, чун коида, портрети ра-вонии у мебошад, ки дар он на танхо маълумот дар бораи камбудихо, дефор-матсияхо ва качравй дар ташаккули шах-сият, балки хусусиятхои мусбат низ дар бар мегирад, ки бояд барои ислох ва аз нав ичтимоигардонии минбаъда асос ша-ванд [2, с. 12].

Натичаи кори ибтидоии тарбиявй бо махкумшуда дар давраи дар карантин бу-

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

данаш бояд чунин ба рох монда шавад: омузиши ибтидоии шахсият, бахогузории пешакй оид ба омодагй ба таъсиррасонии ислохй; аник кардани хусусиятхои ичти-моию демографй, хукукй-чиноятй ва ди-гар хусусиятхо, мавчудияти робитахои фоиданоки чамъиятй берун аз муассисаи ислохй; ташаккули дурнамои наздик ба-рои мутобикшавии бомуваффакият ба шароити адои чазо, мукаррар намудани муносибатхои дуруст дар мухити муас-сисаи ислохй ва ташаккули дурнамои умумии адои чазо; чалб намудан ба тахсилоти умумй, касбй, хаёти чамъиятии муассиса, халли масъалахои шугл дар давраи адои чазо.

Самаранокии тамоми корхои тарби-явии минбаъда ва раванди ислохшавй дар мачмуъ бештар аз сари вакт ва дакик му-айян кардани хислатхои шахсияти хар як махкумшуда ва рафтори у дар давраи му-тобикшавй дар муассисаи ислохй воба-стагй дорад.

Мухим аст, ки тарбиятгар дар асоси хусусиятхое, ки дар рафти омузиши ибти-дой муайян карда шудаанд, самти эхти-молии мутобикшавии хар як махкумшуда - мусбат ё манфиро пешакй пешгуй карда тавонад. Дангоми мукаррар кардани эхтимолияти мутобикшавии манфй бояд сари вакт чорахои тарбиявй ва пешгири-кунанда барои дигар кардани самти рафтори махкумшуда, шуурона даст ка-шидан аз рафторхои гайрихукукй ва дарк кардани окибатхои манфии хукуквайрон-кунихо андешида шаванд.

В.Е. Долматов мехисобад, ки инти-хоби мундаричаи кори тарбиявй, ки ба раванди ислохи шахсият нигаронида

шудааст, корманд аз чустучуи он наму-дхои фаъолияти фоиданоки чамъиятй, ки зудтар ва самараноктар натичаи мусбат медиханд, огоз меёбад. Ин мумкин аст бо: мукаррар намудани сарпарастй нисбати махкумшудагони навомад аз чониби махкумшудагон ва кормандоне, ки ба таври мусбй равона шудаанд; чалб намудани махкумшудагон аз рузхои аввали ба муассисаи ислохй омаданашон ба мехнати истехсолй, фаъолияти чамъиятй, тахсили умумй ва касбй; муайян намудан ба гуруххое, ки дар онхо таъсири махкумшудагони мусбат бартарй дорад; мах-сус ташкил намудани дарсхо оид ба омузиши тартиб ва коидахои рафтор дар муассисаи ислохй, маълумот додан дар бораи анъанахои мусбй ва таъсири зара-ровари атрибутхои субфарханги махбас; таъмини бардавомии таъсири тарбиявй аз чониби хамаи субъектхои ислохй; аз чихати ташкилию хукукй ва равонй чудо кардани шахсони навомад аз махкум-шудагоне, ки хислатхои манфй доранд; ташкили назорати доимии рафтори мах-кумшудагони навомад [3].

Хамин тарик, дар фаъолияти харрузаи равоншиносон ва тарбиятгарон муайян намудани хислатхои фардии шах-сият, ки шаклхои маъмулии вокуниш, ху-сусияти хамкории байнишахсй ва меха-низмхои мутобикшавй дар мухити хурд инъикос мекунанд, накши мухим мебозад. Маълумоти бадастомада имкон медихад, ки вариантхои рафтори пешбинишаванда пешгуй карда, усулхои мувофики назора-ти ичтимоии кормандони вохидхои сохтории муассисаи ислохй интихоб карда шаванд.

Адабиёти истифодашуда

1. Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон аз 6-уми августи с. 2001, № 32 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2001, № 7, мод. 505; с. 2003, № 12, мод. 683; с. 2004, № 7, мод. 455; КДТ аз 14.11.2016, № 1360, аз 18.07.2017, № 1444.

2. Арзамиева, Х.У. Психологические защиты как механизмы социально-психологической адаптации осужденных к местам лишения свободы. // Вестник Алтайской академии экономики и права. - 2018. - № 1. - С. 9-14.

3. Долматов, В.Е. Личность осужденного, отбывающего наказание в местах лишения свободы // Colloquium-journal. - 2019. - № 15-11 (39). - С. 9-10.

4. ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи Стратегияи ислохоти низоми ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030» аз 25-уми июни с. 2020, № 385 // Махзани марказонидашудаи маълумоти хукукии Чумхурии Точикистон «Adlia» -и Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, 2021. Версия 7.0.

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

References

1. Code of execution of criminal punishment of the Republic of Tajikistan from August 6, 2006 2001, № 32 // Bulletin of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, p. 2001, № 7, art. 505; s. 2003, № 12, art. 683; s. 2004, № 7, art. 455; RT from 14.11.2016, № 1360, from 18.07.2017, № 1444.

2. Arzamieva, H.U. Psychological defenses as mechanisms of socio-psychological adaptation of convicts to places of deprivation of liberty. // Bulletin of the Altai Academy of Economics and Law. -2018. - No. 1. - S. 9-14.

3. Dolmatov, V.E. The personality of the convict serving his sentence in places of deprivation of liberty // Colloquium-journal. - 2019. - No. 15-11 (39). - S. 9-10.

4. Resolution of the Government of the Republic of Tajikistan "On the Strategy for the reform of the penitentiary system of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030" from June 25, 2006 2020, № 385 // Centralized Database of Legal Information of the Republic of Tajikistan "Adlia" of the Ministry of Justice of the Republic of Tajikistan, 2021. Version 7.0.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.