Научная статья на тему 'ШАКЛЊОИ ЗУЊУРЁБИИ ПУШАЙМОНЇ АЗ КИРДОР ВА ИНЪИКОСИ ОНЊО ДАР ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ'

ШАКЛЊОИ ЗУЊУРЁБИИ ПУШАЙМОНЇ АЗ КИРДОР ВА ИНЪИКОСИ ОНЊО ДАР ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
љавобгарии љиноятї / ќонунгузории љиноятї / пушаймонї аз кирдор / ихтиёран ба гуноњи худ иќрор шудан / таркиби љиноят / кирдори барои љамъият хавфнок / шаклњои пушаймонї аз кирдор / оштї шудан бо љабрдида / љуброни зарар. / уголовная ответственность / уголовное законодательство / деятельное раскаяние / призна-ние вины / состав преступления / общественно опасное деяние / формы деятельного раская-ния / примирение с потерпевшим / возмещение вреда.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Муњаммадиев Б.

Дар маќола шаклњои зуњурёбии пушаймонї аз кирдор ва инъикоси онњо дар ќонуни љиноятї мавриди тањлил ќарор гирифтааст. Дар натиљаи тањлили Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон муайян мешавад, ки пушаймонї аз кирдор њам дар моддањои ќисми умумї ва њам ќисми махсуси ќонуни љиноятї инъикоси худро пайдо намудаанд. Дар маќола муаллиф шаклњои мушаххаси зуњурёбии пушаймонї аз кирдорро нишон медињад. Ба андешаи муаллиф, институти пушаймонї аз кирдорро дар робита бо намудњои озод кардан аз љавобгарии љиноятие, ки дар моддањои Ќисми махсуси кодекси љиноятии љумњурї дарљ гардидаанд, бояд тањким дода шавад ва ба ин муносибат дар самти мазкур як чанд таклифњо пешнињод менамояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FORMS OF MANIFESTATION OF REMORSE AND THEIR REFLECTION IN THE CRIMINAL LAW

В статье анализируются формы проявления деятельного раскаяния и их отражение в уго-ловном законе. В результате анализа Уголовного кодекса Республики Таджикистан опре-деляется, что раскаяние в содеянном находит отражение как в статьях Общей части, так и в Особенной части уголовного закона. Автор раскрывает конкретные формы проявления деятельного раскаяния. По мнению автора, институт деятельного раскаяния в связи с ви-дами освобождения от уголовной ответственности, закрепленных в статьях Особенной части уголовного кодекса республики требует дальнейшего совершенствования и в связи с этим, предлагает некоторые предложения в этом направлении.

Текст научной работы на тему «ШАКЛЊОИ ЗУЊУРЁБИИ ПУШАЙМОНЇ АЗ КИРДОР ВА ИНЪИКОСИ ОНЊО ДАР ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ»

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

ТДУ 343.234

ШАКЛХ,ОИ ЗУХУРЁБИИ ПУШАЙМОНЙ АЗ КИРДОР ВА ИНЪИКОСИ ОЩО ДАР ЦОНУНИ ^ИНОЯТЙ

ФОРМЫ ПРОЯВЛЕНИЯ ДЕЯТЕЛЬНОГО РАСКАЯНИЯ И ИХ ОТРАЖЕНИЕ В УГОЛОВНОМ ЗАКОНЕ

FORMS OF MANIFESTATION OF REMORSE AND THEIR REFLECTION IN THE CRIMINAL LAW

Мухдммадиев Б. Mohammadiyev B.

Унвонцуйи Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва %уцуци ба

номи А.Бауоваддинови Академияи миллии илмуои Тоцикистон Соискатель Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова Национальной академии наук

Таджикистана

Applicant at the Institute of Philosophy, Political Science and Law named after. A. Bakhovaddinov National Academy

of Sciences of Tajikistan

Ихтисоси илми: 12.00.08 - Хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (5.1.4. Илмхои чиноятй-хукукй).

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law (5.1.4. Criminal law sciences).

Такриздщанда: Рах,мадч,онзода Р.Р. - муовини сардори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон оид ба илм, доктори илмхои хукукшиносй, дотсент, подполковники милитсия.

Рецензент: Рахмаджонзода Р.Р. - заместитель начальника Академии МВД Республики Таджикистан по науке, доктор юридических наук, доцент, подполковник милиции.

Reviewer: Rahmajonzoda R.R. - Deputy Head of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan for Science, Doctor of Law, assistant professor, Lieutenant Colonels of the Militia.

Аннотатсия: Дар макола шаклхои зухурёбии пушаймонй аз кирдор ва инъикоси онхо дар конуни чиноятй мавриди тахлил карор гирифтааст. Дар натичаи тахлили Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон муайян мешавад, ки пушаймонй аз кирдор хам дар моддахои кисми умумй ва хам кисми махсуси конуни чиноятй инъикоси худро пайдо намудаанд. Дар макола муаллиф шаклхои мушаххаси зухурёбии пушаймонй аз кирдорро нишон медихад. Ба андешаи муаллиф, институти пушаймонй аз кирдорро дар робита бо намудхои озод кардан аз чавобгарии чиноятие, ки дар моддахои ^исми махсуси кодекси чиноятии чумхурй дарч гардидаанд, бояд тахким дода шавад ва ба ин муносибат дар самти мазкур як чанд таклифхо пешниход менамояд.

Вожа^ои калидй: чавобгарии чиноятй, конунгузории чиноятй, пушаймонй аз кирдор, ихтиёран ба гунохи худ икрор шудан, таркиби чиноят, кирдори барои чамъият хавфнок, шаклхои пушаймонй аз кирдор, оштй шудан бо чабрдида, чуброни зарар.

e -mail:

tam300986@mail.ru

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон

Аннотация: В статье анализируются формы проявления деятельного раскаяния и их отражение в уголовном законе. В результате анализа Уголовного кодекса Республики Таджикистан определяется, что раскаяние в содеянном находит отражение как в статьях Общей части, так и в Особенной части уголовного закона. Автор раскрывает конкретные формы проявления деятельного раскаяния. По мнению автора, институт деятельного раскаяния в связи с видами освобождения от уголовной ответственности, закрепленных в статьях Особенной части уголовного кодекса республики требует дальнейшего совершенствования и в связи с этим, предлагает некоторые предложения в этом направлении.

Ключевые слова: уголовная ответственность, уголовное законодательство, деятельное раскаяние, признание вины, состав преступления, общественно опасное деяние, формы деятельного раскаяния, примирение с потерпевшим, возмещение вреда.

Annotation: The article analyzes the forms of manifestation of active repentance and their reflection in the criminal law. As a result of the analysis of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan, it is determined that repentance for the deed is reflected both in the articles of the General Part and in the Special Part of the criminal law. The author reveals specific forms of manifestation of active repentance. According to the author, the institution of active repentance in connection with the types of exemption from criminal liability enshrined in the articles of the Special Part of the Criminal Code of the Republic requires further improvement and, in this regard, offers some proposals in this direction.

Key words: criminal liability, criminal legislation, active repentance, admission of guilt, corpus delicti, socially dangerous act, forms of active repentance, reconciliation with the victim, compensation for harm.

Т"/*онунгузории чиноятии Чумхурии 1^кТочикистон мафхуми умумие, ки ^зухуроти гуногуни пушаймонй аз кирдорро дар бар гирад, пешбинй намекунад. Дар робита ба ин масъала, инчунин, дар истилохоти ифодакунандаи чунин зухурот ва назарияи хукуки чиноятй якрангй чой надорад. Хдмин тавр, баъзе мухаккикон зухуроти гуногуни пушаймонй аз кирдорро «аломатхои объективии он» [5, с. 8-9], «амалхои мусбати пас аз чиноятии шахс» [9, с. 218], «шартхои озод гаштан аз чавобгарии чиноятй» меноманд [8].

Истилохоти дар боло зикршуда, аслан маънои як падида - пушаймонй аз кирдорро дорад, эхтимолан маънои бунёдй надошта бошад хам, харчанд дар татбики конуни чиноятй душворихо ба вучуд оварда метавонад. Ба андешаи мо, асосхои озод кардан аз чавобгарии чиноятй вобаста ба пушаймонй аз кирдор вариантхои гуногун, навъхои рафтори мусбат, баъди чиноятй, ба ибораи дигар, шаклхои гуногуни пушаймонй аз кирдор мебошад.

Аммо мавчудияти чунин асос худ аз худ кифоя нест, мавчудияти шартхо зарур мебошанд. Аммо хатто дар сурати мавчуд

будани асос ва шартхои зикршуда озод кардан аз чавобгарии чиноятй танхо дар холате чой дошта метавонад, ки макомоти татбиккунандаи конуни чиноятй дар натичаи ин мачмуи тамоми «асосхо, шартхо» ба хулосае аз байн рафтани хавфи чамъиятии шахси содиркардаи чиноятро оянд.

Чунин ба назар мерасад, ки як падидае бо ном «пушаймонй аз кирдор» метавонад дар амал бо тарзхои гуногун, дар шаклхои мухталиф зохир шавад, яъне «намуди зохирй» гуногун дошта, дар конуни чиноятй инъикос ёбад. Гузашта аз ин, вокеият ва инъикоси он дар конуни чиноятй ба ин маъно метавонад бо хам мувофик наояд. Н.С. Шатихина дар бораи он, ки пушаймонй аз кирдор метавонад дар шаклхои муайян зохир шавад сухан ронда, кайд менамояд, ки танхо он шаклхое, ки окибатхои хукукии чинооятй доранд ва аз ин ру, метавонанд ин институтро ба мазмуни хукуки чиноятй ахаммиятнок созанд.

Муаллиф дар ин маврид «се шакли асосии пушаймонй аз кирдор»-ро номбар мекунад: ихтиёран омада, ба гунохи икрор шудан, ба ошкор намудани чиноят мусоидат намудан, зарари расонидаашро

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

талофй намудан [10, с. 868].

Н.С. Шатихина илова менамояд, ки

60 ин шаклхо «имконияти нихоии амалй намудани пушаймонй аз кирдоро дар конуни чиноятй мебошанд», аммо дар айни замон онхо метавонанд «вобаста ба намудхои асосии рафтори чиноятй бо аломатхо, хусусиятхо ва шароитхои инфиродй илова гарданд, хамзамон, мохияти онхо бетагйир бокй мемонад. Дар баробари розй будан бо ин акида норавшан боки мемонад, ки муаллиф аз кадом мулохизахо танхо се шакли пушаймонй аз кирдор ва махз онхое, ки дар боло номбар шудаанд номбар намудааст. Чунин тартибро бо истинод ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ ЧТ) тасдик намудан зарур буд.

Бо дарназардошти таърифи мафхуми пушаймонй аз кирдор, ки каблан пешниход шуда буд, ба руйхати дар боло зикргардидаи моддахои КЧ ЧТ якчанд тавзехот ворид кардан лозим аст. Баъзе олимон дурустии истинод ба пушаймонй аз кирдор ки дар дар бандхои «и» ва «к»-и к. 1 м. 61 КЧ ЧТ пешбинй гардидаро зери шубха мегузоранд, ки он зухуроти он аст. Тавре ки Л.Л. Кругликов дар замони худ кайд намуда буд, конунгузор фаъолиятро оид ба пешгирй ё кам кардани зарар бидуни ба назар гирифтани ангезахои чинояткор пешбинй менамояд. Ангезахои чунин фаъолият на танхо пушаймонй аз кирдор, балки рахмдилй ба чабрдида, тарс аз чазо ва гайра буда метавонанд.

Ба ибораи дигар, конунгузор татбики банди 1.9 моддаи 38 Кодекси чиноятии Федератсияи Шуравии Сотсиалистии Россияро (соли 1960) ба пушаймонй вобаста намегардонад, зеро худи фаъолияти дар ин бандхо ишорашуда ахаммияти халкунанда дорад [4, с. 7-9].

Бо истинод ба ин мавкеъ, вобаста ба холатхое, ки дар бандхои «и», «к»-и к. 1 м.

61 КЧ ЧТ пешбинй шудаанд бояд мукаррар намуд, ки ин холатхо аксар вакт бо пушаймонй алокаманданд ё не? [7, с. 230]. Ба андешаи мо, пушаймонй аз кирдорро тахлил намуда, бахо додан ба холатхои дар бандхои «и», «к»-и к.1 м. 61 барои мувофикати онхо ба охирин беасос

аст.

Хдмин тарик, дар айни замон ба сифати шаклхои пушаймонй аз кирдор дар КЧ ЧТ зухуроти зерини он баъд аз содир намудани чиноят кайд мегарданд. Дар меъёрхои ^исми умумии КЧ - ихтиёран омада ба гунохи худ икрор шудан, сидкан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани чиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни чиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натичаи чиноят бадастомада (б. «и» к. 1 м. 61 КЧ ЧТ); бевосита пас аз содир намудани чиноят расонидани ёрии тиббй ё кумаки дигар ба чабрдида, ихтиёран таллофй кардан ё рафъ сохтани зарари моддй ва маънавии дар натичаи чиноят расонидашуда, анчом додани амалхои дигаре, ки ба ислохи зарари ба чабрдида расонидашуда равона гардидаанд. (б. «к» к. 1 м. 61 КЧ ЧТ); ихтиёрй омада, ба гунохи худ икрор шудан ё ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат намудан ё зарари расонидаашро таллофй намоянд ё ин ки ба тарики дигар зиёни расонидаашро рафъ намуданд, (к. 1 м. 75 КЧ ЧТ). Дар ин маврид таъсири хатмии пушаймонй аз кирдор ба аз байн рафтани хавфи чамъиятй аз чониби шахси содиркардаи чиноят нишон дода намешавад; бо чабрдида оштй шудан, зарари ба чабрдида расонидаашро талофй кардан (м. 73 КЧ ЧТ).

Дар меъёрхои кисми махсуси КЧ ЧТ (к. 2 м. 72 КЧ ЧТ) - ихтиёрй озод намудани одами рабудааш ё гайриконунй аз озодй махрум кардааш (эзох ба м. 130 КЧ ЧТ«Одамрабой»); Ихтиёран ба макомоти дахлдор хабар дода, курбонии савдои кудаконро озод карда бошад (эзох ба м. 167 КЧ ЧТ); Ихтиёран ба макомоти дахлдор хабар додан, курбонии савдои одамонро озод кардан (б.1 эзох ба м. 130.1 КЧ ЧТ «Савдои одамон»); Макомоти давлатиро сари вакт огох сохтан ё бо рохи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирй намудан ихтиёран ва сари вакт бо рохи ба макомоти хокимияти давлатй хабар додан ё бо дигар тарзхо барои пешгирй содир шудани чиноятхои хусусияти террористй дошта мусоидат намояд (эзох ба м. 179 .1 КЧ ЧТ);

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

Бо ихтиёри худ ё талаби макомоти хокимият гаравгонро озод намудан (эзох ба м. 181 КЧ ЧТ); Ихтиёран аз иштирок дар вохидхои мусаллахи гайриконунй даст кашида ва силохашро супурдааст (эзох ба м. 185 КЧ ЧТ); Ихтиёран ба макомоти хокимият оид ба иштирокаш дар иттиходи чиноятй (ташкилоти чиноятй) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад (эзох ба м. 187 КЧ ЧТ); Ихтиёрй ба макомоте, ки хукук дорад парвандаи чиноятй кушоянд, оид ба ришвадихй иттилоъ дихад (эзох ба м. 179 КЧ ЧТ); Ихтиёрй омада, ба гунохи худ икрор шуда, ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадхои бо рохи чиноят бадастовардаашро супорида бошад (эзох ба м. 262 КЧ ЧТ); Агар хангоми тафтиши пешакй ва ё баррасии судии парвандаи чиноятй шахс маблаги пардохтхои гумрукй, андозхо ва (ё) пардбхтхоро бо чарима ва фоизхояш пурра супорад (эзох ба м. 292 КЧ ЧТ); Ихтиёрй ва бо сари вакт огохонидани макомоти хокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда (эзох ба м. 305 КЧ ЧТ); Ихтиёран аз иштирок дар иттиходи экстремиста даст мекашад (эзох ба м. 307(2) КЧ ЧТ); Ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятй ё динй ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз чониби суд карори эътибори конунй пайдо карда, дар бораи бархам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремиста кабул шудааст, даст кашидан (эзох ба м. 307(3) КЧ ЧТ); Шахси порадода ихтиёран ба макоме, ки ба огози парвандаи чиноятй хукук дорад хабар дихад (эзох ба м. 320 Кч ЧТ); Даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгох хозир шавад, ( эзох ба м. 343 КЧ ЧТ); Курбонии савдои одамон барои хабар надодан дар бораи чиноят ва пинхон доштани чинояти пешакй ваъданашуда, ки бо карор доштани у ба сифати курбонй дар савдои одамон алокаманд аст (м. 347 КЧ ЧТ); Ихтиёран дар мухлати се руз омада ба гунохаш икрор шавад (м. 376 КЧ ЧТ); Дар мухлати се руз ихтиёрй ба чойхои махрум

сохтан аз озодй ё ба хабси пешакй бармегардад (м. 365 КЧ ЧТ); Ихтиёрй аз иштироки гайриконунй дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чангй дар худуди дигар давлатхо то катъ гардидани фаъолияти вохиди мусаллах, анчом ёфтани задухурди мусаллахона ё амалиёти чангй даст мекашад (м. 401(1) КЧ ЧТ).

Аз руйи нуктаи назари техникаи конунгузорй хеле бахснок ин муттахид гардидан дар Кисми умумй, яъне дар к. 2, м. 72 КЧ ЧТ, меъёри умумии дорои руйхати васеъи намудхои озодкунй аз чавобгарии чиноятй мебошад, ки махсусан дар эзоххои меъёрхои дахлдори Кисми махсуси КЧ ЧТ пешбинй шудаанд. Хднгоми тафсири тахтуллафзии таркиби м. 72 КЧ ЧТ, маълум аст, ки хамаи намудхои озод кардан аз чавобгарии чиноятй дар Кисми махсус як навъ пушаймонй аз кирдор мебошанд. Бинобар ин, дар назарияи хукукй ва амалия, масоили мутаносибии байни коидахои умумии пушаймонй аз кирдор ва эзоххои моддахои Кисми махсус ба миён омад. Оиди ин масъала, фикру андешахои бархе аз олимон низ мачуд мебошад, ки чунин мешуморанд:... шароити истифодаи сидкан пушаймонй аз кирдор дар бисёр холатхо ба шартхои истифодаи намудхои махсуси озод кардан аз чавобгарии чиноятй, ки дар Кисми махсус пешбинй шудаанд, мувофикат намекунад [6, с. 18].

Хдмзамон, М.Б. Чернова кайд мекунад, ки намудхои махсуси пешбинишудаи озод кардан аз чавобгарии чиноятй низоми мустакили меъёрхои хавасмандие мебошанд, ки ба сидкан пушаймонй аз кирдор хеч иртибот надоранд. Ба андешаи мо, ин хулоса хатост, зеро табиати хукукии асосхои дар м. 72 КЧ ЧТ пешбинигардида ва эзоххои ба моддахои Кисми махсуси КЧ ЧТ бо якдигар мувофиканд.

Аз ин лихоз, пешниход карда мешавад, ки м. 72 КЧ ЧТ бо кисми 3, дар чунин матн: «Хднгоми кабули карор аз чониби макомоти ваколатдор дар бораи озод кардан аз чавобгарии чиноятй, ки дар холатхои махсуси моддахои Кисми махсуси Кодекси мазкур пешбинй

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

шудаанд, бояд холатхои эзоххои ин моддахо ба инобат гирифта шаванд», пурра карда шавад.

Инчунин, ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат кардан хамчун асоси пушаймонй аз кирдор дар эзоххои моддахои ^исми махсуси Кодекси чиноятй бо таври гуногун «фаъолона мусоидат кардан» ва ё «мусоидат кардан» дар ду шакл ифода шудааст: «фаъолона мусоидат кунад (эзохи м. 262 КЧ, ЧТ) ва «мусоидат намояд » (эзохи м. 179(1) КЧ ЧТ). Бинобар ин ба андешаи мо, истифодаи як ибора "фаъолона мусоидат намудан"дар тамоми эзохои дахлдор кисми махсуси мувофики максад мебошад.

Бо амали сохтани яке аз вазифахои асосии конуни чиноятии ЧТ - пешгирии чиноятхо, ба андешаи мо, ба моддахои зерини КЧ ЧТ илова намудани эзох бо максади озод намудан аз чавобгарии чиноятй бинобар сабаби пушаймонй аз кирдор мувофики максад мебошад: м. 269. "Хдракати гайриконунй хангоми муфлисшавй", м. 280. "Ришвадихй ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобикахои касбии варзишй ва озмунхои намоишии тичоратй", м. 179(2). "Маблаггузории чиноятхои хусусияти террористидошта" м. 188. "Бетартибихои оммавй", м. 195(1). "Гайриконунй расонидан, чойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар" м. 199 "Тасарруфи силох, лавозимоти чангй моддахои тарканда ва воситахои таркиш" м. 200. "Муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропй ё хаммонанди (аналоги) онхо бо максади ба сохибияти каси дигар додан", м. 202(1). "Гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фи-ристонидани прекурсорхо".

Пушаймонй аз кирдор фаъолияти макомоти хифзи хукукро хеле осон мекунад, раванди тафтиши чинояти содиршударо метезонад, захирахои назарраси хам макомоти корхои дохилй ва хам системаи ичрои чазоро сарфа мекунад, инчунин, метавонад чиноятхои дар пешистодаро пешгирй кунад (масалан,

агар шахс дар бораи шарикон дар чиноят хабар медихад). Ихтиёрй омада, ба гунохи худ икрор шудан ин мурочиати ихтиёрии бевоситаи шахс ба суд, макомоти хифзи хукук бо гузориш дар бораи чинояти содиршуда мебошад.

Созиши хукуки-чиноятй дар лахзаи кабули шартхои ахдй хукукии чиноятй, ки дар меъёри конуни чиноятй ё дар созишномаи хамкории пешакии судй пешбинй гардидааст амалкардаистода хисобида мешавад. Риоя накардани шартхои чунин ахд муносибатхои чавобгарии чиноятиро бекор мекунад. Мурочиат ба матни к 2 м. 72 КЧ ЧТ нишон медихад, ки он пеш аз хама хамчун созиш тахия мегардад. Тафовутхои муайян дар хусусияти мукаррароти к. 1 ва к. 2 м. 72 КЧ ЧТ чой дорад.

Бо вучуди ин, тахрири меъёрии ин асос барои озод кардан аз чавобгарии чиноятй дар КЧ ЧТ ислох ва равшаниро талаб мекунад. Дар диспозитсияи к. 1 м. 72 КЧ ЧТ мафхуми пушаймонй аз кирдор оварда нашудааст, балки танхо асосхо ва шартхо татбики он оварда шудаанд, ки тибки он шахсе чиноят содирнамуда метавонад аз чавобгарии чиноятй озод карда шавад.

Асосхои татбики меъёрхо вобаста ба пушаймонй аз кирдор ин унсурхои асосии чунин рафтор, яъне ихтиёрй омада, ба гунохи худ икрор шудан, ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат кардан, зарари расонидаашро таллофй намудан, ба тарики дигар зиёни расонидааро рафъ намудан мебошанд.

Хдмин тарик, дар айни замон дар конунгузорй ба сифати шаклхои пушаймонй аз кирдор зухуроти зерини он, ки баъди содир гардидани чиноят амали мегарданд номида мешаванд:

Шаклхои пушаймонй аз кирдор дар кисми умумии КЧ ЧТ ба таври зайл муайян карда шудаанд:

- ихтиёран омада ба гунохи худ икрор шудан, сидкан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани чиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни чиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натичаи чиноят бадастомада (б. "и"м. 61 КЧ ЧТ);

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

- бевосита пас аз содир намудани чиноят расонидани ёрии тиббй ё кумаки дигар ба чабрдида, ихтиёран таллофй кардан ё рафъ сохтани зарари моддй ва маънавии дар натичаи чиноят расонидашуда, анчом додани амалхои дигаре, ки ба ислохи зарари ба чабрдида расонидашуда равона гардидаанд (ба "к"м. 61 КЧ ЧТ);.

- ихтиёрй омада, ба гунохи худ икрор шавад ё ба ошкор намудани Чиноят фаъолона мусоидат кунад ё зарари расонидаашро таллофй намояд ё ин ки ба тарики дигар зиёни расонидаашро рафъ кунад, (к. 1.м. 72 КЧ ЧТ);.

- бо чабрдида оштй шуда, зарари ба чабрдида расонидаашро таллофй намудан ( 73 КЧ ЧТ);.

Шаклхои пушаймони аз кирдор дар меъёрхои кисми махсуси КЧ ЧТ тибки к. 2 м.72 КЧ ЧТ ба таври зайл муайян карда шудаанд:

- одами рабудаашро ё гайриконунй аз озодй махрум кардаашро ихтиёрй озод мекунад, ( м. 130 КЧ ЧТ);

- ихтиёран ба макомоти дахлдор хабар дода, курбонии савдои одамонро озод карда бошад ( м. 130(1) КЧ ЧТ);

- ихтиёран ва сари вакт бо рохи ба макомоти хокимияти давлатй хабар додан ё бо дигар тарзхо барои пешгирй содир шудани чиноятхои хусусияти террористидошта мусоидат намояд ( м. 179(1) КЧ ЧТ);

- ихтиёрй ба макоме, ки хукук дорад парвандаи Чиноятй кушояд, оид ба ришвадихй иттилоъ дихад, ( м. 279 КЧ ЧТ);

- бо ихтиёри худ ё талаби макомоти хокимият гаравгонро озод мекунад ( м. 181

КЧ ЧТ);

- ихтиёран аз иштирок дар вохидхои мусаллахи гайриконунй даст кашида ва силохашро супурдааст ( м. 185 КЧ ЧТ);

- ихтиёран ба макомоти хокимият оид ба иштирокаш дар иттиходи чиноятй (ташкилоти чиноятй) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад м. 187 КЧ ЧТ);

- воситаи таркандаи ядрой ё

воситаи пахнкунандаи маводи

радиоактивй ё афканандаи радиатсия бо ихтиёри худ месупорад, м. 194(3) КЧ ЧТ);

- ихтиёрй предметхои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад м. 194(3) КЧ ЧТ);

- ихтиёрй моддахои оташзанандаи дар хамин модда зикршударо месупорад м. 195(2) КЧ ЧТ);

- ихтиёрй силохи оташфишон, кисмхои комплектии (пуркунандаи) онхо, лавозимоти чангй, моддахои тарканда ё воситахои таркиш супоридан ( м. 196 КЧ ЧТ);

- пас аз содир намудани чиноят ихтиёрй омада, ба гунохи худ икрор шуда, ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадхои бо рохи чиноят бадастовардаашро супорида ( м. 262 КЧ ЧТ);

- хангоми тафтиши пешакй ва ё баррасии судии парвандаи чиноятй шахс маблаги пардохтхои гумрукй, андозхо ва (ё) пардбхтхоро бо чарима ва фоизхояш пурра супорад ( м. 292 КЧ ЧТ);

- ихтиёрй ва бо сари вакт огохонидани макомоти хокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ( м. 305 КЧ ЧТ);

- ихтиёран аз иштирок дар иттиходи экстремиста даст мекашад ( м. 307(2) КЧ ЧТ);

- ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятй ё динй ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз чониби суд карори эътибори конунй пайдо карда, дар бораи бархам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремиста кабул шудааст, даст мекашад ( м. 307(3) КЧ ЧТ);

- аз чониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричй ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалй тамаъчуии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба макоме, ки ба огози парвандаи чиноятй хукук дорад хабар дихад ( м. 320 КЧ ЧТ);

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

- даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгох хозир шавад ( м. 343 КЧ ЧТ);

- дар чараёни тахкики ибтидой, тафтиши пешакй ё мурофиаи судй то баровардани хукм ё халномаи суд дар хусуси бардуруг будани баёнот, хулосахо ё дидаю дониста нодуруст тарчума карданашон ихтиёрй арз намоянд( м. 351 КЧ ЧТ);

- дар мухлати се руз ихтиёрй ба чойхои махрум сохтан аз озодй ё ба хабси пешакй бармегардад ( м. 365 КЧ ЧТ);

Шинос шудан бо номгуйи шаклхои дар боло зикргардидаи пушаймонй аз кирдор, ки дар конуни чиноятй инъикос ёфтаанд, хатто бидуни ифшои мазмуни онхо, имкон медихад, ки як катор хулосахо кайд намоем.

Институти пушаймонй аз кирдорро дар робита бо намудхои нави озод кардан аз чавобгарии чиноятие, ки дар моддахои К^исми махсуси КЧ ЧТ дарч гардидаанд, бояд тахким дода шавад. Масалан, максади конунгузор оиди озод накардан аз чавобгарии чиноятй барои тамоми чиноятхои бар зидди озодй равонашуда пурра равшан нест. Дар сохаи муносибатхое, ки химояи озодии инсонро ба танзим медароранд (боби 17 КЧ ЧТ), озод кардан аз чавобгарии чиноятй барои чунин чиноятхои вазнин, ба монанди одамрабой (м. 130 КЧ ЧТ) ва савдои одамон (м. 130(1) КЧ ЧТ). Аммо конунгузор имконияти озод кардан аз чавобгарии чиноятй барои гайриконунй махрум кардан аз озодиро пешбинй

накардааст (м. 130 КЧ ЧТ) [1, с. 328].

Аввалан, ёдовари оид ба зухуроти чудогонаи пушаймонй аз кирдори рафтори шахс пас аз содир кардани чиноят дар КЧ ЧТва дар танзими институтхое мавчуд аст, ки бевосита ба пушаймонй аз кирдор алокаманд нестанд: дар доираи чахорчуби принсипхои умумии таъини чазо (б. "и", "к" к.1 м. 61 КЧ ЧТ, хангоми таъин кардани чазои сабуктар нисбат ба ин чиноят (м. 63 КЧ ЧТ).

Дуюм, руйхати шаклхои пушаймонй аз кирдор кушода мебошад [2, с. 227]. Инро на танхо дар гуногуншаклии тавсифи асосхои фарорасии окибатхои хукукй-чиноятии пушаймонй аз кирдор, ки хамрох кардани онхо дар баъзе мавридхо бо ибораи «ба тарики дигар» тасдик мегардад, балки инчунин, аз тарафи конунгузор руйхати холатхои пушаймонй аз кирдор, аз чумла, шаклхои маъмултарини пушаймонй аз кирдор (холатхое, ки дар к. 1 м. 72 КЧ ЧТ нишон дода шудаанд) кушода мебошад.

Тахлили КЧ ЧТ аз чихати танзими ихтиёран омада, ба гунохи икрор шудан аз он бармеояд, ки хам конун ва хам дар амалияи татбики он ба ихтиёран омадан -пушаймонй аз кирдор афзалият додаанд ва дар ибораи «ихтиёран омада, ба гунохи икрор шудан» банди охирин чизе беш аз арчгузорй анъана нест, дар холе ки конунгузории мурофиавии чиноятй ибораи шабехи пушаймон шудан -эътирофи гунох нигох дошта шудааст (м. 29 Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон).

Адабиёти истифодашуда

1. Давлатов, Ш.Д. Баъзе масъалахои танзими хукукии намудхои махсуси озод кардан аз чавобгарии чиноятй / Ш.Д. Давлатов // Паёми Донишгохи давлатии тичорати Точикистон. - 2021. - № 2(36). - С. 325-330.

2. Комментарий к Уголовному кодексу Российской Федерации (постатейный) / под ред. А.И.Чучаева. - М.: Контракт, 2013. - 672 с.

3. Комментарий к Уголовному кодексу Российской Федерации: научно-практический (постатейный) / под ред. С.В. Дьякова, Н.Г. Кадникова. - М.: Юриспруденция, 2013. - 1035 с.

4. Кругликов, Л.Л. Предотвращение виновным вредных последствий совершенного преступления / Л.Л. Кругликов // Советская юстиция. - 1979. - № 20. - С. 7-9.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

5. Лустова, О.С. Деятельное раскаяние, эффективность применения поощрительных норм о деятельном раскаянии: автореф. дис... канд. юрид. наук: 12.00.08 / Ольга Сергеевна Лустова. -СПб., 2004. - 21 с.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

6. Сабанин, С.Н. Справедливость освобождения от уголовного наказания. - Екатеринбург: Уральская юридическая академия, 1993. - 170 с.

7. Сабитов, Р.А. Теория уголовно-правового регулирования поведения лица после совершения им преступления и вынесения ему приговора: монография / Р.А. Сабитов. - М.: Юрлитин-форм, 2013. - 368 c.

8. Сверчков, В.В. Освобождение от уголовной ответственности, прекращение уголовного дела (преследования), отказ в его возбуждении: проблемы теории и практики. - СПб., 2008. - 586 с.

9. Уголовное право России. Части Общая и Особенная: учебник для бакалавров / Отв.ред. А.И.Рарог. - М., 2013. - 625 с.

10. Уголовное право России: Общая часть: учебник / под ред. Н.М. Кропачева, Б.В. Волжен-кина, В.В. Орехова. - СПб., 2006. - 1061 с.

References

1. Davlatov, Sh.D. Some issues of legal regulation of special types of exemption from criminal liability / Sh.D. Davlatov // Message of the State University of Commerce of Tajikistan. - 2021. - No. 2(36). - Рр. 325-330.

2. Commentary on the Criminal Code of the Russian Federation (article-by-article) / ed. A.I. Chuchaeva. -M.: Contract, 2013. - 672 p.

3. Commentary on the Criminal Code of the Russian Federation: Scientific and practical (article-by-article) / ed. S.V. Dyakova, N.G. Kadnikova. - M.: Jurisprudence, 2013. - 1035 p.

4. Kruglikov, L.L. Preventing the guilty of harmful consequences of the crime committed / L.L. Kruglikov // Soviet justice. - 1979. - No. 20. - Рр. 7-9.

5. Lustova, O.S. Active repentance, the effectiveness of the application of incentive norms for active repentance: abstract. dis... cand. legal Sciences: 12.00.08 / Olga Sergeevna Lustova. - St. Petersburg, 2004. - 21 p.

6. Sabanin, S.N. Fairness of exemption from criminal punishment. Ekaterinburg: Ural Law Academy, 1993. - 170 p.

7. Sabitov, R.A. The theory of criminal legal regulation of a person's behavior after he has committed a crime and has been sentenced: monograph / R.A. Sabitov. - M.: Yurlitinform, 2013. - 368 p.

8. Sverchkov, V.V. Exemption from criminal liability, termination of a criminal case (prosecution), refusal to initiate it: problems of theory and practice. - St. Petersburg, 2008. - 586 p.

9. Criminal law of Russia. Parts General and Special: textbook for bachelors / Responsible editor. A.I. Rarog. - M., 2013. - 625 p.

10. Criminal law of Russia: General part: textbook / ed. N.M. Kropacheva, B.V. Volzhenkina, V.V. Orekhova. - St. Petersburg, 2006. - 1061 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.