Научная статья на тему 'АНДЕШАЊО ОИД БА РЎЁНИДАНИ ТОВОНИ ЗАРАР ЊАНГОМИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАЊОИ ЉИНОЯТЇ'

АНДЕШАЊО ОИД БА РЎЁНИДАНИ ТОВОНИ ЗАРАР ЊАНГОМИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАЊОИ ЉИНОЯТЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
зарар / њуќуќ / љабрдида / њаёт / саломатї / даъвои гражданї / љиноят / кафолат / парвандаи љиноятї / ќонунгузории мурофиавї. / ущерб / право / потерпевший / жизнь / здоровье / гражданский иск / преступление / гарантия / уголовное дело / процессуальное законодательство.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Авезова З.Б.

Дар маќола масъалањои муњимми соњаи мурофиаи љиноятї барќарор кардани њуќуќи нафароне мебошад, ки аз амал ва санадњои ѓайриќонунии шахсони мансабдор њангоми пешбурди парвандањои љиноятї зарар дидаанд, мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Муаллиф ба хулоса омадааст, ки бо маќсади таъмини њифзи њуќуќњои ин категорияи нафарон як ќатор кафолатњои њуќуќиро пешбинї менамояд, ки бо тартиби ќоидањои муайян кардаи ќонуни мурофиавї таъмин карда шаванд. Ќайд мешавад, ки бањри таъмини њуќуќу манфиатњои нафарони мазкур, ќонунњо дар Љумњурии Тољикистон бо назардошти манфиатњои умумиљамъиятї, принсипњои инсондўстї ва адолатпарварї, њамчун заминаи асосии пешравии љомеа, ризоияти умум ва субботу оромї такмил дода шуда, амалї гарданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THOUGHTS ABOUT CALCULATING DAMAGE DURING PRODUCTION ON CRIMINAL CASES

В статье рассматриваются важные вопросы уголовного судебного процесса восстановление прав лиц, которым был нанесен ущерб незаконными актами либо действиями должностных лиц при производстве уголовных дел. Автор пришел к выводу, что для обеспечения защиты прав такой категории лиц, должен быть предусмотрен ряд правовых гарантий в соответствии с нормами, определенными процессуальным законом. Отмечается, что в целях обеспечения прав и интересов этих лиц, соответствующие законы Республики Таджикистан должны учитывать интересы общества, принципы гуманности и справедливости как главной составляющей прогресса, всеобщего согласия и стабильности.

Текст научной работы на тему «АНДЕШАЊО ОИД БА РЎЁНИДАНИ ТОВОНИ ЗАРАР ЊАНГОМИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАЊОИ ЉИНОЯТЇ»

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 3 (59)- 2023 Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

^ДиНБАРИ ОЛИМОНИ ЧАКОН

Трибуна молодых ученых Tribune Of Young Scientists

УДК 343.14

АНДЕШАХР ОИД БА РУЁНИДАНИ ТОВОНИ ЗАРАР ^АНГОМИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДА^ОИ ЧИНОЯТИ

МЫСЛИ ОБ ИСЧИСЛЕНИИ УЩЕРБА ПРИ ПРОИЗВОДСТВЕ ПО УГОЛОВНЫМ ДЕЛАМ

THOUGHTS ABOUT CALCULATING DAMAGE DURING PRODUCTION

ON CRIMINAL CASES

Авезова З.Б.

Avezova Z.B.

Омузгори калони кафедраи %уцуци судй ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии уукук, бизнес

ва сиёсати Тоцикистон Старший преподаватель кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики Senior Lecturer, Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision, State University of Law, Business and

Politics of Tajikistan

Ихтисоси илмй: 12.00.09 - Дукуки мурофиаи чиноятй (5.1.4. Илмхои хукукй-чиноятй).

Научная специальность: 12.00.09 - Уголовно-процессуальное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.09 - Criminal procedure law (5.1.4. Criminal law sciences).

Такриздщанда: Радматуллоев А.Э. - профессори кафедраи хукуки судй ва назорати прокурории Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй (рохбари илмй).

Рецензент: Рахматуллоев А.Э. - профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, кандидат юридических наук (научный руководитель).

Reviewer: Rahmatuloev A.E. - Professor of the Department of Judicial Law and Prosecutor's Supervision of the Tajik State University of Law, Business and Politics, Candidate of Legal Sciences (scientific supervisor).

Аннотатсия: Дар макола масъалахои мухимми сохаи мурофиаи чиноятй - баркарор кардани хукуки нафароне мебошад, ки аз амал ва санадхои гайриконунии шахсони мансабдор хангоми пешбурди парвандахои чиноятй зарар дидаанд, мавриди баррасй карор дода шудааст. Муаллиф ба хулоса омадааст, ки бо максади таъмини хифзи хукукхои ин категорияи нафарон як катор кафолатхои хукукиро пешбинй менамояд, ки бо тартиби коидахои муайян кардаи конуни мурофиавй таъмин карда шаванд. Кдйд мешавад, ки бахри таъмини хукуку манфиатхои нафарони мазкур, конунхо дар Чумхурии Точикистон бо

e-mail:

avezova-79@mail.ru

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

назардошти манфиатхои умумичамъиятй, принсипхои инсондустй ва адолатпарварй, хамчун заминаи асосии пешравии чомеа, ризоияти умум ва субботу оромй такмил дода шуда, амалй гарданд.

Вожауои калиди: зарар, хукук, чабрдида, хаёт, саломатй, даъвои гражданй, чиноят, кафолат, парвандаи чиноятй, конунгузории мурофиавй.

Аннотация: В статье рассматриваются важные вопросы уголовного судебного процесса - восстановление прав лиц, которым был нанесен ущерб незаконными актами либо действиями должностных лиц при производстве уголовных дел. Автор пришел к выводу, что для обеспечения защиты прав такой категории лиц, должен быть предусмотрен ряд правовых гарантий в соответствии с нормами, определенными процессуальным законом. Отмечается, что в целях обеспечения прав и интересов этих лиц, соответствующие законы Республики Таджикистан должны учитывать интересы общества, принципы гуманности и справедливости как главной составляющей прогресса, всеобщего согласия и стабильности.

Ключевые слова: ущерб, право, потерпевший, жизнь, здоровье, гражданский иск, преступление, гарантия, уголовное дело, процессуальное законодательство.

Annotation: The article discusses important issues of criminal proceedings - restoration of the rights of persons who have been damaged by illegal acts or actions of officials in the conduct of criminal cases. The author came to the conclusion that in order to ensure the protection of the rights of this category of persons, a number of legal guarantees must be provided in accordance with the norms defined by procedural legislation. It is noted that in order to ensure the rights and interests of these persons, the relevant laws of the Republic of Tajikistan should take into account the interests of society, the principles of humanity and justice as the main component of progress, universal harmony and stability.

Key words: damage, rights, victim, life, health, civil claim, crime, guarantee, criminal case, procedural legislation.

пешбинй шудаанд, аз тарафи макомоти салохиятдор таъмини амалишавии онхо бояд риоя ва ичро шаванд.

Агар хифз ва амалй шудани хукуку озодихои инсон ва шахрванд, дар Конститутсия, конунхо, санадхои дигари меъёрии хукукй пешбинй ва ифода наёфта бошанд, онхо мазмун ва мохияти худро гум мекунанд. Меъёрхое, ки дар Конститутсия оид ба хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд инъикос ёфта кафолат дода шудаанд, инкишофи худро дар конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукие, ки макомоти давлатй кабул карда, тартиби ичрои дакики онхо муайян карда мешаванд.

Бояд кайд кард, ки ин коидахо ба таври мушаххас дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дар конунхои мурофиаи чиноятй ва гражданй мукаррар шудаанд.

Яке аз масъалахои мухимми ин соха - баркарор кардани хукуки нафароне мебошад, ки аз амал ва санадхои гайриконунии шахсони мансабдор хангоми пешбурди парвандахои чиноятй

Х,ифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар маркази сиёсати хукукии давлат карор дорад, ки бахри амалй гаштани он Чумхурии Точикистон пайваста чорахои амалй меандешад. Чумхурии Точикистон чун иштирокчии Паймони байналмилалй оид ба хукуки шахрвандй ва сиёсй ухдадор аст, ки хукуки тамоми шахсони дар худуди он сукунат доштаро катъи назар аз нажод, рангу пуст, чинс, забон, дин, эътикоди сиёсй ё акидаи дигар, асли миллй ё ичтимой, вазъи молу мулкй, таваллуд ё холати дигар эхтиром ва таъмин намояд, инчунин ба хар шахс воситаи пурсамари хифзи хукук ва озодихоро таъмин намояд, таъмини хакки хифзи хукук барои хар шахс, ки ба он эхтиёч дорад тавассути хокимияти салохиятдори судй, ичроия, конунгузор ё тавассути дигар макомоти салохиятдоре, ки дар низоми хукукии давлат пешбинй шудааст, сурат гирад ва он бояд имконияти химояи судиро инкишоф дихад. Хднгоме, ки воситахои хифзи хукук

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

зарар дидаанд. Ин коидахо заминахои таърихй дошта бо мурури замон пайваста такмил ёфтаанд.

Аввалин маротиба меъёрхое, ки барои чалб намудани шахсони мансабдор ба чавобгарии молу мулкй ва чуброни зарар, ки дар натичаи амали гайриконунии онхо ба шахс мерасад дар Низомномаи истехсолоти судии чиноятии Россия аз 20 ноябри соли 1864 пешбинй карда шуда буд [1, с. 339].

Ин коидахо ба ташаккулёбй ва инкишофи меъёрхои конунгузории чории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон конунгузории мурофиавии чиноятии то инкилобии Россия, ИЧШС таъсири чиддй расонидааст, ки сарчашмаи аввалини принсипи расмии давлатй дар мурофиаи чиноятй мебошад [9, с. 23]. Муддати зиёд дар илми хукукшиносии Россия як фахмиш (акида) яъне, "барои амали гайриконунии макомоти давлатй ва шахсони мансабдор давлат набояд масъулият дошта бошад" аз чумла, дар самти мурофиаи судии чиноятй, хукмронй мекард [2, с. 102].

Аммо бо кабул шудани КМЧ РСФСР соли 1922 ва КМЧ РСФСР соли 1923 ин институт махдуд карда шуда, баъдтар бо санадхои идоравй кисман чуброн кардани маоши аз даст дода, баргардонидани молу мулки

мусодирашуда, лекин факат бо тартиби мукаррарнамудаи истехсолоти судии гражданй ичро мешуданд.

Дар КМЧ РСС Точикистон соли 1961 масъалаи тартиби руёнидани товони зарар хангоми пешбурди парвандахои чиноятй, шахсони мансабдор ба чавобгарии молу мулкй ва чуброни зарар, ки дар натичаи амали гайриконунии онхо ба шахс мерасад ба танзим дароварда нашуда буд ва факат соли 1983 дар КМЧ РСС Точикистон моддаи 59 иловаи 1 ворид карда шуд, ки ухдадории макомоти тахкик, тафтиш, прокурор ва суд доир ба андешидани чорахо барои талофй кардани зарар, ки дар натичаи амали гайриконунй ба шахс расидааст пешбинй карда шуд.

Имрузхо мутобики м. 2 Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии

Точикистон (минбаъд - КМЧ ЧТ) химояи манфиати чамъият, давлат ва ташкилотхо, ки аз чиноят зарар дидаанд яке аз вазифахои макомоти ваколатдори давлатй оид ба пешбурди парвандахои чиноятй мебошад [3]. Тибки конун ба шахс дар натичаи содир шудани чиноят зарари чисмонй, моддй, маънавй инчунин хукуку манфиатхои дигар шахсон дар зери тахдиди бевосита ё суикасди чиноят карор доштанаш мумкин аст.

Бартарии конунгузории мурофиавии чиноятй аз КМЧ РСС Точикистон (с. 1961) дар он аст, ки акнун тибки Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон дар сурати мавчуд будани асосхо ва шартхо шахс хукук дорад, дар давоми шаш мох аз лахзаи гирифтани нусхаи хуччатхо, яъне нусхаи хукми сафедкунанда ё таъиноти (карори) катъ намудани парвандаи чиноятй, бекор кардан ё тагйир додани дигар карорхои гайриконунй ба шахси манфиатдор супорида ё тавассути почта фиристода мешаванд. Инчунин бо ин ба у хабарнома бо фахмонидани тартиби руёнидани товони зарари молумулкй ва баркарор намудани хукуки дигари у ирсол карда мешавад.

Бо хабарнома оид ба тартиби руёнидани товони зарар, ба макомоте, ки хукми сафедкунанда, оид ба катъи парванда, бекор кардан ё тагйир додани карорхои дигари гайриконунй таъинот (карор) баровардааст, бо талабномаи руёнидани зарари молумулкй мурочиат намудан мумкин аст. Агар аз тарафи суди болой парванда катъ карда ё хукм тагйир дода шуда бошад, аризаи руёнидани товони зарар ба суде, ки хукм баровардааст, ирсол карда мешавад.

Инчунин дар к. 1 м. 464 КМЧ ЧТ хангоми мавчуд будани асосхо ва шартхо бо талабнома руёнидани зарари молумулкй мурочиат намояд, пешбинй шудааст. Агар аз тарафи суди болой парванда катъ карда ё хукм тагйир дода шавад, аризаи руёнидани товони зарар ба суде, ки хукм баровардааст, ирсол карда мешавад. Дар ин модда хам бо талабнома ва хам аризаи руёнидани товони зарар пешбинй шудааст. «Талабнома" бештар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

хусусияти маъмурй ва расмиро ифода мекунад. Талаб кардани маълумот ё мавод ба салохияти макомоти пешбурди парвандахои чиноятй дохил мешавад (м. 86 КМЧ ЧТ). Хуб мешуд, ки дар матни ин меъёр ба чойи истилохи "талабнома" истилохи " ариза оид ба руёнидани товони зарар" пешбинй карда шавад.

Инчунин, мувофики максад мешавад агар сафедшуда низ дар низоми иштирокчиёни мурофиаи судии чиноятй холати хукукии худро пайдо мекард, чунки барои баркарор кардани хукукхои поймолшуда истифода мебурд. Чунки дар К. 7 м. 47 КМЧ ЧТ махкумшуда аз хукукхои дар моддахои 403 ва 410 КМЧ ЧТ пешбинишуда метавонад истифода намояд.

Тибки ин коидахо сафедшуда хукук дорад ба:

- руёнидани товони зарари молумулкй (маош, нафака, кумакпулй ва маблагхои дигаре, ки аз онхо дар натичаи амалхои гайриконунй, мусодираи гайриконунии молу мулк ё дар асоси хукмхо ё карорхои суд ба фоидаи давлат дохил кардани молу мулк махрум гаштааст, чаримахо ва харочоти мурофиавие, ки барои ичрои хукми гайриконунии суд ситонида шудаанд, маблаге, ки барои расонидани кумаки хукукй пардохта шудаанд ва харочотхои дигар);

- бархам додани окибатхои зарари маънавй;

- баркарор намудани хукукхои мехнатй, нафакавй, манзилй ва гайрахо.

Товони зарар бояд дар баргирандаи хам зарари молу мулкй, маънавй ва дигар хукуку манфиатхои шахсро дошта бошад. Хукуки руёнидани товони зарар «шахси аз хатогихои судй зарардида» дар Паймони байналмилалй оид ба хукукхои шахрвандй ва сиёсй [6]*, инчунин Конвенсияи зидди шиканча ва дигар намудхои муносибат ва чазои берахмона, гайриинсонй ё тахриркунандаи шаъну шараф [7] ва г. пешбинй мекунанд.

* Паймон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 13-уми ноябри с. 1998 тасдик шудааст.

Мувофики м. 340 КМЧ ЧТ хукми сафедкунанда дар сурате бароварда мешавад, ки:

- ходисаи чиноят вучуд надошта бошад;

- дар кирдори судшаванда таркиби чиноят мавчуд набошад;

- иштироки судшаванда дар содир кардани чиноят исбот нашуда бошад.

Сафедкунй вобаста ба хар яке аз асосхои номбаршуда маънои эътирофи бе-гунохии судшавандаро дошта, окибат хукуки баркарор кардани зарарро ба вучуд меорад.

Агар хангоми баровардани хукми сафедкунанда бинобар исбот нашудани иштироки судшаванда дар содир наму-дани чиноят ва шахсе, ки ин чиноятро со-дир кардааст, муайян нашуда бошад, суд баробари эътибори конунй пайдо кардани хукм парвандаро ба прокурор барои анде-шидани чора чихати муайян кардани шахсе, ки ба сифати айбдоршаванда бояд чалб гардад, ирсол мекунад [3].

Тибки вазифахои мурофиаи чиноя-тии Чумхурии Точикистон дар мархилахои судй пешбурди парвандахои чиноятй КМЧ ЧТ халли одилонаи масъалахои баррасишаванда дар суд ва риоя намудани меъёрхои мурофиавй хан-гоми татбики конуни чиноятй мебошад.

Асоси сафедкунии шахс аз як чихат катъ кардани хукми гайриконунй беасос ва аз тарафи дуюм бартараф кардани окибати зарари расонидашуда мебошад [10, с. 237]. Мо комилан бо ин фикр розй хастем, чунки, дар натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти анчомдихандаи пешбурди тосудй мумкин аст зарари чисмонй, молу мулкй, моддй ва маънавй расонида шавад. Лекин, дар конун дар натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти анчомдихандаи пешбури тосудй, ки ба шахс расидааст муайян кардани зарари чисмонй пешбинй нашудааст. Барои муайян кардани хачм ва андозаи зарари чисмонй санади сохавии махсус ё меъёре, ки коидахои умумиро муайян кунад вучуд надоранд.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

Мутобики КМЧ ЧТ товони зараре, ки ба шахс дар натичаи гайриконунй дастгир кардан, дар хабс ва хабси хонагй нигох доштан, муваккатан аз вазифа дур кардан, дар муассисаи тиббй чойгир кардан, махкум кардан, татбик намудани чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббй расонида шудааст, аз тарафи давлат новобаста аз гунохи тахкикбаранда, макомоти тахкик, муфаттиш, прокурор ва суд пурра руёнида мешаванд.

Дар м. 461 КМЧ ЧТ кадом намуди зарар, ки дар натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти таъкиби чиноятй расидаааст пурра пешбинй карда шавад, ки зарари чисмонй, молу мулкй ва маънавиро бояд дар бар гирад.

Тахти мафхуми зарари маънавй, азоби рухй ва харобшавии рухй, ки шаъну шарафи шахсро паст мекунанд, лекин зарари гайримоддй, зарари маънавии рухии манфиро ба иштирокчии мурофиаи чиноятй бокй мегузорад. Тахти мафхуми зарарй чисмонй бояд хар гуна зарари манфй, ки ба саломатй ва хаёти инсон расидааст ва боиси окибати нохуш ба саломатй гаштааст фахмида шавад [5, с. 102]. Зарари чисмонй - яъне вайрон шудани низоми муътадил ва таббии функсияхои анатомии аъзои бадани инсон, ки боиси азобу дарди чисмонй гаштааст ва шахс аз кобилияти чисмонй (корй) пурра ё кисман махрум шудааст [8].

Тахти мафхуми зарари молу мулкй хама гуна окибати нохуш яъне, аз даст додан ё хароб гаштани молу мулк ё ин ки боиси паст рафтани сифату коршоямии молу мулк мегардад, фахмида мешавад.

Хангоми осеб расонидан ба шахрванд ё дигар зарар ба саломатии у бояд музди мехнате (даромад), ки у дошт ё баръало гирифта метавонист, инчунин харочоти вобаста ба осеб дидани саломати (барои муолича, хуроки иловагй, истеъмолй, протезкунонй, нигохубини шахси дигар, муоличаи санитарию курортй, ба даст овардани воситахои махсуси наклиёт, омодагй ба омухтани касби нав ва гайра), агар эътироф гардида бошад, ки чабрдида ба чунин навъи кумак ва нигохубин мухточ

аст ва барои гирифтани кумаки ройгон хукук надорад, чуброн карда шаванд.

Бинобар ин, барои руёнидани товони зараре, ки дар натичаи натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти таъкиби чиноятй расидаааст гузаронидани экспертиза барои муайян кардани намуд, хачм ва андозаи зарари расонидашуда хатмй мебошад. Аз ин ру, тагйироти зерин ба к. 2 м. 464 КМЧ ЧТ ворид карда шаванд: "Судя, прокурор, муфаттиш, макомоти тахкик на дертар аз як мохи баъд аз рузи ворид гардидани ариза андозаи зарарро муайян мекунанд ва дар холатхои зарурй аз макомоти молия ва таъминоти ичтимой хисобу китоб ва зарурати гузаронидани экспертизаро дархост карда, дар бораи анчом додани пардохтхо доир ба руёнидани товони зарар карор мебароранд" [3].

Сабаби дар парвандаи чиноятй баррасй шудани аризаи руёнидани товони зарар дар он аст, ки аник муайян кардани хачми зарар натанхо ахаммияти хукукй-гражданй, балки хукукй-чиноятй низ дорад.

Вобаста аз кирдор ва окибати дар натичаи зараре, ки ба шахс дар натичаи гайриконунй дастгир кардан, муваккатан аз вазифа дур кардан, дар хабс ва хабси хонагй нигох доштан, дар муассисаи тиббй чойгир кардан, махкум кардан, татбик намудани чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббй расонида шудааст ба тахкикбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд чавобгарии чиноятй ва чавогарии гражданй пешбинй шуданаш мумкин аст. Чавобгарии чиноятй тибки Кодекси чинояти Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ ЧТ) бинобар дидаю дониста ба чавобгарии чиноятй кашидани шахси бегунох м. 348 КЧ ЧТ дидаю дониста шахси бегунохро ба сифати айбдоршаванда ба чавобгарии чиноятй кашидан аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё прокурор, м. 349 КЧ ЧТ дидаю дониста аз тарафи судя (судяхо) гайриконунй баровардани хукм, халнома ё дигар санадхои судй, м. 354 КЧ ЧТ аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё суд мачбур сохтан ба додани нишондод. Яъне бо рохи тахдид, иръоб ё кирдорхои

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

дигари гайриконунй гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, чабрдида ё шохидро мачбур намудан ба додани нишондод, инчунин коршиносро барои пешниходи хулоса мачбур кардан аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё суд, м. 358 КЧ ЧТ гайриконунй дасггир ё хабс намудан, м. 359 КЧ ЧТ сохтакории далелхо яъне, сохтакории далелхои парвандаи гражданй аз чониби шахси дар парванда иштирокдошта ё намояндаи у, пешбинй шудааст боиси ба чавобгарии чиноятй кашидани суд ва макомоти таъкиби чиноятй мегарданд [4].

Аризаи шахс дар натичаи натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти анчомдихандаи пешбури тосудй дар мурофиаи чиноятй - ин арз дар хусуси баркарор намудани зарари дар натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти анчомдихандаи пешбури тосудй расида мебошад, ки хангоми дар сурати озод намудани дастгиршуда ё хабсшуда бо сабаби тасдик нагардидани гумон дар содир кардани чиноят, катъ намудани парвандаи чиноятй, хангоми мавчуд набудани ходисаи чиноят, хангоми дар кирдори содиршуда мавчуд набудани аломатхои таркиби чиноят ва хангоми исбот нашудани иштироки гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани чиноят, ба шарте, ки тамоми имкониятхо барои чамъоварии далелхои иловагй истифода шуда бошанд, баровардани хукми сафедкунанда, тагйир ёфтани бандубасти кирдор дар асоси он моддаи конун, ки чинояти нисбатан сабуктарро бо таъини чазои нисбатан сабуктар мувофики ин модда ё аз хукм хорич кардани кисми айбдоркунй ва бо ин сабаб сабук кардани чазоро пешбинй менамояд, бекор карда шудани карори гайриконунии суд доир ба татбики чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббй арз гардида, аз чониби суд бо тартиби мукаррарнамудаи м. 401 КМЧ ЧТ баррасй ва хал карда мешаванд.

Дар КМЧ ЧТ имконияти пешниходи талабот дар бораи баркарор кардани зарари чисмонй, ки дар натичаи амали гайриконунии суд ва макомоти анчомдихандаи пешбури тосудй дар

мурофиаи чиноятй бевосита пешбинй нагардидааст. Хдмзамон, чи хеле ки аз тахлили конунгузории гражданй бармеояд, зарари дар натичаи вайрон кардани хукукхои шахсии

гайримолумулкии шахрвандон (шаъну шараф, номи нек, озодй, дахлнопазирй, сирри хаёти шахсй ва гайра) бавучудомада бояд баркарор карда шавад.

Мувофики м.м. 1115, 1116 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, зарари маънавй дар сурати мавчуд будани гунохи зараррасон аз чониби зараррасон дар шакли пулй чуброн карда мешавад. Андозаи чуброни зарари маънавй вобаста ба хусусияти ба чабрдида расонидани ранчу азоби маънавй ва чисмонй, инчунин, дарачаи гунохи зараррасон дар холатхое, ки агар гунох асоси чуброн бошад, аз чониби суд муайян карда мешавад. Аз ин нуктаи назар, даъвои гражданй дар парвандаи чиноятй дар хусуси баркарор кардани на танхо зарари моддй, инчунин, маънавй низ пешниход шуда метавонад [5].

Даъвохои дорои хислати гайримолумулкй, масалан, дар бораи аз хукуки падару модарй махрум кардани айбдоршаванда; рад кардани маълумоти бадномкунанда; химояи шаъну шараф ва гайра, харчанд онхо бо содир кардани чиноят алокаманданд, якчоя бо парвандаи чиноятй арз карда ва баррасй шуда наметавонанд. Чунин даъвохо ба тартиби мурофиаи судии гражданй баррасй карда мешаванд.

Тибки конун, дар пешбурди парвандахо оид ба чиноятхое, ки окибати онхо боиси марги чабрдида гардидааст, хукукхои уро хешовандони наздикаш амалй мекунанд. Ин коидахо хангоми пешбурди парвандахои чиноятй нисбати шахсоне, ки бо амал ё санадхои макомоти пешбурди парвандаи чиноятй боиси вайрон кардани хукукхои шахсии гайримолумулкии шахрвандон (шаъну шараф, номи нек, озодй, дахлнопазирй, сирри хаёти шахсй ва гайра) онхо гашта зарар дидаанд ё бинобар татбик гардидани зуроварй, тахдид ва дигар чорахои гайриконунй зарар расидааст, бояд цорй карда шавад.

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 3 (59)- 2023 Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

Бо максади сари вакт таъмини хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар к. 1 м. 464 КМЧ ЧТ тагйироти зерин "химоятгар ва намояндаи конунй" илова карда шавад. Чунки конунгузор мувофики м. 53 КМЧ ЧТ конунгузор химоятгарро вазифадор мекунад, ки хамаи восита ва усулхои дар конун ва КМЧ ЧТ манънашударо истифода барад ва ба иштирокчиёни мурофиа дар хама мархилахои он ёрии хукукии зарурй расонад.

Яъне, шахс, химоятгар ва намояндаи конунии у хукук доранд, дар давоми шаш мох аз лахзаи гирифтани нусхаи хуччатхои бо хабарномаи тартиби руёнидани товони зарар ба макомоте, ки хукми сафедкунанда, оид ба катъи парванда, бекор кардан ё тагйир додани карорхои дигари гайриконунй таъинот

(карор) баровардааст, бо аризаи руёнидани зарари молумулкй мурочиат намоянд.

Хамин тарик, давлат ба тамоми шахрвандон дастрас будани хифзи судй, химояи давлатй, адолати судй ва чуброни зарари расонидашударо кафолат медихад. Ин кафолати конститутсионй бояд нисбати шахсони гайриконунй дастгиршуда ё хабсшуда, айбдоршуда, муваккатан аз вазифа дур карда шуда, дар муассисаи тиббй чойгир карда шуда, махкум карда шуда, сафедшуда ва шахсоне, ки уангоми пешбурди парвандахои чиноятй бинобар татбик гардидани зуроварй, тахдид ва дигар чорахои гайриконунй зарар расида, бояд таъмин карда шавад.

Адабиёти истифодашуда

1. Радченко, В.И. Уголовный процесс: учебник для вузов / В.И. Радченко. - М.: Юстицинформ, 2006. - 783 с.

2. Кирилов, А.С. Возмещение вреда, причиненного незаконными действиями органов, осуществляющих уголовное судопроизводство в Российской Федерации: дис... канд. юрид. наук: 12.00.09 / Андрей Сергеевич Кирилов. - М., 2019. - 194 с.

3. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 3-юми декабри с. 2009, N° 564 (бо тагйиру иловахои то соли аз 19. 07. 2022 с., № 1900) // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://mmk.tj/content (санаи мурочиат: 10.02. 2023.).

4. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз 21 -уми майи с. 1998, № 574 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1998, № 9, мод.68, мод.69, № 22, мод.306; аз 17.12.2020 № 1730, аз 20.04.2021 № 176, аз 23.12.2021 № 1809, аз 19.07.2022 № 1895, аз 19.07.2022 № 1896.

5. Кодекси граждании Чумхурии Точикистон. ^исми II, аз 11-уми декабри с. 1999, № 884 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1999, № 12, мод. 323; с. 2002, № 4, к. 1, мод. 170; с. 2006, № 4, мод. 194; с. 2009, № 12, мод. 821; с. 2010, №7, мод. 540; КДТ аз 03.07.2012 с., № 849; аз 22.07.2013 с. № 977; аз 02.01.2019 с., № 1558.

6. Паймони байналмилалй оид ба хукукхои шахрвандй ва сиёсй, ки бо катъномаи 2200 А Ассамблеяи генералии СММ аз 16-уми декабри с. 1966 кабул шудааст // Мачмуаи санадхои асосии байналмилалй ва миллй оид ба хукуки инсон / З. Ализода, Б. Сафаров, Ч. Саъдизода [ва диг.]. -Душанбе: Контраст, 2018. - 406 с.

7. Конвенсияи зидди шиканча ва дигар намудхои муносибат ва чазои берахмона, гайриинсонй ё тахриркунандаи шаъну шараф, бо катъномаи 39/46 Ассамблеяи генералии СММ аз 10-уми декабри с. 1984 кабул шуда, 26-уми июни с. 1987 эътибор пайдо кардааст // Мачмуаи санадхои асосии байналмилалй ва миллй оид ба хукуки инсон / З. Ализода, Б. Сафаров, Ч. Саъдизода [ва диг.]. - Душанбе: Контраст, 2018. - 406 с.

8. ^оидахои ташхиси судию-тибии муайянсозии дарачаи вазнинии зарари чисмонй // Бо фармони Вазири тандурустии Чумхурии Точикистон аз 12 июли соли 1999, № 276 тасдик шудааст.

9. Рахматулоев, А.Э. Мурофиаи чиноятй: китоби дарсй // А.Э. Рахматуллоев. - Хучанд: Хуросон, 2016. - 628 с.

10. Уголовный процесс: учебник для студентов вузов, обучающихся по специальности «Юриспруденция» / Под ред. В.П. Божьева. 3-е изд., испр. и доп. - М.: Юрайт, 2011. - 541 с.

Осори Академияи ВКД Чумдурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

References

1. Radchenko, V.I. Criminal procedure: textbook for universities / V.I. Radchenko. - M.: Justitsinform, 2006. - 783 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Kirilov, A.S. Compensation for harm caused by illegal actions of bodies carrying out criminal proceedings in the Russian Federation: dis... cand. legal Sciences: 12.00.09 / Andrey Sergeevich Kirilov. -M., 2019. - 194 p.

3. The Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan dated December 3. 2009, No. 564 (with amendments until 19.07.2022 p., No. 1900) // [Electronic resource] - Access mode: https://mmk.tj/content (date of application: 10.02. 2023) .

4. The Criminal Code of the Republic of Tajikistan from May 21, p. 1998, No. 574 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 1998, No. 9, Art. 68, Art. 69, No. 22, Art. 306; from 17.12.2020 No. 1730, from 20.04.2021 No. 176, from 23.12.2021 No. 1809, from 19.07.2022 No. 1895, from 19.07.2022 No. 1896.

5. Civil Code of the Republic of Tajikistan. Part II, from December 11, 1999, No. 884 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, 1999, No. 12, art. 323; 2002, No. 4, p. 1, art. 170; s. 2006, No. 4, art. 194; 2009, No. 12, art. 821; 2010, No. 7, art. 540; State Government dated 03.07.2012, No. 849; from 22.07.2013 p. No. 977; dated 02.01.2019, No. 1558.

6. The International Covenant on Civil and Political Rights, adopted by the UN General Assembly resolution 2200 A of December 16. Adopted in 1966 // Collection of main international and national documents on human rights / Z. Alizoda, B. Safarov, J. Saadizadeh [and others]. - Dushanbe: Contrast, 2018. - 406 p.

7. The Convention Against Torture and Other Cruel, Inhuman or Degrading Treatment and Punishment, with Resolution 39/46 of the UN General Assembly of December 10. 1984 was accepted on June 26. Entered into force in 1987 // Collection of main international and national documents on human rights / Z. Alizoda, B. Safarov, J. Saadizadeh [and others]. - Dushanbe: Contrast, 2018. - 406 p.

8. Rules of forensic examination to determine the severity of physical damage // Approved by the order of the Minister of Health of the Republic of Tajikistan dated July 12, 1999, No. 276.

9. Rakhmatuloev, A.E. Criminal procedure: textbook // A.E. Rahmatulloev. - Khujand: Khorasan, 2016. - 628 p.

10. Criminal procedure: a textbook for university students studying in the specialty "Jurisprudence" / Ed. V.P. Bozhyov. 3rd ed., rev. and additional - M.: Yurayt, 2011. - 541 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.