Научная статья на тему 'ТАРТИБИ МУРОФИАВИИ ДАСТГИР КАРДАН БО ГУМОНИ СОДИР КАРДАНИ ЉИНОЯТ'

ТАРТИБИ МУРОФИАВИИ ДАСТГИР КАРДАН БО ГУМОНИ СОДИР КАРДАНИ ЉИНОЯТ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
гумонбаршуда / айбдоршаванда / дастгиршуда / дастгир кардан / чорањои маљбуркунї / чораи пешгирї / амалњои тафтишї / кафолати конститутсионї / њуќуќ ва озодї / њуќуќ ба њимоя / дахлнопазирї. / подозреваемый / обвиняемый / задержанный / задержанние / меры принуждения / меры пресечения / следственные действия / конституционные гарантии / права и свободы / право на защиту / неприкосновенность.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Абдуллоева М.К.

Дар маќола оид ба тартиби мурофиавии дастгир кардан бо гумони содир кардани љиноят тибќи меъёрњои мурофиавї дар љараёни пешбурди парвандањои љиноятї мавриди тањлил ќарор дода шудааст. Масъалањои бањсноки назариявї ва дар амалияи маќомоти таъќиби љиноятї љойдошта тањлил гардида, хулосањои муаллиф оид ба њалли онњо асоснок ва пешбарї мешаванд. Муаллиф ќоидањои расмии мурофиавиро тањлил намуда, оид ба такмил додани меъёрњои мурофиавии љиноятї таклифу пешнињодњои назариявиро пешбарї ва асоснок кардааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROCEDURAL PROCEDURE FOR DETENTION ON SUSPICION OF A CRIME

В статье анализируется процессуальный порядок задержания по подозрению в совершении преступления в ходе уголовного судопроизводства в соответствии с процессуальными нормами. Анализируются спорные теоретические и практические вопросы уголовного преследования, обосновываются и продвигаются авторские выводы по их решению. Автор анализирует формальные процессуальные нормы, выдвигает и обосновывает теоретические предложения по совершенствованию уголовно-процессуальных норм.

Текст научной работы на тему «ТАРТИБИ МУРОФИАВИИ ДАСТГИР КАРДАН БО ГУМОНИ СОДИР КАРДАНИ ЉИНОЯТ»

^ДиНБАРИ ОЛИМОНИ ЧАКОН

Трибуна молодых ученых Tribune Of Young Scientists

ТДУ 343.131

ТАРТИБИ МУРОФИАВИИ ДАСТГИР КАРДАН БО ГУМОНИ СОДИР

КАРДАНИ ЧИНОЯТ

ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ ПОРЯДОК ЗАДЕРЖАНИЯ ПО ПОДОЗРЕНИЮ В СОВЕРШЕНИИ ПРЕСТУПЛЕНИЯ

procedural procedure for detention on suspicion of a crime

Абдуллоева М.К.

abdulloeva M.K.

Омузгори калони кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон Старший преподаватель кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикиского государственного университета права, бизнеса и политики Senior lecturer department of Judicial law and prosecutorial supervision Тajik state University of Law, Business and Politics

Ихтисоси илми: 12.00.09 - Хукуки мурофиаи чиноятй.

Научная специальность: 12.00.09 - Уголовно-процессуальное право.

Scientific specialty: 12.00.09 - Criminal Procedure Law.

Тацриздщанда: КАГОРОВ Н.М. - муовини декан оид ба илми факултети хукукшиносии Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, дотсент.

Рецензент: КАХОРОВ Н.М. - заместитель декана юридического факультета по науке Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, кандидат юридических наук, доцент.

Reviewer: Kakhorov N.M. - Deputy Dean of the Faculty of Law of the State University of Law, Business and Politics of Tajikistan for Science, Candidate of Law, candidate of legal sciences, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар макола оид ба тартиби мурофиавии дастгир кардан бо гумони содир кардани чиноят тибки меъёрхои мурофиавй дар чараёни пешбурди парвандахои чиноятй мавриди тахлил карор дода шудааст. Масъалахои бахсноки назариявй ва дар амалияи макомоти таъкиби чиноятй чойдошта тахлил гардида, хулосахои муаллиф оид ба халли онхо асоснок ва пешбарй мешаванд. Муаллиф коидахои расмии мурофиавиро тахлил намуда, оид ба такмил додани меъёрхои мурофиавии чиноятй таклифу пешниходхои назариявиро пешбарй ва асоснок кардааст.

Вожауои калидй: гумонбаршуда, айбдоршаванда, дастгиршуда, дастгир кардан, чорахои мачбуркунй, чораи пешгирй, амалхои тафтишй, кафолати конститутсионй, хукук ва озодй, хукук ба химоя, дахлнопазирй.

Аннотация: В статье анализируется процессуальный порядок задержания по подозрению в совершении преступления в ходе уголовного судопроизводства в соответствии с процессуальными нормами. Анализируются спорные теоретические и практические вопросы уголовного преследования, обосновываются и продвигаются авторские выводы по их решению. Автор анализирует формальные процессуальные нормы, выдвигает и обосновывает теоретические предложения по совершенствованию уголовно-процессуальных норм.

Ключевые слова: подозреваемый, обвиняемый, задержанный, задержанние, меры принуждения, меры пресечения, следственные действия, конституционные гарантии, права и свободы, право на защиту, неприкосновенность.

Annotation: The article analyzes the procedural order of detention on suspicion of committing a crime in the course of criminal proceedings in accordance with the procedural rules. The controversial theoretical and practical issues of criminal prosecution are analyzed, the author's conclusions on their solution are substantiated and promoted. The author analyzes formal procedural norms, puts forward and substantiates theoretical proposals for improving criminal procedural norms.

Key words: suspected, accused, detained, detention, coercive measures, preventive measures, investigative actions, constitutional guarantees, rights and freedoms, right to defense, immunity.

Дахлнопазирии хукуку озодихои шахс дар пешбурди парвандаи чиноятй яке аз масъалахои мухим ба хисоб рафта, мазмун ва мохияти он дар асархои мухаккикон ва мутахассисонии сохаи хукукшиносй, мавриди тахкик ва омузиш карор дода шудааст.

Яке аз амалхои мурофиавй, ки боиси махдудкунии хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар пешбурди парвандаи чиноятй ин дастгир кардан бо гумони содир кардани чиноят ба хисоб меравад. Ин чораи мачбурй барои саривакт ва пурра кушодани чиноят ва таъмини адолати судй нисбати иштирокчиёни мурофиавй (гумонбаршуда,

айбдоршаванда, судшаванда ва махкумшуда) татбик карда мешавад.

Дастгир кардани шахс ба сифати гумонбаршуда мумкин аст, ки то огози парвандаи чиноятй анчом дода шавад. Дастгир кардани шахс татбик мегардад, агар нисбати шахси гумонбаршуда дар содир намудани чинояте, ки барои он конуни чиноятй чазоро дар намуди махрум сохтан аз озодй ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизомй пешбинй карда бошад.

Дар айни замон, коидахои номбаршуда, ки пахлухои дигар хам доранд, ба онхо бо тобиши дигар назар

мекунем. Мисол, масъалаи огоз кардани парвандаи чиноятй аз тарафи макомоти таъкиби чиноятй бояд дар давоми 12 соат аз лахзаи дастгир кардан хал карда шавад. Лекин меъёрхои дигари мурофиавй ин мухлатро барои санчиши маълумотхо то се шабонаруз пешбинй мекунанд (м. 145 Кодекси мурофиаи Чумхурии Точикистон).

Ба андешаи мо, мухлати дуюм ман-тикан дуруст аст, ки имконияти пурраи санчиши тотафтиширо медихад. Мухлати 12 соат барои халли масъалаи огози парвандаи чиноятй кифоя нест, ки та-моми маводхо чамъоварй ва санчида ша-ванд ё мавчудияти аломати чиноят муа-йян карда шавад, ба истиснои холатхое, ки аломати чиноят баръало маълум бошад. Дар сурати рад кардан аз огози парвандаи чиноятй ё дар мухлати мукар-раршуда кабул накардани карор дар бо-раи огози парвандаи чинояти дастгир-шуда бояд озод карда шавад.

Шахсро аз лахзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мухлат дастгиршуда бояд озод карда шавад ё дар хакки у чораи ди-гари пешгирй татбик карда шавад. Дар холати гузаштани мухлат (72 соат) сардо-ри муассисаи нигохдории муваккатй дастгиршударо пас аз огох намудани

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

макомоти пешбурди мурофиаи чиноятй, ки шахсро дастгир кардааст, озод мена-мояд. Боиси таагсуф аст, ки дар амалия коидахои номбаршуда на хама вакт риоя мешаванд.

Макомоти таъкиби чиноятй вази-фадор аст дар давоми се соат аз лахзаи оварда шудани дастгиршуда протокол тартиб дихад, ки дар он асос, чой ва вакти дастгиркунии вокей (бо зикри руз, соату дакика), натичахои кофтукови шах-сй, инчунин вакти тартиб додани протокол дарч мегарданд.

Хднгоми зарурати интихоби чораи пешгирй дар намуди ба хабс гирифтани гумонбаршаванда прокурор, муфаттиш ва тахкикбаранда бо розигии прокурор дархости дахлдорро дар шакли карор ба суд пешниход менамоянд. Дар карор дар бораи ба суд пешниход кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирй дар намуди ба хабс гирифтан асос ва са-бабхое, ки аз руи он зарурати ба хабс ги-рифтани гумонбаршуда ба миён омадааст ва интихоби чораи дигари пешгирй гай-риимкон аст, дарч карда мешавад.

Ба карор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдик менамояд, хамрох карда мешавад. Дархост нисбати гумонбар-шуда, ки бо тартиби мукарраркардаи конун дастгир шудааст, огоз карда шавад, карор ва маводи номбурда ба судя на дертар аз 8 соат то ба охир расидани мухлат и дастгиркунй (72 соат) бояд пешниход карда мешавад. Саволе ба миён меояд, ки барои чй мухлати нигохдории дастгиршуда бо соат мукаррар шудааст, на бо руз, хафта, мох ё сол? Ба андешаи мо, хангоми дасгир кардаи шахс бо гумо-ни содир кардани чиноят вай дар чои махсус нигох дошта мешавад, ки боиси махдуд шудани озодии вай мегардад. Вай аз имкониятхои озодона истифода бурда-ни хукукхои худ муваккатан махрум ме-шавад, ки хадди муайян дорад ва бо соат хисоб мешавад.

Хднгоми дастгир намудани шахси дар содир намудани чиноят гумонбар-шуда корманди ваколатдори макомоти таъкиби чиноятй ё шахси босалохият ва-зифадор аст дар чойи дастгиркунии вокей ба таври шифохй ба шахс эълон намояд,

ки барои содир намудани кадом чиноят у дастгир карда шудааст, хукуки уро ба занги телефонй ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани химоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фахмонида, огох намояд, ки нишон-додхои у метавонанд ба сифати далел дар парвандаи чиноятй мукобили у истифода шаванд. Ин коида яке аз кафолатхои мухимми хукукй ба шумор меравад. Х,ан-гоми чойгир кардани гумонбаршуда дар изолятори (тавкифгохи) нигохдории муваккатй барои муайян намудани вазъи умумии саломатй ва ё мавчуд будани чарохатхои чисмонй аз чониби корманди тиб муоинаи тиббии у гузаронида меша-вад. Гумонбаршуда ё химоятгари у хукук доранд талаб намоянд, ки муоинаи тиб-биро табиби мустакил ё коршиноси судй-тиббй гузаронад.

Ин коида низ кафолати холисона муоина кардани вазъи саломатии шахси дастгиршуда мебошад. Лекин, муоинаи тиббй бо пайдархамй, асос, тартиб ва максад аз азназаргузаронй ва шаходатку-нонй фарк мекунад. Хулосаи муоинаи тиббй ба протоколи дастгиркунй хамрох карда мешавад. Умуман, тартиби дастги-ри кардани шахсро ба сифати гумонбар-шуда моддаи 94 Кодекси мурофиавии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КМЧ ЧТ) ба даври хеле дакик пешбинй карда-аст, ки тибки он минбаъд хангоми чойгир кардани гумонбаршуда дар тавкифгохи нигохдории муваккатй барои муайян намудани вазъи умумии саломатй ва ё мавчуд будани чарохатхои чисмонй аз чониби корманди тиб муоинаи тиббии у гузаронида мешавад. Гумонбаршуда ё химоятгари у хукук доранд талаб намо-янд, ки муоинаи тиббиро табиби му-стакил ё коршиноси судй - тиббй гузаро-над. Аз коидахои мукарраркардаи конун ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар як вакт пайдархам ва якчоя якчанд амали мурофиавй бояд ичро шаванд. Бинобар ин, муаллифони алохида дастгир карданро аз руи хусусиятхои

номбаршуда амали мустакили тафтишй низ эътироф мекунанд [4, с. 300].

Баъд аз ба макомоти таъкиби чиноятй овардани дастгиршуда,

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

фахмонидани хукукхои у, тартиб додани протоколи дастгиркунй ва гузаронидани муоинаи тиббй шахси дастгиршуда бетаъхир дар изолятори (тавкифгохи) нигохдории муваккатй чойгир карда мешавад.

Макомоти пешбурди мурофиаи судии чиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст фавран аз лахзаи дастгиркунии вокей дар бораи дастгиркунй ва чойи нигох доштани дастгиршуда ягон аъзои болиги оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро дихад. Дар бораи дастгир шудани шахрвандони хоричй ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон барои огох намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар дода мешавад. Дар давоми 12 соат аз лахзаи дастгиркунии вокеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттй хабар дода мешавад.

Бинобар ин, бе сабаб нест, ки дастгир карданро муаллифон ба гурухи амалхои тафтишй низ дохил кардаанд. Чунин мавкеро ишгол кардани дастгир кардан хамчун амали тафтишотй асоси назариявй-хукукй ва асоси амалй-хукукй дорад:

а) Хднгоми дастгир кардани шахси муайян холатхое мукаррар мешаванд, ки мавзуи исботро (холатхое, ки доир ба хар як парвандаи чиноятй бояд мукаррар карда шаванд) ташкил медиханд. Дар натичаи дастгир кардан холатхое исбот мешаванд, ки ба халли масъалахои мурофиавии чиноятй ёрй мерасонанд (м. 85, 90 КМЧ ЧТ). Масалан, барои интихоби чораи пешгирй ё эълон кардани айб асос мегарданд ё ин ки ба халли масъалаи гунахгорй ё бегунохии шахс таъсир мерасонанд.

б) Амали мурофиавие, ки дар натичаи он маълумот дар бораи холати содир шудани чиноят ё ба парвандаи чиноятй ахамият дошта муайян карда мешавад, амали тафтишй эътироф мегардад [1, с. 276]. Дар натичаи дастгир кардан кирдори ба чамъият хавфноки шахс бевосита ё бавосита мукаррар мегардад ё дар бадан, либос, ашёи

хамрохи шахсбуда, дар чизхои истифода карда, манзил, чойи кор ё воситаи наклиёти у осори бараълои чиноят ошкор мешаванд, ки аз шарик будани у дар содир намудани чиноят дарак медиханд. Яъне, дар натичаи ин амал маълумоти вокей доир ба ходисаи чиноят чамъ оварда мешаванд. Бо ибораи дигар, дар натичаи дастгир кардан дар бораи холатхои содир шудани чиноят ва ба парвандаи чиноятй ахамиятдошта далелхо чамъ оварда мешаванд.

в) Дастгир кардан бо тартиби мукарраркардаи КМЧ ЧТ аз чониби макомоти таъкиби чиноятй анчом дода мешавад, ки бевосита вазифаи исбот кардани холатхои содир шудани чиноятро ба зимма доранд (м.м. 21, 26 КМЧ ЧТ). Амалхои минбаъдаи тафтишй низ аз чониби макомоти пешбурди парвандаи чиноятй гузаронида мешаванд. Дар сурати ба миён омадани заруриати гузаронидани амали тафтишй, аз чумла дастгир кардан, бо ташаббуси иштирокчиёни дигари мурофиаи чиноятй, онхо бо дархост ба макомоти пешбурди тафтиши пешакй бояд мурочиат намоянд. Иштирочиёни дигари мурофиаи чиноятй хукук надоранд ягон амали тафтиширо мустакилона анчом диханд. Доир ба хамин коида дар конун истисно пешбинй шудааст, ки мувофики он шахрвандон хукук доранд шахсеро, ки чиноят содир кардааст ё баъди содир кардани чиноят кушиши пинхон шуданро дорад, дастгир карда, мачбуран ба макомоти дахлдор супоранд (м. 93 КМЧ ЧТ). Аз мазмуни ин меъёри конун набояд шахрвандон суистифода намоянд ва ичрои вазифаи таъкиби чиноятиро пурра ба зиммаи худ гиранд. Шахрванд хукук дорад, ухдадор нест, шахсро дастгир намояд, ба шарте, ки:

- агар шахс дар вакти бевосита содир кардани чиноят ё баъди содир кардани он бевосита дар чойи ходиса карор дошта бошад ва агар вай кушиши аз чои ходиса пинхон шудан, давом додани амали гайриконунй ва ё мукобилият нишон доданро карда бошад;

- агар шохидони ходиса, аз он чумла, шахси аз чиноят зарардида

бевосита хамин шахсро хамчун шахси содирнамудаи кирдор нишон диханд;

- агар дар бадан, либос, ашёи хамрохи шахсбуда, дар чизхои истифодакардаи у осори бараълои чиноят мавчуд бошанд, ки аз шарик будани у дар содир намудани чиноят дарак диханд.

Дар ва^ти аз чониби шахрванд дастгир шудани шахс ва мачбуран супоридан ба макомоти дахлдор амалхои вай набояд аз хадди мудофиаи зарурй ё зарурияти нихой берун бароянд. Харакатхое, ки хангоми дастгир кардани шахси чиноятсодирнамуда бо максади ба макомоти хокимият супурдан ё пешгирии имконияти чиноятхои навро содир карданаш ба у зарар расонидаанд, агар бо воситахои дигар дастгир намудани чунин шахс гайриимкон бошад ва дар айни замон чорахои зарурии бо ин максад андешидашуда аз хад набаромада бошанд, чиноят хисоб намешаванд.

Дар айни замон макомоти пешбурди парвандаи чиноятй хукук надорад дархости иштирокчиёни мурофиаи чиноятиро дар хусуси анчом додани амали тафтишй, аз чумла дастгир кардан рад намоянд [3, с. 39].

Хдмин тарик, бо тартиби мукарраркардаи конун анчом дода шудани дастгир кардан мохияти хукукии мурофиавии чиноятии ин амали тафтиширо (ба монанди дигар амалхои тафтишй) ифода мекунад.

г) Мувофики м. 172 КМЧ ЧТ яке аз шартхои умумии тафтиши пешакй дар протоколи амали тафтишй кайду мустахкам кардани чараён, мазмун ва натичахои амалхои тафтишй ба шумор меравад. Натичаи дастгир кардан хам мутобикан дар шакли мурофиавй расман

дар протокол кайд мегардад (м. 94 КМЧ ЧТ).

д) Харчанд дастгир кардан дар фасли 4 КМЧ ЧТ хамчун чораи мачбурй дар мурофиаи чиноятй пешбинй гардида бошад хам, мазмун, чараён ва натичаи он аз амали тафтишй ягон фаркияти чиддй надорад. Чунки хама амалхои тафтишй, ки КМЧ ЧТ пешбинй мекунад хусусияти мачбуриро доро мебошанд ва новобаста аз хохиш ва иродаи дигар иштирокчиёни мурофиаи чиноятй гузаронида мешаванд.

е) Амали тафтишй эътироф шудани дастгир кардани шахс ба сифати гумонбар асоси хукукй низ дорад. Масалан, м. 81 ва к. 1 м. 153 КМЧ ЧТ дастгир карданро ба сифати амали таъхирнопазири тафтишй пешбинй кардааст.

Бинобар асосхои номбаршуда ба максад мувофик аст, ки дастгир кардани шахс хамчун амали тафтишй эътироф карда шуда, ба меъёрхои КМЧ ЧТ тагйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар к.1 м. 91 КМЧ ЧТ дастгир кардан ба тарики зайл нишон дода шавад: «Дастгир кардани шахс - амали тафтишиест, ки мачбуран ба макомоти таъкиби чиноятй овардани шахс ва ба мухлати кутох дар чойхои махсус (тавкифгох ё нигохдории муваккатй) бо тартиби мукарраркардаи конунгузорй ва Кодекси мазкур нигох доштан иборат аст»;

- ба к. 3 м. 231 КМЧЧТ иловаи зерин ворид карда шавад - «..мумкин нест, ба истиснои дастгир кардан ва кофтукови шахсй». Ин мукаррарот к. 1 м. 94, м.81 ва к. 2 м. 193 КМЧ ЧТ-ро пурра ва ба амалия мутобик мегардонад ва ба бахсхои мавчудбуда хотима мегузорад.

Адабиёти истифодашуда

1. Громов, Н.А. Уголовный процесс России: учебное пособие / Н.А. Громов. - М.: Юристъ,1998. - 552 с.

2. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон. - Душанбе: Матн, 2020. - 320 с.

3. Корнуков, В.М. Меры процессуального принуждения в уголовном судопроизводстве: монография / В.М. Коркунов. - Саратов. 1978. - 136 с.

4. Рахматулоев, А.Э. Назарияи далелхо ва масъалахои исбот дар мурофиаи чиноятй: монография / А.Э. Рахматуллоев. - Хучанд: Ношир, 2014. - 300 с.

5. Рахматулоев, А.Э., ^ахоров, Н.М. Расмиёти санадхои мурофиаи чиноятй: дастури таълимй. - Хучанд: Ношир, 2021, - 644 с.

References

1. Gromov, N.A. Criminal process in Russia: textbook / N.A. Gromov. - M.: Jurist, 1998. - 552 p.

2. Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe: Matn, 2020. - 320 p.

3. Kornukov, V.M. Measures of procedural coercion in criminal proceedings: monograph / V.M. Korkunov. - Saratov. 1978. - 136 p.

4. Rahmatuloev, AE Theory of Evidence and Problems of Evidence in Criminal Proceedings: monograph / A.E. Rahmatulloev. - Khujand: Publisher, 2014. -300 p.

5. Rakhmatuloev, A.E., Kahorov, N.M. Procedures of criminal proceedings documents: tutorial. - Khujand: Publisher, 2021, - 644 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.