^ДиНБАРИ ОЛИМОНИ ЧАКОН
Трибуна молодых ученых Tribune Of Young Scientists
тду 343.122
^ифзи ^уцуцу манфиатхои чабрдида дар мурофиаи чиноятй охрана прав и интересов потерпевшего в уголовном процессе
protection of the rights and interests of the victim in criminal
proceedings
Авезова З.Б.
Avezova Z.B.
Омузгори калони кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес
ва сиёсати Тоцикистон Старший преподаватель кафедры судебного права и
прокурорского надзора Государственного университета права, бизнеса и политики Таджикистана Senior Lecturer, Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision, State University of Law, Business and Politics of Tajikistan
Ихтисоси илми: 12.00.09 - мурофиаи чиноятй.
Научная специальность : 12.00.09 - уголовный процесс.
Scientific specialty: 12.00.09 - criminal process.
Тацриздиуанда: Рах,матулоев А.Э. - профессори кафедраи хукуки судй ва назорати прокурории Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.
Рецензент: Рахматулоев А.Э. - профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора Государственного университета права, бизнеса и политики Таджикистана, кандидат юридических наук.
Reviewer: Rahmatuloev A.E. - Professor of the Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision of the State University of Law, Business and Politics of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences.
Аннотатсия: Дар макола масъалаи риоя ва таъмини хукуку манфиатхои чабрдида хангоми пешбурди парвандахои чиноятй мавриди баррасй карор дода шудааст. Муаллиф ба хулоса омадааст, ки бо максади таъмини хифзи хукукхои шахрвандон давлат тибки конунгузории чории Чумхурии Точикистон як катор кафолатхои хукукиро пешбинй менамояд, ки хангоми махдуд шудани хукукхои инсон ва шахрванд дар пешбурди парвандахои чиноятй аз чониби макомоти ваколатдори давлатй ба инобат гирифта шуда, хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд бо тартиби коидахои муайян кардаи конуни мурофиавй таъмин карда шаванд. Кдйд мешавад, ки бахри таъмини хукуку манфиатхои чабрдида ва иштирокчиёни дигари мурофиаи чиноятй, конунхо дар Чумхурии Точикистон
e-mail:
бо назардошти манфиатхои умумичамъиятй, принсипхои инсондустй ва адолатпарварй, хамчун заминаи асосии пешравии чомеа, ризоияти умум ва суботу оромй такмил дода шуда, амалй гарданд.
Вожауои калиди: зарар, хукук, чабрдида, хаёт, саломатй, даъвои гражданй, чиноят, кафолат, исбот, шохид, намояндаи конунй.
Аннотация. В статье рассматривается вопрос соблюдения и защиты прав и интересов потерпевшего в уголовном судопроизводстве. Автор приходит к выводу, что в целях обеспечения защиты прав граждан государство в соответствии с Конституцией и действующим законодательством Республики Таджикистан предоставляет ряд правовых гарантий, которые должны учитываться уполномоченными государственными органами в случае ограничения прав человека и гражданина, обеспечивая таким образом защиту прав и свобод человека и гражданина в соответствии с правилами, установленными процессуальным законодательством. Отмечается, что в целях обеспечения прав и интересов потерпевших и других участников уголовного судопроизводства в Республике Таджикистан необходимо совершенствовать и правильно применять законы с учетом интересов широкой общественности, принципов гуманности и справедливости, как главной основы прогресса общества, всеобщего согласия и мира.
Ключевые слова: вред, права, потерпевший, жизнь, здоровье, гражданский иск, преступление, гарантия, доказательсво, свидетель, законный представтитель.
Annotation: The article deals with the issue of observance and protection of the rights and interests of the victim in criminal proceedings. The author comes to the conclusion that in order to ensure the protection of the rights of citizens, the state, in accordance with the Constitution and the current legislation of the Republic of Tajikistan, provides a number of legal guarantees that should be taken into account by authorized state bodies in the event of restriction of human and civil rights, thus ensuring the protection of human rights and freedoms and citizen in accordance with the rules established by the procedural legislation. It is noted that in order to ensure the rights and interests of victims and other participants in criminal proceedings in the Republic of Tajikistan, it is necessary to improve and correctly apply laws, taking into account the interests of the general public, the principles of humanity and justice, as the main basis for the progress of society, universal consent and peace.
Key words: harm, rights, victim, life, health, civil action, crime, guarantee, evidence, witness, legal representative.
Дар меъёрхои конститутсиони принсипхои адолати судй оид ба баробарии шахрвандон дар назди конун ва суд, эхтимолияти бегунохии шахс, дахлнопазирии манзил, озодии шахс, мукотибот, тахти химояи судй карор доштани хукуку озодихои шахрвандон ва танхо дар асоси тартиби мукарраркардаи конун ба амал бароварда шудани фаъолияти мурофиавии макомоти давлатй пешбинй ва кафолат дода шудаанд [4, с. 33].
Дифзи хукукхои шахрвандон кисми чудонопазири сиёсати давлати хукукбунёд мебошад, ки бахри амали шудани он Чумхурии Точикистон саъю кушиш намуда, барои таъмин намудани
он механизмхои хукукиро пайваста такмил медихад.
Чумхурии Точикистон чун иштирокчии Паймони байналмилалй оид ба хукуки шахрвандй ва сиёсй ухдадор аст, ки хукуки хамаи шахсони дар худуди он сукунатдоштаро катъи назар аз нажод, ранги пуст, чинс, забон, дин, эътикоди сиёсй ё акидаи дигар, асли миллй ё ичтимой, вазъи молумулкй, таваллуд ё холати дигар эхтиром ва таъмин кунад; ба хар шахс воситаи пурсамари хифзи хукук ва озодихоро таъмин намояд; таъмини хифзи хукук барои хар шахс, ки ба он эхтиёч дорад, тавассути хокимияти салохиятдори судй, ичроия ё конунбарор ё тавассути дигар макомоти салохиятдоре, ки дар низоми хукукии
давлат пешбинй шудааст, сурат гирад ва он бояд имконияти химояи судиро инкишоф дихад; вакте ки воситахои хифзи хукук пешниход карда мешаванд, аз тарафи макомоти салохиятдор татбики онхоро таъмин намояд.
Дукуки чабрдидаро конун хифз мекунад. Давлат хифзи судй ва чуброни зарарро барои чабрдида кафолат медихад [1].
Ин принсипхои умумй
эътирофгашта аз Конститутсияи Чумхурии Точикистон сарчашма гирифта, мувофики он, хукуки чабрдидаро конун хифз мекунад; ба чабрдида хифзи судй кафолат дода мешавад; чуброни зарари аз чиноят расидашуда. Яъне, ин принсипхои умумиэътирофгашта се чабхахои хаётан мухими хифзи хукук дар бар гирифтаанд, ки тибки он барои чабрдида баркарор кардани зарари моддиро таъмин менамояд.
Дифз ва амалй шудани хукуку озодихои инсон ва шахрванд, агар дар Конститутсия, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукй пешбинй ва ифода наёфта бошанд, онхо самти татбики худро гум мекунанд. Гузашта аз ин холатхое, ки дар Конститутсия оид ба хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд инъикос ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд, инкишофи худро дар конунхо ва санадхои дигари меъёрии хукукие, ки макомоти давлатй кабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби ичроиши онхо муайян карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ин холатхо ба таври мушаххас дар моддахои конуни асосй, инчунин дар конунхои мурофиавии чиноятй ва гражданй мукаррар шудаанд.
Мувофики м. 42 Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КМЧ ЧТ) чабрдида шахси вокеист, ки аз чиноят ба вай зарари чисмонй, моддй, маънавй расонида шудааст, инчунин шахсоне, ки хукуку манфиатхои он дар зери тахдиди бевосита ё суикасди чиноят карор дорад. Инчунин чабрдида шахси хукукие низ эътироф шуда метавонад, ки дар натичаи
содир гардидани чиноят ба у зарари моддй ё маънавй расидааст [2].
Дар ин сурат хукук ва ухдадорихои чабрдидаро намояндаи шахси хукукй татбик мекунад. Дар бораи чабрдида эътироф кардани шахси вокей ё хукукй тахкикбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди мукаррар кардани ходисаи чиноят ва вокеияти бар асари чиноят расидани зарар фавран карор кабул карда, суд таъинот, судя карор кабул менамояд.
Тибки коидахои чорй, шахсони вокей ва хукукй дар мавридхои зерин чабрдида ва даъвогари гражданй ба хисоб меравад:
1) агар аломати чиноят вокеан чой дошта бошад;
2) агар аз чиноят ба вай зарари чисмонй, моддй ва маънавй расонида шуда бошад;
3) хукуку манфиатхои шахс зери тахдиди суикасд ба чиноят карор дошта бошад.
Мавкеи мурофиавии чабрдида шахс дар сурати аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш, прокурор ва ё судя баровардани карори махсус дар бораи ба сифати чабрдида эътироф гардиданаш муайян мешавад. Чабрдида дорои як катор хукукхои мурофиавие мебошад, ки бо иштирок дар мархилаи тафтиши пешакй ва дар мурофиаи судй алокаманд мебошад. Вай хукук дорад бо маводи парвандаи чиноятй шинос гардад, далел ва дархост пешниход кунад, хангоми дида баромадани далелхо дар мурофиаи судй иштирок намояд, раддия арз кунад, аз болои амал ва беамалй ва карорхои тахкикибаранда муфаттиш, прокурор судя ва суд шикоят орад ва гайра [2].
Давлат хукуки чабрдидаро ба адолати судй ва чуброни зарар таъмин намуда, механизмхои заруриро бахри ошкор намудани тафтиши чинояти содиргардида истифода мебарад. Макомоти ваколатдори давлатй вазифадоранд, ки аризаро дар хусуси чиноят кабул намуда, бахри чустучу ё худ кофтукови амволи арзишноки ба чабрдида тааллукдошта ва таъмини даъвои гражданй тадбирхо андешанд. Бояд кайд кард, ки тамоми низоми
чараёни мурофиаи чиноятй барои таъмини кушодани чиноят, ошкор ва муайян кардани гунахгорон нигаронида шудааст, ки бахри хифзи хукук; ва манфиатхои чабрдида аз чиноят хамчун заминаи устувори хукукй баромад менамояд.
Долати мухимми кафолатхои конститутсионии чабрдида - ин ба чабрдида додани кафолати давлатии хукук ба хифзи судй мебошад. Давлат хифзи хукуки шахсй, кадру кимат ва озодй, тибки тартиби мукаррарнамудаи конун пешгирй намудан ва рох надодан ба хама гуна суикасдеро, ки ба инсон зарар ва азоби рухй мерасонад, кафолат медихад. Ба чабрдида хукук дода шудааст, ки барои хифзи хукукхои хеш тадбирхо андешад.
Дифзи судии хукук ва озодихои чабрдида ба мукаррароти Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар хусуси он, ки инсон ва хукуку озодихои он арзиши олй дошта, аз тарафи давлат эътироф, риоя ва хифз карда мешаванд, асос меёбад. Доираи хукук ва озодихои инсон ва шахрванд гуногунчабха буда, бевосита амалй мешаванд. Он мачмуи хукуку озодихоро, ки дар Конститутсия ва дигар санадхои меъёрии хукуки сабт шудааст, дар бар мегирад.
Дукук ва озодихои инсон ва шахрванд максад ва мазмуни фаъолияти хокимияти конунгузор, ичроия ва махаллиро муайян мекунад ва ба воситаи хокимияти судй таъмин мегарданд (м. 14 Конститутсияи ЧТ). Аз ин мукаррарот бармеояд, ки кафолати мухимми давлатие, ки таввасути он татбики хукук ва озодихои инсон таъмин мегарданд, ин хифзи судй мебошад [1].
Дукук ба химоя мазмуни онро дорад, ки дар сурати поймол гаштани хукукхои хеш хар шахс сарфи назар аз шахрвандй метавонад аз он бархурдор гардад. Дукуки хифзи судй хукуки шахсй ва чудоинопазири хар як инсон мебошад. Дар кас метавонад ба суд бо аризаи дахлдор мурочиат намояд, суд дар навбати худ ухдадор аст ин аризаро баррасй намуда, аз руи он карори асоснок кабул намояд.
Бартарии тартиби судии шикоят кардан дар он аст, ки суд хокимияти ба он мутаалликро мустакилона амалй намуда, танхо ба конун тобеъ аст ва фаъолияти он ба принсипхои рохбарикунандаи пешбурди судй ошкоро будан, (мубохисавй), баробархукукии тарафхо ва гайра асос меёбад.
Дукуки хифзи судй дар ягон маврид, хатто дар давраи вазъияти фавкулодда махдуд карда намешавад (м. 47 Конститутсияи ЧТ).
Дамин тарик, аз меъёри Конститутсияи ЧТ (м.м. 4, 14, 17 ва 19) бармеояд, ки ба чабрдида (аз чиноят зарардида) давлат хифзи хукук ва озодиро бо рохи пешгирй ва рох надодани суикасд, ки зарари моддй ё маънавй мерасонад, кафолат медихад, ки чавобгуи м. 8 Эъломияи умумии хукуки башар аст, ки мувофики он «Дар як инсон барои баркарорсозии пурраи онхо аз тарафи судхои босалохияти миллй хак дорад» [7].
Дамин тарик, чуброни зарар низ кафолат ва хукуки чудонопазири чабрдида ба хисоб меравад, ки дар натичаи чиноят ва дигар
хукуквайронкунихо расонида шудааст. Дукуки конститутсионии чабрдида барои чуброни зарар бевосита дар КМЧ ЧТ ва Кодекси гражданй (минбаъд - КГ ЧТ) пешбинй шудаанд.
Мувофики КМЧ ЧТ чабрдидае, ки аз чиноят ба вай зарари маънавй, чисмонй ва ё моддй расонида шудааст ва барои иштирок дар парвандаи чиноятй ичозат дода шудааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи конун хукук дорад оид ба чуброни зарар даъвои гражданй пешниход намояд.
Дар мурофиаи чиноятй чунин шахс бо таъиноти суд ё карори судя, тахкикбаранда, муфаттиш ва прокурор хамчун даъвогари гражданй эътироф мешавад. Дангоми баровардани карор суд даъворо пурра ё кисман конеъ мегардонад ва ё умуман даъворо рад менамояд.
Агар даъво бе баррасй монда шавад, он гох даъвогари гражданй хукуки бо чунин даъво ба суд ба тарики истехсолоти
судии гражданй мурочиат карданро пайдо мекунад.
Зараре, ки ба шахс дар натичаи чиноят расонида шудааст, тибки тартибе, ки дар боби 55 КГ ЧТ пешбинй шудааст, чуброн карда мешавад. Мувофики к. 1 м. 1079 КГ ЧТ зараре, ки ба шахс ё амволи шахрванд, инчунин ба шахси хукукй расонида шудааст, бояд дар хачми пурра аз чониби шахсе, ки зарар расонидааст, чуброн карда шавад [3].
Дачми зарари моддие, ки дар натичаи хукуквайронкунй (чиноят, хукуквайронкунии гражданй) расонида шудааст, аз харочоте, ки шахси хукукаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои баркарор намудани хукуки вайронгардида масраф намояд, аз даст рафтан ё хароб гардидани амволи у (зиёни вокей), инчунин даромади ба даст наомадае, ки ин шахс, агар хукукаш вайрон намегардид, дар шароити мукаррарии ахдхои гражданй метавонист ба даст оварад, муайян карда мешавад. (сархати 1 к. 2 м. 15 КГ ЧТ).
Даёт ва саломатй барои инсон арзиши олй дорад, аз ин ру, Конститутсияи Чумхурии Точикистон дахлнопазирии хифзи давлатии онхоро эълон менамояд.
Дангоми расонидани зарар ба хаёт ва саломатй зиёни чабрдида дар мавриди аз даст додани музди мехнат ва дигар даромадхо, ки дар пурра ё кисман гум кардан, ё паст шудани кобилияти мехнатй ва инчунин харочоте, ки бинобар расонидани зарар ба саломатй ба вучуд омадааст (барои табобат, хуроки (гизои) иловагй, харидани доруворй, протез кардан, нигохубини табобати санитарию курортй, ба даст даровардани воситахои махсуси наклиёт, омодагй ба дигар касб ва гайра) ва ба он чабрдида дар натичаи расидани зарар эхтиёч дорад, руёнида мешавад.
Дар радифи зарари молумулкй ба чабрдида зарари маънавй (азоби чисмонй ва рухй), ки дар натичаи вайрон кардани неъматхои шахсии гайримолумулкй, дар холатхои мукаррарнамудаи конун расонида шудааст, чуброн карда мешавад. Неъматхои моддй, ки хачми
онро суд бо дарназардошти дарачаи гунохи хукуквайронкунанда, холатхои мушаххас, хамчунин дарачаи зарари чисмонй ва маънавй, бо хусусиятхои окибати инфиродии ба чабрдида расида муайян менамояд.
Кодекси граждании Чумхурии Точикистон холатхои махсусеро пешбинй менамояд, ки мувофики он чавобгарй сарфи назар аз гунох мукаррар шудааст.
Бо чунин тартиб зиёни маънавй дар сурате чуброн мегардад, ки он хангоми расонидани зарар ба хаёт ва саломатии шахрвандон дар натичаи сарчашмаи хатари зиёд, дар натичаи гайриконунй махкум намудан, гайриконунй ба чавобгарии чиноятй кашидан,
гайриконунй ба сифати чораи пешгирикунанда гайриконунй татбик кардани хабс, чазои гайриконунии маъмурй дар намуди хабс ё худ корхои ислохй, хангоми расонидани зарар бо рохи пахн кардани маълумоте, ки шаъну шараф ва эътибори кориро паст мезанад ва дигар холатхои пешбинигардидаи конун эътироф мешавад.
Долатхои дар боло зикргардида аз он шаходат медиханд, ки дар айни замон давлат тамоми механизмхои
хукуктатбиккуниеро, ки бахри таъмини хукукхои поймолгардидаи чабрдида ва баркарор кардани холати моддй заруранд, мухайё намудааст.
Яке аз кафолатхои мурофиавии чиноятй дар пешбурди парвандаи чиноятй ин даъвогари гражданй эътироф кардани шахсе, ки аз чиноят ба у зарари моддй ва маънавй расидааст.
Мувофики м. 44 КМЧ ЧТ даъвогари гражданй шахси вокей ё шахси хукукие эътироф карда мешавад, ки ба у дар натичаи содир шудани чиноят зарари молумулкй расонида шуда, оид ба руёнидани он даъво пешниход кардааст. Даъвогари гражданй оид ба руёнидани товони зарари маънавй низ метавонад даъвои гражданй пешниход намояд. Дар бораи эътироф кардани даъвогари гражданй тахкикбаранда, муфаттиш, прокурор карор кабул мекунанд ва суд таъинот мебарорад. Барои химояи манфиатхои ноболигон, инчунин шахсоне, ки бо тар-
тиби мукарраргардида гайрикобили амал эътироф шудаанд, даъвои гражданй аз тарафи намояндагони конунии онхо ме-тавонад пешниход шавад.
Бо максади таъмин ва ичро шудани хукукхои конститутсионии инсон ва шахрванд дар пешбурди парвандахои чиноятй, конун кафолатхои мурофиавиро пешбинй кардааст. Кафолатхои муро-фиавй - чиноятй гуфта, мачмуи имкони-ятхо, роху воситахои пешбиникардаи конунро меноманд, ки барои амалй ва ичро гаштани вазифахои мурофиаи чино-ятй шароит фарохам меоранд. Яъне, конунгузор аз номи давлат бо тартиби мукарраркардаи конун, ба амал баровар-да шудани амалхои мурофиавй, доираи муайяни ваколатхои макомоти давлатй, холати хукукии иштирокчиёни мурофиаи чиноятй ва бо тартиби мукарраркардаи конун расмигардонии санадхои мурофиа-виро кафолат медихад, ки дар меъёрхои конун ифодаи худро ёфтаанд.
Кафолатхои мурофиавй аз мачмуи роху воситахои дар меъёрхои конун пешбинишуда иборат мебошанд, ки амалй гаштани хукуку имкониятхои иштирокчиёни мурофиаи чиноятиро низ таъмин менамоянд. Масалан, хукук ба химоя, хукук барои баркарор кардани за-рар, хукук ба хифзи судй, хукуки шикоят кардан аз болои харакатхои гайрикону-нии шахсони ваколатдор, хукуки шинос шудан бо маводхои парвандаи чиноятй, хукуки иштирок кардан дар мачлиси судй, баркарор кардани зарар ва гайрахо [5, с. 169].
Бо максади таъмин шудани кафо-латхои мурофиавй аз чониби макомоти ваколатдори давлатй оиди баркарор кар-дани зарар карор кабул карда мешавад, ки ичрои он хатмист. Яке аз ин карорхо даъвогари гражданй эътироф кардани чабрдида мебошад, ки аз чиноят зарари чисмонй, молу мулкй ва маънавй расида-аст, инчунин шахси хукукие, ки ба у зара-ри молумулкй расонида шудааст. Ин ка-фолатхои мурофиавй дар баррасии судй оид ба парвандахои чиноятй ба тарики хифзи судии гражданй сурат мегирад. Дар ин холат хангоми пешниходи даъвои гражданй шахсони вокей ва хукукй, ки аз
парвандаи чиноятй бармеояд, аз пардох-ти бочи давлатй озод карда мешаванд.
Инчунин даъвои гражданй оид ба баркарор кардани зарар, тибки коидахои муайяннамудаи Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон исбот карда мешаванд.
Махсусан дар байни холатхое, ки оид ба парвандаи чиноятй бояд исбот карда мешаванд, муайян кардани холатхое, ки хусусият ва андозаи зарари аз чинояти содиршуда расидаро муайян ме-кунанд, ин холати исботшаванда барои исботи даъвои гражданй хос мебошад. Тибки конун рад кардани даъвои гражданй аз чониби суд хукуки чабрдидаро оиди баркарор кардани зарари расони-дашуда махдуд менамояд, дуруст кайд кардааст Д.Б. Разумовский. Ин институт муддати 150 сол, хануз аз ислохоти судй соли 1864 амал карда, бо дигар инсти-тутхои мурофиаи чиноятй алокамандй дорад, ба монанди институти исбот, ки дар чараёни исбот холатхои содир шудани чиноят хусусият ва андозаи зарари расонида муайян карда мешавад [5, с. 18].
Мутобики КМЧ ЧТ коидахои му-рофиавие хастанд, ки бо ёрии онхо зарари аз чиноят расонида шуда исбот карда мешавад. Яъне, бо тартиби мукаррарка-даи конун бо рохи гузаронидани амалхои тафтишй, ки бо ёрии онхо зарари аз чиноят расида исбот карда мешавад, дар бар мегирад. Ба монанди гузаронидани экспертиза, аз назаргузаронии чойи ходи-са, ки окибати зарари аз чиноят расидаро муайян мекунад; шаходаткунонй ки агар зарурияти гузаронидани экспертиза чой надошта бошад; пурсиш барои муайян кардани зарари аз чиноят расонидашуда, рубарукунй, санчиши нишондод дар чой ва гуш кардани сабти гуфтугуи телефонй ва г. мебошанд.
Хуб мешуд, ки дар м. 42 КМЧ ЧТ дар катори хукукхои чабрдида, имконияти вай дар шакли "даъвои гражданй пешниход карда аз хукук ва ухдадорихои даъвогари гражданй истифода барад" илова карда шавад. Инчунин, дар моддаи 42 КМЧ ЧТ оид ба даъвогари гражданй эътироф кардани чабрдидае, ки аз чиноят зарари моддй ва
маънавй расидааст пешбинй нашудааст ва танхо "оиди чабрдида эътироф кардани шахси вокей ё хукукй тахкикбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди мукаррар кардани ходисаи чиноят ва вокеияти бар асари чиноят расидани зарар карор кабул мекунад" пешбинй шудааст. Ин меъёр сахех ифода шуда, хукуки чабрдидаро доир ба баркарор кардани зарари моддй ва маънавй муайян карда, амалй шудани к. 8 м. 42 КМЧ ЧТ, ки давлат ба чабрдида дастрас будани адолати судй ва чуброни зарари расонидашударо кафолат медихад, тахким мебахшад.
Дар КМЧ ЧТ моддаи алохида дар бораи даъвогари гражданй пешбинй шудааст, ки даъвогари гражданй шахси вокей ё шахси хукукие эътироф карда мешавад, ки ба у дар натичаи содир шудани чиноят зарари молумулкй расонида шуда, оид ба руёнидани он даъво пешниход кардааст. Даъвогари гражданй оид ба руёнидани товони зара-ри маънавй низ метавонад даъвои граж-данй пешниход намояд. Аз ин чунин ху-лоса баровардан мумкин аст, ки дар пешбурди парвандахои чиноятй ба сифа-ти даъвогари гражданй на танхо чабр-дида, ки аз чиноят зарари моддй ё маънавй расидааст, инчунин шахсони сеюм, ки дар натичаи содир шудани чиноят зарари молу мулки дидаанд, мета-вонанд барои руёнидани товони зарари маънавй даъвои гражданй пешниход ку-нанд.
Масъалаи дигар, мутобики м. 403 КМЧ ЧТ эътироз ё шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани хукм, таъинот ва карори суде, ки эътибори конунй пай-до кардаанд, ба истиснои карорхои раё-сати Суди Олии Чумхурии Точикистон, ба суди мархилаи назоратй аз чониби прокурор, махкумшуда, сафедкардашуда, химоятгарон ва намояндагони онхо, чабрдида, даъвогари гражданй, чавобга-ри гражданй ё намояндагони конунии онхо, инчунин дигар шахсоне, ки хукуку манфиатхои молумулкии онхо бо хукм халалдор шудааст, пешниход карда ме-шавад. Хуб мешуд, ки дар мархилахои
тосудй ва мархилахои судй холати хукукии «дигар шахсоне, ки хукуку ман-фиатхои молумулкии онхо халалдор шудааст» ба сифати шахсони манфиатдор муайян карда шавад [2].
Баъзе аз меъёрхо ба принсипи мубохиса ва баробарии тарафхо мухолифанд. Мутобики м. 433 КМЧ ЧТ бо ризои намояндаи конунии судшавандаи ноболиг суд метавонад онхоро хамчун шохид пурсиш намояд. Лекин дар м. 71 КМЧ ЧТ пешбинй шудааст, ки намояндаи конунии чабрдида, ки каблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, тахкикбаранда, котиби мачлиси суд, шохид, коршинос, мутахассис, тарчумон ё шахси холис иштирок карда бошанд, ба сифати намояндаи чабрдида иштирок карда наметавонанд. Ба андешаи мо, меъёрхои номбаршуда бояд нисбати намояндаи конунии чабрдида ва айбдоршаванда ё судшаванда умумй ва баробарии имкониятхои мурофиавиро нишон диханд. Бинобар ин, дар м.71 КМЧ ЧТ дар байни холатхое, ки иштироки намояндаи конунии
чабрдидаро истисно мекунанд, каблан ба сифати шохид пурсиш шудани онхо ихтисор карда шавад. Ин навгони баробарии имкониятхои мурофиавии тарафхо ва кафолати конститутсионии химояи хукукхои чабрдиадро таъмин менамояд.
Дамин тарик, хифзи хукукхои шахрвандон кисми чудонопазири сиёсати давлати хукукбунёд мебошад. Бо максади таъмини хифзи хукукхои шахрвандон давлат тибки Конститутсия ва конунгузории чории Чумхурии Точикистон як катор кафолатхои хукукиро пешбинй менамояд, ки хангоми махдуд шудани хукукхои инсон ва шахрванд дар пешбурди парвандахои чиноятй аз чониби макомоти ваколатдори давлатй ба инобат гирифта шуда, хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд бо тартиби коидахои муайян кардаи конуни мурофиавй таъмин карда шаванд.
Адабиёти истифодашуда
1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 (бо тагйиру иловахо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016). - Душанбе: Ганч, 2016. - 135 с.
2. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 3-юми декабри соли 2009, № 564 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №12, мод. 815-816; ^онуни ЧТ аз соли 2021, № 1-2, мод. 5.
3. Кодекси граждании Чумхурии Точикистон (^исми дуюм) аз 11-уми декабри соли 1999, № 885 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1999, №12, мод. 323; соли 2002, № 4, цисми 1, мод. 170; соли 2006, №4, мод. 194; соли 2009, №12, мод. 821; с. 2010, №7, мод. 540; ^онунхои ЧТ аз 03.07.2012 с., № 849; аз 22.07.2013 с. № 977; аз 02.01.2019 с., № 1558.
4. Рахматулоев, А.Э. Мурофиаи чиноятй: китоби дарсй / А.Э. Рахматуллоев. - Хучанд: Хуросон, 2016. - 632 с.
5. Разумовский, Д.Б. Гражданский иск в уголовном деле: дис... канд. юрид. наук: 12.00.09 / Дмитрий Борисович Разумовский. - М., 2004. - 183 с.
6. Славгородских, Т.А. Предмет доказывания обстоятельств гражданского иска в российском уголовном процессе: автореф. дис... канд. юрид. наук: 12.00.09 / Татьяна Анатольевна Славгородских. - Челябинск. 2003. - 21 с.
7. Эъломияи умумии хукуки башар, ки бо Резолютсияи 217 А (III) Ассамблеяи генералии СММ 1011-уми декабри с. 1948 кабул шуд // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: http://www.un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/dec lhr.shtml (санаи мурочиат: 12.11.2020).
References
1. Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 (with amendments dated September 26, 1999, June 22, 2003 and May 22, 2016). - Dushanbe: Ganj, 2016. - 135 p.
2. The Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan dated December 3, 2009, No. 564 // Bulletin of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, 2009, No. 12, art. 815-816; Law of the Republic of Tajikistan from 2021, No. 1-2, art. 5.
3. The Civil Code of the Republic of Tajikistan (Part Two) dated December 11, 1999, No. 885 // Bulletin of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, No. 12 of 1999, Art. 323; 2002, No. 4, part 1, art. 170; 2006, No. 4, art. 194; 2009, No. 12, Art. 821; s. 2010, No. 7, art. 540; Laws of the Republic of Tajikistan dated 03.07.2012 p. No. 849; from 22.07.2013 p. No. 977; dated 02.01.2019, No. 1558.
4. Rakhmatuloev, A.E. Criminal procedure: textbook / A.E. Rahmatulloev. - Khujand: Khorasan, 2016. - 632 p.
5. Razumovsky, D.B. Civil lawsuit in a criminal case: dis... cand. legal Sciences: 12.00.09 / Dmitry Borisovich Razumovsky. - M., 2004. - 183 p.
6. Slavgorodskikh, T.A. The subject of proving the circumstances of a civil claim in the Russian criminal process: author. dis... cand. legal Sciences: 12.00.09 / Tatyana Anatolyevna Slavgorodskikh. -Chelyabinsk. 2003. - 21 p.
8. The General Declaration of Human Rights adopted by Resolution 217 A (III) of the UN General Assembly on December 10. Adopted 1948 // [Electronic resource] - Access mode: http://www.un.org/ru/documents/decl_conv/declarations/dec lhr.shtml (access date: 12.11.2020).