УДК 343.126
КАФОЛАТХ,ОИ ^УЦУЦИИ БОЗДОШТШУДА ЗИМНИ СОДИР КАРДАНИ ^ИНОЯТ ПРАВОВЫЕ ГАРАНТИИ ЗАДЕРЖАННОГО ПРИ СОВЕРШЕНИИ ПРЕСТУПЛЕНИЯ
LEGAL GUARANTEES FOR DETAINEES IN THE COMMISSION OF A CRIME
Искандаров З.Х,.
Iskandarov Z.H.
Профессори кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории фа-култети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон, доктори илмуои ^уцуцшиносй, профессор
Профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора
юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук,
профессор
Professor of the Department judicial law and prosecutorial
supervision of the faculty of law of the Tajik national University,
doctor of law
Абдуллоева М.К.
Abdulloeva M.K.
Омузгори калони кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон Старший предподаватель кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикиского государственного университета права, бизнеса и политики Senior lecturer department of Judicial law and prosecutorial supervision Tajik state University of Law,
Business and Politics
Ихтисоси илми: 12.00.09 - Дукуки мурофиаи чиноятй (5.1.4. Илмхои хукукй-чиноятй).
Научная специальность: 12.00.09 - Уголовно-процессуальное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).
Scientific specialty: 12.00.09 - Criminal procedure law (5.1.4. Criminal law sciences).
Тацриздиуанда: Радматулоев А.Э. - профессори кафедраи хукуки судй ва назорати прокурории Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.
Рецензент: Рахматулоев А.Э. - профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского Государственного университета права, бизнеса и политики, кандидат юридических наук.
Reviewer: Rahmatuloev A.E. - Professor of the Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision of the Tajikistan State University of Law, Business and Politics, Candidate of Legal Sciences.
Аннотатсия: Дар макола масъалахои кафолатхои хукукии боздоштшуда зимни содир кардани чиноят дар чараёни пешбурди парвандахои чиноятй ва коидахои махдуд шудани дахлнопазирии хукуку озодихои инсон ва шахрванд мавриди тахлил карор дода шудаанд. Муаллифон коидахои расмии мурофиавиро тахлил намуда, оид ба такмил додани меъёрхои мурофиавии чиноятй таклифу пешниходхои назариявиро пешбарй ва асоснок кардаанд.
e-mail:
e-mail:
Вожауои калиди: гумонбаршуда, айбдоршаванда, дастгиршуда, дастгир кардан, чорахои мачбуркунй, чораи пешгирй, амалхои тафтишй, кафолатхои конститутсионй, хукук ва озодй, хукук ба химоя, дахлнопазирй, адолати судй.
Аннотация: В статье анализируются вопросы правовых гарантий задержанных при совершении преступления в ходе ведения уголовных дел и правила ограничения неприкосновенности прав и свобод человека и гражданина. Авторы проанализировали официальные процессуальные нормы, выдвинули и обосновали теоретические предложения по совершенствованию уголовно-процессуальных норм.
Ключевые слова: подозреваемый, обвиняемый, задержанный, задержание, меры принуждения, меры пресечения, следственные действия, конституционные гарантии, права и свободы, право на защиту, неприкосновенность, правосудие.
Annotation: The article analyzes the issues of legal guarantees for detainees when committing a crime in the course of conducting criminal cases and the rules for restricting the inviolability of the rights and freedoms of man and citizen. The authors analyzed the official procedural norms, put forward and substantiated theoretical proposals for improving the criminal procedural norms.
Key words: suspect, accused, detainee, detention, coercive measures, preventive measures, investigative actions, constitutional guarantees, rights and freedoms, right to defense, immunity, justice.
Боздошт кардан бо гумони содир кардани чиноят, бевосита, хукуку озодй ва дахлнопазирии шахсро халалдор месозад. Кафолатхои конститутсионии шахси боздоштшуда бо гумони содир кардани чиноят мач,муи воситахои хукукие мебошад, ки барои риоя, хифз ва амалй шудани хукук ва манфиатхои шахси боздоштшуда шароити мусоид мухайё сохта, ёрй мерасонанд. Давлат бо рохи фарохам овардани шароити мусоид барои ичрои вазифахо ва мукаррар намудану татбики чорахои мачбурй нисбати шахсоне, ки бо гумони содир кардани чиноят боздошт шудаанд, риоя ва ичрои хукукхои онхоро кафолат медихад.
Дар адабиёт кайд мешавад, ки мафхуми "кафолат" мачмуи омилхои объективию субъективие мебошанд, ки барои татбики хукук озодихо ва ухдадорихои шахс, бартараф кардани сабабу монеахои нопурра ё номувофик ба амал баровардани онхо ва химояи хукук аз вайронкунй равона карда шудаанд [6, с. 116-121]. Ин омилхо нисбати амалй шудани хукуку озодй ва ухдадорихо хамчуи шароит, восита, тарз ва услуби ба амалбарории онхо мебошанд. Махз бо рохи чорй кардани чунин талабот хукуку озодихои шахс дар амал риоя, ичро ва татбик мешаванд.
Вобаста ба хусусиятхои татбики хукуку озодихо ва ичрои вазифахои асосй ва бо низоме, ки Конститутсия мукаррар кардааст, кафолатхои гуногуни онхо пешбинй мешаванд. Ин кафолатхо дар сарчашмахо, ба сохахои ичтимой, фархангй, маънавй, гоявй ва гайра чудо мекунанд.
Шахсро бо асосхои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон aз лахзаи дастгир кардан зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мухлат шахси боздоштшуда бояд аз тавкифгохи нигохдории муваккатй озод карда шавад ё дар хaкки у чораи дигари мачбуркунии мурофиавии дар Кодекси мурофиавии чиноятй Чумхурии Точикистон пешбинишуда татбик карда шавад. Ин талабот бояд аз тарафи макомоти босалохият катъиян риоя карда шавад. Дар холати риоя накардани ин тaлaбoтхo хукук озодихои шахси боздоштшуда поймол мегарданд. Дар ин холат шахси дастгиршуда шахсан ё бо воситаи химоятгар хукуки арз карданро дорад. Вале, мутаассифона, имрузхо дар амалия мушохида мешаванд, ки ин меъёрхо дар бисёр холатхо риоя карда намешаванд. Макомоти назоратиро зарур аст, ки дар ин самт назоратро катъй чорй намоянд. Зеро дар холати бе асоси конунй боздошт
шудани шахс ва ё бе асоси конунй нигох доштани шахс хукуку озодихои у поймол карда мешавад.
Дар баробари санадхои
амалкунандаи Чумхурии Тоцикистон доир ба хукук ба озодй ва дахлнопазирии шахсй инчунин дар санадхои баналмилалй ба монанди Эъломияи умумии хукуки башар, Паймони байналмилалй оид ба хукукхои шахсй ва сиёсй низ мустахкам шудаанд. Мазмуни меъёрхои Эъломияи умумии хукуки башар, ки дар онхо хукук доштани хар як инсон ба хаёт, озодй ва дахлнопазирии шахсй, инчунин хеч кaсpo худсарона дастгир, хабс ё бадарга кардан мумкин нест, ифодакунандаи арзишхои волои инсон мебошад. Меъёрхои мазкур хусусияти тавсиявй дошта дар Эъломияи умумии хукуки башар ба маънои махдуд маънидод шудаанд. Минбаъд он дар Паймони байналхалкй оид ба хукукхои шахсй ва сиёсй хамчун хукуки алохида кафолат дода шуда, хамаи пахлухои ин хукук маънидод шудааст.
Мувофики кисми 1 моддаи 9 Паймони байналмилалй оид ба хукукхои шахсй ва сиёсй «Дар як инсон ба озодй ва дахлнопазирии шахсй хак дорад. Деч кас наметавонад худсарона ба хабс гирифта шавад ё дар хабс нигох дошта шавад. Деч кас набояд аз озодй, гайр аз асосхо ва мутобики расмиёте, ки дар конун мукаррар карда шудаанд, махрум карда шавад». Дар ин меъёр ду кафолати риоя хукук; хукук ба озодй, ва хукук ба дахлнопазирии шахсй мукаррар шудааст.
Яке аз кафолатхои дахлнопазирии шахс манъ будани мавриди озмоиши мачбурии тиббй ва илмй карор додани инсон мебошад. Мувофикан ба ин меъёри конститутсионй дар кисми 1 моддаи 178 Кодекси тандурустии Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст, ки "Бо таъйиноти судй мачбуран табобат намудани шахсони гирифтори беморихои рухй, ки кирдори барои чамъият хавфноки дар конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон пешбинигардидаро содир намудаанд, тибки асос ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории чиноятй ва мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон сурат гирифта, ба таври
беморхонагй дар ташкилотхои беморихои рухй, табобатию пешгирикунандаи макомоти тандурустй, ба амал бароварда мешавад" [4]. Дар ин меъёри мукаррарнамудаи конун, масъалаи дахлнопазирии шахс пешбинй шудааст, ки метавонад дар вакти ичро накардан ё ичрои номатлуби ин меъёр дахлнопазирии шахс вайрон гардад.
Дар баробарии ин, хамчунин, кафолатхои конститутсионй хангоми дастгир кардани шахс дар моддаи 19 Конститутсияи Чумхурии Тoчикистoн пешбинй шудааст, ки «Деч касро бе асоси конунй дастгир, хабс кардан мумкин нест» [2]. Ин меъёр низ яке аз кафолатхои конститутстонии хифзи хукук ба озодй ва дахлнопазирии шахсият ба хисоб меравад, яъне бе асоси конунй хеч касро дастгир ва хабс кардан мумкин нест. Аммо мутассифона дар амалияи имруза холатхое, ки ин меъёри конститутсиониро халалдор намуда, дар rnra4a дахлнопазирии шахсиро вайрон мекунанд, чой доранд.
Ин меъёр худ кафолати таъмин намудани хукук ба озодй ва дахлнопазирии шахсй мебошад. Озодй ва дахлнопазирии шахсият хамчун арзишхои волои тамаддуни инсонй эътироф, риоя ва хифз карда мешавад, ки онхоро Конститутсияи Чумхурии Точикистон тавассути як катор меъёрхо сабт намудааст. Масалан, дар моддаи 5 Конститутсия омадааст, "Инсон, хукук ва озодихои он арзиши олй мебошанд. Даёт, кадр, номус ва дигар хукукхои фитрии инсон дахлнопазиранд. Дукуку озодихои инсон ва шахрвандро давлат эътироф, риоя ва хифз менамояд". Ё худ дар моддаи 14 омадааст "Дукуку озодихои инсон ва шахрванд ба воситаи Конститутсия, конунхои чумхурй ва санадхои хукукии байналмилалие, ки аз тарафи Точикистон эътироф шудаанд, хифз мегарданд. Дукук ва озодихои инсон ва шахрванд бевосита амалй мешаванд. Онхо максад, мазмун ва татбики конунхо, фаъолияти хокимияти конунгузор, ичроия, махалли ва макомоти худидоракунии махаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи хокимияти судй таъмин мегарданд. Махдуд кардани хукук
ва озодихои шахрванд танхо ба максади таъмини хукук ва озодии дигарон, тартиботи чамъиятй, химояи сохти конститутсионй ва тамомияти арзии чумхурй раво дониста мешавад".
Кафолати мухимми химояи хукуки боздоштшуда (гумонбаршаванда) дар ин маврид хукуки истифодаи ёрии адвокат мебошад. Адвокат аз лахзаи ворид шудан ба пешбурди парвандаи чиноятй сохиби як катор хукукхо [3] мегардад, аз чумла:
а) бо гумонбаршаванда дар танхой бидуни махдудияти давомият ва теъдод мулокот намояд;
б) дар пурсиши гумонбаршаванда ва дигар амалхои тафтишотие, ки бо иштироки зерхимояаш гузаронида мешаванд, иштирок намояд;
в) бо протоколи дастгиркунй ва дигар протоколхои амалхои тафтишотие, ки бо иштироки гумонбаршаванда гузаронида шудаанд, шинос шавад;
г) бо хуччатхое, ки ба гумонбаршаванда пешниход шудаанд ё мебоист пешкаш шаванд, шинос шавад;
д) маълумот пешниход намояд ва гайрахо.
Х,имоятгар хангоми дастгиркунй ё хабс кардани гумонбаршаванда иштирок карда дар доираи ухдадории касбии худ бояд онро ба назар гирад, ки талаботхои конун оиди кафолати хукук ва озодихои шахс риоя гардиданд ё не ва дар мавридхои зарурй ба ин бо тарзхои хукукй дар доираи ваколатхояш такя намояд, аз он чумла истифодаи хукуки шикояткунй ба суд.
Яке аз муаммохои асосии иштироки химоятгар хангоми дастгиркунй ё ба хабс гирифтани гумонбаршаванда дар он аст, ки маъмурияти нигохдории
боздоштшудагон, хабсшудагон дархости конунии химоятгарро барои вохурй бо химояшаванда рад карда, то хол ичозати муфаттиш ё макомоти тaхкикpo талаб мекунанд. Гарчанде конун ба химоятгар хукук додааст, ки бо гумонбаршаванда мулокот намояд, ин холат дар амалия аксаран риоя намегардад. Сабаб дар он аст, ки баъзе муфaттишхo барои мустахкам сохтани дaлелхo ва эмин доштани манфиатхои тафтиши кушиш
мекунанд, ки лахзаи иштироки химоятгарро ба таъхир андозанд. Ба хap хол, шахсе, ки дониши умумии хукукй дар ин хусус дорад ва ё имконияти даъват намудани химоятгарpo дорад, хатман аз ин мукаррароти конун истифода бурда метавонад. Мулокоти гумонбаршаванда бо химоятгар баргузор шуда бошад, oнхo имконият пайдо мекунад, ки мавкеашонро оиди химоя муайян созанд. Маълумотеро, ки дар натичаи ин сухбат химоятгар ба даст меорад, кисми сирри адвокатиро ташкил дода, набояд фош гардад, хатто агар гумонбаршаванда дар чинояти содиркардааш икpop шавад хам.
Яке аз кафолатхои хукук ба химоя доштани гумонбаршаванда ин дархол пурсиш намудани у пас аз дастгир кардан мебошад, то ки номбурда имконияти эзох додани холати кор, пешниход намудани далелхо ва дархостхоро дошта бошад. Агар дархол пурсидани у имконнопазир бошад, дар муддати на дертар аз 24 соат бояд хатман пурсида шавад. Пеш аз пурсиш кардан муфаттиш бояд хукукхои гумонбаршавандаро фахмонида дихад, сипас, ба у бояд эълон намояд, ки дар содир намудани кадом чиноят гумонбар дониста мешавад. Дар ин хусус дар протокол хатман бояд кайд карда шавад. Иштироки химоятгар дар чунин мавридхо имкон медихад, ки хукук ва манфиатхои конунии гумонбаршаванда дар сатхи зарурй риоя гашта, фахмондадихии хукукхои гумонбаршаванда шакли зохирй нагирад.
Хднгоми пурсиш химоятгар иштирокчии фаъол буда, метавонад саволхо дихад. Хднгоми ошкор гаштани нодурусти ё нопуррагии сабтхо дар протокол кайди хаттй намояд, инчунин барои тасдики иштирок дар пурсиши гумонбаршаванда ва дурустии сабти нишондодхои гумонбаршаванда дар баробари у имзо гузорад. Гузашта аз ин, иштироки химоятгар намегузорад, ки муфаттиш аз усулхои «манъшудаи» пурсиш истифода намояд. Мутаассифона, дар амалия холати аз чониби баъзе муфаттишон истифода намудани усулхои зурй, тахдид, тахкир, фиреб ва гайра ба чашм мерасад. Чунин холат шаъну
эътибори ин касбро, эхтироми шахсро нисбати макомоти давлатй коста месозад [5, с. 33-41].
Дар байни хукукхои химоятгар хангоми дастгир шудани шахс макоми махсусро хукуки шинос шудани у бо протоколи дастгирнамой ташкил медихад. Зеро махз ин протокол инъикоскунандаи давраи то иштироки химоятгар буда, дар хусуси асоснокй ва дигар холатхои парванда сарчашмаи мухими маълумот барои химоятгар мебошад. Бехуда нест, ки дар адабиёти хукукй бештар тавсия дода мешавад, ки химоятгар хангоми иштирок дар пешбурди парвандаи чиноятй аввал бояд бо протоколи дастгиркунй шинос шуда онро омузад.
Хднгоми омузиши протоколи дастгирнамой химоятгар бояд ба риояи мухлат диккат дихад. Зеро гузаштани мухлат дар баробари тасдик нашудани гумон ва ё набудани асос барои татбики чораи пешгирй дар намуди хабси пешакй асос барои озод намудани шахс мегардад.
Х,имоятгар инчунин хангоми шинос шудан бо хуччатхое, ки ба гумонбаршаванда пешниход шудаанд ва ё мебоист пешниход гарданд, имкониятхои зиёдро дорад. Чунин хуччатхо хеле зиёданд. Масалан, протоколи
азназаргузаронии чойи ходиса бо иштироки гумонбаршаванда, протоколи кофтуков, карор дар бораи кофтуков, протоколи кофтукови шахсй ва гайра. Тасаввур кунед, ки дар протоколи азназаргузаронии чойи ходиса ва ё кофтукови шахс ягон нишонаи тасдиккунандаи алокамандии шахс ба ин чиноят мавчуд набошаду баръакс робитаи уро бо чиноят зери шубха гузорад (масалан, «гумонбаршаванда» дар содир намудани одамкушй бо корд дар чойи ходиса дастгир шудаасту дар либосхо ва ё аъзои бадани у догхои ба хун монанд мавчуд нест) [6, с. 116-121].
Хдмаи инхо асос шуда метавонанд, ки химоятгар ба суд оиди бидуни асосхои кофй дастгир намудани шахс шикоят намояд. Вале, мутаассифона,
конунгузории мурофиаи чиноятй баррасии чунин намуди шикоятро ба таври умумй пешбинй кардааст. Вале ин
маънои онро надорад, ки судхо салохияти баррасии чунин бахсро надоранд. Агар парванда чунин сурат гирад, судхо бо дастрасии моддахои 19 ва 84 Конститутсияи Чумхурии Точикистон метавонанд, ки шикояти химоятгар (ва ё дигар шахси манфиатдор) - ро баррасй намоянд. Еайр аз ин, судхо вазифадоранд дархости химоятгарро доир ба масъалаи беэътибор донистани далелхои бо рохи гайриконунй чамъ овардашуда ва хорич кардани онхоро аз парвандаи чиноятй мавриди баррасй карор диханд ва доир ба ин масъала карори дахлдор кабул намоянд. Тибки карори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон «агар дар кори гирдовардану мукаррар кардани далелхо тартиботи дар ин бобат муайянкардаи конуни мурофиавии чиноятй вайрон гардида бошанд ва ё агар гирдоварию мукаррарсозии далелхо аз чониби шахс ё макомоти бесалохият ва ё дар натичаи амалиёте, ки бо меъёрхои мурофиавй пешбинй нагардидаанд, амалй шуда бошад, ин кабил далелхо далелхои бар хилофи конун дастрасшуда шуморида мешаванд» [5, с. 285].
Бо пешниход намудани далелхо, дархостхо ва истифода бурдани дигар хукукхояш химоятгар метавонад ба рафти тафтиши пешакй таъсир расонида, ба поймолшавии хукук ва манфиатхои конунии гумонбаршаванда рох надихад.
Хдмин тарик, химоятгар дар мархилахои аввали тафтиши пешакй имкониятхои зиёдро дорад, ки ба поймолшавии хукуку манфиатхои гумонбаршаванда ва ё айбдоршаванда рох дода нашавад. Агар аз хамин лахзахо химоятгар фаъоли нишон дода, тамоми камбудихои чойдоштаро сари вакт бартараф созад, аз як тараф, поймолгардии хукук ва манфиатхои конунии гумонбаршаванда
(айбдоршаванда) пешгирй шуда, аз тарафи дигар, барои тафтиши хаматарафа, пурра ва холисонаи парвандаи чиноятй мусоидат менамояд. То кадом дарача аз ухдаи халли масъалахои ин парванда баромадани химоятгар аз малакаи касбй, дурандешй, дониши хукукй, масъулиятшиносй ва аз
хама мухимаш вичдони инсонии у вобаста аст. Новобаста аз махдудиятхо ва камбудихое, ки дар конунгузории амалкунандаи мурофиаи чиноятй мавчуданд, химоятгаре, ки дорои сифатхои касбй аст, дар доираи имкониятхои доштааш метавонад химояи гумонбаршаванда (aйбдopшaвaндa)-po дар сатхи зарурй ба рох монад.
Ба сифати химоятгар адвокатхо (аъзоёни Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон) бо тартиби
мукаррарнамудаи конун рох дода мешаванд. Бо таъиноти суд, карори судя, прокурор, муфаттиш ва тахкикбаранда хешовандони наздик ва намояндагони конунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба сифати химоятгар ба пешбурди парванда метавонанд рох дода шаванд.
Димоятгар барои иштирок дар парванда аз лахзаи дар хакки шахс баровардани карори огози парвандаи чиноятй, инчунин аз лахзаи вокеан дастгир гардидани гумонбаршуда рох дода мешавад.
Макомоти пешбурди парвандаи чиноятй хукук надорад, ки ба ягон кас даъвати химоятгари муайянро тавсия намояд.
Агар иштироки химоятгари
интихоб ё таъиншуда дар давоми на камтар аз панч шабонаруз имконнопазир бошад, макомоти пешбурди парвандаи чиноятй ба дастгиршуда, гумонбаршуда ё айбдоршаванда даъват шудани химоятгари дигарро пешниход кунанд ва дар сурати даст кашидани у аз таъин намудани химоятгар чорахо андешанд.
Агар химоятгари дар пешбурди парвандаи чиноятй иштироккунанда дар давоми панч шабонаруз дар амали мурофиавй иштирок карда натавонад, гумонбаршуда, айбдоршаванда
химоятгари дигарро даъват накунад ва барои таъин намудани химоятгар дархост пешниход накунад ё агар гумонбаршуда, айбдоршаванда аз химоятгари таъиншуда даст кашанд, макомоти пешбурди
парвандаи чиноятй хамин амали мурофиавиро бе иштироки химоятгар мегузаронанд, ба гайр аз холатхое, ки дар к. 1 м. 51 Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КМЧ ЧТ) пешбинй гардидаанд. Дар мавриди пешбиникардаи конун ичрои амали мурофиавй ё пешбурди парванда мавкуф гузошта мешавад (м. 286 КМЧ ЧТ).
Агар дар давоми 24 соат аз лахзаи дастгиркунии гумонбаршуда ё ба хабс гирифтани гумонбаршуда,
айбдоршаванда таъин намудани химоятгари интихобнамудаи онхо имконнопазир бошад, тахкикбаранда, муфаттиш ё прокурор барои таъин намудани химоятгари дигар бояд дигар чорахо андешанд.
Дамин тарик, дастгир кардан бо гумони содир кардани чиноят, ки хусусияти мачбуркунй дорад, бо махдуд карда шудани хукук ва манфиатхои конунии шахсе, ки нисбати у барои содир кардани чиноят гумонбар шудааст, ичро мешавад. Агар сабаби татбики чораи мачбуркунии мурофиавй гумон нисбати шахсе, ки барои содир кардани чиноят дониста шавад, пас таъмини кафолатхое, ки барои рад кардани он амалй мешаванд мазмуни функсияи химояро мегиранд.
Таъмини хукуки гумонбаршуда ба химоя ба мачмаи амали макомоти тахкик муфаттиш, прокурор ва суд марбут буда, он аз эълон кардан, фахмондани барои кадом чиноят шахс чун гумонбар дониста шудааст, кафолати риояи хукук ва ухдадорихои вай, мусоидат кардан барои татбики онхо иборат мебошад. Чорй шудани талаботи нисбатан катъй оид ба риояи конун ва асоснок кардани дастгиркунй имконият ба вучуд меорад, ки сатхи вайрон кардани конун хангоми дастгир кардан бо гумони содир кардани чиноят хеле паст шавад. Дама гуна дастгир кардан конунй, асоснок ва мувофики максад дониста мешавад, ки агар он тибки талаботи меъёрхои мурофиавй ичро шавад.
Адабиёти истифодашуда
1. Искандаров, З.Х,. Х,имояи судй ва озодии шикоят дар мурофиаи чиноятй / З.Х,. Искандаров // Давлат ва хукук. - 2000. - № 4. - С. 33-41.
2. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 (бо тагйироту иловахои солхои 1999, 2003 ва 2016) // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: www.mmk.tj (санаи мурочиат: 04.04.2023).
3. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 3-юми декабри с. 2009. -Душанбе: Матн, 2020. 570 с.
4. Кодекси тандурустии Чумхурии Точикистон аз 30-юми майи с. 2017, № 1413 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к. 1, мод. 270; ^онуни ЧТ аз 29.01.2021 с., № 1762.
5. ^арори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон "Дар бораи такмили минбаъдаи фаъолияти судй дар партави тагйиру иловахое, ки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ворид гардидаанд" аз 2-юми октябри с. 2003, № 15 // Мачмуи карорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон (1992-2009). - Душанбе: Матбуот, 2009. - 402 с.
6. Рачабов, Ф.И. Асосхои хукукй ва тартиби дастгир кардани шахс дар пешбурди парвандаи чиноятй / Ф.И. Рачабов // Маводи конференсияи байналмилалии илмй-назариявй «Робитахои кишвархои Осиёи Марказй: холат ва дурнамо». ^исми 2. - Хучанд: Дабир, 2019. - С. 116-121.
References
1. Iskandarov, Z.Kh. Judicial protection and freedom of appeal in criminal proceedings / Z.H. Iskandarov // State and law. - 2000. - No. 4, - Р. 33-41.
2. The Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 (with amendments and additions in 1999, 2003 and 2016) // [Electronic source] - Access mode: www.mmk.tj (date of application: 04.04.2023).
3. The Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan dated December 3, p. 2009. - Dushanbe: Matn, 2020. 570 p.
4. Health Code of the Republic of Tajikistan from May 30, p. 2017, No. 1413 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 2017, No. 5, p. 1, art. 270; Law of the Republic of Tajikistan dated 29.01.2021, No. 1762.
5. Decision of the Plenum of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan "On the further improvement of judicial activity in the light of the amendments made to the Constitution of the Republic of Tajikistan" dated October 2. 2003, No. 15 // Collection of decisions of the Plenum of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan (1992-2009). - Dushanbe: Press, 2009. - 402 p.
6. Rajabov, F.I. Legal bases and procedures for arresting a person in criminal proceedings / F.I. Rajabov // Proceedings of the international scientific-theoretical conference "Relations between the countries of Central Asia: situation and prospects". Part 2. - Khujand: Dabir, 2019. - Р. 116-121.