Научная статья на тему 'ХУСУСИЯТЊОИ БАРРАСИИ СУДИИ ПАРВАНДАЊОИ ЉИНОЯТЇ ДАР ЃОИБИИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ЉИНОЯТЇ'

ХУСУСИЯТЊОИ БАРРАСИИ СУДИИ ПАРВАНДАЊОИ ЉИНОЯТЇ ДАР ЃОИБИИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ЉИНОЯТЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
суд / судя / њуќуќу озодињо / адолати судї / айбдоршаванда / судшаванда / маљлиси суд / њимояи судї / кафолати мурофиавї / мубоњиса / баробарии тарафњо / мурофиаи ѓойибона / парвандаи љиноятї / мурофиа / меъёри њуќуќї / љомеа / давлат / њимоя. / суд / судья / права и свободы / правосудие / обвиняемый / подсудимый / судебное заседание / су-дебная защита / процессуальные гарантии / разбирательство / равноправие сторон / заочный су-дебный процесс / уголовное дело / процесс / правовая норма / общество / государство / защита.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Иноятова А.И.

Муаллифи маќола масъалањои баррасии судии парвандањои љиноятиро дар ѓоибии иштирокчиёни мурофиаи љиноятї, аз љумла, дар ѓоибии судшаванда мавриди тањлил ќарор додааст. Ќайд мешавад, ки ихтилофи баъзе аз меъёрњои мурофиавї, якхела ва даќиќ риоя, иљро ва татбиќ нашудани ќоидањои мурофиавї њимояи њуќуќу манфиатњои айбдоршавандаро дар марњилањои тосудї ва дар марњилањои судї, њимояи њуќуќу ман-фиатњои иштирокчиёни мурофиаи љиноятї, аз љумла, судшавандаро, хусусан њангоми дар ѓоибии онњо баррасї шудани масъалањои мурофиавї ѓайриимкон мегардонад ва ё дучори мањдудиятњои беасос мегардонад, ки ба воќеан таъмин гаштани принсипњои конститутсионии ба њама дастрас будани њифзи судї, мубоњиса ва баробарии тарафњои муњокимаи судї монеањои љиддї эљод мекунад. Бањри њалли масъалањои мурофиавї ху-лосањои муаллиф асоснок карда мешаванд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FEATURES OF JUDICIAL CONSIDERATION OF CRIMINAL CASES IN THE ABSENCE OF PARTICIPANTS IN CRIMINAL PROCEEDINGS

В статье автором проанализированы вопросы судебного рассмотрения уголовных дел в отсут-ствии участников уголовного судопроизводства, в том числе, в отсутствии подсудимого. От-мечается, что несоответствие отдельных процессуальных норм, необеспечение единообразно-го и точного соблюдения, исполнения закона или неправильное применение процессуальных норм препятствует делу защиты прав и интересов обвиняемого в судебном процессе, защите прав и интересов иных участников судебного процесса, делает невозможным или нецелесооб-разным применение материальных и процессуальных норм права, что серьезно препятствует реализации конституционных принципов всеобщего доступа граждан к судебной защите, со-стязательных начал и обеспечения равных возможностей сторон. Для решения названных во-просов, автором выдвигаются обоснованные предложения и выводы.

Текст научной работы на тему «ХУСУСИЯТЊОИ БАРРАСИИ СУДИИ ПАРВАНДАЊОИ ЉИНОЯТЇ ДАР ЃОИБИИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ЉИНОЯТЇ»

М^ИНБАРИ ОЛИМОНИ НАВОН

Трибуна молодых ученых Tribune Of Young Scientists

удк 343.138.8

хусусият^ои баррасии судии парванда^ои чиноятй дар гоибии иштирокчиёни мурофиаи нинояти

особенности судебного рассмотрения уголовных дел

в отсутствии участников уголовного судопроизводства

features of judicial consideration of criminal cases in the absence of participants in criminal proceedings

Иноятова А.И.

Inoyatova A.I.

Омузгори кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон Преподаватель кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права,

бизнеса и политики Lecturer, Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision, State University of Law, Business and

Politics of Tajikistan

Ихтисоси илмй: 12.00.09 - мурофиаи чиноятй.

Научная специальность: 12.00.09 - уголовный процесс

Scientific specialty: 12.00.09 - criminal procedure

Такриздщанда: Рах,матулоев А.Э. - профессори кафедраи хукуки судй ва назорати прокурории Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукук.

Рецензент: Рахматулоев А.Э. - профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, кандидат юридических наук.

Reviewer: Rakhmatulloev A.E. - Professor of the Department of Judicial Law and Prosecuto-rial Supervision of the Tajik State University of Law, Business and Politics, Candidate of Legal Sciences.

Аннотатсия: Муаллифи макола масъалахои баррасии судии парвандахои чиноятиро дар гоибии иштирокчиёни мурофиаи чиноятй, аз чумла, дар гоибии судшаванда мавриди тахлил карор додааст. Кдйд мешавад, ки ихтилофи баъзе аз меъёрхои мурофиавй, якхела ва дакик риоя, ичро ва татбик нашудани коидахои мурофиавй химояи хукуку ман-фиатхои айбдоршавандаро дар мархилахои тосудй ва дар мархилахои судй, химояи хукуку манфиатхои иштирокчиёни мурофиаи чиноятй, аз чумла, судшавандаро, хусусан хангоми дар гоибии онхо баррасй шудани масъалахои мурофиавй гайриимкон мегардо-над ва ё дучори махдудиятхои беасос мегардонад, ки ба вокеан таъмин гаштани прин-

e-mail:

inoyatova.afruza@mail. ru

сипхои конститутсионии ба хама дастрас будани хифзи судй, мубохиса ва баробарии та-рафхои мухокимаи судй монеахои чиддй эчод мекунад. Бахри халли масъалахои муро-фиавй хулосахои муаллиф асоснок карда мешаванд.

Вожауои калиди: суд, судя, хукуку озодихо, адолати судй, айбдоршаванда, судшаванда, мачлиси суд, химояи судй, кафолати мурофиавй, мубохиса, баробарии тарафхо, мурофиаи гойибона, парвандаи чиноятй, мурофиа, меъёри хукукй, чомеа, давлат, химоя.

Аннотация: В статье автором проанализированы вопросы судебного рассмотрения уголовных дел в отсутствии участников уголовного судопроизводства, в том числе, в отсутствии подсудимого. Отмечается, что несоответствие отдельных процессуальных норм, необеспечение единообразного и точного соблюдения, исполнения закона или неправильное применение процессуальных норм препятствует делу защиты прав и интересов обвиняемого в судебном процессе, защите прав и интересов иных участников судебного процесса, делает невозможным или нецелесообразным применение материальных и процессуальных норм права, что серьезно препятствует реализации конституционных принципов всеобщего доступа граждан к судебной защите, состязательных начал и обеспечения равных возможностей сторон. Для решения названных вопросов, автором выдвигаются обоснованные предложения и выводы.

Ключевые слова: суд, судья, права и свободы, правосудие, обвиняемый, подсудимый, судебное заседание, судебная защита, процессуальные гарантии, разбирательство, равноправие сторон, заочный судебный процесс, уголовное дело, процесс, правовая норма, общество, государство, защита.

Annotation: The article attempts to analyze the issues of judicial consideration of criminal cases in the absence of participants in criminal proceedings, including in the absence of the defendant. It is noted that the inconsistency of individual procedural norms, failure to ensure uniform and precise observance, enforcement of the law or incorrect application of procedural norms hinders the protection of the rights and interests of the accused in the trial, the protection of the rights and interests of other participants in the trial, makes it impossible or inappropriate to use substantive and procedural the rule of law, which seriously impedes the implementation of the constitutional principles of universal access of citizens to judicial protection, adversarial principles and ensuring equal opportunities for the parties. To address these issues, substantiated proposals and conclusions of the author are put forward.

Key words: court, judge, rights and freedoms, justice, accused, defendant, parties, justice, judicial protection court session, judicial protection, procedural guarantees, trial, equality of arms, criminal case, judicial investigation, publicity, orality, closed session, absentee court process.

Конститутсияи Чумхурии

Точикистон хукуку озодихои инсон ва шахрвандро ва арзиши олй эътироф намуда, риоя, ичро ва тахти химояи давлат карор гирифтани онхоро кафолат дода, тамоми рукнхои давлатро барои амалан таъмин намудани хифзу риояи он масъул сохтааст [1, с. 7]. Меъёрхои конститутсионй дар рушди давлати демокративу хукукбунёди Точикистон, ташаккули чомеаи адолатпарвар, низоми хукуки миллй, муносибатхои сифатан нави миёни шахсият, чомеа ва давлат, инчунин бахри таъмини адолати ичтимой шароити мусоиди хукукй фарохам овардааст.

Омузиш ва тахлили назария ва амалияи макомоти тафтишию судй нишон медихад, ки бинобар чой доштани ихтилофи баъзе аз меъёрхои мурофиавй, нуксонхо дар матн ва мазмуни коидахои мурофиавй, инчунин якхела ва дакик риоя, ичро ва татбик нашудан ё нодурусту галат амалй шудани коидахои мукарраркардаи конунгузории миллй, химояи хукуку манфиатхои

айбдоршаванда дар мархилахои тосудй ва дар мархилахои судй, химояи хукуку манфиатхои иштирокчиёни мурофиаи чиноятй, аз чумла, судшавандаро, хусусан хангоми дар гоибии онхо баррасй шудани масъалахои мурофиавй гайриимкон

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (55). 2022

мегардонад ва ё дучори махдудиятхои беасос мегардонад, ки ба вокеан таъмин гаштани принсипхои конститутсионии ба хама дастрас будани хифзи судй, мубохиса ва баробарии тарафхои мухокимаи судй монеахои чиддй эчод мекунад.

Бинобар ин, масъалахои таъмини имкониятхои иштироки тарафи химоя ва айбдоркунанда дар баррасии судии парвандаи чиноятй; таносуби мурофиаи ошкоро, пушида ва гоибонаи баррасй шудани парвандахои чиноятй; мухокимаи судии масъалахои мурофиавй дар гоибии иштирокчиёни мурофиаи чиноятй бештар ба тахлили хукукй ва тадкикоти илмй ниёз пайдо мекунанд.

Хдрчанд конунгузории мурофиавии чиноятй Точикистон [2] аз соли 2010 огоз намуда, мохияти башардустонаи меъёрхои конститутсиониро идома дода, дар партави мукаррароти он, дар баробари хукук ба химоя ва хукук ба дастрас будани адолати судй як катор кафолатхои мурофиавиро пешбинй карда бошад хам, атрофи масъалаи таъмини кафолати ба химояи судй хукук доштани иштирокчиёни мурофиа, хусусан айбдоршаванда ва судшаванда то хол бахсхои назариявй чой доранд. Дар амалияи макомоти тафтишй ва судй омилхои вайронкунандаи амалишавии меъёрхои хукукй (риоя, ичро ва татбики меъёрхо) бартараф нашудаанд. Аз ин ру, дар шароити имрузаи Чумхурии Точикистон, ки дар сохаи адолати судй ислохоти судию хукукй самаранок татбик гаштанд, макоми хукукии айбдоршаванда ва судшаванда, хусусан имкониятхои иштироки онхо дар халли масъалахои мурофиавй ва умуман пешбурди парвандахои чиноятй бештар гаштанд, ки бевосита ба хукуку манфиатхои онхо таъсир мерасонанд. Ин ва дигар масъалахои мурофиаи судй холо дар маркази диккати мухаккикон ва мутахассисони соха карор гирифтааст.

Тахлил ва тадкикоти назария ва амалияи пешбурди парвандахои чиноятй нишон медихад, ки халли хукукии масъалахои мурофиавй, татбики дурусти меъёри хукукй хангоми пешбурди

парвандахои чиноятй бояд аз руйи принсипи конститутсионии мубохиса ва баробарии тарафхо бо иштироки фаъоли тарафхо рохандозй шаванд [4, с. 13-14]. Мухим аст, ки ба коидахои танхо дар мавридхои истисной дар гоибии иштирокчиёни мурофиаи чиноятй, хусусан дар гоибии айбдоршаванда ва судшаванда баррасй шудани масъалахои мурофиавй, ба тартиби халли масъалахои мурофиавй бе иштироки айбдоршаванда ва судшаванда (лекин нисбати онхо) тачдиди назар карда шавад. Баъзе аз махдудиятхое, ки дар конун пешбинй шудаанд, амали принсипи

конститутсионии адолати судиро таъмин намекунанд, татбики чунин меъёрхо бояд танхо дар холатхои истисной раво дониста шавад.

Тахлили меъёрхои мурофиавии чиноятй нишон медихад, ки мафхуми дакики "мурофиаи гоибонаи судиро" конун пешбинй накардааст. Муаллифон мухокимаи гоибонаи парвандаи чиноятиро танхо бо "дар гоибии судшаванда баррасй ёфтани парвандаи чиноятй" ва бо "мачлиси пушидаи суд" [16, с. 373] алокаманд дониста, кайд мекунанд, ки ин шакли фаъолияти судй танхо дар мавридхои пешбинй кардаи конун ё чой доштани холатхои истисной амалй мешавад [3].

Н.А. ^удратов менависад, ки хангоми саркашй намудани судшавандаи тахти хабс карордошта аз хозир шудан ба мачлиси суд суд, судя хукук доранд парвандаро дар гоибии у ва бо иштироки хатмии химоятгар баррасй намоянд [16, с. 377]. Лекин, тахлил ва баён нашудааст, ки амалй шудани чунин коида нисбати судшавандае, ки нисбати вай намуди дигари чораи пешгирй (ба гайр аз ба хабс гирифтан) татбик шуда, вокеан дар озодй карор дорад, пахн мешавад ё не? Оё холати мурофиавии судшавандаи дар тавкифгохи тафтишотй ва ё судшавандаи дар озодй карордошта аз хамдигар фаркияти чиддй доранд?

Олимони ватанй Р.Р.

Рахмадчонзода, А.Э. Рахматулоев кайд менамоянд, ки дар мавридхои пешбинй кардаи конун суд имконият дорад, ки дар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (55). 2022

гоибии яке аз иштирокчиёни мачлиси суд парвандаи чиноятиро баррасй намояд. Муаллифони номбурда доираи иштирокчиёни мачлиси судро дар шакли васеъ пешбинй карда, мурофиаи гоибонаи парвандаи чиноятиро танхо бо хозир нашудан ё хузур надоштани судшаванда вобаста намекунанд [7, с. 421; 8, с. 459]. Мухаккикон Л.В. Тихомирова, М.Ю. Тихомиров кайд мекунанд, ки хангоми пешбурди првандаи чиноятй "мухокимаи гоибонаи парвандаи чиноятй" дар мачлиси суд танхо дар гоибии судшаванда баррасй шудани парвандаи чиноятиро ифода мекунад [10, с. 187]. Лекин онхо, дар мархилахои тосудй баргузор шудани мачлиси судро дар гоибии айбдоршаванда ё чабрдида ва иштирокчиёни дигари мурофиаи чиноятй сарфи назар кардаанд.

И.П. Попова, И.Г. Смирнова менависанд, ки дар гоибии судшаванда баррасй шудани парвандаи чиноятй хусусияти истисной дошта, танхо дар сурати чой доштани холатхои зерин имконпазир аст:

а) саркашй кардани судшавандаи тахти хабс карордошта аз хозир шудан ба мачлиси суд;

в) дархости судшаванда дар бораи дар гоибии вай баррасй шудани парвандаи чиноятй дар мачлиси суд, оид ба парвандахои чиноятии начандон хавфнок ва хавфнокиашон дарачаи миёна, агар мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда ба тафтиши хамачониба, пурра ва холисонаи холатхои содир шудани чиноят халал нарасонад [6, с. 195-202].

Ин мавкеи муаллифонро дастгирй кардан мумкин аст танхо ба шарте, ки бе сабабхои узрнок саркашй кардан ё рад кардани судшавандаи дар хабс карордошта аз хозиршавй ба мачлиси суд дар хузури химоятгар ва дар шакли хаттй баён гардад. Чунин шакли расмиёти мурофиавй нишон медихад, ки изхори рад кардани хозиршавй ба мачлиси суд бе дахолати шахсони дигар, ихтиёрй ва мустакилона баён шудани онро таъмин менамояд. Тибки конунгузории ватанй дар чунин мавридхо иштироки

химоятгари судшаванда дар мачлиси суд хатмй дониста шудааст. Лекин, масъалаи татбики ин коида нисбати судшавандаи тахти хабс карор надошта бахснок бокй мемонад.

Оид ба имконияти мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда м. 449 Кодекси мурофиаи Федератсияи Россия (минбаъд - КМЧ ФР) шартхои дигарро пешбинй кардааст, ки гайр аз дархости судшаванда дар хусуси дар гоибии вай баррасй кардани парвандаи чиноятй, агар барои содир кардани чинояти содиршуда, конуни чиноятй чазои вобаста ба дарачаи ба чамъият хавфнокй чазои бо махрумй аз озодй алокаманд набударо пешбинй карда бошад, инчунин чабрдида ва ё намояндаи вай иштироки хатмии судшавандаро бо дархости вачхнок асоснок накарда бошанд [11].

Кодексхои мурофиавии Чумхурии Точикистон (минбъад - КМЧ ЧТ) ва Озарбойчон пешбинй мекунанд, ки барои мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда холатхои зерин истисной дониста мешаванд:

1) агар судшаванда берун аз худуди чумхурй карор дошта, аз хозиршавй ба мачлиси суд касдан саркашй карда бошад;

2) агар судшаванда дар бораи дар гоибии вай баррасй шудани парвандаи чиноятй дар мачлиси суд дархост карда бошад; агар парвандахои чиноятии барасишаванда оид ба чиноятхои начандон хавфнок ва хавфнокиашон дарачаи миёна эътироф шавад; агар мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда ба исботи хамачониба, пурра ва холисонаи холатхои ба таъкиби чиноятй алокаманд монеъ нагардад;

3) ба гайр аз чой доштани холатхои номбаршуда мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда, лекин бо иштироки хатмии химоятгари судшаванда ичозат дода мешавад [12].

КМЧ Чумхурии Казокистон (м. 315) [13] ва КМЧ Чумхурии Киргизистон (м. 259) [14] низ чунин шарту холатхои истисноии дар гоибии судшаванда

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (55). 2022

мохиятан баррасй шудани парвандаи чиноятиро пешбинй кардааст.

Тибки м. 294 КМЧ Чумхурии Белорус, мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда ба шарте мумкин аст, ки агар дарачаи чинояти содиршуда на чандон хавфнок ё камахмият бошад; судшаванда дар бораи мухокимаи гоибона дархост карда бошад; судшаванда ба гунохи худ икрор шуда бошад ё судшаванда берун аз худуди чумхурй карор дошта аз хозир шудан ба мачлиси суд саркашй намояд [15].

Бинобар ин, И.В. Смолкова и Р.В. Мазюк кайд мекунанд, ки мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда бештар бо ташаббуси худи судшаванда ё вобаста ба рафтори вай дар мурофиаи чиноятй амалй мешавад. Бинобар ин, манфиати чомеа, давлат ва шахрванд дар пешбурди парвандахои чиноятй на хама вакт ба хамдигар мувофиканд. Мухим аст, ки манфиати чомеа, давлат нисбати хукуку

манфиатхои шахрванд набояд афзалият ва ё бартарият дошта бошанд [9, с. 156169]. Мухокимаи парвандаи чиноятй дар гоибии судшаванда набояд ба манфиатхои чомеа ва давлат мукобил гузошта шавад, балки бо кафолатхои мурофиавй таъмин гардад. Чи хеле, ки дар киёс бо конунгузории мурофиаи чиноятии ИДМ, КМЧ Чумхурии Точикистон пешбинй кардааст, ки дар сурати аз байн рафтани холатхои истисноии дар кисми 4 моддаи 280 пешбинишуда хукм ё таъиноти судие, ки гоибона кабул карда шудааст, бо дархости махкумшуда ё химоятгари у тибки талаботи боби 42 Кодекси мазкур бекор карда мешавад [2]. Мухокимаи судй дар ин сурат бо тартиби умумй гузаронида мешавад. Ин танзими меъёрй тачрибаи пешкадами мурофиаи чиноятии ватанй яке аз кафолатхои мухими бартарияти хукуку озодии инсон дар амалишавии адолати судй мебошад, ки аз тарафи олимон ватанй ва хоричй аз чихати назариявй низ дастгирй ёфтааст [5, с. 76-84].

Агар ба моддахои 279, 282, 283 КМЧ ЧТ эътибор дихем, пешбинй шудааст, ки

суд, судя хукук дорад парвандаи чиноятиро дар гоибии айбдоркунандаи давлатй (оид ба баррасии парвандахои айбдоркунии хусусй), чабрдида ё даъвогари гражданй, агар одилона хал кардани парвандаи чиноятй ва химояи хукуку манфиатхои конунии онхо имконпазир бошад, мавриди баррасй карор дихад. Бинобар ин, ба андешаи мо мурофиаи судй оид ба баррасии парвандаи чиноятй дар гоибии яке аз иштирокчиёни мурофиаи чиноятй иштирок надоштани танхо судшавандаро ифода намекунад.

Дар амалия, масалан, тибки м. 292 КМЧ ЧТ, аз толори мачлиси суд берун карда шудани судшаванда ва махрум шудани вай аз имконияти иштирок дар тафтиши судй барои риоя накардани тартибот дар толори мачлиси суд, итоат накардан ба амри раисикунанда пешбинй шудааст. Аз толори мачлиси суд дур карда шудани судшаванда дар гоибии вай баррасй шудани парвандаи чиноятиро ифода мекунад, ки дар натича вокеан вай аз хукуки химояи манфиатхои худ аз айби эълоншуда махрум мешавад,дар тафтиши далелхо иштирок намекунад, далелхоро пурра карда наметавонад, далелхои дигар пешниход карда наметавонад, гайрикобили кабул эътироф кардани далелхоро пурсида наметавонад, раддия, дархост ва шикоят карда наметавонад. Умуман, дар гоибии судшаванда хал шудани хама масъалахои мухокимаи судй, аз чумла масъалаи гунахгорй ё бегунохии у, ба андешаи мо мухолифи м.м.19, 88, Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва м.м. 20, 277 КМЧ ЧТ мебошад. Чунки, дар сурати чой доштани холатхои номбаршуда принсипхои конститутсионй, аз чумла, дастрасии адолати судй ва кафолати хифзи судй, мубохиса ва баробарии тарафхо, нисбати судшаванда вокеан татбик нашуда мемонанд.

Моддаи 289 КМЧ ЧТ ба суд, судя салохияти интихоб, тагйир ё бекор кардани чорахои пешгириро нисбати судшаванда, инчунин имконияти дароз кардани мухлати дар хабс ё хабси хонагй нигох доштани судшавандаро пешбинй

кардааст, ки бар хилофи м.м. 20, 112 КМЧ, Ч,Т аст. Чунки суд макомоти таъкиби чиноятй нест ва набояд бо ташаббуси худ ин масъаларо хал намояд ва бар хилофи холисию бегаразиро нишон дода, майли айбдоркунй пайдо мекунад. Чунки дархости интихоб, тагйир ё бекор кардани чорахои пешгирй нисбати судшаванда, инчунин имконияти дароз кардани мухлати дар хабс ё хабси хонагй нигох доштани судшаванда бояд аз чониби тарафхо пешниход гардад, на бо ташаббуси суд ё судя ин масъалахои баррасй шаванд. Суд, судя бояд дархости

интихоб, тагйир додан, бекор кардани чорахои пешгириро нисбати судшаванда, инчунин имконияти дароз кардани мухлати дар хабс ё хабси хонагй нигох доштани судшавандаро бо иштироки тарафхо баррасй кунад, лекин бидуни чонибдории онхо, конунй, асоснок ва холисона хал намояд.

Хдмин тарик, масъалахои назария ва амалияи баррасии парвандаи чиноятй дар мачлиси судй дар гоибии судшаванда зарурати тадкикот ва тахлили хукукии ин масъалахоро дучанд зиёд кардааст.

Адабиёти истифодашуда

1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон (бо тагйироту иловахо аз солхои 1999, 2003, 2016). -Душанбе: Ганч, 2016. 134 с.

2. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон. - Душанбе: Матн, 2021. - 328 с.

3. Бендерская, Е.Г. Рассмотрение уголовного дела в отсутствии подсудимого: автореф. дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.09 / Бендерская Екатерина Геннадьевна. - М., 2010. - 30 с.

4. Кахоров, Н.М. Состязательность в уголовном судопроизводстве Республики Таджикистан: правовой аспект / Н.М. Кахоров. - Худжанд: Хуросон, 2019. - 152 с.

5. Мазюк, Р.В. Процессуальные интересы участников уголовного судопроизводства / Р.В. Мазюк // Сибирские уголовно-процессуальные и криминалистические чтения. - 2017. - № 4. - С. 7684.

6. Попова, И.П., Смирнова И.Г. Заочное судебное разбирательство по уголовным делам: проблемы реализации в контексте сравнительно-правового исследования / И.П. Попова, И.Г. Смирнова // Вестник Томского государственного университета. - 2018. - № 431. - С. 195-202.

7. Мурофиаи чиноятй: китоби дарсй / мухаррири масъул Р.Р. Юлдошев. - Душанбе: ЭР-Граф, 2018. - 556 с.

8. Рахматулоев, А.Э. Мурофиаи чиноятй: китоби дарсй / А.Э. Рахматулоев. - Хучанд: Хуросон, 2016. - 632 с.

9. Смолькова, И.В., Мазюк, Р.В. Законные, незаконные и процессуальные интересы обвиняемого в российском уголовном судопроизводстве / И.В. Смолькова, Р.В. Мазюк // Криминологический журнал Байкальского государственного университета экономики и права. -2016. - Т. 10, - № 1. - С. 156-169.

10. Тихомирова, Л.В., Тихомиров, М.Ю. Юридическая энциклопедия / Л.В. Тихомирова, М.Ю. Тихомирова. - М.: Норма -М., 2006. - 971 с.

11. Уголовно-процессуальный кодекс Российской Федерации от 18 декабря 2001 г. № 174-ФЗ // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: http://www.kremlin.ru/acts/bank/17643 (дата обращения: 09.04.2022).

12. Уголовно-процессуальный кодекс Республики Азербайджан: Утвержден Законом Азербайджанской Республики от 14 июля 2000 года №907-IQ // [[Захираи электронй] - Речаи воридшавй:: https://online.zakon.kz/Document/?doc id=30420280&pos=6;-106#pos=6;-106 (санаи мурочиат: 09.04.2022).

13. Уголовно-процессуальный кодекс Республики Казахстан от 4 июля 2014 года № 231 -V ЗРК // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://adilet.zan.kz/rus/docs/K1400000231 (санаи воридшавй: 10.04.2022).

14. Уголовно-процессуальный кодекс Кыргызской Республики от 28 октября 2021 года № 129 (с изменениями от 18.01.2022 г.) // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://online.zakon.kz/Document/?doc id=36639004 (санаи воридшавй: 10.04.2022).

15. Уголовно-процессуальный кодекс Республики Беларусь от 16 июля 1999 г. № 295-З // [Захираи электронй] - Речаи воридшавй: https://belzakon.net (санаи воридшавй: 10.04.2022).

16. Хукуки мурофиавии чиноятй: китоби дарсй / Зери тахрири н.и.х., дотсент Н.А. Кудратов. - Душанбе: Таджпринт, 2016. - 562 с.

References

1. Constitution of the Republic of Tajikistan. (with changes and additions since 1999, 2003, 2016). - Dushanbe: Ganj, 2016. - 134 p.

2. Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe: Matn, 2021. - 328 p.

3. Benderskaya, E.G. Consideration of a criminal case in the absence of the defendant: author. dis. ... cand. legal Sciences: 12.00.09 / Benderskaya Ekaterina Gennadievna. - M., 2010. - 30 p.

4. Kakhorov, N.M. Competitiveness in criminal proceedings of the Republic of Tajikistan: legal aspect / N.M. Kakhorov. - Khujand: Khuroson, 2019. - 152 p.

5. Mazyuk, R.V. Procedural interests of participants in criminal proceedings / R.V. Mazyuk // Siberian criminal procedure and forensic readings. - 2017. - No. 4. - Р. 76-84.

6. Popova, I.P., Smirnova I.G. Trial in absentia in criminal cases: problems of implementation in the context of comparative legal research / I.P. Popova, I.G. Smirnova // Bulletin of the Tomsk State University. - 2018. - No. 431. - Р. 195-202.

7. Rahimzoda, R.H., Sharifzoda, F.R., Soliev, K.H., Aripov, A.L., Imomnazarov, F.S., Nozi-rov, N.A., Yuldoshev, R.R. Criminal procedure: textbook / responsible editor R.R. Yuldoshev. -Dushanbe: ER-Graf, 2018. - 556 p.

8. Rakhmatuloev, A.E. Criminal procedure: textbook / A.E. Rahmatuloev. - Khujand: Khora-san, 2016. - 632 p.

9. Smolkova, I.V., Mazyuk, R.V. Legal, illegal and procedural interests of the accused in Russian criminal proceedings / I.V. Smolkova, R.V. Mazyuk // Criminological journal of the Baikal State University of Economics and Law. - 2016. - V. 10, - No. 1. - Р. 156-169.

10. Tikhomirova, L.V., Tikhomirov, M.Yu. Legal Encyclopedia / L.V. Tikhomirova, M.Yu. Tikhomirov. - M.: Norma-M., 2006. - 971 p.

11. Code of Criminal Procedure of the Russian Federation of December 18, 2001 No. 174-FZ // [Electronic resource] - Access mode: http://www.kremlin.ru/acts/bank/17643 (date of access: 04/04/2022 ).

12. Code of Criminal Procedure of the Republic of Azerbaijan Approved by the Law of the Republic of Azerbaijan dated July 14, 2000 No. 907-IQ // [Electronic resource] - Access mode: https://online.zakon.kz/Document/?doc_id=30420280&pos=6; -106#pos=6;-106 (date of access: 04/04/2022).

13. Code of Criminal Procedure of the Republic of Kazakhstan dated July 4, 2014 No. 231-V ZRK // [Electronic resource] - Access mode: https://adilet.zan.kz/rus/docs/K1400000231 (date of access: 04/04/2022 ).

14. Criminal Procedure Code of the Kyrgyz Republic dated October 28, 2021 No. 129 (as amended on January 18, 2022) // [Electronic resource] - Access mode: https://online.zakon.kz/Document/?doc_id= 36639004 (date of access: 04/04/2022).

15. Code of Criminal Procedure of the Republic of Belarus dated July 16, 1999 No. 295-З // [Electronic resource]- Access mode: https://belzakon.net (date of access: 10.04.2022).

16. Criminal procedural law: a textbook / Edited by N.I.H., docent N.A. Kudratov. - Dushanbe: Tajprint, 2016. - 562 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.