Научная статья на тему 'ИШТИРОКИ СУДШАВАНДА ДАР МУЊОКИМАИ СУДИИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТЇ ДАР НИЗОМИ ШАРТЊОИ УМУМИИ МАЉЛИСИ СУДЇ'

ИШТИРОКИ СУДШАВАНДА ДАР МУЊОКИМАИ СУДИИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТЇ ДАР НИЗОМИ ШАРТЊОИ УМУМИИ МАЉЛИСИ СУДЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
суд / судя / њуќуќу озодињо / адолати судї / судшаванда / маљлиси суд / њимоя / мубоњиса / баробарии тарафњо / парвандаи љиноятї / мурофиа / давлат / амалияи судї. / суд / судья / права и свободы / справедливость / подсудимый / судебное заседание / защита / состязательность / равенство сторон / уголовное дело / процесс / государство / судебная практика.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Искандаров З.Њ., Иноятова А.И.

Муаллифони маќола масъалањои иштироки судшаванда дар муњокимаи судии парвандаи љиноятї, аз љумла, дар низоми шартњои умумии маљлиси судї мавриди тањлил ќарор додаанд. Ќайд мешавад, ки муњокимаи бевосита, пеш аз њама аз љониби суд ва бо бевоситаи иштироки тарафњо, новобаста аз мавќеи њамдигар мавриди санљиш ва тафтиш ќарор дода шудани далелњои ба муњокимаи суд пешнињодшуда мебошад. Ба далелњои љамъовардашуда тарафњои мурофиаи судї бањо медињанд, ќобили ќабул, дахлдор, боэътимод ва кофї будани онњоро бевосита мавриди тафтиш ќарор медињанд ва тарафњо мавќеи худро дар асоси онњо (далелњои) таќвият медињанд, ин масъалањо бояд аз нуќтаи назари принсипи мубоњиса ва баробарии тарафњо таъмин карда шавад, ки мувофиќан судшаванда иштирокчии тарафи њимоя ба шумор меравад, њалли масъалањои мурофиавї ва риоя шудани меъёрњои мурофиавї, аз љумла, шартњои умумии маљлиси суд аз иштироки бевоситаи ў вобастагї дорад. Бањри њалли масъалањои мурофиавї хулосањои муаллифон асоснок карда мешаванд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PARTICIPATION OF THE DEFENDANT IN THE TRIAL OF A CRIMINAL CASE IN THE SYSTEM OF GENERAL CONDITIONS OF THE COURT SESSION

Авторами статьи проанализированы вопросы участия подсудимого в судебном разбира-тельстве уголовного дела, в том числе, в системе общих условий судебного заседания. Отмечается, что прямое судебное разбирательство – это, прежде всего, судебное разбира-тельство с непосредственным участием сторон, независимых от позиций друг друга, неза-висимо от представленных в судебное разбирательство доказательств. Стороны судебно-го разбирательства оценивают собранные доказательства, непосредственно исследуют их допустимость, относимость, достоверность и достаточность, а стороны укрепляют на них (доказательствах) свою позицию, эти вопросы должны быть обеспечены с точки зрения принципов состязательности и равноправия, согласно которым подсудимый считается участником стороны защиты, от его непосредственного участия зависит решение процес-суальных вопросов и соблюдение процессуальных норм, в том числе, общих условий су-дебного заседания. Выводы авторов обосновываются путем решения процессуальных во-просов.

Текст научной работы на тему «ИШТИРОКИ СУДШАВАНДА ДАР МУЊОКИМАИ СУДИИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТЇ ДАР НИЗОМИ ШАРТЊОИ УМУМИИ МАЉЛИСИ СУДЇ»

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 3 (59). 2023

УДК 343.133

ИШТИРОКИ СУДШАВАНДА ДАР МУ^ОКИМАИ СУДИИ ПАРВАНДАИ ^ИНОЯТЙ ДАР НИЗОМИ ШАРТ^ОИ УМУМИИ МА^ЛИСИ СУДИ

УЧАСТИЕ ПОДСУДИМОГО В СУДЕБНОМ РАЗБИРАТЕЛЬСТВЕ УГОЛОВНОГО ДЕЛА В СИСТЕМЕ ОБЩИХ УСЛОВИЙ СУДЕБНОГО ЗАСЕДАНИЯ

PARTICIPATION OF THE DEFENDANT IN THE TRIAL OF A CRIMINAL CASE IN THE SYSTEM OF GENERAL CONDITIONS OF THE COURT SESSION

Искандаров З.Х,.

Iskandarov Z.H.

Профессори кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон, доктори илмуои ^уцуцшиносй, профессор Профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора

юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук, профессор Professor of the Department judicial law and prosecutorial supervision of the faculty of law of the Tajik National University, doctor of law, Professor

e-mail:

ziskan@mail.ru

Иноятова А.И.

Inoyatova A.I.

Омузгори кафедраи %уцуци судй ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон Преподаватель кафедры судебного права и прокурорского надзора

Таджикского государственного университета права, бизнеса и

политики

Lecturer, Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision, State University of Law, Business and

Politics of Tajikistan

Ихтисоси илмй: 12.00.09 - Дукуки мурофиаи чиноятй (5.1.4. Илмхои хукукй-чиноятй).

Научная специальность: 12.00.09 - Уголовно-процессуальное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.09 - Criminal procedure law (5.1.4. Criminal law sciences).

Тацризди^анда: ^ОБИЛОВ БД. - дотсенти кафедраи хукуки чиноятй, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.

Рецензент: Кобилов Б.К. - доцент кафедры уголовного права, криминалистики и предупреждения коррупции Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, кандидат юридических наук.

Reviewer: Kobilov B.K. - Associate Professor of the Department of Criminal Law, Criminology and Corruption Prevention of the Tajikistan State University of Law, Business and Politics, Candidate of Legal Sciences.

e-mail:

inoyatova.afruza@mail.ru

Аннотатсия: Муаллифони макола масъалахои иштироки судшаванда дар мухокимаи судии парвандаи чиноятй, аз чумла, дар низоми шартхои умумии мачлиси судй мавриди тахлил карор додаанд. ^айд мешавад, ки мухокимаи бевосита, пеш аз хама аз чониби суд ва бо бевоситаи иштироки тарафхо, новобаста аз мавкеи хамдигар мавриди санчиш ва тафтиш карор дода шудани далелхои ба мухокимаи суд пешниходшуда мебошад. Ба далелхои чамъовардашуда тарафхои мурофиаи судй бахо медиханд, кобили кабул, дахлдор, боэътимод ва кофй будани онхоро бевосита мавриди тафтиш карор медиханд ва тарафхо мавкеи худро дар асоси онхо (далелхои) таквият медиханд, ин масъалахо бояд аз нуктаи назари принсипи мубохиса ва баробарии тарафхо таъмин карда шавад, ки мувофикан судшаванда иштирокчии тарафи химоя ба шумор меравад, халли масъалахои мурофиавй ва риоя шудани меъёрхои мурофиавй, аз чумла, шартхои умумии мачлиси суд аз иштироки бевоситаи у вобастагй дорад. Бахри халли масъалахои мурофиавй хулосахои муаллифон асоснок карда мешаванд.

Вожауои калиди: суд, судя, хукуку озодихо, адолати судй, судшаванда, мачлиси суд, химоя, мубохиса, баробарии тарафхо, парвандаи чиноятй, мурофиа, давлат, амалияи судй.

Аннотация: Авторами статьи проанализированы вопросы участия подсудимого в судебном разбирательстве уголовного дела, в том числе, в системе общих условий судебного заседания. Отмечается, что прямое судебное разбирательство - это, прежде всего, судебное разбирательство с непосредственным участием сторон, независимых от позиций друг друга, независимо от представленных в судебное разбирательство доказательств. Стороны судебного разбирательства оценивают собранные доказательства, непосредственно исследуют их допустимость, относимость, достоверность и достаточность, а стороны укрепляют на них (доказательствах) свою позицию, эти вопросы должны быть обеспечены с точки зрения принципов состязательности и равноправия, согласно которым подсудимый считается участником стороны защиты, от его непосредственного участия зависит решение процессуальных вопросов и соблюдение процессуальных норм, в том числе, общих условий судебного заседания. Выводы авторов обосновываются путем решения процессуальных вопросов.

Ключевые слова: суд, судья, права и свободы, справедливость, подсудимый, судебное заседание, защита, состязательность, равенство сторон, уголовное дело, процесс, государство, судебная практика.

Annotation: The authors of the article analyzed the issues of participation of the defendant in the trial of a criminal case, including in the system of general conditions of the court session. It is noted that direct trial is, first of all, a trial with the direct participation of parties independent of each other's positions, regardless of the evidence presented in the trial. The parties to the trial evaluate the collected evidence, directly examine its admissibility, relevance, reliability and sufficiency, and the parties strengthen their position on it (evidence), these issues must be ensured in terms of the principles of adversarialism and equality, according to which the defendant is considered a participant in the defense, the resolution of procedural issues and compliance with procedural norms, including the general conditions of the court hearing, depend on his direct participation. The authors' conclusions are substantiated by resolving procedural issues.

Key words: court, judge, rights and freedoms, justice, defendant, court session, defense, competitiveness, equality of parties, criminal case, process, state, judicial practice.

Шяртхои умумии мачлиси суд оид ба парвандахои чиноятй барои амалй шудани хукуку ухдадорихои

иштирокчиёни мурофиаи чиноятй, аз чумла ба судшаванда шароити мусоид фарохам меорад. Яке аз шартхои умумии

мухокимаи судй оид ба парвандахои чиноятй иштироки хатмии судшаванда дар баррасии судии парвандахои чиноятй аст. Иштироки хатмии судшаванда дар мухокимаи судии парвандаи чиноятй дар низоми шартхои умумии мурофиаи судй чойи махсусро ишгол кардааст ва дар

пайвастагй, ягонагй бо шартхои дигари умумй амалй мешавад.

Шарти бевосита, шифохй ва ошкоро баргузор шудани мухокимаи судии парвандаи чиноятй ба судшаванда имконият медихад, ки у шахсан (инчунин бо ёрии бевоситаи химоятгари худ) бевосита дар халли хамаи масъалахои дар сархатхои як-шаши кисми 1 моддаи 335 (Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КМЧ ЧТ) нишондодашуда, инчунин барои иштирок дар баррасии хама масъалахои дигар, ки хангоми мухокимаи судии парванда ба миён меоянд, аз имкониятхои мурофиавй бевосита истифода намояд [2].

Олимон аз чумла кайд мекунанд, ки тибки шартхои умумй, барои судшаванда шароит ба вучуд оварда мешавад, ки бевосита нишондоди судшавандагони дигар (агар парвандаи чиноятй нисбати якчанд судшавандагон бошад), чабрдида, шохид, хулосаи коршиносонро шунавад, бо ичозати раисикунанда ба онхо бевосита саволхо дихад; дар азназаргузаронии далелхои шайъй бевосита хузур дошта бошад; оид ба халли масъалахои баррасишаванда мавкеи худро бевосита ба суд изхор намояд; дар хузури бевоситаи у протокол ва дигар хуччатхо эълон карда шаванд ва судшаванда бевосита хангоми ичрои амалхои судй, ки оид ба тафтиши далелхо анчом дода мешавад, иштирок намояд; бевосита арзу дархост намояд; дар музокираи судй бевосита иштирок ва бо сухани охирон баромад кунад [6, с. 3233].

Мухаккикони ватанй кайд мекунанд, ки мухокимаи бевосита, пеш аз хама аз чониби суд ва бо иштироки тарафхо бевосита, новобаста аз мавкеи хамдигар мавриди санчиш ва тафтиш карор дода шудани далелхои ба мухокимаи суд пешниходшударо ифода мекунад [16, с. 386]. Ба далелхои чамъовардашуда тарафхои мурофиаи суди бевосита бахо медиханд, кобили кабул, дахлдор, боэътимод ва кофй будани онхоро бевосита мавриди тафтиш карор медиханд ва тарафхо мавкеи худро дар асоси онхо (далелхои) таквият медиханд [11, с. 22-28]. Масалан, хангоми тафтиши судй

судшаванда ва ё химоятгари у метавонанд, диккати судро ба баъзе аз далелхо чалб намояд, ки бо вайрон кардани конун чамъоварй шудаанд ва дар бораи аз мачмуи далелхо хорич намудани онхо дархост намояд [3, с. 337]. Мувофики талаботи к. 3 м. 88 КМЧ Ч,Т далелхое, ки дар чараёни тахкик ва тафтиши пешакй бо рохи зурй, тахдид, азобу шиканча, рафтори берахмона ва ё усулхои дигари гайриконунй ба даст оварда шудаанд, бояд беэътибор дониста шуда, набояд барои айбдоркунй асос гарданд. Ин гуна далелхо барои исботи холатхои дар м. 85 КМЧ ЧТ зикрёфта низ набояд истифода шаванд.

Агар суд, судя, бо дархости судшаванда ва химоятгари у эътироф намоянд, ки далелхо бо вайрон кардани конун чамъ оварда шудаанд, бояд карори худро дар бораи аз мачмуи далелхо хорич намудани онхо асоснок карда, дакик вайронкунии конунро нишон диханд.

Хдмин тавр, хангоми мухокимаи судии парвандаи чиноятй, дар натичаи анчом додани амалхои тафтишй аз чониби суд бо иштироки бевоситаи тарафхо, маротибаи дигар ба холатхои содир шудани чиноят аз руйи далелхои ба суд пешниходшуда, новобаста аз хулосаи макомоти таъкиби чиноятй бахои бевосита дода мешавад; ба шакли мурофиавй ва сифати маълумоти вокей, ба риоя ва ичро шудани конун, дуруст татбик шудани меъёрхои хукукй бевосита бахо дода, дар асоси онхо, мувофикан мустакилона ва бевосита хулоса бароварда мешавад.

Мачлиси судй шифохй чараён мегирад. Эълон кардани хайати суд, мохияти парвандаи баррасишаванда, муайян кардани шахсияти иштирокчиён; фахмондани хукуку ухдадории онхо; огох кардани онхо дар бораи риоя кардани коидахои мурофиаи судй ва масъулияти хукукии онхо; эълони фикри айбдоркунй; шунидани нишондоди судшаванда, чабрдида, шохид, хулосаи коршиносон, эълон кардани нишондодхо, ки дар пешбурди тахкик ё тафтиши пешакй гирифта шудаанд; баррасии дархост ва раддия; натичаи халли масъалахои

мурофиавй, эълон кардани хукм ва гайрахо ба тарики шифохй чараён мегирад.

Дар санадхои байналмилалй низ кайд мешавад, ки хангоми шифохй баргузор шудани мурофиа судшаванда ва химоятгари у бевосита ва шифохй бо нишондодхои шахсони аз руйи парванда пурсидашуда, хулосаи коршинос (эксперт), протоколхои амалхои тафтишй ва судй, дигар хуччатхое, ки ба ин ё он холати вокеиро тасдик мекунанд, шинос шуда, бевосита ба мазмуни онхо диккат ва возеху равшан, бевосита, яъне новобаста аз мавкеи айбдоркунандаи давлатй ва чабрдида бахо медиханд ва вачххои худро пешниход мекунанд [12, с. 291; 13; 14].

Муаллифон кайд мекунанд, ки шифохй баргузор шудани мачлиси судй имконият медихад, ки на танхо хайати суд, балки судшаванда ва химоятгари у мохияти масъалаи баррасишавандаро дарк намоянд, дар халли масъалахои мурофиавй имконияти бевосита ва иштироки фаъол дошта бошанд [9, с. 157].

Хднгоми иштироки бевосита дар мачлиси суд судшаванда ва химоятгари у итминон пайдо мекунанд, ки дар рафти мачлиси суд масъалаи гунахгорй дар содир намудани чиноят бо мачмуи далелхои тахкикшуда тасдик гардад, тамоми масъалахои мурофиавй дар асоси далелхои боэътимод вакте, ки хама гуна масъалахои ба миён омада мавриди тахлил карор гирифта, мухолифатхои чойдошта бартараф гардида, ба онхо бахои хукукй дода шудааст, хал карда шаванд. Дар айни замон аз тарафи судшаванда эътироф намудани гунохи худ, агар он бо мачмуи далелхои дигари аз руйи парванда чамъовардашуда ва дар мурофиаи судй тахкикгардида (тафтишшуда), тасдик нагардида бошад, набояд барои гунахгор донистан ё барои кабул шудани хукми айбдоркунанда асос гардад, менависад Т.В. Трубникова [15, с. 127].

^атъиян риоя шудани мукаррароти к. 4 м. 15 КМЧ ЧТ, ки мутобики он хама гуна шубхахои гунахгории шахс, ки бо тартиби пешбининамудаи конун бартараф карда намешаванд, ба манфиати

айбдоршаванда ва судшаванда маънидод карда мешаванд, бояд таъмин гардад.

Мувофики талаботи конун ба манфиати судшаванда на танхо шубхахои бартарафнашавандаи гунахгории у бо пуррагй, балки он шубхахои бартарафнашавандае, ки бо лахзахои алохидаи айби эълонгардида, шакли гунох, дарача ва хусусияти хоси иштироки у дар содир намудани чиноят ва накши у дар фаро расидани окибат, холатхои сабуккунанда ва вазнинкунандаи чазо ва гайра алокаманд мебошанд, маънидод шаванд.

Иштироки бевоситаи судшаванда имконият медихад, ки муносибати судшаванда ба айби эълонгардида, ба вачххои бахри химояи худ овардаи у дар мачмуъ бо далелхои чамъовардашуда ва пешниходшуда бахои дурусти хукукй дода шавад. Дар сурати тагйир додани нишондодхое, ки судшаванда дар рафти тахкик ё тафтиши пешакй додааст, суд, судя вазифадоранд, ки ин ва дигар нишондодхоро аник санчида, сабабхои тагйир додани онхоро муайян карда, ба онхо дар мачмуъ бо дигар далелхои парванда бахои хукукй дихад [3, с. 337].

Дар натичаи иштирок судшаванда ва химоятгари у ба баходихй ва таъсири холатхои мухим ба хулосахои суд, ба монанди даст кашидани судшаванда аз додани нишондод, ки набояд пешакй гунахгории уро тасдик намояд ва ё хамчун холате, ки хангоми таъини намуд ва андозаи чазо шахсияти судшавандаро аз чихати манфй арзёбй намояд, диккат дода чорахо меандешанд, ки аз чониби суд ин холатхо холисона ба инобат гирифта шаванд.

Иштироки судшаванда ва химоятгари у ба амалй шудани шартхои дигари умумии мачлиси судй низ мусоидат мекунад [5, с. 8-9]. Судшаванда ва химоятгари у диккати судро ба холатхои ба таври чиддй вайрон кардани конуни мурофиавии чиноятй аз чониби макомоти тахкик ва тафтиши пешакй, инчунин вайронкунии принсипхо ва дигар мукаррароти умумии КМЧ чалб мекунанд, ки бо рохи махрум ё махдуд кардани хукукхои ба шахсони дар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

парванда иштироккунанда кафолатдодаи конун, риоя накардани расмияти пешбурди тахкик ва тафтиши пешакй ё бо рохи дигар ба тахкики хамачониба ва холисонаи холатхои парванда халал расонидаанд ва метавонанд барои баровардани хукми одилонаи судй таъсир расонанд. Дар сурати маълум шудани чунин холатхо суд бояд бо ташаббуси судшаванда парвандаи чиноятиро ба тафтиши иловагй баргардонад ва дар таъиноти (карор) хусусй дар ин бора масъалагузорй намояд.

Ба андешаи мо, ба ин масъалахо бояд аз нукати назари принсипи мубохиса ва баробарии тарафхо таваччух зохир кунем, ки мувофикан судшаванда иштирокчии тарафи химоя ба шумор меравад, халли масъалахои мурофиавй ва риоя шудани меъёрхои мурофиавй, аз чумла, шартхои умумии мачлиси суд аз иштироки бевоситаи у вобастагй дорад: судя, суд шахсияти судшаванда ва сари вакт ба у супурдани нусхаи фикри айбдоркуниро танхо дар хузури судшаванда бевосита муайян карда метавонад, танхо иштироки бевоситаи судшаванда амалишавии хукуки изхор намудани раддияро нисбат ба хайати суд, яке аз судяхо, инчунин нисбат ба айбдоркунандаи давлатй, тарчумон, мутахассис, химоятгар, даъвогари гражданй, чавобгари гражданй ва намояндаи онхо, котиби мачлиси суд имконпазир мегардонад, бо иштироки бевоситаи судшаванда суд, судя масъалаи мавкуф гузоштани мухокимаи парвандаро хангоми хозир нашудани яке аз иштирокчиёни мухокимаи судй, аз чумла шохид, коршинос ё мутахассис асоснок хал карда метавонад, бо иштироки бевоситаи судшаванда суд, судя тартиби тахкики далелхоро муайян мекунад, тафтиши соддакардашудаи судй ва даст кашидан аз тахкики далелхо танхо дар хузури судшаванда ва танхо бо дархости у имконпазир аст, пурсиши судшаванда дар гоибии судшавандаи дигар танхо бо дархости тарафхо, аз чумла тарафи химоя ичозат дода мешавад, эълон кардани нишондод ё баёноти судшаванда, ки хангоми пешбурди тахкик ё тафтиши пешакй додааст, инчунин ба шунидани

сабти нишондоди у ё тамошои сабти видео, ки ба протокол замима шудааст, танхо хангоми иштироки бевоситаи судшаванда дар мачлиси суд самаранок ва максаднок аст, пурсиши шохидон ва чабрдида дар хузури судшаванда имконият медихад, ки сахех ва боэътимод будани маълумот дар бораи холатхои ба парвандаи чиноятй ахамиятдошта бо саволхои судшаванда муайян карда шаванд, эълон кардани нишондоди чабрдида ва шохид, ки хангоми пешбурди тахкик ё тафтиши пешакй додаанд, инчунин ба шунидани сабти овоз ё тамошои сабти видеоии пурсиш мумкин аст бо дархости судшавандабагузор гардад, дар мачлиси суд судшаванда имконият дорад ба мутахассис ва эксперт саволхо дихад, бо далелхои хаттй, протоколхои амали тафтишй, хулосаи дигар коршиносон шинос шавад, дар азназаргузаронй ва озмоиш (эксперимент) ва дигар амалхои судй, ки ба мавзуи мухокимаи судй алокаманд мебошанд, иштирок намояд.

Хдмин тарик, бо иштироки худ дар мачлиси суд судшаванда ва химоятгари у имконият доранд дар халли масъала дар бораи ба тафтиши иловагй фиристодани парванда, катъ намудани парвандаи чиноятй, тагйир додан, татбик ё бекор кардани чораи пешгирй, оид ба конеъ ё рад кардани раддияхо иштироки фаъол дошта бошанд. Дар натича аз эхтимол дур нест, ки пешбурди судии парванда боздошта шавад, катъ гардад, бандубасти кирдор тагйир дода шавад ё парвандаи чиноятй ба тафтиши иловагй баргардонида шавад [4].

Яке аз шартхои умумии мачлиси суд мукаррар шудани хадди мухокимаи судй мебошад, ки бевосита ба хукуку манфиатхои судшаванда дахл дорад. Хдрчанд парвандаи чиноятй дар суд танхо нисбат ба судшаванда ва танхо нисбат ба хамон айбе, ки ба у бо тартиби дар конун пешбинишуда эълон шудааст, мухокима гардад хам, айбдоркуниро дар суд тагйир додан мумкин аст, ба шарте, ки вазъи судшаванда бадтар нашавад ва хукуки у ба химоя риоя гардад. Аз матни хамин меъёр

бармеояд, ки сухан дар бораи айбдоркунй ё таъкиби чиноятй меравад.

Т.Н. Доброволская кайд кардааст, ки азбаски мухокимаи судй танхо нисбати судшаванда сурат мегирад, суд, судя набояд масъалахоеро баррасй намоянд, ки шаходати гунахгории шахсони дигар дар содир намудани чиноят бошад [8, с. 41].

Бинобар ин, тагйир додани айб бо шартхои пешбинй кардаи м.285 КМЧ, ЧТ на бо ташаббуси суд балки бо дархости тарафхо имконпазир дониста шавад. Чунки суд макомоти таъкиби чиноятй нест ва набояд ягон тарафро чонибдорй намояд (м. 20 КМЧ ЧТ).

Аз нуктаи назари вазифахои мурофиаи чиноятй (м. 2 КМЧ ЧТ), таъмини химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, химояи манфиати чамъият, давлат ва ташкилотхо, ки аз чиноят зарар дидаанд, халли одилонаи масъалахои баррасишаванда дар суд, риоя намудани меъёрхои мурофиавй хангоми татбики конуни чиноятй, кафолати химояи манфиати конунии иштирокчиёни мурофиаи судии чиноятй ва шахсони дигар расман баркарор кардани салохияти суд оид ба халли мустакилонаи огози парвандаи чиноятй бо айбдории нав ва ё нисбати шахсони дигар бештар чихатхои мусбат хам дорад, ки ба хадафхои мурофиаи чиноятй мувофик аст.

Эхёи ин тачриба, ки каблан дар м.м. 257, 258 КМЧ ЧШСТ (с. 1961) пешбинй шуда буд) ва дар конунгузории чорй пешбинй шудани салохияти суд оид ба огози парвандаи чиноятй, аз чумла, чихатхои мусбат ва пахлухои бахсноки онро дар эчодиёти худ олимони ватанй Р.Р. Рахмадчонзода П.Х,. Ализода, Д.А. Тачалй низ мавриди мухокима карор додаанд [10, с. 87-105].

^аблан хам дар ин бора маллифон П. Давидов, Т.Н. Доброволская хулосахои асоснок ва чолибро пешбарй карда буданд [7, с. 31]. Тахлили назариявй нишон медихад, ки халли ин масъала ба химояи судии хукуку манфиатхои судшаванда таъсири бевосита мерасонад, аз ин ру набояд шитобкорона ва беасос инкор карда шавад.

Тахлили амалияи судй нишон медихад, ки баробари ба тарики расмй дар КМЧ ЧТ (с. 1961) пешбинй шудани принсипхои демократии мурофиаи судй, ба монанди дахлнопазирии озодии шахс, манзил, хифзи маълумот дар бораи хаёти шахсй, баробарии шахрвандон, забони мурофиаи судй ва гайрахо, вогузор шудани функсияи айбдоркунй (м. 3), химоя (м.м. 6, 11) ва адолати судй (м. 8) дар доираи салохияти суд бокй монда буд. Масалан, дар м.м. 3, 257, 258 КМЧ ЧТ (с. 1961) пешбинй гардида буд, ки суд мустакилона салохияти огози парвандаи чиноятиро бинобар ошкор шудани аломати чиноят, ё дар чараёни мухокимаи судии парвандаи чиноятй аз руйи айбдории нав нисбати судшаванда ва нисбати шахсони дигар, гайр аз судшавандаро доро буд. Мухиммияти ин масъала имруз низ аз байн нарафтааст.

Огози парвандаи чиноятй аз чониби суд хангоми мохиятан мухокима шудани парвандаи чиноятй яке аз шаклхои самараноки назорати судиро аз болои фаъолияти макомоти таъкиби чиноятй дар мархилахои тосудй инъикос мекунад ва имконият медихад хатогихои хангоми тафтиши пешакй ё тахкик чойдошта, махдудкунихои беасос ва гайриконунии хукуку манфиатхои судшаванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи чиноятй ошкор ва бартараф карда шаванд, то ки хукуку озодихои инсон ва шахрванд аз беасос айбдор ва махкум кардан, гайриконунй махдуд кардан вокеан химоя карда шавад ва ба гунахгор донистан ё махкум намудани шахси бегунох рох дода нашавад.

Бинобар ин, баргузории мачлиси суд оид ба баррасии парвандаи чиноятй дар доираи амали шартхои умумии мачлиси суд бе иштироки судшаванда бояд танхо дар холатхои истисной, танхо бо риояи шартхои пешбинй кардаи конун имконпазир дониста шавад.

Дар конунгузории миллй пешбинй шудани кафолати иловагй бо коидаи дар сурати аз байн рафтани холатхои истисноии дар к. 4 м. 280 КМЧ ЧТ пешбинишуда хукм ё таъиноти судие, ки гойибона кабул карда шудааст, бо

дархости махкумшуда ё химоятгари у тибки талаботи конун бекор карда мешавад ва мухокимаи судй дар ин сурат бо тартиби умумй гузаронида мешавад, тачрибаи пешкадами амалишавии адолати судй мебошад.

Хдмин тарик, иштироки судшаванда дар мачлиси судй оид ба парвандахои чиноятй хамчун шарти умумии мухокимаи судй вокеан амалй шудани ба хар шахс дастрас будани адолати судй, кафолати хифзи судии хукуку манфиатхои судшаванда, мубохиса ва баробарии тарафхо, баррасии бевосита ва одилонаи парвандаи чиноятиро таъмин мекунад.

Иштирок дар мачлиси суди мархилаи аввал ба судшаванда имконият медихад, ки у шахсан (инчунин бо ёрии бевоситаи химоятгари худ), бевосита дар халли хамаи масъалахои дар м. 335 КМЧ ЧТ нишондодашуда, инчунин барои иштирок дар баррасии хама масъалахои дигар, ки хангоми мухокимаи судии парванда ба миён меоянд, аз имкониятхои мурофиавй истифода намояд.

Бахри таъмин гаштани кафолатхои конститутсионии [1] химояи хукуку манфиатхои конунии судшаванда дар мурофиаи судии чиноятй ба максад мувофик аст, ки иштироки судшаванда на танхо дар мачлиси суди мархилаи аввал хангоми мохиятан баррасй карда шудани парвандаи чиноятй шарти хатмй дониста шавад, балки хангоми: мачлиси суд оид ба баррасии дархост дар бораи татбики чорахои мачбурии хусусияти мурофиавй дошта (м.м. 111, 116 КМЧ ЧТ), мачлиси суд оид ба баррасии мавод дар бораи

махдуд кардани хукукхои

конститутсионии шахрвандон хангоми гузаронидани чорабинихои оперативй-чустучуй (м. 351 КМЧ ЧТ), мачлиси суд оид ба баррасии дархости гузаронидани амалхои тафтишй (м. 352 КМЧ ЧТ), мачлиси суд оид ба баррасии шикоят аз болои санад, амал ва беамалии макомоти пешбурди парвандаи чиноятй (м. 124 КМЧ ЧТ), мачлиси суди мархилаи кассатсионй (м. 368 КМЧ ЧТ), мачлиси суд оид ба масъалахои марбут ба ичрои хукм (м. 401 КМЧ ЧТ), мачлиси суди мархилаи назоратй (м. 410 КМЧ ЧТ), мачлиси суд оид ба аз нав огоз кардани мурофиа, бинобар ошкор шудани холатхои нав (м. 421 КМЧ ЧТ) бо иштироки хатмии судшаванда таъмин гардад.

Дар матни меъёрхое, ки шартхои мухокимаи судиро оид ба парвандаи чиноятй пешбинй мекунанд мукаррароти дар холатхои истисной бе иштироки судшаванда баргузор шудани мачлиси суд дар тахрири "дар гоибии судшаванда" низ нишон дода шудааст, ки мантикан истилохоти гуногуни хаммаъно мебошанд. Ба андешаи мо, чунин шакли ифодаи (гуногуни) "дар гоибии судшаванда баргузор шудани мачлиси суд", тафсири нодуруст ё галати мазмун ва ё кисмати ин меъёр, шархи гуногунмаъно ва фахмиши фардии (субъективй) ва махдуди шартхои умумии мачлиси судиро ба миён меорад, ки бояд бартараф карда шавад.

Боварй дорем, ки масъалахои тахлил ва мухокимашуда диккати мутахассисон ва мухаккиконро чалб хохад кард.

Адабиёти истифодашуда

1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 06 ноябри с. 1994 (бо тагйироту иловахои солхои 1999, 2003, 2016). - Душанбе: Ганч, 2016. - 134 с.

2. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон. - Душанбе: Матн, 2021. - 620 с.

3. ^арори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон № 33 аз 24 декабри с. 2010 «Дар бораи хукми судй» // Мачмуаи карорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон (1992-2012). -Душанбе: Ирфон, 2012.

4. ^арори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон № 13 аз 23 декабри с. 2011 «Дар бораи тачрибаи аз чониби судхо татбик намудани конунгузорие, ки баргардонидани парвандаи чиноятиро барои тафтиши иловагй ба танзим медароранд» // Мачмуаи карорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон (1992-2012). - Душанбе: Ирфон, 2012.

5. Ахмадуллина, Л.Д. Право на справедливое судебное разбирательство в свете Конвенции о защите прав человека и основных свобод / Л.Д. Ахмадуллина // Вестник юстиции. - 2003, -№ 2-3. - С. 8-9.

6. Глотова, С.В. Право на справедливое судебное разбирательство на примере решения международного уголовного суда по делу Т. Лубанги / С.В. Глотова // Вестник Московского университета. - 2010. - № 2. - С. 32-33.

7. Давыдов, П. Обвинение и его изменение при разбирательстве уголовного дела в суде / П. Давыдов // Советская юстиция. - 1968. - № 8. - С. 20-28.

8. Добровольская, Т.Н. Изменения обвинения в судебных стадиях советского уголовного процесса / Т.Н. Добровольская. - М.: Юридическая литература, 1977. - 112 с.

9. Дудко, Н.А. О суде присяжных в районных судах / Н.А. Дудко // Правовые проблемы укрепления российской государственности: сборник статей / науч.ред.: О.И. Андреева, Т.В. Трубникова. - Томск, 2018. - С. 157-159.

10. Искандаров, З.Х. Соотношение общих и специальных правил по возбуждению уголовного дела / З.Х. Искандаров // Развитие судебного права, уголовного права и правоохранительной деятельности в Республике Таджикистан: Материалы республиканской научно-практической конференции (25 октября 2915 г). - Душанбе: Империал-групп, 2015. - С. 87-105.

11. Искандаров, З.Х,. Оид ба чанд коидае, ки мурофиаи чиноятиро дигар намуд / З.Х,. Искандаров // Маводхои конференсияи илмй назариявй "Масъалахои рузмарраи хукуки судй, фаъолияти прокурорй ва пешгирии чинояткорй дар Чумхурии Точикистон". - Душанбе, 2013. - С. 22- 28.

12. Международный пакт о гражданских и политических правах, принят 16.12.1966 г. Резолюцией 2200 (ХМ) на 1496 пленарном заседании Генеральной Ассамблеи ООН // Ведомости ВС СССР. 1976. № 17. ст. 291.

13. Римский статут Международного уголовного суда // [Электронный ресурс] / Организация Объединенных Наций. - Режим доступа: http://www.un.org/russian/law/icc/rome statute(r).pdf.

14. Решение Европейского суда по правам человека. Дело Colozza v. Italy от 12.02.1985 № 9024/80 // [Электронный ресурс] / European Court of Нитап Rights - Режим доступа: ttp://cmiskp.echr.coe. int/tkp 197/view. l&hi ghlight=colo

15. Трубникова, Т.В. Рассмотрение дела в отсутствие подсудимого (заочное производство) в системе упрощенных судебных уголовно-процессуальных производств РФ / Т.В. Трубникова // Вестник ТГУ. - 2008. - № 315. - С. 127-133.

16. Рахматулоев, А.Э. Мурофиаи чиноятй: китоби дарсй. Нашри 2 / А.Э. Рахматулоев. -Хучанд: Хуросон, 2019. - 386 с.

17. Рахмаджонзода, Р.Р., Ализода, П.Х., Таджали, Д.А. Теоретическая модель уголовно-процессуального законодательства Республики Таджикистан: монография / Р.Р. Рахмаджонзода, П.Х. Ализода, Д.А. Таджали. - Душанбе: ЭР-граф, 2019. - 296 с.

References

1. Constitution of the Republic of Tajikistan from November 6. 1994 (with amendments in 1999, 2003, 2016). - Dushanbe: Ganj, 2016. - 134 p.

2. Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe: Matn, 2021. - 620 p.

3. Decision of the Plenum of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan No. 33 of December 24. 2010 «About the court verdict» // Collection of decisions of the Plenum of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan (1992-2012). - Dushanbe: Irfan, 2012.

4. Decision of the Plenum of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan No. 13 of December 23. 2011 «On the experience of the courts in implementing legislation that regulates the return of the criminal case for additional investigation» // Collection of decisions of the Plenum of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan (1992-2012). - Dushanbe: Irfan, 2012.

5. Akhmadullina, L.D. The right to a fair trial in the light of the Convention for the Protection of Human Rights and Fundamental Freedoms / L.D. Akhmadullina // Bulletin of Justice. - 2003, - No. 2-3. -P. 8-9.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

6. Glotova, S.V. The right to a fair trial using the example of the decision of the international criminal court in the case of T. Lubanga / S.V. Glotova // Bulletin of Moscow University. - 2010, - No. 2. - P. 32-33.

7. Davydov, P. Charges and their changes during criminal proceedings in court / P. Davydov // Soviet justice. - 1968, - No. 8. - Р. 21.

8. Dobrovolskaya, T.N. Changes in charges in the judicial stages of the Soviet criminal process / T.N. Dobrovolskaya // Legal literature. 1977. - 112 p.

9. Dudko, N.A. On jury trials in district courts / N.A. Dudko // Legal problems of strengthening Russian statehood: collection of articles / scientific editor: O.I. Andreeva, T.V. Trubnikova. - Tomsk, 2018. - P. 157.

10. Iskandarov, Z.Kh. Correlation of general and special rules for initiating a criminal case / Z.Kh. Iskandarov // Development of judicial law, criminal law and law enforcement in the Republic of Tajikistan: Materials of the republican scientific and practical conference (October 25, 2915). - Dushanbe: Imperial Group, 2015. - Pp. 87-105.

11. Iskandarov, Z.Kh. About some rules that changed the criminal procedure / Z.H. Iskandarov // Materials of the theoretical scientific conference «Daily issues of judicial law, prosecutorial activity and crime prevention in the Republic of Tajikistan». - Dushanbe, 2013. - Р. 22-28.

12. International Covenant on Civil and Political Rights, adopted on December 16, 1966 by Resolution 2200 (ХМ) at the 1496 plenary meeting of the UN General Assembly // Gazette of the USSR Armed Forces. 1976. No. 17. art. 291.

13. Rome Statute of the International Criminal Court // [Electronic resource] / United Nations. -Access mode: http://www.un.org/russian/law/icc/rome statute(r).pdf.

14. Decision of the European Court of Human Rights. The case of Colozza v. Italy dated 02.12.1985 No. 9024/80 // [Electronic resource] / European Court of Nitap Rights - Access mode: ttp://cmiskp.echr.coe. int/tkp 197/view. l&hi ghlight=colo

15. Trubnikova, T.V. Consideration of a case in the absence of the defendant (absentee proceedings) in the system of simplified judicial criminal proceedings of the Russian Federation / T.V. Trubnikova // Bulletin of TSU. - 2008, - No. 315. - P. 127.

16. Rakhmatuloev, A.E. Criminal procedure: textbook. 2nd edition / A.E. Rahmatuloev. - Khujand: Khorasan, 2019. - 386 p.

17. Rakhmatzhonzoda, R.R., Alizoda, P.Kh., Tajali, D.A. Theoretical model of criminal procedural legislation of the Republic of Tajikistan: monograph / R.R. Rakhmadzhonzoda, P.Kh. Alizoda, D.A. Tajali. - Dushanbe: Er-graf, 2019. - 296 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.