Научная статья на тему 'МАВЌЕИ ПРИНСИПЊО ДАР ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДЇ'

МАВЌЕИ ПРИНСИПЊО ДАР ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
мафњум / мазмун / адолати судї / принсипњо / амалишавї / ќоидањо / риоя / иљро / вазифа / мурофиаи љиноятї / пешбурди парванда / марњила / таъќиби љиноятї / иштирокчиёни мурофиа / њуќуќу озодињои инсон. / понятие / содержание / правосудие / принципы / реализация / правила / соблюдение / реализация / обязанность / уголовный процесс / ведение дела / стадия / уголовное преследование / участники судебного процесса / права и свободы человека.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ќаландарова М.Д.

Маќола ба мавќеи принсипњо дар таъмини адолати судї оид ба парвандањои љиноятї ва ќоидањои дар амал татбиќ шудани он бахшида шудааст. Муаллиф ба асос ва тартиби риоя ва иљро шудани принсипњо дар таъмини адолати судї дар мурофиаи љиноятї диќќати махсус додааст. Дар натиљаи тањќиќ муаллиф ба хулосае меояд, ки танњо татбиќи њамаи принсипњо дар маљмуъ ва дар алоќамандии онњо метавонад ба иљрои вазифањои мурофиаи судї мусоидат намояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF PRINCIPLES IN JUSTICE

Статья посвящена принципиальным положениям обеспечения правосудия и правилам ее осуществления. Особое внимание автор уделил внимание основаниям и порядку соблюдения и реализации принципов обеспечения принципов в уголовном судопроизводстве. В результате исследования автор приходит к выводу о том, что только реализация всех принципов в их совокупности и во взаимосвязи может способствовать в выполнении задач судопроизводства.

Текст научной работы на тему «МАВЌЕИ ПРИНСИПЊО ДАР ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДЇ»

ТДУ 343.131

МАВЦЕИ ПРИНСИПХО ДАР ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДЙ МЕСТО ПРИНЦИПОВ В ОБЕСПЕЧЕНИИ ПРАВОСУДИЯ THE ROLE OF PRINCIPLES IN JUSTICE

Кдландарова М.Д.

Kalandarova M.D.

Омузгори калони кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон Старший преподователь кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики Таджикистана Senior Lecturer, Department of Judicial Law and Prosecutorial

Supervision, State University of Law, Business and Politics of Tajikistan

Ихтисоси илми: 12.00.09 - Дукуки мурофиаи чиноятй (5.1.4. Илмхои хукукй-чиноятй).

Научная специальность: 12.00.09 - Уголовно-процессуальное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.09 - Criminal procedure law (5.1.4. Criminal law sciences).

Тацриздиуанда: Радматулоев А.Э. - профессори кафедраи хукуки судй ва назорати прокурории Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй (рохбари илмй).

Рецензент: Рахматулоев А.Э. - профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики, кандидат юридических наук (научный руководитель).

Reviewer: Rahmatuloev A.E. - Professor of the Department of Judicial Law and Prosecutorial Supervision of the Tajik State University of Law, Business and Politics, Candidate of Legal Sciences (scientific adviser).

Аннотатсия: Макола ба мавкеи принсипхо дар таъмини адолати судй оид ба парвандахои чиноятй ва коидахои дар амал татбик шудани он бахшида шудааст. Муаллиф ба асос ва тартиби риоя ва ичро шудани принсипхо дар таъмини адолати судй дар мурофиаи чиноятй диккати махсус додааст. Дар натичаи тахкик муаллиф ба хулосае меояд, ки танхо татбики хамаи принсипхо дар мачмуъ ва дар алокамандии онхо метавонад ба ичрои вазифахои мурофиаи судй мусоидат намояд.

Вожауои калиди: мафхум, мазмун, адолати судй, принсипхо, амалишавй, коидахо, риоя, ичро, вазифа, мурофиаи чиноятй, пешбурди парванда, мархила, таъкиби чиноятй, иштирокчиёни мурофиа, хукуку озодихои инсон.

Аннотация: Статья посвящена принципиальным положениям обеспечения правосудия и правилам ее осуществления. Особое внимание автор уделил внимание основаниям и порядку соблюдения и реализации принципов обеспечения принципов в уголовном судопроизводстве. В результате исследования автор приходит к выводу о том, что только реализация всех принципов в их совокупности и во взаимосвязи может способствовать в выполнении задач судопроизводства.

e-mail:

abdullaeva.m.k@mail. ru

Ключевые слова: понятие, содержание, правосудие, принципы, реализация, правила, соблюдение, реализация, обязанность, уголовный процесс, ведение дела, стадия, уголовное преследование, участники судебного процесса, права и свободы человека.

Annotation: The article is devoted to the fundamental provisions of ensuring justice and the rules for its implementation. The author paid attention to the grounds and procedure for observing and implementing the principles of ensuring compliance with the principles in criminal proceedings. As a result of the study, the author comes to the conclusion that only the implementation of all the principles in their totality and in interconnection can contribute to the fulfillment of the tasks of legal proceedings.

Key words: concept, content, justice, principles, implementation, rules, observance, implementation, obligation, criminal process, case management, stage, criminal prosecution, participants in the trial, human rights and freedoms.

Баамалбарории адолати суди доир ба парвандахои чиноятй аз руи коидахои расмии умумихатмй чараён мегирад, ки онхо дар ягонагй принсипхои мурофиаи судии чиноятиро ташкил медиханд. Коидахои умумихдтмй - принсипхои баамалбарории адолати судй аз руи мазмун ва мохияти худ аз арзиши олй доштани хукуки инсон сарчашма мегиранд. Принсипхои ба амалбарории адолати судй ба хам пайвастагии на танхо мазмуни меъёрхои хукукй, балки асосхои ба хам алокамандии амалхои мурофиавй, мехвари мурофиаи чиноятиро ташкил медиханд.

Мафхуми «принсип» аз калимаи лотинй (principium) [12, с. 400] бармеояд, ки маънояш акидаи асосй, гоя, коида, усул, бунёд, тахкурсй ё замина мебошад.

Принсипхои мурофиавии чиноятй ин асосхои рохбарикунандаи мурофиаи чиноятиро меноманд, ки онхо вижагихои хос, табиати хукукй ва мохияти мурофиаи чиноятиро ифода намуда, таъиноти мурофиаи чиноятиро дар доираи ташаккули анъанахои маънавй-фархангии миллй тачассум менамоянд. Мурофиаи чиноятй мачмуи амалхоеро дарбар мегирад, ки дар асоси принсипхо -коидахои умумихатмй ба амал бароварда мешаванд.

Принсипхои мурофиавии чиноятй аз мачмуи коидахои умумихатмие иборат мебошанд, ки дар меъёрхои хукукй пешбинй шуда, тахкурсии мурофиаи чиноятиро ташкил медиханд, ба хам пайвастагии мазмуни меъёрхои хукукии мурофиаи чиноятй ва ичроиши вазифахои

мурофиаи чиноятиро, ки дар моддаи 2 Кодекси мурофиавии чиняотии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КМЧ, Ч,Т) [9] нишон дода шудааст, таъмин менамоянд.

На хама коидхои умумй метавонанд принсипи мурофиавии чиноятй эътироф шаванд. Принсипхо бояд чавобгуи як катор талабот бошанд:

а) принсипхо на хама коидахои худсарона интихобшуда оиди шакл ва тарзи мурофиавии чиноятй - судй, балки коидахое мебошанд, ки ифодакунанда ва инъикоскунандаи асосхои сохти сиёсй, иктисодй, ичтимоии хаёти чомеа хастанд;

б) принсипхо аз хукуки озодихои инсон сарчашма гирифта, кафолати боэътимоди риоя, ичро ва амалй гаштани онхоро таъмин менамоянд;

в) вазифахои мурофиаи чиноятй хамон вакт амалй мегарданд, ки агар ташкили тафтишот ва баррасии парвандаи чиноятй дар асоси коидахои умумиэътирофгаштаи демократа ба рох монда шуда бошанд;

в) коидахои умумиэътирофгашта хамон вакт принсип эътироф мегарданд, ки агар дар меъёрхои хукукй пешбинй шуда бошанд, ба хам пайвастагии мазмуни меърхои хукукии мурофиавии чиноятиро ифода намоянд, барои ичроиши вазифа ва максади мурофиаи чиноятй шароити мусоид фарохам оварда тавонанд;

г) дигар меъёрхо бояд дар амал татбик гаштани коидахои асосиро таъмин намоянд ва набояд мазмуни онхо ба талаботи принсипхои мурофиаи чиноятй мухолифат намоянд.

Дамин тавр, принсипхои

мурофиавии чиноятй - ин коидахои умумихатмй ва асосхои рохбарикунандае мебошанд, ки аз хукуку озодихои инсон сарчашма гирифтаанд, мохият ва таъиноти мурофиаи чиноятиро муайян карда, дар меъёрхои хукукй инъикос ёфтаанд. Дадафи асосии принсипхои мурофиавии чиноятй таъмини ба амалбарории адолати судй оиди парвандахои чиноятй мебошад.

Принсипхо мохияти хукукй доранд ва дар чараёни мурофиаи чиноятй дар шаклхои гуногун ифода мешаванд:

а) онхо мохият ва вижагихои хосси мурофиаи чиноятиро ифода менамояд;

б) онхо низоми меъёрхои хукукии хусусияти умумидоштаро ташкил дода, тахкурсии асосии конунгузории мурофиавии чиноятй ба хисоб мераванд;

в) вайрон кардани принсипхо барои бекор кардани карорхои кабулшуда асос шуда метавонанд;

г) принсипхои мурофиаи чиноятй ичроиши вазифахои мурофиаи чиноятй ва ба амалбарории адолати судиро оиди парвандахои чиноятй таъмин менамоянд;

д) принсипхо мохиятан аз неъмати олй, мукаддас эътироф шудани хукуку озодихои инсон бармеоянд;

е) принсипхо конуниятхои хаёти чамъиятй ва давлатиро объективона инъикос менамоянд ва ба шароити сиёсй, иктисодй-ичтимоии хаёти чомеа мувофикат мекунанд.

Мохияти хукукй доштани

принсипхои мурофиавии чиноятй маънои онро надорад, ки онхо танхо дар меъёрхои хукуки расмй пешбинй шудаанд. Принсипхои мурофиавии чиноятй заминаи ичтимой - фархангй дошта аз хукукхои фитрии инсон, анъанахои маънавии миллй сарчашма мегиранд, ки дар конунгузории муосири мурофиавии чиноятии Точикистон аввалин маротиба шакли расмй гирифтаанд ва хусусияти умумихатмй пайдо карданд. Бинобар хамин, бехуда нест, ки принсипхои мурофиавии чиноятй дар меъёрхои конуни асосй - Конститутсияи Чумхурии Точикистон [8] пешбинй шудаанд. Принсипхои мурофиавии чиноятй харгиз

натичаи нусхабардорй ё таклид кардан ба коидахои мурофиавии давлатхои

хоричиро ифода намекунанд. Мохият ва мазмуни онхо тачассуми сатхи муосири ташаккул ёфтани баамалбарории адолати судй ва таъмини адолати ичтимой дар Точикистон мебошанд.

То сатхи конститутсионй, шакли расмй-хукукй гирифтани акидахои пешкадами рохбарикунанда садсолахо гузаштааст. Тули ин асрхо нигох доштан ва минбаъд эхё гаштани онхо тасодуфан ба вукуъ наомадааст. Ин рохи тулонии мубориза ва мухорибахо, маглубият ва музаффариятхои миллати точик аст, ки тавонист дар давоми ин мархилахои таърихии пурталотум ва зиддияти манфиатдории доирахои муайяни Истиклолияти давлатй ва сохибихтиёрии худро эхё ва эълон намояд.

Хусусан, баъди пош хурдани давлати Шуравй, ки барои Точикистон имконияти мустакилона интихоб ва пеш гирифтани рохи ислохотро дар хама сохахои хаёти чомеа ба миён овард, зарурияти пешбарй кардан ва ба рохбарй гирифта шудани акидахои нави пешкадам баръало мушохида гардиданд.

Точикистон, ки рохи бунёди давлати демократй ва хукукбунёдро пеш гирифт, дар баробари пешравихо, дучори монеахои чиддй гардид, ки баратараф карда шудани онхо кафолати таъмини пешрафти чомеа гардиданд. Тасдики ин гуфтахоро мо дар фочеаи ичтимой ва чанги шахрвандии дар солхои 1992-1997 сар зада, ки кариб тамоми Точикистонро фаро гирифта буд, дида метавонем. Сабаб ва омилхои сар задании чанги шахрвандй дар Точикистон ахли пешсафи кишвар ва чомеаи чахониро ба хайрат гузошт, ки зиддияти акидахо то кадом окибатхо оварда мерасонанд. Чунки яке аз сабабхои чунин окибатхои фочеаангез ва мудхиш, коста гаштан ва аз байн рафтани ахаммияти акидахои рохбарикунандаи даврони шуравй - «сохтмони коммунизм» буд.

Дар солхои аввали Истиклолияти давлатй дар Точикистон, як гурух ба рохбарй гирифтани тачриба ва гояхои давлатхои пешкадами Еарбро хамчун

рохи ягонаи начот ва халосй аз душворихо донанд, гурухи дигар умедхои худро факат ба худшиносй, тачрибаи таърихй ва фарханги миллй вобаста карда буданд. Чойи мукаддас - эътикоди мардум, холй намонд. Дере нагузашта, дар катори чунин акидахо, дар байни мардум афзалият пайдо кардани акидахои ифротангези «гуё» динй мушохида гаштанд, ки дар як муддати кутох бо дастгирй ва маблаггузорй аз хоричи кишвар, тавонист тарафдорони худро муттахид созад, ба чахонбинии мардум таъсири чиддй расонад, халки мехнаткаши оддиро ба вартаи низоъ ва фочеа андозад. Дар байни мардуми Точикистон зуд пахн гаштан ва афзалият пайдо кардани акидахои аз дини мубини Ислом сарчашмагирифта бехуда нест, чунки мардум дар тули садсолахо ба дини ислом эътикод доранд, ба меъёрхои он пайравй мекунанд, онхоро мукаддас медонанд [10, с. 17; 18, с. 19; 15, с. 23; 16, с. 41; 19, с. 57; 21, с. 68; 13, с. 421- 422; 3, с. 165; 4, с. 123; 2, с. 88; 20, с. 67]. Лекин, бинобар надонистани мазмуни аслии меъёрхои дини Ислом ва минбаъд бо хисси манфиатдорй, шухратпарастй нодуруст, ба таври галат шарху маънидод карда шудани асос ва коидахои динй аз чониби «ба ном» хомиён ва ходимони дин, боиси он гардид, ки максадхои нихоии ифродгарон ноаён монд, мардуми зиёд, аксарият чавонон, ба доми фиреб ва игвогарй афтода чони худро дар кашмакашхои хунини махаллию гурухй фидо карданд [11].

Дамин тарик, пайдоиш ва ташаккули принсипхо бо ташаккули афкор, чахонбинй ва акидахои пешкадами ичтимой вобаста мебошанд, ки дар зинахои муайяни таърихй чараён гирифтаанд, такмил дода шудаанд, инкишоф ёфтаанд ва эътироф гаштаанд. Ин чараёнро дар шакли мухтасар ба тарики зайл ифода кардан мункин аст: ташаккули муносибатхои чамъиятй ба пайдоиши тачрибаи муайян дар сохахои сиёсй, иктисодй, ичтимой - хукукй мусоидат мекунад ва боиси пайдоиш ва тасдики мачмуъи донишхо мегардад, ки бо рохи боварй, эътикод ба ин донишхо

самти максадноки амал кардан муайян карда мешавад, коидахо чорй карда мешаванд, кувваи хукукй (хатмй) мегиранд ва муносибатхои чамъиятй ба танзим дароварда мешаванд. Агар ба пайдоиш ва ташаккули принсипхои хукукй ва хукук хамчун зухуроти ичтимой, аз руи хамин услуби омузиш нигарем, ба хулоса омадан мумкин аст, ки принсипхои хукукй ифодакунандаи натичаи дигаргунихои максаднок ва зинаи инкишофи таърихй ва чузъи вокеияти ногузири хаёти чомеа мебошанд, ки бо мурури замон хамчун арзишхои ичтимой-хукукй эътироф гаштаанд.

Дар амал татбик намудани ин коидахо онро ифода мекунад, ки давлат ва хукук, пеш аз хама, ва асосан барои инсон вучуд доранд, яъне талаботи аввалиндарачаи аъзоёни чамъиятро вокеан инъикос менамояд, хаёти осоиштаи муътадил ва инкишофи озодонаро кафолат медихад. Ин нуктаи назари инсонпарваронаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар принсипхои дигари мурофиаи чиноятй ифодаи худро ёфтаанд. Зеро мазмуни фаъолияти мурофиавй-чиноятиро химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд аз чиноят ва чинояткорй ташкил медихад.

Ба принсипхои конститутсионии мурофиаи чиноятй чунин принсипхо дохил мешаванд: принсипи конуният; принсипи расмй-давлатй; принсипи ба амал баровардани адолати судй танхо аз чониби суд; принсипи баробархукукии хама дар назди конун ва суд; принсипи дахлнопазирии хукуку озодихои шахс; принсипи хифзи кадр ва номуси инсон; принсипи эхтимолияти бегунохй; принсипи баходихй ба далелхо аз руи акидаи ботинй; принсипи сурат гирифтани мурофиа ба таври мубохиса ва дар асоси баробарии тарафхо; принсипи ошкоро, бевосита ва шифохй баррасй намудани парвандахо; принсипи таъмини забони модарй дар мурофиаи чиноятй; принсипи озодии шикоят; принсипи иштироки шахрвандон дар мурофиаи судии чиноятй ва гайрахо.

Принсипхои мурофиаи чиноятй, ки дар боло зикр шуданд, ба пуррагй дар

тамоми мархилахои мурофиаи чиноятй амал мекунанд.

Низоми принсипхои мурофиавии чиноятиро дар шакли умумй вобаста ба мавкеъи рохбарикунанда доштани онхо ва ба хам пайвастагии онхо дар таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд, инчунин вобаста ба таъмин шудани ичроиши вазифахои мурофиавии чиноятй ба ду гурух чудо кардан мункин аст:

А) Вобаста ба мавкеи рохбарикунанда доштани онхо ва таъсири онхо ба таъмини хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

- принсипи конуният;

- принсипи химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

- принсипи эхтироми шаъну шарафи шахс;

- принсипи баробарии шахрвандон дар назди конун ва суд;

- принсипи забони мурофиаи чино-

ятй;

- принсипи дахлнопазирии озодй, манзил, махрамияти мукотиба, сухбатхои телефонй, муросилот, мухобирот, сирри шахсй ва оилавй;

- принсипи имконияти шикояти озо-дона аз болои карор ва амалхои макомоти давлатй;

- принсипи хукук ба химоя.

Б) Вобаста ба таъмин шудани ичро-иши максадхои мурофиавии чиноятй:

- принсипи эхтимолияти бегунохй;

- принсипи хамачониба, пурра ва хо-лисона мукаррар кардани холатхои содир шудани чиноят;

- принсипи адолати судй;

- принсипи мустакилияти судхо ва танхо ба конун тобеъ будани онхо;

- принсипи мубохиса ва баробарии тарафхо дар мурофиаи судй;

- принсипи ошкоро будани мурофиаи судй;

- принсипи расмй-давлатй будани мурофиаи чиноятй.

Дар адабиёти хукукй нуктаи назари дигаре низ чой дорад, ки мувофики он присипхои адолати судй, ба принсипхои ташкил ва фаъолияти судхо ва принсипхои сохавии ба амалбарории адолати судй

чудо карда шудаанд, доир ба гурухбандии низоми принсипхои мурофиавии чиноятй нуктаи назари дигарро низ дидан мумкин аст [5, с. 165]. И.Ш. Еуломов принсипхои адолати судиро оид ба парвандахои чино-ятй аз руйи мазмун ва мохияташон ба принсипхои «конуният» ва «мубохисавй» чудо намудааст. Ба акидаи вай, дигар принсипхоро «коидахои умумй» номидан дуруст аст, ки риоя ва ичроиши прин-сипхои конуният ва мубохисавй будани мурофиаи чиноятиро таъмин менамоянд [6, с. 117-118].

Баръакс, муаллифи дигар акидае до-рад, ки мувофики он пешниход мешавад, ки баъзе аз коидахои мурофиавии чиноятй минбаъд бояд ба сифати принсипи му-стакили мурофиавии чиноятй эътироф карда шаванд. Масалан, Н.В. Агутина, ки манбаи ягонаи маънавй-фархангии миллй доштани принсипхои мурофиаи чиноя-тиро эътироф намудааст, дар хамин ра-ванд «баходихии озодонаи далелхо»-ро принсипи асосии фаъолияти макомоти пешбурди парвандаи чиноятй дониста онро заминаи принсипи дигар - «аз руйи вичдон» амал кардан номидааст [1, с. 10]. Муаллифи номбурда пешниход кардааст, ки ин коида ба эътироф шудани принсипи нави мурофиавии чиноятй - принсипи му-стакилияти макомоти пешбурди парвандаи чиноятй низ мусоидат мена-мояд.

Албатта, баходихии озодона ба да-лелхо, аз руйи вичдон амал кардан, му-стакилияти макомоти пешбурди парвандаи чиноятй дар чараёни мурофиаи чиноятй ахаммияти хосса доранд, лекин онхо пурра ба талаботи принсипи му-стакили мурофиаи чиноятй чавобгу не-станд.

Принсип эътироф шудани баъзе аз коидахои номбурда минбаъд хам дастгирй намеёбанд, чунки онхо мазмуни чузъи та-лаботи принсипи конуниятро ифода меку-нанд, ба хам пайвастагии дигар коидахоро таъмин карда наметавонанд, на дар хамаи мархилахо, балки дар зинаи муайяни му-рофиаи чиноятй ба рохбарй гирифта ме-шаванд ва амал мекунанд. Масалан, мако-моти таъкиби чиноятй ба далелхо аз нуктаи назари кифоя будан барои ба

чавобгарии чиноятй кашидани шахс бахо медихад.

Суд, судя ба далелхо аз нуктаи назари кифоя буданашон барои халли масъалаи гунахгор ё бегунох будани судшаванда бахо медиханд. Лекин ин коидаи добили амали танхо зинаи баходихй ба далелхо (як зинаи исботнамой) ба шумор меравад. Дар акси хол ин коида метавонад ба тала-боти принсипи хамачониба, пурра, холи-сонаи мукаррар кардани холатхои содир шудани чиноят мухолифат намояд. Мако-моти ваколатдори давлатй дар натичаи баходихй ба далелхо бевосита дар бораи холатхои вокей хулоса мебарорад. Хуло-саи онхо бевосита ташаккул ёфта нуктаи назари бевоситаи онхоро ифода мекунад. Яъне хулосаи онхо - хулосаи новобаста, озодона, мустакилона, бедахолат, бевоси-таи ботиниро (шахсиро) ифода мекунад. Баходихии озодона ба далелхо танхо дар чараёни исботнамой (чамъоварй, тафтиши далелхо) ба рохбарй гирифта ме-шавад.

^оидаи «аз руйи вичдон» амал кар-дани макомоти пешбурди парвандаи чиноятй бошад, чузъи талаботи аз руи акидаи ботинй бахо додан ба далелхоро ташкил медихад, ки ахамияти онро инкор кардан мумкин нест. Аммо ин коида танхо ба меъёри маънавй - ахлокй мувофикат кардани амалхо ё хулоса барориро ифода мекунад, ки доираи амали он барои принсипи мустакили мурофиаи чиноятй эъти-роф шудан кофй нест.

Принсипхои мурофиавии чиноятй мазмуни мустакил ва ахаммияти хосси му-рофиавй доранд, онхо бо хамдигар алокамандии зич дошта, танхо дар яго-нагй мохияти мурофиаи чиноятиро ифода ва инъикос карда метавонанд. Прин-сипхои мурофиавии чиноятй кафолати таъмини амалй гаштани хукуку озодихои инсон ва шахрванд дар чараёни пешбурди парвандахои чиноятй мебошанд.

Принсипхои адолати судй оиди парвандахои чиноятй на танхо дар яго-нагй амал мекунанд, балки ба хам пайвастагии меъёрхои моддй ва мурофиавй, яго-нагии меъёрхои хукукиро низ таъмин ме-намояд, ки барои максаднок, ба маврид, асоснок ва аз руйи адолат татбик гаштани

меъёрхои хукукй замина, тахкурсии боэътимод тайёр мекунанд.

^онуният ифодакунанда, нишон-дихандаи сатхи риояи дакик ва ичрои як-хелаи нишондодхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхо ва са-надхои меъёрии хукукй аз тарафи тамоми макомоти давлатй, ташкилот, муассиса, корхонахо, шахсони мансабдор, шахрван-дон ва иттиходияхои онхо мебошад. Риоя, ичроиш ва татбики меъёрхои хукукй -унсурхои дохилии амалигардии меъёрхои хукукй, нишондод ва талаботи хукукй ба шумор мераванд, ки дар ягонагй мехвари принсипи конуниятро дар мурофиаи чино-ятй ташкил медиханд.

^онуният принсипи умумихукукй буда, аз мазмуни меъёри Конститутсияи амалкунандаи Чумхурии Точикистон сар-чашма мегирад. Моддаи 10 Конститут-сияи Чумхурии Точикистон волоияти Конститутсия, конунхо ва дигар санадхои хукукиро дар каламрави чумхурй катъиян тасдик намуда, эътибори умумихукукй, умумихатмй ва катъй доштани онхоро му-айян кардааст.

Азбаски мазмуни конунхо ва са-надхои меъёрии хукукиро хукуку озоди-хои инсон ва шахрванд ташкил медиханд, пас конуният хам дорои хусусияти хукукй (хукуки инсон) мебошад. Ин принсипи умумихукукй дар чараёни мурофиаи чиноятй кувваи амали бевосита дорад. Мазмуни он дар конунгузории мурофиа-вии чиноятй дар мукаррар карда шудани тартиби муайяни пешбурди парвандаи чиноятй аник мегардад, ки мувофики он дар Чумхурии Точикистон тартиби пешбурди парвандаи чиноятиро Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точики-стон, ки аз Конститутсияи Чумхурии Точикистон сарчашма мегирад, муайян мекунад.

Тартиби мукаррарнамудаи конунгу-зории мурофиавии чиноятй барои суд, макомоти прокуратура, тафтиши пешакй ва тахкик, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи чиноятй хусусияти хатмй дорад.

Дар адабиёти илмию таълимй доир ба мафхуми конуният нуктаи назари гуно-гунро дидан мункин аст. Дар атрофи пахлухои гуногуни мафхуми конуният,

профессор Р.Ш. Сотиволдиев (Р.Ш. Ша-рофзода) мавзуи бахсу мунозираи олимон-хукукшиносонро мавриди тадкикот карор дода, акида ва хулосахои асосноки хешро пешбарй кардаанд, ки мувофикан кону-ният хамчун принсип, гоя, усул, режим ва талабот дар фахмиши васеъ ифода ва тахлил шудааст. Хусусан, дар робита бо андешаи конуни хукукй ва хукуки инсон мафхуми «конунияти хукукй» [14, с. 642650] пешниход ва асосонок шудааст, ки чо-изи дастгирй мебошад. Мутобикан, дар чараёни мурофиаи чиноятй конуният аз риоя гаштан ва ичроиши дакики конун хам аз тарафи макомоти масъули давлатй (муфаттиш, шахси тахкикбаранда, прокурор, суд), хам аз тарафи дигари иштирок-чиёни манфиатдор (гумонбаршуда, айбдоршаванда, айбдоркунандаи хусусй, чабрдида, даъвогари гражданй, чавобгари гражданй, химоятгар), инчунин аз тарафи иштирокчиёне, ки назорати идоравии риояи конун (сардорони вохидхои тафтишу тахкик), назорати прокурорй (прокурор) ва назорати судиро (суд) ба амал мебароранд, иборат мебошад.

Барои муфаттишон ва макомоти тахкик риояи конун - ин, пеш аз хама, таъмини саривакт ва пурра фош кардани холатхои содир шудани чиноят буда, катъиян мутобики конун гузаронида шу-дани хама гуна амалхои мурофиавй оиди чамъ намудан ва тахкики далелхоро талаб мекунад. Бо хамин максад дар конунгузо-рии мурофивии чиноятй ба тарики дакик тартиб ва коидахои анчом дода шудани амалхои мурофиавй-тафтишй ва кабули карорхои мурофиавй пешбинй шудааст.

Дар айни хол, онхо на танхо тала-боти конуни мурофиавии чиноятй, балки конуни чиноятй ва дигар конунхои чориро низ бояд дакик риоя намоянд. Талаботи риояи дакик ва ичрои конунхо дар мархилаи тафтиши пешакй, ба монандй: дигар мархилахои мурофиаи чиноятй, на танхо нисбати шахсони масъул, балки ба шахрвандон, химоятгар, тарчумон, чабр-дида, коршиносон, мутахассисон ва дига-рон низ дахл дорад. Дар баъзе мавридхо шахрвандон бояд имконияти мурофиавии саривакт дар муносибатхои мурофиавии чиноятй иштирок карданро дошта

бошанд, муфаттиш ва дигар шахсони масъуле, ки пешбурди парвандаи чиноятй ба зиммаи онхо вогузор шудааст вази-фадоранд:

а) саривакт дар бораи рох додани иштироки онхо дар мурофиаи парванда карор кабул намоянд (масалан, карор дар бораи ба чавобгари чиноятй кашидан ба сифати айбдоршаванда, карор дар бораи чабрдида эътироф кардани шахс ва ам-соли инхо);

б) хукук ва вазифахои онхоро фахмо-нанд;

в) имконияти ба амал баровардани хукукхои ба онхо тааллукдоштаро таъмин кунанд.

Доираи амали принсипи конуният ва мазмуни он хеле васеъ мебошад. Амали ин принсип ба хамаи мархилахо ва сохахои мурофиаи чиноятй, нисбати хамаи ишти-рокчиён, нисбати хамаи амалхо ва карорхои мурофиавй дахл дошта, хамаи тарафхои фаъолият ва муносибатхои му-рофиавиро тавсиф намуда, мазмуни дигар принсипхоро таквият медихад, барои вокеан амалй гаштани онхо мусоидат ме-кунад. Бинобар ин, принсипи конуният дар байни дигар принсипхои мурофиаи чиноятй мавкеъи марказй ва аввалинда-рачаро ишгол менамояд.

Суд, судя, прокурор, муфаттиш, тахкикбаранда хангоми пешбурди парвандахои чиноятй вазифадоранд, ки мукаррароти Конститутсияи Ч,умхурии Точикистон, КМЧ, Ч,Т ва дигар конунхоро ба таври дакик, якхела риоя, ичро ва татбик намоянд.

Мукаррароти мурофиаи судии чино-ятй, ки дар дигар конунхои Ч,умхурии Точикистон пешбинй мешаванд, бояд ба мукаррароти КМЧ, Ч,Т мутобик бошанд (м.9 КМЧ ^Т).

Дангоми пешбурди парвандахои чиноятй риоя накардани талаботи конун, сарфи назар аз он кй дар кадом асос рох дода шудааст, ичозат дода намешавад ва боиси масъулияти мукаррарнамудаи конун гардида, санадхои гайриконунй кабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд. Барои дар амалия пурра татбик гаштани талаботи принсипи кону-ният дар моддаи 150, к.1 м.168 КМЧ, ЧТ

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

салохияти прокурор оиди бо карори худ беэътибор донистани маълумоти ба таври гайриконунй чамъовардаи макомоти таъкиби чиноятй ва аз айбдорй хорич кардани он хатман пешбинй карда шавад. Ба хамин гуна тагйирот к. 1 м. 306 КМЧ ЧТ низ ниёз дорад. Бо максади таъмини риоя ва ичроиши талаботи принсипи конуният суд [7, с. 285] вазифадор аст бо ташаббуси худ ё тарафхо далелхои бо вайрон кардани конуни мурофиавии чиноятй чамъовада-шуда ва ба суд пешниходгардидаро беэътибор дониста, аз парванда хорич намояд. Ин навоварихо дар амал татбик гаштани на танхо принсипи конуният, балки вокеан амалй гаштани талаботи м. 21, к. 3 м. 88 КМЧ ЧТ низ пурра таъмин менамоянд. Дар акси хол, меъёрхои ном-бурдашуда, мисли «шиор» дар шакли расман эълоншуда бокй мемонанд.

Доир ба таъмини риояи конунхо як нуктаро кайд кардан зарур аст, ки арзу шикояти шахрвандон низ сатхи риоя ва ичро шуда истодани конунхоро инъикос карда метавонанд. Лекин дар амалия арзу шикояти шахрвандон нисбати амал ё са-надхои гайриконунй, аксар вакт аз чониби шахсони ваколатдор бо иштибох хамчун «тахкири шахсй» нисбати шахсияти худ фахмида мешавад ё онро шахсони мансаб-дор онро мисли «танкиди шахсй» кабул мекунанд [22]. Дар бисёр мавридхо, шикоят, аслан нисбати шаъну шарафи шахс ё касбии шахси мансабдор пешниход намешавад. Шикоят нисбати амал ё кароре, ки шахси ваколатдор ё суд бар хи-лофи тартиби мукарраркардаи конун анчом додаст ё кабул кардааст, оварда ме-шавад. Бинобар ин, арз кардан, ё пешниход шудани шикоят аз чониби шахрванд дар асл «фочеаи мудхиш» нест. Аз як тараф, шахси шикояткунанда набояд бевосита ё бавосита ба хотири химояи «шарафи рутба, идора ё макомот» мавриди таъкиб карор дода шавад, ки бе-восита инкор кардани меъёри Конститут-сияи Чумхурии Точикистон мебошад. Аз чониби дигар, арзу шикоят барои сари-вакт ошкор ва бартараф карда шудани вайроншавии конун, баркарор кардани хукукхои вайроншуда; конунй, асоснок ва одилона хал гаштани масъалахои ба миён

омада ёрй мерасонад; масъулиятшиносии кормандони ваколатдори давлатиро то дарачае баланд мебардорад; яке аз имко-ниятхои вокеии иштироки намояндахои ахли чамъиятро дар баамалбарории идо-ракунии давлатй таъмин менамояд.

Тахлилхо нишон медиханд, ки сабаби асосии арзу шикоятхои мардум дар он аст, ки дар амал татбик шудани конун дар би-сёр сохахои хаёти чамъиятй, бинобар омилхои субъективй ва манфиатдории баъзе шахсони мансабдори макомоти давлатй ба мухлатхои гуногун «мавкуф» гузошта мешаванд ё то ворид шудани фар-мони дахлдори рохбари болоии сохавй татбики конунхо «боздошта» мешаванд (баръакс, татбики фармон ё амри рохбари идораи болой назар ба санади меъёрию хукукй (конун) саривакт чараён мегирад, ки ин хел муносибат ба конун кувваи катъй ва амали бевоситаи меъёрхоро кохиш медихад - КМ. ).

Сатхи пасти ташкили корбарй, ноки-фоягии маърифати хукукй, бемасъулиятй, «интизории» фармони махсуси рохбари идораи болой ё «намоишкории садокат нисбати рохбари идораи болой», беэъти-ной нисбати татбики конунхо ва гайрахо аз кабили омилхое пахнгаштае мебошанд, ки ба татбики вокеии конунхо ва амали гаштани хукукхои шахрвандон, аксар вакт монеъ мешаванд, инчунин боиси норозигй ва нобоварии мардум ба конун ва тарти-боти хукукй мегардад.

Доир ба хамин масъалахо, кайд кардан чоиз аст, ки ба фаъолияти макомоти назоратбаранда, таъкиби чиноятй ва прокуратура набояд танхо аз руи шумораи аризахои воридшуда ё парванадхои ба суд ирсолшуда бахо дода шаванд, ё ба фаъоли-яти суд аз руи парванадхое, ки нисбати онхо танхо хукми айбдоркунанда баро-варда шудааст. Микдор дар ин сурат си-фати корро ифода карда наметавонад. Фаъолияти макомоти номбаршуда дар рохи таргибу ташвикоти конунхо, хам-корй бо ташкилоту муассисахо оид ба бар-расии арзу шикоят, пешгирии чиноят, ди-гар хукуквайронкунихо ва окибатхои он бештар максаднок аст ва набояд сарфи назар карда шаванд.

Барои ичрои бомувафакияти вази-фахо оиди саривакт ва пурра ошкор кар-дани хукуквайронкунй, чиноят ва ба чавобгарй кашидани шахсони чиноят ё ди-гар хукуквайронкунй содир карда на танхо дониши хукукй, инчунин интизоми катъй ва намунавии хизматй, истифодаи самараноки услубхои пешкадам, такмили шаклхои хамкорй ва хамохангсозии фаъолият, татбики воситахои илмй - тех-никй ногузир ва хатмй мебошанд.

Дангоми пешбурди парвандахо ё баррасии бахсхои хукукй риоя накардани талаботи конун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос рох дода шудааст, катъиян ва набояд ичозат дода шаванд, масъулияти мукаррарнамудаи конун сарфи назар нагардида, санадхои гайриконунй кабулшуда беэътибор дониста, саривакт бекор карда шаванд.

Бо хамин мазмун сарвари давлат рохбарони макомоти х,ифзи хукук ва сохторхои низомй, аз чумла Вазорати му-дофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллй, Сарраёсати Кушунхои сархадй, Гвардияи миллй, Кумитаи х,олатх,ои фавкулодда ва мудофиаи гражданй, Агентии назорати маводи нашъаовар ва сохторхои дигарро вазифадор кардааст, ки доир ба баланд бардоштани хисси ватандустиву ватанпа-растй, ифтихори миллй, риояи савганди харбй, сатхи касбй, омодагии чисмонй ва рухию равонии хизматчиёни харбй, интизоми хайати шахсй, риояи ойинномахои харбй ва волоияти конун, инчунин тар-

бияи кадрхои баландихтисос дар муас-сисахои тахсилоти олии харбии кишвара-мон ва давлатхои пешрафтаи хоричй чо-рахои иловагии доимй андешанд; чобачогузории дурусти кадрхои соха, баланд бардоштани сатхи донишу тахассуси онхо, пешбарй кардани хукукшиносони пуртачриба ба ишголи вазифа, ичрои са-ривактии санадхои судй ва рох надодан ба конуншиканихо дар фаъолияти судяхо, инчунин халли дигар масъалахои ташки-лии фаъолияти макомоти хифзи хукук ва судй, инчунин бахри баланд бардоштани сатхи маърифати хукукии ахолй тадбирхои муассир андешида шаванд.

Дамин тарик, дар бораи зарурати мунтазам ва суботкорона баланд бардо-штани сатхи фарханги хукукй ва дониши хукукии хар як аъзои чомеаи мо мухим аст, ки ташаккули давлати хукукбунёд дар Точикистон аз тахкими конуният, тарти-боти хукукй, аз такмилёбй ва вокеан дар амал татбик шудани конунхо, сатхи маърифати хукукии ахолии кишварамон вобастагии калон дорад [17]. «Бунёди чомеаи пешрафта, кабл аз хама, эхтироми конун, баланд бардоштани маърифати хукукй ва умуман таъмини волоияти конунро таказо мекунад» [23, с. 41]. Мо бояд эхтирому сачда карданро ба конун омузем, аз чахорчубаи Конститутсия бе-рун набароем, ки конуну конуният мизони вокеии зиндагй, пойдевори хаёти харруза ва низоми хамешагии давлатдории мо хохад гардид.

Адабиёти истифодашуда

1. Агутина, Н.В. Теоретические и нравственные основания принципов в современном отечесвенном уголовном судопроизводстве: автореф... дис. канд. юрид. наук: 12.00.11, 12.00.09 / Наталья Валерьевна Агутина. - М., 2007. - 24 с.

2. Азизкулова, Г.С. Цикл лекций по истории государства и права Республики Тадчикистан / Г.С. Азизкулова. - Душанбе, 1995. - 201 с.

3. Азимов, Ш. Государство и право Саманидов: монография / Ш. Азимов. - Душанбе, 1999. - 260 с.

4. Буриев, И.Б. Действие мусульманского права в дореволюционном Таджикистане (VIII -начало XX вв.): монография / И.Б. Буриев / Отв. ред. Тахиров Ф.Т. - Душанбе, 1999. - 340 с.

5. Гафуров, Х.М. Судебная система Республики Таджикистан: современное состояние и перспективы развития: монография / Х.М. Гафуров. - Душанбе, 2007. - 185 с.

6. Гуломов, И.Ш. Принцип состязательности и реализация уголовно-процессуальных функций / И.Ш. Гуломов // Верховенство закона - основа укрепления независимости: Сб. науч. трудов.ЧУ. / Под об. ред. Рахматулоева А.Э. - Худжанд, 2012. - 228 с.

7. ^арори Пленуми Суди Олии Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи такмили минбаъдаи фаъолияти судй дар партави тагйиру иловахое, ки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ворид

гардидаанд» аз 2-юми октябри с. 2017, № 19 // Мачмуаи ^арорхои Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон. - Душанбе: ^онуният, 2019. - 380 с.

8. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 (бо тагйиру иловахои солхои 1999, 2003 ва 2016) // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: www.mmk.tj (санаи мурочиат: 16.11.2022).

9. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 3-юми декабри с. 2009 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, № 12, мод. 815; ^онунхои ЧТ аз 23.11.2015 с., № 1229; аз 15.03.2021 с., № 1275; аз 18.03. 2022 № 1857.

10. Муллаев, М. Происхождение и реакционная сущность шариата / М. Муллоев // Под ред. акад. АН Тадж. ССР Радчабова С.А. - Душанбе: Дабир, 1967. - 187 с.

11. Хусейнзода, Ш. Пояндагй аз иттиход хезад // Минбари халк. № 3 (826) аз 19-уми январи с.

2012.

12. Словарь иностранных слов. 14 изд. исправл. - М.: Русский язык, 1987. - 900 с.

13. Сотиволдиев, Р.Ш. Назарияи хукук ва давлат: китоби дарсй / Р.Ш. Сотиволдиев. -Душанбе: Андалеб, 2000. - 546 с.

14. Сотиволдиев, Р.Ш. Проблемахои назарияи давлат ва хукук: ктоби дарсй. Чилди 2 / Р.Ш. Сотиволдиев. - Душанбе: 2010. -750 с.

15. Тахиров, Ф.Т. Правовая система дореволюционного Таджикистана: монография / Ф.Т. Тохиров. - Душанбе: Дабир, 1998. - 450 с.

16. Тахиров, Ф.Т., Халиков, А.Г. Шариат: правовая регламентация брачно-семейных и наследственных отношений: монография / Ф.Т. Тохиров, А.Г. Халиков. - Душанбе: Маориф, 2001.

- 346 с.

17. Тохиров, Ф.Т. Точикистон дар рохи давлати хукукбунёди демократй ва дунявй // Чумхурият. № 66 (20346). 19 июни с. 2001.

18. Тохиров, Ф.Т. Развитие права в Таджикистане: монография / Ф.Т. Тахиров. - Душанбе: Андалеб, 1994. - 320 с.

19. Хайдарова, М.С. Основные направления и школы мусульманского права / М.С. Хайдарова // Мусульманское право (структура и основные институты). - М.: Юридическая литература, 1984. - 269 с.

20. Хакимов, Н., Азизкулова, Г.С. История государства и права таджикского народа / Н. Хакимов, Г.С. Азизкулова. - Душанбе, 2002. - 490 с.

21. Холиков, А. Г. Хукуки мусулмонй: китоби дарсй / А.Г. Холиков. - Душанбе: Эр- гарф, 2003. - 300 с.

22. Эмомалй Рахмон. Матбуот ёвари давлату хукумат аст. Суханронии Президенти Чумхурии Точикистон дар мачлиси тантанавй бахшида ба 100 солагии матбуоти точик // Минбари халк. 2012. № 11 (834).

23. Эмомалй Рахмон. Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат. Чилди 5. - Душанбе: 2005.

- 401 с.

References

1. Agutina, N.V. Theoretical and moral foundations of principles in modern domestic criminal justice: author's abstract ... diss. cand. legal Sciences: 12.00.11, 12.00.09 / Natalia Valerievna Agutina. - M., 2007. - 24 p.

2. Azizkulova, G.S. A series of lectures on the history of the state and law of the Republic of Tajikistan / G.S. Azizkulova. - Dushanbe, 1995. - 201 p.

3. Azimov, Sh. State and law of the Samanids: monograph / Sh. Azimov. - Dushanbe, 1999. - 260

p.

4. Buriev, I.B. The operation of Muslim law in pre-revolutionary Tajikistan (VIII - early XX centuries): monograph / I.B. Buriev / Resp. ed. Takhirov F.T. - Dushanbe, 1999. - 340 p.

5. Gafurov, Kh.M. Judicial system of the Republic of Tajikistan: current state and development prospects: monograph / Kh.M. Gafurov. - Dushanbe, 2007. - 185 p.

6. Gulomov, I.Sh. The principle of competition and the implementation of criminal procedural functions / I.Sh. Gulomov // The rule of law is the basis for strengthening independence: Sat. scientific works. Part V. / Under vol. ed. Rakhmatuloeva A.E. - Khujand, 2012. - 228 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.