Научная статья на тему 'МАФЊУМ ВА МОЊИЯТИ ЉАЗОЊОЕ, КИ БА ЉУДО НИГОЊ ДОШТАНИ МАЊКУМШУДА АЗ ЉОМЕА ВОБАСТА НАМЕБОШАНД'

МАФЊУМ ВА МОЊИЯТИ ЉАЗОЊОЕ, КИ БА ЉУДО НИГОЊ ДОШТАНИ МАЊКУМШУДА АЗ ЉОМЕА ВОБАСТА НАМЕБОШАНД Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
21
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
мафњум / моњият / љазо / мањкумшуда / љомеа / њуќуќи љиноятї / ќонунгузории љиноятї. / понятие / сущность / наказание / осужденный / общество / уголовное право / уголовное законодательство.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Зокирзода З. Х.

Дар маќола масъалаи мафњум ва моњияти љазоњое мавриди баррасї ќарор гирифтааст, ки ба људо нигоњ доштани мањкумшуда аз љомеа вобаста намебошанд. Зимни тањќиќоти худ, муаллиф андешањои олимони ватанию хориљї ва меъёрњои ќонунгузории љиноятиро тањлил намуда, дар натиља зери мафњум ва моњияти љазоњоеро, ки ба људо нигоњ доштан аз љомеа вобаста намебошанд муайян карда, ки дар он љазоњое, ки ба људо нигоњ доштани мањкумшуда аз љомеа вобаста намебошанд, маљмуи чорањои муќаррарнамудаи ќонуни љиноятї вобаста ба аксуламали сазодињандагии давлат нисбат ба шахси гунањкор дар содир намудани љинояти начандон вазнин ва дараљаи миёнаро ташкил медињанд, ки боиси мањдуд гардидани њуќуќу озодињои ў мегарданд, фањмида мешаванд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE CONCEPT AND ESSENCE OF PUNISHMENTS THAT ARE NOT RELATED TO THE ISOLATION OF THE CONVICT FROM SOCIETY

В статье рассматривается вопрос о понятии и сущности наказаний, не связанных с изоляцией осужденного от общества. В ходе исследования автор проанализировал мнения отечественных и зарубежных ученых, а также нормы уголовного законодательства, в результате чего определил понятие и сущность наказаний, не связанных с изоляцией от общества, которые представляют собой совокупность установленных уголовным законом мер, связанных с карательным реагированием государства на лицо, виновное в совершении преступления небольшой или средней тяжести, что приводит к ограничению его прав и свобод.

Текст научной работы на тему «МАФЊУМ ВА МОЊИЯТИ ЉАЗОЊОЕ, КИ БА ЉУДО НИГОЊ ДОШТАНИ МАЊКУМШУДА АЗ ЉОМЕА ВОБАСТА НАМЕБОШАНД»

ТДУ 343.847

МАФХ,УМ ВА МОХИЯТИ ЧАЗОХОЕ, КИ БА ЧУДО НИГО^ ДОШТАНИ МАХКУМШУДА АЗ ЧОМЕА ВОБАСТА НАМЕБОШАНД

ПОНЯТИЕ И СУЩНОСТЬ НАКАЗАНИЙ, НЕ СВЯЗАННЫХ С ИЗОЛЯЦИЕЙ

ОСУЖДЕННОГО ОТ ОБЩЕСТВА

THE CONCEPT AND ESSENCE OF PUNISHMENTS THAT ARE NOT RELATED TO THE ISOLATION OF THE CONVICT FROM SOCIETY

Зокирзода З.Х. Zokirzoda Z.Kh. Дотсенти кафедраи ва идораи давлатии

Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар ноуияи Рашт,

номзади илмуои ^уцуцшиносй Доцент кафедры права и государственного управления Педагогического института Таджикистана в Раштском районе,

кандидат юридических наук Associate Professor of the Department of Law and Public Administration of the Pedagogical Institute of Tajikistan in the Rasht

region, candidate of legal sciences

Ихтисоси илми: 12.00.08 - Хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй.

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право.

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law.

Такриздщанда: Абдурашидзода А.А. - дотсенти кафедраи хукуки чиноятй, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, дотсент, полковники милитсия.

Рецензент: Абдурашидзода А.А. - доцент кафедры уголовного права, криминологии и психологии факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, полковник милиции.

Reviewer: Abdurashidzoda A.A. - Associate Professor of the Department of Criminal Law, Criminology and Psychology, Faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, Candidate of legal sciences, Associate Professor, Colonel of the militia.

Аннотатсия: Дар макола масъалаи мафхум ва мохияти чазохое мавриди баррасй карор гирифтааст, ки ба чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд. Зимни тахкикоти худ, муаллиф андешахои олимони ватанию хоричй ва меъёрхои конунгузории чиноятиро тахлил намуда, дар натича зери мафхум ва мохияти чазохоеро, ки ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд муайян карда, ки дар он чазохое, ки ба чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, мачмуи чорахои мукаррарнамудаи конуни чиноятй вобаста ба аксуламали сазодихандагии давлат нисбат ба шахси гунахкор дар содир намудани чинояти начандон вазнин ва дарачаи миёнаро ташкил медиханд, ки боиси махдуд гардидани хукуку озодихои у мегарданд, фахмида мешаванд.

Вожауои калиди: мафхум, мохият, чазо, махкумшуда, чомеа, хукуки чиноятй, конунгузории чиноятй.

CT

e-mail:

[email protected]

Аннотация: В статье рассматривается вопрос о понятии и сущности наказаний, не связанных с изоляцией осужденного от общества. В ходе исследования автор проанализировал мнения отечественных и зарубежных ученых, а также нормы уголовного законодательства, в результате чего определил понятие и сущность наказаний, не связанных с изоляцией от общества, которые представляют собой совокупность установленных уголовным законом мер, связанных с карательным реагированием государства на лицо, виновное в совершении преступления небольшой или средней тяжести, что приводит к ограничению его прав и свобод.

Ключевые слова: понятие, сущность, наказание, осужденный, общество, уголовное право, уголовное законодательство.

Annotation: The article deals with the issue of the concept and essence of punishments that are not related to the isolation of the convict from society. In the course of the study, the author analyzed the opinions of domestic and foreign scientists and the norms of criminal law, as a result of which he determined the concept and essence of punishments not related to isolation from society, which are a set of measures established by criminal law related to the punitive response of the state to a person guilty of committing a crime of small or medium gravity, which leads to the restriction of his rights and freedoms.

Key words: concept, essence, punishment, convict, society, criminal law, criminal law.

Дар хар як чамъияти муосири кунунй, ахаммият ва накши чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, мухталиф, фарккунанда ва дар бисёр мавридхо гуногунчанба мебошад. Накши чунин чазохо дар чомеаи мо бояд аз ахаммияти бисёр мухим бархурдор бошад, зеро он дар замони на чандон дур ташаккул ёфтааст ва ба таври анъанавй ва фаъолона имруз даъвову такозохои репрессивй ва хукуки чиноятй касб намудааст. Тавре ки ба таври образнок ва дакик ин равандро В.А Уткин тавсиф менамояд, дар аксари холатхо шахрвандон карорхои судиеро, ки бидуни таъйин гардидани мухлатхои мухталифи махрум сохтан аз озодй содир мешаванд, хамчун "гузашт" нисбат ба шахсони чинояткор ва номуваффак ба поён расидани раванди мурофиа ва тафтишот кабул менамоянд.

Ба андешаи А.В Наумов чазои махрум сохтан аз озодй барои мукоиса бо кишвари Олмон [20, с. 29] дах баробар бештар истифода мешавад. Аз руйи мушохидахои ба кайдгирифтаи Ф.Р. Сундуров ва Б.С. Волков "дар солхои охир вазни хосси чазои махрум сохтан аз озодй дар миёни чазохои таъйиншаванда аз тарафи судхо торафт афзоиш меёбад" Танхо дар даврае, ки он 17 солро дар бар мегирад, мушаххасан, аз соли 1992 то

соли 2009 овардани амалияи судии татбики чазо дар Чумхурии Точикистон кобили таваччух аст. Чунончй, дар соли 2008 хиссаи махрум сохтан аз озодй 47,1%, 2009 - 53,7% хиссаи чорахои дигари бо махрум сохтан аз озодй вобаста намебошанд, масалан, чарима 2008 - 14,9%, 2009 - 13,8%, корхои ислохй 2008 - 11,2%, 2009 - 10,4%, шартан татбик накардани чазо 2008 - 17,7%, 2009 - 14,3% ва мавкуф гузоштани ичрои хукм 2008 -1,3%, 2009 - 0,6%-ро ташкил додаанд, ки ин ташвишовар мебошад.

Албатта, метавон бо назари Т.В. Непомняшев мувофик буд дар ин маврид, ки "сабабхои асосии ба таври зиёд таъйин нагардидани чазохои бо махрум сохтан аз озодй алокаманд набуда, дар сохахои ичтимой ва иктисодй нухуфта мебошанд. Дар ин росто Т.Ш. Шарипов мефармояд, ки тагйироту иловахое, ки ба он солхои гуногун ворид карда шуда, инчунин иктисодиёти бозоргонии ба ичтимоиёт нигаронидашуда аз омилхои бунёдие ба шумор мераванд, ки кайхо боз ба вокеият табдил ёфтаанд [16, с. 4]. Нисбат ба шахсони нодор, бекор ва шахрвандоне, ки манбаи ба даст овардани даромади доимй надоранд (чунин шахрвандон тибки омор аксарияти шахрвандонеро ташкил медиханд, ки ба чиноят даст мезананд) таъйин кардани чазохое, аз кабили чарима, махрум кардан аз хукуки

ишголи вазифаи муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян душвор ба назар мерасад" [23, с. 223]. Аммо девалватсия ё кохиш ёфтани сахтии чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, ки он аз тарафи олимон ба мушохида расида, дар тачрибаи амалй ба назар мерасад, сабабхои дигаре хам дорад, ки ба сиёсати умумии хукуки чиноятй алокаманд мебошад. Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, дар баъзе мамлакатхо дар дахсолахои охир тахкикотхои илмй оиди норасоихои махрум сохтан аз озодй ба сомон расида истодааст. Окибатхои манфии ин намуди чазо аз назари дар оянда бо кор таъмин намудани махкумшуда ва одаткунонии ичтимоии онхо омухта шудааст. Мукаррар шудааст, ки хангоми хар чй бештар татбик намудани махрум сохтан аз озодй ногузир масоилхои риояи хукукхои сиёсй, ичтимой ва дигар хукукхои инсон ба вучуд меоянд. Махз хамин окибатхои манфии махрум сохтан аз озодй ба гузаронидани ислохот ва инкишофи намуди чазохои алтернативии махрум сохтан аз озодй такони наве бахшид [16, с. 8].

Дар бисёр давлатхо сиёсат дар сохаи чазои чиноятй ба фоидаи намуди чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, майл дорад. Чумхурии Точикистон, ки ба инсон-парварона гардонидани сиёсати чиноятй кушиш менамояд, аз ин доира истисно нагардид. Дар Точикистон солхои охир ба чараёни такмилдихии конунгузории чиноятй ва конунгузории ичрои чазои чиноятй ва инсонпарварона гардонидани он диккати махсус дода мешавад. Дар ин хусус Ч,.А. Абдуллозода кайд менамояд, ки ба чинояткор таъин намудани чазои одилона мутобики вазнинии кирдори содирнамуда - яке аз шартхои зарурии ба амал баровардани хадафу вазифахо дар сохаи сиёсати чиноятй ба хисоб меравад. Чазои одилона танхо дар сурате таъйин карда мешавад, ки агар ба кирдори содиргардида хаматарафа ва

объективона (холисона) бахо дода шуда бошад. Имконпазирии баходихии холисона аз хамон коидахое бармеояд,

ки дар конуни чиноятй мавчуданд. Дама гуна холатхое, ки метавонанд ба ин ё он тарз ба чавобгарии чиноятй кашидани шахс ва нисбати у таъин намудани чазои одилона таъсир расонад, бояд дар конун инъикос ёбад [1, с. 121].

Ба андешаи Э.Б. Миралиев, дар шароити имрузаи чомеаи башарй истифодаи васеи чорахои дорои хусусияти хукукй-чиноятидошта, ки ба махрум сохтан аз озодй алокаманд нестанд, мувофики максад дониста мешавад [18, с. 3].

Ба андешаи А.С. Тагозода, намуди чазои нисбатан сахттар аз чумлаи чазохое, ки барои чинояти содиршуда пешбинй гардидааст, танхо дар холате таъин карда мешавад, ки намуди чазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба максади чазоро таъмин карда натавонад.

Баъд аз ин давра, мархилаи нави инсонпарварона ё худ гуманизатсия намудани конунгузории чиноятй огоз мегардад, ки он аз Конуни Чумхурии Точикистон аз 1-уми августи соли 2003, № 45 ибтидо гирифтааст [5]. Мутобики ин конун аз санксияи к. 3 м. 181, к. 3 м. 184, к.к. 1 ва 3 м. 186, к. 3 м. 200, к. 3 м. 204, к. 4 м. 249, моддахои 306, 310, 395 ва к. 2 м. 403 КЧ ЧТ чазои катл хорич карда шудааст.

Инкишофи минбаъдаи инсонпарварона кардани меъёрхои хукуки чиноятй дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба КЧ ЧТ 17-уми майи соли 2004 тачассум ёфта, ба Кодекс 11 моддаи нав -моддахои 11(1), 48(1), 153(1), 179(1), 202(1), 202(2), 206(1), 237(1), 307(1), 307(2), 307(3) илова карда шудаанд [6].

Еайр аз ин, бо сабаби аз Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон хорич намудани чазои хабс ва васеъ намудани доираи чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, инчунин бо максади татбики сиёсати давлат оид ба инсонпарварона кардани конуни чиноятй ба Кодекси мазкур моддаи 48(1) бо номи «Корхои хатмй» илова гардид. Бо максади татбики талаботи меъёрхои

Конуни Чумхурии Точикистон аз 15-уми июли соли 2004, № 45 «Дар бораи боздоштани (мораторияи) татбики чазои катл» дар санксияхои к. 2 м. 104, к. 3 м. 138, к. 3 м. 179, моддахои 398 ва 399 ба чойи чазои нихоии пешбинишуда дар шакли «чазои катл» чазои нихой ба «25 сол махрум сохтан аз озодй» иваз карда шуд. Илова бар ин, дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон аз 1-уми марти соли 2005, № 86 ба КЧ ЧТ меъёри нав -моддаи 581, яъне чазо дар шакли «якумра аз озодй махрум сохтан» чорй гардида, мухлати чазои пешбинигардида дар шакли «25 сол махрум сохтан аз озодй» ба «сй сол махрум сохтан аз озодй» иваз карда шуданд. Хдмчунин вобаста ба ин холат, ба моддахои 47, 58, 59, 67, 68, 75, 76, 81, 104, 138, 179, 195, 398 ва 399 тагйирот ва иловахо ворид карда шуданд. Дар ин асно аз санксияхои к. 1 м. 248, к. 1 м. 282, к. 4 м. 279, к. 2 ва 3 м. 280 ва к. 2 м. 286 чазои иловагй дар намуди «мусодираи молу мулк» хорич карда шуданд.

Максад аз овардани санадхои зикршуда исботи он акида аст, ки конуни чиноятй хамкадами шароити ичтимоиву сиёсй ва иктисодии мамлакат буда, он ба таври мунтазам тахриру такмил меёбад.

То замони кабул шудани КЧ ЧТ чойи мобайниро дар миёни чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста мебошанд ва чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд чазо дар намуди махдуд кардани озодй ишгол менамуд. Ин маънои онро дошт, ки дар низоми чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, махз чазои махдуд кардани озодй дорои макоми нисбатан бештари репрессивй буд.

Максаду мохияти махдуд кардани озодй, яъне нигох доштани махкумшуда дар муассисахои махсус бидуни чудо кардан аз чамъият дар шароити татбики назорат аз болои он ба мухлати аз як то панч сол мебошад. Дар холати иваз кардани корхои ислохй бо махдуд кардани озодй, он метавонад ба мухлати камтар аз як сол таъин гардад [12]. Дар

холати аз адои чазо ашадй саркашй намудани шахси ба махдуд кардани озодй махкумшуда, он ба мухлате, ки дар хукми суд барои махдуд кардани озодй таъйин шудааст, бо махрум сохтан аз озодй иваз карда мешавад. Дар айни замон вакти адои махдуд кардани озодй ба мухлати махрум сохтан аз озодй дохил мегардад аз хисоби як рузи махрум сохтан аз озодй баробари ду рузи махдуд кардани озодй [12]. Хусусияти ичрои ин навъи чазо дар он зохир меёбад, ки он бояд дар марказхои махсуси ислохй бе хузури нигохбонон зери назорати маъмурияти макомоти дахлдори ичрои чазо татбик мешавад.

Дар баробари ин, бинобар сабабхои иктисодиву ташкилй чазо дар намуди махдуд кардани озодй амалан мухтавои он ба чунин чорахои дигари дорои хусусияти хукукии чиноятй - шартан татбик накардани чазо (м. 71 КЧ ЧТ) хулоса мешавад. Вале бояд кайд намуд, ки шартан татбик накардани чазо ба хисоб намеравад.

Ба андешаи Т.Ш. Шарипов, А.И. Сафарзода, З.А. Камолов шартан татбик накардани чазо - ин намуди махсуси озод кардан аст, ки дар татбик накардани чазои таъйиншуда дар холати риояи он ухдадорихое, ки аз чониби суд дар давоми мухлати санчиш нисбати махкумшуда гузаштааст, ифода мегардад.

Дар робита ба ин масъала мутахассисони соха кайд намудаанд, ки махдуд кардани озодй дар амал вазифаву функсияи чазои чиноятиро аз даст додааст [7, с. 9] ва хусусияту хачми хукукмахдудкунии ин намуди чазо барои ичрои максадхои чазо кофй нест. Ба акидаи В.И. Селиверстов, истифодаи чунин чазо барои содир кардани чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна, дар хакикат, ба як навъ "узрхохй" ва ё назорати маъмурй аз болои шахсони аз зиндонхо озодшуда монанд аст.

Аз он чи дар боло матрах шуд, метавон чунин хулоса баровард, ки тачрибахои амалии вобаста ба фаъолиятхои судй ва конунгузорй, ки камбаходихй ва ба назар нагирифтани накши чазохое, ки бо чудо нигох доштани

махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд хосси онхо мебошанд, ба хифзи чорахои репрессивй дар кишвари мо мусоидат менамоянд. Дар ин робита тахкикоти илмии анчомшуда доир ба ин навъи чазохо на факат дар самти демократикунонй ва гуманизатсияи хукуки чиноятй, балки хамчун шакли конунан мукарраршудаи чазои чиноятии дорои потенсиали зарурии репрессивй ахаммияти махсус ба худ касб менамояд. Ин тавр нигаристан ба масъалаи дарки чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд диккат ва таваччухи илмиро дар навбати аввал ба самти мавзуи мохияти чунин чазо чалб месозад.

Бояд эътироф намуд, ки вактхои охир микдори тахкикот ва корхои илмии бахшидашуда ба мавзуи омузиши чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд афзоиш ёфтааст [10, 16, 21, 8]. Аммо ба назари мо, то кунун далелхои кофии тасдиккунандаи он вучуд надорад, ки чамъи донишхои илмии дар натичаи анчоми тахкикоти зиёд ба даст омада назарияи алохидаи илмиро ташкил дихад. Ба ин дар катори дигар аломатхо, хамчунин вучуд надоштани бобу параграфхои махсус оид ба масъалахои вобаста ба чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, дар адабиёти таълимй доир ба кисми умумии хукуки чиноятй ишора менамоям [9].

Чунин вазъи донишхои илмии вучуддошта дар бораи чазохое, ки ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд, чанд сабаб дорад. Мо яке аз сабабхои то ба хадди зиёд аз лихози конунй барчаста нишон додани накши методологии категорияи "чазо"-ро дар ин чо дида мебароем.

Ба андешаи А.А. Абдурашидов, чазои чиноятй чораи фавкулодда мухим дар мубориза бар зидди чинояткорй мебошад, зеро махз фаъолияти зиддичамъиятии шахсони чиноят содиршударо пахш мекунад [2, с. 13]. Аммо У.А. Азиззода кайд менамоянд, ки дар асоси назария ва амалияи мубориза

бо чинояткорй такмили конунгузории чиноятй ягона усул ва рохи мубориза бо чинояткорй нест. Барои ин, шаклхои гуногуни ташкилию таргиботй, монанди ташкил намудани макомоти алохидаи давлатии муборизаи зидди чинояткорй ва тартиб додани барномахо ба ин максадро талаб мекунад [3, с. 135].

Мазмуни чазо аз он вобаста аст, ки он дар дохили кадом як форматсияи ичтимоию иктисодй вучуд дорад ва дар чомеа кадом идеология хукмфармост [2, с. 13]. Ин таъриф, ки он дар хакикат тамоми матлабхои арзишманди вобаста ба амалияи ватанй ва назарияи хукуки чиноятиро инъикос менамояд, заминаи чавобгуи илмиву хукукии хубе барои дарки худ ва хам дарки намудхои мушаххас ва гурухи чиноятхои дахлдор гардидааст. Бинобар ин, тасодуфй нест, ки аз хама бештар мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд" аз матни пешниходнамудаи конунгузории ичрои чазои чиноятй бармеояд (фасли 2, боби 31 КИЧЧ ЧТ). Аммо дар хеч як чои кодекси мазкур таърифи "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд" дода нашудааст.

Мушаххас аст, ки хусусияти ба ин тарз дарк намудани феномени (падидаи) чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд аз гузариши мафхуми абстракт ба мафхуми мушаххас иборат аст, ки дар он мафхуми абстракт хамчун категорияи инъикоскунандаи аломатхои мушаххаси аналитикии ин ё он падида ё категорияи чазо фахмида мешавад. Бо доштани холати абстрактй нисбат ба худи ин падида ва (намудхои мушаххаси чиноят), он дарбаргирандаи донишу маълумоти пурра дар хусуси ин падида ва навъхои чазо намебошад, вале имкони дарки онро тавассути мафхумхои ибтидой фарохам меоварад [4].

Дар баробари ин, омузиши чунин вокеиятхои хукуки чиноятй, аз чумла чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебо-шанд, усулан аз мавкеи категорияи "чазо" наметавонад боиси ташаккул ёфтани

назарияи дахлдори илмй гардад, зеро чахорчуби чунин дарк бо мантики ба даст овардани донишхои назариявй аз холати абстраксия махдуд мебошад. Дар сурати чунин шакли дарк намудхои конкретии чазо хорич аз махдудаи он карор мегиранд. Дар натичаи ин аломатхои фарккунандаи махсуси онхо дар мафхуми "чазое", ки ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошад", инъикоси худро пайдо наменамоянд. Ин боиси эчоди мушкил на факат барои мутахассисон, балки барои гуруххои васеи чомеа дар кори мувофикат намудани намудхои мушаххаси чунин чазо бо мафхуми барои онхо умумй -чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд ва категорияхои "чазо" мегардад. Махз дар ин мантики аналогияи зерин ошкор мегардад. К. Маркс навишта буд, ки "Агар ман мегуям: хам хукуки рим ва хам хукуки олмон вучуд доранд, ин комилан возеху равшан аст. Ва агар ман бигуям: хукук чун абстраксия ба таври мушаххас дар хукуки римй ва хукуки олмон тачассуми худро меёбад, дар чунин холат робитаи байни онхо характери мистикй ба худ мегирад" [15, с. 148].

Аз ин чо ба таври равшан айён мегардад, ки мантики омузиши мафхуми чазохое, ки ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд, бояд ба воситаи дарку фахмиши он тавассути афзоиш ёфтан аз категорияи конкрет ба категорияи абстракт мукаммал гардад. Агар ба таври дигар бигуем, мафхуми чазои ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд бояд хам аз мафхуми умумии "чазо" ва хам аз хамаи мачмуи намудхои мушаххаси он хосил гардад. Ва танхо тавассути бо хам муттахид намудани роххои абстрактй ва конкретии дарк намудани чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, имкони он фарохам меояд, ки мазмуну мухтавои мутаносиби ичтимоиву хукукии онхо асоснок карда шавад. Дар чараёни тахлилу баррасии адабиёти мавчудаи сохавй мушаххас гардид, ки асархои

илмии дахлдоре вучуд надоранд, ки дар онхо мавзуъи асосноккунии максадноки мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд" аз нуктаи назари вохиди абстрактй ва конкретй ба таври мукаммал мавриди тахкику баррасй карор гирифта бошад. Мо чунин мехисобем, ки набудани тахкикоти зарурй яке аз сабабхоест, ки бинобар он ин мафхум дар дарку шиносоии намудхои мушаххаси чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, хеч гуна накши назарраси методологй намебозад.

Хдмин тавр, А.К. Манна ва Э.С. Ширализаде бо гузоштани максади асоснок ва тахкик намудани мохият ва мазмуни чазои махдуд кардани озодй тарчех медиханд на мафхуми умумии чазо, балки моддаи 53 КЧ, ФР (З.З. - 54 КЧ ЧТ) ба асос гирифта шавад. Муаллифони мазкур тасдик менамоянд, ки "моддаи 53 КЧ ФР мохият ва мазмуни чазоро дар намуди махдуд кардани озодй муайян месозад" [13, с. 89]. В.С. Тасаков низ тарафдори ба ин тарз муайян намудани мохияти корхои хатмй мебошад: "Мохияти корхои хатмй аз чалб намудани шахсони махкумшуда ба ичрои кор дар он махалхое иборат мебошад, ки тавассути муассисахо ва макомоти дахлдори низоми ичрои чазохо мукаррар карда мешаванд". На дар мавриди аввал ва на дар мавриди дуюм, муаллифон ба мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд" хамчун категорияи ибтидоии методологй таваччух намекунанд. Бархурди муаллифони дигар низ айнан ба чунин тарз аст [17; 22].

Ба гайр аз ин, тавре ки тахлилу омузиши адабиёти махсус нишон медихад, аз назари мухаккикон одатан чунин маврид меафтад, ки мохияти мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд" тавассути мохияти категорияи "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд, ба таври пурра ифода намеёбад, зеро он аз мохияту мазмуни чазохое, ки бо чудо

нигах доштан аз чомеа вобаста мебошанд, фарк мекунад.

Чунин далел ба он алокаманд мебошад, ки гурухи категорияхои мафхуми чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд, аз категорияхои нисбатан ками абстрактй иборат аст ва аз ин чихат хам мафхумхои чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд ва "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд" пурра бо хам монанд нестанд. Аз чониби дигар, онхо намудхои мушаххасу дахлдори чазоро умумият мебахшанд.

Аз нуктаи назари сирф назариявй метавон таъйид намуд, ки мафхумхои "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд" ва "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд" аз якдигар бо мазмуну мухтавои доштаи худ фарк мекунанд. Вале ин тафовутхо дар таърифи меъёрии хукукии категорияи "чазо" ифода намеёбанд, зеро аз руйи мохият таърифи мазкур дигар намудхои чазоро, ки аз чихати хачм аз якдигар васеътар мебошанд, дар бар мегирад. Ин аз нигохи мо, нахустзаминаи он чизе шуморида мешавад, ки онро коршиносону олимон як навъ "микроз" меноманд. Он имкон медихад, аз як тараф, нисбат шахсоне, ки дар содир гардидани чиноятхои вазнин гунахкор дониста мешаванд, шартан татбик накардани чазо (м. 71 КЧ ЧТ) ба кор бурда шавад ва аз чониби дигар имкон медихад шахсоне, ки чинояти начандон вазнин ва чиноятхои дарачаи миёна содир менамоянд, махкум ба чазо дар намуди махрум сохтан аз озодй гарданд. Аз ин хотир, месозад ба таври махсус кайд намуд, ки категорияи "чазо" дар худ хусусиятхои аслии умумии "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд" ва "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд"-ро муттахид месозанд, вале вижагихои махсусе, ки ин чазохоро аз хам чудо месозанд, дар он ошкору барчаста ба назар намерасанд. Аммо дар конуни чиноятй на таърифи "чазохое, ки бо чудо

нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд" ва на таърифи "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд" пешбинй нашудааст. Вале дар айни хол, он намудхои мушаххаси хар ду гурухи чиноятхои мавриди назарро муайян менамояд.

Ба ин тартиб, конунгузор холатеро ба вучуд овардааст, ки дар он таърифхои меъёрии хукукй дорои:

а) категорияи нисбатан абстрактии "чазо" ва,

б) намудхои мушаххаси он мебошанд.

Камбуд ва холигохи таърифи меъёрии хукукии хам "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд" ва хам "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд" бо рохи ба даст овардани таърифи онхо аз категорияи "чазо" пур карда мешавад. Ва агар чунин мантики пурсозии холигохи мавриди назар, шиддати пазируфтани "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста мебошанд"-ро хамчун шакли нисбатан репрессивитари ифодаи чавобгарии чиноятй кохиш надихад, дар робита ба "чазохое, ки ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд", чунин кохиш назаррас хохад буд. Аз бисёр чихат ба ин хусусияти таъйиноти хукукй-ичтимоии онхо - ичрои максадхои чазои чиноятй ба воситаи роххои гайрихабсии таъсиррасонй ба шахсони гунахкор дар содир намудани чиноят мусоидат менамояд.

Махз ба хамин хотир, таърифи мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд", ки дар натичаи тахлили категорияи "чазо" хосил мегардад, наметавонад хамчун аломати комил ва дилпури ташаккул ва инкишофи сиёсати хукукй дар сохаи танзими муносибатхои хукуки чиноятй мавриди истифода карор бигирад. Тасдики аввали ин кабул нагардидани чунин намуди чазохо аз суи кисми бештари мардум, кормандони макомоти хифзи хукук ва хатто конунгузор хамчун чазохои чиноятии дорои сифати таъсиррасонии репрессивй

ба шахсони гунахкор дар содир намудани чиноят (яъне шакли ифодаи чавобгарии чиноятй) ба хисоб меравад.

Дувуман исботи матлаб вучуди холигох ва ихтилофхои мавчуд дар самти танзими хукукии чазохоест, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, хамчун ташаккули системавй ва тачрибаи таъйин ва ичрои онхо мебошад. Ташаккули назария доир ба чазохое, ки ба чудо нигох доштан аз чомеа вобаста намебошанд, раванди мураккаб шуморида мешавад. Аз нигохи фалсафй, таъкид мешавад, ки "ташаккулёбии назария бинобар мохияти худ раванди муташаккил ва муттасили кашфу тахияи хар чи бештари конунхои мукаммалу амик мебошад. Хднуз дар Рими кадим мутафаккири маъруфи хамон давра Ситсерон хеле бамавкеъ гуфта буд: «Конунхо бояд нуксу иллати чомеаро бархам зананд ва некиро пахн кунанд». Аз ин хотир, хар кадар низоми конунгузорй устувор буда, адолати ичтимоиро инъикос намояд, хамон кадар пешрафти давлату чомеа таъмин хохад гашт. Дар ибтидо чунин конунхо конунхои империкие мебошанд, ки онхо хусусиятхои сатхии системаи мавриди омузишро инъикос менамоянд.

Баъдан на бо рохи мушохида ва тачрибахои мустаким, балки тавассути абстраксия ва хулоса баровардан конунхои назариявй кашф мегарданд [4, с. 74]. Дар айни замон рушду инкишофи назарияи илмии фалсафиро бо дарку маърифати падидахои дорои мухтавои хар чи бештари амик алокаманд медонанд. Дар адабиёти илмй чунин тартибро бо истилохоти "мохияти тартиби аввал" ва "мохияти тартиби дуюм" ва гайра ёдовар мешаванд.

Дар назария хукук идея дар бораи вучуди зинахои зиёди дарки мохияти падидахои хукукиро пурра Л.С. Явич асос гузоштааст. Хулосаи ин муаллиф ба сурати зер буд: "Рохи дарку маърифат, ки аз мохияти тартиби аввал ба мохияти тартиби дуюм ва аз он ба мохияти тартиби сеюм ибтидо мегирад, аз руи хусусияту максади худ ба генезис ва шуруъи таърихии хукук мухолиф аст. Дар

айни хол, мохияти сатхи аз хама амиктар хукуки нормативии ояндаро ташаккул медихад ва ба таври дохилй дарбаргирандаи он ба хисоб намеравад".

Дар айни хол ба андешаи Л.С. Явич нуктаи ибтидоии "омузишу тахкикро дарки мохияти хукуки тартиби аввал, ки мохияти тартиби дуюм ва сеюмро хам дар бар мегирад", ташкил медихад. Аз ин чо метавон чунин хулоса баровард, ки хамчун назарияи илмй назарияи чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, метавонад факат дар чараёни дарки мохияти худи ин навъи чазо ва дарки амики тамоми зинахои он ба миён ояд. Дар илми фалсафа зери мафхуми "мохият" конуни дохилии хар гуна падида фахмида мешавад, ки он аз асос ва муайянкунандаи микдориву сифатй иборат мебошад. Аз нуктаи назари дарки фалсафии категорияи "мохият" дар адабиёти хукуки чиноятй мушаххас мегардад, ки мохият - ин чамъбасту хулосаи тавсифи мазмуни падидаи муайяни хукуки чиноятй ва сифати аслии он мебошад.

Ба акидаи аксарияти намояндагони илм ва сохаи хукуки чиноятй, чунин нишона ва сифати аслии чазо сазо, ба маънои дигар расонидани ранчу азоб ба шахси махкумшуда бо рохи махрум намудан, махдуд кардан ва ночиз шуморидани хукук ва озодихои у шуморида мешавад. Вобаста ба ин масъала А.А. Пионтковский нигоштааст: "Аз он чое, ки хар гуна чазо ин расонидани як навъ азоб ба шахси гунахкор дар содир намудани чиноят (поймол кардани манфиатхои молу мулкй, махдуд кардани озодй, паст задани шаъну шараф, дар мавридхои чудогона хатто махрум сохтан аз хаёт), чазо хамеша як навъ сазо ба хисоб меравад".

Хдмчунин, М.Д. Шаргородский хам таъкид менамуд, ки "хеч гуна чазое вучуд надорад, ки он боиси расонидани ранчу азоб ба шахси махкумшуда нагардад, агар чазо боиси расонидани ранчу азоб нагардад, чунин чазо бемантику нолозим аст ва гузашта аз он, чунин чазо, чазо ба

хисоб намеравад". Мо ба чунин нуктаи назар мувофикем ва чунин мехисобем, ки мохияти чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, тавассути сазо бо таъсиргузории хукуки чиноятй ба шахсе, ки чинояти начандон вазнин ва дарачаи миёна содир менамояд ранчу азият мерасонад, муаррифй мешавад.

Бо дар назар гирифтани ин нукта ва хамчунин изхори назари Л.С. Явич, бояд тахмин зад, ки дарачаи якуми мохияти чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, "дар сатхи боло нухуфтааст", яъне сазо (ранчу азият) ифодаи объективии худро ёфтааст ва ин ифода барои шахс тавассути мушохидоти мустаким хосил мегардад; махсусияти дарачаи дуюми мохияти чазо аз асосноккунии сифатноки муайянсозии мохияти тартиби якум ва муайян намудани мохиятхои тартиби якум ва дуюми чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, иборат мебошад.

Мутобики м. 47 КЧ ЧТ ва бар асоси аломатхои нисбатан умумии махрумсозй аз тамоми неъматхо тамоми чазохое, ки ба чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, таксим мешаванд:

1) чазохои махдудкунандаи озодии харакат ва озодии шахсй (махдуд кардани озодй);

2) чазохои махдудкунандаи хукукхои мехнат;

3) чазохои вобаста ба хукукхои молу мулкй.

Аз ин чо бармеояд, ки хусусияти умумии мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд" аз таъйиноти он барои махдуд кардани озодй ва хукукхои шахсони гунахкор дар содир намудани чиноят иборат мебошад. Тартиби якуми мухтавои чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошандро хам дар катори ин навъ махдудсозй бояд эътироф намуд. Баровардани чунин хулоса ба он марбут аст, ки махз чунин махдудиятхо дар худ

маънои хукукиву ичтимоии вучуд доштани чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошандро ошкор месозанд, яъне чазоро ифода менамоянд. "Чазо, -менависад С.А. Маркова-Мурашова, ин худ ба худ "посухи" давлат нисбат ба шахси содирнамудаи чиноят набуда, балки мафхуму маънои посухи мазкур мебошад" [14, с. 116]. Шаклхои муайяни ин махдудиятхо дар моддахои дахлдори Кисми махсуси КЧ ЧТ мукаррар ва пешбинй шудаанд ва бо истилохоти зерин ифода меёбанд: танбех, махрум сохтан аз хукук, ухдадории ичро, махдуд кардани озодй, ки боиси расонидани ранчу азият ба шахси хукуквайронкунанда.

Дар тартиби якум мохияту мазмуни чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, тартиби онро ба таври амик татбик менамояд. Ва тавре ки муайян шуда буд, аломати сифатии чазо хамчун кобилияти расонидани азият ба шахси гунахкор дар содир намудани чиноят тавассути махдудсозии хукуку озодихои шахсй, яъне тавассути чазо татбики худро меёбад. Мантикан, аз ин чо метавон чунин хулоса баровард, ки асосан чораи чазоро тартиби дуюми мазмуни чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, ташкил медихад. Хусусияти мохиятии мазкур, менависад А.Ф. Митскевич, иборат аз он аст, ки "берун аз чора чазои чиноятй наметавонад вучуд дошта бошад, зеро мушаххасии худро аз даст медихад ва ба мачбурсозии бехаду марз табдил меёбад" [19, с. 38].

Истилохи "чора" дорои мазмуни зиёде мебошад. Аз чумла, бо кумаки он марзу худуди зохиршавии ин ё он падидаро баён месозанд. Дар фалсафа аз он барои муайянсозии хусусияти микдории падидаи мушаххасе, ки дорои сифати кобили андозагирй истифода мешавад. Зарурати асосноксозии чораи чазое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошад, ба он алокаманд аст, ки худи чазо ба як катор шаклхои зохиршавии чавобгарии чиноятй дохил мегардад ва ба

хамин хотир метавонад ба таври репрессивй ба хайру манфиатхои шахс таъсир расонад. Барои он ки чунин таъсиррасонй ба хусусиятхои асосии кирдори содиршуда, мазмуни чазои тартиби якум (чазо) бояд бо чораи муайяне, ки дорои принсипхои бунёдй ва чазои чиноятй мебошад, мутобикат намояд. Ба ин тартиб, чора аломати хатмии чазо ба хисоб меравад. Суханони гуфтаи И.А. Илинро ба таври дигар баён намуда, метавонем таъкид намоем, ки чазои хакикй дорои хадду марзи муайян мебошад [11, с. 96]. Аз ин ру, масъалаи асоснок будани чораи чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд мехвари махсуси назарияи хукуки чиноятй баромад мекунад, ки дар атрофи он масъалахои вобаста ба микёс, шакл ва тартиби татбики мазмуни гуманистии чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, хал мегарданд; накши ин намуди чазохо дар мубориза бо чинояткорй; дар бораи дарачаи шадид будани вокунишхои чавобии давлат нисбат ба окибатхои хукукии содиршавии чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна; дарачаи мизони аз чихати чамъиятй хавфнок будани рафторхои начандон вазнин ва дарачаи миёна; мувофики максад будани ин ё он намуди чазо дар низоми умумии чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд; ва гайра.

Тартиби сеюми мохияти чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, дорои хусусияти амик мебошад. Он дар пахнои муносибатхои чамъиятй карор дорад, ки дар онхо бо ин ё он сабаб зарурати одамон ба хифзу химояти манфиату неъматхои мухим ба миён меояд.

Дар ин сатх муайян кардани сохаву гурухи муносибатхои чамъиятие, ки дар

онхо намунаи чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, шакл бигиранд, душвор ва хатто номумкин аст. Вале ошкор аст, ки чунин муносибатхо муносибатхое мебошанд, ки зарурати истифодаи чазохои хукукиро дар чомеа ба миён меоваранд. Яъне, ин сазохое мебошанд, ки тавассути онхо тасаввури шахс доир ба методхои муассиртари мубориза бо чинояткорй ва хамчунин дар бораи накшу ахаммияти идеяхои гуманистиву адолатпарварй дар таъйину ба кор бурдани чазохои чиноятй ташаккул меёбад. Аз нуктаи назари мо, махз идеяхои гуманизм ва адолатпарварй ба таври бештар ошкоро дар мухитхои ичтимой аз худ дарак медиханд ва ин боиси он мегардад, ки дар мачмуи умумии низоми чазо чазохое, ки ба чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, мушаххас ва чудо карда шаванд.

Хдмин тавр, хамаи он чи ки дар боло дар бораи мафхуми "чазохое, ки бо чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд", аз чумла тахлили мухтасари се сатхи мохияту мазмуни чазохои мавриди назар кайд шуд, ба зарурати мубрами коркарду омузиши бештари тамоми донишхои мавчуд доир ба ин мафхум дар сатхи назарияи мустакили хукуки чиноятй ишора мекунанд.

Аз он чи дар боло матрах гардид, метавон таърифи зеринро муайян намуд: чазохое, ки ба чудо нигох доштани махкумшуда аз чомеа вобаста намебошанд, мачмуи чорахои мукаррарнамудаи конуни чиноятй вобаста ба аксуламали сазодихандагии давлат нисбат ба шахси гунахкор дар содир намудани чинояти начандон вазнин ва дарачаи миёнаро ташкил медиханд, ки боиси махдуд гардидани хукуку озодихои у мегарданд.

Адабиёти истифодашуда

1. Абдуллозода, Ч.А. Масоили таъини чазо барои мачмуи чиноятхо мутобики

конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон: дис. ном. илм. хукук: 12.00.08 / Чамолиддин Абдулло Абдуллозода. - Душанбе, 2022. - 211 с.

2. Абдурашидов, А.А. Наказание по уголовному законодательству Республики Таджикистан (эволюция и современное состояние): дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.08 / Азиз Абду-мансурович Абдурашидов. - Душанбе, 2011. - 190 с.

3. Азизов, У.А. Эволюция институтов преступления и наказания на территории исторического и современного Таджикистана: историко-правовое исследование: дис. ... д.-ра юрид. наук: 12.00.01 / Убайдулло Абдуллоевич Азизов. - Душанбе, 2015. - 414 с.

4. Афанасьев, В. Г. Общество: системность, познание управление / В.Г. Афанасьев. - М.: Политиздат, 1981. - 432 с.

5. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. - 2003. - № 8. - м. 468.

6. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. - 2004. - № 5. - м. 346.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

7. Верина, Г. Ограничение свободы как вид уголовного наказания в свете законодательных новелл / Г. Верина // Уголовное право. - 2010. - № 5. - С. 8-10.

8. Городец, Ф.М. Альтернативы лишению свободы в уголовно-исполнительной политике России / Ф.М. Городец // Международный пенитенциарный журнал. - 2017. Т. 3. - № 1. -С. 6-10.

9. Гоибов, Р. Д. Дукуки чиноятй. ^исми умумй: китоби дарсй / Р.Д. Гоибов. - Хучанд, 2001.

- 180 с.

10. Дворянсков, И.В. Эффективность альтернативных наказаний: учебно-справочное пособие / И.В. Дворянсков. - М.: Юнити-Дана, 2000. - 96 с.

11. Ильин, И. Общее учение о праве и государстве (фрагменты) / И. Ильин // Правоведение. - 1992. - № 3. - С. 96-98.

12. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз 21 майи с. 1998, № 574 // [Захираи электронй]

- Манбаи дастрасй: URL: http: //mmk.tj (санаи мурочиат: 23.11.2022).

13. Манна, А.А., Ширализаде, Э.С. Сущность и содержание наказания в виде ограничения свободы / А.А. Манна, Э.С. Ширализаде // Вестник РУДН. Сер. Юридические науки. -2014. - № 3. - С. 88-94.

14. Маркова-Мурашова, С.А. Сравнительно-правовой аспект наказания как юридической категории института уголовного права / С.А. Маркова-Мурашова // Экономические и юридические науки. Вып. 1. Ч. 2: Юридические науки. - Тула, 2012. - С. 112-118.

15. Маркс К., Энгельс Ф. Сочинения. В 50 Т. - Т. 49. Изд. Второе. - М.: Изд-во Политической литературы, 1974. - 558 с.

16. Масоили татбик ва ичрои намудхои алтернативаи чазои махрум сохтан аз озодй дар Чумхурии Точикистон / Дар зери тахрири Т.Ш. Шарипов. - Душанбе, 2011. - 132 с.

17. Милюков, С.Ф. Российская система наказаний: монография / С.Ф. Милюков. - СПб., 1998. - 48 с.

18. Миралиев, Э.Б. Институти шартан татбик накардани чазо: проблемахои назариявй, конунгузорй ва амалй: автореф. ... дис. ном. илм. хукук: 12.00.08 / Эмомалй Бобоевич Миралиев. -Душанбе, 2022. - 54 с.

19. Мицкевич, А.Ф. Уголовное наказание: понятие, цели и механизмы действия: монография / А.Ф. Мицкевич. - СПб.: Юридический Центр Пресс, 2005. - 327 с.

20. Наумов, А.В. О различии в понимании «жесткости - мягкости» уголовного наказания в европейском (ФРГ) и отечественном (российском) законодательстве или почему Россия не Германия? / А.В. Наумов // Уголовно-исполнительная политика и вопросы исполнения уголовных наказаний: Сборник материалов Международной научно-практической конференции. В 2-х томах. Том 1. - Рязань, 2016. - С. 59-62.

21. Непомнящая, Т.В. Альтернативные виды наказаний: проблемы развития и совершенствования / Т.В. Непомнящая // Вестник Омского ун-та. Сер. Право. - 2012. - № 3 (32). - С. 217-220.

22. Непомнящая, Т.В. Мера уголовного наказания: проблемы теории и практики: дис. .д-ра юрид. наук: 12.00.08 / Татьяна Викторовна Нпомнящая. - Екатеринбург, 2010. - 412 с.

23. Непомнящая, Т.В. Современная российская уголовная политика и карательная практика / Т.В. Непомнящая // Вестник Омского ун-та. Сер. Право. - 2014. - № 3 (40). - С. 222225.

References

1. Abdullozoda, J.A. Issues of imposing punishment for a set of crimes according to the criminal legislation of the Republic of Tajikistan: dis. name science Right: 12.00.08 / Jamoliddin Abdullo Abdullozoda. - Dushanbe, 2022. - 211 p.

2. Abdurashidov, A.A. Punishment under the criminal legislation of the Republic of Tajikistan (evolution and current state): dis. ... cand. legal Sciences: 12.00.08 / Aziz Abdumansurovich Abdurashidov. - Dushanbe, 2011. - 190 p.

3. Azizov, U.A. The evolution of the institutions of crime and punishment in the territory of historical and modern Tajikistan: historical and legal research: dis. ... d.-ra jurid. Sciences: 12.00.01 / Ubaidullo Abdulloevich Azizov. - Dushanbe, 2015. - 414 p.

4. Afanasiev, V.G. Society: consistency, knowledge management / V.G. Afanasiev. - M.: Politizdat, 1981. - 432 p.

5. News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan. - 2003. - No. 8. - m. 468.

6. News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan. - 2004. - No. 5. - m. 346.

7. Verina, G. Restriction of freedom as a type of criminal punishment in the light of legislative novels / G. Verina // Criminal law. - 2010. - No. 5. - P. 8-10.

8. Gorodets, F.M. Alternatives to deprivation of liberty in the penitentiary policy of Russia / F.M. Gorodets // International Penitentiary Journal. - 2017. V. 3. - No. 1. - P. 6-10.

9. Goibov, R.D. Criminal law. General part: textbook / R.D. Absence. - Khujand, 2001. - 180 p.

10. Dvoryanskov, I.V. The effectiveness of alternative punishments: educational and reference manual / I.V. Dvoryanskov. - M.: Unity-Dana, 2000. - 96 p.

11. Ilyin, I. The general doctrine of law and the state (fragments) / I. Ilyin // Jurisprudence. - 1992. -No. 3. - P. 96-98.

12. Criminal Code of the Republic of Tajikistan, 21.05.1998, № 574 // [Electronic resource] -Source of access: URL: http: //mmk.tj (access date: 23.11.2022).

13. Manna, A.A., Shiralizade, E.S. Essence and content of punishment in the form of restriction of freedom / A.A. Manna, E.S. Shiralizade // Bulletin of RUDN University. Ser. Legal Sciences. - 2014. -No. 3. - P. 88-94.

14. Markova-Murashova, S.A. Comparative legal aspect of punishment as a legal category of the institute of criminal law / S.A. Markova-Murashova // Economic and legal sciences. Issue. 1. Part 2: Legal sciences. - Tula, 2012. - P. 112-118.

15. Marx K., Engels F. Works. In 50 T. - T. 49. Ed. Second. - M.: Publishing House of Political Literature, 1974. - 558 p.

16. Issues of implementation and implementation of alternative types of imprisonment in the Republic of Tajikistan / Edited by T.Sh. Sharipov. - Dushanbe, 2011. - 132 p.

17. Milyukov, S.F. Russian system of punishments: monograph / S.F. Milyukov. - St. Petersburg, 1998. - 48 p..

18. Miraliev, E.B. Institute of non-parole: theoretical, legislative and practical problems: autoref. ... dis. name science the right: 12.00.08 / Emomali Boboevich Miraliev. - Dushanbe, 2022. - 54 p.

19. Mitskevich, A.F. Criminal punishment: concept, goals and mechanisms of action: monograph / A.F. Mitskevich. - St. Petersburg: Legal Center Press, 2005. - 327 p.

20. Naumov, A.V. About the difference in the understanding of "hardness - softness" of criminal punishment in European (Germany) and domestic (Russian) legislation, or why Russia is not Germany? / A.V. Naumov // Penitentiary policy and issues of execution of criminal penalties: Collection of materials of the International Scientific and Practical Conference. In 2 volumes. Volume 1. - Ryazan, 2016. - P. 5962.

21. Nepomnyashchaya, T.V. Alternative types of punishments: problems of development and improvement / T.V. Nepomnyashchaya // Bulletin of the Omsk University. Ser. Right. - 2012. - No. 3 (32).

- P. 217-220.

22. Nepomnyashchaya, T.V. The measure of criminal punishment: problems of theory and practice: dis. ... Dr. jurid. Sciences: 12.00.08 / Tatyana Viktorovna Npomniachaya. - Yekaterinburg, 2010.

- 412 p.

23. Nepomnyashchaya, T.V. Modern Russian criminal policy and punitive practice / T.V. Nepomnyashchaya // Bulletin of the Omsk University. Ser. Right. - 2014. - No. 3 (40). - P. 222-225.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.