Научная статья на тему 'МАСОИЛИ НАЗАРИЯВЇ-ЊУЌУЌИИ МАФЊУМЊОИ «ЊОЛАТИ ФАВЌУЛОДДА» ВА «ВАЗЪИЯТИ ФАВЌУЛОДДА»'

МАСОИЛИ НАЗАРИЯВЇ-ЊУЌУЌИИ МАФЊУМЊОИ «ЊОЛАТИ ФАВЌУЛОДДА» ВА «ВАЗЪИЯТИ ФАВЌУЛОДДА» Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
њолати фавќулодда / вазъияти фавќулодда / шароити фавќулодда / шароити махсус. / чрезвычайное положение / чрезвычайная ситуация / чрезвычайные условия / особые усло-вия.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Нуруллозода М., Сафарзода Њ.С.

Дар маќола доираи васеи андешањои илмї-назариявї вобаста ба фарќияти мафњумњои «вазъияти фавќулодда», «њолатњои фавќулодда» ва дигар истилоњоти бо онњо монанд, баррасї шудаанд. Муаллифон чунин хулоса менамоянд, ки дар сатњи ќонунгузорї дар як маврид баробарвазнии истилоњоти «њолатњои фавќулодда» ва «вазъияти фавќулодда» ба назар расида, дар мавридњои дигар бошад, ин мафњумњо аз њамдигар тафовут доранд. Аз ин лињоз, зарурати муайян намудани мафњум, моњият ва унсурњои хосси онњо дар алоќамандї бо дигар истилоњоти бо онњо монанд ногузир мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THEORETICAL AND LEGAL PROBLEMS OF THE CONCEPTS OF «EMERGENCY SITUATION» AND «STATE OF EMERGENCY»

В статье рассматривается широкий круг научно-теоретических взглядов, связанных с раз-граничением понятий «чрезвычайное положение», «чрезвычайная ситуация» и других терминов, связанных с ними. Авторы пришли к выводу о том, что на уровне законода-тельства в одном случае термины «чрезвычайное положение» и «чрезвычайная ситуация» равнозначны, а в других случаях эти понятия отличаются друг от друга. С этой точки зрения, неизбежна необходимость определения этих понятий, сущности и конкретных элементов в органической взаимосвязи со смежными категориями.

Текст научной работы на тему «МАСОИЛИ НАЗАРИЯВЇ-ЊУЌУЌИИ МАФЊУМЊОИ «ЊОЛАТИ ФАВЌУЛОДДА» ВА «ВАЗЪИЯТИ ФАВЌУЛОДДА»»

ТДУ 340.096:342.951

МАСОИЛИ НАЗАРИЯВЙ-^УКУКИИ МАФ^УМ^ОИ «^ОЛАТИ ФАВЦУЛОДДА»

ВА «ВАЗЪИЯТИ ФАВЦУЛОДДА»

ТЕОРЕТИКО-ПРАВОВЫЕ ПРОБЛЕМЫ ПОНЯТИЙ «ЧРЕЗВЫЧАЙНАЯ СИТУАЦИЯ» И «ЧРЕЗВЫЧАЙНОЕ ПОЛОЖЕНИЕ»

THEORETICAL AND LEGAL PROBLEMS OF THE CONCEPTS OF «EMERGENCY SITUATION» AND «STATE OF EMERGENCY»

Нуруллозода М. Nurullozoda M.

Сардори факултети № 5 Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон,

майори милитсия

Начальник факультета № 5 Академии МВД Республики

Таджикистан, майор милиции Head of faculty № 5 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs

of the Republic of Tajikistan, the major of militia

Сафарзода Х,.С. Safarzoda H.S.

Профессори кафедраи пешгирии циноятуои террористы ва таъмини бехатарии цамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Цум^урии

Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй, дотсент, полковники милитсия Профессор кафедры предупреждения террористических преступлений и обеспечения общественной безопасности факультета № 6 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, полковник милиции Professor of the department of Prevention of Terrorist Crimes and Ensuring Public Safety of Faculty No. 6 of the Academy of the Ministry

of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, associate professor of Law,

the Colonel of militia

Ихтисоси илмы: 12.00.11 - Фаъолияти судй; фаъолияти прокурорй; фаъолияти химояи хукук ва фаъолияти хифзи хукук (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй-давлатй)).

Научная специальность: 12.00.11 - Судебная деятельность; прокурорская деятельность; правозащитная деятельность и правоохранительная деятельность (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).

Scientific specialty: 12.00.11 - Judicial activities, prosecutorial activities, human rights activities and law enforcement activities (5.1.2. Public legal (state legal) sciences).

Тацризди^анда: Каримов Д.М. - дотсенти кафедраи хукуки иктисодй, молиявй ва зиддикоррупсионии Донишгохи давлатии молия ва иктисодии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.

ш

e-mail:

hifzf5@mail.ru

e-mail:

h.safarov@mail.ru

Рецензент: Каримов Х.М. - доцент кафедры экономического, финансового и антикоррупционного права Таджикского государственного финансово-экономического университета, кандидат юридических наук.

Reviewer: Karimov Kh.M. - Associate Professor of the Department of Economic, Financial and Anti-Corruption Law of the Tajik state university of finance and economics, Candidate of Legal Sciences.

Аннотатсия: Дар макола доираи васеи андешахои илмй-назариявй вобаста ба фаркияти мафхумхои «вазъияти фавкулодда», «холатхои фавкулодда» ва дигар истилохоти бо онхо монанд, баррасй шудаанд. Муаллифон чунин хулоса менамоянд, ки дар сатхи конунгузорй дар як маврид баробарвазнии истилохоти «холатхои фавкулодда» ва «вазъияти фавкулодда» ба назар расида, дар мавридхои дигар бошад, ин мафхумхо аз хамдигар тафовут доранд. Аз ин лихоз, зарурати муайян намудани мафхум, мохият ва унсурхои хосси онхо дар алокамандй бо дигар истилохоти бо онхо монанд ногузир мебошад.

Вожауои калиди: холати фавкулодда, вазъияти фавкулодда, шароити фавкулодда, шароити махсус.

Аннотация: В статье рассматривается широкий круг научно-теоретических взглядов, связанных с разграничением понятий «чрезвычайное положение», «чрезвычайная ситуация» и других терминов, связанных с ними. Авторы пришли к выводу о том, что на уровне законодательства в одном случае термины «чрезвычайное положение» и «чрезвычайная ситуация» равнозначны, а в других случаях эти понятия отличаются друг от друга. С этой точки зрения, неизбежна необходимость определения этих понятий, сущности и конкретных элементов в органической взаимосвязи со смежными категориями.

Ключевые слова: чрезвычайное положение, чрезвычайная ситуация, чрезвычайные условия, особые условия.

Annotation: The article examines a wide range of scientific and theoretical views related to the distinction between the concepts of "state of emergency", "emergency situation" and other terms associated with them. The authors came to the conclusion that at the legislative level in one case the terms "state of emergency" and "emergency situation" are equivalent, and in other cases these concepts differ from each other. From this point of view, the need to define these concepts, essence and specific elements in an organic relationship with related categories is inevitable.

Key words: state of emergency, emergency situation, emergency conditions, special conditions.

з лихози назариявй ва амалй бо

А таври якранг дарк намудани ма-фхумхое, ки дар фаъолияти мако-моти давлатй вобаста ба пайдо-иши шароити махсус истифода мешавад, мухим мебошад. Зеро дар илми хукукшиносй, ба монанди дигар сохахои фаъолияти хаёти инсонй, истифода намудани мафхумхои номуайян, ки мохияти мушаххаси хукукй надоранд, кобили кабул нест. Мавчудияти чунин холат, ме-тавонад ба бархурдхои фикрй ва хукукй оварда расонад.

Дар санадхои меъёрии хукукй, адабиёти илмй ва махсус мавкеи умуми-эътирофшуда ва ягонагии акидахо дар

фахмиши мохияти таърифхои «холатхои фавкулодда» ва «вазъияти фавкулодда» мавчуд нест.

Дар робита ба ин, чихати омузиши амики масъала, этимологияи мафхумхои болозикрро тахкик намудан лозим аст.

Дар Фарханги тафсири забони точикй, истилохи «вазъият» мохиятан хамчун холат, шароит, авхол, намуди зохирй, авзоъ ва киёфаро дар бар мегирад [1, с. 258].

Дар лугати забони русй «холат» вазъият гуфта, омезиши шароит ва хо-латхоеро, ки вазъияти муайянеро ба вучуд меоранд, дарк карда мешавад [2, с. 587].

Дар дигар лугатхо низ чунин фахмиш ба назар мерасад.

Дар идоракунии ичтимой мафхуми «вазъ» хамчун мачмуи шароит ва омилхое, ки дар як минтака ё самти мушаххаси фаъолияти ташкилот дар замон ва макони муайян ташаккул меёбанд, фахмида меша-вад, ки ба идоракунии фаъолият чунин сохтор таъсир мерасонад [3, с. 122].

Дар лугати забони русй тахти тахрири Л.П. Евгенева, калимаи «вазъият» маънои шароитеро дорад, ки мавкеи мавчудияти касе ё чизеро муайян мекунад, ё падидае, ки бо падидаи дигар (ходиса) хамрох ва бо он алокаманд аст» [4, с. 569]. Ин таъриф аз чониби муалли-фони дигар низ дастгирй меёбад.

Мафхуми калимаи «фавкулодда», ки дар фаъолияти мукаррарии низоми ичтимой истифода намешавад, маънои холати

ногахон ба вучуд омаданро дорад.... Дар

адабиётхои алохида вазъияти фавкулодда хамчун «вазъияти гайричашмдошт, пешгуинашаванда, ки фаъолияти пурзур ва чорахои махсусро талаб мекунад», фахмида мешавад [5, с. 71].

Калимаи «фавкулодда» аз забони арабй ба забони точикй ворид шуда, маънои «аз одат берун» ё «гайриоддй»-ро дорад. Яъне вазъияти гайриоддие мебошад, ки амалигардонии чорабинихои махсусро талаб менамояд [6, с. 379].

Аз нуктаи назари С.И. Ожегов, ибораи «холати фавкулодда (вазъият)» ду маъно дорад:

- хамчун холати истисной, гайриоддй;

- хамчун вазъият (холат) ё шароите, ки дар речаи мукаррарии фаъолият пешбинй нашудааст [7, с. 724].

Дар баробари ин, дар лугатхои истифодашаванда хусусиятхои мушаххас мавчуд нест, ки фаркияти мафхумхои «холати фавкулодда» ва «вазъияти фавкулодда»-ро муайян намоянд.

Дар сарчашмахои зикршуда, мундаричаи мафхумхои вазъият, холат, шароит, новобаста аз дарачаи омузишии онхо, тавассути шароит ва вазъияти муайяне, ки холати онхоро ба вучуд меоранд, исбот карда нашудааст. Мафхуми «вазъият» тавассути мачмуи

шароитхое, ки холати муайянро ба вучуд меоранд, фахмида мешавад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки мачмуи шароитхо як холати муайянро ташкил медиханд ва мачмуи холатхо, шароитхо вазъияти муайянро дар бар мегиранд.

Чунин ба назар мерасад, ки мафхумхои «вазъият», «холат» ва «шароит» аз чихати мазмун хеле наздик мебошанд ва дар баъзе холатхо ба чойи хамдигар истифода бурда мешаванд.

Масалан, профессор А.В. Мелехин кайд мекунад, ки истилохи «холат» дар таносуб ба истилохи «вазъият» мафхуми васеътар аст ва хусусияти устувори ибораи зуд-зуд истифодашавандаи «дар холати мушаххас аз руи вазъият амал кардан» аз дурустии мавкеи олим шаходат медихад. Минбаъд дар м. 88 Конститутсияи Федератсияи Россия истифода гардидани ин истилохро далели асоснокии мавкеи худ медонад, ки омадааст: «Президент дар саросари Федератсияи Россия ва ё дар махалхои алохидаи он вазъияти фавкулодда эълон менамояд....» [8, с. 96].

Дар ин замина мо вобаста ба таносуби истилохоти «холат», «вазъият» ва «шароит» бо истифода аз андешаи олимони соха мавкеи худро муайян менамоем.

Аввалан, профессор А.В. Мелехин тавассути призмаи муайян дар заминаи Конститутсияи Федератсияи Россия бо мафхуми «холат» ру ба ру мешавад, ки мавкеи моро дар бораи муродиф (дар баъзан мавридхо) будани он ба мафхуми «вазъият» тасдик мекунад.

Дуюм, дар ин замина, тавре ки дида мешавад, мафхуми «холат» аз чониби мухаккик на дар як холат (на холатхои), балки баръакс истифода мешавад, ки ба у имкон медихад, хулосаи асоснок барорад. Ба андешаи мо, агар ба фаркияти мафхумхои «холат» ва» вазъият «дар шакли танхои онхо, хамчун категорияхое, ки ходисаи мушаххасро муайян мекунанд, назар намоем, чудо намудани бори маънии онхо хеле душвор мешавад. Дар ин замина, мо метавонем дар бораи шакли чамъи онхо маълумот дихем.

Б.Н. Порфирев холати фавкулоддаро хамчун вазъияти гайричашмдошт ва

ногахонй бахо медихад, ки бо номуайянй, бархурди шадид, холати стрессии ахолй, зарари назарраси ичтимой-иктисодй, пеш аз хама, талафоти инсон, зарурати вокуниши фаврй, харочоти калони неруи инсонй, моддй ва вакт барои гузаронидани корхои эвакуатсионй ва начотдихй, кохиш додани микёс ва бартараф кардани окибатхои гуногуни манфй (харобкорй, сухтор ва гайра) вобастагй дорад. Дар таълимоти профессорон А.К.Микеев ва Б.Н. Порфирев, ки дар хаммуаллифй тахияи гардидааст, мафхуми «холати

фавкулодда» кариб ба он монанд аст, ки дар боло зикр шудааст [9, с. 8].

В.В. Гущин холати фавкулоддаро аз руи мазмуни наздик бо таърифи Б.Н.Порфирев муайян мекунад ва онро бо чорй намудани режими махсуси хукукй дар минтакаи офат, рабт медихад. В.Л. Анисимов низ ин нуктаи назарро дастгирй мекунад [10, с. 9].

Профессор А.Ф. Майдиков бар ин назар аст, ки холатхои фавкулодда бо зухурёбии падидахои табий (офатхои био-логй, офатхои табий), техногенй (сада-махо, фалокатхо) ва ичтимой (гир-дихамоиихои оммавии гайриконунии шахрвандон, шиддат гирифтани танишхо дар муносибатхои байналмилалй, вайрон-шавии тартиботи чамъиятй, бетартибихои оммавй, забти хавопаймохо, гаравгонхо, фирори мусаллахонаи чинояткорон) ба вучуд меоянд [11, с. 51].

А.П. Зайтсев холати фавкулоддаро «хамчун холатхое, ки дар натичаи офатхои табий, садамахо ва фалокатхо дар корхонахои саноатй ва наклиёт, фало-катхои экологй, диверсияхо ё омилхои ху-сусияти харбй, ичтимой ва сиёсй ба вучуд меоянд, муайян мекунад, ки падидахо ва равандхои чараёндоштаи онхо ба таври назаррас фарк мекунанд ва ба фаъолияти хаётии одамон, иктисодиёт, сохахои ичти-мой ё мухити табиии атроф таъсири назар-рас мерасонанд» [12, с. 248].

Б.П. Кондрашов андешаи умумику-нонии мафхуми «холати фавкулодда»-ро химоя карда, чунин мешуморад, ки «хо-лати фавкулодда» ин вазъият дар кала-мрави муайян аст, ки дар натичаи падидаи

хатарноки табий, техногенй ва ичтимой ба вучуд омадааст ва ба манфиатхои хаётан мухимми шахс, чомеа ва давлат тахдид ме-кунад ва андешидани чорахои таъхирно-пазири муносиби хукукй, иктисодй, таш-килй ва дигар хусусиятхоро талаб мена-мояд [13, с. 248].

Аз тафовути таърифхои иктибос-шуда оид ба мафхуми «холати фавкулодда» бармеояд, ки он хам па-дидахои (вокеахои) табий, техногенй ва хам хусусияти ичтимоидоштаро фарогир мебошад. Умумияти назариявй ва амалияи хукукй, нисбат ба истилохи «шароити фавкулодда» низ дар баъзан мавридхо ис-тифода бурда мешавад.

Масалан, А.Г. Степанов зери ма-фхуми «вазъияти фавкулодда» фаъолияти макомоти хокимияти давлатй, корхонахо, ташкилотхо, муассисахо, инчунин таъмини амнияти хаёти одамон дар давраи махдудсозй ва бартарафсозии ра-ванд ва зухуроти хатарнок дар мухити та-бий, сохахои техногенй ва ичтимой, ки ба речаи мукаррарии хаёти чомеа таъсири назаррас доранд, маънидод менамояд. Хдмзамон, андешидани чорахои махсусро барои хифзи мухити зист, хаёт, саломатй, хукук ва озодихои шахрвандон, арзишхои моддй ва дигар чунин холатхо аз нобуд-шавй, зарар, дуздй ва баркарор кардани корхои объектхои гуногуни таъмини ха-ётй талаб менамояд [14, с. 53].

Профессор А.Ф. Майдиков холатхои фавкулоддаро ба баландшавии зухуроти хатарноки табий (туфонхо, обхезихо, за-минларзахо ва гайра), биологй (эпиде-мияхо, эпизоотияхо) ва хусусияти ичти-мой, ки дар байни онхо сиёсй, иктисодй, этникй, динй ва чиноятй чудо карда меша-ванд, рабт медихад [15, с. 5-7].

Профессор С.А. Старостин эътироф мекунад, ки мафхуми «вазъияти фавкулодда» ва «вазъияти фавкулоддаи хусусияти ичтимоидошта» дар макомот ва чузъу томхои Вазорати корхои дохилии Русия нисбат ба мафхуми «холати фавкулодда» бештар истифода мешавад. Аз ин ру, ба хулосае меояд, ки онхоро якчоя истифода бурдан лозим аст. Аммо як мафхуми «холати фавкулодда» хамчун асосй, умумй ва мафхуми дигар «вазъияти

фавкулодда» хамчун хусусй, ки амалхои мушаххаси чиноятиро муайян мекунад, бояд истифода гардад [16].

Хдмин тарик, сарфи назар аз фарки-яти муайяни семантикии мафхумхои «хо-лат» ва «вазъият», тахлили мо нишон медихад, ки баъзе муаллифон дар аксари холатхо мафхуми холати фавкулодда ва вазъияти фавкулоддаро хамчун ма-фхумхои бо хам мукобил шарх медиханд, гарчанде ки муаллифони дигар танхо па-дидахои табий ва техногениро бо мафхуми холати фавкулодда вобаста медонанд [17, с. 44-49].

М.А. Громов пешниход мекунад, ки мафхумхои «вазъияти фавкулодда» ва «хо-латхои фавкулодда» баробарвазн хисо-бида шаванд. Зеро, холатхои фавкулодда барои шахс, чомеа ва давлат, хамчун па-дидахои табий, биологй-ичтимой ва тех-ногении хатарнок мебошанд. Вазъияти фавкулодда бошад, барои шахс, чомеа ва давлат вобаста ба ходисахо, чиноятхо, ходисахои ичтимой-сиёсй, аз чумла харбй ва хусусияти чиноятидошта хатарнок ме-бошанд [18, с. 164-168].

Далелхои овардаи М.А. Громов оид ба масъалахои фахмиши холатхои фавкулодда ва шароити фавкулодда дар фаъолияти амалии МКД инхоянд: дар Академияи идоракунии ВКД Россия зиеда аз 20 сол фанни таълимии «Идоракунии макомоти корхои дохилй дар шароити махсус» таълим дода мешавад, ки дар он бахшхои баробар ба «идоракунии гурухбандии куввахо ва воситахои МКД хангоми иштирок дар бартарафсозии оки-батхои холатхои фавкулоддаи табий ва техногенй» ва «идоракунии гурухбандии куввахо ва воситахои МКД дар холатхои фавкулоддаи хусусияти чиноятидошта», мавчуданд.

А.В. Мелехин пешниход мекунад, ки мафхуми «холатхои фавкулодда» нисбат ба истилохи «вазъияти фавкулодда» ва-сеътар хисобида шавад, зеро вазъияти харбй ва вазъи фавкулодда холатхои фавкулоддаи дарачаи баланди хатари чамъиятй мебошанд. Муаллиф нуктаи назари муаллифонеро, ки мафхумхои «хо-латхои фавкулодда» ва «вазъияти фавкулодда»-ро барои истифода баробар

мешуморанд, чонибдор нест. Бо дарназа-рдошти он, ки дар байни олимон, хукукшиносон ва кормандони амалй дар тафсири фахмиши мафхуми «холатхои фавкулодда» ва «вазъияти фавкулодда» нуктаи назари ягона вучуд надорад, А.В. Мелехин аз тачрибаи мукаррарнамудаи конунэчодкунй, чунин мешуморад, ки муттахидсозии ин мафхумхо гайриимкон аст [19, с. 75-86].

Чунин назархо дар асл ду консепсия, ду равишро ба мафхумхои мухимтарин ва асосии «холатхои фавкулодда» ва «вазъи-яти фавкулодда» ба масъалахои таносуб ва истифодаи онхо инъикос мекунанд. Ин тасодуфй нест, зеро дар тадкикоти диссер-татсионии С.Е. Попов чунин инъикос ёф-тааст:

1. Шароит, сабабхои пайдоиши хо-латхои фавкулодда ва вазъияти фавкулодда гуногунанд.

2. Системаи давлатии пешгирй ва бартарафсозии холатхои фавкулодда аз системаи пешгирй, пешгуй, тафтиш ва бартараф кардани зарари холатхои фавкулодда аз чихати ичтимой-сиёсй ва чиноятй ба куллй фарк мекунад.

3. Мансубияти идоравии мафхумхои холатхои фавкулодда ва вазъияти фавкулодда дар санадхои конунгузорй ва дигар санадхои меъерии хукукй ба таври возех баррасй ва муайян, вазифахо ва ухдадорихои ВКД ва макомоти холатхои фавкулодда, дарачаи иштироки онхо дар холатхои фавкулоддаи гуногун ва вазъи-яти фавкулодда бо меъерхои хукукй пурра ба танзим дароварда шудааст.

4. Системахои танзими хукукии фаъолияти макомот ва чузъу томхои ВКД ва макомоти холатхои фавкулодда дар хо-латхои гуногуни фавкулодда ва вазъияти фавкулодда аз хамдигар фарк мекунанд.

5. Хдйати кувваю воситахои ВКД ва макомоти холатхои фавкулодда дар хо-латхои гуногуни фавкулодда ва вазъияти фавкулодда аз хамдигар аз руи пара-метрхои гуногун, аз чумла намудхое, ки аломатхо, тартиби ташаккул ва истифо-даи онхоро тавсиф мекунанд, фарк меку-нанд.

6. Хусусиятхои ташкилию тактикии

амалиёти кувваю воситахои ВКД ва мако-моти холатхои фавкулодда дар холатхои фавкулодда ва вазъияти фавкулодда фарккунанда аст.

7. Дадафхои муайянкардаи ВКД ва макомоти холатхои фавкулодда дар назди холатхои фавкулодда ва вазъияти фавкулодда гуногунанд.

Гурухе аз олимон ба истилохоти фавкулодда мурочиат карда, лугатно-махои гуногунро хамчун асос кабул карда-анд, ки дар онхо мафхумхои асосй ба мо-нанди холат, шароит, ходиса, зухурот, вазъият, вазъияти фавкулодда, холати фавкулодда ва гайра муайян карда шуда-анд [20, с. 61].

Бидуни эътироз ба чунин фаркияти вазифахои ВКД ва макомоти холатхои фавкулодда ва системаи давлатии воку-ниш ба холатхои бухронхои табий, техно-генй ва ичтимой, бояд кайд кард, ки аз ис-тифодаи истилоххоти «вазъияти фавкулодда» ё «холатхои фавкулодда» ба-рои ишора ба ходисахои фавкулоддаи ичтимой, табий ё техногенй, мохияти мун-даричаи функсионалии ин макомтхо тагйир намеёбад. Гузашта аз ин, мавкеи конунгузорй дар сатхи болой барои ин ра-виш хеле устувор аст. Санадхои меъёрии хукукии идорахо наметавонанд барои чу-нин муносибат аз руйи таносуби дигар конунгузории фавкулодда асос гарданд, ки ахамияти хукукии бештар доранд [8, с 27].

Масалан, тибки м. 80 Кодекси чиноя-тии Чумхурии Точикистон (озод кардан аз чазои чиноятй дар натичаи холатхои фавкулодда), шахсе, ки барои содир наму-дани чинояти на чандон вазнин ё дарачаи миёна махкум шудааст, мумкин аст аз чазо озод карда шавад, агар чазои адо наму-данаш дар натичаи сухтор ё офати табий, бемории вазнин ё фавти ягона узви кобили мехнати оила ё холатхои дигари фавкулодда метавонад барои махкумшуда ё оилаи у боиси окибатхои хеле вазнин гардад. Ё ин ки, дар Крнуни Чумхурии Точикистон [21] «Дар бораи амният» 28-уми июни соли 2011, тахти № 721, ки вази-фахои Шурои амнияти Чумхурии Точики-стонро муайян мекунад, барои ишора ба хама гуна холатхои бухронй, ки аз

мазмуни тахдидхои дохилй ва хоричй ба охир мерасанд, истилохи «холати фавкулодда» васеъ истифода мешавад. Аз чумла, дар м. 8 конуни зикршуда ба вази-фахои асосии системаи амният, дар ба-робари дигар вазифахо, инхо дохил меша-ванд: «идоракунии куввахо ва воситахои таъмини амният дар шароити харруза ва холатхои фавкулодда; татбики низоми тадбирхо оид ба баркарор намудани фаъолияти муътадили объектхои амниятй дар минтакахое, ки дар натичаи холати фавкулодда зарар дидаанд».

Тавре профессор А.В. Мелехин кайд мекунад, ин равиш ба мухаккикон имкон медихад, ки муносибати комплексиро ба фахмиши холатхои фавкулодда истифода баранд ва намудхои зерини онро чудо ку-нанд: ичтимой, табий ва техногенй» [8, с. 93].

Дар конуни Конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи низоми хукукии вазъияти фавкулодда» аз 3 ноябри соли 1995, тахти № 94 такрибан чу-нин муносибат ба назар мерасад, танхо дар чойхо калимаи «холат» барои ишора ба асосхои чорй кардани низоми хукукии вазъияти фавкулодда синоними он «вазъият» истифода мешавад.

Профессор А.М. Ларин ба он назар аст, ки истилохи «вазъияти фавкулодда» аз чониби конунгузорй дар ду маъно фахмида мешавад: хамчун «холате, ки ба вучуд меояд, ташаккул меёбад, тагир ме-ёбад ва вазъияте, ки метавонад чорй, там-дид ё бекор карда шавад, яъне вазъият-реча» [22, с. 109].

Тавре кайд намудем, вазъияти харбй ва вазъияти фавкулодда як навъи хо-латхои фавкулоддаи дарачаи баланди ха-тари чамъиятй хисобида мешаванд.

Мушкилот дар он аст, ки таърифи ма-фхуми холатхои фавкулодда дар конунхои зикршуда пешниход карда намешавад. Дар робита ба ин, мафхуми дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи ахолй ва худудхо аз холатхои фавкулоддаи табий ва техногенй» [23] аз 15-уми июли соли 2004, тахти № 53 мукарраршуда нис-бат ба хамаи таърифхои дигари холатхои фавкулодда, ки дар асархои илмй, конун-гузорй ва дигар санадхои меъерии хукукй

дода шудаанд, расмй ва афзалиятнок ме-бошад.

Дар он мафхуми «холатхои фавкулодда» вазъиятеро дар каламрави муайян ифода мекунад, ки дар натичаи са-дама, зухуроти хатарноки табий, фалокат, офати табий ё офати дигар ба вучуд ома-дааст, ки метавонад боиси талафоти ин-сонй, зарар ба саломатии одамон ё мухити табиии атроф, талафоти назарраси моддй ва вайрон шудани шароити зиндагии ода-мон гардад.

Вазъияти фавкулодда бошад, мувофики Крнуни Конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи низоми хукукии вазъияти фавкулодда», тадбири муваккатие мебошад, ки он мутобики Конститутсияи Чумхурии Точикистон эълон шуда, низоми махсуси хукукии фаъолияти макомоти хокимияти давлатй, макомоти худидоракунии махаллй, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро пешбинй менамояд ва муваккатан хукуку озодихои конститутсионии шахрвандон, инчунин, хукуки шахсони юридикиро махдуд намуда, ба зиммаи онхо вазифахои иловагй мегузорад [24].

Дар айни замон, холатхои бухронии хусусияти ичтимой, сиёсй ва харбидошта дар сатхи конунгузорй аз доираи мафхуми «вазъияти фавкулодда» берун оварда шудаанд ва танхо бо масъалахои умумии амниятй, ки асосхои хукукии таъмини онхо бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи амният» мустахкам карда шудаанд, муттахид карда мешаванд.

Набудани истилохи ягонаи умуиэътирофшуда, кушишхои халли ин мушкилотро дар сатхи сохторй ба вучуд меорад. Дар санадхои меъерии хукукии танзимкунандаи самти фаъолияти ВКД Точикистон, истилохи «холатхои фавкулодда», шароити фаъолияти макомоти хокимияти давлатй ва идоракунй, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, инчунин фаъолияти хаётии одамон дар давраи махаллисозй ва бархамдихии равандхо ва зухурот дар мухити табий, сохахои техногенй ва ичтимой, ки ба речаи мукаррарии хаёти чомеа таъсири назаррас мерасонанд, фахмида шуда, андешидани чорахои

махсусро барои хифзи мухити зист, хаёт, саломатй, хукук ва озодихои шахрвандон, арзишхои дигар аз нобудкунй, зарар, дуздй ва баркарор кардани кори мукаррарии объектхои гуногуни таъмини хаёт талаб менамояд.

Ин таърифро метавон хамчун кушиши муттахид кардани холатхои гайриодии навъхои гуногун, ки объекти таъсирашон шахс, мухити зист, чомеа ва давлат мебошанд, баррасй кард.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Мафхуми «шароити махсус» [25, с. 12] барои макомоти хифзи хукук ва дигар сохторхои кудратй хам мундарича ва хам шакли ифодаро дар бар мегирад. Он бо хусусияти вазъияте, ки дар натичаи ходисахои табий, техногенй ва экологй ба вучуд меояд, махдуд намешавад, балки шароити васеътари хусусияти ичтимоиро дар бар мегирад. Илова бар ин, мафхуми мазкур хусусиятхои асосии фарккунандаи шароити номбаршударо инъикос мекунад, яъне он чизе, ки дар ин холат барои фаъолияти макомоти корхои дохилй хос аст. Ин режими махсуси хукукй, ташкили сохторхои муваккатии ташкилию хукукй, чалби кувва ва воситахои иловагй, инчунин ташкили системаи нави идоракунй ва алока, гузаронидани амалиёти махсус дар баъзе холатхо мебошад.

Профессор А.В. Мелехин пешниход мекунад, ки «бо шароитхои махсус дар системаи ВКД бояд фаъолияти макомоти корхои дохилй ва кушунхои дохилиро оид ба ичрои вазифахои дар назди онхо истода, дар доираи чорабинихое, ки ба пешгирй ва бартараф кардани холатхои фавкулоддаи намудхои гуногун, инчунин нигох доштани режимхои махсуси хукукй (вазъияти фавкулодда, харбй ва режими хукукии амалиёти зиддитеррористй) равона карда шудаанд, фахмидан лозим аст [8, с. 95].

Чунин мавкеъ имкон медихад, ки зери мафхуми «шароитхои махсус» на танхо мачмуи холатхои фавкулоддаи табий, техногенй ва ичтимой, балки шароити фаъолияти системахои мушаххаси ичтимой, субъектхо ва объектхои идоракунй бо нигох доштани

режимхои гуногуни маъмурй ва хукукй дар шароити зикршуда, фахмида шавад.

Аз таърифи овардашудаи «шароити махсус» ба назар мерасад, ки мукаррароти асосии назарияи мавчудаи имрузаро дар бораи муайян кардани истилохи умумикабулшуда, ки падидахои бухрони табииро ба вучуд меорад, тахлил намудан лозим аст.

Истилохи «холати фавкулодда» дар як катор санадхои меъёрии хукукй истифода мешавад, ки дар онхо худи мафхуми холати фавкулодда шарх дода намешавад, балки танхо руйхати зухуроти зараровар, ки ба категорияи баррасишаванда хамрох мешаванд ё вазифахои дар холатхои фавкулодда номбаршуда дарч карда шудаанд. Дар ин чо руйхати вазифахо чихати иштирок дар бартараф кардани падидахои манфй хам дар сохаи табий ва техногенй (холатхои фавкулодда) ва хам дар сохаи ичтимой (кушиши вайрон кардани тартиботи конститутсионй, амалхои террористй, низоъхои мусаллахона ва гайра)-ро дар бар мегирад [26].

Дамин тарик, барои дарки мафхум ва мохияти падидахои бухронии табий, техногенй ва ичтимой дар доираи санадхои меъёрии хукукй чунин хулосахоро судманд мешуморем:

1. Бо вучуди фаркияти назарраси мафхумхои холат, вазъият ва шароит дар сатхи этимологй, онхо бори якхелаи маъноро ташкил медиханд ва дар холати зарурй хамчун категорияхои бо хам мукобил истифода мешаванд. Чунин муносибат аз руи таносуби мафхумхои «холат», «вазъият» ва «шароит» низ ба назар мерасад.

2. Истилохи « вазъият» дар сарчашмахои лугавй хамчун шароите, ки мавкеи мавчудияти касе ё чизеро муайян мекунад ё падидае, ки бо падидаи дигар (ходиса) хамрох ва ё алокаманд аст, фахмида мешавад, яъне холатхо ё шартхои муайян, мавкеъ, вазъият ё холатро муайян мекунанд.

3. Дар адабиёти махсус истилоххои «холатхои фавкулодда» ва «вазъияти фавкулодда» дар аксари холатхо хамчун

мафхумхои мутакобилан истиснокунанда баромад мекунанд, ки мундаричаи руйдодхои гайричашмдошт ё ногахонй, хам табий ва техногенй ва хам ичтимоиро дар бар мегиранд.

4. Дар сатхи конунгузорй, истилохи «холатхои фавкулодда» танхо дар санадхои меъерии хукукии идоравй истифода мешавад ва хам падидахои бухронии сохаи ичтимой ва хам холатхои фавкулоддаи табий ва техногенй мебошад. Ибораи «вазъияти фавкулодда» дар айни замон бо истилохи муайяни конунгузорй кабулшуда, падидахои бухрониро танхо дар сохахои табий ва техногенй тавсиф намекунад, балки бо пайдоиши омадани дигар падидахои хатарнок ба монанди тартиботи хукукй ба таври оммавй вайрон карда шуда, вокеан ба хукуку озодихои шахрвандон тахдид ба миён омадааст. Кушиши гасб кардани хокимияти давлатй ё бо рохи зурй тагйир додани сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон, суикасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тагйири сархади он тахдид мекунад ба зарурати баркарор кардани тартиботи хукукии конститутсионй ва фаъолияти макомоти хокимияти давлатй вобастагй дорад.

5. Истилохи холати фавкулодда дар сатхи конунгузорй ва дар фаъолияти амалй ба рух додани садама, зухуроти хатарноки табий, фалокат, офати табий ё офати дигар, ки метавонад боиси талафоти инсонй, зарар ба саломатии одамон ё мухити табиии атроф, талафоти назарраси моддй ва вайрон шудани шароити зиндагии одамон гардад, рабт дода мешавад.

6. Вазъияти фавкулодда, хамчун режими махсуси хукукй, тадбири муваккатие мебошад, ки он дар натичаи рух додани холатхои фавкулоддаи табий, техногенй ва ичтимой аз чониби макомоти махсуси ваколатдор эълон карда мешавад.

7. Шароити махсус бошад, хамчун истилохи тачассумкунандаи фаъолияти пурзури хизмат (дарачахои гуногун) дар холати рух додани холатхои фавкулодда (табий, техногенй, ичтимой) ва эълон намудани вазъияти фавкулодда, хусусияти мутахидкунандаи мазмуни вазъиятхои мураккаби пешбурди фаъолияти макомоти кудратии кишварро дар чунин шароитро доро мебошад.

Адабиёти истифодашуда

1. Фарханги тафсири забони точикй. Ч,илди 1 / Зери тахрири Н. Сайфиддин, А. Сангин, С. Каримов, Мирзо Х,.С. - Душанбе, 2008. - 592 с.

2. Ожегов, С.И. Словарь русского языка. Около 57000 слов / под ред. Н.Е. Шведовой. - М.: Русский язык, 1988. - 750 с.

3. Булыгин, Ю.Е. Организация социального управления (Основные понятия и категории): Словарь-справочник / / Булыгин Ю.Е.; Под общ. ред. И. Г. Безуглова. - М.: Контур, 1999. - 254 с.

4. Словарь русского языка / Под ред. Евгеньевой Л.П. - 2-е изд. испр. и доп. - М.: Русский язык, 1981-1984. - 750 с.

5. Тычинин, С.В., Дзейтов, С.А. К понятию чрезвычайной ситуации / С.В. Тычинин, С.А. Дзейтов // Сб. трудов адъюнктов и соискателей. Выпуск 4. Институт МВД РФ. - СПб., 1995. - С. 7075.

6. Фарханги тафсири забони точикй. Ч,илди 2 / Зери тахрири Н. Сайфиддин, А. Сангин, С. Каримов, Мирзо Х,.С. - Душанбе.: 2008. - 594 с.

7. Ожегов, С.И. Толковый словарь русского языка: 72500 слов и 7500 фразеологических выражений / С.И. Ожегов и Н.Ю. Шведова; Рос. акад. наук, Ин-т рус. яз.; Рос. фонд культуры. [Изд. 2-е, испр. и доп.]. - М.: АЗЪ, 1993. - 955 с.

8. Мелехин, А.В. Проблемы реализации чрезвычайного законодательства Российской Федерации: монография / А.В. Мелехин. - М.: Академия управления МВД России, 2005. - 130 с.

9. Микеев, А.К., Порфирьев, Б.Н. Управление деятельностью органов внутренних дел при чрезвычайных ситуациях природного и техногенного характера: учебное пособие / А.К. Микеев, Б.Н. Порфирьев. - М.: Академия МВД России, 1995. - 86 с.

10. Анисимов, В.Л. Участие органов внутренних дел в чрезвычайных ситуациях и обстоятельствах: Теоретические и правовые аспекты: монография / В.Л. Анисимов. - М.: ВНИИ МВД РФ, 2001. - 93 с.

11. Майдыков, А.Ф. О концепции деятельности органов внутренних дел в чрезвычайных ситуациях (экстремальных условиях) / А.Ф. Майдыков // Труды Академии МВД России. - М., 1993. -С. 51-56.

12. Зайцев, А.П. Чрезвычайные ситуации. Краткая характеристика и классификация: учебное пособие / А.П. Зайцев. - М.: Военные знания, 1997. - 80 с.

13. Кондрашов, Б.П. Общественная безопасность и административно-правовые средства ее обеспечения: монография / Б.П. Кондрашов. - М.: Щит-М, 1998. - 298 с.

14. Степанов, А.Г. Организационно-правовые основы деятельности учебных заведений органов внутренних дел в чрезвычайных обстоятельствах: дис... канд. юрид наук: 05.13.10 / Александр Георгиевич Степанов. - М.: Академия МВД России. 1994. - 296 с.

15. Майдыков, А.Ф. Правовые и организационные основы обеспечения национальной безопасности России правоохранительными органами / А.Ф. Майдыков // Совершенствование системы экстренного реагирования органов внутренних дел и внутренних войск на чрезвычайные обстоятельства. - М.: Изд-во Академии МВД России, 1996. - С. 5-17.

16. Старостин, С.А. Управление органами внутренних дел при чрезвычайных ситуациях (правовые и организационные аспекты): автореф. дис. д-ра юрид. наук: 12.00.13 / Сергей Алексеевич Старостин. - М.: Академия управления МВД России. 2000. - 32 с.

17. Черных, В.В. Организационно-правовые основы деятельности органов внутренних дел в условиях чрезвычайных ситуаций природного характера: дис. канд. юрид. наук: 12.00.11 / Виталий Викторович Черных. - М., 2009. - 233 с.

18. Громов, М.А. К вопросу о понятийном аппарате применительно к деятельности органов внутренних дел в особых условиях / М.А. Громов // Материалы четвертой научно-практической конференции, 27 ноября 2002 г. / Экстремальные ситуации, конфликты, согласие. - М.: Академия управления МВД России. Институт социологии РАН, 2002. - С. 164-168.

19. Мелехин, А.В. О терминологии, применяемой в процессе реализации чрезвычайного законодательства / А.В. Мелехин // Сборник материалов пятой научно-практической конференции, 11 декабря 2003 г.: Экстремальные ситуации, конфликты, согласие. - М.: Академия управления МВД России. Институт социологии РАН, 2003. - С. 75-86.

20. Попов, С.Е. Оперативное управление органами внутренних дел федерального округа в кризисных ситуациях (теоретические, правовые и организационные основы): дис. д-ра юрид. наук:

12.00.11 / Œp^ Егоpович Попов. - M., 200б. - 362 с.

21. ^онуни Ч,yмхypии Точикистон «Даp боpаи амният» 28 июни с. 2011, № 721 // Axбоpи Mачлиси Олии Ч,yмхypии Точикистон, с. 2011, № 6, мод. 434; с. 2014, № 11, мод. 646; с. 2016, № 3, мод.136, с. 2018 №7-8, мод. 524.

22. Лаpин, A.M. Чpезвычайные ситуации и деятельность пpавооxpанительныx оpганов / A.M. Лаpин // Пpаво и чpезвычайные ситyации. Cбоpник статей. - M.: Изд-во ИГиП PAH, 1992. - С. 108115.

23. ^онуни Ч,yмхypии Точикистон «Даp боpаи хифзи ахолй ва худудхо аз холатхои фавкулоддаи табий ва теxногенй» аз 15-уми июли с. 2004, № 53 // Axбоpи Mачлиси Олии Ч,yмхypии Точикистон, с. 2004, №7, мод. 460.

24. ^онуни конститутсионии Ч,yмхypии Точикистон "Даp боpаи низоми хукукии вазъияти фавкулодда" аз 3-юми ноябpи с. 1995, № 94 // Axбоpи Mачлиси Олии Ч,yмхypии Точикистон, с. 1995, № 21, мод. 233; с. 1997, № 23-24, мод. 356; с. 2002, № 4, к. 1. мод. 254; с. 2005, № 12, мод. б25; с. 2008, № 10, мод. 795; аз 10.05.2002, аз 28.12.2005, № 134, аз 6.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085.

25. Mайдыков, A^. Пpоблемы научного yпpавления оpганов внyтpенниx дел в особый yсловияx / A^. Mайдыков // Cовеpшенствование yпpавления оpганов внyтpенниx дел в особый yсловияx. - M.: Тpyды Aкадемии MВД СССР, 1991. - С. 10-17.

26. ^онуни Ч,yмхypии Точикистон «Даp боpаи ^шунхои доxилии Вазоpати коpхои доxилии Ч,yмхypии Точикистон» аз 28-уми декабpи с. 1993, № 916 // Axбоpи Шypои Олии Ч,yмхypии Точикистон, с. 1994, № 3-4, мод. 62; Axбоpи Mачлиси Олии Ч,yмхypии Точикистон, с. 1998, № 10, мод. 127; с. 2000, № 11, мод. 535; с. 2002, № 4, к.1, мод. 260, мод. 263; с. 2003, № 4, мод.141; с. 2014, № 11, мод. 658; с. 2015, № 12 к.1, мод.1111; с. 2018, № 5, мод. 273; с. 2020, № 12, мод. 907.

References

1. Culture of interpretation of the Tajik language. Volume 1 / Edited by N. Saifiddin, A. Sangin, S. Karimov, Mirzo H.S. - Dushanbe, 2008. - 592 p.

2. Ozhegov, S.I. Dictionary of the Russian language. About 57,000 words / ed. NOT. Shvedova. -M.: Russian language, 1988. - 750 p.

3. Bulygin, Yu.E. Organization of social management (Basic concepts and categories): Dictionary-reference book / / Bulygin Yu.E.; Under general ed. I. G. Bezuglova. - M.: Kontur, 1999. - 254 p.

4. Dictionary of the Russian language / Ed. Evgenieva L.P. - 2nd ed. corr. and additional - M.: Russian language, 1981-1984. - 750 p.

5. Tychinin, S.V., Dzeitov, S.A. To the concept of an emergency / S.V. Tychinin, S.A. Dzeitov // Sat. works of adjuncts and applicants. Issue 4. Institute of the Ministry of Internal Affairs of the Russian Federation. - St. Petersburg, 1995. - Pp. 70-75.

6. Culture of interpretation of the Tajik language. Volume 2 / Edited by N. Saifiddin, A. Sangin, S. Karimov, Mirzo H.S. - Dushanbe: 2008. - 594 p.

7. Ozhegov, S.I. Explanatory dictionary of the Russian language: 72,500 words and 7,500 phraseological expressions / S.I. Ozhegov and N.Yu. Shvedova; Ross. acad. Sciences, Institute of Rus. language; Ross. cultural fund. [Ed. 2nd, rev. and additional]. - M.: AZ, 1993. - 955 p.

8. Melekhin, A.V. Problems of implementing emergency legislation of the Russian Federation: monograph / A.V. Melekhin. - M.: Academy of Management of the Ministry of Internal Affairs of Russia, 2005. - 130 p.

9. Mikeev, A.K., Porfiryev, B.N. Management of the activities of internal affairs bodies in emergency situations of natural and man-made nature: textbook / A.K. Mikeev, B.N. Porfiryev. - M.: Academy of the Ministry of Internal Affairs of Russia, 1995. - 8б p.

10. Anisimov, V.L. Participation of internal affairs bodies in emergency situations and circumstances: Theoretical and legal aspects: monograph / V.L. Anisimov. - M.: All-Russian Research Institute of the Ministry of Internal Affairs of the Russian Federation. 2001. - 93 p.

11. Maidykov, A.F. On the concept of the activities of internal affairs bodies in emergency situations (extreme conditions) / A.F. Maidykov // Proceedings of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of Russia. - M., 1993. - Pp. 51-5б.

12. Zaitsev, A.P. Emergencies. Brief characteristics and classification: textbook / A.P. Zaitsev. - M.: Military knowledge, 1997. - 80 p.

13. Kondrashov, B.P. Public security and administrative and legal means of ensuring it: monograph / B.P. Kondrashov. - M.: Shield-M, 1998. - 298 p.

14. Stepanov, A.G. Organizational and legal basis for the activities of educational institutions of

internal affairs bodies in emergency circumstances: dis... cand. legal sciences: 05.13.10 / Alexander Georgievich Stepanov. - M.: Academy of the Ministry of Internal Affairs of Russia. 1994. - 296 p.

15. Maidykov, A.F. Legal and organizational foundations for ensuring national security of Russia by law enforcement agencies / A.F. Maidykov // Improving the system of emergency response of internal affairs bodies and internal troops to emergency circumstances. - M.: Publishing House of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of Russia, 1996. - Pp. 5-17.

16. Starostin, S.A. Management of internal affairs bodies in emergency situations (legal and organizational aspects): abstract: dis... dr. legal Sciences: 12.00.13 / Sergey Alekseevich Starostin. - M.: Academy of Management of the Ministry of Internal Affairs of Russia. 2000. - 32 p.

17. Chernykh, V.V. Organizational and legal foundations of the activities of internal affairs bodies in conditions of natural emergencies: dissertation... cand. legal Sciences: 12.00.11 / Vitaly Viktorovich Chernykh. - M., 2009. - 233 p.

18. Gromov, M.A. On the issue of the conceptual apparatus in relation to the activities of internal affairs bodies in special conditions / M.A. Gromov // Materials of the fourth scientific-practical conference, November 27, 2002 / Extreme situations, conflicts, consent. - M.: Academy of Management of the Ministry of Internal Affairs of Russia. Institute of Sociology RAS, 2002. - Pp. 164-168.

19. Melekhin, A.V. On the terminology used in the process of implementing emergency legislation / A.V. Melekhin // Collection of materials of the fifth scientific and practical conference, December 11, 2003: Extreme situations, conflicts, consent. - M.: Academy of Management of the Ministry of Internal Affairs of Russia. Institute of Sociology RAS, 2003. - Pp. 75-86.

20. Popov, S.E. Operational management of internal affairs bodies of the Federal District in crisis situations (theoretical, legal and organizational foundations): dis... doc. legal Sciences: 12.00.11 / Sergey Egorovich Popov. - M., 2006. - 362 p.

21. Law of the Republic of Tajikistan "On Security" dated June 28. 2011, No. 721 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, 2011, No. 6, art. 434; 2014, No. 11, art. 646; 2016, No. 3, Article 136, 2018 No. 7-8, art. 524.

22. Larin, A.M. Emergency situations and the activities of law enforcement agencies / A.M. Larin // Law and emergency situations. Digest of articles. - M.: Publishing house IGiP RAS, 1992. - Pp. 108-115.

23. Law of the Republic of Tajikistan «On the protection of the population and territories from natural and man-made emergencies» dated July 15, 2004, No. 53 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, 2004, No. 7, art. 460.

24. The Constitutional Law of the Republic of Tajikistan «On the legal system of the state of emergency» dated November 3, 1995, No. 94 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, 1995, No. 21, art. 233; s. 1997, No. 23-24, art. 356; 2002, No. 4, pp. 1. Mod. 254; 2005, No. 12, art. 625; 2008, No. 10, art. 795; from 10.05.2002, from 28.12.2005, No. 134, from 6.10.2008 No. 416, from 26.07.2014 No. 1085.

25. Maidykov, A.F. Problems of scientific management of internal affairs bodies in special conditions / A.F. Maidykov // Improving the management of internal affairs bodies in special conditions. - M.: Proceedings of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the USSR, 1991. - Pp. 10-17.

26. Law of the Republic of Tajikistan "On Internal Troops of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan" dated December 28, 1993, No. 916 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, 1994, No. 3-4, art. 62; News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 1998, No. 10, art. 127; 2000, No. 11, art. 535; 2002, No. 4, p. 1, art. 260, art. 263; 2003, No. 4, Article 141; 2014, No. 11, art. 658; s. 2015, No. 12.1, article 1111; 2018, No. 5, Art. 273; 2020, No. 12, Art. 907.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.