Научная статья на тему 'ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ СОМОНӢ ДАР ЭРОН'

ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ СОМОНӢ ДАР ЭРОН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
40
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Сиккаҳои сомонӣ / ганҷинаи сомонӣ / муомилоти пулӣ / зарробхонаҳои сомонӣ / Эрон / А. Қучонӣ / Ҳ. Боғбедӣ / А. Ақилӣ / М. Ноҷӣ / Ҷ. Ҳиравӣ / сарчашмаҳои хаттӣ / масъалаҳои метрологӣ ва топографӣ / феҳристи сиккаҳо / Samanid coins / Samanid treasures / Samanid mints / Iran / A. Kuchani / H. Boghbedi / A. Akili / M. Naji / J. Hiravi / written sources / metrological and topographical issues / coin catalog.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифзода Абдували

Мақолаи мазкур фарогири мухтасари таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ дар Эрон мебошад. Муаллиф муайян кардааст, ки дар таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ дар Эрон аз ҳама бештар ва беҳтар Абдуллоҳ Қучонӣ ва Ҳасанризои Боғбедӣ саҳм гузоштаанд. М. Ноҷӣ бевосита сиккаҳи сомониро таҳқиқ накарда, иттилои сарчашмаҳои хаттӣ ва баъзе адабиёти илмиро доир ба муомилоти пулии Сомониён таҳлил кардааст. Олими сомонишиноси эронӣ Ҷ. Ҳиравӣ дар таҳқиқоти худ ба сиккаҳои сомонӣ камтар таваҷҷуҳ кардааст. Олимони эронӣ дар таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ ба масъалаҳои метрологӣ ва топографии сиккаҳо аҳаммият надодаанд. То имрӯз дар Эрон доир ба сиккаҳои сомонӣ асари ҷиддии ҷудогона чоп нашудааст. Инчунин дар осорхонаҳои Эрон сиккаҳои сомонӣ ҷамъоварӣ шудаанд, аммо феҳристи сиккаҳои сомонии Эрон то ҳол чоп нашудааст. Дар муқоиса бо Аврупо, Русия ва Осиёи Миёна сиккаҳои сомонӣ дар Эрон камтар таҳқиқ шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

STUDY OF SAMANID COINS IN IRAN

This article represents the result of a study of Samanid coins in modern Iran. The author determined that the greatest contribution to the study of Samanid coins in Iran was made by Abdullah Kuchani and Hasanriza Boghbedi. M. Noji did not study the Samanid coins, but analyzed these written sources and some scientific literature about the Samanid money circulation. Iranian Samanid scholar J. Hiravi paid less attention to Samanid coins in his research. Iranian scientists, when studying somoni coins, did not pay attention to metrological and topographical issues of coins. To date, no separate major work has been published in Iran on Samanid coins. A certain number of Samanid coins have been collected in Iranian museums, but a consolidated catalog of Samanid coins in Iran has not yet been published. Compared to Europe, Russia and Central Asia, Samanid coins in Iran are less studied.

Текст научной работы на тему «ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ СОМОНӢ ДАР ЭРОН»

ТАЪРИХНИГОРЙ ВА МАЪХАЗШИНОСЙ - ИСТОРИОГРАФИЯ И

ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ - HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY ♦-♦

УДК 737.3 (55) (082. 2)

ТАЗДЩИ СИККАХОИ СОМОНЙ ДАР ЭРОН1 ШАРИФЗОДА А.,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши АМИТ

Дар асри Х вилоятхои шаркии Эрони имруза (ЧДЭ) ба каламрави давлати Со-мониён ворид мешуданд ва ду маркази асосии сикказании Сомониён - шахрхои Нишопур ва Мухаммадия дар хамин худуд чойгир буда, бахши мухимми сикказанй ва муомилоти пулии Сомониён ба хисоб мераванд. То имруз доир ба сиккахои со-монии дар Эрон ёфтшуда тахкикоти фарогири алохида анчом наёфта ва асари чудогона хам руйи чопро надидааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар Эрон сиккахои сомонй тахкик нашудаанд. Маколаи мазкур фарогири мухтасари чигу-нагии тахкики сиккахои сомонй дар Эрон мебошад.

Аз худуди Эрон ба таври тасодуфй ва дар рафти ковишхои бостоншиносй микдори муайяни сиккахои сомонй кашф шудаанд. Чунончи соли 1991 тасодуфан аз шахри Рай як ганчинаи калони сиккахои куфй кашф мешавад. Кашфи ин ганчина ба тахкики сиккахои сомонй дар Эрон такони чиддй медихад. Ганчинаи мазкурро катибашинос ва сиккашиноси машхур Абдуллохи ^учонй тахкик намуда, соли 2004 натичаи тахкики он бо номи «Ганчинаи сиккахои Нишопур макшуфа дар Рай» ба чоп мерасад [1]. Муаллиф дар пешгуфтори китобаш доир ба чигунагии кашфи ин ганчина иттилоъ медихад. Тибки навиштаи у барои анчоми корхои сохтмонй хоки хавлии Пажухишгохи Шахид Рачоии шахри Рай бо хохиши шахрдорй ба боги Дайламон интикол меёбад. Шахрвандони дар бог буда хангоми ба бог рехтани хоки хавлии пажухишгох сиккахои тиллоиро мушохида намуда, онхоро аз худ менамо-янд. Аз ин ходиса рохбарияти Созмони мероси фархангии Техрон огох шуда, ду масъули худро ба боги Дайламон сафарбар менамояд ва онхо ба зудй аз хоки ба бог кучондашуда 244 динор ва ду фалсро ёфта, ба Техрон интикол медиханд. Дар як вакт макомоти дахлдор дар як муддати кутох аз шахрвандони сиккахои ин ганчи-наро азхудкарда 1700 сиккаи тиллои дигарро чамъоварй карда, онхоро ба мувози-наи Бонки марказии Техрон ворид менамоянд. Инчунин масъулини амниятй боз 248 динори ин ганчинаро аз кочокчиёни осори таърихй гирифта, ба ихтиёри Созмони мероси таърихии Техрон месупоранд. Мутаассифона, 300 динори ин ганчина тавассути тиллофуруше харидорй ва сипас гудохта шуда, ба шимш (слитка) табдил дода мешаванд. Дар умум, тибки навиштаи А. ^учонй 2202 адад сиккаи ин ганчина чамъоварй мешаванд, ки 1800 сиккаи он дар заробхонаи шахри Нишопур зарб шудаанд [1,4]. Дар таркиби ин ганчина сиккахои умавй, аббосй, сомонй, олибуя, фотимй, илокхонй, Расулиёни Яман, газнавй, салчукй ва хоразмшохй мавчуд буда-аст.

1 Макрла дар асоси лощаи «Таърихи илм ва техникаи халки тоцик аз давраи кадим то замони хозира», разами кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.

А. ^учонй ганчинаи Райро тахкик намуда, дар асари зикршудааш сиккахои амирони Сомонй, аз чумла, 4 динори Ахмад ибни Исмоил, 78 динори Насри II ибни Ах,мад, 66 динори Нухи II ибни Наср, 26 динори Абдулмалик ибни Нух, 12 динори Мансури I ибни Нух, 2 сиккаи Нухи III ибни Мансур ва аз хокимони сомонй 21 динори ал-Валй Мухаммад хамчун коргузори Мансур ибни Нух, 27 динори ал-Валй Мухаммад хамчун коргузори Нух ибни Мансур, 33 динори Х,исомуддавла Тош, 1 динори Абулхасан Фоик, 8 динори Абуалй ибни Симчур, 1 динори Сабуктегин, 5 динори Абулфаворис Бектузун, 12 динори Махмуди Газнавиро чоп кардааст [1,272370]. Равиши тахкики А. ^учонй чунин аст, ки у дар аввал доир ба зиндагй ва давлатдории амирон ва хокимони Сомонй бо такя ба ахбори сарчашмахои хаттй ва маводи сиккашиносй иттилои мушаххас дода, сипас, ахбори ин ду сарчашмаи мухимро бо хам мукоиса менамояд. Чунончи Ибни Касир санаи фавти Насри II ибни Ахмадро соли 301 хк/922 зикр кардааст, дар холе ки ин сана соли ба тахт ни-шастани Насри II мебошад [1, 17]. Дар чойи дигар у бо баррасии динорхои Нух ибни Наср ибни Ахмад боз як иштибохи Ибни Касирро ошкор кардааст. У менависад, ки Ибни Касир «сухани ачибе» гуфтааст ва тибки навиштаи Ибни Касир Абуалй ибни Сино амири Сомонй Нухи II ибни Насрро табобат карда, ба ивазаш ба китоб-хонаи машхури Сомониён рох ёфт ва хатто мудири он таъйин гардид [1, 20]. Дар асл ин хабари Ибни Касир асоси вокей надорад. Зеро Нух ибни Наср соли 343 хк/964 фавтид ва Ибни Сино бошад соли 980 ба дунё омадааст. Накли Нух ибни Мансурро табобат кардани Ибни Сино аз рисолаи «Саргузашт» машхур аст. Ин нуктаро академикхои маъруф Б. Гафуров, Н. Неъматов ва дигарон борхо ёдрас кар-даанд [3, 384], [4, 207]. Мухаккики амрикой Ф.С. Старр дар китоби машхураш -«Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказй аз истилои араб то Темур-ланг» доир ба ин ходиса амири сомонй - Нухро ном мебарад, аммо кадом Нух бу-дани уро аник накардааст [2, 300].

А. ^учонй дар баробари хондан ва тахлили катибахои хар як динори сомонй вазну кутри онро аник намуда, дар таърихи сиккашиносии сомонй нахустин шуда зикр гардидани номи колибсозони сиккахоро ошкор менамояд ва ин мавзуъро дар боби алохида муфассал бо овардани акси катибахои сиккахо шарх медихад. У дар барасии ин мавзуъ танхо ба сиккахои сомонй ва сиккахои Ганчинаи Рай махдуд намегардад. Чунончи вай сиккахои сомонии китобхона ва осорхонаи ба номи Малики Эронро тахкик намуда, аз байни сиккахои ин осорхона ду фалси нодирро му-айян менамояд, ки яке аз онхо соли 358 хк/969 дар Фаргона бо амри Ахмад ибни Мансур зарб шуда, дар катибаи он номи зарроб - Абунаср ва дар фалси зарби хамин соли Бухоро номи масъули зарби сикка Абубакр ал-Мухаррич зикр шудаанд [1, 171]. Кашфи номи зарроб дар сиккахои сомонй як кашфиёти чузъй, вале мухим ба хисоб мераванд. Ин чо бояд кайд намоям, ки «ал-Мухаррич»-ро олими дигари эронй Богбедй, ал-Мухаззич хондааст ва он ба назари мо сахехтар мебошад [5, 347348].

Дигар вижагии тахкики А. ^учонй ин аст, ки у динорхоеро, ки дар катибахои онхо номи гулому гуломзодагони пешини турк ва фармонравоёни пасони Сомонй, мисли Тош, Фоик, Бектузун ва дигарон зикр шудаанд, на ба амири Сомонй, балки ба хокимони мазкур мутааллик медонад. Ба ин навиштахои А. ^учонй метавон илова намуд, ки зикри хокимони турктабор дар дираму динорхои сомонй далели

цотеи ицтидори рузафзуни онхо ва баръакс гувохи сустшавии ицтидори давлати Сомониён мебошад. Кор то чое мерасад, ки баъзе хокимон номи амирони Сомони-ро дар сиккахояшон зикр накарда, худро маволии халифа эълон менамоянд.

А. ^учонй теъдоди умумии сиккахои сомонии ин ганчинаро дар китоби «Ганчинаи сиккахои Нишопур макшуфа дар Рай» зикр накардааст. Аммо у дигар мавзуьхои мухимми сиккашиносй, аз чумла масьалахои марбути руй ва пушти сикка, арзиши онхо, харфхои рамз дар сиккахо, тацсимбандии чахон тибци иттилои сиккахо, сиккахои цароза (буридашуда), хаффоф, сабук ва пайвандро баррасй ва натичагирии амиц менамояд. ^адимтарин сиккаи сомонии муайянкардаи А. ^у-чонй фалси сомонии зарби соли 191 хц. мебошад, ки дар он номи Нух зикр шуда-аст [1, 42].

Бо чопи асари мазкур тахцици Ганчинаи Рай аз чониби А. ^учонй анчом наме-ёбад. Чунончи соли 1999 дар китоби дастачамъии «Номаи Оли Сомон» мацолаи у «Ицтидори Сомониён дар баробари хулафои Аббосй» чоп мешавад ва муаллиф дар ин мацолааш доир ба Ганчинаи Рай иттилои нав дода, баьзе мавзуъхо, аз чумла са-баби дар сиккахои сомонй ба чойи халифаи Аббосии дар курсй буда, зикр шудани халифаи аз мансаб барканоршуда ё фавтидаро шарх медихад. Дар ин мацола муаллиф теъдоди сиккахои Ганчинаи Райро 2500 адад мегуяд. А. ^учонй менависад, ки чун ицтидори Оли Буя пурзур шуда буд, бинобар ин хар гох мехостанд як халифаи аббосиро барканор карда, ба чояш аббосии дигарро ба курсии хилофат меши-нонданд. Чунончи Оли Буя соли 334 х.ц./ ал-Мутеь Лиллохро ба чои халифа Му-стакфй Биллох, соли 363 х.ц. ал-Тоеь Лиллохро ба чои ал-Мутеь Лиллох, соли 381 х.ц. ал-^одир Биллохро ба чойи ал-Мутеь Лиллох иваз намуданд. Ин амали Оли Буя эьтирози Сомониёнро ба вучуд меорад. У дар ин мацолааш менигорад, ки дар Ганчинаи Рай 27 динори Нух ибни Насри II ва Абдулмалик ибни Нух, 9 динори Мансур ибни Нух ва Нух ибни Мансур мавчуданд ва дар ин сиккахои сомонй ба чойи халифаи хукмрон халифаи барканоршудаи Аббосй зикр шудааст. Яьне хар-чанд ки амирони Оли Буя халифахоро барканор мекарданд, Сомониён номи ин ха-лифахои барканоршударо аз сиккахояшон барнамедош-танд. Ин хол на нишонаи эхтироми Сомониён ба халифаи барканоршуда, балки эьтироз ба сиёсати Оли Буя ва ё эьтироз бар халифаи нав мебошад.

Дар солхои 344 хц. ва 345 хц. Абдулмалик ибни Нух аз сиккахояш номи халифа ал-Мустакфиро бардошт ва ал-Мутиь Лиллохро хам зикр накард. Аммо дертар Абдулмалик ибни Нух дар сиккахои соли 345 номи ал-Мутиь Лиллохро зикр меку-над, ба зудй бо фармони халифа ба фармонравоёни атроф нома фиристода, онхоро аз ин ицдоми амири Сомонй хабардор месозанд. А. ^учонй дар чойи дигар менави-сад, ки «пас аз исрори Сомониён бар зикри номи Ал-Мустакфй Биллох руйи сикка баьд аз халъ, хуккоми Оли Буя дар соли 343 хц. ал-Мутиь Лиллохро аз хилофат халь ва ба чойи у ат-Тоиь Лиллохро бар маснади хилофат нишонданд ва масьалаи цаблй як бори дигар такрор шуд ва Сомониён аз зикри номи ат-Тоиь Лиллох ба ун-вони халифа руйи сикка имтиноь карданд. Ал-Мутеь Лиллох соли 344 хц. фавт шуд, аммо Сомониён пас аз фавти у низ ба зикри номи у бар сиккахо идома до-данд» [6, 205]. Ин амалкарди Сомониён ба фармонравоёни сулолахои дигар, аз чумла баьзе хокимони Оли Буя таьсир мерасонад ва онхо дар баьзе холатхо дар сиккахояшон халифаи барканоршударо зикр менамоянд [6, 207].

Х,асанризои Богбедй аз олимони дигари Эрон аст, ки сахми у дар тахкики сиккахои сомонй басо хам назаррас мебошад. Соли 2014 китоби пурарзиши у бо номи «Сиккахои Эрон дар давраи исломй аз огоз то баромадани Салчукиён» ба нашр расид. Муаллиф бобхои 9 ва 10-и ин китобро ба сиккахои сомонй ва хокимони за-мони Сомониён бахшидааст [5, 269-463]. Дар аввал Богбедй хостгох ва таърихи сиёсии Сомониёнро мавриди баррасй карор дода, онхоро бозмондагони фармонра-воёни зурдуштй гуфта, Сомонхудотро аз табори Бахроми Чубина медонад [5, 269]. У хам баъди зикри мухтасари таърихи сиёсй доир ба хар як амири Сомонй иттилоъ дода, мисли А. Кучонй хамон вижагии сикказании Сомониён, ки дар сиккахояшон номи халифаи барканоршуда ё фавтидаро зикр мекарданд, тахлил намуда, менави-сад, ки «ин амрро бояд мухолифати Сомониён бо Оли Буя донист [5, 271].

Богбедй динор ва дирхамхои давраи аввали хукмронии Наср ва Исмоил ибни Ахмадро (то соли 281-ро), ки дар Шош ва Самарканд зарб шудаанд, бо сабаби дар онхо зикр нашудани номи амири Сомонй сиккахоро аббосй медонад. У менависад, ки дар динору дирхамхо номи амири Сомонй хамчун омили халифаи Аббосй бе хеч лакабе дар пахлуи халифа навишта мешавад, аммо дар фалсхо Сомониён худро «амир» ва «малик» номидаанд, ки ин аз мустакилияти онхо гувохй медихад [5, 273]. Вай иёри сиккахои сомониро хам баррасй менамояд ва ба ин мавзуъ ахамми-яти чиддй медихад ва зарробхонахои Бухоро, Самарканд, Шош, Нишопур ва Х,иро-тро зарробхонахои аслии Сомониён медонад. Аммо у фаъолияти зарробхонахоро яксон намебинад ва тахаввулоти кори онхоро давра ба давра баррасй намуда, дар умум 63 зарробхонаи Сомониро ном мебарад. Баъд аз зарробхонахо у вижагии хат-тии катибахои сиккахоро тахлил намуда, мавчудияти харфхои куфии дархамтани-даи сиккахои сомониро таъкид менамояд. Ин таъкиди вай барои тахкики тахав-вулоти хатти даврони Сомониён мухим аст. Богбедй зикр шудани номи зарробро дар сиккахои сомонй низ кайд кардааст. Як вижагии тавсифи сиккахои сомонй аз чониби X,. Богбедй ин аст, ки у ба такрор омадани матни катибаи сиккахо нигох накарда, матни катибаи хар як сиккаро пурра зикр менамояд. Аммо вазн ва кутри сиккахоро ёдрас намешавад. Чунончи у дар ин асараш акс ва матни 6 фалси Нухи I ибни Асад (зарробхонахои Шош, Бинкас, Хучанд), 4 фалси Ахмад ибни Асад (зар-робхонаи Самарканд), 7 фалси Яхё ибни Асад (зарробхонаи Бинкас (Бинкат, Ш.А.) ва Шош), 10 фалси Насри I ибни Ахмад (зарробхонахои Самарканд ва Шош), 7 сиккаи Яъкуб ибни Ахмад (зарби Бинкас ва Шош), 2 фалси Ахмад ибни Х,асан ибни Насри I (зарби Хучанд), 3 фалси Нухи II ибни Асад (Шошу Хучанд), 5 динор, 11 дирхам ва 11 фалси Исмоил ибни Ахмад (Андароба, Самарканд, Шош, Балх, Нишопур, Бухоро, Усрушана), 5 динор ва 14 фалси Ахмад ибни Исмоил (Андароба, Нишопур, Маъдин, Самарканд, Шош, Биёр, Марв, Банчхир), 35 динор, 56 дирхам ва 30 фалси Насри II ибни Ахмад (Самарканд, Шош, Нишопур, Мухаммадия, Гур-гон, Казвин, Омул, Шош, Марв, Андароба, Балх, Хуттал, Маъдин, Бадахшон, Фар-вон, Бухоро, Ахсикат, Фаргона, Хучанд, Илок, Пороб, Узканд, Навкаси Илок, Фа-рох ) 16 динор, 34 дирхам ва 26 фалси Нух ибни Наср (Мухаммадия, Сова, ^азвин, Нишопур, Кум, Омул, Балх, Шош, Самарканд, Маъдин, Бухоро, Х,ирот, Фаргона, Навкаси Илок, Насробод), 9 динор, 17 дирам ва 13 фалси Абдулмалики I ибни Нух (Бухоро, Нишопур, Омул, Самарканд, Х,ирот, Балх, Шош, Маъдин, Насробод, Хуканд, Куббо), 14 динор, 35 дирхам ва 42 фалси Мансури I ибни Нух (Нишопур,

Хирот, Самарцанд, Бухоро, Шош, Омул, Балх, Рошт, Бадахшон, Кураи Бадахшон, Маьдин, Фаргона, Ахсикас, ^уббо, Чагониён, Насробод), 23 динор, 44 дирхам ва 41 фалси Нухи III ибни Мансур (Бухоро, Нишопур, Хирот, Бухоро, Балх, Шош, Самарцанд, Валволич, Тойицон, Хуттал, Фаргона, Фарвон, Хирот, Узканд, Хучанд), 3 динор, 1 дирхам ва 4 фалси Мансури II ибни Нух (Нишопур, Хирот, Бухоро), 3 ди-нор ва 3 фалси Абдулмалики II ибни Нух (Нишопур, Бухоро), 3 динор ва 3 фалси Исмоили II ибни Нух (Нишопур ва Бухоро) дар умум 541 сиккаи сомониро тахциц намуда, гохе матни катибаи онхоро тавзех медихад [5, 279-374]. Богбедй акси сик-кахоро дар тарафи рости варац ва матни катибахои онхоро дар тарафи чап чо наму-да, матни тавзехотиро зери акси сикка навиштааст. У Бинкатро Бинкас ва Ахси-катро Ахсикас донистааст. Ин тарзи тавсифи сикка, ки X. Богбедй дар асари мазку-раш ба кор бурдааст, аз равиши тавсифи сиккашиносони классик ба мисли Д.Х. Френ [б], П. Савелев [7], В. Григорев [8], Б. Тизенхаузен [9], А. Марков [10] фарц мекунад.

Равиши дигари тахцицоти X. Богбедй дар тахцици сиккахои сомонй ин аст, ки у сиккахои хокимони махаллй ва муддаиёни хокимияти даврони Сомониён, аз цаби-ли Абудовудиён, Сомониёни Ахсикат, Сочиён (дар Озорбойчон ва Арманистон, ки ниёашон аз Мовароуннахр буд), Афшини Усрушана, Афригиёни Хоразм, дирхамхои тацлидии аврупоиён, амирони Мултон, Исхоц ибни Ахмад, Саьлукиёни Мухаммадия, Ахмад ибни Сахл, Маттиён дар Испичоб, Лайлй ибни Нуьмони Дай-ламй, Яхё ибни Ахмади Сомонй, Илёсиёни Кирмон, тарафдорони Сомониён дар баробари Зиёриён, Солориёни Дайлам, Мухточиён ё Оли Мухточ, Чуландиён, Чустониёни Дайлам, амирони Буст, Алй ибни Кома дар Мухаммадия, Чдьфариёни Гурчистон, Раводиён дар Озорбойчон, хокимони Андароба ва Панчхир, Маьму-ниён дар Гургон, Хаббориён дар Синд, Хошимиёни Дарбанд, хонадони Хасанавия дар гарби Эрон, Шаддодиён дар Арманистон, Симчуриёни Давотиро бо тартиби солшуморй баррасй намуда, дар асари зикршудааш онхоро ба таври алохида баьд аз сиккахои сомонй чо намудааст. Аз ин чост, ки боби марбути ин асар «Сиккахои хокимони махаллй ва муддаиёни хукумат дар давраи Сомонй» ном дорад [5, 375461].

Соли 1377 хш. китоби «Дору-з-зарбхои Эрон дар давраи исломй», ки онро олими эронй А. Ацилй таьлиф карда буд, ба чоп мерасад. Муаллиф дар ин асараш доир ба 563 сиккахонахои исломии Эрон бо истифода аз осори чугрофй ва маводи сиккашиносй иттилоь медихад, ки аз ин теьдоди 55 сиккахонахо ба Сомониён му-тааллицанд [12].

Дар хамин сол асари олими шинохта Абулхусайни Заринкуб бо номи «Таьрихи мардуми Эрон аз поёни Сосониён то поёни Оли Буя» ба чоп мерасад ва муаллиф дар ин китобаш сикказании Сомониёнро баррасй намекунад ва танхо таьрихи сиё-сии онхоро хеле хуб иньикос карда, аз анчоми сикказании Сомониён ва бардошта шудани номи онхо аз хутбаи намози одина баьди тацсим шудани цаламравашон байни ^арахониён ва Газнавиён хеле мухтасар сухан мегуяд [13,229].

Чдводи Хиравй дар асари хеш - «Эрон дар замони Сомониён. Таьрихи Сомониён аз огоз то салтанати Насри дувум»-ро, ки соли 1372 хш. чоп шуда буд, «авва-лин тахцици чомеь дар мавриди хонадони Сомонй дар забони форсй» медонад [14]. Асари мазкур соли 1998 бо ибтикори профессор С. Сулаймонй ба хатти сирилик

баргардон ва чоп мешавад [15]. Муаллиф заминахои ривочи сикказании Сомониён-ро дар чойгиршавии онхо дар «роххои иктисодй ва сиёсии Шарк ва Гарб» дида, дар ин асараш менависад, ки «фаъолияти зарби сикка бидуни иттилои халифаи Багдод набудааст. У аз хафт сиккаи сомонй дар Осорхонаи Остони Кудси Ризавй ва Осор-хонаи Эрмитажи давлатии Русия ёдрас шуда, ривочи сикказании Сомониёнро ба Исмоили Сомонй марбут медонад ва дар ин мавзуъ иттилои кам доштани худро таъкид карда, умедвор мешавад, ки ин мавзуъ дар оянда бештар тахкик мегардад [15,127-129].

Соли 1382 хш. асари дигари ин олим - «Таърихи Сомониён. Асри тиллоии Эрон баъд аз ислом» руйи чоп меояд ва муаллиф дар ин асар аз ичтиноби амирони сомонй аз зикри лакаб бар сиккахояшон таъкид карда, ин амалро «намунаи бебадал дар таърихи сисёсии Эрон ва хаёти ичтимоии мардуми ин марзу бум» эълон до-штааст, ки ин хулосаи у дуруст намебошад [14,72]. Зеро баъзе амирони Сомонй дар сиккахояшон алкоби хешро дарч менамуданд. Аммо Хиравй зикр нашудани но-ми халифахои Аббосиро дар сиккахои сомонй натичаи ракобати Сомониён бо Оли Буя медонад, ки ин хулосаи у дуруст аст [14,97].

М. Чдмолзода, ки таърихи равобити байни Эрон ва русхоро тахкик кардааст, пайдо шудани ояти 40-и сураи Хдчро дар катибахои сиккахои давраи Сомонй ба хучуми русхо ва катлу горатгарихои русхо дар худуди Эрон марбут медонад [16,21]. Аз олимони Эрон М. Ночй аз хама бехтар таъриху фарханги замони Сомониёнро дар китоби «Фарханг ва тамаддуни исломй дар каламрави Сомониён» ба таври чомеъ тахкик ва чоп намуда, дар фасли панчуми ин асар, ки «Зиндагии икти-содй» ном дорад, муносибатхои тичоратй ва пулии Сомониёнро баррасй намудааст. Муаллиф дар тахкики сикказании Сомониён асархои Наршахй, Истахрй, Ибни Фазлон, Ибни Хурдодбех, Ибни Хавкал, Макдисй, Берунй, Ибни Факех, «Худуду-л-олам»-ро хамчун сарчашмахои асосй истифода кардааст ва ин бартарии тахкикоти М. Ночй мебошад [17, 603] Аммо ин дар тахкики сиккахои Сомониён навгонии илмй нест. Зеро хануз дар нимаи аввали асри XIX олимони Русия, ба ви-жа Х.Д. Френ (1782-1851) ин мавзуъро тахкик ва баррасй карда буданд. Инчунин у сиккахои мусайябй, гитрифй ва мухаммадиро зарби даврони Сомонй дониста, та-саввур кардааст, ки сиккаи гитрифй дар хакикат сиёхранг аст [17,603]. Гап сари ин аст, ки ин навъи сикка сиёх набуд ва ин номро олимони шуравй бо сабаби паст бу-дани иёри фулузаш бар ин навъи сикка гузошта буданд. Костагии чиддии кори М. Ночй дар тахкики ин мавзуъ хамин аст, ки осори илмии сиккашиносони Аврупо, Амрико, Русия ва Осиёи Миёнаро дар тахкики сикказании Сомониён истифода накардааст. Иловатан у дар тавсифи матни катибахои сиккахои сомонй ба ишти-бохи чиддй рох додааст [17, 611]. Ба ин нигох накарда, аз тахкики асари мазкури М. Ночй маълум мешавад, ки у бо истифода аз сарчашмахои муътабари хаттй масъалахои муносибатхои тичоратй ва пулии Сомониёнро нисбат ба аксари олимони Эрон бехтар тахкик кардааст.

Соли 2019 сомонишиноси эронй Хиравй доир ба сомонишиносии Точики-стон дар давраи шуравй ва истиклол маколаи муфассали интикодиро бо номи «Во-ковии руйкарди таърихпажухони муосири Точикистон ба хукумати Сомониён» ба чоп мерасонад. Муаллиф сабабхои ру овардани олимони точикро ба таъриху фарханги замони Сомониён аз махрумиятхои таърихй, хувиятчуй, хувиятсозй ва

бегонаситезии точикон дониста, дар баробари ин бехабарии хешро аз тахкики сик-кахои сомонй дар Точикистон ошкор месозад [18].

Солхои охир дар сиккашиносии сомонии Эрон пешравии бехтаре ба назар ме-расад ва баъзе мухаккикони эронй ба тахкики мавзуъхои мушаххаси марбут ба сикказании Сомониён ру оварданд [19], [20]. Аммо ин тахкикоти онхо падидаи нав набуда, масъалахои баррасинамудаи онхо дар сиккашиносй кайхо халли худро ёф-тааст.

Доир ба фехристсозии сиккахои сомонй дар Эрон ва нашри онхо мо иттилои мушаххасе надорем. Аммо маълум аст, ки дар осорхонахои Эрон, ба хусус дар осорхонахои сохавй теъдоди муайян ва мухимми сиккахои сомонй чамъоварй шудаанд ва бисёр зарур аст, ки онхо бештару бехтар тахкик ва нашру муаррифй гарданд.

Аз тахкики мавзуи маколаи мазкур вобаста ба адабиёти дастрасшуда маълум шуд, ки дар Эрон тахкики сиккахои сомонй нисбат ба Аврупо, Русия ва Осиёи Миёна дертар огоз шудааст. Дар Эрон аз хама бештар ва бехтар дар ин самт А. Ку-чонй ва X. Богбедй сахми бориз гузоштаанд. Ин олимони машхур сиккахоро хам-чун сиккашинос худашон бевосита тахкик намуданд. Осори М. Ночй доир ба сик-кахо ва сикказани Сомониён аз нигохи муаллифи ин макола бештар тавсифй буда, дар он тахлили илмй камтар ба назар мерасад. Олими сомонишиноси эронй Ч. Хиравй бошад ба масъалахои сикказании Сомониён камтар таваччух намудааст. Аз тахкики адабиёти дастраси илмй маълум шуд, ки дар сиккашиносии Эрон ба масъалахои метрологй ва топографии сиккахои сомонй ахамият дода намешавад.

АДАБИЁТ

1.Кучонй Абдуллох. Ганчинаи сиккахои Нишопур макшуфа дар Рай. -Техрон, 1383, - 450 с.

2.Старр С.Ф. Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказй аз истилои араб то Темурланг //Тарчумаи А. Мамадназаров. - Душанбе, 2018, - 692 с.

3.Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. -Москва, 1972, - 425 с.

4.Неъматов Н. Давлати Сомониён//Тарчумаи Валиев А. - Душанбе, 1980, - 204 с.

5.Богбедй X. Сиккахои Эрон дар давраи исломй аз огоз то баромадани Салчукиён, - Техрон, 1393 х.ш. -745 с.

6.Кучонй Абдуллох. Иктидори Сомониён дар баробари хулафои аббосй//Номаи Оли Сомон. Мачмуаи маколот. Бо кушиши А. Шеърдуст ва К. Сулаймонй, - Техрон, 1378/ С. 201- 218.

7.Fraehn Ch. M. Recensio numorum muhammedanorum Academiae imp. scient. ínter prima Academiae imp. saecularia edita-Petropoli. - Petropoli, 1826 - 743 с.

8.П. Савелев. Савельев П. Топография кладовъ съ восточными монетами и изделиями VII, VIII, IX, X и XI века, въ России и При-Балтийскихъ странахъ, объясненная историческими свидетельствами о торговле северо-востока Европы въ эпоху основания и утверждения Русскаго государства. - Санкт-Петербургъ, 1846. -180 с.

9.Григорьев В.В. О куфическихъ монетахъ находимихъ въ России и Прибалтийскихъ странахъ, какъ ис-точникахъ для древнейшей отечественной истории/ Туркестанский сборникъ. Собрание сочинений о Туркестанскомъ крае вообще и сопредельныхъ съ нимъ странъ Средней Азии. Составляемый В.И. Межовымъ - Санктпетербургъ. 1878. Томъ 119.-С.107-169.

10.Тизенгаузен В. О саманидских монетах /В. Тизенгаузен//Труды восточного отделения Императорского археологического общества. Часть первая. - Санкт - Петербург, 1853. - 520 с.

11.Марков А.К. Инвентарный каталог мусульманских монет Имп. Эрмитажа. - Санкт-Петербург, 1896, -879 с.

12.Акилй А. Дору-з-зарбхои Эрон дар давраи исломй, - Техрон, 1377 х.ш. - 520 с.

13. А. Заринкуб. Таърихи мардуми Эрон аз поёни Сосониён то поёни Оли Буя, -Техрон, 1377 х.ш. - 605 с.

14.Хиравй Ч,. Таърихи Сомониён. Асри тиллоии Эрони баъд аз ислом, -Техрон, 1382 х.ш. - 536 с.

15.Х,иравй Ч,. Эрон дар замони Сомониён. Таърихи Сомониён аз огоз то салтанати Насри дувум - Душанбе, 1998, - 176 с.

16.Чамолзода М. Таърихи равобити рус ва Эрон, -Техрон, 1358 хш. - 249 с.

17.Ночй М. Фарханг ва тамаддуни исломй дар каламрави Сомониён//баргардон ва тасхехи Л. Бойматов, -Душанбе, 2011, -1212 с.

18.Х,иравй Ч. Воковии руйкарди таърихпажухони муосири Точикистон ба хукумати Сомониён// Таърих-нигарй ва таърихнигорй, -Техрон, №24, 1398 хш. - С. 257-279.

19.1398 Ройгонй И., Саодатмехр М. Пажухише дар сиккахои шохис аз Наср ибни Ахмади Сомонй (зарбшуда ба соли 301 к;. Дар Самарканд) бо хонише нав аз таърихи сиёсии он давра// Пажухишхои улуми таърихй, -Техрон, №1, 1398 хш. С.73-92. 20.Саодатмехр М., Андарузй X, Хошимй X., Ачвзй З. Огози аморати Исхок ибни Ахмади Сомонй (301 хк ) дар Самарканд бо истинод бар шавохиди сиккашиносй//Пажух,ишхои бостоншиносии Эрон, -Техрон, №27, 1399 х.ш. С. 173-188.

ТАВДЩИ СИККАХОИ СОМОНЙ ДАР ЭРОН

Маколаи мазкур фарогири мухтасари тахкики сиккахои сомонй дар Эрон мебошад. Муал-лиф муайян кардааст, ки дар тахкики сиккахои сомонй дар Эрон аз хама бештар ва бехтар Аб-дуллох Кучонй ва Хасанризои Богбедй сахм гузоштаанд. М. Ночй бевосита сиккахои сомониро тахкик накарда, иттилои сарчашмахои хаттй ва баъзе адабиёти илмиро доир ба муомилоти пу-лии Сомониён тахлил кардааст. Олими сомонишиноси эронй Ч- Хиравй дар тахкикоти худ ба сиккахои сомонй камтар таваччух кардааст. Олимони эронй дар тахкики сиккахои сомонй ба масъалахои метрологй ва топографии сиккахо ахамият надодаанд. То имруз дар Эрон доир ба сиккахои сомонй асари чиддии чудогона чоп нашудааст. Инчунин дар осорхонахои Эрон сиккахои сомонй чамъоварй шудаанд, аммо Фехристи сиккахои сомонии Эрон то хол чоп нашудааст. Дар мукоиса бо Аврупо, Русия ва Осиёи Миёна сиккахои сомонй дар Эрон камтар тахкик шудаанд.

Калидвожахо: Сиккахои сомонй, ганцинаи сомонй, муомилоти пулй, зарробхонахои сомонй, Эрон, А. Кучонй, X. Богбедй, А. Ацилй, М. Ноцй, Ч,. Х,иравй, сарчашмахои хаттй, масъалахои метрологй ва топографй, Фехристи сиккахо.

ИЗУЧЕНИЕ САМАНИДСКИХ МОНЕТ В ИРАНЕ

Данная статья представляет собой итог исследования саманидских монет в современном Иране. Автор определил, что наибольший вклад в изучение саманидских монет в Иране внесли Абдулла Кучани и Хасанриза Богбеди, М. Ноджи непосредственно не исследовал саманидские монеты, а анализировал данные письменных источников и некоторую научную литературу о денежных обращениях Саманидов. Иранский саманидовед Дж. Хирави в своих исследованиях уделял меньше внимания саманидским монетам. Иранские ученые при изучении саманидских монет не уделяли внимания метрологическим и топографическим вопросам монет. На сегодняшний день в Иране о саманидских монетах не издано отдельный капитальный труд. В музеях Ирана собрано определенное количество саманидских монет, однако то сих пор сводный каталог саманидских монет Ирана не издан. По сравнению с Европой, Россией и Средней Азией, саманидские монеты в Иране менее исследованы.

Ключевые слова: Саманидсикие монеты, саманидские клады, саманидские монетные дворы, Иран, А. Кучани, X Богбеди, А. Акили, М. Наджи, Дж. Хирави, письменные источники, метрологические и топографические вопросы, каталог монет.

STUDY OF SAMANID COINS IN IRAN

This article represents the result of a study of Samanid coins in modern Iran. The author determined that the greatest contribution to the study of Samanid coins in Iran was made by Abdullah Kuchani and Hasanriza Boghbedi. M. Noji did not study the Samanid coins, but analyzed these written sources and some scientific literature about the Samanid money circulation. Iranian Samanid scholar J. Hiravi paid less attention to Samanid coins in his research. Iranian scientists, when studying somoni

coins, did not pay attention to metrological and topographical issues of coins. To date, no separate major work has been published in Iran on Samanid coins. A certain number of Samanid coins have been collected in Iranian museums, but a consolidated catalog of Samanid coins in Iran has not yet been published. Compared to Europe, Russia and Central Asia, Samanid coins in Iran are less studied.

Key words: Samanid coins, Samanid treasures, Samanid mints, Iran, A. Kuchani, H. Boghbedi, A. Akili, M. Naji, J. Hiravi, written sources, metrological and topographical issues, coin catalog.

Сведения об авторе: Абдували Шарифзода - кандидат исторических наук, заведующий отделом истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им А. Дониша НАНТ. Tel.: 900-55-75-75. E-mail: [email protected]

Information about the author: Abduvali Sharifzoda - Candidate of Historical Sciences, Head of the Department of History of Science and Technology of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Tel: 900-55-75-75. E-mail: [email protected]

♦--

УДК 911.37 (5-17) "634"

ТАВСИФИ Ч,УГРОФИЁЙ - ТАЪРИХИИ СИСТОН ДАР САРЧАШМА^ОИ ТАЪРИХЙ1

САФАРЗОДА Н.Ш., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши Академияи миллии илмхои Точикистон

Систон номи сарзамини таърихиест, ки худуди он имруз вилоятхои чанубу шаркии Эрон, чанубу гарбии Афгонистон ва чанубу гарбии Покистонро фаро ги-рифтааст.

Кухантарин номи ин сарзамин ба шакли «Хаитумант» дар Авасто [фаргарди 1, банди 14; 5, 30] дида мешавад. Дар лавххо ва катибахои замони давлатхои Аккад (хазораи 3 то милод) ва Элом (солхои 2400-550 то мелод) ба шаклхои «Заранго», «Серонко» ва дар катибахои шох Дориюши аввал (522-486 то милод) дар Бесутун ба гунаи «Зарко» ва «Зарнако» хонда шудаанд [9:2, 1571, 1656; 5, 30-31].

Хама номхои зикршуда ишора ба чугрофиёи табиии макон доранд. Яъне вожаи Заранко ё Заранк аз пахлавии «зрая» реша гирифта, маънии дарё (бахр)-ро дорад ва хадаф аз он дарёчаи Зара (х) ё кули Хомун аст [18:1, 847].

Ба кавли баъзе донишмандон кавмхои сакой дар давраи Ашкониён аз шимолу шарки Эрон ба худуди Систон хичрат карданд ва ба хамин сабаб ин сарзамин Са-кистон ном гирифт [20, 11; 21, 185-186; 1, 82; 5, 32].

Аммо донишмандони эронй Мусавии Хочй ва Ризо Мехрофарин бар ин наза-ранд, ки хузури сакоихо дар Систон тибки тахкикоти бостоншиносй таъйид нашудааст ва ба хамин сабаб аз номи Сакистон реша гирифтани Систонро намета-вон пазируфт [22, 80-96].

Андешаи дигар хам вучуд дорад, ки Сакистон маънии хостгохи сарбозони шучоъ ва ё неруи низомиро дорад [9, 1656; 20, 153; 5, 32-34].

1 Мацола дар асоси лощаи «Таърихи халки точик (асри Ш-аввали асри XX), разами кайди давлатии 0121TJ1211 навишта шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.