Научная статья на тему 'ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ СОМОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ДАР МИСОЛИ ОСОРИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТАЪРИХ ДАВЛАТХОҶА ДОВУТОВ)'

ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ СОМОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ДАР МИСОЛИ ОСОРИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТАЪРИХ ДАВЛАТХОҶА ДОВУТОВ) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
91
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САҲМ / СИККАШИНОСИИ ТОҷИКИСТОН / СИККАҲОИ СОМОНӢ / ГАНҷИНАҲО / САРЧАШМАҲОИ ХАТТӢ / ТАҲқИқИ СИККАҲОИ СОМОНӢ / ДАВРАҲОИ ТАШАККУЛИ СИККАШИНОСӢ / ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҷИКИСТОН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифзода Абдувалӣ

Дар мақолаи мазкур саҳми доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Давутов дар таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ инъикос шудааст. Муаллифи мақола Е. А. Давидовичро асосгузори сиккашиносии Тоҷикистон меҳисобад. Мавсуф дар Тоҷикистон, ба таҳқиқи сиккаҳои гуногун, аз ҷумла, сиккаҳои сомонӣ машғул буда, асарҳои бунёдӣ таълиф кардааст. Соли 1972 академик Б. Ғафуров Е. А. Давидовичро ба шаҳри Москва даъват намуд. Дар натиҷаи ин Тоҷикистон бе сиккашинос монд. Д. Довудӣ бо иқдоми роҳбарияти ИТБМ ба номи Аҳмади Дониш дар Шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АФ СССР ба шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) чун сиккашинос тарбия ёфта, илми сиккашиносиро дар Тоҷикистон давом дода, аз ибтидои фаъолияти илмиаш ба сиккаҳои замони сомонӣ аҳаммияти калон медод. Соли 1978 доир ба сиккаҳои бухорхудотӣ аввалин мақолаи ӯ чоп шуд. Мавсуф соли 1983 доир ба сиккаҳои суғдӣ рисолаи номзадӣ ва соли 2007 доир ба сиккаҳои Хатлон рисолаи докториашро дифоъ намуд. Д. Довудов дар таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ саҳми арзанда гузошта, осори арзишманди илмӣ таълиф кардааст. Соли 2020 аввалин рисолаи нумизматӣ бо роҳбарии Д. Довудов дифоъ гардид. Сиккашиносии тоҷикон дар замони Сомониён оғоз ёфта буд. Д. Довудӣ ҳамчун вориси сазовори Сомониён ин корро идома дода, дар рушди он саҳми назарраси хешро гузоштааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

STUDY OF SOMANI COINS IN TAJIKISTAN (ON THE EXAMPLE OF THE WORKS OF DOCTOR OF HISTORICAL SCIENCES DAVLATKHOJA DOVUDI)

This article reflects the contribution of the Doctor of Historical Sciences Davlatkhoja Dovudi to the study of Samanid coins. The author considers that E. A. Davidovich is the founder of Tajik numismatics. The scientist was engaged in the study of various coins in Tajikistan, including Samanid coins. She is the author of several fundamental works. In 1972, Academician B. Gafurov invites her to Moscow. As a result, Tajikistan was left without a numismatist. On the initiative of the leadership of the Ahmadi Donish Institute of History, Archaeology and Ethnography, D. Dovoudi was trained as a numismatist at the Leningrad branch of the Institute of Oriental Studies of the USSR Academy of Sciences (since 2007 Institute of Oriental Manuscripts) in Leningrad (now St. Petersburg). From the beginning of his scientific career, he attached great importance to the coins of the Samanid period. In 1978, hе published his first article on Bukhara coins. In 1983, he defended his Ph. D. thesis on Sogdian coins, and in 2007, his doctoral dissertation on Khatlon coins. D. Dovudi made a valuable contribution to the study of Samanid coins and wrote valuable scientific works on this topic. The first numismatic dissertation under the leadership of D. Dovoudi was defended in 2020. The formation of Tajikistan's numismatics began under the Samanids. D. Dovudi continued this work as a worthy heir of the Samanids and made a significant contribution to its development.

Текст научной работы на тему «ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ СОМОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ДАР МИСОЛИ ОСОРИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТАЪРИХ ДАВЛАТХОҶА ДОВУТОВ)»

ТАЪРИХНИГОРЙ ВА МАЪХАЗШИНОСЙ -ИСТОРИОГРАФИЯ И

ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ-HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY ♦-♦

УДК 737 (575.3)

ТАХКИКИ СИККАХОИ СОМОНЙ ДАР ТОЧ.ИКИСТОН1

(дар мисоли осори доктори илм^ои таърих Давлатхоча Довутов)

Абдувалй ШАРИФЗОДА,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Соли 1972 асосгузори сиккашиносии Точикистон - Елена Абрамовна Давидович бо даъвати директори Институти шаркшиносии Иттиходи Чдмохири Шуравии Сотсиалистй, академик Бобочон Еафуров ба шахри Москва даъват шуд ва фазои сиккашиносй дар Точикистон холй монд. Дар ин рангом устод Давлатхоча Довудй дар Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ба хайси лаборанти калон фаъолият менамуд. Мавсуф барои идомаи кори илмй ба шахри Ленинград (холо Санкт-Петербург) фирис-тода шуда, он чо солхои 1974-1976 чун коромуз ва солхои 1976-1979 хамчун аспиранти шуъбаи ленинградии Институти шаркшиносии Академияи илмхои ИЧ,ШС кору фаъолият намуд [1, Яъкубов].

Соли 1977 аввалин натичаи кори пажухишии олими чавон Д. Довудй дар шакли тезис доир ба муайян намудани солшумории Панчакенти кадим тавассути тахкики сиккахои сугдй ба чоп расид [2, 61-62]. Соли 1978 фишурдаи маколаи навбатии у - «К вопросу о металле «бухархудатских монет» дар Москва бо чоп расид [3,104-105].

Устод Довудй тахкики мавзуи марбути сиккахои бухорхудотиро идома дода, як сол баъд маколаи у дар нашрияи машхури Институти шаркшиносии ИЧ,ШС бо номи «О металле «бухархудатских» монет» (Доир ба филизи сиккахои «бухорхудотй») чоп шуд, ки ин макола арзиши мухимми илмй дошта, аз дониши амик ва малакаи фарохи муаллиф дарак дода, то имруз ахаммияти илмии худро дорост. Зеро сиккахои бухорхудотй аз мухимтарин сиккахои роичи даврони Сомониён ва чанд садаи баъдй дар Мовароуннахр махсуб меёфтанд [4,61-67]. Интихоби мавзуъ, мазмун, тарзи масъалагузорй, тахлил ва хулосабарории устод Довудй дар ин макола аз он шаходат медихад, ки у аз чумлаи бехтарин шогирдони мактаби бузурги шаркшиносии Шуравй мебошад.

Масъалаи сиккахои бухорхудотй яке аз мавзуъхои пурпечутоб ва мураккаби сиккашиносии чахон буда, бахси онхо то имруз идома дорад ва на хар мухаккик ба тахкики ин сиккахо чуръат менамояд.

1.Макола дар асоси лоихди «Таърихи халки точик» (Таърихи илм ва техникаи точикон аз давраи кадим то имруз), раками кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.

Устод Довудй дар ин мадолааш дар асоси тахдиди сарчашмахои хаттии дастрасшуда ва асархои олимони шухрати чахонй дошта, ба мисли А. Валкер, П.И. Лерх, О. Смирнова, В.М. Массон ва Е.А. Давидович сиккахои бухохудотиро баррасй ва гурухбандй намуда, доир ба гардиш, дурб ва таркиби филизи сиккахои бухорхудотии гитрифй, мухаммадй ва мусайябй хулосахои навро пешниход намуд. Хдрчанд на хамаи хулосахои устод Довудиро олимон кабул доранд, ин макола аз кадамхои устувори у дар чодаи сиккашиносй гувохй медод.

Соли 1980 се мадолаи илмии устод ба чоп расиданд [5,125-127. 6, 200209. 7, 58-60]. Яке аз онхо бо номи «Новая находка монеты, чеканенной в подражание тетрадрахмам Евкратида в Таджикистане» дар мачаллаи бо-нуфузи илмии ИЧ,ШС - «Вестник древней истории» чоп шуд, ки ин далели возехи гуфтахои болоии мост. Аз се маводи зикршудаи Д. Довудй ин нукта ошкор мегардад, ки устод хануз аз аввали фаъолияти илмиаш ба тахдиди мавзуъхои мушкил ва гуногун иддом намуда буд.

Устод Довудй соли 1983 дар шахри Ленинград (холо Санкт-Петербург) рисолаи номзадиашро тахти рохбарии олими шинохта ва асосгузори сиккашиносии сугдй Олга Смирнова дар мавзуи «Муомилоти пулй дар Панчакент дар ибтидои асрхои миёна (асрхои V-VIII)» химоя кардааст [8,182]. Ин барои Точикистон ва инкишофи минбаъдаи илми таърих дастоварди назаррас бо хисоб меравад. Аммо аз осори минбаъдаи илмии устод Довудй бармеояд, ки у дар фаъолияти сиккашиносии худ ба тахдиди сиккахои сомонй низ ахаммияти махсусе додааст. Хдрчанд дар асри XX тахдиди сиккахои сомонй мавзуи нав ба хисоб намерафт, ин мавзуъ мухим будани худро нигох дошта буд ва то ба имруз хам чунин аст. Ин чо шоис-таи он аст, ки аз таърихи тахдиди сиккахои сомонй ба таври хеле мушаххас ёдовар шавем. Омузиши сиккахои сомонй хануз дар асри Х огоз ёфта, то ба имруз идома доранд. Олимону сайёхони хамзамони Сомониён ва дав-рахои минбаъдаи асримиёнагй сиккахои сомониро мавриди тахдиду бар-расй дарор дода, дар асархои худ ном, намуд, таркиб ва дурби онхоро ба хубй тавсиф намуда-анд [9, 69-88].

Дар Аврупо аввалин шуда на олимони аврупой, балки олимони мусул-мон дар асри XI, анидтараш дар соли 1083 ду дирхами сомонии аз шахри Магоничаи сохили дарёи Рейн ёфтшударо тахдиду муайян намуда буданд [9, 69]. Тибди иттилои дастрасшуда академик В.В. Бартолд аввалин шуда соли 1894 аз худуди имрузаи Чумхурии Точикистон сиккаи сомониро харида, сипас онро тахдид ва чоп намудааст [10, 6].

Баъди аз чониби Россияи подшохй забт шудани Осиёи Миёна олими машхур Е. Массон ба сиккашиносии он асос гузошт ва мавсуф доир ба сиккахои бухорхудотй ва сомонй тахдидоти назаррасро анчом дод [11, 12,13]. Тахдиди аввалин ганчинаи сиккахои сомонии аз Исфараи Точикистон ёфтшуда ба далами А.А. Биков мансуб аст [14,87-113]. Дар Точикистон Е.А. Давидович дар баробари дигар сиккахо сиккахои сомониро

ба тавpи аз xама беxтаp таxкик менамояд ва баъди ба Москва ^чидан, ин коppо даp он чо то охиpи yмp идома додааст.

Устод Довудй xамчyн давомдиxандаи сазовоpи пажyxишxои Е.А. Давидович доиp ба сиккаxои сомонй аввалин маколаашpо соли 1985 даp pyзномаи «Комсомоли Точикистон» чоп намуд, ки он ба як сиккаи Исмо-или Сомонй бахшида шуда буд. Даp ин макола, махсусан даp тpанс-кpипсияи катибаxои аpабии он таъсиpи мактаби pyсии Ленингpад ба хубй эxсос мешавад ва ин то охиpи фаъолияти устод Довудй идома меёбад. Соли 1986 устод як фалси сомонии заpби Хyчандpо эстампаж ва таxкик каpда, чоп менамояд [15,108-110]. Хдечанд устод даp муайян намудани санаи заpби ин фалс ба иштибоx pоx додааст, аммо ин таxкики устод аxаммияти калон дошт ва минбаъд онpо мyxаккикони таъpихи Хучанд ба тавpи васеъ истифода бypдаанд.

Бояд зикp каpд, ки фалси сомонии заpби Хучанд то имpyз ягона сиккаи сомонист, ки даp он номи точикй-Баxpом заpб шудааст. Таxкик ва нашpи бозёфти xаpсолаи сиккаxо яке аз талаботи асосии соxаи сиккашиносй мебошад, ки устод ба ин мавзуъ xам таваччyxи чиддй дода, доиp ба кашфи сиккаxо ба тавpи мунтазам маколаxои чудогона чоп намуд. Аз он чумла, мавсуф сиккаxои сомонии соли 1987 аз мавзеи Сангмилаи Поёни X^œp (як адад), Симиганчи ноxияи Оpчоникидзеобод (xозиpа Ваxдат, панч адад), Кдлъаи Бахшии Панчакент (як адад) ва Хучанд (як адад) ёфтшyдаpо даp баpобаpи садxо сиккаи даp соли мазкyp кашфшуда, таxкик ва чоп намудааст [16,322-345].

Таъpихи ЧаFOниён, ки яке аз вилоятxои сукунати точикон даp Моваpо-yннаxp мебошад, даp фаъолияти устод чойгоxи махсуси хyдpо доpад. Соли 1988 y доиp ба заppобхонаи ЧаFOниёни замони Сомониён маколае чоп каpда, даp асоси таxкики сиккаxои сомонй мавкеи мyxимми сиёсй ва иктисодии ЧаFOниёнpо баppасй менамояд [17, 59-61]. Соли 2007 асаpи пypаxаммияти устод таxти унвони «Клад чаганианских диpхемов XI в. из Хисаpа» ба чоп pасид, ки аз чумлаи беxтаpин асаpxои нумизматй мебошад.

Таъpихи кадим ва асpимиёнагии Хатлон ба шyмоpи яке аз мавзyъxои маpказии фаъолияти илмии устод Довудй буда, pисолаи доктоpии устод маpбyти сиккаxои Хатлон мебошад. Соли 1989 y се фалси сомонй, ки солxои гуногун дутоаш аз касpи Хулбук ва яктоаш аз собик ноxияи Коммуниста (xозиpа ноxияи Кyшониён) (pаками бакайдгиpиашон даp ИТБМ ба номи Axмади Дониш: Н-906/1, Н-167.247) ёфт шуда буданд, таxкик каpда, дутои онpо боpи нахуст ба забони pyrä ба чоп pасонидааст. Яке аз ин фалсxоpо Е.А. Давидович пештаp чоп каpда буд [18,73-74]. Устод Довудй аник менамояд, ки ин сиккаxо соли 336 x^./976-977 даp мехкадаи Хуттал аз номи амиpи сомонй Hyx ибни Мансyp ва xокими Хуттал ал-Ч,аббоp ибни Мyxаммад баpоваpда шудаанд. Ба назаpи устод номи ин XOким даp саpчашмаxои хаттй зикp нашудааст ва агаp хониши y дypyст бошад, пас як xокими ношинохтаи Хатлони замони Сомониён акнун маълум каpда шуд. Илова баp хyлосаxои устод xаминpо зам каpдан мум-

кин аст, ки ал-Ч,аббоp ибни Мyхаммад даp катибаи фалс «мавлои амиpал-муъминин» номида шyдааст, ки ин метавонад далели чудоиталабии ал-Ч,аббоp ибни Мyхаммад аз Сомониён бошад [18,73].

Маколахои маpбyти сиккахои сомонии устод Довудй, ки ба забони точикй чоп шудаанд, баъзе вижагихои хyдpо доpанд, ки мо инpо даp мисоли як маколаи ба точикй чоп шудаашон дида мебаpоем. Соли 1991 даp мачаллаи «Ахбоpоти Академияи фанхои Точикистон» макола «Даp боpаи ду фулуси Асад б. Ахмад ва Нух б. Асади сомонй аз бозёфтхои Точикистон» ба чоп pасид [19,63-65]. Чи тавpе мебинем даp ин макола ва боз даp баъзе маколахои дигаpи точикиашон устод Довудй вожаи «фулус»-pо чихати ифодаи шyмоpаи танхо истифода бypдааст. Инчунин даp ин макола баpои ифодаи сиккаи мисии сомонй вожаи «фило^о истифода намудааст Аз ин мyхимтаp устод Довудй даp маколаи мазкyp натичаи тахкики фалсхои сомонии аз Точикистон кашфшyдаpо пешкаши умум мегаpдонад. Агаp даp Россия боpи аввал фалси Асад ибни Ахмади Сомониpо И.Г. Добpоволский аз фонди Эpмитажи давлатй муайян намуда бошад, пас ин коppо даp Точикистон устод Довудй анчом додааст. У аз байни сиккахои ИТБМ ба номи Ахмади Дониш фалсеpо ошкоp намуд, ки он соли 1958 аз нохияи Шахpистони вилояти Ленинобод (хозиpа Сугд) тасодуфан ёфт шуда буд. Тибки тахкики устод Довудй ин фалс даp сик-кахонаи Ахсикат бо амpи амиpи Сомонй Асад ибни Ахмад заpб шудааст. Фалси дигаp, ки онpо хам устод Довудй ошкоp ва тахкик менамояд, ба Нух ибни Асад тааллук дошта, заpбшyдаи соли 277 хичpии камаpй /890-891 даp мехкадаи Хучанд мебошад [19,64].

Соли 1985 академик Нуъмон Неъматов аз нохияи Шахpистон як сиккаи мисиpо кашф каpда буд ва устод Давлатхоча Довудй муайян намуд, ки он фалси сомонии Нух ибни Асад мебошад. Сиккахои тахкикшуда аз чумлаи сиккахои нодиpи сомонй ба хисоб меpаванд. Хдмин тавp, устод Давлатхоча Довудй ба сиккахои сомонии аз худуди Чyмхypии Точикистон ёфтшуда бештаp ахаммияти хоса медод.

Тачлили 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999) ба тахкики сиккахои сомонй даp Точикистон такони чиддй бахшид. Даp он солхо устод Довудй доиp ба ин мавзуъ якчанд маколаи илмй ва илмй-оммавй ба табъ pасонидааст, ки мyхиммтаpинашон «Сикказанй ва муомилоти пулй даp давлати Сомониён» мебошад [20,60-73].

Устод даp аввали ин макола доиp ба давлати Сомониён ва сиккахои онхо чунин андеша доpад: «Давлати мyктадиp бе иктисодиёти кавй ва бе муомилоти пулй вучуд дошта наметавонад. Сомониён хам иктисодиёти инкишофёфта ва хам муомилоти пулии таpаккикаpда доштанд. Сикка баpоваpдан даp Ш^к даp баpобаpи ахаммияти калони иктисодй, инчунин ахаммияти мухимми сиёсй ва давлатй низ дошт. Аз ин py, амиpони Сомонй баpобаpи ба саpи хокимият омадан, ба сикка баpоваpдан аз номи худ шypyъ мекунанд» [20,60-61].

Устод Довудй даp идома вижагиxо ва маpxалаxои pyшди сикказании Сомониён ва аxаммияти онpо баppасй намудааст. Масалан, мавсуф доиp ба зикpи номи халифаxои Аббосй даp сиккаxои сомонй чунин изxоp намуда буд: «Сабаби даp сиккаxо зикp шудани номи халифаxо pасман ба онxо тобеъ будани Сомониён буд, агаpчй давлати Сомониён даp амал мустакил буд. Даp сиккаxои мисин, ки вазифаи пули майдаpо ичpо каpда, нисбат ба сиккаxои тиллой ва нyкpагин маpтабаи доштанд, номи

халифаxо ва сypаи К^ъон чой дода нашудаанд» [20,62].

Ба назаp чунин меpасад, ки устод аз зи^и номи халифа ва матни Kypъонии сиккаxои мисии сомонй иттилоъ надоштааст. Зеpо xам матни Kypъонй ва xам номи халифа даp баъзе фалсxои сомонй зи^ шудаанд. У котеона менависад, ки; «Бинобаp аxаммияти мyxимми иктисодй доштан, сиккаxои тиллой ва ну^агин танxо аз номи амиpи олй, саpдоpи сулолаи Сомониён баpоваpда мешуданд». Албатта, ин хулосаи устод Довудй аст.

Даp маколаи мазкyp иттилои баъзе саpчашмаxои хаттй низ доиp ба сиккаxои сомонй мавpиди баppасй ва хулоса каpоp дода шудаанд. Муал-лиф диpxамxои шикастаи сомониpо «воxиди мустакили пул» xисобида, таъкид каpдааст, ки 12 намуди диpxами шикаста мавчуд будааст [20,65]. Ин хулосаи устод баxсбаpангез аст. Зеpо агаp диpамxои шикаста воxиди мустакили муомилоти пулй мебуданд, пас чаpо онxоpо ба тавpи pасмй ис-теxсол наменамуданд ва ё худ чаpо диpxамxои шикаста ба тавpи чудогона ёфт намешаванд ва ощо xамеша бо диpxамxои комил кашф шудаанд? Хамзамон устод Д. Довудй нигоштааст, ки «Ибни Хавкал оваpдааст, ки баpои тайёp каpдани диpxами шикаста диpxамxои бyтyнpо ба кисмxои муайян таксим мекаpданд» [20,65]. Ин гуфтаи устод Довудй доиp ба таксимкунии диpxамxо хеле мyxим аст. Аммо муаллифи ин сатpxо чунин суханони Ибни Xавкалpо аз нyсхаxои дастpасшyдаи «Сypатy-л-аpз» пайдо накаpдааст ва нусхаи истифода намудаи устод Довудй даp pyйхати адабиёти истифодашуда зи^ нашуддааст [9, 80].

Мyxаккик даp ин маколааш боз ба баppасии сиккаxои бyхоpхyдотии pоичи давpони Сомониён баpмегаpдад. Доиp ба ин сиккаxо чунин менависад: «Вактxои охиp боз як хусусияти сиккаxои бyхоpхyдотй ошкоp каpда шуд. Онxо аз мис сохта шуда, бо ну^а pyйкаш каpда шудаанд. Ин кашф масъалаи бе ин xам мypаккаби маpбyт ба сиккаxои бyхоpхyдотиpо боз xам печидатаp месозад. Даp xаp сypат масъалаи pоxxо ва yсyлxои муайян каpдани ин сиккаxо то xол xалли пyppаи хyдpо наёфтааст» [20, 67].

Даp xакикат xам ин печидагй то имpyз бокй мондааст. Устод Довудй давpаи истифодашавии сиккаxои бyхоpхyдотиpо асpи VIII ва аввали асpи XII медонад. Аз ин баpмеояд, ки китоби «Мyxитy-л-бypxонй фи-л-фивди-н-нуъмонй»-и Бypxониддин Абулмаъонй Маxмyд ибни Axмад ибни Абдул-азиз ибни Мозаи Бyхоpии Ханафй (551 x.:R/1157-612 x.K./1216) ба устод дас^ас набудаанд. Зеpо иттилои ин китоб далели даp давpаи баъд истифода шудани сиккаи бyхоpхyдотии Fитpифй мебошад.

Масъалаи дигаре, ки мухаккик дар ин маколааш баррасй намудааст, гардиши сиккахои сомонй дар хорич аз сарзамини Сомониён мебошад. Устод чунин менависад, ки «Дар асри 1Х-Х Русия ва дигар мамолики Аврупои Шаркй сикка намебароварданд ва муомилоти пулй дар ин чо ба маънои томаш вучуд надошт. Ин вокеъият ба воридшавии дирхамхои сомонй ба ин кишвархо мусоидат менамояд. Махз бо туфайли воридшавии дирхамхои сомонй дар як кисми кишвархои Аврупои Шаркй, алалхусус Русия муомилоти пулй ба маънои томаш ба вучуд омада, ба тадрич инкишоф меёбад. Дирхамхои мусулмонй ва пеш аз хама дирхамхои сомонй дар ин кишвархо воситаи асосии пул буданд» [20,71].

Як нуктаи чолиби дигар ин аст, ки устод Довудй дар сарчашмахои хаттии русй тавассути вожаи «нагат» зикр шудани дирхамхои сомониро ёдрас мешавад ва мегуяд, ки «нагат» вомвожаи арабист ва аз калимаи «накд» ба забони русй гузаштааст. Маколаи мазкури устод бо хулосаи зерин анчом меёбад: «...Сомониён муомилоти пулии муназзам ва инки-шофёфта офарида, дар тараккиёт ва такомули маданияти на танхо Осиёи Миёна ва Эрон, балки Русия ва Аврупои Шаркй низ сахми арзанда гузош-таанд» [20,73].

Дигар маколахои дар соли 1999 доир ба муомилоти пулии Сомониён чопнамудаи устод низ мухим мебошанд. Дар маколаи «Серебряные рудники и высокогорные монетные дворы Саманидов» устод маъданкорй ва фаъолияти зарробхонахои Сомониён дар шимоли Афгонистон ва Фаргонаро баррасй намудааст [21].

Дар китоби «Донишномаи Хучанд» доир ба фаъолияти сиккахонаи Хучанд дар даврахои гуногун, аз чумла, дар замони Сомониён иттилоъ рафтааст [22]. Дар ду маколаи дигараш устод масъалахои марбути ти-чорати замони Сомониён ва накши онхоро дар ин соха тахлил ва барра-сию хулоса намудааст [23].

Устод Довудй доир ба сахми академик Бобочон Еафуров дар сикка-шиносй, аз чумла, сиккахои сомонй тахкики алохида анчом дода, онро ба нашр расонидааст [24]. Мухаккик дар ин сол боз ба сиккахои сомонии Хуттал баргашта ва ин мавзуъро аз диди тоза баррасй намуда аст [25]. Гузашта аз ин, соли 1999 чилди дуюми асари академии «Таърихи халки точик» ба забони русй нашр шуд, ки устод Д. Довудй вобаста ба Сомониён бахши «Тичорат ва муомилот пулй»-и фасли «Иктисодиёт дар асрхои IX-Х»-и онро навишта [26] дар ин бахш муомилоти пулии замони Сомониёнро дар асоси маводи илмии то он вакт чопшуда мавриди баррасй карор дода, хамзамон онро натичагирй намудааст.

Соли 2005 «Албоми Осорхонаи миллии бостонии Точикистон» нашр гардид, ки устод Довудй бахши «Сиккахои кадима ва асримиёнагии То-чикистон»-ро навишта, панч сиккаи сомонй - ду дирхам ва се фалсро бе зикри соли зарби сиккахо ва номи сиккахона чоп намуд [27, 253-254].

Соли 2006 вобаста ба чашни 2700-солагии шахри бостонии Кулоб ки-тоби «История Куляба с древнейших времен до наших дней» ба чоп расид,

ки устод Довудй яке аз муаллифони он мебошад. Муаллиф даp ин китоб доиp ба таъpихи сиёсии Хатлон даp асоси иттилои диpxамxои заpби Хуттал чунин хулоса менамояд, ки соли 270 x.K./883-884 то соли 292 x.K./904 даp Хатлон xокимони маxаллии баничypй-Aсад ва Xоpис ибни Асад мус-такилона xyкмpонй менамуданд. Далели чунин хулоса ин аст, ки xокимони Хатлон даp ин солxо даp сиккаxои худ номи амиpони Сомониpо зикp намекаpданд. Аз соли 904 ва пас даp сиккаxои xокимони Хатлон номи ами-pони Сомонй - Исмоил ибни Axмад, Axмад ибни Исмоил ва Мансyp ибни Hyx заpб мешуд, ки ин далели ба давлати Сомониён тобеъ шудани Хатлонpо доpад [28].

Яке аз мавзyъxои маpказии фаъолияти илмии устод Довудй, чуноне ки даp боло ёдpас шуд, таxкики таъpихи Хатлон, аз чумла, сиккаxои он мебошад. Вобаста ба ин соли 2006 асаpи маpбyти сиккашиносии минтакавии y бо номи «Муомилоти пулии Хатлони кадим ва асpимиёнагй (асpи V п.м. - аввали асpи XX эpаи мо)» чоп шуд [29]. Соле баъд мавсуф pисолаи доктоpиашpо таxти унвони -«Муомилоти пулии Хатлон даp давpаи кадим ва асpxои миёна (асpи V п.м.- аввали асpи XX мелодй^^о xимоя намуд. Як бахши мyxимми ин асаp ба муомилоти пулии Хатлон даp замони Сомониён бахшида шудааст. Доиp ба сикказании ин давpаи Хатлон xаминpо бояд гуфт, ки то имpyз даp xyдyди Хатлон 7 ганчинаи сиккаxои сомонй-6 ганчинаи нисбатан хypд ва 1 ганчинаи бyзypги диpxамxои сомонй кашф шудааст. Аз ощо 6 ганчинаашpо устод Довудй таxкик ва нашp каpдааст, ки даp таpкиби ин 6 ганчина xамагй 50 сиккаи сомонй ва 25 сиккапоpа мавчуд мебошад. Ганчинаи 7-ум соли 2015 кашф шуда, натичаи таxкики он соли 2019 ба чоп pасид, ки он калош^ин ганчинаи диpxамxои сомонии Хуттал даp дунё буда, даp таpкибаш 1370 диpxами сомонй, аз чумла, 581 диpxами заpби Хуттал ва 101 диpxампоpа мавчуд аст [30].

Устод Довудй даp pисолаи доктоpй ва даp асаpи зикpшyдааш муомилоти пулии Хатлони давpони Сомониёнpо ба се давpаи зеpин чудо намуда, xаp як давpаpо алоxида шаpx додааст [29, 199: 1]. Солxои 270-284 x.K./883-897; 2. Солxои 284-322 x.K./897-934; 3. Баъди соли 322 x.K./933-934. Илова баp ин, мyxаккик даp асаpи зикpшyда доиp ба сулолаи Баничypиёни Хатлон маълумоти муфассал дода, иттилои сиккаxо ва саpчашмаxои хаттиpо мукоиса намуда, натичаи онpо баpои хyлосабаpоpй доиp ба таъpихи сиёсии Хатлон истифода бypда, таъpих ва сиккабаpоpии Баничypиёнpо минбаъд xам таxкик намудааст. Чунончи устод соли 2010 даp мачаллаи «Меpоси ниёгон» даp маколаи «Сиккаxои шоxони Вахш» чунин мефаp-мояд: «Баничypиён даp Хуттал аз номи худ ё бештаp аз номи худ ва амиpони Сомонй ва ё тащо аз номи амиpони Сомонй диpxам ва фулус мебаpоваpданд. Даp Вахш даp замони Сомониён сикка намебаpоваpданд, даp xаp сypат ин хел сиккаxо xанyз ёфт нашудаанд. Ба назаp чунин меpасад, ки сиккахонаи Хуттал даp пойтахти он шаxpи Хулбук чойгиp буд ва Вахшpо низ бо сикка таъмин менамуд. Хокимони Вахш тобеи шоxи

Хуттал буданд ва хукуки аз номи худ сикка бароварданро надоштанд» [31,120].

Аз ин пештар дар соли 2008 низ як маколаи дигари устод Довудй, ки дар он доир ба панч сиккаи сомонии зарби Бадахшон иттилоъ додааст, дар шумораи хаштуми «Ахбори Осорхонаи ба номи Камолиддин Бехзод» чоп шуд. Устод дар ин маколааш хонандаро бо сиккахои зарби Бадахшон, ки дар Маркази тахкикотии сиккашиносии исломии Донишгохи Тюбингени Олмон (Германия) махфузанд ва аз чониби олимони хоричй тахкик ва фех-ристнигорй шуда буданд, шинос намудааст. Соли 2009 китоби Д. Довудй -«Монетные клады Таджикистана» ба чоп расид ва муаллиф дар ин асараш 7 ганчинаи сомониро такроран ба нашр расонд.

Устод Довудй баъди фаъолияти 39-солаи дар ИТБМ ба номи Ахмади Дониш соли 2011 ба Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Бехзод ба кор гузашт. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин осорхона то омадани устод Довудй ба чамъоварй ва тахкики сиккахо ахаммияти калон дода мешуд. Аввалин маколаи илмй доир ба сиккахои кадими Точикистон хануз соли 1952 аз чониби Н. Забелина дар «Ахбор»-и осорхонаи мазкур чоп шуда буд. Инчунин соли 2002 муаллифи ин сатрхо маколаи «Сиккахои сомонии Истаравшан» [32] ва дертар маколаи «Ду фалси сомонй аз Осорхонаи миллии ба номи К. Бехзод» [33]-ро ба чоп расонида буд. Бо ин амал дар ин осорхона шиори «Барои Точикистон як сиккашинос кофист»-ро нодида гирифтанд. Бо фаъолияти устод Довудй дар ин осорхона корхои пажухи-шй таквият ёфт ва аз тарафи дигар устод ба сиккахои ин осорхона дастрасй пайдо намуда, барояш имконияти васеъ мухайё гашт. Бояд гуфт, ки хамкории устод бо ин осорхона каблан вучуд дошт ва то соли 2011 устод Довудй хамрохи олими шинохта ва ховаршинос шодравон Амрияз-дон Алимардонов коршиносони расмии Осорхонаи миллии ба номи Ка-молиддин Бехзод буданд ва барои комиссияи хариди ин осорхона хулосаи илмй менавиштанд. Инчунин муаллифи ин сатрхо соли 2002 як фалси охи-рин афшини Истаравшанро кашф намуда буд ва бо хамрохи устод Довудй ин сиккаи нодирро тахкик карда, ба чоп расониданд [34, 120]. Дар ин макола рочеъ ба Исмоил ибни Ахмади Сомонй низ сухан меравад.

Соли 2011 дар мачаллаи «Ахбор»-и Осорхонаи ба номи К. Бехзод маколаи устод доир ба фалсхои соли 366х.к./976-977 амири Хатлон-Х,орис ибни Мухаммад нашр гардид [34,191-196]. Чи тавре дар боло зикр шуд, устод ин фалсхоро соли 1989 чоп намуда буд, аммо дар ин маколааш таъкид менамояд, ки то соли 1989 фалсхои сомонии зарби Хуттал дар илм маълум набуданд. Инчунин устод дар натичаи мукоисаи як фалси сомонии соли 366 х.к./976-977 дар Хуттал зарбшуда, ки дар Маркази тахкикотии сиккашиносии исломии Донишгохи Тюбингени Германия, ки онро сикка-шиноси машхури амрикой Стефан Албум тахкик карда буд, як иштибохи хешро дар хондани катибаи исмии фалси зарби соли 366 х.к./976-977 Хуттал ислох намуда, ин нуктаро дар маколааш зикр менамояд. Инчунин устод дар ин маколааш Мухаммадро, ки номи у дар поёни катибаи атрофи

маркази фалс сабт гаштааст, падари амири Хатлон - Дорис донистааст [35,191].

Соли 2011 Осорхонаи миллии Точикистон таъсис ёфта, он соли 2013 ифтитох гардид ва устод Довудй аввалин сардори шуъбаи «Бостоншиносй ва сиккашиносй»-и он таъйин карда шуд. Д.Довудй таърихи ташаккули сиккашиносии Точикистон, ки як бахши мухимми онро сиккашиносии сомонй ташкил медихад, низ тахкик намудааст. Соли 2014 маколаи устод бо номи «Развитие нумизматики в Таджикистане» ба чоп расид, ки он фарогири таърихи мухтасари сиккашиносй ва самтхои асосии инкишофи он дар Точикистон мебошад. Дар ин маколааш муаллиф О. Смирнова ва Е.А. Давидовичро асосгузорони сиккашиносии Точикистон номидааст. Илова бар ин устод Д. Довудй дар ин чо фаъолияти сиккашиносии О. Смирнова, Е.А. Давидович, Е. Зеймал ва худашро тахлилу баррасй карда, сахми сазовори онхоро махсус таъкид намуда аст. Муаллиф дар бахши «Сиккахои асримиёнагии Точикистон» доир ба тахкики сиккахои сомонй низ иттилоъ додааст [36,104]. Дамзамон метавон гуфт, ки маколаи Е. Давидович, ки соли 1966 дар нашрияи илмии «Нумизматика и эпиграфика» чоп шуда буд, бехтарин пажухиши сиккахои сомонй дар Точикистон мебошад [37,103-134]. Устод Довудй баъди соли 2011 ба маркази ягонаи сиккашиносии чумхурй табдил ёфтани Осорхонаи миллии Точикистон ва сахми афроди алохидаро дар ин кор таъкид намудааст.

Бахшида ба 3000-солагии шахри Дисор (соли 2015) асари устод Д. Довудй бо номи «Сиккахои Дисори Шодмон» ба чоп расид. Тибки навиш-таи муаллиф соли 2014 дар Дисор 200 фалси сомонй ёфт шуданд, ки 48 адади он барои тахкик дастраси устод гардиданд ва дар асари зикршуда натичаи тахкики онхо ба чоп расид [38,52-55].

Соли 2016 дар Эрмитажи давлатии Россия хамоиши байналмилалии сиккашиносй баргузор гардида буд, ки устод Довудй ва муаллифи ин сатр-хо дар ин хамоиш Точикистонро муаррифй намуда буданд. Кашфиёти нави Точикистон, ки дар ин хамоиши бонуфуз ба олимони чахон пешкаш гардида буд, ин кашфи «Ганчинаи Кулоб» ва дирхамхои сомонии зарби Вахш ва Сугд дар таркиби он махсуб меёфт. Соли 2017 маколаи «Кон-фронси байналмилалии сиккашиносон дар Эрмитаж»-и устод Довудй ба чоп расид, ки у дар он бо ифтихор аз дастовардхои сиккашиносии Точи-кистон ёдовар гардида аст [39,76-79].

Устод Д. Довудй барои «Энсиклопедияи миллии Точикистон» доир ба сиккахо низ якчанд макола таълиф намуда буданд. Соли 2019 маколаи мавсуф доир ба як навъ сиккаи сомонй бо номи «Исмоилй» чоп шуд. Дар макола ин навъи сиккаи сомонй тавсиф шудааст. Аммо муаллиф дар соли 2015 дар Бодомту кашф ва минбаъд тахкику чоп шудани сиккахои исмо-илиро зикр накардааст [40, 548-549]. Гузашта аз ин, устод Довудй худ хамон сол ба майдони бахсхои «турксозй»-и Сомониён ворид гардида буд. Бояд гуфт, ки зиёда аз дах сол мешавад, ки олими узбекистонй Шамсиддин Камолиддинов кушиш дорад то дар чашми чахониён давлати Сомониёнро

хамчун як давлати турктабор чилва дихад. Устод Довудй дар чавоб ба ин олими туркгаро маколаи «О дирхеме-медальоне таджикского правителя саманида Мансура I б. Нуха»-ро ба чоп расонда, бо пешниход намудани далелхои котеъ беасос будани хулосахои ин олимро дар бораи турктабор будани Сомониён исбот намуд [40,767-789]. Соли 2021 вобаста ба ин бахс маколаи навбатии устод Довудй бо номи «Сказки узбекского учёного Ш. Камолиддин о происхождении Саманидов» ба чоп расид, ки он матолиби илмии маколаи аввалро хеле таквият бахшида аст [41,103-126].

Устод доир ба таърихи сиккашиносии Точикистон, аз чумла, дар бораи тахкики сиккахои замони сомонй маколаи навбатии худро соли 2019 ба чоп расонид, ки он давраи таърихиро аз соли 1991 то соли 2019 фаро мегирад. Устод дар ин маколааш сиккашиносии сомонии Точикистони даврони истиклолро бо далелхо тайид намудааст [42,42-51]. Хдмин сол боз як маколаи дигари устод доир ба дирхами калони Мансур ибни Нухи Сомонй аз коллексияи Донишгохи Тюбингени Олмон дар «Ахбори Осор-хонаи шахри Хучанд» нашр шуд [43,15-22]. Дар ин макола чор дирхами сомонй муфассал тавсиф гаштааст.

Соли 2014 ба фонди Осорхонаи миллии Точикистон баъди аз чониби муаллифи ин сатрхо пурра тахкик шудан, хамчун намуна як динори такаллубии бо мухри дирхам зарбшуда ворид гашта, соли 2015 акси ин сикка дар ахбори хамин осорхона дар маколаи М. Абдукодирова ба чоп расид. Устод Довудй ин сиккаро тахкик намуда, бо вучуди оне, ки Сомониён дар Рашт сиккаи тилло намебароварданд, онро «дирхами тиллоии сомонии зарробхонаи Рашт» номида, соли 2020 ба такрор чоп намуд [44,238-241, 45,46-53]. Бояд ёдовар шавам, ки дар даврони Сомониён ба сиккаи тиллой задани мухри дирхам ва баръакс ба сиккаи нукрагй задани мухри динор ходисаи ягона набуд.

Устод Довудй соли 2020 дар таърихи сиккашиносии Точикистон на-хустин шуда сиккахонаи Кулобро (асри XVI) кашф намуд, ки то ин вакт ин сиккахона бо мо маълум набуд [46,8-17]. Дар раванди сиккашиносии устод Довудй ин нуктаи атф дар тахкики сиккахои минтакаи Кулоб мебошад. Гузашта аз ин соли 2020 дар Истанбул маколаи устод Довудй «Развитие исламской нумизматики в Таджикистане» чоп шуд, ки дар ин макола рушди сикка-шиносии ахди исломй дар каламрави Чумхурии Точикистон давра ба давра бо пешниходи хулосахои мантикй инъикос ёфтааст [47,463467].

Дар робита ба сиккахои сомонй боз хаминро кайд кардан зарур аст, ки соли 2021 Осорхонаи миллии Точикистон фехристеро бо номи «Точикистон - мамлакати дарёхои тиллой» бо чор забон ба чоп расонд. Дар ин фехрист илова ба дигар экспонатхои Намоиши байналмилалии «Точикис-тон - кишвари дарёхои тиллой» 35 сиккаи куфй чоп шудааст. Аз ин микдор 30 тои он дирхам мебошанд, ки яктоаш умавй, панчтоаш аббосй ва 24 тояш дирхамхои сомонй мебошанд, ки то ин вакт аз чониби муаллифи ин

сатрхо низ тахкик ва чоп шуда буданд [48]. Масъулини чопи ин фехрист номи мухаккики ин сиккахоро бар хилофи одоби илмй зикр накардаанд.

Дар ин фехрист, ки нусхахои он ба Фаронса бурда шуд, дар шархи ду фалси сомонй хатои чиддй баръало мушохида мешавад. Якум, фалси сомонии дар сахифаи 46 тахти раками 37 бо акси зебо чопшударо чун сиккаи Исмоил ибни Ахмад, зарби Истаравшан (?) муаррифй намудаанд. Дар шархи он боз «неъмати Худо бар у» навишта шудааст [49,46]. Ин комилан хатост. Зеро ин фалс соли 219 х.к. дар шахри Самарканд бо амри Наср ибни Ахмад - набераи Исмоили Сомонй бароварда шуда, дар катибаи атрофи маркази он баъди номи амири Сомонй на «неъмати Худо бар у», балки ^ О^' , яъне «Аллох уро иззатманд гардонад» навишта шудааст. Хулосаи дурусти тахкики ин фалс, ки раками осорхонавиаш КВ-12022/6 мебошад, соли 2021 ба забони фаронсавй чоп шуда буд [50, 263]. Дуюм, дар сурати фалси №38 дар сахифаи 47 сатри охири катибаи маркази пушти фалс - «ал-амир Исмоил» ба осонй хонда мешавад, вале онро сиккаи Наср ибни Ахмад шинохта, ба хато шарх додаанд [49,46]. Ин охирин маводи илмии марбути сиккахои сомонист, ки устод Д. Довудй дар тахияи он чун мухаррир иштирок кардааст. Соли 2022 баъди марги устод Д. Довудй охирин маколаи марбути сиккахои сомонии у бо номи «Новый клад саманидских фельсов из Таджикистана» ба чоп расид, ки ин мако-лааш соли 2015 дар шакли мухтасар дар китоби «Сиккахои Дисори Шодмон» нашр шуда буд [51,46].

Дамин тавр, устод Д. Довудй дар давоми фаъолияти илмии хеш хамчун шогирди донишманди мактаби бузурги сиккашиносии Иттиходи Шуравй ва давомдихандаи сарфарози кори асосгузори илми сиккашиносии Точикистон - Е. А. Давидович ва устоди мухтарамаш Олга Смирнова дар баробари тахкики мавзуъхои мухталифи таърихи халки точик, махсусан дар тахкики сиккахои кадим ва асримиёнагй, аз чумла, сиккахои сомонй пажухишхои арзишмандро анчом додааст. Дар натичаи икдоми дурбино-наи академики шинохта Баходур Искандаров, директори вакти ИТБМ ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва фаъолияти илмии Д. Довудй баъди аз Точикистон ба Россия рафтани Е.А. Давидович сиккашиносии Точикистон аз байн нарафт ва онро Д. Довудй инкишоф дод ва дар сиккашиносй у Точикистонро муаррифй мекард. Сах-ми Д. Довудй дар такмили фонди нумизматии Муассисаи давлатии «Осор-хонаи миллии Точикистон», тахкик ва муаррифии як кисми сиккахои он ва таълими сиккашиносй низ назаррас мебошад.

Соли 2020 муаллифи ин сатрхо бо рохбарии устод Д. Довудй рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Дирхамхои сомонии Ганчинаи Кулоб хамчун сарчашмаи таърихй» химоя намуд. Марги устод Д. Довудй химояи ри-солаи шогирдони дигарро ба таъхир хохад монд.

Осори илмии устод Д. Довудй барои тарбияи мутахассисони ин соха ва рушди сиккашиносй дар чумхурй сарчашмаи мухимми илмй буда, бо

файзи истиклоли давлатй кори устодро сиккашиносони дигари чумхурй давом хоханд дод.

АДАБИЁТ

1.Яъкубов Ю. Довутов Давлатхоча/Кулоб. Энсиклопедия. -Душанбе, -2002. -640 с.

2.Довутов Д. К датировке городища Пенджикент по нумизматическим данным (1965-1974)/Раннесредневековая культура Средней Азии и Казахстана (Тезисы Всесоюзной научной конференции в г. Пенджикенте Таджикской ССР 26-31 августа 1977 г.). -Душанбе, -1977. -С. 61-62.

3.Довутов Д. К вопросу о металле «бухархудатских» монет//Тезисы докладов конференции аспирантов и молодых научных сотрудников.- Москва, Т. III, Часть II. 1978. С. 104-105.

4.Довутов Д. О металле «бухархудатских» монет/Писменные памятники Востока.- Москва, 1979. С.61-66.

5.Довутов Д. Новая находка монеты, чеканенной в подражание тетрадрахмам Евкратида в Таджикистане/ВДИ, № 4. М. 1980. С. 125-127.

6.Довутов Д. Новые монетные находки на территории Таджикской ССР/АРТ, вып. XV (1975 г.). Душанбе,1980. С.200- 209.

7.Довутов Д. Согдийские монеты из раскопок поселения Гардани Хисор/Успехи среднеазиатской археологии. Вып. 4. Л., 1980. С. 58-60.

8.Ризоев Б. Давлатхоча Довудй/Саромадон ва дастпарварони нахустмаркази илму таълими таърих. -Душанбе, 2021. С. 182-188.

9. Шарифзода А. Инъикоси сикказанй ва муомилоти пулии давлати Сомониён дар сарчашмахои хаттии арабй ва форсй-точикй/ Муаррих.- Душанбе, №1 (29), 2022. С. 69-88.

10. Шарифзода А. Ганчинаи дирхамхои сомонии ганчинаи Кулоб хамчун сарчашмаи таърихй/ Автореферат.- Душанбе, -2019. - 22с.

11. Массон М.Е. Массон М. Е. Монетные находки в Средней Азии в 1917- 1927 гг. Известия Средназкомстариса .вып.Ш, Ташкент. 1928.- С.280-285.

12. Массон М. Е. Массон М. Е. Кладик дирхемов конца X - начала XI в. из города Янги-юль Ташкентской области. Сборник в честь 60- летия С. П. Толстова. «Наука» Москва, 1968.- С. 237-243.

13. Массон М. Е. Массон М. Е. Кладик саманидских дирхемов конца X в. из пригорода старого Мерва//Эпиграфика Востока, вып. XVII, 1966, с. 101-110.

14. Быков А.А. Новый клад медных куфических монет из Таджикистана / А.А. Быков// Труды Отдела нумизматики ГЭ. Т.1. - М., 1945. С. 87-113.

15. Довутов Д. Еще один саманидский фельс монетного двора города Ходжента// Исследования по истории и культуре Ленинабада. Душанбе, 1986. С. 108-110.

16. Довуди Д. Монетные находки в Таджикистане в 1987 г./Археологические работы в Таджикистане. - Душанбе, В. 34, 2010. С. 332-345.

17. Довутов Д. Сиккаи сомонии зарбхонаи Чагониён//Ахбороти АФ РСС Точикистон, бахши: шаркшиносй, таърих, филология, № 2, 1988. С. 59 - 61.

18. Довутов Д. Медный чекан Хутталя при Саманидах//Известия АН Тадж. ССР, серия: востоковедение, история, филология.- Душанбе, №4 (16), 1989. С.73-74.

19. Довутов Д. «Дар бораи ду фулуси Асад б. Ахмад ва Нух б. Асади сомонй аз бозёфтхои Точикистон»//Известия Академии наук Таджикской ССР. - Душанбе, -№ 3(23), -1991. -С.63-65.

20. Довутов Д. Сиккасозй ва муомилоти пулй дар давлати Сомониён./ Сомониён ва эхёи тамаддуни форсй- точикй. - Душанбе, -1998. С. 60-75.

21. Довутов Д. Серебряные рудники и высокогорные монетные дворы Саманидов./ Горная страна, -1999, № 4. С. 14-17.

22. Довутов Д. Монетный двор Худжанд / Худжанд. - Душанбе, -1999. С. 494-495.

23. Довутов Д. Торговля в Саманидском государстве//Древняя цивилизация и ее роль в сложении и развитии культуры Центральной Азии эпохи Саманидов. Душанбе, 1999. С. 96-98. Тичорат дар давлати Сомониён /Адаб. -Душанбе,№1, -1999. С.2-7.

24. Довутов Д. Сахми Б. Гафуров дар сиккашиносии точик//Академик Б. Гафуров мухаккики таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказй.- Душанбе, -1999. С. 251- 260.

25. Довудй. Сиккахои сомонии Хутталон/ Точикистон -Душанбе, № 9, -1999. С.16.

26. Довутов Д. Торговля и денежное обращение/История таджикского народа.-Душанбе, Т.П, 1999. С. 384-397.

27. Довутов Д. Сиккахои кадим ва асримиёнагии Точикистон//Осорхонаи миллии бостонии Точикистон. Албом. - Душанбе, -1999. -С. 239-257.

28 Якубов Ю., Довуди Д., Филимонова Т. История Куляба с древнейших времен до наших дней.-Душанбе, -2006.- 262 с.

29. Довуди Д. Денежное обращение древнего и средневкового Хатлона (5 в. до н.э. - нач ХХ в. н.э.)- Душанбе, -2006.- 347 с.

30. Шарифзода А. Ганчинаи Кулоб (дирхамхои сомонй). - Душанбе, -2019 - 648 с.

31. Довудй Д. Сиккахои шохони Вахш/Мероси ниёгон. -Душанбе, -№13. -2010. С. 118-126.

32. Шарипов А. Сиккахои сомонии Истаравшан./Чумхурият №112, (20546) аз 12.09. 2002.

33. Шарипов А. Ду фалси сомонй аз Осорхонаи миллии ба номи К.Бехзод/Мероси ниёгон.-Душанбе, 2013. №13. - С. 239-242.

34. Dovutov D., Saripov A. Coin of the Ustrushanian Afshin Sayr b. Abdallah from Collection of the National Musem // Procudigs of the International symposium « The role of Istaravshan (Ura - tyube) in the history of civilization of Central Asian people», 6 september 2002. Dushanbe, 2002, p. 182-183. Together with Sharipov A.

35. Довуди Д. Фельсы амира Хутталя ал-Хариса ибн Мухаммада 366 г.х./Сообщение Национального музея Республики Таджикистан им. К. Бехзода. -Душанбе, №9, -2011. -С. 191-196.

36. Развитие нумизматики в Таджикистане/Сообщение Национального музея Таджи-кистана. -Душанбе, №1, 2014. С.104-126.

37. Давидович Е.А. Денежное обращение в Мавераннахра при Саманидов/ Нумиз-матика и эиграфика.- Москва, Т. VI, 1966. С. 103-134.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

38. Довудй Д. Сиккахои Х,исори Шодмон.-Душанбе, 2015.- 128 с.

39. Довудй Д. Конференсияи байналмилалии сиккашиносон дар Эрмитаж/Ахбори Осорхонаи миллии Точикистон.-Душанбе, № 2, 2017. С. 76-79.

40. Довудй Д. ИсмоилйЮнсиклопедияи миллии точик.- Душанбе, Ч.8, 2019. - С. 548-549.

41. Довуди Д. О дирхеме-медальоне таджикского правителя саманида Мансура I б. Нуха//Саманиды-уникальный исторический феномен в миравой цивилизации, -Душанбе, -2019. С. 767 -789.

42.Довуди Д. Сказки узбекского учёного Ш. Камолиддин о происхождении Саманидов// Туроннома. -2021. С. 103-126.

43.Довуди Д. Развитие нумизматики а Таджикистане в годы независимости (1991-2019)// АРТ.-Душанбе, вып.40, -2019. С. 42- 51.

44. Довудй Д. Дирхами калони амири сомонй Мансур б. Нух аз мачмуаи сиккахои Донишгохи Тюбингени Олмон//Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Сугд. -Хучанд, №5, -2019. С. 15 -22.

45. Довудй Д. «Дирхами тиллоии» сомонии зарробхонаи Рашт//Паёми Донишгохи омузгорй. -Душанбе, № 6 (89), 2020. С. 238 - 241.

46. Довуди Д. Саманидский «золотой дирхем» монетного двора Рашт//Суннатхои Сомониён ва таъсиргузории он дар фархангу тамаддуни мардумони Омиёи марказй ва Шарки Наздик. -Душанбе, -2020. С. 46-53.

47. Довуди Д. Кулоб - новый монетный двор в//Доклады Академии наук Республики Таджикистан. - Душанбе, №1 (009), -2020. С. 8 -17.

48. Довуди Д. Развитие исламской нумизматики в Таджикистане//Сборник статей международного круглого стола в Душанбе, сентябрь -2019 г.- Истанбул, -2020. С. 209 - 220.

49. Точикистон - кишвари дарёхои тиллой. Фехрист//Осорхонаи миллии Точикистон (ба забонхои точикй, русй, франсавй ва англисй). -Душанбе, -2021. 80 с.

50. Sharifzoda A. La monnaie samanide//Tadjikistan au pays des fleuves d'or- Paris, -2021 - 286 p. 51.

51. Довуди Д. Новый клад саманидских фельсов из Таджикистана/Культурное наследие Таджикистана в археологической и междисциплинарной интерпретация. -Душанбе, -2022. - 306 с.

ТАХДИКИ СИККАХфИ СОМОНЙ ДАР ТОЧИКИСТОН (дар мисоли осори доктори илм^ои таърих Давлатхоча Довутов)

Дар маколаи мазкур сахми доктори илмхои таърих Давлатхоча Давутов дар тахкики сиккахои сомонй инъикос шудааст. Муаллифи макола Е.А. Давидовичро асосгузори сиккашиносии Точикистон мехисобад. Мавсуф дар Точикистон, ба тахкики сиккахои гуногун, аз чумла, сиккахои сомонй машгул буда, асархои бунёдй таълиф кардааст. Соли 1972 академик Б. Еафуров Е.А. Давидовичро ба шахри Москва даъват намуд. Дар натичаи ин Точикистон бе сиккашинос монд. Д. Довудй бо икдоми рохбарияти ИТБМ ба номи Ахмади Дониш дар Шуъбаи ленинградии Институти шаркшиносии АФ СССР ба шахри Ленинград (хозира Санкт-Петербург) чун сиккашинос тарбия ёфта, илми сиккашиносиро дар Точикистон давом дода, аз ибтидои фаъолияти илмиаш ба сиккахои

замони сомонй ахаммияти калон медод. Соли 1978 доир ба сиккахои бухорхудотй аввалин маколаи у чоп шуд. Мавсуф соли 1983 доир ба сиккахои сугдй рисолаи номзадй ва соли 2007 доир ба сиккахои Хатлон рисолаи докториашро дифоъ намуд. Д. Довудов дар тахкики сиккахои сомонй сахми арзанда гузошта, осори арзишманди илмй таълиф кардааст. Соли 2020 аввалин рисолаи нумизматй бо рохбарии Д. Довудов дифоъ гардид.

Сиккашиносии точикон дар замони Сомониён огоз ёфта буд. Д. Довудй хамчун вориси сазовори Сомониён ин корро идома дода, дар рушди он сахми назарраси хешро гузоштааст.

Калидвожадо: сахм, сиккашиносии Точикистон, сиккахои сомонй, ганчинахо, сарчашмахои хаттй, тахкики сиккахои сомонй, даврахои ташаккули сиккашиносй, Осорхонаи миллии Точикистон.

ИССЛЕДОВАНИЕ САМАНИСКИХ МОНЕТ В ТАДЖИКИСТАНЕ (на примере работ доктора исторических наук Давлатходжи Довутова)

В данной статье отражен вклад доктора исторических наук Давлатходжи Довуди в исследование саманидских монет в Таджикистане. Автор считает Е.А.Давидович основоположником таджикской нумизматики. Ученый в Таджикистане занималась исследованием различных монет, в том числе саманидских и является автором нескольких фундаментальных работ. В 1972 году академик Б. Гафуров приглашает ее в Москву. В результате Таджикистан останется без нумизмата. По инициативе руководства Института истории, археологии и этнографии имени Ахмади Дониша Д. Довуди прошел обучение по специальности нумизмат в Ленинградском филиале Института востоковедения АН СССР (с 2007 г. Институт восточных рукописей) в г. Ленинграде (ныне Санкт-Петербург). С самого начала своей научной деятельности он придавал большое значение монетам саманидского периода. В 1978 году вышла его первая статья о бухарских монетах. В 1983 году он защитил кандидатскую диссертацию по согдийским монетам, а в 2007 году -докторскую диссертацию по монетам Хатлона. Д. Довудов внес ценный вклад в изучение саманидских монет и написал важные научные труды по этой теме. Первая диссертация по нумизматике под руководством Д. Довудудова была защищена в 2020 г.

Становление нумизматики Таджикистана началось при Саманидах. Д. Довуди продолжил это дело как достойный наследник Саманидов и внес значительный вклад в её развитие.

Ключевые слова: нумизматика Таджикистана, саманидские монеты, клады, изучение саманидских монет, периоды становления нумизматики, Национальный музей Республики Таджикистан имени Камолиддина Бехзода, Национальный музей древностей Таджикистана.

STUDY OF SOMANI COINS IN TAJIKISTAN (on the example of the works of Doctor of Historical Sciences Davlatkhojа Dovudi)

This article reflects the contribution of the Doctor of Historical Sciences Davlatkhoja Dovudi to the study of Samanid coins. The author considers that E.A. Davidovich is the founder of Tajik numismatics. The scientist was engaged in the study of various coins in Tajikistan, including Samanid coins. She is the author of several fundamental works. In 1972, Academician B. Gafurov invites her to Moscow. As a result, Tajikistan was left without a numismatist. On the initiative of the leadership of the Ahmadi Donish Institute of History, Archaeology and Ethnography, D. Dovoudi was trained as a numismatist at the Leningrad branch of the Institute of Oriental Studies of the USSR Academy of Sciences (since 2007 Institute of Oriental Manuscripts) in Leningrad (now St. Petersburg). From the beginning of his scientific career, he attached great importance to the coins of the Samanid period. In 1978, hе published his first article on Bukhara coins. In 1983, he defended his Ph.D. thesis on Sogdian coins, and in 2007, his doctoral dissertation on Khatlon coins. D. Dovudi made a valuable contribution to the study of Samanid coins and wrote valuable scientific works on this topic. The first numismatic dissertation under the leadership of D. Dovoudi was defended in 2020.

The formation of Tajikistan's numismatics began under the Samanids. D. Dovudi continued this work as a worthy heir of the Samanids and made a significant contribution to its development.

Key words: Numismatics of Tajikistan, Somoni coins, treasures, study of Somoni coins, founder of Tajik numismatics, periods of formation of numismatics, National Museum of the Republic of Tajikistan named after Kamoliddin Behzod, National Museum of Tajikistan.

Сведения об авторе: Абдували Шарифзода - кандидат исторических наук, заведующий отделом истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им А.Дониша НАН. Tel.: 900-55-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru

Information about the author: Abduvali Sharifzoda - Candidate of Historical Sciences, Head of the Department of History of Science and Technology of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Tel: 900-5575-75. E-mail: abduvali05@mail.ru

♦-♦

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.