Научная статья на тему 'ТАҲҚИҚИ РӮЗГОРУ ОСОРИ АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ'

ТАҲҚИҚИ РӮЗГОРУ ОСОРИ АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
51
41
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ / САДРИДДИН АЙНӢ / ДАВР / НАЗМ / ШОИР / НАВИСАНДА / ҲАЁТ / ЭҷОДИЁТ / АДАБИЁТ / АДАБИЁТИ МУОСИР / ҲИКОЯ / МУЛОқОТ / УСТОД

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Норова Гулчеҳра Раҳматовна

Дар мақолаи мазкур муаллиф доир ба зиндагиномаи Абдусалом Деҳотӣ ва саҳми дар рушди адабиёти муосир ва адабиёти бачагонаи тоҷик маълумот медиҳад. Ғайр аз ин, дар мақолаи номбурда шиносоии Абдусалом Деҳотӣ бо асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ низ хотирнишон шуда, бевосита устод Садриддин Айнӣ устоди Деҳотӣ буданаш таъкид карда шудааст. Абдусалом Деҳотӣ тамоми осори Айниро азхуд карда буд, ки тавассути маҳз ҳамин заҳматҳо дар оянда нависанда ва шоири бузурги даврони худ гардид. Дар мақола доир ба мазмуну мундариҷа ва жанри асарҳои Абдусалом Деҳотӣ, ки бевосита зери роҳбарӣ ва роҳнамоии Садриддин Айнӣ навишта шудаанд нақл карда мешавад. Муаллифи мақола тавонистааст, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагиномаи Абдусалом Деҳотиро зери қалам оварад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

BIOGRAPHY AND CREATIVITY STUDY OF ABDUSALOM DEHOTI

The article deals with childhood, education and work of Abdusalom Dehoti. The author of the article offers detailed information about the life of Abdusalom Dehoti and his contribution to the development of modern Tajik literature. In addition, the article notes his acquaintance with the founder of modern Tajik literature S. Ayni and he considers him his teacher. A. Dehoti studied all the works of S. Ani, which helped him to become a great writer of his time. Also, the article tells us about the content A. Dehoti’s works and the genre through which his works are written.

Текст научной работы на тему «ТАҲҚИҚИ РӮЗГОРУ ОСОРИ АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ»

ТДУ 891.550-93

ТАЗДЩИ РУЗГОРУ ОСОРИ АБДУСАЛОМ ДЕХОТЙ

Норова Г. Р.

Донuшго%u давлатш омузгорш Тоцжжтон ба номu Садрпддпн Айни

Aдабиёти солхои 30-60-и асри гузашта бо номи асосгузорони адабиёти навини точик, пеш аз хама, ба саъю кушиши устодон Садриддин Aйнию A.Лохyтй ва П.Сyлаймонй, инчунин шоирони насли комсомол М.Миршакар, С.Ч,авхаризода, A.Дехотй, С.Улугзода, М.Турсунзода ва пайравони онхо иртиботи кавй дорад. Вазифаи аввалиндарачаи хар ду насли адабиёти муосири точик инъикоси хаёти хушбахтонаи мардуми шуравй, танкиди кухнапарастй, даъват ба илмомузй, ба мактаб, махви бесаводй, ба колхозу совхозхо чалб намудани занону духтарон ва гайра буд.

Aбдyсалом Дехотй 14 марти соли 1911 дар дехаи Богимайдони шахри куханбунёди Самарканд дар оилаи колибтарош ба дунё омада, тахсили ибтидоиро дар зодгохи худ гирифтааст. Овони бачагии y дар мухити хонаводаи хунарманду китобдуст гузашта, аввалан дар мактаби кухна ва пас аз Инкилоби халкии Бухоро дар мактаби усули нав идома ёфтааст. Дар мухити бесаводии он давра Aбдyсаломи чавон бо азхуд кардани алифбои нав дар миёни хамдехагон ва хамсолон бо хондани порча аз асархои бадей аз осори С. Aйнй ва дигарон махбубият пайдо кард, ки ин боиси ба адабиёт таваччух пайдо намудани y гардид.

Истеъдоду махорати нахустини нависандагиаш хам дар хамин мактабхо зохир гардидааст. Нахустин хабар, макола ва шеърхояш низ дар хдмин давра навишта шудаанд. Дар бобати тахсили A. Дехотй Рахим Х,ошим дар китоби "Сухан аз устодон ва дустон" [11, с. 135] таъкид менамояд, ки "Ман ин ду бародар (яъне, Aбдyсалом ва Aбдyшyкyр Н.Г.)-ро хануз аз вакти мактабхониашон мешинохтам. Онхо дар мактабе, ки ман хам тарбиядидаи он будам, мехонданд. Х,ар ду дар як чо ба дарс меомаданд ва дар як синф буданд. Онхо аз савдогар ва зиёибачагоне, ки дар он солхо кисми зиёди шогирдони ин мактабро ташкил медоданд ва бо либосу рафтори як дарача аъёнонаи худ аз дигарон имтиёз доштанд, фарк карда меистоданд. Либоси як дарача дехотиёна мепушиданд, рафторашон хеле бетакаллуфона, хатто як дарача дагал хам ба назар мерасид. Aммо дар дарс харду пешкадам буданд" [11, с. 135].

Рахим Х,ошим хамчун хатмкардаи ин мактаб, ки пайваста иртиботашро ба воситаи маколахо дар газета нигох медошт ва барои шогирдон намунаи ибрат буд, менависад, ки "Ёд дорам, як гурух шогирдони пешкадами ин мактаб газетаи деворй бароварданй шуданд. Мудири мактаб муаллими хакикатан, хизматнишондода Aбдyлкодири Шакурй, ки аввалин таъсискунандаи мактаби усули нав дар Самарканд буд, ба ин ташаббуси як гурух муаллимони чавон ва талабахои пешкадам чандон раъй надода, ин корро кори зиёди бефоида ва нобудкунандаи вакти талабахо шуморида буд. Лекин, нихоят ба исрори онхо истодагарй карда натавониста розй шуд..." [11, с. 136].

Aз хотирахои РДошим бармеояд, ки ин ду бародар дар газетае, ки дар хаёти мактабии точикони Самарканд аввалин газетаи деворй буд, фаъолона иштирок карда буданд. Aввалин шеърхои Aбдyсалом дар хамин газетаи девории аввалини мактаб манзури хонандагон гардида буд, рангу бор ва ороиши газетаро ба кавли РДошим Aбдyшyкyр ва Х,абиб Aхрорй анчом дода буданд.

Aбдyсалом Дехотй дар «Хотирахо доир ба мулокотхои ман бо устод Aйнй» рочеъ ба тахсилаш дар мактаби дарачаи аввал ва дарачаи дуюм ва фаъолияти минбаъдааш чунин навиштааст, ки «Хукми таърих буд, ки ман хам дар катори бисёр касон бо ин устод як муддати дуру дароз шиносой пайдо кардам. Худро хушбахт мешуморам ва хурсанд хастам, ки як давраи калони зиндагии ман дар хамкории шогирдона, дар сояи тарбияи бевоситаи чунин як устоди азими хам мехрубону хам сахтгир гузашт» [5, с. 113-114].

Aбдyсалом Дехотй аз чумла таъкид мекунад, ман номи САйниро хануз дар курсии мактаб шунида будам, он хам бошад, ба туфайли пайдо шудани китоби дарсии "Тахзиб-ус-сибён" буд. Дар болои ин китоб навишта шуда буд: "Тартибдиханда Садриддин Aйнй, барои синфи якум, нашри дуюм ва монанди инхо [5, с. 114]. Он вакт китоби дарсии точикй як чизи

нодир 6уд, мо ин китобро дар синфи дуюм хондем. Дар синфи якум умри мо бо алифбохонй ба охир расид. Он вакт як китоб то охири сол кифоя мекард. Х,амин тавр, тахсили синфи дуюми мо бо хондани китоби "Тахзиб-ус-сибён" OFOЗ шуд. Ин китоб бар хилофи китобхое, ки дар мактабхои кухна мехонданд, монанди: "Х,афтьяк", "Чоркитоб", "^уръон" ва хоказо, аз фахми мо хурдсолон дур набуд, балки якумин китоби дарсие буд, ки бевосита аз корхои зиндагй гап мезад..." [5, с. 114].

A.Дехотй хануз дар давраи мактабхониаш ба порчахои киссаи "Одина"- и устод С.Aйнй, ки дар газетаи "Овози точик" нашр мешуд, ошно шудааст. У менависад, ки "Ман порчахои чопшудаи "Одина"-ро пешопеш гох дар назди ахли мехмонхонаи худамон, гох дар чойхонаи сурхи кишлок дар шабхои бекории дехконон мехондам. Aлбатта, саводам он кадар бурро набуд, аммо хис мекардам, ки дар вакти хондани китоби мазкур саводам пухтатар мешуд. Ва хар боре, ки ин чизхоро мехондам, хохиши шинос шудан бо муаллифи онхо боз хам зиёдтар мешуд" [7, с. 114].

Ба бахти A.Дехотй соли 1926 китоби "Намунаи адабиёти точик"-и С.Aйнй ба табъ мерасад. "Баробари нашр шудани ин китоб,- навиштааст A.Дехотй,- дар мактаби мо кружоки адабй ташкил шуд (он вакт кружоки "саноеи нафиса"мегуфтанд). Баробари хамин "Намунаи адабиёти точик", ба мо чй будани калимаи "адабиёт"- ро фахмонданд, ки "адабиёт аз калимаи адаб гирифта шудааст" ва хоказо. Он вакт мо калимаи адабиётро намедонистем. Х,ар чизи навишташударо ба ду кисм чудо мекардем: якум равона, яъне наср, бокй хамаашро ё Fазал ё назм мегуфтем. Ба мо дар ин кружок дар баробари "Намунаи адабиёти точик" муаллифи онро хам шиносонданд" [5, с. 114].

Вале мо мегуяд A.Дехотй "...дар давоми якуним сол як шахси дигарро домулло Aйнй тасаввур карда гаштем. Ман "мо"- мегуям, барои он ки додари мархумам Aбдyшyкyр хам хамрохи ман буд, мо дар як синф мехондем ва хар вакт, ки сурати устод Aйниро медидем, аз он бача мепурсидем, ки афташон ба хамин сурат монанд? Мегуфт, ки бисёр монанд аст. Баъд аз як соли дигар дар як мачлиси ботантана, ки дар Самарканд ба муносибати чорсолагии Республикаи Советии Сотсиалистии Aвтономии Точикистон гузаронида шуд, мо талабахои мактабхои точикй хам иштирок доштем. Вакте ки президиум интихоб карданд, номи Aйниро хам ба забон бурданд ва хамон вакт якумин бор ман он касро дидам ва омада ба укаам гуфтам, ки дар хакикат мову ту Fалати калон карда будем, ман Aйнии хакикиро дидам..." [5, с. 115].

Чуноне ки мебинем, "Х,икояхо доир ба мулокотхои ман бо устод Aйнй"-и A.Дехотй аз як тараф моро зина ба зина ба тарчумаи холи худи y ошно созад, аз тарафи дигар чй гуна воридшавии уро ба "мактаби Aйнй" нишон медихад. Яъне, y аввал дар синфи дуюм аз китоби "Тахзиб-ус-сибён"-и устод Aйнй сабак меомузад ва тадричан порчахои киссаи "Одина"- ро, ки дар давраи мактабхониаш дар газетаи "Овози точик" нашр мешуд, мутолиа менамояд ва соли 1926 дар мактаб ба "Намунаи адабиёти точик"-и САйнй ошной пайдо мекунад. Инчунин аввалин шеъру хикояхои y дар газетаи девории мактаб ба табъ мерасанд.

Х,амин тавр, соли 1929 якумин хикояи A.Дехотй "Х,амида" дар шумораи аввали мачаллаи "Рахбари дониш" чоп мешавад. "Як мох аз мобайн гузашт, - менависад A.Дехотй,-рузе ба ман як коFазча оварда гуфтанд, ки рафта хакки каламатонро гиред (дар мобайни гап бояд гуям, ки он вакт ман ба хакки калам, монанди баъзе шоирони навкалами хозира, шилкин набудам) ман барои гирифтани он ба ваколатхонаи Точикистон рафтам... Дарро нимроF карда дидам, ки устод Aйнй калам дар даст, сархам, дар чашм айнак, ким-чиро хонда ё тахрир карда нишастаанд. Дар пешашон як китоби "Fиёс-yл-лyFOт" истодааст ( баъдхо ин китоб ба дасти ман афтид, холо вайро монанди як чизи бисёр азиз нигох медорам, чунки дар он баъзе кайдхои устод аст). Як русзанак хам дар хамон чо нишаста ба коре машFyл буд.

Ман ба даромадан чуръат накарда, дарро нимроF карда истодам, дар ин вакт чашми устод ба ман афтиду гуфтанд:

- Рафик дароед! Ба кй кор доред?

Ман гуфтам "Дар хамин чо камтар хакки калам будааст". Он кас ишора карданд, ки ба он занак мурочиат кунед. Ман забони русиро намедонистам. Х,айрон шуда истодам. Баъд домулло дар он чо ба ман тарчумонй карданд. Ба занак гуфтанд, ки "Товарищ генирор просит". Ман он вакт ба ин фикр омадам, ки хакки каламро ба русй "генирор" мегуфтаанд...Пулро гирифта хурсанд шуда баромада омада истода будам, ки устод чеF зада гуфтанд:

-Рафик, истед! Шумо кй? Фамилиятон чй?

Гуфтам:

Пирмухаммадзода.

- Да, хикояи "Дамида" аз они шумо - мй? - боз пурсиданд

- Да, - гуфтам, - аз они ман.

- Ин чо шинед, ман ба шумо гап дорам.

Вакте ки наздик рафта ба стул нишастам, гуфтанд:

-Дикояатонро хондам бад не. Бад не, гуфтанам хамин ки барои шумо барин нависандагони чавон наFЗ. Aммо барои калонсолон бошад, гуфтугуй дигар хел мешуд. Мавзуатон хам хуб, мухим, забони хикоя хам бад не, факат як кайд дорам, ки холо хамонро гуфта монам, кифоя. Дар оянда агар хикоя навиштанй бошед, монанди киссагуйхои пештара "будааст набудааст як подшох будааст" ё "як кал будааст" гуфта сар накунед. Ё ин ки монанди гуяндагони достонхои кухна "аммо ровиёни ахбор ва нокилони осор чунин овардаанд, ки..." гуфта хам сар накунед. Балки бевосита аз хамон чойи шавковартараш сар кунед, то ки ба дили хонанда як хавас пайдо шавад, ки канй он тарафи вокеа чй мешавад? Вокеаро бурда сонитар кушоед. Ara хамин кадар барои шумо кифоя аст. Дигар чй гуям, саратон гаранг мешавад, мумкин аст, ки риоя хам накунед. Ин мулокоти амалии якум, ки дар он устод ба ман хам тарчимонй карданд, хам аз касби нависандагй сабаки якум дода буданд, дар лавхи хотирам абадй накш бастааст" [2, с. 116].

Вобаста ба ин, хикояи Aбдyсалом Дехотй Рахим Дошим дар китоби хотирахояш "Сухан аз устодон ва дустон" навиштааст, ки "Дар яке аз шуморахои ин журнал ("Рахбари дониш" дар назар аст.- Н.Г.) якумин хикояи Aбдyсалом Дехотй "Дамида" нашр шуд. Устод ин хикояро хонда таассуроташро ба мо накл кард. Фикри вай дар бораи хикоя асосан мусбат буд. У дар шинохтани истеъдоди чавон хисси ачибе дошт. Дар хакки Дехотй "Ин чавон нависандаи хуб шуда метавонад" гуфта хукм карда буд" [11, с. 136-137]. Рахим Дошим дар идомаи хотирахояш таъкид мекунад, ки: "...Дар охири калом, ки Aбдyсалом рафтанй шуд, устод аз вай: -Шумо бародар хам доред? - гуфта пурсид ва акнун дар бораи бародараш ба пурсуков даромад. Aз имруз сар карда устод ин ду бародарро, агар чунин таъбир чоиз бошад, ба зери мушохидаи худ гирифт" [11, с. 137].

Aбдyсалом Дехотй дар "Дикояхо доир ба мулокотхои ман бо устод Aйнй" инчунин хикояи вокеиву хотирмонеро аз пиндору кирдор ва феълу атвори падари маънавии худ ва адабиёти навини точик- устод Aйнй накл кардааст. " Рузе аз рузхои тобистони соли 1932 ба боFи мо (дар кишлоки БоFи Майдон, ки дар канори шарки шимолии шахри Самарканд вокеъ аст) ,-менависад A.Дехотй як гурух муаллимон ва коркунони газетаи "Дакикати Узбекистон" мехмон шуданй буданд. Ба хавлии устод Aйнй касеро аспакй фиристода, он касро ба мехмонй хабар кардем. Ба раванда таъйин кардем, ки агар Домулло ба асп савор шудан нахоханд, ба он кас як фаэтон киро карда дихад.

Вакте ки фиристодаи мо ба Домулло дар хавлиашон вохурда дар хусуси фаэтон киро кардан гап кушодааст, он кас хандида гyфтаанд:"Aз афти кор, маро мисли баъзе муллохои кухнаи хомфарбеху рудапо гумон кардаетон, ки онхо ба асп савор шуда наметавонистанд ё савор шаванд, бадани латнахурдаашон озурда мешуд. Не, ман хам як вакте монанди шумо дехконбача будам, ба харсаворию аспсаворй одат кардаам. Дамин аспро дукаса савор шуда рафтан мегирем" [5, с. 117].

Дар хикояи номбурда, мехмоншавии устод С. Aйнй дар кишлоки "БоFи Майдон"- и шахри Самарканд (хавлии волидайни Aбдyсалом Дехотй- Н.Г.) як лахзаи нихоят хотирмоне ба мушохида мерасад, ки аз назари ровии хикоя дур намондааст: "Ман ба пеши мехмонон лаъливу дастурхон бароварда, барои чой овардан баргашта ба кyрFOн даромадам,- менависад A.Дехотй.- Банохост аз берун ду бор пай дар пай овози устод шунида шуд:

- Рафик Дехотй! - гуён баланд - баланд ва бо заб чазаба чеF мезаданд. Давида ба руи боF баромадам. Дам падарам, хам хозирини дигар бо хайрат гох ба ман, гох ба Домулло нигох мекарданд. Он кас бо шавку хаячони касе, ки ягон чизи кофта гаштаашонро ёфта бошад, ба падарам маро нишон дода хитоб карданд:

-Дозиракак чй гуфтед? Дар пеши ин кас такрор кунед!

Дайрати падарам боз зиёдтар шуд: зохиран фикр мекард, ки чи гапи нодуруст ё мухокиматалаб гуфта бошад?

Баъд худи устод чй будани вокеаро эзох доданд:

-Баъзе "забоншиносони" забоншинос даъво мекунанд, ки мардум дар гуфтугуй дар бобати чамъу муфради исмхои бечон бо алокаи байни мубтадову хабар риоя намекунанд. Ман бошам, хама вакт мегуям, ки ин даъво нодуруст аст. Аз гапи дадетон хам маълум шуд, ки дар чизхои бечон хам, агар мубтадо чамъ ояд, хабараш хам чамъ меомадааст. Ман аз дадетон пурсидам, ки "имсол ахволи токхо чй тавр" ин кас чавоб доданд, ки "аввали бахор авчашон нагз буд, дар миёна хаво як хунук шуда навдахо карахт шуда монданд". Дар поёни ин сухан устод ба ман як бори дигар таъкид карданд, ки забонро аз халк омухтан, ба ходисахои мусбати забони гуфтугуй эътибор додан лозим аст" [5, с. 117-118].

Аз ин хотирахо бармеояд, ки А.Дехотй хануз аз замони тахсил дар синфи дуюм аввал аз китоби "Тахзиб-ус-сибён"-и С. Айнй таълим мегирад, баъд порчахои киссаи "Одина"-и устодро дар назди хамдехагонаш мехонад, тадричан саводаш пухтатар мегардад.

Чуноне ки дар боло ишора намудем, вохурии нахустини А.Дехотй бо устод Айнй соли 1929 дар ваколатхонаи Точикистон, ки дар Самарканд дар назди хукумати РСС Узбекистон вакили хукумати РАСС Точикистон буд, ба вукуъ омадааст ва А.Дехотй мохияти онро чунин баён кардааст: "Ин мулокоти амалии якум, ки дар он устод ба ман хам тарчимонй карда, хам аз касби нависандагй сабаки якум дода буданд, дар лавхи хотирам абадй накш бастааст" [5, с. 116].

Чуноне ки дар фавк ишора намудем, падари Дехотй ба кори косибй ва дехконй машгул буд ва Абдусалом низ дар хамин мухити корй ва суннатии точикй ба камол мерасад. Вай чанде дар мактаби кухна ва баъд дар мактаби нав тахсил менамояд. Баъд то соли 1930 дар мактабхои дарачаи якум ва дуюм тахсили худро идома медихад. Солхои 1930-1931 дар курсхои тайёрии Академияи педагогии Узбекистон такмили дониш намудааст. Илова ба ин, К.Юсуфов дар китоби "Марди нексират ва адиби нуктасанч" вобаста ба масъалаи тахсилоти А.Дехотй таъкид мекунад, ки "Хатто барои гирифтани маълумоти сиёсй дар шуъбаи шабонаи Университети шабонаи шахри Сталинобод (холо Душанбе - Н.Г.) тахсил намуда, онро соли 1951 хатм менамояд".

Минбаъд фаъолияти у ба фархангу адаби точикй иртибот мегирад. У дар синни 20-солагй ба идораи рузномаи точикии "Хакикати Узбекистон" (1930) ва шуъбаи Нашриёти давлатии Точикистон дар шахри Самарканд то охири соли 1934, ифои вазифа менамояд. Сипас, соли 1935 ба Душанбе омада, дар нашрияхо, ташкилотхои илмию адабй кор мекунад. А.Дехотй солхои 1935-1938 вазифахои мудири шуъбаи накду китобиёт, котиби масъули мачаллаи "Барои адабиёти сотсиалистй", хамзамон котиби масъули Иттифоки нависандагони Точикистон ва баъд котибии ин ташкилотро (солхои 1938-1940) ба чо овардааст. Пас аз ин Котиби масъул ва чонишини мухаррири мачаллаи "Шарки Сурх" ("Садои Шарк"1940-1941, 1951-1953), мухаррир ва сармухаррири Нашриёти давлатии Точикистон низ будааст. Солхои 1941-1950 ба сифати ходими илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали точикистонии АИ ИШИС ифои вазифа намудааст. Солхои 1953 -1958 ходими калони илмй, мухаррири мушовири Институти таърихи партияи назди ХД Точикистон, солхои 1961-1962 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакй АИ Точикистон кор кардааст. Солхои 1958-1961 дар вазифаи мухаррири мачаллаи "Точикистон" будааст.

Ин маълумоти сарди расмиро адабиётшинос Абдухолики Набавй барои хонандагон чунин натичагирй намудааст "... то тасаввур карда бошанд, ки Дехотй дар давоми андаке зиёда аз сй соли фаъолияти худаш чй вазифахои пурмасъулияти илмй, адабй, сиёсй ва рузноманигориро ба чо оварда ва ин фаъолият то кадом дарача зудтагйир будааст, ки баёнгари бовар ба у ва ухдабароии вай дар ичрои вазифахои мухим ва шакл додани ниходхои навташкил мебошад" [2, с. 4].

Дар вокеъ, Абдусалом Дехотй дар таърихи адабиёти советии точик чун шоир, насрнавис, драматург, лугатдону лугатнавис, адабиётшинос, яке аз донандагони муътабари таърихи илму адаб, инчунин яке аз хомиёни фаъоли забони адабии точик эътироф шудааст. Ба кавли К.Юсуфов: "Яке аз хусусиятхои фаъолияти адабии А.Дехотй гуногунжанрй ва бисёржанрии эчодиёти вай аст. У ба шеъру достон хикояву очеркхо, асархои сахнавй, маколахои публисистии худ дар инкишофи ин жанрхо, дар таърихи адабиёти муосири точик сахми сазовор гузоштааст. Тарчумахои у аз забони русй ва забонхои халкхои бародар намунаи бехтарини тарчумаи бадей мебошанд. Дар хаёти адабии республика сохае нест, ки А.Дехотй дар он фаъолона иштирок накарда бошад" [12, с. 4].

А. Дехотй илова ба ин, вобаста ба эчодиёти намояндагони адабиёти классикй ва муосири точик, чанбаву масъалахои гуногуни адабиёти бачагона, тарчумаи бадей, маданияти сухан, фасохату забон, китобхои дарсй барои синфхои ибтидой ва f. маколахои пурарзиш таълиф намудааст. Зиёда аз ин дар нашри осори ниёгонамон, чамъоварии адабиёти шифохй, мураттаб сохтани луFатхо, тарчума ва тахрири осори классикони марксизм -ленинизм сахми арзанда гузоштааст [12, с. 82].

Хизмати дигари арзандаи А.Дехотй тахрири чанд харфи "Фарханги забони точикй" [10] мебошад, ки у махсусан, бо иштироки А. Сангинов тахрири харфхои "В"ва "Д"-ро анчом додааст. Дар "Фарханг..." харфи "В" аз сах. 220 то сах. 246 ва харфи "Д" аз сах. 309 то 411 чойгузин шудаанд. "Фарханги забони точикй" имруз китоби руимизии хурду калон гардидааст, ки дар таълифи он сахми А.Дехотй бавижа бузург аст.

Дамин тавр, дар асоси маълумоти сарчашмахо, ки дар "Куллиёт"- и А.Дехотй [6, с. 42] ва маколахои у "Нони халкамро муфт нахурдаам" [7, с. 106-112], мактубхояш ба устод С.Айнй[5, с. 407-445], "Дикояхо дар бораи мулокотхои ман бо С.Айнй" [5, с. 113-121], хикояи "Муллоён"-и у, маколахои Абдухолик Набавй [2, с. 4], С.УлуFЗOда "^аламкаш" [9, с. 3], Рахим Дошим "Сухане аз устодон ва дустон" [11, с. 135-146], Ч,. Азизкулов "Зикри хайр зинда кунад номро" [3, с. 125-130] ва дигарон, ки хеле батафсил оварда шудааст, такя намуда, тарчимаи хол ва фаъолияти эчодии уро муфассал баён намудем. Р.Дошим дар пешгуфтори худ доир ба ду баромади А.Дехотй таъкид мекунад, ки "Дарду баромад симои адабй, илмй ва сифатхои наFЗи шахсии вайро дар назари мо барчаста мучассам мекунанд"[11, с. 103]. Илова ба ин, дар хотирахои Гулчехра С. дар маколаи "Абдусалом Дехотй сохиби дили бузург" [4, с. 125-128], баъзе сахифахои рузгори уро боз мукаммалтар намудааст.

Хизмати шоистаи Абдусалом Дехотиро дар инкишофи адабиёти муосири точик ба инобат гирифта, бо ду ордени "Байроки Сурхи Мехнат", ду ордени "Нишони Фахрй", бо медалхо ва Граммотаи Совети Олии Точикистон "Аълочии маорифи халк" кадршиносй намудаанд. Абдусалом Дехотй аз соли 1934 узви Иттифоки нависандагони Точикистон буд. Абдусалом Дехотй 31-уми январи соли 1962 дар авчи камолоти эчодй аз олам даргузаштааст.

Адабиёт

1. Адибони Тоцикистон (тщия ва танзими Асрори Сомонй ва Мацид Салим). - Душанбе: Адиб, 2014. -82 с.

2. Абдухолиц Н. Хорицаи А. Дехотй //Адабиёт ва санъат. - 2011. - 10 март. - № 10. - С. 4.

3. Азизцулов Ц. Зикри хайр зинда кунад номро (Оиди кор ва фаъолияти А.Дехотй) // Садои Шарц. - 2011. - № 8. - С. 125-130.

4. Гулчехра С. Абдусалом Дехотй - соуиби дили бузург // Садои Шарц. - 1975. - № 6. - С. 125-128.

5. Дехотй А. ^икояуо доир ба мулоцотуои ман бо устод Айнй //Шарци Сурх. -1962. - № 4. - С. 114.

6. Дехотй А. Куллиёт. Цилди 1. Назм. - Душанбе: Ирфон, 1965.

7. Дехотй А. Нони халцамро муфт нахурдаам // Садои Шарц. - 1976. - № 5. - С. 106-112.

8. Дехотй А. Куллиёт. Цилди 5 (Мацола^о). - Душанбе: Ирфон, 1966.

9. Улугзода С. Крламкаш // Тоцикистони Советй.- 1961. - 25 май. - № 121. - С. 3.

10. Фарханги забони тоцикй (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Иборат аз 2 ц. Цилди 1. /Дар зери тщрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Дошим, Н.А. Маъсумй. -М.: Советская энциклопедия, 1969. - 951 с.

11. Х,ошим Р. Сухане аз устодон ва дустон (цайдуо, ёддошт ва портретуои адабй). - Душанбе: Ирфон, 1971. - 138 с.

12. Юсуфов К. Марди нексират ва адиби нуктасанц. - Душанбе: Маориф, 1987.

ТАХКЩИ РУЗГОРУ ОСОРИ АБДУСАЛОМ ДЕДОТЙ

Дар маколаи мазкур муаллиф доир ба зиндагиномаи Абдусалом Дехотй ва сахми у дар рушди адабиёти муосир ва адабиёти бачагонаи точик маълумот медихад. Fайр аз ин, дар маколаи номбурда шиносоии Абдусалом Дехотй бо асосгузори адабиёти муосири точик Садриддин Айнй низ хотирнишон шуда, бевосита устод Садриддин Айнй устоди Дехотй буданаш таъкид карда шудааст. Абдусалом Дехотй тамоми осори Айниро азхуд карда буд, ки тавассути махз хамин захматхо дар оянда нависанда ва шоири бузурги даврони худ гардид. Дар макола доир ба мазмуну мундарича ва жанри асархои Абдусалом Дехотй, ки бевосита зери рохбарй ва рохнамоии Садриддин Айнй навишта шудаанд накл карда мешавад. Муаллифи макола тавонистааст, ки тамоми пахлухои зиндагиномаи Абдусалом Дехотиро зери калам оварад.

Калидвожахо: Абдусалом Дехотй, Садриддин Айнй, давр, назм, шоир, нависанда, хаёт, эчодиёт, адабиёт, адабиёти муосир, хикоя, мулокот, устод.

ИССЛЕДОВАНИЕ БИОГРАФИИ И ТВОРЧЕСТВА АБДУСАЛОМА ДЕХОТИ

В статье рассматриваются детство, образование и творчество Абдусалома Дехоти. Автор статьи предлагает подробную информацию о жизни Абдусалома Дехоти и его вкладе в развитие современной таджикской литературы. Кроме того, в статье отмечается его знакомство с основоположником современной таджикской литературы С. Айни и он считает его своим учителем. А. Дехоти изучил все произведения С. Айни, что помогло ему стать великим писателем своего времени. Также в статье рассказывается о содержании произведений А. Дехоти и жанре, через который написаны его произведения.

Ключевые слова: Абдусалом Дехоти, Садриддин Айни, эпоха, поэзия, поэт, писатель, жизнь, творчество, литература, современная литература, рассказ, связь, учитель.

BIOGRAPHY AND CREATIVITY STUDY OF ABDUSALOM DEHOTI

The article deals with childhood, education and work of Abdusalom Dehoti. The author of the article offers detailed information about the life of Abdusalom Dehoti and his contribution to the development of modern Tajik literature. In addition, the article notes his acquaintance with the founder of modern Tajik literature S. Ayni and he considers him his teacher. A. Dehoti studied all the works of S. Ani, which helped him to become a great writer of his time. Also, the article tells us about the content A. Dehoti's works and the genre through which his works are written.

Keywords: Abdusalom Dehoti, Sadriddin Aini, era, poetry, poet, writer, life, creativity, literature, modern literature, story.

Дар бораи муаллиф

Норова Гулчехра Рахматовна

Муаллими калони кафедраи кафедраи назария ва таърихи адабиёт Донишго^и давлатии омузгории Точикистон ба номи С.Айнй

734003, Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, х. Рудакй, 121 Тел.: (+992) 93 531 47 31 E-mail: norova1973@intemet.ru

Об авторе

Норова Гулчехра Рахматовна

Старший преподаватель кафедры теории и истории литературы

Таджикский государственный педагогический

университет имени С.Айни

734003, Республика Таджикистан, Душанбе,

пр. Рудаки, 121

Тел.: (+992) 93 531 47 31

E-mail: norova1973@internet.ru

About the author

Norova Gulchehra Rahmatovna

Senior lecturer of the Department of Theory and History of Literature Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni

734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 121 Ph.: (+992) 93 531 47 31 E-mail: norova1973@internet.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.