Научная статья на тему 'ТАҲАВВУЛИ САБКИ ОСОРИ ПУБЛИТСИСТӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ'

ТАҲАВВУЛИ САБКИ ОСОРИ ПУБЛИТСИСТӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
25
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДАВРА / ИСТИқЛОЛ / ПУБЛИТСИСТИКА / БАДЕӢ / САБК / ВОқЕИЯТ / ИҷТИМОӢ / АХЛОқ / СУЖЕТ / ТАНОСУБ / АНДЕША / ЛАҲН / МУҲОВАРА / НАВИШТОР / МУСИқӢ / СОХТОРИ НАҲВӢ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ҳасанова Бунафша Насриддиновна

Дар мақола баъзе хусусиятҳои сабкии публитсистикаи бадеии давраи истиқлол, аз ҷумла умумиятҳо ва тафовутҳои он дар заминаи таҳлили осори Ӯ. Кӯҳзод, Сорбон, С. Турсун ва А. Самад баррасӣ шуда, вежагиҳои тарзи нигориши онҳо ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар мақола таъсири манфии ҷараёни “умумикунонии услуби ягона” ва “забони умумихалқӣ” дар сабки нависандагон баррасӣ шуда, мухтассоти тарзи нигориши нависандагони ёдшуда, ки тобеи забони муҳовараиву гуфторӣ, насри адабиву навишторӣ ва мусиқиву оҳанги калом аст, муфассал таҳлил ва арзёбӣ шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DEVELOPMENT OF THE STYLE OF PUBLICISTIC WORKS IN THE PERIOD OF INDEPENDENCE

In the article considers some stylistic peculiarities of the art journalistic works of the period of independence, including their differences and commonalities on the concrete examples of the analysis of works by U.Kuhzod, Sorbon, S.Tursun, A.Samadov and shows their excellence in the design of the journalistic works. Also, in the article the negative phenomena in publicism, such as "generality of the same style" and "common language" in style of the writers which they sometimes missed such phenomena are analyzed and criticized, and in the further their good, creative phenomena on concrete examples are characterized.

Текст научной работы на тему «ТАҲАВВУЛИ САБКИ ОСОРИ ПУБЛИТСИСТӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ»

ТДУ 891.550

ТАХДВВУЛИ САБКИ ОСОРИ ПУБЛИТСИСТИИ ДАВРОНИ ИСТЩЛОЛ

Хасанова Б.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Aсолати осори бадеии пу6литсистии давраи истиклол дастоварди мухимми адабй бyда, тозагии мавзуъ ва сабки нигориш хусусияти хоси онро муайян мекунад. Имтиёзоти осори бадеии публитсистиеро, ки дар ин давра дар мачаллаи "Садои Шарк" чоп шудааст, пеш аз хама, фарогирй ва тасвири вокеиятхои хаёти чомеа ва нируи тасаввурот, тахайюл ва навчуихои сабкию забонй дар чараёни тасвир мушаххас месозад, ки далели тахаввули ин навъи адабй мебошад. Mахз хамин раванд публитсистикаи бадеии ин давраро аз мархалахои пешин мутафовит сохтааст, ки баъзе пахлухои онро дар ин макола аз назар мегузаронем.

Тафовути зикршуда нахуст дар сабки нависандагон ба мушохида мерасад, ки дар заминаи тарзи бархyрд ва нигориши онхо ба вокеиятхои ичтимой шакл гирифта тахаввул пайдо кардааст. Ба андешаи M. Б. Храпченко "хусусиятхои хоси фардияти эчодии нависанда дар сабк инъикос ёфта, чомеияти дарки вокеият ва назари Уро ба чахон ифода мекунад. Шак нест, ки шахсияти нависанда, ки дар хусусиятхои гуногуни осори бадеии y ифода меёбад, дар сабки y бештар намоён мешавад. Вале фардияти эчодй мурочиат ба усулхои гуногун ва воситахои тачассуми образноки бадеии зиндагиро хеч гох истисно намекунад. Фактхо гувохй медиханд, ки вокеан дар эчодиёти хунармандони фардияти эчодиашон мушаххас на факат як, балки чанд сабки ба равшанй тачассумёфта ба мушохида мерасад". Ин мухаккик сипас ин ходисаро дар мисоли гуногунрангии сабки Л. Толстой дар даврахои гуногун шарх дода, омили аслии чунин ходисаи адабиро дигаргуншавии чахонбинии нависанда ва гароиши y ба тамоюли "оммафахмй" ва "таълимй"-и осори адабй таъбир мекунад [12, с. 110]. Вале дар давраи шуравй, аз солхои бисту сй сар карда, то солхои панчоху шаст тамоюли "оммафахмй" ва "таълимй"-и осори бадей зери таъсири идеологияи хоким тадричан дигар шуд.

Aдабиёт зери таъсири назарияи "услуби ягона" шакл гирифта, раванди "ягонагии FOявй"-ии осори адабй ва "ягонагй дар услуб"-ро амалй ва дастгирй кард, ки таъсири манфии ин чараён ба адабиёти точик низ кам нест. Вакте ки мо баъзе намунахои осори бадеии публитсистии то солхои хафтодуми асри гузашта эчодшударо аз назар мегузаронем, ба равшанй дармеёбем, ки чараёни "умумикунонии услуби ягона", ки дар бештарин холатхо зери таъсири идеяи ба ном "забони умумихалкй" сурат гирифтааст, ба ташаккули сабки фардй монеахо эчод намудааст. Ин тамоюл бахусус дар очеркхо ва хикояхои истехсолии дар солхои панчоху шаст аз тарафи Рахим Ч,алил, Aъзам Сидкй, Точй Усмон ва чанди дигар эчодшуда равшан ба назар мерасад, ки баъзе пахлухои манфии он аз тарафи мухаккикон M. Шукуров (M. Шакурй), Р. Fаффоров, A. Набавй ва дигарон баррасй шудааст.

Яке аз равишхои рушди чараёни "услуби ягона" муносибати Fайри эчодй ба суннатхои меросии адабй буд. Ба андешаи M. Шукуров (M. Шакурй) "Дар бисёр мавридхо, хусусан интишори чунин тасаввуроти одии нодуруст, ки гуё вазифаи адабиёт бо як мисол исбот кардани хакикатхои маълум мебошад, ки бисёр зарар овард. Ин тасаввурот боиси пайдо шудани як навъ оханги публитсистии руякй ва одй гардид, ки нависандаро аз имкони тахкик махрум мекард" [13, с. 79]. Ин равиш хилофи табиати бадеии адабиёт ва тарзи нигориши хунармандона буд, ки сабаби ба вучуд омадани хикояву очеркхои нимбадей гардид. Х,икояхои Рахим Ч,алил "Пахтакорон", "Номус", "Дилсуз", "Х,арифон", баъзе очеркхои Aъзам Сидкиву Точй Усмон зери таъсири хамин чараён шакл гирифта, аз мулохизаронихои авомона ва сабки умумии руякии публитсистй иборат буданд. Дар ин гуна осор "тасвири нависанда, сухани кахрамонон дар бораи кор ва тачрибаи мехнатии худ мисли дастуруламале дар бораи пахтакорй намудор мегардид" [13, с. 79]. Ин равиш тарз ва оханги публитсистии осори бадеиро ифода мекард, вале хилофи вазифахои тахкикию бадей ва табиати хунарии он буд. Нодуруст фахмидани муносибати бадеият ва чанбаи публитсистй сабаби одигуй ва фуругузор шудани воситахои тасвирии публитсистй гардид.

Фазлиддин Myхаммадиев бо эчоди очеркхои "Раиси нав", "Фаттох ва Myзаффар" то чое ин равиши номатлубро дар публитсистикаи бадеии точик ислох кард ва минбаъд мабдаъи бадей меъёри асосии шаклгирии сабки нигориши баъзе аз нависандагон гардид, ки чустучухои Урун Кухзод, Сорбон, Саттор Турсун, Aбдyлхамид Самад, Кароматуллохи

Мирзо, Бахтиёр Мyртазо ва дигарон намунаи он мебошад. Ин тамоюлхои сабкии мyсбат дар эчодиёти нависандагони номбурда, бахусус дар давраи истиклол ташаккул ва тахаввули тоза пайдо кард, ки хам дар корбурди унсурхои бадеии тасвир, хам воситахои сабкии забонй равшан тачассум ёфтааст.

Усули корбурди унсурхои бадеии тасвир ё худ воситахои хунарй дар эчодиёти нависандагоне, ки ёдовар шудем, умумиятхо ва мухтассоти худро дорад. Агар умумиятхои сабкии осори бадеии публитсистии ин нависандагон зери таъсири омилхои замонй ва суннатхои адабй шакл гирифта бошад, навчуихои инфиродии онхо ба тахаввулоти эчодй ва идроки мабдаъи бадеии вокеиятхо вобастагй дорад. Дар ин замина илова ба савияи чахоншиносии нависанда дар шаклгирии сабки y накши объекти эчодй, вокеиятхои ичтимой ва хусусиятхои хоси тахаввулоти чомеа накши мухим дорад.

Нависандагони боистеъдод хамеша барои инъикоси FOявy образно усул ва воситахои нав мечуянд, то ки асари онхоро шавкангез ва ба завки хонанда наздик созад. Ин маънои онро дорад, ки нависанда сабки худро ба вучуд меоварад, месозад ва тахаввул мебахшад. Ба ин далел, сабк, пеш аз хама, василаи инъикоси образноки хаёт, усули бовар ва шавки хонандаро ба даст овардан аст. Дар сохтори сабкии асари бадей на факат накши мухтассоти шакл, балки образнокии пахлухои мушаххаси мундарича низ таъсиргузор аст. Ба ин далел, забони пуртасвир, сужет, таносуб, ритм ва Fайра дар шаклгирии сабк накши созанда дошта, хамчунин вазифаи ифодаи мазмун, FOя, тасвири чехраи шахсиятхои амалкунада ва охангнокии асарро низ бар ухда дорад.

Аз ин мавкеъ Урун Кухзод, Сорбон, Саттор Турсун ва Абдулхамид Самад гарчи хамзамон хастанд ва аз насли имрузаи нависандагонанд, аммо шеваи нигориши онхо ба куллй аз хам фарк мекунад. Шеваи нигориши Урун Кухзод бештар ба забони гуфторй ва муховарай наздик буда, сабки Сорбон гароиши хоссе ба насри адабй ва навишторй дорад. Мусикй ва оханги калом низ аз хавзаи эхсос, андеша ва фарогирии y берун нест. Мушаххасоти зохирй ва ботинии шахсиятхо низ дар тарзи нигориши ин ду нависанда аз хам фарк дорад. Аз ин чихат чанбаи насри рузномай ё худ публитситии осори Урун Кухзод аз Сорбон кавитару пурмоятар аст. Сорбон ба мусикй ва охднги калом таваччухи бештар дорад. Ин хусусият дар сабки Абдулхамид Самад низ кобили мулохиза буда, яке аз василахои таъсиргузор ба афкори омма дар насри бадеии публитсистии y мебошад. Ба хар сурат, боло будани басомади унсурхои сабкй хусусияти хосси хунарии осори ин се танро мушаххас месозад. Намунае меоварем аз Урун Кухзод:

"Як сиёсат бадном ва дилбазан бишавад, мардум хоху нохох сиёсати дигареро орзу мекунанд; ва ваъдагарони ободй ба майдон биёянд, ба умеди бехбуд, аз пайи онхо мераванд. Х,избхои нав ваъдахои нав медоданд ва мардуме, ки аз якхизбй ва яккахукмронй дилмондаву дилгир шудаанд ва шахсони мансабталабе, ки ба мансаб нарасидаанд ва касоне, ки фахму фаросаташонро нодида гирифтаанд ва чабрдидагон ва бекорон ва хангоматалабон ва бахунарон ва дахонялагон, ба сафи онхо даромаданд ва ба майдонхо баромаданд ва талаб пеш оварданд, ки "хукумдорони вакт зиндагии бадеро бори гарони халк кардаанд ва бояд ки ба истеъфо бираванд ва дар чомеа тархи демократй андохтан ногузир аст" [4, с. 142].

Ин пораест, ки аз "Серахакй ва се хизб" интихоб кардем. Ба назар чунин менамояд, ки гуйй нависанда бо одам харф мезанад ва матлаберо барои мо накл мекунад. Ин пора намунаи насри равон, сода ва бетакаллуф аст ва аз вежагихои баёни муховарай, таъбирхо ва истилохоти омиёна аст. Шеваи нигориш дар бештарини офаридахои Кухзод аз ибтидо лахни сухбатро дорад.

Х,амчунин таркиби тасвири Урун Кухзод Fанй буда, аз накли дуовоза, баёни гохномаии (публитсистии) хос ва тарзи тасвири кинояомези пуртаъриз ба хам омада, забонаш тобеи вокеияти тасвир, лахнаш гирову ширадор ва равшангар аст. Ин хусусияти сабкии осори y чанбаи гохномаии осорашро хеле барчаста ва таъсиргузор мучассам намудааст, ки тобеи мундаричаи тахлилии осораш ва хиссию зебоишиносии тарзи нигориши уст. Асоси асархои уро факт ташкил дихад хам, дар матни мушкилоти чомеа ин факт хамчун мушкилоти умумичамъиятй ба тасвир омада, нигориши публитсистй хамчун унсури сабкй чанбаи таъсиргузорй ба афкори омма дарад.

Осори бадеии публитсистй дарачахои гуногун дорад, ки дар тарзи нигориши нависанда бештар зохир мешавад. Савияи он низ ба истеъдод ва хунари муаллиф вобаста мебошад. Аз ин чихат мафхуми "публитсистикаи бадей"ро ба маънии томаш "факат ба кисми ками публитсистикаи рузномай метавон нисбат дод-кисми зиёдашро лозим аст, ки ба катори публитсистикаи "одй" ва "рузмарра" дохил кард. Ин зарурати объективист чун табакабандии маводи рузнома. Дар холи болоравии сатхи умумии публистистика фарки байни публитсистикаи "одй" ва бадеии вокей кам мемонад" [2, с. 141]. Чунин андешахои А. Н.

Василева дикати моро ба масъалаи сабки тезу тунди публитсистика чалб мекунад, ки дар тачрибаи эчодии баъзе нависандагон мухим ба назар мерасад.

Ин тарзи нигориш беш аз хама дар эчодиёти Урун Кухзод ба мушохида мерасад. Далелаш ин ки, ба кавли Абдухолик Набавй "Кухзод аз нависандагонест, ки ба масоили рузгори чомеа бетафовут набуда, ба онхо дахолати фардй менамояд ва дар ин ришта вай киссахо, маколоти гохномай ва интикодии зиёде иншо намудааст". Ба илова ин донишманд меафзояд, ки "Урун Кухзод аз нависандагони пешрав ва интикодгари чомеа, хамеша дар муковимат бо доирахои сиёсии замон карор дошта, насри точикиро дар катори хамсолони бедорфикри худ аз хайси дарунмоя ва озодандешй ба зинаи нав боло бурдааст" [5, с. 238]. Ин кушиши нависанда дар такмили сабки публитсистии бадей, бахусус тарзи тезу тунди тасвири публитсистй равшан ба мушохида мерасад.

Барои тахлил ва ошкор намудани ин хусусияти сабки нависанда пораеро аз дафтари дувуми романи "Х,айчо", ки муаллиф онро соли 2005 эчод кардааст, иктибос меоварем:

"То шахр се-севу ним километр рох бокй монда буд, ки ду наврас, дар миёнхо тасмаву тирдон ва камони Клашников сари даст, пеши рохашро гирифтанд. Дилмурод мошинро нигох дошт. Якеи онхо ба мошин наздик омад:

-Фаро! Мошинро мону худат бирав!

-Барои чй?

-Барои он ки ба мо даркор!

Дилмурод кахрашро базур нигох дошт-бетарбия, беибо "ту" мегуяд, бешармона фармон медихад...

Наврас дид, ки Дилмурод намечунбад, автоматро рост кард:

-Чоната гиру кач кун! Боз аз хамон хам намонй?!

Аз пушти силохаш мепарад. Бедарег мепаронад, хунгирифта. Бо инхо тую ман карда намешавад. Ва Дилмурод мошинро монду худаш рафт. То ба шахр пиёда рафт" [3, с. 3-4].

Ва ин пора аз хикояи "Гирифтани мох"-и Сорбон аст:

"Ба номи худое, ки чон офарид..." Он шаб мох гирифт: шаби 16 сентябри соли 1997 ба 17 сентябр. Х,амон мохи пурра, ки баъди шом аз миёни куххои баланди Зарафшон аз тирезаи пушти мошин даруни чахорчархаи моро равшан мекард. Х,оло руйи мохи мунирро парда гирифта, замину замон тираранг гашта, вахм ба дил меангезад. Ана дар чунин вазъу айём хохарбузурги ман руйи хонааш хоб аст ва чун мох парда бар руй дорад. Баръакси руйи мох пардаи сафед пушида руяшро. Ва хамон накше, ки мох бар руй гирифта, хохари ман низ гирифта. Аз пешонй то ру рост кашол аст. Ин накши пешониро буса мезадам, гарм буд. Ин бор сард аст. Ва хохарам бусаи маро бечавоб монданд; рубусй накарданд. Бо ду даст аз ду бари руям дошта "апаат мурад" гуён бусаборон накарданд. Балки чашмонашон пушида. Х,асратомез ба ман нигох накунанд, ки китоб-китоб маънй дошт. Аз чайб ё сари остини барзада кашк (курут) ё чормагз бароварда надиханд. "Ин чомоки галберак, дар богатон шинонед" нагуянд (чахормагзхои додаашон андар бустонсаро сесолаанд). Ба назарам хама чиз мурда, танхо нихолакони чормагз сабз..." [10, с. 36].

Аз ин намунаи шеъргуна дар осори Сорбон зиёд аст. Нависанда дар шаклдихии сабк ва мавзуи хикоя кудрати зиёд дорад. Чумлахо ва иборахо охангдор, равону махкаманд. Тачрибаи Сорбон баёнгари он аст, ки нависанда барои дастёбй ба сабки вежаи худ бояд мудом бо калима сару кор гирифта, навиштахои худро аз шарри чумлахои сохта, мавхум, мафхумхои умумй ва иборахои маъмулй начот медихад ва айни вожа ё чумлаеро, ки максади уро бехтар адо мекунад ба кор мебарад.

Абдухолик Набавй хусусияти асосии сабки Саттор Турсунро дар таваччухи у ба "тасвиркории бохиссиёт" дида, аз чумла навиштааст, ки "Умуман, метавон сабки Саттор Турсунро вокеагароии бохиссиёт каламдод кард. ^ирфакории у низ барои тасвиргарии вокей ва афзудани таъсири сухан равона шудаанд. Сухани Саттор Турсун манзараофар, маъникаш ва тарзи баёнаш хушнавою серсадо мебошад" [6, с. 253]. Хусусияти дигари тарзи нигориши нависандаро меъёри диди у ба вокеахои ичтимоиву ахлокй муайян мекунад. Дар навиштахои у хислат ва кисмати кахрамонон-ин тирезаест, ки муаллиф аз тарики он ба чахон ва замон менигарад. Ин чо сухан аз масъалаи вахдати назар меравад, ки хусусияти тарзи нигориши нависандаро мушаххас месозад.

Чунин вежагии сабки Саттор Турсун дар осори бадеии публитсистиаш, бахусус эссехои у равшан ба мушохида мерасад. Аз чумла дар эссеи "Нафаси гарми хаёт" мо пораи зерро дучор мешавем:

"Дар кучое хонда будам, ки гуфтаанд: дар таълифи хикояи нагз на маданияти баланди нависандагй кумак расонда метавонад ва на тачрибаи фаровони зиндагй: хикояи нагз зодаи дили бузург аст.

Х,ар боре, ки навиштахои Фазлиддин Мухаммадиевро варак мезанам, хамон суханон ба хотирам меоянд ва фикр мекунам,-у на факат истеъдиди баланди фитрй, балки дили бузург хам дорад: у худро зарра-зарра сарфи кахрамонхояш мекунад,-гуё ки дили Мунавваршохи ошик дили худи уст, гуё ки дар шаби тори рохи Фархор на ронандаи ба назари Фотима дарундор, балки худи у месарояд! Хислатхои шахсии Мухаммадиев-аз кабили рафтору гуфтори батамкин, зарофати нишонрас, захматписандй ва гайра-ба хислатхои рангини бисёр персонажхои мусбии у чо-чо омехта шуда, онхоро боз хам зиндатар кардаанд".

Чунин тарзи тасвири Саттор Турсун масъалаи вахдати назарро хамчун усули тасвир ба миён мекашад. Нависанда сарнавишти хунарии Фазлиддин Мухаммадиевро ба воситаи заррабини завкаш аз тирезаи хис ва андешааш мебинад. Хонанда низ аз тирезаи дувум вокеиятро дакик мебинад ва ба чараёни хиссу андешаи муаллиф мепайвандад. Ба ифодаи сахехтаре, ченаки ичтимоиву ахлокй ва бадей дар тарзи тасвири публитсистии Саттор Турсун дар як вакт меъёри сабкии тарзи нигориши у низ хаст, ки мухтассоти сабки уро мушаххас месозад.

Чунин нигоштахои Саттор Турсун пахлухои гуногуни вокеияти зиндагиро ошкор ва хусусияти тахлилии публитсистии тарзи нигориши уро ифода карда, пеш аз хама, мушкилоти зиндагии инсон ва дар мачмуъ чомеаро рунамой мекунад. Ин тарзи нигориш хусусияти хаячонангезии хис ва таъсиргузории андешаро дар бар мегирад, ки низ аз махсусиятхои сабки тахлилию публитсисии осори бадей мебошад. Дар хикояи Саттор Турсун "Х,асрат" тасвири хиссии хаячонангез ва маънии таъсиргузор сабки тахлиливу публитсистии нависандаро, ки дар бештарини навиштахояш имтиёз дорад, шакл дода, чанбаи таъсиргузории онро таквият бахшидааст, ки пораи зайл намунаи он аст:

"Ман аслан чаррохам, панч сол мукаддам донишгохи тиббиро ба итмом расонда, мувофики касбам дар Душанбе, дар беморхонаи ^арияи Боло беш аз як сол кор кардам. Вале рузам нагузашт,-аксар духтурони тачрибанок ба гуруххо чудо шуда, беморонро низ дар байни худ таксим намуда ва аз ин, албатта, суд чуста, ба ман барин чавонони бетаго чандон руи хуш намедоданд. Гирумони онхоро дидаву пурсида, нозукихои чаррохиро зудтар омухтан хам мушкил буд. Зеро хар гурух таноби фоидаро ба чониби худаш мекашид, шахси бегона ё ба дидаш номакбулро наздик шудан намемонд. Чизе ёд додани он тараф истад, баръакс-то метавонист ба корат халал мерасонд, ба таки поят арзан мерехт..." [11, с. 13-14].

Пораи иктибосшуда ва тамоми матни хикояи Саттор Турсун мубохисавй буда, вай бо созмони мураккаби мундаричавию сабкй фаро гирифта шудааст. Ин созмони сабкй саропо мубохисавй буда, вале факат ба он махдуд намешавад. Унсурхои мубохиса бо дигар унсурхои сабкии сохтори ин хикоя омехта, дар хамхонй бо дигар воситахо тахаввул пайдо кардааст. Мазмуни пораи иктибосшудаи хикояро киёсот тахаввул бахшида, корбасти киёсот таъсири маънавии онро зиёд кардааст, ки тезию тундй, боварибахшии лахни гуфтори нависанда ва кахрамон, катъият ва таъсиргузории оханги хикояро афзоиш додааст.

Дар идомаи матни хикоя хамин усули тасвир идома ёфта, хусусиятхои нав пайдо мекунад. Унсурхои забони гуфтугуй низ афзоиш ёфта, хонандаро ба матн наздик месозад. Дар матн тезию тундии сухани ровй (нависанда) асоси кавии мантикй дошта, тадричан ба бахс табдил меёбад ва сохтори ягонаи сабкии хикояро шакл медихад.

Ба василаи корбурди унсурхои зикршудаи сабкй нависанда хонандаро ба худ моил ва тадричан "асир" сохта, рухан уро омода месозад, ки хамрохи у аз як тиреза ба вокеият нигарад. Бо хамин усул вай хонандаро дар пазириши тезиси асосии муаллиф фаъол ва бодикат месозад, ки дар идомаи хикоя мушаххас, пуртасвир ва мутахаввил мешавад. Дар такмили ин усули тасвир нависанда тамоюли дакики содагарой дошта, тезу тундии сухани ровй ва гуфтугуи шахсиятхои хикоя ба такмили сабки у мусоидат кардааст.

Сабки осори бадеии публитсистии Абдухамид Самад, пеш аз хама, ба расм ва тарзи баёни нависанда ишора карда, тадбир ва тамхидест, ки нависанда дар эчоди осораш ба кор мегирад. Ба ифодаи дигар, интихоби калима, сохтори асар, забони мачозй, тачониси хуруф ва дигар унсурхои савтй дар тахаввули сабки нигориши у дахли зиёд доранд. Ороиши калимотро у ба тарзе корбаст мекунад, ки фардияти нависанда ва фикру нияти уро баён мекунад. Сабк дар тачрибаи Абдулхамид Самад таркибе аз ду унсур аст: фикре, ки бояд баён шавад ва фардияти нависандаро ифода кунад. Х,амчунин сабк дар тачрибаи нависанда миёни эчодкор ва маводу масолехи асараш мувофикати комили дутарафа баркарор кардааст, ки намунааш пораи зер аст:

"Амаке доштам кадбаланд, хушсурат, шофбурут; шонахояш пахн, дасту панчахояш калон, ангуштонаш дароз-дарози пургурм, пусти кафхояш коркуфтаву шабехи чарм, рагхои борику гафси пушти дастонаш печ дар печи барчаставу кабудфом,-гумон мекардам устоди варзиш аст. Не, вай милиса буд, милисаи каторй. Дар рохи бозгашт аз чанги Олмон ба

зодгохаш-дехаи кухистон нарафта, бо маслихати дусти хамсилохаш дар шахр мемонад ва милиса мешавад. Сарбози дар майдони чанг обутобёфта, нотарс. Ба у гуфтанд, ки таъмини тартибу низом дар пойтахт, гирифтани алови чашми дузду кисабур ва авбошхо холо хеле зарур аст. Одамон аз кирдори бади нохалафон дар наклиёту бозор ба танг омадаанд" [8, с. 40].

Нависандаи публитсист маънии шоирона ва умки дарунмояи онро ошкор сохта, ба ин васила хонандаро рахнамой мекунад, ки нисбат ба сарнавишти шахсияти хикоя бепарво набошад. Вожаи нахустини чумлаи савумро аз назар мегузаронем. Агар онро берун аз матни публитсистй баррасй кунем, вожаи сарбоз хамчун мафхуми мавхум фахмида мешавад. Вале дар корбурди Абдулхамид Самад дар як вакт ин образи чомеъи бо муносибатхои самимона фарогирифта мебошад. Дар идомаи хикоя чанбаи чомеияти образ тахаввул пайдо карда, вожаи милиса низ ин пахлуи тасвирро такмил мебахшад. Вусъатнокии мазмуни ин ду калима ва тасвири чозиби хаячонангези он тахтулматни хосси чомеъ ва таъсиргузори хикояро таъмин намудааст, ки пахлуи пурмояи сабки нигориши нависанда мебошад. Абдулхамид Самад хангоми тасвир унсурхои муассирии хис ва андешаро ба хам пайванд додааст, ки барои такмили сабки публитсистикаи бадей омили таъсиргузор аст.

Дар эчодиёти Абдулхамид Самад наклу тасвир унсури муассири сабксоз буда, ба гуфтаи А. Сайфуллоев "Вай чй кадаре ки вокеаю ходисахоро устодона накл намояд, ба хамон андоза ба тасвирхои худ чон ато мекунад. Дар тасвир калами у рангу чилои тоза пайдо менамояд, вижагихои табиати махалро пурраю зебо руи когаз меоварад... Дар хикояву киссахои Абдулхамиди Самад тасвири манзараи табиат-пейзаж мавкеи калон ишгол мекунад ва он на танхо барои ошно кардани хонанда бо чою макони содиршавии вокеа, балки барои инкишофи сужет ва кушодани хислату характери кахрамонон низ хизмати шоиста бо чо меорад, дар асар вазифаи мухимми гоявию бадеиро ба ичро мерасонад" [7, с. 461]. Масалан дар хикояи "Булбулони шахр ва зог" нависанда "нагмаи андалебони шабзиндадор"-ро бо камоли хунар тасвир карда, ба ин васила маънй ва андешаи рамзомези худро баён кардааст, ки тарзи нигариш мохияти тасвири уро ошкор мекунад.

Асадулло Саъдулоев дар мисоли эссехои Абдулхамид Самад асоси вокей доштани сабки нависандаро таъкид карда, озодии сабк, хадафмандии тахкик, хосси як жанри "интелектуал"-образнок будани забони нависанда ва гуворо будани лахни гуфтори муаллифро аз мухтассоти хунарии нависанда донистааст, ки ин фазилатхоро метавон ба дигар асархои у низ мунсуб донист. Чизи дигаре, ки навиштахои нависандаро аз эчодхои хамкасбонаш фарк мекунонад, шеваи хосси нигориш дар баён ва тасвири мавзуъхои муштарак аст. Дар ин замина А. Самад васоилеро чустучу ва корбаст мекунад, ки ба василаи онхо ба зехни хонанда таъсири хоссе ба вучуд оварад.

Х,амин тавр, хусусияти сабки осори бадеии публитсистии ин давраро, пеш аз хама, фарогирй ва тасвири хунармандонаи вокеиятхои мухими ичтимой ва ахлокй, нируи тасаввурот, тахайюл ва навчуихои нависандагон мушаххас сохта, мухтассоти сабкиро забони пуртасвир, сужет, таносуби фикру андеша, лахни навиштор, тарзи корбурди забони гуфторй, муховарай, адабиву навишторй, мусикй ва оханги калом, интихоб ва ороиши калима, сохтори нахвй, унсурхои мачозии забон, тачониси хуруф ва маънии шоирона ташакккул бахшидааст.

Адабиёт

1. Бухорои, М. Ш. Диди эстетикии халц ва насри реалисты /М. Ш. Бухорои. -Хуцанд: Нури маърифат, 2006. -192 с.

2. Василева, А. Н. Газетно-публицистической речь /А. Н. Василева. -Москва: Русский язык, 1982. - 198 с.

3. Куузод, У. Х,айцо. Роман / У. Куузод // Садои Шарц. - 2006. - № 7. - С. 3-65.

4. Куузод, У. Гардани гам бишканед / У. Куузод. - Душанбе: "ЭР-граф", 2018. - 344 с.

5. Набави, А. Намунаи насри муцовимат /А. Набави. Цусторуо ва ибтикорот дар наср. - Душанбе: "Адиб", 2009. - С. 231-238.

6. Набави, А. Рисолати адиб ва адабиёти милли /А. Набави. Цусторуо ва ибтикорот дар наср. Душанбе: "Адиб", 2009. - С. 243-254.

7. Сайфуллоев, А. Цону цауони наср/А. Сайфуллоев. - Душанбе: "Ирфон", 2007. - 538 с.

8. Самад, А. Ёр дар бари ёр/А. Самад. Ёр дар бари ёр. - Душанбе: "Адиб", 2019. - С. 5-8.

9. Самад, А. Булбулони шаур ва зог/А. Самад. Ёр дар бари ёр. - Душанбе: "Адиб", 2019. - С. 36-39.

10. Сорбон. Гирифти моу / Сорбон // Садои Шар. - 2006. - № 3. - С. 36-38.

11. Усмонов,И.Назарияипублитсистика / И. Усмонов. - Душанбе: Шарци озод, 1999. - 100 с.

12. Храпченко, М. Б. Творческая индивидуалност писателя и развитие литератури /М. Б. Храпченко. -Москва: "Художественная литература", 1997. - 446 с.

13. Шукуров, М. Тадицици бадеи ва цанбаи публитсистй /М. Шукуров. Мактаби одамият: Баъзе масъалауои адабиёт ва маънавият. - Душанбе: "Адиб", 1991. - С. 73-91.

ТАХДВВУЛИ САБКИ ОСОРИ ПУБЛИТСИСТЙ ДАР ДАВРАИ ИСТЩЛОЛ

Дар макола баъзе хусусиятхои сабкии публитсистикаи бадеии давраи истщлол, аз чумла умумиятхо ва тафовутхои он дар заминаи тахлили осори У. Кухзод, Сорбон, С. Турсун ва А. Самад баррасй шуда, вежагихои тарзи нигориши онхо ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Х,амчунин дар мацола таъсири манфии чараёни "умумикунонии услуби ягона" ва "забони умумихал^й" дар сабки нависандагон баррасй шуда, мухтассоти тарзи нигориши нависандагони ёдшуда, ки тобеи забони муховараиву гуфторй, насри адабиву навишторй ва мусщиву оханги калом аст, муфассал тахлил ва арзёбй шудааст.

Калидвожахо: давра, истщлол, публитсистика, бадей, сабк, вокеият, ичтимой, ахло^й, сужет, таносуб, андеша, лахн, муховарай, навишторй, мусщй, сохтори нахвй.

РАЗВИТИЕ СТИЛЯ ПУБЛИЦИСТИЧЕСКИХ ПРОИЗВЕДЕНИЙ В ПЕРИОД НЕЗАВИСИМОСТИ

В статье рассматривается некоторые стилистические специфики художественных публицистических произведений период независимости, в том числе их различия и общности на конкретных примерах анализа произведений У Кухзод, Сорбон, С.Турсун, А.Самадов и достаточно показан их мастерство в оформление публицистических произведений. Так же, в статье проанализирована и раскритикована негативных явлений в публицистике, таких как "общность однородних стил"и "общенародных язык" в стиле писателей, которых они иногда пропустили таких явлений, и в далнейшем охарактеризована их хороших, творческих явлений на кокретных примерах.

Ключевые слова: период, независимость, публицистика, художественных, стил, действителность, социалный, этических, сюжет, соответствие, размышление, язык, разговорный, писательский, музыкальный, морфологических структур.

DEVELOPMENT OF THE STYLE OF PUBLICISTIC WORKS IN THE PERIOD OF INDEPENDENCE

In the article considers some stylistic peculiarities of the art journalistic works of the period of independence, including their differences and commonalities on the concrete examples of the analysis of works by U.Kuhzod, Sorbon, S.Tursun, A.Samadov and shows their excellence in the design of the journalistic works. Also, in the article the negative phenomena in publicism, such as "generality of the same style" and "common language" in style of the writers which they sometimes missed such phenomena are analyzed and criticized, and in the further their good, creative phenomena on concrete examples are characterized.

Keywords: period, independence, journalism, fiction, style, reality, social, ethical, plot, correspondence, reflection, language, colloquial, writing, music, morphological structures.

Дар бораи муаллиф

Хдсанова Бунафша Насриддиновна

Унвончуи кафедраи назария ва таърихи адабиёт

Донишгохи давлатии омузгории Точикистон

ба номи Садриддин Айнй

734003, Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе,

х. Рудакй, 121

Тел.: (+992) 987 60 13 18

Об авторе

Хасанова Бунафша Насриддиновна

Соискатель кафедры теории и истории литературы

Таджикский государственный педагогический

университет имени С. Айни

734003, Республика Таджикистан, г. Душанбе,

пр. Рудаки, 121

Тел.: (+992) 987 60 13 18

About the author

Khasanova Bunafsha Nasriddinovna

Applicant for the Department of Theory and History of Literature Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni

734003, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Rudaki Ave., 121

Ph.: (+992) 987 60 13 18

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.