Научная статья на тему 'ДАВРАҲОИ ТАҲАВВУЛИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОқӢ ДАР НАСРИ БАДЕИИ АСРИ ХХ'

ДАВРАҲОИ ТАҲАВВУЛИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОқӢ ДАР НАСРИ БАДЕИИ АСРИ ХХ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
213
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АСАР / ТАҲАВВУЛОТ / МАРҲИЛА / АДАБИЁТ ТАБАДДУЛОТИ СИЁСӢ / СУННАТҲОИ МИЛЛӢ / МАВЗӯЪ / ВАЗЪИ СИЁСИВУ ИҷТИМОӢ / НАқДИ АДАБӢ / АРЗИШҲОИ АХЛОқИВУ МАЪНАВӢ / АХЛОқИ ҲАМЗАМОНОН

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Мавлонова Мутриба Чӯраевна

Дар мақола марҳалаҳои инъикоси масоили ахлоқӣ дар осори бадеии садаи ХХ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи таҳқиқи осори бадеии садаи ХХ муайян намудааст, ки инъикоси масоили ахлоқӣ вобаста ба талаботу ниёзҳои замон, бахусус, бо таъсири дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоии давр, табаддулоти куллӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми тоҷик таҳаввул намудааст. Мавсуф се давраи тагъирёбии меъёрҳои ахлоқиро дар насри бадеӣ муайян кардааст. Марҳилаи аввал аз солҳои 20-ум то солҳои 40-ум муайян шуда, ахлоқи қаҳрамонон бештар аз нигоҳи замони кӯҳнаву нав баррасӣ гардидааст. Нависандагон ахлоқи манфури давраи амириро зери танқиди шадид гирифта, образҳои тозае офаридаанд, ки бо сифатҳои хуби ахлоқӣ барои зиндагии осоиштаи мардум кӯшиш доранд. Давраи дувум аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ то авохири солҳои 50-ум маҳсуб мешавад, ки бо тараннуми ахлоқи ҷавонмардон, инъикоси ватандӯстӣ, диловариву корнамоиҳои ҷанговарон, садоқати занон ва ситоиши корномаву андешаву ахлоқи қаҳрамонон имтиёз дорад. Марҳилаи сеюм аз авохири солҳои 50-ум то поёни садаи ХХ муайян шуда, давраи инъикоси ахлоқи қаҳрамон бо забону баён ва шеваҳои тозаи тасвир маҳсуб мешавад. Дар ин марҳила тавассути баҳрабардорӣ аз сабақҳои таърих, истифодаи қиссаву ривоёт, устураву рамзҳо, бахусус, бакоргирии насри андеша, пурқувват шудани ковишҳои психологӣ меърҳои ахлоқие аз қабили озодии фикру амал, дӯст доштани Ватан ва эҳтироми муқаддасоти он, расму оинҳои миллӣ, ба ҷой овардани вазифаҳои хоси инсонгароӣ ва монанди ин ба миён омаданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PERIODS OF EVOLUTION REFLECTING ETHICAL PROBLEMS IN BELLES-LETTRES PROSE REFERRING TO THE XX-TH CENTURY

The article dwells on the stages of reflecting moral issues in the belles-lettres heritage referring to the XX-th century. Designing on the premise of the study beset with literary productions of the relevant century, the author determines that reflection of moral issues in connection with the needs of time, in particular, under the influence of politico-social changes has undergone fundamental changes. She identifies three periods of change in moral standards in belles-lettres literature. The first stage is defined from the 20-ies upto the 40-ies he characters' morals are considered more from the point of view of old and new times. The writers have sharply criticized nefarious ethics of the emirate and created new images that strive for a peaceful life of people with good moral qualities. The second one from the beginning of the Great Patriotic War upto the end of 1950-ies is characterized by the glorification of morals of young people, reflection of patriotism, courage and exploits of soldiers, loyalty of women and praise of exploits and plans of heroes...The article dwells on the stages of reflecting moral issues in the belles-lettres heritage referring to the XX-th century. Designing on the premise of the study beset with literary productions of the relevant century, the author determines that reflection of moral issues in connection with the needs of time, in particular, under the influence of politico-social changes has undergone fundamental changes. She identifies three periods of change in moral standards in belles-lettres literature. The first stage is defined from the 20-ies upto the 40-ies he characters' morals are considered more from the point of view of old and new times. The writers have sharply criticized nefarious ethics of the emirate and created new images that strive for a peaceful life of people with good moral qualities. The second one from the beginning of the Great Patriotic War upto the end of 1950-ies is characterized by the glorification of morals of young people, reflection of patriotism, courage and exploits of soldiers, loyalty of women and praise of exploits and plans of heroes. The third one is defined from the end of the 50-ies upto the end of the 20-th century and is considered to be the period of expression of morality of hero with language, expression and pure style of depiction. At the relevant stage, through the use of history lessons, usage of fairy tales and legends, principles and symbols, in particular resorting to prose, strengthening of psychological research, such as freedom of thought and action, love for the Motherland and respect for its saints, national customs and traditions, characteristic of humanity and so on.

Текст научной работы на тему «ДАВРАҲОИ ТАҲАВВУЛИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОқӢ ДАР НАСРИ БАДЕИИ АСРИ ХХ»

ТДУ 8Т2 ТКБ 83,3(2Т)

Мавлонова Мутриба Чураевна, номзади илмуои филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров "(Тоцикистон, Хуцанд)

Мавлонова Мутриба Джураевна, кандидат филологических наук, доцент кафедры современной таджикской литературы ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Mavlonova Mutriba Juraevna, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of modern Tajik literature under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: mutriba_mavlonova@mail.ru

Вожа^ои калиди: асар, тауаввулот, маруила, адабиёт. табаддулоти сиёси, суннатуои милли, мавзуъ, вазъи сиёсиву ицтимой, нацди адаби, арзишуои ахлоциву маънавй, ахлоци уамзамонон

Дар мацола маруалауои инъикоси масоили ахлоци дар осори бадеии садаи ХХ мавриди омузишу пажууиш царор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи тауцици осори бадеии садаи ХХ муайян намудааст, ки инъикоси масоили ахлоци вобаста ба талаботу ниёзуои замон, бахусус, бо таъсири дигаргуниуои сиёсиву ицтимоии давр, табаддулоти кулли дар тамоми цабуауои уаёти мардуми тоцик тауаввул намудааст. Мавсуф се давраи тагъирёбии меъёруои ахлоциро дар насри бадеи муайян кардааст. Маруилаи аввал аз солуои 20-ум то солуои 40-ум муайян шуда, ахлоци цаурамонон бештар аз нигоуи замони куунаву нав барраси гардидааст. Нависандагон ахлоци манфури давраи амириро зери танциди шадид гирифта, образуои тозае офаридаанд, ки бо сифатуои хуби ахлоци барои зиндагии осоиштаи мардум кушиш доранд. Давраи дувум аз огози Цанги Бузурги Ватани то авохири солуои 50-ум маусуб мешавад, ки бо тараннуми ахлоци цавонмардон, инъикоси ватандустй, диловариву корнамоиуои цанговарон, садоцати занон ва ситоиши корномаву андешаву ахлоци цаурамонон имтиёз дорад. Маруилаи сеюм аз авохири солуои 50-ум то поёни садаи ХХ муайян шуда, давраи инъикоси ахлоци цаурамон бо забону баён ва шевауои тозаи тасвир маусуб мешавад. Дар ин маруила тавассути баурабардорй аз сабацуои таърих, истифодаи циссаву ривоёт, устураву рамзуо, бахусус, бакоргирии насри андеша, пурцувват шудани ковишуои психологй меъруои ахлоцие аз цабили озодии фикру амал, дуст доштани Ватан ва эутироми муцаддасоти он, расму оинуои миллй, ба цой овардани вазифауои хоси инсонгарой ва монанди ин ба миён омаданд.

Ключевые слова: произведение, эволюция, сцена, литература, политическая революция, национальные традиции, тема, политическая и социальная ситуация, литературоведение, нравственные и духовные ценности, современная этика

В статье рассматриваются этапы отражения нравственной проблематики в художественном наследии ХХ века. На основе изучения литературных произведений ХХ века автор определил, что отражение нравственных вопросов в связи с потребностями времени, в частности, под влиянием политических и социальных изменений претерпело коренные изменения. Он выделил три периода смены нравственных норм в художественной литературе. Первый этап определяется с 20-х по 40-е годы, нравы героев рассматриваются больше с точки зрения старых и новых времен. Писатели подвергли резкой критике гнусную этику эмирата и создали новые образы, людей, стремящихся к мирной жизни и имеющих хорошие нравственные качества. Второй период от начала Великой Отечественной войны до конца 50-х годов характеризуется прославлением нравов молодежи, отражением патриотизма, мужества и подвигов воинов, верности женщин и восхвалением подвигов и замыслов героев. Третий этап определяется с конца 50-х до конца ХХ века и считается периодом выражения нравственности героя языком, экспрессией и чистым стилем изображения. На данном этапе наблюдается использование уроков истории, сказок и легенд, принципов и символов, в частности, использование прозы, усиление психологических исследований, таких как свобода мысли и действия, любовь к Родине и проявление

83

ДАВРАХ^ОИ ТАХ^АВВУЛИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛА^ОИ АХЛОЦИ ДАР НАСРИ БАДЕИИ АСРИ ХХ

ПЕРИОДЫ ЭВОЛЮЦИИ, ОТРАЖАЮЩИЕ ЭТИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ В ХУДОЖЕСТВЕННОЙ ПРОЗЕ ХХ ВЕКА

PERIODS OF EVOL UTION REFLECTING ETHICAL PROBLEMS IN BELLES-LETTRES PROSE REFERRING TO THEXX-TH CENTURY

уважения к ее святыням, национальным обычаям и традициям, характерным для человечества и т.п.

Key words: literary production, evolution, stage, literature. political revolution, national traditions, theme, politico-social situation, literary criticism, moral and spiritual values, modern ethics

The article dwells on the stages of reflecting moral issues in the belles-lettres heritage referring to the XX-th century. Designing on the premise of the study beset with literary productions of the relevant century, the author determines that reflection of moral issues in connection with the needs of time, in particular, under the influence of politico-social changes has undergone fundamental changes. She identifies three periods of change in moral standards in belles-lettres literature. The first stage is defined from the 20-ies upto the 40-ies he charactersл morals are considered more from the point of view of old and new times. The writers have sharply criticized nefarious ethics of the emirate and created new images that strive for a peaceful life of people with good moral qualities. The second one from the beginning of the Great Patriotic War upto the end of 1950-ies is characterized by the glorification of morals of young people, reflection of patriotism, courage and exploits of soldiers, loyalty of women and praise of exploits and plans of heroes. The third one is defined from the end of the 50-ies upto the end of the 20-th century and is considered to be the period of expression of morality of hero with language, expression and pure style of depiction. At the relevant stage, through the use of history lessons, usage of fairy tales and legends, principles and symbols, in particular resorting to prose, strengthening of psychological research, such as freedom of thought and action, love for the Motherland and respect for its saints, national customs and traditions, characteristic of humanity and so on.

Мусаллам аст, ки табаддуллоти сиёсии ибтидои асри ХХ дар тамоми чабхахои хаёти ичтимой, иктисодй ва фархангии халки точик дигаргунии куллй ба вучуд оварда, ба ташаккулу инкишофи адабиёти аз лихози мавзуву мундарича тоза рох хамвор намуд. Замони нав дар фаъолияти нависандагону шоирон низ вазифахои тоза гузошт. Адабиёти бадей чун махсули афкору вазъи сиёсии чадид ба вучуд омада, то хадде ранги ичтимой гирифт ва равнаку чилваи тоза ёфт. Ташвики гояхои шуравй, дастуру оинхои хизбй, тасвири афкори ватандустй ва ифтихори миллй рушд намуд. Шевахои кухани наср мархила ба мархила аз миён рафта, адабиёти бадей руй ба тасвирхои тозаву чадид овард. Баробари анвои чадид, забони содаву бепироя, сабку услуб ва мафохими тозаи ичтимой зухур намуданд. Масоили мубориза бар зидди истисморгарон, босмачигарй, озодии мардум, сохтмони хаёти нав, хукуки занон, масоили кухнаву нав, махви бесаводй, рушди маорифу маданият ба доираи таваччухи ахли завку назар ворид шуд. Гузашта аз ин, дар заминаи тасвири нобаробарии вазъи иктисодии чомеа то замони шуравй, муборизаи шадиди акливу эхсосй ва гоявй образхои барчастаи мутазид зухур намуданд. Чунин тамоюлхои чашмгир тахаввулоти назаррасеро дар инъикоси масоили ахлоки инсон дар солхои бистуми садаи ХХ ба миён оварданд. Таваччух ба гояву мухтавои адабиёти солхои мавриди назар вобаста ба вазъи сиёсиву ичтимоии давлати абаркудрати шуравй мархила ба мархила тахаввул намудани арзишхои ахлокй ва меъёрхои тасвир низ дар адабиёт дарак медихад. Аз ин ру, тасмим гирифта шуд, ки ба роху усул ва замони тахаввули мархилахои ахлокй дар адабиёти садаи ХХ то андозае равшанй андохта шавад. Мархилаи аввалро метавон аз солхои бистум то солхои 40-ум муайян намуд, ки бо ному осори саромадони адабиёти бадеии точик Садриддин Айнй, Х,аким Карим, Рахим Ч,алил, Ч,алол Икромй рабт дошта, давраи идомаи суннатхои миллии адабй дар навъу колаб ва гояхои тоза ба хисоб меравад. Дар асархои ин адибони маъруф мазмуни тоза пайдо кардани ахлоки маргуби ачдодони мо, сифатх,ои ахлоки шуравй дар андешаю гуфтор ва кирдору рафтори муосирон ба зухур омаданд. Инъикоси мавзую мазмунх,ои вижаи ахлокй аз нахустповести бунёдгузори насри точик устод С.Айнй «Ч,аллодони Бухоро» (1920) огоз гардида, давра ба давра дар асархои дигар мавкею макоми устувор пайдо намуданд. Мавсуф бо санъати баланди офарандагй таъсири сиёсати замон, мухити ичтимой, зулму истибдоди давраи амириро дар шаклгирии ахлоки хамзамонон ба тасвир гирифта, вайрон шудани ахлоки инсонхо ва гузашта аз ин, таъсири онро ба такдир ва хатто гусаста шудани риштаи умри онхо нишон медихад. Мухтавои повестхои адиб аён мекунанд, ки инсонпарварй хамчун яке аз гояхои асосии осори устод карор гирифта, дар шаклу мазмунхои гуногун ба зухур омадааст. Барои нависанда хастии озодона бидуни фишору таъзик, зулму асорат ва озодй дар ифодаи андешаву афкор, интихобу амал, зиндагиву кори инсон мухим буд. Аз ин ру, дар повести «Ч,аллодони Бухоро» масоили инсонпарварй на танхо аз рахму шафкат нисбат ба инсон, балки муборизаи у барои озодй, зиндагии осоишта, химояи хукук, дастрасй ба кору амалхои дилхох, гиромидошт ва некуахволй дар чодаи аввал карор доранд. Азбаски мохияти аслии повестро нишон додани вазъи сиёсати замон, тачассуми зулму

и стибдоди х о к и м о н и давр ва мухим аз хама, тафаккуру ахлоки инсон дар нимаи охири садаи Х1Х ва ибтидои садаи ХХ ташкил медихад, саргузашту мушохидахои нависанда ба сифати моводи асосии асар хидмат карда, бештар зиндагии шахсони вокей ва рафтору хислатхои мушохиданамудаи нависанда ба калам омадаанд, аз ин ру, шиносой бо ахлоки кахрамонони асар бевосита аз ахлоки хамзамонони нависанда шаходат медиханд. Чунин усули нигориш минбаъд дар повестхои «Одина», «Ятим» ва романхои «Дохунда»-ву «Гуломон» низ вусъат ёфт. Донишманди маъруфи точик Атахон Сайфуллоев андеша дорад, ки «Дар романхои «Дохунда», «Fуломон» ва повести «Ятим» ахлоки феодалй махкум ва ахлоки нави сотсиалистй ба сифати муайянкунандаи дунёи маънавии кахрамонони асар васф мешавад» [16,c. 221]. Бо он хама таваччухи фаровон ба вазъи сиёсиву ичтимоии чомеа, азобу машаккат ва такдири инсон дар асархои бадеии нависанда метавон натичае бардошт, ки адиби маъруф дар омилхои рафъи мушкилоти маънавии чомеа ва хулку атвори муосирон мехохад инсонхои сохибирода ва хушахлоки замони хешро тархрезй намояд. Хдкикати вокеии асархои устод Айнй дар он зохир мешавад, ки нависанда персонажхои мехвариро пайваста дар холатхои чисмонию рухонй, азобу мехнати пуршиканча ва мубориза бо ноадолатихои замон ба тасвир мегирад. Адиб вазъи синнусоливу оилавй, тафаккуру чахонбинии кахрамононро аз дидгохи хеш берун намегузорад ва бештар сабаби вайроншавии ахлоки чавононро аз мухити хонавода медонад, ки образи Ибод аз повести «Одина» намунаи боризи ин андешахост. Ба ибораи дигар, аъмоли кахрамонони повести «Одина» чунон дар мукоисаву мукобила ба тасвир омадааст, ки хонанда бегумон тавассути онхо мохияти хастии инсонро дар тафаккури адиб дарк мекунад. Масъалаи мехварии повестхо бахсу андешахои амики фалсафй дар заминаи муборизаи неку бад ва адлу зулм мебошад. Табиист, ки аз назари ахлокй ифода намудани андеша ва бо панду хикмат зиннат бахшидани осор то замони таълиф ва нашри аввалин асархои мансури бадей низ дар эчодиёти адиб чой доштанд ва чуноне ки адабиётшиноси маъруф Мухаммадчон Шакурй низ зикр кардаанд: «Анъанахои панду хикмат аз солхои бист дар эчодиёти устод Айнй шакл дигар карда кам-кам ба дастурхои тасвири реалистона тобеъ шудаанд» [19,с.54].

Мусаллам аст, ки адабиёти баъдиинкилобии точик аз асолати худ хеле дур рафта, бисёр аз арзишхои адабй бархам хурда, инъикосгари ниёзхову матлабхои сиёсати асри ХХ гардид. Он ба талабот ва ниёзхои замона, татбики гояву дастурхои хизбй ва таблиги дастоварду комёбихо хидмат намуда, инъикосгари рухи замон ва вазъи ичтимоиву сиёсй шуда буд. Набояд фаромуш кард, ки нависандагон хамчун парвардаи хамин мухит ба талаботхои он созгор мешуданд ва нукотеро бар шарху тафсиру тасвир мепардохтанд, ки барои чомеа мухим мехисобиданд ва ё сиёсати вакт ичборан бар души ахли калам мегузошт. Бахусус, омили дувум чун талаботи сиёсии солхои мавриди назар асоси эчодиёти нависандагонро фаро гирифта буд, ки ин зухуротро дар эчодиёти Рахим Ч,алил низ мушохида намудан мушкил нест. Нависанда дар баробари мутобик шудан ба чахорчубаи талаботи адабии замон дар интихоби мавзуъ ба маънавиёту ахлоки кахрамонон марок зохир мекунад ва ахлоки кахрамононро бо ду усул ба риштаи тасвир мекашад: аввал, дар хикояхои чиддй, ки бештар муборизаи халк барои зиндагии осоишта ва фаъолияти мехнатии мардум инъикос шудааст, дигар дар хикояхое, ки бокимондахои урфу одатхои халкй ва хислатхои инсонхо ба тарики танз нишон дода мешавад. Дар хар ду холат хам адиб кушиш намудааст, андешаву афкор ва мухимтар аз хама, ахлоки кахрамонро дар заминаи тагйироти мухими ичтимоиву маънавй ва сиёсй нишон дихад. Ч,алол Икромй дастёб гардид, ки дар осори реалистй, ки тору пуди он бар вокеанигорй бунёд ёфтааст рангу накшхои психологиро чой дихад ва дар ин замина масоили ахлокиро хеле густарда баррасй намояд. Мавсуф дар осоре, ки то солхои 40-ум руи чоп омадаанд, бештар ба ахлоки одамони замони нав таваччух дорад. Мухимтарин нукта дар тасвири ахлоки занону духтарон зохир мешавад. Адиб дар баробари бозтоби ахлоки шоистаи занон, аз ахлоки манфури онхо низ сухан карда, («Тирмор») масъалаи озодии занонро мавриди санчиш гузоштааст («Зухро»). Мавсуф ончунон дар тасвири афкору андешаи кахрамонони манфй махорат зохир намудааст, ки бевосита шахсияти онхо бо тамоми ниходу андешаи касиф пешоруи хонанда падидор мешавад.

Асархои Ч,алол Икромй чихатхои пешкадами ахлоки замони худро таргиб карда, одамонро дар рухи покиза доштани тинат, озодии ишку мухаббат, кадршиносии хамдигар ва амсоли инхо тарбият мекарданд. Чунин тарзи тасвир, ки бештар дар асоси мукоисаву мукобила нишон додани ахлоки хамзамонон зухур мекунад, дар хикояву новеллахои Х,аким Карим низ мушохида мешавад. Х,аким Карим, ки бештар дар инъикоси руйдодхои тозаи хаёт махорати хоса дошт, тасвири ахлоки кахрамононро низ чун устод Айнй ва Ч,алол Икромй дар заминаи муборизаи кухнаву нав ба кор гирифт.

Ч,анги Бузурги Ватанй чун дигар вокеахои сиёсии замон тахаввули чашмгиреро дар гояву мухтавои адабиёти точик ба миён овард ва тули зиёда аз 30 сол яке аз мавзуъхои мухим дар хама навъхои адабй карор гирифт. Солхои чанг адибони точик ба таълифи анвои хурди адабй бештар таваччух намуданд. Fояхои нависандагон бештар дар жанрхои хикоя, новелла, осори публитсистй ва драма чойи худро пайдо намуда, як муддат повесту роман навишта нашуданд, зеро анвои бадей чун анвои иттилоотй хусусияти фаврй бояд касб мекард ва хдмовоз будани нависандагонро дар вокеахои чанг нишон медод. Меъёрхои маъмулии ахлокй дар жанрхо ва мавзуъхои чадид зухур намуданд. Бо баробари огоз шудани чанги дуюми чахонй бархе аз сифатх,ои ахлоки к;ах,рамонон ру ба тахаввул оварданд, зеро сиёсати замон такозо дошт, ки барои харчи бештар таргибу ташвик намудани чавонон ба майдони чанг ба бархе аз аносири тозаи ахлокй таваччух зохир карда шавад. Азбаски дар замони чанг хусусияти таргиботиву ташвикотии адабиёт ру ба рушд овард, зарурати бакоргирй ва мазмунсозй тавассути меъёрхои тозаи ахлокй як падидаи маълум буд. Мумтозтарин адибони давр чун устод Айнй ба навиштани осори публитсистй руй оварданд ва дар ташаккулу густариши жанрхои очерк, фелетону памфлет сахм гузоштанд. Гузашта аз ин, инъикоси масоили ахлокй дар заминаи рyйоварй ба таърихи гузаштаи халк ва адабиёти шифохй рушд намуд, адабиёти бадей низ дар жанрхои хурд ноустуворана пеш рафт. Дар ин давра бештар хикояхои чангии Рахим Ч,алил ба калам омаданд, ки дар мачмyаи «Х,икояхои давраи чанг» (1941) чой дода шудаанд. Х,икояхои «Телпакдyз», «Розигии модар», «Х,иммати Бобо Х,алим» бозгyйкyнандаи ахлоки муосирони адиб дар давраи чанг мебошанд.

Мусаллам аст, ки вобаста ба хусусияти адабиёт дар хар мархила тагйирот нахуст дар мавзyи асар ба вукуъ меояд. Интихоби мавзyъ асосан дар ду самт сурат мегирад: мавзуъхои давраи аввал мохиятан рушд мекунанд ва ё вобаста ба вокеахои сиёсиву ичтимоии замон дигар мешаванд.

Давраи Ч,анги Бузурги Ватанй нисбатан мураккаб буд ва масъулияти вазифаи нагорандагй дар бозтоби мухимтарин вокеаву ходисахои замон бештар. Дар ин мархила таваччух ба тараннуми ахлоки чавонмардй, ватандyстй, диловариву корнамоихои чавонон, садокати занон бештар гардид, зеро тасвири кахрамониву чонбозихои кахрамонон, ситоиши корномаву андешаву ахлоки онон хамчун василаи таргиботи адабиёти нафиса хидмат мекард ва хонандагонро ба ватандyстию диловарй рахнамун менамуд. Мавзyи чанг ва асархои ба истилох «чангй» баъд аз хотимаи чанг дар тамоми навъхои адабй чой гирифт. Ч,алол Икромй, Сотим Улугзода, Фотех Ниёзй, Пулод Толис ба тасвири таърихи бадеии чанг пардохтанд. Нависандагон хадафмандона кушиш менамуданд кудрату тавони артиши шуравй, садокати инсонро ба ватан, чонфидой ва далериву шучоати чавононро дар хифзи марзу буми кишвар, рухи ватандустии халк, дустиву бародарии миллатхои гуногуни шуравиро дар майдони харб ва хамчунин, вокеахои акибгохро ба риштаи тасвир кашанд. Дар ин самт яке аз дастовардхои мухими ин давра асари «Вафо»-и Фотех Ниёзист, ки руху иродаи кавии чавонони точикро дар адои вазифаи худ дар майдони харб нишон медихад. Нависанда, дар симои кахрамонони марказй Сафар Одинаев ва Дадобой Эрматов, ки дар баробари чавонони гуногунмиллати шуравй дар майдони чанг кахрамониву диловарй нишон доданд, аз сахми чавонони точик дар рохи галаба сухан кардааст. Хдрчанд дар накди адабй асари мазкур сарусадохои зиёдеро ба вучуд овард, вале дар замони худ аз нахустин асархое махсуб мешуд, ки то андозае чойи холишудаи асархои бузургхачмро пур кард. Повестхои «Чдвоби мухаббат»-и Ч,алол Икромй ва «Ёрони бохиммат»-и Сотим Улугзода низ ба хаёти чанговарон баъд аз хотимаи чанг бахшида шудаанд. Дар замони чанг вобаста ба вазъи бади иктисодй, зиёд шудани шумораи мачрухон, зарурате пеш омад, ки нисбати парастории мачрухон чорахои амалй дида шавад. Давлати чангзадаву вазъи иктисодиаш фалачшуда, имкони таъминоти пурраи ахолиро бо маводи хурокворй ва либосу дигар лавозимоти зарурй надошт, аз суи дигар зиёд будани теъдоди мачрухони чанг, ниёзи онхо ба парастории хоса ва таъминоти моддй, имкони худтаъминкунй надоштани онхо ва гайра омилхое буданд, ки нависандагонро барои тасвири образи инсонхои мехрубону вафодор ва хуширода водор карданд. Дар ин самт образи Зайнаб аз повести «Ёрони бохиммат», ки дар вакти интихоб на зиндагии осоишта, балки масъулияти нигохубини Ч,урабеки мачрухро ба душ мегирад хеле рамзй ба тасвир омадааст. Адиб дар заминаи инъикоси ахлоки писандида, назари нек, х,иссиёти зебо ва олами ботинии Зайнаб, ба кувваи азму иродаи у ручуъ мекунад ва уро чун намунаи занхои ахлокан мусаллах ба тасвир мегирад. Вокеан таълифи чунин асархо натанхо такозои сиёсати давр, гузашта аз ин, талаботи вазъи хамон айём буд, аз ин ру, адибон наметавонистанд, дар бартараф намудани холати бавукуъомада бетарафй зохир кунанд. Сарфи назар аз ин, чунин асархо вокеан барои чомеа судманд ва гузашта аз ин, барои

б а эътидол омадани вазъи акибгох накши калидй низ доштанд. Дар адабиёти баъдичангй мавзуи чанг хамчунин дар хикояхо низ инъикос шуда, дар шакли мачмуа ба нашр расиданд, ки ба калами Фотех Ниёзй («Интикоми точик») ва Рахим Ч,алил («Умри дубора») мансуб хастанд. Дар адабиёти баъдичангй мавзуъхои гайричангй низ назаррас аст, ки бештар дар эчодиёти Сотим Улугзода (романи «Навобод» ва повести «Субхи чавонии мо») Ч,алол Икромй (романи «Шодй» кисми 2, повести «Ситора», хикояхо дар мачмуаи «Мухаббат»), Рахим Ч,алил («Одамони човид», силсилахикояхо дар мачмуахои «Бахор» ва «Х,икояхо»), Пулод Толис (повести «Ч,авонй», хикояхо дар мачмуахои «Чарогхо», «Х,икояхо», «Дар сари рохи калон»), ^одир Наимй (повести «Рохи дуруст») ва гайра ба назар мерасад. Асархои ин давра бештар ба сохтмони хаёти нав, обод намудани кишвар, мехнати мардуми точик дар заминхои пахта, ташкили заводу фабрикахо, ташаббускорй, навоварй, худтанкидкунй ва гайра бахшида шуда буданд, маъмулист, ки ахлоки кахрамон дар заминаи фаъолият дар ин ё он соха кушода мешавад. Дар баробари чунин асархо навъу шаклхои тозаи ифодаи гояву мавзуъ ба миён омад, ки дар онхо бештар хачву танз низ ба кор гирифта шудаанд, аз чумла «Хари бедум», «Чингизи асри ХХ» ва гайра. Шубхае нест, ки дар баёни ин андеша, таъкиди рухи ватанпарварй-чанговарии осори гузашта аслан бо хадафи бедор сохтани хисси мардуми шуравй бар зидди фашизми гитлерй сурат гирифтаанд. Дар ниходи ин андеша пайванди адабиёти шифохй бо ниёзхои ичтимоии замон ахамияти мухим дорад. Хусусияти вижаи ин мархила дар баробари мавзуъхои чангй руйоварии нависандагон ба мавзуъхои суннатй аст. Ба андешаи адабиётшиносон дар поёни солхои 50-ум давраи нави наср огоз гардид, ки ташкили чорабинихои фархангй, дахаю хафтахо, сафархои эчодии адибон, мизхои мудаввару мухокимаронихо, сухбатхои хоса дар доирахои адабй ва мулокотхо бо адибони чумхурихои дигари шуравй ба он заминаи мухим гузоштанд [4,с.505]. Асари чахорчилдаи устод Айнй «Ёддоштхо» махсули нахустини хамин давра махсуб мешавад, ки дар рушду такомули насри точик заминаи мусоиде фарохам овард. «Ёддоштхо»-инъикосгари вазъи сиёсиву ичтимоии охири асри Х1Х ва ибтидои садаи ХХ буда, дар омузиши вазъи маънавиву фархангй ва ахлокиву маишии замони зиндагии муаллиф басо боарзиш аст. Бахусус, ахлоки вайрони чанд нафар мардону чавонон, булхавасй ва таъсири мудхиши он ба равиши зиндагии занону духтарони ноболиг хеле риккатовар тасвир гаштааст. Устод Айнй коста шудани ахлоки мардуми Бухороро дар робита ба андешаву тафаккури костаи мардум ба тасвир гирифта, натичахои дахшатбори онро дар такдири хамзамонон нишон додааст. Аз авохири солхои 50-ум то поёни садаи ХХ-умро давраи густариши босуръати насри бадей, сифатан дигаргун шудани мавзуъву мухтаво, шеваи тасвир, забону баён метавон номид. Чуноне ки каблан зикр кардем, мавзуи адабиёти солхои чанг бештар чихати бедор кардани хисси ватанхохии мардум муайян мешуд, баъди галабаи кишвари абаркудрати шуравй низ тавсифи корномаву набардхои чавононмардони шучои шуравй як шохаи адабиёт гардид. Гузашта аз ин, майлони аврупогарой чомеаро фаро гирифта, расму русуми шаркй охиста-охиста ру ба таназзул овард. Ба андешаи мухаккикон ин омил боиси бознигарй ба мавзуи ахлоку одоби муосирон, рузгору маишати онхо гардид, ки таълиф ва нашри романи ахлокию психологии «Ман гунахгорам» дар ин давра падидаи мусбат буд [4,с.507]. Нависанда вокеан дар офаридани сиришти инсонй дар замони худ як тозагии эчодиро ба зухур овард. Мавсуф натанхо чихати татбики максаду гояи асар захмат кашид, балки дар образофариву ифодаи хислати кахрамонон, бакоргирии мухимтарин меъёрхои психологй як тачаддуди адабиро ба миён овард. Махз аз хамин нуктаи назар донишманди маъруфи точик А.Набавй асари мазкурро «Нахустин романи ахлокии психологии насри муосири точик» (10, 63) номидааст. Тасвири ахлоки хамзамонон тавассути ручуъхои психологй минбаъд дар асархои «Тобистон»-и Пулод Толис, «Баъде, ки осиё бозмонд» ва «Духтаре, ки чустучуяш мекунам»-и Юсуфчон Акобиров, «Дар доманаи куххои кабуд»-и Рачаб Амонов, «Авроки рангин»-и Ч,умъа Одинаев, «Занги аввал» ва «Ч,угй»-и Сорбон, «Сукути куллахо»-и Саттор Турсун ва гайра ба миён гузошта шуд. Адибон симои маънавии инсон, ташаккули шахсияти уро дар замони чанг ва баъди чанг, рузгору ахвол ва андешаву афкори муосиронро вокеъбинона ба тасвир гирифтанд. Онхо вокеиятро дар робита бо мухимтарин арзишхои ахлокиву маънавй ба калам дода, образхои чадидеро, ки фаъолияти шахсиашон бо таваччух ба ахлоки чомеа гирех мехурад, офариданд. Дар ин солхо як силсила хикояхои адиби тавонои точик Фазлиддин Мухаммадиев руи кор омаданд. Ба андешаи мухаккикон «мавсуф нависандае буд, ки чанбаи фалсафй ва маърифатии насри муосирро бо чиддият рушд дод» [4,с.572]. Аз асархои адиб аён мегардад, ки у ба инсон ва макому ахлоки вай дар чамъият дар хар асар бо назари нав менигарад, вобаста ба гояи асар ахлоки фардй ва чамъиятии муосиронашро хеле чиддй ба тахлили бадей мекашад («Варта», «Шохии япон», «Одамони

кухна», «Палатаи кунчакй»). Хусусияти дигари асархои ин давра дар он зохир мешавад, ки тахлили ахлоки кахрамонон аз чониби кахрамони марказй бештар сурат мегирад, яъне ахлоки хамзамонон тавассути андешаву афкори кахрамони марказй баррасй мешавад. Дар солхои 60-80-ум «тамоюли инсоншиносй» дар насри бадеии точик вусъат ёфт, Сотим Улугзода, Ерун Kyхзод, Юсуфчон Акобиров, Сорбон, Ч,онибеки Акобир, Мухиддин Хочаев, Абдурофеъ Pабизод, Саттор Турсун, Абдухамид Самадов, Муаззама Ахмадова, Сайф Pахимзоди Афардй, Мухаммадзамони Солех, Бахманёр ва дигарон ба тасвири вазъи равонии инсон бештар эътибор доданд ва рухияву ахлоки инсонро хеле батафсил ошкор намуданд. Дар ин давра бахусус, насри андеша рушд кард, кахрамони андешаманд, дорои тахлилу баррасии амик ба майдон омад ва мархила ба мархила тарзу усулхои тозаи тасвир, бакоргирии тимсолхои гайиоддй, бо диду назари нав баррасй намудани масъала ба миён омад. Нависандагон бештар ба умки андешаи инсон руй оварданд, масъалаи хастии инсон, мохияти офариниш, андешаву афкори ботинии шахс, вазъи рухиву равонии инсон бо усулхои гайримаъмул мавриди баррасй ;арор гирифт. Бахусус бо зухур ва пайкорхои насли чавони солхои 80-ум ;олабхои тозаи бозчустхо, шеваи номаъмули баёни матлабхои адабй, тасвирхои гайримаъмуливу аксар рамзй, арзишхои миллй ба доираи муомилоти хунари нафиса ворид шуданд ва давра ба давра тахким ёфтанд. Метавон гуфт, ки дигаргунсозихои рухиву равонии чомеаи ин даврон, замони тачаддуди маънавиву фархангй чавхари фаъолияти адабии нависандагони поёни садаи ХХ-ро таъин намуда, меъёрхое дар усули фикру низоми офариниши онхо фарохам овард. Дар ин давра инъикоси масоили ахлоки инсонй дар рангу шевахои чадид пахнои зиёдро ишгол намуд. ^чактарин масоили ахлокй аз назари заррабини адибон дур намонд ва онхо хама гуна чузъиёти хислати инсонро тавонистанд ба маърази тасвир гиранд. Тафовут ва бартарии ин мархила дар он зохир мешавад, ки давраи густариши босуръати адабиёти бадей буд ва вазифаи таргиботию тавсифии адабиёт бамаротиб суст шуда, баръакс, таваччух ба рузгору фаъолият, одобу ахлоки хамзамонон рушд кард. Адибон аз колаби муайяни масъалагузорй фаротар рафтанд, аз ин ру, имкони бештари инъикоси мухимтарин масъалахои ахлокй ба миён омада, тавассути бахрабардорй аз сабакхои таърих, истифодаи киссаву ривоёт, устураву рамзхо гояхои адабй, бахусус, бакоргирии насри андеша, пуркувват шудани ковишхои психологй ва амикрафти тасвири психологй дар киёми андеша ва бозчустхои маънавию ахлокй густариш намуданд. Дар насри психологиву фалсафй бо усули рамзгароиву истифода аз асотиру афсонахо матрах намудани масоили ахлоки оиладорй («Дуруги сафед», «Додараки фариштахо»-и Сайф Pахимзод, «Дарвеши хакикат»-и Мухаммадзамони Солех), таваччух ба мавкеи зан дар чамъият, ахлоку андеша, орзухову эхсосот («Себи сурх», «Чинор», «Истгохи шинос», «Сохиби аспи сафед», «Гулпараки заринбол», «Pyймолчаи сари девор», «Афсона»-Муаззама Ахмадова, «Мактаби Шохтут», «Сафеду сиёх»-и Абдухамид Самадов, «Фариштамох»-и Бахманёр») танкиди муфтхурй ва харобкунии табиат («Баъд аз сари падар», <Жосаи давр»-и Абудхамид Самадов) ба назар мерасад. Образхои офаридаи адибон дорои ахлоку тафаккури гуногун буда, тачассумгари рузгору мухити муаллифанд. Мухим аз хама дар рохнамой ба чавонон, покизагии андешаву ахлок ва нигоху назари онхо кахрамонони солору ботадбир, муйсафедони нурониву боандеша, маслихатгару ботакво, мехнаткарину захматкаш, гарму сардии хаётро чашида амал менамоянд, ки бо ахлоки хамидаи худ, намунаи ибрат хастанд («Варта»-и Фазлиддин Мухаммадиев, «Жосаи давр»-и Абдухамид Самадов, «Pешахо»-и Сайф Pахимзод, «Илмзада», «Kаромоти Мулло Бухоризода», «Бевамард», «Бевазан»-и Бахманёр ва гайра). Осори адибони ин мархила бо тозагарой, асосхои маънавиву ахлокии хастии инсонро муайян намуда, кушиш ба харч рафтааст, ки адабиёт ба рисолати асливу азалиаш таъмин карда шавад. Ба ин васила мухимтарин масъалахои маънавиву ахлокй, зиддиятхои чахони ботинии инсон бо рангу тобиши чадид вориди адабиёти бадей шуд ва ба зехну шуури хонандаи точик ворид гардид.

Хусусияти дигари насри солхои 80-ум пурзур шудани ковишхову ами;рафти тасвири психологй ва бозчустхои маънавию ахлокй мебошад. Бозтоби ахлоки кахрамон дар заминаи кашфи розу ниёзхои нухуфта ва асрори нихонй сурат гирифтааст, ки бо бахрабардорй аз тачрибахои ганй ва умдаи адабиёти дунё ба миён омад. Гузашта аз ин, насри психологии замон як мавзуи мухим - масъалаи шинохти мохияти зиндагй ва табиати фитрии инсонро дар мехвари андеша ва мулохиза гузошт. Ахлоки кахрамонон бештар дар холатхои яъсу ноумедй, ифшои розу ниёзхои кахрамон ва мачрои зиддияту ихтилофхои зиндагии онхо (Дуруги сафед»-и Сайф Pахимзод, «Pавшан»-и Муаззама Ахмадова) муайян шуд.

Дигар аз тамоюлоти хос ва шеваи мумтози арзёбии осори адабй дар авохири садаи ХХ шаклгирии афкори адабй дар робита ба масъалаи худшиносии миллй мебошад, ки ин тамоюл

бештар д ар асархои Сорбон, Ерун Кухзод, Абдухамид Самадов, Мухаммадзамони Солех ва Бахманёр ифода гардида, кушиш ба харч рафтааст, ки сахифахои мамнуъ, номакшуф ва, ба истилох, доги давраи шуравй ошкор карда шавад. Дар ин замина пеш аз хама кушиши судманди Мухаммадзамони Солехро дар киссаи «Ардавирафнома ё сояхои шикаста» бояд кайд кард. Бознигарй ба таърих, сабакхои таърих, таваччуху инъикоси сахифахои дурахшони он дар бозтоби нуктаи олии ахлок-озодии фикру амал, дуст доштани Ватан ва эхтироми мукаддасоти он, эхтироми расму оинхои миллй, ба чой овардани вазифахои хоси инсонгарой накши бориз доранд. Дар чунин асархо тасвирхои андешапарварона, чанбахои фалсафй ва ахлок;ии ифода мунтазам ба хам омада, масоили худшиносии миллиро тахким мебахшанд. Дар ин давра адибони навкори вакт пайрохахои тозаву ноозмудаи адабиро убур карда, масъалахои мухими рузгор ва чомеаро бо аносири тахайюл имтизоч намуда, осори гайриколабй ба миён оварданд, ки дар онхо андешамандии ботинии кахрамон тагйир ёфт, масоили матрахшаванда аз руи биниши тозаи адабй баррасй гардид. Тасвирхои гайримаъмуливу образхои гайриоддй, истифодаи рамзу самбулхои тоза, шеваи баёни чадид, истифодаи санъатхои бадей дарунмояи асархоро тагйир дода, дарки мохияти аксари тасвирхоро душвор намуд. Бахусус, офридани образ ба куллй тахаввул пазируфт. Образхои куллии мусбат нисбатан кам шуданд.

Ба ин тарик, омили асосии тахаввули масоили ахлокй дар адабиёт ба гардишхои куллй дар вазъи сиёсиву ичтимоии чомеа рабт дошта, дар мархилахои хоси садаи ХХ ба вукуъ омадааст. Адибон новобаста ба махдудиятхои сиёсиву вазъи душвори чумхурй дар мархилахои такдирсози миллат кушиш ба харч додаанд, ки табиат, иродаву андеша, муоширату рафтор ва симои зохиру андешахои ботини инсонро ба маърази тасвир гиранд. Онхо афкори ирфонию фалсафЬ ва анъанахои бехтарини пешиниёнро ба сурати тозаву либоси нав инкишоф дода, масоили мухталифи ихтимоиву маънавиро пайваста бо таъриху ойин[ои ку[ани халг баррасЬ намуданд. Ба чузъ ин, аз нимаи садаи ХХ таваччухи нависандагон ба анъанахои ниёгон афзуда, дар баробари инкишофи анъанахои адибони хамасри варзидаи худ, ба такомули анъанахои бехтарини адабиёти классикй пардохтанд. Онхо дар пайванди масъалахои ахлокии ичтимоии замони худ ва фардо кушиш ба харч доданд, бо назари мохиятбин ба фардои чамъият назар духтанд ва масъулияти насли замони худро таъкид намуданд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй, Садриддин. Ёддоштхо. Куллиёт. Ч,илди У1.-Душанбе: Нашриёти давлатии Точикистон, 1955.-570с.

2. Айнй, Садриддин. Одина (повест).-Душанбе: Адабиёти бачагона, 2016.-167с.

3. Айнй, Садриддин Ч,аллодони Бухоро.- Душанбе: Адабиёти бачагона, 2017.-96с.

4. Асозода, Худойназар. Таърихи адабиёти точик (давраи нав).-Душанбе: Маориф ва фарханг», 2014.-672с.

5. Бакозода, Чурахон. Чустучухои эчодй дар насри точик. Душанбе: Ирфон, 1982. - 144с.

6. Бахманёр. Сармаддех (Роман дар кисса ва хикояхо).-Душанбе: Деваштич, 2002.-394с.

7. Икромй, Ч,алол. Ман гунахкорам.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1951.-108с.

8. Икромй, Ч,алол. Шодй.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1954.-397с.

9. Набавй, Абдухолик. Ч,анги Ватанй ва афкори адабии точикй (Нашри дувум бо тахриру иловахои нав). - Душанбе: Андалеб Р, 2015. - 240с.

10.Набиев, Абдухолик. Тасвири олами ботинии инсон. - Душанбе: Ирфон, 1997. - 160с.

11.Ниёзй, Фотех. Вафо. Иборат аз ду китоб. Китоби якум.-Душанбе: Ирфон, 1966.-392с.

12.Ниёзй, Фотех. Вафо. Иборат аз ду китоб. Китоби дуюм.-Душанбе: Ирфон, 1966.-500с.

13.Очерки таърихи адабиёти советии точик. ^исми 1. -Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1956.-312с.

14.Рахимов, Сайф.Аз ёдхо, аз ёдхо...-Душанбе: Адиб, 1988.-224с.

15.Улугзода, Сотим. Сархои мунтахаб. Иборат аз 4 чилд. - Душанбе:Ирфон, 1967-1976.

16.Сайфуллоев, Атахон. Мирзо Турсунзода: Очерки хаёт ва эчодиёти шоир. - Душанбе: Ирфон, 1983.-464с.

17.Самадов, Абдухамид. Косаи давр.-Душанбе: Адиб, 1987.-320с.

18.Солех, Мухаммадзамон. Оханги шахри ишк.-Душанбе: Адиб, 1989.-192с.

19.Шукуров, Мухаммадчон. Пахлухои тадкики бадей. - Душанбе: Ирфон, 1976. - 273с. 20.Ч,алил, Рахим. Асархои мунтахаб, чилдхои 1-4. -Душанбе: Ирфон, 1967-1971.

REFERENCES:

1. Aini, Sadriddin. Reminisces. - V.VI. -Dushanbe: Tajik State Publishing-House, 1955. - 570 p.

2. Aini, Sadriddin. Odina (Story).- Dushanbe: Children's Literature, 2016. - 167 p.

3. Aini, Sadriddin. Jallodoni Bukhara. - Dushanbe: Children's Literature, 2017. - 96 p.

4. Asozoda, Khudoinazar. The History of Tajik Literature (New Period). - Dushanbe: Education and Culture, 2014. - 672 p.

5. Baqozoda, Jurakhon. Creative Quests in Tajik Prose. - Dushanbe: Cognition, 1982. - 144 p.

6. Bahmanyar. Sarmaddeh (Novel in Short Stories). - Dushanbe: Devashtich, 2002. - 394 p.

7. Ikromi, Jalol. I Am Guilty. - Stalinabad: Tajik State Publishing-House, 1951. - 108 p.

8. Ikromi, Jalol. Shodi. - Stalinabad: Tajik State Publishing-House, 1954. - 397 p.

9. Nabawi, Abdukholiq. Patriotic War and Tajik Literary Thought (The second edition with new editions and additions). - Dushanbe: Andaleb-R, 2015. - 240 p.

10. Nabiev, Abdukholiq. An Image of the Inner World of Human-Being. - Dushanbe: Cognition, 1997. - 160 p.

11. Niyozi, Foteh. Vafo. In two books. The first book. - Dush anbe: Cognition, 1966. - 392 p.

12. Niyozi, Foteh. Vafo. In two books. The second book. - Dushanbe: Cognition, 1966. - 500 p.

13.Essays on the History of Tajik Soviet Literature. Part 1. - Stalinabad: Tajik State Publishing-House, 1956. - 312 p.

14.Rakhimov, Sayaf. From Memories, from Memories. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1988. - 224 p.

15. Ulugzoda, Sotim. Selected Compositions. In 4 volumes. - Dushanbe: Cognition, 1967-1976. 16.Saifulloev, Atakhon. Mirzo Tursunzade: Essays on the Poet's Life and Creation. - Dushanbe:

Cognition, 1983. - 464 p.

17. Samadov, Abduhamid. A Round Bowl. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1987. - 320 p.

18. Soleh,Muhammadzamon. The Melody of City of Love. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1989. - 192 p.

19. Shukurov,Muhammadjon.Aspects of Belles-Lettres Research.-Dushanbe: Cognition,1976.-273 p.

20. Jalil, Rahim. Selected Compositions, - V.V. 1-4. - Dushanbe: Cognition, 1967-1971.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.