Научная статья на тему 'ЭҶОДИЁТИ УСТОД РАҲИМ ҶАЛИЛ АЗ ДИДИ АДИБОН ВА ОЛИМОН'

ЭҶОДИЁТИ УСТОД РАҲИМ ҶАЛИЛ АЗ ДИДИ АДИБОН ВА ОЛИМОН Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
843
43
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РАҲИМ ҶАЛИЛ / НАВИСАНДА / АСАРҲО / ОЧЕРК / ҲИКОЯ / РОМАН / қИССАИ ҲУҷҷАТӢ / АДАБИЁТШИНОС / ХУСУСИЯТҲОИ ГОЯВИЮ БАДЕӢ / ЗАБОН ВА УСЛУБ / ТАҲЛИЛУ ТАДқИқ / ЭҷОДИЁТ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Файзуллоев Неъматцон, Абдувоҳидова Таҳмина Неъматҷоновна

Дар мақола кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки дар асоси фикру мулоҳизоти аҳли илму адаб падидаҳои истеъдоди фитрии эҷодии эҷодиёти рангину пурмояи Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Раҳим Ҷалил ва хусусиятҳои умдаи гоявию бадеӣ ва услубии асарҳои амиқ бозгӯй гардад. Қайд мешавад, ки нависанда дар ташаккул ва инкишофи насри реалистии тоҷик дар асри XX нақши барозанда гузоштааст, ки ин хидмати суханвари маҳбуб, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, мавриди назари адибону олимон гардидааст. Дар мақола, бахусус, рисолаҳои илмии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик Хуршеда Отахонова, профессорон Лариса Демидчик, Атахон Сайфуллоев ва Раззоқ Ғаффоров нисбатан батафсил таҳлил шуда, муаллифон оид ба ташаккули сабки эҷодии нависанда, масоили забон ва услуб дар асарҳои адиб, робитаи таркибии эҷодиёти мавсуф бо осори лафзии халқ, маҳорати воқеанигорӣ, қиссапардозӣ, образофаринии Раҳим Ҷалил ва аз боби мақоми хосаи дар насри тоҷикии садаи гузашта андешаронӣ кардаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RAKHIM JALIL’S CREATIVITY UNDER THE WRITERS' AND SCIENTISTS' ANGLE

Designing on the premise views of literary critics and writers the authors of the article make an endeavor to reveal the bright and rich work of the People's Writer of Tajikistan - Rahim Jalil; the main ideological, artistic and stylistic peculiarities of his creations being taken into account as well. It is underscored that the writer's creations play a significant role into formation and development of Tajik realistic prose referring to the XX-th century, and this merit of the writer, first of all, which attracted writers' and scientists' attention. In particular, the article analyzes scientific dissertations of academician Muhammadjon Shakuri, academician Khursheda Otakhonova, professors Larisa Demidchik, Atakhon Sayfulloev and Razzok Gafforov comprehensively. Proceeding from views of scientists and writers the ant ho rs of the article assert formation of the creative style, language of the writer's creations, structural connection of his work with folklore, art of realism and storytelling, Rakhim Jalil's creative work and his special p lace in Tajik prose of the last century.

Текст научной работы на тему «ЭҶОДИЁТИ УСТОД РАҲИМ ҶАЛИЛ АЗ ДИДИ АДИБОН ВА ОЛИМОН»

ТДУ 83,3(2 Т) ТКБ 8 Т1

ЭЦОДИЁТИ УСТОД РАХИМ ЦАЛИЛАЗДИДИ АДИБОН ВА ОЛИМОН

Файзуллоев Неъматцон, д.и.ф., профессор; Абдуво^идова Та^мина Неъматцоновна,

унцонцуи кафедраи адабиети муосири тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров (Тоцикистон, ш.Хуцанд)

ТВОРЧЕСТВО РАХИМА Файзуллоев Неъматджон, д.ф.н., профессор; ДЖАЛИЛЯ С ТОЧКИ Абдувохидова Тахмина Негмаджоновна, ЗРЕНИЯ ПИСАТЕЛЕЙ соискатель кафедры современной таджикской И УЧЕНЫХ литературы ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова (Таджикистан, Худжанд)

RAKHIM JALIL'S Fayzulloev Ne'matjon, Dr. of Philology, Professor; CREATIVITY UNDER Abduvohidova Tahmina Negmatjonovana, claimant THE WRITERSл AND for candidate degree of the department of modern SCIENTISTSл ANGLE Tajik literature under the SEI "KhSU named after

acad. B.Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: Рацим Чалил, нависанда, асарцо, очерк, цикоя, роман, циссаи цуццати, адабиётшинос, хусусиятцои гоявию бадей, забон ва услуб, тацлилу тадциц, эцодиёт

Дар мацола кушиш ба харц рафтааст, ки дар асоси фикру мулоцизоти ацли илму адаб падидацои истеъдоди фитрии эцодии эцодиёти рангину пурмояи Нависандаи халции Тоцикистон, устод Рацим Чалил ва хусусиятцои умдаи гоявию бадей ва услубии асарцои у амиц бозгуй гардад. Цайд мешавад, ки нависанда дар ташаккул ва инкишофи насри реалистии тоцик дар асри XX нацши барозанда гузоштааст, ки ин хидмати суханвари мацбуб, пеш аз цама ва беш аз цама, мавриди назари адибону олимон гардидааст. Дар мацола, бахусус, рисолацои илмии академик Муцаммадцон Шакури, академик Хуршеда Отахонова, профессорон Лариса Демидчик, Атахон Сайфуллоев ва Раззоц Гаффоров нисбатан батафсил тацлил шуда, муаллифон оид ба ташаккули сабки эцодии нависанда, масоили забон ва услуб дар асарцои адиб, робитаи таркибии эцодиёти мавсуф бо осори лафзии халц, мацорати воцеанигори, циссапардози, образофаринии Рацим Чалил ва аз боби мацоми хосаи у дар насри тоцикии садаи гузашта андешарони кардаанд.

Ключевые слова: Рахим Джалиль, писатель, произведения, литературный критик, идеологические и художественные особенности, язык и стиль, анализ, исследование, творчество

В статье,с опорой на взгляды литературоведов и писателей, предпринята попытка раскрыть яркое и насыщенное творчество народного писателя Таджикистана Рахима Джалиля, а также основные идеологические, художественные и стилистические особенности его произведений. Отмечается, что творчество писателя сыграло значительную роль в становлении и развитии таджикской реалистической прозы ХХ века, и эта заслуга писателя, прежде всего, которая и привлекла внимание писателей и ученых. В частности, в статье подробно анализируются научные диссертации академика Мухаммаджона Шакури, академика Хуршеды Отахоновой, профессоров Ларисы Демидчик, Атахона Сайфуллоева и Раззока Гаффорова. Авторы, основываясь на взглядах ученых и писателей, размышляют о формировании творческого стиля, языка произведений писателя, структурной связи его творчества с фольклором, искусстве реализма и повествования, образотворчестве Рахима Джалиля и его особом месте в таджикской прозе прошлого столетия.

Key words: Rahim Jalil, writer, works, literary critic, ideological and artistic characteristics, language and style, analysis, research, creativity

Designing on the premise views of literary critics and writers the authors of the article make an endeavor to reveal the bright and rich work of the Peopled Writer of Tajikistan - Rahim Jalil; the main ideological, artistic and stylistic peculiarities of his creations being taken into account as well. It is underscored that the writer^s creations play a significant role into formation and development of Tajik realistic prose referring to the XX-th century, and this merit of the writer, first of all, which attracted writersл and scientistsл attention. In particular, the article analyzes scientific dissertations of academician Muhammadjon Shakuri, academician Khursheda Otakhonova, professors Larisa Demidchik, Atakhon

Sayfulloev and Razzok Gafforov comprehensively. Proceeding from views of scientists and writers the ant ho rs of the article assert formation of the creative style, language of the writer^s creations, structural connection of his work with folklore, art of realism and storytelling, Rakhim JaliVs creative work and his specialplace in Tajikprose of the last century.

Нависандаи хал;ии Точикистон, барандаи Ч,оизаи давлатии ба номи Рудакй устод Рахим Ч,алил бо эчодиёти рангину пурмояи хеш дар таърихи адабиёти навини точик на;ши носутурданй гузоштааст. Бахусус насри реалистии солхои 30-80 садаи ХХ-ро бидуни осори хосаи адабии у ба таври комил наметавон тасаввур кард. Ин нависандаи хушбину пуркор ва хушгую зарофатбаён ибтидои солхои 30 ба майдони адабиёт омада, дар зарфи беш аз 50 соли фаъолияти бобаракати хеш дар жанрхои мухталифи адабй асархои хубу маргуб таълиф намуд ва дар таърихи адабиёти асри гузашта мероси гаронбахое ба ёдгор гузошт.

Эчодиёти ин суханвари варзида хануз аз нахустин падидахояш мавриди назару эътибори адибону донишмандон ;арор гирифта буд. Ба аввалин асархои эшон, пеш аз хама, поягузорони адабиёти навини точик, устод Айнй ва Абул;осим Лохутй, хамчунин адибони хамдаври у Мирзо Турсунзода, Хдким Карим, Мухиддин Аминзода, Ч,алол Икромй ва дигарон бо чашми хайр нигариста, истеъдод ва хунари нигорандагии ин ;аламкаши чавонро эътироф ва дилашро ба кори эчодй гарм намуда буданд. Шояд хамин дуову хидояти пирони адабиёт буд, ки Рахим Ч,алил солхои минбаъда ба таълифи осори бадей бо дасту дили гарм ва шав;у рагбати тамом шугл варзид ва шеъру достонхо, ;иссаву хикояхо ва песаву романхои пурмазмуну шав;овар офарид, ки мачмуахои манзуму мансури «Мавчхои музаффарият» (1933), «Шеърхо ва хикояхо» (1939), «^исса ва ;исса» (1941), «^икояхои замони чанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Бахор» (1950), «Хикояхо» (1954, 1958), «Хдмида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Илхом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Баъди борон» (1978), «Табиби ман» (1981), асархои сахнавии «Санавбар» (1939), «Зани 69-ум» (1940), «Ду вохурй» (1943), «Субхи сахро» (1962), «Дили шоир» (1963), «Бозгашт» (1976), романхои «Одамони човид» (1940, 1949), «Шуроб» (1959, 1965), ;иссаи хуччатии «Маъвои дил» (1970) ва гайра далели ин фикранд. Аглаби ин осор аз лихози забону услуб, сохту таркиб, бадеияти сухан, махорати образофаринй ва сабки хосаи во;еанигориву ;иссапардозй ба ;обилияти нодири эчодии муаллиф ишорат мекунанд.

Хусусияти умдаи эчодиёти Рахим Ч,алил ва пахлухои мухталифи фаъолияти доманадори адабии у дар асару ма;ола ва маърузаву гузоришоти олимони маъруфи ватаниву хоричй, амсоли академик Р.Амонов, В.Асрорй, Х.Асозода, И.С.Брагинский, Г.И.Ломидзе, З.Г.Османова, Л.Н.Демидчик, С.Табаров, Р.Fаффоров, Х.Шарифов ва дигарон гохо махсус ва дар баъзе мавридхо вобаста ба ин ё он масоили адабй мавриди арзёбй ;арор гирифтааст, аммо нахустин асари нисбатан калонхачми илмиву оммавй рочеъ ба хаёт ва эчодиёти нависанда «Рахим Ч,алил» [10] ном очерки донишмандони номвари точик, академик Мухаммадчон Шукуров (Шакурй) ва профессор Атахон Сайфуллоев мебошад, ки соли 1959 ба муносибати 50-солагии зодрузи адиб интишор ёфта буд. Дар ин асар осори назмиву насрии давраи аввали фаъолияти адабии Рахим Ч,алил, ки солхои 30-50-и асри гузаштаро фаро мегирад, батафсил тахлилу тад;и; шуда, дар иртибот ба он тадричан ташаккул ёфтани назари бадеиву хунарии нигорандагии муаллиф ва дигар хусусиятхои жанриву услубии эчодиёти у ба таври возех бозгуй гардидааст. Аз ин рисола хонанда равшан пай мебарад, ки Рахим Ч,алил дар чараёни адабии ин давр, чун муаллифи романи машхури «Одамони човид» ва бахусус, хамчун хикоянависи мохиру тавоно, хамчун устоди беназири ин жанрхои бадей ма;оми шоиста доштааст.

Бояд гуфт, ки устод Рахим Ч,алил аз ибтидои солхои 60-и садаи ХХ ба давраи дувуми фаъолияти адабй ворид гардида, ба суи балогат ва камолоти эчодй чиддан рох гирифт ва дар ин чода устуворона гом ниход. Шояд аз хамин чихат бошад, ки эчодиёти рангин ва бобаракату доманадори у торафт бештар мавриди назари муха;;и;ину ихлосмандони адабиёт ;арор гирифта, мучиби ба миён омадани силсилаи ма;олахо ва як идда тад;и;оти алохида гардид. Ба ин маънй, асари монографии академик Хуршеда Отахонова «Рахим Ч,алил ва эчодиёти у» [3], ки соли 1962 интишор ёфтааст, аз чумлаи аввалин тад;и;оти нисбатан мукаммал рочеъ ба осори бадеии ин суханвар ба шумор меояд. Муаллиф бо гузашти солхо чихати омодагй ба чашни 70-солагии Рахим Ч,алил дар болои ин асар аз нав кор карда, онро хеле тахриру такмил дода, бо ихтисороту иловахо ва тахти унвони «Аз руи мехр мехр» [4] мучаддадан нашр намуд.

Муха;;и; дар огози рисола ба рохи эчодии нависанда ичмолан назар андохта, барха; таъкид намудааст, ки Рахим Ч,алил беш аз ним асри умрашро дар майдони адабиёти точик гузаронида, ба манфиати рузгори ичтимой ва хаёти маънавии мардуми мо пайваста хидмат намуд ва дар

нашъунамои адабиёти миллии точик хиссаи калон гузошт. Сахми у махсусан, дар рушду нумуи маъмултарин жанри адабиёти бадей - хикоя ва алалхусус хикояи хачвй хеле назаррас аст. Чунонки аз боби «Хандахои обдор»-и асари мазкур бармеояд, мавзуъ ва мундаричаи хикояхои нависанда бо мухимтарин муаммохои ичтимоии хаёти навин робитаи кавй дорад, зеро дар ин ^абил асархо муаллиф хамаи он чизе, ки ба пешравии зиндагии кунунй монеъ мешавад, беибо ба зери тозиёнаи танкид гирифта, аз рушди бемайлони сохти чадиди ичтимой чонибдорй ба амал овардааст.

Дар ин рисола, махсусан, асархои калонхачми Рахим Ч,алил, аз забили «Одамони човид», «Шуроб» ва «Маъвои дил» батафсил тахлилу тадкик шуда, накши ин таълифот дар инкишофи насри солхои 40-70-и адабиёти навини точик сахех нишон дода шудааст. Хуршеда Отахонова дар бобати романи «Одамони човид»-и нависанда нигоштааст, ки агар хонандагон ба бисёр вокеахои мухими таърихй, ичтимой, сиёсй дар Бухорою Самарканд ва кухистони точик, пеш аз хама, ба воситаи асархои устод Айнй ва Ч,алол Икромй ошно шуда бошанд, пас «Одамони човид» дар насри шуравии точик аввалин асарест, ки баркарор гардидани хаёти навро дар шимоли Точикистон, мубориза ва фидокорихои мардуми онро барои озодй ва хушбахтии худ ба таври васеъ акс кардааст. Бино ба андешаи адабиётшинос ин асар хам дар эчодиёти нависанда ва хам дар таърихи адабиёти навини точик мавкеи намоёнро ишгол мекунад, зеро дар он сехри сухангустарии муаллиф бо тамоми тобишхояш равшан ба зухур омадааст.

Аз нигохи ин мухаккик яке аз хусусиятхои барчастаи «Одамони човид» ба забони халк наздик будани он аст: «Боигарии забони Рахим Ч,алил, пеш аз хама, аз хисоби забони халк ба амал омадааст. Рахим Ч,алил доимо ба хирмани забони халк ру меоварад ва аз он истифода мебарад, хушахои сара ва сердонаи онро на факат дар забони персонажхо, балки дар забони худаш хам ба таври васеъ истеъмол мекунад. Аз ин чихат «Одамони човид»-ро ба ганчинае шабохат додан мумкин аст, ки дар он дурдонахои забони халк бо хунар ва диккати тамом гирд оварда шудааст. Бисёр калима, ибора, ташбех, истиора, макол ва зарбулмасалхое, ки дар забони халк маъмуланд, ба тавассути асархои Рахим Ч,алил ба забони адабии имрузаи точик гузаштаанд» [4, с.65].

Вокеан, хануз солхои шастуми асри гузашта доир ба хусусиятхои забонй ва услубии нависанда асари махсусе тахти унвони «Забон ва услуби Рахим Ч,алил» [2] нашр гардида буд, ки ба калами забоншиноси маъруфи точик, доктори илмхои филологй, профессор Раззок Fаффоров тааллук дорад. Ба гумони мо ин монография яке аз бехтарин тадкикот рочеъ ба эчодиёти Рахим Ч,алил ба шумор меояд, зеро дар он муаллиф махорат ва истеъдоди нодири суханварии нависандаро дар истифодаи барчову эчодкоронаи таркиби лугавии забон ва хоса забони халкии гуфтугуй бо анбухи бузурги мисолхои котеъ равшан нишон дода, уро чун бехтарин донандаи нозукихои забони точикй ва осори лафзии мардумй муаррифй кардааст.

Асари мазкур дар асоси маводи адабии романи «Одамони човид» таълиф шуда, асосан, аз чор фасл фарохам омадааст ва дар хар яке аз ин фаслхо хусусиятхои лугавй, грамматикй, синтаксисй ва бадеии ин роман ба тарики масоили алохида мавриди пажухиши муфассали илмй карор гирифтааст. Мухаккик дар ин асари нависанда халли амалии ин казияхои мубрами илми забоншиносиро ба мушохида гирифта, кулли маводи романро махз аз хамин дидгох тасниф кардааст ва мувофикату мутобикати онро ба коидахои сарфиву нахвии забони точикй кашф намуда, бад-ин минвол хусну таровати хосаи забони Рахим Ч,алил ва услуби фардии эчодии уро муайян сохтааст.

Раззок Fаффоров дар натичаи омузишу тахкики махсусиятхои услубии романи «Одамони човид» ба чунин хулосаи сахеху муътамад омадааст: «Рахим Ч,алил дар кор фармудани сарвати забони халк тамоили пешкадами торафт ба асоси худ - забони зинда наздик шуда истодани забони адабии точикро ба назар гирифта, кори дар ин соха саркардаи Садриддин Айниро бо камоли махорат давом додааст. Калимахои сершумори халкй, иборахои зиёди фразеологй, маколу зарбулмасалхо ва шаклу тарзхои хоси забони халк, ки як кисмашон бо тавассути асархои Рахим Ч,алил хусусияти умумй пайдо кардаанд, ба тарзи баёни нависанда обу ранги тоза ва таровату нафосати дилкаш бахшида, халкияти забони асарро хеле боло бардоштаанд» [2, с.216].

Бояд гуфт, ки ба ин асари забоншиноси номй мухаррири он Носирчон Маъсумй низ бахои вокей дода, сахми муаллифро дар чилои мухтасоти забониву услубии роман ва нишон додани накши Рахим Ч,алил дар рушду такомули забони точикй таъкид сохтааст: «Муаллиф дар асоси тахлили хаматарафаи воситахои лексикй, фразеологй, грамматикй ва тасвири бадеии роман...

на фа;ат махорати адабй ва услуби фардии нависандаро муайян кардааст, балки хидмати уро дар инкишофи забони адабй, тара;;иёти забон ва услуби насри советии точик низ хеле барчаста нишон додааст» [2, с.6].

Эчодиёти устод Рах,им Ч,алил дар асари дучилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» ва хоса дар тад;и;оти академикии шашчилдаи «Таърихи адабиёти советии точик» мавриди арзёбии муфассали илмй ;арор гирифта, на;ши эшон дар рушду такомули жанрхои мухталифи насрй ва чойгохи у дар таърихи адабиёти садаи ХХ таъйин шудааст. Чунончи, муаллифи чилди дувуми ин асари чомеъ профессор Лариса Николаевна Демидчик хини тах;и;и насри солхои сивум ба хулосае омадааст, ки дар пайдоишу ташаккули жанрхои новелла, очерку хикоя ва романи адабиёти навини точик сахми устод Рахим Ч,алил хеле назаррас аст.

Бояд гуфт, ки дар асари мазкур насри индавринаи нависанда хеле батафсил тад;и; шуда, махорати эчодии адиб дар боби сужетсозй, чехранигорй ва образофаринй дар заминаи далелу бурхонхои ;авии адабй нишон дода шудааст. Як чихати чолиби ди;;ати ин тад;и;оти академикй дар он аст, ки хикоя ва новеллахои Рахим Ч,алил дар му;оиса бо осори хамгуни Хдким Карим, Бахриддин Азизй, Ч,алол Икромй ва бо назардошти сатхи бадеии насри солхои сивум мавриди омузиш ;арор гирифта, адабиётшинос тавассути радду бадали илмии маводи мухталифи адабии як зумра аз нависандагон махсусияти жанриву услубй, гоявию бадей ва тобишхои психологии офаридахои Рахим Чдлилро сахех муайян кардааст.

Л.Н.Демидчик аз тахлили му;оисавии ин ;абил осори нависанда асосхои хал;й ва дигар сифатхои умдаи онро равшан пай бурда, чунин таъкид сохтааст: «Дар сохти сужетии хикояхои Рахим Ч,алил такя бар анъанаи хикоя ва латифахои хал;й хис мешавад. Муъчазии шакл, гайриинтизорй ва хандаоварии мусодамаи руйдодхо, кушодашавии хайратангези гирехи мавзуъ, соддагии ифодаи тарзхои услубй ва образй бо сужети конкрети реалистие, ки дар асоси материали во;еияти зинда ва замонй сохта шудааст, узван мувофи;ат пайдо мекунанд» [6, с.206].

Ба мушохидаи муха;;и; дар ин навъ офаридахои Рахим Ч,алил «чихати ;увватноки ;обилияти ;аламии вай-мушохидакории тезбинона, рафтори берахмона нисбат ба чихатхои заифи табиати инсонй, ба хадаф расонидани тир ва хушобии тахрир, ки аз забони зиндаи хал;й сарчашма мегирад» [6, с.193], равшан ба зухур омадааст.

Адабиётшиноси маъруф дар фасли махсуси ин асар ягона романи солхои сивум эчодкардаи Рахим Ч,алил «Гулру»-ро аз лихози мавзуву мундарича, банду баст, забону услуб, бадеият ва махорати нигорандагй дар ;иёс бо осори индавраинаи Ч,алол Икромй тахлил намуда, на;ши ин ду нависандаи номиро дар таърихи романнигории точик гушзад сохтааст: «Ч,алол Икромй ва Рахим Ч,алил хусусиятхои романнависии Айниро устувор карда, шакли асосии романи точик -романи боамалиётро, ки дар он шиддати фабула бо драматизми во;еоти мухташами ичтимой ва ;исмати одамон, бо тасвири харчонибаи мухити ичтимой ва маишат омехта мегардад, инкишоф додаанд. Ин шакли роман дар намуди соф зохир нашуда, балки мухимтарин сифатхои анвои романи реалистй - романи ичтимой, оилавию маишй, романи тасвири ахло; ва инчунин романи таърихиро якчоя дарбар мегирад» [6, с.255].

Эчодиёти устод Рахим Ч,алил дар чилди чоруми «Таърихи адабиёти советии точик», ки тах;и;и насри солхои 1945-1974-ро фаро гирифтааст, мав;еи намоён дорад. Муаллифи ин чилд академик М.Шукуров фаъолияти адабии нависандаро дар ин давра, ки аз пурмахсултарин даврони эчодии уст, батааннй аз назар гузаронида, торафт сай;алу такомул ёфтани махорати адабй ва вусъат гирифтани доираи тафаккуру чахонбинии адибро дар зимни тахлили як идда асархои тули ин солхо эчод гардида равшан нишон додааст. Ин муха;;и; низ бар он аст, ки дар ташаккулу тахаввули жанрхои хурди адабй, амсоли хикоя, новелла, очерку публитсистика ва хоса хикояхои хачвй устод Рахим Ч,алил бо табъи зарифи худодод ва лаё;ати нодири нигорандагиаш хидмати арзандае ба чо овардааст. Як фазилати чолиби эшон дар ин чода ин аст, ки дар кулли осори у «истеъдоди хачвгуии нависанда бештар ба яке аз шаклхои хал;ии мутоиба - ба шакли азкия ба зухур пайвастааст» [7, с.265].

Бояд гуфт, ки дар чилди мазкур ба тахлили романхои «Одамони човид» ва «Шуроб»-и Рахим Ч,алил фасли махсус бахшида шудааст. Муаллиф ин асархои нависандаро дар иртибот бо масоили назарии жанри таърихй ва мавзуи ин;илобй мавриди омузиш ;арор дода, мухтассоти жанриву услубй ва дигар падидахои сохториву бадеии онро муайян кардааст ва бад-ин минвол на;ши эшонро дар рушду такомули романи таърихи адабиёти навини точик бозгу намудааст. Дар ин фасл, бахусус, романи се;исмаи «Шуроб» аз нигохи мавзуъ, гоя, забон, образ ва сохту

таркиб хеле батафсил тахлил шуда, муаллиф дастовардхои эчодии адиб ва камбудиву норасоихои ин асари уро му ба му нишон додааст. Ба мушохидаи адабиётшинос «дар романи «Шуроб» пеш аз хама хамин чиз чолиби диккат аст, ки тасвири хаёт хеле вусъат пайдо кардааст» [7, с.268] ва дар ин асар нависанда ба тасвири инсон дигар хел наздик шуда, «мохияти вокеахои бузурги таърихиро ба воситаи такдири хусусии шахсони алохида» [7, с. 268] ба андешаву мулохиза гирифтааст.

Аз ин ру, мухимтарин бозёфти адабии нависанда дар офариниши образхои мухташаму хотирмон ба зухур омадааст, ки барчастатарин намунаи он образи Холи ворухист. Устод Шакурй ба тахлили ин образ эътибори махсус зохир намуда, инъикоси рохи хаётии уро дар хар се кисми роман чиддан ба муоина гирифтааст ва дар симову шахсияти ин «насихатгари донишманди шуробиён» [7,с. 273] асосхои халкии характер ва оханги баланди дидактикиро пай бурда, чилваи бадеии табиати начиби инсонй ва кувваи фавкуллодаи чисмонии уро бурди эчодии муаллиф донистааст. Ба пиндошти мухаккик иктидори тасвиротии нависанда дар мавриди офариниши ин кахрамони марказй ба он сатхест, ки Холи ворухй - ин марди кавлу амал, марди кавипайкару матинирода ва подшохи касби хеш бо дили нарму хассос ва нигохи гарму хушбин, бо феълу хуи нек ва рафтору аъмоли писандида, бо хуштабъию хушмуомилагй ва зарофатгуй - хуллас бо он хама «хислатхои олии инсониаш» [7, с. 272] вокеан ба дарачаи образи бадей расидааст.

Адабиётшиноси номй ба охирин асари калонхачми Рахим Ч,алил - очерки ёддоштии «Маъвои дил», ки муаллиф онро дар поёни умр ба анчом расонида, як навъ таърихи бадеии зодгохи худ - шахри бостонии Хучандро ба вучуд овардааст, бахои мусбат дода, онро дар рохи инкишофи жанри очерки адабиёти точик икдоми шоиста донистааст: «Кимати «Маъвои дил» дар ин аст, ки Рахим Ч,алил тадкики публисистиро хеле вусъат дода ва амик бурда, аз он дар рохи тасвири панорамии манзарахои доманадори вокеият ва образхои барчаста имконоти тозае ба даст овард. «Маъвои дил» чашмандози очеркро хеле васеъ кард, дар рохи тасвири муфассал ва яклухти чихатхои гуногуни зиндагии пурвусъат кадами мухиме пеш гузоштани очеркро нишон дод» [7, с. 47].

Рисолаи пурарзиши профессор Худойназар Асозода "Симои коргар" [1] ба казияи инъикоси симои коргарон дар асархои Рахим Ч,алил, хоса дар романи "Шуроб" бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси тахлили батафсили як идда образхои ин асари таърихй махорат ва истеъдоди хосаи нависандаро дар мавриди офариниши образхои мухташами синфи коргари точик равшан бозгуи намудааст.

Устод Рахим Ч,алил, алалхусус, миёни хамдиёрони хеш махбубияти тамом дошт ва ба маънои томи сухан мояи ифтихори Хучанду хучандиён буд. Аз ин хотир, омузиш ва ташвику таргиби рузгор ва осори у дар муассисахои илмию маърифатии маркази вилоят низ дахсолахо инчониб пайваста идома дорад. Интишор ёфтани ду мачмуаи маколахои олимони Донишгохи давлатии Хучанд «Нависандаи махбуби мо» (1969) ва «Нависандаи махбуби халк» (1979), мачмуаи Чдмъияти китобдустони вилоят «Адиби халк» (1984), мачмуаи маколаву ёддоштхои Шуъбаи сугдии Иттифоки нависандагони Точикистон «Хуршедсавор» (1994), рисолаи адабиётшинос Рахим Тошматов «Рахим Ч,алил ва адибони точик» (1994) ва даххо маколаву очерку ёддоштномахо, ки дар китобхои уламову удабои вилоят ва сахафоти матбуоти давр ба табъ расидаанд, далели равшани ихлосу эътикоди ахли завки диёр ба осор ва шахсияти Рахим Ч,алил махсуб мегардад.

Дар ин таълифот масоили мухталифи эчодиёти рангину доманадори нависанда, сахми эшон дар таъсиси доираи адабии Хучанд ва таълиму тарбияи адибони чавон, чойгохи у дар чараёни адабии давр ва умуман таърихи адабиёти садаи ХХ мавриди арзёбии илмй карор гирифтааст. Муаллифони он - академик Зариф Рачабов, профессорон Fафур Гайдаров, Атахон Сайфуллоев, Саъдулло Асадуллоев, Хдмдам Очилов, Фарход Зикриёев, Абдусаттор Абдукодиров, дотсентон Юсуфчон Салимов, Ахмадчон Усмонов, Рахим Тошматов, Абдураззок Ваххобов, Абдухолик Набиев ва дигарон симои эчодии устод Рахим Чдлилро хамчун бехтарин донандаи забони халк ва урфу одати мардум, муаррих ва кишваршиноси закй, хамчун шоири нозукхаёл, драматурги болаёкат ва насрнависи камназир равшан падид оварда, дар боби зухури хунару истеъдоди фитрии у дар чодаи киссапардозй, сужетсозй, муколамабофй, образофаринй, чехранигорй, манзаранигорй, хачвнигорй ва гайра андешаву мушохидахои чолиб иброз доштаанд. Аксари мухаккикин дар таълифоти мазкур чилову тобиши халкии забони осори нависандаро ба сифати барчастатарин падидаи услубии эчодиёти у маънидод кардаанд.

Дигар аз тадкикоти мукаммали илмй рочеъ ба хаёт ва эчодиёти адиб рисолаи арзишманди «Ахтари тобони адабиёт» [5] мебошад, ки Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил соли 1999 ба ифтихори 90-солагии зодрузи нависанда аз чоп баровард. Муаллифи асосии ин асари чомеъ про фессор Атахон Сайфуллоев, ки бо устод Рахим Ч,алил солхои тулонй хусни дустиву рафокат дошт ва дар хамкории доимии илмиву адабй буд, ба шарху тафсили рузгору осори эшон бо самимияти тамом ва камоли хайрхохй муносибат карда, мухимтарини падидахои гоявию бадей, услубй ва чанбаи аклониву маърифатии эчодиёти уро дар заминаи маводи фаровони адабй ва дар киёсу мукобала бо осори бадеии адибони дигар ошкор сохтааст, сахми шоистаи нависандаро дар рушду нумуи жанрхои мансури адабиёти навини точик ба таври муътамад нишон додааст.

Мухимтарин чихати пажухишии рисолаи мазкур дар он аст, ки муаллиф ба таълифоти пешинаи худ оид ба Рахим Ч,алил тачдиди назар намуда, эчодиёти эшон ва дигар масоили марбут ба фаъолияти уро аз дидгохи нав, аз нигохи ниёзхои гоявию эстетикии даврони истиклолият мавриди омузишу баррасй карор додааст. Аз ин лихоз, махсусан тахлили мунсифонаи асархои калидии нависанда - романхои «Одамони човид»-у «Шуроб» ва киссаи хуччатии «Маъвои дил», ки хар кадом дар фаслхои алохида ба чо оварда шудааст, чолиби диккат мебошад. Мухаккик ба баррасии осори мазкур аз руи арзишхои замонй наздик шуда, дар сужету образхо равшан инъикос ёфтани хофизаи таърихии халк ва рухи пуркудрати мардумро ба мушохида гирифтааст ва дар тафаккуру чахонбинии кахрамонони мусбат, дар рафтору кирдору пиндори онхо хислатхои начиби худогохиву хештаншиносй, нангу номуси миллй, ифтихори ватандорй ва хиссиёти баланди гуманистиву интернатсионалиро эхсос карда, аз ин нуктаи назар образхои онхоро тахлил намудааст.

Дигар нуктаи мухими рисола он аст, ки муаллифон дар мазмуну мухтавои асархои нависанда охангхои замониро чустучу карда, пайванди рухиву маънавии ин осорро бо хаёти имрузаи мардум таъкид сохтаанд: «Романи «Шуроб» мисли дигар асархои Рахим Ч,алил аз бисёр чихатхо бо замони мо хамоханг аст. Дар давраи хозираи тараккиёти Точикистон, эхёи суннатхои миллй, тачдиди анъанахо ва арзишхои маънавй ахамияти калон касб мекунанд. Яке аз хамин гуна арзишхои маънавй дустии халкхо, хамкории бародарии намояндагони миллатхои гуногун мебошад. Вахдати миллй, ки дар шароити кунунй яке аз асоситарин омилхои эхёи моддию маънавии Точикистон мебошад, на танхо аз ягонагии халки точик иборат аст, балки бародарии дигар халкхои маскуни мамлакатро низ дар назар дорад. Бидуни ягонагию бародарии маънавию сиёсии хамаи халкхои Точикистон - точикхо, узбекхо, русхо, киргизхо, туркманхо, украинхо ва дигархо вахдати миллй ба даст намеоя. Ин масъала дар романи Рахим Ч,алил «Шуроб» махсусан вусъат пайдо кардааст» [5, с. 273-274].

Профессор Атахон Сайфуллоев дар фаслхои комилан тозаи ин китоб - «Устод Айнй ва Рахим Ч,алил», «Устод Лохутй ва Рахим Ч,алил» ва «Падари маънавии адибони чавон» аз боби он сабакхое, ки нависанда аз мактаби адабии поягузорони адабиёти навини точик гирифтааст, муфассал андешаронй намуда, муносибат ва хамкории тулонии адабии ин суханваронро бо завки том ва хавсалаи тамом шарху эзох додааст, аз таъсири судманди осор ва шахсияти устод Айнй ва Абулкосим Лохутй дар сабзиш ва камолоти эчодии адиби чавон бо мехр ёдовар шудааст. Агар дар ин ду фасли аввал голибан даврони чавонй ва шогирдии Рахим Ч,алил мавриди арзёбй карор гирифта бошад, пас фасли севум фаъолияти доманадору густардаи нависандаро ба хайси тарбиятгари тавонои ахли илму адабу санъат фаро гирифтааст. Дар ин фасл симо ва шахсияти Рахим Ч,алил хамчун суханвари мумтоз ва устоди баркамоли наср, хамчун раиси бебадали Шуъбаи сугдии Иттифоки нависандагони Точикистон, хамчуни созмондехи яккатози доираи адабии Хучанд ва чун адиби рузгордидаву тачрибаандухта ва мураббии мудаббир ва гамхору сахтгири чумла адибони чавони вилоят равшан падид омадааст.

Соли 2009 ба ифтихори чашни 100-солагии устод Рахим ^алил китоби мухташаме тахти унвони "Хотироти шогирдон ва пайвандон" (9) интишор ёфт, ки таълифоти беш аз 20 нафар адибону олимон, омузгорон, рузноманигорон ва фарзандону наберагони нависандаро фаро гирифтааст. Муаллифони маколахои ин китоб Карим Абдулов, Ваххоб Набиев, Холмурод Шарифов, Абдучалил Воситзода, Дадочон Рачабй, Махкам Пулод, Мубинчон Юсуфов, Равшан Замир, Зулфия ^алилова, Гулру ^алилова ва дигарон дар бораи шахсият ва эчодиёти эшон бо мехру ихлос андеша ронда, симои комили адабй, инсонй ва сарварии уро зимни тахлилу тахкики асархои бадеии мавсуф ва шарху тафсири лахзахои чудогонаву ибратбахши рузгор ва пайкори устод равшану возех бозгуй кардаанд.

Хдмин тавр, аз руху оханг ва мазмуну мухтавои кулли асархои фав;уззикр метавон хулоса бардошт, ки устод Рахим Ч,алил бо осори рангину шав;ангез, сабку услуби хоси эчодй ва фаъолияти пурмояи чамъиятиву маърифатй дар таърихи адабиёти асри мозй ва хаёти фархангии Хучанди бостонй на;ши барозандае бо;й гузоштааст. Эшон, пеш аз хама, фарзанди замони худ ва муъта;иди гояхои он буд. Аслан дар осори бадей мухим он нест, ки муаллиф кадом гояро ташви;у таргиб мекунад, балки мухим он аст, ки у ин ё он гояро дар кадом сатху пояи бадей ифода карда тавонистааст. Аз ин лихоз, Рахим Ч,алил тавассути асархои сершумораш дар ташви;у таргиби гояхои хаётбахшу некбинонаи даврони хеш хунар ва истеъдоди фитрии нигарондагй ба зухур овардааст. Махз дар хамин аст, арзиши гоявию эстетикии осори бадеии у.

Дар фарчом бояд гуфт, ки Рахим Ч,алил ба маънои томи сухан нависандаи хал;й буд. Маънои хаёти худ ва рисолати инсониву эчодиашро дар хизмати мудаввом ба хал;и хеш медонист. Хдмеша бо хал; будан, муло;от оростан ва хабиби дили эшон шуданро мароми зиндагй ва мояи ифтихори хеш дониста буд ва бо ин хислатхои шоиста дар дилу дидаи мардум абадй маскан гузидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Асозода, Х. Симои коргар/Х.Асозода.-Душанбе: Ирфон, 1983.-144 с.

2. Fаффоров, Р. Забон ва услуби Рахим Чдлил/Р^аффорова.-Душанбе: Дониш, 1966.-224 с.

3. Отахонова, Х. Рахим Ч,алил ва эчодиёти у/Х.Отахонова.-Душанбе: Дониш, 1962.-138 с.

4. Отахонова, Х. Аз руи мехр мехр/Х.Отахонова.-Душанбе: Ирфон, 1979.-96 с.

5. Сайфуллоев,А.Ахтари тобони адабиёт/А.Сайфуллоев, М.Файзуллоева.-Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил, 1999.-416 с.

6. Таърихи адабиёти советии точик.Иборат аз шаш чилд.Ч,илди 2.-Душанбе:Дониш,1978.-310 с.

7. Таърихи адабиёти советии точик.Иборат аз шаш чилд.Ч,илди 4.-Душанбе:Дониш,1980.-382 с.

8. Тошматов, Р. Рахим Ч,алил ва адибони точик/Р.Тошматов.-Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил, 1994.-58 с.

9. Хотироти шогирдон ва пайвандон.-Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил, 2009. - 436 с.

10.Шукуров, М. Рахим Чдлил.Очерки мухтасари эчодиёти нависанда /М.Шукуров, А.Сайфуллоев.- Сталинобод, 1959.-76 с.

REFERENCES:

1. Asozoda, Kh. The worker's Image / Kh. Asozoda. - Dushanbe: Cognition, 1983. - 144 p.

2. Gafforov, R. Rahim Jalil's Language and Style/ R. Gafforov. -Dushanbe:Knowledge, 1966. - 224 p.

3. Otakhonova, Kh. Rahim Jalil and his Creativity/ Kh.Otakhonova.- Dushanbe: Knowledge, 1962. -138 p.

4. Otakhonova, Kh. On the Basis of Love / Kh. Otakhonova. - Dushanbe: Cognition, 1979. - 96 p.

5. Saifulloev, A. Shining Stars of Literature / A. Saifulloev, M. Faizulloeva. - Khujand: Rahim Jalil State Publishing-House, 1999. - 416 p.

6. The History of Tajik Soviet literature. In 6 volumes. - V.2. - Dushanbe: Knowledge, 1978. - 310 p.

7. The History of Tajik Soviet Literature. In 6 volumes. - V. 4. - Dushanbe: Knowledge, 1980. - 382 p.

8. Toshmatov, R. Rahim Jalil and Tajik Writers / R. Toshmatov. - Khujand: State Publishing-House named after Rahim Jalil, 1994. - 58 p.

9. Memories of Students and Relatives. - Khujand: Rahim Jalil State Publishing-House, 2009. - 436 p.

10. Shukurov, M. Rahim Jalil. Brief Essay on the Writer's Creations / M. Shukurov, A. Saifulloev. -Stalinabad, 1959. - 76 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.