Научная статья на тему 'Баъзе мулоҳизаҳо доир ба аҳволу осори бањриддин азизї'

Баъзе мулоҳизаҳо доир ба аҳволу осори бањриддин азизї Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
182
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
адабиѐти тољик / Баҳриддин Азизӣ / насри тоҷик / жанри ҳикоя / сиѐсати адабӣ / шахсиятпарастӣ / сиѐсати шӯравӣ / душманони халқ / таджикская литература / Бахриддин Азизи / таджикская проза / жанр рассказа / культ личности / политика советского периода / враги народа

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Носиров Осимбой Орифович

Дар маќола рўзгор ва осори яке аз нависандагони маъруф ва публитсистони равшанфикри тољик Бањридддин Азизї баррасї гардидааст. Тазаккур рафтааст, ки бо расидан ба истиќлолияти давлатї на танњо барои рушди соњоти сиѐсиву иљтимої ва фарњангиву иќтисодї шароити мусоид фароњам оварда шуд, балки дар густариши илму адаб, ба хусус адабиѐт ва публитсистикаи тољик марњилае наве оѓоз гардид. Ишора шудааст, ки баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ тањќиќи рўзгор ва осори адибоне, ки бо љурми сиѐсї мавриди таъќиб ва тазйиќи сиѐсати замони Шўравї ќарор гирифта буданд, бо диду назари нав вусъат пайдо кард. Зикр шудааст, ки Бањриддин Азизї аз зумраи нависандагоне буд, ки бо љурми “миллатчигї” қурбони сиѐсати шахспарастї гардида буд. Дар маќола ташаккул ва ављи сиѐсати “поксозї”, омилњои аслии гирифтории адиб ба ин љараѐн, зиндагинома, мероси адабї, вазъи замон ва муњимтарин масъалањои адабиѐти тољик дар солњои 20—50 бо диду назари тоза мавриди арзѐбї ќарор гирифтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

НЕКОТОРЫЕ СУЖДЕНИЯ О БИОГРАФИИ И ТВОРЧЕСТВЕ БАХРИДДИНА АЗИЗИ

В статье рассматриваются биография и творчество известного таджикского писателя, публициста и просветителя Бахриддина Азизи. Подчеркивается, что с достижением государственной независимости в Таджикистане появились предпосылки для развития социально-политической и культурной сферы, кроме того, были созданы благоприятные условия для формирования и развития нового этапа науки и литературы, в особенности, таджикской публицистики. В свете этих перемен, в новом ракурсе исследуются биография и творчество литераторов, которые в советское время подвергались политическому преследованию и давлению. Отмечается, что Бахриддин Азизи был одним из писателей, ставших жертвой политики культа личности по обвинению в «национализме». В статье предпринимается попытка с новой точки зрения осмыслить процесс формирования и кульминацию политической «чистки», истинные факторы вовлечения Бахриддина Азизи в это течение, проанализировать его биографию и творческое наследие, а также рассмотреть политическую обстановку времени и важнейшие проблемы таджикской литературы 20-50 годов XX века.

Текст научной работы на тему «Баъзе мулоҳизаҳо доир ба аҳволу осори бањриддин азизї»

УДК 8Т1 ББК 83,3(2Т) БАЪЗЕ МУЛОХЩЗАХО ДОИР БА АХВОЛУ ОСОРИ БАХРИДДИН АЗИЗИ

НЕКОТОРЫЕ СУЖДЕНИЯ О БИОГРАФИИ И ТВОРЧЕСТВЕ БАХРИДДИНААЗИЗИ

CERTAIN JUDGMENTS CONCERNING BAHRIDDIN AZIZIS BIOGRAPHY AND CREATION

Носиров Осимбой Орифович, унвощуи кафедраи журналистика ва назарияи тарцумаи МДТ "ДДХ ба номи академик Б. Гафуров " (Тоцикистон, Хуцанд)

Носиров Осимбой Орифович, соискатель кафедры журналистики и теории перевода ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Nosirov Osimboy Orifovich, claimant for candidate degree of the journalism department the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan Khujand), E-MAIL: [email protected]

Вожа^ои калиди: адабиёти тоцик, Бауриддин Азизи, насри тоцик, жанри уикоя, сиёсати адаби, шахсиятпарасти, сиёсати шурави, душманони халц

Дар мацола рузгор ва осори яке аз нависандагони маъруф ва публитсистони равшанфикри тоцик Бауридддин Азизи баррасй гардидааст. Тазаккур рафтааст, ки бо расидан ба истицлолияти давлати на тануо барои рушди соуоти сиёсиву ицтимои ва фаруангиву ицтисоди шароити мусоид фароуам оварда шуд, балки дар густариши илму адаб, ба хусус адабиёт ва публитсистикаи тоцик маруилае наве огоз гардид. Ишора шудааст, ки баъди расидан ба истицлолияти давлати тауцици рузгор ва осори адибоне, ки бо цурми сиёси мавриди таъциб ва тазйици сиёсати замони Шурави царор гирифта буданд, бо диду назари нав вусъат пайдо кард. Зикр шудааст, ки Бауриддин Азизи аз зумраи нависандагоне буд, ки бо цурми "миллатчиги" цурбони сиёсати шахспарасти гардида буд. Дар мацола ташаккул ва авци сиёсати "поксози", омилуои аслии гирифтории адиб ба ин цараён, зиндагинома, мероси адаби, вазъи замон ва мууимтарин масъалауои адабиёти тоцик дар солуои 20—50 бо диду назари тоза мавриди арзёби царор гирифтааст.

Ключевые слова: таджикская литература, Бахриддин Азизи, таджикская проза, жанр рассказа, культ личности, политика советского периода, враги народа

В статье рассматриваются биография и творчество известного таджикского писателя, публициста и просветителя Бахриддина Азизи. Подчеркивается, что с достижением государственной независимости в Таджикистане появились предпосылки для развития социально-политической и культурной сферы, кроме того, были созданы благоприятные условия для формирования и развития нового этапа науки и литературы, в особенности, таджикской публицистики. В свете этих перемен, в новом ракурсе исследуются биография и творчество литераторов, которые в советское время подвергались политическому преследованию и давлению. Отмечается, что Бахриддин Азизи был одним из писателей, ставших жертвой политики культа личности по обвинению в «национализме». В статье предпринимается попытка с новой точки зрения осмыслить процесс формирования и кульминацию политической «чистки», истинные факторы вовлечения Бахриддина Азизи в это течение, проанализировать его биографию и творческое наследие, а также рассмотреть политическую обстановку времени и важнейшие проблемы таджикской литературы 20-50 годов XX века.

Key words: Tajik literature, Bahriddin Azizi, Tajik prose, story genre, personality cult, politics of the Soviet period, enemies of the people

The article dwells on the biography and creation of the famous Tajik writer, publicist and enlightener Bahriddin Azizi. The author of the article lays an emphasis upon the idea that with the achievement of state independence in Tajikistan, prerequisites for the development of the socio-political and cultural sphere was emerged, into the bargain, favorable conditions were created dealing with the formation and development of a new stage of science and literature, especially Tajik journalism. In the light of these changes, in the new perspective, the biography and work of writers is being studied, which in Soviet times were subjected to political persecution and pressure. It is underscored that Bahriddin Azizi was considered to be one of the writers who were victims of the policy of the cult of the individual on charges of "nationalism". The author of the article makes an endeavor to comprehend the process of formation and the culmination of political "cleansing", the true factors of involving Bahriddin Azizi in this trend, to

analyze his biography and creative legacy, to consider the political situation of the time and the most important problems of Tajik literature referring to the 1920s and 1950s of the XX-th century as well.

Тахкик ва шинохти адабиёти точик дар солхои 20-30-и садаи ХХ яке аз масъалахои мухими илми адабиётшиносй ва публисистикаи точик махсуб ёбад. Рузгор ва осори даххо нафар адиби точик, ки махз дар хамин даврон зиндагй ва эчод карда курбони таъкибот шудаанд, ниёз ба омузиш ва баррасии густардаи илмй доранд. Мохияти ин сиёсат дар макола ва рисолахои ахли тахкик, ба монанди Холик Мирзозода (5), Мухаммадчон Шакурй (14), Маъруфи Рачабй (10), Абдухолики Набавй (7), Сохиб Табаров (13), Дадочон Рачабй (9), Субхони Аъзамзод (2) ва дигарон шарх ёфтааст. Бо вучуди ин, хануз таъсири манфии он ба адабиёт ва афкори ичтимоиву сиёсии точик ба таври комил муайян нашудааст. Бо ин хама, нуктахои нав ва масъалахои мухиме дар омузиш ва шинохти амики ин даврон бо диди тоза бокй мондаанд, ки тахкики алохидаро такозо менамояд. Дар ин макола баъзе мулохизахо доир ба сарнавишти талхи адиби номвар Б.Азизй, ки гирифтори ин сиёсати поксозй шудааст, баён мегардад.

Маорифпарвар ва тачаддудхохони точик Абдурауфи Фитрат, Нарзуллои Бектош, Рашид Абдулло, Бахриддин Азизй махз дар хамин бесарусомонихо хамчун душмани халк махкум шуданд. Рахим ^ошим, Туракул Зехнй, Х,аким Карим, Ч,алол Икромй ва чанде дигар солхо умрашонро дар бадаргаву зиндон паси сар карданд, ки натичаи сиёсати поксозии замон буд.

Шоир, нависанда ва публитисисти маъруфи точик Бахриддин Азизй низ дар гирудори ичтимоии он замон чабр дидааст. У соли 1895 дар шахри Истаравшан ба дунё омадааст. Падараш Мулло Абдулазиз яке аз шахсони бомаърифати замони худ буда, бо тахаллуси "Х,азмй" шеър мегуфтааст. Доир ба тахаллуси Мулло Абдулазиз номувофи;ативу нохамгунихо ба назар мерасад. Аз чумла тахаллуси Мулло Абдулазиз дар сомонахои Википедия ва Иттифоки нависандагони Точикистон "Ч,азмй" оварда шудааст (12). Ба назари мо "Х,азмй" сахехтар аст. Зеро дар "Энсиклопедияи советии точик"(15), "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик"(16), "Тазкираи адибони вилояти Сугд" ва дигар маъхазхо тахаллуси падари Азизй "Х,азмй" оварда шудааст. Адиб Назмии Истаравшанй низ марсияе дорад, ки ба фавти Мулло Абдулазиз бахшида шудааст ва "Марсия ба адиб Х,азмй" ном дорад.

Бахриддин Азизй тахсилдидаи мадрасаи Девонбегии Бухоро ва омузишгохи дусолаи муаллимии шахри Тошканд буд. Як муддат вазифахои гуногуни давлатиро бар ухда дошт. Нахустин шеърхои Бахриддин Азизй бо забонхои точикиву узбекй бо тахаллуси Азмй ба табъ расидаанд. Номбурда бо эчоди хикоя ва памфлетхои "Як кубба кукнорй", "^урбонй", "Аз масчид ба клуб", "Зани директор", "Гуломи хучаин ё гуломи бодинчон", "Бори зарурй" хамчун нависанда, публисист ва равшанфикри замон ба хидмати адабиёт камари химмат бастааст. Мероси адабии Бахриддин Азизй дар мачмуахои "Зарбдор" (1932), "Галаба" (1932), "Х,асани якдаста" (1936), "^урбонй" (1937), "^икояхо" (1962), "Зани директор" (1985) ба нашр расидаанд. Дар мавриди макон ва таърихи вафоти адиб навиштахое мавчуданд, ки ба хам мухолиф ва фарогири иттилооти умумиянд. Дар бобати ба асорат афтидан ва дар махбас фавтидани Бахриддин Азизй маълумоти дакику мукаммал мавчуд нест (6, 8, 9, 10).

Х,укумати шуравй бар пояи низоми шадиди сиёсй фаъолият дошта, барои хифзу манфиати худ тадбирхои хадафмандонаро ба рох мондааст. Шахспарастии солхои сиюм, чилум ва панчохуми асри ХХ бо номхои «поксозй», «шахспарстй», «репрессия», «даврони хунин» ва гайра инъикос шудааст. Заминахои асосии ин равандро дар асоси хуччатхои пайдошуда метавон тахмин намуд, ки таъсиси гуруххои мухолифин аз кабили "Ташкилоти аксулинкилобии Маскав", "Коргарони мухолиф", "Гурухи аксулинкилобии ленинградии Зиновейвй", "Марказ дар Маскав", "Маркази зиддишуроии Тротско-Зиновйевй", "Гурухи аксулинкилобии "Мактаби Бухарин" ва гайра, ки кисме барои бархам додани давлати навтаъсиси шуравй фаъолият мебурданд, махз барои тасмимхои чиддй гирифтан ва даст ба террор задани И.В. Сталин сабаб шудаанд. Н.С. Хрушев дар баробари интикоди тасмимхои И.В. Сталин аксар айбномахои ба сари махкумшудагон боршударо тухмат ва бухтон хонда, бо карори вижае барои сафед кардани махкумшудагон супориш додааст (11, 19-67).

Ин дигаргунии сиёсй ба тагйири раванди адабй ва наздик шудан ба асолати миллй боис шуд. Дар ин маврид муха;;и;и точик С. Аъзамзод чунин мулохиза меронад :"Ин руйкард мунтахо ба навоварй ва тагйироти сифатй дар адабиёт ва ба миён омадани тархи равияи нав боис гардида, дар рохи тачдиди хаёти фархангиву адабй, фарохам омадани фазои нисбатан нарму озод дар тасвири зисту зиндагии давраи муосир, колабшиканй - дур шудан аз берангии адабии солхои пешин, дар сиришту рухияи эчодгарон бедор шудани часорати адабй заминаи мусоид омода кард..." (2, 3).

Пас аз вафоти И.В. Сталин дар равиши корбарй ва сиёсати Х,изби Коммуниста дигаргунй ворида гардид ва сиёсати сталинй махкум карда шуд. Баркарор намудани номи неки махкумшудагон дар каламрави Иттиходи Шуравй огоз шуд. Дар муддати хафт сол (аз 1954 то 1961) зиёда аз 700 хазор бегунох, ки махкум шуда буданд, сафед карда шудааст (11, 7).

Махз ба ин раванди сиёсати замон - махкумкунии сталинй гирифтор гардидани ахли илму адаб барои миллату адабиёту сиёсати халкиятхои мухталиф фочиаангез буд, ки халки точик низ аз он истисно нест. Яке аз равишхои ба коми бало кашидан дар байни ахли илму адаб айбноманависй нисбат ба якдигар буд.

Ч,алол Икромй дар ин маврид нигоштааст: «Дар мохи сентябр ва октябри соли 1937 аз тарафи якчанд чура ва ошнохои худамон дар сахифахои газетахо ма;олахои бухтонкорона ва душманона чоп шудаанд, ки дар он як ;атор нависандагони хуб, пеш;адам ва рост;авлу бегунох чун душмани хал;, чун миллатчй муттахам карда мешуданд. Дар он руйхат Хдким Карим, Fанй ва Рашид Абдулло ва падари онхо, Расулй ^осимов, Мирзозода, Обид Исматй, Азизй, Алихуш, Ч,алол Икромй зикр ёфта буданд" (4). Бино ба таъкиди Ч,алол Икромй муаллифони ма;олахои бухтонй чанде аз адибони даврони худашон будааст ва барои амалй кардани сиёсати талхи сталинй ма;олахои шурангез менавиштаанд. Афзун бар ин, мавсуф дар маколаи "Он чй аз сар гузашт" сарнавишти талхи худро дар ин даврон нихоят гамангез ва мохирона ба калам додааст. Аз андешахои Ч,. Икромй маълум мешавад, ки нависандагони ин даврон дар хакикат аз тарси чони худ дар хакки якдигар бухтоннависй кардаанд. Дар ин маърака чандин нафар аз равашанфикрони точик кушта шуда ва кисми зиёди эшон умри худро солхо дар бадаргаву зиндон гузаронидаанд (4). Инчунин, дар мачаллаву рузномахо бо максади махкум кардани адибоне, ки хануз дар озодй буданд, ашхосе бо тахаллусхои гуногун мавод менавиштанд ва дар рузномаву мачаллахо махкумшудагонро шадидан танкид мекарданд. А.Набавй дар инъикоси солхои 30 кайд менамояд, ки оташи каламбадастон бо махкум шудани "дустонашон" паст нашуда, тухматномахо менавиштанд. Дар соли 37 як одати зиште буд, ки онро метавон ба таъбири устод Рудакй "фитодаро пой задан" номид. ^аламбадастоне буданд, ки вазъи шахсони хабсшударо ба навиштани маколахои "торуморкунанда" боз хам гаронтар мекарданд" (7, 51).

Нависандаи маъруфи точик Додочон Рачабй барои эхёи ному пайкори адибони махумшуда хидмати шоиста анчом додааст, ки мачмуаи очеркхои "Осмони хамида" далели ин гуфтахост. У сабабхои айбдор кардани адибон ба чурми «зиёиёни буржуазй - кулакй», «душмани хал;», «гаддорони аксулин;илобй» ва гайраро чунин арзёбй кардааст: «...боди яъсу бадгумонй рузгори Дайламй, Fанй Абдулло, Рабей, Муинзода, Ч,алол Икромй, Рашид Абдулло, Алихуш андаке дертар Хдким Карим, Бектош, Ахмадчони Хдмдй, Азизй ва дигаронро пургубор намуда, якеро аз паси дигаре, гуё дар хамин кор хам "бо навбат", галтону хезон дар дорулахло; бурд"

(9, 8).

Бо таъкиди А.Набавй "дар ин мархала гунахкору бегунах, хушку тар баробар месухт, дуст ва душманони собик баробар гунахкор карда мешуданд" (7, 50). Яке аз сабабхои ба нашр нарасидани осори Бахриддин Азизй дар солхои 1937-1962 бевосита ба гунохи душмани хал; гирифтор шудани у мебошад. Танхо солхои 50-уми асри ХХ перомуни шахсияти адиб нависандаи маъруф Ч,алол Икромй изхори назар кардааст. Аммо нашри осори у чараён нагирифтааст. Додочон Рачабй мархилахои раванди репрессияро дар се давра нишон додааст. Мавсуф мархилаи дуюми ин давраро (1936-1940) авчи душмансозии сиёсати замон аз хисоби ахли илму фарханг ба шумор овардааст, ки дар ин радиф Б.Азизй низ истисно нест (9, 125-126).

Дар як ма;ола Б.Азизй дар ;атори дигар нависандагону равшанфикрон "душмани хал;" эътироф шудааст. Муаллифи макола Мирзо Турсунзода ва Рахим Чдлилро ба он айбдор мекунад, ки «...то ва;тхои охир бо миллатчй Б.Азизй, Муинзода, Fанй Абдулло ва гайрахо ало;аи хуб доштанд, лекин онхо дар ин бора дахан намекушоянд...» (3). Дар ма;ола Бахриддин Азизй чун "миллатчии буржуазй" ном бурда мешавад, ки соли 1936 ва;ти ба Сталинобод (Душанбе) рафтанаш дар хонаи Мирзо Турсунзода ва Хдким Карим зиндагй мекардааст ва ма;олаву хикояхояшро бо маслихату машварати ин адибон навишта, бо пешниходи онхо дар рузномахо нашр менамудааст. Яке аз сабабхои ба "душмани халк", "гаддори аксулинклобй", "зараррасони сотсиалистй" гунахкор шудани Б.Азизй дар он аст, ки хатмкардаи мадраса буд ва аз адабиёти классикии точик огохии хуб дошт. Хдмчунин, падараш дар замони худ муфтиву мударрис буда, Азизй таълими нахустини худро аз падараш гирифтааст. Омили дигари махкум шудани Азизй такриз навиштан ба "Намунаи адабиёти точик" ва аз чониби мунаккидон ба пантуркистиву бектошчигй айбдор шудани уст.

Бахриддин Азизй бо доштани мафкураи инкилобй ва андешахои маорифпарварй дар замони сотсиалистй зуд одат карда, дар ин рухия эцод кардааст. Х,арчанд ;ахрамонхои хикояхои хацвии у давраи феодалиро махкум мекарданд ва таргибгари давраи нав буданд, аммо Азизй низ ба доми бо ном «покизакунон»-и давлати сотсиалистии Тоцикистон афтод.

Замони зиндагй ва эцоди Бахриддин Азизй яке аз мархилахои мураккаби таърихй буда, барои раванди илму адаби тоцик таъсири на он кадар хуб гузоштааст. Бо таъсиси хукумати нави Шуравй ташаккули адабиёти сотсиалистй цараён гирифта, адибон барои таргиби он сафарбар шуданд. Дар ин маврид мунаккид С. Табаров таъкид медорад, ки "адабиёти советии тоцик ба мисли хамаи адабиётхои халкхои Ватани сотсиалистй барои фатх намудани куллахои баланд дар мубориза бо назария ва цараёнхои гуногуни зарарноки адабй обутоб ёфта, дар натицаи мубохиса, мунозира ва мубодилаи афкори зиёд ба суи методи реализми сотсиалистй майл кард ва дар охир хамаи принсипхои ин методи адабиёти тамоман типи нав галаба намуд (13, 147). Дар маънидоди адабиётшинос адабиёти шуравй хамчун адабиёти пешрафта арзёбй гардидааст. Бо вуцуди ин тахкики ин даврони адабиёт аз назари накду назарсанции замони имруз ба тавзех ниёз дорад ва маъалаи мазкур имруз назари нав мехохад.

Бино ба маълумоти Додоцон Рацабй зани Б.Азизиро низ мисли дигар занхои равшанфикрони давр хабс кардаанд ва у низ аз цумлаи азияткашидагон аст.

Ба назари мо ин андеша бахсангез менамояд, зеро Кенцабой Юсуфзода дар сарсухани китоби "Зани директор" аз забони духтари Азизй - Мусаввада Азизова меорад, ки соли 1937, пас аз куч бастани мацаллаи идораи "Бигиз" аз Самарканд ба Тошканд Азизй рухсатии мехнатй гирифт ва дар Истаравшан буд. Дар ин ва;т завцааш вафот мекунад ва у дар маросими дафн иштирок менамояд (1, 6). Маълум мешавад, ки зани Б. Азизй пеш аз махкум шудани у фавтида будааст.

Баъд аз солхои 50-уми асри ХХ имкон фарохам омад, ки асархои олимону нависандагон ва шоирони махбус аз нав чоп шаванд ва ба хонандагон пешниход гарданд. Соли 1962 бо ташаббус ва кушиши Шукрй Иброхим мацмуаи хикояхои Бахриддин Азизй аз чоп баромад, ки аз рузномахои даврии сохои 20-30-уми асри ХХ бо хуруфи форсии арабиасос ва лотинй цамъоварй шуда буданд.

Ба андешаи муха;;и;и тоцик Х. Мирзозода "бехтарин шоирон ва нависандагони тоцик рохи ха;и;атан озоди эцодй ва ба хал;у ватан хизмат намуданро дар сохаи адабиёти советй дида, тамоми фаъолияти эцодй-адабии худро ба тара;;ии адабиёти советии тоцик нигаронидаанд" (5, 90).

Аз мухтаво ва мазмуни хикоя, ма;ола ва лавхахои тан;идии Б.Азизй ба хулоса омадан мумкин аст, ки у бо тамоми цидду цахд кушидааст то замони навро ситоиш кунад ва хонандагони асархояш даст кашидан аз унсурхои замони феодалиро тавсия дихад.

С. Табаров дар аксар маврид ба шахсияту арзиши осори Б.Азизй мунсифона бахо додааст: "Дар хакикат, Бахриддин Азизй яке аз адибони машхури точик буд, ки махсусан дар инкишофи хацв дар адабиёти советии точик хизмати босазое кардааст. Бинобар ин, холо хам чандин хикояхои хацвии у, аз кабили «Як кубба кукнорй», «^урбонй», «Гуломи хуцаин ё гуломи бодинцон» ва монанди инхо намунахои хуби насри хацвии адабиёти тоцик ба шумор мераванд" (13, 151).

Х,амин тавр, Б.Азизй дар замони шахсиятпарастй ба гирдоби яъсу ноумедй ва та;дири фалокатбор дучор шудааст. Солхои 1936-1937 барои Б.Азизй солхои пурмахсули эцодй буд, зеро бештари ма;олаву хикоёташ дар матбуоти давр, аз цумла дар мацаллахои "Барои адабиёти сотсиалистй", "Бигиз" ва дигар нашрияхо ба табъ расиданд. Дар ин солхо дар хар як шумораи мацаллаи "Бигиз" осори публисистии адиб манзури хонандагон гардидааст. Бо вуцуди ин, публисисти номвар дар айни камолоти эцодй ва ташаккули фикрй ба хабс махкум шудааст.

Баъди вафоти Б. Азизй нашри осори у дар солхои мухталиф цараён гирифта бошад хам, то имруз дар шакли китоби алохида ба табъ нарасидааст. Хдмчунин, бархе аз навиштахои адиб аз сахафоти рузнома ва мацаллахои давр пурра цамъоварй нашудаанд. Аз ин ру, нашри осори илмию-интикодии ин нависанда яке аз корхои мухим дар самти тахия ва нашри мероси адабии адабиёти тоцик мебошад.

Осори Б. Азизй, бахусус, хикояхои у фарогири мухимтарин масъалахои ицтимой, фархангй, сиёсй ва маърифатй буда, дар бедор намудани афкори цомеа накши муассир доранд. Хулосаи аксари осори ин нависанда, ба он далолат мекунад, ки инсон бо донишу хирад ва омузиши хамешагии илму маърифат метавонад ба дарацаи инсони вокей ва зиндагии босаодат бирасад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Азизй, Б. Зани директор /Б. Азизй-Душанбе: Ирфон, 1985.-207 с.

2. Аъзамзод, С. Адабиёт ва маърифати нацд. Мацмуаи мацолацо/С. Аъзамзод.-Хуцанд: Анис, 2004.-198 с.

3. Душман вацомиёни онцо дар Союзи нависандагони Тоцикистон//Тоцикистони Сурх.-1937.-30 сентябр.

4. Икромй, Ц. Чанд сухан//Ч. Икромш-Тоцикистони советй.-1989.-5май.

5. Мирзозода, Х. Мулоцизацо дар бораи адабиёт / Х.Мирзозода. - Душанбе: Нашриёти давлатии Тоцикистон, 1963. -194 с.

6. Мухторов, А. БобоцонГафуров/А.Мухторов.-Душанбе: Дониш, 1992.-152 с.

7. Набиев, А. Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоцики солцои 20-30 садаи ХХ /А. Набиев.-Душанбе: Ирфон, 2004.-312 с.

8. Писатели Таджикистана-Душанбе: Ирфон, 1986.-512 с.

9. Рацабй, Д. Осмони хамида/Д. Рацабй.-Хуцанд: Р. Цалил, 1998.-158 с.

10. Рацабй, М. Таърихи танцид ва адабиётшиносй. Асосцои назариву эстетикии адабиёти тоцкии марцалаи якуми шуравй. Сощои 1920-1954/М. Рацабй.-Душанбе: Адиб, 1997-208 с.

11. Реабилитация. Политичекие процессы 30-50-х годов.-Москва: Издательство политической литературы, 1991.-461 с.

12. Тазкираи адибони вилояти Сугд.-Хуцанд: Р. Цалил, 2004.-344 с.

13. Табаров, С. Хрёт, адабиёт, реализм/С. Табаров.-Душанбе: Ирфон, 1966.-324 с.

14. Шукуров, М. Насри реалистй ва тацаввули шуури эстетики /М. Шукуров.-Душанбе: Ирфон, 1987.452 с.

15. Энсиклопедияисоветиитоцик.-Душанбе: 1978.-674с.-1 ц.

16. Энсиклопедияи адабиёт ва санъат.и тоцик-Душанбе: 1988.-544 с. -1 ц.

REFERENCES:

1. Azizi, Bahriddin. Female Director / B. Azizi. -Dushanbe: Cognition, 1985. - 207p.

2. Azamzod, S. Literature and Literary Critique. Collection of Articles/S. Azamzod. - Khujand: Anis, 2004. -198p.

3. Enemy and their Protectors in the Tajik Writers Union//Red Tajikistan. -1937. - September 30.

4. Ikromi, J. Some Words... //J. Ikromi. - The Soviet Tajikistan -1989. - May 5.

5. Mirzozoda H. Certain Considerations about Literature / H. Mirzozoda. - Dushanbe: State publishing-house of Tajikistan, 1963. -194p.

6. Mukhtorov A. Bobojon Gafurov/ A.Mukhtor. - Dushanbe: Knowledge, 1992. -152p.

7. Nabiyev A. Narzulloi Bektosh and the Tajik Literature and Science Referring to the 20-30-ies of the XX-th Century /A. Nabiyev. - Dushanbe: Cognition, 2004. - 312p.

8. Writers of Tajikistan. -Dushanbe: Cognition, 1986. - 512p.

9. Rajabi D. The Lean Sky /D. Rajabi. - Khujand: R. Jalil, 1998. -158p.

10. Rajabi M. The History of Critiques and Literary Criticism. The theoretical and aesthetical grounds of the Soviet Tajik literature referring to 1920-1954/ M. Rajabi. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1997. - 208p.

11. Rehabilitation. Political Processes Referring to the 30-50-ies. - M.: Political literature of publishing-house, 1991. -461 p.

12. The Chronicle of the Sughd- Viloyafs Men-of-Letters - Khujand: R. Jalil, 2004. - 344p.

13. Tabarov S. The Life. Literature. Realism /S. Tabarov. - Dushanbe: Cognition, 1966. - 324p.

14. Shukurov M. Realistic Light and Aesthetic Mind Development / M. Shukurov. - Dushanbe: Cognition, 1987. -452 p.

15. The Soviet Tajik Encyclopedia. -Dushanbe: 1978. - 674p.-1.

16. The Encyclopedia of Literature and Art. -Dushanbe, 1988. - 544p. - V.1.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.