ТАЪЛИМИ МАСДАР ДАР СИНФИ V
Шербоев С.
Академияи та^силоти Тоцикистон
Мувофики эътирофи забоншиносон ва xам методистони таълими забони точикй дар байни xиссаxои нутк, чи дар чодаи забоншиносй ва чи дар чодаи таълими забони точикй, дар мактаб феъл яке аз масъалаxои басо мураккаби забон маxсyб меёбад [S, c. 29; 9, c. 270]. Аз чумла, дар мактабxои таxсилоти миёнаи умумй, мувофики пешниxоди барномаи охирини таълими забони точикй, феъл, дар ду синф - синфxои V ва VI дар xачми 36 соат (дар синфи V дар xачми 21 соат ва дар синфи VI дар xачми 15 соат) таълим дода мешавад, ки микдори ин соатxо ба микдори соатxои таълимии 2 xиссаи, вокеан xам, калонтарини нутк - исм (16 с.) ва сифат (20 с.) баробар аст. Шояд барои таълими феъл, ки аз чумлаи xиссаxои нутки таркибан бисёрмавзуъ маxсyб меёбад, ин микдори соатxо (36 с.) xоло xам нокифоя бошад. Аммо дар заминаи xамин микдори соатxо мазмуни донишxои барномавии дойр ба феъл дар мадди назар буда бо тайёpиxои пухта ва мувофики талаботи меъёрй дастраси хонандагон гардонида шавад, минбаъд барояшон азхудкунии чандин масъалаxои на тащо синтаксиси чyмлаxои содда (масалан, хабар ва тобишxои маъноии он, ифодаи xолxо бо феъли xол ва муайянкунанда бо сифати феълй), xамчyнин, баъзе масъалаxои марбут ба ифодаи хабаpxо дар чyмлаxои соддаи таркиби чyмлаxои мураккаб як дарача осонтар даст хоxад дод.
Аз ин лщоз, бо назардошти гyфтаxои фавк, омузгорро лозим аст, ки «бо тайёрии xаматаpафа ташкил намудану гузаронидани xаp як мавзуи дорой ба таълими феълxо бахшидашаванда бояд зина ба зина хонандагонро ба хулосае оварад, ки шоxсyтyни асосии нутки шифоxивy хаттии мо xамеша феълxо буданд, xастанд ва минбаъд xам мешаванд» [9, c. 274].
Ва чунон ки таъкид мешавад, бе истифодаи феълxо, ки вазифаи асосиашон дар чумла, пеш аз xама, хабар шуда омадан аст, бо боварии кул метавон гуфт, ки фикри дар чумла баёншаванда дар аксари мавpидxо нотамом мемонад ё худ томияти он нокис мегардад [9, c. 274].
Ин xама нозукщои таълими феълро дар мадди назар дошта, таъкид менамоем, ки хонандагон то давраи расидан ба омузиши як дарача муфассалтари таълими феъл дар синфи V дар синфxои ибтидой баъзе нyктаxоpо ( аз кабили, таърифи феъл, аxамияти феълxо, тарзи саволгузорй ба феълxо, замощои феъл, xаpакати ашёxоpо фаxмондани феълxоpо), албатта, дар шакли хеле мухтасар омухтаанд. Вале дар синфи V, ки омузишу таълими як андоза муфассали феъл OFOЗ ёфта, минбаъд идомаи он, хусусан, шаклxои Fайpитасpифии он (сифати феълй ва феъли xол), ки дар синфи VI баррасй мегардад, хонандагонро ба хулоса меорад, ки феълxо на тащо xаpакати предмет (омадан, давидан), балки амал (навиштан, кор кардан) ва xолати предмет (нишастан, фикр кардан)-ро низ ифода менамудаанд, xамчyнин, дарк мекунанд, ки танxо дорой се замон будани феълxоpо донистан нокифоя буда, балки чизи мyxим он аст, xаp як замони феъл дорой тобишxои махсус буда, фарк намудани он xама низ зарурат доштааст. Ба чуз ин, дар синфи V ба хонандагон аввалин маълyмотxо дойр ба асосxои феъл, тасрифи феълxо, шаклу намyдxо, сиFаxо ва сохти феълxо, вале дар синфи VI дойр ба ду навъи феълxои Fайpитасpифй - сифцти феълй ва феъли х,ол маълумот дода мешавад.
Лозим ба таъкид аст ва чунон ки дар маъхазxои забоншиносиву методй xам эътироф шудааст, тамоми шаклxои феълй аз руи маънову вазифаашон ба ду кисмат -феълхои тцсрифи ва тacpифнaшaвaндa чудо карда шудаанду гypyxбандй намудани шаклxои гуногуни ин кисматxо xамеша дар заминаи ду асоси феъл - ё асоси замони гузашта, ё асоси замони xозиpаи он xаллy фасл карда мешавад.
Максади мо, азбаски дар ин рисола ба коркарди методии таълими шакга,ои Fайpитасpифии феъл - масдар, сифати феълй ва феъли xол нигаронида шудааст, зарур аст, ки пешакй баъзе нyктаxоpо таъкид намоем:
1.Аз шаклxои Fайpитасpифии феъл тащо масдар дар синфи V, вале сифати феълй ва феъли xол дар синфи VI таълим дода мешаванд.
2. Дар синфи V ба pоx мондани таълими масдар, албатта, максаднок аст. Чунки дар лyFатxо тамоми феълxоpо дар шакли масдар пешнщод менамоянд, аз ин лщоз,
пешакй бо мафxyми масдар ва хyсyсиятxoи он шиносой пайдо намyдани хонандагон аxамияти амалиро дорост.
3. Агарчи таълими масдар дар синфи V ба pox монда шyда бошад xам, дар мачмуъ маpбyт ба пешнщоди мавзyъxoи барномавй ва китоби дарсии «Забони точикй» - и синфи V доир ба боби «Феъл» чунин нyктаpo мебояд таъкид намуд: Мо дар чунин акидаем, ки бояд пеш аз таълими xама гуна шаклxoи феълй, пас аз он ки феъл ва алoматxoи аввалин ва вазифаи он (феъл) дар чумла oмyзoнида мешавад, бояд таълими мавзyи «Асoсxoи феъл» ба pox монда шавад. Аммо чи дар барнома ва чи дар мундаричаи китоби дарсии «Забони точикй» синфи V [2, c. S; 3, c. 254] мавзyи мазкур («Асoсxoи феъл») пас аз ду мавзyи дигар - «Шахс ва шумора дар феъл», «Тасриф. Бандакxoи феълй ва хабарй» пешнщод гардидааст, ки, ба назари мо, минтакаи нодуруст аст. Чунки шахсу шумора дар феъл, асосан, бо poxи ба асoсxoи он (феъл) xамpox намудани бандакxoи феълй ташаккул меёбад. Аз ин py, мувофики максад мебуд, агар минбаъд дар барнома ва китоби дарсй аввал асoсxoи феъл ва дар заминаи он омузиши шахсу шумора дар феъл таълим дода шавад. Чунки ин масъала (шахсу шумора дар феъл) дар мавриди ба асoсxoи феъл xамpox намудани, пеш аз xама, банда^ои феълй сурат мегирад.
Сарфи назар аз гyфтаxoи фавк, ба сари максад омада, таъкид мекунем, ки мувофики пешниxoди барнома ва тартиби мундаричаи мавзyъxoи таркибии боби «Феъл» дар синфи V омузиши «Ш^ак^ои тасрифнашавандаи феъл» ва пас аз он мавзуи «Масдар» пешнщод шудааст. Ин ду мавзуъро метавон дар xачми як соат таълим дод. Гап дар сари он аст, ки дар мавзуи аввал - «Шак^ои тасрифнашавандаи феъл»* сухан дар бораи он меравад, ки шакга,ои феълй дар мачмуъ ба ду гypyxи калон - тасрифй ва гайритасрифй чудо мешаванду масдар, сифати феълй ва феъли xoл шаклxoи гайритасрифии он (феъл) номида мешаванд. Чунон ки мебинем, ин маълумот басо маxдyд буда, ба он бахшидани як соати дарсй зарурат надорад. Аз ин лщоз, он ду мавзуъро зимни як соати таълимй мyттаxид намуда, дар огози баёни мавзуъ диккати хонандагонро мухтасар ба гyфтаxoи фавк, яъне ба ду гypyxи калон чудо шудани шаклxoи феълй, аз чумла, дорои се шакл будани феълxoи тасрифнашаванда чалб намуда, дар охир таъкид мегардад, ки акнун ба ощо аз шаклxoи тасрифнашавандаи феъл махсус дар бораи масдар маълумот дода мешавад.
Барои он ки масъалаи баррасй намудани мафxyми масдар ба хонандагон шуурона дастрас гардад, ба назари мо, дар огоз ба хотир овардани мавзуи «Асoсxoи феъл» зарурат дорад. Зеро, хусусан, шак^ои сифати феълй ва феъли xoл бар хилофи назаpияxoи дар забоншиносии точик мавчуда, ки тасрифнашаванда будани ощо (масдар, сифати феълй ва феъли xoл) маxз таъкид гардидааст [4, c. 105; 5, c. 172], мо зимни муоинаи назария ва мисoлxoи овардаи айнан xамoн муаллифони маъхазxoи мазкур ба хулоса омадем, ки шакга,ои ифодакунандаи сифати феълй ва феъли xoл дар забони точикй тасрифшавандаанд [6, c. 286, 2S9; 5, c. 213, 217, 222]. Истилoxи феълхои Faйритaсрифиро дар киёс бо истилoxи феълхои тасрифи барои он интихоб намудем, ки агар таxти мафxyми феълхои тaсрифй_xамаи феълxoи дар чумла ба вазифаи хабар оянда дар мадди назар бошад, зимни истилoxи феълхои Faйритaсрифй феълxoе бояд дар мадди назар бошанд, ки дар шакли гайриатсрифиашон xам ба вазифаи аъзoxoи пайрав ва xам ба вазифаи саpаъзoxo - мубтадо ва хабар, аммо дар шакли тасрифиашон тащо ба вазифаи хабаpxo меоянд.
Азбаски масдар аз чумлаи феълxoи гайритасрифй аввал омузонида мешавад, ба таълими он аз xамoн микдори 21 соати ба боби «Феъл» мукаррар намудаи барнома бахшидани 2 соатро пешнщод мекунем, то дар соати аввал дар бораи сохт, умумият ва фаркияташ дар киёс бо феъл ва дар соати дуюм дар бораи вазифаи он (масдар) дар чумла бо овардан ва таxлили мисoлxoи мушаххас маълумот дода шуда, дар заминаи коркарди машвдои китоби дарсй, xамчyнин, савoлxo ва машку сyпopишxoи интихобкардаи муаллим дониши хонандагон санчида ва мyстаxкам карда шавад.
Дамин тавр, нyктаxoи болоро дар мадди назар дошта, дар огози дарси аввал муаллим ба синф чунин мурочиат мекунад: - Мо дар чанд соати гузашта шуморо бо мафxyми феъл - таърифи он, алoматxoи асосй ва вазифаи феъл дар чумла, асoсxoи феъл ва шахсу шумора дар феъл, ки он, яъне шахсу шумора дар феъл, ба воситаи ба асoсxoи
* Мо дар радифи истилoxи феълхои тасрифи масдар, сифати феъли ва феъли xoлpo на феълхои пешрафнашаванда, балки феълхои Faйритaсрифй номидем.
12
феъл хамрох намудани, пеш аз хама, бандакхои феълй ба вучуд оварда мешавад, шинос намуда будем. Канй, ба хотир оваред, феълхо дорои чанд асос мебошанд?
Талабае: - Феълхо дорои ду асос мебошанд: яке асоси замони гузашта, дигаре асоси замони хозира.
Муаллим: - Офарин! Канй, гуед: Асоси замони гузаштаи феъл кадом шахсу шумораро ифода мекунад? Мисол оваред.
Талабаи дигар: - Асоси замони гузаштаи феъл шахси сеюми танхоро ифода мекунад. Масалан, омад, рафт, хонд, навишт ва г.
Муаллим: -Дуруст! Канй, кй боз чанд мисоли дигарро доир ба асоси замони гузаштаи феъл номбар мекунад? Ман бошам онхоро ба тахтаи синф аз боло ба поён менависам.
Ин лахза хонандагон бонавбат мисолхоро номбар мекунанду бехтаринашонро муаллим дар тахтаи синф навиштан мегирад. Чунончи: овард, харид, шунид, давид, баромад, нигох кард, ором шуд ва г.
Муаллим мисолхои номбаркардаи хонандагонро кифоя дониста, мегуяд:-Доло ки ман ба шумо дар бораи масдар, хамчун шакли якуми феълхои тасрифнашаванда, маълумот додан мехохам, аввал, пеш аз гуфтани таърифи он мехохам, ки шуморо ба тарзи сохта шудни масдархо шинос намоем. Чунон ки мебинед, дар тахтаи синф ман мисолхои гуфтаи шуморо, ки хамагй ба асоси замони гузаштаи феъл махсубанд, сабт намудам. Масдархо бошанд бо рохи ба хамин асосхои феъли замони гузашта хамрох намудани суффикс ё худ пасванди - ан сохта мешаванд. Масалан, ин тавр (Ин вакт муаллим дар тахтаи синф дар баробари хар як асоси замони гузаштаи феъл аломати тире гузошта, айнан хамон асосро дубора, вале бо ба он илова намудани суффикси - ан менависад):
Овард-овардан
Харид-харидан
Шунид-шунидан
Давид-давидан
Баромад-баромадан
Нигох кард-нигох кардан
Ором шуд-ором шудан
Чун хонандагон мисолхои навиштаи муаллимро, аниктараш, тарзи сохта шудани масдархоро мушохида мекунанд, муаллим шарх медихад, ки бо чунин тарз шакл гирифтани феълхоро, ки аз асоси замони гузаштаи феъл бо иловаи суффикси - ан сохта шудаанд, масдар меноманд. Дар китоби дарсиатон таърифи масдар ин тавр пешниход шудааст: «Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл буда, амалу холатро номбар мекунад, вале шахсу шумора ва замони онро нишон намедихад» [3, с. 210]. Мо метавонем ба ин таъриф боз калимаи харакат-ро хам илова кунем. Чунки масдархо ба мисли феълхои тарифй аз руи маъно на факат амалу холатро, балки харакати предметро хам ифода мекунанд.
Ин лахза муллим аз нав диккати ахли синфро ба мисолхо - масдархои дар тахтаи синф сабтшуда чалб намуда меафзояд:-Масалан, масдархои овардан, харидан амалро, шунидан, нигох кардан, ором шудан холатро, вале масдархои давидан, баромадан харакати предметро ифода мекунанд.
Ба чуз ин, таъкиди бомаврид мебуд, агар гуфта шавад, ки масдар ё худ масдархо барои он ба шакли тасрифнашавандаи феъл махсуб меёбанд, ки чун феълхои тасрифй бандакхои феълиро кабул намекунанд, ки ин нишонаи аввалиндарачаи тасрифнашвандагии онхост
Сониян муаллим боз диккати хонандагонро ба таърифи мазкури масдар, хусусан, ба кисмати дуюми он чалб месозад: Чунон ки дар таъриф омадааст, масдархо шакли тасрифнашавандаи феъланд, аммо ба мисли феълхо дорои шахсу шумора ва замон набудаанд. Инро мо боз ба мисолхои овардаамон мурочиат намуда дакик месозем. Чунончи, дар хакикат, аз мафхум ва ё маънои масдархои овардан, харидан омалеро ичро намудан, дар маънои масдархои нигох кардан, ором шудан холати шахс ва дар масдархои давидан, баромадан, вокеан хам, амалу харакати шахс ё предмете баръало хис карда шавад хам, аммо замони вукуи амалу харакатхои дар масдархои мазкур эхсосшаванда ва шахсу шумора дар ин масдархо, умуман, номаълум мемонад.
Аз ин хотир, азбаски масдархо аз асоси замони гузаштаи феъл бо иловаи суффикси - ан сохта мешаванду чун феълхо амал, холат ва харакати феълро ифода мекунанд, ба
феъл монандй доранд, вале аз он ки чун феълхо дорои шахсу шумора ва замон нестанд, бо хамин хусусияташон аз феъл фарк мекунанд. Чунон ки медонед, шахсу шумора дар феълхо ба воситаи ба асосхои феъл васл гардидани бандакхои феълй ба вучуд меояд, ки дар натичаи чунин амал дар феълхо ин ё он замон низ ба вучуд меояд. Ва, албатта, чунин хусусият дар масдархо хос нест.
Еайр аз ин, гарчи дар барнома ва китоби дарсй таъкид нашуда бошад хам, махс дар бораи сохти масдархо таъкид кардан лозим аст, ки масдархо аз чихати сохт ду хел -сохта ва таркибй мешаванд. Яъне масдархо аз чихати сохт шакли содда надоранд. Шакли аввалини онхо, яъне масдархо, аз асоси замони гузаштаи феъл (омад, рафт) бо илова кардани суффикси - ан (омадан, рафтан) сохта мешаванд. Аммо дар баъзе маъхазхо чунин масдархоро масдархои асли номида бошанд хам [6, с. 324], дар дигараш бо унвони масдари асли ё содда ном бурдаанд [6, с. 324], ки ба назария - таърифи оид ба калимахои сохта борхо додашуда мувофикат намекунад: Охир, ба алокамандони соха нуктаи мазкур кайхо боз маълум аст: Дар он калима, ки ба чуз реша дорои суффикс ё префикс аст, калимаи сохта номида мешавад. Ин нукта ходисаи бебахси забон аст. Ва, агар ки чунин бошад, вакте «масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо суффикси - ан сохта мешавад» [5, с. 237] гуён хондан, гуфтан, чидан барин калимахоро барои тасдики фикр мисол оварда ва боз хамин масдархоро содда номидан хилофи назария - таърифи мазкур хохад буд.
Дамин тавр, дар бобати сохти масдархо бояд гуфта шавад, ки онхо, яъне масдархо, аз чихати сохт сохта ва таркибй мешаванд. Ва он чанд мисоле, ки доир ба масдархо оварда шуданд, аз кабили, омадан, овардан, хурдан, давидан ва амсоли инхо хамагй сохтаанд. Чунки аз асоси замони гузашта бо иловаи суффикс -ан сохта шудаанд. Масдархое, ки таркибан аз ду калима ташкил ёфтаанд, масдархои таркиби номида мешаванд. Чунончи, давида омадан, давида гаштан, хурда истодан, баромада даромадан, нигох кардан, хурсанд кардан, хукм кардан, сурх шудан ва г.
Баёни мавзуъ бо гуфтахои охир хотима меёбад. Пеш аз лахзаи мустахкамкунй ба хонандагон як-ду дакика имкон дода мешавад, то ки аз сах.210-и китоби дарсй сархати аввали таърифу коидаи ба масдар марбутро як-ду бор мустакилона кироат намоянд. Сипас, ба саволхо ва ичрои машку супоришхои зерин диккати ахли синф чалб карда мешавад: Масдар чист? Яъне таърифи масдарро кй мегуяд? Масдар чй тавр сохта мешавад? Кадом асоси феъл барои сохта шудани масдархо замина мегардад? Масдархо аз чихати сохт чанд хел мешаванд? Чй гуна масдар аз чихати сохт сохта ном дорад?
Супоришхо: 1. Феълхои зерин асоси замони хозираи феъланд. Масалан, чунин феълхо: хон, рав, бин, шуй, хур, бур, нигох кун. Шумо ин феълхоро аввал ба асоси замони гузашта баргардонда, баъд аз онхо масдар созед.
Намуна: шунав-шунид-шунидан; фикр кун- фикр кард-фикр кардан ва г.
2. Шакли масдарии феълхои тасрифии зеринро пас аз хар кадом нависед: омаданд, гирифтанд, менишастанд, хурсандй мекарданд, чамъ шуданд
Намуна: фахмиданд-фахмидан ва г.
3.Шарх дихед, ки масдархои аз руи супориши 1 ва 2 сохтаатон аз руи маънои лугавиашон чихоро ифода кардаанд. Яъне кадомашон амалро, кадомашон холатро ва кадомашон харакатро?
4. Аз худ доир ба масдархои сохта ва таркибй яктогй мисол гуед.
5. Агар тавонед бо масдархои фикр кардаатон яктогй чумла тартиб дихед.
Супориши охирро метавон ба хайси вазифаи хонагй низ пешниход намуд. Акнун
на яктогй, балки се-чортогй чумла тартиб дода оянд, ки дар хар кадом масдаре вучуд дошта бошад.
Дарси навбатй, ки бо номи «Вазифаи масдар дар чумла» таълим дода мешавад, хуб мебуд, агар баёни муаллим аз руи таблитсаи зерин сурат бигирад:
Вазифаи масдар дар чумла
Ба вазифаи чи Намунаи мисолхо
1.Мубтадо Омадан бо иродат, рафтан бо ичозат.
2. Хабар Орзуи деринаи ман -хондан.
3. Пуркунанда Дама аз омадани шоир хурсанд буданд
4. Муайянкунанда Орзуи хондан маро ба Душанбе овард
5. Дол Пеш аз таом хурдан дастхоро бояд шуст.
Пас аз мисoлxoи дар таблитса омадаро муоина намудани хонандагон муаллим ба таври зайл таъкид мекунад: Чунон ки аз номгуи таблитса маълум аст, дарси имрузаи мо идомаи дарси гузашта буда, ба мавзуи «Вазифаи масдар дар чумла» бахшида мешавад. Тавре мебинед, масдаpxo ба вазифаи xаp 5 аъзои чумла - xам ба вазифаи саpаъзoxo ва xам ба вазифаи аъзoxoи пайрави чумла меомадаанд. Чунончи, дар чумлаи аввал, ки мураккаб аст, мyбтадoxo дар xаp кадом чумлаи содда - дар яке омадан ва дар дигаре рафтан буда, бо масдаpxo ифода ёфтаанд. Чунончи: Дар чумлаи дуюм-«Орзуи деринаи ман хондан» калимаи орзу - мубтадо. Орзуи дерина чй буд?»-Хондан. Хондан хабар буда, бо масдар ифода ёфтааст.
Дар чумлаи сеюм калимаи хама мубтадо асту таркиби хурсанд буданд хабар аст. Чунончи: Дама аз чй хурсанд буданд?-Аз омадани шоир. Дар ин чумла ибораи масдарии аз омадани шоир ба саволи пуркунанда (аз чй?) чавоб шудааст. Яъне дар чумлаи мазкур масдар ба вазифаи пуркунанда омадааст.
Дар чумлаи чорум-«Орзуи хондан маро ба Душанбе овард» калимаи овард_хабар буда мубтадояш орзу аст. Калимаи хондан бошад нисбат ба мубтадо-орзу муайянкунанда аст. Чунончи:-Чй овард?-Орзу (мубтадо).-Орзу чй кор кард?-Овард (хабар).-Кадом орзу овард? -Орзуи хондан (хондан-муайянкунанда).
Дар чумлаи охир ифодаи пеш аз таом хурдан ибораи масдарй буда ба хабар-бояд шуст тобеъ аст. Аз ин py, ба он аз хабар чунин савол медщем: - Дасщоро кай бояд шуст? Ч,авоб:-Пеш аз таом хурдан.
Тавре мебинем, ибораи пеш аз таом хурдан ба саволи кай? чавоб шуд, ки ба ин савол xoли замон чавоб мешавад. Яъне ибораи масдарй дар чумлаи мазкур ба вазифаи XOл омадааст.
Бо шаpxи вазифаи ибораи масдарй дар чумлаи охирини таблитса, ки xoли замон шуда омадааст, баёни мавзуи нав хотима меёбад. Дангоми мyстаxкамкyнй бе ягон саволдщй (Ва ба ин амал xoчат xам нест) бояд талаб карда шавад, ки бори дигар гyфтаxoи муаллимро, аз он ки масдаpxo ва таркибу ибopаxoи масдарй дар чyмлаxoи дар таблитса буда ба вазифаи кадом сараъзо ё кадом аъзои пайрав омадаанд, шаpx дщанд, ки ин xoлат сатxи фаxмиши oнxopo дар иртибот ва вазифаи, умуман, масдаpxo то андозае намоиш хoxад дод.
Сониян, диккати аxли синф ба шифoxй шаpx додани вазифаи дар чумла доштаи масдаpxo ба машки 387 чалб карда шавад, беxтаp мебуд. Дар бобати ичрои машки мазкур шояд кумаки омузгор низ зарурат дошта бошад.
Ниxoят, басо мувофики максад мебуд, агар хонандагон xангoми рубардор кардан дар чyмлаxoи зерин ба чои нyктаxo аз масдар ва таркибу ибopаxoи дар кавс додашуда мувофикашро гузошта, баъд ба вазифаи кадом аъзои он чyмлаxo омадани ифoдаxoи масдариро шаpx диxанд (Матни мазкур пешакй дар ватман навишта мешавад ва ё бояд тавассути доскаи электронй баррасй гардад):
а)...айб нест; б) ...касро ба максад мерасонад; в) Як асоси гамбарорй аз дил... г) Бабр... чусту чолок аст; г) Орзуи. чавононро ба Душанбе меорад; д) .ба касе бояд салом дод (хондан, дар давидан, пурсидан, пеш аз даст додан, донишчу шудан).
Шакли дигари чунин супориши як андоза монандро барои вазифаи хонагии хонандагон пешнщод намудан мумкин аст. Яъне ин тавр: Ба чои нyктаxo дар чyмлаxoи зерин мустакилона масдаpxoи мувофикро гузошта, xамчyнин, ба шаpxи вазифаи дар чумла доштаи ощо омодагй бигиранд:
а) ... саломатии касро меафзояд; б) Шoxин ... xам пешсаф буд; в) ... саросема набояд шуд; г) Mеxpи...po бародараш дар y парваридааст; г) ... кам гап мезананд; г) Аз калонсолон..., аз хурдон...
Шояд дар баъзеи ин чyмлаxo ба чои нyктаxo ёфта гузоштани масдаpxoи мувофик ба аксари хонандагони синф даст надщад. Дар ин сурат омодагии пешакии омузгор зарурат дорад. Дар ин бобат шояд ощо низ дар ёфтани масдаpxoи мувофик ба душворй рубару шаванд. Аз ин лиxoз, дар зер, дар кавс, масдаpxoи мувофикро барои омузгорон пешкаш мекунем, ки албатта, аз шогирдон маxфyз нигox дошта мешавад (давидан, дар хондан, xангoми хурок хурдан, хондан, дар вакти хурок хурдан, гуфтан, шунидан).
Инак, хyлoсаxoи мо дар бобати таълими масдар дар синфи V чунин аст: 1. Таълими масдар аз чумлаи мавзyъxoе маxсyб меёбад, ки xатман дар заминаи дoнишxoи каблии хонандагон, бахусус, он маълyмoтxoе, ки доир ба асoсxoи феъл ва маънои лугавии феълxo андухтаанд, ба pox монда мешавад.
2. Дар лахзаи мустахкамкунии ин мавзуъ кушиш ба харч дод, ки хам саволгузорй ва хам машкхои барои мустахкамкунй пешниходшаванда то андозае хонандагонро барои дуруст ичро намудани онхо ба мустакилона фикр кардану эчодкорй хидоят намоянд.
3. Бояд дар назар дошт, ки дуруст омузонидани мавзуи «Масдар»-ро хусусияти ояндадор будани он, ё худ чанбаи перспективй доштани он такозо менамояд. Чунки таълими хубу самараноки шаклхои дуюму сеюми феълхои гайритасрифй - сифати феълй ва феъли хол, асосан, дар киёс бо шаклу сохти масдар, хусусан, сифати феълии замони оянда, ки аз масдархо бо иловаи суффикси - й (хондан-хонданй, дидан-диданй) сохта мешавад, махз дар заминаи донишхои доир ба масдар доштаи хонандагон имконпазир мегардад.
4. Лозим аст, ки дар чараёни омузиши мавзуъхои баъдинаи боби «Феъл», ки пас аз мавзуи «Масдар» чараёни мегирад ва хам дар рафти омузиши боби «Сифат», ки дар синфи VI пеш аз фаслхои «Сифати феълй» ва «Феъли хол» таълим дода мешавад, дар синф хангоми тахлили мисолхое, ки дар таркибашон масдархо хастанд, масдархоро хам тахлил намуда, сохту хусусиятхои онхоро аз хонандагон пурсида ё худ хотиррасон карда истодан зарурат дорад, ки ин нукта заминаи боз хам боэътимод дар бобати бехтару бештар ба рох мондани таълими сифати феълй ва феъли хол дар синфи VI хохад буд.
Адабиёт:
1. Анварй С., Мирзоев А. Забони точикй (Барои синфи 6).-Душанбе: Собириён, 2008.
2. Барномаи забони точикй барои синфхои V-XI.-Душанбе, 2006.
3. Бобомуродов Ш., Сабзаев С., Набиева С. Забони точикй (Барои синфи 5).-Душанбе, 2013.
4. Грамматикаи забони точикй, к.1 (Китоби дарсй барои мактабхои олй). - Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1956.
5. Грамматикаи забони адабии хозираи точик, ч.1.- Душанбе: Дониш, 1985.
6. Забони адабии хозираи точик, к.1.-Душанбе: Ирфон, 1973.
7. Расторгуева В.С. Краткий очерк грамматики таджикского языка // Таджикского-русский словарь - М., 1954.
8. Сабаткоев Р.Б. Обучение русскому языку в политехнических классах основной школы.-СПб.: Просвещение, 2009.
9. Шербоев С. Методикаи таълими забони точикй (Нашри III, бо тахрир ва иловахо) (Барои донишчуёни факултетхои филологии мактабхои олии Точикистон). - Душанбе: Бухоро, 2014.
ИЗУЧЕНИЕ ИНФИНИТИВА В V КЛАССЕ ТАДЖИКСКОЙ ШКОЛЫ
В статье подчёркивается, что плодотворное изучение темы «Инфинитив» в V классе таджикской школы имеет большое значение, так как точное постижение названной формы глагола со стороны учащихся даёт им возможность на основе полученных знаний об инфинитиве также лучше постигать и другие подтемы глагола. В связи с этим, автор статьи обратил внимание на особо важные моменты изучения темы «Инфинитив» в V классе таджикской школы, которые могут быть путеводителями учителей таджикского языка при изучении вышеназванной темы.
Ключевые слова: метод, изучение инфинитива, причастие, деепричастие, глаголы.
STUDY INFINITIVE IN 5th GRADE TAJIK SCHOOLS
The article emphasizes that the fruitful study of the topic "infinitive" in the 5th grade school Tajik is of great importance, since the exact form of the verb called comprehension by the students gives them the opportunity on the basis of the knowledge of the infinitive is also better comprehend the other sub-themes of the verb. In this regard, the author drew attention to the very important moments of the study subjects "infinitive" in the 5th grade school Tajik, which may be guides Tajik language teachers in the study of the above-mentioned topics.
Keywords: method, study of the infinitive, participle, adverbial participle, verbs.
Сведения об авторе: Шербоев Саидбой, доктор педагогических наук, профессор, член-корреспондент Академии образования Таджикистана, e-mail: [email protected]
About author: Sherboev Saidboy, doctor of Pedagogical science, Professor, the Academy of Education of Tajikistan