Научная статья на тему 'СОЗИШНОМАИ ҲАКАМӢ ВА МАСЪАЛАИ БЕЭЪТИБОРИИ ОН'

СОЗИШНОМАИ ҲАКАМӢ ВА МАСЪАЛАИ БЕЭЪТИБОРИИ ОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
созишномаи ҳакамӣ / беэътибории аҳд / суди ҳакамӣ / ҳалли баҳс / муноқишаи ҳуқуқӣ / баҳс / Кодекси маданӣ / Арбитражи байналмилалӣ / arbitration agreement / inefficiency deal / arbitration court / debate result / legal conflict / civil code / international arbitration

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Шукуров Фарҳодҷон Манонович, Раҷабзода Маҳмадёр Носир

Созишномаи ҳакамӣ ва масъалаи беэътибории он мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Муайян шудааст, ки созишномаи ҳакамӣ ҳамчун санади муайянкунандаи асоси фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар худ ягонагии чаҳор унсур субъект: ягонагии ирода ва изҳори ирода, шакл ва мундариҷаро пешбинӣ мекунад. Қайд шудааст, ки мавҷудияти нуқсони ҳар як аз унсурҳои мазкур аз беэътибор будани созишномаи ҳакамӣ шаҳодат медиҳад. Хулоса карда шудааст, ки беэътибории созишномаи ҳакамӣ вобаста ба асосҳои зерин ба миён меояд: номуайянӣ, агар иқтибоси арбитражӣ имкон надиҳад, ки номгузории арбитражи тиҷоратӣ муайян карда шавад; нопуррагӣ, агар муайян намудани тартиби таъини ҳакамҳо ва ё расмиёти муҳокимаи парвандаи арбитражӣ ба пуррагӣ амалӣ нагардида бошад ва ғайра.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MEDIATION AGREEMENT AND ITS PROBLEM OF INEFFICIENCY

The article examines the arbitration agreement and the problem of its inefficiency. It has been determined that the arbitration agreement, as a document defining the basis for the activities of arbitration courts, includes the unity of four elements: subject, unity of will and expression, form and content. It is noted that the absence of one of the listed elements indicates the inefficiency of the arbitration agreement. It is concluded that the inefficiency of the arbitration agreement arises for the following reasons: its uncertainty, if the arbitration clause does not allow determining the name of commercial arbitration; incompleteness, if the determination of the procedure for appointing arbitrators or the procedure for discussing the arbitration case is not carried out at all, etc.

Текст научной работы на тему «СОЗИШНОМАИ ҲАКАМӢ ВА МАСЪАЛАИ БЕЭЪТИБОРИИ ОН»

УДК 347.9

DOI 10.24412/3005-8023-2024-2-32-37

СОЗИШНОМАИ Шукуров Фархрдцон Манонович, муаллими калони кафедраи ХАКАМЙ ВА ууцуци граждани ва меунатии факултети ууцуцшиносии МАСЪАЛАИ ДДХБСТ (Хуцанд, Тоцикистон); Рацабзода Мащадёр Носир,

БЕЭЪТИБОРИИ ОН ректори Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар ноуияи

Рашт, н.и.у., дотсент (Рашт, Тоцикистон)

Шукуров Фарходджон Манонович, ст. преподаватель каф. гражданского и трудового права юридического факультета ТГУПБП (Худжанд, Таджикистан); Раджабзода Махмадёр Носир, канд. юрид. наук, доцент, ректор Педагогического института Таджикистана в Раштском районе (Рашт, Таджикистан)

Shukurov Farhodjon Manonovich, senior lecturer at the department of civil and labor law of the law faculty under the TSULBP (Khujand, Tajikistan); Rajabzoda Mahmadyor Nasir, rector of the Tajik Pedagogical Institute, Rasht region, candidate of legal sciences, associate professor (Rasht, Tajikistan) e-mail: shukurov.farhod@list.ru

Созишномаи раками ва масъалаи беэътибории он мавриди тауциц царор дода шудааст. Муайян шудааст, ки созишномаи уаками уамчун санади муайянкунандаи асоси фаъолияти судуои раками дар худ ягонагии чауор унсур субъект: ягонагии ирода ва изгори ирода, шакл ва мундарицаро пешбини мекунад. Цайд шудааст, ки мавцудияти нуцсони уар як аз унсуруои мазкур аз беэътибор будани созишномаи раками шауодат медщад. Хулоса карда шудааст, ки беэътибории созишномаи уаками вобаста ба асосуои зерин ба миён меояд: номуайяни, агар ицтибоси арбитражи имкон надщад, ки номгузории арбитражи тицорати муайян карда шавад; нопурраги, агар муайян намудани тартиби таъини уакамуо ва ё расмиёти мууокимаи парвандаи арбитражи ба пурраги амали нагардида бошад ва гайра.

Калидвожах;о: созишномаи раками, беэътибории ауд, суди раками, уалли баус, муноцишаи ууцуци, баус, Кодекси мадани, Арбитражи байналмилали

Исследуется арбитражное соглашение и проблема его недействительности. Определено, что арбитражное соглашение как документ, определяющий основы деятельности арбитражных судов, включает единство четырех элементов: предмета, единства воли и волеизъявления, формы и содержания. Отмечается, что отсутствие одного из перечисленных элементов свидетельствует о недействительности арбитражного соглашения. Делается вывод, что недействительность арбитражного соглашения возникает по следующим основаниям: его неопределенности, если арбитражная оговорка не позволяет определить название коммерческого арбитража; неполноты, если определение порядка назначения арбитров или порядка обсуждения арбитражного дела не осуществлено в полной мере, и т.п.

Ключевые слова: третейское соглашение, недействительная сделка, третейский суд, решение спора, правовой конфликт, Гражданский кодекс, Международный арбитраж

The article examines the arbitration agreement and the problem of its inefficiency. It has been determined that the arbitration agreement, as a document defining the basis for the activities of

АРБИТРАЖНОЕ СОГЛАШЕНИЕ И ПРОБЛЕМА ЕГО НЕДЕЙСТВИТЕЛЬНОСТИ

MEDIATION AGREEMENT AND ITS PROBLEM OF INEFFICIENCY

arbitration courts, includes the unity of four elements: subject, unity of will and expression, form and content. It is noted that the absence of one of the listed elements indicates the inefficiency of the arbitration agreement. It is concluded that the inefficiency of the arbitration agreement arises for the following reasons: its uncertainty, if the arbitration clause does not allow determining the name of commercial arbitration; incompleteness, if the determination of the procedure for appointing arbitrators or the procedure for discussing the arbitration case is not carried out at all, etc.

Key- words: arbitration agreement, inefficiency deal, arbitration court, debate result, legal

conflict, civil code, international arbitration

Тахлилхо нишон медиханд, ки созишномаи хакамй хамчун хуччати асосй барои баррасй намудани аризаи иштирокчии бахси хукукй баромад карда метавонад. Лекин саволе ба миён меояд, ки оё мисли хама гуна ахд, созишномаи хакамй метавонад беэътибор дониста шавад? Мушкилй инчунин дар холате ба миён меояд, ки агар тарафхои созишномаи хакамй субъектони хочагидори кишвархои гуногун баромад кунанд. Вобаста ба ин холат конунгузории миллии кишвархои мухталиф асосхои гуногуни фарккунандаи беэътибории созишномаи хакамиро пешбинй намуда метавонанд. Хднгоми бастани созишномаи хакамй тарафи он мумкин аст оид ба талаботи нисбати созишномаи хакамй дар низоми хукукии кишвари хоричй мавчуд буда хабар надошта бошад. Бо назардошти ин холат ахаммияти хам назариявй ва амалиро дар раванди мураттабсозии созишномаи хакамй, муайян кардани нишондоди конунгузории кишвари хоричй вобаста ба талабот нисбати шакли созишномаи хакамй, оид ба муайян намудани кобилияти хукукдорй ва амалкунии тарафхо хангоми бастани созишномаи хакамй ва дигар масъалахо пайдо мекунад.

Бояд иброз дошт, ки конунгузории мадании Чумхурии Точикистон шартхои эътиборнокии созишномаи хакамиро пешбинй кардааст. М.З. Рахимов оид ба ин масъала сухан ронда ишора намудааст, ки «хангоми бахс оид ба созишномаи хакамй нисбати ин санад меъёри дахлдори Кодекси мадании Чумхурии Точикистон татбик мешавад. Риоя нагардидани шакли хаттии созишнома; аз чониби шахси ваколатнадошта ба имзо расонида шудан; зери таъсири фиреб, гумрохй, зуроварй, аз чониби тарафи гайрикобили амал ва гайра баста шудаанд, асосхои беэътибории ахд ба шумор мераванд» [6, с.14].

Профессор З. Ализода табиати созишномаи хакамиро тахкик намуда кайд кардааст, ки барои халли масъалаи беэътибории созишнома вобаста ба суди хакамй бояд муайян намуд, ки он ба талабот оид ба ахдхои дар конунгузории маданй пешбинй шуда мувофикат мекунад [7, с.50], ба монанди: беэътибории ахди аз чониби шахси вокеии гайрикобили амал эътирофгардида анчом додашуда (м. 186 КМ ЧТ); беэътибории ахди анчом додаи шахси вокеие, ки кобилияти дарки ахаммияти амали худ ё идоракардани онро надошт (м. 195 КМ ЧТ); беэътибории ахде, ки бо фиреб, зуроварй, тахдид, созиши бадкасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин анчом дода шудааст (м. 196 КМ ЧТ).

В.В. Ярков кайд менамояд, ки чун шартномаи маданй-хукукй созишномаи хакамй тибки асосхои дар конунгузории маданй пешбинй гардида беэътибор дониста шуда метавонад. Дар баробари ин беэътибории созишномаи хакамй мумкин аст бо карори алохида дар асоси даъво оид ба беэътибор эътироф намудани он, инчунин дар доираи истехсолот оид ба баррасии шикоят нисбати халномаи суди хакамй баррасй шавад [8, с.21].

Созишномаи хакамй бо мавчуд будани чор унсур фарк мекунад: субъект (шахсони иштирокчии созишномаи хакамй), изхори мувофикагардидаи ирода, шакл ва мундарича. Нуксони хар яке аз ин унсурхо аз беэътибор будани созишномаи хакамй шаходат медихад. Беэътибории созишномаи хакамй чун ахди маданй-хукукй маънои онро дорад, ки аз пайи ин амал фактхои юридикй ахаммияти хешро гум карда, вобаста ба ин ахдхои беэътибор окибати дигари хукукие, ки тарафхо хангоми бастани ин ахд дар назар доштанд, ба миён

намеояд [2, с. 456]. Ахдхои беэътибор окибати муайяни хукукие пайдо намуда ба фаъолияти суди хакамй таъсири хешро мерасонад.

Дар илми муосир муносибати ягона оид ба асосхои беэътибор эътироф намудани созишномаи хакамй мавчуд нест. Масалан, Иншакова А.О. дар раванди тахкики иктибосхои арбитражии нуксондор дар карордодхои робитаи байналмилалй, ба сифати асосхои беэътибор эътироф намудани созишномахои хакамй инхоро номбар намудааст:

- номуайянй, агар масалан, иктибоси арбитражй имкон надихад, ки номгузории арбитражи тичоратиро муайян намояд;

- нопуррагй, агар муайян намудани тартиби таъини хакамхо ва ё расмиёти мухокимаи парвандаи арбитражй ба пуррагй нашуда бошад;

- гум кардани кувва, агар, масалан, тарафхо мухлатро барои амалхои муайян карда бошанду ин мухлат то ин дам гузашта бошад [5, с. 34-35].

Иншакова А.О. кайд менамояд, ки созишномаи хакамй беэътибор дониста мешавад, агар:

- бо нуксони ирода (зери таъсири фиреб, гумрохй, тахдид ва гайра) баста шуда бошад;

- аз тарафи шахси дорои кобилияти хукукй ва амалкунии нокифоя баста шуда бошад;

- бе риояи шакли мукаррар намудаи конун баста шуда бошад;

- дар худ хамаи шартхои назарраси барои созишномаи арбитражй, аз чумла хохиши барало маълуми пешниходи бахс барои мухокимаи арбитражиро доро набошад;

- ба меъёри императивии конунгузории татбикшаванда оид ба арбитраж мухолифат намояд;

- оид ба масъалахои матлаби мухокимаи хакамй набуда баста шуда бошад [5, с. 35-36].

Дар чараёни гузаронидани таснифот олимон кушиш доранд асосхои беэътибор эътироф

намудани ахдхо, ки дар конунгузории маданй оварда шуда (масалан, нуксони ирода, мавчуд набудани кобилияти хукукдорй ва амалкунии тарафхо) ва асосхои ба табиати созишномаи хакамй вобаста буда ва як дарача чихати мурофиавй доштаро (масалан, мухолифат кардан ба меъёрхои императивии конунгузорй дар бораи хакаамият, рох дода нашудани хали бахси дахлдор бо воситаи мухокимаи хакамй) бо хам алокаманд менамоянд. Дар ин чо бояд байни холатхои зерин фарк гузаронида шавад: дар кадом маврид созишноми хакамй беэътибор эътироф карда мешавад, кай он кувваи юридикии худро гум мекунад ва кадом вакт он ба ичро расонида намешавад, зеро мафхумхои мазкур хаммаъно набуда, окибатхои гуногуни юридикиро ба миён меоранд [2, с. 456].

Хдмин тарик, ба сифати асосхои беэътибор эътироф намудани созишномаи хакамй асосхое дониста мешаванд, риоя нашудани онхо факти беэътибориро ба миён меоранд:

- кобилияти хукукдорй ва амалкунии тарафхо;

- мувофикати иродаи ботинии тарафи созишномаи хакамй бо изхори берунаи он;

- шакли муайяни созишномаи хакамй;

- мувофикати мундаричаи созишномаи хакамй ба талаботи конунгузорй.

Масъалаи кобилияти хукукдорй ва амалкунии тарафхо, яъне кобилияти сохибхукукии тараф тибки нишондоди конунгузории маданй танзим карда мешавад. Барои он, ки созишномаи хакамй боэътибор эътироф гардад, тарафхои онро ба имзо расонида бояд дорои кобилияти сохибхукукии дахлдор бошанд. Дар Чумхурии Точикистон хукуки бастани созишномаи хакамй, инчунин хукуки пешниходи бахс ба мухокимаи судии хакамиро хам шахсони вокей ва хам шахсони хукукй доранд. Кобилияти сохибхукукии шахсони вокей аз лахзаи таваллуд пайдо гардида, кобилияти пурраи амалкунй дар синни 18 - солагй ба вучуд меояд. Шахсони хукукй бошанд кобилияти сохибхукукиро аз лахзаи бакайдгирии давлатии шахси хукукй пайдо мекунанд.

Мушкилй дар мавриди дар мухокимаи хакамй иштирок кардани шахрвандони хоричй ва шахсони хукукии хоричй ба миён меояд. Кобилияти сохибхукукии шахрвандони

хоричй аз руи ^онуни шахсии онхо муайян карда мешавад, лекин ^онунгузории истифодаи гардидани ^онуни махалли истщоматро истисно намекунад.

Кобилияти сохибху^у^ии шахси ху^у^ии хоричй аз руи ^онуни таъсисёбии шахси ху^у^й, инчунин бо ^онуни махалли пешбурди фаъолияти асосй муайян карда мешавад. Барои он, ки созишномаи хакамй ба талаботи пешниходшаванда чавобгу бошад, тарафхои онро ба имзо расонда бояд ^обилияти пурраи сохибху^у^иро тиб^и "^онуни шахсй" дошта бошанд. Дар тахкщоти илмии С.А. Владимиров чунин мисол оварда шудааст: «Аз руи парвандаи № 187 /2001 Арбитражи байналмилалии тичоратй дар назди Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия масъалаи ^обилияти амалкунии даъвогарро баррасй кардааст. Мушкилй дар он буд, ки даъвогар - чамъияти масъулияташ махдуд, ки махалли чойгиршавиаш Италия аст, дар холати муфлисшавй ^арор дошт. Аз ин нигох, масъалаи ваколати чамъияти мазкур барои иштирок дар арбитраж ба вучуд омада буд. Вобаста ба ин холат бо ма^сади дар суди Италия аз руи ^онуни шахсии чамъият баррасй гардидани парванда, даъвогар кушиш дошт то хулосаи адвокатро аз 21 марти соли 2003 бо тавзехоти ^онунгузории давлати Италия "оид ба ^онуни шахсии шахси юридикй" ба суд пешниход намояд. Аз хулосаи мазкур бармеояд, ки бинобар нишондоди Кодекси мадании Италия, чамъияти дар мархилаи муфлисшавй ^арордошта метавонад чун даъвогар ва чавобгар дар суд ва арбитраж бо воситаи намояндагони худ (комиссияи бартарафсозй) ширкат варзад. Дар чунин холат даъвогар дар шароити муносиб аз руи парванда ^арор дошта, чавобгар низ нисбати ин гуна танзими масъала розй гардид [1, с.167].

Шарти навбатии боэътибор будани созишномаи хакамй изхори ихтиёронаи ирода ба хисоб меравад. Изхори ирода бояд дар ха^и^ат иродаи ботинй ва хохиши шахс барои баррасии бахс махз дар доираи мухокимаи хакамй ифода ёбад. Ду рохи ташаккул ва изхори бевичдононаи ирода имконпазир мебошад: ва^те, ки дар шахс иродаи ботинй барои пешниходи бахс ба суди хакамй вучуд надошта бошад ва ва^те, ки ин гуна иродаи ботинй нодуруст ташаккул ёфтааст. Дар холати якум изхори ирода зери таъсири тачовуз, тахдид ва ё созишномаи бад^асдона нисбати тарафи дигар ташаккул меёбад. Дар холати дувум изхори ирода зери таъсири фиреб, гумрохй ва ё чамъи холатхои вазнин ташаккул меёбад. Ба хар хол, новобаста аз он, ки чи тавр изхори ирода ташаккул ёфтааст, он бояд иродаи иштирокчии ахдро тачассум карда, танхо дар мавриди мувофи^ намудани иродаи аслй ва изхори беруна махаки бовичдонй риоя хохад шуд. Храмин тавр, дар асоси созишномаи хакамй иродаи ба мувофи^а расидаи тарафхо бе ягон ну^сон гузошта мешавад.

Ну^сони ирода хангоми бастани созишномаи хакамй хамчун шартномаи маданй-ху^у^й, ки фарорасии о^ибатхои ху^у^иро инкор менамояд, метавонад дар ахдхо бо роххои гуногун мушохида гардад. Ху^у^ танхо иродаи баёншударо бахо дода метавонад. Бинобар ин талабот нисбат ба ирода ва изхори он ба баходихии ху^у^ии ирода вобаста карда мешавад. Иродаи ботинии субъект набояд дар асоси холатхои ну^сондор ташаккул ёбад. Изхори ирода бояд ба иродаи ботинй мувофи^ат намояд. Вайрон намудани ин талабот дар Кодекси маданй чун беэътибории ахди руякй ва ^албакй (м.185), беэътибории ахде, ки дар натичаи гумрохй анчом дода шудааст (м.195), беэътибории ахде, ки бо фиреб, зуроварй, тахдид, созиши бад^асдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин анчом дода шудааст (м.196) ва гайра, пешбинй гардидааст [3].

Дар баробари хусусияти иродаи тараф, тарзи ташаккули он, инчунин шакли тачассумшавии иродаи дахлдори тарафхо чихати мухокимаи бахс дар суди хакамй низ ахаммиятнок мебошад. Сухан дар бораи зарурати бастани созишномаи хакамй дар шакли хаттй меравад. Талабот оид ба шакли хаттии созишномаи хакамй дар Муохидаи Ню-Йорк аз соли 1958 «Оид ба эътироф ва ичрои к;арорхои арбитражхои хоричй» ва Муохидаи аврупой аз соли 1961 «Оид ба арбитражи тичоратии беруна» пешбинй шудааст [2, с. 457].

Талаботи дахлдор дар сатхи миллй дар Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тичоратй» пешбинй гардидааст. Тибки нишондоди моддаи 11 Конуни зикршуда, «созишномаи арбитражй дар шакли хаттй баста мешавад. Созишнома басташуда хисоб мешавад, агар шартхои он дар хуччати байни тарафхо имзошуда, ё тарики мубодила бо мактубхо, хабардор намудан тавассути телетайп, телеграф ё бо истифодаи дигар воситахои алокаи электронй, ки ба кайдгирии чунин созишномаро таъмин менамояд ва ё тавассути мубодилаи аризаи даъвогй ва бозхонди даъво, ки дар он яке аз тарафхо мавчудияти созишномаро тасдикнамуда, тарафи дигар онро рад накардааст, пешбинй шуда бошад. Истинод дар шартнома ба хуччате, ки тавзехоти арбитражиро дорад, ба шарте созишномаи арбитражй ба хисоб меравад, ки шартнома дар шакли хаттй баста шуда бошад ва истиноди мазкур тавзехоти номбаршударо кисми таркибии он гардонад» [4].

Шарти дигарии боэътибор будани созишномаи хакамй мундаричаи он ба хисоб меравад. Мундаричаи созишномаи хакамй набояд ба талаботи конунгузорй мухолифат намояд. «Ахд вобаста ба мундарича мумкин аст вобаста ба меъёрхои диспозитивии пешбининамудаи конунгузорй ва ё умуман дар конунгузорй пешбинй нашуда, ба таври умум ба ибтидои умумии конунгузории маданй мутобикат намуданаш лозим аст» [2, с.400]. Лекин вобаста ба табиати хоси созишномаи хакамй, дар мавриди халли масъала оид ба мундаричаи созишномаи хакамй бояд инчунин меъёри конунгузорй дар бораи мухокимаи хакамй ба назар гирифта шавад.

Зери истилохи мундаричаи ахд мачмуи шартхои онро ташкилдиханда фахмида мешавад. Шарти ягона ва мухимми созишномаи хакамй созишнамоии тарафхо оид ба пешниходи бахси мушаххас ба мухокимаи суди хакамй ба шумор меравад. Аз ин ру, мундаричаи созишномаи хакамиро чихати мувофикат ба конун санчида, пеш аз хама зарур аст, ки имконпазирии пешниходи бахс ба мухокимаи суди хакамй муайян карда шавад. Дар ин маврид се шартро дар назар доштан зарур аст:

1) бахс бояд аз муносибати маданй-хукукй барояд;

2) бахс набояд ба доираи салохияти истисноии судхои давлатй мансуб дониста шавад;

3) бахс ба хусусияти фаъолияти суди хакамии муайян мувофикат намояд.

Категорияи муносибатхои хукукие, ки метавонад чун матлаби баррасии суди хакамй

баромад намояд, муносибатхои маданй-хукукие фахмида мешаванд, ки бо бавучудой ва ба амалбарории хукуки моликият ва дигар хукукхои амволй, хукук ба натичаи фаъолияти зехнй (моликияти зехнй), муносибатхои шартномавй ва дигар муносибатхои хукукй-ухдадорй, инчунин дигар муносибатхои молумулкй ва шахсии гайри молумулкй, ки ба баробарй, мухторияти ирода ва мустакилияти молумулкии тарафхо асос меёбад, баромад мекунад. Агар ин чо муносибати байни шахсоне, ки фаъолияти сохибкориро анчом медиханд фахмида мешавад. Бахс дар чахорчубаи муносибати хукукии ба баробарии хукукии тарафхо, озодии ирода ва мустакилияти молумулкии тарафхо асос ёфта шавад, вай наметавонад матлаби мухокимаи суди хакамй баромад намояд.

Храмин тавр, беэътибории созишномаи хакамй риоя накардани талабот нисбати субъекти созишномаи хакамй, хусусияти изхори иродаи онхо, инчунин шакл ва мундаричаии созишномаи хакамиро дар назар дорад. Мавчуд будани хама гуна дигар монехои иловагй барои ичрои созишномаи хакамй набояд хамчун беэътибории он маънидод карда шавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Владимирова С. А. Правовая природа и значения третейского соглашения [Электронный ресурс]: дисс... канд. юрид. наук: 12.00.03 / С. А. Владимирова. -Москва: РГБ, 2007. - 199 с.

2. Гражданское право. Том 1. / Учебник. Издание пятое, переработанное и дополненное / Под. ред. А.С. Сергеева, Ю.К. Толстого. - Москва: ПБОЮЛ Л.В. Рожников, 2000. - 769 с.

3. Кодекси мадании ЦумуурииТоцикистон, ки аз 1 июли соли 2023 мавриди амал царор мегирад [Матн]. Садои мардум. -№ 1-9 (4584-4592) аз 2 январисоли 2023.

4. Цонуни Цумуурии Тоцикистон Дар бораи арбитражи байналмилалии тицорати // Ахбори Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон, с. 2015, №3, мод. 205.

5. Иншакова А.О. Конкуренция третейской и медиативной оговорок во внешнеторговом контракте / Режим доступа: https:// www.sovremennoepravo. ru/m/articles/view/. (санаи муроцит: 24.01.2024).

6. Рахимов М.З. Правовые проблемы достижения конечного результата предпринимательской деятельности [Текст]: автореф. дис ... канд. юрид. наук: 12.00.03 /М.З. Рахимов. - Душанбе, 2010. - 29 с.

7. Тафсири Цонуни Цумуурии Тоцикистон «Дар бораи суди уаками» / Зери таурири н.и.у. З. Ализода. - Душанбе: 2008. - 117 с.

8. Ярков В.В. Постатейный научно-практический комментарий к Федеральному закону «О третейских судах в Российской Федерации» / В.В. Ярков. -https://abbanks.by/upload/iblock/015/Balayan.pdf (санаи муроциат: 27.01.2024).

REFERENCES:

1. Vladimirova S. A. Legal Nature and Meaning of the Arbitration Agreement [Electronic resource]: Dissertation... candidate of jurisprudence. Sciences: 12.00.03. -M.: RSL, 2007. - 199pp.

2. Civil Law. Volume 1. / Textbook. Fifth edition, amended and supplemented / Under. ed. A.S. Sergeeva, Yu.K. Tolstoy. - M.: PBOYUL L.V. Rozhnikov, 2000. - 769 pp.

3. Civil Code of the Republic of Tajikistan, which comes into effect on July 1, 2023 [Text]. Voice of the people. - No. 1-9 (4584-4592) dated January 2, 2023

4. Law of the Republic of Tajikistan on International Commercial Arbitration // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 2015, No. 3, art. 205.

5. Inshakova A.O. Competition between Arbitration and Mediation Clauses in a Foreign Trade Contract https://www.sovremennoepravo. ru/m/articles/view/. (date of appeal: 01/24/2024).

6. Rakhimov M.Z. Legal Problems of Achieving the Final Result of Entrepreneurial Activity [Text]: abstract. dis... cand. legal Sciences: 12.00.03 /M.Z. Rakhimov. - Dushanbe, 2010. - 29pp.

7. Interpretation of the Law of the Republic of Tajikistan "On Arbitration Court" / Edited by candidate of legal sciences. Z. Alizadeh - Dushanbe: 2008. - 117pp.

8. Yarkov V.V. Arbitration of scientific and practical commentary on the Federal Law "On Arbitration Courts in Russian Federation." -https://abbanks.by/upload/iblock/015/Balayan.pdf (date of appeal: 01/27/2024).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.