Научная статья на тему 'СОСТОЯНИЕ ФИНАНСОВОГО ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ТАМОЖЕННОЙ СИСТЕМЫ ТАДЖИКИСТАНА'

СОСТОЯНИЕ ФИНАНСОВОГО ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ТАМОЖЕННОЙ СИСТЕМЫ ТАДЖИКИСТАНА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
20
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВНЕШНЕЭКОНОМИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЬНОСТИ / ТАМОЖЕННАЯ СИСТНМА / ФИНАНСОВИЕ МЕХАНИЗМЫ / ТАМОЖЕННОЙ ПОШЛИНИ / ГОСУДАРСТВЕННЫЙ БЮДЖЕТ / ФИНАНСОВИЕ УПРАВЛЕНИЕ ТАМОЖЕННОЕ И ДР

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Турсунов Хушруз Муталибович

В статья рассматривается финансовие механизми управление таможенной системы и подчеркивается, что управление финансовых ресурсов требует решеия ряд вопросов или проблем , которы находится в тесный связ в единий технологический цеп деятельности таможенного органа. Обоснованно, что таможенная система с одной строны выступает как государственний институт и поэтому осоновними финансовми ресурсами обеспечивающих их деятельности яаляньтся государственный бюджет. С другой стороны таможенная служба в финансоволй системы государства вносит определенная сумма денежных средства, следовательно в таможенная система государства происходит движение денежно-финанствых ресурсов. В связи с этим в статья разработан предложение по совершенствование механизмы финансового обеспечение управление таможенной системы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

STATE OF FINANCIAL SUPPORT OF THE ACTIVITIES OF THE CUSTOMS SYSTEM OF TAJIKISTAN .

The article discusses the financial mechanisms and management of the customs system and emphasizes that the management of financial resources requires the solution of a number of issues or problems that are closely connected in a single technological chain of the customs authority. It is substantiated that the customs system, on the one hand, acts as a state institution and, therefore, the state budget is the main financial resource for ensuring their activities. On the other hand, the customs service contributes a certain amount of money to the financial system of the state, therefore, the movement of monetary and financial resources occurs in the customs system of the state. In this regard, the article developed a proposal to improve the mechanisms of financial support for the management of the customs system.

Текст научной работы на тему «СОСТОЯНИЕ ФИНАНСОВОГО ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ТАМОЖЕННОЙ СИСТЕМЫ ТАДЖИКИСТАНА»

накопленных знаний и опыта, овладения передовыми технологиями и повышения социальной культуры труда. На наш взгляд, важнейшими характеристиками человеческого капитала являются: его формирование каждым индивидом и неотделимое от живой личности человека; здоровье, знания, способности и опыт накапливаются и выступают в качестве определенного ресурса (потенциала), который требует защиты и повторения; Инвестиции в формирование и накопление человеческого капитала осуществляются человеком, семьей, компанией, государством, но их эффективность зависит от индивидуальной активности и само регуляции каждого человека; формирование индивидуального человеческого капитала занимает значительный период жизни (в среднем 18-25 лет); Объем, качество и формы использования человеческого капитала являются ключевыми факторами экономического развития, конкурентоспособности и эффективности производства.

Ключевые слова: ресурсы, стратегия, развитие, эффективность, информация, знания, культура, капитал, теория и база.

Ключевые слова: Ресурсы, стратегия, развития, эффективность, образования, знания, культура, капитал, теория и база.

FORMATION OF HUMAN CAPITAL IN A MARKET ECONOMY

Thus, it follows from the above that the theory of human capital serves as a conceptual basis for developing a strategy for the development and use of human resources in the modern socioeconomic system. It serves as the basis for developing the most effective policy in the field of education, using the accumulated knowledge and experience, mastering advanced technologies and improving the social culture of work In our opinion, the most important features of human capital are the following features: its formation by each individual and inseparable from the living personality of man; health, knowledge, abilities and experience accumulate and act as a definite resource (potential) that requires protection and repetition; Investments in the formation and accumulation of human capital are made by the individual, family, company, state, but their effectiveness depends on the individual activity and self-regulation of each person; the formation of individual human capital takes a significant period of life (on average 18-25 years); The volume, quality and forms of human capital use are key factors in economic development, competitiveness and production efficiency.

Key words: Resources, strategy, development, efficiency, education, knowledge, culture, capital, theory and base.

Сведение об авторе:

Ализода Хуснигул Сохиб - кафедры экономическая теория Государственная педагогическая университет им. С.Айни. инд.734000, г. Душанбе, Тел: (+992) 918153533

About the author:

Alizoda Husnigul of the Department of Economic Theory State Pedagogical University named after S. Aini. ind. 734000, Dushanbe, ave. Rudaki 121 tel. (+992) 918153533

Х,ОЛАТИ ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ ГУМРУКИ ТОЧИКИСТОН

Турсунов Х.М.

Донишгохи давлатии тичорати Тоцикистон

Дар Стратегияи миллии рушди Ч,умх,урии Точикистон барои давраи то соли 2030 кайд карда шудааст, ки "Яке аз сарчашмах,ои асосии молиявй ин маблагх,ои Бучети давлатй мебошад, ки дар чорчубаи тах,ияи бучетх,ои миёнамух,лат барои давраи амализозии Стратегия мунтазам тадбирх,о дар доираи хддаф ва афзалиятх,ои муайяншуда мушаххас карда мешаванд" [1.29]. Вокеан х,ам х,окимияти иктисодии давлат ва ичрои вазивах,ои ичтимоиву иктисодии он бо туфайли бучети давлати амалй карда мешавад. Ба хоир меорем, ки дар ибтидои гузаронидани дигаргуних,ои бозорй танзими давлатии захирах,ои молиявй кох,иш ёфта буд, ки дар натича дар хдёти ичтимой-иктисодии чомеаи мамлакат як катор х,одисах,ои манфй пайдо х,ам шуда буданд. Низоми пардохтнакарданх,о, карздории субъектх,ои хочагидор, таъхир ва напардохтани музди мех,нат, нобаробарй дар кисми даромад ва харочоти бучети давлатй авч гирифта, хдчми он дар инвеститсияи бахши вокеии иктисодиёт кох,иш ёфт, сатх,и таваррум, болоравии нархх,о, фоидаи калони ташкилотх,ои

38

миёнарав, хариду фуруши хдннотй дар бозорх,ои чумх,урй, пастравии курби асъори миллй (фоидаи зиёд аз руйи амалиёт дар бозори асъор) зиёд гардида буданд.

Ин масъалах,о тадричан бо такмили механизмх,ои идоракунии самараноки давлати сохди молия хдлли худро ёфт. Айни замон пеш аз х,ама, вазифаи бех,тар намудани низоми молияи давлатй мух,им гардидааст. Пешбинй шудааст, ки «Бахши молиявии Точикистон дар соли 2030 ба низоми муосири босуръат афзоишёбандаи муассисах,ои молиявии ракобатпазир, ки дорои кобилияти пешних,од намудани хизматрасоних,о ва мах,сулоти мухталифи босифат ва инноватсионии молиявй ба истеъмолкунандагон мебошад ва шароитх,ои мусоид барои рушди босуботи иктисодиёти миллй фарохдм оварда, ба таъсири таконх,ои беруна устувор мебошад, табдил меёбад» [1.88]. Дар хдлли ин масаъла механизми фаъолияти низоми гумрук, низ сах,мгузор мебошад, зер он бавосита ё бевосита ба х,олати низоми молиявии чумх,урй таъсир мерасонанд.

Х,амон тавр, ки кайд кардем идоракунии захирах,ои молиявии низоми гумрук хдллу фасли чандин масълах,оеро такозо менамояд, ки дар занчири ягонаи технологй алокаи зич доранд. Масъалах,ои ташаккули манбах,ои захирах,ои молиявй асоси идоракунии захирах,ои молиявии низоми гумрукро ташкил мекунанд. Бояд кайд кард, ки низоми гумрук ташкилоти махсус мебошад. Чунки он аз як тараф ба них,оди давлатй мансуб аст ва аз ин ру, тибки макоми худ набояд ба фаъолияти тичоратй машгул шавад. Ин маънои онро дорад, ки захираи асосии молиявии таъминкунандаи фаъолияти онх,о маблагх,ои бучетии давлат мебошанд. Дар баробари ин, дар мукоиса бо макомоти дигари х,окимияти давлатй низоми гумрук бо воситах,ои молиявии давлат яктарафа алокаманд нест, яъне «хдракати чавобй»-и мачмуи пулх,о ба амал меояд. Низоми гумрук аз як тараф ба низоми молиявии давлат маблаги муайян ворид месозад, аммо аз тарафи дигар аз давлат захирах,ои молиявй мегирад. Х,амин тавр, дар давлат низоми гумрук чун раванди хдракати захирах,ои пулй-молиявй ба амал меояд, бинобар ин, ба назар гирифтани х,олатх,ои зерин зарур мебошанд:

Аввалан, манфиати возех,у равшани давлат аз дастгирии фаъолияти низоми гумрук, таъмини х,олати муътадил ва рушди он вучуд дорад. Ин бо зарурати ичрои бомуваффакияти вазифах,ои мукаррарнамудаи давлат аз тарафи макомоти гумрук алокаманд мебошад. Бештар дар ин чо ичрои вазифах,ои фискалии низоми гумрук - гузаронидани маблаги андоз, бочх,о ва пардохтх,ои гумрукй ба назар мерасанд.

Ч,адвали 1.

Динамикаи нишондихандахои тавсифкунандаи макоми низоми гумрук дар механизми

иктисодии Ч,умх,урии Точикистон

Нишондих,андах,о 2011 2019 ТаFЙирот

Мутлак Нисби, %

Боч^ои гумрукй, млн. сомони 2946,2 4788,6 1842,4 162,5

Аз чумла, содиротй 507,1 141,3 -365 27,8

Воридотй 1989,2 4207 2217,8 111,5

Андоз аз арзиши иловашуда 338,8 220,1 -118,7 35,0

Аксизх,о 111,1 220,2 109,1 198,1

Х,исоб карда шуд аз руи: Х,исоботи Хадамоти гумруки назди Хукумати Ч,умх,урии Точикистон дар солх,ои 2011 - 2019

Дар х,оли х,озир х,иссаи пардохтх,ои гумрукй дар кисми даромадаи бучети давлатй ба зиёда аз 33 фоизи кисми даромадноки он расидааст. Воридоти асосй ба бучети давлатй асосан аз х,исоби бочх,ои гумрукй ва андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва хирочи гумрукй ба амал меоянд. Чуноне, ки ракамх,ои чадвали 1. нишлн медихдд соли 2019 боч^ои гумрукй 4788,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбт ба соли 2011 беш аз 1,6 маротиба афзудааст. Дар ин давраи тах,лилй бочи гумрукй аз содирот аз 507,1 то 141,3млн. сомонй ва ё беш аз 72,2 % кам шудааст, аз воридот бошад беш аз 11% зиёд шудааст.

Ичроиши накша аз руи намудхои пардохтхои гумрукй тибки маълумотхои аз чониби Хадамоти гумруки назди хукумати Чумхурии Точикистон дастрасшуда дар 2020, бо тартиби зерин сурат гирифтааст:

- воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба маблаги 4242,8 млн. сомонй ё ба андозаи 109,8 фоиз ичро шуда, нисбат ба накша 380,3 млн. сомонй зиёд мебошад ва вазни киёсии он 77,2 фоизи хачми умумии пардохтхои чамъовардашударо ташкил медихад;

- воридоти бочи гумрукй ба маблаги 542,9 млн. сомонй ё ба андозаи 139,3 фоиз ичро шуда, нисбат ба накша 153,2 млн. сомонй зиёд мебошад ва вазни киёсии он 10,0 фоизи хдчми пардохтхои чамъовардашударо ташкил менамояд;

- воридоти бочи содиротй ба маблаги 158,6 млн. сомонй ё ба андозаи 205,7 фоиз ичро шуда, нисбат ба накша 81,5 млн. сомонй зиёд мебошад ва вазни киёсии он 2,9 фоизи хачми умумии пардохтхои чамъовардашударо ташкил менамояд;

- воридоти андози аксизй ба маблаги 433,6 млн. сомонй ё ба андозаи 120,1 фоиз ичро шуда, нисбат ба накша 72,7 млн. сомонй зиёд мебошад ва вазни киёсии он ба 7,9 фоизи хачми умумии пардохтхои чамъовардашуда баробар аст;

- воридоти гайриандозй ба маблаги 117,0 млн. сомонй ё ба андозаи 119,0 фоиз ичро шуда, нисбат ба накша 18,7 млн. сомонй зиёд мебошад ва вазни киёсии он 2,1 фоизи хачми пардохтхои чамъовардашударо ташкил менамояд.

Инчунин, аз хисоби фуруши тамгахои аксизй барои воридот ва тамгагузории махсулоти тамоку ва нушокихои машруботй маблаги 11,0 млн. сомонй ба Бучети давлатй ворид гардидааст.

Дар мачмуъ, давоми соли 2020 аз хисоби ичро гардидани накшаи пардохтхои гумрукй, ба Бучети давлатй ба маблаги 680,9 млн. сомонй зиёд ва нисбати пардохтхои гумрукии чамъовардашудаи соли 2019, ба маблаги 41,1 млн. сомонй кам ворид гардид.

Ичрои накшаи воридоти пардохтхои гумрукй ба Бучети давлатй дар соли 2020, аз чониби РМГ дар вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба андозаи 135,0 фоиз ё ба маблаги 1,4 млн. сомонй зиёд, РМГ дар вилояти Хатлон 112,7 фоиз ё ба маблаги 36,8 млн. сомонй зиёд, РМГ дар вилояти Сугд 113,0 фоиз ё ба маблаги 288,6 млн. сомонй зиёд, РМГ дар шахри Душанбе ба андозаи 114,4 фоиз ё ба маблаги 179,5 млн. сомонй зиёд ва аз чониби РМГ дар шахри Турсунзода 116,0 фоиз ё ба маблаги 163,5 млн. сомонй зиёд таъмин карда шудааст. [2]

Дар адабиёти иктисодй бисёр вакт кайд мегардад, ки вазифаи асосии хадамоти гумрук вазифаи фискалии он мебошад, вале ба андешаи мо, ин нуктаи назари на хама вазифахои онро иникос мекунад ва он аз тарафи аксар олимони мамлакатхои ИДМ исбот карда шудааст (Кисловский Ю.Г., Калашников С.Д.). [3]

Х,амон тавр, ки дар боло кайд намудем, вазифаи фискалй яке аз вазифахои низоми гумрук мебошад, ки накш ва ахамияти онро дар шароити муосир ночиз шуморидан мумкин нест. Дар оянда бо таъмини рушди иктисодии устувор ахамияти он метавонад камтар гашта, вазифаи дигари низоми гумрук дар самти истифодаи авзалияти бозори берунй ва фаъолияти иктисодии берунй ба манфиати рушди иктисодиёти миллй ва баланд бардоштани сохтори сифатии иктисодиёти мамлакат фаъол гардад. Дар оянда махз хамин гуна стратегияи чумхуриро пешгуйй намудан зарур аст.

Бояд кайд намуд, ки нуктаи назари кам кардани тахдидхо, таваккалхо аз тарафи давлат дар чамъоварии пардохтхои гумрукй. Чунки хадамоти гумруки чумхурй хануз барои аз иштирокчиёни муносибатхои иктисодии берунй дар хачми пурра руёнидани маблаги мукарраршудаи пардохтхои гумрукй кобилият надорад. [4.9-18] Ин холат сабабхои объективие дорад, ки онхо аз фаъолияти худи низоми гумрук вобаста нестанд ва сабабхои субъективие низ вучд доранд, ки онхо бо камбудихо ё фаъолияти бади сохтори низоми гумрук алокаманд мебошанд. Бояд кайд кард, ки ба дарачаи калон сабабхои объективй мушохида мегарданд, чунки низоми гумрук ниходи нави давлатй мебошад:

- дар давраи истиклолияти давлатии чумхурй амалан низоми гумрук, сархадхои гумрукй ва асоси моддй-техникии нав ташкил карда шуданд;

- сатхи пасти таъминоти методии фаъолияти макомоти гумрук, махсусан аз чихати методй омода набудани либерализатсияи фаъолияти иктисодии берунй;

- мавчуд будани вазъияти криминогенй дар сохаи фаъолияти иктисодии берунй;

- сатхи нокифояи муносибатхои байнихамдигарй бо сархадхои гумрукии берунй ва ташкили мутобикати речаи хукукй барои гузаронидани амалиёти гумрукй;

- аксар вакт мукаррар намудани имтиёзхои беасос дар низоми пардохтхои гумрукй, микдори андозхо ва гайрахо.

Албатта, сабабхои субъективй низ вучуд доранд, масалан, ба бучети давлатй пурра нагузаронидани маблагхои пардохтхои гумрукй. Ин бевосита аз фаъолияти унсурхои

сохтории низоми гумрук вобаста мебошад. Бартараф кардани чунин сабабхо барои зиёд гардидани хачми воридшавии захирахо ба бучети давлатии чумхурй мусоидат мекунанд.

Х,амин тавр, бо назардошти ин ду холат - манфиатнокии давлат дар рушди низоми гумрук ва кабули чорахо оид ба кам кардани таваккалхо аз руёндани нопурраи пардохтхо ва бочхои гумрукй ба фоидаи кисми даромади бучети давлатй, давлат микдори зарурй ё хдчми маблаггузории низоми гумрукро муайян мекунад.

^айд кардан ба маврид аст, ки инчунин хусусиятхои муносибати байнихамдигарии давлат ва низоми гумрук дар самти муносибатхои таксимотии захирахои молиявй вучуд доранд. Дар раванди аз тарафи давлат ба накша гирифтани хачм ва сохтори маблагхои аз низоми гумрук ба бучети давлатй воридшуда ё вазифахои аз давлат гирифтаи низоми гумрук оид ба пардохтхо, макомоти гумрук аслан ширкат намекунанд ва ё иштироки онхо нихоят кам аст. Бинобар ин, вазифахои банакшагирифташаванда оид ба пардохтхо на хамеша асоснок ва вокей мебошанд.

Aлбатта, давлат метавонад пешакй омилхои дар салохияти худ доштаашро ба назар гирад ва ба хачм ва сохтори пардохтхои гумрукй таъсир расонад. Масалан, метавонад намуди муайяни пардохтро чорй ё бекор намояд, бочхои гумрукиро зиёд ё кам кунад, инчунин методхои гуногуни гайритарофавй ва гайрахоро чорй намояд. Aммо, дар ин самт низ давлат на хамеша метавонад амали аксар омилхо ва шартхоро ба таври пурра ба назар гирад. Масалан, бисёр вакт хачми воридшавии пардохтхои гумрукиро ба бучети давлатй аз воридот муайян мекунанд, вале холате мешавад, ки нисбати бочхои воридоти имтиёз татбик карда мешаванд, ки ин ба ичрои вазифаи низоми гумрук таъсири манфй мерасонад. Ин карор пурра аз давлат вобаста мебошад, чунки ин омил танхо ба салохияти он дохил мешавад. Ин равандхо ё омилхо бояд дар рафти муайян кардани вазифахои низоми гумрук ба назар гирифта шаванд.

Fайр аз омилхое, ки ба хачм ва сохтори пардохтхои гумрукй таъсир мерасонанд ва дар салохияти давлат карор доранд, боз омилхое дучор меоянд, ки бахисобгирии онхо хеле мушкил мебошад. Ба онхо метавон стратегияи фаъолияти иктисодии беруниро мансуб донист, ки аз тарафи иштирокчии мушаххаси фаъолияти иктисодии берунй коркард шудааст. Субъектхои хочагидор одатан сиёсати иктисодии худро мустакилона тахия намуда, хачм ва сохтори истехсолот, таносуби махсулоти истехсолшавандаи барои бозори берунй таъйиншударо мустакилона ба накша мегиранд. Инчунин стратегияи нархии амал дар бозори берунй коркард мешавад. Х,амаи инхо дар бизнес-накшахои субъектхои иктисодй инъикоси худро меёбанд ва дар мадди охир ба кисми даромади бучети давлатй, ки бо кисми даромади бучети давлат алокаманд мебошад таъсир хоханд расонд. Aммо, ниходхои хокимияти давлатй, ки кисми даромади бучети давлатиро тахия мекунанд (ба накша мегиранд) оид ба ояндаи фаъолияти иктисодии берунии субъектхои хочагидор иттилооти кофй надоранд. Зимнан, онхо тавони онро надоранд, ки таъсири чунин омилхоро ба бузургй, сохтор ва динамикаи пардохтхои гумрукй ба назар гиранд ё инъикос намоянд, ки ин албатта ба асоснокии ташаккули кисми даромади бучет таъсири манфй мерасонад.

Фаъолияти сохторхои низоми гумрук бо хамаи субъектхои иктисодиёт, ки ба фаъолияти иктисодии берунй машгул хастанд алокаи зичи ногусастанй дорад. Ин субъектхо бо низоми гумрук хадди акал дар ду самт сару кор доранд: якум, онхо дар раванди барасмиётдарории гумрукии молхо алока доранд ва дуюм, дар раванди санчиши фаъолияти молиявй-хочагй дар тамос мешаванд, ки он вакт макомоти гумрук тафтиш мегузаронанд, чунки онхо агенти назорати асъорй мебошанд.

Тавре, ки дида мешавад низоми гумрук назар ба дигар макомоти хокимияти давлатй дар бораи иштирокчиёни фаъолияти иктисодии берунй иттилооти нисбатан пурра дорад. Илова бар ин, онхо на танхо дар бораи хачми чисмонй ва арзишии махсулот ё борхо, сохтори онхо, номгуйи молхои хар як иштирокчии фаъолияти иктисодии берунй, балки дар бораи ояндаи онхо низ иттилоот доранд. [5.140]

Aз ин ру, низоми гумрук иштирокчии нисбатан фаъол дар банакшагирии хачм ва сохтори пардохтхои гумрукй, ки манбаи ташаккули кисми даромади бучети давлатй хисоб меёбанд, мебошад (бояд гардад). Ин муносибатхо зарурати тавсеаи ваколатхоро (вазифахоро) дар самти банакшигирй ва танзими муносибатхои иктисодии берунии чумхурй исбот мекунанд. Ин масъала дар адабиёти илмй низ нишон дода шудааст. [6]. Х,амин тавр, далелхо дар самти тавсеаи ваколатхои низоми гумрук инчунин ба тарики зайл мебошанд:

- низоми гумрук оид ба иштирокчиёни фаъолияти иктисодии берунии мамлакат, хачми онхо, сохтори молхо, равонасозии онхо ба минтакахои кишвар ва чахон, ба давлатхои алохида ё гурухи давлатхо, аз руйи номгуйи молхо, нарххо, шартхои таъминкунй, категорияхои иштирокчиёни фаъолияти иктисодии берунй ва гайрахо сатхи баланди дастрасй ба иттилооти пурра ва мушаххас дорад;Захирахои иттилоотй оид ба додугирифти савдои хоричй, ки бо молхои аз сархадхои чумхурй гузаранда алокаманд мебошанд, дар декларатсияхои борхои гумрукй кайд карда мешаванд ва ба маркази хисоббарории илмй-иттилоотии макомоти гумруки чумхурй ворид мегарданд;

- низоми гумрук хамаи иттилооти ба хадамоти гумрук воридшударо тахлил карда, нарххо ва нишондихандахои миёнаи хачмхои савдои хоричиро аз руйи номгуйи молхо муайян мекунад;

- макомоти гумрук дар бораи иштирокчиёни асосии хоричии фаъолияти иктисодии берунй маълумоти аник дорад, ки барои коркарди силсилаи чорахо оид ба танзими савдои хоричии чумхурй зарур мебошанд;

- макомоти гумрук вазифаи макоми назорати асъориро ичро карда, зимнан фаъолияти молиявй-хочагии иштирокчиёни фаъолияти иктисодии беруниро тафтиш мекунанд. Дар ин раванд метавонад вайронкунии шартхои мубодиларо ошкор созад, ки дар санадхои меъёрй инъикос ёфтаанд, инчунин натичахои санчиш чамъбаст ва тахлил гардида, метавонанд хангоми коркарди чорахо оид ба танзими фаъолияти иктисодии берунй истифода шаванд;

- дар низоми гумрук озмоишгохи махсус барои гузаронидани санчишхои гумрукии мутобикати рамзи моли номгуи молхои фаъолияти иктисоди беруни молхои аз сархадхои чумхурй гузаранда амал мекунад, ки барои такмили сиёсати савдои хоричии мамлакат шароит мухайё месозад;

- низоми гумруки чумхурй бо низоми гумрукхои мамлакатхои хоричй алока баркарор мекунад, ки имкон медихад дар заминаи мубодилаи байнихамдигарии иттилоот вайронкунихои конун дар бораи фаъолияти иктисодии берунй ва амалиёти гумрукй пешгирй карда шаванд. Ин барои нисбатан пурра руёндани пардохтхои гумрукй ба бучети давлатй ёрй мерасонад.

Бояд кайд кард, ки ба хайси иштирокчиёни фаъолияти муносибатхои гумрукй дар сохаи хизматрасонихои асъорй-карзй ва молиявии муносибатхои байнихамдигарии онхо бо шарикони хоричй бонкхои тичоратие баромад мекунанд, ки ба онхо ичозатномаи Бонки миллии Чумхурии Точикистон дода шудааст. Онхо амалиёти хисоббаро-баркунихоро бо асъори хоричй анчом дода, барои иштирокчиёни комплекси иктисодии берунй хисобхои асъорй боз мекунанд. Дар айни замон тибки фармони сардори Хадамоти гумрук ба хайси бонкхои кафолатй бонкхои тичоратии зерин баромад мекунанд:

Ч,СК «Ориёнбонк», Ч,СК «Тавхидбонк», Ч,СК «Коммерсбонки Точикистон», Ч,СК «Бонки Эсхата», Ч,СК «Бонки байналмилалии Точикистон», ЧДММ «Холикбонки Точикистон», ^ДММ ТАКХ «Душанбе сити».

Тавре, ки кайд кардем низоми идоракунии фаъолияти гумрук гумрук ва речаи фаъолияти савдои хоричии субъектхои комплекси иктисодии беруниро Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон муайян мекунад. Дар низоми Хадамоти гумрук соли 2017 хамагй 34 ташкилот-брокерхо (намояндахо) амал мекарданд, ки субъектхои комплекси иктисодии берунй хисоб меёфтанд. Аммо, кисми зиёди онхо дар шахри Душанбе чойгир буда, дар минтакахои чумхурй микдори онхо кам аст, бинобар ин фаъолияти иктисодии берунии субъектхои хочагидорро суст менамояд (ба чадвали 2.9. нигаред).

Чадвали 2.

Руйхати брокерхо (намояндагони) гумрук ба полати 1. 0 И. 2021с.

№ б/т Ташкилот -брокерхо Махалли чойгиршавй № б/т Ташкилот -брокерхо Махалли чойгиршавй

1. ЧДММ «Союз» ш. Душанбе 18. ЧДММ «Дидори Адолат» ш. Душанбе

2. ЧДММ «Комрон-2003» ш. Бохтар 19. ЧДММ «Истам-2015» ш. Душанбе

3. ЧДММ «Анкуф» ш. Бохтар 20. ЧДММ «Хайленд Эдвенчерз» ш. Хоруг

4. ЧДММ «Икдом» ш. Душанбе 21. ЧДММ «Интертранс» ш. Хучанд

5. ЧДММ «АВМ Транс Сервис» ш. Душанбе 22. ЧДММ «Трансимпекс» ш. Хучанд

6. ЧДММ «Азия Транс Тур» ш. Бохтар 23. ЧДММ «Анапа» ш. Хучанд

7. ЧДММ «Кубро» ш. Душанбе 24. ЧДММ «Куруш» ш.Душанбе

8. ЧДММ «Амро» ш. Бустон 25. ЧСК «Точиквнештранс» ш.Душанбе

9. ЧДММ «Трейд» ш. Хоруг 26. ЧДММ «Корвон» ш. Бохтар

10. ЧСП «Терминал» ш. Душанбе 27. ЧДММ «Брокерони хизматгузори гумрукй» ш. Душанбе

11. ЧДММ «Лайс» ш. Хучанд 28. ЧДММ «Авеста Трэвл» ш. Душанбе

12. ЧДММ «Сайёр-Сугд» ш. Хучанд 29. ЧДММ «Ориён Х,аким» ш. Душанбе

13. ЧДММ «Сервиси унверсалй» ш. Душанбе 30. ЧДММ «Осиёхизматрасон » ш. Душанбе

14. ЧДММ «М-Авлиё» ш. Бустон 31. ЧДММ «АВМ Транс Сервис » ш. Душанбе

15. ЧДММ «ТЭК Фирдавс» ш. Хучанд 32. ЧДММ «Дунё» ш. Душанбе

16. ЧДММ «Ягонагии Сугд» ш. Хучанд. 33. ЧДММ «Терминали дустй» ш. Душанбе

17 ЧДММ «ПЛК ^аротегин» ш.Вахдат 34. ЧДММ «Хизмат М» ш. Душанбе

Сарчашмаx,о:http://customs.tj/index.php?optюn=com_content&view=category&layout =blog&id=44&Itemid=2&lang=

Дар холи хозир дар чумхурй дар сохтори Хадамоти гумрук тибки Низомномаи Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар нашрияи ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2.11.2007 сол №557 накшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон чунин мебошад; Дастгохи марказй, Лабараторияи гумрукиии марказй, Донишкадаи такмили ихтиссос, Раёсати минтакави гумруки дар шахри Душанбе, Раёсати минтакави гумруки дар шахри Турсунзаде, Раёсати минтакави гумруки дар ВМКБ, Раёсати минтакави гумруки дар вилояти Сугд, Раёсати минтакави гумруки дар вилояти Хатлон, Гумрукхо 19 адад, Дидбонгоххои гумрукй 62 адад, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоихаи минтакавии тахкими гумрук ва рушди инфраструктура», Намояндагихо дар давлатхои хоричй (дар холи хозир танхо Федератсияи Россия), Редаксияи мачаллаи «Гумрук», Корхонаи вохиди давлатии «Матбаа», Корхонаи вохиди давлатии таъмиру сохтмони Хадамоти гумруки назди хукумати Чумхурии Точикистон дар нашрияи карори Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик шудааст. Инчунин барои пешбури вазифахои функсиали низоми гумрук айни замон дар Раёсати минтакавии гумруки дар шахри Душанбе 6 анбори гумруки бо ичозатномаи дахлдор ба реестери анбори гумруки дохил карда шуда, онхо фаъолият худро бо хизматрасони ба иштирокчиёни фаъолияти иктисодй хоричй барои нигохдори молу воситахои наклиёт тибки шартнома ба рох мондаанд. ЧДММ «Азия Табако» ва ЧДММ «Точ-Моторс», ЧДММ «Точикгидроэлектромонтаж», ЧСК «Точиксемент») ва гайрахо мебошанд. Хамзамон дар расмиёти нигахдории муваккати молхо дар идоракунии низоми гумрук ширкатхои ёрирасон анборхои нигаии муваккатй амал мекунанд, аз чумла дар зер тобеъи Раёсати минтакавии гумруки дар шахри Душанбе ЧСК «Телерадиоком», ЧДММ «Сиёвуш Душанбе-2», ЧДММ «Сомонтаъминот», ЧСК «Точиквнештранс», ЧДММ «Сифат фарма», ЧДММ «АБМ Транс Сервис», ЧДМм «Медстомотехника», дар вилояти Сугд - ЧДММ «Союз», ЧДММ «Анхор», ЧДММ «Апрелёвка», ЧДММ «Чавонй», ЧСП «Оби Зулол», ЧДММ «ММК Чкалов». Инчунин дар идоракунии низоми гумрук дар тобеъияти Раёсати минтакавии гумруки дар шахри Душанбе магозахои савдои бебоч гумрукии - ЧДММ «ТАД ДЮТИ ФРИ» ва ЧДММ «Душанбе Тад Дюти Фри» дар Фурудгохи байналмиллалй шахри душанбе фаъолияти худро тибки шаходатномахои дахлдор ба рох мондаанд.

Дар хотимаи кайд менамоем, ки хангоми баррасии муносибатхои байнихамдигарии давлат ва низоми гумрук дар сохаи идоракунии захирахои молиявй бояд мавчудияти таваччухи нокифояи давлат нисбат ба ташаккули харочот барои нигохдории низоми гумрук аз мавкеи самаранокй хотиррасон гардад.

Адабиёт.

1. Стратегиям миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, с 29

2. Хисоботи Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар соли 2020

3. Кисловский Ю.Г. История таможни государства российского. - М.: Автор, 1995. С.Д. Калашников. Исторический опыт протекционистской таможенной политики России 1877-1913 гг. - М.: РТА, 1996.

4. Мирсаидов А.Б. Файзизода М.С Вазъи муосири таъмини амнияти иктисодии Точикистон//Экономика Таджикистан-2020. - № 4. - С. 9 - 18 ISSN 2310-3057

5. Мирсаидов А. Гадоев Д. Идоракунии рушди фаъолияти иктисодии хоричии минтака. Душанбе, «Ирфон» - 2020, 140 с.

6. Н.Блинов. Либерализация ВЭД: мало не покажется. «ЭиЖ» №50 1996, А.Круглов. Роль таможенной службы в обеспечении экономической безопасности России. Ж. «Внешняя торговля». №12,1996., В.Наумов. Сиюминутные проблемы и интересы России. «ЭиЖ», №6, 1997.

Х,ОЛАТИ ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ ГУМРУКИ ТОЧИКИСТОН

Дар мацола масаълаи механизми молиявии идораи низомми гумрук мавриди омузиш царор гирифтааст. Кайд карда шудааст, ки идоракунии захира%ои молиявии низоми гумрук %аллу фасли чандин масъла%оеро тацозо менамояд, ки дар занцири ягонаи технологи алоцаи зич доранд. Асоснок карда шудааст, ки низоми гумрук ташкилоти махсус мебошад, зеро он аз як тараф ба нщоди давлати мансуб аст ва захираи асосии молиявии таъминкунандаи фаъолияти он%о маблащои буцетии давлат мебошанд. Аз тарафи дигар ба низоми молиявии давлат маблаги муайян ворид месозад ва %амин тавр, дар давлат низоми гумрук чун раванди %аракати захира%ои пули-молияви ба амал меояд. Вобаста ба ин пешниходот доир ба такмили механизми молиявии идоракунии нищзоми гумрук ирсол шудааст.

Калимахри гирехи: муносибат%ои ицтисоди беруна, низоми гумруг, механизми молияви, боци гумруки, буцети давлати, идоракунии молиявии гумрук ва г.,

СОСТОЯНИЕ ФИНАНСОВОГО ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ТАМОЖЕННОЙ СИСТЕМЫ ТАДЖИКИСТАНА.

В статья рассматривается финансовие механизми управление таможенной системы и подчеркивается, что управление финансовых ресурсов требует решеия ряд вопросов или проблем , которы находится в тесный связ в единий технологический цеп деятельности таможенного органа. Обоснованно, что таможенная система с одной строны выступает как государственний институт и поэтому осоновними финансовми ресурсами обеспечивающих их деятельности яаляньтся государственный бюджет. С другой стороны таможенная служба в финансоволй системы государства вносит определенная сумма денежных средства, следовательно в таможенная система государства происходит движение денежно-финанствых ресурсов. В связи с этим в статья разработан предложение по совершенствование механизмы финансового обеспечение управление таможенной системы.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Ключевые слова: внешнеэкономической деятеьности, таможенная систнма, финансовие механизмы, таможенной пошлини, государственный бюджет, финансовие управление таможенное и др

STATE OF FINANCIAL SUPPORT OF THE ACTIVITIES OF THE CUSTOMS SYSTEM OF

TAJIKISTAN.

The article discusses the financial mechanisms and management of the customs system and emphasizes that the management of financial resources requires the solution of a number of issues or problems that are closely connected in a single technological chain of the customs authority. It is substantiated that the customs system, on the one hand, acts as a state institution and, therefore, the state budget is the main financial resource for ensuring their activities. On the other hand, the customs service contributes a certain amount of money to the financial system of the state, therefore, the movement of monetary and financial resources occurs in the customs system of the state. In this regard, the article developed a proposal to improve the mechanisms of financial support for the management of the customs system.

Key words: foreign economic activity, customs system, financial mechanisms, customs duties, state budget, customs financial management, etc. Сведения об авторе:

Турсунов Хушруз Муталибович - старший преподаватель кафедры таможенного дела Таджикского государственного коммерческого университета, E-mail: bahrom_g@mail.ru About the author:

Tursunov Khushruz Mutallibovich - Senior Lecturer, Department of Customs, Tajik State Commercial University, E-mail: bahrom_g@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.