Научная статья на тему 'ВОПРОСЫ УПРАВЛЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫМ ДОЛГОМ И МИРОВОЙ ОПЫТ ЕГО РЕАЛИЗАЦИИ В КРИЗИСНЫХ УСЛОВИЯХ'

ВОПРОСЫ УПРАВЛЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫМ ДОЛГОМ И МИРОВОЙ ОПЫТ ЕГО РЕАЛИЗАЦИИ В КРИЗИСНЫХ УСЛОВИЯХ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
134
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГОСУДАРСТВЕННЫЙ ДОЛГ / ВНЕШНИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ ДОЛГ / ВНУТРЕННИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ ДОЛГ / УПРАВЛЕНИЕ ГОСУДАРСТВЕННЫМ ДОЛГОМ / ИНСТРУМЕНТЫ УПРАВЛЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫМ ДОЛГОМ / КОНВЕРСИЯ ГОСУДАРСТВЕННОГО ДОЛГА / РЕСТРУКТУРИЗАЦИЯ ГОСУДАРСТВЕННОГО ДОЛГА

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Тагоев Махадмумин Рахимович

В статье расматрываются и анализируются ключевые вопросы управления государственным долгом, которые находятся в центре внимания во всех странах мира. В условиях сохраняющихся и нарастающих угроз стабильности мировой финансовой системы выбор эффективных методов и инструментов управления государственным долгом является ключевым вопросом международной практики. В статье авторы проводят сравнительный анализ сущности понятий «управление государственным долгом» и «регулирование государственного долга», а также представляют и анализируют динамику состояния государственного долга в отдельных странах. При этом проанализирован опыт управления государственным долгом в разных странах мира, и особенно в Республике Таджикистан. В связи с этим особое внимание будет уделено основным инструментам кредитной политики в условиях кризиса группой стран. С учетом мирового опыта объясняется реструктуризация государственного долга как неотъемлемая часть современного механизма управления государственным долгом.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ISSUES OF PUBLIC DEBT MANAGEMENT AND WORLD EXPERIENCE IN ITS IMPLEMENTATION IN CRISIS CONDITIONS

The article examines and analyzes the key issues of public debt management, which are in the spotlight in all countries of the world. In the context of persistent and growing threats to the stability of the global financial system, the choice of effective methods and tools for managing public debt is a key issue in international practice. In the article, the authors conduct a comparative analysis of the essence of the concepts of "public debt management" and "public debt regulation", as well as present and analyze the dynamics of the state of public debt in individual countries. At the same time, the experience of public debt management in different countries of the world, and especially in the Republic of Tajikistan, was analyzed. In this regard, special attention will be paid to the main instruments of credit policy in a crisis by a group of countries. Taking into account world experience, the restructuring of public debt is explained as an integral part of the modern mechanism for managing public debt.

Текст научной работы на тему «ВОПРОСЫ УПРАВЛЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫМ ДОЛГОМ И МИРОВОЙ ОПЫТ ЕГО РЕАЛИЗАЦИИ В КРИЗИСНЫХ УСЛОВИЯХ»

УДК: 338.1+339.96+327(575.3) ТАЧ,РИБАИ ЧА^ОНИИ ИДОРАКУНИИ ЦАРЗИ ДАВЛАТЙ ВА МЕХАНИЗМИ ТАКМИЛИ ОН ДАР ШАРОИТИ БУ^РОНЙ

TAFOEB МАХАДМУМИН РАХЦМОВИЧ,

номзади илмуои ицтисоди, муаллими калони кафедраи ицтисодиёти цауонии

Донишгоуи миллии Тоцикистон. Нишони: 734025, Цумуурии Тоцикистон, ш.Душанбе, кучаи Буни Хисорак, Донишгоуи миллии Тоцикистон.

Тел: (+992) 918744465, E-mail: mahadjon@mail.ru

Дар мацола масъалауои асосии идоракунии царзи давлати, ки дар тамоми кишваруои цауон дар маркази таваццуу царор доранд, барраси ва таулил карда мешаванд. Дар шароити таудидуои давомдор ва афзоянда ба суботи системам молиявии цауони, интихоби усулуо ва воситауои самараноки идоракунии царзи давлати масъалаи асосии амалияи байналмилали мебошад.

Дар мацола муаллифон таулили муцоисавии моуияти мафуумуои "идоракунии царзи давлати " ва "танзими царзи давлати" - ро анцом медиуанд ва динамикаи уолати царзи давлатиро дар кишваруои алоуида пешниуод ва таулил мекунанд.

Хамзамон, тацрибаи идоракунии царзи давлати дар кишваруои гуногуни цауон ва хусусан Дар Цумуурии Тоцикистон таулил карда шуд. Дар робита ба ин, ба воситауои асосии сиесати царзи дар шароити буурон аз цониби гурууи кишваруо диццати махсус дода мешавад. Бо дарназардошти тацрибаи цауони тацдиди царзи давлати уамчун цузъи цудонашавандаи механизми муосири идоракунии царзи давлати шару дода мешавад.

ВОПРОСЫ УПРАВЛЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННЫМ ДОЛГОМ И МИРОВОЙ ОПЫТ ЕГО РЕАЛИЗАЦИИ В КРИЗИСНЫХ УСЛОВИЯХ

ТАГОЕВ МАХАДМУМИН РАХИМОВИЧ,

кандидат экономических наук, старший преподаватель кафедры мировая экономики Таджикского национального университета Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, ул. Буни Хисорак,

Таджикский национальный университет. Тел. моб.: (+992) 918744465; E-mail: mahadjon(mail.ru

В статье расматрываются и анализируются ключевые вопросы управления государственным долгом, которые находятся в центре внимания во всех странах мира. В условиях сохраняющихся и нарастающих угроз стабильности мировой финансовой системы выбор эффективных методов и инструментов управления государственным долгом является ключевым вопросом международной практики. В статье авторы проводят сравнительный анализ сущности понятий «управление государственным долгом» и «регулирование государственного долга», а также представляют и анализируют динамику состояния государственного долга в отдельных странах. При этом проанализирован опыт управления государственным долгом в разных странах мира, и особенно в Республике Таджикистан. В связи с этим особое внимание будет уделено основным инструментам кредитной политики в условиях кризиса группой стран. С учетом мирового опыта объясняется реструктуризация государственного долга как неотъемлемая часть современного механизма управления государственным долгом.

Ключевые слова: государственный долг, внешний государственный долг, внутренний государственный долг, управление государственным долгом, инструменты управления государственным долгом, конверсия государственного долга, реструктуризация государственного долга.

ISSUES OF PUBLIC DEBT MANAGEMENT AND WORLD EXPERIENCE IN ITS IMPLEMENTATION IN CRISIS CONDITIONS

TAGOEV MAHADMUMIN RAHIMOVICH,

candidate of economic sciences, senior lecturer, department of World Economy, Tajik National University Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, st. Buni Khisorak, Tajik National University. Tel. mob.: (+992) 918744465; E-mail: mahadjon@,mail.ru

The article examines and analyzes the key issues of public debt management, which are in the spotlight in all countries of the world. In the context of persistent and growing threats to the stability of the global financial system, the choice of effective methods and tools for managing public debt is a key issue in international practice. In the article, the authors conduct a comparative analysis of the essence of the concepts of "public debt management" and "public debt regulation",

as well as present and analyze the dynamics of the state of public debt in individual countries. At the same time, the experience of public debt management in different countries of the world, and especially in the Republic of Tajikistan, was analyzed. In this regard, special attention will be paid to the main instruments of credit policy in a crisis by a group of countries. Taking into account world experience, the restructuring of public debt is explained as an integral part of the modern mechanism for managing public debt.

Key words: public debt, external public debt, domestic public debt, public debt management, public debt management tools, public debt conversion, public debt restructuring.

Мукаддима. ^арзи давлатй, ки маъмулан аз ду бахши асосй: карзи дохилй ва карзи берунй таркиб меёбад, як чузъи низоми молиявии давлатхои чахон ба шумор меравад ва тайи дахсолахои охир ба яке аз масъалахои мубрами тахкикотй мубаддал гаштааст. Пайдошавии ин масъала дар холатхое бештар назаррас мегардад, ки давлатхои чахон бештар аз захирахои молиявй шадидан танкисй мекашанд. Аз тарафи дигар, хачми шадидан зиёди карзи давлатй ва махсусан бахши берунии он аз давлатхо такозо мекунад, ки ба тахаввулот ва тагйироти бозорхои молиявии чахонй ва дигар омилхое, ки метавонанд ба амнияти давлатй таъсир расонанд, таваччухи чиддй зохир намоянд. Аз тачрибаи давлатхои Амрикои Лотинй маълум аст, ки хачми зиёди карзи давлатй онхро дар мукобили чолишхо ва тахдидхои берунй бештар осебпазир гардонида буд. Тайи солхои охир, афзоиши назарраси карзи давлатй дар бисёре аз давлатхои чахон, бахусус пас аз бухронхои пайдархами молиявй, масъалаи идоракунии карзи давлатиро дар фазои илмй мубрам гардонидааст. Х,амин аст, ки оид ба ин масъала тахлилу тахкикотхо, ки ба пахлухои гуногуни ин мушкилот бахшида шудаанд, дар маркази диккати олимону коршиносони соха карор доранд.

^исми асосй. Максади ин тахкикот низ, аз омузиши тачрибаи чахонии идоракунии карзи давлатй дар мамлакатхои дигар, нишон додани равишхои асосии идоракунии карзи давлатй дар давраи бухронй барои Чумхурии Точикистон, вобаста ба тачрибаи истифодакардаи бархе давлатхои чахон иборат мебошад.

Мафхуми «идоракунй» мачмуи роххо ва усулхои амалии максаднокро ба объект бо максади ба даст овардани натичаи муайян дар бар мегирад. Мафхуми «танзим» маънои таъсири бевосита ба объект бо максади ба даст овардани натичаи муайян, ба тартиб даровардани он дар доираи параметрхо, накшахо ва ислохотро дорад. Мутобикан мафхуми «идоракунй» ва «танзим»-ро метавон падидахои ба хам алокаманд арзёбй кард, вале хар кадоми онхо заминаи мустакил ва хусусиятхои мундаричаи худро доранд[1; 2; 9].

Идоракунии карзи давлатй хамчун низоми бисёрсатхй мафхуми васеътар аст, зеро низоми идоракунй вохидхои функсионалии идоракунй ва зернизоми идоракуниро дар бар мегирад. Танзим бошад, хамчун вазифаи идоракунй фаъолият ва рушди низоми идоракунии карзи давлатиро дар доираи параметрхои микдории муайяншуда таъмин менамояд. Танзими карзи давлатй усулхо, вазифахо, шаклхо ва намудхои хочагидориро дар бар мегирад ва низоми идоракунй ба гайр аз унсурхои нишондодашуда зернизомхои алохидаи идоракуниро дар бар мегирад [5; 9; 11]. Ба маънои васеъ идоракунии карзи давлатй ташаккули яке аз самтхои сиёсати макроиктисодии давлатро (сиёсати карзй), ки аз чониби субъектхои бо конун ваколатдоршуда намояндагй мекунад, таъмин менамояд. Сиёсати карзй ба масъалахои хамохангсозии институтсионалй ва функсионалй, ташкили банакшагирй ва пешгуй, тахияи усулхо ва фишангхои самарабахши кам кардани сарбории карз дар шароити идоракунии фаъоли карз барои таъмини рушди мутавозини низоми молиявии миллй ва хифзи иктисодиёт аз таъсири чолишхои берунй-бухронхо дахл дорад. Ба маънои махдуд, идоракунии карзи давлатй - мачмуи чорабинихое мебошад, ки аз чониби макомоти идоракунии дорои салохияти махсус вобаста ба тартиби баровардан ва чойгиркунии ухдадорихои карзи давлатй, таъмини ичрои саривактй ва пурраи ухдадорихои пардохтй хангоми кам кардани харочоти бучети давлатй ва молиявй амалй карда мешаванд. [4; 5; 10;].

Х,амин тавр, идоракунии карзи давлатй мачмуи тадбирхои макомоти хокимияти давлатй оид ба чалби маблагхо бо шартхои карзи давлатй, чойгиркунй, баргардонидан ва хизматрасонии онхо, ки ба таъмини суботи макроиктисодии давлат нигаронида шудаанд, мебошад. Аз руи анъана вазифахои асосии идоранамоии карзи давлатй аз: - конеъ гардондани эхтиёчоти макомоти давлатй ба захирахои молиявй; - кам кардани харочоти марбут ба карзи давлатй; - кам кардани хатархои марбут ба карзи давлатй иборат мебошад. Тавре медонем, идоракунии карзи давлатй бо назардошти хусусиятхои таърихй ва иктисодии тачрибаи чахонй бо усулхои зерин амалй карда мешавад: - молиякунонй, - навоварй, -конверсия, - муттахидсозй, - батаъхиргузорй, - пардохти очилии карзхо, - реструктуризатсия (сохтордигаркунй), - бекор кардани карз бо рохи кам кардани карз ва маблаги карзи асосй, -

секюритизатсия, - мубодилаи вомбаргхо аз руи таносуби регрессивй, - баргардонидани пеш аз мухлат ва гайра. [1; 2; 4; 5; 9;].

Дар шароити муосир афзоиши назарраси хачми карзи давлатй ва бори карзй дар бисёр давлатхои чахон мушохида мешавад. Мамлакатхои саноатй бузургтарин карздихандагон дар иктисоди чахон буда, дар айни замон микдори зиёди карзи давлатй ба таври мутлак ва нисбиро низ сохиб хастанд. [12; 1;] Иктисоди чахонй табиатан ба карз асос ёфтааст. Хусусияти фаъолияти хам давлатхои пешрафта ва хам дар холи рушд пурзур шудани накши муносибатхои карзй мебошад. Далели ин гуфтахо дар он аст, ки дар давраи аз соли 2007 то соли 2014 хачми умумии карз дар иктисоди чахонй аз 142 трлн. доллари ИМА (269% ММД-и чахонй) ба 199 трлн. доллари ИМА (286% ММД-и чахонй), яъне 57 трлн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Дар ин миён карзи давлатии мамлакатхо аз 33 трлн. доллари ИМА то ба 58 трлн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст, ки ин холат назорат ва идоракунии катъиро такозо менамояд. [11; 3;] Тибки маълумоти Бонки Ч,ахонй, карзи умумии мачмуии давлатии Иёлоти Муттахидаи Амрико дар соли 2017 ба 20 трлн. доллар, карзи давлатии Ч,опон ба 11,5 трлн. доллар, Италия ба 2,5 трлн. доллар ва Фаронса ба 2,5 трлн. доллар баробар гашта буд, ки тасдики гуфтахои боло мебошад. [12] Дар радифи давлатхои рушдкарда, давра ба давра афзоиши карзи давлатхои рушдёбанда аз кабили Хитой, Бразилия ва Хиндустон дар давоми солхои 2012-2017 бозгуи афзоиши ин нишондихандаи макроиктисодй ба хисоб меравад. [12; 2; 3;]

Дар соли 2020 бошад, хачми карзи мачмуии давлатхои чахон ба нуктаи рекордй, яъне ба 226 трлн. доллари ИМА баробар гашт. ^арзхои давлатй каме бештар аз нисфи ин афзоишро ташкил доданд, зеро таносуби карзи давлатии мамлакатхои чахон ба 99%-и ММД расид. ^арзи бахши хусусии ширкатхои гайримолиявй ва хонаводахо низ ба нуктаи баландтарини таърихй расид. Афзоиши карзи давлатй бахусус дар кишвархои пешрафта ба назар мерасад, ки сатхи карзи давлатй аз такрибан 70%-и ММД дар соли 2007 то 124%-и ММД дар соли 2020 боло рафтааст. Аз суи дигар, карзи бахши хусусй бо суръати нисбатан муътадил, яъне аз 164 то 178 дарсади ММД дар хамин давра афзоиш ёфтааст.

Дар асоси маълумотхои оморй оид ба хачми карзи мачмуии давлатй дар давлатхои алохидаи чахон таносуби муайяни хачми карз ва сатхи рушди иктисодии кишвархоро кайд кардан мумкин аст. Барои пушонидани касри бучети давлатй, ки дар мархилаи рушди фаъол карор доранд, камтар аз хама маблаг чалб карда мешавад. Бонки хисоббаробаркунихои байналмилалй (BIS) афзоиши ухдадорихои карзии кишвархои пешрафтаро, пеш аз хама, бо равандхои чахонишавй дар чахон мепайвандад. Аз миёнахои солхои 1990-ум кушодагии молиявй дар кишвархои пешрафта ба таври назаррас суръат гирифт, дороихо ва ухдадорихои байналмилалй ба таври назаррас афзоиш ёфтанд, дар холе ки либерализатсияи молиявй ва инноватсия имкониятхои навро барои мавкеъ ва идоракунии хавфхо фарохам оварданд. Ухдадорихои берунии давлатхои тараккикарда аз 80%-и ММД дар соли 1995 то ба зиёда аз 290%-и ММД дар соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Аз ин ру, бо назардошти тачрибаи чахонй идоракунии карзи давлатй интихоби воситахои идоракунии карзи давлатиро дар асоси мукоисаи алтернативахо (усулхои идоракунии карзи давлатй) аз руи меъёрхои интихобшуда амалй менамояд.

Яке аз усулхои маъмултарини баркарорсозии устувории карз дар амалияи чахонй консолидацияи фискалй мебошад, ки тадбирхои сиёсатеро дар бар мегирад, ки ба кам кардани «бори карз» тавассути афзоиши даромад ё кам кардани харочоти давлатй нигаронида шудаанд. Сарфи назар аз интикоди чиддии самаранокии ин усул аз чониби бисёр олимон, ки махсусан пас аз бухрони байналмилалии молиявии соли 2008 шадидтар шуд, ин усул хеле маъмул бокй мемонад. Максади ин усул бехтар намудани тавозуни аввалия, кам кардани карзхои нав ва паст кардани сатхи карзи чамъшуда мебошад. Х,амин тарик, дар шароити афзоиш ва пайдарпаии бухронхои молиявй-карзй ва авчгирии бухрони ковидй дар кулли давлатхои чахон истифодаи ин усул ба хукми анъана даромад.

Ин усул барои тадбирхои дарозмуддати хавасмандгардонии иктисоди миллии давлатхо (аз чумла дастгирии кишвархои "заифтарин", дастгирии корхонахои хурду миёна; афзоиши шугли чавонон; маблаггузории лоихахо дар сохаи инфрасохтори энергетикй ва наклиёт) нигаронида мешавад. Яке аз талаботхои ин усул хамин аст, ки бучети давлатй бояд бе каср (дефитсит) ва бехтараш бо барзиёдй (профитсит) бошад. Касри сохторй набояд аз 0,5% ММД зиёд бошад. Агар карзи давлатй нисбат ба ММД аз сатхи ичозатщудаи 60% ММД зиёд бошад, он бояд хар сол, давра ба давра кам карда шавад. Чунин тачрибаро чун омили асосии суботи молиявии Чумхурихои Чехия ва Полша мушохида кардан мумикн аст. Зеро тачрибаи ин давлатхо нишон медихад, ки харочоти муътадили Хукумат афзоиши хам касри бучет ва хам карзи беруниро бозмедорад. Тачрибаи усули мазкурро дар Белгия ва Италия низ дидан мумкин аст, ки солхои 1981-1991 хамчун консолидатсияи калонтарини баъди Ч,анги Дуюми Ч,ахонй эътироф гаштааст. [7; 1;] Дар ин чода, ба чорабинихои асосии зиддибухронй дар Италия, Белгия ва соири давлатхои аврупой инхо дохил буданд:

- зиёд намудани кисми даромади бучетхои марказонидашудаи давлатй ва махаллй бо рохи баланд бардоштани меъёри андозхо (аксизхо, бочхо), чорй намудани андозхои нав (аз

фаъолияти бонкй ва биржавй) ва тарххо аз корфармоён барои пеш аз мухлат ба нафака баромадани кормандон;

- кам кардани харочоти давлатй («ях» кунонидани баъзе барномахои ичтимой, кам кардани маоши хизматчиёни давлатй);

- хавасмандгардонии рушди иктисодй (ёрй ба сохахои стратегии ба содирот нигаронидашуда ва эхёшаванда) [2; 7;].

Мусаллам аст, ки дар давраи бухронй номгуи воситахои танзими карзи давлатй, чун коида, ба таври назаррас махдуд шуда, сохтори сандуки карзй бинобар кам шудани талаботи сармоягузорон, хуручи зиёди сармоя ва махдуд шудани дастрасии онхо ба сармояи карзии бозори байналмилалй бад мешавад. Аксари давлатхое, ки дар онхо даромад ба сари ахолй баланд хаст, барномахои зиддибухронии зарурии зеринро тахия карданд:

- ба эътидол овардани низоми молиявй (кохиш додани меъёрхои бозтамвил то арзиши кариб сифрй, аз нав капитализатсия ва милликунонии бонкхо, зиёд намудани кафолатхои давлатй барои пасандозхои ахолй, бозпардохти карзхои мушкилситони бонкй);

- хавасмандгардонии фискалй (бо рохи кам кардани андозхо, зиёд кардани харочот барои дастгирии сохахои алохидаи иктисодиёт ва низоми бонкй).

Мутобики натичахои тадкикоте, ки коршиносони ХБА гузаронидаанд, воситахои асосии сиёсати карзиро, ки дар давраи бухронй дар гуруххои гуногуни давлатхо истифода мешаванд, метавон шартан чунин гурухбандй кард: - барориши когазхои киматноки нав; -тагйироти таркиби когазхои киматноки интишоршуда; - тагйир додани механизми чойгиркунии карзхо; - амалиёт дар бозори кушод.

Воситахои дар чадвали 1 нишондодашуда дар давраи бухронй самараноканд, аммо онхо хусусияти кутохмуддатро сохиб мебошанд. Аз ин хотир, дар асоси тавсияхои созмонхои молиявии байналхалкй барои хамаи давлатхо калиди муваффакият ба вучуд овардани модели мукаммалтар ва такмилёфтаи идораи карзи давлатй мебошад. Мухиммияти ин масъаларо айни хол мутахассисони ХБА ва боз чандин созмонхои дигар тахлил ва бозомузи карда истодаанд.

Ч,адвали 1.

Воситах,ои асосии сиёсати карзии гурухи давлатх,о дар давраи бухронй_

Барориши коFазхои ТаFЙир додани Амалиёт дар

Мамлакатхо киматноки нав ва таFЙири таркиби K0Fазх0и киматнок механизми чойгиркунии карзхо бозори кушод

Давлатхои рушдкарда

Белгия + + +

Олмон + - -

Италия - + +

Голандия + - +

Британияи кабир + + +

ИМА + - +

Давлатхои бо бозори рушдёбанда

Бразилия + - +

Венгрия + - +

Кореяи Чднубй + - +

Мексика + +

Полша + + +

Туркиё + + +

Точикистон + (-) + (-) +

Сарчашма: аз цониби муаллифон дар асоси адабиёти истифодашуда тах;ия гардид.

Барои анчом додани ин амалиётхо макомоти идораи карзи давлатй таъсис дода мешавад, ки фаъолияти он аз чониби Вазорати молия назорат карда мешавад. Ин равиш аз нигохи нигох доштани сатхи муътадили карз дар ин кишвархо нисбат ба тархрезй ва татбики барномахои мукаррарии карзи беруна самараноктар аст. Вазифаи мухими агентии карзй интихоби бехтарини хама схемахои имконпазири хамкорй бо кредиторон мебошад. Ва хадафи асосй идоракунии самараноки карзи давлатй бо харочоти хадди акал барои хизматрасонии он мебошад [1; 2; 9].

Барои расидан ба хадафхои асосии идоракунии карзи давлатй дар самти хади акал кам кардани харочоти карз ва хавфхои молиявй истифода аз усулхо ва воситахои зерин барои Чумхурии Точикистон аз ахамият холй нест:

- тавсеаи бозори когазхои киматнок тавассути ташкили воситахои нави бозор, ки ба кам кардани харочоти пушонидани карз мусоидат мекунанд; барои ноил шудан ба ин максад хамохангии фаъолияти Вазорати молия ва Бонки миллии Точикистонро афзалият бахшидан лозим аст;

- тобеъ намудани фаъолияти макомоти дахлдори сохавй ба ташкил ва рушди бозори когазхои киматнок ва шаффофияти амалиётхо дар чумхурй;

- мукаррар намудани махдудиятхо оид ба барориши когазхои киматнок ва муваккатан тамдиднамоии когазхои киматноки якумдарача [4; 6; 8;].

Яке аз усулхои танзими равандхои карз, ки дар давраи бухронй истифода мешавад, тачдиди сохтори ухдадорихои карзй мебошад. Он бо рохи кам кардани зарари кредиторон ва таъмини ичрои ухдадорихои карзгиранда бо рохи кам кардани бори карзй амалй карда мешавад.

Дар охири солхои 80-ум маълум гардида буд, ки инкишофи хачми карзи давлатй дар минтакаи Амрикои Лотинй ба манфиатхои хам карздорон ва хам кредиторон мухолифат мекунад. Бо назардошти ин яке аз роххои халли проблемаи карзй ба сармоя табдил додани карзи берунии мамлакатхои Амрикои Лотинй буд. Хамин буд, ки солхои 1985-1989 бо ин усул (конверсия) бештар аз нисфи карзи Бразилия, Чили, Мексика ва Аргентина кам карда шудааст. Дар ин мамлакатхо конверсияи ухдадорихои карзй дар солхои 1985-1989 даромади сармояи бевоситаи хоричиро зиёд кард. Дар Аргентина шарт буд, ки аз 30 то 50%-и арзиши умумии лоиха дар шакли сармоягузории иловагй маблаггузорй карда шавад. Дар Перу низ худуди сармоягузорй тавассути амалиёти мубодила 70%-и арзиши лоихаро ташкил медод. Дар ^азокистон низ конверсия хамчун усули идоракунии карзи давлатй истифода шудааст. Як кисми карзи берунии давлатй тавассути барориши когазхои киматноки хосилавй бо пули миллй ба карзи дохилй табдил ёфтанд. Дар ин самт тачрибаи Колумбия ва Бразилия низ назаррас мебошад. Ин давлатхо дар солхои 2004-2005 вомбаргхои байналмилалии худро бо асъори миллй интишор карданд. Ин навоварй ба хукуматхои карзгир имкон дод, ки аз хавфи асъорй халос шаванд ва заминаи сармоягузорони хоричиро барои ухдадорихои карзии худ васеъ кунанд, мухлати миёнаи ухдадорихои карзва пардлхти онро дароз созанд [3; 9;].

Феълан, идоракунии бомуваффакияти карзи давлатй хамкории муташаккилро байни тамоми сохторхои хукумат, ки иттилооти калидй барои кабули карорхо оид ба дастрасй ба маблаггузории беруна ва истифодаи дурусти онро доранд, такозо мекунад. ^абл аз кабули чунин карорхо бояд пешгуии вокеии нишондихандахои асосии макроиктисодй, тавозуни пардохт, тахлили доимии вазъи бозорхои молиявии берунй, навсозии базаи иттилоотй оид ба карзи давлатй сурат гирад. Баходихй ва тахлили ин нишондихандахо барои Чумхурии Точикистон низ ахамиятнок мебошад.

Ч,адвали 2.

Тахлили тарчеъИ ва дурнамои нишондихандахои макроиктисодии Ч,умх,урии _Точикистон барои давраи солхои 2018-2023__

Нишондиханда Холати тарчеъи Дурнамо

2018 2019 2020 2021 2022 2023

Мачмуи махсулоти дохилй (млн. сомонй) 68844 77354 83517 92640 102894 114972

Афзоиши вокеии мачмуи махсулоти дохилй (бо фоиз) 7,3 7,5 4,7 7,6 7,8 8,0

Гардиши савдои беруна (млн. доллари ИМА) 4224 4524 4528 4902 5142 5376

Аз чумла: - содирот 1073 1174 1218 1310 1426 1519

-воридот 3151 3349 3309 3593 3716 3857

Таваррум (бо %) 5,4 8,0 9,8 6,9 6,8 7,1

Хачми умумии даромади бучети давлатй, богрантхо (млн. сомонй) 24097 23490 23578 27646 30985 32251

Харочот аз руи пардохтхои фоизй (млн. сомонй) 634,8 691,5 654,7 817,1 863,2 860,1

Хачми умумии харочоти бучети давлатй (млн. сомонй) 24178 23665 26043 28109 31500 32826

Хамагй карзи давлатй (бо % нисбат ба мачмуи махсулоти дохилй) 48,8 44,9 45,5 44,71 42,64 43,78

Аз чумла карзи берунй (бо % нисбат ба мачмуи махсулоти дохилй) 38,9 36,0 37,5 40,6 39,5 37,0

Коэффитсиенти хизматрасонии карзи беруна нисбат ба содирот (%) 20,9 11,5 13,3 14,5 15,8 -

Сарчашма: Стратегияи идоракунии царзи давлатии Цумхурии Тоцикистон барои

солхои 2021-2023

Вобаста ба нишондихандахои ин чадвал кайд менамоем, ки хачми умумии карзи давлатии Чумхурии Точикистон ба холати 1-уми январи соли 2021 маблаги 3,7 млрд. долл. ИМА-ро ташкил медод, ки ин ба 47,3%-и ММД баробар буд. Дар ин радиф, аз ин нишондиханда: 3,2 млрд. долл. ИМА (85%) - карзи берунаи давлатй; 0,5 млрд. долл. ИМА (15%) - карзи дохилии давлатиро ташкил мекард. [5; 6;]

Дар шароити баланд гаштани нишондихандахои макроиктисодй, зиёдшавии иктидори содиротии мамлакат, афзоиши хачми захирахои асъорй ва тиллой, афзоиши муназзами кисми даромади бучети давлатй, кам шудани сатху дарачаи проблемахои макроиктисодй (бекорй, пешгирй аз бекурбшавй, таваррум, таъмини шугли пурра ва f.) ва риояи меъёри таносубии байни карзи давлатй бо хачми мачмуи махсулоти дохилй, афзоиши динамикии хачми карзи давлатй ва махсусан карзи хоричй холати хатарзо эътироф намегардад.

Ч,ихати танзим ва таъмини самаранокии истифодаи захирахои карзй дар Чумхурии Точикистон хуччати миёнмухлати идоракунии карзи давлатй кабул мегардад, ки айни хол «Стратегияи идоракунии карзи давлатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2023» амалкунанда махсуб меёбад. Вижагии ин Стратегияро нисбат ба Стратегияхои каблй таFЙир додани меъёрии таносубии байни карзи давлатй бо ММД ташкил мекунад. Агар меъёри таносуби карзи давлатй ва мачмуи махсулоти дохилй дар «Стратегияи идоракунии карзи давлатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2020» то 40%-ро ташкил мекард, алхол ин таносуб дар «Стратегияи идоракунии карзи давлатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2023» ба 60% баланд бардошта шуд [5; 6;].

Тахлили сохтори карзи давлатии Чумхурии Точикистон нишон медихад, ки маблаFхои карзй ва грантхои аз манбаъхои хоричй гирифташуда, ба таври афзалиятнок ба сохахои маориф (чопи китобхо, бунёди мактабхо), бехсозии инфрасохтори махаллй (роххо, купрукхо), хочагии дехот (ирригастия, дастгирии хочагихои дехконй), энергетика, ислохоти бахши идоракунии махаллй, бехсозии вазъи бо оби нушокй таъмин кардани ахолй ва корхои дигари коррезй, сохаи тандурустй (насби тачхизотхои нави тиббй), пур кардани кисмати даромади бучети давлатй, кам кардани сатхи камбизоатй ва Fайра равона карда шудаанд.

Рохандозии сиёсати карзии давлатхои чахон бештар аз имкониятхои молиявй ва андозаи ухдадорихои карзии онхо вобастагй дорад, ки на дар хама холат метавонад, ки самараи назаррас дихад. Масалан, тачрибаи ИМА тасдик кардааст, ки на хама тадбирхои кам кардани карзи давлатй ба натичахои мусбат оварда мерасонанд. Консолидатсияи фискалй дар нихояти кор боиси афзоиши бекорй, кам шудани кисми даромади бучет ва суст шудани суръати афзоиши ММД гардид. Аммо тадбирхои андешидаи Хукумати Исландия бошад, аз чумла, афзоиши муомилоти пул, фуруши як кисми моликияти давлатй, фарохам овардани шароити мусоиди инвеститсионй имкон дод, ки хачми карзи давлатй аз 25%-и ММД дар давраи солхои 2011-2015 то соли 2019 боз хам кам карда шавад [2; 9;]. Мувофикан, тадбирхои кам кардани ухдадорихои карзй бояд бо назардошти афзалиятхои иктисодии давлатхо амалй карда шаванд. Тачрибаи чахонй нишон медихад, ки механизми муосири идоракунии ухдадорихои карзи давлатй дар халли мачмуии доираи васеи масъалахо, аз чумла: иктисодй, молиявй, техникй, иттилоотй самаранок хохад буд. Эчоди чунин механизм имконпазир аст ва дар заминахои гуногуни институтсионалй ташаккул меёбад.

Дар дахсолахои охир мамлакатхои дорои даромади баланд ва миёна дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии карзи давлатй ва ба таври назаррас бехтар намудани сохтори сандуки карз ба пешравихои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ин мамлакатхо ба истифодаи усулхои муосири пешгуии динамикаи харочоти карз ва хидматрасонии карз, инчунин усулхои мукаммали арзёбии хавфхои карзй бо назардошти омилхои рушди бухронхои солхои охир шуруъ кардаанд. Тачрибаи чахонй дар сохаи танзим ва идоракунии карзи давлатй натичаи назаррас дода, принсипхо ва хадафхои асосии сиёсати карзиро дар шароити чахонишавй мукаррар кардааст. Дар аксари мавридхо онхо ба баланд бардоштани тобоварии молияи давлатй ба чолишхои берунй (бухронхои пайдарпайи иктисодй-молиявй, бухронхои сиёсй, бухрони ковидй) ва таъмини суботи молиявй нигаронида шудаанд.

Татбики равиши низомй (систематикй) зарурати омузиши хаматарафаи байнисохавии равандхо ва ходисахои ичтимоию иктисодиро, ки бо микёс ва мураккабй алокаманданд, инъикос менамояд. Унсурхои муносибати систематикй ба як навъ меъёри омузиши равандхои гуногуни бо хам алокаманд, ки дар мачмуъ ошкор карда шудаанд, табдил ёфтаанд. Ба андешаи мо, равиши систематикй усули аз хама самараноки тахлили карзи давлатй мебошад. Хушбахтона, дар раванди барномарезихои танзиму идоракунии карзи давлатй дар Чумхурии Точикистон низ тайи солхои охир аз ин усул ба таври васеъ истифода бурда шуда истодааст. Аз нигохи мо, дар шароити татбики хадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне «Саноатикунонии босуръати мамлакат» хусусияти истехсолиро касб намудани истифодаи захирахои молиявй-карзии хам дохилй ва хам хоричй (дар асоси принсипхои «консенсуси Вашингтонй») барои рушди иктидори содиротй ва хамзамон бехшавии вазъи зиндагии ахолй таъсири мусбат мерасонад.

Хамин тарик, воситахои асосии сиёсати карзиро, ки дар даврахои бухронй дар тачрибаи давлатхои гуногун чорй карда шудаанд, шартан дар амалияи Чумхурии Точикистон низ истифода карданашонро аз ахамият холй намедонем. Аз ин ру, бо истифодаи тачрибаи чахонй ва тачрибаи мамлакатхои алохидаи чахон татбики шартхои зерин, ки самаранокии идоракунии карзи давлатиро таъмин мекунанд, аз чумла: мухимияти карз, кам кардани хавфи карзй, сохтори мачмуии карз, нигох доштани мустакилияти молиявй дар идоракунии карзи

давлатй шарти мухим арзёбй мегардад. Дар хакикат, истифодаи ин воситахо дар барномахои 6ухронии ниходхои бахши иктисодии мамлакат баръало мушохида мегарданд.

АДАБИЁТ

1. Бицоева ДА. Управление государственным долгом: теория и практика / Д.A. Бицоева // Экономика и предпринимательство. - 2018, №8(97),-C.203-207.

2. Горошко М.Ю. Долговые взаимоотношения между странами в условиях глобализации / М.Ю. Горошко // ^временные тенденции в экономике и управлении: новый взгляд.-2012, № 16,-C. 186-189.

3. ^монахои расмии Бонки Х,исоббаробаркунихои Байналмилалй ва Хазинаи Байналмилалии Aсъор [Манбаи электронй]. https://www.bis.org; https://www.imf.org

4. Cтратегияи идоракунии молияи давлатии Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 (Фармони Президента Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, 31 январи соли 2020,-№1446.) [Манбаи электронй]. http ://www.moliya.tj/tj/

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

5. Cтратегияи идоракунии карзи давлатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2023. (Бо карори Х,укумати Чумхурии Точикистон аз 11 ноябри соли 2020, №587 тасдик шудааст.) [Манбаи электронй]. http://www.moliya.tj/tj/

6. "Тавозуни пардохт, мавкеи сармоягузорихои байналмилалй ва карзи мачмуии берунаи Чумхурии Точикистон барои соли 2021" // ш.Душанбе, - 2022, Бонки миллии Точикистон. [Манбаи электронй]. http://www.nbt.tj

7. Хмельницкий М.М. Опыт Турции и Португалии в управлении государственным долгом: оценка качества и потенциал внедрения // Российское предпринимательство. - 2016, Том 17, №18,-C.2433-2438.

8. Хулосаи Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон оид ба натичаи аудита молиявии маблагхои чалбшудаи карзию грантй аз созмонхои байналмилалии молиявй барои пешгирии пахншавии бемории сироятии коронавирус ва кам намудани таъсири он ба сохахои иктисоди миллй;

9. Чувахина Л.Г. Цели и методы управления государственным долгом в условиях финансовой нестабильности // Вопросы современной науки и практики. Университет им. В.И. Вернадского. - 2012, №3(41),-C.245-249.

10. Klein, T. External Debt Management. An Introduction / Tomas M. Klein. Washington D.C., The World Bank, -1994.-234 p.

11. Managing Sovereign Debt and Debt Markets through a Crisis-Practical Insights and Policy Lessons / Monetary and Capital Markets Department, IMF, - 2021.-72 p.

12. World Economic Outlook Database [Electronic resource] / The International Monetary Fund. Access mode: https: //www.imf.org/external/pubs/ft/weo/2020

УДК 338.22

НАЦШИ АНДОЗ ДАР ТАЪМИНИ НИЗОМИ БЕХАТАРИИ ЩТИСОДИИ КИШВАР

ШАМСУЛЛОЗОДА ШУКРУЛЛО, н.и.и. мудири кафeдраu идоракунии молияи давлатии Акадeмuяu идоракунии давлатии назди Прeзuдeнтu Цум^урии Точикистон, кучаи С. Носиров, ЗЗ тeл.: (+992) 9З4526666

МАХМАДМУРОДОВА МАХИНА, муаллими калони кафeдраu идоракунии молияи давлатии Акадeмuяu идоракунии давлатии назди Прeзuдeнтu Цум^урии Тоцикистон, кучаи С. Носиров ЗЗ, тeл.: (+992) 988772710

МАХАМАДИЕВА гулнора абдуцалиловна,

ассuстeнтu кафeдраu идоракунии молияи давлатии Акадeмuяu идоракунии давлатии назди Прeзuдeнтu Цум^урии Тоцикистон, кучаи С. Носиров, ЗЗ тeл.: (+992) 88ЗЗЗ4452;

Таъмини бexатарuu ицтисодиёти мамлакат ят аз самт%ои афзалиятноки сиёсати давлат мeбошад. Сиёсати андози ба раванд%ои иётисоди ва ичтимоии дар давлат руйдщанда фаъолона таъсир расонида, андоз%о %амчун яm сарчашма%ои заxuраu молиявии давлат xuзмат мeнамоянд. Дар айни %ол андоз%о аз воситаи сафарбаркунии даромад%ои бучаи давлат ба танзимкунандаи асосии раванди тацдид мубаддал шуда, ба таносуб, суръат ва шароити амалкунии ицтисодиёт бeвосuта таъсир мeрасонанд.

Аз ла%заи пайдоиши давлат андоз%о чузъи зарурии муносибат%ои ицтисодии чомeа мeбошанд. Ма%з тавассути андоз%о цисмати бeштарu Даромади Миллии мамлакат азнавтацсим мeшаванд, бо ёрии андоз%о давлат як цисми даромади корxона%о ва со%ибкорон, даромади ша%рвандонро ба рушди uнфрасоxторu истщсолот ва ичтисоиёти мамлакат равона мeнамояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.