Научная статья на тему 'САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ КИШВАР'

САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ КИШВАР Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
129
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
иқтисодиёти миллӣ / қонунгузории андозу гумрук / ширкатҳои сайёҳӣ / вазифаи танзимӣ / буҷети давлатӣ / бахшҳои иқтисодиёт / имтиёзҳои андоз / national economy / tax and customs legislation / tourist companies / stimulating function / budget revenues / economy sectors / tax incentive

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Ҷумъабоев Хуршед Қодирович

Мафҳуми имтиёзи андоз, зарурат ва аҳаммияти татбиқи он дар рушду нумуи соҳаи сайёҳии кишвар маврди омӯзиш қарор дода шудааст. Қайд гардидааст, ки шумора ва шаклҳои истифодаи амалии он дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии пешгирифтаи онҳо ва бо назардошти самтҳои афзалиятноки бахшҳои иқтисодиёт аз якдигар фарқ намуда, бо роҳҳои гуногун дар амал татбиқ мешаванд. Таҳлили ҳамаҷонибаи арзёбии самаранокии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ имконият медиҳад, ки зарурияти муқаррар, барҳамдиҳӣ ё такмили минбаъдаи он дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ҳаллу фасл шавад. Инчунин дар асоси маълумоти омории мақомоти андоз масъалаҳои амалии самаранокии имтиёзҳои андоз аз нуқтаи назари нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии субъектҳои иқтисодии дар соҳаи сайёҳии кишвар фаъолиятдошта, мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Аз рӯи таҳлилҳои ба анҷом расонида хулоса баровардан мумкин аст, ки имтиёзҳои амалкунандаи қонунгузории андозу гумрук, дар маҷмуъ ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар мусоидат намуда истодааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ECONOMIC AND FINANCIAL EFFICIENCY OF TAX INCENTIVES IN TOURISM SECTOR OF THE COUNTRY

This article explores the concept of the term tax incentives, as well as the need and importance of its application in the development of the country's tourism industry. It is noted that the number and forms of its practical use in the countries of far and near abroad are different and are implemented differently depending on their socio-economic policy, taking into account the priority areas of economic sectors. A comprehensive analysis of the assessment of the effectiveness of tax and customs benefits allows us to resolve the issue of the need for their establishment, cancellation or further improvement in various areas of the national economy. Also, based on the available statistical tax data, practical issues of the effectiveness of tax incentives were analyzed from the point of view of financial and economic indicators of economic entities operating in the tourism sector of the country. It is noted that according to the analyzes carried out, it can be concluded that, in general, the existing tax and customs legislation benefits contribute to the development of the country's tourism industry.

Текст научной работы на тему «САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ КИШВАР»

УДК: 336.564.2

DOI: 10.24412/2411-1945-2023-2-123-130

САМАРАНОКИИ Цумъабоев Хуршед Цодирович, директори ИЦТИСОДИЮМОЛИЯВИИ ПИТмолия, н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва ИМТИЁЗХОИ АНДОЗИ ДАР андозбандии Донишгоуи давлатии молия ва СОХАИ САИЁХЦИ КИШВАР ицтисоди Тоцикистон (Душанбе, Тоцикистон)

ЭКОНОМИЧЕСКАЯ И Джумабоев Хуршед Кодирович, директор НИИ

ФИНАНСОВАЯ финансов, канд.экон.наук, доцент кафедры

ЭФФЕКТИВНОСТЬ НАЛОГОВЫХ налогов и налогообложения Таджикского

ЛЬГОТ В ТУРИСТИЧЕСКОЙ государственного финансового экономического

СФЕРЕ СТРАНЫ университета (Душанбе, Таджикистан)

ECONOMIC AND Jumaboev Khurshed Kodirovich, Director of FINANCIAL EFFICIENCY Finance Research Institute, Associate Professor of

OF TAX INCENTIVES Tax and Taxation Department, Tajik State

IN TOURISM SECTOR Financial and Economic University. (Dushanbe, OF THE COUNTRY Tajikistan) e-mail: [email protected]

Мафууми имтиёзи андоз, зарурат ва ащммияти татбици он дар рушду нумуи сощи сайёуии кишвар маврди омузиш царор дода шудааст. Цайд гардидааст, ки шумора ва шаклуои истифодаи амалии он дар давлат^ои хорицаи дуру наздик вобаста ба сиёсати ицтимоию ицтисодии пешгирифтаи онуо ва бо назардошти самтуои афзалиятноки бахшуои ицтисодиёт аз якдигар фарц намуда, бо роууои гуногун дар амал татбиц мешаванд. Тащили уамацонибаи арзёбии самаранокии имтиёзцои андозиву гумрукй имконият медщад, ки зарурияти муцаррар, баруамдщй ё такмили минбаъдаи он дар соуауои мухталифи ицтисодиёти миллй уаллу фасл шавад. Инчунин дар асоси маълумоти омории мацомоти андоз масъалауои амалии самаранокии имтиёзцои андоз аз нуцтаи назари нишондщандауои молиявию ицтисодии субъектуои ицтисодии дар соуаи сайёуии кишвар фаъолиятдошта, мавриди тащил царор дода шудааст. Аз руи таулищои ба анцом расонида хулоса баровардан мумкин аст, ки имтиёзуои амалкунандаи цонунгузории андозу гумрук, дар мацмуъ ба рушди соуаи сайёуии кишвар мусоидат намуда истодааст.

Калидвожах;о: ицтисодиёти миллй, цонунгузории андозу гумрук, ширкатуои сайёуй, вазифаи танзимй, буцети давлатй, бахшуои ицтисодиёт, имтиёзуои андоз

Исследовано понятие "налоговые льготы", а также необходимость и важность их применения для развития туристической отрасли страны. Отмечено, что количество и формы их практического использования в странах дальнего и ближнего зарубежья различны и реализуются по-разному в зависимости от проводимой социально-экономической политики с учетом приоритетных направлений экономики. Комплексный анализ эффективности налоговых и таможенных льгот позволяет решить вопрос о необходимости их установления, отмены или дальнейшего совершенствования в различных сферах народного хозяйства. Также на основе имеющихся статистических налоговых данных проанализированы практические вопросы эффективности налоговых льгот с точки зрения финансово-экономических показателей хозяйствующих субъектов, осуществляющих деятельность в сфере туризма. По проведенному анализу можно сделать вывод, что в целом действующие льготы по налоговому и таможенному законодательству способствуют развитию туристической отрасли.

Ключевые слова: национальная экономика, налоговое и таможенное законодательство, туристические компании, регулирующая функция, доходы бюджета, отрасли экономики, налоговые льготы

This article explores the concept of the term tax incentives, as well as the need and importance of its application in the development of the country's tourism industry. It is noted that the number and forms of its practical use in the countries offar and near abroad are different and are implemented differently depending on their socio-economic policy, taking into account the priority areas of economic sectors. A comprehensive analysis of the assessment of the effectiveness of tax and customs benefits allows us to resolve the issue of the need for their establishment, cancellation or further improvement in various areas of the national economy. Also, based on the available statistical tax data, practical issues of the effectiveness of tax incentives were analyzed from the point of view offinancial and economic indicators of economic entities operating in the tourism sector of the country. It is noted that according to the analyzes carried out, it can be concluded that, in general, the existing tax and customs legislation benefits contribute to the development of the country's tourism industry.

Keywords: national economy, tax and customs legislation, tourist companies, stimulating

function, budget revenues, economy sectors, tax incentive

Дар байни фишангхое, ки вазифаи хавасмандгардонии андозро амалй менамоянд, имтиёзхои андозй яке аз механизми мухими татби^и сиёсати андози дилхох давлат ба хисоб рафта, бо рохандозии он ма^садхои ичтимоию щтисодии ин давлат халлу фасл меёбад. Таввасути пешниходи шаклхои гуногуни имтиёзхои андозй дар сохахои афзалиятноки щтисодиёт, ба субъектхои сохибкорй имконият фарохам оварда мешавад, ки ^онунан ухдадорихои андозии худро бо ин васила кам карда, захирахои иловагии молиявиро хамчун манбаи сармоягузорй, дар густариши фаъолияти хочагидории худ сафарбар намоянд. Хдрчанд имтиёзхои андоз унсурхои хатмии низоми андозбандй, аз забили меъёри андоз, манбаи андозбандй, объекти андозбандй ва гайра набошанд хам, онхо дар доираи низоми андози миллии давлатхои чахон мавриди истифода ^арор дода мешаванд. Дар баробари ин, чи тавре ки тачриба нишон медихад, шумора ва шаклхои истифодаи амалии онхо дар давлатхои хоричаи дуру наздик вобаста ба сиёсати ичтимоию и^тисодии пешгирифтаи онхо ва бо назардошти самтхои афзалиятноки бахшхои и^тисодиёт аз якдигар фар^ намуда, бо роххои гуногун дар амал татби^ мешаванд.

Пешниходи имтиёзхои андозй ва дигар сабукихо аксар ва^т ба халли вазифахои муайяни ичтимой ва танзимй (масалан, дастгирии ^ишрхои аз чихати ичтимой осебпазири ахолй), хавасмандгардонии баъзе намудхои фаъолияти и^тисодй (масалан, сармоягузорй ба фондхои асосй, истехсолоти кишоварзй, технологияхои инноватсионй), фаъолияти хайриявй равона карда мешавад. Сарфи назар аз тафовути баёни масъала, ма^сади тахияи чунин механизми имтиёзхо аз он иборат мебошад, ки он бояд боиси зиёд шудани истехсолот, афзоиши манбаи андозбандй ва ра^обатпазирии махсулот ва хизматрасонй гардад [1, с. 125].

Алхол дар адабиёти и^тисодй дар бораи таърифи мафхуми «имтиёзи андозй» а^идахои гуногун вучуд дорад. Вобаста ба ин, пеш аз хама барои шарх додани таърифи мафхуми мазкур сараввал бояд ба маънои мафхуми «имтиёз» таваччух намоем. Дар асоси шарху тавзехи мафхуми «имтиёз», ки дар лугатхои гуногун оварда шудааст, ин вожа маънои доро будани афзалиятеро ифода менамояд. Масалан, дар лугати тафсирии Ефремова Т.Ф. мафхуми мавриди назар хамчун «ху^у^и афзалиятнок барои озод кардан аз хама гуна ухдадорихо, ху^у^и истифодаи чизе, ки хамчун истисно аз ^оидахои умумии му^аррарнамудаи ^онун пешбинй шудааст» муайян карда шудааст [3,с.690]. Дар Лугати энсиклопедиияи шуравй мафхуми «имтиёз» - «додани хама гуна бартариятхо, ^исман озод кардан аз ичрои ^оидахои му^арраршуда, ухдадорихо ё сода кардани шароити татби^и онхо» оварда шудааст [11,с.741]. Дар "Лугати русй-точикй" бошад ин мафхуми зерин ба маънои «сабукй» шарх дода шудааст [15, с.354].

Чи тавре ки мебинем, мафхуми «имтиёз» дар лугатхои дузабона ва тафсирии мазкур ба маънои умумии афзалият шарху тавзех шудааст ва он хамчун истисно пешниход мегардад.

Нисбати андозхо бошад мафхуми «имтиёзи андозй» ба андозсупорандахои мушаххас возех муайян карда шудааст. Хдмзамон, ^айд намудан ба маврид аст, ки имтиёзхои андозй бояд хусусияти инфиродй надошта бошанд [4, с.41].

Дар адабиёти и^гисодй таърифхои мафхуми «имтиёзи андозй» асосан ба равшан кардани мук;аррароти ин мафхум ё интихоби калимахои алохида, ки хамчун синоними онхо маънидод мешаванд, равона карда шудааст. Масалан, олимони рус Романовский М.В. ва Врублевская О. имтиёзи андозро «хамчун воситаи расмии кам кардани андозаи (сатхи) андозбандй муайян мекунанд» [10, с.30]. Ба андешаи Малко А.В. имтиёзи андозй дар он ифода меёбад, ки «ба мав^еи субъекти хочагидор, ё шахси алохида сабукии ^онунй медихад, ки ^онеъ ё амалй гардонидани манфиатхои он, инчунин мусоидат дар пешниходи ху^у^хои иловагии махсус (бартариятхо) ва озод кардан аз ухдадорихо равона карда шудааст» [9, с.484]. Соколовская А. имтиёзи андозиро чунин шарх додааст: «Саркашй аз талаботи меъёрии (^оидахои мук;арраршудаи) ^онунгузории андозбандй, дар холати мавчудияти объекти андозбандй барои категорияхои алохидаи андозсупорандагон имкони гирифтани имтиёзхое, ки аз пардохти андоз (андозхо) пурра ё ^исман озод карда мешаванд ва он боиси кам шудани гаронии андоз мегардад», шарх додааст [12, с.23]. Дар асоси суханхои дар боло гуфташуда таърифи умумии зерини «имтиёзи андозй» - ро пешниход кардан мумкин аст: бартариятхое, ки ба фаъолияти муайян ё гурухи андозсупорандагон дар шаклхои гуногун (пурра ё ^исман озод намудан, тахфифхои андозй, паст намудани меъёрхои андозй ва дигар сабукихо) пешниход шуда, дар чараёни ичрои ухдадорихои андозсупорандагон гаронии андозро кам мекунад. Дар умум ^айд намудан зарур аст, ки имтиёзхои андозй хусусиятхои зеринро доро мебошанд:

1) даромадхои бучетии аз даст рафтаи андозиро ифода менамоянд, яъне он ба кам шудани ^исми даромади бучет оварда мерасонад;

2) аз имтиёзхо ва сабукихои андозии му^арраршудаи ^онунгузории андоз нисбат ба инхирофи низоми базавии андоз ба миён меояд;

3) ба найли ма^садхои сиёсати ичтимоию и^тисодии давлат равона карда мешавад;

4) ба харочоти муста^ими давлатй (маблагхои бучетй) алтернатива мебошанд.

Мо чунин мешуморем, ки дар доираи арзёбии самаранокии имтиёзхои андозй ба му^аррароти мафхуми имтиёзи андозй, ки дар Кодекси андози Чумхурии Точикистон дар тахрири нав (аз 1 январи соли 2022) пешбинй шудааст, такя кардан зарур аст. Мувофи^и он «Имтиёзхои андозй бартарияти пешбининамудаи ^онунгузории андоз эътироф карда мешаванд, ки ба гуруххои алохидаи андозсупорандагон дар му^оиса ба андозсупорандагони дигар, аз чумла вобаста ба пардохт накардани андоз ё пардохт кардани онхо, ба андозаи камтар пешниход карда мешаванд» [4, с.41].

Ин таърифро метавон ба таври зерин маънидод кард:

- имтиёзи андозй танхо дар доираи ^онунгузории андоз му^аррар карда мешаванд;

- имтиёзи андозй танхо ба гуруххо ё категорияхои андозсупорандагон дода ё татби^ карда мешавад;

- меъёрхои му^аррарнамудаи ^онунгузории андоз характери умумй доранд ва характери инфиродй дошта наметавонанд;

- пешниходи имтиёзхои андозй имкон медихад, ки категорияхои алохидаи андозсупорандагон имтиёзхои мушаххас ба даст оранд.

Пеш аз чорй намудани имтиёзхои андозй он бояд хамеша бо далелхои равшани дорои хусусияти и^тисодй ё ичтимой асоснок карда шавад, яъне хадаф ва ма^садхои чорй кардани ин имтиёзхо бо таври мушаххас маълум карда шуда, методика ё тартиби арзёбии муваффа^ият ё нокомии ин тадбир му^аррар гардад. Тахлили хамачонибаи самаранокии имтиёз ва дигар сабукихои андозиву гумрукй дар асоси нишондихандахои и^тисодй, ичтимой ва молиявии субъектхои хочагидорие, ки тиб^и ^онунгузории амалкунандаи кишвар аз ин имтиёзхо бахравар хастанд, арзёбй карда, зарурати бархамдихй ё такмили

минбаъдаи он дар сохахои гуногуни ицтисодиёти миллй масьалагузорй карда шавад. Крбили зикр аст, ки дар ин росто тибци Кодекси андози Ч,умхурии Тоцикистон дар тахрири нав бахшхои афзалиятнок зикр шудаанд, ки таьсири мусбати имтиёзхои андозиро ба сатхи рушди ицтисоди кишвар дар ояндаи наздик пешбинй мекунанд. Аз цумла, зикр гардидааст, ки «...ба истиснои сохахои афзалиятноки нав муайяншуда, хорицкунй ва ё азнавтасдицкунии номгуи сохахои афзалиятноки дорои имтиёз дар асоси тахлили самаранокии имтиёзхои пешниходшуда барои рушди ицтисодиёти миллй ва минтацавй сурат мегирад» [4, с.41].

Солхои пеш то цабул ва дар амал татбиц намудани тахрири нави Кодекси андоз тибци цонунгузории андозу гумрук ба субьектхои хоцагидорй шумораи зиёди имтиёзхо пешниход карда мешуд, аммо ба самара ё натицаи нихоии сабукихои пешниходшуда ва таьсири мусбат ё манфии онхо ва дар мацмуь ба фаъолияти ин субьектхо аз тарафи мацомоти андози кишвар кам таваццух зохир карда мешуд.

Чи тавре ки Асосгузори Сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президента Ч,умхурии Тоцикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар яке аз баромадхои худ цайд намуда буданд: «Имруз барои фаъолияти сохибкорй цариб 100 номгуи имтиёзхо пешбинй шудааст. Аммо тахлилхо нишон медиханд, ки механизм ва мухлати пешниходи имтиёзхо ва хамзамон бо ин, омори онхо ба танзим дароварда нашуда, аз цониби аксарияти вазорату идорахо хисобот оид ба имтиёзхои амалкунанда ва татбицшуда ба таври дахлдор пеш бурда намешавад» [13, с.3]. Бинобар ин аз тарафи Рохбари давлат ба вазорату идорахои дахлдори давлатй супориш дода шуд, ки санади меьёрии хуцуциро оид ба тартиби пешниход ва арзёбии самаранокии имтиёзхо тахия ва ба Хукумати кишвар пешниход намоянд. Аз ин ру, бо мацсади арзёбии самаранокии имтиёзхои андозию гумрукй аз цониби ^укумати Чумхурии Тоцикистон царори дахлдор «Дар бораи тартиби пешниходи имтиёзхои андозй ва гумрукй» ба тавсиб расонида шуд [8, с.1].

Дар умум самаранокии имтиёзхои андозиву гумрукй цобилияти таьсиррасонии он ба субьектхои хоцагидор бо мацсади ноил шудан махз ба он хадафхое, ки ин имтиёзхо ба онхо равона карда шудааст, ба хисоб меравад. То имруз арзёбии самаранокии имтиёзхо аз руи се меьёри асосй: буцетй, ицтисодй ва ицтимой амалй карда мешавад. Аз ин нуцтаи назар, имконият пеш меояд, ки дар асоси тахлили нишондихандахои молиявй ва ицтисодии ширкатхои сайёхии ватанй ахамият ва вобастагии таьсири мусбат ё манфии имтиёзхои дар ин соха муцарраршударо арзёбй намоем.

Сарфи назар аз он, ки пешниходи имтиёз ва сабукихои андозй ба субьектхои хоцагидорй хароцоти маблагхои буцетиро бевосита ба миён намеорад, вале холати мазкур дар давраи кутох метавонад цисми даромади буцетро кам кунад, хол он ки дар сурати гирифтани ин даромад, давлат имконият дошт, ин маблагхоро ба халли масьалахои ицтимоию ицтисодие, ки махз ба хамон имтиёзхои андозй равона карда шуда буд, мавриди истифода царор дихад. Дар асоси ин гуфтахо маьлум мегардад, ки имтиёзхо ва дигар сабукихои андозй, ки ба хароцоти давлатй шабохат доранд бояд аз цихати шаффофият ва самаранокй ба мисли маблагхои буцетй, мавриди тахлил ва санциш царор дода шаванд. Тахлилхо имконият медиханд, ки самаранок будани имтиёзхои андозиву гумрукии амалкунандаро дар сохахои мухталифи ицтисодиёти кишвар, аз он цумла сохаи сайёхй муайян намоем.

Рохбарияти олй ва ^укумати Чумхурии Тоцикистон ба рушди сайёхй ахаммияти махсус зохир менамоянд. Бо пешниходи Пешвои миллат соли 2018 дар кишварамон Соли рушди сайёхй ва хунархои мардумй, солхои 2019-2021-Соли рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй эьлон гардид. Бо назардошти дурнамои густариши сохаи сайёхй, ки яке аз сохахои мухимми рушди ицтисодиёти мамлакат махсуб меёбад, дар цумхурй мацомоти салохиятдори танзимкунандаи бахши сайёхй - Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Тоцикистон таьсис ва заминаи меьёрии хуцуции сохаи сайёхй такмил дода шуд. Дар солхои охир чандин санадхои танзимкунандаи бахши сайёхй, аз цумла, «Стратегияи

рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030», ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи руйхати иншооти сайёхие, ки барои бунёди онхо воридоти тачхизоту техника ва масолехи сохтмонй аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда(ААИ) ва бочи гумрукй озод карда мешаванд», тахия ва кабул шудааст.

Сохаи сайёхй дар замони муосир яке аз самтхои сердаромадтарини иктисодиёти чахон ба хисоб рафта, дар таъмини шугл ва баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум накши мухим дорад. Аз ин ру, танзими шароити мусоид барои рушди сохаи сайёхй ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соха, аз чумлаи афзалиятхои мухимми сиёсати иктисодию ичтимоии рушди Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад [7, с.1].

Бо максади рушди сохаи сайёхй ва инфрасохтори он дар кишвар ва бо ин васила дастгирии ширкатхои сайёхии ватанй дар самти сабукнамоии пардохтхои андозиву гумрукй дар солхои охир дар конунгузории кишвар тагйироти зарурй ворид карда шуд. Аз чумла, даромадхо аз фаъолияти сайёхй ба мухлати 5 сол аз санаи бакайдгирии давлатй аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудааст [5, с.1].

Инчунин воридоти тачхизоту техника ва маводхои сохтмонии иншооти сайёхй (аз чумла мехмонхона, осоишгох ва истирохатгоххои табобатй, маркази сайёхй ва дигар иншооти сайёхй), ки руйхати иншооти сайёхй, номгуй, микдори тачхизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда(ААИ) ва бочи гумрукй озод гардидааст [6, с.1].

Диаграммаи №1.

Сарчашма: Кумитаи рушди сайёуии назди Хукумати Цум^урии Тоцикистон. [Манбаи электронй_https://traveltajikistan.tj/]

Чихати татбики имтиёзхои гумрукй бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон №189 аз 12 апрели соли 2018 номгуи иншооти сайёхие, ки барои бунёди онхо воридоти тачхизоту техника ва маводи сохтмонй аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва бочи гумрукй озод карда мешавад, муайян карда шуд.

Имтиёзхои чорикарда имконият доданд, ки дар кишвар шумораи ширкатхои ба фаъолияти сайёхй машгулбуда ва хачми хизматрасонии онхо ба сайёхони хоричй зиёд гардад. Агар дар соли 2017 шумораи ширкатхои сайёхй 91 ададро ташкил намуда бошад, пас ин ракам дар соли 2022 ба 288 адад расидааст, ки 3,1 маротиба зиёд мебошад.

Мувофики маълумоти Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, шумораи шахрвандони хоричие, ки ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид гардидаанд,

давра ба давра зиёд мешавад. Агар он дар соли 2021 517,586 хаз. нафар, аз цумла 296,318 хаз.нафар сайёхонро ташкил карда бошад, танхо дар нимсолаи 2-юми соли 2022 ин нишондиханда ба 446,065 хаз нафар, аз цумла 363,089 хаз.нафар сайёхон расида, ба хисоби миёна 3 маротиба афзоиш ёфтааст (ниг. ба диаг. №1).

Дар асоси махзани маълумоти Кумитаи андоз дар соли 2017 шумораи коргарони кироя дар мацмуъ дар ширкатхои сайёхй 570 нафар ва фонди музди мехнат 5,6 млн сомониро ташкил додааст, ки мутаносибан ин рацамхо соли 2018 ба 654 нафар ва 7,2 млн сомонй, соли 2019 ба 801 нафар ва 8,8 млн сомонй ва соли 2020 ба 641 нафар ва 6,7 млн сомонй баробар гардида, дар давраи муцоисашаванда афзоиши он мутаносибан 71 нафар коргар ва 1,1 млн сомонй фонди музди мехнатро ташкил кардааст [14, с.22].

Тибци цадвали №1 соли 2017 музди миёнаи мохонаи коргари сохаи мазкур 815 сомониро ташкил дод, ки он соли 2018 ба 920 сомонй, соли 2019 ба 919 сомонй ва соли 2020 ба 867 сомонй баробар гардида, соли 2020 нисбат ба соли 2017 51 сомонй зиёд шудааст.

Цадвали №1.

Нишондих,андах,ои ицтимоии со^аи сайёхии Цумхурии Тоцикистон дар солхои

2017-2020

№ Номгуи нишондщанда^о Сол^о

2017 2018 2019 2020

1 Шумораи умумии кормандон (нафар) 570 654 801 641

2 Фонди музди мехнат (млн сомонй) 5,6 7,2 8,8 6,7

3 Музди миёнаи мехнат (сомонй) 815 920 919 867

Сарчашма: Дар асоси маълумоти Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Тоцикистон уисоб карда шудааст.

Тахлили нишондихандахои омори мацомоти андози кишвар нишон медихад, ки агар соли 2017 даромади умумии ширкатхои сайёхй дар мацмуъ 8,6 млн сомониро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиханда соли 2018 ба 16,7 млн сомонй, соли 2019 ба 28,1 млн сомонй ва соли 2020 ба 24,7 млн сомонй баробар гардидааст. Соли 2020 даромади умумй нисбат ба соли 2017 ба маблаги 16,1 млн сомонй ё 1,8 маротиба зиёд шудааст.

Соли 2017 фоидаи ширкатхои сайёхй 2,4 млн сомонй, соли 2018 4,9 млн сомонй, соли 2019 8,0 млн сомонй ва соли 2020 ба 5,5 млн сомонй расидааст. Фоидаи соли 2020 нисбат ба соли 2017 2,3 маротиба зиёд мебошад. Тибци хисобот соли 2020 даромаднокии сохаи мазкур 22,4 фоизро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2017 6,1 фоиз кам мебошад [14, с.23].

Арзиши воситахои асосии ширкатхои дар сохаи сайёхй фаъолияткунанда дар соли 2017 маблаги 8,0 млн сомониро ташкил намудаст. Нишондихандаи мазкур соли 2018 ба 12,8 млн сомонй, соли 2019 ба 29,6 млн сомонй ва соли 2020 ба 200,8 млн сомонй баробар гардидааст. Нишондихандаи мазкур соли 2020 нисбат ба соли 2017 ба маблаги 192,8 млн сомонй ё худ 24,1 маротиба афзоиш ёфтааст.

Маблаги хисобшудаи андозхои сохаи мазкур дар соли 2017 5,9 млн сомониро ташкил дода, он соли 2018 ба 6,8 млн сомонй, соли 2019 ба 8,0 млн сомонй ва соли 2020 ба 6,5 млн сомонй баробар гардидааст. Афзоиш дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 дар мацмуъ 11,9 фоизро ташкил медихад. Имтиёзхо ва дигар сабукихои андозиву гумрукй ба сохаи мазкур ба цисми даромади буцети давлатй таъсири худро гузоштанд. Дар асоси маълумоти омории мацомоти андози кишвар дар мацмуъ маблаги андоз аз фоидаи (андози низоми содакардашуда) ба буцети давлатй вориднагардида аз хисоби татбици имтиёзхо ба сохаи сайёхй барои даврахои тахлилшаванда дар мацмуъ ба 2,4 млн сомонй баробар гардидааст, ки ин нишондиханда дар соли 2017-ум 0,3 млн сомонй, дар соли 2018-ум 0,6 млн сомонй, дар соли 2019-ум 1,0 млн сомонй ва дар соли 2020 бошад 0,5 млн сомониро ташкил кардааст.

Цадвали №2.

Маблаги пардохтхои гумрукии ба буцети давлатй вориднагардида аз хисоби _татбици имтиёзхо дар сохаи сайёхй дар солхои 2017-2020_

№ Номгуй Сол^о

2017 2018 2019 2020

1 Шумораи субъектхои аз имтиёз бархурдоршуда, аз чумла (адад) 0 3 5 11

1.1 - сохибкорони инфиродй 0 1 1 0

1.2 - шахсони хукукй 0 2 4 11

2 Арзиши гумрукй (бо млн доллари ИМА) 0 3,5 1,4 3,7

3 Пардохтхои гумрукии озодшуда, аз чумла (бо млн сомонй) 0 8,2 3,5 9,2

3.1 - ААИ 0 6,3 2,4 7,3

3.2 - бочи гумрукй 0 1,9 1,1 1,9

Сарчашма: дар асоси маълумоти Хадамоти гумруки назди Президенти Чумуурии Тоцикистон уисоб карда шудааст.

Дар давраи солхои 2017-2020 маблаги андоз аз фоидаи (андози низоми содакардашуда) ба бучети давлатй вориднагардида аз хисоби татбици имтиёзхо ба ширкатхои сайёхй мутаносибан 5,4 фоиз, 9,0 фоиз, 12,8 фоиз ва 7,3 фоизи маблаги андозхои хисобшудаи ширкатхои мазкурро дар даврахои мазкур ташкил намуд.

Мувофики нишондихандахои чад.№2 маблаги пардохтхои гумрукии аз хисоби татбици имтиёзхои дар сохаи сайёхй ба бучети давлатй вориднагардида дар мачмуъ 20,9 млн сомонй, мутаносибан дар соли 2018 8,2 млн сомонй, дар соли 2019 3,5 млн сомонй ва дар соли 2020 9,2 млн сомониро ташкил медихад.

Тахлил ва арзёбй нишон дод, ки имтиёзхои андозиву гумрукии ба сохаи сайёхй пешниходшуда дар мачмуъ самаранок мебошанд, зеро аз нишондихандахои фаъолияти иктисодй, ичтимой ва молиявии субъектхои сохаи мазкур маълум гардид, ки он дар солхои охир тамоюл ба зиёдшавй дошта, ба рушди он таъсири мусбат расонида истодааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Джумабоев Х.К [Текст] Вопросы теории и практики эффективности налоговых льгот / Х.К Джумабоев // Современная налоговая система: состояние, проблемы и перспективы развития. Материалы XVМеждународной научной конференции. - Уфа, 8 июня 2022г. - С. 14-20.

2. Джумабоев Х.К [Текст] Этапы становления и развития налоговой системы Республики Таджикистан и пути ее совершенствования в условиях рыночной экономики / Х.К. Джумабоев,Ф,Т.Шодиев // Вестник Кыргызского экономического Университета имени М.Р. Рыскулбекова №2(36). - Бишкек, 2016. -С.21-24-ISSN 1694-5778.

3. Ефремова Т. Ф. Толковый словарь русского языка. Москва: Русский язык, 2000. - 1356 с.

4. Кодекси андози Цумуурии Тоцикистон. - Душанбе: Шарци озод, 2021. - 324 с.

5. Цонуни Цумуурии Тоцикистон "Оид ба тагйиру иловато ба Кодекси андози Цумуурии Тоцикистон аз 30 майи соли 2017, таути №1423. [Манбаи электроны https://andoz.tj] (санаи муроциат: 25.04.23)

6. Цонуни Цумуурии Тоцикистон "Оид ба тагйиру иловауо ба Кодекси гумруки Цумуурии Тоцикистон аз 30 майи соли 2017, таути №142. [Манбаи электроны https: // .customs.tj] (санаи муроциат: 25.04.23)

7. К,арори Хукумати Цумуурии Тоцикистон аз «1» августи соли 2018, таути №372 «Стратегияи рушди сайёуы дар Цумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030». [Манбаи электроны: https://traveltajikistan.tj/] (санаи муроциат: 25.04.23)

8. К,арори Хукумати Цумуурии Тоцикистон «Дар бораи тартиби пешнщоди имтиёзхои андозй ва гумрукй» аз 31.12.2020, таути №670 / - Душанбе, 2020. - 31с.

9. Малько А.В. [Текст] Льготы, привилегии и иммунитеты в праве / Матузов П.П., Малько А.В. Теория государства и права. Москва: Юрист, 2006. - 645 с.

10.Налоги и налогообложение [Текст] / Под ред. М.В. Романовского, О.В. Врублевской. СПб. : Питер, 2010. - 528 с.

11. Советский энциклопедический словарь.-Москва.Советская энциклопедия,1990. -1356с.

12. Соколовская А. [Текст] Материалы третьего Украино-Российского налогового симпозиума «Теоретические и практические аспекты предоставления налоговых льгот».- Киев, 2012. - 175 с.

13. Хадамоти матбуоти Президенти Чумуурии Тоцикистон. Суханронии Пешвои миллат, Асосгузори Сулуу ваудати миллй, Президенти Чумуурии Точикистон Эмомалй Раумон дар мулоцот бо кормандони соуауои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар 10.05.2019. ш.Душанбе. [Манбаи электронй: http://www.president.tj] (санаимуроциат: 25.04.23)

14. Хисобот оид ба бауодиуии самаранокии имтиёзуои андозию гумрукй. -Душанбе, 2021. - 39с.

15.Лугати русй-тоцикй. М. : Русский язык.1985. - 1280с.

REFERENCES:

1. Jumaboev Kh.K [Text]Questions of Theory and Practice of Efficiency of Tax Incentive / Kh.K. Jumaboev //Modern Tax System: Condition, Problems and Prospects of DevelopmentMaterials of XVInternational Scientific Conference. - Ufa, June 8, 2022 - PP. 14-20

2. Jumaboev Kh.K. [Text]Steps of Formation and Development of tax System of Tajikistan Republic and the Ways of its Effect in the Condition of Market Economy / Kh.K. Jumaboev, F.T.Shodiev //Bulletin of Kyrgyz Economic University named after M.R.Ryskulbekov №2(36). - Bishkek, 2016. -PP.21-24-ISSN 1694-5778.

3. Efremova T.F. Glossary of Russian Language. М.:Russian language, 2000. - 1356 pp.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

4. Tax Code of Tajikistan Republic. - Dushanbe:Sharqi Ozod, 2021. - 324 pp.

5. Law of Tajikistan Republic "About the Suppliments to the Tax Code of Tajikistan Republic from May 30, 2017, under the number №1423. [Electronic resource https://andoz.tj] (date of appeal: 25.04.23)

6. Law of Tajikstan Republic " On the Suppliments to the Customs Code of Tajikistan Republic from May 30, 2017, under the number №142. [Electronic resource https: // .customs.tj] (date of appeal : 25.04.23)

7. The Order of the Government of Tajikistan Republic from August 1, 2018, under the number №372 « Tourism development strategy in the Republic of Tajikistan for the period up to 2030». [Electronic resource: https://traveltajikistan.tj/] (date of appeal: 25.04.23)

8. The Order of the Government of the Republic of Tajikistan "On the procedure for providing tax and customs benefits " from 31.12.2020, under the number №670 /- Dushanbe, 2020. - 31pp.

9. Malko A.V.. [Text] Benefits, privileges and immunities in rights /Matuzov P.P., Malko A.V. State Theory and Law. М. : Urist, 2006. - 645 pp.

10.Tax and Taxing [Text] / Under the Editorship M.V.Romonovsky, O.V.Vrublevsky. Saint-Petersburg: Peter, 2010. - 528 pp.

11. Soviet Encyclopedia. М. : Soviet Encyclopedia,1990. - 1356pp.

12.Sokolovskaya A. [Text] The Third Materials of Ukraine-Russian Tax Symposium «Theoretical and Practical Aspects of Awarding of Tax Benefits» Kiev - 2012. - 175 pp.

13. Press service of the President of the Republic of Tajikistan. Speech of the Leader of the Nation, Founder of National Peace and Unity, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon at a meeting with employees of the finance, tax, customs and banking sectors of the country 10.05.2019. Dushanbe. [Electronic resource: http://www.president.tj] (date of appeal: 25.04.23)

14. Report on the assessment of the effectiveness of tax and customs benefits. -Dushanbe, 2021. - 39pp.

15.Russian-Tajik Dictionary. М. : Russian language. 1985. - 1280pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.