Научная статья на тему 'СИМОИ ОМӮЗГОРИ ЗАМОНИ ОЯНДА АЗ НИГОҲИ ТАЛАБОТИ ЗАМОН ВА ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН'

СИМОИ ОМӮЗГОРИ ЗАМОНИ ОЯНДА АЗ НИГОҲИ ТАЛАБОТИ ЗАМОН ВА ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
5
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
паём / ояндаи миллат / фаъолият / омӯзгори замони нав / рушд / илму маориф / соҳибмаърифат / донишманд / ҷомеа / майлу рағбат / эҷодиёт

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Муродова Шаҳло Сангимуродовна

Мақолаи мазкур яке аз муҳимтарин вазифаҳои омода намудани омӯзгори замони навро дар бар гирифта, ҷанбаҳои баланд бардоштани донишу малака ва салоҳиятнокии омӯзгори замони ояндаро равшан месозад. Инчунин қайд гардидааст, ки омӯзгори замони нав дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо истифода аз имкониятҳое, ки дар асри 21 мавҷуданд ва махсусан он дигаргуниҳое, ки бо ташаббусу пешниҳодҳои ҳукумати кишвар ба вуқӯъ пайвастаанд, бархӯрдор бошад ва пайваста дар талоши ҳалли мушкилоту масъалаҳои болозикр пешқадам бошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «СИМОИ ОМӮЗГОРИ ЗАМОНИ ОЯНДА АЗ НИГОҲИ ТАЛАБОТИ ЗАМОН ВА ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН»

УДК 377,378.14

СИМОИ ОМУЗГОРИ ЗАМОНИ ОЯНДА АЗ НИГО^И ТАЛАБОТИ ЗАМОН ВА

ПЕШРАВИИ ТОЧДКИСТОН

МУРОДОВА ША^ЛО САНГИМУРОДОВНА

н.и.п., дотсенти кафедраи технологияи информатсионй ва коммуникатсионии ДДОТ ба

номи С. Айнй

Аннотатсия. Мацолаи мазкур яке аз му%имтарин вазифа%ои омода намудани омузгори замони навро дар бар гирифта, цанба%ои баланд бардоштани донишу малака ва сало%иятнокии омузгори замони ояндаро равшан месозад. Инчунин цайд гардидааст, ки омузгори замони нав дар %амаи зина%ои та%силот бо истифода аз имконият%ое, ки дар асри 21 мавцуданд ва махсусан он дигаргунщое, ки бо ташаббусу пешнщод^ои %укумати кишвар ба вуцуъ пайвастаанд, бархурдор бошад ва пайваста дар талоши %алли мушкилоту масъала%ои болозикр пешцадам бошад.

Калидвожахр: паём, ояндаи миллат, фаъолият, омузгори замони нав, рушд, илму маориф, со%ибмаърифат, донишманд, цомеа, майлу рагбат, эцодиёт.

Х,ануз Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон зимни Паёми хеш ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чунин таъкид намуда буданд, ки "... ояндаи миллат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танхр миллати босавод метавонад насли сохцбмаърифату донишманд ва кадр^ои арзандаро ба воя расонад, пеш равад ва дар цомеаи мутамаддин мацоми арзандаи худро пайдо намояд".

Чунин масъалагузорихо ба яке аз мухимтарин вазифахои омода намудани омузгори замони нав тааллук дорад. Махсусан бояд кайд намуд, ки омузгори замони нав дар хамаи зинахои тахсилот бо истифода аз имкониятхое, ки дар асри 21 мавчуданд ва махсусан он дигаргунихое, ки бо ташаббусу пешниходхои Пешвои миллат ба вукуъ пайвастаанд бархурдор бошад ва пайваста дар талоши халли мушкилоту масъалахои болозикр пешкадам бошад. Дар хамаи зиёда аз 3940 муассисахои тахсилоти миёна, ибтидой, миёнаи касбй ва олии касбй шароитхои зарурй мухайё гардидаанду ба он хидоят менамоянд, ки зимни тайёр намудани омузгорони оянда ин тагйиротхо ва дигаргунсозихо ба инобат гирифта шаванд.

Дар маорифи муосир беш аз пеш равшан мегардад, ки бе дигаргунии куллии шуури касбии омузгорон таълимро дигар кардан имконнопазир аст. Ва баръакс, дигаргунихои шуури касбии коллективи омузгорон бояд бо дигаргунихои куллии системаи такрористехсолкунии кадрхои педагогй ва тагйир ёфтани муносибати хамаи табакахои чамъият ба синфи омузгор алокаи зич дошта бошанд. Аммо нахуст, бояд сиёсати миллиро оид ба тарбияи насли нави омузгорони дорои шуури дигар, арзишхои гуногун ва кобилиятхои касбй бо максади ба вучуд овардани чомеаи нави омузгорон хамчун элитаи нави ичтимой тахия намуд.

Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон зимни суханронии худ масъалаи баланд бардоштани сатху сифати таълимро аввалиндарача шуморида, таъкид кардаанд: «Рохбарону кормандони сохаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишхои замонавиро пурзур гардонида, наврасону чавононро ба мутолиаи китобхои бадеиву илмй ташви; намоянд, кобилияти эчодии онхоро таквият бахшанд ва ба таълими фанхои табиатшиносй, даки; ва риёзй таваччухи бештар зохир намоянд».

Дар ин самт дар даврони истиклолият муассисахои типи нав - мактабхои президентй, литсейхо, мактабхои тахсилоти хамагонй ва гимназияхо ба майдон омаданд. Хар сол зиёда аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисахои миёна ва миёнаи касбй ба донишкадахои олии чумхурй ва берун аз он дохил мешаванд. Ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки барои бехтар ва баланд бардоштани сифати таълим ташаббус ва тачрибаи ин мактабхоро дар тамоми

муассисахои таълимии чумхурй ба таври васеъ татбик намоянд. Инчунин Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми худ, ки 26-декабри соли 2018 баргузор гардида буд, чунин кайд карда буданд: "Мо ислохоти низоми хамаи зинахои тахсилро минбаъд низ давом дода, усулхои фаъоли таълимро чорй мекунем ва ба сатху сифати таълим эътибори аввалиндарача медихем".

Дар Паёми Президенти Мачлиси Олй бо максади боз хам баланд бардоштани сифати таълими илмхои табиатшиносй, дакик ва риёзй солхои 2020-2040 «Бистсолаи омузиш ва рушди фанхои табиатшиносй, дакик ва риёзй дар сохаи илму маориф» эълон гардид, ки Хукумати кишвар инчунин накшаи чорабинихоро барои солхои 2020-2025 кабул кардааст [5].

Чунин мукоисахо аз он бармеояд, ки дар солхои аввали ба даст овардани мустакилият кариб ки дар аксарияти муассисахои таълимй шароити созгоре, ки мусоидат барои расидан ба хадафхои мазкур менамуданд вучуд надошт, бинобар ин бо шукргузорй аз пайваста татбик намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат метавон чунин пешниходхоро дар доираи озмуни эълон гардида, ба тарзи зайл баён намуд:

♦Якум, аз карни асрхо тамоми шоирону нависандагон ва мутафаккирони бузурги форсу точик дар бораи макому манзалати омузгор, ки интиколкунандаи илму дониш буда, сахмгузор дар рушди чомеа, захираи бузурги илмомузй ва фархангдустиро дорост, мачмуи таъкидхо ва иктибосхоро пешкаш кардаанд. Чуноне, ки устод Абуабдулло Рудакй асосгузори адабиёти классикии точик ва яке аз шоирони машхури дунё фармудааст: То чахон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз рохи дониш бениёз.

Инчунин Ч,алолиддини Румй - мутафаккири бузурги асри XIII накши омузгор, устодро дар дубайтии зерин тачассум намудааст, ки ахамияти оламшумул дорад: Хеч кас аз пеши худ чизе нашуд, Хеч охан ханчари тезе нашуд. Хеч Мавлоно нашуд Мавлои Рум То муриди Шамси Табрезй нашуд.

♦Дуюм, дар фалсафаи таълимоти асри 21 макому манзалати омузгор аз чониби олими рус Б.С. Гершунский чунин баён гардидааст: "Омузгор пеш аз хама мутафаккирест, ки масъулияти ба камол расидани шахсеро, ки ба у бовар намудаанд, ба ухда дорад. Инчунин у масъули он аст, ки хар яке аз толибилмон дорои чунин неруи зехнй, маънавиёт ва дигар хислатхои начибе гарданд, то ки онхо тавонанд ояндаи тараккиёти Мамлакат, Ч,ахон ва тамоми Башариятро таъмин намоянд".

♦Сеюм, аз нуктаи назари ба инобат гирифтани таъкидхои болозикр хамчун пешниходи муаллифй чунин модели фаъолияти омузгори замони оянда ба тарзи зайл метавон пешниход намуд:

Расми 1. Модели фаъолияти омузгори замони оянда.

Аз модели мазкур бармеояд, ки МО1 - "омузгори замони нав" дарк мекунад, ки таърих барои хар як насли наврас - мактаббачагон уфукхо ва имкониятхои нав мекушояд; МО2 -"омузгори замони нав" майлу рагбат ва истеъдоди табиии мактаббачагонро муайян карда метавонад ва дар ин асос миёни онхо озмуну бозихои гуногунро мегузаронад; МО3 -"омузгори замони нав" пеш аз хама дорои маърифати хукукй буда, конуну коидахои педагогика ва психологияи кудакону чавононро хуб медонад; МО4 - "омузгори замони нав" бо истифода аз тачрибаи педагогии худ ба рафтору комёбии хонандагон баходихии адолатонаро пеша мекунад; МО5 - "омузгори замони нав" ба холатхои аз меъёр зиёд бахо додани дониши мактаббачагон рох намедихад, чунки ин метавонад боиси дилсардй ва майл надоштан ба рушди худшиносии онхо гардад; МО6 - "омузгори замони нав" бо истифода аз захирахои тахайюлоти кудакону наврасон, сифатхои мехнатдустй, кунчковй, мустакилият ва дастгирии хамдигарии хамсолон ва дигар шахсони дар ин раванд иштироккунанда хонандагонро барои расидан ба хадафи гузошташуда равона карда метавонад; МО7 -"омузгори замони нав" доимо кушиш ба харч медихад, ки барномаи таълимиро назорат карда, дар хамин асос ба усулу технологияи таълим ислохотхо ва пешниходхои нав дарорад; МО8 -"омузгори замони нав" технологияхои нави педагогиро чорй карда имкон медихад, ки ракобат миёни хонандагон инкишоф ёбад, аммо омилхои хасад нисбат ба хамдигар бартараф карда шаванд; МО9 - "омузгори замони нав" хангоми гузаронидани дарсхо фазои эчодии хамкории педагогиро ба вучуд меорад, ки дар ин замина метавонад барномахои ракобатй барои конеъ гардонидани майлу кобилияти хонандагон хангоми халли масъалахои фарогатии гурухй ё инфиродй аз фанни тахкикшаванда татби; карда шавад; M010 - "омузгори замони нав" хангоми мошират ба хонандагон фишор наоварда, балки бо усули мубохисаи тасодуфй, гайримачбурй сухбат мекунад ва мохирона онхоро ба тафаккури мустакилона ва тахияи таклифхо равона мекунад; МО11 - "омузгори замони нав" хуб дарк мекунад, ки меъёри асосии омузиши конунхои тарбия рафтору равобити у бо дигарон аст; МО12 - "омузгори замони нав" доимо ба худомузй, омузиши забонхои хоричй, такмили сифатхои касбй, тафаккури тагйирёбанда ва такмили технологияхои таълимии инкишофёбанда ахамияти назаррас расонида ба ташаккули IQ - intelligence quotient, яъне арзёбии микдории сатхи зехнии худ машгул аст.

Инчунин модели хонандаи асри 21-ро аз нигохи татбики 2020-2040 «Бистсолаи омузиш ва рушди фанхои табиатшиносй, дакик ва риёзй дар сохаи илму маориф» метавонем бо тарзи зерин пешкаш намоем:

Расми 2. Модели хонандаи асри 21.

Аз модели мазкур бармеояд, ки МХ1 - "хонандаи асри 21" доимо ба объектхои дониши ба у номаълум таваччух зохир мекунад; МХ2 - "хонандаи асри 21" бе ишора ё маслихати шахсони дигар ба худ дуст ва одамони хамфикрро интихоб менамояд; МХ3 - "хонандаи асри 21" китобу дафтар ва дигар лавозимоти хонишро эхтиёткорона истифода ва идора мекунад; МХ4 - "хонандаи асри 21" пайваста аз санчишхои тестй, таърифхои муосири рохнамоии касбй ва муайян кардани сатхи IQ - intelligence quotient, яъне арзёбии микдории сатхи зехнии худ мегузарад; МХ5 - "хонандаи асри 21" мехнати омузгоронро эхтиром мекунад ва аз кумак ба хамсолонаш даст намекашад; МХ6 - "хонандаи асри 21" касби ояндаи худро бошуурона интихоб мекунад ва ба барои гиифтани маълумот дар ин мавзуъ пайваста шавку хавас дорад; МХ7 - "хонандаи асри 21" ба волидайни хеш ва пиронсолон бо эхтиром муносибат намуда, кушиш ба харч медихад, ки ба онхо кумак расонад; МХ8 - "хонандаи асри 21" варзишро дуст медорад ва махорати худро дар шохмот инкишоф медихад; МХ9 - "хонандаи асри 21" максаду идеалхои хаётиро интихоб мекунад ва бахри онхо саъю кушиш менамояд; МХ10 - "хонандаи асри 21" вобаста ба мархилахои гузариши синну сол у завки эстетикй ва услуби либоспушии худро дорад.

В. Ягупов чунин мешуморад, ки маданияти педагогии омузгорони замони нав - таълими системавй ба шумор меравад, ки дар навбати худ чузъхои асосии фарханги педагогй инхоянд: тамоюли педагогй, донишхои равоншиносй ва педагогй, хамохангии интеллектуалии инкишофёфта, сифатхои ахлокй, махорати баланди педагогй ва муташаккилй, инчунин кобилияти самараноки ба хам пайвастани фаъолияти таълимй, тарбиявй ва илмй-тахкикотй; ягонагии сифатхои касбй: таълим, муошират ва рафтор, такмили пайвастаи худ [2, с. 3].

Мафхуми маданияти педагогй барои омузгорони ояндаи замони нав дар асоси тасаввуроти умумии маданияти ба инсон хос дар даврахои гуногуни таърихй равона карда шудааст. Омузгорони муосир яке аз шахсиятхои калидй мебошанд, ки арзишхои фархангиро аз насл ба насл интикол медиханд ва фархангро ба тарбия ва таълим табдил медиханд. Ин фаъолият ба таври ногусастанй алокаманд аст ва бояд бо мавчудияти фарханги баланди педагогй, ки хусусияти асосии шахсияти омузгорони ояндаи илм ба хисоб меравад, вобаста бошад.

Маданияти педагогии омузгорони оянда на танхо ташаккули хислатхои хаматарафаи инсонй, балки рафтору кирдори онхоро дар тамоми сохахои хаёти чамъиятй бо сифат намудан мебошад. Маданияти педагогии омузгорони ояндаи замони нав як падидаи динамикист, ки дар раванди инкишофи чамъият тагйир ёфта, талабот, манфиат, идеал ва арзишхои онхоро инъикос менамояд. Ташаккули маданияти касбии омузгорони ояндаи замони нав аз донишгоххои омузгорй огоз мешавад, аммо муассисахои таълимй одатан инро вазифаи объективй намедонанд.

Маданияти касбии муаллими ояндаи замони нави фаннй дар фаъолияти таълимию педагогии у инкишоф меёбад, вале амалия нишон медихад, ки ин раванд хеле суст ва на хамеша самарабахш мегузарад. Дар ин росто, барои тезонидани раванд ба принсипи усули салохиятнокй ахамияти махсус дода мешавад, ки барои ташаккули максадноки фарханги касбй дар байни омузгорони ояндаи табиатшиносй, дакик ва риёзй имкониятхои васеъ фарохам меорад.

Дар байни омузгорони ояндаи фанхои табиатшиносй, дакик ва риёзй принсипи усулхои ташаккули фарханги касбй дар асоси кобилият яке аз мафхумхо ва мукаррароти мухими навсозии мундаричаи таълим ва баланд бардоштани сифати таълим эълон шудааст. Консепсияи ин усул ба идеологияи фахмонидани мазмуни таълим, ки «аз натича» ташаккул ёфтааст, асос ёфтааст. Методи кобилиятнокй мачмуи унсурхои сохтории методология ва парадигма мебошад, ки хадафи он ташаккули кобилият, махорат ва фарханги касбии омузгорони ояндаи табиатшиносй, дакик ва риёзй дар асоси тавозуни бехтарини назариявй мебошад.

Дониш, махорат, малака, ахамияти касбй ва ахамияти шахсй - фарханг ва омодагии самараноки мутахассисони касбиро таъмин менамояд ва бо дониши кофии фаъолияти касбй хос аст.

Олимони варзидаи сохаи педагогика (А.Г. Бермус, Е.В. Бондаревская, И.А. Зимняя, В.В. Сериков, В.А. Сластенин, А.В. Хуторской ва f.) кайд кардаанд, ки кобилиятхои омузгор - инхо хислатхои мураккаби шахсият, аз чумла на танхо маърифат (коршиносй) ва усулхо (махорат, тачриба, амалия), балки чузъхои хавасмандй, ахлокй, ичтимой ва рафтории онро дар бар мегирад [3, с. 10].

Дар миёни омузгорони ояндаи дакик;, риёзй ва табиатшиносй 7 принсипхои асосии истифодаи усулхои салохиятнокй мавчуд буда метавонад, ки барои ташаккули фарханги касбй заруранд (расми 1.):

Расми 3. Принсипхои асосии муносибати босалохат дар таълими омузгорони ояндаи табиатшиносй, дакик ва риёзй, истифодаи усулхои салохиятнокй барои ташаккули фарханги касбй.

П1 - принсипи ташаккули неруи эчодии шахсият (пиндошта мешавад, ки эчодкорй дар фаъолияти таълимии омузгорони табиатшиносй, дакик ва риёзй зарур аст;

П2 - принсипи харакатнокии касбй (таъмин намудани омузгорони ояндаи табиатшиносй,дакик ва риёзй бо тайёрй ва кобилияти зуд азхуд кардани воситахои техникй, равандхои технологй, инчунин мусоидат ба мунтазам баланд бардоштани дарачаи маълумот ва тахассусии онхо);

П3 - принсипи модулии тайёрии касбй (дар асоси он, ки муаллими ояндаи фанхои табиатшиносй, дакик ва риёзй метавонад мустакилона бо накшаи таълимии шахсии ба у пешниходшуда, аз чумла маълумот ва дастурамал оид ба ноил шудан ба хадафхои таълими касбй хамкорй намояд. Барномаи таълим ба модулхо таксим карда мешавад - модули таълимие, ки ба блоки таълимй метавонад якпорчагии мазмуни маводи таълимиро таъмин намояд, тахлил ва тафаккури хамачонибаро дар байни омузгорони ояндаи илмй инкишоф дихад, ба назорати доимй ва чамъбастй мусоидат намояд ва принсипхои гузаришро бомуваффакият татбик намояд;

П4 - принсипхои ба касбият нигаронидашудаи таълим (намудхои муносибатхо дар сохтори таълим, аз чумла тачрибаи хаёт, бо максади ташаккули тамоюли рухонй хамчун хислати асосии шахсият, инчунин чанбахои ичтимой ва техникй сохта мешаванд;

П7а, П7б, П7в, П7г, П7д П7е, П7ж, П7з

П5 - принсипи моделсозии фаъолияти касбй дар раванди таълим (мухайё намудани шароит барои ичрои машкхое, ки фаъолияти касбии ояндаро таклид мекунанд. Бо ёрии моделсозй омузгорони ояндаи илм фахмиши худро дар бораи фаъолияти касбии проблемавй тавассути гузоштани хадафхо ва муайян кардани онхо, мундарича, усулхо ва шаклхои ин фаъолият дар хамаи зинахои таълим татбик карда мешаванд, зеро вай на танхо барои пешгуии вазъияти фаъолияти касбии оянда ёрй мерасонад, балки омузгорони ояндаро ба тайёрии бошуурона ба мехнат тайёр мекунад.

П6 - принсипи мутобикгардонии тахсилоти касбй ба шароити тагйирёбандаи бозор ва талаботи ичтимой;

П7 - принсипи таълими якумрй (системаи асосии идеологй, ки бояд дар раванди ташкили системаи муассисаи таълимй бо хамрохии омузгорони ояндаи табиатшиносй, дакик ва риёзй дар даврахои гуногуни хаёти онхо амалй карда шавад, аз чумла: П7а) дар ташаккул ва ганй гардонидани эчодиёти шахсии омузгорон ба муваффакият ноил гардад; П7б) якпорчагии амудию уфукии раванди таълим; П7в) омезиши фаъолияти таълимй ва амалй; П7г) хусусияти сохторро ба назар гирифта, «эхтиёчоти таълимии худро дар тамоми мархилахои давраи хаёт нигох доред»; П7д) давомнокии назарраси зинахои болоравии нардбони таълимй; П7е) ягонагии таълими касбй, умумй ва табиатшиносй; П7ж) худидоракунии байни хамаи мархилахои фаъолияти тарбиявии ташкилшуда; П7з) чузъхои расмй ва гайрирасмии раванди тахсилот тамоми умрро муттахид созад.

Дар натича, чунин бармеояд, ки дар раванди тахсил дар муассисахои таълимй, донишгоххо омузгорони ояндаи илмхои табиатшиносй, дакик ва риёзй дар ташаккули фарханги таълимй бо мушкилоти нав ру ба ру мешаванд, яъне "...омухтанро ёд дихед...".

Ба омузгорони ояндаи фанни табиатшиносй, дакик ва риёзй халли масъалахои фаъолияти таълимй, яъне дуруст интихоб кардани манбаи иттилоот, гузоштани максадхои фаъолияти маърифатй, дарёфт ва татбики максадхо, ташкили фаъолият, баходихии натичахои бадастомадаро омузонидан лозим аст, яъне "...бо дигар донишчуён хамкорй кунед...". Омузонидани роххои халли масъалахои асосии хаёти муосир: t - сиёсат, мухити зист, байнифархангй, яъне халли масъалахои тахлилй; t - хангоми истифодаи усулхои илмии зарурии халли масъалахои маърифатй, тавзех ва татбики падидахо, сабабхо, мохият ва робитахои мавчудаи вокеият; t - таълим додани роххои халли мушкилоти аксиологй, яъне дар чахони арзишхои маънавие, ки чахонбинй ва фархангхои гуногунро инъикос мекунанд; t -чустучуи роххои халли масъалахоеро, ки бо накшхои муайяни ичтимой алокаманданд (шахрвандон, интихобкунандагон, беморон, истеъмолкунандагон, аъзоёни оила, ташкилотчиён ва гайра); t - тарзи халли масъалахоеро, ки ба намудхои гуногуни касбу хунар ва дигар фаъолиятхо умумианд (чустучу ва тахлили ахбор, кабули карорхо, ташкили фаъолияти муштарак ва гайра); t -омузонидани тарзи халли масъалахои вобаста ба рушди фаъолияти касбй ва омодагии минбаъдаи тахсил дар муассисахои таълимй.

Дар интихо аз нуктаи назари баланд бардоштани сифати таълим дар муассисахои таълимй «савганди омузгор" - ро аз лихози арзишхое, ки Сукрот ба онхо ишора намудааст, мебояд арчгузорй намуд. Чуноне, ки Сукрот кайд намудааст омузгор ба номи шогирд ва барои тамаддуни башарият бояд чунин савганд ёд кунад:

1. Эхтиром ба шахсияти шогирдамро новобаста аз синну соли ба балогатрасии у ба чо меорам;

2. Худро масъули саломатии чисмонй ва ахлокии шогирдон медонам;

3. Истеъдоди азалии шогирдамро ба манфиати у ва атрофиёнаш таквият мебахшам;

4. Иродаи мустахками шогирдамро нашикаста, дар хама холат ба дастгирии у омода мебошам;

5. Рохи шинохти оламро ба у нишон медихам;

6. Уро дар холати бесаводй ва ноумедй намегузорам;

7. Рохи расидан ба олами зебой ва хушбахтиро нишон медихам ва дар тафаккури у эхсоси бехшавиро бедор месозам;

8. Уро ба талоши Х,а;и;ат ва Тахаммули галатхо рахнамун месозам.

АДАБИЁТ^О

1. Зимняя, И. Салохият ва салохият // Донишчуён. Муколамахо дар бораи маориф, 2004. № 6. С. 13 - 14

2. Зинченко, В.П. Дар бораи хадафхо ва арзишхои таълим // Педагогика. - С., 1997. - № 5,3 -6 с.

3. Исаев, И.Ф.Назария ва амалияи ташаккули маданияти касбию педагогии муаллими мактаби олй. - М., 1993.

4. Махмутов, М.И. Принсипи самти касбии таълим / Принсипхои таълим дар назария ва амалияи муосири педагоги // Мачмуаи асархои илмии байниуниверситетхо. - Челябинск, 1985. - С.52-56.

5. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй» 26.01.2021, ш. . - https: // khovar.tj / rus / 2021/01 / poslanie-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-lidera-natsii-uvazhaemogo -emomali-rahmona-madzhlisi-oli-respubliki-tadzhikist (санаи дастрасй 02/10/2020) )

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.