Арабов Муллошараф Курбонович - кандидат физико-математических наук, доцент кафедры «информатика и информационные системы» Таджикско-Российского (славянского)университета, Email: [email protected], тел.907380099 Сатторов Абдурасул Эшбекович - доктор педагогических наук, профессор, профессор кафедры «Алгебра и геометрияи» Бохтарского государственного университета имени НосираХусрава Email: [email protected], тел.987675773.
About the autor:
Habibullozoda KaromatuHo HabibuUo - Teacher of the Department of Methods of Teaching Mathematics and Informatics, Nosiri Khusrav State University. Email: [email protected], тел.935222409
Arabov Mullosharaf Kurbanovich - Candidate of Physical and Mathematical Sciences, Associate Professor of "Informatics and Information Systems" Slavic University of Russia and Tajikistan, Email: [email protected], тел.907380099
Sattorov Abdurasul Eshbekovich - Doctor of pedagogical sciences, professor, professor of the Department of Algebra and Geometry. Email: [email protected], тел. (+992) 987675773
УДК 004.510, 372.851, 378.147
ДАВРА^ОИ ТАЪРИХИИ ТАЪЛИМИ ИНФОРМАТИКА ДАР МУАССИСАХОИ ТА^СИЛОТИ МИЁНАИ УМУМЙ
Назаров А.П.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй
Омузиши фанни информатика ва методикаи таълими информатика дар муассисахои таълимй бе донистани таърихи таълими фанни информатика дар муассисахои таълимй душвор аст. Таърихи информатикаро омузгоре дониста, дарс дода метавонад, ки илми информатикаро донад. Пайдоиш ва ташаккулёбии фанни информатика ба нимаи дуюми асри ХХ рост меояд. Дар ибтидои ин давр дар аввал фанни нав бо номи кибернетика ба вучуд омада буд. Асосгузори он математики амрикой Норберт Винер аст, ки соли 1948 дар китоби худ "Кибернетика" кайд кардааст [1]. Маънии калимаи кибернетика бо забони Юнонй "санъати идоракунй" мебошад. Объектное, ки аз назари кибернетика омухта мешуданд, системахои кибернетикй ном доштанд. Дар собик ИЧЩС ба фанни кибернетика дар аввал кам диккат медоданд ва танхо дар охирхои солхои 50-уми асри ХХ кибернетикаро хамчун фан кабул карданд.
Солхои 60-70-уми асри ХХ фанни информатика аз фанни кибернетика чудо шуда, хамчун фанни мустакил эълон шуд. Тавре медонем, мавзуи омузиши он иттилоот мебошад. Инкишофи он бошад, ба сохта шудани мошинхои электронии хисоббарор алокаманд буд, ки холо компютер ном мебаранд. Дар собик ИЧЩС асосан дар баъзе муассисахои таълимии Федератсияи Россия информатика хдмчун фанни факултативй ё иловагй то солхои 1985 таълим дода мешуд. Дар он давра аз китоби муаллифон В.С. Леднев, А.А. Кузнетсов "Ассосхои кибернетика (курси факултативй) барои синфхои 9-10" истифода мебурданд [8]. Омузиши барномасозй бошад, бештар дар муассисахои таълимии шахри Новосибирски Федератсияи Россия бо рохбарии А.П. Ершов ва шогирдони у таълим дода мешуданд. Омузиш дар ин муассисахои таълимй аз солхои 1950 асри гузашта с^оз гардида буд. Дар муассисахои таълимии математикони шахри Москва барномасозонро тайёр мекарданд, ки аз солхои 1960 ибтидо гирифта буд. Минбаъд дар дигар шахрои Федератсияи Россия омузиши асосхои барномасозй хамчун фанни факултативй чорй карда шуда буд.
Охирхои солхои 70-уми асри ХХ аз тарафи В.С. Леднев дохил намудани фанни нав дар муассисахои таълимй, ки бояд фазои иттилоотию кибернетикии чахонро омузад, асоснок карда шуд. Консепсияи информатикаи мактабй бошад, аз тарафи академик А.П. Ершов, Г.А. Звенигородский ва Ю.А. Первин коркард карда шуд. Дар заминаи он бо карори Вазорати маорифи собик ИЧЩС аз соли 1982 омузиши калкуляторхо дар муассисахои таълимй чорй карда шуд, аз чумла Чумхурии Точикистон. Дар он давра калкуляторхои мактабии МКЩ-2 истехсол мешуданд ва дар муассисахои таълимй истифода мебурданд. Дар Чумхурии Точикистон дар аксар кабинетхои фаннй аз математика калкуляторхои МКЩ-2 насб карда шуда буданд. Ба ин муассисахои таълимй мактаби миёнаи №2 ба номи В.И. Ленин, №3 ба номи В.В. Терешкова ва №5 ба номи Ахмади Дониши шахри Орчоникидзеобод (хозира Вахдат) мисол шуда метавонанд. Дар он калкуляторхо барномахои халли муодилаи квадратй ва системахои муодилахои дуномаълума дохил карда шуда буд. Омугорон дар раванди таълим бо истифода аз МКЩ-2 алгоритми дохилкунии аъзохои муодилаи квадратй ва ёфтани решахои онро меомузониданд. Айнан хаминтавр ёфтани халли системаи муодилахои хаттии дуномаълумаро меомузониданд.
Соли 1985 аввалин барномаи таълимии фанни информатика дар муассисахои таълимии собик ИЧЩС тайёр карда шуд [2]. Дар асоси он бо ташаббуси А.П. Ершов аз 1-уми сентябри соли 1985 (дар Чумхурии Точикистон соли 1986) дар тамоми муассисахои таълимии тахсилоти миёна барои хонандагони
синфхои 9-10 (хозира 10-11) омузиши фанни хатмии "Асосх,ои информатика ва техникаи хисоббарор" чорй карда шуд ва ба накшаи таълимй дохил карда шуд. Бо истифода аз ин барномаи таълимй омузгорони фан накшаи таквимии худро тайёр мекардаднд. Аввалин китоби дарсй аз ду кисм иборат буда, бо рохбарии акалемик А.П. Ершов бо забони русй нашр шуда буд. Номи китоби дарсй низ "Асосх,ои информатика ва техникаи хисоббарор" буд. Китоби мазкурро номзади илмх,ои физика ва математика, профессор, шодравон Алиев Боймурод хамоно ба забони точикй тарчума карда буданд. Умуман, дар ин давра шодравон Алиев Б.А. барои таълими фанни информатика хам дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва хам тахсилоти олии Чумхурии Точикистон сахми бенихоят калонро гузоштаанд. Ин давраи якуми чорикунии фанни информатика ба хисоб меравад. Шиори он "Барномасозй - саводнокии дуюм! (А.П. Ершов)" буд. Максади асосии гузошташудаи таълимй дастрасии саводнокии компютерии хонандагон буд. Мафхуми саводнокии компютерй мафхуми бенихоят васеъ буда, дар баробари дар муассисахои тахсилоти умумй чорй гардидани таълими фанни информатика ба миён омада, минбаъд ташаккул ёфт. Мафхуми саводнокии компютерй ба зудй яке аз мафхумхои нави илми дидактика гардид. Баъдан зина ба зина кисматхои зерини муайянкунандаи мундарицаи саводнокии компютерии хонандагон муайян ва чудо карда шуд:
® Мафхуми алгоритм, хосиятхои он, намудхои он, воситахо ва методхои навиштани алгоритм, мафхум дар бораи барнома хамчун шакли пешниходи алгоритм барои компютер;
® Асосхои барномасозй дар яке аз забонхои барномасозй (асосан Бейсик);
® ^исмхои асосии таркибии компютер ва принсипхои кории он;
® Махорат ва малакахои амалии корбарй бо компютер;
® Татбик ва накши компютер дар чамъияти муосир, дар истехсолот ва дигар сохахои фаъолияти инсонй.
Тавре кайд кардем, таълими фан дар мактабхои миёна аз руйи китоби аз ду кисм иборат буда сурат гирифт. Барои омузиш ба хонандагони синфи 9 (хозира 10) хафтае як соат ва ба хонандагони синфи 10 (хозира 11) хафтае ду соат дарс чудо карда шуда буд. Дар ин давра компютерхои мактабии истехсоли ватании КТЩ Агат, КТТХ, Корвет, КТХ, УК-НС, КТТХ Кувт-86 ва КТТХ, Вектор истехсол карда шуда (Расми 1), ба муассисахои таълимй таксим карда шуда буданд. Дар баъзе аз муассисахои таълимй компютерхои ДВК ва инчунин компютери Ямахаи истехсоли Япония истифода бурда мешуданд. Масалан, дар яке аз мактабхои миёнаи хамонвакта нохияи Орчоникидзеобод компютери Ямаха истифода бурда мешуд ки бо сарпарастй ва ёрии заводи таъмири механикй дастрас шуда буд. Хама он компютерхои мактабй асосан дорои забони барномасозии Бейсик буданд. Харчанд дар компютери КТХ, УК-НС забонхои Фортран ва PL1 низ истифода мешуданд. Баъдан компютерхои Хоббит барои муассисахои таълимй истехсол карда шуданд. Аммо китобхои дарсии номбаршуда ба талаботи руз чавобгуй набуданд, зеро дар он мафхумх,ои асосй "ичрокунанда", "алгоритм' ва забони барномасозии Рапиро буд. Оиди барномасозй дар забони Бейсик маводхои зарурй дар ин китобхо набуд, то хонандагон бо компютерхои номбаршуда кор карда тавонанд. Муассисахои таълимие, ки бо компютер таъмин набуданд варианти гайрикомпютериро дар асоси хамин китоб таълим медоданд. Мактабхое, ки бо компютерхои мактабй таъмин буданд, хангоми истифодабарии компютер ва гузаронидани дарсхои амалй ба мушкилихои зиёде дучор мегардиданд. Яке аз сабабхояш набудани дастурхо бо забони точикй оид ба барномасозй дар забони Бейсик ба хисоб мерафт.
Агат Корвет Кувт-86
Расми 1 . Компютерхои мактабии истехсоли ватанй
УК-НС
ДВК-2
Бо максади тайёр намудан ва интихоби китоби дарсии информатикаи ба талаботи руз чавобгуй буда озмун эълон гардида буд. Дар натича соли 1987 китоби "Асосхои информатика ва техникаи хисоббарор", ки гурухи муаллифон бо рохбарии В.А. Каймин навишта шуда буд, барои таълим дар муассисахои таълимй пешниход гардид. Баъдан боз китобхои зери рохбарии А.Г. Кушниренко ва А.Г. Гейн навишта шуда, пешкаши муассисахои таълимй гардиданд. Мазмун ва мундаричаи китобхои дарсии номбаршуда ба ташаккули махорати алгоритмии хонандагон равон шуда буд. Дар асоси онхо хонандагон алгоритмхоро коркард намуда, тахлил менамуданд. Аммо, чи тавре ки медонем, ба хотираи компютер барнома дохил карда мешавад, на алгоритм. Ин худ аз худ ба омузгорон боз мушкилихои зиёдеро ба миён меовард, зеро имкони истифодабарии компютерхои мактабй бе сохтани барнома душвор буд. Омузгорони муассисахои
таълимии Чумхурии Точикистон худ мустакилона аз дигар сарчашмахо истифода намуда, ба дарсх,о тайёрй медиданд, ба шогирдон зимни таълим конспект медоданд.
Даври дуюми таълими информатика дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикисгон аз соли 1992 ибтидо мегирад. Соли 1992 аввалин маротиба барнома ва накшаи таквимии таълими фан барои синфхои 10 (хафтае як соат) ва синфхои 11 (хафтае ду соат) аз чоп баромада буд, ки муаллифи маколаи мазкур муаллифи он аст (Рохнамои муаллим, кисми 2, Вазорати маорифи халки Чумхурии Точикистон). Дар асоси ин барномаи таълимй, ба шогирдон каме аз таърихи пайдоиши компютер, баъдан алгоритмхо ва алгоритмсозй бо ёрии блок-схемахо таълим дода мешуданд. Аз нимсолаи дуюми синфи 10 сар карда, то хатми мактаби миёна ба хонандагон забони барномасозии Бейсик бо хисоби дарсх,ои амалй таълим дода мешуд. Ба омузгорону хонандагони муассисахои таълимй варианти чопи компютерии китоби "Асосхои информатика ва барномасозй дар забони Бейсик" пешниход гардида буд. Омузгороне, ки дар мактабхояшон компютерхои УК-НС гузошта шуда буданд, аз файлхои дар гирдахо сабт гардидаи ин китоб истифода мебурданд. Соли 1993 китоби муаллифон К. Куртаков ва Наврузов С.Т. "Асосхои информатика ва барномасозй дар забони Бейсик MSX" аз чоп баромада, пешкаши омузгорону хонандагон гардида буд.
Аз ибтидои солхои 2000-ум (асри XXI), ки давраи сеюми таълими фанни информатика дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон бахисоб меравад, мазмун ва мундаричаи таълими фан тагйир дода шуда буд. Ин ба раванди инкишофи технологияи компютерй вобаста буд, алалхусус коркарди системаи оператсионии Windows ва мачмуаи барномахои амалии Microsoft office! Барномаи таълимй бо рохбарии олими соха, доктори илмхои физика ва математика, профессор Комилов Ф.С. коркард шуда буд ва дар он номи фан "Асосхои технологияи компютерй" нишон дода шуда буд. Аммо дар накшахои таълимй номи фанро "Асосхои техникаи компютерй" гузоштанд ва дар синфхои 8-11 хафтае як соатй таълим дода мешуд. Шиори ин давр "Саводнокии компютерй барои ^ама!" буд. Аввалин китобхои дарсй низ бо рохбарии профессор Комилов Ф.С. аз чоп бароварда шуда, дар муассисахои таълимй мавриди истифода карор гирифтанд. 31 декабри соли 2002 карори Хукумати Чумхурии Точикистон тахти №502 «Дар бораи тасдики Барномаи компютеркунонии мактабхои асосй ва миёнаи умумии Чумхурии Точикистон барои солхои 2003-2007» кабул гардид. Аз соли хониши 2006-2007 ба накшахои таълимй оиди таълими фанни информатика дар муассисахои таълимй тагйиротхо ворид карда шуданд. Дар асоси ин тагйиротхо фанни информатика дар синфхо 7-11 хафтае як соатй бо номи "Технологияи информатсионй" таълим дода мешуд.
Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 05.03.2008 №77 Барномаи нави компютеркунонии муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон барои солхои 2008-2010 кабул ва тасдик карда шуд. Аз соли хониши 2008-2009 то соли 2018 фанни информатика дар синфхои 7-9 хафтае як соатй ва дар синфхои 10-11 хафтае ду соатй бо номи "Технологияи информатсионй" таълим дода мешавад. Баъдан номи фан "Технологияи иттилоотй" гузошта шуд ва то хол бо хамин ном таълим дода мешавад. Ин давраи чоруми таълими фанни информатика дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон бахисоб меравад. 2-юми сентябри соли 2010 тахти №416 Карори Хукумати Чумхурии Точикистон "Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2015" кабул ва тасдик карда шуд. Холо ин карор мавриди омузишу ичроиш карор дорад.
Солхои хониш Номи фан Синфхои таълими ва соатхои хафтаина
2004-2005 Асосхои техникаи компютерй 8-9 1 соатй 10-11 1 соатй
2006-2007 2007-2008 Технологияи информатсионй 7-9 1 соатй 10-11 1 соатй
2008-2009 то 2018 Технологияи информатсионй (Технологияи иттилоотй) 7-9 1 соатй 10-11 2 соатй
Соатхои дарсии якхафтаинаи таълимии нишондода шуда кариб дар тамоми синфхо, ки ба равияхо (гуруххо) чудо карда шудаанд, якхел аст. Танхо дар гуруххои "Технология" каме фаркиятхо мавчуданд. Ба замми ин дар накшахои таълимй, масалан соли хониши 2008-2009, оварда шудааст: "Равияи технологияи информатсионй ба литсещо ва мактаб^ое, ки дорои на камтар аз 50 адад компютер, хатти Интернет, китобхонаи электронй, почтаи электронй, проектор^о ва кабинета мучаздази таълимй, инчунин устодони дорои сертификати байналмилалии барномасози компютерй мебошанд, ичозат дода мешавад". Аз соли хониши 2015-2016 бошад, тибки накшахои таълимй дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии литсейй дар хама намуд равияхо таълими фанни информатика аз синфи 5 ба рох монда шудааст, дар синфхои 5-9 хафтае як соатй ва дар синфхои 10-11 хафтае ду соатй дарс мукаррар карда шудааст.
Аз соли 2018 давраи панчуми таълими фанни информатика дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудааст. Аз ин сол сар карда, дар хама намуди муассисахои тахсилоти миёнаи умумй таълими фанни информатика аз синфи 5 ба рох монда шудааст, дар синфхои 5-9 хафтае як соатй ва дар синфхои 10-11 хафтае ду соатй дарс мукаррар карда шудааст. Чамъияти имрузаи иттилоотй
масъулияти бузургеро ба души омузгорони ояндаи фанни информатика гузоштааст, то ба хотири рушду инкишофи хаматарафи системаи маориф сах,мгузор бошанд. Системае, ки ба таври махсус аз чониби чамъият тах,ия ва танзим мегардад, дорои меъёрхои ичтимой буда, ба эхтиёчоти асосии чамъият, шахсият ва инкишофи ичтимоии он мувофикат мекунад.
Албатта, х,оло низ фанни информатикаи мактабй, ки кисми таркибии илми ба таври фаъол инкишофёбандаи информатика аст, тамоми мазмуну мундарича ва маводу маълумотхои зарурии бисёршаклаи илми информатикаро дарбар намегирад. Айни замон фанни информатикаи мактабй функсияи тахсилотиро ичро карда, бояд ба хонандагон асосх,ои техникаи компютерй, асосх,ои технологияи компютерию иттилоош, алгоритмсозй ва барномасозиро дар яке аз забонхои барномасозй омузонад. Хатмкунандагони муассисахои тах,силоти миёнаи умумй пас аз омузиши фанни информатикаи мактабй бояд ба хаёт ва фаъолияти ояндаи амалй дар чомеаи иггилоотй тайёр бошанд.
АДАБИЁТ
1. Норберт Винер. Кибернетика, или управление и связь в животном и машине. 2-е изд. М. : Советское радио, 1968.
2. Назаров А.П. Методикаи таълими информатика. Кигоби дарсй. Душанбе - 2019. ЧДММ "Мхроч-Граф". - 462 с.
3. Колин К.К. Новая компьютерная инициатива США и задачи России в области развития информатики. // Alma mater (Вестник высшей школы), No 5, 2006. - С.26 - 29.
4. Колин К.К. Становление информатики как фундаментальной науки и комплексной научной проблемы. Сб. н тр. // Системы и средства информатики. Спец. вып. Научно - методологические проблемы информатики. - М. : ИПИ РАН, 2006. - С.7 - 57.
5. Ершов А.П. Информатика: предмет и понятие. В кн Кибернетика. Становление информатики. - М.: Наука, 1986. - С. 28 -31.
6. Политика в сфере образования и новые информационные технологии. Национальный доклад России 2 -й Международный конгресс ЮНЕСКО «Образование и информатика» (Москва, 1996). - М.: ИИТО ЮНЕСКО, 1997.
7. Колин К.К. Эволюция информатики. // Информационные технологии, No 1, 2005. - С. 2 - 16.
8. https://studopedia.org/13-94678.html
ИСТОРИЧЕСКИЕ ПЕРИОДЫ ПРЕПОДАВАНИЯ ИНФОРМАТИКИ В СРЕДНИХ ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ УЧРЕЖДЕНИЯХ
Сложно изучать информатику и методику преподавания информатики в образовательных учреждениях, не зная истории преподавания информатики в образовательных учреждениях. Зарождение и развитие информатики восходит к второй половине двадцатого века. В начале этого периода родилась новая наука под названием кибернетика. Её основателем был американский математик Норберт Винер, написавший в 1948 году книгу «Кибернетика». В настоящей работе изучаются исторические периоды преподавания информатики в школах Таджикистана, условно разделённый на пять периодов. Рассматривается вклад академика А.П. Ершова во внедрение предмета информатики в средних школах. Изучается роль таджикских учёных и учителей в развитие преподавания информатики в средних школах. Приводится название учебников, годы преподавания, школьных часов. Отмечается, что в настоящее время идёт пятый период преподавания информатики в средних образовательных учреждениях, которое начался с 2018 года. Начиная с 2018 года во всех типах средних образовательных учреждениях Республики Таджикистан преподавания информатики под названием «Информационные технологии » ведётся с 5-го класса. В 5-9 классах один час в неделю, и в 10-11 классах 2 часа в неделю.
Ключевые слова: кибернетика, информатика, история, периоды преподавания, учебники, школьные компьютеры, МКШ-2.
HISTORICAL PERIODS OF TEACHING INFORMATICS IN SECONDARY EDUCATIONAL INSTITUTIONS
It is difficult to study computer science and the teaching methods of computer science in educational institutions without knowing the history of teaching computer science in educational institutions. The origin and development of computer science dates back to the second half of the twentieth century. At the beginning of this period, a new science was born called cybernetics. Its founder was the American mathematician Norbert Wiener, who wrote the book "Cybernetics" in 1948. This work examines the historical periods of teaching informatics in schools in Tajikistan, which is conventionally divided into five periods. The contribution of academician A.P. Ershova in the introduction of the subject of computer science in secondary schools. The role of Tajik scientists and teachers in the development of teaching informatics in secondary schools is studied. The title of textbooks, years of teaching, school hours are given. It is noted that the fifth period of teaching computer science in secondary educational institutions is currently in progress, which began in 2018. Since 2018, in all types of secondary educational institutions of the Republic of Tajikistan, teaching informatics under the name "Information Technologies" is conductedfrom the 5th grade. In grades 5-9 one hour a week, and in grades 10-112 hours a week.
Keywords: cybernetics, informatics, history, teaching periods, textbooks, school computers, MKSH-2.
Сведения об авторе:
Назаров Актам Пулатович - кандидат педагогических наук, доцент кафедры информационных и коммуникационных технологий Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни. Тел.: (+992) 919624444, 935166101; E-mail: [email protected]
About the author
Nazarov Ahtam Pulotovich - Candidate of Pedagogical Sciences, Dotcent of the Chair of information and communication technologies, Tajik State Pedagogical University named after SAyni. Tel.: (+992) 919624444, 935166101; E-mail: [email protected]
АСОСХОИ НАЗАРИЯВЙ-МЕТОДОЛОГИИ ОМОДАСОЗИИ ОМУЗГОРОНИ ОЯНДА БАРОИ АМАЛЙ ГАРДОНИДАНИ РОБИТАИ ФАННЙ ДАР ШАРОИТИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАХСИЛОТ
Баротзода К.А., Хидиров F.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Ахамияти мавзуи тадкикшаванда равандхои ичтимоии марбут ба рушди истехсолот, дархостхои мархилаи баъцй дар тавсеаи илм ва фанноварй ниёз ба бозсозии системаи маориф, чустучуи равишхои нав барои расицан ба хадафи - омоцасозии мутахассисони салохиятдор чихати фаъолият дар сохахои гуногун, аз чумла сохахои маорифро такозо дорад.
Навсозии таълим дар муассисахои таълимй, ки дар айни замон чараён дорад, барои тахсилоти олй вазифахои нави касбй пеш меорад ва ба тарбияи касбии муаллимон дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии муосир талаботи нав зам мекунад. Вазифахои нави омодасозии онхо аз чумла шаклгирии салохиятхои касбии донишчуён дар заминаи фаркияти сатх ва мушаххасот, омузишхои пеш аз профилактикй, таълими мачмуй ва элективй, истифодаи усулхои нави педагоги, аз чумла иттилоот, технология, дастурхои таълимй ва асбобхо мебошанд. Дар хамин росто зарур аст, ки таълими фанхои муаллимони оянда дар шароити низоми кредитии таълим дар Донишгохи омузгорй ба вазифахои мархалаи имрузаи ислохоти муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва олй таъмин карда шавад.
Дигаргунсозихои хамачонибаи сохаи тахсилоти олй, инчунин бознигарй дар консепсияи таълим дар хар як сохаи мушаххаси фаъолиятро дар назар дорад. Навсозии мухтавои таълим ба тачдиди назарраси таъминоти таълимию методй ва татбики усулхои муосири инноватсионй ниёз дорад. Дар хамин иртибот солхои охир як катор хуччатхои мухими давлатй, ки ислохоти системаи тахсилоти олиро танзим мекунанд ва хадафхои дарозмуддати ин тахаввулотро муайян мекунанд, кабул шудаанд. Гузариш ба низоми зинахои таълимй ва тахияи стандартхои нави таълим бо дарназардошти талаботи муосири тахассусй ба мутахассисони сатххои гуногун самтхои афзалиятноки рушди тахсилоти олй мебошанд. Хунтами муайян кардани хадафи ташаккули стандартхои федералии давлатй оид ба таълим (FESES HPE), таъкиди асосй ба танзими умумй, бунёдй, самти касбй ва амалии тахсилот дода мешавад.
Максадхои тайёр кардани хатмкунандагони Донишгохи омузгорй бо вазифахои фаъолияти касбии худ муайян карда мешаванд. Дар натичаи таълим, онхо бояд як катор салохиятхои умумии фархангй ва касбй дошта бошанд, ки ба он аз чумла омодагии онхо барои истифодаи конунхои асосии биология ва химия дар таълими илмхои табий, истифодаи усулхои моделсозй, тахкикоти назариявй ва тачрибавй; омодагй барои татбики сатхи дифференсиалй ва касбй, таълими томактабй, омузиши курсхои хамгирошуда ва элективй, истифодаи технологияхои нави иттилоотй дохил мешавад. Барои анчоми ин кор лозим аст чунин сатхи омузиш аз илмхои табиатшиносй, риёзй ва дакики донишчуёне, ки дар самти "Тахсилоти педагогй" омузиш мебинанд, таъмин карда шавад, ки барои рушди фанхои блокх,ои фаннй заминаи мусоид фарохам оварда, ба чолишхои мархилаи кунунии ислохоти муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва олии касбй чавобгу бошад.
Тафсири мафхуми робитаи байнифаннй дар илми педагогика яксон нест. Тибки анъана робитахои байнифаннй чун хамбастагии мутакобилаи барномахои таълимй бо назардошти системаи илмхо ва хадафхои дидактикй мавриди баррасй карор мегирад. Хдмзамон бо ин дарки робитахои байнифаннй чун шартхои дидактикй, ки рушди кобилияти маърифатиро таъмин мекунанд, васеъ пахн шудааст. Тамоюли фарк кардани робитахои байнидарсии принсипи мустакили дидактикй вучуд дорад. Чунончи, В.Н. Максимова ба ин назар аст, ки дар сатхи вазифахои созанда ахамияти робитаи байнифаннй ба усули мустакил табдил ёфт, ки дар асоси он "системахои дидактикии байнифаннии доирахои амали гуногун" сохта шуданд, махз дар накши принсипи мустакил гояи робитахои байнифаннй накши ташкилкунанда мебозад, ба сохтусози барномахо, сохтори маводи дарсй, китобхои таълимй, ба интихоби усулхо ва шакли таълим таъсир мерасонад. Тахлили корхои дидактхо оид ба ин масъала бисёрчанба будани робитахои байнидарсиро нишон медихад, ки дар вазифахои методологй, накшавй ва созандаи онхо ифода ёфтааст [2, с3].