Научная статья на тему 'ШУУРИ ЊУЌУЌИИ НОЗИРОНИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛЇ: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ'

ШУУРИ ЊУЌУЌИИ НОЗИРОНИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛЇ: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
шуури њуќуќии касбї / кормандони маќомоти корњои дохилї / шуури њуќуќии нозирони бозрасии давлатии автомобилї / ќонунгузорї / назария / амалия. / профессиональное правосознание / сотрудники органов внутренних дел / правовое сознание инспекторов государственной автомобильной инспекции / законодательство / теория / практика.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ќодирзода Ѓ.Н.

Дар маќола масоили шуури њуќуќии касбї њамчун падидаи муњим баррасї гардидаааст. Аз нуќтаи назари ањаммияти он, падидаи мазкур дар маќомоти њифзи њуќуќ мавриди назар ќарор дода шудааст. Њамзамон, дар раванди тадќиќоти мавзуи мазкур таваљљуњ ба шуури њуќуќии касбии кормандони маќомоти корњои дохилї, бахусус нозирони бозрасии давлатии автомобилї, зоњир карда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

LEGAL CONSCIOUSNESS OF INSPECTORS OF THE STATE AUTOMOBILE INSPECTION: THEORY AND PRACTICE

В статье рассматривается проблема профессионального правосознания как важное явление. Это явление также обсуждалось с точки зрения его значимости в правоохранительных органах. При этом в процессе исследования уделялось внимание профессиональному правосознанию сотрудников органов внутренних дел, в частности, инспекторов государственной автомобильной инспекции.

Текст научной работы на тему «ШУУРИ ЊУЌУЌИИ НОЗИРОНИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛЇ: НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ»

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон

ТДУ 340.114.5

ШУУРИ ^УКУКИИ НОЗИРОНИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛЙ:

НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ

ПРАВОВОЕ СОЗНАНИЕ ИНСПЕКТОРОВ ГОСУДАРСТВЕННОЙ АВТОМОБИЛЬНОЙ ИНСПЕКЦИИ: ТЕОРИЯ И ПРАКТИКА

LEGAL CONSCIOUSNESS OF INSPECTORS OF THE STATE AUTOMOBILE INSPECTION: THEORY AND PRACTICE

Крдирзода F.H. Kodirzoda G.N.

Омузгори калони кафедраи фан^ои давлатй-уукуции факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон,

майори милитсия

Страший преподаватель кафедры государственно-правовых дисциплин факультета № 2 Академии МВД Республики

Таджикистан, майор милиции Senior Lecturer of the Department of State and Legal Disciplines, Faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, Major of militia

Ихтисоси илми: 12.00.01 - Назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат (5.1.1. Илмхои хукукии назариявй-таърихй).

Научная специальность: 12.00.01 - Теория и история права и государства; история учений о праве и государстве (5.1.1. Теоретико-исторические правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; history of the doctrines of law and the state (5.1.1. Theoretical and historical legal sciences).

Тацриздиуанда: ХАЙруллоев Ф.С. - хукукшинос-мушовири ташкилоти чамъиятии «Инсон ва Адолат», номзади илмхои хукукшиносй.

Рецензент: ХАЙруллоев Ф.С. - юрист-консультант общественной организации «Человек и Справедливость», кандидат юридических наук.

Reviewer: Khairulloev F.S. - legal consultant of the public organization «Human and Justice», Candidate of Legal Sciences.

Аннотатсия: Дар макола масоили шуури хукукии касбй хамчун падидаи мухим баррасй гардидаааст. Аз нуктаи назари ахаммияти он, падидаи мазкур дар макомоти хифзи хукук мавриди назар карор дода шудааст. Дамзамон, дар раванди тадкикоти мавзуи мазкур таваччух ба шуури хукукии касбии кормандони макомоти корхои дохилй, бахусус нозирони бозрасии давлатии автомобилй, зохир карда шудааст.

Вожауои калиди: шуури хукукии касбй, кормандони макомоти корхои дохилй, шуури хукукии нозирони бозрасии давлатии автомобилй, конунгузорй, назария, амалия.

Аннотация: В статье рассматривается проблема профессионального правосознания как важное явление. Это явление также обсуждалось с точки зрения его значимости в правоохранительных органах. При этом в процессе исследования уделялось внимание профессиональному правосознанию сотрудников органов внутренних дел, в частности, инспекторов государственной автомобильной инспекции.

Ключевые слова: профессиональное правосознание, сотрудники органов внутренних дел, правовое сознание инспекторов государственной автомобильной инспекции,

Cs

Alii

Е-mail:

golibjon2020@mail.ru

Труды Академии МВД Республики Таджикистан №l(6l).2024 f i

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

законодательство, теория, практика.

Annotation: The article examines the problem of professional legal consciousness as an important phenomenon. This phenomenon has also been discussed in terms of its significance in law enforcement. At the same time, during the research, attention was paid to the professional legal consciousness of employees of internal affairs bodies, in particular, inspectors of the state automobile inspection.

Key words: professional legal consciousness, employees of internal affairs bodies, professional legal consciousness of inspectors of the state automobile inspection, legislation, theory, practice.

Фаъолияти макомоти корхои дохилй (минбаъд - МКД) ба пешгирй ва ошкор намудани чиноят ва дигар хукуквайронкунихо алокаманд аст. Кормандони МКД пайваста бахри амалй гардонидани сиёсати давлатй дар самти таъмини амният, пойдории сулху субот дар кишвар ва бунёди давлати демокративу хукукбунёд фаъолият менамоянд.

Дар умум кормандони МКД вазифахои гуногунро, ки ба самти фаъолияти онхо вобаста мебошад, ичро менамоянд. Ичроиши чунин масъулият аз чониби кормандони МКД Чумхурии Точикистон дар заминаи меъёрхои Конститутсияи Чумхурй, конунхои конститутсионй, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукй амалй карда мешавад. Кормандони МКД намояндаи хокимияти ичроия буда, фаъолияти онхо бо риоя ва ичрои моддаи 10 Конститутсияи Чумхурии Точикистон огоз мегардад, ки дар заминаи он риоя ва ичрои Конститутсия ва конунхои чумхурй хамчун вазифаи хар як корманд мустахкам гардидаст. Махз дар чунин холат устувории конуният, эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, адолати ичтимой ва инсондустй, баробарии хама дар назди конун, робита ва алокамандй бо ахолй устувор мегардад. Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 21-уми декабри соли 2021 вобаста ба масъалаи мазкур иброз намуданд, ки дар баробари тахияву кабули конунхо риоя ва ичрои катъии онхо низ мухим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи конун боиси

поймолшавии хукуки инсон, манфиатхои давлату чомеа, ташкилоту муассисахо, конунияту адолат, афзоиши чинояткорй ва бенизомй мегардад [11].

Проблемаи таъмини волоияти Конститутсия, конунхои Чумхурии Точикистон ва ё ахаммиятнокии конуният таъмини тартиботи чамъиятй ва риояи хукуку озодихои инсону шахрванд на танхо масъулияти муфаттишон, кормандони оперативй-чустучуй, нозири минтакавй, балки вазифаи

аввалиндарачаи нозирони бозрасии давлатии автомобилй (минбаъд - БДА) низ мебошад. Зеро кормандони БДА дар баробари дигар кормандони МКД хизматчии давлатй буда, дар фаъолияти онхо конуният хамчун унсури асосй баромад менамояд.

О.А. Строева иброз менамояд, ки конуният омили асосии фаъолияти нозирони БДА буда, аз хар як корманд талаб карда мешавад, ки конунхо ва санадхои меъёрии идоравиро катъиян риоя намояд. Проблемаи таъмини волоияти конун дар фаъолияти нозирони рох, бешубха, мухим аст, ки ин, пеш аз хама, ба он вобаста аст, ки нозири БДА иродаи давлатро ифода намуда, аз номи он амал мекунад [13].

Дар баробари ин, иброз мегардад, ки нозирони БДА хангоми гузаронидани чорабинихои хифзи хукук набояд аз доираи конун берун бароянд [2]. Фаъолияти нозирони БДА дар вокеъ ба татбики конун равона гардида, конуният асоси фаъолияти онхо ба хисоб меравад. Вале Дар баробари ин, набояд нодида гирифт, ки заминаи асосии риояи конуният дар фаъолияти нозирони БДА ин мавчудияти сатхи баланди шуури хукукии касбй ба хисоб меравад.

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон

Дар сохтори МКД накши нозирони БДА дар таъмини хукуку озодии инсон ва шахрванд, тартиботи чамъиятй, амнияти давлат мухим мебошад. С.А. Сергеев химояи хукуку озодихои конститутсионии шахрвандон, инчунин манфиатхои чомеа ва давлатро хадафи фаъолияти БДА ВКД Русия меномад [5]. Димояи хукуку озодихои инсон ва шахрвандро дар Чумхурии Точикистон яке аз вазифахои асосии нозирони БДА метавон арзёбй намуд, зеро фаъолияти ин ниход шабонарузй дар худуди давлат амалй карда мешавад.

Нозирони БДА хамчун намояндаи хокимият аз сиёсати хукукй кор гирифта, дар татбикнамоии санадхои меъёрии хукукй иштирок менамоянд. Яке аз самтхои аввалиндарачаи фаъолияти нозирони БДА нигох доштани тартиботи коидахои харакат дар рох мебошад. Вале Дар баробари ин, набояд нодида гирифт, ки нозирони БДА яке аз субъектони махсуси МКД ба хисоб рафта, нисбати дигар кормандони МКД масъулияти баландро бар ухда дошта, дар самти ба даст овардани бовариву эътимоди шахрвандон накши марказиро ичро менамояд. А.М. Тошев чунин иброз намудаанд, ки «Фаъолияти маъмурии МКД дар самти таъмини вазъи хукукии инсон ва шахрванд мавкеи асосиро ишгол мекунад». Кормандони милитсия, ки фаъолияти маъмуриро ба амал меоранд (масалан: пайрахадор, нозирони минтакавй, нозирони бозрасй давлатии автомобилй) тартиботи чамъиятиро шабонарузй таъмин мекунанд. Махз ба онхо вазифахои хифзи хукуку озодихои шахс, хифзи манфиатхои конунии инсон ва шахрванд, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо гузошта шудаанд [14]. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти нозирони БДА яке аз нуктахои асосии пешгирикунандаи поймолгардии хукуку озодихои инсон ва шахрванд, нигохдорандаи тартиботи чамъиятй ва амнияти давлатй ба хисоб меравад.

Бояд иброз намуд, ки нозирони БДА хамаруза дар чомеа бо шахрвандон дар муошират ва дар таъмини тартиботи хукукй карор гирифта, натичаи фаъолияти

онхо дар назди чомеа симо ва сифати хизмати корманди макомоти хифзи хукук бахусус накши милитсияро дар чомеа муаррифй менамояд. Чи хеле ки иброз мегардад, гузаронидани чорабинихои тарбиявию профилактикй, корхои таргиботй ва тарбиявию фахмондадихй дар байни ахолй чузъи чудонашавандаи фаъолияти БДА мебошад. Воситаи муассир дар ин кор воситахои ахбори омма хамчун воситаи пешгирй ва таргиби тарзи хаёти солим, фарханги ронандагй, баланд бардоштани сатхи шуури хукукии шахрвандон, пешгирии вайрон кардани коидахои харакат дар рох ва конун мебошад [5]. Пас зарур аст, ки нозири БДА худ дорои шуур ва маданияти баланди хукукй бошад, то тавонад ба иштирокчиёни харакат дар рох ва умуман шахрвандон корхои фахмондадихиро дар риоя ва ичрои талаботи санадхои меъёрии хукукй ба таври зарурй расонида тавонад.

Яке аз хадафхои Барномаи ислохоти милитсия барои солхои 2021-2025 аз 1 июни соли 2021 тахти № 211 - тагйир ва такмил додани сохтори ташкиливу хукукй, самтхои асосй, принсипхои фаъолият, мавкеи милитсия дар низоми макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй, рушди хамкории мутакобила бо чомеа, тартиби кабул ва адои хизмат, кафолати давлатии хукукй ва ичтимой, таъминоти молиявй ва моддию техникй, дигаргун намудани симои ичтимоии корманд, назорати фаъолияти милитсия мебошад [1]. Симои зохирй ва хар як амалу рафтори нозирони БДА зери таваччухи шахрвандон, иттиходияхои чамъиятй ва расонахои хабарй карор гирифта, нисбат ба дигар сохторхои МКД бештар бахогузорй мегарданд.

Баланд гардидани шуури хукукй ва маърифати хукукии шахрвандон, хамчунин пешрафти технологияи муосир (сабткунии овоз, банаворгирй тавассути телефон ва г.) метавонад боиси он гардад, ки симои зохирй, сатхи сифату муошират, рафтор ва амалхои зиддихукукии нозирони БДА ба таври катъй дар чомеа расонай гарданд. Инчунин, шахрвандони хоричй, намояндагихои дипломатй ва ташкилоту созмонхои байналмилалй аз

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

симои зохирй, сатхи забондонй ва бо забони хукукиву маданияти хукукй сухбат намуданй нозирони БДА бахогузорй намуда, нуфуз ва обруйи МКД бахусус, хокимияти давлатиро дар чомеа муайян менамоянд.

Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон дар мулокот бо кормандони рохбарикунандаи макомоти кудратй ва хифзи хукук, макомоти тартиботи хукукй, ки 9 уми феврали соли 2020 доир гардида буд, чунин иброз намуданд, ки хар як амали гайрикасбй, бесифат ва бемасъулиятии кормандони макомоти хифзи хукук обруву нуфузи давлатро паст мекунад [3]. Дамчунин, моддаи 7 Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба дастгирии тартиботи хукукй, ки аз чониби резолютсияи 34 /169-и Ассамблеяи Генералии СММ аз 17-уми декабри 1979 кабул шудааст, мукаррар менамояд, ки шахсони масъул оид ба дастгирии тартиботи хукукй амалхои ришвахурй содир намекунанд, балки ба мукобили онхо мубориза мебаранд [6].

Мутаассифона, то хол маълумотхои дахлдор оид ба амалу рафтори кормандони БДА, ки тавассути расонахои хабарй ва шабакахои ичтимой расонаи мешаванд шаходат аз он медиханд, ки то хол мушкилоти чидди дар сохтори мазкур чой дошта, боиси норозигии шахрвандон мегардад. Бахусус дар як шабакаи ичтимоии ютуб, ки хамаруза фаъол аст, дар дах соли охир такрибан 100 наворхои сатхи пасти фаъолияти нозирони БДА расонаи гардида боиси вокунишхои зиёд дар чомеа гардидааст. Дар баробари ин, соли 2021 дар роххои кишвар кариб 1102 садамаи наклиётй ба кайд гирифта шудааст, ки дар натича 395 нафар ба халокат расида, 1218 нафар чарохатхои гуногун бардоштаанд [9].

Дамзамон, дар натичаи нишасти матбуотй оид ба фаъолияти МКД дар соли 2022 маълум гардид, ки дар натичаи 1096 садамаи наклиёти 416 нафар ба халокат расида 1197 нафар чарохати чисмонй бардоштаанд [10]. Дар баробари ин, дар 8 мохи соли 2023 ходисахои зиёди роху наклиёт дар худуди чумхурй рух додаанд.

Дахшатноктарини он 2-юми июли соли 2023, дар худуди нохияи Файзобод ба вукуь пайваст, ки дар натича 11 нафар ба халокат расида 3 нафар чарохатхои чисмонй бардоштаанд. Инчунин, 6-уми августи соли 2023 садамаи дигари пуркурбонй дар шахри Кулоб рух дод, ки зиёда аз 10 нафар фавтидаву ва зиёда аз 10 нафар чарохатхои чисмонй бардоштаанд. Дар пайи чунин ходисахои роху наклиёт хукук ба хаёт, саломатй, моликият ва г. зарар мебинанд. Чунин хукукхои арзиши олй доштаи инсон водор месозад, ки нозирони бозрасии давлатии автомобилй аз хукукхои конститутсионии инсон ва шахрванд бархурдор бошанд ва дар таъмини он фаьолона иштирок намоянд.

Надонистани мазмуни конун, унсурхои бунёдии чомеа, арзиши хаёт, саломатии инсон ва даст задан ба амалхои коррупсионй, дагалй, таъкибнамоии бемаврид, боздошти беасос ин кирдорхои ношоиста ва зиддихукукй мебошад. Чунин кирдорхои зиддихукукй, аз чумла содир намудани амалхои коррупсионй, боис мегардад, ки нуфузи давлати хукукбунёд ва риояи принсипи конуният дар чомеа паст гардад. Чунин камбудихо дар сохтори мазкур аз сабаб ва омилхои муайян вобаста мебошад. Яке аз сабабхои мушкилоти болозикр таьиноти номувофики кадрй ба хисоб меравад. Зеро чалб гардидани шахсони гайри тахассусй дар сохтори БДА яке аз масъалахои мухим буда, аз тарафи дигар, надоштани донишхои муайяни хукукй, бетачрибагй ва надонистани вазифахои муайяни хизматй метавонад сабабхои паст гардидани сифати фаъолияти нозирони бДа гардад.

Маьмулан кисме аз нозирони БДА, дорои маьлумоти олии хукукй набуда, онро баьзе аз кормандон баьди солхои тулонии фаьолият намудан танхо бо шакли тахсили гоибона сохиб мегарданд. Бояд иброз намуд, ки то имруз масьалаи сатхи шуури хукукии касбй, маданияти хукукии касбй ва шаклдигаркунии шуури хукукй (нигилизм, инфантализм, формализм) нигаронкунанда буда, боиси дар сатхи паст ичро гардидани вазифахои хизматии кормандони БДА гардидааст.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

Нисбат ба дигар сохторхои МКД, амалхои коррупсионй, дагалгуфторй ва амалу рафторхои гайри касбии нозирони БДА бештар расонай мегардад. Дамчунин, надонистани низоми конунгузории кишвар, дарк накардани арзиши хукуку озодихои инсон ва шахрванд, арзишхои давлати демокративу хукукбунёд камбудихои дигари соха мебошанд.

Мутаассифона шуури хукукии кормандони МКД аз чумла нозирони БДА аз таваччухи мутахассисони соха берун мондааст. Гузашта аз ин, кам олимон ва мутахассисон ба ин масъала таваччух намудаанд. Маълумоти болозикр шаходат аз он медихад, ки дар сохтори мазкур мушкилоти зиёд чой дорад. Метавон иброз намуд, ки дар баробари камбудихои зикршуда дар Барномаи ислохоти милитсия барои солхои 2021-2025, ки бо карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 1-уми июни соли 2021 тахти №211 кабул гардидааст, ягон намуд чорабинй дар самти БДА ба накша гирифта нашудааст. Чунин камбудихои соха такозо менамояд, ки кадрхои ин сохтор бояд дар муассисаи махсуси олй дар сатхи баланд ва ба талаботи чомеаи муосир чавобгу омода карда шуда, таъиноти дуруст ва максадноки кадрй амалй карда шавад. Аз ин ру, мо зарур мешуморем, ки дар заминаи Академияи ВКД Чумхурии Точикистон курсхои махсус дар самти азхудкунии донишхои хукукй барои нозирони БДА ташкил карда шаванд. Дар курси махсус метавонанд кормандоне, ки бори аввал ба сафи БДА ба кор кабул карда мешаванд ва ё маълумоти хукукй надоранд, ба таълим фаро гирифта шаванд.

Масъалаи мазкур такозо бар он менамояд, ки оё шуури хукукии касбй ба нозири БДА хос хаст ё не? Шуури хукукии касбй ба рафти фаъолияти кормандони БДА дар сатхи ичрои конун чигуна таъсир мерасонад? Аз ин ру, сараввал метавон нуктаи назари А.М. Тошевро мувофики максад шуморид, ки чунин иброз намудаанд: «Ягон сохаи амалияи хукукй бидуни шуури хукукй комил нест». Гузашта аз ин, фаъолияти хамарузаи кормандони МКД бе дарки шуури

чамъиятй наметавонад ба амал бароварда шавад [15]. Вокеан шуури хукукй дар амалияи хаёти харрузаи инсоният чой дошата, барои амалигардии муносибати хукукй мухим арзёбй мегардад. Дар баробари ин, шуури хукукии касбй бозхам ахаммиятнок гардида, дар идора намудани шуури мукаррарии чамъиятй дар раванди амалигардии муносибатхои хукукй афзалияти бештар пайдо менамояд. Шуури хукукии касбй сатхи ташаккулёфтаи шуури хукукй буда, нисбат ба шуури хукукии мукаррарй дар доираи он бештар мазмуну мухтавои санадхои меъёрии хукукй дарк карда шуда, дар амал татбик мегарданд.

Мувофики адабиёти таълимй-илмй, маъмулан шуури хукукии касбй барои тамоми кормандони макомоти хифзи хукук новобаста аз вазифахои хизматй хусусияти умумиро дорад. Аз чумла, Р.Х. Макуев шуури хукукии касбиро мавриди коркарди илмй карор дода, онро марбут ба шахсоне, ки бевосита дар раванди тахияи конунхо, ичрои конунхо, фаъолияти омузгорй, тахкикоти илмй дар сохаи хукукшиносй сарукор доранд, алокаманд мебошад [8]. Дарчанд мукаррар шудааст, ки конунхои ташаккули шуури хукукии касбй ва хусусиятхои зухури кобилияти махсуси хукукй барои хама намудхо ва сохахои хифзи хукук умумй мебошанд, вале хусусиятхои муайяни шуури хукукии касбй вучуд доранд, ки бо хусусиятхои амалигардонии хукук дар сохахои гуногуни танзими хукукй ба вучуд меоянд. Яке аз вижагихои шуури хукукии кормандони милитсия ин тафовути куллии фаъолияти касбии вохидхои алохидаи МКД мебошад [7].

Чихеле ки иброз мегардад, фаъолияти касбии нозирони БДА ба муносибати маъмурй-хукукй асос меёбад [12]. Дамчунин, иброз мегардад, ки шуури хукукии касбии кормандони вохидхои нозири рохро хамчун яке аз шаклхои шуури хукукии гурухй метавон тавсиф кард, ки дар робита ба хукук зохир мегардад [12]. О.А. Ветрова иброз менамояд, ки шуури хукукии касбй (аз чумла шуури хукукии нозирони БДА) аз

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

он иборат аст, ки дар зери таъсири шароити фаъолияти касбй (хукукй) ташаккул меёбад ва хусусияти онро инъикос мекунад [4]. Вале наметавон ба он пурра мувофик буд, ки шуури хукукии нозирони БДА танхо дар асоси фаъолияти амалй ташаккул меёбад.

Маъмулан дар тачриба дида мешавад, ки кисми бештари нозирони БДА дар вакти огози фаъолияти корй на хамаашон дар сатхи зарурй аз донишхои хукукй бархурдоранд. Пас, дар чунин маврид ташаккули чузъи махсуси шуури хукукии нозирони БДА на хама вакт каноатманд арзёбй мегардид, зеро бе донишхои назариявй, падидахои хукукй, сохахои хукукй, конуният, ва гайра чудо намудани муносибатхои хукукй, падидахои хукукй, сохахои хукукй ва самтхои арзишй, ки дар раванди тарбия ва таълими махсуси хукукй ба вучуд меоянд, бархурдор намегарданд.

Шуури хукукии касбй барои нозирони БДА дар замони муосир мухим арзёбй гардида, метавонад ба натичаи кори онхо таъсири мусбат расонад. Комилан наметавон ба он мувофик буд, ки шуури хукукии нозирони БДА дар баробари шуури хукукии оддй дар як сатх карор дошта бошад, зеро нозирони БДА на танхо истифодабаранда, риоякунанда ва ичрокунандаи талаботи хукук мебошанд, балки хамчун субъекти тадбиккунандаи хукук ба хисоб меравад. Аз ин ру, нозири БДА бе донишхои зарурии назариявй дар самти низоми конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалй, сохахои хукукй ва меъёрхои дохилиидоравй наметавонад сифати баланди

хизматрасонй дошта бошад. Дамчунин, нозири БДА бе дарки мазмуни конун арзиши конунии хаёт ва саломатии инсон, таъмини амният ва бехатарии ахолй наметавонад самаранокии фаъолияти худро баланд бардошта, волоияти конунро дар чомеа таъмин намояд. Фаъолияти нозирони БДА аз сатхи шуур ва маданияти хукукии онхо вобаста буда, доштани чунин донишхо

муаррификунандаи асосии низоми давлати демократа, хукукбунёд гардида,

таъмини хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, фарохам оварда мешавад.

Аз ин лихоз, зарур аст, ки кормандони БДА дар баробари дигар кормандони МКД зери сиёсати пешгирифтаи давлат ва хукумати чумхурй фаъолияти намунавй дошта, дорои шуури хукукй ва маданияти баланди хукукй бошанд, аз низоми конунгузории кишвар ба таври дахлдор маълумот дошта бошанд. Дамчунин, зарур аст дар доираи Барномаи ислохоти милитсия таваччухи махсус ба омодасозии нозирони БДА, дониш, махорату малакаи касбй ва бозомузии кадрхои ин сохтор равона карда шавад.

Дамин тарик метавон чунин хулоса намуд, ки хамаи корманди МКД дорандаи шуури хукукй буда, аммо на хамаи онхо дорандаи шуури хукукии касбй мебошад. Бо дарназардошти тахлилхои назариявй, хусусият, самти фаъолият ва вазифахои хизматй шуури хукукии кормандони МКД метавон ба ду сатх чудо намуд:

1) Кормандони макомоти корхои дохилие, ки маълумоти хукукшиносй надоранд, дар тахкику тафтишот ва дигар татбикнамоии конун иштирок наменамоянд, дорои шуури хукукии касбй намебошанд (кормандони раёсати таъминоти моддию техникй, алока, бехатарй аз сухтор (ба истиснои кормандони тахкик ва ташхис), маркази кинологй, хизмати дохилии тиббй ва г.). Чунин кормандон вобаста ба зарурати касбй метавонанд сатхи зарурии шуури хукукиро дошта бошанд, вале на шуури хукукии касбй.

2) Кормандони макомоти корхои дохилй, ки дорои тахассуси хукукшиносй буда, шуури хукукии касбиашон дар амалияи татбикнамоии хукук мунтазам ташаккул меёбад ва раванди фаъолияти амалии онхо бахри татбик намудани низоми конунгузорй равона гардидааст, дорои шуури хукукии касбй мебошанд (кормандони самти тафтишот, ваколатдори оперативй-чустучуй, нозири минтакавй, нозири бозрасии давлатии автомобилй (ба истиснои кормандони техникй), кормандони бахши бакайдгириву шиносномавй ва г.).

Труды Академии МВД Республики Таджикистан № 1 (61). 2024

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

Адабиёти истифодашуда

1. Барномаи ислохоти милитсия барои солхои 2021-2025: бо карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 1 июни соли 2021, № 211 тасдик шудааст // [Манбаи электронй] - Речаи дастрасй: http://www.vkd.tj/base/ (санаи мурочиат: 09.08.2023).

2. Деев, С.В. Теоретические аспекты правоприменительной деятельности / С.В. Деев // Известия РГПУ им. А.И. Герцена. - 2008. - № 55. - С. 93-95.

3. Вохурии Президенти Чумхурии Точикистон бо хайати рохбарикунандаи сохтори кудратй ва хифзи хукук, макомоти тартиботи хукукй, ки 9 феврали соли 2020 доир гардид // [Манбаи электронй] - Речаи дастрасй: http://prokuratura.tj/ru/news/338 (санаи мурочиат 09.08.2023).

4. Ветрова, О.А Правосознание сотрудников подразделений ГИБДД: вопросы правоприменительной практики / О.А. Ветрова // Научный вестник Орловского юридического института МВД России имени В.В. Лукьянова. - 2017. - № 2 (71). - С. 24-27.

5. Исмонзода, С.М. Административно-правовое регулирование контрольно-надзорной деятельности в области обеспечения безопасности дорожного движения Республики Таджикистан: дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.14 / Сайфуддин Махмадкабир Исмонзода. - М., 2019. - 162 с.

6. Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба дастгирии тартиботи хукукй, ки аз чониби резолютсияи 34 /169-и Ассамблеяи Генералии СММ аз 17-уми декабри 1979 кабул гардидааст // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: https://www.un.org/ru/documents/decl conv/conventions/code of conduct.shtml (санаи мурочиат: 12.01.2024).

7. Магденко, А.Д. Правосознание сотрудников органов внутренних дел Российской Федерации в контексте международных стандартов правоохранительной деятельности: Теоретический и практический аспект: дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.01 / Александр Дмитриевич Магденко. - Нижний Новгород, 2004. - 169 с.

8. Макуев, Р.Х. Теория государства и права: / Р.Х. Макуев. - 3-е изд., изм. и доп. - М.: Норма: Инфра-М, 2010. - 639 с.

9. Нишасти матбуотй оид ба фаъолияти хизматии кормандони милитсия дар соли 2021 // [Манбаи электронй] - Речаи дастрасй: https://vkd.tj (санаи мурочиат 09.08.2023).

10. Нишасти матбуотй оид ба фаъолияти хизматии кормандони милитсия дар соли 2022 // [Манбаи электронй] - Речаи дастрасй: https://vkd.tj (санаи мурочиат 09.08.2023).

11. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 21 декабри соли 2021 // [Манбаи электронй] - Речаи дастрасй: http://www.president.tj/ru (санаи мурочиат 09.08.2023).

12. Силантьева, О.С. Профессиональное правосознание сотрудников подразделений ГИБДД / О.С. Силантьева // Ученые записки. - 2010. - № 8(66). - С. 83-87.

13. Строева, О.А. Законность в правоприменительной деятельности сотрудников ГИБДД / О.А. Строева // Вестник Орловского юридического института МВД России имени В.В. Лукьянова. - 2017. - № 2 (71). - С. 96-99.

14. Тошев, А.М. Роль органов внутренних дел Республики Таджикистан в обеспечении правового статуса личности / А.М. Тошев // Вектор науки ТГУ. Серия: Юридические науки. - 2014. - № 2 (17). - С. 134-138.

15. Тошев, A.M. Правосознание и законность в профессиональной деятельности сотрудников органов внутренних дел Республики Таджикистан / А.М. Тошев // Соблюдение законности и обеспечение правопорядка в деятельности органов внутренних дел: сборник трудов межвузовского научного семинара. - М.: Академия управления МВД России, 2013. - С. 159-165.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон

References

1. Police reform program for 2021-2025: approved by the decision of the Government of the Republic of Tajikistan dated June 1, 2021, No. 211 // [Electronic source] - Access mode: http://www.vkd.tj/base/ (date application: 09.08.2023).

2. Deev, S.V. Theoretical aspects of law enforcement activities / S.V. Deev // News of the Russian State Pedagogical University named after. A.I. Herzen. - 2008. - No. 55. - Рр. 93-95.

3. The meeting of the President of the Republic of Tajikistan with the governing body of the power structure and law enforcement, law enforcement agencies, which took place on February 9, 2020 // [Electronic source] - Access mode: http://prokuratura.tj/ru/news/338 (date of application 09.08.2023).

4. Vetrova, O.A. Legal awareness of traffic police department employees: issues of law enforcement practice / O.A. Vetrova // Scientific Bulletin of the Oryol Law Institute of the Ministry of Internal Affairs of Russia named after V.V. Lukyanova. - 2017. - No. 2 (71). - Pp. 24-27.

5. Ismonzoda, S.M. Administrative and legal regulation of control and supervisory activities in the field of ensuring road safety of the Republic of Tajikistan: dis. ...cand. legal Sciences: 12.00.14 / Saifuddin Mahmadkabir Ismonzoda. - M., 2019. - 162 p.

6. Code of conduct of officials on support of the legal order adopted by resolution 34/169 of the UN General Assembly of December 17, 1979 // [Electronic resource] - Access mode: https://www.un. org/ru/documents/decl_conv/conventions/code_of_conduct.shtml (access date: 12.01.2024).

7. Magdenko, A.D. Legal awareness of employees of internal affairs bodies of the Russian Federation in the context of international standards of law enforcement: Theoretical and practical aspects: dis. ...cand. legal Sciences: 12.00.01 / Alexander Dmitrievich Magdenko. - Nizhny Novgorod, 2004. - 169 p.

8. Makuev, R.Kh. Theory of state and law: / R.Kh. Makuev. - 3rd ed., rev. and additional - M.: Norma: Infra-M, 2010. - 639 p.

9. Press conference on the service activities of police officers in 2021 // [Electronic source] - Access mode: https://vkd.tj (access date 09.08.2023).

10. Press conference on the service activities of police officers in 2022 // [Electronic source] - Access mode: https://vkd.tj (access date 09.08.2023).

11. Message of the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon to the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan on December 21, 2021 // [Electronic source] - Access mode: http://www.president.tj/ru (access date 09.08.2023).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

12. Silantyeva, O.S. Professional legal consciousness of employees of traffic police departments / O.S. Silantieva // Scientific notes. - 2010. - No. 8(66). - Pp. 83-87.

13. Stroeva, O.A. Legality in law enforcement activities of traffic police officers / O.A. Stroeva // Bulletin of the Orel Law Institute of the Ministry of Internal Affairs of Russia named after V.V. Lukyanova. - 2017. - No. 2 (71). - Pp. 96-99.

14. Toshev, A.M. The role of the internal affairs bodies of the Republic of Tajikistan in ensuring the legal status of the individual / A.M. Toshev // TSU science vector. Series: Legal sciences. - 2014. - No. 2 (17). - Pp. 134-138.

15. Toshev, A.M. Legal awareness and legality in the professional activities of employees of internal affairs bodies of the Republic of Tajikistan / A.M. Toshev // Compliance with the rule of law and ensuring law and order in the activities of internal affairs bodies: a collection of proceedings of an interuniversity scientific seminar. - M.: Academy of Management of the Ministry of Internal Affairs of Russia, 2013. - Pр. 159-165.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.