Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 3 (55). 2022
ТДУ 340.114.5
НИГИЛИЗМИ ^УКУКИИ КОРМАНДОНИ МАКОМОТИ КОР^ОИ ДОХИЛИ
ВА ОКИБАТ^ОИ ОН
ПРАВОВОЙ НИГИЛИЗМ СОТРУДНИКОВ ОРГАНОВ ВНУТРЕННИХ ДЕЛ
И ЕГО ПОСЛЕДСТВИЯ
LEGAL NIHILISM OF EMPLOYEES OF INTERNAL AFFAIRS BODIES
AND ITS CONSEQUENCES
Мансурзода А.М. Mansurzoda A.M.
Сардори шуъбаи ташкили-илми ва табъу нашри Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, дотсенти кафедраи фан^ои давлатй-^уцуции факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй, дотсент,
подполковники милитсия Начальник организационно-научного и редакционно-издательского
отдела Академии МВД Республики Таджикистан, доцент кафедры государственно-правовых дисциплин факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент,
подполковник милиции Head of organizational, scientific and editorial and publishing department of the Academy of the MIA of the Republic of Tajikistan, associate professor of the department of state legal disciplines of the faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tajikistan, candidate of Law, associate professor,
lieutenant colonel of militia
Крдирзода F.H. Kodirzoda G.N.
Омузгори калони кафедраи фан^ои давлатй-^укуции факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон,
майори милитсия
Старший преподаватель кафедры государственно-правовых дисциплин факультета № 2 Академии МВД Республики
Таджикистан, майор милиции Senior Lecturer of the Department of State and Legal Disciplines of Faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the
Republic of Tajikistan, Major of militia
e-mail:
E-mail:
Ихтисоси илми: 12.00.01 - назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат.
Научная специальность: 12.00.01 - теория и история права и государства; история учений о праве и государстве.
Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; the history of the doctrine of law and the state.
Тацриздщанда: Каримзода У.К. - муовини сардори факултети № 2-юми Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, подполковники милитсия.
Рецензент: КАРИМЗОДА У.К. - заместитель начальника факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, подполковник милиции.
Reviewer: KARIMZODA U.K. - Deputy head of faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, lieutenant colonel of militia.
Аннотатсия: Дар макола нуктаи назари олимон-хукукшиносон вобаста ба нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй мавриди баррасй карор гирифта, омилхои чой доштани он дар амалияи макомоти мазкур мавриди назар карор дода шудааст. Хдмчунин, дар макола омилхои манфии нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй ва пайомадхои (окибатхои) он тадкик гардидаанд.
Вожауои калиди: нигилизми хукукй, макомоти корхои дохилй, сабаб, окибатхои манфй, корманд, хукуквайронкунй, чавобгарй.
Аннотация: В статье подверглись рассмотрению взгляды ученых правоведов относительно правового нигилизма сотрудников органов внутренних дел, а также факторы его присутствия в практике этих органов. В статье также исследуются негативные факторы правового нигилизма сотрудников органов внутренних дел и их последствия.
Ключевые слова: правовой нигилизм, органы внутренних дел, причины, негативные последствия, сотрудник, правонарушение, ответственность.
Annotation: The article examined the views of legal scholars regarding the legal nihilism of employees of the internal affairs bodies, as well as the factors of its presence in the practice of these bodies. The article also examines the negative factors of legal nihilism of employees of internal affairs bodies and their consequences.
Key words: legal nihilism, internal affairs bodies, causes, negative consequences, employee, offense, responsibility.
Баъд аз ба даст овардани Истиклоли давлатй сиёсати Хукумати Чумхурии Точикистон чихати бунёд намудани давлати демокративу хукукбунёд равона гардидааст. Бояд иброз намуд, ки барои бунёди давлати демокративу хукукбунёд шуур ва маданияти баланди хукукии хизматчиёни давлатй ва шахрвандон мухим ба хисоб меравад. Шуур ва маданияти баланди хукукй имконият медихад, ки рушди чомеа таъмин гардад. Барои ба вокеият табдил ёфтани давлати демокративу хукукбунёд зарур аст, ки дар баробари шахрвандони кишвар, кормандони макомоти хифзи хукук ба хусус макомоти корхои дохилй дорои сатхи баланди шуур ва маданияти хукукй бошанд. Устуворй ва риояи принсипи конуният ба раванди пойдории давлати демокративу хукукбунёд замина мегардад.
Макомоти хифзи хукук дар пешги-рии хукуквайронкунй ва муковимат бо чиноят ва чинияткорй мавкеъ ва чойгохи хосаро доро мебошад. Чунин арзиш-
мандй боис бар он гардидааст, ки Хуку-мати Чумхурии Точикистон ба тайёр намудани кадрхои баландихтисос диккати махсус зохир намояд. Бахусус дар «Консепсияи сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2028» аз 6-уми феврали соли 2018, тахти № 1005 ба маврид зикр гардидааст, ки самаранокии сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи татбики хукук аз хисси масъулият, омодагии касбй, ватандустй, худшиносии миллй, сатхи баланди шуури хукукии касбии кормандони макомоти татбики хукук во-бастагй дорад.
Хамчунин, яке аз максадхои асосии кабули консепсия ин танзими самарано-кии низоми устувори сиёсии демократй ва институтхои чомеаи шахрвандй дар мамлакат, таъмини хукукии чараёни рушди иктисодию ичтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иктисоди бозорй, хифзи хукуку озодихои инсон, баланд бардоштани шуурнокй ва маърифати хукукии шахрвандон, аз чумла шахсони мансабдор ба хисоб меравад [6].
Чунин тадбирандешй кобили кабул буда, аз накшаву хадафхои саривактии давлату хукумат гувохй медихад. Вобаста ба масъалаи мазкур академик Ф.Т. Тохиров бамаврид иброз менамояд, ки рох ба суи давлати хукукбунёд туло-нист. Нигилизми хукук, ки мисли занг та-наи чамъияти моро афгор мекунад, худ аз худ нопадид нахохад шуд. Бинобар ин дар катори конунхои хуб, сохиби хукукшиноси хубу касбй будан шарт аст. Мусаллам аст, ки дар вазъияти бозсозии хамаи чабхахои хаёти чамъиятй масъалаи баланд бардоштани маданияти хукукй боз хам мавкеи аввалиндарачаро такозо мекунад [10, с. 90].
Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон вобаста ба масъалаи мазкур дар паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хануз 26-уми декабри соли 2018 таъкид намуда буданд, ки тамоми кормандони макомоти судй, прокуратура, корхои дохилй, амният, агентихои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия бо максади таъмин намудани тартиботи чамъиятй, суботу оромии чомеа, пешгирй ва сари вакт ошкор кардани чиноятхо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилхои содиршавии онхо бояд чорахои чиддй андешанд.
Барои расидан ба ин хадафхо кормандони макомоти хифзи хукук бояд, пеш аз хама, худашон талаботи конунхоро дар кору фаъолияти хеш катъиян риоя намоянд ва дар ичрои вазифахои хизматй намунаи ибрат бошанд*. Дар гуфтахои Пешвои миллат бевосита таваччух ба кормандони макомоти хифзи хукук равона гардидааст. Баланд бардоштани шуур ва
* Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 26-уми декабри соли 2018 // [Манбаи электронй]: Речаи дастрасй:
http://www.president.tj/ru/node/19089#kushoniyon (санаи мурочиат 21.11.2021).
маданияти хукукии кормандони макомоти хифзи хукук, инчунин хизматчиёни давлатй яке аз хадафхои асосии давлат ба хисоб меравад.
Бояд иброз намуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиклоли давлатии Чумхурии Точикистон бо максади амалй гардидани сиёсати давлатй дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос чандин консепсиву барномахои давлатй кабул карда шудааст. Аз чумла, дар «Консепсияи сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2028» бамаврид зикр гардидааст, ки самаранокии сиёсати хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи татбики хукук аз хисси масъулият, омодагии касбй, ватандустй, худшиносии миллй, сатхи баланди шуури хукукии касбии кормандони макомоти татбики хукук вобастагй дорад [6].
Дамчунин бо карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 3-юми майи соли 2014, тахти № 296 «Барномаи ислохоти (рушди) милитсия барои солхои 2014-2020» кабул гардида буд, ки яке аз хадафхои барномаи мазкур тайёркунй ва тарбияи кадрхо ба хисоб мерафт. Чунин хадаф идома ёфта, айни хол бо кабули Барномаи ислохоти милитсия барои солхои 2021-2025 аз 1-уми июни соли 2021, тахти № 211 омоданамоии мутахассисони баландпоя мухим бокй мемонад.
Дар барнома баланд бардоштани донишхои хукукии корманди милитсия ва маърифати хукукии ахолй, сатхи баланди хизматрасонии милитсия ба чомеа хамчун хадафи ахаммиятнок мустахкам гардидааст [4]. Дар ин самт бахусу с дар давраи амалисозии Барномаи ислохоти милитсия Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба дастовардхои назаррас ба монанди шароити корй, инфрасохторхои муосири сатхи баланди таълимй ва маишй, чойгохи моддиву техникй ноил гардидааст.
Вале то ба хол камбудихо ва падидахои манфй дар фаъолияти кормандони макомоти корхои дохилй чой дорад, ки ба фаъолияти самарабахши соха бетаъсир нахохад буд. Яке аз чунин
падидахои манфй ин нигилизми хукукй мебошад, ки дар байни кормандони макомоти корхои дохилй чой дорад. Маъмулан дар адабиёти таълимй-хукукй нигилизми хукукй ин инкор намудан ё ба инобат нагирифтани накш, ахаммият ва арзишхои хукук дар хаёти одамон мебошад.
Нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй дар замони муосир хамчун падидаи манфй бар мукобилй арзишхои конун, конуният ва адолат буда, дарки он бозхам масъулияти баландро талаб менамояд. Дар фаъолияти кормандони макомоти корхои дохилй чой доштани падидаи чун нигилизми хукукй на танхо ба раванди амалисозии конуният таъсири манфй мерасонад, балки сарчашмаи
хукуквайронкунии онхо мегардад.
Бояд иброз намуд, ки чой доштани нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй нисбат ба нигилизми хукукии шахрвандон хатарнок мебошад. Махз чунин аст, ки олимони хоричиву ватанй ба падидаи мазкур таваччухи бештар доранд. П.П. Баранов иброз менамояд, ки нигилизми хукукй яке аз шаклхои бештар пахншудаи халалдоршавии шуури хукукии касбии кормандони макомоти корхои дохилй буда, майли чинояткориро истисно намекунад [2].
А. Абдучалилов иброз менамояд, ки на танхо сатхи пасти шуур ва фарханги хукукии шахрвандон ташвишовар аст, балки нигилизми хукукие, ки дар хизматчиёни давлатй мавчуд аст ташвишовар бокй мемонад [1]. Хавфнокии нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй дар он зохир мегардад, ки хар як амали берун аз талаботи конунгузорй содиркардаи онхо - хамчун намояндаи хокимияти давлатй, дар чомеа пахн гардида, дар шуури ахолй нафрат ва бадбиниро нисбати сиёсати давлатй ба вучуд меорад. Чунин раванд бахшхои асосии фаъолияти давлатиро заъиф гардонида, ноумедии шахрвандонро ба фаъолияти кормандони макомоти корхои дохилй ба вучуд меорад.
Вобаста ба ин масъала А.Б. Венгеров тарбияи хукукиро тадкик намуда, иброз менамояд, ки бо омухтани хукук аз байн рабудани хукуквайронкунй гайриимкон ва хаёли хом аст [5, с. 573]. Ба акидаи Ш.К. Дасанов, решакан намудани унсурхои чиноятпеша дар чомеа на хамеша аз чараёни муташаккили тарбияи хукукй вобаста аст. Инчунин, у кайд менамояд, ки дар хаёт холатхое руй медиханд, ки кормандони хифзи хукук, яъне ашхосе, ки мутааллики шуури хукукии касбй, сохиби донишхои махсуси хукукй, ки дар чараёни фаъолияти амалии хукукй унсурхои он доимо сайкал меёбад, даст ба чиноят мезананд. Новобаста аз масоили болозикр, Ш.К. Дасанов дар идомаи кори худ тарбияи хукукиро воситаи тахкими конуният ва тартиботи хукукй арзёбй менамояд [11, с. 34]. Аз ин ру, метавон зикр намуд, ки тарбия ва таълими хукукй метавонад натичахои заруриро дар бартарафсозии акидахои инкоркунии хукукй ба миён орад. Ч,ой доштани нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй бошад ин аз камбудихои чараёни тарбия ва таълими хукукй, хусусиятхои рухй ва ё мухити ичтимоии онхо вобаста мебошад.
Мухаккики ватанй Э.С.
Насурддинов дар он андеша аст, ки чой доштани нигилизми хукукй мушкилот дар ташаккули шуури касбии хукукшиносон, тахассуси нокофии судяхо, мушкилоти кадрй дар макомоти судй, сатхи нокифояи махорати техникии судхо ва макомоти хифзи хукук, коррупсия дар фаъолияти макомоти хифзи хукук, бюрократизм ва суистифода аз конун ва макоми хизматй сатхи пасти маърифати хукукиро нишон медиханд ва мутаносибан ин камбудихо дар тарбия ва таълими хукукй арзёбй мегардад [7, с. 274].
Махз бо максади бартараф намудани мушкилоти болозикр бо карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, тахти № 599 Барномаи таълим ва тарбияи хукукии шахрвандони Чумхурии Точикистон барои солхои 2020-2030 кабул гардидааст. Яке аз максадхои асосии Барномаи
мазкур ин баланд бардоштани таълим ва тарбияи хукукии ...хизматчиёни давлатй мебошад [3]. Чунин тадбирандеши идома дошта, дар асоси Барномаи ислохоти милитсия, ки барои солхои 2021-2025 рохандозй гардидааст, яке аз хадафхои асосии он ин баланд бардоштани донишхои хукукии корманди милитсия мебошад. Аз чумла, баланд бардоштани сатхи донишхои назариявй ва малакаи касбии хайати шахсй тавассути чорй намудани низоми муосири таълим, ки ба зиёд намудани дарсхои амалй нигаронида мешавад муайян гардидааст [4].
Замони муосир дар самти татбики санадхои меъёрии хукукй баробари тарбияи хукукй ва донишхои хукукй барои кормандони макомоти корхои дохилй доштани як катор сифатхои дигар, ба монанди поквичдонй, тафаккури солим, сифатхои ахлокй, одоби касбй, хушмуомилагй,
тахаммулпазирй ва чохонбинй мухим мебошанд.
Риоя нагардидани талаботи конунгузорй аз чониби кормандони макомоти корхои дохилй на танхо дар татбики конун ва бовариву эътимоди шахрвандон ба давлат ва макомоти он таъсири манфй мерасонад, балки фазои нигилизми хукукиро дар байни ин ниход бозхам дучанд мегардонад.
Р.Ш. Сотиволдиев дуруст иброз менамояд, ки кабули карорхои гайриконунй ва ноодилона аз чониби макомоти хифзи хукук аз сатхи пасти шуури хукукии касбии онхо шаходат медихад [9, с. 72]. Дар вокеъ, чунин хам хаст, ки новобаста аз тадбирхои андешидашуда, чорабинихои огохонй, корхои профилактикй ва
пешгирикунанда, ки солхои охир дар раванди барномаву стратегияхои давлатй бахусус барномаи ислохоти милитсия рохандозй гардида истодааст, вале то ба хол дар байни хайати шахсии макомоти корхои дохилй содиршавии
хукуквайронкуни бахусус чиноят ташвишовар бокй мондааст.
Масалан, дар 12 мохи соли 2021 аз чониби 75 нафар кормандони макомоти корхои дохилй ва хизматчиёни харбии
Кушунхои дохилй 71 чиноят содир шудааст. Дамчунин, дар 12 мохи соли 2021, 208 холати содиршавии чиноят пешгирй гардида, 196 нафар кормандони макомоти корхои дохилй ба чазохои гуногуни интизомй чалб карда шудаанд. Дар баробари ин, дар 12 мохи соли 2021 51 холати аз кайд пинхон намудани чиноят, 24 ходисахои роху наклиёт бо иштироки кормандони макомоти корхои дохилй содир шудааст. Инчунин, дар 12 мохи соли 2021 нисбати 91 нафар кормандони макомоти корхои дохилй чазои интизомй вобаста ба конуншиканй татбик карда шудаанд. Дамчунин, дар соли 2021 1502 арзу шикоятхои шахрвандон нисбати кормандони макомоти корхои дохилй мавриди баррасй ва санчиш карор дода шуда, нисбати хар як холати он чорахои дахлдори конунй андешида шудааст [12].
М.Р. Рустамзода дуруст иброз менамояд, ки нигилизми хукукй дар байни кормандони дастгохи давлатй чанбаи маънавй ва психологии мушкилоти мавчудбударо ташкил медихад, он ба вазъи конуният таъсири манфии зиёд мерасонад... ва афзоиши амалхои гайриконунии хизматчиёни давлатиро муайян мекунад. Макомот ва шахсони мансабдори давлатй, ки хукуквайронкунй ва хатто чиноят содир мекунанд, на танхо конунхои мавчударо вайрон мекунанд, балки бо амалхои худ фазои муайяни тахдидро барои тамоми низоми хукукии давлатй фарохам меоранд [8, с. 94].
Чихеле ки дар боло зикр намудем, нигилизми хукукии кормандони макомоти корхои дохилй нисбат ба нигилизми хукукии шахрвандон хатарнок буда, пайомадхои он на танхо дар татбики самаранокии конун, волоияти конун ва конуният таъсир мерасонад, балки бовариву эътимоди шахрвандонро ба сиёсати давлатй дар самти бунёди давлати демокративу хукукбунёд ва фаъолияти макомоти давлатй коста мегардонад. Аз тахлилхои болозикр хулоса намуда, метавон чунин пайомадхои нигилизми хукукии
кормандони макомоти кордои дохилиро иброз намуд:
- нигилизми дукукй боиси коста гардидани риояи принсипи конуният, шуури дукукй ва маданияти дукукии кормандони макомоти кордои дохилй мегардад;
- ноумедй ва нобоварии шадрвандонро ба фаъолияти макомоти кордои дохилй ба вучуд меорад;
- нигилизми дукукии кормандони макомоти кордои дохилй ба самаранокии амалигардии функсиядои давлат таъсири манфй мерасонад;
- нигилизми дукукии кормандони макомоти кордои дохилй боиси он мегардад, ки карордои баровардаи масъулин калбакй ва беасос гарданд;
- нигилизми дукукй сабаби даст задани кормандони макомоти кордои дохилй ба амалдои зиддидукукй гардида, боиси содир намудани чиноят ба монандй амалдои коррупсионй, шиканча ва гайра мегардад.
Хамин тарик, мебояд зикр намуд, ки нигилизми дукукии кормандони макомоти кордои дохилй падидаи манфй буда, ба амалй гардидани функсиядои давлат монеа эчод менамояд.
Адабиёти истифодашуда
1. Абдуджалилов, А. О правовом нигилизме // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: proza.ru (дата обращения: 05.04.2021 г.).
2. Баранов, П.П. Профессиональное правосознание работников органов внутренних дел, теоретические и социологические аспекты: дисс. докт. юрид. наук: 12.00.01 Э Павел Петрович Баранов. - М., 1992. - 460 с.
3. Барномаи таълим ва тарбияи дукукии шадрвандони Чумдурии Точикистон барои солдои 2020-2030, ки бо ^арори Хукумати Чумдурии Точикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, № 599 тасдик шудааст // [Манбаи электронй]: Речаи дастрасй: http://www.adlia.tj/base/ (санаи мурочиат 11.09.2021).
4. Барномаи ислодоти милитсия барои солдои 2021-2025, ки бо ^арори Хукумати Чумдурии Точикистон аз 1-уми июни соли 2021, № 211 тасдик шудааст // [Манбаи электронй]: Речаи дастрасй: http://www.adlia.tj/base/ (санаи мурочиат 18.02.2021).
5. Венгеров, А.Б. Теория государства и права: учебник / А.Б. Венгеров. - М.: ОМЕГА-Л, 2006. - 595 с.
6. Консепсияи сиёсати дукукии Чумдурии Точикистон барои солдои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Чумдурии Точикистон аз 6-уми феврали соли 2018, тадти №1005 тасдик шудааст // Адлия (бонки марказонидашудаи иттилооти дукукии Чумдурии Точикистон). - Шакли 7.0.
7. Насурдинов, Э.С. Формирование правовой культуры в Республике Таджикистан в условиях углубления культурно-цивилизационных различий: проблемы теории и практики: дис... док. юрид. наук: 12.00.01. / Эмом Сайфудинович Насурдинов. - Душанбе, 2014. - 432 с.
8. Рустамзода, М.Р. Проблемы укрепления законности в Республике Таджикистан. дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.01 / Мухаммадали Рустам Рустамзода. - Душанбе, 2019. - 176 с.
9. Сотиволдиев, Р.Ш. Формирование профессионального правосознания сотрудников правоохранительных органов // Труды Академии МВД Республики Таджикистан / Р.Ш. Сотиволдиев. - Душанбе, 2020. - №2 (46). - С. 70-80.
10.Тохиров, Ф.Т. Актуальные проблемы истории и теории государства и права в условиях государственной независимости Республики Таджикистан / Ф.Т. Тохиров. - Душанбе: Дониш, 2009. - 369 с.
11. Хасанов, Ш.К. Тарбияи дукукй дамчун омили мудимми пешрафти чомеаи дукукбунёди Точикистон: (рукндои азнавсозй ва баркароргардии шуури дукукии мадкумшудагон) / Ш.К. Хасанов. - Душанбе: «Шучоиён», 2011. - 242 с.
12. Шард вобаста ба вазъи риояи конуният ва долатдои содиршавии чиноят дар байни дайати шахсии макомоти кордои дохилии Чумдурии Точикистон дар соли 2021 // Мачмуаи маводи тадлилй ва иттилоотй. - Душанбе, 2022. - 132 с.
References
1. Abdujalilov, A. On legal nihilism // [Electronic resource]. - Access mode: proza.ru (date of access: 04/05/2021).
2. Baranov, P.P. Professional legal consciousness of employees of internal affairs bodies, theoretical and sociological aspects: diss. doc. legal Sciences: 12.00.01 E Pavel Petrovich Baranov. - M., 1992. -460 p.
3. The program of legal education and training of citizens of the Republic of Tajikistan for the years 2020-2030, approved by the Government of the Republic of Tajikistan Resolution of November 27, 2019, No. 599 // [Electronic source]: Access mode: http://www.adUa. tj/base/ (date of application 11.09.2021).
4. The police reform program for the years 2021-2025, approved by the Resolution of the Government of the Republic of Tajikistan dated June 1, 2021, No. 211 // [Electronic source]: Access mode: http://www.adlia.tj/base/ (application date 18.02.2021).
5. Vengerov, A.B. Theory of state and law: textbook / A.B. Vengerov. - M.: OMEGA-L, 2006. -
595 p.
6. Concept of the legal policy of the Republic of Tajikistan for the years 2018-2028, approved by the order of the President of the Republic of Tajikistan dated February 6, 2018, No. 1005 // Justice (centralized legal information bank of the Republic of Tajikistan). - Form 7.0.
7. Nasurdinov E.S. Formation of legal culture in the Republic of Tajikistan in the context of deepening cultural and civilizational differences: problems of theory and practice: diss ... doc. legal Sciences: 12.00.01. / Emom Sayfudinovich Nasurdinov. - Dushanbe, 2014. - 432 p.
8. Rustamzoda, M.R. Problems of strengthening the rule of law in the Republic of Tajikistan. diss. ... cand. legal Sciences: 12.00.01 / Muhammadali Rustam Rustamzoda. - Dushanbe, 2019. - 176 p.
9. Sotivoldiev, R.Sh. Formation of professional legal awareness of law enforcement officers // Proceedings of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan / R.Sh. Sotivoldiev. - Dushanbe, 2020. - No. 2 (46). - P. 70-80.
10. Tokhirov, F.T. Actual problems of the history and theory of state and law in the conditions of state independence of the Republic of Tajikistan / F.T. Tokhirov. - Dushanbe: Donish, 2009. - 369 p.
11. Hasanov, Sh.K. Legal education as an important factor in the development of the legal society of Tajikistan: (pillars of reconstruction and restoration of the legal consciousness of the convicted) / Sh.K. Hasanov. - Dushanbe: "Shujaiyan", 2011. - 242 p.
12. Comment on the state of compliance with the law and cases of crime among the personnel of the internal affairs authorities of the Republic of Tajikistan in 2021 // Collection of analytical and informational materials. - Dushanbe, 2022. - 132 p.