Научная статья на тему 'БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТИ ЊИМОЯИ ИЉТИМОЇ-ЊУЌУЌИИ КОРМАНДИ МАЌОМОТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ'

БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТИ ЊИМОЯИ ИЉТИМОЇ-ЊУЌУЌИИ КОРМАНДИ МАЌОМОТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
кафолат / таъминот / њимояи иљтимої–њуќуќї / корманд / маќомоти корњои дохилї / фаъолият / ќонун. / гарантии / обеспечение / социально–правовая защита / сотрудник / органы внутренних дел / деятельность / закон.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Насуриён П.А.

Дар маќола баъзе аз масъалањои таъмин намудани кафолат оид ба њимояи иљтимої-њуќуќии корманди маќомоти корњои дохилї баррасї карда шудаанд. Муаллиф категорияњои таъминоти иљтимої–њуќуќии кормандони МКД тасниф намуда, камбудињои ќонунгузории ватанї дар ин масъала пешнињод намуд ва оид ба такмили он аќидањои худро манзур кард.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME PROBLEMS OF ENSURING THE GUARANTEE OF SOCIAL AND LEGAL PROTECTION OF AN EMPLOYEE OF THE INTERNAL AFFAIRS BODIES

В статье рассматриваются некоторые вопросы обеспечения гарантий по социально–правовой защите сотрудника органов внутренних дел. Автор классифицировал категории социально–правовой защищенности сотрудников ОВД, представил недостатки отечественного законодательства по данному вопросу и высказал свое мнение по его совершенствованию.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТИ ЊИМОЯИ ИЉТИМОЇ-ЊУЌУЌИИ КОРМАНДИ МАЌОМОТИ КОРЊОИ ДОХИЛЇ»

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (57). 2023 Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (57). 2023

ТДУ 351.741

БАЪЗЕ АЗ МАСОИЛИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТИ ^ИМОЯИ ИЧТИМОИ-^УЦУКИИ КОРМАНДИ МАЦОМОТИ КОРХОИ ДОХИЛИ

НЕКОТОРЫЕ ПРОБЛЕМЫ ОБЕСПЕЧЕНИЯ ГАРАНТИИ СОЦИАЛЬНО-ПРАВОВОЙ ЗАЩИТЫ СОТРУДНИКА ОРГАНОВ ВНУТРЕННИХ ДЕЛ

SOME PROBLEMS OF ENSURING THE GUARANTEE OF SOCIAL AND LEGAL PROTECTION OF AN EMPLOYEE OF THE INTERNAL AFFAIRS BODIES

Насуриён П.А. Nasuriyon P.A.

Муовини аввали сардори Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй, полковники милитсия Первый заместитель начальника Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, полковник милиции First Deputy Head of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences,

the colonel of militia

Ихтисоси илми: 12.00.11 - Фаъолияти судй; фаъолияти прокурорй; фаъолияти химояи хукук ва фаъолияти хифзи хукук; (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй-давлатй)).

Научная специальность: 12.00.11 - Судебная деятельность, прокурорская деятельность, правоохранительная деятельность и правозащитная деятельность (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).

Scientific specialty: 12.00.11 - Judicial activity; prosecutorial activity, law enforcement activity and human rights activities (5.1.2. Public law (state law) sciences).

Такриздщанда: Зоир Ч,.М. - ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва хукуки ба номи академик А. Баховаддинови Академияи миллии илмхои Точикистон, док-тори илмхои хукукшиносй, профессор, Мушовараи давлатии адлияи дарачаи 1, генерал -майори милитсия.

Рецезент: Зоир Дж.М. - главный научный сотрудник Института философии, политологии и права имени академика А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор, Государственный советник юстиции 1 -го класса, генерал-майор милиции.

Reviwer: Zoir J.M. - Chief Researcher of the Institute of Philosophy, Political Science and Law named after Academician A. Bahovaddinov of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor, State Counselor of Justice 1st class, Major General of Police.

Аннотатсия: Дар макола баъзе аз масъалахои таъмин намудани кафолат оид ба химояи ичтимой-хукукии корманди макомоти корхои дохилй баррасй карда шудаанд. Муаллиф категорияхои таъминоти ичтимой-хукукии кормандони МКД тасниф намуда, камбудихои конунгузории ватанй дар ин масъала пешниход намуд ва оид ба такмили он акидахои худро манзур кард.

Вожа^ои калидй: кафолат, таъминот, химояи ичтимой-хукукй, корманд, макомоти корхои дохилй, фаъолият, конун.

e-mail:

pnasurov@mail. ru

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (57). 2023

Анотация: В статье рассматриваются некоторые вопросы обеспечения гарантий по социально-правовой защите сотрудника органов внутренних дел. Автор классифицировал категории социально-правовой защищенности сотрудников ОВД, представил недостатки отечественного законодательства по данному вопросу и высказал свое мнение по его совершенствованию.

Ключевые слова: гарантии, обеспечение, социально-правовая защита, сотрудник, органы внутренних дел, деятельность, закон.

Annotation: The article discusses some issues of ensuring guarantees for the social and legal protection of an employee of the internal affairs bodies. The author classified the categories of social and legal protection of police officers, presented the shortcomings of domestic legislation on this issue and expressed his opinion on its improvement.

Key words: guarantees, provision, social and legal protection, employee, internal affairs bodies, activity, law.

Фаъолият дар макомоти корхои дохилй мураккаб ва серчабха буда, вазифахои бар души кормандон гузошташуда хангоме ба пуррагй ичро мегарданд, ки шароити корй ва фазои мусоид хукмфармо бошад. Айни замон шароити корй ва фазои мусоид гуфта, муаллиф тамоми пахлухои зиндагии шахсй ва бурдборихои фаъолияти мехнатию кории кормандони милитсияро дар назар дорад.

Албатта, кафолати таъминоти ичтимой-хукукии кормандони макомоти корхои дохилй хам фазои зиндагонии шахсй ва хам муносибатхои идоравии фаъолияти онхоро дар бар мегирад. Аз ин чо кафолати таъминоти ичтимой-хукукии кормандони макомоти корхои дохилиро гуфтан мумкин аст, ки дар як вакт дарбаргирандаи вазъи маъмурй-хукукии кормандон ба хисоб меравад, аз тарафи дигар, вазъи маъмурй-хукукии кормандон мачмуи хукук, ухдадорихо, манфиатхои конунй ва имтиёзхои онхо мебошанд, ки бо меъёрхои конун мустахкам карда шудаанд.

Вобаста ба тахлили мавзуь таъминоти ичтимой-хукукии кормандони макомоти корхои дохилиро мо метавонем ба категорияхои зерин тасниф намоем:

1. Таъминоти ичтимой-хукукии корманди макомоти корхои дохилй хамчун шахрванди Чумхурии Точикистон.

2. Таъминоти ичтимой-хукукии корманди макомоти корхои дохилй хамчун корманд, ки танзими муносибатхо тавассути меъёрхои Кодекси мехнати

Чумхурии Точикистон ба рох монда шудаанд.

3. Таъминоти ичтимой-хукукии корманди макомоти корхои дохилй хамчун хизматчии давлатии макомоти хифзи хукук, ки тавассути мукаррароти Крнун «Дар бораи хизмати давлатй» ин муносибатхо танзим карда мешаванд.

4. Таъминоти ичтимой-хукукии корманди макомоти корхои дохилй хамчун милитсия, ки чунин таъминот тавассути мукаррароти ^онун «Дар бораи милитсия», Барномаи ислохоти милитсия, Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати каторй ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилй ва дигар санадхои меъёрии хукукии сохавй ба танзим дароварда шудааст.

Корманди макомоти корхои дохилй пеш аз оне, ки дар як макомот адои вазифа менамояд, шахрванди Чумхурии Точикистон аст ва бояд аз хамаи таъминоти ичтимой-хукукй бархурдор бошад, ба монанди мисол, хукук ба дастрасии химоятгар, эхтимолияти бегунохии он, хукук ба мурочиат намудан ба макомоти давлатй, хукуки нишондод додан оид ба ходисаи чиноятй ё хукуквайронкунии маъмурй, хукуки таъминоти ичтимой хангоми бекорй, беморй, нафака, хукук ба хифзи судй ва гайра. Тамоми хукук ва навъхои таъминоти ичтимой-хукукии

шахрвандон, ки дар боло зикр карда шудаанд, барои корманди милитсия низ бояд кафолат дода шавад. Аммо дар ин самт ба фикри мо, каме норасогихо чой

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

доранд. Мисол, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милитсия» эхтимолияти боварй ба корманди милитсияро танхо оид ба нишондоди он хамчун чабрдида ё шохид дар парвандаи хукуквайронкунии маъмурй муайян намудааст [1]. Шояд вобаста ба парвандаи чиноятй ва дигар кирдорхои зиддихукукй низ корманди милитсия нишондод дихад, аммо ба таври мушаххас номбар шудани танхо парвандаи хукуквайронкунии маъмурй нофахмиро аз руйи мукаррароти меъёрй дар боло зикршуда ба вучуд меорад.

Кафолати таъминоти ичтимой-хукукии корманди макомоти корхои дохилй, ки тавассути Кодекси мехнат танзим мегарданд, бо чунин шакли норасогихо номбар шуданашон мумкин аст:

1. Чдлби корманд берун аз вакти корй вобаста ба ичрои ухдадорихои хизматй бояд пардохтшаванда бошад. Дар хакикат, фаъолият дар макомоти корхои дохилй хусусиятхои махсуси худро доро мебошад, ки хоху нохох корманди он берун аз вакти корй барои ичрои вазифахои хизматй чалб карда мешавад. Аммо бар замми талошхои бевоситаи рохбарияти макомот бисёри холатхое ба назар мерасад, ки пардохти иловагй барои чалби фаъолияти кормандон берун аз вакти корй ба чашм намерасад;

2. Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, ки хангоми сафари хизматй харочот вобаста ба истикомат берун аз чойи истикоматй, рохкиро, кирояи манзили истикоматй ва дигар навъи харочот бояд чуброн карда шаванд [2]. Аз пурсиши кормандони амалии макомоти корхои дохилй пай бурда мешавад, ки дар баъзе чузъу томхо рохбарон бо ба миён гузоштани монеагихои сунъй кафолати ичтимоии зеринро нисбати кормандони дахлдор амалй намегардонанд;

3. Бо максади ичрои вазифахои хизматй ва манфиатхои идоравй истифода бурдани молу мулки шахсй минбаъд бояд чуброншаванда бошад, аммо на хамаи рохбарони чузъу томхо дар ин самти фаъолият ба кормандон чихати химояи

манфиатхои конуниашон мусоидат менамоянд.

Кафолати таъминоти ичтимой-хукукии корманди милитсия хамчун хизматчии давлатй дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» амал намуда [3], вобаста ба фаъолияти амалии макомоти корхои дохилй дар ин самт метавонем чунин норасогихоро номбар намоем:

1. Музди мех,нат бояд шароити моддии заруриро барои ичрои ухдадорих,ои мансабии хизматчии давлатй фарох,ам оварда, ба у ва ах,ли оилааш сатх,и муносиби зиндагиро таъмин намояд, инчунин, барои бо кадрх,ои салохдятноку тачрибанок таъмин намудани макомоти давлатй мусоидат намуда, омили мех,нати поквичдонона ва ташаббускоронаи хизматчии давлатй бошад [1].

Тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба коррупсия», яке аз принсипхои муковимат ба он ин аз тарафи давлат мухофизат намудани хукук ва манфиатхои конунии шахсони ба ичрои вазифахои давлатй ваколатдор ё шахсони ба онхо баробар кардашуда, мукаррар намудани музди мехнат ва имтиёзхое, ки ба онхо ва ахли оилаашон сатхи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд, ташкил менамояд [4].

Дар хакикат, меъёри мазкури Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» максадхои мухимми музди мехнати арзандаро муайян намудааст. Яъне, дар аввал эътироф намудан зарур аст, ки хар як шахс ин ё он намуди кор ва фаъолиятро барои конеъ намудани эхтиёчоти зиндагонии шахсй амалй менамояд, дуюм сатхи фаъолият ва кори самаранок аз андозаи музди мехнат вобастагй дошта, масъулияти шахсро чихати ичрои вазифахои хизматй зиёд мегардонад ва дар охир ичрои саривактй ва сифатноку босамари вазифахои хизматй ба омода намудани кадрхои салохиятноку тачрибанок мусоидат менамояд. Дар холати баръакс наметавон дар бораи муваффакиятхои болозикр сухан кард, хол он ки яке аз сабабхои асосии даст ба

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

амалхои коррупсионй задани кормандони макомоти корхои дохилй ин музди нокифояи корй ба хисоб меравад. Бояд кайд намоем, ки ба акидаи мо, сабабгори коррупсияи иктисодй ин маоши ками хизматчиёни давлатй махсуб мегардад. Ин вокеият хизматчиёни давлатиро мутаносибан дар холати ногувор ва пешоруи интихоби шарафу номус ва ё зинда мондан карор медихад.

2. Барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин бехтар намудани шароити манзилй ба мухлати то 20 сол карзи бефоиз дода мешавад [1]. Вокеан, амалишавии меъёри мазкур орзуи хамешагии кормандони макомоти корхои дохилй бокй мемонад, бар замми оне, ки татбики сиёсати ичтимоии сарвари давлат ва ташаббусхои беназири рохбарияти Вазорати корхои дохилй кисмате аз кормандони эхтиёчдоштаи макомоти корхои дохилиро сохиби манзили истикоматию заминхои наздихавлигй намудааст. Махз дар хамин маврид сухан намуда, кайд кардан зарур аст, ки фаъолияти бонкхо ва ташкилотхои карздихии амалкунанда бояд таквият дода шавад.

Таъминоти ичтимой-хукукии милит-сия хамчун корманди макомоти корхои дохилй тибки мукаррароти боби 6 Конун «Дар бораи милитсия», (Димояи хукукй ва ичтимоии корманди милитсия), боби 14 Барномаи ислохоти (рушди) милитсия (Кафолати химояи ичтимоию хукукй) ва боби 5 Низомномаи адои хизмат аз тарафи хайати каторй ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилй (Шартхои адои хизмат) муайян карда шудааст.

Тибки мукаррароти Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милитсия», корманди милитсия намояндаи макомоти хокимияти давлатии ичроия буда, тахти химояи давлат карор дорад. Корманди милитсия хангоми ичрои вазифахои хизматй шахси дахлнопазир мебошад [1].

Эхтимолияти боварй ба корманди милитсия, норавоии дахолат ба фаъолияти корманди милитсия, кафолати хифзи судй, сугуртаи хатмии давлатй, чубронпулии якдафъаина хангоми фавт ё

корношоямии хизматии корманди милитсия, чуброни зараре, ки ба моликияти корманди милитсия бинобар ичрои ухдадорихои хизматй расонида шудааст, бенавбат гирифтани чипта хангоми сафари хизматй, таъмини нафака хангоми ба охир расидани синни хизматй ё беморй ва аз имтиёзхои мукарраршуда истифода бурдани аъзоёни оилаи корманди фавтида категорияи таъминотхои ичтимой-хукукие

мебошанд, ки бо санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи муносибатхои сохавй мукаррар гардида, вокеан амалкунанда хастанд.

Аммо мукаррароти конун оид ба таъминоти ичтимоии корманди милитсия дар шакли додани манзили истикоматй ё китъаи замин барои сохтани манзили истикоматй, додани карзи имтиёзноки 20 сола барои сохтмони манзили истикоматй ё хариди он, ки 50% он бояд аз хисоби маблагхои дахлдори бучетй пардохт шаванд, пардохти тахфифии андоз аз истифодаи манзили истикоматй, телефон ва пардохтхои коммуналй мушкилоти фаъолияти амалй буда, дар ин рох сабабхои объективй ва монеагихои сунъй чой доранд.

Тибки мукаррароти Барномаи ислохоти милитсия барои солхои 20212025, кормандони милитсия хизматчиёни давлатии макомоти хифзи хукук буда, бояд дар сатхи имконпазири нихой дорои хукукхои иктисодй ва ичтимой бошанд [5]. Бахусус, кормандони милитсия хукуки ташкил намудани ташкилотхои касбй ё иштирок дар кори онхо, гирифтани имтиёзхои ба хавфу хатар, вазнинй ва мушкилоти кор мутаносиб, мукофот-пулихои кофй барои конеъ гардонидани эхтиёчоти оила ва таъминоти ичтимоию манзилии арзандаро доранд [5]. Еайр аз ин, бо назардошти хусусияти бо хавфу хатари зиёд алокамандй доштани кори милитсия, онхо бояд бо хизматрасонихои махсуси ройгони тандурустй, чорахои химоявии чисмонй, равонй ва хукукй тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда шаванд. Чадвали кории шиддатноки кормандони милитсияро ба назар гирифта, бояд бахри

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

таъмини дастрасй доштани фарзандон ва дигар аъзои оилаи онхо ба хизматрасонихои ичтимой, имтиёзхои дахлдор пешниход карда шаванд.

Хамчунин санади меъёрии хукукии мазкур муайян менамояд, ки чунин имтиёзхо ва дигар таъминотхои ичтимой-хукукии кормандони милитсия дар Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи политсия» [6] бояд халли худро ёбанд.

Дар охир кайд кардан ба маврид аст, ки масъулияти баланди гурухи корй оид ба омода намудани лоихаи ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи политсия» метавонад, ки халли мушкилихои муайяншударо аз чихати меъёрй-назариявй ва чахду талоши рохбарияти макомот аз чихати амалй муайян намуда, дар хаёт вокей гардонад.

Адабиёти истифодашуда

1. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милитсия» аз 17-уми майи соли 2004, № 41 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 2004, №5, мод. 352; (^онуни ЧТ аз 17.12.2020 с., № 1736).

2. Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон аз 23-юми июли с. 2016, № 1329 // Ахбори Мач,лиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 604.

3. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» аз 5-уми марти с. 2007, № 233 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод.158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод.834; № 12, к.1, мод.1008; с. 2013, № 7 мод., 542; № 12, мод.905; (^онунхои ЧТ аз с. 2019, № 4-5, мод. 225; с. 2020, № 1, мод.18).

4. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба коррупсия» аз 7-уми августи с. 2020, № 1714 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 2020. № 7-9, мод. 620.

5. Барномаи ислохоти милитсия барои солхои 2021-2025, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1-уми июни с. 2021, № 211 тасдик, шуд // Махзани марказонидашудаи маълумоти хукукии Чумхурии Точикистон «Adlia»^ Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, 2022. Версия 7.0.

6. Лоихаи ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи политсия» // [Махзани электронй] -Речаи воридшавй: https://www.vkd.tj/index.php/tj/masoili-mubram/23997-portali-savdoi-to-ikiston-https-tajtrade-tj-l-tj (санаи мурочиат: 28.12.2022).

References

1. Law of the Republic of Tajikistan «On Militia» dated May 17, 2004, No. 41 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan p. 2004, No. 5, art. 352; (Law of the Republic of Tajikistan dated 17.12.2020, No. 1736).

2. Labor Code of the Republic of Tajikistan dated July 23, p. 2016, No. 1329 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 2016, No. 7, art. 604.

3. The Law of the Republic of Tajikistan «On Public Service» dated March 5, p. 2007, No. 233 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 2007, No. 3, art. 166, No. 6, Art. 429; s. 2010, No. 3, Article 158; s. 2011, No. 6, art. 452; s. 2012, No. 8, Article 834; No. 12, q.1, article 1008; s. 2013, No. 7 article, 542; No. 12, article 905; (Laws of the Republic of Tajikistan from p. 2019, No. 4-5, art. 225; p. 2020, No. 1, art. 18).

4. The Law of the Republic of Tajikistan «On Combating Corruption» dated August 7, p. 2020, No. 1714 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan p. 2020. No. 7-9, art. 620.

5. The police reform program for 2021-2025, which was approved by the Government of the Republic of Tajikistan on June 1. 2021, No. 211 was approved // Centralized database of legal information of the Republic of Tajikistan «Adlia» of the Ministry of Justice of the Republic of Tajikistan, 2022. Version 7.0.

6. Draft Law of the Republic of Tajikistan «On Police» // [Electronic database] - Access mode: https://www.vkd.tj/index.php/tj/masoili-mubram/23997-portali-savdoi-to-ikiston -https-tajtrade-tj-l-tj (access date: 28.12.2022).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.