ТКБ 372.874
DOI:10.51844-2077-4990-2022-3-186-193
Дадобоева Му^арам Наимцоновна, н.и.п., дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он, факултети санъати тасвири ва технология, МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров"; Осимова Парвина Абдулатифовна, муаллимаи дарацаи олии муассисаи таълимии миёнаи умумии №31(Тоцикистон, Хуцанд) Дадобоева Мухарам Наимджановна, к.п.н., доцент кафедры технологии и методики её преподавания, факультета изобразительного искусства и технологии ГОУ "ХГУ имени акад.Б.Гафурова; Осимова Парвина Абдулатифовна, учитель высшей категории среднего общеобразовательного учреждения №31
(Таджикистан, Худжанд)
Dadoboeva Muharam Naimjonovna, candidate of pedagogical sciences, Associate Professor of the department of technology and methods its teaching attached to the faculty offine arts and technology under the SEI "KhSU named after acad.B.Gafurov; Osimova Parvina Abdulatifovna, senior lecturer of the general educational institution of secondary education №31 (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: методи таълим, зебоишиноси, санъати ороиши- амали, уайкалсози, расм, суубат, уунаруои мардуми, эцодиёт, кундал, нащошй, кашидадузи, мауорат
Мацола доир ба масъалаи шакл, метод ва тарзуои шиносоии хонандагон бо намудуои санъати тасвири бахшида шудааст. Цайд карда мешавад, ки таулили асаруои рассомон уангоми омузиши намудуои гуногуни санъати тасвири бо шинохти шахсиятуои маъруф ва хизмати ощо дар инкишофи санъату уунарманди, роу ва услуби ицроиши коруои эцоди дар хонандагон уисси зебоипарасти, шинохти зебои ва хушобурангии диёр, муцоисаи он бо табиати дигар давлатуо, нигоу доштани мероси бои ниёгонро тарбия менамояд. Инчунин таъкид мегардад, ки методи суубат дар шиносоии хонандагон бо асаруои санъати тасвири мацоми хосаро ишгол намуда, яке аз методуои фаъол ба уисоб меравад ва дар нигоу доштани хотири хонандагон оид ба мазмуни асари ицрошуда нацши босазо дорад. Фарцияти уунари уайкалтароши низ махсус цайд карда шудааст, зеро дигар намудуои уунар агар дар сатуи уамвор ицро шаванд, уайкалтароши тасвири сеандозагии ашёро нишон медиуад, ки дар рафти омузиши он тасаввуроти фазоии хонандагон инкишоф дода мешавад.
Ключевые слова: метод обучения, эстетика, декоративно-прикладное искуство, скульптура, рисунок, беседа, народные промыслы, творчество, кундал, роспись, вышивка, умение
Статья посвящена вопросу форм, методов и способов ознакомления учащихся с видами изобразительного искусства. Отмечается, что анализ творчества художников при изучении разных видов изобразительного искусства с признанием известных личностей и их вклада в развитие декоративно-прикладного искусства, способа и стиля творческой работы формирует у учащихся чувство прекрасного, умение видеть красоту и насыщенность земли, желание сохранить богатое наследие наших предков. Подчеркивается, что метод беседы занимает особое место в ознакомлении учащихся с произведениями изобразительного искусства, является одним из наиболее активных методов и играет значительную роль в сохранении содержания произведения в памяти учащихся. Также особо говорится о скульптурных произведениях, так как, в отличие от других видов искусства, где изображение предметов выполняется на плоской поверхности, скульптура показывает объемное изображение предмета, в ходе которого развивается пространственное воображение учащихся.
Key words: teaching method, aesthetics, arts and crafts, sculpture, drawing, conversation, folk crafts, creativity, kundal, painting, embroidery, skill
The given article dwells on the issue beset with forms, methods and ways of acquainting readers with the types offine arts. It is noted that the analysis of artists' creativity in the study of different types offine
ШАКЛ, МЕТОД ВА ТАРЗХОИ ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФХОИ ИБТИДОИ БО АНВОИ САНЪАТИ ТАСВИРИ
ФОРМЫ, МЕТОДЫ И СПОСОБЫ ОЗНАКОМЛЕНИЯ УЧАЩИХСЯ НАЧАЛЬНЫХ КЛАССОВ С ВИДАМИ ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОГО ИСКУССТВА
FORMS,
METHODS AND WAYS OF INTRODUCING STUDENTS TO THE TYPES OF FINE ARTS
arts with the recognition of famous personalities and their contribution to the development of arts and crafts, the method and style of creative work forms a sense of beauty in students, the beauty and beauty of the earth is kept by the rich heritage of our ancestors. It is undercored that the method of conversation occupies a special place in introducing students to works of fine art being one of the most active methods and plays a significant role in preserving the memory of readers about the content of the work as well. The difference in the art of sculpture is also particularly noted, since in other types of art, if it is performed on a flat surface, the sculpture shows a three-dimensional image of the object, during which the spatial imagination of students develops
Ба воситаи санъат хонандагон на танхо бо падидахои зебоиву рухбахши зиндагй ошно мешаванд, балки тасаввуроти зебоипарастй пайдо мекунанд. Баходихии зебой одатан ба тасаввури ахло;ию хаёлй вобаста аст. Муносибати эхсосй ба падидахои тасвиршуда, ки дар арзёбии ходисаи дар асар тасвиршуда, ба миён меояд, аз тарбияи зебоишиносй ва ахло;й вобаста аст. Таваччухи хонандагонро ба воситахои бадеии пурмаъно дар тасвири руйдодхо, ба симои одамон, ба фаровонии чузъиёти хос, ба силсилаи ранг равона карда, муаллим бо ин васила онхоро ба мах,орати арзёбии асархои санъат омода месозад, ки одатан дар афзалият барои хама асархо ифода карда мешавад. Зебо(й) му;обили зишт аст: Барои шинохти зебой тасаввуроти зебошиносй доштан лозим аст. Дарки зебой ба тафсил инкишоф меёбад, ки барои шаклгирии он хиссаи мухим ва чомеа хеле калон аст [12,с.31].
Пеш аз хама дар хонандагон дар давраи тахсил дар мактаб таваччух ба асархои санъат инкишоф меёбад. Махз хамин гуна мах,орати дарки зебоипарастй тадричан ташаккул меёбад. Дарки зебоипарастиро, яъне эстетикаро дар хонандагон инкишоф дода, муаллим таваччухи онхоро на танхо ба мазмуни тасвиршуда, балки ба шакли ифодаи, образ воситахои тасвир, ки тасвирро ифодакунанда мегардонад, равона мекунад.
Зебоишиносй яке аз илмхой фалсафай буда, мавзуи тах;и;и он шинохти зебой дар во;еият ва санъат, дарку ташхис ва тахлилу тавсифи илмиву фалсафии кулли олами хастй ва фаъолияти хоси инсону чомеа аз дидгохи арзишшиноси аст [11,с.218].
"Эстетика шаклхои гуногуни фаъолият ва шуури эстетикиро тах;и; мекунад. Он ;онуниятхои умумии зебоиро кушода медихад ва сохахои гуногуни фаъолияти рафтории одамонро дар бар мегирад: мехнат, омузиш, тахсил, варзиш, муносибати дутарафа ва гайра" [2,с.203].
Дар консепсияи миллии тарбияи Ч,умхурии Точикистон чунин омадааст:
"Тарбияи зебоипарастй. Зебоипарастй яке аз сифатхои мухими инсонро ташкил медихад. Он дар инсон хар гуна зухуроти эхсос намудани зебоиро ба вучуд меоварад. Манбаи зебой, табиат, хар гуна аксхо, мусавварахо, хайкалу мучассамахо, асархои бадей, на;шу нигор, иншоотхо, асархои сахнавй, суруду муси;й, сару либос, ёдгорихои таърихию фархангй, лавозимоти рузгор ва гайрахо мебошанд, ки дар инсон эхсоси зебоипарастй ба вучуд меорад. Шинохтани зебой ба шахс илхом мебахшад, уро рухбаланд намуда дар олами зебой сайр мекунонад. Кобилияти зебоифахмй ба шахрванд имконият медихад, ки боигарии ахло;й, маънавй ва марифатии хешро ганй гардонад ва зиндагии зебо ташкил кунад" [10,с.22].
Хдр як давраи синнусолй хусусиятхои хоси худро дорад. Биёед ба хонандагони синфи ибтидой мурочиат мекунем. Дар ин чо пеш аз хама ди;;ати хонандагонро ба расм чалб кардан мухим аст. Яке аз методх,ое, ки шумо метавонед хонандагонро ба мундаричаи тасвир чалб кунед, ин даъват кардани онхо барои худро ба чои ;ахрамон гузоштан аст.
"Методи таълим яке аз ;исмхои асосии дидактика буда, дар он ;онуниятхои умумии таълим ва маориф мухокима мешавад. Агар мазмуни таълим ба саволи чиро омухт, чавоб дихад, методи таълим ба саволи чй тавр бояд омухт чавоб медихад" [3,с.363].
Тамошобинон, гуё ;ахрамонони руйдодхо мешаванд ва аллакай бо шав;у зав; дар бораи худ на;л мекунанд. Методи хоси бозие, ки мушохида ва нут;ро инкишоф медихад, ин бозии «Кй бештар дар расм мебинад» мебошад. Муаллим бо додани саволхо хонандагонро ташви; мекунад, ки расмро боди;;ат омузанд, андешахои худро баён кунанд.
Муаллим хамеша муколамаро дастгирй мекунад, ба хонандагон таълим медихад, ки ашё, баъзе хусусиятхои хоси онхоро дуруст номбар кунанд ва ба ин васила барои бехтар фахмидани мундарича кумак мекунад.
Синну соли хонандагони синфх,ои 3-4. То ин ва;т, хонандагон мах,орати дарк кардани асархои санъати дорои мазмуни гуногунро пайдо мекунанд. Дар айни замон, хонандагон акнун
тасвири сюжетро дигар xел ;абул мекyнанд: онхо бисёр чизхоро таxмин мекyнанд, тасаввyр карда метавонанд, мавсими тавсифшyда, аломатхои xоси тирамох, бахор, зимистон, рангхоеро, ки рассом барои тах,вили онхо интиxоб кардааст, ба осонй мyайян карда метавонанд.
Тачрибаи дyбора дидани тасвирхо xеле муФид аст: асари шинос ифодахои пурчушу xyрyшро ба вучуд меорад. Ч,олиби ди;;ат аст, ки xонандагон он чузъиётеро, ки бори аввал надида буданд, хатман ;айд мекунанд. Ма;сади сух,бат бояд дигаргун бошад, яъне кас на танхо дар бораи он чй тасвир шудааст, балки чй гуна инъикос ёфтани онро на;л кунад. Муаллим инро бо истифода аз хикояи намунавй ба xонандагон меомузонад.
Методи сухбат. "Сухбат - ин як методи саволу чавоб буда, онро фа;ат дар холати xонандагон доир ба мавзуъ тасаввурот доштан интиxоб кардан мумкин аст. Масалан, хангоми таълими мавзуи "Тартиби кашидани ангора" бо xонандагон доир ба тартиби кашидани на;ша, истифодаи асбобхои ченкунанда, кашидани тасвирхо бе истифодаи асбобхои на;шакашй сухбат кардан мумкин аст, чунки онхо бо ин маълумот пеш аз ин мавзуъ аз фанни санъати тасвирй шинос шудаанд" [4,с.428].
Албатта, барои xyди xонандагон муаррифии мазмуни асар душвор xохад буд. Муаллим ба онхо инро таълим медихад. Х^икояи y дар бораи асар бояд то хадди имкон мачозй, ифодакунанда бошад, то таваччухро ба вучуд орад, кайфияти муайян эчод кунад. Ба ;адри имкон муаллим аз адабиёти бадей истифода мебарад (шеърхо, порчахо аз афсонахо, хикояхо меxонад).Bай xонандагонро ба мах,орати му;оисаи асархо мебарад (xонандагони синфи ибтидой мах,орати тахлили му;оисавиро доранд), масалан И. Левитан "Март" ва А.Саврасов "Шурнулх,о омаданд". Бо ёрии саволхо: кадом расм аввали бахорро тасвир мекунад ва кадомаш дер? Кадом расм рузи офтобиро нишон медихад? - y таваччухи xонандагонро мувофики расмх,о равона мекунад - мачмуи рангхои xоси як рузи офтобии бахор. Ва пас аз сухбати пешакй, y аз xонандагон xохиш мекунад, ки дар бораи мувофикати рангхое, ки як рузи абрнокро дар расми "Шурнулхо омадаанд", на;л кунанд.
Як ;атор рассоми точик низ ба ин мазмун асархои xyдро офаридаанд, ки асари А. Хокироев "Далёни боло", P.ТyЙFyнов " Кухи сyрx"-ро номбар кардан мумкин аст. Дар асари Хокироев "Далёни боло" манзараи зебои кухй дар хангоми нишон дода шуда, ранги тозаи сабзазору талу теппа бо расидани шуохои тиллоранги офтоб гуё аз xоби ноз бедор гашта, ба шаxс таровати хавои тозаро медихад.
Дар асари P.ТyЙFyнов "Кухи сyрx" манзараи кухй хангоми бегохй тасвир шуда, холати нишасти офтоб бо тобиши маxсyси он, ки гуё ранги сyрxy бунафши xyдро ба атроф пошидааст, аз тарафи рассом мохирона нишон дода шудааст.
Аз руи чунин асархо бошад, муаллим бо xонандагон му;оисаи истифодаи рангубор дар табиати минта;ахои гуногун, тобиши рангхоро гузаронида метавонад.
Сухбат метавонад аз х,икояи xyди муаллим OFOЗ шавад ва сипас бо ёрии саволхо y xонандагонро ба ифодаи таассуроти xyд чалб мекунад. Хулоса, муаллим андешаи xyдро дар бораи асар баён мекунад, чавобхои xонандагонро чамъбаст мекунад.
Яке аз намудхои санъати тасвирй ин ороиши китоб низ мебошад. Pасмхои китоб xонандагонро ба дарки ами;и матн водор мекунанд. Саволхои мулохизакоронаи муаллим барои ба рох мондани робитаи байни мазмуни асар ва матни шунидашуда кумак мекунад.
Дар афсонаи "Саёхати Fайриоддй" рассомон А.Чдбборов, А.Бурхонов гург ва xарро чунон тасвир карданд, ки матни афсона ба бинанда бе шарх маълум ва фахмо мебошад [5,с.68].
Хдйкалтарошй тасвири сеандозагии ашё нишон медихад. Пурмаъноии тасвири бадей бо xyсyсиятхои мавзуниятии он муайян карда мешавад. Дар мавриди бештар мавзуи тасвири хайкалтарошон инсон буда, камтар хайвонот, ашёи бечон мебошанд. ^айкалро аз пахлухои гуногун дидан мумкин аст аз ин ру, онро дар бино ё дар беруни бино гузоштан xеле мухим аст, то суроби андом, имову харакати он xyб дарк карда шавад.
Хдйкалхои пурмазмун, санъати тасвирии дастгохй, хайкалтарошии шакли xyрд дар навбати xyд, симо ё ходисаю падидахоро ифода мекунанд. Дар баробари ин, ба хайкалчахо доxил кардани накши мукарнас одат шудааст.
Мучассамаи монументалии ёдгорихои бузург, руйдодхои таъриxист, ки бохашамат, ;атъй ва таъсирбаxш буда, дорои FOяи бузурги умумиинсонй мебошанд. Мучассамаи "Ба Минин ва Пожарский", ки И.П. Мартос офаридааст, ягонагии xал;и русро дар мубориза бар зидди истилогарони xоричй ифода мекунад. Инчунин гуруххои хайкалтарошй мавчуданд, ки бо
руйдодхо ё ра;амхои мушаххас ало;аманд нестанд, балки як идеяи мушаххасро ифода мекунанд.
Хдйкалтарошии дастгохд аксар ва;т бо чехранигорй (портрет) муаррифй карда мешавад. Вазифаи хайкалтарошии чехранигорй асосан бо вазифаи мусаввирй якхела аст - тах,вили симои инсон.
Масалан, гурухи чехрахои хайкалтарошишуда дар хиёбони "Ситорахои Хучанд"- ро низ мисол овардан мумкин аст, симои онхо портрети психологии шахсиятхои шинохта, ки рухия, кайфият ва дунёи ботинии инсонро инъикос менамояд, нишон медихад.
Дар хайкалтарошии дастгохд хайкалтарошии жанрй, ки як гурух одамон ё чисми як шахсро тасвир мекунад, чои намоёнро ишгол мекунад.
Хдйкалчахои хурд дар хаёти харруза васеъ пахн шудаанд. Инхо хайкалчахои хурде мебошанд, ки аз маводи гуногун - чинй, чуб, устухон, пластика сохта шудаанд, бисёре аз онхо рангинанд. Баъзе намудхои бозичахо, ки дар онхо одамон ва хайвонот тасвир шудаанд, инчунин метавон хамчун хайкалчахои хурд тасниф карда шавад.
Накши мукарнас (релйеф) тасвири хайкалтарошй дар хдмворй аст (масалан, девор, гунбаз, равок,ток ёдгории хайкалтарошй). Баъзан накши мукарнас ба таркиби сохти асари бадей, ёдгории хайкалтарошй дохил карда мешавад.
"Кандакории му;арнасй аз хама ;адимтарин намуди кандакорй мебошад. Кандакории му;арнасй бо рохи буридани на;ши хамвор дар заминаи чу;ур ва коркарди шакл дар сатхи ин на;ш ичро карда мешуд. Кандакории му;арнасй сатхи хамвор дорад. Шакли на;ш бо баландии гуногуни барчастагй маълум карда мешавад: кандакории барчаста, кандакории барчастагии паст, кандакории горелйефй- бо барчастагии баланд, ки бозии равшаниро сояи бойро дорад ва равшантар ифода мекунад" [1,с.120].
Яке аз намояндагони машхури ин соха Fафур Чураев мебошад. F. Чураев -рассом ва монументалист. Арбоби хунари Точикистон (2008), дорандаи чоизаи ба номи Камоли Хучандй, узви Иттифо;и рассомони Точикистон ва Иттифо;и дизайнерони Точикистон мебошад.
У бо баробари фаъолияти омузгорй, эчодкорй ва ;обилияти ташкилотчии хуб дошта, дар созмон додани рт-галереяи " Сомониён"-и шахри Хучанд сахмгузор буда, холо сарварии онро ба ухда дорад. F.Ч,ураев асархои худро дар жанрхои чехранигорй, таърихй, фалсафй ва санъати пайкарасозй офаридааст. Рассом дар офаридахои худ ашхоси таърихии хал;и точик ва муборизони байни некию бадй, муаммохои умумиинсониро ифода кардааст. Асархои маъруфи у "Солхои вазнин" (1984), "Борбад" (1991), "Фочиа" (1994), "Файласуфон " (1996) ва гайрахо мебошанд.
Рассом F.Ч,ураев дар асархои худ мавзуъхои мухталифи хаёт, табиати зебоманзари ватан, муаммохои таърихии хал;и точик, ки рухияи инсонпаварй ва худшиносию мехнатдустиро ифода кардаанд, мохирона тасвир намудааст. Ба монанди, "Ситорахои Шар;" (1986), "Рохи абрешим " (1990),"Эхёи Ачам" (1993) ва гайрахо аз он чумла мебошанд. Рассом бахшида ба 90-солагии академик Б. Fафуров силсилаасархоеро, ба монанди "Эхёи точикон", "Х^имояи Бохтар", "Спитамен", "Темурмалик","Эмомалй Рахмон", "Б.Fафуров" эчод менамояд, ки дар осорхонаи Б^афуров махфуз мебошанд.
Композитсияи мучассамахои шоирон Алишер Навой бо устодаш Абдуррахмони Ч,омй, ки он лахзаи мухокимаи асари тозаэчоди Навоиро тачассум намудааст, ифода ёфтааст. Мучассамахои шоирон чун рамзи маърифат дар болои хафт зина сохта шудааст. Тахкурсии мучассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он на;шу нигори хос ба хар ду миллат хаккокй гардида, мучассама дар боги навбунёди "Абдурахмоно Ч,омй ва Алишер Навой", дар кучаи Бехзоди ш. Душанбе чойгир аст. Мучассама хамчун рамзи дустии хал;хои Точикистон ва Узбекистон, муттафакирони барчастаи ин ду миллати бо хам дусту хамсоя гузошта шудааст.
Алишер Навой дар холати рост истода буда, ин холат аз шахси ;оматбаланду сипох будан, пурто;ату бо майли том гуш андозанда ба хамсухбати худ дарак медихад.Шоири газалсарои точик Абдурахмони Ч,омй дар холати нишаст, дар даст китоб ва дар айни хондани шеъри тозаэчоди худ нишон дода шудааст.
Мазмуни асосии асар тараннуми сулху дустии хал;хо, фархангу маданияти бо хам наздик доштани миллати точику узбекро тачассум месозад. Мучассамасоз бо нозукии хеле мохирона санъати амалии хал;иро дар ороиши либоси мутафаккирон нишон дода тавонистааст: санъати зардузии бухорой дар чомаи зардузишудаи Алишер Навой ва на;шу нигори миллии точикро бо
дyxти донадузию баxиядyзй дар чомаи Абдурахмони Ч,омй. Тарзи либоспушй, бастани салла бо тарзи ба xyд xос, мизи кандакориву на;;ошишуда аз замони xyд ба бинанда маълумот медихад.
Пояи мучассама низ мазмуни ба xyд xос дорад. Олимон то олим шудан, шаxсони шиноxтаи олам то ба ;уллаи мурод расидан, аз чй ;адар монеахо, душворию азобу шиканчахо мегузаранд. Бо хамин мазмун таxтасанги пояи мучассама на бо тартиби муайян, балки бо майл ба хар тарафи номаълум, ки гуё шоирон ин роххоро тай намуда бошанд, лекин болои хам бо майл ба боло баромадан нишон дода шудааст. Яъне, ба душворию рохгумзадан, нофахмихову душмании му;обилони а;идаи эшон нигох накарда ба ;уллаи баланд расидани ин ду мутафаккирони бузургро та;озо менамояд.
Санъати ороишй амалй сохаи хунархои мардумй ва саноати бадеиро фаро мегирад: сафол, бофандагй, заргарй. Ин намуди санъат дар ташаккули зав;и бадеии мардум на;ши мухим дорад. Маxсyсан ахамияти тарбиявии хунархои мардумй бузург аст. Шиносой бо сарват ва гуногунии махсулоти хунармандони xал;й ба xонандагон эхсосоти xyбе нисбат ба онхое, ки чизхои фав;улодда офаридаанд, фаро гирифта мешавад. Хдр як минта;а хунархои мардумии xyдро дорад ва дарки асархои онхо аз чониби xонандагон ба ташаккули эхсосоти зебоипарастии онхо, муносибати муассири мусбат ба хунармандон ва анъанахои мардумй мусоидат мекунад.
Эчоди махсулоти ороишй-амалй низ дар истехсоли саноатй ба амал оварда мешавад. Дар оянда, бо вусъат ёфтани соxтмони манзил, фарханги зиндагии харрузаи мо боло меравад, доираи васеи ашёх,о, махсулоти саноатй ба сохаи санъати ороишй амалй доxил мешаванд. Ашёхои гуногуни рузмарра (мебел, либос, таба; ва f.) на танхо дар хаёти харруза xизмат мекунанд, балки онро оро медиханд. Хусусияти санъати ороишй амалй дар он аст, ки асархои он бояд хамзамон муфид ва зебо бошанд. Пиёлаи оддй, гарданбанд (шарф), ;олин, ки бо на;;ошй, гулдузй оро дода шудааст, идона, шево ва бидуни он ки мувофи;и таъинот xизмат кунад, ороста мешавад. Хднгоми офаридани ашё, рассом вазифадор аст ма;сади xyдро бо тарх, шакл ва интиxоби мавод тобеъ кунад.
Маxсyсан ахамияти тарбиявии хунархои мардумй бузург аст. Шиносой бо сарват ва гуногунии махсулоти хунармандони xал;й ба кудакон эхсосоти xyбе нисбат ба онхое, ки чизхои фав;улодда офаридаанд, фаро гирифта мешавад.
Анъанахои дар тули асрхо ташаккулёфта дар рушди санъати ороишии муосир на;ши бузург доранд. Дар инкишофи санъати ороишй ва амалии миллй анъанахои санъати xалкx,ои мамлакати мо истифода бурда мешаванд. Дар асоси онхо асархои санъати бадей эчод карда мешаванд. Санъат ва хунархои мардумй, ки кайхо боз вучуд доштанд, рушди эчодии xyдро идома медиханд.
Инро мо дар фаъолияти Дадобоева Мухарам, рассом ва хунарманддида метавонем. М.Дадобоева соли 2004 дар Москва рисолаи номзадии xyдро оид дар мавзуи: "Асосхои ташаккул додани ;обилияти эчодии донишчуён дар махфили кашидадузй" дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 40 ма;олаи илмй, дастурхои илмию методй оид ба санъати тасвирй, ороишй амалй ва хунархои xал;й "Kашидадyзй"(2011),"Pангyбори ресмонхо ва намудхои дyxт" (2012) "На;;ошй ва кундалкорй" (2014), "Мухрадузй" (2015), китобхои дарсии "Таъртаи дизайн, сарулибос ва муд" (201B), "Kашидадyзй" (2019), "Куровдузй" (2019), якчанд маводхои таълимй аз фанхои на;шу нигори миллй, мехнат ва эчодиёти дастй, соxтани гулхои ороишй, зиёда аз 25 асари эчодй оид ба мусаввирии равFанй ва обй, аппликатсияхо, сузанихои xyрдхачм ва кашидадузии намояхо мебошад. Инчунин дар андешидани тадбирхо оид ба эхёи хунари сузанидузй, кашидадузии миллй бо хамкории Ассотсиатсияи миллии занони сохибкори Точикистон ширкат варзида, дар идомаи эхёи анъанахои хунархои мардумй сахм мегузорад. Иштирокчии озмуни Ч,умхуриявии Бонуи сохибкор "Фарах - 2012", "Фарах - 2016", "Фарах -2018" буда, хамчун коршинос дар номинатсияи хунармандй ширкат варзидааст.
М.Н. Дадобоева асари xyдро "Бахори чавонй" номгузорй карда, онро ба таври кашидадузй ичро намудааст. Дар асар симои ду нафар чавон зери шуои xyршеди тобон, дар айёми шукуфтани гулхои бахории бобунаву лола, парвози шохпаракхо бо истифодаи намудхои дyxти занчира, босмадузй ичро карда шудаанд.
Тавре маълум аст, яке аз намудхои зебои дyxт дар кашидадузй ин дyxти хамвордузй ё бо истилох босмадузй буда, он асосан дар пурра намудани сатххои калони на;шу нигор истифода бурда мешавад.
Дар ин асар духти хамвордузии ранга, ки аз хунарманд махорати хеле мохирона истифода бyрдани гyзариши як рангро ба ранги дигар талаб менамояд, ичро гардидааст. Инро мо дар нишон додани чехраи чавонон дида метавонем: чашмy абрyвони сиёх, гунахои сyрхчатоби руи дyхтарак , муйхои чилоранги бо гyлчанбар орододашyда, куртаи миллй ба бар, нигохи зебою мафтyнкyнанда, ки аз чилои гавхараки чашмони чавонон баръало намyдор аст, ботамкинию чиддияти чавонмардона дар симои чавонписар.
06у ранги ресмонхо, симои хyшбахтонаи чавонон, ки чавонй худ бахор аст, бо мазмyни асар хамоханг гаштааст, ба сари онхо хуршеди оламоро бо зав;и шодиёна нурхои худро чилва медихад. Шохпаракхо гуё аз накхати гулхои бахорй сер гашта, рост суи гармии офтоб майл доранд.
Бахор бо чавонй чавонй бо бахор дар ин асар бо воситаи тобиши зебои ранги ресмонхо бомахорат ичро карда шудааст.
"Шарафмандтарин, бузургтарин ва махбубтарин шахси чомеа омузгор аст, зеро y чароFи фурузони мухит асту хамагонро ба некию накукорй, ба ободкорию созандагй, ба дустию рафо;ат ва ба омузишу эчод хидоят мекунад" [9,с.148].
Духти босма, ин намуди духт ба яке аз намудхои хомдузй дохил шуда дар навбати худ боз ба якчанд намудхо чудо мешавад ба монанди захмаш дароз, захмаш лунда, духт аз болои захм бо захмхои ду;абата донача, зардузй, канда- хаёл, чинда хаёл. Инчунин ин намуди духтро духти шар;й низ меноманд.
"Яке аз мархалахои мухими кор ин омода намудани ресмонхо барои духтудуз мебошад. Донистани чой ва на;ши рангу ресмон дар кашидадузй мав;еи асосиро ишFOл менамояд" [6,с.13].
М.Н.Дадобоева кашидадузиро дар китоби худ чунин маънидод кардааст: "Kашидадyзи махсули мехнати насли зиёди хунармандони халкй буда, ба хаёт, зиндагй, урфу одат ва олами маънавии мардуми точик алокаманд аст. Kашидадyзй хунарест, ки чун воситаи мухими эстетикию ороишй хизмат мекунад. Вазифаи омузгорон ин шавкмандкунии донишчyён бо хунари дастй, нишон додани боигарии ин намуди санъат буда, дар машгулиятхо онхоро бо гуногунияти машкхои миллй шинос намуда, лаёкати онхоро барои тахрезй ва тартиб додани расмхо ва композисияхои мавзуй, ки хусусиятхои накши диёри худро инъикос менамоянд, равона месозад." [7,с.6].
Дар во;еъ, омухтану аз бар кардани хунар дар хар давру замон яке аз падидахои пешбарандаи чомеа буду хаст. Нишон додани зебой, бедор намудани хисси зебоишиносй, даъват ба ободиву созандагй даъват ба ободиву созандагй дар хама офаридахои устоди хунар, марди бохирад ва захматпеша, инсони начибу хоксор Иномчон Ахмедов инъикос ёфтаанд.
Иномчон Ахмедов дар ороиши як ;атор иншоот бо кошинкорй ва на;;ошй, дар ;ахвахонаи Панчшанбе, Гулбахор (1983), кошинкории ;ахвахонаи Ленинобод дар шахри Душанбе (1985 бо фармоиши Хукумати Ч,умхурй) бо хаммуаллифии P.Сангинов, кошинкорй бо санги табий дар девори мучассама ба хотири чанговарони солхои 1941-1945 дар ;ишло;и Kyркати нохияи Спитамен (1985 бахшида ба 40 солагии Pyзи Fалаба) иштирок кардааст [15,с.44].
"Наккошй - накшкашй, хунари офаридани накш махсули эчодии санъаткорони халкй ва касбй, яке аз навъхои кадимаи санъати ороишй-амалй буда, ёдгорихои меъморй ва бозёфтхои бостоншиносии Осиёи Миёна шаходат медиханд, ки наккошй дар ин чо аз замонхои кадим ривоч ёфтааст" [8,с.14].
Инчунин ба намудхои кадимаи ин хунар навгонихо ворид гардида, он дар шакли муосир, бо риояи анъанахои кадимаи ороиши иншооти меъмории замонавй, аз чумла чойхонаи «Хуррамшахр»-и нохияи Дангара, чойхонаи нави назди мехмонхонаи HAYAT REGENCI ш. Душанбе бо номи "^асри навруз" ва даххо дигар арзи хастй кард, ки Иномчон Ахмедов дар ин иншоот низ санъати волои худро нишон додааст.
Дар баробари хунари наккошй хунари кундалкорй ба вучуд омадааст, ки он маънои хачмнокии накшу нигорро дошта, аз замонхои кадим ичрои ин хунар дар матоъхои махсус дида мешуд. Офаридани кундал, яъне сехри кундалкориро, ки яке аз санъати ;адимаи точикон махсуб меёбад, Иномчон Ахмадов аз устод Pyстамчон Сангинов омухта, то имруз якчоя бахри чустучуи услубхои навин, сай;ал додани махорати худ ва ворид намудани навгонихо ба ин санъати нотакрор, фаъолият мебарад. Садхо асари бо техникаи кундалкорй ичро намудаи ин хунарманд иншооти гуногуни фархангию маърифатиро дар дохил ва берун аз чумхурй зеб медиханд.
Хдмин тавр, дар натичаи омузиши корхои илмию тад^щотии олимони соха оид ба намудхои гуногуни санъати тасвирй маълум гардид, ки барои омузиши он шакл, метод ва тарзхои гуногун истифода бурда мешаванд. Дар бораи намудхои гуногуни санъати тасвирй ва шинохти он асархои рассомон, хунармандон, хайкалтарошони машхур нак;ши калиди бозида, истифодаи методи сухбат, тахлили асар, дарки рангхову истифодаи техникахои гуногуни духт дар вак;ти ичрои маснуоти хунармандии бо кашидадузй ичрошаванда дар хонандагон тарбияи зебоишиносй ва мехнатдустиро бедор месозад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Азизов, А.А. Кандакорй/А.А.Азизов,Ш.Ю.Азизов, Н.С.Уралова.-Хучанд, Нури маърифат-2019.- 120 с.
2. Азизов, А.АСодержание, методы и средства формирования эстетического вкуса учащихся V-VII классов на уроках изобразительного искусства/А.А.Азизов, Ф.Яхёев, М.Ганиева // Вестник Таджикского национального университета -2017.- № %.-С. 203
3. Азизов, А.А. Методикаи таълими технология (т/м) дар муносибати салохиятнокй (китоби дарсй)/А.А. Азизов, М.Сайфудинов, Ф.У.Муминов, М.К.Чураев.- Душанбе-Маориф. 2017.363 с.
4. Азизов, А.А. Методикаи таълими на^шакашй (дар низоми муносибати босалохият. Китоби дарсй./ А.А.Азизов, К.Чураев,А.Дадочонов, Ш.Ю.Азизов.- Хучанд:Нури маърифат, 2019. -428 с.
5. Афсонахои халк;и точик. - 2005.-68 с.
6. Дадобоева, М.Н. Технологияи рангубори ресмонхо ва намудхои духт/М.Н.Дадобоева. -Хучанд: "Авангард- принт Арт", 2012. -С.13-56.
7. Дадобоева, М.Н. Кашидадузй/М.Н.Дадобоева.-Хучанд: Нури маърифат. 2011.- С.6- 58
8. Дадобоева, М.Н. Накдошй ва кундалкорй/М.Н.Дадобоева.- Хучанд-2014.-С.14- 40
9. Исоев, А.Б. Рузгори ибратомуз/А.Б.Исоев, СДасанов.- Хучанд-2019, Нури маърифат.-148 с.
10. Консепсияи миллии тарбия дар Ч,умхурии Точикистон. аз 3 марти соли 2006.-№ 94, ш. Душанбе. -22 с.
11. Педагогика: конспект лекций/ С.И Самыгин [и др.]. - Ростов н/Д: Феникс, 2015.- 218 с.
12. Хдйитбоева,М.А. Лугатномаи мухтасари истилохоти ахло; ва зебоишиносй/ М.АДайитбоева, С.Б.Чураева, Г.Н.Дех^онова, Н.Н.Чураева.-Хучанд-2020.-31 с.
13. Хдсанов, С. На^ши устодон ва хатмкунандагони Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Fафуров дар рушди санъати тасвирии Точикистон/СДасанов.- Хучанд-2019, Нури маърифат, -146 с.
14. Чураев, Т. Лугати касбу хунар оид ба металлкоркунй/Т.Чураев.-Душанбе-Ирфон 1992.- 112 с.
15. Эшонова, Н. Фехрасти асархои эчодии аъзои Иттифо^и рассомони Точикистон, узви Иттифо^и рассомони СССР Ахмадов Иномчон/Н.Эшонова.-Хучанд, Хуросон, 2018. - 44 с.
REFERENCES:
1. Azizov, A.A., Azizov Sh.Yu., Uralova N.S. Thread/A.A.Azizov,Sh.Yu.Azizov,N.S.Uralova.-Khujand: Light of Enlightenment,-2019.-120 p.
2. Azizov, AA, Yakhyoev, Ganieva M. Content, methods and means of forming the aesthetic taste of students in grades V-VII in fine arts/A.A.Azizov, Yakhyoev,M.Ganieva// Bulletin of the Tajik National University (scientific journal) No. % Dushanbe: Sino 1917. - 203 p.
3. Azizov A.A. Saifudinov M., Muminov F.U., Juraev M.K. Methods of teaching technology (t / m) with a competency-based approach (textbook). - Dushanbe: Education, 2017. - 363 p.
4. Azizov A.A., Juraev K., Dadojonov A., Azizov Sh.Yu. Methodology for teaching planning (in the system of competency-based attitudes). Textbook.-Khujand: Nuri Marifat, 2019. - 428 p.
5. Tales of the Tajik people of Khujand-2005, Khukumat of Sughd region p.68.
6. Dadoboeva M.N. Technology of dyeing ropes and types of stitches. - Khujand: "Vanguard Print Art" 2012. - P. 13.-56.
7. Dadoboeva M.N. "Kashidaduzi" - Khujand: Light of Enlightenment, 2011, - P. 6 - 58.
8. Dadoboeva M.N. Painting and needlework Khujand-2014, - P. 14. 40
9. Isoev, A.B., Gasanov S. "Exemplary life". 2019. - Khujand: Light of Enlightenment, - 148 p.
10. National concept of education in the Republic of Tajikistan. March 3, 2006 No. 94, - Dushanbe, -22 p.
11. Pedagogy: lecture notes / S. I. Samygin [and others]. - Rostov n / D: Phoenix, 2015. - 218 [1] p.
12. Khaitbaeva, M.A.Brief dictionary of ethical and aesthetic terms/ M.A.Khaitbaeva,S.B. Dzhuraeva, G.N.Dekhkonova, N.N.Dzhuraeva. - Khujand 2020. - P. 31
13. Hasanov, S. The role of teachers and graduates of Khujand State University named after Bobojon Gafurov in the development of fine arts in Tajikistan. 2019/S.Hasanov.- Khujand: Light of Enlightenment, - 146 p.
14. Juraev, T. Dictionary of metalworking professions. - Dushanbe: Cognition, 1992 - 112 p.
15. Eshonova, N. Catalog of works by members of the Union of Artists of Tajikistan, member of the Union of Artists of the USSR Akhmadov Inomjon/N.Eshonova.-Khujand: Khuroson, 2018 - 44 p